Дӯшорам

dushoram

Дӯшорам ин ишқ аст ба забони паҳлавӣ. Дӯшорам ин доди Худованд танҳо ба касе дастрас аст, ки дили поку дӯстдор, ҳассосу бекина дораду баргузидаи Парвардигор аст. Дӯшорам – ин дард асту дармон, умед асту ормон, тимори ҷудоисту шодии дидор, бахшояндагисту ранҷишу озор. Дӯшорам ин пайванди меҳри заминист бо худфидоӣ, ки дар байни тоҷикон бо шеър ифода мегардад. Миллионҳо сатри шеъри форсӣ сарояндаи дӯшорам аст.

РУБОИҲОИ МАРДУМӢ

Аз кӯча гузар накун, ки мо дар бомем,
Бар мо сухане накун, ки мо бадномем.
Ҳар боре тура бинем, пушт гардонем,
Дар дил нагирӣ, ки сӯхтаву бирёнем.
***
Дар сараки санг шинум, тура ёд кунум,
Монандаки кавги тока фарёд кунум.
Кавго хама ҷӯра-ҷӯра кардан парвоз,
Ма ҷӯраи ҷон гӯюму фарёд кунум.
***
Эй ҷӯраи ҷон, бе ту ҷаҳонро чӣ кунам,
Бе ту гули сурхи арғувонро чӣ кунам?
Бе ту гули сурхи арғувон бисёрай,
Дил майли ту дорад, дигаронро чӣ кунам?!
***
Ҷонона, баҳори хуррамира чӣ кунум,
Ма бе ту хаёту зиндагира чӣ кунум?
Мардум ай худо умри дароз металабан,
И умри дарози ғамқатира чӣ кунум?!
***
Ман рӯйи тура бинум, Наврӯз кунум,
Шавма ба сари санги сиё рӯз кунум.
Шавум ба сари саиги сиё рӯз нашуд,
Ҷонакма фидои ёри дилсӯз кунум.
***
Эй, бе ту маро баҳору Наврӯз мабод,
Эй, бе ту маро умри ба як рӯз мабод.
Умре, ки маро бе ту худо бахшидаст,
Як лаҳзаву як соату як рӯз мабод.
***
Ман булбуламу баҳора дӯст медорам,
Себаргаю лолазора дӯст медорам.
Себаргаю лолазор дар боғи шумо,
Ҷонона, фақат шумора дӯст медорам.
***
Як села кабӯтарем, як села ҷидо,
Порина ба ҳам будем, имсол ҷидо.
Порина ба ҳам будем, ба ҳам мегашгем,
Имсол ҷидо шидем, ба ғам пайвастем.
***
Олучаву олучаву зардолуча,
Ёракма касал меган, зиқум, оча.
Гуфтум, биравум, ай болинуш бардорум,
Нолиш мекуна, тоқат надорум оча.
***
Оҳе бикашам, дили кабӯтар сӯза,
Дар сояи санг сунбули тар сӯза.
Як бор агар ба ёди ту нола кунам,
Аз нолаи ман барги санавбар сӯза.
***
Шинум ба баландӣ, ман тура ёд кунум,
Оюм ба гузаргаҳи ту, фарёд кунум.
Оюм ба, гузаргаҳут, ҷавобум надиҳӣ,
Хокои ҷаҳона дар сарум бод кунум.
***
Дар қади ниҳоли навниҳолат ҷонам,
Дар рӯйи сафеди беғуборат ҷонам.
Не хонаи хуб дорию не шӯйи бадил,
Дар умри дарози пуразобат ҷонам.
***
Эй ёри азиз, ман хоки роҳат бошам,
Қурбони ду чашмони сиёҳат бошам.
Ханҷар бикашу бизан миёни дили ман,
Дар бегунаҳӣ худам гувоҳат бошам.
***
Дар сояи бед шиштай, бед зарбедай,
Ду зулфи сиёт монанди маҷнунбедай.
Ду зулфи сиёт ҳалқа задай, ҳуй додай,
Ай шиштани пешорут дилум баъмедай.
***
Себе, ки ба ман додӣ, тамомаш холай,
Аҳде, ки ба ман кардӣ, дилам абгорай.
Аҳде, ки ба ман кардӣ, худат медонӣ,
Бадаҳдӣ кунӣ, дар охират дармонӣ.
***
Хонай лави бора чӣ дуде дора,
Пайғоми нумози шом чӣ суде дора?
Ин чо, ки будум, ҳаргиз намекардӣ ёд,
Баъди рафтанум гила чӣ суде дора?!
***
— Садбарги сафеди ман, чаро зард шудӣ,
Е дил ба касе додӣ ё қалб шудӣ?
— Не дил ба касе додаму не қалб шудам,
Ғамҳои туро хӯрдаму рангзард шудам.
***
Эй ҷони касе, ҷони касе, ҷони касе,
Моро набувад ғайри ту армон ба касе.
Ҳиҷрони ту оташ асту мо ҳамчун хас,
Месӯзему дам намезанем пеши касе.
***
Чашмони ту оҳубаррара мемона,
Рӯят гули шабнамзадара мемона.
Ҳар кас, ки ба болини ту сар мемона,
Дар нозу карашмаи ту дармемона.
***
Чашмони шумо ба чашми оҳу монад,
Рухсори шумо ба ранги олу монад.
Рӯзе ки шумо аз назарам дур шавед,
Ранги рухи ман ба ранги қоқу монад.
***
Шӯроширинак, худо бута ҷазота,
Дил додану по кашидани беҷота.
Як моҳ мешава, ки мехӯрум ғамота,
Аҳволи дилум кӯр куна чашмота.
***
И духтари сарҳадӣ, мағзи гандум,
Ма ай ту ҷудо шидум ба лавзи мардум.
Ма ай ту ҷудо шидум, дилум девона,
Шарм ай падарут дорум, таън ай мардум.
***
Ман омадани кӯйи туро бас кардум,
Ман дастма ба домони ту, нокас, кардум.
Ту кас набудӣ, ба нокасо дил бастӣ,
Гар қибла шавӣ, намозро бас кардум.
***
Дар боғ даром, сайли гули лола кунам,
Булбул шаваму ҳазору як нола кунам.
Дар хондани дарс, агар ба ёдам бирасӣ,
Монам сабақа, дарди туро нола кунам.
***
Дил дар сари зулфи дилбарон аст ҳанӯз,
Ин қиссаи ишқ дар миён аст ҳанӯз.
Гуфтем, ки мову дил яке пир шавем,
Мо пир шудем, дил ҷавон аст ҳанӯз.
***
То ҷон дорам, аз ту ҷудоӣ накунам,
Ҷуз ғайри ту бо кас ошноӣ накунам.
Бо ваъдаю паймони ту шинам сад сол,
Сад соли дигар аз ту ҷудоӣ накунам.
***
Аз омаданат агар хабар медоштам,
Дар рӯйи раҳат гули суман мекоштам.
Гул мекоштам, гули гулоб мекоштам,
Хоки қадамат ба дида мебардоштам.
***
Ошиқӣ накун, ки ошиқӣ бадбахтай,
Ошиқ ба мисоли чомаи наврахтай.
Ошиқ, ки шудӣ, мегӯй, дунё ба манай,
Гоҳе бинй, гоҳе набинӣ, сахтай.
***
Маҳтоби шабасту ман ба кӯят нарасам,
Аз хандаи ширини ту ман дар ҳавасам.
Ман дар ҳавасам, чу булбули дар қафасам,
Оё ба муроди дил расам ё нарасам?!
***
Дар таҳаки долони ту айвон дорум,
Як лаҳза ба шиштани ту ормон дорум.
Як лаҳза бишину бишкана ормонум,
Сар дар бағалут монум, шавад дармонум.
***
Аз ёраки бевафо ҷудоӣ беҳтар,
Аз давлати нобуда гадоӣ беҳтар.
Ёре, ки надорад заррае меҳру вафо,
Бо ӯ накунад кас ошноӣ, беҳтар.
***
Ёди ту кунам, сари забонам сӯзад,
Гар сабр кунам, тамоми ҷонам сӯзад.
Сиррест, ки пеши кас натонам гуфтан,
Мағзам ба даруни устухонам сӯзад.
***
Аввал ба ту, бевафо, чаро дил бастам,
То аз ту чудо шудам, ба ғам пайвастам.
Дидам, ки намешавад муродам ҳосил,
Охир ба дилам санги қаноат бастам.
***
Як бор напурсидӣ, ки ҳолат чун аст,
Хобат чӣ тариқ асту хаёлат чун аст.
Як соати шаб, ки инчунин дуру дароз,
Рӯзу шабу ҳафта, моҳу солат чун аст?!
***
Чашмонат сиёҳ, суратат кабги дарӣ,
Рухсора чу моҳ кардаю менигарӣ.
Бар мо манигар, мо ғарибему равӣ,
Касро бинигар, ки доимаш менигарӣ.
***
Эй гули бунафша, дар биёбон чунй,
Тоҷи саракои навҷувонон, чунй?
Мо зинда дар ин диёр ғамкушта шудем,
Ҳолӣ ту дар он диёр бе мо чунӣ?!
***
Аз ранги рухат нишони атлас пурсам,
Аз чашми хушат хумори наргас пурсам.
Сад рӯз набинию напурсӣ зи касе,
Як лаҳза набинамат, зи сад кас пурсам.
***
Аз кӯча гузар ман аз барои ту кунам,
Наззора ба чашмони сиёҳи ту кунам.
Дидам, ки нишастаӣ миёни сад кас,
Сад касро салом ман аз барои ту кунам.
***
Ман садқа шавум ду чашми мастонаи ту,
Ду чашми сарум мудом дар хонаи ту.
Як гап назадӣ, ки дили ман сард шава,
То канда шава пойи ман аз. хонаи ту.
***
Э себи самарқандӣ, рухат пайдо нест,
Э лаъли бадахшонӣ, дилат бар мо нест.
Ханҷар задаӣ дар ҷигари афгорам,
Хун мечакаду ҷароҳаташ пайдо нест.
***
Дартун занадо, имшаб шаби тобистун,
Ҷотуна аниқ кунед, худам ёбамтун.
Ҷотуна аниқ кунед, худам ёбамтун,
Дарди дили бачагима баъд мегумтун.
***
Дар ишқи ту кас ёди саломат накунад,
Андешаи фардои қиёмат накунад.
Ҳар кас, ки зи дарди ишқ дорад аламе,
Саргаштаи ишқро маломат накунад.
***
Варзобдара, ҳавои Варзобдара,
Рӯймоли нигор шавум, обум бубара.
Обум бубара, пешаки ёрум бубара,
Сар дар бағалуш монум, хобум бубара.
***
Ман об шавум, ба ҷӯю полез равум,
Гундишк шавум, ба шохи гулрез равум,
Ман пеши худо ҳазор муродо дорум,
Парвоз кунум, ба пеши дилсӯз равум.
***
Эй духтараки сафедаки якдона,
Бо тӯпаки қоши ту шудам девона.
Девона манам, халқи худо медона,
Шояд ки туро насиби ман гардона.
***
Э моҳи баланд, ситораи рӯпӯшум,
Як гап назадӣ, бишнавум бо гӯшум.
Дар ҳасрати рӯт қаландари дарвешум,
Хӯрдам ғами беҳуда, намондай ҳушум.
***
Себарга бигуфт: «Дар замин савза манам»,
Бунавша бигуфт: «Ҷувони пурғамза манам»
Садбарг бигуфт: «Ту лофи беҳуда мазан,
Тоҷи сари ошуқони пурғамза манам».
***
Гул гуфт; «Маро зи боғ оҳиста баред,
Ман нозукаму маро ба гулдаста баред.
Дар маҷлиси ошиқон маро металабан,
Ман бегунаҳам, чаро маро баста баред?!»
***
Эй лоларухо, дареғу ҳасрат моро,
Афтода ба рӯйи ту муҳаббат моро.
Пайкони ту дар синаву доғи ту ба дил,
Орзуи ту то рӯзи қиёмат моро.
***
Қадди ту ба қадди тор мемонад, ёр,
Рӯят ба гули баҳор мемонад, ёр.
Пайкони ту дар синаву доғи ту ба дил,
Ормони ту ёдгор мемонад, ёр.
***
Ёди ту кунам, дилам шарар мерезад,
Тарки ту кунам, лахти ҷигар мерезад.
То охири умр агар ту бошӣ бо ман,-
Дар косаи оби ман шакар мерезад.
***
Қадатба мурам, қади ту паст афтодай,
Чашмони ту пурхумори маст афтодай.
Чашмони ту пурхумору пурхун дили ман,
Кай меҳри ту канда мешавад аз дили ман.
***
Аз дур назора мекунум болора,
Айвони баланду дилбари раънора.
Духтар-духтаре, ӯсма накаш қошора,
Бе ӯсмаю бе сурма ту куштай мора.
***
Ман хоб будам таги чанори пургул,
Бедор шудам, ки нола дорад булбул.
Гуфтам: «Булбул, чӣ доғ дорӣ дар дил?»
Гуфто, ки: «Маро фалак чудо кард аз гул».
***
Ман омадаам, ки ёри худро бинам,
Сабри дили беқарори худро бинам.
Гар реза кунад теғи ҷафо пайкари ман,
Дар хоки раҳаш ғубори худро бинам.
***
Занҷири сари зулфи. ту маҷнунам кард,
Нодидани рӯйи ту ҷигархунам кард.
Ногаҳ назарам фитод бар холи лабат,
Холи лаби ту зи шаҳр берунам кард.
***
Ин беди баланд соя лаби ҷар бошад,
Дар сояи бед як села духтар бошад.
Ман мор шавам, ҳалқа занам навдаи бед,
Бечора касе, ошиқи духтар бошад.
***
Ман омадаям ба диданат, ҷонона,
Садбарги сафеди ман, баро аз хона.
Садбарги сафеди ман.баро, рухсат гир,
Боз омадани маро худо медона.
***
Духтар, духтаре, ту нозанин омадаӣ,
Себе ба даруни остин омадаӣ.
Себи ба даруни остина чӣ кунам?
Ҳайфи қадамот, гул, ба замин омадаӣ.
***
Ёрам рафтай, дилам харобай имрӯз,
Дар ҳар миҷаам қатраи обай имрӯз. ,
Мардум мега: «Хоб кун, ки дар хоб бинӣ>,
Эй бехабарон, чӣ ҷойи хобай имрӯз?!
***
Дурӣ зи ману зи ман саломат бодо,
Чону дили ман фидои номат бодо.
Ман бе ту нафас намекашам дар олам,
Бе ман ту нафас кашӣ, ҳаромат бодо.
***
Дилдор маро гуфт: «Чаро ғамгинӣ,
Дар банди кадом дилбараки ширинӣ?»
Баргаштаму оина ба дасташ додам,
Гуфтам, ки: «Дар оина киро мебинӣ?»
***
Ҷонона, дар ин диёр ҳастӣ ё не,
Бо лафзи худ эътибор ҳастӣ ё не?
Бадномзадаи кӯйи ту кардан мора,
Бадномзадара ту ёр ҳастӣ ё не?!
***
Фарёд занум, намераса овозум,
Дар гардани нозуки ту даст андозум.
Дар гардани нозуки ту дастум нарасид,
Дар хонаи душмани ту санг андозум.
***
Рӯе дорӣ, тавақ-тавақ гул реза,
Шӯе дорӣ, ай ӯ саго мегреза.
Ман шӯйи тура корд занум ё найза,
Шояд ки туро бимонаву бигреза.
***
Дар боғ даром, ангур хӯрум ё мева,
Ҳайрон шудиям, духтар гирум ё бева?
Боғат пури ангур асту ғӯрам додӣ,
Хонат пури духтар асту бевам додӣ.
***
Ман ёри туам, намешавам ёри касе,
Дар доми туам, намешавам роми касе.
Ин косаи шарбате, ки бо ҳам хӯрдем,
Ҳаргиз нахӯрем шароб дар ҷоми касе.
***
Аз дар, ки дароӣ, ман нигоҳи ту кунам,
Андеша ба чашмони сиёҳи ту кунам.
Ман моле надорам, ки закоти ту кунам,
Як ҷони азиз дорам, фидои ту кунам.
***
Ман шамъаму оташ ба сарам месӯзад,
Парвона шавам, болу парам месӯзад.
Доғе ту ниҳодаӣ даруни дили ман,
То даври қиёмат ҷигарам месӯзад.
***
Садбарг будам, зард шудам дар ғами дӯст,
Девонаву пурдард шудам дар ғами дӯст.
Монанди тамоку дар чилим месӯзам,
Хокистари ахгар шудам дар ғами дӯст.
***
Ҷонона, баҳор шидай, кай меойӣ,
Вақти гули хор шидай, кай меойӣ?
Ту ваъда ба барфои замистон додӣ,
Барфо ҳама ов шидай, кай меойӣ?!
***
Духтар-духтаре, ту доғ кардӣ мора,
Садбарги даруни боғ кардӣ мора.
Мо барфи сафед будем дар кӯҳи баланд,
Афтов шудию ту ов кардӣ мора.
***
Оҳубараи сафедама гум кардам,
Худро ба дари хонаи мардум кардам.
Мардум мара меган, ки девона шудӣ,
Девона манам, ки ёрама гум кардам.
***
И қӯли дароз ов надора, чӣ кунум,
Ду чашми сарум хов надора, чӣ кунум?
Ду чашми сарум роҳи тура менигара,
То умаданут ҷавр ай сарум мегузара.
***
Ай боло миёй, лаби ту хандон нашава,
Ман ёр гирум, дили ту вайрон нашава.
Ман ёри дигар гируму ту ёри дигар,
Сад сол гузара, ишқи ту пинҳон нашава.
***
Эй дӯст, надонаме, макони ту куҷост,
Ҷонам ба ту пайванду танам аз ту ҷудост.
Ту пойи кушода дорӣ, гирд мегардӣ,
Занҷири муҳаббати ту дар гардани мост.
***
Боло наравӣ, боло севистунай,
Ишқи бачаи мардум балои чунай.
Мардум мега, ки ошиқӣ осунай,
Хок осунай, алови даргирюнай.
***
Аз орази ту чаман-чаман гул резад,
Аз кокули ту дастаи сумбул резад.
Ҳар бор агар ба ёди ту нола кунам,
Хун аз ҷигари ҳазор булбул резад.
***
Хуш мегузарӣ ба ин раҳи рӯфтаи ман,
Оташ мезанӣ ба ҷигари сӯхтаи ман.
Оташ мезанӣ, месӯза ҳар хору хасе,
Месӯзему мевреҷем, намегем ба касе.
***
Чашмам ба раҳи омаданат чор шудаст,
Гулҳои ҷаҳон дар назарам хор шудаст.
Гулҳои ҷаҳона бӯ кашам, бӯйи ту нест,
Шаҳрора ба шаҳр гаштам, монанди ту нест.
***
Дар қади ниёли навниёлут ҷонум,
Дар рӯйи сафеди беғуборут ҷонум. .
Халкои ҷиён маро ба ту бад меган,
Дар гардиши чашми пурхуморут ҷонум.
***
Аввал биравӣ, назар ба чашмонаш кун,’
Дуюм ба лабу сеюм ба дандонаш кун.
Чорум бинигар, ки хол дорад ё не,
Панҷум бинишину ҷонта қурбонаш кун.
***
Шабро дидам, сиёҳтар аз мӯйи ту нест,
Рӯзро дидам, сафедтар аз рӯйи ту нест.
Дар боғ даром, ниҳол бо қади ту нест,
Дар дидаи ман бишин, замин ҷойи ту нест.
***
Гандум лола, миёни гандум лола,
Ошиқ шудаам ба духтари қинғола.
Ин духтари қинғола ба мо дил дора,
Қошони сиё, забони булбул дора.
***
Ин раҳаки рӯпарӯ харобум кардай,
Ин навданиҳол ҷигаркабобум кардай.
Як сӯ ғами мурданай, як сӯ ғами ту,
Мурдан чӣ ғаме, ғами ту обум кардай.
***
Долони баланд дорию пешаш якатут,
Ду қоши сиёҳ дорию чашмони кабуд.
Ҳар кас, ки маро аз ту чудогӣ фармуд,
Хонаш пури оташ асту гӯраш пури дуд.
***
Имрӯз ҳаво ба ранги мижгони манай,
Ҳар ҷо биравӣ, доғи ту дар ҷони манай,-
Ҳар ҷо биравӣ, оби равон пеш ояд,
Ин оби равон дидаи гирёни манай.
***
Ёрум-ёрум, дар ғамот беморум,
Пажмурдагуле дар сари ҳар деворум.
Худ гуфта будӣ, «Тирамоҳ меоюм»,
Чоршанбею панҷшанбе чашми чорум.
***
Шинум-шинум, ёд кунум шабҳора,
Шабҳои дароз шиштани якҷора.
Шабҳои дароз хаёли ширин доштем,
Шабро ёбӣ, дигар наёбӣ мора.
***
Дар сабза нашин, ки сабза гулзори манай,
Бар ҳар сари сабза манзили ёри манай.
Ҳар ҷо рафтӣ, дарахти пургул бинӣ,
Сангуш назанӣ, ки сурати ёри манай.
***
Дар сабза нашин, ки сабза гулзори манай,
Ҳар сабза зи хуни дили афгори манай.
Ҳар ҷо ки равию ҷойи сергул бинӣ,
Он ҷо манишин, ки манзили ёри манай.
***
Эй дӯст, ба кӯйи ту расидан мушкил,
Пой аз сари кӯйи ту кашидан мушкил.
Ҷон дар ҳаваси рӯйи ту додан осон,
Ҷон додану рӯйи ту надидан мушкил.
***
Дар боғ даром, бӯйи ту аз боғ ояд,
Гулро биканам, ранги рухат ёд ояд.
Гулро биканам, варақ-варақ гардонам,
Ёд аз ту кунам, дилам ба фарёд ояд.
***
Эй дилбар, агар майли ту бо мост, бигӯ,
Бар мо сухани мухтасари рост бигӯ.
Гар дил ту ба ҷойи дигар андохтаӣ,
Айб аз тарафи шумост ё мост, бигӯ.
***
Эй дилбари ман, дар дили ту чист, бигӯ,
Ҷуз ман дигаре ошиқи ту кист, бигӯ. ‘
Гар ҳаст, бигӯ, нест, бигӯ, рост бигӯ,
Моро ғами ту, туро ғами кист, бигӯ?!
***
Ситора баромадай, қариби рӯзай,
Дар гузари мо нигори бахмалдӯзай.
Мардум меган: «Ошиқӣ чан рӯзай?»
Хубаш сари сол, гандааш се рӯзай.
***
Хуш бӯйи бунафша дар ҷаҳон афтодаст,
Дил дар пайи ёри меҳрубон афтодаст.
Дил мехоҳад, ки ҳар замонаш бинад,
Ин роҳи дароз дар миён афтодаст.
***
Гар моҳ шавӣ, назар ба рӯят накунам»
Гар об шавӣ, кӯза ба чӯят накунам.
Гар дастаи гул шавию афтӣ ба замин,
Билло ба худо, гирифта бӯят накунам.
***
Чашмони сиё дорию мо ҳам дорем,
Ту ноз накун, ки мо намебардорем.
Ту ноз накун, ки мо ҳанӯз хурдтаракем,
Ту дастаи гул бошӣ, мо беҳтаракем.
***
Эй ҷӯраи ҷон, аз ту надорам озор,
Дар гӯшаи қошони ту кардам бозор.
Се моҳи зимистону се моҳи баҳор,
Гул дар ғами боронай, мо дар ғами ёр.
***
Яг даста гулум ай и вилоят рафтай,
Бирешими савзи бениҳоят рафтай.
Гуфтум, биравум, шаҳро суроғуш бикунум,
Ҳайрун мундам, кадом вилоят рафтай.
***
Боми ҳама бому боми мо дар соя,
Ёри ҳама дуру ёри мо ҳдмсоя.
Наълат ба касе, ки ёри ҳамсоя гира,
Чашмуш ба дарай, ки ёр кай меброя.
***
Чашмони сиёи сода сумбул хуши ту,
Ё наргиси пурхумори оламкуши ту.
Мардум мегӯн: «Кучо шуд ақлу ҳуши ту?»
Ақлу ҳуши ман пеши ҷамоли хуши ту.
***
Эй дида, чаро баҳори пурнам шудаӣ?
Эй дил, ту чаро хазинаи ғам шудаӣ?
Эй сина, чаро ту гаштаӣ пораю реш?
Эй қомати зебо, ту чаро хам шудаӣ?
***
Ман рӯйи туро нақш кашум бар девор,
Рӯзе ба саломи ту биёюм сад бор.
Сад бор биёюму набинум як бор,
Армон ба дилум монаву нақш бар девор.
***
Шинам-шинаму аз ту, санам, ёд ояд,
Ман оҳ кашам, ки аз фалак дод ояд.
Дарди дилакам агар ба санго гуям,
Аз дарди дилам санг ба фарьёд ояд.
***
Худ рафтию тоза кардӣ доғи дили ман,
Бо рафтани ту мурд чароғи дили ман.
Бо рафтани ту ҳуш маро дар сар нест,
Он ҷо дили ту кабоб, ин ҷо дили ман.
***
Эй булбули хушнаво, ки дар саҳни чаман,
Ё нолаи ту хуш аст ё нолиши ман.
Ту аз бари гул бинолӣ, ман аз бари ёр,
Не гул ба ту кард вафо, не ёр ба ман.
***
То қуввати по бувад, ба сӯят гузарам,
То дида диҳад нур, ба рӯят нигарам.
Чун дида зи нуру по зи рафтан монад,
Биншинаму ҷон дар орзуят супурам.
***
Сар то сари ёлаҳо бенам набувад,
Ҳаргиз дили ошиқон беғам набувад.
Пурғам дили кӣ бошад, беғам дили кӣ?
Беғам дили он касе, ки ошиқ набувад.
***
Чашмони сиёт мусалсалои дили ман,
Лаъли лабакат гираҳкушои дили ман.
Ман дил надиҳам ба кас барои дили ту,
Ту дил надиҳӣ ба кас барои дили ман.
***
Чашми бади кас ба чашми мастат нарасад,
Офат ба лабони майпарастат нарасад.
Ман пеши худо ҳамин мурод металабам,
Бар қадди муборакат шикасте нарасад.
***
Эй духтараки сафедаки каҷтоқӣ,
Ай мулки Ҳисор, ай кадум қишлоқӣ?
Ҳарчанд кардем, тура надодан бар мо,
Охир ки насибаи кадом пуслоқй.
***
Биё, биравем, аз ин вилоят ману ту,
Ту дасти маро бигиру ман домани ту.
Ҷое бирасем, ки ҳар ду бемор шавем,
Ту аз ғами бекасию ман аз ғами ту.
***
Дарё, ки калон шавад, шинояш кӣ кунад,
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш кӣ кунад?
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш мушкил,
Ҷоне, ки ба лаб расад, давояш кӣ кунад?!
***
Сарчашмаи боғи булбулон хор гирифт,
Омад хабаре, ки бевафо ёр гирифт.
Гар ёр гирифт, баробари мо нагирифт,
Аз гул бигузашту домани хор гирифт.
***
Сабзинабача, ки дилҳавоӣ накунӣ,
Ошиқат манам, ту бевафоӣ накунӣ.
Ошиқат манам, дар ғамот месӯзам,
То марг наояд, ҷудоӣ накунӣ.
***
Дар рӯйи раҳат мисоли гард афтодам,
Аз хӯрдани ғамҳота ба дард афтодам.
Ғайр аз ғами ту ғами дигар нест маро,
Хӯрдам ғами ту, ба ранги зард афтодам.
***
Тоқй ба сарут, тоқии шоҳӣ ба сарут,
Шинум сари кӯчаҳо, пурсум хабарут.
Шиштум сари кӯчаҳо, наёмад хабарут,
Беаҳд будай, бача, биреза ҷигарут.
***
Шабҳо ҳама шаб дарди туро нола кунам,
Дар кунҷи лаҳад ёди ту, ҷонона, кунам.
Баъди сад сол агар ба хокам гузарӣ,
Бӯйи ту ба ман расад, кафан пора кунам.
***
Ҳар гаҳ чамани кӯйи туро ёд кунам,
Сад оҳу фиғон аз дили ношод кунам.
Дур аз гули рӯйи ту чунонам ки дигар
Булбул шаваму ҳазор фарёд кунам.
***
Аз дур ба ман бас аст як дидани ту,
Монанди гули сафед хандидани ту.
Мардум ба саломи иди Одина раванд,
Сайли ману Одина як дидани ту.
***
Эй очаи ҷон, обу адоюм накунӣ,
Хушкардама мегирум, дуоюм накунӣ.
Хушкардама мегирум, ба сад қавлу қасам
Мо кавкаки қӯшаем, ҷудоюм накунӣ.
***
Булбул шудамо, ту ғунча дар боғ шудй,
Ман лола шудам, дар назарам доғ шудй.
Ман, бачаи нодон, ба фироқи рӯят, .
Кафтар шудамо, ту ҳамдами зоғ шудӣ.
***
Кошке ки намешуд хонатон дар гузарум,,
Кошке ки намедидум, намесӯхт ҷигарум.
Хар боре ба сӯйи хонатон менигарум,
Ов ай ду дидам реза, хун ай ҷигарум.
***
Қадди ту алифу қомати ман долай,
Як лаҳза чудогиат баром сад солай.
Ҳарчанд қасам хӯрдам, бовар накунӣ, —
Ин чеҳраи зарди ман гувоҳи ҳолай.
***
Ошиқ мануму не шав қарорум не рӯз,
Ошиқ шудуме ба сӯзани бахмалдӯз.
Сӯзан гиру ришта гиру чашмонума дӯз,
То кӯр шавум, пешут бишинум шаву рӯз.
***
Эй гулбадани бадангули гулдаста,
Ними ҷигарам бо ҷигарат пайваста.
Ҳар кас ки маро аз ту ҷудо мехоҳа,
Баргашта биё, дари ҷудогар баста.
***
Ман беди туюм, такя ба беди дигарӣ,
Ман ёри туюм, ошиқ ба ёри дигарӣ.
Мо қавлу қасам кардем бо ҳамдигарӣ,
Ин қавлу қасам дурӯғ, ба пеши дигарӣ.
***
Ёрум, ки намегирӣ, дилозор накун,
Бахти аввалут мешам, мара хор накун.
Ҳар нохалафе ба пешакут бад гӯя,
Зинҳор, ба гуфти нокасон кор накун.
***
Эй ҷӯраи ҷон, ҳайфи ҳамун давронмон,
Ситора баланду шиштаной ҳайронмон.
Душмано намонд, бушкана ормонмон,
Хок бар сари душманони гапгардонмон,
***
Ай хона баромадӣ, гули лолаи ман,
Бо кас манишин, ки мекафа талхаи ман.
Мардуми ҷаҳон барои ту душмани ман,
Сӯзад дили душманою равшан дили ман.
***
Ҷононаи ҷон, мисоли ман зор шавӣ,
Монанди дилум хаставу афгор шавӣ.
Тиреро задӣ рост миёни ҷигарум,
Дар ҷигари худ занӣ, хавардор шавӣ.
***
Зулфи сияҳат, ки мекунад маст маро,
Дил мекашаду намерасад даст маро.
Гуфтам, ки ба кӯйи ошиқӣ сад тавба,
То дида бидид, тавба бишкаст маро.

ДУБАЙТИҲОИ МАРДУМӢ

Ситора дар ҳаво кабки зарин аст,
Худам ангушттарин, ёрам нигин аст.
Худовандо, нигинамро нигаҳ дор,
Ки ёри аввалу охир ҳамин аст.
***
Сари кӯҳи баланд, ёр, манзилат нест,
Муҳаббатҳои аввал дар дилат нест.
Ма курбони муҳаббатҳои аввал,
Фаромӯш кардаӣ, дар хотират нест.
***
Агар сӯзан шавӣ, торат намешам,
Агар ошиқ шавӣ, ёрат намешам.
Агар бозор равӣ, худро фурӯшӣ,
Ба ҷону дил, харидорат намешам.
***
Маро дар кӯча дидӣ, ханда кардӣ,
Ба сад нозу карашма банда кардӣ.
Накардӣ аз таҳи дил ошногӣ,
Ба назди ҷӯраҳо шарманда кардӣ.
***
Ду-се рӯз аст, ки бӯйи гул наомад,
Садои хондани булбул наомад.
Равед, аз боғбони гул бипурсед,
Чаро булбул ба пеши гул наомад.
***
Шаби маҳтоб хоби ман наомад,
Задам фарёд, ёри ман наомад.
Задам фарёд ба гӯши боғбонон,
Чаро булбул ба сайри гул наомад.
***
Нигори нозанини аҳли дардам,
Сарамро гар бурӣ, аз ту нагардам.
Сарамро гар бурӣ бо ханчари тез,
Ба хун ҷавлон занам, гирди ту гардам.
***
Диле дорам, ки аз султон натарсад,
Зи банди кундаву зиндон натарсад.
Дили ошиқ мисоли гурги гушна,
Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад.
***
Агар боди сабо пайдо намешуд,
Даҳони ғунчаи гул во намешуд.
Агар Лайлира медодан ба Маҷнун,
Дар олам ошиқӣ расво намешуд.
***
— Лабат қанду даҳонат лонаи канд,
Харидорат манам, кимат бигӯ, чанд?
— Агар гӯям баҳои ростиро,
Хуросону Бухорову Самарқанд.
***
Нигоро, як шабе ёдам накардӣ,
Ба пайғому салом шодам накардӣ.
Ба мактабхонаи ишқи ту будам,
Сабақ додиву устодам накардӣ.
***
Гули сурху сафеди арғувонӣ,
Ба ҳуснат мекунам ман боғбонӣ.
Гули сурху сафед ай мо рамидай,
Ягон ҳарфи баде ай мо шунидай?
***
Ало духтар, ки рафторат маро кушт,
Садои кафши булғорат маро кушт.
Садои кафши булғорат чӣ бошад,
Ду холи зери рухсорат маро кушт.
***
Сари чашма расидам, нола кардам,
Назар бар хонаи ҷонона кардам.
Назар қардам, надидам ёри худро,
Гиребон то ба доман пора кардам.
***
Аз ин ҷо то Бухоро лола боша,
Ҳамеша кори ошиқ нола боша.
Ту мегӯйӣ, ки ошиқ мурданӣ нест,
Илоҳӣ умракут садсола боша.
***
Сиёчашмак, ки чашмак мезанӣ ту,
Диламро бурдаӣ, гап мезанӣ ту.
Диламро бурдаӣ бо сеҳру ҷоду,
Чаро лофи муҳаббат мезанӣ ту?!
***
Сари роҳат нишинам, ту биёӣ,
Фидоят мекунам ҳар чӣ бихоҳӣ.
Надорам тӯҳфае қиматтар аз ҷон,
Аз он тарсам, ки ҷонамро нахоҳӣ.
***
Ало духтар, таманнои ту дорам,
Назар бо қади болои ту дорам.
Тамоми мева дар боғи ҷаҳон ҳаст,
Тамаъ аз меваи боғи ту дорам.
***
Сари роҳи маро девор кардан,
Маро мӯҳтоҷи рӯйи ёр кардан.
Илоҳо кӯр шава чашми ҷидогар,
Маро аз хонумон безор кардан.
***
Ало духтар, намешносӣ Худоро,
Парешон кардаӣ зулфи сиёро.
Наметарсӣ зи фардои қиёмат,
Чаро куштай ҷувони бегуноро?!

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.