Чор дарвеш. Хотима

Хотима

Ровӣ гӯяд, ки чун дарвеши чорум ҳикояи худро ба охир расонид, аз ҳарами подшоҳ ғулғула ва овози хуррамӣ баланд шуд. Хоҷасароён ба боргоҳ давиданд, ва мужда доданд, ки ба шоҳ писар шуд… Шоҳ аз шунидани ин хабар беҳуш гардид. Чун ба ҳуш омад, пурсид ки:

— Аз аҳли ҳарам касе ҳомила набуд. Ин писар аз кӣ шудааст?

Гуфтанд:

— Фалон хоссаро, ки султон чанд моҳ қабл аз ин ғазаб карда буданд ва ӯ дар гӯшае пинҳон буд, касе ҳам ӯро аз тарси шоҳ парасторӣ намекард, номи ӯро ба шоҳ намегуфтанд, мунтазир буданд, ки ҳамлаш чӣ мешавад. Хайрият писаре зоид.

Подшоҳ сарупо бараҳна ба ҳарам тохт ва писарро ба бағал гирифта, берун овард ва ба қадами дарвешон гузошт. Ҷумла дарвешон сару чашми тифлро бӯсиданд ва ба ӯ шоҳзода Бахтёр ном доданд. Баъд аз он шоҳ ӯро ба ҳарам бурда, ба доягон супурда боз гашт ва ҳамон рӯз раиятро се сол аз андоз озод кард, қалами афв бар гуноҳгорон кашид, зиндониёнро халос карда, дари хазинаҳоро кушод… Хайру эҳсон ба фақирон кард ва фармуд ҷашни шоҳона тартиб доданд.

Ҳанӯз ҷашну сурур тамом нашуда буд, ки аз ҳарам бонги навҳа ва фарёд баланд шуд. Подшоҳ ва ёрон биларзиданд. Аз ҳарам хабар омад, ки чун тифлро шуста ба ҳарир печида, дар канори модар хобониданд, ногоҳ абри тирае дар ҳаво пайдо шуд ва ба замин нишеб шуда, он тифлу модарашро иҳота намуд. Баъд аз бардошта шудани он дуд, модари тифл беҳуш, тифл нопадид гардид…

Шоҳ ва ёрон гирён шуданд, аз ин ҳодисаи аҷиб ҳайрон ва парешон нишастанд, лаб аз ханда бастанд.

Баъд аз ду рӯз он тифлро бо гаҳвораи мурассаи марворидкорӣ боз оварданд. Боз ҳама хуррам ва шодон шуданд. Аммо ҳеч кас намедонист, ки он чӣ ҳодиса буд. Подшоҳ дар назди давлатхона барои дарвешон такя сохта дод ва ротиба (хӯроки рӯзмарраи доимӣ) муқаррар фармуд. Худаш ҳар рӯз, ки аз девон фориғ мешуд ба назди онҳо мерафт.

Дар сари ҳар моҳ як навбат ба дастури мазкур писар нопадид мешуд. Чун ӯро меоварданд, бо вай тӯҳфаҳо — либосҳо ва дигар чизҳо буд, ки дида аз шуниданашон тира мешуд. То он ки синни ӯ ба ҳафтсолагӣ расид ва ҳама дам ин қоида давом мекард. Подшоҳ бо машварати дарвешон аризае ба ин тарз навишт:

«…Саломи муҳиббона ва муштоқона аз ин маҳҷурони аз мулозимат маҳрум ба хизмати саркори баландиқтидор расонида маълум медорад, ки агар шафақат мабзул фармуда, ин бечорагонро аз ин водии ҳайрат наҷот дода, ба сарманзили мақсуд, яъне ба ҷиҳати пойбӯси остон ва мулозимати бандагон далолат намоянд, ба ҷо ва сазост».

Дар рӯзи нопадид шудани шаҳзода Бахтиёр аризаро дар бағали ӯ гузошта мунтазири ҷавоб буданд. Чун писар ғоиб шуд ва шаб даромад, вақте ки Озодбахт дар такяи дарвешон ба сӯҳбат машғул буд, ногоҳ коғазе дар доман печида диданд. Чун гирифта диданд, ҳамон ариза буд, ки бар пушти он чунин навишта шуда буд: «Озодбахт! Хоҳиши мулозимати мо кардаӣ. Ба ҷиҳати ҳурмати шоҳзода Бахтиёр, ки ба ҷойи фарзанди азиз аст, хоҳиши туро қабул мекунем. Чанд нафар кас фиристода шуд, ки шуморо биёранд. Аз қазо ҷашне дорем ва мунтазири шумо ҳастем»…

Ёрон хуррам ва шод шуданд. Ногоҳ чор-панҷ кас ба гиребони ёрон часпида баланд карданд. Чун ба худ омаданд, дар ҷое буданд, ки ба умри худ дар сафо монанди он ҷое надида буданд.

Боғе, ки Ирам нишонаи ӯст,
Дар ҳар гӯша фасонаи ӯст.

Чун Озодбахт ва ёрон ончунон босафо маҳаллеро диданд аз бӯйи гул ва савти булбул маст ва мадҳуш гардиданд. Чун ба худ омаданд, овозе шуниданд, ки мегуфт: «Ҳукми малик аст, сурмаи сулаймонӣ ба чашм кашанд!». Чӣ шуд, ки чашми онҳо ба сӯзиш даромад ва чанд қатра об рехта равшан гардид. Назар карданд, ҷамъи париёнро диданд, ки дар баробари онҳо истодаанд. Ёрон зуд аз ҷо бархостанд. Париён гуфтанд, ки:

— Малики муаззам — малик Шаҳбол бинни Шоҳрух шуморо металабанд.

Озодбахт ва дарвешон равона шуданд. Ҳарчанд назар карданд, он боғи биҳиштоинро канор пайдо набуд, то ин ки ба як иморати бошукӯҳ расиданд. Аз дарун овози созу навоз ба гӯш мерасид. Чун ба дарун даромаданд, маҷлисе диданд, бемислу бемонанд. Дар ҳар гӯшаву канор сандалӣ, курсӣ ва тахтҳо монда, паризодони симинъизор нишаста буданд. Дар сари пешгоҳ тахте аз зари ноб гузошта шуда, бар рӯйи он шоҳаншоҳи париён малик Шаҳбол такя карда буд. Нозанин паризоде ба синни ҳафтсолагӣ дар канораш нишаста, бо шоҳзода Бахтиёр бозӣ мекард. Озодбахт ва дарвешон аз тантанаи дарбори малик Шаҳбол дасту по гум карда, ба зери арақ монданд ва сари хиҷолат афканданд.

Малик Шаҳбол эъзоз ва икроми онҳоро баҷо оварда, онҳоро ба курсиҳо таклиф намуд. Баъд аз он боз маҷлиси базм давом кард. Он рӯзро ба ишрат гузарониданд. Рӯзи дигар малик Шаҳбол аз кайфияти рафоқати Озодбахт ва дарвешон савол кард. Озодбахт ба сухан даромада, ба таърифи дарвешон оғоз кард ва саргузашти худ ва дарвешонро аз аввал то ба охир гуфта дод дар ниҳояти суханаш илова намуд, ки ҳоло ба хизмати шоҳаншоҳ мушарраф гаштаанд ва чашми муованат аз ӯ доранд…

Чун малик Шаҳбол холи онҳоро шунид, дилаш ба он фақирон сӯхт ва муждаи ёрӣ ба онҳо дод. Баъд фармуд, ки девон, ифритон ва паризодон ба тамоми дунё паҳн шуда, ба подшоҳони ҷину парӣ, ки дар тамоми баҳру бар сокин ҳастанд, нома баранд ва онҳоро ба зудӣ ба дарбори шоҳ ҳозир созанд. Дар номаҳо дарҷ карданд, ки агар одамизоде назди онҳо бошад, бо худ биёранд. Агар аз фармони шоҳаншоҳ сар тобанд (мавриди) танбеҳ ва сиёсат хоҳанд буд.

Амри шоҳаншоҳ иҷро шуд. Ба ҳар тараф париён парвоз карда рафтанд…

Малик Шаҳбол бо ёрон ба сӯҳбат машғул шуд ва дар аснои сӯҳбат гуфт, ки:

— Ман ҳам муддате буд, ки аз Худо фарзанд мехостам. То он ки модари ин ҳомила шуд Ба шодии он ба худ аҳд кардам, ки агар духтар ва агар писар бошад, ҳар тифле, ки аз забони одам ҳамзоди ӯ бошад, номзад гардонам. Чун модараш ӯро сабук шуд, дидам, ки духтар аст. Дарҳол ифритонро ба тамоми рӯйи замин паҳн кардам, ки дар ҳар куҷо дар он дам тифле таваллуд шуда бошад, биёранд. Иттифоқо дар он дам шаҳзода Бахтиёр таваллуд ёфта буд. Чун оварданд, меҳру муҳаббати вай ба дили ман ҷойгир шуд. Фармудам, ки доягон — паризодҳо ӯро шир доданд. Аз он вақт боз ҳар моҳ як навбат ӯро талабида мебинам, ӯ домоди азизи мост.

Аз ин муждагонӣ Озодбахт пойи тахти маликро бӯсид. Малик ӯро навозиш кард. Баъд аз ҳафт рӯз подшоҳон, бузургони ҷину парӣ ба девони гулистони Ирам ҳозир шуданд. Малик барои онҳо маҷлис фармуд. Дар он маҷлис аз малик Содиқ он гулъизори анбармӯйро талаб кард. Малик Содиқ баъд аз печу тоби бисёр фармуд, ки он симинбарро ҳозир карданд. Баъд аз малик Уммон, ки писари малики Нимрӯз ба духтари ӯ гирифтор буд, оварда шудани ҳамон духтар, ҳамон писарро талабид. Ӯ низ баъд аз узргӯйии бисёр онҳоро ҳозир кард…

Шаҳболшоҳ аз тамоми онҳо аҳволи духтари подшоҳи Фаранг ва Беҳзодхонро пурсид. Ҳама қасам хӯрданд, ба ғайр аз подшоҳи дарёи Қулзум, ки сар пеш афганда буд. Малик Шаҳбол ӯро қасамҳои зӯр дод. Қулзум гуфт, ки:

— Рӯзе ки падар ба истиқболи онҳо баромад ва халқро ҳам фармудаш, ки ба тамошои онҳо раванд, ман низ баромадам. Духтарро дида гирифтор шудам ва ҷилави аспи ӯро гирифта ба об кашидам. Чун он ҷавони фарангӣ — Беҳзодхон ба халос кардани он париваш асп ронд, ба мардонагии ӯ қоил шудам ва фармудам, ки аз об раҳонданд ва ҳоло дар роҳи ӯ озори бисёр кашидааст. Ҳозир ба мо илтиҷо овардааст, духтарро ба ӯ бибахш, ки аҳд бастаам!

Гуфт:

— Амр — амри маликулмулук (шоҳаншоҳ) аст! — ва фармуд, ки онҳоро ҳозир карданд.

Баъд аз ин ҳарчанд духтари подшоҳи Шомро пурсиданд ва кофтуков карданд, наёфтанд. Ҳама қасам мехӯрданд, ки хабар надоранд. Малик пурсид, ки:

— Ҳеҷ кас аз маликҳои ҷинҳо наёмада мондааст.

Гуфтанд:

— Танҳо Мусалсали ҷоду мондааст, ки вай бо илми сеҳр қалъаи мустаҳкаме сохтааст ва дар он ҷо нишастааст. Касеро бо вай дӯстӣ ва алоқа нест.

Малик фармуд, сипоҳи азими ифритон барои ҷангаш рафтанд. Ба илми сеҳр ва ғайра ҷанг намуда, қалъаи ӯро гирифтанд ва Мусалсалро бо хазинаи бисёре ба назди малик оварданд. Азбаски малик ӯро тарсонда, баъд ваъдаву ваид кард, ӯ нишони духтарро дод.

Малик фармуд, ки ҷинҳо ба Басра рафта, маликаи оли Бармакро ва подшоҳи мулки Чинро бо духтараш ва подшоҳи мулки Аҷамро ба гулистони Ирам оварданд. Занонро ба ҳарам фиристоданд, мардонро ба маҷлис бурданд. Баъд аз он базми калоне барпо карда, дар соати нек аввало никоҳи шоҳзода Бахтиёрро бо маликаи Зарринпӯш. ки духтари малик Шаҳбол аст, бастанд. Баъд аз он духтари подшоҳи Шомро барои хоҷазодаи яманӣ, духтари подшоҳи Фарангро ба писари шоҳи Аҷам, маликаи Басраро ба подшоҳи Форс ва духтареро, ки дар ҳабси малик Содиқ буд, ба подшоҳзодаи Чин, духтари малик Уммонро ба подшоҳзодаи Нимрӯз, духтари шоҳи Чинро ба малик Содиқ ва духтари шоҳи Нимрӯзро ба Беҳзодхон доданд ва чил шабонарӯз дар боғи Ирам ба ишрат нишастанд. Баъд малик Шаҳбол ба ҳар яке хилъат ва неъмат ва ганҷи бисёр дод. Ҷинҳоро фармуд, ки ҳар касеро ба вилояти худ расонанд. Онҳо ба вилоятҳои худ рафта ва ба муроду мақсади худ расиданд…

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.