Баёни аҳволи Хоҷа-Сагпараст
…Чун дарвеши дуюм саргузашти худро тамом кард, бомдод шуд. Озодбахт бо дили пуршавқ ба боргоҳаш равона гардид. Ҳамин ки ба манзилаш расид, тағйири либос карда ба боргоҳ баромад ва дарҳол ду ясовулро ба талаби дарвешон фиристод…
Дарвешон нишаста буданд, ки ясовулони подшоҳ расиданд ва хоҳиши подшоҳро ба онҳо расониданд. Дарвешон аз ин хабар шод гашта, зуд равона шуданд. Чун ба даргоҳ расиданд, баъд аз рухсат ба боргоҳ даромада дуо карданд. Подшоҳ ба онҳо меҳрубонӣ карда пеш ҷеғ зад ва бо нармӣ аз чигунагии аҳволашон пурсида, гуфт:
— Э подшоҳони фақр ва фано, хуш омадед! Аз куҷо меоед ва ба куҷо меравед? Чаро ғамгин ҳастед?
Онҳо арз карданд, ки:
— Бахтат ҷавон, давлатат бепоён бод! Дарвешонем, овораи ватан ва бечора!.. Рӯйи дунёро гашта, ҷавру ҳиҷрони бепоён кашида, як замон дар ҳеч макон наоромида ва заҳри маҳрумӣ нӯшидаем…
Озодбахт гуфт:
— Дарвешон! Аз ин аёнтар баён кунед.
Гуфтанд:
— Шаҳрёро! Умрат дароз бод! Моро на қуввати гуфтан ва на касеро тоқати шунидани аҳволи пурмалоли мост.
Озодбахт гуфт:
— Дарвешон! Ин сухан ҳақ ва рост аст. Чаро ки ман саргузашти ду нафари шуморо дар шаби гузашта шунидам ва мехоҳам дуи дигаратон парда аз рӯйи кори худ боз кунед ва бо тартиб ба гуфтани саргузашти худ оғоз кунед.
Дарвешон аз савлат ва азамати подшоҳӣ ларзида ва тарсон хомӯш монданд. Озодбахт чун дид, ки эшонро ҳолати савол ва қуввати мақол нест, онҳоро ба ҳамнишинии худ ҳукм фармуд ва маҷлисро аз дигарон холӣ намуд. Баъд барои оромонидан ва ром кардани дарвешон саргузашти худро худ оғоз кард ва гуфт:
— Дарвешон! Ҳоло ки шуморо ҳаё монеи гуфтор аст, саргузашти маро, ки чанде пеш аз ин ба ман рӯ дода ва ҳақиқати онро ба чашми худ дидаам, шунавед.
Дарвешон хурсанд шуда, шоҳро дуо гуфтанд. Озодбахт гуфт:
— Баъд аз вафоти падар, ба тахти султонӣ ва маснади комронӣ нишастем: мулки Румро монанди мум дар зери нигини худ даровардем. Баъд аз андак замоне як тоҷири бадахшонӣ ба ин вилоят омада расид. Вай моли бениҳоят ва ҷавоҳиру қумоши беҳад дошт. Чун овозаи ӯ дар вилоят мунташир шуд, мо ҳам шунидем ва ӯро ба назди худ ҷеғ задем. Мақсад аз ҷеғ задани вай он буд, ки ба василаи ӯ рафтор ва мулкдории шоҳони ҳар диёр ва сифат ва зӯрии онҳоро фаҳмем. Чун он мард ба даргоҳи мо ҳозир шуд, дурҷе 1 ба расми армуғон пешкаши бандагони мо кард. Чун дурҷро кушодам, дар он як лаълро дидам, ки бисёр хушоб буд ва вазнаш ба се мисқоли санг баробар меомад, ки мислашро ман на
___________________________________
1 Дурҷ — сандуқчаи ҷавоҳирот.
дар хазинаи падар дида будам ва на аз касе шунида будам. Бинобар он бисёр хушҳол шудам ва он мардро эҳтиром кардам, инъому икром на хилъати фохира додам ва фармудам, ки аз мояи ӯ боҷу хироҷ нагиранд
Он мард чанд гоҳ дар пеши мо буд. Худаш хеле ҷаҳондида, ширинзабон ва қоидадон буд. Аз сӯҳбаташ фоидаҳои бисёре мегирифтӣ. Хулосаи ҳикоят он ки азбаски ба он лаъл шавқи тамом доштам ва онро беназир мепиндоштам, бисёр вақтҳо дар ҳузури хосу ом онро ба даст мегирифтам ва таъриф мекардам ва ба ҳар кас вайро нишон медодам ва бад-он моноидам (фахр мекардам). То он ки рӯзе элчиҳои мамлакатҳои бисёр барои салом ба даргоҳи мо омада буданд. Барои онҳо маҷлисе тартиб дода, умарои давлат ва аъёнро ҳозир карда будам. Ҳама ҷо бо ҷо нишаста, ходимон ва ясавулон саф баста буданд ва базми шоҳона тартиб дода шуда буд. Ниҳоят бинобар одати худ, ҳамон лаълро ба муносибате талабидам ва онро ба даст гирифта ба таърифаш кӯшидам. Элчии фаранг кӯшиши маро дида табассум кард. Ман як вазири соҳибтадбир доштам, ки аз замони падарам монда буд. Вай инро дида, одоби хизмат ба ҷо оварда ва баъд аз дуо ва сано гуфт:
— Арзе дорам, агар рухсат фармоянд, баён кунам.
Гуфтам:
— Бигӯ!
Ӯ гуфт:
— Аз подшоҳони азимушшаън, ки сарвари ҷаҳонанд, пораи сангеро ҳарчанд бемисл бошад ҳам, дар назари ошно ва бегона ин қадар таъриф кардан баднамост. Ва ҳол он ки ин санг он қадар мартаба дорад, ки марди тоҷире дар шаҳри Нишопури Хуросон дувоздаҳ донаи онро, ки ҳар як ба ҳафт мисқоли санг баробар меояд, ба гарданбанди саге шинондааст.
Аз суханони дурушти вай оташи ғазаби ман даргирифт. Ҳикояи тоҷири хуросониро дурӯғ гумон кардам, ба вазир хашм намудам, ӯро сиёсат карда молашро ба ғорат кардан амр кардам. Лекин элчии подшоҳи фаранг ба миёна даромада, гуфт:
— Илтимоси он дорам, ки шумо, подшоҳи мӯҳтарам, бифармоед, ки ин марди пир чӣ гуноҳ дорад?
Гуфтам:
— Аз дурӯғи бефурӯғ бадтар чӣ гуноҳ ҳаст.
Гуфт:
— Дурӯғаш аз куҷо ба шумо маълум шуд?
Гуфтам:
— Ақл бовар накунад, ки як марди бозорие, ки барои як танга ҷон медиҳад, дувоздаҳ дона санги ҳафтмисқолиро ба гарданбанди сагаш бандад?!
Элчӣ таъзиме карда ва гуфт:
— Шаҳрёро, давлатат зиёд бод! Ҳар сухан, ки мешунавӣ, эҳтимоли ростӣ ва ҳам эҳтимоли дурӯғӣ дорад. Шояд ки ин ҳикоят ҳам рост бошад ва аммо дурӯғ намояд. Инчунин барои калимае, ки дурӯғиву ростии он ҳанӯз маълум набошад, бандаи пири давлатҳои худро куштан хуб нест. Ҳаққи хизмати қадими ӯро донистан лозим аст. Шаҳрёрони гузашта зиндонро барои ҳамин сохтаанд, ки ҳар гоҳ ба касе хашм гиранд, ё аз касе шубҳа кунанд, чанд рӯз ӯро ҳабс кунанд. То он ки хашм фурӯ нишинад, ё бегуноҳии он шахс муайян гардад.
Суханҳои он марди боақл, маро аз куштани вазир боздошт.
Гуфтам:
Алҳол қатли ӯро ба гуфтаи ту муваққатан бозмедорам ва ба ӯ як сол мӯҳлат дода ба зиндон мефиристонам. Агар ростии қавлаш зоҳир шавад, халос хоҳад шуд, в-агарна ба ӯ чӣ карданамро худам медонам.
Элчӣ таъзим кард ва сокит гардид. Вазирро ба зиндон бурда ҳабс карданд. Чун ин хабар ба хонаи вазир мерасад, доду фиғони аҳлу аёли ӯ баланд мешавад. Ин вазир як духтари ҳаждаҳсолаи бо хату савод ва пуристеъдоди боақлу бофаросат дошт. Вазир барои духтараш дар паҳлуи ҳарамаш хонаи алоҳида сохта буд. Доим он бо амирзодагон ва канизони соҳибҷамол ба айшу ишрат ва бозӣ машғул буд. Он рӯз ҳам духтар ба кайфу сафои худ иштиғол дошт, ки модараш мӯпарешон, чашмхунфишон ва сару побараҳна, синакӯбон, додгӯён ба сари ӯ меравад ва ба ҳар ду даст ба сари ӯ зада, мегӯяд:
— Илоҳӣ духтар аз модар назояд, агар зояд, напояд! Э нанги падар ва ори модар! Кошкӣ, ба ҷойи ту писари кӯре медоштам. Ба ҳар ҳол дар ин вақт ғамам набуд, ба ҳар ҳол вай аз ӯҳдаи ин кор мебаромад…
Духтар баъд аз дилдории модар мепурсад:
— Оё чӣ ҳодиса шуда бошад? Боиси ин изтироб ва гиря чист? Оё писари кӯр чӣ кор карда метавонист, ки ман наметавонистам?
Модар гуфт:
— Хок бар сарат! Аз ин зӯртар чӣ ҳам шуда метавонад, ки падари пиратро подшоҳ ҳабс кардааст. Сабаби ҳабси падар ҳамин будааст, ки вай гуфтааст: дар Нишопури Хуросон марди тоҷире ҳаст, ки дувоздаҳ дона лаъли ҳафтмисқолиро ба гарданбанди сагаш кардааст. Подшоҳ ин суханро дурӯғ ёфта, ӯро қариб куштанӣ шудааст ва бо сухани элчии фаранг ба зиндон партофта, яксола мӯҳлат додааст. Агар писар мебудӣ, дар ин кор фикре мекардӣ. Балки ба он вилоят сафар мекардӣ ва савдогарро ба назди шоҳ меовардӣ, ки он пир халос мешуд.
Духтар гуфт:
— Қавли ту қобили итоат аст (дуруст аст). Аммо ба тақдир тан додан, сабр кардан даркор аст. Ин гиряю зории ту хуб нест…
Ҳамчунин он оқилаи ботадбир модарашро тасаллӣ дода, гусел мекунад. Худаш бисоти айшро меғундорад ва то шаб дар гӯшае хомӯш менишинад. Шаб дояи худро, ки ӯ кафили муҳиммот ва идоракунандаи хоҷагии ӯ будааст, ба хилват металабад ва ба ӯ рози худро кушода мегӯяд, ки:
— Барои халосии падар бо ёрии ту ба Аҷам рафтанӣ ҳастам, барои исботи ростии сухани падарам маҳзари 1 мӯътабаре бо мӯҳри аъёни Хуросон ва Нишопур меорам.
Доя баъд аз ибо ва инкори бисёр маҷбур мешавад, ки таклифи духтарро қабул кунад. Онҳо баъд аз машварат ба ҳамин қарор медиҳанд, ки доя аз мардумон пинҳонӣ матои боби Аҷам ва Хуросон ҷамъ намояд. Ба қадри зарур ғулом ва ходим ба музд гирад ва дигар асбобҳои сафарро тайёр кунад. Баъд аз он ки бо кӯшиши доя тамоми чиз тайёр мешавад, он духтар либоси мардона мепӯшад ва тамоми ҷавоҳироти қимматбаҳои захира кардагиашро гирифта, шабона мебарояд ва худро ба корвон мерасонад.
________________________________________
1 Маҳзар — 1) аризаи даъво дар маҳкамаҳои шариат; 2) ҳуҷҷати расмӣ, ки бо вай чизе собит шавад (дар ин ҷо ба маънии дуюм аст).
Модари духтар баъд аз шунидани ин хабар, аз тарси расвоӣ ҳаракати духтарро махфӣ медошт.
Аммо хоҷазодаи сохта, ки дар ҳусн беназир ва дар синни ҳаждаҳсолагӣ буд, сиҳат-саломат ба шаҳри Нишопур рафта мерасад. Баъд аз ба корвонсарой фуромадан ва истироҳат кардан ба сайр мебарояд ва хиромон ба сари чорсӯйи бозор мерасад. Дар сӯйи бозор дӯкони ҷавҳариеро мебинад, ки дар он аз ҳар ҷинс ҷавоҳири бисёр тал-тал ғаллавор рехта шудаанд. Дар он ҷо марде ба синни чилсолагӣ, ба равиши одамони мӯътабар либоси хуб дарбар нишастааст. Ғуломон ва чокарон дар баробари ӯ саф задаанд, чанд нафар аз калонҳо ва аъён дар пеши дӯкони ӯ ба рӯйи сандалиҳо нишаста сӯҳбат мекарданд.
«Хоҷазода» ин ҳолро дида бо худ мегӯяд, ки албатта он тоҷире, ки падарам гуфтааст, ҳамин аст. Бинобар он ба диққат ба ӯ нигоҳ мекунад. Дар баробари он дӯкон боз як дӯкони дигареро мебинад, ки тахта кашидаанд. Аммо дар он ҳеч чиз нест, магар ду қафаси фӯлодӣ, ки дар ҳар кадом як нафар шахс маҳбус, аз роҳат ва истироҳат маъюс нишастаанд. Мӯйи сар ва риши онҳо то ба камар расида, нохунҳояшон дароз шуда, рӯяшон зард, мӯяшон пургард… ки рӯзгори ҷафокор мисли он ду ситамрасида дар рӯйи замин касеро надида ва гӯши гардун низ ин азобро нашунида… дарҳои қафасҳо қулф, ду зангии сиёҳ ба онҳо нигаҳбон. «Хоҷазода» лоҳавл гӯён ба тарафи дигар рӯ мегардонад. Дар он тараф низ дӯконеро мебинад, ки дар он қолинчаи абрешимӣ паҳн карда, сандалии мурассаъ гузошта шудааст. Дар болои сандалӣ ҷули зарбофт партофта шуда, ба рӯйи он саге хоб кардааст, ки бо занҷири тилло баста шуда ва дар гарданаш гарданбанди қиматбаҳо гузаронида шудааст. Дар пойи сандалӣ лаганди тиллои пур аз об гузошта шуда, ду ғуломбачаи зебои фарангӣ ба хизмати он саг муқаррар шудаанд… Хоҷазода диққат карда мебинад, ки ҳамон сангҳои қиматбаҳо ҳақиқатан дар гарданбанди саг мавҷуданд. Аз ин ҷиҳат вай хурсанд шуда фикр мекунад, ки оё чӣ кор кунад, чӣ санад ба даст орад, ки ҳақиқатан ростии сухани падараш ва ин ҳолро исбот намояд?
Иттифоқро дар ин дам, ба ҳусну ҷамоли хоҷазода мафтун шуда, ба гирди ӯ чунон мардум ҷамъ мешаванд, ки роҳи омад-шудро мебанданд. Хоҷаи ҷавҳарӣ нигоҳ карда мебинад, ки бозор монанди паргор даври он дилоройро гирифтаанд. Бинобар ин як ғуломи худро ба назди хоҷазода мефиристонад ва ӯро ба дӯкони худ ҷеғ мезанад. Он симои осмони некӯӣ низ ба дари дӯкони хоҷа рӯ мекунад.
Дарвешон! Хоҷазодаи сохтаро дида хоҷаи ҷавҳарӣ мафтун мешавад ва ба ишқи ӯ гирифтор мегардад. Хоҷазода пеш меравад, хоҷа бағал кушода ӯро чун ҷони ширин ба бар мекашад, рӯяшро падарвор мебӯсад ва дар паҳлуи худ мешинонад… вай баъд аз пурсупоси расмӣ мегӯяд, ки:
— Э ҷавон! Ту гуле аз гулистони кистӣ ва сарви кадом чаманӣ? Дурри кадом садафӣ ва озими кадом тарафӣ.
«Писар» дар ҷавоб мегӯяд:
— Ҷойи таваллудам Қустантания аст. Падаре дорам рӯзгори ҷавониро дар тиҷорат гузаронида, ҳоло, ки синнаш ба ҳафтод расида, чашмаш обрав гардида ва дар хона нишастааст, маро ба сафар амр кардааст. Ман ҳам аз ошӯби дарё ваҳмида ба ин тараф — ба вилояти Аҷам сафар кардам. Баъд аз ба ин иқлим даромадан овозаи шуморо шунидам ва барои дидани шумо ба ин шаҳр омадам. Шукр, ки ба дастбӯси шумо расидам.
Гар мо ба гарди домани марде намерасем
Шояд ки гарди домани марде ба мо расад!
Он «писар» бо хоҷа чунон ба суханон дилрабоёна ва адофаҳмона даромад, ки шӯраш дар сар омад ва гуфт:
— Фарзандам! Карам кардӣ, заҳматҳо кашидӣ. Хуш бош (хуш омадӣ!), ки аз омаданат хушвақт шудем:
Гузар фитод ба сарвақти куштагони ғамат,
Ҳазор ҷони киромӣ фидои ҳар қадамат!
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фурӯд о, ки хона, хонаи туст!
— Фарзанд! Ту ба куҷо манзил кардӣ? Фармо, ки чизҳоро ба бандахона нақл кунанд. Зеро ки будани ту дар манзили ғарибон (мусофирон) муносиб нест. Худоро шукр, ки қадр ва эътиборе дорам ва мардуми ин диёр маро қадаре риоят мекунанд. Ҳар гоҳ қадам ба дида гузорӣ, хуб мешавад…
Хоҷазода баъд аз узрхоҳии бисёре розӣ шуда ба ғуломони худ фармуд, ки бо ҳамроҳии мулозимони хоҷа асбоби ӯро аз корвонсарой ба хонаи хоҷа кашонанд. Худаш то охири рӯз дар бозор дар назди хоҷа нишаста сӯҳбат мекунад. Баъд аз он ки равона ба хона мешаванд, хоҷазода мебинад, ки он ду ғуломбача, яке сагро ба бағал гирифта, дигаре сандалии онро ба даст гирифта аз пас равона мешаванд. Ҳамин ки ба хона дохил мешаванд, дар канори ҳавз қолинча партофта сандалии сагро мегузоранд ва ғуломбачаҳо дар назди он ба хизмат рост меистанд. Қафасҳоро низ дар як тараф мегузоранд.
Хоҷа ба хоҷазода хуш омадед гуфта меҳрубонии зиёд мекунад. Ба фармони хоҷа ба маҷлис май меоранд. Хоҷа худ менӯшад ва бо таклифи тамом ба хоҷазода низ дода ба сӯҳбат менишинад. Баъд аз он ки димоғи ёрон чоқ мешавад, таом меоранд. Ба ишораи хоҷа барои саг низ як табақ таом мебаранд. Дар пойи сандалӣ дастурхони зарбофт партофта табақро мегузоранд. Саг аз сандалӣ поён ҷаста ба қадре ки мехоҳад, мехӯрад ва аз лаганда тилло об нӯшида боз ба болои сандалӣ мебарояд ва хоб мекунад. Ғуломбачаҳо бо рӯмол дасту даҳони ӯро пок мекунанд. Он ду ғуломи сиёҳи зангӣ зиёдатии хӯроки сагро ба назди қафасҳо мебаранд ва аз хоҷа калидро гирифта қулфро мекушоянд ва фалакзадаҳоро берун мебароранд. Бо зарби қамчин боқимондаи хӯроки сагро ба онҳо мехӯронанд. Баъд аз хӯрок боз онҳоро дар қафас карда, қулф мекунанд.
Хоҷазодаро ин тавр рафтори дур аз муҳаббати мардӣ гарон меояд, мазҳаби хоҷаро ғайри ҳақ медонад. Бинобар он хӯрок нахӯрда аз дастурхон канор мешинад. Ҳарчанд хоҷа таклиф мекунад, зӯрӣ мекунад, қабул намеафтад. Ниҳоят сабаби нафрати ӯро мепурсад:
Хоҷазода мегӯяд:
— Маро таоми ту гуворо нест. Ин чӣ рафтор аст, ки ту дорӣ? Аввал сагро чаро ин қадар парастиш мекунӣ, ҳеч кас сагро ба ин дараҷа иззат накардааст, ин баст нест, ки ба он ду бечора ин қадар зулму азоб мекунӣ. Ин кор аз мурувват ва одамият нест. Ман намедонистам, шояд дини ту дигар аст ва ҳайвонпарастӣ мекунӣ!
Хоҷа мегуфт:
— Фарзанд, қавли ту мутоъ (мақбул) аст. Ман ҳам медонам, ки ин корҳо хуб наменамоянд. Аммо чора надорам. Зеро ман маҷбур шудам, ки чунин кунам. Ин ҳаракати маро дида мардумони зоҳирбин, ки ҳақиқатро намедонанд, муддатест, ки маро ба сагпарастӣ шӯҳрат додаанд. Аммо ман сагпараст нестам…
Хоҷазода қадаре таскин ёфта, боиси ин рафтори ӯро мепурсад:
Хоҷа гуфт:
— Э фарзанд! Сабаби ба сагпарастӣ машҳур шудани ман ҳам он аст, ки ин асрорро ба касе нагуфтаам. Алҳол чанд гоҳ аст, ки дар ин шаҳр ҳастам ва инъому бахшиши зиёд медиҳам, то ки ин сирри пинҳон ошкор нашавад. Фарзанд! Аз донистани ин қисса ғайр аз ғусса хӯрдан ва дилхун шудан фоида нест. Ту ҳам аз шунидани ин сир даргузар, ки туро ҳам ҳосиле нест.
Азбаски хоҷазода матлаби аслии худро вобаста ба зоҳири он ҳол медид, аз фаҳмидани сирри он ҳикоя даргузашта ба таом хӯрдан мешинад ва то муддати ду моҳ он оқила бо хоҷа ба навъе падар ва фарзандоне рафтор менамояд ва дили ӯро мерабояд, ки ба ҳусни адаб ва ҷамоли аҷаб ӯро фирефта ва шефтаи худ месозад ва чунон ҳилагарӣ мекунад, ки хоҷа як дам ҳам бе ӯ зиндагӣ карда наметавонистагӣ мешавад. Ниҳоят як рӯз дар поёни мастӣ гиряи аҷиб мекунад. Хоҷа баъд аз қурбон ва садқа шудан сабаби гиряро мепурсад.
Хоҷазода мегӯяд:
— Э падар! Чӣ гӯям? Кош ба назди ту намеомадам, ки азоби ҷудоӣ дар пешам намебуд. Зеро лозим шудааст аз ту ҷудо шавам. Намедонам, ки ҳоли он пир чӣ шуд. Агар зинда монам ва имконият ёбам, бори дигар ба мулозамат мешитобам…
Хоҷаи ошиқи бечора ва дилдода, ки ин суханонро мешунавад, баъд аз гиряву зорӣ забонаш ба ин ашъор ҷорӣ мешавад:
— Чу афтодам мани бечора охир дар балои ту
Макун бегонагӣ, ҷонон, ки ҳастам ошнои ту!
Э ҷони азиз ва э нури чашм! Чӣ шудааст, ки ба ин зудӣ аз бандаи пири худ сер шудаӣ ва аз ҳузури ӯ дилгир!
Аввал рухи худ ба мо набоист намуд,
Дил аз мани бечора набоист рабуд.
Чун рӯй намудию рабудӣ дили ман,
Ночор ба коми мот мебояд буд.
…Нури дидаи ман! Ин хаёли маҳолро аз сарат берун кун, ин имкон надорад. То ман зиндаам, як соат ба дурии ту розӣ намешавам. Аҷам низ мамлакати хушобу ҳавост. Дар ҳама чиз кам аз Рум нест. Агар дар фаранг бозмондаҳо дорӣ, ҳар кадом аз мулозимони худро, ки амин донӣ бо чанд нафар аз одамони банда ба овардани онҳо мефиристонем. То ки ба андак фурсат сиҳат ва саломат ба ин ҷо оянд. Фарзанд! Ман дар ҳаётам ранҷи бисёр кашидаам ва дар ҷавонӣ беихтиёр гирди диёрҳо гардидаам, то он ки ба пирӣ расидаам, мол ва чизи бисёр дорам ва фарзанд ё ки хешу табор надорам, ки баъд аз ман барои ман фотиҳа хонанд. Мехоҳам ки ту ба ҷойи фарзанди дилбанди ман бошӣ то зиндаам нури чашми ман бошӣ, вақте ки мурдам ба хокам супурда фотиҳа хонӣ, баъд ихтиёр дорӣ.
Хоҷазода дар ҷавоб гуфт, ки:
— Э падар! Мақсади ман аз хизмати ту дур шудан нест. Аммо чун ризои падар ва модар фарз аст ва онҳо пир ва оҷиз шуда мондаанд, рафтанам зарур аст. Падарам аз як сол зиёдтар ба ман рухсат надодааст. Вай ба интизори ман аст. Метарсам, ки маро оқ накунад. Бале, агар шафқат карда, бандаи худро аз хок бардорӣ ва шарти падар ба ҷо орӣ ва қадам ба хоки Рум гузорӣ, ман ҳам шарт мекунам, ки то зинда бошам, фармонатро банда бошам.
Баъд аз гуфтугӯйи бисёр хоҷаи бечора ба ҷуз ҳамроҳии ӯ чорае намеёбад.
Ҳар киро товус бояд, ранҷи Ҳиндустон кашад,
Ҳар киро маҳбуб бояд, меҳнати зиндон кашад.
Онҳо чун азми сафари Рум мекунанд, туҷҷорони Хуросон ва Ироқ низ ба онҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Хоҷасагпараст бо ганҷу гавҳари бисёр ва ғулому чокари бешумор дар соати нек аз Шаҳри Нишопур берун меоянд ва дар беруни шаҳр дар саропарда манзил мекунад. Туҷҷорони дигар, ҳар як муносиби аҳволи худ бо молу матоъ ба ӯ омада ҳамроҳ мешаванд. Чун вақти сафар мерасад, сад шутур пур аз қумош, сад шутур пур аз ҷавоҳир ва сад шутур пур аз тилло ва нуқра бор карда мулозимони хоҷа ба роҳ медароянд. Онҳоро сад нафар ҷавони қибчоқи заҳматкаши шамшерзани пурдил ва боҷуръат пайравӣ мекунанд, дар пеш-пеши ҳама он меҳри сипеҳри хубӣ ва моҳи осмони маҳбубӣ бо хоҷа қариб мерафт. Рафиқони дигар атрофи ӯро парвинвор печонда гирифта буданд. Баъд аз онҳо дар болои тахти равоне он саг нишаста ва соябоне бар сари ӯ бардошта буданд; аз паси он, ду қафаси он ду бадбахтро ба як шутур бор карда буданд. Бо ҳамин тартиб, дар ҳар манзил хурсандӣ ва шодӣ карда меомаданд. То ин ба як манзили Қустантания мерасанд. Хоҷазода рухсат металабад, ки пештар ба шаҳр равад ва барои хоҷа ва ёрон манзиле тайёр кунад. Хоҷа базӯр розӣ мешавад ва ҳаминро шарт мекунад, ки дар шаҳр аз як шаб зиёдтар намонад.
Хоҷазода чун яккаву танҳо аз он ҷо ба шаҳр меояд, шабона ба хона рафта ба ҳарам медарояд. Дар ҳарамбудагон аз ҷуръати марди бегона ҳайрон мешаванд. Аммо вай лоқайдона ба назди модараш меравад. Модар баъд аз итоб беҳад аз ҳоли ӯ мепурсад.
Духтар мегӯяд:
— Э модар! Ин корро ма маҳз барои халосии падарам кардам. Шукр, ки муддао ҳосил шуд, шоми ғам ба рӯзи шодӣ анҷомид. Хоҷаи тоҷирро бо сагаш ва гарданбандҳои он овардам. Акнун аз ту як хоҳиш дорам, ки боз маро як-ду рӯз ҷавоб деҳ, то ки ин корро ба охир расонам ва падарамро аз ҳабсу қатл халос кунам.
Модар аз дидани духтар ва шунидани ин хабар шод мешавад, ӯро чун ҷон дар бар мекашад ва ба ҳаққаш дуои хайр карда боз ҷавоб медиҳад. Он симинбар ҳамон саҳар боз ба сӯйи хоҷа меравад.
Аммо он бегоҳӣ хоҷаи дилдода ба ҷудоӣ тоб оварда натавониста дар ҳамон соат кӯч мефармояд.
Ҷилвагоҳи дӯстро бедӯст дидан мушкил аст!
Онҳо дар як фарсангии шаҳр ба ҳам расида, дар беруни шаҳр як ҷойи хушобу ҳаворо интихоб мекунанд ва хаймаву чодар зада менишинанд
Дарвешон! (Озодбахт мегӯяд). Иттифоқо яке аз миршикорони ман, ки аз шикор мегаштааст, гузораш ба он макон меафтад. Мебинад, ки хоҷа ва хоҷазода ва дигарон дар саропарда нишаста сӯҳбат мекунанд. Вай ҳайрон мешавад, ки оё онҳо кӣ бошанд. Подшоҳ ҳеч яке аз амиронро ба сафар нафармудааст, ба тозагӣ омадани ягон элчӣ ҳам маълум набуд. Бинобар он шотири худро барои хабар гирифтан мефиристонад. Шотир вақте ки ба чодари туҷҷор мерасад, хоҷа ӯро ҷеғ зада аз аҳволи хоҷааш мепурсад. Хоҷа кӣ будани ӯро дониста хабар мефиристонад, ки агар малол наояд, манзили моро мунаввар намоед. Мири шикор ҳам, барои дуруст дониста гирифтани онҳо ба наздашон меравад. Баъд аз салому пурсупос ба рӯйи курсӣ мешинад. Он ҳама асбобу анҷом, он ҳама тантанаро дида ҳайрон мешавад. Чашмаш ба хоҷазодаи офтобталъат меафтад, дар як тараф саг ва қафасҳои мазкурро дида ҳуш аз сараш мепарад. Хоҷа ӯро хуб меҳмондорӣ мекунад. Ӯ низ баъд аз тафтиши аҳволи хоҷа, ном ва мақоми ӯ ба шаҳр меояд. Рӯзи дигар ба даргоҳи мо ҳозир мешавад. Мири шикор ин ҳикояро ба якчанд умаро нақл мекунад. Ҳамагӣ аз шунидани он ҳикоя ҳайрон мешаванд. Чун ба боргоҳ даромаданд, ба мо ин хабарро расониданд, тарзи рафтор ва бадкирдории хоҷаро чунон гуфтанд, ки оташи ғазаби ман шӯълавар гардид ва ҷазм кардам, ки он мардро сиёсат кардан лозим аст. То ки ба дигар беадабон танбеҳ шавад. Ва чанд аз қӯрчиёни пурғазабро фармудам, ки ӯро (хоҷаро) ба сазо расонанд (кушанд) ва молу ашёи ӯро ғорат кунанд.
Дарвешон! Иттифоқо ҳамон элчии фаранг он дам ҳозир шуд. Чун ин ҳукми маро шунид, беихтиёр хандид. Аз хандаи вай ман оташинтар шудам ва гуфтам:
— Ханда, ки аз дил накушояд гиреҳ,
Гиря аз он хандаи бевақт беҳ!
Э мардаки нодон! Барои чӣ механдӣ!
Элчӣ гуфт.
— Шаҳрёро! Хандаи ман чанд сабаб дорад. Аввал он ки ростии сухани вазири мӯсафед зоҳир шуд ва он марди бегуноҳ аз зиндон халос мешавад. Хайрият, ки бо шафоати ман ҳамон рӯз шумо дасти худро ба хуни бегуноҳе олуда накардед.
Дигар он ки, шаҳрёро! Шумо ба ҷойи он ки ҳамон марди тоҷирро ҷеғ зада, аҳволи ӯро фаҳмед, бо шунидани ҳарфе аз шахсе, ки ба хоҳиши худ ҳар чӣ мегӯяд, ӯро (тоҷирро) ба куштан амр кардед…
Дарвешон! Суханҳои элчиро шунавида вазир ба ёдам расад. Фармудам, ки рафта хоҷаро бо писараш ва он ду нафар маҳбус ва он сагро биёранд. Мувофиқи фармони ман мулозимон онҳоро зуд ҳозир карданд. Вақте ки хоҷа бо писараш даромад, аз тарзи либоспӯшӣ, одоб ва ҳусну ҷамоли он писар ҳама ҳайрон шуданд. Он нодираи ҳусн дар дасташ як себи тиллоӣ дошт, ки тамом ҷавоҳироти қиматбаҳо ва сангҳои бемисл шинонидашударо, ба пояи тахти мо нисор кард ва таъзим карда, ба канор истод. Хоҷа баъд аз таъзим забон ба дуо кушод. Аз хушгӯйӣ ва ширинзабонии ӯ ҳама ҳайрон шуданд. Ман ба ӯ хитоб карда, гуфтам, ки:
— Э шайтони одамнамо… ин чӣ дом аст, ки афгандаӣ ва ин чӣ чоҳ аст, ки дар роҳи мардум кандаӣ?.. Миллат ва дин дорӣ ё на?
Ӯ гуфт:
— Шаҳрёро, умру давлатат поянда бод! Ман дин дорам, миллатро медонам. Лекин инҳо, ки дар назари шумоянд ва сабаби тӯҳмати мананд, боис дорад, ки гуфтан наметавонам.
Дардест маро, ки гуфтанӣ нест,
В-ин дард дигар нуҳуфтанӣ нест.
Шаҳрёро! Барои пинҳон доштани ин воқеа нанги сагпарастиро ба худ писандидам ва ба «Хоҷасагпараст» машҳур шудам…
Аз ин суханони ӯ оташи хашми ман бештар шӯълавар гардида, гуфтам:
— Э ғӯли биёбони ҷаҳолат! Ман на онам, ки ба фиреби ту дароям! Ҳоло ё ба далели маъқул боиси ин ҳолро баён кун, хирадмандонро писанд афтад, ё ба қасос тан деҳ, ки сабаби ибрати дигарон гардад!
Ӯ гуфт:
— Шаҳрёро! Чӣ шавад, ки аз хуни мани маҳзун гузаранд ва молҳои маро, ки беҳисобанд забт намоянд, маро ва ин писарро рухсат фармоянд.
Аммо ман аз ғазаб нафуромадам. Вай дид, ки дигар чорае нест, якбора гиря сар дод ва ба писар нигоҳ карда гуфт:
— Фарзанд, ман аз марг наметарсам, лекин ҳозир туро ба кӣ гузорам?!
Гуфтам:
— Беҳуда магӯ, баҳона маҷӯ, зуд бош!
Баъд аз ин вай пештар нишасту забон ба дуо кушод ва гуфт:
— Подшоҳо, агар муомила бо ҷой ва аз паси он фироқи ҷонон намешуд, ин суханро ҳаргиз касе аз ман намешунид. Ҳоло ки гап то ба он дараҷа расид, бифармоед он ду нафар шахсро, ки дар қафас мебошанд ва гӯё, мазлум менамоянд, пеш оранд ва шумо ба сухани ман андаке гӯш диҳед. Агар ман хатое кунам, онҳо ислоҳ менамоянд.
Ин сухани хоҷаро ман писандидам ва фармудам, ки бандиҳоро озод карда аз қафас бароварданд ва онҳо дар паҳлуи росту чапи хоҷа нишастанд. Баъд аз он хоҷа гуфт:
— Ин марде, ки дар тарафи рости ман нишастааст, бародари бузурги ман аст ва инаш аз вай хурдтар мебошад. Ман хурдтарини онҳоям. Мо аз вилояти Форс ҳастем. Падари мо савдогаре буд, ки ҳашт ҳазор туман сармоя дошт. Вақте ки синни ман ба чордаҳсолагӣ расид, падарам бемор шуда вафот кард. Баъд аз даҳ рӯзи марги падарам бародаронам ба ман гуфтанд:
— Э фалонӣ, ҳар киро, ки аз хешовандонат амин донӣ, ҷеғ зан то ки як ҷо нишаста моли падарро тақсим кунем ва ҳар кадоме бо ҳиссаи худ ба кор машғул шавем.
Ман гуфтам:
— Бародарон ин чӣ сухан аст, ки шумо мегӯед! Ман ба шумо ғулом ҳастам. Падарам мурд, шумо ба ҷойи падари ман ҳастед. Ман ҳанӯз ҷавонам, шумо соябони ман ҳастед. Ба ман либос ва луқмаи ноне диҳед, бас аст.
Онҳо дар ҷавоби ман гуфтанд, ки:
— Дуруст, бад фикр накардаӣ!.. бо ҳамин ҳила мехоҳӣ, ки дар андак муддат моро мӯҳтоҷи нон кунӣ.
Ин суханро шунида ҳеч чиз нагуфтам, ба хобгоҳ рафта гиристам ва ниҳоят худро бо ҳамин тасаллӣ додам. ки «бародарон маро меозмоянд!».
Рӯзи дигар, вақте ки бародаронам берун рафтанд ва чоштгоҳ шуд, мулозими қозӣ омада маро ба қозихона гирифта бурд. Рафта бинам, ҳамин ҳар ду бародар нишастаанд ва муддаои дирӯзаро даъво мекунанд.
Қозӣ ба ман нигоҳ кард ва гуфт:
— Чаро аз ҳукми шаръ сар мепечӣ!
Ман ҳар чизеро, ки шаб ба бародаронам гуфта будам, боз такрор кардам. Бародаронам ба ҷавоб гуфтанд, ки:
— Агар рост мегуфта бошӣ ва дилу забонат як бошанд, дар ин бора санад карда, бо мӯҳр ва имзои қозии шариат тасдиқ кунонда ба мо деҳ. То ки баъд аз ин агар даъвои мерос кунӣ, даъвоят ботил гардад.
Ман гумон кардам, ки бародаронам барои эҳтиёт ва дурандешӣ ин корро карданӣ ҳастанд. Бинобар он мувофиқи хоҳиши онҳо санад карда дода, бо дили беғаш ба хона омадам. Баъд аз чанд рӯз бародаронам ба ман гуфтанд:
— Барои худат як хонаи дигар ёб! Мо розӣ нестем, ки ту дар мулки мо бошӣ!
Бо шунидани ин сухан донистам, ки бародаронам маро фиреб додаанд. Ба онҳо чизе нагуфтам ва таклифи онҳоро қабул карда, як-ду рӯз мӯҳлат гирифтам. Дар ин миён баъзе чизҳоро, ки падарам аз сафарҳояш ба ман савғот оварда буд, фурӯхтам ва аз он маблағ ҳавлие харидам ва бо канизаке, ки онро ҳам падарам ба ман бахшида буд, ба он ҳавлӣ кӯчидам. Дар вақти кӯчидан ҳамин саг, ки бо ман аз хурдиаш одат карда буд, низ ҳамроҳ шуд. Бародаронам ба ман бераҳмӣ карданд, аммо ин саг бо ман ҳамроҳӣ кард.
Баъд аз ин аз бозор дӯконе гирифта, бо андаке сармоя ба дӯкондорӣ нишастам. Дар байни се сол сармояам ба чор ҳазор туман расид. Дар байни савдогарон эътибор пайдо кардам, аъёну ашроф ба ман муроҷиат мекардагӣ шуданд.
Дар соли чорум, рӯзе дар хона нишаста будам, ки яке аз ғуломҳоям гирёну нолон аз кӯча баргашт. Сабаби гиряашро пурсидам, киноя карда гуфт, ки:
— Ту чӣ кор дорӣ, ба айши худ машғул бош!
Гуфтам:
— Магар ягон балое шудааст.
Ӯ гуфт:
— Бало магар аз ин бадтар мебошад, ки ту бо ин мол хушҳол ва фориғбол нишастаӣ, аммо бародаронатро дар бозор барои сад туман даъвои як судхӯр ба дор овехтаанд ва чӯб мезананд ва касе онҳоро ҳимоят намекунад.
Ин хабарро шунида дилам ларзид, аҳволам бад шуд, тоқат накарда аз хона давида баромадам. Ба ғуломҳо фармудам, ки пул биёранд. Вақте ки ба сари майдон расидам, ин ду ҷавонро ба ҳоли хароб дидам. Беихтиёр аз чашмам ашк ҷорӣ шуд. Зуд ба мулозимони ҳоким пул пора дода, онҳоро аз сари бародаронам дур кардам ва ба назди судхӯр рафта гуфтам, ки:
— Чаро ба ин бечораҳо ин қадар ситам мекунӣ? Ӯ гуфт:
— Агар бо инҳо раҳм мекарда бошӣ, дили маро ба даст ор, талаби маро адо кун! В-агарна суханҳои бефоидаро гуфта нагард.
Гуфтам:
— Талаби ту чанд аст?
Гуфт:
— Сад туман аст.
Зуд сад туман дода аз вай санадро гирифтам ва ин ҳар дуро, ки урён, гирён ва маҷрӯҳ буданд, ба хона гирифта овардам. Зуд ҷарроҳ ҷеғ зада, ба ҷароҳатҳояшон даво кардам. Баъд либосҳои хуб дода, ба ҳаммом фиристодам ва хеле меҳрубонӣ карда, дар хизматашон камар бастам. Ба ҷиҳати он ки мабодо инҳо хиҷолат накашанд, аз ваҷҳи моли падар чизе нагуфтам.
Инҳо азбаски дар пеши мардум бисёр хорӣ кашида буданд, дар хона нишастанро авло дида, ба кӯча набаромаданд. Баъд аз чанд гоҳ ба хотирам расид, ки инҳо мабодо ғусса нахӯранд ва аз хонанишинӣ ба танг наоянд. Бинобар он шабе дар аснои сӯҳбат гуфтам:
— Бародарон, ба гумонам агар якчанд рӯз сафар кунед ва аз ин хонанишинӣ халос шавед, беҳтар аст. Чаро ки эътибори савдогар дар сафар аст.
Бародаронам ҳам сухани маро маъқул донистанд. Ман баъд аз он ба тараддуди асбоби сафари инҳо сар кардам ва ба ҳар кадом сад туманӣ харид карда додам. Инҳо бо сармоя ва мол ба корвоне, ки ба сӯйи Туркистон мерафт, ҳамроҳ шуда рафтанд. Дар аснои сафар ба дасташон ҳам ба қадри кифоя пули хароҷоти роҳ додам. Баъд аз рафтани инҳо рӯзу шаб мунтазир будам, ки ба саломат баргарданд. Баъд аз як сол корвони рафта, бозгашт. Вале дар байни корвониён бародарони ман набуданд. Як кас гуфт, ки:
— Бародари калонат дар шаҳри Бухоро қиморбозӣ карда молашро бой дод ва ниҳоят ба фаррошии қиморхона даромад. Дигараш ба кӯзагарбачае ошиқ шуда, молашро ба роҳи ӯ сарф кард ҳоло ғуломи вай шуда монд.
Ин хабарро шунида ҷаҳон ба чашмам торик шуд. Тоқат карда натавонистам. Пинҳонӣ аз ёру дӯстон, зару ҷавоҳир бардошта бо зудии ҳар тамомтар ба сӯйи Бухоро равон шудам. Баъд аз расидан, кофтукови бисёре карда онҳоро ёфтам, ба ҳуҷра оварда, сару либос додам ва ба ҳаммом фиристодам. Ва дар бораи он корҳояшон лаб накушодам, ки мабодо хиҷолат накашанд. Баъд аз он ба ҳар кадомашон садупанҷоҳтуманӣ матоъ харида додам ва асбоби сафарашонро муҳайё карда ба тарафи мамлакати худамон равон шудем.
Чун ба наздикии шаҳр расидем, бародаронамро дар деҳае монда, худам ба Бағдод рафтам ва чанд рӯз овоза кардам, ки бародаронам аз сафар бозмегарданд ва чандин нафар аз дӯстонамро барои пешвозгирии онҳо хабар кардам. Рӯзе, ки мехостам ба истиқбол бароем, аввали рӯз деҳқоне гирёну нолон ва ҳақораткунон омада гуфт, ки:
— Кошкӣ, бародарони наҳси ту ба деҳаи мо намеомаданд. Аз бехосиятии онҳо дуздон ба деҳа ҳуҷум карда, тамоми моли онҳо ва чандин хонаводаро ба ғорат бурданд.
Гуфтам:
— Афсӯс!.. Ту, аз аҳволи онҳо хабар дорӣ. Худҳошон дар куҷоанд?
Гуфт:
— Дар беруни шаҳр урёну гирён нишастаанд.
Дарҳол барои онҳо либос бурдам ва ба хона овардам. Дӯстон ва хешон аз омадани онҳо хабар ёфтанд, ба диданашон шитофтанд. Ман то бист рӯз ба хизматашон камар бастам, меҳмондорӣ кардам. Баъд аз он хиҷолати бародарон дучандон шуд. Бинобар он дар кунҷи хона ба сар мебурданд ва майли берун омадан намекарданд. То ки ба ҳамин ҳол се моҳ гузашт. Ин тариқа зиндагӣ кардани онҳоро нахоста, баъд аз се моҳ ман салоҳ дидам, ки бо ҳамроҳии бародаронам худам ҳам сафар кунам. Шабе ин хаёламро ба бародаронам гуфтам. Онҳо низ қабул карданд. Баъд ман ба тайёрии сафар сар карда, матои муносиби Ҳиндустонро харидам. Ниҳоят як рӯз бо бародаронам кӯч карда, ба сӯйи дарё равона шудем. То вақте ки ба дарё расидем, ҳеч як воқеае рӯй надод. Аммо чун ба киштӣ даромада равон гаштем, дидам, ки дар соҳил ҳамин саг дар ҳаяҷон ва печутоб аст; нолаву фарёд мекунад ва ниҳоят худро ба об андохт ва ҳарчанд зӯр мезад, мавҷ боз ҳам онро ба соҳил мебурд. Ниҳоят ба заврақе андохта онро ба киштӣ расонданд. Ҳайвони безабон ба киштӣ даромада, дар пеши пойи ман хурсандӣ, лоба ва думҷӯлонӣ карда ором гашт.
Дигар муддати як моҳ киштӣ роҳ гашт ва ман бо бародаронам худро хушбахт ва осуда гумон мекардам ва доим бо онҳо хушгӯйӣ ва сӯҳбат мекардам. Аммо намедонистам, ки инҳо ба фикрҳои бад ва андешаҳои нобоб будаанд. Воқеа ҳамин ки бародари калонам ба канизи хоссаи ман ишқ варзида, дар хилват бо бародари хурдам машварат карда мегӯяд:
— Бародар, беҳтар аст, ки ӯро аз миён бардошта худамон ором гардем. В-агарна хиҷолати вай моро мекушад…
Инҳо баъд аз фикри бисёр қарор медиҳанд, ки маро ба дарё андозанд. Пас, шаб дар яке аз ҳуҷраҳои киштӣ, бо хоссаи худ хоб карда будам, ки овози бародари хурдиамро шунидам. Бародари хурдам маро бедор кард ва гуфт:
— Зуд берун баромада, ин қудрати Худоро тамошо кун.
Ман ба берун тохтам. Дар он вақт саг низ бедор шуда буд.
Чун ба рӯйи киштӣ расидам, бародари бузургамро дидам, ки ба канори киштӣ даст зада, хам шуда тамошо мекунад.
Гуфтам.
— Бародарон, чӣ чиз аст?
Гуфтанд:
— Биё, нигоҳ кун, тамошои аҷиб, одамҳои обии бисёре шохҳои марҷонро ба даст гирифта, дар миёни об мерақсанд.
Агар ин суханро ба ғайр аз бародаронам каси дигар мегуфт, бовар намекардам. Аммо ман сухани онҳоро рост гумон кардам, саросема ва хоболуд ҳарчанд нигоҳ мекардам, чизеро намедидам. Ногоҳ бародари хурдам аз ақиб даст ба камарам дароварда, маро ба дарё андохт. Киштӣ монанди тир ба пеш мерафт. Мавҷи об бо сад зарбу лат маро ба ҳар тараф мебурд. Гоҳ ба қаър фурӯ мерафтам, гоҳ мавҷ боло мебардоштам. Аз зарбаҳои мавҷ қариб буд, ки ҷонам барояд. Дасту поям суст шуд. Дар аснои даступозанӣ чизе ба дастам расид, ки дар рӯйи об шино мекард. Вай ҳамин саг буд. Баъд аз он ба ёрии ин саги вафодор, ки зоҳиран, аз паси ман худро ба об партофта будааст, ҳафт шабонарӯз дар дарё шино мекардам. То ки ниҳоят ба ҷазирае расидам ва худро ба хушкӣ кашидам ва бехуд шудам…
Рӯзона бо овози саг ҳушёр шудам ва ба атроф нигоҳ кардам. Аз дур нишони шаҳре ба назарам расид. Ба умеди ба даст даровардани як даҳан нон лангон-лангон ва афтону хезон ба он сӯ равон гардидам. Азбаски мадори роҳ гаштанам набуд, то шаб ба шаҳр расида натавонистам, дар қарибии шаҳр шабро ба рӯз овардам ва аввали пагоҳ ба шаҳр даромадам. Чун ба сари бозор расидам, дар нонвойхона нон дида дилам задан гирифт, пуштамро ба девор такя дода ба зӯр нафас рост кардам. Дигар на диноре доштам, ки ба он нон харида гирам ва на рӯйи он, ки пурсам ва гадоӣ кунам… оҳ мекашидам «ва ба ҳасрат нигоҳ мекардам».
Нафси лаим ба гадоӣ таълим медод, вале обрӯйи одамзодагӣ манъ менамуд. Ниҳоят худро ба ҳамин тасаллӣ додам, ки аз он ҷо гузарам ва аз нонвойхонаи дигар талабам… бо ҳамин баҳона аз чанд дӯкон гузаштам, вале ноне талабида натавонистам. Дар охир кор ба он расид, ки қариб беҳуш шуда афтоданӣ шудам. Дар ҳамин дам ду нафар аҳли Аҷамро дидам, ки мастона, хандону шукуфон меоянд. Аз диданашон хурсанд шудам ва ба дил гуфтам, ки аз бегона дида ҳамшаҳрии худамон беҳтар аст, хуб мешавад, ки аз онҳо талабам, шояд ошно ҳам бошанд ва маро шиносанд. Вақте ки пеш омаданд ва хуб нигоҳ кардам, ҳамин бародаронам буданд. Инҳо душмани ҷони ман будаанд, аммо ман бо шодии дидани рӯйи онҳо қувват ва мадор ёфтам ва ба пешвозашон тохта салом додам. Инҳо маро дида ҳайрон шуданд ва фарёд кашиданд. Бародари миёнаам ба рӯйи ман як торсакӣ зада, маро ҳақорат дод. Бародари бузургам ҳам ҳамин тавр кард. Ҳар ду маро ба зери шаллоқ гирифтанд. Ҳарчанд тавбаву зорӣ мекардам, фоидае надошт. Инҳо маро мезаданд ва мегуфтанд, ки:
— Э золим, дигар аз мо чӣ мехоҳӣ?
То он ки халқ аз ҳар тараф ҷамъ шуда гуноҳи маро пурсиданд. Бародаронам гиребон дарида фарёд карданд ва гуфтанд:
— Ин бадбахти шум навкари бародари мо буд. Ӯ бародари моро ба дарё партофта, моли беҳадду ҳисоби ӯро дуздида буд. Ҳоло чанд вақт аст, ки мо дар тамоми шаҳрҳои Ҳиндустон ӯро кофтуков карда мегаштем. Ана имрӯз дар ин ҷо ёфтем.
Инҳо маро боз ба зери шаттаву шаллоқ гирифтанд ва мегуфтанд:
— Э ҳақношинос! Чи гуна тавонистӣ, ки бародари ҷавони моро аз ҳаёташ маҳрум кардӣ? Охир вай-ку ба ту ғайр аз хубӣ дигар коре накарда буд…
Ин ғавғоро шунида мулозимони ҳоким омаданд, сухани бародаронамро шунида маро гирифтанд ва ба пеши ҳоким бурданд. Дар назди ҳоким низ бародаронам доду фарёд карда, ба ман хун даъво карданд ва сад туман ба ҳоким пора дода хоҳиш карданд, ки маро ҷазо диҳад. Ҳоким ба ман рӯ оварда воқеаро пурсид. Азбаски азобу уқубати пай дар пай дида будам, ёрои гуфторам набуд, сар ба зер андохта будам ва ҷавоб намедодам. Аз сукути ман шубҳаи ҳоким зиёд шуда фармуд, ки маро ба майдон баранд, ба дор кашанд, то ки ибрати дигарон гардад.
Инак бо подоши он ки ман сад туман дода, аз пойи бародаронам ресмон кушудам, инҳо сад туман доданд ва ба гулӯи ман ресмон андохтанд. Вақте ки худро бар дор дидам, ба ҳар тараф нигоҳ кардам, ошное ба назарам нанамуд, магар ин саги бечора, ки дар он вақт ба пойи одамони ҳоким меафтод, зорӣ мекард, ҳарчанд шаттаву шаллоқ мехӯрд, боз ҳам хомӯш намеистод…
Ман аз ҳар чиз ноумед шуда чашм пӯшидам ва беҳуш гаштам… дар ҳамин дам иттифоқи аҷибе рӯ медиҳад: нохост подшоҳ дарди шикам мешавад. Табибҳо ҳеч даво карда наметавонанд. Ниҳоят яке аз вазирҳо мегӯяд, ки:
— Хайру саховат кунед, зиндониёнро озод кунед, то ки ба ҳаққи шумо дуо кунанд, саломат шавед.
Бо амри подшоҳ як саркарда ба асп савор шуда, ба сӯйи зиндон меравад. Дар роҳ халоиқро дар сари дор дида асп меронад ва бо шамшери худ ресмони дорро мебурад ва худаш ба кораш меравад. Бародаронам корро ба ин ҳол дида аз тарси он ки ман зинда монам, мабодо боиси расвоии онҳо мешавам. ба назди ҳоким мераванд ва хостгори қасос мешаванд. Ҳоким азбаски ришват гирифта буд. мегӯяд, ки — дар ин вақт ӯро рӯйи рост куштан мумкин нест. Аммо ба хотири шумо ӯро ба зиндони Сулаймон меандозам, то ки аз гушнагӣ ва ташнагӣ бимирад…
Ин зиндон чоҳест, ки дар болои кӯҳ канда шуда, дарозтар аз рӯзи ошиқон ва тиратар аз шабҳои ҳиҷрон аст! Ҳар касе, ки ба ғазаби подшоҳони он вилоят гирифтор ояд, ба он чоҳ меандозанд.
Инак, бо фармони ҳоким чанд кас омада маро мебардоранд ва пинҳон аз мардум бурда, ба он чоҳ меандозанд. Бародаронам баъд аз ин аз ман осуда шуда баромада мераванд. Аммо ин ҳайвони ҳақшинос дар сари чоҳ мехобад.
Ман бехабар аз он ки дар зиндон ҳастам, нисфи шаб ба ҳуш омадам ва худро дар ҷойи торик ва бадбӯе ёфтам. Худ ба худ гумон кардам, ки ин гӯр аст. Вале ҳаракат карда дидам, ки он ҷо аз гӯр васеътар аст. Боз ҳайронтар шудам… нолидам. гиристам. Ногоҳ овози ду нафар одам ба гӯшам расад. Тарсидам, ларзидам. Баъд аз он овози хӯрок хӯрдан ба гӯшам расид. Аз ин ҳайратам боз ҳам зиёдтар шуда атрофамро даст- даст кардам. Ба ғайр аз устухонмайдаи пӯсида чизи дигар набуд.. Воҳима кардам ва фарёдкунон пурсидам, ки:
— Э халқи Худо, ман кистам ва шумо чӣ хел одамед, ин ҷо куҷост?
Он ду нафар аз саволи ман хандиданд.
— Ин зиндони Сулаймон аст ва мо бандӣ ҳастем. — гуфтанд.
Гуфтам:
— Набошад ман зинда будаам.
Гуфтанд:
— Маълум аст, ки знндаӣ.
— Чӣ шавад аз чизе, ки мехӯред, қадаре ба ман ҳам диҳед.
Онҳо хандиданд. Аммо ман боз ҳам талаб кардам ва ба ҷонашон расондам. Онҳо ба ман суханони сахт гуфтанду таому шаробашонро хӯрда хоб карданд. Ман аз беқувватӣ ва гуруснагӣ гирёну нолон мондам. Охир, ҳафт шабонарӯз дар дарё аз ҷон даст шуста гирифтори мавҷҳои бераҳм шудан, ташнаву гурусна дар биёбон роҳ гаштан, аз дасти бародарон ва золимон ин қадар шаттаву шаллоқ хӯрдан ва то ба чӯбаи дор боло шудан… — осон нест! Ман гоҳ бехуд мешудам ва гоҳ ба худ омада менолидам…
Ҳоло маро ба ҳоли худ гузоред ва аз саг шунавед.
Саг дар сари чоҳ мехобад. Ними шаб мебинад, ки касе як дастурхонча нон ва кӯзаи оберо ба ресмон баста ба чоҳ меандозад, баъд ресмонро холӣ кашида мегирад. Он ҳайвони безабон маънои ин корро фаҳмида медонад, ки ягон шиноси ин кас бояд дар чоҳ бошад. Инак саг ҳам, ба ҳамин қарор меояд, ки вай ҳам бояд барои ман озуқа расонад.
Аввали рӯз саг ба шаҳр рафта, ба дари нонвойхонае меистад, ҳамин ки нонвой нони аввалро канда, ба рӯйи тахта мепартояд, саг ҷаҳида нонро мегирад ва мегурезад, бо санг ва бо чӯб мезананд, аммо саг нонро намепартояд. Вай баъд аз оне ки аз нонвой халос мешавад, дар роҳ ба сад саги дигар ҷангу ҷидол карда нонро напартофта ба сари чоҳ мерасонад ва ба даруни чоҳ партофта, аз паси он ба даруни чоҳ нигоҳ карда ак-ак мекунад.
Ман дар таги чоҳ бечораву ноилоҷ нишаста будам, ки аз боло чизе афтод ва баъд садои саг ба гӯшам расид. Дарҳол атрофамро даст-даст карда нонро ёфтам ва ба боло нигоҳ карда рӯшноии рӯзро дидам, ки ба қадри ситорае метофт. Аз ин қадаре ба ҳол омада, нонро хӯрдан гирифтам Баъд аз оне ки қадаре нон хӯрдам, ташнагӣ ба ман ғалаба кард.
Аммо саги вафодор аз пайи ёфтани об афтода, аз кӯҳ поён мефурояд ва ба деҳае расида, дар канори он деҳа ба хонае медарояд. Дар он ҷо кампире зиндагӣ мекардааст. Он кампир аввали рӯз кӯзаҳояшро аз об пур карда, ба ҷойи хунук чида монда, худаш ба сари чарх нишаста будааст, ки саг даромада ба паси кӯзаҳо меравад ва боз мегурезад. Кампир чӯб гирифта ӯро ронданӣ мешавад. Аммо саг ба пеши кӯзаҳо меравад. Аз ҳаракати вай як кӯза меафтад ва ба кӯзаи дигар мерасад ва он ҳам кӯзаи сеюминро меафтонад. Кампир дарқаҳр шуда, сагро хуб мезанад. Аммо саг нагурехта рӯяшро ба пойи кампир мемолад ва лоба мекунад. Ин ҳолро дида кампир раҳм мекунаду ба сафолпарчаи шикастагӣ дар назди ӯ об мегузорад. Аммо саг ба об нигоҳ карда, боз лобаву зорӣ мекунад ва аз бари кампир газида ӯро ба сӯйи кӯҳ мекашад. Инро дида кампир дар дили худ мегӯяд. ки саг бояд бачагон дошта бошад, ки барои онҳо об талаб мекунад. Бинобар он кампир барои имтиҳон як кӯза об гирифта аз паси саг ба кӯҳ мебарояд. Чун ба лаби чоҳ мерасад саг домани ӯро гирифта бар сари чоҳ мекашад ва зорӣ мекунад. Аз ин ҳол кампир мефаҳмад, ки дар ин чоҳ бояд касе бошад, ки саг барои вай об расониданӣ аст. Бинобар он кӯзаро монда ба поён меравад, ки ресмон биёрад. Дар ин дам ҳам саг ӯро пайравӣ карда, лобаву зорӣ мекунад. Кампир ресмон оварда кӯзаро мебандад ва ба чоҳ мефурорад. Дар ин дам саг ак-ак кард ва маро хабар дод. Ман аз ҷо боло шуда кӯзаро гирифтам ва аз ресмон боз карда об нӯшидам. Баъд аз он ба қадри кифоя нон хӯрда осуда шудам ва худро ба гӯшае кашида хоб кардам. Ҳар рӯз ба ҳамин тариқ он ҳайвони безабон барои ман обу нон муҳайё мекард. Якчанд рӯз баъд, нонвой ҳам мебинад, ки саг ба ҳар ҳол нонро гирифта мегурезад, барои савоб дар вақти пайдо шудани саг ба ӯ нон мепартояд ва саг ҳам онро гирифта ба ман меорад. Агар кампир дар роҳ ва ё дар сари чоҳ набошад, саг зуд ба хонаи ӯ рафта боз кӯзаҳояшро шикастанӣ мешавад, кампир ҳам зуд кӯзаи обро бардошта, ҳар пагоҳ ба ман мерасонад. Саг баъд аз маро таъмин кардан, худаш ҳам нони хушке ва устухоне ёфта хӯрда, вақти боқимондаашро дар сари чоҳ мегузаронад…
Ман шаш моҳи тамом дар ҳамон таги чоҳ мондам. Аммо худатон инсоф диҳед, ки касе шаш моҳ дар таги чоҳи торик нишаста бошад, ба чӣ ҳол меафтад! Фақат пӯсту устухонам боқӣ монда буду бас!
..Як шаб аз ғаму ғусса гиряву зорӣ карда, хобам набурда нишаста будам, ки ногоҳ аз боло ресмоне дароз шуд ва овози мулоиме ба гӯшам расид, ки мегуфт:
— Э ғариби ҷафокаш! Сари ресмонро ба миёни худ маҳкам банд ва сахт бо дастонат бигир, ки вақти аз чоҳи ғам баромаданат расид.
Ман ба дил гуфтам, ки бародаронам маро чанд гоҳ ба ин чоҳ партофта боз раҳм кардаанд ва ҳоло барои халосиам омадаанд. Хулоса ба ресмон часпидам ва аз шодӣ чун мурғ паридам. Вақте ки боло баромадам, азбаски торик буд ва нури чашмам ҳам заиф шуда буд, шахси халоскорамро нашинохтам ва ӯ ҳам ба ман дуруст диққат накарда ва аҳволамро напурсид, вақте ки ресмонро аз миёнам кушод, гуфт:
— Зудтар биё, ки ҷойи истодан нест.
Ман аз паси ӯ давидам. То ба ҷое расидам, ки ду сар асп ва яроқ ҳозир буд. Он шахс маро ба як асп шинонда худаш ба дигар нишаст ва чизе нагуфта ба як тараф тохтем. То охири шаб асп рондем, дар рӯшноӣ он ҷавонмардро дидам, ки хеле зебо ва хушрӯй аст ва сар то по мусаллаҳ аст. Ӯ ҳам ба ман нигоҳ кард ва баногоҳ лаҷоми аспро кашиду истод ва пушти даст ба дандон газид. Баъд шамшерро кашида ба сӯям тохт ва заданӣ шуд. Ман худро аз асп ба хок партофта нолидам ва бо зориву тавалло гуфтам:
— Аввал он ҳама меҳрубонӣ ва дар охир қасди ҷонситонӣ барои чист?
Ӯ гуфт:
— Э шум, ту кистӣ ва аз куҷо ба ман вохӯрдӣ?
Ман гуфтам:
— Ғарибе мебошам, ки ҳиҷрон кашида ва заҳри даврон чашида…
Баъд аз ин он қадар зорӣ кардам, ки он ҷавонро ба гиря даровардам, дилаш мулоим шуда аз куштани ман даргузашт ва гуфт:
— Э фалакзада! Савор шав, ки вақти сухан кардан нест.
Худ аспашро гарми рафтан сохт ва дигар ба ман напардохт. Вале дар сар то сари роҳ дареғ мегуфт ва афсӯс мехӯрд. То ки дар нисфи рӯз аз асп пиёда шуд, маро ҳам фармуд, ки фуроям. Баъд, хӯрҷинҳоро аз болои аспҳо гирифта, аспҳоро ба чаро сар дод ва худаш аслиҳаро аз бар дур карда, ба рӯйи сабза нишаст ва гуфт:
— Э фалакзада! Акнун аҳволатро баён кун ва кӣ буданатро фаҳмон.
Ман ҳам тамоми саргузашти худро бе каму кост гуфта додам.
Саргузашти маро шунида ба ҳоли ман раҳмаш омад ва гуфт:
— Акнун ба ман гӯш деҳ! Ман духтари шоҳи ин вилоят ҳастам, ки сарҳади Вазиробод аст. Дар ҳамин зиндоне, ки ту хоб мекардӣ, ҷавоне буд, Беҳрӯз ном дошт ва ӯ писари вазири падарам буд.
Як рӯз падарам фармон дода буд, ки амирзодагон дар майдони ҷилавхона бозиҳои сипоҳиёна ва гӯйбозӣ намоянд. Инчунин рухсат дода буд, ки аҳли ҳарам ба боми қаср баромада он ҷашнро тамошо кунанд. Бинобар он мо духтарон дар паси пардаи зарнигор нишаста будем ва аз ҳама ғамҳо раста ва дидаву дил ба тамошо баста…
Дар он ҷашн Беҳрӯз ба ҳама амирзодаҳо ғолиб омад, ӯ дар зебоӣ ва дилрабойӣ ҳам аз ҳама бартар буд. Бинобар он дилам ба муҳаббати ӯ майл намуд ва муддате ғоибона ошиқи ӯ будам. То он ки корам ба ҷону кордам ба устухон расид. Ба доя сирри диламро гуфтам ва сад гуна инъом ваъда додам. Ниҳоят ӯ мададгори ман шуд ва бо ҳар роҳе, ки тавонист, кӯшиш карда он ҷавонро дар хилвати ман даровард… ҷавон ҳам ҷамоли маро дида вола ва шайдои ман гардид. Баъд аз ин чанд гоҳ мо аз ҳусну латофати ҳамдигар баҳравар будем. Вай шабҳо ба хилвати ман меомад. То он ки шабе ӯро посбонҳо дар атрофи ҳарам бо либос ва силоҳи хунрезӣ дастгир мекунанд ва аҳволро ба падарам мефаҳмонанд. Падарам ҳарчанд, ки мақсади ӯро надонист, бо вуҷуди он ӯро бо падараш ба куштан ҳукм фармуд. Лекин баъд аз шафоати вазирон онҳоро ҳабс кард. Ҳоло се сол аст, ки онҳо дар ҳабсанд ва ман ҳамеша пинҳонӣ худам ба онҳо обу нон мебурдам… Дишаб фикру андеша карда, ба ҳамин қарор омадам, ки аспу аслиҳа гирифта, ҷавонро аз чоҳ бар кашам ва аз ин вилоят дур шавам. Бо ҳамин қарор берун баромада асбоби сафар тайёр кардам, зару зевар гирифтам ва ба сари чоҳ рафтам. Лекин бахти ӯ хуфта ва давлати ту бедор будааст. Хуб, қисмат ҳамин будааст.
Духтар инро гуфту аз хӯрҷин нон, мурғи бирён ва арақи бедмушк берун баровард. Ба ман шарбат рехта дод, худаш нӯшид ва нону гӯшт хӯрдем. Инчунин ба саг ҳам хӯрок дод. Баъд дар сари чашма сару рӯйи маро шуста, мӯйсар ва нохунҳоямро кӯтоҳ кард ва либосҳои нав пӯшонид. Ман аз он касофат халос шуда, нафаси роҳат кашидам ва боз ба асп савор шуда ба роҳ даромадем. Баъд аз ду моҳ ба шаҳре расидем, ки дар миёнаи фаранг буда номаш Вазиробод буд ва басе обод буд, ки дар таърифаш шоир гуфта:
Арӯси Исфаҳон баста нигораш.
Шуда шаҳри Ҳалаб оинадораш!
Мо дар он шаҳр ҷо гирифта истиқомат кардем. Иттифоқо дар он шаҳр чанд нафар аҳли Аҷам буданд, ки ҳама обрӯю эътибор доштанд. Бо онҳо ҳамроҳ шудам ва тӯйи никоҳ карда он дилбарро ба худ зан кардам. Баъд аз он сандуқчаи ҷавоҳири он нодираро дастмояи худ намуда, дӯкони ҷавоҳирфурӯшие кушодам. То се сол дар он диёр ба роҳат зиндагӣ кардам. Дар ин муддат дар байни бузургон ва аъён машҳур шудам ва баъзе савдогаронро дар таҳти фармони худ даровардам ва ба ҳама сарварӣ мекардам, рӯз ба рӯз аҳволам дар тараққӣ ва молам дар зиёдшавӣ буд. Зиндагиам бисёр нағз буд, бо он дилбари нозанин айши тамом доштам.
Як рӯз аз майдони шаҳр мегузаштам, ки мардумро ҷамъшуда дидам. Наздик рафта нигоҳ кардам ва сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки ду нафар аҷамиро барои он ки дуздӣ ва хуни ноҳақ кардаанд, ҷазо медиҳанд. Ин хабарро шунида рӯзҳои аз саргузаронидаи худам ба ёдам расид. Бинобар он ба ҳаяҷон омадам ва пеш рафта дидам, ки ду бародари худамро ба хории тамом пову сари шикаста, дасти баста ва тани хаста ба рӯйи замин мекашанд.
Ин ҳолро дида дилам пурхун шуд, тоқат накарда давидам ва як мушт динорро ба сардори мулозимони ҳоким дода, илтимос кардам, ки қасоси онҳоро андак дер мононанд. Вай қабул кард. Ман давида ба хонаи ҳоким рафтам ва шафоати бародаронамро талабидам. Барои ин як дона ёқути қиматбаҳо ба ӯ тақдим кардам. Ҳоким гуфт:
— Ба бародарони ту якчанд кас даъвогар ҳастанд. Акнун лозим аст, ки даъвогаронро бо зар фирефта кунӣ. То ки онҳо аз баҳри даъвояшон гузаранд.
Пас ба савобдиди ҳоким муддаиёнро талабидам ва понсад туман дода бародаронамро халос кардам, ба ҳаммом фиристодам ва аз он ҷо ба хона бурдам. Ин дафъа занамро ба онҳо нишон надодам. Худам дар хизматашон камар бастам, ба инҳо сару либос карда дода, тарбия кардам. То як сол дар хизмати инҳо ба хушӣ гузарондам. Баъд аз як сол, рӯзе занам аз ҳаммом баргашта, беихтиёр аз дари берун чашмбандашро аз рӯ мегирад. Иттифоқо чашми бародари хурдиам ба рӯйи занам меафтад ва ошиқи ӯ мешавад. Муддате дар оташи ҳиҷрон мегузаронад. То он ки ба куштани ман қарор медиҳад ва дар ин бора ба бародари бузург дар хилват маслиҳат карда, чунин қарор медиҳанд, ки бояд сафар кунанд ва дар ягон биёбон кори маро ба анҷом расонанд.
Онҳо дар фикри куштани ман буданд, аммо ман хурсанд ва хушнудӣ мекардам, ки бародаронам аз он феълу атвори худ баргашта, одам шудаанд. Як шаб дар вақти сӯҳбат бародари бузургам ёди ватан кард. Бародари хурдиам оҳ кашид. Шаби дигар бародари хурдам аз хубии Аҷам ҳикояте кард ва бародари бузургам гириста сар дод. Ман аз фикру андешаи бади онҳо бехабар, гуфтам, ки:
— О бародаронам, агар шумо дар ёди ватан бошед ман ҳам дар орзуи он ҳастам. Бинобар он ғам нахӯред, ки дар ҳамин зудӣ меравем.
Чун ба хилват рафтам, ин ҳикоятро ба он хуршедталъат гуфтам. Вай ҳам қабул кард. Баъд барои хотири инҳо дар андак муддат тараддуди сафарро карда, ба роҳ даромадем. Савдогарони бисёре бо мо ҳамсафар шуданд ва маро сардори қофила қарор доданд. Як моҳ бе ҳеч як воқеа роҳ гаштем. Шабе дар як манзил нишаста будем, ки яке аз бародаронам гуфт:
— Агар фардо ҳам дар ин манзил истиқомат кунем, беҳтар аст. Зеро ки сайри хуше мекардем.
Ман гуфтам:
— Чӣ гуна сайр?
Ӯ гуфт:
— Мо як бор ба ин маҳал омада будем, ду-се рӯз тамошо кардем. Дар ин ҷо чаманзор ва сарчашмаҳои пургулу лола бисёр аст. Тақрибан дар як фарсах дуртар аз ин ҷо рӯдхонаи азиме ҳаст, ки обаш монанди зулол соф аст…
Гуфтам:
— Агар майли шумо дар истодан бошад, фардо ҳаракат намекунем.
Ба қофила фармон дода шуд, ки фардо накӯчад ва фармудам, ки барои чошт таоме муҳайё созанд.
Рӯзи дигар, ҳанӯз равшан нашуда бародаронам бархостанд ва ба рафтан тайёр шуданд ва маро ҳам ҷеғ заданд. Ман ҳам либос пӯшида, ба наздашон баромадам ва асп талабидам. Гуфтанд:
— Асп чӣ лозим, сайри гулшан пиёда хуб аст.
Ба ҳар ҳол як-ду нафар ғуломро ҳамроҳ гирифта, ба онҳо қалёну қаҳва ва нон бардоронданд ва чанд чӯба тир гирифта ба роҳ даромадем. Дар роҳ бозикунон, тирандознкунон мерафтем. Дар он ҷо ин саг ҳам мувофиқи одаташ ба ман ҳамроҳ буд. Баъд аз андак роҳ рафтан бародаронам яке аз ғуломҳоро бо баҳонае ба корвон фиристоданд Баъд аз камтар роҳ гаштан ғуломи дуюминро аз паси ӯ фиристоданд. Маро бо забонбозӣ гирифта мебурданд. Аммо ҳарчанд. ки пештар мерафтем, на сабзае дидем ва на ба сарчашмае расидем. То ин ки як фарсах (8 километр) зиёдтар роҳ гаштем. Дар он дам ман тиру камонро монда, ба қазои ҳоҷат нишастам. Азбаски бародаронам ба қасди куштани ман буданд, ҳар ду ҳам дар зери либос теғи пинҳонӣ доштаанд. Онҳо нишастани маро дида ҳар ду ҳам бо шамшери бараҳна ба сари ман тохтанд ва ба ман теғ андохтанд. Ман аз пеш сояи шамшерро дида, ба пас гаштам. Дар ин дам бародари калонам шамшерро ба сарам зад, ки баногӯшамро бурида гузашт. Ман то ба он ки мегуфтам: «э золим, чаро ин тавр мекунӣ?» они дигар ба кифтам як зарба фуровард, ки чаппа шуда афтодам. Ин ду бераҳм ва сангдил ба пушт ва паҳлуи ман захми бисёр заданд. Дар ин дам саг худро ба болои инҳо мепартояд. Аммо инҳо сагро ҳам захмдор мекунанд. Баъд баъзе ҷойи бадани худро хуншор карда давон-давон ба корвон мераванд ва мегӯянд. ки:
— Дуздҳо ба мо ҳуҷум карданд, зуд гурезед, ки аз паси мо омада истодаанд.
Корвониён ин хабарро шунида кӯч мекунанд. Он дилбари якто азбаски корҳои пештараи бародаронамро шунида буд ва медонист, худро бо ханҷар зада мекушад.
Дарвешон! (Озодбахт мегӯяд). Чун хоҷа воқеаро то ба ин ҷо расонид, дар дили ман бисёр асар кард ва беихтиёр сиришк аз чашмонам бар рухсорам давид. Хоҷа ҳам бетоқат шуда гиребони худро дарид ва сари худро бараҳна карда захмҳои худро ба ман нишон дод. Дар баданаш ҷойи дурусте намонда буд ва дар сараш ҳам захме буд, ки бо вуҷуди ба ҳам омаданаш лимуе дар вай меғунҷид. Бинандагон аз даҳшати он ҳол чашмони худро пӯшонданд. Баъд аз он ки аҳли маҷлис аз он ваҳшат орамиданд, хоҷа гуфт:
— Чун бародарони нодон маро нимҷон дар он биёбон гузоштанд ва рафтанд, ин ҳайвони безабон чун ёрони меҳрубон бо захми фаровон бар сари мани нотавон навҳа ва фиғон мекард. Ман аз бисёрии хуне ки аз захмҳоям рафта буд, ғаш карда будам. Куҷо ақл бовар мекунад, ки касе бо ин захм ҷонбар шавад…
Он биёбони хунхор аз ҷумлаи диёри фаранг буд ва шаҳре аз шаҳрҳои он мамлакат ба он макон наздик буд. Он шаҳр калонтарин шаҳрҳои фаранг буда, буткадаи бузурги фарангиён ҳам дар ин шаҳр буд. Бинобар он подшоҳони мамлакат ҳама боҷгузор ва фармонбардори шоҳи он шаҳр буданд.
Подшоҳи он шаҳр духтаре дошт дар камоли зебоӣ ва ҳусну ҷамол, овозаи ӯ ба тамоми мамлакатҳо паҳн шуда, шоҳон ва шаҳрёрон мафтуни рӯйи чун моҳ ва мӯйи чун мушк сиёҳи ӯ гардида буданд. Азбаски дар он диёр занон аз мардон намегурезанд, он духтар ҳар рӯз бо нозанинони симинбар дар сайр ва шикор мегашт.
Дар як доманаи он биёбон подшоҳ як боғ доштааст. Дар он рӯзҳо духтар бо рухсати падар ба азми сайру шикори чилрӯза аз шаҳр берун баромада, дар он боғ истиқомат мекард. Дар ҳамон рӯз он офтоби оламафрӯз бо доягон, канизакон ва дугонаҳои худ шикор мебарояд. Иттифоқан он саромади нозанинон бо хеле аз парирӯён асп ронда, бар сари ман мерасад, бо шунидани нолаи саг ба сари ман наздик мешавад ва аҳволи маро мебинад ва зуд аз асп пиёда шуда дар паҳлуи ман менишинад. Духтари раҳмдил зуд мефармояд, ки ҷарроҳи ҳамешагии рикобиаш пеш ояд. Вақте ки ӯ пеш меояд, духтар мегӯяд, ки:
— Агар ин мазлумро аз ин ҳолат халос кунӣ ва дуруст табобат намойӣ, ман ба ту неъмат ва хилъат медиҳам ва меҳрубонии зиёд мекунам.
Ҳакими ҳозиқ ангушти қабул бар дида мегузорад. Баъд аз ин ба фармони он духтари олиҷаноб маро ба қолинча хобонида хизматгорон ба боғ мебаранд. Ин ҳайвони нотавон ва безабони парешон аз дунболи онҳо худро бар замин кашон- кашон ба боғ мерасонад. Дар он боғ ҷарроҳи фарангии доно ба муолиҷаи ман сар мекунад. Пеш аз ҳама бадани маро аз хоку хун пок месозад ва захмҳоро дӯхта марҳам мемолад. Вай бинобар қоидаи фаранг ба гулӯи ман ба оҳистагӣ ба ҷойи об — гулоби ноб мерезад ва ба кори ман хеле саъй ва ғайрат нишон медиҳад ва ҳама рӯз он дурри дурҷи сарварӣ ва рашкфармойи ҳуру парӣ ду-се бор ба болини мани бемор меояд ва ҷарроҳро ваъдаву воид менамояд, бо дасти худ ба ҳалқи ман шарбат мечаконад ва таассуф мехӯрад, ки оё кадом золим ин зулмро бар ин мазлум карда бошад. То ин ки баъд аз даҳ рӯз мани сияҳрӯз ба қуввати шарбатҳои мувофиқ аз сари нав зинда шудам, ба ҳуш омада дида кушодам. Ба ҳар тараф нигоҳ карда дар атрофи худ ҷамъи парирӯёнеро дидам, ки дар ҳаққи онҳо шоир гуфта:
Ҳама хуршедталъату моҳрӯ,
Сарвқад, нӯшлаб, камонабру;
Ҳама ороми ҷону қуввати рӯҳ,
Ҳама саршор аз шароби сабӯҳ.
Ва он хуршеди осмони заррапарварӣ сояи лутф бар сарам андохта ва ба болини мани ғамгин такя карда буд…
Ман оҳи дарднок аз миёни ҷон баркашидам ва хостам. ки ҳаракате кунам, аммо дар худ қувват ва тавоне надидам. Он меҳри сипеҳри дилбарӣ, аз рӯйи лутф ва заррапарварӣ ба ман ёру мададгор гардид ва аз чигунагии аҳволам пурсид ва дилдории бисёре намуда, гуфт:
— Ҳеҷ ғамгин нашав ва шод бизӣ! Агарчи кадом як золим ба ҳаққи ту чунин зулмро раво дошта, бути бузург маро ба хизмати ту боздошта (фиристод), ту аз марг растӣ ва аз бало ҷастӣ!
Ба шумо чӣ гӯям… дар ҳамон ҳоли парешонӣ маҳви офтоби ҷамоли бокамоли он маликаи мулки хубӣ гаштаву сарриштаи ҳуш ва хирадам аз каф берун рафт. Гӯё, он нозанини адофаҳм низ он ҳолро пай бурд. Зеро ки:
Дилро ба дил раҳест, дар ин гунбази сипеҳр,
Аз рӯйи кина кинаву аз рӯйи меҳр меҳр!
…Баъд аз бист рӯз бо кӯшиши он ҳакими ҳозиқ ҷароҳатҳои ман беҳтар шуданд. Он шоҳзоди шаккарлаб ҳар шаб, ҳамин ки мардум ба хоб мерафтанд, яккаву танҳо ба болини мани ҳазин меомад ва менишаст, арақу шароб ба ман медод, шафақату меҳрубонӣ ба ман беш аз пеш мекард. Чун аз ин ҳодиса як моҳ гузашт, захмҳои ман ба куллӣ сиҳат шуданд ва он нозанин мувофиқи ваъдааш ба ҳаким инъоми бисёр дод ва шафақат намуд ва аз ҳамин хурсанд буд, ки бо ёрии ӯ сиҳат шудам. Зеро дар сина хори муҳаббат дошт ва тухми ишқ дар замини дил мекошт. Вақте ки ман аз беморӣ ва нотавонӣ растам, сару танро аз олойиш шустам ва либоси наверо ки он дилором ба ман дода буд, пӯшидам. Аз ин ҳодиса чандин рӯз нагузашта буд, ки аз шодии ҷамоли он нозанин ва аз кайфияти шаробу таом аз аввала ҳам фарбеҳтар шудам. Ҳамин ки сарам аз нашъаи май саршор мешуд, ба гап даромада, гоҳо густохона суханон ба миён меовардам ва ҳар дам ӯро ба василае машғул месохтам ва қимори ишқ мебохтам…
Менозаму метарсам аз он шӯхи дағалбоз,
Нақшест, чӣ гӯям: бинишинад, нанишинад.
То он ки як шаб он нӯшлаб ниҳонӣ аз ағёр бо ман нишаста саргузаштамро пурсид. Ман ҳам тамоми саргузашти худро бе каму кост баён кардам. Он ҳама азобҳоеро, ки аз бародаронам дида будам, як ба як нақл намудам. Он нозанин бар аҳволи мани ҳазин бисёр гирист, баъд аз он бо меҳрубонӣ ба ман нигарист ва гуфт:
— Фалонӣ, агар аз дастам ояд, ман ҳамчунон кунам, ки онҳоро фаромӯш кунӣ.
Гуфтам:
— Фидои ту шавам, қурбонат гардам, ман ҳоли худро фаромӯш кардам, илоҳӣ сояи лутфат аз сарам кам нашавад…
Он чӣ мебоист, гуфтам ва аз он гули хандон меҳрубонии аз ҳад зиёда чашм медоштам. То ҳангоми саҳар бо ҳам сӯҳбат кардем.
Баъд аз ин ҳар шаб монанди ҳамин бо он зебонигор, холӣ аз ағёр гирифтори бӯсу канор будем. Чун ба шаҳр рафтанд, бе рухсати падар маро ба қатори мулозимони хоси худ гузаронид ва ҳар рӯз арақу шароб бо мурғу кабоб ва таоме ба қадри кифоя муайян намуд. Ҳамин ки шаб мешуд, хизматгорҳо мехобиданд, он умри азиз ба сарвақти ман меомад ва то саҳар он рашки камар равшанибахши дидаам мешуд. Баъд аз чанд рӯз дояи ӯ низ аз сир бохабар шуда, бо ӯ рафоқат менамуд…
Баъд аз чанд гоҳ, як шаб вай гуфт, ки:
— Ман андеша мекунам, ки асрори мо ба ҳама ошкор нагардад. Ҳоло бояд илоҷе кунем, ки аз шармандагӣ раҳоӣ ёфта ба ҳам бирасем.
Гуфтам:
— Рост мегӯйӣ! Аммо чӣ илоҷ мекунӣ?
— Бояд гурехт ва ин силсиларо бояд гусехт!
Гуфтам:
— Чӣ тавр? Бо чӣ роҳ?
Ӯ гуфт:
— Ту бояд чанд рӯз аз хизмати мо дур шавӣ, ва дар байни савдогарони мусулмон нишинӣ, то ки ёрон ва мутааллиқони ман туро фаромӯш кунанд. Ман гоҳе дояро ба пеши ту мефиристонам, аз вай ба ту зару гавҳар дода мефиристам. Ҳар гоҳ донӣ, ки аҳли Аҷам аз роҳи дарё мусофират мекунанд, ту низ асбоби рафтан муҳайё кун ва маро хабардор соз, то ки пинҳон аз мардум шабона аз ҳарам берун баромада худамро ба киштӣ расонам.
Алқисса сухан ба ҳамин қарор ёфт. Рӯзи дигар он симинбар маро дар пеши назари парасторон аз хизмат ҷавоб дода, мушти заре инъом намуд. Ман низ ба ҷудоӣ тан дода, бо дили пурҳасрат аз хизмати он валинеъмат ба зарур дур шудам. Рафта аз корвонсарое, ки савдогарони Аҷам дар он буданд, ҳуҷрае гирифтам ва шабу рӯз бо гиряву сӯз ба сар мебурдам ва дар фироқи лаъли лабаш хуни ҷигар мехӯрдам. То ин ки баъд аз муддате савдогарони бисёр аз мардуми Аҷам, Туркистон ва Хуросон ва дигарҳо, ки дар фаранг буданд, ирода намуданд. ки аз роҳи дарё равонаи ватани худ гарданд. Баъд аз он ки азмро ҷазм карданд, онҳо моли худро аз шаҳр ба дарбанд, ки як фарсанг буд, бурданд ва баъд аз рухсати шоҳи бандар моли худро ба киштӣ бор кардан гирифтанд. Баъзе аз ёрон маро таклифи рафтани вилоят карданд. Ман аввал барои эҳтиёт ва дафъи тӯҳмат аз худ, гуфтам, ки:
— Ман ба кадом сармоя ин иродаро намоям?
Онҳо гуфтанд:
— То кай дар ин мулк хоҳӣ монд. Биё, ягон кор мешавад.
Гуфтам:
— Хуб, ҳар гоҳ шумо чунин мехоҳед. ман ҳам меоям. Чизе ки ман дорам як саг, як каниз ва як сандуқ аст.
Баъд аз ин барои ман ҳам дар киштӣ ҷой муайян карданд. Баъд аз он ба шаҳр рафта, сандуқи худро ба киштӣ кашондам ва донистам, ки киштӣ, албатта, фардо субҳ бодбон баланд хоҳад кард, аз рафиқон барои ба шаҳр рафтан рухсат талабидам, ки бо баъзе ёрон видоъ карда, канизи худро гирифта меорам ва агар то вақти саҳар бошад ҳам, худро ба киштӣ мерасонам.
Аз он ҷо ба шаҳр рафта, ба дари хонаи доя омада, гуфтам:
— Э модари меҳрубон! Ба рухсати ту азми ватан дорам. Умедворам, ки як бори дигар бо ёрии ту ба побӯси малика бирасам. Фардо субҳ киштӣ равона мешавад, чӣ шавад, ки ҳамин шаб орзуи маро барорӣ.
Ҳамин гуна зориву таваллои бисёре кардам, то ки дилашро ба раҳм овардам.
Ӯ гуфт:
— Э аҷамӣ! Дар шаб ба фалон маҳал, ки дар қарибии ҳарам аст, мунтазир бош. Ман ҳамин дам ба ҳарам рафта арз мекунам, то шояд толеат ёрӣ ва бахтат мададгорӣ кунад.
Ҳамин ки шаб даромад, ба ҳамон маҳал, ки гуфта буд, рафтам ва мунтазир нишастам.
Чун доя ба малика арз мекунад, малика розӣ намешавад, ки маро ба хизмат роҳ диҳад ва дояро нигоҳ медорад. Ҳамин ки посе аз шаб мегузарад, канизонро рухсати хоб медиҳад. Баъд аз он дояро ба коре машғул сохта, аз ҳарам бо сандуқчаи ҷавоҳир ва либосашро табдил дода берун меояд.
Нимишабӣ буд, ки он моҳи тамом бо либоси канизонаи кӯҳна пайдо шуд, сандуқчаро ба ман дод ва ба роҳ даромад То ба канори дарё дар ҳеч ҷое наистодем. Ва ба лаби дарё расида заврақро киро карда ба киштӣ рафта даромадем. Ин саги вафодор, ки дар киштӣ буд, бо дидани ман бар гирдам гардид ва ором гирифт.
Чун рӯз равшан шуд, нохудоён (киштибонон) лангар канданд ва бодбон баланд сохта киштиро ба роҳ андохтанд. Ҳамагӣ хуррам ва хушдил ба сӯҳбат нишаста будем. Киштӣ монанди бод ба рӯйи об равон шуд…
То чоштгоҳ киштӣ ба хубӣ равон буд. Ба ногоҳ аз тарафи бандар садои тири тӯп баланд шуд. Нохудо киштиро лангар андохт. Ҳамагӣ дар изтироб афтоданд, ки оё чӣ воқеа рӯй дода бошад ва ин золим, яъне шоҳи бандар ба чӣ хаёл афтода бошад?
Дар он байн якчанд савдогарон канизони қобил ва мақбул доштанд ва аз шоҳи бандар метарсиданд, ки мабодо талабгор шавад, эҳтиётан онҳоро ба сандуқҳо пинҳон карданд. Ман низ аз ин тасодуф хурсанд шуда, он киромигавҳарро ба сандуқ андохтам. Дар ҳамин дам аз канори дарё як заврақ расида омад ва шоҳи бандар бо як фавҷ мулозимонаш ба киштӣ баромад.
— Шаҳрёро! Сабаби омадани онҳо ин буд, ки чун рӯз равшан мешавад, ба подшоҳ хабар медиҳанд, ки малика нопайдост. Шоҳ аз рӯйи хирад ва ҳушмандӣ ба пинҳон доштани он воқеа фармон медиҳад: ва ба ҳамаи роҳдорон, сарҳадчиён ва маъмурон қаторхат мефиристад, ки дар ҳамаи қаламрав ҳар тоҷир ва мусофире, ки канизе дошта бошад, ба назари мо расонанд ва бе рухсати мо аз мамлакат набароянд. Зеро ки барои саркор чанд канизи қабил ва мақбул зарур аст. Кадомаш, ки ба мо маъқул шавад, пулашро дода мегирем, в-агарна ба соҳибаш боз мегардонем.
Вақте ки ин фармон ба шоҳи бандар мерасад, аз бими бадгӯйии душманон дарҳол шиллик карда, ба заврақ менишинад ва бар сари савдогарон меояд.
Шоҳи бандар ба киштӣ даромад ва ба болои сандуқи як марди кали номаълуме, ки канизи худро дар он сандуқ пинҳон карда буд, нишаст. Вақте ки шоҳи бандар муддаояшро гуфт, савдогарон якчанд канизе, ки дар хизмат доштанд, ба ӯ нишон доданд. Мулозимон бо фармони шоҳи бандар онҳоро ба заврақ бурданд. Дар ин дам марди кал дар рӯ ба рӯйи шоҳи бандар истода буд. Шоҳи бандар аз рӯйи шӯхӣ ба ӯ гуфт:
— Хоҷа, канизи ту куҷост?
Мардаки буздил гуфт, ки:
— Соҳиб, ба сари азизи шумо қасам, ки на (танҳо) ман дар ҳамин сандуқ пинҳон кардаам, балки аксари ёрон (канизони худро дар сандуқҳояшон пинҳон) кардаанд.
Шоҳи бандар инро шунида сандуқҳоро ковид ва ҳамаи канизонро (ёфта бароварда) ба заврақ шинонид. Баъд барои тарҷимон ва хароҷотҳои омаду рафт аз савдогарон дувист (дусад) туман ҷамъ карда гирифта тасаллӣ дод, ки «имшаб канизонро ба назари подшоҳ мерасонам, кадомаш, ки хуш ояд, қиматашро фиристода ва киштиро ба рафтан рухсат хоҳам дод» ва худ ба заврақ нишаста рафт.
Савдогарон ҳама озурдахотир ва парешон, сар ба гиребони ғам фурӯ бурданд ва хаёлҳои дуру дароз мекарданд. Аз ҳама бештар мани хароб, бо дили кабоб ва дидаи пуроб ба сад изтироб мунтазири сиёсат ва азоб будам. Бадтар аз ҳама он ки ҳоли худро ба касе гуфта наметавонистам ва худро маломат мекардам, ки «чаро ин фитнаро сохтӣ, ҷон ба абас дарбохтӣ ва худро дар маҳлака андохтӣ; аҷаб оташе афрӯхтӣ ва худро дар миён сӯхтӣ» ва дар тамоми он рӯз ба гиря ва сӯз будам…
Ҳамин ки шаб даромад, заврақи канизон аз тарафи бандар ба назар омад. Ҳамаи савдогарон ба хушнудии он шодиёна заданд. Аммо вақте ки заврақ ба киштӣ дарпайваст, нигоҳ карда дидам, ки ба ғайр аз он моҳрӯ ҳамаи канизон ҳастанд. Мулозимон барои нохудо рухсатнома ва ҳадяҳо расонданд. Чун аз канизи худ пурсидам, гуфтанд, ки албатта подшоҳ нигоҳ доштааст.
Савдогарон ба ман тасаллӣ дода, гуфтанд, ки:
— Хуб, ғам нахӯр, қимати онро аз байни худ ба ту ҷамъ карда медиҳем.
Лекин ман розӣ нашудам, бармегардам, гуфтам.
Пас ба мулозимони шоҳ илтимос кардам ва як миқдор зар додам, баъд сандуқи худро ба заврақ фароварда худам ҳам ба он гузаштам.
Саг низ аз паси ман барҷаста, худро ба заврақ гирифт.
Чун ба бандар расидам, ғайр аз сандуқчаи ҷавоҳир тамоми асбобҳоямро ба мулозимони шоҳи бандар бахшидам ва худро дар пинҳонӣ кашидам. Чанд рӯз дар он диёр ба ҷустуҷӯйи он дурри шоҳвор, садафвор гӯш паҳн карда ба ҳар гӯша ва канор гардидам ва маҷнунвор умедвори дидори он Лайлии зор дар водиҳо давидам ва аз он ҷо рӯ ба шаҳр овардам. Лекин аз ҳеҷ ҷое пай ба мақсад набурдам. То ин ки шабе монанди дуздон ба ҳавои он ганҷи шойгон худро ба хонаи подшоҳ расонидам. Вале дар он ҷо низ ӯро надидам ва суроғашро ҳам нашунидам. Баъд аз ин яқин ҳосил кардам, ки вай ба назди шоҳ нарасидааст. Боз аз он ҷо ба бандар омада ба ҷустуҷӯ машғул шудам. То як моҳ мегаштам ва ӯро меҷустам ва мегуфтам:
— Зи бас хунин сиришк аз дида борам,
Дамад аз ҷайбу доман лолазорам.
Ба ёди рӯйи ту чандон бигирям,
Ки рӯяд гулситоне дар канорам!
Инчунин ҳамин байт ҳам вирди забони ман буд:
Ҷудо з-он оразу лаб чун нишинам,
Дар оташ сӯзаму дар хун нишинам.
Чу гиряд дидаам дар мотами дил,
Ту гӯйӣ дар тани Ҷайҳун нишинам…
То он ки шабе фикр карда ба худ гуфтам, ки шояд он моҳрӯ дар хонаи шоҳи бандар бошад. Бинобар он ба таи девори ӯ рафтам, ҳарчанд ба чор ҳад тохтам, ягон ҷойи даромад ва рахнае наёфтам. Танҳо як обгузаре буд, ки дар он ҳам панҷараи фӯлодӣ шинонда буданд. Лоилоҷ либосамро кашида ба об фуромадам ва бо сад машаққат ба боғчаи ҳарами шоҳи бандар даромадам. Ин тараф, он тарафро ба оҳистагӣ дида рафта истода будам, ки ногоҳ овози он нозанинро шунидам. Ӯ бо нолаи ҳазин дар миёнаи дарахтон маро ёд мекард. Чун инро шунидам, пеш давидам ва дасту пояшро бӯсидам. Ӯ низ чун маро дид дарбар кашиду ҳар ду аз бисёрии шавқ аз по афтодем
Баъд аз замоне ки ба ҳуш омадем, ман аз он хуршеди авҷи иқбол аҳвол пурсидам. Ӯ гуфт:
— Вақте ки ба заврақ нишаста аз дарё ба соҳил расидам, шоҳи бандар канизонро як-як ба назди худ ҷеғ зада бо назари харидорӣ дид. То ки навбат ба ман расид ва аз дигарон маро баргузида ба худ писандид ва аз мардум пинҳонӣ ба хонаи худ расонид. Вақте ки канизони боқимондаро ба назди падарам бурданд, маро дар он миён намебинад ва мефармояд, ки ҳамаро ба соҳибонаш расонанд. Аз он рӯз ман дар ин хонаам. Шоҳи бандар ба ман ошиқ шудааст ва ҳар вақт зорӣ карда мехоҳад, ки бо ман ҳамхоба шавад. Ман ҳар бор ӯро бо баҳонае аз худ дур мекунам. Вай ҳам азбаски маро дӯст медорад, ризои маро шарт медонад ва озурдан наметавонад.
Гуфтам:
— Фидои ту гардам, охир ҳоли мо чӣ мешавад? Бигӯ!
Ӯ гуфт:
— Ростӣ, он ки то ҳол қасд доштам, ки агар он ҳаромзода ба номуси ман дастдарозӣ кунад, худро ҳалок намоям. Аммо алҳол фикри дигар ба хотирам расид ва умед аст, ки бо ин роҳ аз банд халосӣ ёбем.
Гуфтам:
— Бифармо он кадом аст?
Гуфт:
— Буткадаи бузургро дидаӣ?
Гуфтам:
— Номашро шунидаам.
Ӯ гуфт:
— Дар соботи буткада, дар қарибии пойгаҳ палоси сиёҳе ҳаст, ҳар гоҳ ба касе ягон фалокате рӯй диҳад, ё савдогаре дар баҳр ё дар дарё молашро ба ғорат диҳад ва рӯ ба ватан надошта бошад, дар он ҷо менишинад ва он палосро ба сар мекашад. То се рӯз мардуме, ки ба зиёрати буткада меоянд, ҳар кас муносиби ҳоли худ ба назди он кас садақа мегузорад. Дар саҳари чорум кашишон ва бараҳманон ва аҳли буткада ба он ҷо ҷамъ шуда, ҳар кадом низ чизе медиҳанд, баъд узр хоста фалокатзадаро бо моли бисёре равона мекунанд. Ба фикри ман ту рафта, ба дастуре, ки гуфтам, дар ҳамон ҷо нишин, вале баъд аз он ки ба ту узр гуфта равона карданӣ мешаванд, ту барнахез ва моли ҷамъшударо қабул накун. Гӯй, ки ба ман лозим нест. Омадаам, ки шояд ӯ ба дарди ман даво кунад, в-агарна дар ҳамин ҷо он қадар нишинам, ки ҷонам барояд ва худро қурбон кунам. То ки доди маро аз золим ҳазрати рӯҳулло ва бути бузург ситонад.
Он касе ки ту дидани онро металабӣ, модари бараҳманҳост. Вай пиразолест, ки дувисту панҷоҳ (дусаду панҷоҳ) сол умр дорад ва дар тамоми умри худ аз буткада берун набаромадааст. Вай соҳиби бисту шаш фарзанд аст. Ҳамаи бараҳман ва бараҳманзодагон ва аҳли фаранг ӯро бузург ва маҳбуб медонанд. Аз ин ҷиҳат подшоҳон ва фармондеҳони фаранг маҳкуми ӯянд.
Баъд аз оне ки ӯ ба болини ту ояд ва ё туро ба назди худ ҷеғ занад, даст дароз карда доманашро гир ва ба зории тамом гӯй, ки «э паноҳи мардумон, агар доди мани мазлумро аз золим нагирӣ ба хизмати бути бузург он қадар тазаррӯъ ва зорӣ хоҳам кард, ки супориши маро ба ту кунад». Чун аз аҳволи ту пурсад, гӯй ки «ман аз вилояти Аҷам, овозаи адолати шуморо шунида ва бо нияти зиёрати бути бузург аз роҳи дур омадаам. Зане доштам, ки андаке зебоӣ дошт. Рӯзе, ки аз дарё баромадам, шоҳи бандар занамро дида ошиқ гардида, ӯро бо зӯр аз ман кашида гирифт. Қоидаи мо он аст, ки ҳар гоҳ номаҳраме зани моро бинад, мо маҷбурем, ки ӯро кушем. То хуни номаҳрамро нарезем, он зан ба мо ҳалол намешавад. Вақте ки зан ҳалол нашуд, даст аз кору бори зиндагӣ мекашем, намехӯрем, намепӯшем…».
…Баъд аз шунидани ин суханон он симбарро видоъ кардам ва рафта ба ҷое, ки гуфта буд, ба дастури мазкур нишастам. Рӯзи чорум кашишон омаданд ва аз рӯйи қоида ҳадяҳои ҷамъшударо ба назди ман гузошта, таклифи бархостан карданд. Қабул накардам ва гуфтаҳои он дилбанди донишмандро такрор кардам. Ман палосро аз сар нагирифта ба даруни буткада даромадам. Дидам, ки дар тахти бути бузург як нимтахти тиллокорӣ гузошта буданд. Дар рӯйи тахт рахт партофта пиразоли хушҳол, саропо сиёҳпӯш дар он нишастааст. Ду тифли даҳ-дувоздаҳсола ба тарафи чапу рости ӯ нишаста буданд. Пиразол бо онҳо ба бозӣ машғул буд. Ман пеш рафтаму пойи тахтро бӯсидаму доманашро гирифтам ва ҳарчи он оқила таълим дода буд. гуфтам. Пиразол баъд аз шунидани аҳволи ман пурсид:
— Аҷамӣ, магар шумо занҳои худро пинҳон медоред?
Гуфтам:
— Бале, ин айбро мо дорем.
Ӯ гуфт:
— Ин қоида хуб нест. Ман ҳозир мефармоям, ки шоҳи бандарро бо зани ту ҳозир кунанд ва он золими бебокро, яъне шоҳро танбеҳ кунам, ки ибрати дигарон шавад ва то донад, ки киро амини мулк кунад. Баъд аз он аз дигарон пурсид — ин шоҳи бандар кист?
Кашишон гуфтанд, ки фалон кас. Чун номи ӯро шунид, гуфт, ки:
— Ҳоло он лаънатӣ ба ҳамон дараҷа расидааст, ки дастандозӣ ба сатри мардум мекунад?!
Баъд рӯйи худро ба он ду писар баргардонда, гуфт:
— Фарзандон, зуд ба шаҳр равед ва ба боргоҳи шоҳ дароед. Ба он ғофили ҷоҳил бигӯед, ки: модари мо мегӯяд, ки ҳукми бути бузург шудааст, ту фалон касро, ки марди золим ва нобоб аст, шоҳи бандар кардаӣ. Ӯ ба дарвешони бисёр ситам кардааст ва мекунад. Аз ҷумла ин марди аҷамӣ аз мазлумони ӯст. Бояд ҳукми қатли шоҳи бандарро ба ӯ навишта диҳӣ ва амволи ӯро, агарчи бисёр ҳам бошад, ба ин мардак, ки назаркардаи мост, бубахшӣ ва ӯро аз худ розӣ кунӣ. В-агарна ҳамин шаб туро ба санги сиёҳ баробар хоҳам кард.
Он ду тифл бо фармуди модар аз буткада баромада савор шуданд. Ҷамъе аз кашишон пеш-пеши онҳо ноқусзанон ва зикргӯён ба шаҳр даромаданд. Аҳли фаранг хоки қадами аспи онҳоро табаррук гуфта мебардоштанд. Вақте ки ба дарбори шоҳ расидем, ба ӯ хабар расид. Вай зуд ба истиқбол давида он ду тифлро дарбар кашид, ва ба боргоҳ даромада онҳоро дар паҳлуи худ шинонид. Баъд сабаби омадани онҳоро пурсад. Онҳо гуфтаи модарашонро баён карданд.
Подшоҳ андешае намуда, гуфт:
— Хуб аст, ҳозир мефармоям, рафта шоҳи бандарро биёранд ва дар рӯ ба рӯйи ин мард шинонанд, то ки ҳақиқати масъаларо пурсем.
Ман дар дили худ гуфтам, ки «Э вой, ки беҳ нашуд, бадтар шуд. Агар шоҳи бандарро биёранд, ман чӣ мегӯям…».
Он тифлони рамузфаҳм чун изтироби маро диданд, аз қарина фаҳмиданд, ки он ҳукм мувофиқи хоҳиши ман набудааст. Бинобар он даст бар доман зада аз ҷо бархостанд ва ҳар ду бо як забон гуфтанд, ки:
— Давлати дунё димоғатро гирифтааст, ки ба ҳукми бути бузург мухолифат мекунӣ, ё гуфтаи модари моро хилоф медонӣ ва мехоҳӣ, ки боз худ тафтиш кунӣ! Не, кори ту зоеъ шуда, ақлат нуқсон ёфтааст. Охир аз оташи ғазаби бути бузург андеша кун!
Тифлон берун рафтанӣ шуданд. Подшоҳ бетоқат шуд ва бо илтимоси тамом онҳоро гардонида ба ҷойи худашон шинонид. Вазирҳо ва надимҳо ба подшоҳ муттафиқ шуда, ба бадгӯйии шоҳи бандар забон кушоданд, ва ба подшоҳ арз карданд. ки:
— Гуфтаи модари бараҳманон дуруст аст ва ҳукми бути бузург ҳақ аст. Албатта ӯ воҷибулқатл аст.
Подшоҳ чун ҳукми ҷамоатро шунид, аз гуфтаи худ пушаймон шуд ва ҳукми куши шоҳи бандарро ба дасти худ навишта ба ман дод ва молу ҷойи ӯро ба ман бахшида, ба илова мансаби шоҳибандариро ҳам ба ман супурд. Баъд ба ман либос ва асп инъом карда, ба он ду тифл зару ҷавоҳири бисёре бахшида, ба модарашон аризае навишта гусел кард.
Ман ба хушҳолии тамом ба бутхона рафтам. Модари бараҳманон аризаи шоҳро хонда ва тафсилро фаҳмида хушдил шуд ва фармуд, ки ноқуси буткадаро навозанд. Бо шунидани овози ноқус дарҳол понсад нафар сипоҳии мусаллаҳ бар дари бутхона ҳозир шуданд. Модари бараҳманон ба онҳо фармуд, ки бо ин мард ба бандар рафта, шоҳи бандарро гирифта ба дасти ин мард супоранд, то ба ҳар соат, ки хоҳад ӯро бикушад ва амволи ӯро муҳофизат бикунанд ва набояд касе ба хонаи ӯ дохил шавад. Баъд аз ин ба бандар равона шудем. Яке аз саркардагон пеш рафт ва ба шоҳи бандар гуфт, ки «ҳаракат макун!». Дар он дам аз ақиб ман расидаму ба вай ҳуҷум овардам ва сарашро аз танаш ҷудо кардам. Баъд аз он гумоштагон, мансубон ва мулозимони ӯро гирифта, дафтарҳои ӯро забт намудам ва ба даруни ҳарам шитофтам ва он дилраборо дарёфтам…
Баъд аз оне ки моли ӯро аз назар гузаронидам, маҷлисе барпо карда ба мулозимон ва одамони шоҳи бандар инъомҳо дода, ҳар кадоми онҳоро ба амали худашон гузоштам; ғуломонро ҳам навозиш карда, аз худ хурсанд кардам. Ба ҳар кадом касоне, ки бо фармони модари бараҳманон ба ёрии ман омада буданд, мувофиқи ҳолашон чизе бахшидам. Барои подшоҳ ва модари бараҳманон низ, ҳадяҳо ва тӯҳфаҳо тайёр карда, рӯзи дигар рафта онҳоро дидам…
Баъд аз он бо осудагӣ ва хотирҷамъӣ бо ин симбар зану шӯ гашта, даст ба домани висоли якдигар задем…
Азбаски ҳамарӯза подшоҳ ва сипоҳро хизмати лоиқ мекардам, шоҳро нисбат ба ман шафқат зиёда шуд. То ки ба шарафи ҳамсӯҳбатӣ расидам Ҳеҷ масъалае бе машварати ман ҳал намегардид.
Ростӣ дар он рӯзҳо ташвише, ки доштам, танҳо ҳамин буд, ки «ба сари бародаронам чӣ омада бошад?», то ин ки баъд аз се сол корвоне аз савдогарон ба лаби дарё ғун шуд. Онҳо, гӯё аз Вазиробод меомаданд ва ирода доштанд, ки аз роҳи дарё ба вилояти Аҷам раванд.
Шаҳрёро! Дастур чунон буд, ки корвонҳое, ки ба бандар меомаданд, ба ман армуғон меоварданд ва маро ба зиёфат таклиф менамуданд. Ман меҳмони онҳо мешудам ва молҳояшонро аз назар гузаронида, ушр мегирифтам ва рухсати рафтан мекардам.
Чун аҳли қофила ба дастури мазкур маро ба меҳмонӣ бурданд, дар вақте ки чизҳои онҳоро аз назар мегузаронидам, бародаронамро дидам, ки дар қатори човушон хизмат мекарданд, онҳо буқчаҳои молро ба дӯш бардошта меоварданд ва чунон дасту по мезаданд, ки ҳеч ғуломи боихлос он қадар намекард. Инро дида ҳамият ва ғайрат маро домангирам шуд. Дар вақти бозгашт ба баҳонае онҳоро бо худ овардам ва чунон ки бояду шояд меҳрубонӣ кардам ва ба ҳар кадом як амалеро аз амалҳои шоҳибандариро додам. Вале ин ду бадтинат поси давлати худро надошта, боз қасди қатли ман карданд… чун дуздон бо теғи буррон ба болини ман омаданд. Нахуст (аввал) ин саги бовафо ва ҳушёр ба онҳо ҳамла кард. Баъд посбонҳо аз ҳар тараф тохта онҳоро гирифтанд.
Шаҳрёро! Дигар тоқатам намонд. Аммо бар қасосашон розӣ нашудам, хотир ба ҳабс карданашон қарор ёфт, бинобар ин, ба ин қафасҳо банд кардам, то ки дар назарам бошанд — на аз дурии онҳо мушавваш ва на аз кирдори бади онҳо дар оташ бошам!
Ин аст сабаби зиллат ва заҳмати инҳо, ин аст ҳурмати саг.
— Дарвешон! (Озодбахт мегӯяд). Ба мардӣ ва муруввати он ҷавонмард офарин кардам ва чӣ тавр ба даст дароварда шудани он дувоздаҳ дона лаъли пурбаҳоро, ки ба гардани саг баста буд, пурсидам — гуфт:
— Дар айёми шоҳи бандарӣ, бар болои қасри баланде, ки бар сари дарвоза сохта будам, барои ҳаво гирифтан ва тамошои саҳро ва дарё нишаста будам ва ба ҳар тараф нигоҳ мекардам. Ногоҳ сиёҳии ду нафарро дидам, ки дар биёбон меомаданд. Дурбинро гирифта дуруст нигоҳ карда дидам, ки аҳволашон бад аст. Бинобар он зуд барои оварданашон қаровулонро фиристодам. Вақте ки онҳоро оварданд, арз карданд, ки як нафар мард ва як нафар зан аст, ки дар дасташон кӯдак доранд. Фармудам, ки занакро ба ҳарам фиристанд, мардро ба боло биёранд.
Чун он мард даромад, дидам ҷавоне дар синни бистсолагӣ. Ранги рухсораш аз тобиши офтоб тира шуда, аз мӯй сараш фурӯ афтода, ошуфта ва жӯлида, нохунон монанди чанголи даррандагон дароз шуда… Маро аз ин ҳол аҷаб омад ва ҳайратам афзуда пурсидам:
— Э мард, аз кадом шаҳрӣ? Ин чӣ ҳол аст?
Вай аз чашмаш ашк рехта, ба домани ман часпид ва гуфт:
— Алҷӯъ, алҷӯъ! (Дод аз дасти гуруснагӣ, дод аз дасти гуруснагӣ).
Зуд фармудам, дастурхон партофта шарбат ва таом оварданд ва бисёр дилдорӣ додам. Ҷавон андак шароб ва таом хӯрда беҳуш гардид. Дар ин вақт ходимони ҳарам якчанд халтаи пур оварданд.
Гуфтам:
— Тафтиш кунед, ки ин ду нафар аз куҷо меоянд.
Чун халтаҳоро боз карда диданд, ҳар кадом пур аз як қисм ҷавоҳир буд, ки ҳар донааш ба хироҷи мамлакате меарзид. Аҷабтар он ки ҳар кадом аз якдигар беҳтар ва нафистар.
Чун он ҷавон ба худ омад, гуфтам:
— Э бародар, баён кун, ки инҳоро аз куҷо овардӣ, ҳамоно ба ганҷи Қорун роҳ ёфтаӣ?
Ҷавон гуфт:
— …Ҳикояи ман бисёр аҷиб аст. Асли ман аз вилояти Озарбойҷон аст. Падаре доштам, соҳибдавлат ва сертиҷорат ва аз барои молу давлат гоҳ дар об ва гоҳ дар оташ мегашт. Ба ғайр аз ман фарзанди дигар надошт. Бинобар он маро тарбия мекард. Чун синни ман ба шонздаҳсолагӣ расид, падарам иродаи сафари бандар кард, маро низ бо худ бурд. Ҳарчанд модарам ва дӯстонам гуфтанд, ки «ҳанӯз вақти сафари ин писар нарасидааст», аммо вай мегуфт:
— Акнун ман пир шудаам, кӣ медонад бори дигар дидори ӯро мебинам, ё не. Агар умрам ба охир расад, худи ӯ ба сарам бошад.
Қисса мухтасар, ки ба киштӣ нишаста ба Ҳиндустон расидем. Муддате дар он мамлакат гаштем, хариду фурӯхти худро кардем. Аз он ҷо ба шаҳри Вазиробод рафта, дар он ҷо низ хариду фурӯхт карда, ба тарафи Фаранг равона шудем. Баъд аз он ки ба дарёи кушод баромадем, ногоҳ боди мухолиф бархост, боду борон ва тӯфон ихтиёри киштиро аз дасти нохудо берун кард. Шабу рӯзро надониста, ба сад изтироб ба рӯйи об ба ҳар тараф мерафтем, то он ки киштӣ ба кӯҳ бархӯрда шикаста ва ҳамаи молу амвол ва одамон ба дарё афтода ғарқ гаштанд. Ман ба тахтапорае расидам ва ба он савор шудам. Дигар надонистам ҳоли падарам ва дигарон чӣ шуд.
Инак, баъд аз заҳмат ва машаққати бисёр, баъд аз се рӯз он тахта дар гил нишаст. Ман рамақе надоштам, ки худро нигоҳ дорам. Охир ба ҳар машаққат, ки буд. худро ба канор кашидам ва бар замин афтода беҳуш шудам. Вақте ки ба ҳуш омадам, аз дур киштзореро дидам. Оҳиста-оҳиста худро ба он ҷониб расонидам. Дар он ҷо чандин хонаи хасин дидам, ки дар онҳо ҷамоате монанди қатрон сиёҳ. бараҳна ва урён, ба ҳоли табоҳ зиндагӣ мекунанд. Он киштзорҳо, нахӯдзор будааст. Он ҷамоа оташе афрӯхта буданд ва нахӯди сабзро бирён мекарданд ва мехӯрданд. Ҳамин тавр ба назар менамуд, ки аксари хӯроки онҳо нахӯд буд. Чун маро ба он ҳол диданд, ишора карданд, ки ту ҳам нахӯд чин ва бирён карда хӯр. Ман низ як мушт нахӯдро бирён карда бо оби ширин хӯрдаму дар гӯшае хобидам. Вақте ки бедор шудам, он ҷамоа хостанд, ки аз ман аҳвол пурсанд, вале на ман забони онҳоро мефаҳмидам, на онҳо забони маро. Ба ҳар ҳол он шаб дар он ҷо хоб карда, рӯз ба роҳ даромадам ва муште нахӯд бо худ бурдам… Се шабу рӯз дар биёбони хушк ва беоби сӯзон бо сад машаққат, бо ҷигари сӯхта ва лаби ташна равон будам. Хӯрокам танҳо ҳамон нахӯд буд. Дар рӯзи чорум аз дур ҳисори фалакфарсоеро дидам. Чун наздик расидам, дидам ки қалъаи бузург, тақрибан давраш чор фарсах (ҳар фарсах — 8 километр) меомад. Девораш сар ба осмон кашида, тамом аз сангу гаҷ буд. Ҳарчанд ба чор ҳадди он гаштам, ба ҷуз як дар, даромаде надидам. Он дар ҳам аз ду тахтасанги мармар буда, бо се қуфли хеле калон, ки ҳар як баробари рони шутур меомад, баста шуда буд. Тааҷҷуб намудам, ки ин чӣ гуна ҷоест. Ногоҳ ба тале расидам, ки хокаш монанди сурма сиёҳ буд. Вақте ки ба болои тал баромадам, тамом ҳайрон шуда мондам. Дар он сӯ сиёҳии шаҳре ба назарам намуд, ки шарафа ва кунгураи айвони ӯ бо қасри Кайвон даъвии ҳамсарӣ мекард. Бурҷу борааш маъмур ва ороста ва ҳаддаш ба дарё пайваста. Инро дида бо шавқи тамом, аз сар қадам сохта, ба тарафи шаҳр шитофтам. Вақте ки аз дарвоза ба дарун қадам мегузоштам, бисмилло гуфтам. Дар он ҷо марде дидам бо либоси фарангиён, ки ба рӯйи курсӣ нишаста буд. Вақте ки маро бо либоси аҳли Аҷам дид ва гуфторамро шунид, маро ба назди худаш ҷеғ зад. Рафтаму салом додам. Вай ба забони фасеҳ ҷавобам дод ва аз аҳволам пурсид:
Гуфтам:
— Э мард, ҳоло маҳалли савол нест, ки ман ёрои сухан надорам.
Ӯ гуфт:
— Гуруснаӣ?
Гуфтам:
— Бале!
Гуфт:
— Бинишин!
Бинишастам. Дарҳол ба пешам дастурхон партофт, нону мурғи бирён оварда монд ва кӯзаи оби хунук ҳозир кард. Чун андак нону оби хунук хӯрдам, суст шуда хоб кардам. Бегоҳӣ аз хоб чашм кушодам, ки он мард таоме пухта, тайёр карда мондааст. Боз дастурхон паҳн кард, ҳар ду ба майл хӯрок хӯрдем. Баъд аз хӯрок ва истироҳат, он мард чун дӯстони мушфиқ аз чигунагии аҳволам пурсид. Ман ҳам тамоми саргузаштамро гуфта додам.
Ӯ гуфт:
— Акнун чӣ ирода дорӣ?
Гуфтам, ки:
— Дар ин шаҳр то ба охири умрам зиндагӣ мекунам. Зеро ки на тоби сафари дарё дорам ва на тӯшаи роҳ. Аз асбоби сафар ҳамин дили пурхун ва пойи пуробила дораму бас!
Он мард табассум кард ва гуфт:
— Фардо шавад, фикри фардоро мекунем.
Он шаб ба осойиш хоб кардам. Аввали рӯз хостам, ки узри меҳрубонии он мардро хоста, ба шаҳр дароям, вай гуфт:
— Э фарзанд, азбаски ту аҳли Аҷам ва ҳаммиллати ман ҳастӣ, ман маҷбурам, ки туро насиҳат кунам. Фарзанд! Ин шаҳр ҷойи ту нест, сухани маро гӯш куну худатро ба доми бало наандоз. Зуд сари худ гиру бирав. Агар барои ба даст даровардани мол ба шаҳр даромадан хоҳӣ, имрӯз ҳам сабр кун. Ҳозир ба ҳуҷра даромада белу каланд, ғирболу тӯрбаҳо гирифта баро, баъд ман чӣ кор карданатро мегӯям.
Ба худ гуфтам, ки «э вой, ба доми аҷаб одаме афтодӣ, ки дар бадали нони шаб имрӯзат кор мефармояд». Вале илоҷ надоштам, ба дарун рафта чизҳои номбурдаашро баровардам.
Гуфт:
— Он талро ки дар дур аст, мебинӣ?
Гуфтам:
— Дирӯз аз болояш гузаштам.
Ӯ гуфт:
— Ба канори он тал бирав, чанд қадам болотар баро ва хоки онро бикан ва канор андоз, то ки як чуқурии якгаза ба вуҷуд ояд. Баъд аз он ҳар чӣ канӣ ба ғирбол рез ва без, ончи дар ғирбол монад, ба даруни тӯрба рез. Вақте ки тӯрба пур шуд, гирифта биёр. Баъд ман боз чӣ карданатро мефаҳмонам.
Ман аз асли мақсад бехабар, ба он макон расидам ва ба гуфтаи ӯ амал карда дидам, дар он хок ҷавоҳири зиёде хоб кардааст. Дар андак фурсат он тӯрбаро пур кардам ва чанд дона резаи онро пинҳон намудам, баъд тӯрбаро ба дӯш кашида, ба дарвоза овардам.
Он мард боз нон ва як миқдор мева ба назди ман овард ва гуфт:
— Ҳамаи ин ҷавоҳироти овардагиат аз они ту, ана ин тӯшаи роҳро аз ман гир ва ҳар чӣ зудтар аз ин ҷо гурез. Пеш аз он ки касе туро дар ин ҷо бинад, худро ба ҷойи амне бирасон ва ҷони худатро аз ин бало бираҳон.
Гуфтам:
— Э падар, гирам ки ман хеле ҷавоҳир дорам, аммо тани танҳо, дар ин биёбони хунхор ва ба чӣ кор ояд. Гуруснаву ташна ба куҷо равам? Ҷон дар кафу сар дар наздикии талаф бас набуд, ки боз ин бор низ ба дӯшам бошад.
Дар биёбони хушку реги равон.
Шалғами пухта, беҳ зи нуқраи хом!
Он мард гуфт:
— Хуб, э ҷавони ҷоҳил! Ман он чӣ донистам, ба ту гуфтам. «Ту хоҳ аз суханам панд гиру хоҳ малол». Алҳол ки аз ин ҷо дур шудан намехоҳӣ, албатта ба шаҳр медаройӣ, ин ангуштаринро гир, чун бар сари чорсӯ расӣ, як марди сафедришро мебинӣ, ки ба ман монанд аст. Ӯ бародари ман аст. Ин ангуштаринро ба вай деҳ. то ки шояд ӯ дар бораи ту фикре кунад. Зеро ки дар ин шаҳр дигар ман дӯсте надорам. Мабодо ту кушта шавӣ. Охирин насиҳати ман ҳамин ки он мард чизе гӯяд, бишунав ва чунон кун!
Суханони ӯро қабул карда ангуштаринро гирифтам ва ба ӯ миннатдорӣ карда ба шаҳр даромадам. Дидам, шаҳр ороста ва пероста, занон ва мардон дар бозорҳо ба дӯконҳо нишаста савдо мекунанд. Дар кӯча занон бо мардон шароб менӯшанд. Ҳама хурсанд ва шод менамоянд, ҳама либоси аҳли фарангро доранд. Дар миёни бозор аз бисёрии мардум роҳ гашта натавонистам. Камтар сабр кардам, то ки дар гашти рӯз бозор сусттар шуду мардум ба ҳар тараф пароканда шуданд. Баъд аз он ман ба чорсӯ даромада ҳамон шахсеро, ки дарвозабон дарак дода буд, дидам, ки ба рӯйи курсӣ нишаста ва дар дасташ асои мурассаъ дорад. Пеш рафтаму салом додам. Вай ҷавоби саломро дода, ба рӯйи ман тунд-тунд нигоҳ кард ва гуфт:
— Э писар, ба ин ҷо чӣ гуна расидӣ? Магар бародари гарданшикастаи маро надидӣ?
Гуфтам:
— Дишаб дар назди ӯ будам, ӯ маро аз даромадан ба шаҳр монеъ шуд, аммо ман гӯш накардам. Зеро ки он қадар риёзат кашида будам, ки гуфта наметавонам ва қуввати рафтор надоштам ва ба шаҳр даромадан хостам. Бинобар он бародар ин ангуштаринро ба ту нишона фиристод.
Он мард андак фикр карда истоду баъд асп талабида савор шуд ва маро бо худ гирифта ба хонааш бурд. Хонаи вай бисёр зебо ва хушнамуд буд. Имораташ ботакаллуф, асбобу анҷомаш бузургона, ходим ва хизматгорҳои бисёре дошт. То шаб сӯҳбат карда нишастем. Вай пинҳон аз ходимонаш саргузаштамро пурсид. Вақте ки ҳикояи маро шунид, гуфт:
— Ин ҳама саҳл буд, ту акнун ба доми бало афтодӣ.
Гуфтам:
— Э падар, аз барои Худо, маро аз ҳолати ин шаҳр огоҳ кун, то ки бидонам сабаби ин ҳама манъи ту ва бародарат аз даромадан ба ин ҷо чист?
Ӯ гуфт:
— Бидон, ки мардуми ин шаҳр бутпарастанд. Подшоҳи инҳо бисёр мағрур ва мутаассиб аст. Қоидаи инҳо ҳамин ки агар ғарибе бар ин шаҳр дарояд, ӯро ҳеч кас ба манзили худ роҳ намедиҳад, то ба подшоҳ арз шавад. Он касро ба назди подшоҳ мебаранд, вай мефармояд, ки мусофири омада ба бут саҷда кунад. Агар аз ин амр гардан тобад сарашро мебурранд. Инчунин агар касе дар ин шаҳр ягон шаб хоб кунад, дигар бе рухсати подшоҳ ба ҳеч ҷое рафта наметавонад. Лекин ҳамин қадар ҳам дорад, ки ҳар кас ки ба бут саҷда кунад, ба вай зан гирифта медиҳанд.
Гуфтам:
— Э падар, акнун ҳоли ман чӣ мешавад?
Он мард гуфт:
— Хуб, ҳоло фикре мекунам, ки расво нашавӣ ва озоре набинӣ.
Баъд аз он камтар фикр карда истода, гуфт:
— Фарзанд, барои ту зани хубе ёфтам.
Гуфтам:
— Он кист?
Гуфт:
— Духтари вазири аъзам, ки дар ҳусну ҷамол монанд надорад. Синнаш ҳам ба понздаҳ расидааст.
Гуфтам:
— Вазири аъзам ба монанди ман як касе кай духтар диҳад?
Гуфт:
— Э фарзанд, расми ин шаҳр он аст, ки ҳар кас бутро саҷда кунад, гар ғариб бошаду духтари шоҳро талаб кунад ҳам, додан мегиранд. Ба ғайр аз он ман ҳам филҷумла қадру эътиборе дорам. Туро ҳанӯз надида ва нашинохтаанд. Ин тасодуфи хуб шуд, ки фардо рӯзест, ки подшоҳ ва сипоҳу раият ба зиёрати буткада мераванд. Мо ҳам меравем. Ту бояд аз рӯйи зарурат бутро саҷда кунӣ. Баъд албатта корҳо мувофиқи муддао мешавад…
Шабро бо роҳат гузаронидем. Субҳ наздик шуд, маро ба ҳаммом фиристод ва либоси фохира дод. Вақте ки аз ҳаммом баргаштам, он мард савор шуд, маро низ бар маркабе шинонида ба сӯйи бутхона ронд. Он бутхона дар канори дарё буда, чунон ботартиб ва оройиш буд ки забон аз шарҳи он оҷиз аст. Дар он дам халқи он шаҳр аз ҳаштсола то ҳафтодсола, хурду калон дар он ҷо ҳозир буданд. Духтарони хуршедсимо ва писарони юсуфлиқо дар ҳар тараф саф зада, сайру сафо мекарданд…
Мо низ сайркунон, то ба ҷое, ки подшоҳ ва умаро ба хизмати бараҳман ба ду зонуи адаб нишаста буданд, рафтем. Онҳо ҳама сарҳо бараҳна, гӯшҳо бар овози бут доштанд.
Ман мувофиқи таълим бутро аз рӯйи дил зиёрат кардам ва дасти бараҳман ва подшоҳро низ бӯсидам. Баъд домани вазирро гирифтам ва талаби духтар кардам. Подшоҳ аз он мард пурсид, ки:
— Ин кист, аз куҷо омадааст?
Он мард гуфт:
— Аз хешони ман аст. Ба умеди зиёрати бути бузург омадааст. Алҳол духтари вазирро дида, моили ӯ гардидааст. Ҳоло илтимос дорад, ки вазир бо амри подшоҳ ба ғуломии худ кабул кунад.
— Амри бути бузург фарз аст! — гуфт подшоҳ. Инро шунида бараҳман дарҳол риштаи сиёҳеро оварда, ба гардани ман андохт ва маро ба пойи тахти бути бузург овард ва ба саҷда фармуд. Баъд сухане чанд гуфта буд, ки аз даруни бути бузург овоз баромад, ки ӯ мегуфт:
— Хоҷазода хуш омадӣ! Аз марҳамати мо умедвор бош.
Инро шунида халоиқ фарёд карда, ҳама бар хок афтоданд.
Баъд аз ин подшоҳ ба ман либосҳои фохир бахшид ва дар берун нағора навохтанд. Дар ин дам овоза шуда рафт ки «ба аҷамӣ бути бузург назар кардааст ва духтари вазирро ба ӯ додааст…».
Он рӯз то шом дар буткада будем, вақти шом бо вазир, подшоҳ ва бараҳману кашишон савор шуда, ба хонаи вазир рафтем. Дарҳол духтарро оро доданд ва ба назди шоҳ оварданд. Ман ба рӯйи ӯ нигоҳ карда ҳурвашеро дидам, ки назираш набуд. Бараҳманҳо бо расму оини худ духтарро ба ман никоҳ карданд.
Подшоҳ рафт. Ман бо он парипайкар хилват намуда, ба висоли якдигар расидем. Рӯзи дигар ба хизмати шоҳ рафтам. Шоҳ маро ба худ муқарраб кард ва инъомҳо медод. Вале ба инъоми ӯ маро эҳтиёҷ набуд. Зеро ки духтар молу зари бисёре дошт.
Алқисса якуним сол ба ҳамин ҳол гузаронидем. Дар ин муддат духтар ҳомила шуда бисёр азоб кашид. Ман гиря мекардам. Се шабу рӯз дард кашид ва мурд. Ман гиребони худро пора карда, ба болини ӯ нишаста мегиристам, ки ногоҳ аз тарафи дигар шеван ва фарёду фиғон баланд шуд. Занони бисёр ба дарун даромада, ҳамин ки ба ман мерасиданд, ба сарам як мушт мезаданд. Қариб буд, ки дар зери мушту лагади онҳо кушта шавам. Дар ин дам касе аз пушт гиребони маро гирифта пас кашид ва аз миёни бало ба канор бурд. Чун дидам, ҳамон мард буд, ки ба ман он занро гирифта дода буд.
Ӯ гуфт:
— Барои чӣ гиря мекунӣ?
Гуфтам:
— Э золим, намебинӣ, ки гавҳари якдонаам аз дастам рафт.
Он мард табассум карда гуфт:
— Ҳоло ба марги худ гиря кун! Вақте ки гуфтам, ба ин шаҳр чаро омадӣ, гуфтӣ, ки илоҷ надоштам. Акнун, ана, илоҷат ҳамин!
Ба ҳар ҳол маро ба девонхона овард. Дидам, ки подшоҳ, умаро, бараҳманон, туҷҷорон ва ҳар хел табақаи аҳли шаҳр ҷамъ шудаанд. Тамоми молҳои ман ва занамро ба миёна рехта даллолон қимат медоданд. Ҳар кас ҳар чӣ мехост, гирифта, зар медод. То ки тамоми онҳоро нақд карданд. Баъд ба он зар ҷавоҳир харида, ба як сандуқча андохта ба ман доданд. Ба як сандуқ озуқа гузошта бар аспе бор карданд. Баъд як шутур оварда маро ба он савор карданд ва сандуқчаро ба канорам гузоштанд. Вақте ки ин корҳо шуд, кашишон ва бараҳманон зикркунон ва ноқусзанон пеш афтоданд. Халқи бисёре аз паси мо меомад. Бо ҳамин тантана ба беруни шаҳр баромадем. Аз ҳамон дарвозае ки рӯзи аввал даромада будам, берун шудем. Он марди дарвозабон маро дида оҳ кашид ва ба чашмаш об давид. Ниҳоят ба ҳамон ҳисор расидем, ки дар рӯзи аввал дида будам. Бараҳман аз кисааш калиде бароварда қулфҳоро кушод. Дусад нафар ҷавони зӯрманд бо зӯри тамом дарро кушоданд. Баъд ҷасади мурда, ман ва сандуқи хӯроквориро ба дарун дароварданд ва ба замин гузоштанд. Бараҳмани бузург ба ман наздик шуда гуфт:
— Э ҷавонмард, рӯзе оянд, рӯзе раванд! Ана ин зану фарзанд ва молҳоят, ана ин озуқаи чилрӯза аст. Хӯрда хоб кун, то ки бути бузург ба фарёдат расад.
Хостам, ки аз ҷо хеста он чӣ бояд бигӯям, он марди аҷамӣ пеш омада ба забони Аҷам гуфт:
— Хомӯш бош, дар фикри худ шав ва ҳарфе магӯ, ки ҳамин ҳозир месӯзонандат…
Боре, маро дар он ҷо гузоштанду худҳошон берун рафтанд, дарро бастанд. Ман аз бедимоғӣ сарамро ба зонуи ғам гузошта гиряи бисёре кардам. Баъд аз андак фурсат гармии ҳаво, бӯйи бад ба ман чунон асар кард, ки қариб буд нафасам бурида шавад. Сарамро бардошта ба ҳар тараф нигоҳ кардам, дар ҳама ҷо устухонҳои пӯсида, рехта, ҷасадҳои шалҳида, сандуқҳои зару ҷавоҳир афтода хоб мекард. Аз қаҳр хеста ба ҷасади духтари вазир чанд лагад задам. Баъд ба ҳар тараф давидам, шояд паноҳгоҳе биёбам, ки аз тобиши офтоб халос шавам. Вале наёфтам. Он рӯз ба ҳамин ҳол гузашт. Шаб ҳам аз тарсу воҳима ва ҳавои бадбӯ хобу ором надоштам.
Рӯзи дигар ба ҳамин қарор омадам, ки сандуқҳои шикастаро ҷамъ карда дар поёни ҳисор, дар ҷое ки тобиши офтоб камтар буд, як паноҳгоҳе созам. Ман он тахтаҳоро болоиҳам чидам. Рӯз дар сояаш менишастам, шаб ба болояш хоб мекардам.
Аз як тарафи ҳисор як ҷӯйчаи майдаи оби гарм ҷорӣ буд. Рафта баромадгоҳи онро дидам, ки ба қадри даҳани офтоба аз ҳафт ҷош ба девор сӯрох гузоштаанд.
Бо он об ва озуқаи мазкур дар он кунҷи ҳисор чанд рӯз зиндагӣ кардам. Қариб дар чил рӯз тӯшаам тамом шуд. Аз ин ҳол хеле ба ғам афтода, бисёр гиря кардам ва хобам бурда мондааст.
Вақте ки бедор шудам, овози мардумро шунидам, мурда оварда буданд. Ман хомӯш нишастам. То ки дарро баста рафтанд. Оҳиста пеш рафта нигоҳ кардам. Дидам, ки марде мурда ва зани пиреро ҳамроҳи ӯ оварда буданд. Сандуқи хӯрокворӣ низ дар пешаш буд. Ба худам гуфтам, ки «хубаш он ки ба озуқаи ӯ шарик шавам», сандуқи худро бардошта пеши ӯ рафтам, ки қисме аз озуқаи ӯ гирифта ба ин андозам. Аммо вақте ки ба пеши ӯ расидам, сандуқ аз дастам ба сари ӯ ғалтид ва ӯ нафасашро набароварда ҷо ба ҷо хобид, ӯ мурда буд. Ман ҳам сандуқи озуқаи ӯро гирифта зиндагӣ ба сар бурдам. Ҳанӯз он ба охир нарасида буд, ки боз мурдае оварданд, хӯрокам зиёда шуд. Ҳеч моҳе набуд, ки ризқи ман намерасид.
Баъд аз се-чор моҳ, бо мақсади шикор ба сари мурдаи нав овардашуда рафта дидам, ки нозаниндухтареро овардаанд. Синнаш ҳафтдаҳ-ҳаждаҳсола буд. Рӯяш ҳамчун офтоби анвар, либоси умарозодагон дар бар… Ӯро дида ошиқ шудам. Ӯ маро дида наъра кашид ва аз зӯрии воҳима беҳуш шуд. Ман пеш давида, ӯро дар бар кашидам ва ба кунҷи ҳисор бурдам. Дар он ҷо ба рӯяш об зада ба ҳуш овардам. Чун чашм кушод, боз воҳима намуда аз ҷо хеста гурехт. Дар дили худ гуфтам «хуб. ҳеч ҷо рафта наметавонад!». Ӯро ба ҳоли худаш вогузоштам. Аммо ҳар рӯз дур дар рӯ ба рӯйи ӯ нишаста хӯрок мехӯрдам. Чун чанд рӯз гузашт дид, ки ман ба ӯ зарар намерасонам ва хӯрокворӣ дорам, андак ром шуд, нон талабид. Ман ҳам бо мулоиматӣ ӯро ба наздам ҷеғ задам, таому мева ва ғайра ба ӯ хӯрондам Баъд бо забони хуш фирефта ба ҷойи худ бурдам, аз аҳволаш пурсидам. Гуфт:
— Духтари вакилуссалтанати подшоҳ мебошам. Номзади писари амакам будам. Дар шаби никоҳ шавҳарамро дарди кулунҷ гирифту мурд маро ҳам ҳамроҳ оварданд. Аммо ту кистӣ?
Ман аҳволи худамро шарҳ додам ва гуфтам, ки:
— Худо туро барои ман фиристодааст.
Аммо ӯ хомӯш монд. Чанд рӯзе бо ӯ мадоро ва муросо ба сар бурдам… Охир ба ӯ таклифи зану шӯй кардам. Вай қабул кард ва бо он ҳурваш дар он ҷаҳаннами дунё се сол умр гузаронидам. Дар соли сеюм як писар зоид. Дар ин муддат кори мо он буд, ки ҳама рӯз барои саргардонӣ дар он ҳисор мегаштем ва сайри ҷавоҳирот мекардем. Ҳар чӣ ки ба назари мо хуш меомад, бардошта ҷамъ мекардам. То ин ки тифл ҳам дусола шуд ва аз шир ҷудо гашт. Рӯзе ба занам гуфтам, ки:
— То кай дар ин зиндон менишинем?
Ӯ гуфт:
— То вақте ки барои наҷот кӯшиш кунем.
Сухани зан ба ман рӯҳ бахшид ва маслиҳат карда қарор додем, ки ҷойи оббароро васеъ карда бароем.
Баъд аз ин мехҳои сандуқ ва тобутҳоро ҷамъ кардам ва аз аввали рӯз то бегоҳ ва аксар шабҳо низ дар он обшор нишаста мехҳоро бо сангҳо зада, бо зӯр як порча ҳам аз он обгузар мекандам. Занам мех ҷамъ карда меовард. Гоҳ як хирман мех мешикаст, вале як парча аз он санг канда намешуд. Як сол зӯр задам, то сӯрохе пайдо шуд, ки аз он як одам баромада тавонад.
Пас ҷавоҳири ҷамъкардаамонро ба халтаҳое, ки аз остинҳои либоси мурдагон сохта будем, андохта бо худ гирифтем ва шабе таваккал карда аз сӯрох берун шудем. Ҳеч кас моро надида мо ҳам халтаҳоро ба китф партофта, бачаро бардошта ба биёбон равон шудем. Як моҳу чанд рӯз роҳ гаштем. Шабу рӯз алаф ва гиёҳ хӯрдем. Аз тарси ҷон ба ҳеч ободоние нарафтаем… Ин аст ҳоли ман ва амволи ман…»
Вақте ки ҷавон ҳикояташро ба охир расонид (Хоҷасагпараст мегӯяд) дилам ба ӯ сӯхт ва ӯро нигоҳ дошта, аввал имтиҳон кардам. Баъд аз он ки аз ҳама ҷиҳат озмудам, нозири саркори худ кардам ва дар ҳар ҳолат мӯнис ва ҳаммаҷлиси худ сохтам. Занаш бо шаҳзодахоним ҳамсӯҳбат буд. Муддате бо ҳамин ҳол гузашт. Шоҳзодахоним ду-се фарзанд кард. Вале баъзе дар тифлӣ ва баъзе баъд мурда рафтанд. Шоҳзодахоним ҳам баъд аз чанд сол вафот кард. Айш бар ман талх шуд. Мулки фаранг бе ӯ ба ман хуш наменамуд. Ниҳоят ба подшоҳ арз карда вазифаи шоҳбандариро ба он ҷавон гирифта додам ва худ рухсат талабида, бародарон ва сагро гирифта равон шудам. Чун ба вилояти Аҷам расидам, аз ҷиҳати ин ки касе аз афъол ва кирдори бародаронам огоҳӣ наёбад, нанги сагпарастиро бар худ писандидам. Муддатест, ки дар Аҷам истиқомат дорам, то ҳол ки ба далолати ин «писар» ба хизмати подшоҳ мушарраф гардида, аҳволи худро баён кардам.
— Дарвешон! Ман аз хоҷазода пурсидам, ки:
— Ту аз мардуми кадом вилоятӣ?
Вай таъзим карду зинҳор (амон) талабид ва баъд аз он гуфт:
— Шаҳрёро, давлатат безавол бод! Камина духтари ҳамон вазирам, ки пеш аз ин подшоҳ ба он пири бегуноҳ хашм намуда, ҳабс карда буд. Вай ба ғайр аз ман фарзанде надошт. Бинобар он ба худ лозим донистам, ки ба халос кардани вай кӯшам ва пинҳон аз дастгирон ба Нишопур рафта ин мардро ба назди шумо овардам. Акнун ихтиёр дар дасти шумост.
Чун духтари вазир будани вай маълум шуд, хоҷа оҳи дарднок кашид ва бехуд шуд. Вақте ки ба ҳуш омад, гуфт:
— Дареғ, ки ранҷам беҳуда ва зоеъ шуд! Дареғ, ки дар охири пирӣ ранҷи сафар кашидам ва пардаи худро даридам ва ба мақсад нарасидам…
Ба ӯ гуфтам:
— Мақсадат чӣ буд?
Ӯ гуфт:
— Подшоҳо! Азбаски фарзанд надоштам, ӯро ба фарзандӣ мехостам. Ана, ин ҳам аз найрангбозии рӯзгор гурге ба либоси барра будааст.
— Дарвешон! Ба аҳволи он марди корафтода дилам сӯхт. Ӯро ба пешам ҷеғ зада ба гӯшаш муждаи васли он моҳвашро гуфтам. Ӯ як дараҷа таскин ёфт. Баъд фармудам, духтарро ба ҳарам бурданд. Барои падари духтар аспу либоси нав фиристодам ва аз зиндон ба ҳаммом бурда бо иззати тамом ба даргоҳ оваронидам. Худам то дари даргоҳ рафта, ӯро пешвоз гирифтам ва падарвораш ба бар кашидам, дасташро бӯсидам ва аз сари нав ӯро боз ба мансаби вазирӣ барқарор намудам. Ба хоҷа хилъат ва мансаб инъом намудам ва шаҳрро оинабандӣ карда, дар соати нек никоҳ кунонда духтари вазирро ба хоҷа додам. Хоҷа чанд гоҳ бо он духтар зиндагӣ кард. Ду писар ва як духтар аз ӯ монд. Ҳоло яке аз писарони вай маликуттуҷҷор ва дигараш хазинадор аст…
— Дарвешон! Мақсад аз ин нақл он буд, ки чун шаби гузашта саргузашти дуи шуморо шунидам ва мехостам, ки шумо ҷуръат пайдо карда, ду нафари дигаратон ҳам, нақли худро бигӯед. Чунон тасаввур кунед, ки дар чортоқ нишастаед ва ман ҳам яке аз шумоям…