Чор дарвеш. Баёни саргузашти дарвеши чорум

Баёни саргузашти дарвеши чорум

Э дӯстон, зи ҳоли мани зор бишнавед,
В-аз достони ин дили афгор бишнавед:
Ҳарчанд нест манзалату қадр бандаро,
Аммо кашидаам зи бас озор, бишнавед!

Бандаи шумо, ки ба ин хирқаи фано дар хизмататон забондарозӣ мекунад, подшоҳзодаи вилояти Чинам. Аз шиддати ҷафои рӯзгор ва ситами амаки ғаддор аз мамлакати хеш бегона шуда гаштаам…

Падарам фармонфармойи мулки Чин буд, бисёрии аз фармондеҳон дар таҳти фармони ӯ буданд. Вай ба ғайр аз ман фарзанде надошт. Чун ҳақир ба нӯҳсолагӣ расидам, падарам рахти зиндагонӣ баст ва дар ҳини (вақти) мурданаш ба бародари худ чунин васият кард:

— Чун писари ман ҳанӯз тифл аст ва қобили подшоҳӣ нест, бояд ки ту валиаҳд ва кафили корҳои мамлакат бошӣ ва тарбият намуда, назари шафқат аз ӯ бознадорӣ. Вақте ки писарам калон шавад, духтари худро ба ӯ деҳ ва сиккаву хутбаро ба номи ӯ кун, худат ба гӯшаи фароғат бирав!

Чун пир шудӣ, Ҳофиз, аз майкада берун шав!
Мастиву тарабнокӣ, дар аҳди шубоб 1 авло.

Агар ҳамин тавр кунӣ, давлат аз дудмони 2 мо берун наравад. Баъд аз писари ман набераи ту ба тахт менишинад.

Бо ҳамин суханон қавлу шарт намуда, аксари хос ва аркони давлатро ба он муддао шоҳид гирифтанд. Аммо баъд аз фавти падарам, амакам чун бар тахти салтанат, қарор гирифт ва лаззати фармонравоиро дарёфт, фармуд, ки маро дар ҳарам нигоҳ доранд. Ман то ба чордаҳсолагӣ сивои даруни ҳарам ҷоеро надида, ба ҷуз нозаниндухтарон ва тифлон бозие надоштам. Чун шунида будам, ки духтари амакам номзади ман аст, бо ҳамон дилхушӣ мекардам. Муборак ном хизматгоре доштам. Вай ғуломи сиёҳ буд, ки дар хизмати падарам бисёр гашта, ба падарам мӯътамад ва ҳамроз буд. Ман дар он муддат, агар гоҳе аҳли ҳарамро ғофил карда берун бароям, ба назди ӯ мерафтам. Вай меҳрубонии зиёд карда, бо ҳасрат ба ман нигоҳ мекард ва мегирист.

Рузе дар ҳарам бо духтарон бозӣ мекардам, ки канизе маро як торсакӣ зад. Ман гирякунон берун давидам. Муборак чун маро гирён дид, аз меҳр ба бар кашид ва сабаби гиряро пурсид. Ман воқеаро ба ӯ гуфтам. Вай ҳам ба ҷойи тасаллӣ маро боз як торсакӣ зад ва гуфт:

— Худоё! Ин тоқати мардӣ надорад, занаш гардон! Э хокат бар сар, мебоист ҳоло ту соҳиби тахту тоҷ бошӣ ва олам зери нигини ту бошад. Аммо ту гиря мекунӣ, ки канизон маро задаанд…

Гуфтам:

— Гуноҳи ман чист? Ман (то ҳол) сивои канизон бо касе ихтилот накардаам ва ҳеч чизро намедонам.

__________________________________________________

1 Шубоб – ҷавонӣ.
2 Дудмон — авлод, насл.

Ӯ гуфт:

— Биё! Туро ба назди амакат мебарам. То бидонад, ки ту бузург шудаӣ ва лоиқи тоҷу тахт ҳастӣ. Акнун бояд хаққи туро таслим кунад.

Гуфтам:

— Кадом ҳақ?

Гуфт:

— Номзад ва мансаб! Ман хушнуд шудам, ҳамроҳи Муборак ба боргоҳи амакам рафтам. Чун амакам маро дид, ба истиқбол давад ва ба бар кашад, ҷабинамро бӯсида ба паҳлуи худ нишонид. Баъд аз Муборак пурсид, ки:

— Фарзандам ба чӣ сабаб ташвиш кашида омадааст?

Муборак баъд аз дуо гуфт, ки:

— Бо арз ва илтимос омадааст…

— Яъне номзади худро мехоҳад? — гуфта сухани ӯро амакам бурид, — ин Муборак аст. Мунаҷҷимбоширо ҷеғ занед!

Дарҳол мунаҷҷимбошӣ омад. Амакам пурсид, ки:

— Дар ин чанд ҳазор сол кадом сол хуб аст? Мехоҳам, ки фарзандамро домод кунам.

Мунаҷҷим баъд аз гирифтани иртифоъ ва фикри бисёр гуфт:

— Дар ин ду-се ҳазор сол Қамар дар Ақраб аст, Аторуд дар хонаи Зуҳал… агар иродаи кори хайр дошта бошед, баъд аз чор ҳазору нӯҳсаду навад сол рӯзи нек ва соати хеле некӯ мерасад.

Амакам гуфт:

— Муборак шунидӣ! Акнун фарзандамро ба ҳарам фирист, то иншоолло соати некро ихтиёр кунам ва амонат ба ӯ гузорам.

Муборак бархосту подшоҳро дуо гуфт, ҳамроҳ берун баромадем. Баъд аз ду рӯзи дигар аз ҳарам берун баромада, ба пеши Муборак рафтам. Чун назараш бо ман расид, зор-зор гирист. Аз ин кори вай ба дили ман шак пайдо шуд. Аз ӯ пурсидам, ки чаро маро дида, дарҳол гиристӣ?

Ӯ гуфт:

— Балогардонат шавам! Кошкӣ гардани Муборак мешикаст ва туро назди ин золим намебурд.

Гуфтам:

— Чӣ шудааст?

Ӯ гуфт:

— Вақте ки туро ба боргоҳ бурдам, умаро туро қобил диданд ва хушҳол гардиданд ва дарҳол миёни онҳо қилу қол (гапу гапча) афтод. Онҳо ба забони ҳол гуфтанд, ки ана, подшоҳи ҳақиқӣ бузург шудааст, имрӯз ё фардост, ки ҳақ ба марказ қарор хоҳад гирифт. Амакат ҳам, аз дидани ту ғамнок ва аз умаро хавфнок гардид. Ҳоло салоҳи давлат ва маслиҳати вақтро дар он дидааст, ки туро нобуд созад ва роҳи фитнаву фасодро бандад. Дирӯз маро ба хилват ҷеғ зада ба ман ваъдаи зару мол ва баландии ҷоҳу мартаба дод ва фармуд, ки туро нест кунам. Ман ҳайрон шудам, намедонам, ки чӣ кор кунам. Ман то зиндаам, намегузорам, ки ба ту зараре расад. Аммо бад-он сабаб андеша мекунам, ки мабодо ба худи ман балое оранд ва баъд аз он туро зоеъ кунанд… Ин фитнаро ман хезондаам, зеро ки агар ман туро ба боргоҳи ин золим намебурдам ва изҳори ин муқаддима намекардам, шояд ин ирода ба хотири ӯ намерасид…

Чун хабари куштан шунидам, тамаъ аз зиндагӣ буридам ва домони Муборакро ба даст печидам ва нолида гуфтам:

— То маро аз ғарқоби бало ба соҳили наҷот нарасонӣ, даст аз домани ту барнамедорам!

…Боре, чун Муборак нолаву беқарории маро дид, гуфт:

— Ғам нахӯр! Фикре ба хотирам расид, ки ба он васила дафъи он балоро кардан мумкин аст.

Гуфтам:

— Он кадом фикр аст?

Ӯ гуфт:

— Биё, ба ту мегӯям.

Бо ӯ ба иморате, ки падарам дар он ҷо дафина гузошта буд, рафтам… Чун дохили иморат шудам, тахту ҷойгоҳи падарамро дида беш аз пеш гиря гулӯгирам шуд. Маро Муборак таскин медод.

Бо ишораи Муборак дукаса тахти падарро аз ҷо бардошта фаршро ғундоштем. Баъд қадаре заминро кандем, ки як дар пайдо шуд. Муборак аз кисааш калид бароварда, қуфли он дарро кушод ва дарро боз кард. Дар он ҷо чанд поязина буд. Муборак аз он зинаҳо поён фуромада маро ҳам таклиф намуд. Дар аввал ба дил гуфтам, ки «сиёҳ макр кардааст, мехоҳад, ки дар ин ҷо кори туро тамом кунад».

Аммо чӣ илоҷ, маҷбур шуда ба поён фуромадам. Дар он ҷо чил суфа ба назар расад, ки сап-сафед буданд. Дар ҳар суфа як хуми хисравонӣ бо занҷирҳои тилло банд карда гузошта шудааст. Бар сари ҳар як хум хишти тиллое ва дар он ҳайкали маймуни забарҷадин нишастааст. Танҳо як хум бемаймун буд. Ҳамаи он хумҳо пур аз тилло буд. Дар миёни суфаҳо як ҳавзи калони пур аз ҷавоҳир буд.

Гуфтам:

— Аз дидани онҳо чӣ мешавад, ба ман чӣ фоида дорад? Гирам сад чандин дошта бошам, аз ман мусибатро дафъ карда наметавонам (?).

Сиришк аз рухам пок кардам, чӣ ҳосил?!
Илоҷе бикун к-аз дилам хун наёяд…

Ӯ гуфт:

— Э фалонӣ, ин ганҷи ниҳонӣ ҳикояте дорад. Мақсад аз нишон додани ин маймунҳо ғараз ҳаст…

Гуфтам:

— Чӣ ғараз?

Ӯ гуфт:

— Кайфияти ин маймунҳо он аст, ки падарат дар аввали ҷавонӣ бо малик Содиқ, шоҳи ҷинҳо, алоқа ва дӯстӣ дошт. Сабаби ин дӯстӣ ба ман маълум нашуда монд. Падарат ҳар сол аз атриёт ва хӯроквориҳо ҳадя гирифта, ба он мулк мебурд. Чанд рӯз дар назди ӯ мешуд ва дар вақти бозгашт малик Содиқ ба ӯ як маймуни забарҷад медод. Онро падарат оварда дар ин макон мегузошт. Муддате буд, ки маро ҳам бо худ мебурд. Навбате аз ӯ пурсидам, ки: «Соҳибо! Ҳар бор ба малик Содиқ маблағи зиёд тӯҳфа ва ҳадя мебаред, ба ҷояш фақат як маймуни беҷон мегиред. Аз ин ба шумо чӣ фоида?». Падарат табассум намуда гуфт: «Ба касе ин сирро магӯ! Ҳар як маймуни забарҷадро ҳазор нафар ҷин дар таҳти фармон аст. Аммо бинобар гуфтаи малик Содиқ, то чил маймун тамом нашавад, ҷинҳои маймунҳо коре карда наметавонанд…». Ҳанӯз як сол ба вақти ваъда монда буд, ки падарат вафот кард. Алҳол ба хотири ман мерасад, ки туро ба назди малик Содиқ барам ва чигунагии аҳволро баён кунам. Шояд барои хотири падарат он як маймуни боқимондаро ба ту бахшад. Ба ин роҳ ту метавонӣ мулки иросӣ (меросӣ) ва амонати худро соҳиб шавӣ. Агар ин мақсад муяссар нашавад ҳам, боре аз кушта шудан халос мешавем.

Гуфтам:

— Ихтиёр ба туст, ба ҳар тариқ ки тавонӣ, бикӯш ва аз ҳақ чашм напӯш!

Муборак маро ҳарам фиристода худаш ба тайёр кардани тӯҳфаҳо ва ҳадяҳо машғул гашт. Баъд аз тайёр кардани чизҳо дар хилват бо амакам машварат кардааст, ки: «Агар савобдиди подшоҳ бошад, ба азми сайру шикор ин писарро ба саҳро барам, дар ҷое бикушам, ки касе хабардор нашавад…». Амакам ин фикрро писандид. Муборак маро бо тӯҳфаҳои мазкур аз шаҳр берун баровард.

Шаҳрёро! Мо ду аспро зину лаҷом карда, то муддати як моҳ ба тарафи шарқии вилояти Чин роҳ паймудем, аз хавфи душман дар ҳеч ҷо наёсудем.

Шабе дар аснои роҳ ба тале расидем. Чун ба болои тал баромадем, дар он тараф марғзоре ва чамане дидам, ки сабзу хуррам буд, аз атои гулу райҳон ва сунбулу нозбӯ кӯҳу дашт муаттар буд. Дар он ҷо ғулғуле ба гӯш расид ва он ҷо аз нури шамъ ва фонус монанди рӯз равшан буд.

Гуфтам:

— Э Муборак! Ин ҷоро чӣ ном аст ва ин чӣ ғулғули ом аст?

Муборак аз асп фуромада, гуфт:

— Шукр, ки бахти баландат ёр шуд ва ба мақсад расидем. Ин лашкари ҷинҳост ва боргоҳи малик Содиқ дар ин ҷост!

Гуфтам:

— Ман ба ғайр аз нури чароғ чизе намебинам!

Муборак дарҳол аз кисааш сурмае бароварда, ба чашми ман кашид ва ман ин дафъа нигоҳ карда, халқи бисёреро дидам, ки ҳама хушрӯй ва сияҳмӯй буданд. Аммо поҳои онҳо монанди поҳои гӯсфандон сумшикофта буд.

Чун ба миёни онҳо рафта даромадем, онҳо Муборакро шинохтанд ва бо ӯ ба ҳазл ва шӯхӣ машғул шуданд. Мо ба онҳо аҳамият надода мерафтем, то ки ба ҳавлии боргоҳи малик Содиқ расидем. Боргоҳ бо ҳама зебу зинат ороста, ба ҳар гӯша кату авранг1 ва курсиҳо гузошта шуда, умаро, вузаро ва

_________________________________

1 Авранг — тахт, қувва, зӯрӣ, номус.

уламои ҷинҳо бар онҳо нишаста буданд. Дар пешгоҳ тахти пурзебу зинате монда шуда, дар он малик Содиқ ба сар тоҷ гузошта такя зада буд.

Ман пеш рафтам ва аз тариқи ихлос дуо гуфтам.

Малик Содиқ меҳрубонӣ карда ба нишастан амр кард. Барои ман шарбат ва таом оварданд. Баъди хӯрок малик Содиқ Муборакро пеш талабида, аз чигунагии авзои ман пурсид. Муборак саргузашти маро гуфта дод.

— Чаро шаҳзода ба дидани ман намеояд? — гуфта пурсид малик Содиқ.

Муборак гуфт:

— Давлат бодавом бод! Чун ҷоҳил буд ва худро қобили хизмат намедонист, бинобар он ба мусаддеи 1 авқоти фархундасоти (?) бандагони малик намегардид. Чун ба ҳадди балоғат расид ва филҷумла неку бадро фарқ карда метавонистагӣ шуд, ба хизмат шитофт. Ҳоло орзу дорад, ки монанди падари худ дар қатори чокарон ба ҳисоб равад ва ҳазрати малик назари отифат 2 ва шафақат (аз ӯ) бознадорад; аз барои хотири падараш аз ҷумлаи бандагони боихлос шуморад ва инъоме, ки ба падараш муқаррар шуда буд, ба ӯ низ муқаррар шавад: яъне маймуни чилуми забарҷадинро ба ӯ бахшад. Зеро ки ӯ ҳоло корафтода, мазлум ва бекас аст. Амаки золим ба ӯ он қадар ситам раво медорад, ки (ҳатто) ба зиндагии ӯ розӣ нест, чӣ ҷойи он аст, ки тоҷу тахтро ба ӯ диҳад.

Малик Содиқ баъд аз андак тафаккур гуфт:

— Муборак! Мо дар бораи ӯ кӯтоҳӣ намекунем. Чӣ ёрӣ ва мададгорие, ки лозим бошад, ба ҷо меорем. Аммо ноозмударо натвон сарварӣ дод… Ту нагӯй, ки вай подшоҳзода аст. Зеро ҳар як фарди инсон чӣ тавре ки гуногунранг ва гуногуншакланд, ҳамон тавр ҳам гуногунтабъ ва гуногунсират мебошанд. Дар ин шакке нест! Ба ғайр аз ин нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад.

Ҷон бародар! Мо ба падари ин писар беҳуда шафқат накарда будем. Ӯ борҳо хаққи хизмати шойиста бар мо собит

______________________________________

1 Мусаддеъ — дарди сар расонанда. Мусаддеи авқоти касе — ба беҳуда, бо дарди сарҳои барзиёд зоеъкунандаи вақтҳои кас.
2 Отифат – меҳрубонӣ, марҳамат, шафқат.

карда буд… Аммо чун ҳаққи ӯ бар гардани мо мондааст ва имрӯз фарзанди ӯ ба назди мо омадааст ва илова бар он ӯ ситам дидааст, мо ба як имтиҳон ҳар чӣ хоҳад ба ӯ бо зиёда меҳрубонӣ мекунем (медиҳем). Лекин шарт ҳамин ки ҳар чӣ фармоем, ба ҳаққи мо хиёнат накунад ва ба ростӣ ва дурустӣ ба итмом расонад.

Ман аз ин сухан хушдил шудам ва надонистам, ки бало ба сарам хоҳад омад.

Чун аз маҷлис берун шудем, барои мо меҳмондорие муайян карданд, ки вай маро хеле эҳтиром мекард (?). Шаби дигар чун ба маҷлис рафтем. Муборак илтимос кард, ки хизматро бигӯяд. Малик Содиқ гуфт:

— Муборак! Ман гумон мекунам, ки ӯ хизматро бехиёнат ба анҷом намерасонад.

Муборак гуфт:

— Ин тавр нест. Агар малик шафқат карда хизматеро, ки лоиқ донанд, ба ӯ фармоянд, мувофиқи дилхоҳ ба итмом мерасонад.

Малик «худаш бигӯяд» гуфт ва ба ман нигоҳ карда, шарти бехиёнатиро ба миён монд. Ман ангушти қабул бар дида гузоштам.

Ӯ гуфт:

— Э писар! Ҳанӯз ҷоҳил ҳастӣ, бо худ андеша кун, мабодо, ки дар охир ба балое афтӣ, ки ба ҳеч ваҷҳ халос шуда натавонӣ ва дардат бедармон шавад.

Гуфтам:

— Агар шафқати малик бошад, ҳар чӣ ки фармоед, ба ҷон мекашам…

Гуфт:

— Фардо ҳам фикр карда бин! Шаби оянда мегӯям.

Шаби дигар вақте ки мо доир шудем, малик фармуд, ки хазинадорро ҷеғ зананд. Хазинадор ҳозир шуд. Малик ба ӯ гуфт, ки фалон сандуқчаро ҳозир кун! Ганҷур (хазинадор) он сандуқчаро зуд ҳозир кард. Малик сандуқчаро кушода аз он ҷо тӯмори коғазе баровард, маро пеш талабида ба дасти ман супурд ва гуфт:

— Он чӣ ки дар ин коғаз нақш ёфтааст, монандашро аз ҷинси одамӣ мехоҳам. Ту бояд чашму дасту дили худро нигоҳ дошта, ба роҳи хиёнат ва норостӣ напӯйӣ (наравӣ) ва ин сирро ба ҳеч кас нагӯйӣ ва он духтарро пеши ман оварӣ ва бидон, ки баъд аз итмоми ин хизмат ба шарти мазкур, чашмдошти туро бо зиёда ба ту медиҳам. Вагарна ҳар чӣ бинӣ, аз худ бинӣ!

Ман тӯморро кушодам, чизеро дидам, ки кош ҳаргиз намедидам…

Шаҳрёро! Дар васфи он парипайкар, ки забон аз таърифи ҳусн ва зебоии он қосир аст, чӣ гӯям?

Кай тавонам сифати зеби ҷамолаш кардан,

З-он ки рашк оядам аз ғайри хаёлаш кардан!
Сурате дидаму бегона шудам аз дилу дин,
Ишқро сурати дигар набувад беҳтар аз ин!

Боре дар он вақт нигоҳдории худ кардам, ки мабодо малик ва ёронаш аз ишқи ман хабардор шаванд. Баъд аз он ки аз назди ӯ баромадам, ба Муборак гуфтам, ки:

— Соҳиби ин суратро чӣ тавр пайдо кунам? Чаро малик Содиқ маро ба ҷустани ӯ мефармояд? Охир ҷинҳо худашон ба ҳама ҷо рафта метавонанд, онҳо ба ҳар кор қудрат ва ба ҳама чиз дастрасӣ доранд. Маро ба хотир чунин мерасад, ки ин суратро монанд ёфт намешавад. Чунон ки машҳур аст зоҳиран малик маро ба «нахӯди сиёҳ мефиристад»1.

Муборак гуфт:

— Хаёли ғалат кардаӣ. Малик Содиқ ғаддор 2 нест. Агар ҳамчунин бошад, матлабаш имтиҳонест, ки мехоҳад бидонад, ту дар корҳо таҳаммуле ва тааммуле дорӣ ё не… Ба ҳар ҳол мо бояд чанд вақт ҷаҳонгардӣ кунем, шояд ба мақсад ҳам расем…

Аз он ҷо ки ғайрати ишқ аст, рози худро ба Муборак ҳам нагуфтам Бо маслиҳати вай ду дарозгӯш 3 ва асбоби сафар ихтиёр кардем… Шаҳр ба шаҳр, қишлоқ ба қишлоқ мегаштем ва ба ҳар элу улус ва қабилаҳо, ки мерасидем, талабгори он дурри шоҳвор мешудем…

Ҳафт сол доим саргардон, ҳайрон ва парешон, дар дашту

___________________________________________

1 Ба нахӯди сиёҳ фиристодан — киноя аз фиристодан ба кори намешудагӣ.
2 Ғаддор – хиёнаткунанда.
3 Дарозгӯш – маркаб.

биёбон ва ободониҳо гашта, охир ҷазм кардам, ки он суратро монанд нест, малик Содиқ маро паси сар кардааст. Муборак ҳам ба ҳамин қарор омад, ки баъд аз ин ба ҳар шаҳре, ки расем, дар он ҷо сокин шуда, тарки ҳарзагардӣ ва биёбоннавардӣ кунем. Зиндагиро ғанимат дониста, боқимондаи умрро ба фароғат гузаронем. Баъд аз чанд рӯз, дар ақсои Мағриб (дар Мағриби дур) ба шаҳре расидем. Чун бар дари шаҳр расидем, ду одамро дидем, ки нишаста қуръон мехонанд. Инчунин дар болои қалъа, дар сари ҳар бурҷ халоиқ ба дуохонӣ ва тиловати қуръон машғул буданд. Он аҳволро дида ман ҳайрон шудам. Чун ба шаҳр даромадам, дар ҳама ҷо касро машғули дуохонӣ дидам ва аз ҳар хона овози қироат шунида мешуд. Дар баробари ҳамин аз он шаҳр бӯйи хуррамӣ ба машоми ҷонам расид…

Боре дар корвонсарой фуромадем. Он рӯзу он шаб осудем, рӯзи дигар, аввали пагоҳ ба ҳаммом рафта, худро аз гарди сафар тоза кардем. Баъд аз он ба сайру гашти шаҳр баромадем. Дар сари бозор марди пиреро дидем, ки чашмаш кӯр, шикастаасое дар даст (мисли обфурӯшон) кӯзаи оберо бардошта лангон-лангон мерафт. Аз афту башарааш маълум буд, ки одами дуруст буда, вале бо чӣ бадбахте ба ин ҳол афтодааст. Ман ба наздики ӯ рафтам ва дами обе гирифта нӯшидам. Раҳмам ба ҳоли ӯ омада, аз киса як ашрафӣ бароварда ба ӯ додам. Вай гумон кард. ки нимпулӣ аст ва гуфт:

— Э ҷавон! Худо туро бой кунад, ки ба ин фақири худ нимпуле додӣ.

Гуфтам:

— Э падар! Ин динори тилло аст, дониста бош!

Чун ин суханро шунид, оҳе аз дил кашид ва гуфт:

— Э ҷавон! Илоҳӣ корат бо муддаои дилат шавад.

Пирамард рафт. Ман бо Муборак аз он ҷо ба сайри маҳаллаҳо рафтем. Иттифоқо дар аснои роҳ, дар миёни хиёбон бар дари хонаи олие расидем. Агарчи аз тақозои давр (замон) вайрон шуда, афтода буд аммо аз асос ва заминаи бинои он маълум буд, ки хонаи яке аз бузургон будааст. Ҳоло бинои иморати он барбод, вале нишони курсӣ барҷо монда, аз ҳар тараф деворҳо афтода ва боғчаҳои он хароб гаштааст. Баъд аз сайри рӯйи ҳавлии он, ба тамошои кӯҳнаиморате, ки дар миёни он ҳавлӣ буд, рафтам ва ба он хонаву ҷо нигоҳ карда ҳайрон будам. Чӣ буд, ки аз он иморати кӯҳна бӯйи истироҳат ва роҳат ба машоми ҷони мани нотавон расид. Бо худ гуфтам, ки: «Кошкӣ, он ганҷи шойгон 1 дар ин вайрона пайдо шавад!». Ман дар ин хаёл будам, ки он пирмарди кӯр — ҳамон пире, ки ман ба ӯ як динор дода будам, асозанон ба он макон даромад ва ба зеризамине, ки (таҳхонае ки) дар он иморат, буд. дохил шуд. Ман ба он ҷо гӯш додам. Овози касе баромад, ки ба он мард гуфт:

— Э падар! Хайр бод, ки имрӯз ба зудӣ баргаштӣ?

Пир гуфт:

— Фарзанд, имрӯз ҷавоне ба ман меҳрубонӣ намуда, як тилло дод. Шояд вай ғариб ва соҳиби умед буд. Аз он пул камтар таом гирифтам. Зеро муддате шуд. ки орзуи таоми бомаза доштам. Инчунин карбосе гирифтам, ки ту аз он барои худ куртае дӯзӣ. Агарчи надонистам он ҷавон чӣ ҳоҷат дошт, аммо дар дунё ҳеч кас бе ҳоҷат намешавад. Ман барои ӯ дуо кардам, мехоҳам. ки ту ҳам дуо кунӣ!

Аз шунидани ин суханҳо хеле раҳмам омад ва донистам, ки бечорагии онҳо ба камол аст. Бинобар он пеш рафтам, ки ӯро ҷеғ занам ва ба ӯ муште тангаву тилло бидиҳам. Чун ба дарун нигоҳ кардам, дар он ҷо монанди ҳамон суратеро, ки дар тумор доштам, дидам. Чунон ки дар тасвир буд, ӯ нишаста ва мӯҳои анбарини диловезаш ба атрофаш парешон аст.

Чун баъд аз ҳафт соли он ҳама машаққати бепоён ва биёбоннавардӣ, дарбадаргардӣ назарам ба он гавҳари мақсуд афтод, наъра зада бехуд шудам. Муборак ин ҳолро дида ба сӯям давид ва ба ҳар роҳ, ки буд, маро ба ҳоли худ оварда, пурсид, ки:

— Ба ту чӣ шуд?

Ман ҷавоб надода ба ҷониби мақсад нигоҳ кардам. Он нозанин фарёд кард, ки:

— Э ҷавон, шарм дор ва назар аз номаҳрам дур кун.

Баҳори гулистони хубӣ ҳаё аст,
Адаб аз ҷавонон аҷаб хушнамо аст.

________________________________________

1 Ганҷи шойгон — ганҷи бисёр, ганҷи шоҳона, ганҷи фаровоне, ки бе меҳнат ба даст даромада бошад, ганҷи лоиқ.

Ман чун фасоҳати баён ва латофати забони он қиблаи ҷаҳониён шунидам, ба тозагӣ вола ва шайдо гардидам. Муборак чун маро ҳайрон ва парешон дид, он симбарро низ ба назар санҷид, ба хотираш расид, ки аз расидан ба сарҳадди мақсад ғаш кардаам ва аз ҳоли даруниам хабар надошт…

Дар ҷавоби он париваш гуфтам:

— Э сокинони ин макон! Марди ғариб, саргашта, фалакзада ва аз ватан оворагаштаам. Илтимос дорам, ки фурсате маро ба назди худ роҳ диҳед.

Он пирамарди доно овози маро шинохт ва ба қувваи сомиа донист, ки ман кистам. Вай асо дар даст берун баромад. Ман пеш давидам, дасташро бӯсидам. Ӯ низ маро падарона дарбар кашад ва ба меҳрубонӣ аз ҳолу аҳволам пурсид:

Гуфтам:

— Э падари азиз!

Ман кистам? Фалакзадаи хонумонхароб,
Саҳронаварду бодияпаймой чун сароб;
Дур аз диёру ёр, ба ғурбат фитодае.
Маст аз майи муҳаббати ҷонона бе шароб.

Он мард маро даруни хона бурд. Он сарви озод ба кунҷе хазид, овози моро мешунид, худи моро медид. Он марди аҳли дард аз аҳволи ман пурсон шуд. Ман ба ҳукми он ки «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез» (аст), ҳикояи малик Содиқро баён накардам ва гуфтам:

… Э падар! Банда шоҳзодаи мулки Чинам. Барои дурри садафи ту мулки Чинро гузоштаам. Сурати ӯро чанд гоҳ пеш аз ин аз дасти як савдогар харидам ва тарки падару модар, хешу табор карда, тоҷу тахтро партофта, ба ҷустуҷӯйи ӯ ба ҳар гӯшаю канор гардидам. Инак, ҳоло ба мақсад расидем, дигар ихтиёр дар дасти туст.

Он мард оҳи сард аз дили пурдард бароварда, гуфт:

— Э ҷавон! Духтари маро балое дар пай аст, ки касе маҷол надорад, ки дасти ҳавас ба оғӯши он кунад. Меваи боғи маро офате ҳаст, ки ҳеч кас ҳосили онро ба муроди дил чида наметавонад. Ин ганҷи боморест, ки дасти касе ба он расида наметавонад.

Гуфтам:

— Он кадом аст?

Он мард гирист ва гуфт

— Э ҷавон! Ман калонтар ва бузургтари ин шаҳр мебошам. Бобо ва аҷдоди ман ҳама ашроф ва бузургон будаанд. Чун баъд аз орзуи бисёр ин фарзанд шуд, ӯро доягон ба шири ҷон парварданд. Вай ба сарҳадди балоғат расид ва дар ҳусну ҷамол ва истеъдоду камол саромади хубон ва ягонаи даврон гардид, ба ҳадде ки дар ин ҷаҳон афсона шуд, ҳар ки бишунид, аз ишқи ӯ девона шуд. Подшоҳи шаҳр, ки бо ман пайваста дар шафқат ва эҳсон буд, торафт қадр ва мартабаи маро меафзуд. Вай писари ягонаи зебо дошт, ки ба ҳадди булуғ расида, чашми бинанда монандаш надида буд… Ӯ низ ғоибона саргарми савдои духтари ман буд. Падараш чун аз дарди дилаш хабар ёфт, ба тайёрии домодиаш шитофт. Маро ба хилват талабида, он хушхабариро дод. Ман аз он хабар хушҳол шуда ба тайёрии тӯй сар кардам». Баъд аз он ки аз ҳар ду тараф корҳо сохта шуд, соати саид ҷустанд, уламо ва фузало як ҷо нишастанд ва онҳоро ақд бастанд. Чун шаби зуфоф (домодбарӣ) расид, писар хост, ки дасти висол ба гардани духтар дарорад, вақте ки маҳрамон аз хона берун шуданд, овози нола ва ғулғулаи зиёд аз хона баромадан гирифт. Онҳо ҳарчанд хостанд, ки дарро кушоянд ва ба хона даромада воқеаро фаҳманд. аммо муяссар нашуд. Баъд аз он ки фитна ва ошӯб баланд шуд, дарро шикаста, ба дарун даромаданд. Писарро диданд, ки аз ҳалқаш кашида (овехта) шуда ва духтар кафк бар лаб оварда мӯҳо баҳам печида, ба хоку хун ғӯтида бехуд афтодааст. Подшоҳ чун он ҳолатро шунид ва фарзанди худро кушта дид, духтари маро ба куштан фармуд. Боз ошӯб баланд гардид. Подшоҳ аз ҷони худ тарсида фармуд, ки ӯро аз хона берун кунанд. Дар ҳамон шаб ин хабар ба шаҳр афтод. Парасторон духтарро ба хона оварданд.

Азбаски қатли он писари зебо ба василаи ин духтар воқеъ шуд, подшоҳ ва раият ба ман ва духтарам душман шуданд. Баъд аз азодорӣ умаро ва хос, балки тамоми халқ ба куштани ману духтарам ва ғорат кардани молу амволи ман подшоҳро тарғиб карданд. Подшоҳ қӯрчиёни (силоҳдорони) ғазаби худро ба ин кор фиристод. Ҳамин ки онҳо ба наздикии ҳавлии мо расиданд, аз бому девор ба болои онҳо санг боридан гирифт. Дар айни замон ба хонаи ҳар як аз онҳо, ки подшоҳро ба ин кор ташвиқ карда буданд, сангбороне шуд, ки шарҳаш мушкил аст. Кор ба ҷое расид, ки аз мо даст кашиданд ва ба ҳоли худ (амон) гузоштанд. Инчунин шабе ба гӯши подшоҳ овозе расид, ки; «Мабодо ба куштани онҳо азм накунӣ, ки он чи писарат аз дӯстии онҳо дидааст, ту аз душмании онҳо хоҳӣ дид!». Подшоҳ аз ин воҳима бемор гардид. Вай муддате дар бистари беморӣ афтода буд. То он ки қасам ёд кард ва аз қатлу ғорат даргузашт. Аммо муқаррар фармуд, ки аз хона берун наоем. Мунаҷҷимон ва ҳакимон ба подшоҳ гуфтанд, ки ба ин шаҳр ҷинҳо ҳуҷум кардаанд; бемории подшоҳ ҳам аз онҳост. Инак, баъд аз маслиҳат ва савобдиди оқибатандешон муқаррар фармуданд, ки қориён шабу рӯз дар ҳама ҷо дуо хонанд, тиловат кунанд. Хусусан бар даври ҳисор (қалъа) бар дарвозаҳо нишаста хондан гиранд. Ба хамии дастур солҳо мегузарад Ман намедонам, ки сабаби ин фитна чист. Ҳамин қадар медонам, ки як бор аз духтарам ба сад илтимос пурсидам, ки: «Ба ту ҳеч чиз маълум аст?». Вай гуфт, ки: «Шаби никоҳ, ки писар ба ман майл карданӣ шуд, ҳамин тавр ба ман намуд, ки сақфи хона шикофта шуд, аз он ҷо ҷамъе пайдо шуданд. Онҳо тахтеро ба замин гузоштанд, ки тамом ҷавоҳиркорӣ буд. Дар болои тахт касе нишоста буд, ки нур аз рӯяш метофт. Ҳамроҳони вай андомҳои аҷиб доштанд. Аз ин чизҳо маро воҳима гирифт. Он ҷамоат қасди писар карданд, он мард қасди ман кард. Ман аз тарс ғаш кардам. Дигар намедонам чӣ шуд. Ҳамин қадар дар ёдам ҳаст, ки пойи онҳо монанди пойи гӯсфандон буд…».

— Э ҷавони ғариб! Баъд аз он мулку мол аз дастам рафт, дӯстонам канора гирифтанд, ходимон ва одамонам ҳар як ба тарафе гурехтанд. Ман дар кунҷи хонаи вайрон нишастам. Ҳамин ки касе дар пешам монд ва ба ҷое нарафт, ин духтарам буду бас. Мо ҳар ду ба ҳоли зори худ чандон гиристем, ки ҳар кас бар мо гузашт, бар ҳоли мо бигирист ва чашми ман аз биноӣ бозмонд. Бинои хона ва иморат хароб шуд ва вайрона гардид. Ман то тавонистам, нишастам. Ҳар чӣ захира доштам ба баҳои ҳеч ба мардум дода ноне гирифтам, ва бо духтарам сарф кардем. Ниҳоят ҳама чиз тамом шуд. Ман ба ин хастагӣ ва шикастагӣ бо асо берун рафтам ва ба он тариқ,

ки дидӣ касби рӯзӣ кардам Мардуми шаҳр аз хавфи подшоҳ ба ман раҳм намекарданд. Баъзеҳо диламро ба санги суханони сахт мешикастанд ва ба нохуни дурушт захми хотирамро мехарошиданд ва аз шӯрии забони таън намак мепошиданд.

Бале, агар гоҳе ғарибе ба ҳоли ман раҳм мекард, фулусе, ё дирҳаме ба ман медод. Ба ҳар ҳол хушкноне пайдо мекардем ва рӯз мегузаронидем. Алҳол муддате шуд, ки маро орзуи таоми балаззат буд. Духтарам ҳам урён монда буд. Муроди ҳардуи мо имрӯз бо ёрии ту ба амал омад. Дигар, фарзанд, агар аз ҷони ту наметарсидам, ба Худо, ки духтари худро ба канизии ту медодам. Аммо боиси рехтани хуни ҷавоне шудан хуб нест. Беҳтар, ки ту ҳам дидаву дониста балоро ба худ написандӣ ва аз ин водӣ даргузарӣ!..

Гуфтам:

— Э дӯст, қавли ту некӯст…

… Чун ба ман ёр ошно бошад,
Гар балое расад, ато бошад!

Шаҳрёро! Ман ҳамин тавр зорӣ мекардам, он мард розӣ намешуд. То ин ки рӯз ба охир расид. Ба ноком ӯро дуо гуфта ба корвонсарой омадам. Муборак аз шодӣ ба пӯст намеғунҷид. Ман пой аз сар намешинохтам. Аз як тараф орзуи шодии ҷонона; аз тарафи дигар фикри чӣ шудани охири кор. Бо худ хаёл мепухтам ва мегуфтам: «Э дил! Агар ин мард розӣ нашавад, чун кунам? Ва агар ӯ розӣ шавад, бо Муборак чӣ ҳила бозам, ки ӯ мехоҳад духтарро ба Малик Содиқ диҳад? Агар ӯро ҳам розӣ ва ё дафъ кунам, бо ҷинҳо чӣ кунам? Агар ҷинҳо даст ёбанд, балое бар сари ту хоҳанд овард ва висол наёфта, ҷон ҳам аз даст биравад. Агар дар ин шаҳр бимонам, шояд аз шарри ҷинҳо эмин монам, ё ягон душмане ба подшоҳ хабар расонад ва ман ба дасти мири ғазаб гирифтор шавам…»

Он шаб то рӯз гиря кардам. Рӯзи дигар ба бозор рафта барои он парирӯ ва падараш либос, таому меваи бисёре гирифта равонаи мақсад шудам. Он мард баъд аз меҳрубонии бисёр гуфт:

— Э ҷавон, ҳам ба ту раҳмам меояд, ҳам аз ҷони ту метарсам. Ту ба гардани ман ҳаққи хизмат дорӣ. Агар ба ту аз рӯйи дуруштӣ ҷавоб диҳам, дуруст намешавад. Зеро ки ғарибу дилсӯхтаӣ. Агар омадани шумо ба пеши мо давом кунад, шояд фитнае бархезад…

Ман дасташро бӯсидам ва гуфтам:

— Гар сар биравад ба роҳи ҷонон,
Бодо чу манаш ҳазор қурбон!

Э падар! Дерест, ки дар ҳавои ин нигори офтобизор зарравор бо дили фигор ва ҷисми низор дар ҳар шаҳру диёр ба гӯшаву канор гардидаам. Алҳол, ки ба сарчашмаи висоли ӯ расидаам, аз доманаш даст раҳо намекунам.

То муддати як моҳ ҳама рӯз то шаб дар назди он мард будам ва ба зорӣ меафзудам, хостгории он дурри гаронбаҳо менамудам ва дар охир ба ӯ гуфтам:

— Умрро вафо нест. Ту худ пир ва оҷиз шудаӣ. Имрӯз ё фардо аз дунё мегузарӣ. Дар он ҳол духтарат ба дасти дигар кас меафтад. Шояд, нокасе бошад, баъд хуб намешавад. Ту он чӣ хайрхоҳӣ ва маслиҳатандешӣ, ки боист дар ҳаққи ман кардӣ ва маслиҳат додӣ, насиҳат кардӣ ва ман ба ҳама балое, ки дар васли дилдор расад, розӣ ҳастам. Ҳамон беҳтар, ки маро ба ғуломии худ гирӣ! Агар худат ҳам бо ман биёӣ, беҳтар аст.

Он мард чун ин сухан шунид, гуфт:

— Э ҷавон! Як имшаб ҳам бо худ фикре ва бо духтар маслиҳате кунам.

Аз ин мужда хушнуд шуда ба ҳуҷра баргаштам.

Ваъдаи васл чун шавад наздик,
Оташи шавқ тезтар гардад.

Дар он шаб ман аз шодӣ ором нагирифтам. Рӯзи дигар ба назди он мард рафтам, ӯро ранҷур ёфтам. Бар сари болинаш нишастам, аз аҳволаш пурсидам

Гуфт:

— Сухане, ки дирӯз туро бар забон омад, алҳол аён шуд. Зоҳиран аз умри ман чизе боқӣ намондааст. Боре духтари худро ба ту месупорам, ба шарти он ки ӯро аз ман дур насозӣ ва аз аҳволи ман бохабар бошӣ. Чун ман аз ин ҷаҳон чашм пӯшам, корсозии маро карда, баъд ихтиёр ба дасти туст.

Шаҳрёро! Ин шартро ба ҷон миннат дошта қабул намудам. Ҳафтае он мард бемор буд, хизматашро ба дилу ҷон кардам. Чун вай аз дунё чашм пӯшид, Муборак духтарро чодаре ба сар андохта ба ҳуҷраи ман овард. Ман ба корсозии мурда пардохтам. Баъд аз саранҷомн кор ба ҳуҷра рафтам ва хостам худро ба пойи он санам андозам. Муборак бо забоне, ки он нигор намефаҳмид, гуфт

— Э фалонӣ, ба худ ой! Малик Содиқ он ҳама супориш дар ин бора мекард. Ин аз ҷумлаи хиёнат аст, ки туро ба хотир мерасад. Алҳол вақти мардӣ ва худдорӣ аст. Золим! Коре накунӣ, ки ҳамаи азоб ва озорҳои кашидаамон мабодо бекор ва табоҳ шавад…

Ман сар ба зер афканда, ба каноре рафтам, гавҳари ашкро бо нӯги мижа суфтам (гиристам) ва бо сӯзи дил гуфтам:

— Э фалак, то ба кай ситамгорӣ?
Чанд бинанд некувон хорӣ?
То ба кай ҳамчу гард бе сару по
Гардаму сар ниҳам ба роҳи ҳаво?
Э ситампеша, аз ҷафо бигзар!
Як раҳе аз вафо ба мо бингар!
Баъди умре, ки ёр пайдо шуд,
Коми дил андаке муҳайё шуд,
Ин рақобатпаноҳро чӣ кунам?
Ин дарунаш сиёҳро чӣ кунам?

Шаҳрёро! Чанд рӯз бо гиряву зорӣ гузаронидам. Дар шаби охир ба Муборак хотири худро баён кардам. Чун ин шунид, оҳ кашид ва гуфт:

— Ҳайф, ки давлат дар сар надорӣ! Дареғ аз ин ҳама ранҷ, ки ман барои ту кашидам… Э писар, андаке ба худ ой, рӯзи худро сиёҳ накун! Ту он нестӣ, ки аз дасти малик Содиқ ҷонатро халос кунӣ. Духтарро ба зудӣ, сиҳат ва саломат бе ҳеч хиёнат ба малик Содиқ барем ва аз ӯ хоҳиш кунем, шояд ӯро ба ту вогузорад.

Чун ман исрори ӯро (ба сари гапи худ сахт истодани ӯро) дидам, дам фурӯ кашидам ва ба кунҷе хазидам. Он сиёҳи сангдил ҳарчанд ишқи маро бештар дид, ниқоби бераҳмӣ бар рӯйи (худ) кашид. То кор ба ҷое расид, ки маро аз дидани он нозанин монеъ гардид…

Аз хама сахттар он буд, ки он моҳваш аз аҳвол бехабар буд. Гоҳе ҳайрон шуда аз Муборак мепурсид. Муборак ӯро бо ҳамин таскин медод, ки:

— Иншоолло, чун ба диёри Чин расем, баъд аз ҷашн ва оини шаҳр бо тумтароқи тамом арӯсӣ намуда, шоҳзода кадхудо хоҳад шуд.

Муборак ҳарчанд ба рафтан таъҷил мекард, ман илтимос менамудам, ки як-ду рӯзи дигар бошем. Як лаҳзаро ғанимат мешумурдам. Ниҳоят, кор чун аз ҳадди илтимос гузашт, ба Муборак гуфтам, ки:

— Ман аз мулки Чин ва васли духтари амакам гузаштам. Чӣ шавад, ки дар ин шаҳр бимонам ва рухсат диҳӣ то даст ба гардани висоли ин нозанин дароварам.

Ӯ гуфт:

— Ин хаёли ботил аст! Малик Содиқ даст аз ин бознамедорад. Яқин, ки охир ба ҳар васила, ки бошад, ин шаҳрро мусаххар, балки зеру забар намояд. Он вақт моро ба балое мубтало гардонад ки ҳар соат ба марг розӣ шавем. Ҳамон беҳтар аст, ки даст аз ин бидорӣ, шояд, ки малик Содиқ ӯро ба ту бидиҳад.

Гуфтам:

— Э золим, ӯ куҷо даст аз чунин маъшуқа бозмедорад?

Муборак гуфт, ки:

— Чизе медонам: малик Содиқ чун духтарро бинад, аз ӯ нафрат кунад.

Гуфтам:

— Кадом аст?

Ӯ гуфт:

— Навбати аввал, ки падарат ба миёни ҷинҳо мерафт, онҳо маро ба миён мегирифтанд ва озор медоданд, шӯхӣ ва ҳазл мекарданд. Ман ба падарат шиква кардам. Дигар бор, ки рафтем, вай равғане сохт ва як шиша аз он пур карда ба ман дод ва гуфт, ки «аз ин ба бадани худ мол!». Чун чунон кардам, ҷинҳо аз бӯйи он равған аз ман нафрат мекарданд ва ба ман наздик намеомаданд. Ҳоло аз он равған камтар ҳаст, ба бадани ин духтар мемолем, то ки малик Содиқ аз ӯ нафрат кунад. Баъд аз он илтимос намуда, духтарро барои ту мегирам.

Муборак бо ин афсун маро сокин (ором) кард ва ба тайёрии сафар машғул шуд. Барои хизмати он гулизор як каниз харид, инчунин як шутури боркашӣ барои каҷоваи онҳо ва дигар чизҳои лозимаро тайёр кард. Баъд аз он ба роҳ даромадем. Дар роҳ ҳама дам Муборак ресмони он шутурро дар даст дошт ва маро наздик шудан намемонд. То ки се моҳ роҳ паймудем. Дар аснои роҳ ба ӯланге 1 расидем. Дар он ҷо ғулғулаи ҷинҳо ба гӯши мо расид. Онҳо фиристодагони малик Содиқ буданд, ки ба тафтиши ҳол ва ба ёрии мо омада буданд. Малик Содиқ ҳамоно дониста буд, ки он нигорро мо ба даст даровардаем. Ҷинҳо маро ва Муборакро муборакбод мегуфтанд. Баъд аз он гуфтанд, ки:

— Малик Содиқ ба шумо интизор аст. Агар розӣ бошед, шуморо зудтар наздик расонем.

Муборак гуфт:

— Инро маслиҳат намебинам, зеро ки мумкин аст духтар аз дидани шумо ваҳмад ва ягон кор шавад.

Баъд аз ин ду-се нафар ба назди малик Содиқ рафтанд, ки башорат диҳанд, боқӣ дар дашту ҳомун парешон шуда рафтанд. Аммо духтарро аз онҳо хабар набуд. Ман боз бетоқатӣ кардам ва хоҳиш намудам, ки Муборак аз он равған ба бадани духтар молад. Муборак гуфт:

— Аввал ба худи духтар диҳем ва бинем канӣ ӯ дар чӣ хаёл аст?

Чун ба духтар масъаларо фаҳмонид, вай гиряву фиғон кард ва зорӣ намуд, ки:

— Ёрон, гуноҳи ман чӣ буд, ки аз ватан овора ва асир карда, ба дасти ҷинҳо маро месупоред? Магар раҳм дар дили шумо нест! Ман дар шаби никоҳ тоқати дидани ҷинҳо надоштам…

Чун духтар ин суханҳоро гуфт, дили Муборак ба ҳоли ӯ сӯхт. Аммо илоҷе надошт. Баъд аз он ки маро ба худ овард, ба ҳазор забон, ки буд, ҳар дуро таскин дода аз он равған

____________________________________________

1 Ӯланг — сабзазор, марғзор.

бад-он нозукбадан молид. Аммо дили ошиқ аз куҷо ба гуфтугӯ таскин ёбад?!

Рӯз бо ҳамин ҳол гузашт. Шаб дар ҳолате ки Муборак дар хоб буд, ба оҳистагӣ худро ба назди он зебопарӣ расонидам ва сар дар қадамаш гузошта, ба узрхоҳӣ машғул шудам.

Гуфтам:

— Ба ҷонат қасам, ки ба ман халале нест. Аз он рӯзе, ки сурати туро дидаам, меҳратро ба ҷону дил харидаам, дил аз зиндагӣ буридаам ва ҳаётатро бар худ гузидаам…

Суханони ман ба дили он нозанин асар намуд ва гуфт:

— Фалонӣ, чун медонистӣ, ки чунин балое дар пай аст, чаро аз он шаҳр баромадӣ?

Гуфтам:

— Аз тарси подшоҳ, эҳтимол дошт, ки душмане ба подшоҳ хабар медод, баъд фитнае барпо мешуд ва малик Содиқ хабардор шуда, бар сари ҳама ягон балоеро меовард.

Гуфт:

— Хуб, бинам, канӣ, чӣ мешавад… Аммо э ҷавон, ман дил дар вафои ту бастам, ту ҳам фаромӯш накун!

Ҳар ду даст дар оғӯши якдигар дароварда бехуд шудем. Овози ҷинҳоро шунида ба худ омадем. Аз чодар берун баромадам. Дидам, ки чанд нафар аз мӯътамадони малик Содиқ омадаанд. Онҳо ду даст либоси фохира барои мо оварда, барои он санам ҳавдаҷи1 марворидкорӣ оварда буданд. Онҳо зуд духтарро ба ҳавдаҷ шинониданд ва ману Муборакро ҳам ба тахте шинонида, ба ҳаво парвоз карданд. Баъд аз се рӯз моро ба назди малик Содиқ оварданд. Малик он чӣ лозимаи эҳтиром ва таъзим буд, дар бораи мо ба ҷо овард, таҳсини бисёре кард ва ба сӯйи ҳарам ба дидани духтар равон шуд. Ҳамин, ки ба наздики ӯ меравад, он бӯйи нохушро мефаҳмад ва асари малол дар симои ӯ мушоҳида мекунад ва рӯйи ӯро ба ҷо намебинад. Баъд аз он берун омада, маро металабад. Ҳамин ки пеш рафтам, дидам он малик Содиқ набуд, ки ламҳае пеш аз ин дида будам. Ранг барафрӯхта, ба оташи ғазаб сӯхта ба Муборак хитоб намуд:

___________________________________________

1 Ҳавдаҷ — каҷоваи занона, ки як ҷуфти онро ба шутур бор мекунанд ва дар ҳар тарафаш як тан менишинад.

— Э пири баҳонаҷӯ! Худ шарт накардӣ, ки хиёнат накунӣ? Ин рангубӯ чист? Ва ин ҳол аз кист?

Муборак дарҳол аъзои пинҳонии худро нишон дод ва гуфт:

— Хиёнат аз ман чӣ тавр мешавад! Рӯзе, ки ман ба ин хизмат даромадам, худро аз қувваи мардӣ маҳрум кардам.

Пас малик рӯ ба ман намуда хитоб намуд:

— Маълум мешавад, ки ин хаёли ботил ва савдои хом дар сари ту будааст. Акнун чӣ карданамро медонам.

…Ҳамияти ҷоҳилият ба ман чунон асар кард, ки худро нашинохтам, давида аз камари Муборак ханҷарро кашидам ва ба малик Содиқ андохтам. Аммо надонистам, ки нӯги ханҷар ба бадани ӯ расид, ё не. Ҳаминро медонам, ки дар пеши пойи ман бар пушт ғалтид ва нафасаш аз тараддуд истод. Ман гумон кардам, ки мурдааст. Ҳайрон шудам, ки зарби ман-ку он қадар сахт набуд, ин чаро мурд. Дидам, ки вай оҳиста-оҳиста хурдтар мешуд, то он ки ба монанди иштӣ кулӯла шуда аз замин баланд гардида, ба ҳаво рафт ва аз назар ғоиб шуд. Ногоҳ аз ҳаво чун раъд хурӯшанда ва чун барқ ҷаҳанда шуда фуромад ва як ҷуфт лагад ба тахтаи синаи ман зад, ки мӯҳраи пуштам ба замин часпид, дард ба дилам печид ва бехуд шудам…

Чун ба ҳуш омадам, дар биёбоне будам, ки дар ҳар чор тараф ба ғайр аз реги равон ва хори мағелон чизе набуд. Чашм ба ҳам ниҳодам, зориву тавалло кардам, фоида накард, оҳу нолаам асаре набахшид. Баъд маҷнунвор ба кӯҳу дашт афтодам. Дар миёни мардумон даме намеосудам, хӯрду хобро тарк кардам. Дар ҳар гӯшаву канор он дилбарро меҷустам. Ҳар киро медидам, аз мақоми малик Содиқ мепурсидам. Касе аз ӯ ному нишон намедод. Оқибат аз даҳр ноумед шуда, ба худ қарор додам, ки аз ин зиндагонӣ марг беҳтар аст. Худро ба кӯҳе кашидам, ки шояд худро ба зер андозам ва аз озор наҷот ёбам. Иттифоқо он ҳамон кӯҳе буд, ки ин дарвешон рафта буданд. Дар он ҷо он марди обидро дида, ба ишораи ӯ ба ин тараф равон гардидам. Алҳол ҳамагӣ дар хизмати подшоҳ нишастаем. То бинем баъд аз ин рӯзгор бо дарвешони ҷигарсӯз дар чӣ кор аст?..

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.