Баёни саргузашти дарвеши сеюм
Дарвеши сеюм ба дузону даромада ҳам чун абри баҳорон сиришк аз дида борон гуфт:
— Шаҳрёро, ман аз аҳволи худ чӣ гӯям, ки номам гум бод!..
Банда подшоҳи мамлакат будам. Дар аввали ҷавонӣ ба тахти комронӣ салтанат мекардам. Рӯзе нишаста будам, хосон дар атрофам ҳалқа баста, ҷаҳондидагон ва доноён аз хубиҳои ахлоқи гузаштагон нақл мекарданд. Дар бораи адолати Нӯшервон ва карами Ҳотам суханҳои бисёре гуфтанд. Яке аз надимон ҳикояти карам ва ҷавонмардии Ҳотамро ривоят карда, гуфт:
— Вай аз қабилаи Банӣ Тай буд. Азбаски хубӣ ва некиро ба худ шиор карде буд мардум аз ҳар тараф ба гирдаш ғун шуданд ва ӯро ба сардорӣ интихоб карданд. Сифати некӣ ва бузургии ӯ ба олам паҳн шудан гирифт. Аз ҷумлаи карами вай ин аст, ки як бор Нӯфал бинни Ҳомон ном сардори қабилаи Банӣ Омир ба қабилаи Банӣ Тай тохт ва сарварии онро хост. Ҳотам ин хабарро шунида, барои он ки ба сабаби ӯ хуни мардум рехта нашавад, танҳо гурехта, пинҳон шуд. Нӯфал бе ҷангу ҷидол мулку моли Ҳотамро ба даст гирифт, дар саропардаи Ҳотам нишаст ва мунодӣ 1 фармуд, ки ҳар кас Ҳотамро, ё хабари ӯро биёрад, сад динор мегирад. Ин ваъдаро шунида барои ёфтани Ҳотам ба ҳар ҷонибу канор мардуми бисёре паҳн шуда рафтанд. Аммо он рӯз то шаб ӯро наёфтанд. Дар ин дам Ҳотам дар ғоре пинҳон шуда хоб мекард. Ҳамин ки шаб мешавад, пирмарде бо пирзане ва ду тифл ба даруни ғор медароянд. Гӯё он ғор мақоми муқаррариашон будааст. Баъд оташ афрӯхта. бе хӯрдани хӯроке мехобанд. Зан ба мард мегӯяд:
«Имрӯз чаро ҳезуми худро нафурӯхтӣ ва барои бачаҳо нон наовардӣ?».
«Нӯфали омирӣ, ба сари қабилаи Банӣ Тай тохт оварда Ҳотам гурехтааст. Ба он сабаб мардум шӯрида ва ошуфта буданд. Касе парвои ҳезум харидан надошт. Нӯфал мунодӣ додааст, ки ҳар кас Ҳотамро биёрад, ба ӯ инъом медиҳам. Бисёрии одамон ба ёфтани Ҳотам саргардон».
Зан оҳ кашида, мегӯяд:
«Кошкӣ, дар куҷо будани Ҳотамро мо медонистем, ба Нӯфал нишон медодем ва аз ин гуруснагӣ ва бечорагӣ халос мешудем».
Ҳамаи ин суханҳоро аз дарунтари ғор истода Ҳотам мешунавад. Ҳамин ки рӯз мешавад. Ҳотам пеши он мард рафта салом мекунад. Пирамард баъд аз салом мепурсад, ки:
«Ту кистӣ? Чаро дар ин мағора пинҳон шудӣ?»
«Ман Ҳотам ҳастам» мегӯяд Ҳотам. Он мард ба пойи ӯ афтода, мегӯяд, ки:
«Э ҷавонмард, ҷонам фидои ту бод! Имрӯз вақти он нест, ки номи худро маълум кунӣ. Хеле касон ба гирифтани ту ҳаракат доранд ва Нӯфал барои душман ба қасди ту камар бастааст…»
Ҳотам мегӯяд, ки:
«Шунидаам, ки ҳар кас маро ба назди Нӯфал барад, ӯ ба вай аз рӯйи ваъдааш зар ва хилъат медиҳад. Акнун ман
________________________________________________
1 Мунодӣ – ҷарчӣ.
мехоҳам, ки ту карам намуда, маро ба назди Нӯфал барӣ, то ки он чӣ ӯ ваъда кардааст, ба ту расад…»
Он мард гиребонашро гирифта, тавба мекунад ва ин таклифро рад менамояд. Аммо Ҳотам аз ҳад зиёд ӯро танг мекунад ва ниҳоят мегӯяд, ки:
«Бо хушӣ маро гирифта бар! Албатта моро дастгир карда пеши Нӯфал хоҳанд бурд. Дар вақт мегӯям, ки фалонӣ маро ба таҳти ҳимояти худ дошта буд. Медонӣ, ки ин барои ту хуб нест».
Он мард дармонда, ночор пеш медарояд ва Ҳотам аз дунболи ӯ равона мешавад. Иттифоқо, дар он водӣ халқи бисёре ба ҷустуҷӯйи Ҳотам ба ҳар тараф дар такопӯ 1 буданд. Ду нафари онҳо расида Ҳотамро мегиранд. Инчунин дигарон ӯро иҳота мекунанд. Вақте ба саропардаи Нӯфал мерасанд, қариб панҷсад кас ба овардани Ҳотам даъвогар мешаванд. Нӯфал чун қасам хӯрда буд, ки албатта оварандаи Ҳотамро сарафроз мекунад, аз ин ҳол ҳайрон мешавад.
Дар ин дам марди ҷаҳондидае мегӯяд, ки ҳақиқатро аз худи Ҳотам пурс, ки ӯ рост мегӯяд. Нӯфал аз Ҳотам мепурсад. Ӯ мегӯяд:
«Инҳо ҳама дурӯғ мегӯянд. Маро як пирамард, ки фалон сифатҳоро дорад, гирифта овард».
Чун пирро суроғ мекунанд, дар думболи халқ ӯро синакӯбон ва гирён меёбанд. Ӯро ба назди Нӯфал меоранд. Нӯфал аз вай воқеаро мепурсад. Он мард сӯҳбати шабона ва муомилаи рӯзонаро ба тафсил мегӯяд. Нӯфал аз шунидани он фикр карда, ба андеша меафтад ки «ин тавр одамро, ки ҷони худро ба як дарвеш фидо мекунад, куштан, ба ӯ душманӣ кардан, нашояд!» бинобар он аз ҷо бархоста, ба дасту пойи Ҳотам меафтад ва ӯро ба ҷойи худ шинонда, худаш даст пеш гирифта меистад.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!
Шаҳрёро! Чун ин ҳикоя шунидам, ба худ гуфтам ки «Ҳотам бо риши сафед ва чанд хонаи араб машҳур гашт, ту
_______________________________________________
1 Такопӯ — давида кофтан; рафта кофтуковкунӣ, ҷустуҷӯнамойӣ
подшоҳи зарринсипар ва сулаймонфар бошиву аз ин ном маҳрум бошӣ: зиҳӣ тундрӯй ва камбахтӣ! Муддате дар ин фикр будам. Ниҳоят як иморат созондам. ки чил дар дошт ва хеле васеъ буд. Инчунин фармудам, ки барои хайрот ба вазни якмисқолӣ тилло сикка зананд. Рӯзҳо аксар вақт дар он иморат менишастам ва аз ҳар дар ятиме, ғарибе ва ё гадое меомад, ба ӯ як дона тилло медодам ва аз ин корам хурсанд будам. Рӯзе аввали рӯз дар он ҷо нишаста хурсанд ва хуррам будам, ки ногоҳ қаландаре аз як дар даромада «шайъанлилло» 1 кашид. Ӯро пеш талабидам, ӯ домани ҷомаи худро пеш дошт. Ман диноре ба доманаш партофтам. Вай дуо гуфта берун рафт ва боз аз дари дигар даромад: боз як динор додам, вай боз баромада, аз дари дигар даромад ва ҳамчунин дарҳоро як-як гардида, аз ҳар дар як динор мегирифт, то ки боз аз дари аввал омад ва ҳамчунон доман дар даст дошт, маро аз ӯ бад омад, гуфтам:
— Э нодарвеш! Ин исму либос ба ту ҳаром аст. Ҳоло гӯшмоле аз марде нахӯрдаӣ ва хизмати пире накардаӣ. Ин чӣ ҳирс аст, ки ту дорӣ! Дар тазкираи фуқаро шунидаам, ки дарвеше агар фулусе дошта бошад ва ба ӯ лозим набошад, инчунин дарвеши дигар ёфт нашавад, бояд партояд. Ту алҳол чил динор дорӣ ва боз аз гадоӣ даст намекашӣ. Ман дигар туро мустаҳиқ 2 намедонам ва чизе намедиҳам.
Дарвеш ин суханони итобомези маро шунида, ба сӯйи ман бо ғазаб нигоҳ кард ва гуфт:
— Э бандаи Худо! Агар ман хизмати пире накарда бошам, ту аз карам бӯе набурдаӣ ва камҳиммат ҳастӣ. Агар мехоҳӣ, ки номат ба қатори каримон гузарад, ба Басра рафта ин корро аз духтаре ки мансуб ба хонадони Баромика аст, биёмӯз, баъд аз он биншин ва номи нек андӯз. Агар ин чанд динор ба ту қадр дошта бошад, ба ман қадр надорад:
Дарё дидему дидаи мо маъдани дур аст,
Гар дасти мо тиҳист, вале чашми мо пур аст!
_______________________________________________
1 Шайъан-лилло — чизе барои Худо. Дар ин ҷо ба маънии фарёди гадоёна барои талаби чизе.
2 Мустаҳиқ – лоиқ, муносиб, ҳақдор, соҳибҳақ.
Баъд аз ин сухан зарҳоро ба замин афшонду даст ба тарафи доман зада бадар рафт. Чун он подшоҳи мулки форс (?) маро танбеҳе кард, ман нахостам, ки ба нохуни ҷавр захми дилаш харошида бошад. Ба узрхоҳӣ бархостам ва аз дунболаш рафтам, ҳарчанд ки хостам баргардад, розӣ нашуд ва ман розӣ будам, ки ҳар чӣ хоҳад ба ӯ диҳам ва охир қасам ёд кард, ки «гар подшоҳии худро ба ман бахшӣ, пас намегардам…». Баъд аз ин вай рафт.
Шаҳрёро! Сухани ӯ ба ман бисёр асар кард. Ҳарчанд кӯшидам, ки шояд аз он фикр раҳоӣ ёбам, муяссар нашуд. Шабу рӯз дар баҳри хаёл ғӯтавар ва бе хӯру хоб будам. То охир раъям ба он қарор гирифт, ки ба Басра равам ва он духтареро, ки дарвеш таъриф мекард, бинам. Дар ин бора бо вазири худ маслиҳат кардам. Вай гуфт, ки:
— Ин кор аз подшоҳон айб аст, ки ба гуфтаи қаландари бесару по чунин ҳаракати беҷо кунанд ва ба гуфтаи дурӯғи маҳзи ӯ амал намоянд.
Гуфтам:
— Ба қавли ӯ амал накардам, вале сухани акобирро ҳақ донистам. Мехоҳам, ки маро монеъ нашавӣ…
Вазир гуфт:
— Чун азми сайри Басра кунӣ, чанд нафар аз сайёҳон ва хосонро ба рикоби худ бар.
— Не, ин сухан хилофи раъй ва тадбир аст. Агар ман бо хайлу ҳашам ба ҳар ҷо, ки расам, калонҳои он ҷоҳо пешкаш ва ҳадя мефиристонанд ва агар дар ин сурат сад ҳазор бахшиш кунанд, ҳамоно ки чашмдошти дучандон аз ман дошта бошанд. Ман қаландар — дарвеш шуда меравам. Аз ту мехоҳам, ки ба ваколат ба ҷойи ман нишинӣ ва раиятро наёзорӣ, халқро ба қадри тавон аз худ хушнуд бидорӣ: агар бимирам, давлат ба ту боқӣ бод.
Баъд аз он бо баҳонаи шикорравӣ ӯро ба ҷойи худ шинондам, умароро ба итоати ӯ фармудам, худам бо чанд нафар ба саҳро рафтам. Дар саҳро чандон сабр карда истодам, ки вай сарриштаи маҳоми 1 мамлакатро ба даст гирифта, ҳама халқро мутеъ ва фармонбардори худ гардонид. Баъд аз ин як шаб
_____________________________________
Маҳом — корҳои муҳим, муҳимҳо, ҷамъи муҳим.
тағйири либос намуда, муште дирҳам 1 ва динор, инчунин чанд дона дурри шоҳвор 2 бо худ гирифта, ба шакли қаландарон танҳо сар ба саҳро ниҳодам. Мулк ва подшоҳиро бар ҷо гузошта, ба ҷониби Басра равон шудам. Дар байни роҳ ҳеч воқеае рӯй надод, ки қобили арз бошад. Ниҳоят рӯзе ба Басра даромада рафтам, ба хиёбоне расидам. Дар миёни хиёбон қасри шоҳонае дидам, ки дарашро аз тилло сохта, бо ҷавоҳироти қиматбаҳо мурассаъ (нигинакорӣ) карда буданд. Дар рӯ ба рӯйи он иморат лаҳзае истода, вазъи он иморатро тамошо карда аз он ҷо гузаштам. Чун қадре роҳ рафтам, овози кушода шудани дари он хона ба гӯшам расид ва аз ақиби ман касе давида мегуфт:
— Э марди азиз, э дарвеши сайёҳ, э меҳмон! Мебахшӣ, андак сабр кун, ки ман ба ту арз дорам.
Аз роҳ истода ба ӯ назар андохтам. Вай як марди хушсару либос буда, риши сафед ва дар даст асои мурассаъ дошт. Чун наздик омад, забон ба узрхоҳӣ кушода, гуфт:
— Э ёри азиз! Ман хизматгори дарвешонам, ин сарой меҳмонхона ва такягоҳи хоси онҳост. Илтимоси он дорам, ки қадам ранҷа фармойӣ ва меҳнат бар ҷони ман гузорӣ ва маро дар назди махдума (бону )-амон шармсор нагардонӣ.
Бо ин суханҳо чандон таклиф ва зориву тавалло кард, ки ман розӣ шудам, бо вай ба хона рафта даромадам. Дидам боғи бисёр васее бо гулҳои алвон ва меваҳои гуногун ороста, ба наҳр ва ҷӯйҳои равон пероста…
Дидаро ранги сабзааш матлуб.
Бонги мурғаш фараҳфазойи қулуб 3.
Иморати олӣ биное дар миёни он боғ воқеъ буд ки аз диданаш чашмро сурур даст медод. Маро ба он иморат бурда нишонду икроми бисёр намуд. Баъд аз нишастанам зуд дар қадаҳи чинии фағфурӣ шарбати қанду арақи бедмушк ҳозир карданд. Он мард ба таклифи тамом ба қадри хоҳиш ба ман
__________________________________
1 Дирҳам – танга, 1/200 ё 1/400 тангаи исфаҳонӣ
2 Дурри шоҳвор — дурри бузург ва шоҳона.
3 Қулуб – қалбҳо, дилҳо.
4 Фағфурӣ — чинӣ.
нӯшонид. Баъд аз қадаре дастурхон кашида шуд, нуқлу ҳалво ва нонҳои майда (кулча) ва меваҳои латиф ҳозир оварданд.
Ҳамаи ин чизҳо дар зарфҳои чинӣ, ғурӣ, фағфурӣ ва хитойӣ буда, дастурхон зарбофт буд. Он марди мизбон бо ман дар сари хон нишаст ва ба ширинзабонии тамом он гуворхӯришҳоро ба коми ман чошнибахш гардонид. Вақте ки дастурхонро бардоштанд, зарфҳоро тоза пок карда ба каноре гузоштанд. Он мард то шаб маро бо ҳикояҳои аҷиб машғул дошт. Дар шаб боз дастурхон партофтанд ва чанд табақ таом оварданд. Ҳамаи он табақҳо аз нуқра буд. Чун таом хӯрда шуд, зарфҳоро аз иморат берун бурданд. Баъд аз поси шаб рахти хоби акобирона партофтанд. Он мард маро таклифи хоб намуд.
Гуфтам:
— Э мард! Худо туро ҷазои хайр диҳад! Барои дарвешон ин навъ фарш дархӯрд (муносиб) нест.
Ӯ гуфт:
— Э азиз, ба ҳар ҳол ба ту тааллуқ дорад, ихтиёр дорӣ.
Вай ба ду ходим супориш намуд, ки бедор ва аз меҳмон хабардор бошед! Баъд аз ин худаш ба хобгоҳ рафт. Ман ба дарёи ҳайрат ғӯта хӯрда такя намудам ва дар фикри он будам, ки «оё ин мард кист?». Ин навъ ғарибнавозии ӯро сабаб чист? Ходими бедордил ва соҳибфаросат тафаккури маро фаҳмид: омада дар пеши ман нишаст ва гуфт:
— Э дарвеш! Ин хона соҳибе дорад, ки бо хушахлоқӣ, карам ва сахо машҳура. Вай ҳаминро одат кардааст. Ин мард яке аз ходимон ва фармонбардорони вай аст.
Чун ин сухан шунидам, гуфтаи он дарвешро ба ёд овардам ва хотирҷамъ шуда ба хоб рафтам. Ҳамин ки рӯз равшан шуд, ва хонсолори фалак гирдаи нони хуршедро ба канори осмон ҷо дод, он марди мизбон ба назди ман омад. Дарҳол дастурхон партофт ва меҳрубонӣ кард. Ман ҳарчанд рухсат талабидам, қабул накард ва гуфт:
— Э нури чашм! Мувофиқи фармудаи бонуи мо то се рӯз бояд ҷо дар дидаи мо бидорӣ, баъд ихтиёрат, то ҳар вақт ки хоҳӣ ҳокимӣ. Вақте ки рафтанӣ шавӣ ё коре дошта бошӣ, ман ба бонуи худ арз мекунам, он чӣ фармояд, ба он амал мекунем.
Қисса кӯтоҳ, он се рӯз бад он тариқ он марди халиқ (хушхулқ) маро нигоҳ дошт ва дақиқае аз саъй ва хизматгузорӣ фурӯ нагузошт. Рӯзи чорум вақте ки офтоб баромада дунёро ба нури ҷамоли худ мунаввар гардонид, он мард боз монанди собиқ меҳрубонӣ ва мизбонӣ кардан гирифт. Ман шукр гуфта аз ӯ рухсат талабидам.
Ӯ гуфт:
— Э ёри азиз! Магар аз мо бандагон, камхизматӣ ва кӯтоҳӣ гузашт, ки ба табъи шариф гарон расидааст?
Гуфтам:
— Худо накунад, ки аз шумо ба ғайр аз меҳрубонӣ ва одамият ва эҳсону неъмат чизе кам надидаам… Аммо сабаб он аст, ки:
Матлаби марди мусофир ба ҷаҳон дидор аст!
Хусусан мақсад аз саёҳат ва сафари ман он аст, ки:
Мо худ ба гарди домани марде намерасем!
Шояд ки гарди домани марде ба мо расад!
Инро шунида, гуфт:
— Андак сабр кун, то ба арзи малика расонам ва изн ҳосил кунам. Акнун ки рафтанӣ ҳастӣ, ҳар чӣ ки дар ин иморат зарфи нуқра ва ғайра бошад, ба ту тааллуқ дорад. Ба фикри бурдани онҳо бош!
Гуфтам:
— Онҳоро ба куҷо барам?
Гуфт:
— Набурдан илоҷ надорад, агар инро бонуи мо шунавад, моро аз дараҷаи эътимоду ихтиёр ва эътибор дур меандозад. Бале, чун ту марди ғариб ҳастӣ ва ҷое надорӣ. он қадар метавонам, ки дар хонае гузорӣ ва қуфлу мӯҳр кунӣ, ки амонат бошад.
Чун якраҳагии ӯро дидам, ба маслиҳати ӯ амал кардам ва мунтазири рухсат будам. Дидам, ки чанд нафар аз дар даромада омаданд ва пеш-пеши онҳо хоҷасаройи хушлибосе асои мурассаъ дар даст меомад. Вай наздик расида забон ба тавозӯъ кушод ва гуфт:
— Э меҳмони азиз, ва э нури дидаи мо! Сабаби зудсайрӣ чист? Набояд ки маро аз ин файз маҳрум гардонӣ ва бояд ду рӯзе қадам бар чашми ман дошта бошӣ. Агар малика шунавад, ки меҳмоне омада ва аз мо даргузаштааст 1 вай аз мо дарнагузарад, балки сари мо бардорад.
Бо ин суханҳо, хоҳӣ-нахоҳӣ маро ба хонаи дигар бурд, ки дар қатори он хона буд. Ин хона низ ба сад зебу зинат ороста буд. Он хоҷа низ лозимаи мизбонӣ ва меҳрубонӣ то се рӯз баҷо овард. Дар муддати ин рӯзҳо ҳар он чӣ зарф, ки аз тилло ва нуқра буд, ҷамъ карданд. Рӯзи чорум хостам, ки берун равам, он хоҷа гуфт:
— Э мард, агар ҳоҷате дошта бошӣ, бигӯ, то ба малика арз кунам.
Шаҳрёро! Хаёл кардам, ки аз моли дунё ҳар чӣ хоҳиш кунам, мумкин аст. Аз он ҷо ки тамаъ ва зиёдталабӣ дар сиришти инсонӣ аст, ба худ қарор додам, ки хоҳиш ва хосткории маликаро намоям. Вале чун дар либоси фақирӣ ва дарвешӣ будам, бо худ гуфтам: «ин чӣ хоҳиши беҷост?». Боз гуфтам, ки «изҳори матлаб кунам, бинам, ки чӣ мешавад!». Бинобар он ба хоҷа гуфтам, ки:
— Ҳоҷате дорам, ба восита имкон надорад. Агар аз маслиҳат донед, хатчае нависам. Гуфт:
— Хуб аст.
Ман ҳам коғаз гирифта баъд аз шукри неъмат навиштам: «Бандаи ҳавохоҳро ба василае гузар ба ин шаҳр афтод ва ба сӯҳбати гумоштагони даргоҳи олия мушарраф гардидам, чанд рӯз ба сари хони эҳсони бепоён меҳмон будам. Асли мақсад ба омадани ин шаҳр ҳамин буд. Шукр, ки ба мақсад расидам, ва ҳар чӣ ки дар бораи атвори ин малика шунида будам, дидам. Алҳол мулозимони шумо мегӯянд, ки матлабе арз намо! Шукр ки ман ба моли дунё ҳоҷате надорам. Дар вилояти худ фармонраво ва соҳибихтиёрам. Азбаски медонам шеваи мардӣ ва карам баъд аз Ҳотам имрӯз ба шумо хос аст, такя бар он намуда, илтимос дорам, ки ба никоҳи ман даройӣ… узри густохии мо чандон ки густохии мост».
_________________________________________
1 Даргузаштан — ба маънои монда гузаштан, партофта рафтан. Аз мо даргузаштааст — яъне аз мо гузашта рафтааст, моро партофта гузаштааст, аз баҳри мо гузаштааст.
Хатро печонда, мӯҳр карда ба хоҷа додам ва ба ҳарам фиристодам. Баъд аз андак фурсат маро ба дари ҳарам ҷеғ заданд. Чун ба он ҷо рафтам, як тӯда хоҷасароён ва ришсафедонро дидам, ки ҳама саропо мурассаъ, саф зада истодаанд. Дар он ҷо дар болои курсие пирзани ҳаштод-навадсолае нишаста буд, ки саропо дар миёни дурру гавҳар ғӯта зада буд. Чун пеш рафтам, салом гуфтам, ба нармӣ ва меҳрубонӣ ҷавоби саломамро дода, ба нишастан таклиф намуд. Ман ба рӯйи курсии дигар нишастам. Кампир забон ба меҳрубонӣ кушода, гуфт:
— Э ҷавон, хуш омадӣ! Ту магар маликаро хосткорӣ кардӣ?
Ман сари хиҷолат пеш афганда ҷавоб надодам.
Гуфт:
— Э ҷавон! Малика дуо мерасонад ва мегӯяд, ки маро аз шавҳар кардан оре нест. Ту матлабе дорӣ, ки ба шараф дуруст ва табиист. Дар ин боб туро мазаммате нест. Аммо таърифи худ намудан ва подшоҳии худро сутудан 1 беҷост. Зеро ки бани навъи инсон аз ҷинси якдигаранд ва дар ҳақиқат:
Ин хурду бузург, ки ба ном инсонанд,
Дар дасти замона ҳамчу ангуштонанд;
Имрӯз агар пасту баландӣ доранд,
Фардо, ки бихобанд, ҳама яксонанд!
…Хуб аст, ман ҳам муддатест, ки ба шавҳаре чун ту муштоқам. Аммо ҳар занеро маҳре ва шарте ҳаст. Акнун, чунончи ту эҳтиёҷ ба мол надорӣ, шукр ки ман ҳам мол дорам. Маҳри ман ва шартҳои ман як чиз ва шарт аст, ки агар аз ӯҳдаи он баромада тавонӣ, ба никоҳи ту медароям…
Он чӣ шарт аст. — гуфта пурсидам.
Доя гуфт:
— Ту имрӯз меҳмони ман ҳастӣ. Ман саволи туро ба малика арз мекунам, то яқин намояд ва баъд аз он гӯему шунавем.
Маро ба қабулхонаи ҳарам бурданд. Ришсафедон ва эшикоқоён, мӯътамадони хос бо ман ба сӯҳбат нишастанд. Доя ба ҳарам рафт. Баъд аз қадре берун баромада, ба сӯҳбати мо нишаст… чун таом хӯрда шуд, доя гуфт:
__________________________________________
1 Сутудан — таъриф кардан, хубии чизе ва касеро гуфтан.
— Э ҷавон! Ҳоло маликаи мо номзади туст, ба шарти он ки аз ӯҳдаи шартҳои ӯ баройӣ.
Гуфтам:
— Бифармоед, ки шартҳои малика чист?
Доя гуфт:
— Беҳрӯзро ҷеғ занед!
Ходимон ба талаби ӯ рафтанд; баъд аз қадре мардеро оварданд, ки либоси акобирона пӯшида буд ва қариб ҳазор калиди тилло ба миён овехта дошта, ки ҳар як калид аломати як хазина буд. Он мардро ба паҳлуи ман ҷо доданд.
Доя гуфт:
— Беҳрӯз! Ҳар чӣ ки дар вилояти Нимрӯз дида бошӣ, ба ин ҷавон нақл кун.
Он мард ба ҷониби ман рӯ гардонда гуфт:
— Э ҷавон! Бидон ва огоҳ бош, ки махдумаи мо ҳазор ғуломи тоҷир дорад, ки камтарини онҳо ман мебошам. Бонуи мо ба ҳамаамон сармоя дода ба атрофи олам — ба Рум, ба Шом, ба Ҳалаб, ба Мағриб 1, ба Фаранг, ба Хитой ва Хутан, ба Чину Мочин ва ба Бадахшон ва ба тамоми диёри Шарқ ба тиҷорат мефиристонад, мо ба ҳар тараф сафар мекунем. Аксар вақт як сафари мо ба чанд сол мекашад ва ҳар гоҳ аз сафар боз оем, малика аз мо намепурсад, ки ба куҷо рафтед ва чӣ овардед, вай аз мо тарз ва вазъи он вилоятро, ки рафта дидаем, аз аҷоиб ва ғароиби сафар ва аз он чӣ дида бошем, мепурсад. Армуғоне, ки барои малика меорем, ҳамон аст.
Чанд сол пеш аз ин гузори ман ба шаҳри Нимрӯз афтод ва тамоми мардуми он шаҳрро сиёҳпӯш дидам. Аз ҳар кас, ки сабаби онро пурсидам, ҷавоби маъқуле нашунидам. Чанд рӯз гузашту моҳ нав шуд, субҳи рӯзи аввали моҳ ҳамин ки офтоб баромад, халқ ба ҳаяҷон омаданд. Аз ҳар кас, ки пурсидам, сабаб ҷустам, ҳеч кас ба ман аҳамият надод. Танҳо марди дарвозабон гуфт, ки «Ту ҳам биё, то бидонӣ ки чист!». Ман бо онҳо равон шудам. Дидам, ки халқи шаҳр, хурду калон давон-давон аз дарвозаи шаҳр, ки ба тарафи машриқ буд, берун омаданд ва чоряки фарсах роҳ рафта, ба саҳрои васее расиданд. Дар рӯ ба рӯй найистоне менамуд. Тамоми мардуми
________________________________________________
1 Мағриб — ба маънои мамлакатҳои қитъаи Африка.
сиёҳпӯш дар он ҷо саф кашида истоданд ва маълум буд, ки интизорӣ мекашанд. Чун се соат аз рӯз гузашт, найистон барҳам хӯрда 1 ҷавони шерсавлате омада баромад, ки ба гови зарде зини тилло ва лаҷоми мурассаъ зада савор шудааст. Он ҷавон ба тан хафтони суфи мушкин пӯшида, шамшери бароқи муррассае ҳамоил карда, камарбанди сафед ба камар баста буд. Мӯйи сар ба камар расида, парешон ба ҳар ҷониб афтода, ду чашм чун тоси пурхун, ҷӯшон ва хурӯшон, чун баҳр кафк бар лаб оварда буд… Як ғуломи чордаҳсола, аз ақиби ӯ меомад, вай чизеро ба ду даст бардошта меовард.
Чун он ҷавон як тирпарто роҳ ба халоиқ расида буд, ки аз гов пиёда шуд ва ҷилави онро ба банди даст дошта шамшер бараҳна сохт ва якзону шуда нишаст. Мувофиқи ишораи вай, ғулом ба наздики мардум омад ва чизе, ки дар даст дошт, ба мардум менамуд. Ҳама тамошо карда таҳсин менамуданд. То ки ба ман расид. Дидам, ки мартабони 2 чинӣ аст, дар он ниҳоли сарвро бо роҳи заргарӣ бо ҳунари зиёд сохта ва онро аз зумуррад мурассаъ карда буданд. Ҳақиқатан чизи пурсанъат буд. Ғулом онро ба ҳама нишон дода ба назди он ҷавон баргашт. Вай аз ҷо ҷасту мартабонро гирифта, бар замин зад, ки реза-реза шуд, баъд чунон шамшер ба гардани ғулом зад, ки сараш ба даҳ қадам дур афтод. Аммо худаш ба ҳамон тариқ нишаста, ба нолаву фиғон даромад ва ин ду байтро хонд:
Аз хасмии 3 рӯзгор зеру забарам,
Хоҳӣ, чӣ кунӣ фалак аз ин бештарам?
Ё фарши замин зи зери поям барчин,
Ё чатри фалак бибар зи болои сарам!
Ҷавон он қадар нолид, он қадар гирист, ки реги биёбонро ба ҷӯш, халқи ҷаҳонро дар хурӯш овард, моҳиёни дарёро бетоб ва мурғони ҳаворо кабоб кард. Баъд аз он ки заминро аз оби дида
___________________________________________________
1 Найистон барҳам хӯрда – яъне найистон ҷунбиш карда, найҳо ба якдигар расида.
2 Мартабон – зарфи лӯндаи даҳантанг аст, ки аз чинӣ, шишаи махсус ва сафол сохта мешавад.
3 Хасм – 1) душман: 2) тарафи муқобил. Аз хасмии рӯзгор – аз душмании рӯзгор.
гил кард, барҷасту ба гов савор шуд ва аз ҳамон роҳ баргашт. То асараш пайдо буд, халқ гирён буданд ва чун аз назар пинҳон шуд, мардум бо чашми гирён ва синаи бирён баргаштанд. Ман аз ҳар гӯша ва канор тафтиш намудам, пурсидам, ки он «ҷавон кист ва он шӯридагиаш аз баҳри чист? Ҳарчанд мардумро ба зар фирефта кардам, аммо кайфияти он ҷавонро нагуфтанд. «Ҳамин қадар медонем, ки — гуфтанд. — сиёҳпӯшии раият ба мутобаати подшоҳ аст, дигар намедонем!».
Муддате дар он шаҳр гаштам ва дар аввали рӯзи ҳар моҳ ин муомиларо медидам. Баъд аз он ки аз сафар боз омадем ва ба хизмати малика мушарраф шудем, вай аз аҷоиботи он сафар пурсид. Ман ҳамин ҳикояро баён кардам. Малика ба сухани ман бовар накарда, яке аз ғуломони мӯътабарро ба он вилоят фиристод. Ва фармон дод, ки агар ин ҳикоят ҳақиқат бошад, ба ҳар роҳ, ки тавонад сабаби онро фаҳмида бозгардад. Он ғулом рафта дид ва муддати зиёд дар он шаҳр саргардон буд. Умраш ба таҳқиқ кардани ин аҳвол вафо нанамуд. Мулозимон ва одамони ӯ чун баргаштанд, аризаи ӯро ба малика расонданд. Вай навишта буд, ки «он ҳикоя рост аст, аммо таҳқиқи асли воқеа амри мушкил… Ман умрамро ба бандагии остон додам (яъне мурдам), боқӣ ихтиёр ба шумост!».
Баъд аз он доя гуфт, ки:
— Э ҷавон! Шунидӣ! Инак шартҳои маликаи мо он аст, ки ба он вилоят равӣ ва таҳқиқ кунӣ ки он ҷавони говсавор кист ва ба халқ мартабонро намуда шикастан ва куштани ғулом аз баҳри чист? Он ҷавонро маскан куҷост? Савораи гов чарост? Ва халқи он шаҳр чаро сиёҳпӯшанд ва дар аввали моҳ чунон дар ҷӯшу хурӯшанд? Агар аз ӯҳдаи он баромадӣ, ба матлаб расидӣ, в-агарна, сари худ гиру бирав!..
Гуфтам:
— Меравам, ё ба мурод бар сари гардун по мениҳам, ё дар ғами ишқи малика ҷон медиҳам!
Ман ғоибона он қадар шавқи мулоқоти он зубдаи хубонро доштам, ки хабар аз сар надоштам…
Ба доя гуфтам:
— Ба малика арз дорам, ки бояд рӯ ба рӯ гӯям.
Доя ба ҳарам рафт арз намуд… Чун шаб шуд, маро ба ҳарам бурданд. Дидам хонаи бузург оро дода шуда, чароғон, шамъҳои кофурӣ равшан ва гулъизорон саф бастаанд. Малика дар паси дар нишаста буд. Маро ба курсие нишониданд. Ман арз намудам, ки:
— Мехостам аз куҷо будани ин ҳама хароҷотро бидонам.
Малика гуфт:
— Падари ман подшоҳи ин вилоят буд, ҳафт духтар дошт. Як рӯз ҷашн кард ва гуфт «Агар ман подшоҳ намебудам, шуморо малика кӣ мегуфт?». Ман дар он вақт ҳафтсола будам. Гуфтам ки «Ман худ малика мебошам!». Ин сухани ман ба подшоҳ бад расид. Фармуд, ки инро бараҳна карда, ба рӯйи намадпорчае шинонда, ба саҳро гузошта биёянд. Чокарҳо шабона маро ба саҳро монда баргаштанд. Чун субҳ шуд, бедор шуда дидам, ки бараҳна дар намадпорчае ҳастам. Ҳайрон шуда аз ҷо бархостам ва дар саҳро мегаштам, ки ба як марди фақир дучор шудам. Ӯ маро духтар гуфта (духтар хонда) дар саҳро нигоҳ дошт. Ҳар рӯз худаш ба шаҳр рафта, гадоӣ карда нон ёфта меовард. Як рӯз ба ман гуфт: — камтар заминро канда хокро тӯда кун, ки девор созам. Чун заминро кандам, дарвозае пайдо шуд. Он дарро во кардам, дар миёни ҳуҷраҳои зеризаминӣ зари беинтиҳо баромад. Ман як мушт зарро бароварда пинҳон кардам. Вақте ки фақир омад, гуфтам ки «аз шаҳр рафта меъморонро биёред, ки иҳота созанд». Ӯ рафта меъморон ва мардикоронро овард ва иҳотаро тайёр карданд. Баъд аз он фармудам, ки дар ин ҷо боғ ва ободонӣ намоянд ва ин шаҳрро шаҳри Малика гӯянд. Чун иморатҳо, боғҳо ва гулзорҳо бино шуд, овоза шуда рафт, ки маликае аз мулки хориҷа омада иморат сохта ва раият обод кардааст. Ин хабарро шунида подшоҳ хабар фиристод, ки «Маликаро гӯянд, орзуи дидани шуморо дорам». Арз кардам, ки «Биёянд, хона хонаи шумост». Шабона тайёрии зиёфатро кардам. Чун рӯз шуд, подшоҳ омад. Хони ҷавоҳирот пеш бурда, тасаддуқ кардам. Баъд худам ҳам омада салом додам ва бо адаби тамом истодам. Подшоҳ пурсид, ки «Малика аз кадом шаҳр меоянд?». Арз кардам, ки «Э падар, ман худам Малика мебошам!». Падарам бархоста, аз пешонаам бӯсид ва ҳамроҳи худ гирифта, назди модарам овард. Падарам чун вафот кард, ман ба ҷойи ӯ ба тахт нишаста подшоҳӣ мекунам. Кайфият ин аст. Ҳоло бирав, зиёда аз ин дарди сар надеҳ!
Чун роҳӣ шудам, дар ҳеч манзиле наистодам. Муддат як сол пойи саломат бар санги маломат мезадам ва сахтии ранҷ мекашидам… то ки ба он вилоят расидам.
Шаҳрёро! Агар шарҳ диҳам, ки дар он роҳ чӣ дидам ва чӣ кашидам, боиси дарозии сухан мешавад. Боре, чун дохили он шаҳр шудам, мардуми он шаҳрро ба он сифат дидам, ки аз он мард дар Басра шунида будам. Чун моҳ нав шуд, рӯзи аввали моҳ ба дастури мазкур аз унос ва зукур (зану мард — ҳама) ба саҳро рафтанд. Ман ҳам бо онҳо будам ва тамошо мекардам. Ниҳоят он ҷавони говсавор омад…
Аз дидани аҳволи он ҷавон ва шунидани сухан ва чолокии ҳаракати ӯ аз ҳуш рафтам. Чун ба ҳуш омадам, он ҷавон рафта буд ва халқ бармегаштанд. Боре, ноилоҷ шуда ба шаҳр баргаштам ва то муддате шабу рӯз мешумурдам ва ҳар нафасе ба соле баробар буд… Боре ба сад хориву зорӣ он моҳро ҳам ба охир расонидам. Дар рӯзи аввали моҳи нав ба саҳро рафтам ва он ҷавонро ба қоидаи мазкур дидам, ба ҳоли он дилсӯхта гиря кардам. То он ки баъд аз гиря карда шудан он ҷавон майли саворӣ намуда баргардид ва аз сафи халоиқ ҷудо гардид. Ман ба ақиби ӯ давидам. Ҳамон дам чанд нафар маро гирифта нагузоштанд. «Э аҷалрасида, — гуфтанд онҳо, — аз паси инчунин бало кӣ рафтааст? Магар ту аз ҳаёти худ сер шудаӣ?». Ҳарчанд хостам, ки раҳоӣ ёбам ва аз дунболи ӯ равам ва бинам, ки ба куҷо меравад; шояд ба як роҳе маълум карда тавонам, ки ӯ кист ва чикора? Аммо муяссар нашуд. Боз ба шаҳр баргаштам ва ғуссаи бисёре хӯрдам, тарки хобу хӯр кардам. То аввали моҳи дигар аз бемадорӣ чун ҳилол (чун моҳи нав) гаштам. Чун моҳро нав кардам, ба худ андешидам, ки фардо боз ҳамон муомила хоҳад буд. Фикри дуруст бояд кард, ки касе хабардор нашавад ва монеъ нагардад. Охир раъям ба он қарор гирифт, ки дар шаб аз шаҳр берун омада ба миёни найистон, ки дар сари роҳи он ҷавон буд, рафта нишастам… Мунтазир нишаста будам, ки он ҷавон ба суръати тамом ба ҷойи муқаррарӣ рафт ва корҳои аз ин пеш кардагиашро карда бозгашт. Ман ҳам бархоста аз паси ӯ равон шудам. Ҷавон говро ба суръат метохт. Чун қадаме чанд аз паси ӯ рафтам, вай фаҳмид, ки аз ақиби ӯ касе меояд. Бинобар он ҷилав баргардонид. Чун маро дид, наърае зада дар хашм шуд ва кафк бар лаб оварда, шамшер кашида, говро ҷониби ман ронд. Ман бо худ гуфтам: «кушта шуданро омода бош, ки ҷойи гурез нест!..». Боз фикр кардам ки «кори девона чаппа аст. Аз зери теғи ӯ гурехтан хуб нест ва дуруст нест. Зеро ки далертар мешавад…». Боре қарор бар фирор 1 ихтиёр кардам ва аз кисаам ҷавзе — муносиби ҳоли дарвешон бароварда ба кафи даст гирифтам ва пеш бурдам ва гардан баркашида, таслими теғи он шерсавлат гаштам. Ӯ бо тундӣ ва салобати тамом меомад. Ҳамин ки расид, маро ба он ҳол дид ва даст нигоҳ дошта, гуфт:
— Э вой, дарвеш будаӣ! — ва теғро ба ғилоф карда гуфт: — лаънат ба шайтони гумроҳ!
Вай аз камараш ханҷарро кашида, ба сӯйи ман андохт ва гуфт:
— Э аҷалгирифта! Бигард, ки муфт кушта шуда будӣ!
Шаҳрёро! Гӯё маро сеҳр карда буданд, ки ёрои гуфтор ва пойи рафтор набуд. Он ҷавон боз ба роҳаш давом кард. Чун қадаре рафт, қариб буд, ки аз назар пинҳон шавад, ман якбора ба худ омада ва ба худ гуфтам, ки «акнун бармегардӣ? Ин камоли беҳимматӣ ва норасоист! Илоҷ ҷуз ин нест, ки боз аз дунболи мақсад равӣ. Ё кушта шавӣ, ё ба матлаб расӣ». Бо ин андеша аз паси он ҷавон равон шудам:
Ҳарчанд даруни парда роҳат надиҳанд,
Навмед мебошу ҳалқае бар дар зан!
Он ҷавон боз аз ман хабардор шуда, ба навъе говро ба ҷониби ман тохт ва шамшер ба қасди ман андохт, ки маргро аён дар дами ӯ дидам ва гуфтам:
— Э марди мардона! Зарби шамшери худро аз ман дареғ надор. Маро аз ин ғаму ғусса ва биёбонгардӣ халос кун, бахилӣ накун!
Ин суханро шунида ба сӯйи ман бо ғазаб нигоҳ карда сар ҷунбонид ва гуфт:
— Э золими бемурувват! Чаро мехоҳӣ, ки хун бар гардани ман гузорӣ… тарки ҷаҳл карда баргард, ки ин бор ҳам ҳуҷҷат бар ту тамом кардам.
________________________________________________
1 Фирор — гурехтан. Қарор бар фирор ихтиёр кардан, яъне нагурехтан ва истодан, қарор додан.
Боз ҷилав баргардонида говро бо суръат ронда рафт. Ман боз аз дунболаш равон шудам ва ин мазмунро вирди забон сохтам:
Меравам то инони шаҳ гирам,
Кунам аз дасти хубрӯён дод.
Ақл гӯяд, марав, ки натвонӣ,
Ишқ гӯяд, ки ҳар чӣ бодо бод!
Он ҷавон дар арзи роҳ ҳарчанд маро аз гӯшаи чашм дид ва дида нодида ангошт ва худро бад-он надошт. Қариб ду фарсанг роҳ гаштем, ки девори боғе намудор шуд. Он ҷавон чун ба дари боғ расид, аз ҷигар чунон наъра кашид, ки он ҳисор ва атрофи он ларзид. Дари боғро кушоданд, он ҷавон говро ба дарун тохт. Ман дар берун мутафаккир ва ҳайрон истода будам, ки ғуломе берун омад ва маро пеш талабида, гуфт:
— Э аҷалгирифта! Аз куҷо дучори ин девонаи хунхор шудаӣ?
Гуфтам:
— Қисмат чунин буд.
Гуфт:
— Ҳоло биё, ки туро металабад. Худо раҳмат (ба ту раҳмат) кунад ва аз шарри ин заҳмат нигоҳ дорад.
Чун ба дарун рафтам, боғе дидам хуррам ва ободон… Шаҳрёро! Забон аз таърифи он оҷиз аст. Дар миёни боғ иморати олибино дидам, ки шарафааш бо турфаи моҳ баробарӣ мекард. Дар он ҷо шаҳнишини васее буд; он ҷавон бо дили ғамгин дар он шаҳнишин нишаста, дар пешаш натъ1 паҳн карда, авзори заргарӣ ба рӯйи натъе рехта мартабони дигар дар он буд… Он ҷавон як-як зумуррад дар миёни мартабон ба кор мебурд. Ғулом маро ишора ба нишастан кард. Нишастам ва хомӯш мондам. Он ҷавон ба сохтани мартабон машғул шуда ба касе аҳамият намедод, то ин ки рӯз ба охир расид; даст аз кор кашид ва сар бароварда чунон бадард хурӯшид, ки тамоми он боғ биларзид. Ғуломон ва парасторон ба ҳар тараф гурехтанд. Бар даври шаҳнишин ҳуҷраҳои бисёр буд. Ман ҳам, чун чунон дидам. ба ҳуҷрае хазидам. Он ҷавон дарҳоро як-як баст ва
_______________________________________
1 Натъ — бисот ва фарши чармин.
ғурришкунон аз иморат ба зер равон шуд. Ҳуҷрае ки ман дар он ҷо будам, даре ба тарафи боғ дошт. Дар ақиби он ҳуҷра панҷарае буд як чӯби он пӯсида афтода, чунон буд ки аз он ҷо касе берун баромада метавонист, ман ба худ гуфтам ки «мебояд аз пайи ин ҷавон рафт ва донист, ки ба куҷо ва аз барои чӣ меравад…» бинобар он баромадам. Аз кунҷи боғ нола ва фарёди гов ва садои чӯб заданро шунидам. Ба миёни дарахтон рафтам, ки касе маро набинад. Ҳамин ки наздик расидам, дидам ки он ҷавон чӯб кашида бар пушту паҳлуи гов мезанад, гов нола мекунад. Ҷавон баъд аз он ки ба танг омад, чӯбро ба дур андохт ва аз киса калид бароварда, ба сӯйи иморате, ки дар он ҷо буд, равон шуд ва қуфли онро кушода, худро ба тариқи мадҳушон ба дарун афканд. То аз шаб ним соат гузаштан дар он ҷо буд гиря ва нола мекард қурбон ва садқа мешуд. Ман ҷуръати пеш рафтан надоштам. Баъд аз он ки берун баромад, пеши гов рафта сару чашми онро бӯсид ва ба ӯ чун ба инсон узрхоҳӣ намуд; дасту пояшро пок карда, алафи бисёре пеш оварда партофт ва ба сӯйи иморат равона шуд. Ман аз миёни дарахтон худро ба ҳуҷра расонидам ва дар гӯшае хобидам. Он ҷавон чун ба иморат омада даромад, дарҳоро як-як кушода фарёд кард:
— То кай мехобед, берун бароед.
Ғуломон берун давиданд, чароғ афрӯхта ба маҷлис оварданд. Вай боз фарёд карда гуфт:
— Он дарвеши золим дар куҷост?
Ман берун давидам. Чун ба наздаш расидам, ишора ба нишастан кард. Хизматгорҳо таом оварданд, дастурхон партофтанд Вай маро пеш талабида таклифи таом хӯрдан кард… Куҷо таом аз ҳалқи ман фурӯ мешуд?! Аммо ба ҳар тариқ, ки буд, чанд луқма хӯрдам. Чун дастурхонро бардоштанд, ғуломонро рухсат дод. Вақте ки маҷлис хилват шуд, рӯ ба ҷониби ман карду гуфт:
— Э мард! Барои Худо, бигӯй матлаби ту чист? Чаро ба абас ҳалокати худро мехоҳӣ ва ба чӣ сабаб аз паси ман меойӣ? Медонам, ки то касеро корд ба устухон нарасад, маргро ба зиндагӣ намегузинад. 1 Маълум шуд, ки ту ҳам
___________________________________
1 Гузидан — интихоб кардан, хоста гирифтан. Намегузинад — интихоб намекунад.
ба ватираи 1 ман беморӣ ва аз барои маслиҳате дар ин роҳ қадам мондаӣ, ки ин сар дар ақиби ман гузоштаӣ, албатта муддаое дорӣ. Ба мардони олам қасам, ки агар рост гӯйӣ ва агар матлаи ту ба дасти ман бошад, барорам ва то ҷон дорам ҳамроҳӣ кунам. Агар дурӯғ гӯйӣ ва аз дари ҳила даройӣ, ба ҷон амонат надиҳам.
Чун ин шунидам, ҷуръат карда тамоми саргузаштамро гуфтам. Чун сухани хоҳиш ва таашшуқро дид, монанди абри навбаҳор гирист, биҷӯшид ва бихурӯшид ва бехуд гардид. Сарашро ба канор гирифтам ва бо нармиву мулоимат ба ҳуш овардам. Чун ба ҳуш омад, гуфт:
— Э мард, ту наёмадаӣ, магар ба харобии бунёди сабру ороми ман, омадаӣ, ки маро аз биёбоннавардон кунӣ! Қасам ёд кардаам, ки мақсади туро раво кунам ва ба ҷон музояқа накунам 2. Агар туро маҳрум гузорам, ҷавоби султони ишқро чӣ гӯям? Зеро ки қадри парешон, парешон донад! Хуб, аввал ту ба мақсади худ рас, то бинам, ки оқибати ман ба куҷо расад…
— Э бародар, бидон ва огоҳ бош, ки ман писари подшоҳи ин шаҳрам. Падарам ба ғайр аз ман фарзанде надорад. Маро ҳам солҳо умед ва орзу карда ёфтааст. Ба муждаи зойида шудани ман се сол хироҷ аз раият бармедорад ва коҳинон ва мунаҷҷимонро талабида аз толеъ ва аҳволи ояндаи ман мепурсад. Онҳо баъд аз гирифтани иртифоъ 3 ва фикри бисёр арз мекунанд, ки «ин писарро то ба охири синни чордаҳсолагӣ қироне дар толеъ аст 4 ва он қирон ва рӯъяти 5 офтоб ва моҳтоб тавонад буд. Ағлаби гумон он аст, ки то аз синни вай чордаҳ сол нагузарад, бояд офтоб ва моҳтобро набинад Агар ин қирон аз вай гузарад, басо комрониҳо кунад. Ва илло ранҷҳо кашад ва мумкин аст, ки девона шавад, хун бисёр бирезад, аз одамон гурезад…». Э мард! Падаре, ки ба он ҳама
__________________________________________
1 Ватира – роҳ, тариқ, ҳол, тарз, равиш. Ба ватираи ман — дар ин ҷо ба маънои ба ҳоли ман.
2 Музояқа накардан — яъне дареғ надоштан.
3 Иртифоъ – баландӣ, нуқтаи баланд. Дар ин ҷо иртифоъ гирифтан ба маънии баландиро санҷидан.
4 Қироне дар толеъ будан — ба маънии хушбахтӣ, ё бадбахтӣ дар толеъ будан.
5 Рӯъят — ба чашм дидан ва донистан.
орзу фарзандро мебинад, аз шунидани ин хабар чӣ мешавад? Ҳамон дам маро бо дояҳо ба зери замин мефиристад. Баъд аз он некандешон ва корпардозон машварат мекунанд, ки «будани ин тифл то чордаҳ сол дар зери замин дуруст нест». Баъд аз маслиҳат ба он қарор медиҳанд, ки дар беруни шаҳр боғи нав тартиб дода, ниҳоли бисёре мешинонанд ва деворашро бағоят баланд мекунанд, баъд болои боғро бо чорчӯбаҳо пӯшида, ба онҳо шишаҳои ғафси соф мегузаронанд. Аз болои он ҳам ба намадмолон намади махсус молонда мепартоянд, аз ҳар тараф домони онро маҳкам мекунанд. Баъд маро бо доя ва марде, ки адиби комил ва муҳандиси соҳибтабъ буд, ба он боғ мефиристонад.
Муддати ҳафт сол маро дар он ҷо парвариш мекунанд. Чун ба синни ҳаштсолагӣ расидам, он мард ба ман хондан ва навиштанро таълим дод. Ҳар моҳе як дам ғоиб мешуд. Ман намедонистам, ки ба куҷо меравад. Ва ҳол он ки вай ба назди падарам ба овардани озуқа мерафтааст.
Боз муддати панҷ соли дигар ба дарсхонӣ ва баҳс гузашт. Доно шудам, аз маънии китобҳо бохабар шудам. Аммо, чун ба ғайр аз муаллим ва доя касе ва сивои он боғ ҷоеро надида будам, он маконро биҳишт ва онҳоро Одаму Ҳавво медонистам.
Ҳар рӯз аз аввали рӯз дар боғ мегаштам, гули бисёр мечидам ва ба иморат мепошидам. Баъд ба мутолиа машғул мешудам. То он ки муаллим ба таълими ман менишаст.
Дар баҳори сенздаҳум, аввали рӯз ба дастури мазкур ба гул чидан рафтам. Гул чида гашта будам, ки ногоҳ дар канори боғ гули аҷиберо дидам, ки ҳаргиз ба он рангу бӯ гул надида будам. Даст бурдам ва нишастам, ки онро бичинам, аммо вай ғоиб шуд. Ҳайрон шудаму қад рост кардам, дида бар он гул дӯхта ва дил аз оташи ҳайрат сӯхта будам. Ҳар замон он гул бузургтар мешуд. Маро аз дидани он шӯру шавқе дар дил пайдо шуда, маҳви тамошо гардида будам, намедонистам, ки он чист. Ногоҳ аз боло овозе шунидам, ки ханда мекард. Сар боло кардам, ки бинам кист ва сақфи боғ шикофта шудааст. Сабаб он буд, ки чанд шудани он намад гузашта барфу борон ва офтоб хӯрда, кӯҳна шуда буд. Ба иловаи он ниҳоли санавбар саркаш гашта, он намадро пора карда буд Он гул, ки маро ба тааҷҷуб оварда буд шӯълаи офтоб будааст, ки ман ҳаргиз надида будам. Дар он дам тахте дар ҳаво дидам, ки ба дӯши чор нафар буд ва овози ханда аз болои тахт меомад. Онҳо ба тарафи замин мефуромаданд. Ман чашмамро аз онҳо наканда нигоҳ кардам. То ин ки ба замин расиданд, тахтро ба замин гузоштанд ва ба канор истоданд. Нозанинсанаме бар он тахт нишаста дидам, ки аз ҳуснаш боғ равшан мешуд.
Сарвқад, хушадо, камонабру,
Маҳҷабин, симғабғабу гулрӯ.
Шӯхи бедодгар, паризоде,
Нигаҳ оҳуфиреб сайёде.
Ҷодуаш фитна, ғамзааш хунрез,
Мижа қаттолу зулф ғолиябез.
Гесувонаш каманди гардани дил,
Оҳувонаш ба корбурдани дил.
Ғабғабаш ҷонишини оби ҳаёт,
Шакарин пистааш чу ҳабби набот.
Даҳанаш ҳамчу ҳуққаи ёқут,
Намакин бӯсааш равонро қут.
Хол дар кунҷи он лабон чун қанд,
Буд аз баҳри захми чашм сипанд.
Лаби лаълаш чу ғунчаи хандон,
Силки гавҳар мисоли он дандон.
Синаи ҳамчу тахтае аз оҷ,
Оҳувонро аз ӯ ба гардан боҷ…
Нимтоҷи ҷавоҳиркорӣ ба сар ниҳода, ба тамкин ва виқор бар он тахт нишаста, минои мурассаъ1 ва ҷоме аз як дона лаъл дар пеш дошт. Вақте ки маро ҳайрон дид, чун гули сероб хандид ва якбора намак бар ҷароҳатам пошид ва аз рӯйи меҳрубонӣ маро пеш талабид. Саросемавор пеш давидам, пояи тахти ӯро бӯсидам. Он нозанин дасти мани ҳазинро гирифта дар пеши худ нишонид ва аз мино ҷоме пур карда нӯшид ва ҷоме ҳам аз он май ба ман бахшид ва рӯямро бӯсид. Баъд аз ғояти дилрабойӣ гуфт:
________________________________________
1 Минои мурассаъ — шишаи мурассаъ, шишаи майи рангин ва зарнигор.
— Ҳайф, ки одамизодро вафо нест. В-агарна дил ба меҳри ту мебастам…
Ман ёрои дам задан надоштам. Ҳамчунин он нозанин ду ҷоми дигар нӯшид ва ба ман дод. Ба ман ҳолати ғариб ва қуввати аҷиб рӯй дод. Наздик буд, ки аз хурсандӣ ва нишот ҷомаи ҷон фано кунам ва худро гум карда будам. Соате шуд, ки ман мегиристам, ӯ табассум мекард ва рӯйи маро мебӯсид. Ногоҳ чанд нафар аз ҷинси онҳо аз ҳаво расиданд, ва бо забони худ чизе гуфтанд. Он санам афрӯхта шуд, боз аз рӯйи ман бӯсид ва маро аз тахт бар замин гузошт ва гуфт:
— Эй ёри азиз! Мехостам даме бо ту бошам, аммо рӯзгор нопойдор мебошад…
Рафтему доси ҳаҷри ту бурдем ёдгор,
Бар ёди мо ту ҳам дили моро нигоҳ дор.
Боре, фаромӯш накун ва ҷоми бевафоӣ нӯш макун.
Забони ман ҳамин қадар ёрӣ кард, ки гуфтам:
— Э қиблаи дилу ҷон! Туро куҷо талаб кунам ва суроғи ту аз кӣ пурсам?
Вай гуфт:
— Ин кор аз ту дур аст, бори дигар мулоқот миёни мову ту амри маҳол аст ва одамизодро қуввати дарёфтани мо нест…
Гуфтам:
— Боре гӯй, ки гуле аз гулистони кистӣ ва сарве аз бӯстони чистӣ?
Гуфт:
— Подшоҳзодаи париёнам! — дар ин дам тахти ӯро ба ҳаво бурданд ва ман ба он маҳв гардидам. Ҳамин ҳисси босираам ба ҷо монда буд, ки он ҳам бар асари ӯ мебуд. Боқӣ ҷон монда буд, ки он ҳам бар ӯ медавид. Дигар дасту по, ақлу ҳуш ва забону гӯш аз кор монд.
Ақлу ҳушу хирадам рафт, чу дилдор бирафт,
Дастам аз кор фурӯ монд, дил аз кор бирафт!
— Э дарвеш! Чӣ гӯям, аз ҳоли худ, ки надонам ба кадом забон тақрир кунам. Монанди тани беҷон, ошуфта ва парешон бар хок афтодам ва сиришк аз дида кушодам.
Доя ва муаллим баъди кофтукови бисёр, маро ба он ҳоли зор ёфтанд. Ҳарчанд муаллим бо ман сухан кард, аммо маро сари гуфтугӯ ва ҷавоб набуд. Лекин ашки ғаммоз 1 ҳама ҷо ҳоли дил ба рӯям боз мегуфт 2.
Муаллим гуфт, ки албатта ӯро ҷин зарар расондааст. Дуову таъвиз 3 бар сарам хонд, аммо ба ҳоли ман суде надошт. Он рӯзу шабро бад-он тариқ гузаронидам. Чун он дардро чорае надиданд ва тамаъ аз ман буриданд, муаллим ба назди падарам рафт ва сурати ҳолро гуфт. Падарам инро шунида саросема ба боғ давид, маро ба он ҳол дид ва дар бар кашид, рухсорамро бӯсид. Ҳарчанд сухан мекард, аз ман ҷавобе намешунид. Дар охир амирҳо, вазирҳо, аркони давлат ва ҳукамо, фузало ва табибҳо даромаданд. Падарам аз ғояти изтироб ба онҳо зорӣ, беқарорӣ, ваъда, мужда ва таҳдид ва он чи бояд ва шояд, намуд… Боре чун кор аз даст рафта буд, маро ба шаҳр бурданд. Ман аз он вақт боз, ки гули офтобро дида будам, ҳар лаҳза аҷоиби дигар медидам. Аз ин боз хам ҳайронтар мешудам ва аз гиряву оҳ намеосудам, шабу рӯз дар ғусса ва ранҷ будам; рӯз ба рӯз зору назортар мешудам. Ҳакимҳо, табибҳо ба даво шарбат; уламо ва шайхҳо ба дуо ва таъвиз меафзуданд. Аммо онҳо саъйи беҷо ва бефоида менамуданд… Ҳеҷ кадомашон воқиф аз ҳоли дили ҳайрон ва дидан гирёни ман набуданд. Ман, худам забони гуфтугӯ надоштам. То он ки се сол гузашт. Дар ин муддат шабу рӯз падарам ба андӯҳ буд. Дар ҳар вилоят, ки мешунид, ҳакиме ё марди доное ҳаст, ба ҳар тариқ, ки буд ҳозир менамуд, аз онҳо талабгори давои мани зор ва хостгори илоҷи дили бемор мешуд. Баъди давокунии бисёр, чун бӯйи асар намешунид, ба ноком ва ночор маъюс мегардид…
Баъд аз се солу ним ба ин вилоят як тоҷир, ки ҷаҳонгашта ва аксар умр дар сафар гузаронида буд, омад. Азбаски одами
_______________________________________
1 Ғаммоз – ғайбаткунанда. гӯянда. сиркушоянда. Ашки ғаммоз ҳама ҷо — ашки сиркушоянда ҳама ҷо…
2 Дар ин ҷо дар нусхаи дигар дар нусхае, ки дар соли 1318 ҳиҷрӣ чоп шудааст, ба ҷойи ин ҷумла «лекин ашк аз дида ба рӯям ҷорӣ буд» навишта шудааст, ки ҳамин дуруст барин менамояд. Аз муҳаррир.
3 Таъвиз — тӯмор. Ба дуо ва таъвиз меафзуданд — ба дуо ва тӯмор меафзуданд.
машҳур буд, тӯҳфае чанд ба назди падарам ба расми армуғон (савғо) овард. Падарам аз вай ҳакими ҳозиқро ҷӯё шуд. Вай гуфт ки «дар Ҳиндустон як ҷазираи хушобу ҳаво ҳаст, ки ҷазираи Ҳаким меноманд. Зеро ҷӯгие дар он ҷазира боғе сохтааст, ки девори он ба фалак мерасад, ҳеч касро маҷоли ба он даромадан нест. Соле як бор табобат мекунад. Азбаски овозаи ӯ ба кулли Ҳиндустон ва Чину Хутан ва тамоми дигар мамлакатро паҳн шудааст, ҳар ҷо беморе, ки табибҳо аз илоҷи ӯ оҷиз шаванд ва дастрасӣ бурдан ба он ҷазира дошта бошанд, аз яксола роҳ (ҳам бошад) ба он ҷазира мебаранд. Дар рӯзи ид дар баробари боғи ҷӯгӣ, агар сад, агар ҳазор ва даҳ ҳазор нафар бемор бошанд, дар паҳлуи ҳам мехобонанд. Ҷӯгӣ чун аз оббозӣ фориғ шавад, як-як беморонро бар башара нигоҳ мекунад ва бе он ки набз гирад, ё аҳвол пурсад, нусха навишта ба канораш меандозад ва мегузарад. Чун ба нусхаи ӯ амал кунад, бемор сиҳат меёбад. Гумон дорам, ки агар шоҳзодаро ба он ҷо фиристанд, шифо ёбад. Банда метавонам, ки дар шаш моҳ шоҳзодаро ба он ҷо барам.
Падарам аз ин мужда хурсанд шуда, яке аз вазирҳои худро, ки соҳибақл ва ба кифоят буд, бо сад нафар хизматгор ва корвони сафаркаш ба тоҷире ҳамроҳ намуда, ба далолати он марди ҷаҳондида ба он ҷазира равон кард. Муддати шаш моҳ порае дарё, порае саҳро мепаймудем. То он ки ба он макон расидем. Аз он ҷойи хушобу ҳаво бӯйи фараҳ ва шодӣ ба димоғи ҷонам расид.
То қосиди хушхабар зи ҷонон омад,
Аз файзи ҳавош дар танам ҷон омад.
Бо дил гуфтам, ки эй асири ғаму дард,
Хуш бош, ки шоми ғам ба поён омад.
Чун ба ҷазира расидам фараҳ ва осудагӣ ба дилам ҷо шуд. Аммо забонам ёрои гуфтугӯ надошт ва ашк беихтиёрона аз чашмам мерехт. Дар он ҷазира қариб панҷсад бемор ҳозир шуд. Чун бист рӯз гузашт, мардуми дар он ҷо ҷамъшуда шодӣ кардан гирифтанд. Онҳо мегуфтанд, ки «фардо рӯзи иди мост!». Он шаб то рӯз бемордорон, ки ду-се ҳазор нафар буданд, хурсандӣ мекарданд. Чун рӯз равшан шуд, ҳамаи беморонро ба дастури муқаррарӣ дар макони махсус ба тартиб шинонданд ва парасторон худ ба канор рафтанд. Ду соат аз рӯз гузашта буд, ки дари боғ кушода шуд, писари ҳиндуи жӯлидамӯе бо тани урён пешқабзае 1 баста, китобе дар даст ва қаламдони мурассаъ дар бағал аз боғ берун омад. Вай рост ба канори дарё рафта, худро шуста, камтар сайр карда, хиромон-хиромон ба ҷониби беморон омад ва ҳамон тавр, ки тоҷир гуфта буд, аз дасти рост як-як беморонро нигоҳ мекард ва нусха менавишт, баъд нусхаро ба канори онҳо гузошта мегузашт. То ки ба ман расид. Чун маро дид, мутафаккир гардиду баръакси дигарон ба сару пойи ман бисёр мулоҳиза ва тааммул кард. Баъд дасти маро гирифта ишораи бархостан кард ва рост истодам, вай мулоҳизаи бисёр кард, даст бари ман гузошта фикри бисёр кард ва бе он ки нусха диҳад, ё ҳарфе занад, гузашта рафт ва ба дидани дигаре сар кард, ин ҳолро дида вазири падарам ва ёрони дигар малул шуданд, аз дармони дарди ман маъюс гашта гиристанд ва зориву фиғон мекарданд. Чун ҳаким аз дидани дигарон фориғ шуд. назди ман омаду аз дастам гирифта ба боғ бурд.
Дар миёни боғ иморати чорсуфае (айвоне) воқеъ буд. Дар як суфа (айвон) аз замин то ба сақфи он китобҳои илми ҳакимӣ, табиӣ, риёзӣ ва дигар илмҳо ба хатти арабӣ, юнонӣ, сурёнӣ ва ҳиндӣ чида шуда буд. Дар суфаи дигар зарфҳои тиллову нуқра, либос ва чизҳои нафис буд. Дар суфаи дигар мартабонҳо, сандуқчаҳо, қуттиҳои пур аз даво ва маъҷунҳо, шарбатҳо, доруҳо буд. Дар суфаи дигар чизе набуд. Аммо дар миёни он дарё буд, ки он дар ба даҳлезе кушода мешуд. Ҳаким маро ба он чорсуфа нишонид ва худ дари даҳлезро кушода ба дарун рафт ва дарро баст, ба ман чизе нагуфт.
Дарвеши азиз! Ҳамин ки он рӯз гузашт, дилам андаке сокит гашт, гиря кам шуд, майли хӯрду хӯрок кардам ва димоғам андаке рутубат пайдо кард. Ҷӯгӣ рӯзи чилум берун баромад. Чун маро хушвақт дид, табассум кард ва гапе, ки ба ман гуфт, ин буд:
— Сайри боғ кун ва ҳарчи мевае, ки рағбат дорӣ, бихӯр!
Инчунин қуттиеро намуда, гуфт:
______________________________________________
1 Пешқабза — ханҷар (азбаски ханҷарро ба пешкамар мебанданд, онро ба ин ном номидаанд).
— Рӯзе ба қадри як нахӯд аз ин маъҷун майл кун.
Баъд аз ин суханҳо боз ба он макон рафт. Ман бо дастури вай нишон додагӣ амал мекардам ва рӯз ба рӯз қувват ва ҳолат пайдо мекардам, аз заифӣ берун мешудам. Аммо ишқи он санам фаромӯш намешуд. Рӯзҳо барои машғулӣ китобе бардошта мехондам. То ин ки ба аксари илмҳои ғариба моҳир шудам, бо хосияти ҳамаи гул ва гиёҳ ва филизот ва ҷавоҳирот ва бо мизони онҳо, бо нафъу зарари онҳо шиносо гардидам. Инчунин ба кор бурдани чизҳои дигар, сохтани таркибҳо ва дигар доруҳоро донистам. Аммо шунидан кай бувад монанди дидан! Чун надида будам, худ тааҷҷуб мекардам, ки ин давоҳо кадом аст.
Сухан мухтасар, то муддати як сол дар он макон будам. Дар ин муддат ҷӯгиро ҳамон як бор дида будам. Аз он ҷониб дар рӯзе, ки ҷӯгӣ маро бо худ мебарад, ёрон ва парасторонам ҳайрон ва саргардон дар он ҷазира мемонанд. Мардуми дигар беморҳои худро бардошта, ба вилояти худ мебаранд. Парасторони ман дар он як сол ба меваҳои тар ва хушки он ҷазира қаноат карда рӯз мегузаронанд. Ҳамин ки рӯзи иди ҷӯгӣ расид, вай аз хилват берун баромаду қаламдону коғаз ба дасти ман дод ва гуфт:
— Бо ман биё!
Аз ақиби ӯ равон шудам. Вақте ки дари боғро кушода берун баромадам, дидам, ки мардуми бисёре ҷамъ омада буданд. Чун ёронам маро сиҳат ва саломат бо ҷӯгӣ диданд, фарёд кашида нидои хурсандӣ баланд карданд. Ҷӯгӣ табассум менамуд. Аммо ман намедонистам, ки инҳо киёнанд ва он шӯру ғавғо барои чист. Чун ҷӯгӣ аз оббозӣ фориғ гашт, ба дидани беморон омад. Аз ман коғаз талабид, ман зуд ба ӯ коғаз додам ва қаламдон дар даст, аз рӯйи адаб ба пушташ истодам. Ӯ ба нусха навиштан сар кард. Ман нигоҳ карда донистам. ки ҳар беморе чӣ дард дорад. Қариб ҳамаро тамом карда буд, ки ба як ҷавони зеборӯ расид. Он ҷавон офтобрӯ, мушкинмӯ бошад ҳам, аз заъф бисёр бетавон ва бетоб шуда афтода буд. Чашмҳо фурӯ рафта. Ранги рӯяш зард гашта буд. Чун ҳаким ба ӯ нигоҳ кард, нусхае навишт ва даво нафармуд, аз ӯ даргузашт. Чун аз ҳама фориғ гашт, ба сӯйи боғ равон шуда, ба ман фармон дод, ки он беморро биёр. Амраш ро ба ҷо оварда, он ҷавонро ба зӯр бардоштам ва ба боғ даровардам. Онро ҷӯгӣ ба даруни хилват бурд ва дарро баст. Ман мутафаккир шудам, ки оё ба ӯ чӣ хоҳад кард?
Ниҳоят тоқат накарда ба боми иморат баромадам. Аз он ҷо сӯрохие ба ҳуҷра буд. Оҳиста назар кардам, дидам, ки ӯро беҳуш кард ва ба чормех кашида гирдогирди косахонаи сари ӯро бурида, бо ҳикмати тамом устухонро ҷудо карда, ба канор гузошт. Дар як сӯ оташе афрӯхта буд Ба он оташ анбӯрро гузошта гарм кард. Чун онҳоро дидам, дарди ҷавонро фаҳмидам, зеро китобе аз китобҳои ӯ хонда будам, ки агар ҳазорпо ба гӯши касе равад, ба косаи сар ҷо мегирад, ва одам рӯз ба рӯз аз зӯрии дарди сар аз хӯрду хӯрок ва қуввату тоб меафтад ва мекоҳад. Оқибат мағзи сар табоҳ 1 ва сиёҳ мешавад ва ӯро мекушад. Илоҷи он ҳамин аст, ки устухони сари ӯро ба ҳикмат ҷудо кунанд ва бо анбӯри нимгарм он ҳазорпоро бардоранд. Агар анбӯр гарм набошад, ҳазорпо поҳояшро ба пардаи димоғ банд мекунад ва парда медарад. Агар анбӯр пургарм бошад, парда месӯзад. Баъд аз дур кардани ҳазорпо устухони фарқи сарро ба ҷо гузошта, бо фалон равған ва доруҳо захми ӯро беҳ кунанд. Дигар илоҷ надорад.
Дар ин дам ҷӯгӣ анбӯрро бардошт ва хост, ки ҳазорпоро дур кунад. Ман донистам, ки ғалат мекунад ва он ҷавон кушта мешавад. Бинобар он тоб наёвардам, фарёд кардам, ки:
— Э устод, анбӯр гарм аст.
Чун овози маро шунид, сар боло карда маро дид. Қаҳраш омад ва анбӯрро ба дур андохт ва сару синазанон дарро кушода ба кунҷи боғ рафт. Ман аз бом ба зер омадам ва ба дарун даромадам. То он вақт анбӯр ширгарм шуда буд, онро гирифта бо дилпурӣ ҳазорпоро баргирифтам, аз таъсири гармии анбӯр ҳазорпо поҳояшро ба худ кашид. Ман ҳам ӯро аз мағзи сари ӯ бардошта ба дур андохтам. Баъд фарқи он бечораро ба ҷойи худ гузошта, дору, марҳам ва равған, ки ҷӯгӣ ба он ҷо ҳозир карда буд, ба ҷароҳати ӯ молидам ва маҳкам бастам ва аз ӯ хотирҷамъ шуда берун баромадам ва ба кофтукови ҷӯгӣ машғул шудам. Баъд аз ҷустуҷӯйи бисёр дидам, ки худро бо мӯйи сари худ аз дарахте ба ҳалқ кашида, аз ғояти
______________________________________
1 Табоҳ — вайроншуда, беҳударафта, бар абас талафшуда.
ҷаҳл ва таассуб худро куштааст. Сабаби ин худкушӣ ҳамин, ки чаро ман дониста ва фаҳмидам, ки ӯ чӣ мекунад.
Борҳо таассуфи бисёре хӯрда аз дарахт ҷудо кардам ва дар он ҷо чуқурие канда хостам, ки ӯро гӯр кунам. Дар он дам аз миёни мӯҳои ӯ ду калид ёфтам. Онҳоро гирифта ба киса андохтам. Баъд ӯро гӯр карда ба иморат омадам ва ба хилвати ӯ рафтам. Аввалан аз бемор хабар гирифта хотирҷамъ шудам. Баъд ба маконе, ки нишемани ҷӯгӣ буд рафтам. Дар он ҷо як дари қулф кардашударо дидам. Калидро ба он қулф андохта кушодам ва даромада дидам ки дар он хона зару зевари бисёре рехта шуда буд. Дар он байн сандуқчаи мурассаеро ёфтам, ки калид ба он рост омад. Қуфли онро кушода дидам, ки як китоби ҷилдмурассаъ истодааст. Китобро кушода хондам, ки дар он тамоми доруҳо, исми аъзам ва дастури чилла нишастан ва тасхири ҷин, арвоҳ ва афсунот навишта шуда буд. Чун онро дидам, аз шодӣ наъра зада беҳуш гардидам. Баъд ба худ омада, бо ғайрати ҳар чӣ тамом ба нигоҳубини он ҷавон кӯшидам, то ки ҷароҳати вай сиҳат ёфт. Баъд аз гузаштани ҳашт рӯз бо он ҷавон аз боғ берун баромадем. Ёрони ҳар ду тараф ба саломатии мо шукр карданд…
Вазири падарам, марди тоҷир ва боқӣ парасторон масрур ва хуррам аз он ҷазира озуқа ҷамъ намуда, бо асбоб ва амволи бисёр ва зару ҷавоҳире, ки дар ҷӯгӣ буд, ба киштӣ даромада, равонаи вилоят шудем. Он ҷавон низ амирзода буд, вай ҳам бо ёрони худ ба мамлакаташ рафт.
Вақте ки сиҳат ва саломат аз дарё ба канор омадем, ба назди падарам қосиде равона карданд ва муждаи саломатӣ бурданд. Худамон кӯч бар сари кӯч омадем. То ки ба ин мавзеъ расидем. Аз он ҷониб, чун хабари саломатӣ ба падарам расид, шаҳрро оинабандӣ ва чароғон фармуда, худ бо умаро ва вузаро ба истиқбол берун омад, мо дар ин мавзеъ рӯ ба рӯ шудем, Ман азбаски аз бисёрии мардум ваҳшат доштам, ба падар гуфтам, ки:
— Ман ба шаҳр намедароям. Дар ҳамон хона ва боғ зиндагӣ мекунам.
Падарам гуфт, ки:
— Э нури дида! Чун ба ту дард аз он боғ рӯй дода буд, ман фармудам, ки он боғро хароб кунанд.
Ин суханро шунида, аз асп худро партофтам ва ба хок ғелида ба гиря даромадам. Ҳарчанд падарам хост, маро тасаллӣ дода, ба шаҳр барад, ризо надодам. Дар охир маслиҳат чунон диданд, ки ба ҷиҳати ризоҷӯйии ман дар ҳамон макон боғе созанд.
Ҳамон рӯз ба банноён 1, муҳандисон ва деҳқонон фармон доданд ва ҳамин боғро дар андак рӯз обод намуданд. Иморатеро, ки мебинӣ, ба дилҳои (?) тамом карданд. Баъд сад нафар ғулом ва хизматгор муқаррар фармуданд ва худ аз ислоҳи ман маъюс гашта, бо сад дареғ ва афсӯс ба шаҳр рафтанд.
Ман ба хилват нишаста ба хондан сар кардам. Чил рӯз тарки таомҳои ҳайвонӣ ва ғайра намудам. Ҳар рӯз ва ҳар шаб аҷоиби беандоза медидам ва машаққати бисёр мекашидам. Аммо ба умеди он, ки шояд домани васли ӯ ба чанг ояд, аз ҳеч чиз натарсидам, дар шаби чилум баъд аз соиқа ва тӯфон ва ғурришу раъд ва тапиши замин ва овозҳои аҷиб ва ҳавлнок, аз ҳаво тахте пайдо шуд. Чун ба замин расид, дидам, ки пирамарде бар сар тоҷи мурассаъ ва либоси марвориддӯзӣ дарбар ба болои тахт нишастааст. Ба вай салом додам. Гуфт:
— Э ҷавон! Чӣ аз ҷони ҷинниён мехоҳӣ? Ҳоло бас аст, наздик шуд, ки тамоми моро бисӯзонӣ. Боре матлаб чист? Бигӯ то ҳосил кунам. Агар мақсади қатли ом дошта бошӣ, ихтиёр бо туст.
Гуфтам:
— Агар қасам ёд кунӣ, макр ва ҳила накунӣ ва дурӯғ нагӯйӣ, мақсадамро мегӯям.
Он мард қасам ёд кард. Ман гуфтам, ки:
— Дар паси парда духтаре дорӣ. Агар ба аҳд вафо карданӣ бошӣ, мехоҳам, ки муроди маро ҳосил кунӣ ва духтаратро ба ҷиҳати таскини дили ман ҳозир кун!
Он мард хандид ва гуфт:
— Матлаби ту ҳамин аст?
Гуфтам:
— Кадом матлаб аз ин азимтар аст? Ин шарафи давлат ва иқбол ва мададгории бахти мани бечораи саргашта ва ҳиҷрон
_________________________________________
1 Банно – бинокор.
расидааст, ки як бори дигар дидаи ғамдида мунаввар кунам, як бори дигар қурбон шавам, то ки сар андар қадамаш бозам ва ҷон пешкаш созам…
Ӯ гуфт:
— Э ҷавон! Духтари ман қобили сӯҳбати ту нест. Мо ҷинниён аз тоифаи сиёҳем. Ҳамаи мо сиёҳ ва қавиҳайкалем.
Гуфтам:
— Узр ва макрро бигузор!
Ӯ гуфт:
— Шарт ҳамин, ӯро дида аз озори мо даст мекашӣ.
Гуфтам:
— Бале, Чунин аст!
Ҷинҳо рафта зуд тахтеро оварданд. Нигоҳ карда бинам, бачаи ифрите дар он нишаста, ки забон аз таърифи ӯ оҷиз аст. Як чизи сиёҳ, бадафт ва аҷиб, аммо дар миёни дурру гавҳар ғӯта зада буд. Чун ӯро дидам, ба падараш гуфтам:
— Э пири сангдил! Ин чӣ найранг аст? Чӣ тавр дилат шуд, ки он суратро ба ин ҳайъат мубаддал кунӣ ва қасам ёд кардӣ, ки ғадр (хиёнат) накунӣ…
Аммо вай боз қасамҳои бисёр хӯрд, ки:
— Духтари ман ҳамин аст ва ҳайъати ӯ ҳамон аст.
Донистам, ки рост мегӯяд. Боз ӯро қасам дода, аз матлаби худ нишон талабидам.
Гуфт:
— Он подшоҳзодаи Уммон аст. Агар онҳоро тасхир карда тавонӣ, шояд вай ба даст афтад. Э ҷавон! Баростӣ, ки аз сари ин муддао бархезӣ беҳтар аст. Занни ман он аст, ки аз ин кор ҷуз ранҷу бало чизе нахезад… Обу оташро куҷо улфат ҳосил мешавад.
Ӯ боз насиҳати бисёр кард. Лекин ба ман асар накард. Ошиқ куҷо насиҳати мардум шунидааст!
Боре аҳд кардам, ки дигар эшонро наёзорам. Баъд аз ин ӯро рухсат додам. Боз ба нияти тасхири ҷинниёни вилояти Уммон ба хондани китобча сар кардам. Дар шаби охирӣ бӯйи роҳат ба машоми ҷонам расид. Дидам, ки як-як аз бузургони ҷинниёни он вилоят меомаданд. То он ки падари он симинбар, дар рӯйи тахти мурассаъ аз рӯйи ҳаво пайдо шуд ва фурӯд омад. Баъд аз салом ва таслимшавӣ гуфт:
— Э ҷавони одамизод! Манзури ту чист, ки бо ин ҳама саъю ғайрат ин дуогӯйро ҳозир кардӣ?
Ман баъд аз шароити таъзим ва эҳтиром, ӯро қасам додам ва гуфтам:
— Э малик! Муддатҳост, ки ба ишқи духтари киромии шумо гирифтор ва аз фурқати он сарвқад беорому беқарорам. Хоҳиши онро дорам, ки марҳамат намуда ин фақири шикастаҳолро ба зулоли висоли он фархундамаол 1 расонӣ! Ва маро ва худро аз ин машаққат бираҳонӣ?
Ӯ гуфт:
— Э ҷавон! Ту одамизод ва мо ҷамоати ҷинниён ҳастем. Наздикии одамӣ ба ҷин ғайримумкин ва аз ақл дур аст.
Ҳарчанд ӯ мамониат менамуд, ман зиёдтар мепурсидам. То ин ки дар байни ман ва ҷинниён аҳду паймон шуд, ки он подшоҳи мулки хубӣ дар пеши ман бошад, ба шарти он, ки ба назари шаҳват ба ӯ нигоҳ накунам. Ман ҳам қабул намудам.
Ӯ гуфт:
— Ҳоло мегӯйӣ, аммо куҷо ба шарт вафо хоҳӣ кард?!
Гуфтам:
— Аз чӣ донистӣ?
Ӯ гуфт:
— Одамизодро вафо набувад!
Ман он шарти балоғ 2 аст бо ту мегӯям,
Ту хоҳ аз суханам панд гир, хоҳ малол.
Ҳоло вақт ҳаст, ба ту мегӯям, ки агар иродаи ту аз рӯйи шаҳват набошад, ӯ дар хизмати ту бандавор хоҳад буд. Ман ҳам аз ҳаводорони туам. Агар бо ӯ мубошират, хуфтухоб кунӣ, боиси марги ӯ хоҳад шуд. Марги ӯ боиси меҳнат ва машаққати ту хоҳад буд…
Гуфтам:
__________________________________________
1 Фархундамаол — охираш нек, охираш босаодат. Дар ин ҷо ба маънои амалаш нек – босаодат.
2 Балоғ — расонидан, расониш (хабаре ё супоришеро ба касе), шарти балоғ — адокунии вазифаи расониши ягон маълумот, ё супориши чунон ки бояд. Дар адабиёт балоғ ба маънои панд кор фармуда мешавад ва шарти балоғ — адои вазифаи панддиҳӣ, чунон ки бояд.
— Э малики аъзам, ту он санамро як назар ба ман бинамо ва ҳар балое, ки расад, маро роҳат аст.
Ниҳоят баъд аз муоҳида…
…Ман тарки ҷон гирифтаму дилдор ёр шуд,
Шукри Худо, ки мавсими бӯсу канор шуд.
Он ёри дилнавоз, ки сабрам рабуду рафт,
Миннат Худойро ки ба ман боз ёр шуд.
Якбора он зебонигор аз дар даромад. Инони дили шайдо аз кафам даррабуд. Баъд аз муддате боз дидаи ҳиҷрондидаро аз нури ҷамолаш зиё ва нур, дили меҳнаткашидаро нишот ва сурур рӯй намуд. Чун ҷон дарбар кашидам ва қадамаш бӯсидам. Он нозанини маҳҷабин меҳрубонӣ ва дилҷӯйӣ ва изҳори муҳаббат аз вафодории ман мекард.
Муддате бо якдигар дар ин иморат, ки дар кунҷи боғ воқеъ аст, ба сар мебурдем. Он ороми ҷон ба ман мегуфт, ки:
— Э ҷони азиз! Ту ғофил аз худ мабош, ки ҷинниён дар камини ту мебошанд. Ва аз китоби худ бохабар бош, ки мабодо надузданд. Соҳироне дар миёни ҷинниён ҳастанд, ки агар лаб бар ҳам зананд, оламеро барҳам мезананд.
Боре, дар шаб, дар вақти мастӣ шайтон ғалаба кард, хостам, ки даст дар гардани он нигор дарорам. Дар он дам овозе шунидам, ки мегуфт: «Китобро ба ман деҳ, ки ҳама исми аъзам аст ва хуб нест, ки дар чунин вақт бо ту бошад!». Ман чун маст будам, тафтиши соҳиби овоз накардам ва китобро аз бағали худ берун бароварда ба ӯ додам ва рӯ ба мақсад ниҳодам. Он нозанин ба ман бонг зад, ки:
— Э золим! Насиҳати маро фаромӯш кардӣ, кор аз даст рафт.
Бо ин суханон вай бехуд шуда афтод. Ман ба ақиби ӯ нигоҳ кардам, пири ифрите дидам. Хостам озор диҳам, дигарашро дидам, ки китобро аз вай рабуда гурехт. Ман он қадар ёд доштам, аз афсунҳои он китоб якеро хонда дамидам ва он ифритро ба сурати гов даровардам. Он соҳири дигар ба соҳирӣ дуоҳоро аз хотирам маҳв кард ва худаш гурехт. Чун ба болини он нозанин омадам, ӯро беҳуш ва хомӯш ёфтам. Аз он рӯз боз он сарви ноз ба ҳамон ҳолати рӯзи аввал ба (?) аст. Ман яқин медонам, ки ин аз асари сеҳр аст. Говро ҳама рӯз аз қаҳр ва хашм шаллоқ мезанам ва айш ба ғам мубаддал шуд. Инак тарки мардум карда, дар кунҷи боғ, ба сад дарду доғ рӯз мегузаронам. Сохтани ниҳоли зумуррадин барои машғулӣ ва рафъи савдост. Ҳар моҳ як бор ба он макон рафтан ва ниҳоли мартабонро бурдан ва ба халқ намудан ва шикастан, инчунин ғуломро куштан барои он аст, ки халқро дил ба ҳоли ман бисӯзад. Шояд дардманде дар ҳаққи ман дуои бериё кунад, то ки ба он васила пеши роҳам кушода шавад ва ба мақсадам бирасам… Э дарвеш, ҳоли ман ҳамин аст!
Ҷавон баъд аз тамом кардани саргузашташ наърае кашиду кафк бар лаб оварда, гиребон пора намуд ва зорию беқарорӣ намуда, ба шитоб роҳи биёбон пеш гирифт.
Шаҳрёро! Оташи ӯ дар дилам чунон асар кард, ки худро фаромӯш кардам. Қасам хӯрдам, ки то ӯро комрон набинам, ба мақсади худ нашитобам. Бинобар он сар дар биёбон ниҳода, ба ҷустуҷӯйи анҷоми кори ӯ машғул шудам. Сарупо бараҳна то панҷ сол гаштам. Дар ҳар ҷо дарвеш ва дардманде ва поктинатеро бинам, аз вай давои он дард ҷустам. Дар охир ба ҳамон пирмарди обид вохӯрдам, ки дарвешонро ба Қустантания далолат карда буд. Вай маро ҳам, монанди онҳо ба ин тараф фиристод. Гуфт, ки:
— Дар роҳ ба се дарвеш во мехӯрӣ, ки ҳар кадомашон матлаби бузурге доранд. Шумо ҳар чор ба назди подшоҳ меравед, ӯ низ матлабе дорад. Дар он ҷо матлаби ҳамаи шумо ҳосил мешавад…
Бинобар он банда ба ин савб (ҷониб) равона шудам. Ҳоло ду нишони он мард гуфтагӣ зоҳир шуд. Умед он аст, ки подшоҳ ба мақсадаш расад ва мо бечорагон низ ба орзуи худ расем.