Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 2, боби 4

2_bobi_4

Фасли дувум
Аҷдоди тоҷикон дар давраи
тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ

Боби чорум
Осиёи Миёна дар давраи Кушониён

1. Порт, Юнону Бохтар ва кӯчманчиён.
Ибтидои таърихи йуҷиҳо

Кӯчманчиён ва Порт

Соли 138/7 ба тахти Порт Фарҳоди II нишаст. Худи Фарҳод ҳанӯз хурд буд ва давлатро модараш идора мекард. Амнияти мамлакат талаб мекард, ки подшоҳ дар шарқ бошад. Вале кор якбора ранги дигар гирифт – ба портҳо Селевкиён боз ҳуҷум карданд. Кори лашкари Селевкиён омад карду қисмҳои асосии ноҳияҳои ғарбии Порт, аз ҷумла, Бобулистонро тасхир намуданд, вале тантанаи Селевкиён тӯл накашид. Аҳолии шаҳрҳо аз ғорату истисмори бераҳмонаи душман ба дод омада, шӯриш бардоштанду ба гарнизони Селевкиён дарафтоданд. Фарҳод душманро торумор кард, подшоҳи Селевкиён ҳалок шуд (ё худашро кушт), духтари ӯро Фарҳод ба ҳарами худ овард. Ин охирин кӯшиши Селевкиён буд барои баргардонидани ноҳияҳои шарқӣ, ки замоне ба онҳо тааллуқ доштанд. Лашкари портҳо боз ба Бобулистон дохил шуда, барои юриш ба Сурия тайёриро сар карданд.
Аз паси ин комёбиҳои гуворо ба сари подшоҳони Порт рӯзҳои сахт омаданд. Дар ин бора Юстин батафсил ривоят мекунад (ХLII, 1, 1-3): «…Дар ҳамин вақт исёни скифҳо (қабилаҳои кӯчманчӣ и Осиёи Миёна – сакоиҳоро Юстин чунин меномад) ӯро (яъне Фарҳоди II-ро. – Б.Ғ.) маҷбур кард, ки барои ҳимояи давлати худ аз роҳаш баргардад. Гап дар ин ки скифҳо дар ивази музди муайян бояд ба портҳо ёрӣ расонда, зидди подшоҳи Сурия — Антиох меҷангиданд, вале фақат баъди тамом шудани ҷанг расида омаданд. Онҳоро сахт таъна заданд, ки вақти даркорӣ ёрӣ нарасонданд ва муздеро, ки бояд онҳо мегирифтанд, надоданд. Скифҳо ниҳоят дар ғазаб шуданд, ки ин қадар роҳро беҳуда тай намуданд ва талаб карданд, ки ё музди онҳоро диҳанд ё бар зидди ягон душмани дигар фиристанд. Вале Фарҳоди II талаби онҳоро ҳавобаландона рад кард ва скифҳо ҷавоби радро барои худ таҳқир дониста, ба ғорати мулки Порт сар карданд. Бинобар ҳамин Фарҳод ба ҷанги зидди онҳо баромад…».
Амалиётҳои ҷангӣ (дар соли 130 пеш аз милод) чунин сурат гирифт (Юстин, ХLII, 1, 4-5): «…Фарҳод ба ҷанг ҳамон лашкари юнониёнро бурд, ки дар муҳорибаи зидди Антиох асир гирифта буд ва то ба ҳол нисбат ба онҳо ҳавобаландона ва бераҳмона муомила мекард… Бинобар ин вақте юнониён диданд, ки сафи портҳо андак суст шуд, зуд ба тарафи душман гузаштанд ва кине, ки барои асирии худ кайҳо дар дил мепарвариданд, ба амал бароварданду ҳам лашкари портҳо ва ҳам худи Фарҳодро аз дами теғ гузаронда, ғарқи хун сохтанд».
Ба тахт амаки подшоҳи пештара — Ардавони II нишаст. «Скифҳо» бошанд, Портро батамом ғорат карда, ба даштҳои худ баргаштанд (Юстин, ХLII, 2, 1). Порти замоне ғаюру сарбаланд маҷбур шуд, ки ба онҳо боҷ диҳад (Иоанни Антиохӣ, порчаи 66). Вале Ардавон як бор кӯшид, ки аз ин тобеият раҳо ёбад. Вай зидди яке аз қабилаҳо, ки Юстин онҳоро тахорӣ меномад, ба ҷанг баромад, вале аз дасташ тир хӯрду дере нагузашта мурд.
Ин воқеа тақрибан соли 123 пеш аз милод ба вуқӯъ омад. Ба тахти Порт писари Ардавон — Меҳрдоди II нишаста, унвони Кабирро гирифт. Фақат дар аҳди вай ба портҳо муяссар шуд, ки пеши роҳи қабилаҳои сакоиро гиранд ва ҳатто (ҳамааш набошад ҳам) ноҳияҳои скифҳо ишғолкардаро баргардонанд. Юстин мегӯяд (ХLII, 1,5): «Вай чанд бор зидди скифҳо бомуваффақият муҳориба кард ва қасоси он озореро гирифт, ки ба аҷдоди вай расонда буданд». Дар аҳди Меҳрдоди II (123-87 пеш аз милод) Порт чунон тавоно шуд, ки пеш аз ин ҳеҷ вақт ба чунин дараҷаи иқтидор нарасида буд.

Масъалаи пайдоиши йуҷиҳо

Ҷараёни воқеа дар Юнону Бохтар тамоман дигар буд. Барои фаҳмидани он ва фаҳмидани вазъияти умумии Осиёи Миёна ба воқеаҳое муроҷиат кардан даркор, ки дар шимолу шарқи хоки Осиёи Миёна ба вуқӯъ омадаанд ва дар маъхазҳои қадимии Хитой сабт шудаанд. ҳамсояи хуннҳое, ки дар хоки Муғулистон зиндагӣ мекарданд, йуҷӣ ном халқе буд. Аллакай дар нимаи дувуми асри III пеш аз милод йуҷиҳо хеле қувват гирифтанд ва ҳокими хуннҳо маҷбур гардид, ки писари худро ба онҳо гарав диҳад. Вале баъд авзоъ дигар шуд. Шанюйи хуннҳо Маодун (ё Модэ) ҷамъияти хуннҳоро аз ҷиҳати ҳарбию маъмурӣ ба як тартиби муназзам дароварда, ин мардуми кӯчманчӣ ро ба қувваи раднопазире табдил дод.
Маодун ду бор ба Хитой ҳамла кард, императорҳои Хан аз номи вай ба ларза меомаданд. Соли 176 пеш аз милод яке аз сарлашкарони хуннҳо йуҷиҳоро шикаст дод. Писари Маодун–Шанюй Лаошан соли 174 пеш аз милод йуҷиҳоро торумор кард, ҳокими онҳоро кушта, аз косахонаи сари вай барои худ ҷоми шароб сохт. Йуҷиҳои торуморшуда ба тарафи ғарб ба Туркистони шарқӣ ва Осиёи Миёна кӯчӣ данд. Вале дар ин ҷо мардуме зиндагӣ мекарданд, ки хитоиҳо онҳоро «усунӣ» мегуфтанд ва ҳамин усуниҳо ба андозае худ зери таъсири хуннҳо буданд. Аз афти кор, бо таҳрики ҳамин хуннҳо усуниҳо ба ҷанги зидди йуҷиҳо бархостанд, вале шикаст хӯрданд. Баъд йуҷиҳо сэ ном қабилаҳоеро торумор карданд, ки онҳо рӯ ба ҷануб гурехтанд ва аз «қантара» (яъне ағбаҳои Помири ҷануби шарқӣ) гузашта, ба Гибин (яъне қисми шимолу ғарбии Ҳиндустон) расиданд. Дар навбати худ усуниҳо қувват гирифта, йуҷиҳоро торумор карданд ва онҳо низ маҷбур шуданд рӯ ба тарафи Даҳя – Бохтар гурезанд.
Олими Европаи ғарбӣ Г. Халоун менависад, ки «санаи ҳар ду сафари йуҷиҳоро аниқ муайян кардан душвор аст». Олими Япония И. Кувабара тахмин мекунад, ки йуҷиҳо ба шимоли Осиёи Миёна дар миёнаи солҳои 172-161 пеш аз милод омада, дар миёнаи солҳои 139-129 пеш аз милод ба ҷануб, ба тарафи ноҳияи Аму гузашта рафтаанд ва ин гапҳои ӯ ба ҳақиқат наздиктар мебошанд. Зимнан ба ноҳияи Самарқанди ҳозира онҳо дар миёнаи солҳои 133-129 пеш аз милод расидаанд.
Йуҷиҳое, ки ба Осиёи Миёна омаданд, да-йуҷӣ, яъне «йуҷиҳои кабир (калон)» ном доштанд. Йуҷиҳои дар Туркистони шарқӣ маскунро «йуҷиҳои сағир» мегуфтанд.
Дар маъхазҳои атиқӣ ин воқеаҳо тамоман ба тарзи дигар тавсиф шудаанд. Бисёр гапҳоро онҳо умуман намедонистанд, зеро воқеаҳои гӯшаҳои дурдасти Осиё барои онҳо пӯшида буд. Страбон (ХI, 8, 2) менависад: «Аз ин кӯчманчӣ ён махсусан онҳое машҳур гардиданд, ки аз юнониён Бохтарро кашида гирифтанд, яъне асиҳо, пасианҳо, тахориҳо ва сакараулҳо, ки аз ноҳияи соҳили дигари Яксарт кӯчӣ да омаданд ва макони онҳо дар шафати сарзамини сакоиҳо ва инчунин хоки суғдиён ҷой дошт, ки дар дасти сакоиҳо буд». Дар муқаддимаи китоби ХLII-вуми Помпей Трог чунин иборае ҳаст: «Асиҳо – шоҳи тахориҳо ва аҷали сараукҳо», дар китоби ХLI дигар иборае ҳаст, ки аз ҷумла, чунин гапҳо дорад: «…Бохтар ва Суғдро сараукҳо ва асианҳо ном қабилаҳои скифҳо ишғол карданд».
Буду шуди маълумот ҳамин – дигар гап нест. Ягон хел йуҷиҳо, ҳатто номбар нашудаанд. Дар айни ҳол, комилан равшан, ки ҳам маъхазҳои хитоӣ ва ҳам сарчашмаҳои ғарбӣ аз худи ҳамон як воқеаҳое сухан меронанд, ки боиси заволи Юнону Бохтар шуданд. Инак, дусад сол инҷониб, аз миёнаҳои асри ХVIII, ин ду гурӯҳ маъхазҳоро ба якдигар «мувофиқ» карданӣ мешаванд ва барои ин тамоми халқу қабилаҳое, ки дар он маъхазҳо зикр шудаанд, байни худ ва бо дигар номҳои этникӣ (ва географии) Осиёи Миёна муқоиса менамоянд. Аммо то ба ҳол ягон ақидаи муайян нест.
Кайҳо боз тахмин мекунанд, ки дар матни Страбон котибон хато кардаанд ва аслан «асиҳо, пасианҳо…» не, балки «асиҳо, ё пасианҳо» будааст, ки мувофиқи қоидаҳои китобат чунин саҳв аз эҳтимол дур нест. Агар чунин бошад, ин ду номи ҳамон як халқ аст. Халқе, ки Страбон «сакараулҳо» номидааст, бешубҳа, айнан ҳамон «сараукҳо»-и Помпей Трог мебошад. Бисёр забоншиносон ин ду номро муқоиса карда ва дигар маъхазҳоро истифода бурда, иддао мекунанд, ки номи дурусти он халқ «сакараукҳо» мебошад, ки аз калимаи онҳо таҷдиднамудаи «сакаравака» (яъне «сакоиҳои тезҳаракат») пайдо шудааст.
Инак гуфтаҳои болоиро ҷамъбаст менамоем:

Страбон Помпей Трог
Асиҳо Асиҳо
Пасианҳо (асианҳо) Асианҳо
Таҳориҳо Тахориҳо
Сакараулҳо (=сакараукҳо) Сараукҳо (=сакарукҳо)

Акнун ба маъхазҳои хитоӣ муроҷиат мекунем. Дар онҳо усуниҳо, сэ ва да-йуҷиҳо номбар шудаанд. Этноними «усуни» дар забони миёнаи хитоӣ бояд *Uosuən ва дар забони қадимаи хитоӣ бояд *Oswən талаффуз мешуд. Аксар вақт чунин ақида ҳам изҳор мегардид, ки усуни ин ифодаи асиҳо ба хитоӣ аст, масалан, А. Н. Бернштам ин ақидаро қатъиян тарафдорӣ мекард. Дар ин ҷо ғайр аз шабоҳати садоӣ мувофиқати маъхазӣ низ ҷой дорад – мувофиқи маъхази хитоӣ усуниҳо йуҷиҳоро торумор карданд, мувофиқи Помпей Трог бошад, асиҳо шоҳони тахориҳо сакараукаҳоро аз байн бурданд.
Вале асли масъала он қадар саҳл нест. Маъхазшиноси номӣ И. Маркварт имконпазирии чунин шабоҳатро сахт танқид карда буд. Г. Халоун ҳам ҳаққонӣ қайд мекунад, ки аз рӯйи маъхазҳои хитоӣ усуниҳо дар худи Ҳафтрӯд ва Тиёншон мондаанд ва ягон ишорате нест, ки онҳо ба ҷануби Осиёи Миёна ҳаракат кардаанд, ҳол он ки асиҳои муаллифони қадим яқинан ба ҷануб кӯчӣ даанд. Бинобар ҳамин вай муодилаи усуниҳо = асиҳоро «баҳснок» меномад. Бояд гуфт, ки ба ақидаи мутахассиси барҷастаи лингвистикаи таърихии Хитой Э. Пуллейблэнк муодилаи усуниҳо = асиҳо (ё асианҳо) аз нуқтаи назари таърихии лингвистӣ ҳам беасос аст. Хуллас, иддаои як будани усуниҳову асиҳо (асианҳо), ки дар адабиёт, аз ҷумла, дар адабиёти махсус низ вомехӯрад, танҳо тахминест, ки асоси казоӣ надорад.
Дар бобати сэ ҳаминро гуфтан даркор – дар даврае, ки аз он сухан меравад сэ бояд «сэк» талаффуз мешуд. Алҳол ҳама эътироф мекунанд, ки сэ ҳамон сакоиҳои маъхазҳои форсии қадим ва антиқӣ мебошанд.
Бармегардем ба сари қаҳрамони асосии ин драмаи таърихӣ – ба сари йуҷиҳо. Дар бораи дар давраҳои қадим чӣ гуна талаффуз шудани ин ном дар байни синологҳо як фикри ягона нест. Пештар мегуфтанд, ки ин ном ngiŋt-tsie ё ngiwât-tia талаффуз карда мешуду барои хитоиҳо got-ti, gut-ti, geti барин номҳои аҷнабиро ифода менамуд. Алҳол Пуллейблэнк исбот мекунад, ки ин тавзеҳ нисбат ба давраҳои сонӣ дуруст аст ва дар он давраҳое, ки йуҷиҳо ба доираи назари маъхазҳои хитоӣ афтиданд, номи хитоии онҳо Ywati барин ягон номеро бояд инъикос мекард.
Ҳамаи ин нозукиҳои забонӣ аҳамияти калон дорад. Вобаста ба он ки номи «йуҷӣ» дар қадим чӣ гуна талаффуз карда мешуд, онҳоро ба ин ё он халқе, ки аз маъхазҳои антиқӣ маълум мебошанд, нисбат медиҳанд.
Аз нимаи аввали асри ХIХ чуннн тахмине ҳам ҳаст, ки йуҷиҳо ин массагетҳо мебошанд. Аз олимони советӣ С. П. Толстов яке аз пешгузорандагони ин тахмин аст.
С. П. Толстов чунин фарзияи О. Франкеро ба асос мегирифт, ки аз Осиёи Миёна ба шимолу шарқ кӯчӣ дани як қисми массагетҳо факти баҳснопазир мебошад, ҳол он ки аслашро гирем, ин иддао ягон далели қатъӣ надорад. Чун дар он давра гӯё аниқ муқаррар шуда буд, ки «йуҷиҳои кабир» бояд дар қадим «гватҳои (ё гатҳои) кабир» талаффуз мешуданд, С. П. Толстов номи «массагетҳо»-ро «гетҳои кабир» таъбир намуд ва дар ҳамин асос даъво кард, ки йуҷиҳо худи ҳамон массагетҳо мебошанд . Асоси ин даъво нуктаҳои ғалату беасос мебошанд. Бо вуҷуди ин, С. П. Толстов ба миён омадани дигар хел таъбиру тафсирро бидуни мулоҳиза имконнопазир донистааст.
Дар «Таърихи халқи тоҷик» ақидаи тарафдорони муодилаи йуҷиҳо=массагетҳо муфассал зикр гардида, дар айни ҳол, қайд карда мешавад, ки дар байни олимони советӣ, аз ҷумла, И. И. Умняков, муқобилони ин ақида ҳам ҳастанд. Дар омади гап гуфтан лозим, ки этимологияи дурусти калимаи «массагетҳо» то ба ҳол муайян нашудааст.
Пештар И. Маркварт, ҳозир Э. Пуллейблэнк чунин тафсирро ба ҳақиқат наздик мешуморанд, ки талаффузи қадимии йуҷиҳо (Ywati) номи қабилаи ятиҳо мебошад, ки Птолемей (VI, 2) онҳоро ҳамсояи тахориҳо гуфтааст.
Номи тахориҳоро бошад, баъзан бо номи сарзамини Даван алоқаманд мекунанд. Дар аҳди қадим ин ном ба хитоӣ бояд dá’iwan талаффуз карда мешуд, ки он, эҳтимол, номи маҳаллии *Тахwaқ (тахор)-ро ифода менамуд. Дар адабиёти таърихӣ чунин ақида мақоми мустаҳкам дорад, ки Даван Фарғона аст. Ягон асосе нест, ки ин ақида дигар карда шавад ва он ҳама ҷидду ҷаҳде, ки ҳам пештар ва ҳам ҳозир ба мақсади кашидани Даван (ба тарафи Помир, ба тарафи Туркистони Марказӣ) карда мешавад, мутлақо эътибор надоранд.
Аз дигар тараф, ҳам муаллифони асрҳои IV ва ҳам муаллифони асрҳои минбаъда «йуҷиҳоро» мудом «тахор» тарҷума кардаанд, ки ин ақидаи иртибот доштани тахору йуҷиҳоро бори дигар тақвият медиҳад.
Дар вақтҳои охир майли ба ҳамон гурӯҳҳои аҳолии Туркистони шарқӣ нисбат додани йуҷиҳо (ва тахорҳо) боз зӯр шуда истодааст. Аз авлоди асримиёнагии онҳо дастнависҳое ба мо расидаанд, ки ба ду забон навишта шуда ва он забонҳоро шартан «тахорӣ» номидаанд. Ин забонҳо ҳиндуаврупоӣ бошанд ҳам, на ба забонҳои ҳиндӣ шабоҳат доранд ва на ба забонҳои эронӣ. Аз муҳаққиқони советӣ Ю. Н. Рерих ва В. В. Иванов моили ин ақидаанд.
Олими Япония К. Еноки ҳамаи ин мушкилотро бо роҳи зерин бартараф карданӣ шудааст. Вай ҳаминро ба асос гирифтааст, ки маъхазҳои антиқӣ ва хитоӣ худи ҳамон як воқеаро не, балки ду воқеаи пайдарпай – ду марҳалаи истилои Бохтарро инъикос кардаанд, яъне давраҳои аввали истилоро маъхазҳои антиқӣ ва давраҳои минбаъдаи истилоро маъхазҳои хитоӣ тасвир кардаанд. Дар ин сурат ҳоҷат нест, ки йуҷиҳо ба ягон халқи дигар, ки дар маъхазҳои антиқӣ зикр шудаанд, нисбат дода шаванд. К. Еноки мисли Г. Халоун таклиф мекунад, ки йуҷиҳо скиф шумурда шаванд. Вай тахмин мекунад, ки шомилони маданияти Пазирик дар сарзамини йуҷиҳо зиндагӣ мекарданд. «Ба ақидаи ман,– менависад К. Еноки,– йуҷиҳои асри севуми то милод аз рӯйи манзил ва иқтидори худ ба туркҳои асрҳои шашу ҳафт хеле монанд мебошанд ва он ҳодисае, ки чун кӯчӣ йуҷиҳо маълум аст, аслан кӯчӣ ин ё он гурӯҳи халқе аз ҷое ба ҷое не, балки васеъ шудани ҳудуди шарқӣ ва шимолии давлати йуҷиҳо буд». Бояд гуфт, ки ҷиҳати лингвистии муодилаи йуҷиҳо=скифҳоро Э. Пуллейблэнк сахт танқид кардааст, дигар ҷиҳатҳои ин нукта ҳам асоси мустаҳкам надоранд.
Умуман, дар панҷоҳ соли охир ба туфайли тадқиқоти лингвистии олимони мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла олимони советӣ, ҳалли масъалаи йуҷиҳо такони зӯре дид. Хеле маълумот ба даст омад. Бисёр тахмину назарияҳои мутақобил ба миён омаданд. Вале тамоми ин хабару маълумоту факту мушоҳидаҳо алҳол дар як манзараи муайян нағунҷида истодаанд. Аз афти кор, ин гуна манзараи муайян дар оянда ба вуҷуд оварда мешавад.
Тамоми корҳои дар ин бобат шударо аз назар гузаронда бояд гуфт, ки дар ҳалли ин масъала аҳамияти мадракҳои археологӣ беш аз пеш афзуда истодааст.
Дар бобати роли муносибатҳои мутақобили хитоиҳою хуннҳою йуҷиҳо дар заволи Юнону Бохтар С. П. Толстов изҳори ақида мекунад, ки «…Умуман, аз тарафи «барбариҳо» истило шудани Бохтар ба сӯи ҷануб, зидди душманони анъанавии худ ҳаракат кардани қабилаҳо, пеш аз ҳама, ҳаракат кардани қабилаҳои назди Арал аст» . Ба фикри мо ҳам, маҳз ҳодисаҳое, ки дар маҳалҳои дур аз Осиёи Миёна рӯй додаанд, ҳақиқатан, боиси он гардидаанд, ки ба ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёна урдуи мутааддиди кӯчманчӣ ён – йуҷиҳо зада даромаданд ва дар навбати худ дигар қабилаҳову халқҳои кӯчманчӣ и Осиёи Миёнаро ба ҳаракат оварданд. ҳамин тариқ, гӯё реаксияи мусалсал ба амал омад. Вале реаксияи мазкур, метавонист фақат ба ҳамин шарт ин қадар бо шиддат ҷараён ёбад, ки агар ташбеҳи болоиро бори дигар кор фармоем – дар «деги» вазъият «массаи критикӣ» ба вуҷуд омада буд.

Ҳамлаи қатъӣ ба Юнону Бохтар

Соли 206 пеш аз милод, даҳҳо сол қабл аз он, ки йуҷиҳо ба хоки Осиёи Миёна дохил шуданд, дар сарҳадҳои давлатии Юнону Бохтар аллакай урдуҳои сершумори кӯчманчӣ ён меистоданд. Таназзули минбаъдаи давлати мазкур, аз афти кор, боиси мудом аз даст рафтани ноҳияҳои шимолии он гардид. Ба муносибати ҳаракатҳое, ки аз дахолати йуҷиҳо ба амал омаданд, ба Юнону Бохтар ҳуҷуми қатъӣ сар шуд. Мо намедонем, ки ин воқеа ҳақиқатан чӣ гуна ҷараён дошт. Яке аз тахминҳои имконпазир (ки мисли тамоми дигар тахминҳо бисёр ҷойҳои суст дорад) чунин аст: сакоиҳо аз тазйиқи йуҷиҳо гурехта, аз гузаргоҳҳои кӯҳистони Туркистони шарқӣ ва Помир гузашта, ба Ҳиндустони шимолу шарқӣ омаданд. Сакараукҳое, ки дар маҷрои миёнаи Сир маскун буданд, Суғдро истило намуда, аз он ҷо ба воҳаи Марв дохил шуданд ва ба ҷануб ба тарафи Сакистон (Систони ҳозира) ва Ҳиндустони шимолу ғарбӣ ҳаракат карданд. Иттиҳодияи калони тоифаҳо аз атрофи Фарғона (тахорҳо?) ва аз Ҳафтрӯд, инчунин дигар фавҷи кӯчманчӣ ён аз назди Арал ба ҷануб – ба тарафи Бохтар раҳсипор шуданд.
Сафири Хитой Чжан-Сян соли 128 пеш аз милод тавонистааст қайд кунад, ки йуҷиҳо Даҳя, яъне Бохтарро истило карданд, вале дар он вақт қароргоҳи сардори йуҷиҳо дар шимолтари Аму воқеъ буд. Аз афти кор, дар марҳилаҳои аввал волиёни вилоятҳои Бохтар ба йуҷиҳо фақат итоати вассалиро ба гардан гирифтаанд, вале сонитар, баъди ба ҷануб ҳаракат кардани лашкари йуҷиҳо маъмурияти йуҷиҳо низ таъсис ёфтааст.
Эҳтимол, ҳақ ба ҷониби А. К. Нарайн аст, ки навишта буд: ба давлати Юнону Бохтар бо роҳҳои гуногуни амалиёт халқҳои гуногун дар вақтҳои гуногун ҳамла кардаанд. Дар натиҷа Юнону Бохтар суқут ёфт. Дар охири асри II–нимаи аввали асри I охирин мулкҳои волиёни Юнону Бохтар истило гардида, барҳам дода шуданд.
Ба ҳамин тариқ, бар хилофи Порт, ҳамлаи кӯчманчӣ ён боиси тамоман завол ёфтани давлати Юнону Бохтар гардид.

2. Осиёи Миёна дар асрҳои II-I пеш аз милод.

Бохтар ва Суғд

Давлати қадимии Фарғона – Даван

Халқҳо ва ноҳияҳои шимолӣ

Порт. Ғалабаи Порт бар Рим

3. Давлати Кушон

Давраи аввали давлати Кушон

Масъалаи хронологияи Кушон

Забти сарзаминҳо

Ислоҳоти пулии Кадфизи II

Канишка ва равнақи давлати Кушон

Таназзули давлати Кушон. Кушониён ва Сосониён

4. Шаҳрҳо ва манзилҳои Осиёи Миёна дар давраи Кушон

Бохтари шимолӣ

Суғд, Фарғона, Чоч, Хоразм

5. Иқтисодиёти Осиёи Миёна дар давраи Кушониён

Хоҷагии қишлоқ. Обёрӣ

Бинокорӣ ва ҳунармандӣ

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

6. Маданият ва дини Осиёи Миёнаи кушонӣ

Осори хаттӣ

Ақоиди мазҳабӣ

Санъат

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.