Заровадк

mugh

Қалъаи Муғи Заровадк

Муаллиф: Абдуҳамид Тағоев

Таҳрири охирин 07.09.2024

Корвандони арҷманд. Соли 2024 китоби Абдуҳамид Тағоев бо номи «Мардуми Заровадк» аз чоп баромад. Азбаски он дар фурӯш нест ва дарёфт намегардад, мо нусхаи электронии онро дар сомона гузоштем, то дастраси шумо гардад. Китобро аз ин саҳифa фаро кашед.

1. Маълумоти умумӣ

Деҳаи Зеробод яке аз деҳоти бостонии Фалғар аст. Номи деҳа дар гуфтугӯйи мардуми калонсоли деҳа ҳамчун «Зароварк» ё «Зароватк» ёд мешавад, ки бесабаб нест. Ҳанӯз дар навиштаҳои суғдии қалъаи Муғи Хайробод, ки аз номаҳои таърихии бойгонии шоҳи Суғд Деваштич иборат асту ба асрҳои VII–VIII тааллуқ доранд, деҳа бо номи ’’zr’wδkh, яъне Заровадк номбар шудааст (3; 19).

Дар ин номаҳо Заровадк деҳи обод ва макони ҳунармандону зироаткорон аст, ки лашкари Деваштичро бо лавозимоти ҷангӣ ва маводи хӯрокӣ таъмин мекард (4; 53, 56-58, 62-63).Чунончи дар номаи Б-12 гуфта мешавад, ки 5 афзори асп, 250 тир ва 150 зин аз Заровадк оварданд, ки онҳоро аз усто Сардуми заровадкӣ гирифтаанд. Дар номаи Б-19 Деваштич ба фармондори саргаҳи Зарафшон Утт мефармояд, ки зудтар аз Заровадк ғалла ва дигар маҳсулотро бароварда, аз пайи захира кардани онҳо шавад. Дар номаи Б-11 хабар дода мешавад, ки аз Заровадк 63 сар гӯсфанд мебаранд. Ҳамаи ин корҳоро, чунон ки дар номаи Б-19 омадааст, сардори деҳа, арспан (деҳхудо)-и Заровадк Хуфарн анҷом медод. Ғайр аз ин, Хуфарн дар ин нома ба Утт менависад, ки ба ӯ як зину як ҷавшан фиристодааст.

zarowadk

Бахши марказии Заровадк

Аз рӯйи хулосаҳои Ю. Ёқубов дигар деҳаҳо низ дар таъмини лашкари Деваштич саҳм мегузоштанд. Масалан, аз Хушекат ҷав ва май (номаҳои. Б-10 ва Б-2), аз Фатмев — гандум (номаи Б-10), аз Искодар мева (номаҳои Б-13, Б-15) ва ғалла (номаи Б-11), аз Вешист — аслиҳа (номаҳои Б-3, Б-4), аз Мадрушкат—чарму маҳсулоти чармин (номаҳои А-4, А-8, В-3, А-10, В-5, В-19) меоварданд (4; 58).

Аз ин бармеояд, ки деҳа чандин садсолаҳо ё ҳатто ҳазорсолаҳо пеш аз замони Деваштич вуҷуд дошт. Мувофиқи тадқиқоти геологӣ ҷойи ҳозираи деҳа ба яке аз 5 суфаи қадимаи дарёи Зарафшон мансуб аст, ки онҳо аз сатҳи имрӯзаи дарё хеле баланданд (ЭСТ, ҷ. 2, Д.: 1980, саҳ. 461). Пӯшида нест, ки дар забони геологӣ «қадим» гуфтан — ин «миллионҳо сол пеш» гуфтан аст. Ин далел ба он нисбат аст, ки то маскун шудани қабилаҳои ориёӣ (скифҳо – суғдиҳо) дар водии Зарафшон, дар ин ҷо қавму қабилаҳои ориёии қадим ё тоориёӣ зиндагӣ мекарданд. Бозёфти хумҳо дар Таги Мағал, Пуки Боло бо пасмондаҳои хокистару устухонҳои одамӣ, ки ба осори мадании номаълум тааллуқ доранд, ба ин гувоҳ аст.

2. Мавқеи ҷуғрофӣ

Заровадк дар доманаи нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Зарафшон, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар суфаи дуюми дар замони мезозой сохтаи дарё қарор дорад.

Баландии миёнаи деҳа аз сатҳи дарё 250 м ва аз сатҳи баҳр 1400 м аст. Аз кӯҳҳои атрофи деҳа баландтарин нуқтаҳо инҳоанд: кӯҳи Марғузор (давоми Теғаи Миёна) – 3048 м, Ҷайти Кум – 2166 м, Кӯҳи Пеш – 2203 м.

Маркази деҳа (масҷиди ҷомеъ) дар харита, ончуноне ки муайян кардаем, координатҳои зеринро дорост:
Арзи шимолӣ (N) 39° 25,683’
Тӯли шарқӣ (E) 68° 27,567’

Бояд гуфт, ки дар аксари китобҳо, харитаҳои ҷуғрофӣ ва топографӣ деҳа бо номи Заровод, Зароват ё Зарават нигошта шудааст.

Дар ҷанубу ғарб Заровадк бо воситаи пайраҳаи қадимаи Ағбаи Кум бо деҳаи Кум алоқаманд мебошад. Мувофиқи навиштаҳои Смирнова О. И. ва Ёқубов Ю. байни Киштӯд ва Заровадк роҳи қадимаи корвонгузар мавҷуд буд, ки он аз миёни деҳаҳои Мадм ва Кум мегузашт (3; 19). Пайраҳаи Дашти Гурбадав – Пушти Теғ низ таърихи бисёрҳазорсола дошта дар вақташ қалъаҳои дидбонии Муғи Заровадк ва Муғи Хайрободро ба ҳам мепайваст. Дар шимол, дар рӯ ба рӯйи Заровадк, дар соҳили рост деҳаи Дардар ҷойгир аст. Дар ҷанубу шарқ ба воситаи ағбаи душворгузари Дишрӯд ба деҳаи Пойи Мазор гузаштан мумкин аст.

3. Номи «Заровадк»

Яке аз сабабҳое, ки деҳа дар номаҳои давраи шӯравӣ номи Зерободро гирифт, ҳамон этимологияи халқӣ (ҷустуҷӯйи ғайриилмии реша ва маънои вожаҳо) буд, ки ҳамеша садди роҳи хулосаҳои дурусти илмӣ мешавад.

1. На бе кумаки донотарошони замони инқилоб номи аслии деҳа Заровадк (Зароват, Зароварк), ки ҳатто то имрӯз дар байни мардуми калонсоли тамоми Фалғар маъруф аст, бемаъно ва кӯчагӣ шумурда шудааст. Дар миёни мардум фарзияе паҳн гардонидаанд, ки ҷойи имрӯзаи деҳа гӯё замоне зери оби дарё буд ва номи он аз ибораи «зери об» гирифта шудааст. Аз деҳа ҳамин сабаб номи нав — Зеробод ҳамчун «номи зебою маънодор» дар ҳуҷҷатҳо сабт шуд.

2. Дар Тагоби деҳа тахминан 200 сол пештар деҳае бо номи Чуғчин вуҷуд дошт, ки як гузари Заровадк ба шумор мерафт. Пас аз он ки Чуғчинро сел бурд, мардумонаш қисман ба гузари Оби Шӯри деҳа ва қисман ба тарафи шаҳрҳо муҳоҷир шуданд.

Дар оғози садаи бист ё пештар касе аз ҳамдеҳагонамон бо чанде аз мардуми тоҷикзабони шаҳри Зирободи Бухоро вохӯрда аз онҳо аслу насаб мепурсад. Ба гуфти ин мардум, бахше аз аҳолии шаҳр гӯё аз Заровадк будааст. Ҳол он ки дар асл Зирободи Бухоро дар оғози садаи XVII аз ҷониби асирон ва муҳоҷирони эронӣ шакл гирифтааст. Донишмандон (Люшкевич, Ҳомидҷонова) муайян кардаанд, ки мардуми асосии он аз Зуробод ном деҳаи Хуросони шимолӣ баромадаанд ва ба хотири он шаҳр чунин номгузорӣ шудааст. Имрӯз мардуми он худро «эронӣ» меноманд ва пайравони мазҳаби шиа ҳастанд.

Ин ҳам шояд сабаб шуда, ки дастандаркорони Заровадк ба ҳамрадифии Зиробод номи деҳаро Зеробод гуфтанд ва навиштанд. Яъне, мардуми мо дар Бухоро ба хотири ватани аслиашон шаҳрашонро Зиробод номидаанд, пас номи деҳаамон Заровадк не, Зеробод будааст.

Тафсири вожаи Заровадк тадқиқи амиқро металабад. Сад афсӯс, ки касе аз бостоншиносон ва эроншиносон аз қабили О. И. Смирнова, В. А. Лившитс, А. Л. Хромов, П. Б. Лурье, ки дар гузориши ҷойномҳои (топонимикаи) суғдӣ ранҷ кашидаанд ва саҳми босазо гузоштаанд, маънии ин вожаро ба пуррагӣ накушодааст.

Замони донишҷӯйӣ (солҳои 70-уми садаи гузашта) камина бо донишмандон, фарзандони фарзонаи деҳа (равонашон шод бод!) Исроил Исмоилов ва Абулфайз Қодиров оиди номи деҳа пурсишу посух карда будам. Дар фарҷоми суҳбат ба хулосае омада будем, ки Заровадк бояд дар асл «заравадка» бошад, чуноне ки номи Зардушт аслан Заратуштра аст ва таркиби зара- ба маънии «зард» аст, чаро ки деҳаро кӯҳҳои зард иҳота кардаанд. Он вақт мо бо номаҳои суғдии кӯҳи Муғ шинос набудем ва намедонистем, ки ин тахмини мо дар ҳамин шакл дар ин номаҳо вуҷуд дорад. Инчунин як далелро ба инобат нагирифта будем, ки «заратуштра» дар забони авастоӣ омада, ҳол он ки «заровадк» вожаи, бешубҳа, суғдист…

Хонандаи ман, ҳарчанд ин ду забон (авастоӣ ва суғдӣ) ба ҳам хеле наздиканд, чунон ки модару фарзанд, вале мо бояд тафсири вожаро дар забони суғдӣ биҷӯем. Агар иҷозат шавад, барои он ки ба ҳама фаҳмо бошад, дар ҳудуди забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва, бавижа, забонҳои ориёӣ, як сайри мухтасареро анҷом медиҳем.

4. Забонҳои ориёӣ

Хонандаи гиромӣ, бояд бидонад, ки забони тоҷикӣ, забони ҷанубию ғарбии эронӣ буда дар Осиёи Миёна ягона забони миллист, ки ба гурӯҳи ҳиндуэронии (ориёии) забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад.

Хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ бузургтарин ва сершумортарин хонаводаи забонҳо буда, бо онҳо бештар аз 2.5 млрд. кас аз мардуми ҷаҳон сухан меронад. Ин хонавода аз гурӯҳҳои зерин иборат аст:
1) ҳиндуэронӣ (ориёӣ) — забонҳои ҳиндуориёии Ҳиндустону Покистон, забонҳои эронӣ;
2) славянӣ – забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, лаҳистонӣ, чехӣ, булғорӣ, сербӣ, словакӣ ва ғ.;
3) германӣ – забонҳои инглисӣ, олмонӣ, шведӣ, даниягӣ, норвегӣ, исландӣ ва ғ.;
4) романӣ – забонҳои итолиёӣ, франсавӣ, испанӣ, португалӣ, инчунин забони мурдаи лотинӣ ва ғ.;
5) балтикӣ – забонҳои латишӣ, литвонӣ ва забони мурдаи пруссӣ;
6) келтӣ – забонҳои ирландӣ, гаэлӣ ва ғ.;
7) арманӣ – забони арманӣ;
8) юнонӣ – забони юнонӣ;
9) албанӣ – забони албанӣ;
10) забони мурдаи хеттӣ;
11) забони мурдаи тохарӣ ё тахорӣ.

Забонҳои эронӣ ба ду бахши нахуст ва чаҳор бахши кунунӣ ҷудо мешаванд:
ЗАБОНҲОИ ҒАРБИИ ЭРОНӢ.
1. Забонҳои ҷанубу ғарбӣ: забони мурдаи форсии бостон, забони мурдаи форсии миёна (паҳлавӣ), забонҳои форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ, тотӣ ва шева-забонҳои ҳудуди Эрон.
2. Забонҳои шимолу ғарбӣ: забони мурдаи модӣ, забони мурдаи портӣ (парфянӣ ё паҳлавии шимолӣ), забонҳои курдӣ, балуҷӣ, толишӣ, гелонӣ, мозандаронӣ, забони мурдаи озарӣ ва ғ.
ЗАБОНҲОИ ШАРҚИИ ЭРОНӢ.
3. Забонҳои шимолу шарқӣ: забони мурдаи скифӣ (сакоии шимолӣ), забонҳои мурдаи аланӣ, сарматӣ, массагетӣ, хоразмӣ, суғдӣ, забони осетинӣ, забони яғнобӣ ва ғ.
4. Забонҳои ҷанубу шарқӣ: забонҳои мурдаи сакоӣ, хутанӣ, кушонӣ, бохтарӣ, забони афғонӣ (пуштунӣ), забонҳои помирии ВМКБ, забонҳои сарикӯлии Чин, мунҷонии Покистон ва ғ.

Забони авастоӣ, ки забони китоби муқаддаси зардуштиён Авасто аст, забони бостонии шарқии эронӣ ҳисоб мешавад. Мувофиқи хулосаи муҳаққиқон забонҳои шарқии эронӣ нисбатан бостонитар шумурда мешаванд. Бинобар ин, ҳангоми барқарор кардани решаи вожаҳо дар нахустзабони бостонии эронӣ (забони эронии қадим) ба забони авастоӣ такя мекунанд.

Ин бахшкуниҳо, албатта, шартӣ аст. Дар мисоли забони тоҷикӣ гуфта метавонем, ки он ба ҷуз аз сарчашмаҳои бунёдиаш (забонҳои форсии бостон ва паҳлавӣ) бисёр хусусиятҳои вожасозӣ, сарфию наҳвӣ ва овоиашро аз забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, портӣ, сакоӣ-помирӣ ва дигар забонҳои шарқию ғарбии эронӣ ба мерос гирифтааст. Барои аз мавзуи худ дур нарафтан, ниҳоят хулоса мекунем.

Инак, шаҷараи забони тоҷикӣ:

zarowadk

5. Тафсири вожаи «заровадк»

Мо дар бобҳои гузашта якчанд фарзияҳоро оиди номи деҳа оварда будем. Акнун вақт расидааст, ки ба ин кор ҷиддитар машғул шавем.

Чӣ хеле, ки гуфта гузаштем, дар навиштаҳои суғдии кӯҳи Муғ, номи деҳа ’’zr’wδkh ё худ ’zr’wδkh омада, ки аз ду қисм иборат аст: (’)’zr’ + wδkh.

А. Азбаски қисми дуввуми вожаро бештари муҳаққиқон шарҳ додаанд, нахуст аз тафсири қисми дуввум оғоз мекунем.

Аз маводи забони суғдӣ он чӣ ки дар даст дорем, инҳоанд:
’wt (cуғдӣ) — «ҳавлӣ, мулк»;
’wt’k (cуғдӣ) – «ҷой, соҳа, вилоят».

Аз маводи дигар забонҳои хеш (1; 58-59):
wat (осетинӣ) – «хона, ҷойгаҳ, бистар, ҷой, зарф»
*wahaϑa- (эронии бостон), *wasatha- (ориёӣ), аз *wah-, *was- «зистан», яъне «ҷойи зист»
vasatha- (ҳиндии бостон) — «хона, бошишгоҳ»
’wc (хоразмӣ) – «ҷой».

Чӣ хеле ки мебинем, қисми дуюми номи деҳа дар забони суғдӣ ва дигар забонҳои хеш, агар табдили қонунии овозҳо шуморо мушавваш нагардонад, маъноҳои «ҷой», «деҳа», «мулк», «ҷойи зист»-ро медиҳад. Пасванди -khпасванди хурдию навозиш буда, муодили –ак-и тоҷикӣ (чӯб – чӯбак) ва –ка-и русӣ (книга – книжка) аст. Ин тарзи номгузорӣ бо истифодаи -’wt/-’wtkh /-’wδ/-’wδkh дар бисёр маҳалҳои Осиёи Миёна, махсусан, саргаҳи Зарафшон ба назар мерасад, ки он, бешубҳа, аз забони суғдӣ сарчашма мегирад.

Муқоиса кунед:
Исковад (суғдӣ *’sk’wδ) маънояш «ҷойи (деҳи) баланд»;
Зимтӯд (суғдӣ) маънои қисми аввалаш номаълум;
Махшевад (суғдӣ) маънои қисми аввалаш номаълум;
Нарвад (суғдӣ) маънои қисми аввалаш номаълум;
Ревад (суғдӣ *ry’wδ) маънои қисми аввалаш номаълум;
Фатмовут (суғдӣ ’βtm’wt) маънояш «нахустин деҳа»;
Шаватк (суғдӣ *š’wtkh) маънояш «ҷойи (деҳи) сиёҳ». Аз рӯйи ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ номи Шавкат (š’wkth) –ро ба Шаватк нисбат медиҳанд. Забоншинос П. Б. Лурье ба ин гурӯҳ ҳамчунин ҷойномҳои зеринро дохил мекунад (2; 127);
Курӯд (суғдӣ krwt) маънои қисми аввалаш номаълум;
Киштӯд (суғдӣ kwštwt) маънои қисми аввалаш номаълум;
Похут (суғдӣ p’xwt) маънои қисми аввалаш номаълум.

Б. Қисми аввали номи деҳа ки дар шаклҳои ’’zr- ва ’zr- омадааст, шунавандаро ба монанд кардан бо вожаҳои озар, зар, зард, зер водор мекунад. Ҳамзамон мегӯям, ки аз ин миён вожаҳои озар ва зер мақсади моро қонеъ намекунанд, зеро ки онҳо дар суғдӣ, на бо z, балки бо δ ва t навишта ва талаффуз карда мешуданд.

Тоҷикӣ Эронии бостон Авастоӣ Форсии бостон Форсии миёна (паҳлавӣ) Суғдӣ
озар «огонь» *ātar- *āϑr- ātar- āϑr- ёфт нашуда āδur atur ’’tr- ’rδ-
зер «низ» *adara- aδara-/aδairi ёфт нашуда azēr ’δr дар вожаҳои c’δrs’r «ба зер, ба поён» (аз c’δr), c’δrp’r «дар зер» (аз c’δr),c’δr «дар зер»

Вожаҳои зар ва зард-ро дида мебароем. Ин вожаҳо аз асоси ҳиндуаврупоии *ǵhel-, эронии бостон *zar-, (ҳиндии бостон hari-) сарчашма гирифтаанд, ки дар он замони дур маъноҳои «зард» ва «сабз» -ро ифода мекарданд:

Тоҷикӣ Эронии бостон Авастоӣ Форсии бостон Форсии миёна (паҳлавӣ) Суғдӣ
зар «золото» *zar- «жёлтый», «зелёный» zarənya- «золото, золотой»; zaranaēna «золотой» dāranya- «золото» zarr «золото»; zarrēn «золотой» zyrn «золото»
зард «жёлтый» *zaritaka- *zarita- аз асоси *zar- «жёлтый», «зелёный» zairit-/zari- «жёлтый», «золотистый» dāruva «жёлтый» zart «жёлтый» дар суғдии буддоӣ zyrt’k «жёлтый»; дар суғдии моноӣ zyrty «жёлтый»; умумисуғдӣ zr- «зелёный»; zyr «жёлтый»; zrγwn (заргун) «зелень, овощи»

Агар аз решаҳои суғдӣ асоси zr— «сабз»-ро, ки бо нишондиҳандаҳои шаклӣ – мувофиқати овозҳо ва тартиби онҳо дуруст меояд, интихоб кунем, маънои Заровадк «деҳаи (ҷойи) сабз» мешавад.

zard

«Деҳаи Зард», «Деҳаи Сабз»

Агар овози y-ро дар асоси zyr- сарфи назар кунем ва гумон кунем, ки дар гӯйиш шояд афтида бошад, «деҳаи (ҷойи) зард» хоҳад буд. Он чӣ ки мо ёфтем, ҳамин аст, боқӣ Худо доност.

Бо ин ҳама ҷустуҷӯҳо, мебинам, ки, хонандаи гиромӣ, қонеъ намегардад. Аз ин рӯ, як фарзияи далеронаеро пешниҳод мекунам, ки дар ҷаҳони эроншиносӣ ҳамто надорад ва моли мост. Аз мо бозгӯ кардан, аммо пазируфтанашро намедонам.

Чунон ки Абаев В. И. овардааст, вожаи ’wδ инчунин дар забони суғдӣ маънои «он тараф», «он сӯ», «он ҷо»-ро медиҳад. Муқоиса кунед:
avaδa (авастоӣ) – «он ҷо», «он сӯ», «он гоҳ»;
avada (форсии бостон) — «он ҷо», «он сӯ», «он гоҳ»;
’wδ, wδy (суғдӣ) – «он ҷо», «он сӯ»;
wat, wad (яғнобӣ) – «он ҷо», «он сӯ»;
(хоразмӣ) – «он ҷо»;
wæd (осетинӣ) – «он гоҳ» (1; 63).

Пеш аз ҳама, номи деҳоти ҳамсоя (Искодар ва Дардар) -ро маънидод мекунем. Искодар дар номаҳои кӯҳи Муғ ҳамчун ’sk’trh (’sk’- «баланд»+ trh пасванди қиёсии «-тар») омадааст. Деҳаи Дардар дар ин сарчашмаҳо номбар нашуда бошад ҳам, деҳи бостонист ва номаш суғдист. Банда номи суғдии Дардарро чунин барқарор кардам: ’δr- «зер», «пойин» + trh пасванди қиёсии «-тар». Пас, агар Искодар ’sk’trh «баландтар» бошаду Дардар *’δrtrh «зертар», «пойинтар», пас Заровадк ’zr’wδkh «зард (сабз)-и он сӯ(-и дарё)» бояд шавад. Боқӣ Худо донад!

Адабиёти истифодашуда:

1. Абаев В. И. Историко-этимологический словарь осетинского языка, т. 4 – Л.: Наука, 1989.

2. Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимии. Диссертация на соискание учёной степени кандидата филологических наук. Научный руководитель: д.ф.н., проф. В.А. Лившиц. – Санкт-Петербург, 2004.

3. Смирнова О. И. Каталог монет с городища Пенджикент (Материалы 1949 – 1956 гг.). – М.: ИВЛ, 1963.

4. Якубов Ю. Паргар в VII–VIII вв. н. э. (Верхний Зеравшан в эпоху раннего средневековья). Ответ. редактор Б. Я. Ставиский. – Душанбе: Дониш, 1979.

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

гузориш 16

  1. Дар бораи деҳаи Куруд (ё Куҳрӯд) маълумоте медодед миннатдор мешудем.

    • Салом, Саидаҳмад!
      Маъзурам барои дерӣ.
      Куруд дар ҳуҷҷатҳои суғдии асри VIII ҳамчун krwt [krut] сабт шудааст ва чунон ки дар боло гуфтем, бахши дуюми ном –wt [-ut] маънои «ҷой, деҳа»-ро дорад. Талқини он ҳамчун «кӯҳрӯд» тафсири омиёна аст. Дар асрҳои миёна (то арабҳо) Крут мулки мустақил буд ва ҳокими худро дошт.

  2. Ассаломуалайкум! Ҳазор раҳмат барои хизмататон!

    Zarowadk . Якбор решаи ин калимаро дар забонҳои Помирӣ аз назар намоед , чунки забонҳои куҳнаи Суғдӣ ба ин забонҳо ҳамрадифу ҳамреша бояд бошад.
    Масалан калимаи ZYROWAK , Zirowak. — маънои чароғак дорад .
    ,Zirow ,- Чирағ . Zirow-rawschan !

  3. Ташаккур барои ин маводи пурарзиш!

  4. Аз муаллиф барои ин маводи пурарзиш сипосгузорам!

  5. Беҳтарин мавод оид ба таърихи номи деҳаҳои водии Зарафшон. Ташаккури зиёд ба муаллиф!

  6. Сипосгузорам!
    Як пешниход доштам:
    дар бораи таърихи чуи кози,ки дар тагоб бокимондахояш мавчуд аст,нашр мекардед.
    Ташаккури зиёд.

    • Сипосгузорам, Шерназар! Оиди «Ҷӯйи Қозӣ» мавод мавҷуд аст, вале ба назари банда, он ҳанӯз кофӣ нест. Кӯшиш мекунам, дар моҳҳои наздиктарин онро ба тартиб дароварда ба нашр расонам.

  7. Чаро номи деҳаи Хушекат вуҷуд надорад

    • Салом, Валинеъмат! Азбаски мавзӯи мақола таҳлили номи Хушекатро талаб намекард, ин ном оварда нашуд. Чунки дар саргаҳи Зарафшон бештар аз 500 номи деҳа ва гузарҳо ҳастанд, ки асоси суғдӣ доранд ва шарҳи ҳамаи онҳо дар доираи як мақола ғайриимкон аст.
      Дар ҳуҷҷатҳои суғдии Қалъаи Муғи Хайробод номи Хушекат дар шаклҳои ‘xsyknδh, xsyknδh, ‘xsyktc омадааст. Бояд гуфт, ки дар забони суғдӣ номҳои Хушекат ва Ахсикат – пойтахти Фарғонаи бостон як хел навишта мешуданд..
      Хушекат дар тафсири донишмандони забоншинос аз ду вожаи суғдӣ сохта шудааст.
      1. Вожаи нахустин ‘xsy метавонад ё
      ‘xs – «шаш», ё ки
      ‘xsyn – «кабуд» бошад.
      2. Вожаи дуввум knδh, ktc ба маънои «кат» — хона, «канд» — шаҳр омадааст.
      Пас маънои Хушекат
      1. «6 хона», мисли Даҳкат, Шашкат.
      2. «Шаҳри кабуд» буда метавонад.

  8. Олист, аммо чаро ишорае ба Мазмуни Зарободӣ ва зарободӣ будани ӯ нест? Оё дар ин маврид назарҳои дигаре ҳастанд?

    • Аллоҳқулҷон, миннатпазирам аз илтифотат ба торнамойи банда. Бояд бигӯям, ки ин мақола як боби кӯчакест аз як китоби бузург, ки бо ҳамдастии шумо, агар Худованд бихоҳад ва зиндагонӣ имкон диҳад, азм дорам то фарҷоми умр бинависам. Боби фарзонагони Кӯҳистон, ки Мулло Юсуфи Мазмун, Мулло Яъқуби Фикрӣ ва Ғурбат аз ҷумлаи ононанд, Худо хоҳад, дар пеш аст.

  9. Олист, аммо чаро ишорае ба Мазмуни Зарободӣ ва зарободӣ будани ӯ нест?

  10. Ин як кори мукаммали номзадӣ аст, Худо розӣ бошад.

    • Ташаккур, Афшин! Ин як кори дастҷамъӣ аст. Ту ҳам, дигарон ҳам метавонед саҳм гузоред. Бобҳои алоҳидаи ин китоби бузургро бо номи «Кӯҳистон» бинависед. Зинда бош.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.