Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 2, боби 3

2_bobi_3

Фасли дувум
Аҷдоди тоҷикон дар давраи
тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ

Боби севум
Юнону Бохтар ва Порт дар асрҳои III-II пеш аз милод

1. Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати Селевкиён

Яке аз сарлашкарони Искандари Мақдунӣ — Селевк соли 312 пеш аз милод дар Бобулистон ба сифати сатрап мавқеъ ёфт. Минбаъд дар муддати нӯҳ сол вай тадриҷан ҳукми худро ба Ғарбу Шарқ, аз ҷумла, ба Эрон ва Осиёи Миёна вусъат дод. Ҷойҳое буд, ки вай бо роҳи дипломатӣ пеш мерафт, вале дар Осиёи Миёна ба муқобилати шадид дучор омад ва роҳи ҷангро пеш гирифт. Ба қавли Помпей Трог (Юстин, ХV, 4, 11), Селевки I «бар Бобулистон зафар ёфта, қувваи худро афзуд ва Бохтарро тасхир намуд». Порт ва Суғдро ҳам зери даст кард (Аппиан, «Сурия», 55). Вале кӯшиши Ҳиндустони шимолиро ғасб кардани Селевки I барор нагирифт.
Муҳаққиқи эллинизм, муаррихи номии советӣ А. Б. Ранович навиштааст, ки «таърихи Селевкиён барои муаррихон мушкилоти фавқулодда дорад, зеро вазъияти маъхазҳои адабӣ ниҳоят бад аст». Ин нукта ба Осиёи Миёна низ пурра дахл дорад, зеро давраи дар ҳайъати Селевкиён будани он, яъне охири асри III ва миёнаи асри II пеш аз милод тақрибан номаълум аст.
Азбаски давлати Селевки I ниҳоят васеъ буд ва ноҳияҳои Шарқ диққати доимиро тақозо дошт, вай соли 293 пеш аз милод писараш Антиохро дар шарқ волӣ таъин кард. Ҷолиби диққат аст, ки Антиох писари духтари Спитаман Апама буд, аз ин рӯ, Осиёи Миёна барои Антиох кишвари аҷдоди ӯ ҳисоб мешуд.
Мувофиқи баъзе маълумотҳои бевосита, дар Осиёи Миёна дар ибтидои асри III пеш аз милод зидди ҳукмронии Селевкиён исёнҳо шуда, дар айни ҳол ба мулкҳои осиёимиёнагии Селевкиён қабилаҳои кӯчманчӣ ҳамла карданд. Дар айни ин ошӯбҳо бисёр пойгоҳҳои давлати Селевкиён хароб гардиданд, масалан, Искандарияи Мароға ва Искандарияи Ақсо, ки ҳанӯз Искандари Мақдунӣ сохта буд, ба хок яксон шуданд. Минбаъд Селевкиён ин шаҳрҳоро барқарор намуданд ва дар атрофи воҳаи Мароға деворе сохтанд, ки 250 км тӯл дошт. Сарлашкари Селевкиён Демодам зидди кӯчманчӣён, ки дар он тарафи дарёи Сир макон доштанд, лашкар кашид (Плиний, IV, 18, 49). Ба туфайли як қатор тадбирҳои ҳарбию сиёсӣ ва дипломатӣ ба Антиох муяссар шуд, ки наҳзати зиддиселевкиёнро фурӯ нишонад.
Барои дарки сиёсати Селевк дар шарқ ва мавқеи волии ӯ Антиох материали нумизматӣ , ки Б. А. Литвинский ва В. М. Массон аз ин дидгоҳ таҳлил кардаанд, маълумоти ҷолиби диққат медиҳад. Антиох дар замони шарикҳоким будани худ ба вазни сиккаи «ҳиндӣ» сиккае зад ва зимнан дар ин тангаҳо ҳам номи Селевки I ва ҳам номи писараш Антиох сабт шудаанд. Эҳтимол, ин кӯшише буд барои пойдор намудани соҳибихтиёрии Антиох. Ба ҳар ҳол, баъди вафоти падараш Антиох соли 280 пеш аз милод ҳокими тамоми давлати Селевкиён гардиду дигар ин гуна танга набаровард.
Дар аҳди қариб бистсолаи (солҳои 280-261 то милод) Антиохи I дар ғарби мулки вай ҷангҳои бисёре мешуданд ва ӯ ба шарқи давлати худ, алалхусус, ба Осиёи Миёна кам аҳамият медод. Дар ин вақт ноҳияҳои Осиёи Миёна беш аз пеш қувват гирифта, дар ин ҷо зисту зиндагӣ ба тартиб меомад, хоҷагии қишлоқ, ҳунармандӣ ва тиҷорат равнақ меёфт.
Осиёи Миёна аз марказҳои асосии мулки Селевкиён хеле дур бошад ҳам, дар айни ҳол қисми муҳими давлат ҳисоб мешуд. Селевкиён қад-қади роҳи тиҷоратие, ки аз Селевкияи соҳили Даҷла ба Бохтар мебурд, деҳу шаҳрҳои нав бунёд мекарданд ва таъбири ин факт фақат ҳамин аст, ки Селевкиён ба Осиёи Миёна ҳам аз ҷиҳати ҳарбию стратегӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳавасманд буданд.
Таркиби синфи ҳукмрон якранг набуд. Дар қатори юнониёни ҳоким аъёну ашрофи маҳаллӣ низ ба назар мерасиданд. Бешак, ҳокимияти Селевкиён дар Осиёи Миёна ба қувваи ҳарбӣ – ба аскароне, ки дар қароргоҳҳои ҳарбии юнониён – катойкияҳо меистоданд, такя дошт. Вале дар истисмори аҳолӣ истисморгарони «худӣ», намояндагони синфи ҳукмрони Осиёи Миёна ҳам ширкат кардаанд. Муносибати синфи ҳукмрон ба давлати Селевкиён низ якхела набуд; кашонда бурдани сарвати Осиёи Миёна ба хориҷа боиси норозигии он тоифаи синфи ҳукмрон мегардид, ки барои худ луқмаи калонтареро «канда» гирифтанӣ буданд. Аҳолии маҳаллӣ, ки дучори истисмори дутарафа буд, низ аз ҷон безор мешуд.
Дар айни ҳол, чунин мулоҳизаро дуруст ҳисоб кардан лозим, ки «замони дар ҳайъати давлати Селевкиён будани Осиёи Миёна замони барқароркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи аз таҷовузи юнониёну мақдуниён харобгардидаи мамлакат, замони дар муборизаи зидди Селевкиён ба вуҷуд омадани иттиҳоди бохтариён, суғдиён, портҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна аст».
Дар дохили давлати Селевкиён ҳам байни даъвогарони тахт доимо задухӯрд мешуд. Баъзе ворисон мекӯшиданд, ки ҷудо шаванд ва соҳибихтиёр бошанд. Дар натиҷа вазъият (алалхусус, дар ноҳияҳои канорӣ) ниҳоят ноустувор ва хавфнок мешуд.

2. Давлатҳои Юнону Бохтар ва Порт

Пайдоиш ва таърихи давраҳои аввали
Порт ва Юнону Бохтар

Дар айни муборизаи байни ду бародарон (Селевки II ва Антиохи Гиеракс) барои соҳиб шудан ба тахт аз давлати Селевкиён портҳо ҷудо шуданд, ки ба онҳо Андрагор ном юноние сардорӣ мекард. Мувофиқи ривояти воқеанигори антиқа, ки рӯйдодҳои онвақтаи Осиёи Миёнаро муфассал баён кардааст, воқеа чунин ҷараён дошт: «Сипас, Диодот низ ҷудо шуд (аз Селевкиён. — Б.Ғ.), ки ҳокими ҳазор шаҳрҳои Бохтар буд ва фармуд ӯро подшоҳ хонанд; ба ибрати ӯ аз мақдуниён тамоми мардуми Шарқ ҷудо шуданд. Дар он давра Арсак ном одаме буд безот, вале бошуҷоат, ки одатан роҳзанӣ ва дуздӣ мекард. Шунид, ки Селевк (Селевки II. – Б.Ғ.) дар Осиё шикаст хӯрдааст, дигар аз подшоҳ боке накарда, ба портҳо бо дастаи роҳзанон дарафтод, бар ҳокими онҳо Андрагор ғолиб омад, ӯро ба қатл расонд ва ҳокимиятро бар халқ (портҳо) ба даст гирифт» (Юстин, ХII, I, 4-7).
Ҳатто дар ҳамин як порчаи хурди таърихи ибтидои Юнону Бохтар ва Порт хеле норавшаниҳо, алалхусус, норавшаниҳои хронологӣ ҷой дорад. Юнону Бохтар кай ҷудо шудааст? Аввалин муҳаққиқи ин масъала академики Россия Ф. Байер (соли 1738) ва пас аз ӯ бисёр дигар олимон матнҳои лозимаро муфассал таҳлил намуда, мудом таъкид мекунанд, ки дар ин матнҳо, аз ҷумла дар матни Юстин мухолифатҳои хронологӣ ҳаст. Эҳтимоли комил аст, ки воқеаҳои Диодот андаке пештар, тақрибан соли 256 пеш аз милод ба вуқӯъ омадаанд, ҳол он ки воқеаҳои Аршак қарибиҳои соли 256 пеш аз милод шудаанд.
Масъалаи дигари муҳимтар – масъалаи хусусияти он воқеаҳо аз ин ҳам мураккабтар аст. Дар ин бобат дар илми таърих ду ақида ҳаст. Ба ақидаи олимони Англия Г. Макдоналд ва В. Тарн дар Бохтар Селевкиён тангае сикка мезадаанд, ки дар он монограммаи (сарҳарфи) номи Диодот сабт шудааст ва ин далолат мекунад, ки иқтидор ва истиқлоли вориси мазкур ба тадриҷ меафзуд ва ниҳоят ҳақиқатан соҳибихтиёр гардид. Вале ба ақидаи олими ҳиндустон А. Нарайн, ин гуна монограммаҳо одатан номи худи сиккахона ва ё худ номи маъмури сиккахонаро ифода мекунад. Агар ба таъкиди истиқлоли ин ё он ворис ҳоҷат бошад, дар танга номи пурраи ӯ сабт мешуд. Ғайр аз ин дигар ақидаҳо ҳам ҳастанд. Аниқаш ҳамин, ки алҳол маънои монограммаҳои тангаҳои юнонию бохтариро муайян кардан имкон надорад. Дар айни ҳол, ҷолиби диққат аст, ки дар як қатор тангаҳои давраи Селевкиён ба ҷойи сурати подшоҳи Селевкиён сурати Диодот сабт шудааст. Рости гап, баъзе таърихчиён мегӯянд, ки ин на он Диодот аст, балки писари Диодот мебошад, вале ин даъво асоси ҷиддие надорад.
Хулласи гап, маълумоти тангаҳо ба ақидаи Макдоналду Тарн асос шуда наметавонад. Ғайр аз ин ақидаи мазкур чунин ривояти бевосита ва аниқи Юстинро ба инобат намегирад, ки Диодот аз давлати Селевкиён «ҷудо шудааст», яъне зидди давлати марказӣ шӯриш бардошта, давлати худашро таъсис додааст.
Ақидаи мо доир ба ин масъала, ки дар сарчашмаҳо ниҳоят ночӣз акс ёфтааст, дар «Таърихи халқи тоҷик» (с.1955) зикр шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки дар Бохтар ворисони Селевкиён соҳиби қувваи тавонои ҳарбии юнонӣ буданд. Диодот ин қувваи ҳарбӣ ва аъёну ашрофи юнонишудаи маҳаллии Бохтару Суғдро, ки низ аз Селевкиён ҷудо шудан мехостанд, истифода бурда ва ба онҳо такя карда, сарвари ҳаракате шуд, ки боиси аз Селевкиён ҷудо шудани Бохтар гардид. Шакке нест, ки дар ин ҳаракат оммаи халқ низ ширкат дошт, ки зидди зулми дутарафа ва барои истиқлол мубориза мебурд.
Аниқ гуфтан мумкин нест, ки вусъати ин давлат чӣ қадар буд. Страбон (II, 9,2) ҳикояте дорад, ки ривояти мазкурро қувват медиҳад. Ба қавли Страбон, волиёни юнонӣ (яъне дастнигару ҳамсафони Диодот) «пеш аз ҳама, Бохтарро ва тамоми мамлакати наздиктаринро ба исён таҳрик карданд». Аз ин аниқтар маълумоте дар даст надорем. Мумкин аст, ки ин Суғд бошад (баъзе муҳаққиқон чунин мепиндоранд), мумкин Ориёно ё Мароға бошад (ки ин ҳам аз эҳтимол дур нест).
Таърихи давраи аввали давлати Юнону Бохтар ва таърихи мулки Порт ба ҳам печидаанд. Юстин рӯйирост мегӯяд, ки Арсак аз шоҳи Бохтар Диодот «метарсид» (II, 1, 4,8). Страбон низ ривояте меоварад, ки Арсак бохтарие буд «барои халос шудан аз қудрати рӯзафзуни Диодот ва ворисони вай дар Порт исён кард».
Ба ҷойи Диодоти I, ки аз афти кор, дер ҳукм нарондааст, писараш Диодот ба сари ҳокимият омад. Сиккашиносон ҳеҷ муайян карда наметавонистанд, ки тангаҳои расми Диодот доштагӣ кадомаш ба Диодоти I тааллуқ дораду кадомаш ба Диодоти II. Аз дигар тараф, чӣ гуна пайдо шудани мулки Порт ҳам равшан не. Дар маъхазҳои антиқа роҷеъ ба давраҳои аввали таърихи Порт се ақида ҳаст. Ба қавли Н. Дибвойс, ки муаллифи беҳтарин асари тадқиқотии таърихи сиёсии Порт мебошад, «ба худи юнониён(-и қадим.–Б.Ғ.) ҳақиқати таърихии ин ақидаҳо комилан пӯшида буд».
Аз афти кор, дар миёнаҳои асри III пеш аз милод сатрапи Порт хостааст аз Селевкиён ҷудо шавад. Дар ҳамин давра аз Селевкиён Бохтар ҷудо шудааст. Маъхазҳо ривоят мекунанд, ки дар Порт ҳокимиятро Арсак ба даст гирифт. Ба қавли Страбон (ХI, 9,3; ХI, 9, 2), асли насаби вай аз кӯчманчиёни дах (ё худ парндахҳо) будааст; «баъзеҳо акси инро мегӯянд,– гапашро идома медиҳад Страбон – ва ӯро бохтарӣ мешуморанд, ки барои халос шудан аз қудрати рӯзафзуни Диодот ва ворисони вай дар Порт исён кард». Юстин хабар медиҳад, ки (ХI, I, 4, 6) Арсак шахси безот, вале бошуҷоат буд. Вай ба сатрапи Порт дарафтод, бар ӯ ғолиб омад «ва бар халқи Порт ҳукмрон шуд». Ақидаи севум (ки хеле муфассал аст) ба Арриан («Парфика», фиқраи 1) тааллуқ дорад. Ду бародар Аршак ва Тиридот аз сатрапи Селевкиён ҳақорат шунидаанд. Пас аз ин панҷ шарики худро ба ёрдам ҷеғ зада, таҳқиркунандаи худро куштаанд ва халқро ба шӯриш таҳрик кардаанд.
Мо бо Дибвойс ҳамфикр ҳастем, вале бе маъхази иловагӣ муқаррар кардан душвор аст, ки кадоме аз ин ақидаҳо дуруст мебошанд.
«Аввал Арсак оҷиз буд, зеро мудом бо онҳое меҷангид, ки мулкашонро кашида гирифта буд…» (Страбон, ХI, 9, 2). Дере нагузашта Арсак ҳалок шуд. Минбаъд подшоҳони Порт аксаран бо номи аслии худ номбар нашуда, балки «арсакҳо» («аршакҳо») ва худи сулола «Арсакиён» («Аршакиён») номида шудааст, ки дар сарчашмаҳои шарқӣ бештар бо номи Ашкониён машҳур аст.
Пас аз вафоти асосгузори сулола — Аршак бародари вай Тиридот ба сари ҳокимият омад. «Дере нагузашта Арсак (яъне Тиридоти I.– Б.Ғ.) мулки Гирконро низ тасхир кард. Ба ҳамин тарз, Арсак бар ду давлат сарвар шуда, лашкари бузурге ҷамъ овард, зеро ҳам аз Селевк ва ҳам аз шоҳи Бохтар Диодот бим дошт» (Юстин, ҶLI, 4, 8).
Дар айни ҳол, ҳамин хеле муҳим аст, ки ҳар ду давлати навбунёд бо ҳам мухолифат меварзиданд. Аз афти кор, сараввал ҳар яки он иддао дошт, ки дар Осиёи Миёна ҳукмрон шавад. ҳокимони Порт дар аввал аз Диодоти I ба дараҷае меҳаросиданд, ки аз Селевкиён ин қадар ҳарос надоштанд. Вале баъди марги Диодоти I кор ранги дигар гирифт. Аз афти кор, ниятҳои таҷовузкоронаи Селевкиён, ки ба ҳар ду давлати соҳибихтиёри Осиёи Миёна таҳдид мекарданд, дар бобати дигар гаштани муносибати Порт ва Юнону Бохтар сабаби асосӣ шуданд. Баъди марги Диодоти I писараш Диодоти II бо Порт муоҳидаи сулҳ баст (Юстин, ХLI, 4, 8–9). Гап дар ин ки подшоҳи Селевкиён — Селевки II ба шарқ лашкар кашид, то ноҳияҳои Осиёи Миёнаро боз ба мулки худ ҳамроҳ кунад. Вале ин дафъа «дандонаш нагузашт». Портҳо, ки ақибгоҳи худро мустаҳкам карда буданд, ҳамлаи селевкиёнро рад намуданд. Рости гап, аввал Тиридоти I маҷбур шуд ба мулки апасиакҳои кӯчманчӣ, ки дар шимоли Порт мезистанд, ақиб нишинад, вале баъд баргашту Селевки II-ро торумор кард.
Дар боло мо гуфтем, ки иттифоқи Порт ва Юнону Бохтар дар бобати сиёсати хориҷӣ чӣ мақсад дошт. Эҳтимол, Диодоти II муоҳидаи мазкурро барои ҳамин баста бошад, ки мехост дар соҳаи сиёсати дохилӣ ҳам мавқеи худро пойдор намояд, зеро вазъият дар дохили мулки вай он қадар ҳам таърифӣ набуд.
Душмани Диодоти II Евтидем ном юнонии Осиёи Сағир, ки ба туфайли табаддулот ба сари ҳокимият омад, беш аз пеш мақоми намоёнро соҳиб мешуд. Тахмин мекунанд, ки вай бародари Диодот аст, вале ин аз эҳтимол дур мебошад. Чунин тахмин ба ҳақиқат наздиктар аст, ки вай пеш аз табаддулот дар давлати Юнону Бохтар мансаби баланде дошт, вале чӣ гуна мансаб, инаш маълум не. Баъзеҳо мегӯянд, ки вай сатрапи Суғд буд, дигарон сатрапи Ориёно ё Мароға мегӯянд, вале ҳамаи ин иддао ягон асоси ҷиддие надорад.
Полибий (Х, 34, 2–3) бо забони худи Евтидем чунин мегӯяд: «На ман аввал зидди подшоҳ хестам, баръакс ҳукмрони Бохтар барои ҳамин шудам, ки авлоди чанд хоинро қир кардам». Аз ин мебарояд, ки Евтидем авлоди Диодоти I, яъне худи Диодоти II ва бачагони ӯро ва, эҳтимол, авлоди дигар ҳамсафони Диодоти 1-ро нобуд кардааст.
В. Тарн мутмаин аст, ки табаддулоти Евтидемро «халқ дастгирӣ мекард, зеро иттифоқ (Диодоти II. – Б.Ғ.) бо Порт ба юнониёни Бохтар маъқул набуд» ва Евтидем ба манфиати Селевкиён амал мекард. В. Тарн дар асоси чунин тахмин сухан меронад, ки зани Евтидем духтари маликаи Селевкиён буд ва ба ин сабаб худро хешу ақрабои Селевкиён мешумурд. Вале ҳамаи ин тахминҳои беасос аст.
Дар бораи ҷиҳатҳои ҳақиқии воқеаҳои минбаъдаи аҳди Евтидем маълумот ниҳоят кам аст. Тахмин кардан мумкин, ки вай Диодоти II-ро кушту бо худи ҳамин як кирдораш муносибатро бо Порт тезутунд кард. Аз эҳтимол дур нест, ки ин муносибати тезутунд боиси задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳам гардид. Чӣ тавре ки аз баёни минбаъда равшан мешавад, дар аҳди Евтидем давлати Юнону Бохтар, дар ғарб Ориёно, Мароға ва эҳтимол, Аспион ва Туриваро аллакай дар бар мегирифт. Ба ҳамин тариқ, Евтидем дар Осиёи Миёна мулки зиёдеро соҳиб шуд. Маркази ин мулк ҳамоно Бохтар буд ва ба ҳайъати он Суғд ва мумкин аст, баъзе ноҳияҳои ҳамсоя дохил мешуданд.

Муборизаи зидди истилокории Селевкиён

Равнақи давлати Юнону Бохтар

3. Сохти дохилӣ, иқтисодӣ ва маданияти Осиёи Миёна дар асрҳои III-II пеш аз милод

Давлати Юнону Бохтар

Давлати Порт

Дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.