Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ.
Амали шодравон Муҳиддин Олимпур.
Ба зодрӯзи ҳазрати Эшони Нақибхон (1865-1919), ки дар таърих бо унвони Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ машҳуранд, 150 сол пур шуд. Ба мо бад магиред, агар хӯшаеро аз хирмани назми Туғрал бароятон меорем, зеро гуфтаанд: «мушт намунаи хирвор аст»
Ғазалҳо
1
Ҳар кас, ки рухи ту дид, ҷоно,
Ошиқ ба ту гашт он замоно.
Мурғи дили сад ҳазор ошиқ
Дар қайди ту шуд зи баҳри доно.
Тири нигаҳат гузашт аз ҷон,
Абруи каҷи ту чун камоно.
Хун шуд дили мо, чаро нагӯйӣ
Ҳарфе зи вафо аз он даҳоно?!
Аз чини ҷабини туст маълум,
Ранҷидӣ зи ошиқон ҳамоно.
Тасдиқ макун, тасаввуре кун
Он нуктаи мо зи душманоно.
Гашта ба ҷаҳон фасона Туғрал
Бо тири маломат ӯ нишоно.
2
Арзи ҳоҷат мекунад дил хусрави нози туро,
Нест қонуни муҳаббат пардаи сози туро!
Чун кабӯтар бисмили шавқи тапидан мешавад,
Аз қазо ҳар кас ки бинад чашми шаҳбози туро.
Рамзи чашмат ин бувад, набвад намудан баъд аз ин
Маҳрами асрори худ он чашми ғаммози туро!
Дар фани эҳё зи шарми аҷз наншинад дигар,
Гар Масеҳо бишнавад оини эъҷози туро!
Афканад қумрӣ ба гардан тавқи доғи бандагӣ,
Дар чаман бошад агар он сарви мумтози туро!
Беадаб, тарсам, ки бинад, бигзарад аз чобукӣ,
Тавсани умрам, агар, хинги сабукбори туро!
Дурри маънӣ кардаӣ, Туғрал, ниҳон ҳамчун садаф,
Фош созад мавҷи ин дарё магар рози туро?!
3
Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро,
Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро?!
Ҳусни хубонро ҷило бошад нигоҳи ошиқон,
Эътиборе нест ин ҷо шамъи бепарвонаро!
Улфатӣ дорад хаёли мори гесуяш ба дил,
Ганҷ бисёр аст, гӯё, хоки ин вайронаро!
Аз сари савдои зулфи ӯ чӣ сон созам гузар,
Эй фусунгар, бо кӣ мегӯйӣ ту ин афсонаро?!
Бо нигоҳе кулбаи эҳзони мо обод кун,
Нест ҷуз мадди нигаҳ меъмор ин кошонаро.
То тавонӣ, дар нигористони чашмаш кун назар,
Эй басо афсун, ки бошад ин аҷоибхонаро!
Туғрал, асрори адаб аз бода равшан мешавад,
Нест ҷуз пири тариқат муршиди майхонаро!
4
Эй баҳори ноз, баҳри зинати гулҳо биё!
Сайри дарё орзу дорӣ, ба чашми мо биё!
Кардаам дур аз рухат тамҳиди сомони ҷунун.
Эй сувайдои диламро дофеи савдо, биё!
Аз вафо дорем ҳар дам орзуи мақдамат,
Ҳар буни мӯ чашми уммед аст, сӯйи мо биё!
Кай бувад биме ба мо з-ин сустмағзони дағал,
Гар биёйӣ ҷониби мо, сахт бепарво биё!
Дил зи ҳиҷрони ту ошуфтаст чун авроқи гул,
Марҳабо, эй ғунчаи ҷамъияти дилҳо, биё!
Нест қонуни муҳаббат сози найранги дуӣ,
Эй тани ман хоки поят, омадӣ, танҳо биё!
Эй хуш он мисраъ, ки, Туғрал, месарояд Бедиле:
«Ё маро аз худ бибар он ҷо, ки ҳастӣ, ё биё!»
5
Ғами ту, то нафас боқист, бо ман ҳар нафас бодо,
Ба ҷуз рӯйи гулат дигар ба чашмам хору хас бодо!
Хаёлам дар шаби зулфат равад ногаҳ ба айёрӣ,
Ба шаҳристони ҳуснат наргиси мастат асас бодо!
Чу фарзин мӯҳраи ишқи туро ҳар кас, ки каҷ бозад,
Агар шаҳрух бувад, сад фили ӯ зери фарас бодо!
Ба роҳи ишқ бандад сорбони шавқи ман маҳмил,
Қумоши нолаи дил ноқаи ӯро ҷарас бодо!
Фалак рӯзе мабодо созад аз банди ғам озодам,
Каманди ҳалқаи зулфи ту он дам додрас бодо!
Агар хуршед дар пешат занад лоф аз дами хубӣ,
Ба гӯши мурғи Анқо ҳамчу овози магас бодо!
Зи боғи назм Туғрал ҷуз гули мадҳи ту гул чинад,
Ҷазои ӯ ба сад хорӣ чу булбул дар қафас бодо!
6
Ҳоҷати ман дар ду олам ҷуз гули рӯйи ту нест,
Равзаи ризвони ман ғайр аз сари кӯйи ту нест.
Аз тавофи Каъбаву дайру ҳарам моро чӣ ҳаз?!
Масҷиду меҳроби ман ғайр аз сари кӯйи ту нест.
Як даме осуда набвад ин дили маҷрӯҳи ман,
Лаҳзае холӣ зи савдои такопӯйи ту нест!
Обутоби сунбули зулфи бутон дидам, вале
Печутоби турраи марғӯлаи мӯйи ту нест!
Бо нигоҳе хонаи дилро мунаввар мекунӣ,
Ваҳ, ки кӯҳли дӯстӣ дар чашми ҷодуи ту нест!
Чашми ибратро кушодам бо тамошои чаман,
Қомати шамшод ҳамчун қадди дилҷӯйи ту нест!
Дидаам имрӯз як-як шоирони рӯзгор,
Шоире чун Туғрали зори дуогӯйи ту нест!
7
Омаду дар пеши ман аз ноз ҷавлон карду рафт,
Хотирамро ҳамчу зулфи худ парешон карду рафт.
Баски селоби сиришкам омад аз ҷӯйи ғамаш,
Қасри бунёди диламро сахт вайрон карду рафт.
Дӯш дидам дар чаман аз ноз ӯро ҷилвагар,
Дасти мо андар гиребон, гул ба домон карду рафт.
Будам имон гарчи дар пайғамбари ҳуснаш, вале
Куфри зулфаш омаду тороҷи имон карду рафт.
Дишаб аз лаъли Бадахшон шуд ҳикоят, лаъли ӯ
Хандае аз нописандӣ дар Бадахшон карду рафт.
Бурқаъ аз рӯ барфиканду чеҳраи худро намуд,
Тоқату сабру қарорам бурду сомон карду рафт.
Кард бо ними нигаҳ ҷони маро аз тан бурун,
Мушкили сахти маро бисёр осон карду рафт.
То ба арзи ҷилва омад дар чаман рӯйи гулаш,
Булбули шӯридаро дар боғ нолон карду рафт.
Эй хушо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Хонаи дил дар сари раҳ буд, вайрон карду рафт!»
8
Сарви ман, боз о, ки то сарви хиромон бинамат,
Ҳар тараф ҷавлон намо, то масти ҷавлон бинамат!
Шуд дилам парвона андар оташи шамъи рухат,
К-аз фурӯғи чеҳра бар он рӯ чароғон бинамат.
Хок шуд дар роҳи ишқат ҳамчу ман бисёр кас,
Аз ғубори ошиқон гарде ба домон бинамат!
Нест ҷуз хоки дарат дорушшифои ошиқон,
Марҳаме дар илтиёми захми ҳиҷрон бинамат!
Дӯш дидам бо ҳазорон ҷилва чун товуси боғ,
Ҳамчу гул имрӯз бо тарфи гулистон бинамат!
Мекашад меҳри рух аз субҳи баногӯши ту дам,
Осмони ҳуснро хуршеди тобон бинамат!
Кай кунад фикри Фалотун имтиёзи набзи мо?!
Дарди бедармони ғамро саҳлдармон бинамат!
Эй хуш он мисраъ, ки, Туғрал, месарояд Бедиле:
«То абад, ё Раб, асои нотавонон бинамат!»
9
Яксар шарори ишқаму оҳам забона аст,
Оинадори дардаму ҳайрат баҳона аст.
Хирман кунед донаи гавҳар зи ашки ман,
Дар ҳар тараф, ки сели сиришкам равона аст.
Эй нохудо, ту лангари киштӣ зи сабр кун,
Баҳри муҳити ишқ аҷаб бекарона аст!
Мо ошиқему шӯҳраи офоқ гаштаем,
Аз мо басе ба олами имкон фасона аст.
Набвад ба сози пардаи «Ушшоқ» зеру бам,
Оҳанги сози нағмаи мо з-ин тарона аст.
Ҳайронам аз хаданги камони расои ӯ,
Ҳар ҷо дилест, тири ғамашро нишона аст.
Ашке, ки мечакад ба раҳи интизори ӯ,
Дар киштзори мӯҳраи уммед дона аст.
Туғрал, гузаштаам зи таманнои қасру ҷоҳ,
Боми фалак, ки бар сари ман сақфи хона аст.
10
Оҳ, аз даври фалак як лаҳза бар комам нашуд,
Қуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд.
Дар ҳавои васли матлаб кардам аз ором рам,
Ҳеҷ амре мӯҷиби таскини оромам нашуд.
Сӯхтам дар оташи ҳасрат чу ҳинду борҳо,
Холи ҳиндуи бутон аз бахти бад ромам нашуд.
Баски нӯшидам басе паймонаҳои заҳри ғам,
Аз майи ишрат, вале, як ҷуръа дар ҷомам нашуд.
То ниҳодам дар паси сайди талаб доми умед,
Мурғи ин ваҳшатсаро дар ҳалқаи домам нашуд.
Хонабардӯши хаёлаш мунтазир шаб то саҳар,
Як тулӯи кавкаби бахт аз лаби бомам нашуд.
Туғралам дар дом шуд з-он ҳар ду бодоми тараш,
Як илоҷи хушкии савдо зи бодомам нашуд.
11
Дил ба тоқи абруи ӯ майпарастӣ мекунад,
Чун кабӯтар дар равоқи Каъба мастӣ мекунад.
Аз баландӣ кай расам дар зурваи он остон,
Толеи иқболи сустам сахт пастӣ мекунад.
Сурма дорад орзу чашм аз ғубори мақдамаш,
Хоки пояшро ҷабинам пешдастӣ мекунад.
Ҳеҷ кас дар ишқи Лайлӣ нест ин ҷо устувор,
Кай чу Маҷнун дигаре даъвои ҳастӣ мекунад?
Аҷз бошад дар талаб шамъи далели муддао,
Сад дуруст аз мумиё як дилшикастӣ мекунад.
Фикри мавзунам кунун, Туғрал, дар иқлими сухан,
Ҳукми девони вазорат чун Маҳастӣ мекунад.
12
Арғувон дар пеши рухсори ту берангӣ кунад,
Ғунча аз хандидани лаъли ту дилтангӣ кунад.
Ҳусни Юсуфро агар Парвин барои имтиҳон
Бо тарозу баркашад, кай бо ту ҳамсангӣ кунад?!
Монии Чин гар бубинад чини абруи туро,
Дар татаббӯъхонаи Чин нақши аржангӣ кунад.
Дар тариқи мадҳи ту, дар соҳати дашти варақ
Ройизи килки ман аз по афтаду лангӣ кунад.
Ҷомае бар қоматат гар аз сухан дӯзам, вале
Сад қабои ноз андар қоматат тангӣ кунад.
Эй гули боғи латофат, аз кадомин гулбунӣ?
Ҳар ки рухсори ту бинад, бубулоҳангӣ кунад.
Навбати хуршед бо рӯйи ту бошад ҳамчунин
Он тасаввурҳо, ки афюн бар сари бангӣ кунад.
13
Эй ғунчадаҳон, лаби ту шаккар,
Дандони ту ҳамчу дурру гавҳар!
Эй орази ту ҳарир аз гул,
В-эй зулфи сиёҳи ту муанбар!
Эй нахли қадат баробари ҷон,
Рухсори маҳат ба ҷон баробар!
Чашмат ба карашма рехт хунам,
Мижгон-т барам кашида ханҷар!
Хубони ҷаҳон фузуну лекин
Монанди ту кас надид дилбар!
Хубӣ ба ту, хатми ишқ бо ман,
Ин ҳар ду шуд аз қазо муқаррар!
Ҳам кишвари ҳуснро амирӣ,
Ҳам мулки қулубро ту сафдар!
Шарманда зи чеҳраи накуят
Гардида ҳама бутони Озар.
Туғрал ба ҳаволаи ду чашмат
Дар дашти фироқ гашта шашдар.
14
Баски андар боғ аз ҷаннат асар дорад баҳор,
Ҷомае ҳамчун пари тӯтӣ ба бар дорад баҳор.
Дам ба дам оинасон дар ишратободи чаман
Шоҳиди гулҳои рангин ҷилвагар дорад баҳор.
Аз хати райҳони лаъли ӯ маро маълум шуд,
Бар лаби дарёи раҳмат нилуфар дорад баҳор.
Мерасонад шир андар коми тифлони набот,
Аз тақозои маволидаш хабар дорад баҳор.
Баста маҳмил ранги гул бар ноқаи боди сабо,
Гӯйиё, з-ин боғ оҳанги сафар дорад баҳор.
Чун нигоҳ дар ошёнаш ҳоҷиби парвоз нест,
Баски аз ранги паридан болу пар дорад баҳор.
Он қадар дар боғ имкон карда сомони карам,
Шохи ҳар нахле, ки бинӣ, пурсамар дорад баҳор.
Аз шуои шӯълаи ҳар сафҳаи гул равшан аст,
Баски аз эъҷози ёқутӣ хабар дорад баҳор.
Дар гиребони тааммул фурсати андеша нест,
Домане аз роҳи суръат бар камар дорад баҳор.
Сад чаман гул гар намояд пеши чашмаш ҷилвае,
Кай ба ғайр аз рангу бӯ мадди назар дорад баҳор?!
Офарин бар мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор!»
15
Чанд рӯзе бар бинои тоқи ғам меъмор бош,
Ё дари уммед шав, ё сурати девор бош!
Ё самуми ҳаҷр шав, ё накҳати базми висол,
Ё хазони бемаҳал, ё равнақи гулзор бош!
То тавонӣ, саъй кун, аз ин чаман берун марав,
Гул шуданҳоят агар мумкин набошад, хор бош!
Нест дар кеши муҳаббат имтиёзи куфру дин,
Риштаи тасбеҳ натвонӣ шудан, зуннор бош!
Орзуи оташи ғам боядат, парвонасон,
Ҳамчу шамъи базми ишрат то саҳар бедор бош!
Пеш аз он афтад туро, эй гул, ба ҷамъият халал,
Ё гулоби шиша шав, ё зиннати дастор бош!
Пеша кун аз базми имкон ихтиёри муштарӣ,
Ёрро ҳамдам наӣ, боре ту бо ағёр бош!
То ба кай з-инкори теғи ӯ ба ноҳақ зистан?!
Ё қабули ин шаҳодат кун ва ё иқрор бош!
Баски бошад ишқбозӣ сарнавишти обрӯ,
Нест номусат агар, бигзар зи фахру ор бош!
Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!»
16
Ҳар киро гар дилбараш бошад, набошад дил бараш,
Дил бараш бошад фидо он ҷо, ки бошад дилбараш.
Моҳи ман ҳар сӯ нишинад, офтоб он ҷо бувад,
Чатри хуршед аст, гӯё, соябоне бар сараш.
Он ки нӯшад дурд, дудашро наменӯшад дигар,
Гар бувад оби зулол аз ҷӯйбори Кавсараш.
Беҳ нагардад фоли иқболи вай аз бурҷи шараф,
Ҳар киро рӯзи азал махсус бошад ахтараш.
Хонақоҳи ишқро, к-аш бошад ӯ рашки ҳарам,
Кай хатибе чун суроҳӣ бошад андар минбараш?!
Пеш аз ин бебок ҷонам буд теғашро араз,
Лек метарсам кунун, хун бошад андар ҷавҳараш.
Тарсамаш, озурда гардад аз камоли нозукӣ,
Гар бувад аз барги гул фарқи қумошӣ бистараш.
Аз пайи таҳрири авроқи хами абруи ӯ
Риштаи қавси қузаҳро соз тори мистараш!
Гар равӣ чун шона андар ҷаъди зулфаш мӯ ба мӯ,
Чун дили Туғрал намеёбӣ дигар дар чанбараш!
17
Эй лаъли лаби ту — ҷони ошиқ,
Абруи кажат – камони ошиқ!
Рӯзу шабу солу маҳ набошад
Ҷуз номи ту бар забони ошиқ!
Бе хандаи лаъли ту нахандад
Як бор зи ғам даҳони ошиқ.
Дар маслахи ишқ сар буридан
Бошад магар имтиҳони ошиқ?!
Бе рӯйи гули ту ҳамчу булбул
Бар чарх расад фиғони ошиқ!
Ҳар гаҳ ба лабон лабон кушоӣ,
Хандад ба лабон лабони ошиқ!
Ту рӯҳи равони ошиқонӣ,
Рафтӣ ту, равад равони ошиқ!
Як бор зи роҳи меҳрубонӣ
Бигзар тарафи макони ошиқ!
Эй шӯх, чаро хабар надорӣ
Аз Туғрали нотавони ошиқ?!
18
Эй зи субҳи оразат шарманда дар гулзор гул,
Пеши рухсорат бувад имрӯз ҷойи хор гул.
Сӯйи гулшан, эй баҳори ноз, бепарво хиром,
К-аз нигоҳат мекунад аз ҳар дару девор гул.
Дар гулистоне, ки ёди шӯълаи дидори туст,
Бишкуфад ҳар лаҳза аз фарёди мусиқор гул.
Кас намебинад кунун дар чорсӯйи эътибор
Ҷуз ҳадиси он гули рӯйи ту дар бозор гул.
То ба рухсори ту шуд оинаи гулшан дучор,
Мекунад таъзими рӯят дар чаман ночор гул.
Домани зулфат ба рух печида, з-он рӯ бишкуфад
Барҳаманро ҳар замон дар гардан аз зуннор гул.
Гар зи миръоти рухат аксе фитад ногаҳ дар об,
Сарв ҷойи барг орад бар лаби ҷӯбор гул.
Панҷи навбат мезанад андар чаман аз шаш ҷиҳат,
Оразу рухсору лаълу хандаат аз чор гул.
Гар кашад ҳар кас зи тасвири ҷамолат як рақам,
Бишкуфад аз панҷааш то ҳашр чун гулзор гул.
Офарин бар мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Ҳайф бошад ҷуз дили ошиқ ба дасти ёр гул!»
19
Ба мизроби дигар қонуни ишқат соз мекардам
Навои пардаи Ушшоқат аз Шаҳноз мекардам.
Чу мурғи бепару болам ман аз афтодагӣ, лекин
Ба сӯят бетаваққуф чун нигаҳ парвоз мекардам.
Ба маҳзи лутф сӯйи кулбаи ман мехиромидӣ,
Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.
Агар мебуд дар ҳаҷри ту ҳамчун кӯҳ тамкинам,
Садое мешунидам аз ту, гар овоз мекардам!
Тағофул монеи асрори лутфаш буду ман ҳар дам
Ба рамзе гӯшаи он чашмро ғаммоз мекардам.
Аз он рӯзе, ки дидам дар фани эҳё лаби лаълаш,
Масеҳо мешудам ман, тарки ин эъҷоз мекардам!
Ҳамерафтам ба Тури ишқи ӯ аз баҳри дидораш,
Чу Мӯсо дар таҷаллигоҳи шавқаш роз мекардам.
Агар дар хоб медидам баногаҳ талъати Лайлӣ,
Ҳазор анҷоми Маҷнунро ба як оғоз мекардам!
Ба базми васл з-ангуштам шамими атр меомад,
Агар банди қабояшро баногаҳ боз мекардам.
Намуданд аз сари кӯйи ту бо ман равзаи ҷаннат,
Намебудӣ ту дар ҷаннат, валекин ноз мекардам.
Хушо аз мисраи султони авранги сухан, Туғрал:
«Ту мерафтию ман сӯзи қиёмат соз мекардам!»
20
Гирифтори каманди он хами зулфи баногӯшам,
Ҳубобосо ба савдои хаёлаш хонабардӯшам!
Адибо, бо ман аз дарси хирад дигар магӯ ҳарфе,
Чу Маҷнун дар хаёли турраи Лайлӣ бувад ҳушам!
Намехоҳам ба ғайр аз давлати дидори васли ӯ,
Агар фарзанди хуршеди фалак ояд дар оғӯшам!
Маро аз зиндагӣ беҳтар, ки мурдан дар таманнояш,
Агар дар ҷоми Ҷам оби ҳаёт ояд, наменӯшам!
Ҳамин шуд сарнавишти қисмати рӯзи азал бо ман:
Қазо аз ҳалқае доғи ғуломӣ кард дар гӯшам!
Набошад дархури ман ҳеҷ лофи нағмаи шавқаш,
Зи ташвири ҳароратҳои ишқи ёр дар ҷӯшам.
Хушо дар пайкари ман кисвати хоки дараш, Туғрал,
Ба ҷойи пераҳан ҷуз ӯ зи олам чашм мепӯшам!
21
То кашад аз рух ниқоб он моҳи симинсоқи ман,
Ғӯта дар ҳайрат занад ин дидаи муштоқи ман.
Тоқи абруяш бидидам, ҷуфти кулфат шуд дилам,
Рафт дар савдои ӯ барбод ҷуфту тоқи ман!
Бар сарам афтода то савдои он ширинсухан,
Месазад, бар Каҳкашон паҳлу занад қалпоқи ман!
Моши дил додем чун гандум ба ишқи ӯ нахӯд,
Қисмати симурғи ғам шуд арзану қӯноқи ман.
Гӯшт аз тан рафт, охир, дар ҳавои васли ӯ,
Монд дар саҳрои ҳиҷрон устухони қоқи ман!
То бидидам соқи симинаш, дилам бемор шуд,
Ҳаббазо, қурбони соқи ӯ тани носоқи ман!
Дар ҷаҳон мисли қадаш чоқам намегирад дигар,
Баски чун сарви қади ӯ рост бошад чоқи ман.
Аз камон бо зарби бозу рост тир ояд бурун,
Шуд рақиби каҷсаодат рост аз шаллоқи ман.
Туғрали авҷи камолам, сайди маънӣ мекунам,
Лафзи бемаънӣ бувад, беҷо макун итлоқи ман!
22
Бо барги рухсори гулат, эй гулбадан, хорам макун,
Нози ғаматро лоиқам, сӯзону дар норам макун!
Озурдаи ишқи туам, н-озору зориро бубин,
Зоре чу ман кам бошадат, бисёр озорам макун!
Сар бохтам ман бо сарат, сарро нагирам аз дарат,
Сардори ишқи бесарам, сардори сардорам макун.
Тӯли каманди кокулат дастам зи дин кӯтоҳ кард,
Бо хоки поят, эй санам, ҷуз зулф зуннорам макун.
Ҷайби қабо кардам қабо якбора аз пайғоми ту,
Монанди аҳвалтинатон ду дидаро чорам макун.
Омӯхтам дарси ғамат, пур шуд маро дар сина ғам,
Дар синаи ман шуд ғамат, дар сина такрорам макун.
Наврас гуло, бо оразат дил додаму орӣ шудам,
Монанди холи оризӣ аз бедилӣ орам макун.
Ман Туғрали зори туам, ёрам, на ағёри туам,
Эй ёр, агар ёри манӣ, дар силки ағёрам макун.
23
Эй фалак, дод аз ҷафоят дар чӣ ҳолам кардаӣ?!
Рост будам чун алиф монанди долам кардаӣ!
Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам,
Зери пойи бешуурон поймолам кардаӣ!
Аз чӣ рӯ, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод,
Қуръаи беэътибориҳо ба фолам кардаӣ?!
Аз ту, эй Ноҳид, гуфторам навои тоза дошт
В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъқуб лолам кардаӣ!
Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун,
Аз чӣ дар рӯзи азал қисмат камолам кардаӣ?!
Эй сипеҳри бемурувват, ин кадомин шева аст?!
Нола месозам зи дастат, то чу нолам кардаӣ!
Буд дар оинаи ман акси сад маънӣ дучор,
Занги ғам бар рӯйи миръоти хаёлам кардаӣ!
Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол,
Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаӣ!
Ҳамдамонам нокасони гӯлу аз дониш тиҳӣ,
Сӯҳбати донишварон амри муҳолам кардаӣ!
Дар ҳавои мӯшикофӣ Туғралам пар мезанад,
То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!
24
Он рӯзи ваъдаи ту сар омад, наёмадӣ,
Нахли умед бар самар омад, наёмадӣ.
Дар интизори ваъдаат андар раҳи Бухор
Мадди нигаҳ зи дида баромад, наёмадӣ.
Гуфтӣ, ки меравам ба Самарқанд назди ту,
Биллаҳ, маҳалли найшакар омад, наёмадӣ.
Баҳри нисори мақдамат, эй гулшани сухан,
Ҷон аз тани фусурда баромад, наёмадӣ.
Бо Туғрал аз навиди ту Анқо паём дод,
Бар гӯшам аз най ин хабар омад, наёмадӣ.
25
Бо лаби лаъли ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ,
Бигзарад пеши ту аз даъвии шаккаршиканӣ.
Сунбули зулфи туро бод парешон созад.
Бишканад амбари сороиву мушки хутанӣ!
Гарчи абруи ту шуд қиблаи ислом, вале
Бути бутхонаи Чину санами аҳриманӣ!
Сурхии бираи танбули лабатро дида,
Хуни ҳасрат хӯрад аз рашк ақиқи яманӣ!
Ҳеҷ дар боғи ҷаҳон гул набувад чун рӯят,
Эй гули боғи латофат, зи кадомин чаманӣ?!
Даҳанат вақти сухан гар гуҳарафшон гардад,
Нархи хармӯҳра шавад қимати дурри яманӣ!
Ба ман омад зи қазо хатми тамомии сухан,
Хатм шуд бо ту чунон даъвии симинзақанӣ!
Ғунча, дар боғ агар, лаъли лабатро бинад,
Назанад лоф ба пеши ту зи кӯчакдаҳанӣ!
Гарчи нанг аст туро ошиқии Туғрали мо,
Ба Худо шукр кунам, з-он ки ту маъшуқи манӣ!
Мустазод
Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро
Чун мӯъҷизи Исо,
Тӯтӣ шуда ҳайрони суханҳои ту, ҷоно,
Бо он лаби гӯё.
То бо қади шамшод гузаштӣ сӯйи гулшан
Қумрӣ ба фиғон шуд,
Наргис пайи наззора шавад дида саропо
Аз баҳри тамошо.
Аз шарми ҷамоли ту шуда Юсуфи Мисрӣ
Дар зовияи чоҳ,
Савдои ту доранд ба сар Вомиқу Узро
Танҳо на Зулайхо.
Пироҳани гул дар чаман аз дасти ту чок аст
Аз фурқати рӯят,
Хун баста дили ғунча зи лаъли ту ҳамоно
Чун бода ба мино.
Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон
Овард насиме,
Савсан ба забон таъна зад оҳуи Хиторо
З-он рафт ба саҳро.
Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст
Растан натавонад,
Занҷир бувад ҳар сари мӯ пойи ҷунунро
З-он зулфи мутарро.
Мухаммас
Маҳро чӣ муносибат ба рӯят,
Гулро чӣ масал ба рангу бӯят?
Оташ нашавад ҳарифи хӯят,
Фирдавс намунае зи кӯят,
Бинад ба чаман қади накуят,
Сулсул биравад зи боғ сӯят.
Ё раб, чӣ бало ту нозанинӣ,
Меҳри фалаку маҳи заминӣ,
Сар то ба қадам ту ангубинӣ,
Ангуштари ҳуснро нигинӣ,
Оина фитад агар ба рӯят,
Ҳайрон шавад аз рухи накуят.
Рухсори ту таъна карда бо гул,
Чоҳи зақанат ба чоҳи Бобул,
Зулфи сияҳат ба ҷаъди сунбул,
Тарзи нигаҳат ба нашъаи мӯл,
Гул ҷома дарад зи шавқи рӯят,
Анбар шиканад зи қадр мӯят.
Заҳри ғами ишқи ту чашидам,
Роҳат сари мӯ зи ту надидам,
Бори аламат басе кашидам,
То он ки ба ошиқӣ расидам,
Эй он ки манам дар орзуят,
Рӯзону шабон ба ҷустуҷӯят.
***
Аз рухат оина, то лаззати дидор гирифт,
В-аз нигоҳи дигарон ҷониби худ ор гирифт,
Хоки раҳ аз қадамат рутбаи гулзор гирифт,
Аз ту гулҳои чаман зиннати дастор гирифт.
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
То нишастам ба раҳат баҳри таманнои висол,
Дида вақфи ту намудам шабу рӯзу маҳу сол,
Бе ҷамоли ту маро зиндагии даҳр муҳол,
Аз мани дилшуда як бор напурсидӣ ҳол!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Чанд нолам зи гули рӯйи ту чун булбули зор,
Ҳамчу парвона занам болу пари хеш ба нор?
Бурда савдои ту яксар зи дилам сабру қарор,
Ранги рухсори маро бину ба ҳолам раҳм ор!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Килки тақдир, ки тасвири ту мекард рақам,
Дар азал дар хати ӯ ман ба ту будам тавъам,
Доштам бар сари худ ишқи ту дар мулки адам,
Аз чӣ бисёр ба мо сози навозишҳо кам?!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Гиряам аз ғами ҳаҷрат ба ҷаҳон тӯфон кард,
Шабнами ашк аз он ҷо ба сари мижгон кард,
Ҷӯши ин сели бало қасри дилам вайрон кард,
Оқибат доғи ту бо хок маро яксон кард!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Ҷайби номуси маро субҳсифат чок задӣ,
Аз нигаҳ тири ғазаб бар дили ғамнок задӣ!
Ноз гуфтӣ, ба дилам ханҷари бебок задӣ,
Бурдӣ бар авҷу миёни ҳама дар хок задӣ!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Туғрали зораму умрест ҳаводори туам,
Ҳамчу Мансури аналҳақ ба сари дори туам,
Рӯзу шаб аз дилу ҷон толиби дидори туам,
Гар парешонаму ошуфта, вале ёри туам!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
МУСАДДАС
Маҳро чӣ муносибат ба рӯят!
Гулро чӣ масал ба рангу бӯят?!
Оташ нашавад ҳарифи хӯят,
Фирдавс намунае зи кӯят,
Бинад ба чаман қади накуят,
Сулсул биравад зи боғ сӯят!
Ё Раб, чӣ бало, ту нозанинӣ,
Меҳри фалаку маҳи заминӣ,
Сар то ба қадам ту ангубинӣ,
Ангуштари ҳуснро нигинӣ!
Оина фитад агар ба рӯят,
Ҳайрон шавад аз рухи накуят!
Рухсори ту таъна карда бо гул,
Чоҳи зақанат ба чоҳи Бобул,
Зулфи сияҳат ба ҷаъди сунбул,
Тарзи нигаҳат ба нашъаи мул!
Гул ҷома дарад зи шавқи рӯят,
Анбар шиканад зи қадри мӯят!
Заҳри ғами ишқи ту чашидам,
Роҳат сари мӯ зи ту надидам,
Бори аламат басе кашидам,
То он ки ба ошиқӣ расидам,
Эй он ки манам дар орзуят,
Рӯзону шабон ба ҷустуҷӯят!
Ғайр аз ғами ту ба сар надорам,
Дар ишқи ту зору беқарорам,
Васфи ту бувад ҳамин шиорам,
Дар гулшани мадҳи ту ҳазорам!
Ҳарчанд на маҳрамам ба кӯят,
Шодам ба ҳадиси гуфтугӯят!
Эй рӯйи маҳи ту офтобам,
Печу хами зулфи ту танобам,
Ҳар қатраи шабнамат гулобам,
Дар оташи ишқи ту кабобам!
Фарёд зи дасти хулқу хӯят,
Як ҷуръа надидам аз сабуят!
Нахлест қадат зи боғи хубӣ,
К-аш таъна занад ба сарву Тӯбӣ,
Юсуф ба дарат ба хокрӯбӣ,
Ҷӯёни ту шарқию ҷанубӣ,
Дар ҳар чаманест обрӯят,
Дар ҳар ватанест гуфтугӯят.
Як бор напурсӣ ҳоли Туғрал,
Маҳҷур ту аз висоли Туғрал,
Доим туӣ дар хаёли Туғрал,
Донӣ ту агар камоли Туғрал,
Аз лутфу карам барӣ ба сӯят,
Ҳамдам кунӣ бо сагони кӯят!
Ташаккури зиёд..САЛОМАТУ САРБАЛАНДУ КОМЁБ БОШЕД
Шумо низ!
АХСАН!!!
Ташаккури зиёд,ман дер боз ин шеърхоро мекофтам! Кош мисли Шумо номбардорони халки точик зиёд мебуданд.Кош шеърони шоирони аз назар дурмонда хам ба табъ мерасид.
Ташаккур.
БЕХТАРИН!
Ташаккури зиёд.
Пешниходи ман:
хеле мехостам «Наврузнома»ва»Касидаи бузургон»(Хонаи хасти,ки асосаш фаност,
бому дараш чумла ба души хавост…) низ дар ин сахифа нашр мешуд.Сипосгузорам!
Бисёр хуб, Шерназар, марҳамат:
НАВРӮЗНОМА
Ало, эй он, ки шуд иқбол ёвар,
Ба суккони дарат алтоф бовар!
Туӣ пушту паноҳи халқи олам,
Ба дилрешон туӣ пайваста марҳам.
Ба расми тӯҳфа кардам нусхае чанд,
Ба номат аз камоли лутф бинанд.
Ба ҳад соле зи ҷумъа то душанбе(ҳ)
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.
Агар шанбе ояд рӯзи Наврӯз,
Бувад он сол пурбарф, эй дилафрӯз!
Бувад он сол хушку нарх арзон,
Агарчи камтар орад абр борон.
Бувад нуқсони дахлу мева камтар,
Шавад дар соли дигар ғалларо бар.
Валекин кӯдаконро марг бошад,
Аз он нахли падар бебарг бошад.
Агар Наврӯз дар якшанбе ояд,
Ба назми ин сухан фикре биёяд.
Зимистон тангу сармо саҳл бошад,
Ба сарҳо кай ситези ҷаҳл бошад?!
Шавад борони бисёре баҳорон,
Шавад тағйири пунба, ғалла арзон.
Валекин мевааш бисёр гардад,
Баҳори хуб, пур анбор гардад.
Агар душанбе ояд рӯзи Наврӯз,
Ба некиҳои ғалла чашмро дӯз.
Зимистон хушку сармо сахт ояд,
Зимистон пӯстин пуррахт бояд.
Шавад он сол дахли ғалла некӯ,
Вале султон ба лашкар оварад рӯ.
Шавад он сол нархи ғалла арзон,
Агарчи мешавад дар ғалла нуқсон.
Намедонад касе онро, ба ҳар ҳол,
Шавад ғалла гарон дар охири сол.
Агар Наврӯз дар сешанбе ояд,
Яқин, он сол сар то сар беҳ ояд.
Шавад он сол пурборону пурбарф,
Ба арзонии ғалла меравад ҳарф.
Халоиқ ҷумлагӣ осуда бошанд,
Ҳама кас дар фароғат буда бошанд.
Шавад мева қалилу ғалла бисёр,
Бувад беморию марг андак, эй ёр.
Агар шуд чоршанбе рӯзи Наврӯз,
Мапурс аҳволи сол, эй марди дилсӯз.
Дар он сол, эй бародар, ғалла корӣ,
Шавад некӯ зи борони баҳорӣ.
Шавад ғалла талаф чунки дар он сол,
Миёна бошад исм он солро ҳол.
Набошад нархро охир қароре,
Ба мардум марг бошад бешуморе.
Агарчи мардумон гарданд беҷон,
Валекин бештар марги бузургон.
Агар Наврӯз дар панҷшанбе ояд,
«Наку сол аст ин» гуфтан нашояд.
Зимистон сахт ояд, мева бисёр,
Валекин кори ғалла саҳл, эй ёр.
Дар он сол, эй бути фархундадидор,
Шавад нархаш гарону марг бисёр.
Агар дар ҷумъа ояд рӯзи Наврӯз,
Зи ҳайронӣ шунав, ин назм омӯз!
Зи ғалла баҳрае гиранд мардум,
Зи ҳар ҷинс аз ҳама беҳтар зи гандум.
Шавад дар мардумон кам мева хӯрдан,
Шавад бо кӯдакон бас маргу мурдан.
Ду-се байт аз Нақибе ёдгор аст,
Чаро к-ин аҳли ҳикматро ба кор аст.
Рафиқо, аз карам ҳар гаҳ ки хонӣ,
Ба сомоне дуое мерасонӣ!
***
ҚАСИДАИ БУЗУРГОН
Хонаи ҳастӣ, ки асосаш фаност,
Бому дараш ҷумла ба дӯши ҳавост.
Акси суоли ту ҷавоби ту шуд,
Ҳар чӣ аз ин кӯҳ шунидӣ, садост.
Чанд шавӣ бонии тӯли амал,
Қасри вуҷуди ту, ки бемуттакост?!
Нест ба ҷуз пардаи мизроби ғам,
Зеру бами нағмаи мо з-ин навост.
Сӯхтанам хандаи парвона шуд,
Шамъ кунад гиря ба ҳолам, равост.
Меравам аз хеш чу бӯйи суман,
Лек хами зулфи ту занҷири пост.
Баски зи баҳри ту шудам ҳамчу най,
Нолаи ҳар банд зи бандам ҷудост.
Нест касе додраси ҳоли ман,
Ҳамдами шабҳои фироқам Худост.
Дар паси шоми ғамам аз меҳри ту,
Субҳи баногӯши туам раҳнамост.
Вой, ки ман бе ту қазо мекунам,
Дар хами абрут намозам адост!
Ном бувад бо ҳама инъоми ту,
Зулфи ту махсус, валекин ба мост.
Гарчи дар авҷи фалакам чун ҳилол,
Ҳосилам аз ишқи ту қадди дутост.
Даст кашидӣ зи паём, эй насим,
Ё магар андар кафи поят ҳиност?!
Раҳм намо, зомини хунам машав,
Туғрали моро, ки ҷаҳон хунбаҳост!
Кӯҳ бувад гарчи ба Туғрал ватан,
Дар ҷабали назм шигарф аждаҳост.
Кист чу ман фориси майдони назм,
Гӯйи сухан бо киву чавгон кирост?!
Нест маро фикри фарозу нишеб,
Кӯҳу биёбон ҳама яксон марост!
Хоҳам агар мисрае андар қалам,
Чанд ғазал қофия ҷавлоннамост.
Ҳар кӣ кунад даъвии ҳамсангиям,
Паллаи мизони вай андар ҳавост.
Модари айём назояд чу ман,
Ҳайф, ки луълӯи сухан камбаҳост.
Хондаму дидам сухани шоирон,
Он чӣ ки гуфтанду навиштанд рост.
Бод ба дарёи сухан офарин,
Бедили доно, ки аз ў нуктаҳост!
Хотаму пайғамбари аҳли сухан,
Мӯъҷизаи ӯ ҳама таблиғҳост.
Оҳ, ки Фирдавсию Ватвот ку,
Ҳазрати Саъдию Низомӣ куҷост?!
Анварию Ҳофизи туғро чӣ шуд,
Хоҷа Камоли суханозмост!
Носири Хусрав, ки нарӯяд чу ӯ,
Дар фанни ҳикмат ҳамаро раҳнамост.
Мавлавии Рум надонад арӯз,
Лек надими ҳарами кибриёст.
Ҳаст сухан гарчи зи Қатрон басе,
Абри ҳикамро суханаш қатраҳост.
Назми Арӯзӣ, ки ба айни сухан
Дар рамади қофия чун тӯтиёст.
Гар набувад Ҷомӣ қасоидсаро,
Лек чу ӯ маснавигӯе куҷост?!
Хусрави ширинсухани кӯҳкан,
Лек ба кӯҳи суханаш қуллаҳост.
Носири дигар, ки бухорист ӯ,
Камсухан аст, лек гумонаш расост.
Чини суханрост чу Хоқони Чин,
Чинии назмаш ҳама рангинсадост.
Гарчи Бисотӣ зи Самарқанд буд,
Гар суханаш қанд бигӯйӣ, равост!
Сӯзанӣ хайёти сухан шуд, вале
Бахяи ҷайби суханаш аз ҳиҷост.
Тӯтии Туршезии шаккаршикан
Дар шакаристони сухан хушнавост.
Лутфии шоир, ки Нишопурӣ аст,
Хотами ӯро ҳама фирӯзаҳост.
Нест назире ба Назирӣ дигар,
Бештар аз гуфтаи ӯ мадҳҳост.
Садри маонӣ, ки ба садри сухан
Садрнишин дар бари Хоразмшост.
Мисри суханрост Муиззӣ азиз,
Найшакаре чун қади ӯ барнахост.
Буд Саноӣ зи шоир ҳудо,
Он чӣ ки гуфтаст, зи ҳамду саност.
Гарчи Разӣ шоири ошиқваш аст,
Розӣ аз ин шева ба ишқи Худост.
Заврақи баҳри сухан аст Азрақӣ,
Шеваи ӯ дур зи зарқу риёст.
Гарчи ки Шаттоҳ бузург аст, лек
Кори сухан дигар аз ин корҳост.
Ҳаст Камоли дигаре з-Исфаҳон,
Теғи забонаш сухани хушҷилост.
Гуфтаи Салмон ҳамаро дидаам,
Шоири хушлаҳҷаи ширинадост.
Унсурию Асҷадию Фаррухӣ
Нағмаи ҳар се ҳама аз як садост.
Хоҷа Камол аст агар муддаӣ,
Даъвии ӯ дур аз ин муддаост.
Ӯ кию бо Саъдӣ муқобил шудан?!
Бин, ки тафовут зи куҷо то куҷост?!
Нағмасаро Булҳасани Рӯдакӣ,
Гунбади чарх аз суханаш пурсадост.
Мушфиқӣ дар давлати Абдуллаҳӣ,
Сиккаи нақди суханаш норавост.
Гуфти Заҳирӣ бувад андак, вале
Дар ками ӯ маънии бисёрҳост.
Он чӣ сухан ҳаст зи Хоҷу нишон,
Бар варақи даҳр вале як-дутост.
Муддаии назм, ки Амъақ бувад,
Тарзи тахаллус ба каломаш гувост.
Мондаст аз Ваҳшӣ ду-се маснавӣ,
Сайди сухан улфати ваҳшӣ куҷост?!
Гарчи на дилҷӯст каломаш, вале
Воизи Қазвинӣ насиҳатсарост.
Шоҳӣ бурун гаштаст аз Сабзавор,
Боғи каломаш барӣ аз сабзаҳост.
Соиби девона суханҳои пуч
Ҷамъ намудаст, ки девони мост.
Ҳайф зи Қоонии ширинсухан,
Дар чамани назм аз ӯ рангҳост.
Гарчи на ӯ суннию ман шииям,
Лек сухан ории ҳар моҷарост.
Аз паси Бедил ба сухан ҳамчу ӯ
Мазҳари асрори маонӣ куҷост?!
Нест ҳасад шеваи аҳли ҳунар,
Аз сари инсоф гузаштан хатост.
Доди сухан доду гузашт аз ҷаҳон,
Гуфтаи ӯ ҳикмати ҳар кимиёст.
Носири дин, Хусрави Эронзамин,
Дод, ҳар он чиз дили ӯ бихост.
Ин чӣ тариқи караму бахшиш аст,
Як силаи мадҳ тумони тилост?!
Чун нашавад ҷавҳари теғаш баланд,
Ҷавҳари фӯлод зи устодҳост.
Гарчи Зуҳурӣ ба зуҳур омадаст,
З-омадану рафтани ӯ ғам кирост?!
Субҳи таҷаллӣ зи Хутан сар кашид,
Нофаи назм аз суханаш кимиёст.
Он чӣ Адо гуфта ба девони хеш,
Гуфтаи ӯ лек зи маънӣ адост.
Шоираи бокира, Махфисухан,
Духтари шаҳ, шӯҳра ба Зебуннисост.
Кист Ҳилолию Зулолӣ ба ҳам,
Наргисию Мактабӣ дар кӯчаҳост!
Гуфтаи Шавкат ба шикасти сухан
Муми сиёҳ аст, на чун мумиёст!
Чанд ғазал гуфтаи Носиралист,
Бар дари султони сухан ӯ гадост.
Булфараҷ, он шоири маънибаланд,
Анварӣ дар даъвии назмаш гувост.
Шайх Абӯтолиби Аттор ҳам
Субҳи сухан аз нафасаш атрҳост.
Мирҳусайн аст зи содоти Ғур,
Лек ба токи суханаш ғӯраҳост.
Гар Асадӣ дар фалаки назм буд,
Як тане аз сабъаи сайёраҳост.
Афлаҳи шоир, ки шакарганҷӣ аст,
Аз суханаш махзану ганҷинаҳост.
Хоҷаи бузрук Ҳасани Деҳлавӣ,
Ҳусни суханро зи каломаш гувост.
Дар фанни ашъор бувад ӯ ваҳид,
Авҳадӣ ҳарчанд ки аз авлиёст.
Фитрат агар ҳамдами Бедил бувад,
Ҳолааш андар маҳи Бедил суҳост.
Нест ба туркӣ чу Фузулӣ дигар,
Бода ҳамон бода бувад, ҳар куҷост.
Уммари Хайём наку шоир аст,
Беғазал аст, лек рубоисарост.
Рафт Умедӣ зи ҷаҳон ноумед,
Тавсани Бисмил ҳам аз ӯ қаҳқарост.
Рукни Нишопурии аркони назм
Аз сухани ӯ дару деворҳост.
Маскану маъвои Имомӣ Ҳарист,
Муқтадии Саъдӣ, имони ҳудост.
Шайхи наку Озарии хушсухан,
Шаъшаъаи шеъри вай аз шӯълаҳост.
Урфӣ, ки аз урфи сухан ғофил аст,
Машҳади назмаш сухани Карбалост.
Буд Ироқӣ зи Ироқи Аҷам,
Сози «Ироқ»-аш арақи ин навост.
Ҳотифӣ гуфтаст яке маснавӣ,
Маснавии ӯ ҳама афсонаҳост.
Нозими бечора ба навъи сухан
Хӯшакаши хирмани маънинамост.
Лек ба як маснавӣ ду ҳафт сол
Шуғл намудан на зи фикри расост.
Аҳлӣ, ки буд аҳли каломи рақиқ,
Аҳлану саҳлан ҳама бемарҳабост.
Толиби Омул, ки надорад амал,
Аз амали назм каломаш ҷудост.
Мӯҳташам ар рафт пайи Анварӣ,
Рӯз сафед аст, пайи ӯ сиёст.
Беҳ, ки Умар лофи сухан кам занад,
Гулшани ӯ маҷмаи хору гиёст!
Ори ман ояд сухан аз дигарон,
Маснади шаҳ орӣ аз ин бӯрёст.
Лек кунун як-ду-се тифланд хурд,
Саъй намоянду расандаш, сазост.
Гар нараванд аз пайи тавшеҳу ҳазл,
Ҳазлу хурофот зи шоир хатост!
Ҳамди Худованд ба ҷой оваранд,
Мақсад аз шоирӣ ин муддаост.
Шарҳ кунанд матни саноеъ ҳама,
Фош кунанд, он чӣ ки андар хафост.
Меҳрсифат гар бикунанд тарбият,
Осафи сонӣ, ки вазоратпаност.
Мӯътамадӣ подшаҳи мулку дин,
Мўътамани хусрави кишваркушост.
З-он ки чу Ҳотам ба карам номи ӯ,
Шӯҳра ба офоқ ба ҷуду сахост.
В-он ки ба илму адабу фазлу ҷоҳ
Сонии иснайн ба зилли Худост.
Он ки туӣ соҳиби девони шаҳ,
Ҷуз ту дигар соҳиби девон куҷост?!
Аз пайи осойиши ислому дин
Ин ҳама тадбиру мувосо куҷост?!
Бин, ки Алишери Навоӣ чӣ кард,
Булбули бисёр аз ӯ дар навост!
Буд дараш маҷмаи арбоби фазл,
То ба кунун аз карамаш қиссаҳост.
Пояат аз пояи ӯ нест паст,
Дастгаҳат беш аз он дастгост.
Гар ба фалак шаққаи ӯ мерасад,
Парчамаш андар аламат як ливост,
Гар шаҳи ӯ буд амири Ҳирот,
Ин шаҳи мо хусрави олитабост.
Ҳазрати шоҳаншаҳи мулки Бухор,
Қадр-ш фузун аз писари Бойқарост!
Пас, зи чӣ рӯ менакунӣ тарбият,
Эй ки туро давлати бемунтаҳост?!
Аҳли каломе, ки ба асри туанд,
Суннати пешин на дигар з-ин адост.
Баски дар ин аср бузурги ҳама
Ҳазрати ваҳҳоҷи асолатпаност.
Камтарин аз камтари маддоҳи ту
Туғрали Аҳрории рангиннавост.
Бод туро давлати насруллаҳӣ,
Хатм ба номи ту кунун ин дуост.
Офарин! Хусусан мусаддаси (он мусаддас аст на мухаммас) «Махро чи муносибат ба руят»-ро хеле вакт боз чустучу мекардам. Хеле хурсанд кардед. Офарин!
Халолат бод!