Фасли дувум
Аҷдоди тоҷикон дар давраи
тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ
Боби якум
Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо
1. Таърихи сиёсии Осиёи Миёна
дар асри VI — ибтидои асри V пеш аз милод
Ба вуҷуд омадани давлати Ҳахоманишиҳо
Пайдоиши нахустин падидаҳои давлат дар Эрон ба асрҳои IХ-VII пеш аз милод тааллуқ дорад. Дар ин асрҳо аксари ноҳияҳои Эрони ғарбӣ ба ҳайати давлатҳои Ошур ва Урарту дохил мешуд (вилоятҳое, ки баъдтар маркази салтанати мидиҳо гардидаанд, дар таҳти тасарруфи давлати Ошур буданд; тоифаҳои форсии ҷанубу ғарби Эрон, ки аввалҳо ба подшоҳии Аллом ва баъд ба Ҳахоманишиҳо итоат мекарданд, тақрибан дар соли 640 пеш аз милод тобеияти худро нисбат ба Ошур эътироф намуданд). Дар асрҳои VIII–VII қисмати муҳими хоки шимолу ғарби Эрон дар зери идораи давлати подшоҳии Монӣ муттаҳид гардид.
Тоифаҳои эронизабон дар марҳилаҳои аввали нуфузи худ ба Эронзамин (аз охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милод) ҳанӯз ба ҳамон дараҷаи тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ, ки таъсиси иттиҳодияе мисли давлат имкон медода бошад, нарасида буданд. Фақат баъдтар дар асоси ин тоифаҳо ва ба онҳо омехтани аҳолии маҳаллии як қатор вилоятҳои Эрон тамаркузи (консолидатсияи) унсурони эронизабон ба амал омада, дар натиҷаи инкишофи он дар чоряки дувуми асри VII пеш аз милод давлати подшоҳии Мидӣ таъсис меёбад, ки аввалҳо дар ҳудуди ноҳияи Экботан (Ҳамадон) ва чанде аз вилоятҳои ҳамсоя қарор гирифта, пас аксарияти вилоятҳои Эрон (аз ҷумла, вилояти Форс), хоки давлатҳои Монӣ ва Урарту, як идда ноҳияҳои тобеи давлати Ошур, қисмати шарқии Осиёи Хурдро тасарруф намуд ; ҳудуди он дар шарқ то сарҳади Осиёи Миёна расида буд.
Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод ба ҷойи давлати Мидӣ давлати Ҳахоманишиҳо ба вуҷуд меояд. Бо зуҳури давлати ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо ҳамон протсесҳои хоси давраи гузашта (асрҳои IХ-VI пеш аз милод), ки тамоюли ба як давлат муттаҳид кардани халқу кишварҳои мухталифи Шарқи бостониро (чунон ки давлатҳои Ошур, Урарту, Мидӣ ва Бобули Нав муттасил вусъат меёфтанд) ифода менамуд, ба анҷом расиданд.
Бунёди давлати Ҳахоманишиҳоро подшоҳи тоифаҳои форс Куруши II гузошт, ки пештар чун вассал ба салтанати Мидӣ тобеъ буд. ӯ дар натиҷаи муборизаҳои сахт ва дуру дароз на фақат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз милод давлати Мидиро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшоҳи Форс унвони подшоҳи Мидиро ҳам соҳиб шуд.
Куруши II ҷангҳои зиёде кардааст. ӯ аввал тамоми мулкҳои тобеи давлати Мидиро тасарруф намуд. Сипас, дар соли 547 ё 546 пеш аз милод давлати юнонии Осиёи Хурд – Лидияро, ки мамлакати пурсарвате буд, ба салтанати худ тобеъ кард.
Футуҳоти Куруши II дар Осиёи Миёна
Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруши II ин буд, ки давлати ҳахоманишӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид, нуфуси мамлакат ва манбаъҳои моддии он афзуд. Ҳамаи ин барои амалӣ гардидани ниятҳои Куруш дар бобати ба вуҷуд овардани давлати паҳновари фарогирандаи тамоми Осиё шароит ва имконият муҳайё сохт.
Пас аз фатҳи Лидия, ба қавли Геродот (I, 153), «дар сари роҳи Куруш кишвари Бобул, мардуми бохтар, сакоиҳо ва мисриён қарор гирифта буданд, ки дар набардҳои зидди онҳо ӯ мехост шахсан худаш сардорӣ кунад, аз ин рӯ, ба ҷанги зидди иониҳо сарлашкари дигареро фиристод». Чунин нақшаи Куруш тасодуфӣ набуд: аз афташ, ӯ дар бораи иқтидор ва омодагии ҳарбии халқҳои Осиёи Миёна вуқуфи комил дошт. Бинобар ин, ӯ дар ин сафарҳои ҷангӣ фармондиҳии қӯшунро, ҳатто ба наздиктарин сарлашкарони худ ҳам бовар карда супурда наметавонист.
Мо дар бораи он ки истилои Осиёи Миёна чи гуна сурат гирифт, чизе ба яқин намедонем. Вале ҳаминаш маълум аст, ки истилогарон дар роҳи расидан ба ниятҳои худ бераҳмиҳои аз ҳад зиёде кардаанд. Чи навъе ки Геродот хабар медиҳад (I, 177), «Қисми зиёди аҳолии Осиёи поёнро Гарпаг ва Осиёи болоро худи Куруш, ки халқҳои онро паси ҳам, ба ҳеҷ яке раҳм накарда, ба асорат дучор мекард, аз дами теғ гузарониданд». Муаррихи Бобули асри III пеш аз милод Беросс ҳамчунин хабар медиҳад, ки Куруш танҳо пас аз мутеъ кардани тамоми Осиё ба Бобул лашкар кашид. Ҳамаи ин далелҳо нақлу ривояти Николаи Димишқиро («Таърих», 75) дар хусуси ин ки пас аз ғалабаи Куруши II бар давлати подшоҳии Мидӣ гӯё сатрапи Гиркон ба пои худ омада, изҳори итоат карда бошад ва «сипас, сатрапҳои портҳо, сакоиҳо, бохтариҳо ва соири халқҳо паси ҳам, яке пештар аз дигаре омада, дар назди ӯ ба замин зону зада бошанд», комилан рад мекунанд. Ҳамаи ин гуфтаҳо иштибоҳи маҳз аст, зеро бохтариҳо ва сакоиҳо ба ҳайати давлати Мидӣ намедаромаданд ва онҳоро тасхир кардани Куруш ҳоло дар пеш буд. Ин гуфтаҳо, зоҳиран, дар ҳаққи дигар вилоятҳо ҳам нодуруст аст. Дар ин бобат ахбори Трог дар нақли Юстин (1, 7, 2) ба ҳақиқат наздиктар аст: «Давлатҳое, ки пеш тобеи мидиҳо буданд, тағйири ҳокимиятро тағйироти вазъи худ пиндошта, аз Куруш ҷудо шуданд; ин барои Куруш баҳонае гардид, ки ба ҷангҳои сершумор оғоз намояд».
Баъзе тафсилоти футуҳоти Куруши II дар Осиёи Миёна аз тарафи Ктесий (фиқраи 9/29) низ баён ёфтааст. Ӯ хабар медиҳад, ки Куруш «бо бохтариҳо меҷангид, вале дар муҳориба бартарии ягон тараф аён нагардид». Фақат пас аз он ки бохтариҳо аз устувории вазъияти сиёсии дохили давлати ҳахоманишӣ огоҳ шуданд, «ихтиёран» ба Куруш сари итоат фуруд оварданд.
Махсусан, маълумоти навиштаҷоти кӯҳи Бесутун , ки бо амри Дорои I сабт шудааст, аҳамияти калоне дорад. Аз ин навиштаҷот роҷеъ ба ҳайати давлати ҳахоманишӣ то замони ҷулуси Дорои I бисёр мадракҳои баҳснопазир ба даст овардан мумкин аст. Дар айни замон бояд дар назар дошт, ки дар фосилаи байни вафоти Куруши II ва ба тахт нишастани Дорои I, яъне дар солҳои 530-522 пеш аз милод Ҳахоманишиҳо на ин ки ба тобеъ кардани вилоятҳои нави Осиёи Миёна, балки ба фатҳи Миср ва умури дохилии давлати худ машғул буданд. Доро дар сутуни аввали навиштаҷоти мазкур: «Ин аст он кишварҳое, ки бо меҳрубонии Аҳуромаздо насиби ман гардидаанд» мегӯяд ва аз ҷумлаи ин кишварҳо Порт, Ориё, Хоразм, Бохтар, Суғд ва ҳамчунин вилоятҳои ҷануби Афғонистон ва шимолу ғарби Ҳиндустон: Қандаҳор, Сатагидия, Арахосия ва дар миёни ду вилояти аввал «Сака»-ро (эҳтимол, сакоиҳои ҳавмаварға дар назар дошта шуда бошад) ном мебарад. Дар сарчашмаҳои Юнони Қадим ахборе (Плиний, VI, 23) мавҷуд аст, ки Куруш Каписаро (муҳаққиқон одатан онро ба маҳалли Бағроми назди Кобул нисбат медиҳанд) хароб намуд.
Дар асоси хулосаи он далелу мадракҳои хеле кам, ки мо дар даст дорем, метавон тахмин кард, ки ба Куруши II фатҳи Порт, Бохтар, Хоразм, Суғд ва кадом як қисмати сакоиҳо, яқинан сакоиҳои ҳавмаварға, муяссар гардидааст. То куҷоҳо тӯл кашидани ҳудуди давлати ҳахоманишӣ дар қисмати шимолу шарқ ба мо маълум нест. Як вақтҳо чанде аз муҳаққиқон ба баъзе сарчашмаҳои баъдина, ки бунёди шаҳри Кирополро ба Куруш нисбат медоданд, истинод намуда, то Фарғона расидани ҳудуди давлати ҳахоманиширо тасдиқ карданӣ мешуданд. Вале ин иддао дар асоси таҳқиқу таҳлили мадракҳои забонӣ то андозае аҳамияти худро аз даст дод. Чунин мулоҳизае баён ёфт, ки шаҳр, дар воқеъ, Куру-(ш)-ката ном дошта, қисми аввали калима мумкин аст номи қабила бошад ва юнониҳо ин калимаро каме дигар карда, Кирэсхата хондаанд.
Куруш ва Томирис.
Шикасти қӯшуни ҳахоманишӣ
Дар соли 539 пеш аз милод Куруши II Бобулро сарнагун карда ба қасди истилои Миср афтод. Аммо вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне Осиёи Миёна ӯро доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ӯ дубора ба сӯйи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи ақибгоҳи худро бартараф намояд. Куруш дар садади торумор кардани бодиянишинони муқтадири Осиёи Миёна худ дар сари қӯшун қарор гирифта, ба набарди зидди онҳо мерафт.
Аксари муаллифони қадим роҷеъ ба ин ҷангҳои Куруш маълумот медиҳанд, аммо ҳар кадоми онҳо воқеаро ба таври худ баён менамоянд. Яке мегӯяд: Куруш аз дарёи Аракс убур карда, ба сарзамини массагетҳо дохил шуд, ки сарвари онҳо малика Томирис буд. Дигаре ҳам тақрибан ҳамин тавр нақл мекунад: Куруш бо скифҳо, ки дар сари онҳо Томирис меистод, ҷангҳо кард. Севумӣ чунин меоварад: Куруш бо дарбикҳо задухӯрд намуд. Ниҳоят, ривояти дигаре ҳаст, ки аз ҷангидани Куруш дар «даштҳои дайҳо» хабар медиҳад.
Геродот, Трог-Юстин ва дигар муаллифонро дар бораи ин ҷангҳои Куруш ва натиҷаи онҳо ҳикоятҳои муфассале ҳаст. Ба тариқи мисол аз ҳикояти Трог-Юстин мазмунан фиқраи зеринро меоварем: Куруш Осиёро тасхир ва тамоми Шарқро ба ҳокимияти худ мутеъ намуда, ба ҷанги зидди скифҳо рафт. Он вақт ҳукмрони скифҳо Томирис буд. Вай бо вуҷуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Томирис метавонист пеши роҳи убури қӯшуни душманро аз дарёи Окс бигирад, аммо вай ин тавр накард, ба гузаштани душман имкон дод. Зеро малика ба чунин мулоҳизае расида буд, ки дар ҳудуди давлати худ бо душман ҷанг кардан барояш осонтар аст, вале барои душман, ки дарё пеши роҳашро бастааст, гурехта ҷон ба саломат бурдан амри маҳол хоҳад шуд. Куруш қӯшуни худро аз дарё гузаронид ва чанд фарсах ба дарунтари мамлакати скифҳо даромада, дар ҷое таваққуф намуд. Рӯзи дигар мисли ин ки аз тарс фирор мекарда бошад, дафъатан ӯрдугоҳро тарк кард ва гӯё аз саросемагӣ ба қадри фаровон май ва тамоми асбоби зиёфатро партофта рафт. Вақте ки инро ба малика гуфтанд, вай писари ҳанӯз ҷавони худро бо сеяк ҳиссаи лашкари скифҳо барои таъқиби душман фиристод. Ҷавони кори ҳарбро наозмуда, ҳамин ки қадам ба ӯрдугоҳи душман ниҳод, худро на дар майдони разм, балки дар саҳни базм дарёфт, душманро фаромӯш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнадида аз майхӯрӣ масти лояъқил шаванд ва май онҳоро пештар аз силоҳи адӯ ба мағлубият дучор гардонид. Чун Куруш аз ин ҳол воқиф шуд, шабонгаҳ пас гашт ва ин сарбозони масти афтода ва оҷизу нотавонро ҳамроҳи писари малика сар аз тан ҷудо кард. Томирис ин қадар қӯшунро ва аз ҳама аламноктар ягона фарзанди дилбанди худро аз даст дода, тасаллои дили пурдарди худро на дар ашкҳои сӯзон, балки дар интиқоми ҷонситон дид ва мисли ҳамон тадбири душмани маккор, ки ҳоло дар нишоти барори дирӯза кайфу сафо дорад, тадбир андешид. Вай чунон вонамуд кард, ки гӯё пас аз ин зарбаи сахт ба қувваи худ бовар надорад ва роҳи гурезро пеш гирифта, Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. Ҳатто ягон пайке ё ҷондоре, ки форсҳоро аз ин шикасти даҳшатангез огоҳ мекарда бошад, боқӣ намонд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеҷ гоҳ аз он сер намешудӣ» (Юстин, I, 8, 1-13).
Ҳикояти Геродот (а, 205-214) боз ҳам муфассалтар аст. Аз он маълум мешавад, ки Куруш аввал ба воситаи фиристодагони махсуси Томирис ба малика заношӯ шуданро пешниҳод карда будааст. «Лекин Томирис,– менависад Геродот,- на хостгори вай, балки хостгори салтанати массагетҳо будани Курушро пай бурда, ин пешниҳодро рад намуд» (I, 205). Писари Томирисро «Спаргапис» меномиданд (I, 211) вай кушта нашуда, балки асир афтода, худашро кушта будааст (I, 213). Доир ба муҳорибаи массагетҳо ва қӯшуни Ҳахоманишӣ чунин нақл карда мешавад: «…Ин муҳориба аз тамоми задухӯрдҳое, ки барбариҳо иштирок доштаанд, шадидтар буд. Аз рӯйи шунидам, вай ин тариқа рӯй додааст: аввал ҳарду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир паррондаанд, сонӣ, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта, найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз ба ҳам муқобил истода, ҳеҷ яке аз тарафҳо ба гурез рӯ наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст» (Геродот, I, 214). Страбон ба (ХI, 8, 5) ин ахбор чунин як маълумоти хеле муҳимро илова менамояд, ки дар вақти ин ҷанг душманони бодиянишини Куруши II (ӯ онҳоро сакоӣ меномад) қӯшуни ҳахоманиширо ду бор шикаст доданд.
Масъалаи аниқ муайян кардани самти ҳаракати Куруши II ва маҳалли ҷангҳои ӯ хеле мураккаб аст. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки ин Сирдарё, Амударё ва ё Узбой аст. Шояд маҳалли охирӣ ба ҳақиқат наздиктар бошад.
Аз тарафи массагетҳо шикаст хӯрдани Куруш дар охири июлу ибтидои августи соли 530 пеш аз милод воқеъ шудааст, ки ин ягона санаи яқинан муқарраршудаи таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад.
Чунон ки М. М. Дяконов менависад: «Куруш яке аз барҷастатарин симоҳои таърихи қадим буд». Ин, бешубҳа, ҳақ аст, зеро Куруш дар фаъолияти худ, ҳамчун ифодакунандаи бисёр тамоюлҳои пешқадами замони худ баромад мекард. Илова бар ин, захираҳои фаровони давлати паҳновари ҳахоманишӣ, кӣ тӯли он аз Осиёи Хурд то водии ҳинд кашида мешуд, дар ихтиёри ӯ буд. Ба ин ҳама нигоҳ накарда, ӯ дар мубориза бо бодиянишинони Осиёи Миёна на фақат ба шикасти сахт дучор шуд, балки худаш ҳам ҳалок гардид. Ин ҷо асли гап на дар ноомади кор ва на дар бахти ноустувор аст. Мардумоне, ки барои муҳофизати озодӣ ва истиқлолияти худ камар бастаанд, тамоми қувваи худро ба муқобили душман сафарбар менамоянд. Тимсоли чунин муборизаҳои қаҳрамонона чи дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва чи умуман дар таърихи ҷаҳон бешумор аст.
Шӯриши зидди Ҳахоманишиҳо дар аҳди Дорои I
Ғалабаи бодиянишинони Осиёи Миёна бар Куруши II дар ҳалли тақдири давлати ҳахоманишӣ роли калоне бозид. Аз як тараф, бунёдгузори тавонои давлати ҳахоманишӣ кушта шуд, аз тарафи дигар, писар ва валиаҳди ӯ Камбуҷиё маҷбур гардид, ки сафари ҷангии кайҳо муқарраршудаи Мисрро мавқуф гузорад. Дертар Камбуҷиё ба ҳар ҳол ба Миср лашкар кашида, ин мамлакатро ҳам ба таҳти тасарруфи Ҳахоманишиҳо даровард.
Дар соли 522 пеш аз милод ҳокимияти Эронро яке аз намояндаҳои сулолаи Ҳахоманишӣ Дорои I ба даст даровард (ӯ то соли 486 салтанат рондааст). Бесарусомониҳои хонадони подшоҳӣ ва муборизаҳои тоҷутахтталабӣ, ки дар муҳити бӯҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ба вуқӯъ меомад, ба парешонии давлати ҳахоманишӣ ва сар задани ҷунбишҳои истиқлолиятхоҳонаи як қатор вилоятҳо оварда расонид. Дар навиштаҷоти машҳури кӯҳи Бесутун, ки Доро ба мақсади ҷовидон гардонидани корҳои худ сабт кардааст, аз хусуси фурӯ нишондани чунин ошӯбҳо ба таври муфассал нақл карда мешавад.
Халқҳои Осиёи Миёна ҳам барои аз дӯш барандохтани юғи асорати Ҳахоманишиҳо аз ин фурсат истифода намуданд. Порт, Марғиён ва мамлакати сакоиҳо сар бардоштанд (навиштаҷоти Бесутун, 6-8). Шӯриш махсусан дар Марғиён вусъати зиёд пайдо кард. Дорои I дар навиштаҷоти Бесутун (катибаи Бесутун, III, 10-12) дар ин бора чунин нақл мекунад: «Доро гӯяд: кишвари Марғиён ба ошӯб омад. Якеро бо номи Фради Марғиёнӣ сардор хонданд. Пас, ман як марди форсро бо номи Додоршиш, банда ва волии ман, ба Бохтар фиристода, ба ӯ гуфтам: «Бирав ва мағлуб соз лашкареро, ки худро на лашкари ман гӯяд». Сипас, Додоршиш бо қӯшун бирафт ва бар сари Марғиёниён битохт. Аҳуро-Маздо ба ман мададгор шуд. Бо марҳамати Аҳуро-Маздо қӯшуни ман лашкари ошӯбгаронро торумор намуд. Рӯзи 23-и моҳи ассиядия ҷанг оғоз шуд». Пас аз ин, Доро мегӯяд (навиштаҷоти Бесутун, III, 19-20) «кишвар мутеи ман гардид».
Санаи ин навиштаҷот мутобиқи 10 декабри соли 522 пеш аз милод аст ва ин ҳам мисли санаи шикасти Куруш аз қадимтарин санаҳои аниқ муайянгардидаи таърихи СССР ба шумор меравад.
Қӯшуни ҳахоманишӣ бо сардории волии Бохтар шӯришро бераҳмона пахш кард, дурусттараш ба хун ғарқ намуд. Тибқи ривояти бобулӣ ва нусхаи оромии навиштаҷоти Бесутун 55 ҳазор кушта ва 6,5 ё 7 ҳазор кас асир гирифта шуд. Пешвои шӯришгарон Фрад аввал раҳойӣ ёфт, вале баъд аскарони ҳахоманишӣ ӯро ҳам дастгир карданд. Шӯришҳои Порт ва кишвари сакоиҳо низ бераҳмона фурӯ нишонда шуд.
Дорои I дар соли севуми салтанати худ (соли 519/518 пеш аз милод) махсус ба муқобили сакоиҳои тиграхуд лашкар кашид (навиштаҷоти Бесутун, V, 20-30). Дар муҳориба сакоиҳо шикаст хӯрданд. Қисме аз онҳо асир афтод. Дар миёни асирон пешвои сакоиҳо Скунҳа ҳам буд. Дорои I барои сакоиҳо пешвои дигар таъин намуд.
Муаллифи Юнони Қадим Полиен (ХII, 12) дар асоси ривоятҳои то ба ӯ расидаи сакоӣ роҷеъ ба як лавҳаи муборизаи диловаронаи сакоиҳо чунин нақл мекунад: Дорои I бо қӯшуни сершуморе ба муқобили онҳо равона шуд. Замоне ба ӯрдугоҳи ӯ саиси сакоӣ Шерак омад. Аъзои баданаш маъюб, рӯяш аз ҷароҳат баднамо, гӯшу биниаш бурида буд. Шерак арз кард, ки ҳамқавмонаш ҳамин тариқа ҷазояш доданд ва инак, ӯ ташнаи ниқор аст. ӯ роҳбаладиро ба зимма гирифта, ваъда кард, ки қӯшуни форсҳоро бо пайраҳаҳои фақат ба худаш маълум якбора ба ақибгоҳи сакоиҳо мерасонад. Пас аз ҳафт рӯзи роҳи пурмашаққат аскарони форс ба биёбони хушку холӣ баромада монданд. Онҳоро хавфи ҳалокат таҳдид мекард. Форсҳо фиреб хӯрдани худро фаҳмиданд. Шерак, дар ҳолате ки душман ба сараш теғ мекашид, бо ифтихор ҷавоб дод: «Ман ғалабаро ба даст овардам, зеро барои аз сари ҳамватанони худам – сакоиҳо дур кардани фалокат форсҳоро аз гушнагиву ташнагӣ ба ҳалокат супурдам». Форсҳо сари саисро аз тан ҷудо карданд. Ин сафари ҷангии Дорои I, чи навъе ки аз гуфтаҳои Полиен бармеояд, бемуваффақият анҷом ёфт.
2. Ҷамъияти Осиёи Миёна дар асрҳои V-IV пеш аз милод
Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ
2. Ҷамъияти Осиёи Миёна дар асрҳои V-IV пеш аз милод
Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, қисмати муҳими Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ қарор гирифта буд. Дар навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд шудааст, ки давлати ҳахоманишӣ аз сарзамини «сакоиҳои паси Суғд» то Кӯш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекард. Бо чунин ақида мумкин аст розӣ шуд, ки «сакоиҳои паси Суғд» ҳамон сакоиҳои он сӯйи дарёи Сир мебошанд, яъне, онҳое, ки дар ҷараёнгоҳи боло ва қисман миёнаи ин дарёи Осиёи Миёна зистаанд. Хоразм, Суғд, Бохтар, Порт, аксари вилоятҳое, ки сакоиҳои бодиянишин сукунат доштанд,– ҳама дар овони нашъунамои давлати ҳахоманишӣ ба ҳайъати он дохил мешуданд.
Бохтар то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти давлати ҳахоманишӣ дар таҳти тасарруфи он буда, муҳимтарин маркази шарқии ин давлат ҳисоб меёфт. Нуфуси зиёд ва имкониятҳои фаровони иқтисодию ҳарбии Бохтар ва вилоятҳои тобеи он мавқеи ин кишварро дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии тамоми қисмати шарқии давлати ҳахоманишӣ муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолавӣ барои тахти шаҳаншоҳӣ низ хеле бузург буд. Зоҳиран, аъёну ашрофи бохтарӣ сиёсати ҷудоиталабиро ҷорӣ карда, дар айни замон, гоҳо тарафи ин ва ё он даъвогари тахтро мегирифтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар умури давлат баробари форсҳо мавқеи роҳбарикунанда дошта бошанд.
Тамоми давлати ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне сатрапиҳо тақсим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе ки Геродот хабар медиҳад (III, 89-94), дар аҳди Дорои I (522-486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд, аксаран аз байни форсҳо таъин карда мешуданд. Вазифаи волӣ асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд. Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоатнакарда муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби волӣ бештар меросӣ буд.
Боҷу хироҷғундорӣ аз муҳимтарин амалҳои дастгоҳи давлатӣ ҳисоб мешуд. Мувофиқи ислоҳоти дар соҳаи молиёт ҷорӣ намудаи Дорои I ҳар як вилоят мебоист андози солонаро бо пул адо кунад.
Ғайр аз ин, ба тариқи молиёти ҷинсӣ, яъне маҳсулоти зироатӣ ё ки ҳунармандӣ андоз мепардохтанд. Илова бар ҳамаи ин, боҷҳои дохилӣ ва андозҳои роҳ низ вуҷуд доштанд. Махсусан, бо сарбоз таъмин кардани қӯшуни ҳахоманишӣ барои аҳолӣ бори гароне буд.
Аҳолӣ аз ин қабил андозу хироҷҳои зиёд ба азобу кулфатҳои тоқатшикан дучор мегардид. Вай барои додани молиёт аксар вақт замини худро ба судхӯрҳо гарав мегузошт ва ё ҳатто фарзандони худро ба ғуломӣ мефурӯхт.
Осиёи Миёна ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Геродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблағи 200 таланти нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. Хоразм, Суғд ва Порт сатрапии ХVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии ХII ба шумор рафта, 360 талант андоз медод. Ниҳоят, сакоиҳо вилояти ХV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант хироҷ медоданд.
Яке аз воситаҳое, ки Ҳахоманишиҳо аз аҳолии Осиёи Миёна андозҳои иловагӣ мегирифтанд, бастани дарғот буд. Аҳолӣ аз беобӣ ба танг омада, маҷбур мешуд, ки барои кушодани дарғот хироҷи иловагӣ бидиҳад. Геродот (III, 117) дар ин бора менависад: «…Вақте ки онҳо беоб монданд, бо аёли худ ба Форс мераванд, дар назди дари қасри подшоҳ ҷамъ шуда, доду фиғон мебардоранд; подшоҳ аҳволи ин мӯҳтоҷонро дида, амр мекунад, ки дарғотҳоро кушода, обро ба сӯйи дашт сар диҳанд. Ҳамин ки замин аз об сер шуд, боз дарғотҳоро мебанданд ва бо амри подшоҳ дарғотҳои дигарро барои дигар мӯҳтоҷони об боз мекунанд. Аз рӯйи ривоятҳо ба ман маълум аст, ки подшоҳ ғайр аз андозҳои муқаррарӣ ба ивази кушодани дарғотҳо пули бисёр меситонад» (фосила аз ман.- Б. Ғ.).
Муайян кардани ин ҷойи дарғот, ки аз рӯйи суханони Геродот дар дарёи Акес воқеъ гардида будааст, кори хеле душвор аст. Бар тибқи ақидаи аксари муҳаққиқон, ин дарғот дар дарёи Теҷен – Ҳарирӯд аст, ки аҳёнан дарёи Мурғоб меноманд. Кӯшишҳои боз ҳам аниқтар муайян кардан ҳам ба назар мерасад.
Зоҳиран, дар аҳди ҳукмронии Ҳахоманишиҳо иншоотҳои калони обёрӣ дар дасти (ва ё таҳти назорати) маъмурони ҳахоманишӣ қарор гирифта будаанд. Вазъияти аҳолии меҳнатӣ дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиҳо фавқулодда вазнин буд. Қабилаву халқҳои озодихоҳи Осиёи Миёна муттасил ба муқобили ҷавру зулми подшоҳони форс шӯриш мебардоштанд.
Ҳанӯз аз нимаи дувуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати мустақили худро таъсис менамоянд. Дар ин вақт сакоиҳо ҳам аз тобеияти Ҳахоманишиҳо берун меоянд.
Давлати ҳахоманишӣ тазоҳури равшани давлати ҳарбии ашрофии ғуломдорӣ ба шумор мерафт, ки табақаҳои ҳукмрон ва соҳибимтиёзи он аз форсҳо ва қисман аз мидиҳо иборат буданд. Дар маҳалҳо, алалхусус дар вилоятҳои аз марказ дури давлати ҳахоманишӣ ҳокимияти маъмурони «худӣ», яъне осиёимиёнагӣ хеле қавӣ буд: инак, Ҳахоманишиҳо ва ашрофи маҳаллӣ якҷоя ба аҳолии сатрапиҳои Осиёи Миёна зулму ситам мекарданд.
Сохти иҷтимоию иқтисодӣ, маданият ва дини Суғд,
Хоразм ва Бохтар дар асрҳои VI–IV пеш аз милод
Сохти иҷтимоию иқтисодӣ, маданият ва дини Суғд,
Хоразм ва Бохтар дар асрҳои VI–IV пеш аз милод
Сохти ҷамъиятии халқҳои шарқиэронии Осиёи Миёна дар давраи ҳукмронии сулолаи Ҳахоманишиҳо, чунон ки аз тадқиқи тамоми сарчашмаҳои мавҷуда маълум мегардад, аз сохти ҷамъиятии эрониёни ғарбӣ моҳиятан фарқ мекард. Агарчи дар Осиёи Миёна ҳам муносибатҳои ғуломдорӣ тараққӣ карда буд, асоси хоҷагиро меҳнати ғуломӣ ташкил намедод. Дар ин ҷо бақияҳои сохти авлодӣ бештар маҳфуз монда, ҷамоати рустоӣ мавқеи афзалиятноке дошт. Барқароршавии ҳукмронии Ҳахоманишиҳо дар бобати тараққиёти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна роли дутарафа бозӣ кард: аз як тараф, ба тезтар инкишоф ёфтани муносибатҳои ғуломдорӣ имконият дода бошад, аз тарафи дигар ба ниҳоят хароб ва заиф гардидани иқтисодиёт оварда расонд. Сарватҳои бисёри он дар сурати боҷу хироҷ ва таҳвили молу ашё тороҷ мегардид, беҳтарин пешаварон барои кор кардан дар сохтмони қасрҳои подшоҳони ҳахоманишӣ аз ин мамлакат бурда мешуданд.
Маълумоти археологие, ки аз кофтукови шаҳри кӯҳнаи Афросиёб (Самарқанди қадима) ба даст омадаанд ва инчунин ахбори муаллифони қадим барои тавсиф намудани вазъияти Суғд дар он давра, ҳарчанд ба тарзи хеле умумӣ бошад ҳам, имкон медиҳанд. Дар ҳаёти Суғд махсусан зироаткорӣ, ки акнун дар он давра ба обёрӣ асос ёфта буд, мавқеи муҳиме ишғол мекард. Доир ба ин ҷиҳати охирин марҳилаҳои даврае, ки мавриди таҳқиқи мо қарор гирифтааст, сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд. Страбон (ХI, II, 5) дар хусуси дарёи Политимент (Зарафшон) менависад: «Дарё ин маҳалро шодоб намуда (айнан – ташнагии ин мамлакатро шикаста.– Б.Ғ.) ба сарзамини биёбону регзор мебарояд ва рег онро фурӯ мекашад». Эҳтимол меравад, ки дар ин ҷо ба рӯдхонаҳои сершумори суғдиён об дода, сипас, ба тарафи биёбон ҷорӣ гардидани Зарафшон дар назар дошта шудааст.
Дар қатори масканҳои рустоӣ, ки сокинони онҳо ба зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул буданд, масканҳои шаҳрӣ ҳам ба вуҷуд меоянд. Калонтарини онҳо шаҳре буд, ки юнониҳо онро Мараканда ва мардуми маҳаллӣ Смараканда (Самарқанди ҳозира) меномиданд. Ин шаҳр то вақти истилои мақдуниҳо аз ду қисмат, яъне, аз арки бо хандақу девор иҳоташуда ва худи шаҳр, ки бештар аз 12-12,5 км тӯл дошт, иборат буд (Квинт Куртсий, VII, 6, 10). Шаҳр аз кадом як наҳре «об мехӯрдааст» – дар ин ҷо, зоҳиран, наҳрчаи Сиёб (Сиёҳоб) дар назар дошта шудааст.
Мувофиқи мадракҳои илми бостоншиносӣ, Самарқанди қадим (ё худ маркази он) дар ҷойи харобаҳои шаҳри Афросиёб воқеъ гардида буд. Дар ҷараёни тадқиқи ин шаҳр нишонаҳои маскани асрҳои VI-IV пеш аз милод, ки дар қисмати шимолу ғарби Афросиёб вуҷуд дошта, тақрибан 50-70 гектарро ишғол мекардааст, пайдо карда шуд. Агар тамоми Афросиёбро умрону обод ҳисоб кунем, пас масоҳати он тахминан ба 200 гектар мерасад. Аз рӯйи баъзе мадракҳо дар қисмати ҷануб маскани аввалин берун аз ҳудуди Афросиёб воқеъ гардида буд. Қалъаи шаҳри қадим мумкин аст дар ҷойи қалъаи асримиёнагӣ воқеъ гардида бошад.
Ба тӯли 12-12,5 км кашида шудани девори шаҳр, ки дар боло зикр гардид, муаммои сарбастаеро ба миён меорад. Дарозии девори канори Афросиёб қариб 5 км аст, аммо дар сарчашмаҳо девори 2,5 баробар аз он дарозтар ёдоварӣ мешавад. Ин тафриқа шояд аз он ҷиҳат сар зада бошад, ки шаҳри қадим метавонист на фақат дар ҳудуди Афросиёб, балки берун аз он ҳам масоҳати бузургтареро ишғол намояд.
Ҳангоми ҳафриёти Афросиёб дар табақаҳои ба ҳамон замон тааллуқдошта бақияи иморатҳои шаҳр (аз хишти хом ва гил), зарфҳои гирдаи бо чарху даст сохташуда, дегу дегчаҳои дуруштсохт, ҳамчунин белчаи оҳанӣ, доси оҳанин, оинаи биринҷӣ ва ғайра, ки дар бораи баъзе асбобу олот ва ашёи онвақта тасаввурот пайдо мекунанд, ёфт шудаанд. Мӯҳри сангӣ бо тасвири подшоҳ ва ё худоёни камондардаст низ ба ҳамон давра мансуб аст.
Ғайр аз ин, масканҳои шаҳрии аз Мараканда хурдтар ҳам мавҷуд буданд. Бозори онҳо махсусан ба воситаи маснуоти пешаварони моҳири суғдӣ диққати тоҷирони мамлакатҳои гуногунро ба худ мекашид. Шумораи зиёди пешаварон ба сохтани олоти фулузӣ, тайёр кардани зарфҳо, ба бофандагӣ ва ғайра машғул мешуданд. Агарчанде хоҷагӣ асосан хусусияти натуралӣ дошт, ба ҳар ҳол мубодила мавҷуд буд. Аъёну ашрофи Суғд бар аъзои оддии ҷамоат беш аз пеш нуфуз пайдо мекард. Суғдиҳо бештар оини зардуштиро мепарастиданд. Дар баробари ин дигар дину мазҳабҳои аз сохти авлодӣ меросмонда ҳам мавҷудияти худро нигаҳ медошт.
Чи навъе ки тадқиқоти экспедитсияи Хоразм муқаррар намуд, дар Хоразми асрҳои VI-V пеш аз милод якчанд масканҳои калони истеҳкомноки аҳолинишин вуҷуд доштанд. Яке аз онҳо шаҳрчаи Гӯзалқир буд, ки намуди секунҷаро дошта, ба тӯли 1 км кашида мешуд. Муҳити берунаи ин шаҳрча саросар аз манзилҳои долонмонанде, ки бари онҳо аз 2,5 то 4 метр меомад, фароҳам гардида буд. Инҳо манзилҳои паноҳгоҳ буданд. Дар миёнаҷои шаҳр бинои хеле калон бо толорҳои фарох ва нақшҳои муназзам сохта шудааст. Шукӯҳу азамати ин бино дар пеши кулбаҳои ҳақири канораҳои шаҳрча як манзараи тазодеро ба назар мерасонид ва аз амиқтар гардидани тафриқаҳои иҷтимоӣ ва молумулкӣ гувоҳӣ медод. Дигар аз ёдгориҳои онвақтаи Хоразм — маскани Дингилҷӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳавлии серманзилаи берунишаҳрӣ, ки зоҳиран иқоматгоҳи шахси сарватманде аз ашрофи маҳаллӣ будааст, бо тамоми ҷузъиёташ омӯхта шуд. Шаҳрчаи Кулолгар бо толорҳои сутундори худ ба охири даврае, ки мавриди таҳқиқи мо қарор гирифтааст, тааллуқ дорад.
Марғиён бо саҳроҳои ҳосилхези худ шӯҳрат пайдо карда буд. Мувофиқи гуфтаҳои Страбон (1, 10, 102) замини Марғиён «…токҳои хубе мерӯёнад. Нақл мекунанд, ки дар ин ҷо аксар вақт чунон танаҳои ток дучор меояд, ки танҳо дар оғӯши ду кас ҷой мегирад ва дарозии ҳар як сари ангур ба ду олчин мерасид». Дар ин ҷо хеле барвақт, ҳанӯз дар давраи пеш аз ҳахоманишӣ, масканҳои бузурги шаҳрӣ пайдо шудаанд. Яке аз калонтарини онҳо дар ҷойи Ғаюрқалъа – шаҳри қадимаи Марв воқеъ гардида буд. Қалъа дар болои суфаи хиштии хеле баланд сохта шудааст. Аз афташ, ин ҷо қароргоҳи ҳокими вилоят будааст. Он чи оид ба Ёзтеппа бошад, вай аҳамияти пештараи худро гум мекунад.
Шаҳрчаи Елкинтеппа, ки таҳқиқи он мавҷудияти системаи иншоот ва истеҳкомоти ҳарбиро нишон дод, дар шимоли Порт мавқеи муҳиме дошт.
Аз рӯйи мушоҳидаҳои археологӣ, ҳанӯз дар ҳамон вақтҳо дар воҳаи Марв каналҳои калони обёрикунанда, ки яке аз онҳо аҳолии Ғаюрқалъа ва саҳроҳои атрофи онро аз об таъмин мекард, вуҷуд доштанд. Археологҳо дар ҷойи харобаҳои ин шаҳр бисёр чизҳои сафолӣ, муҷассамачаҳо ва дигар маснуот, аз ҷумла пайконҳои скифии аз биринҷӣ сохташударо дарёфт намудаанд.
Дар Бохтар зироаткорӣ машғулияти асосии аҳолӣ ҳисоб мешуд. Квинт Куртсий менависад: «Табиати Бохтар гуногун аст: дар он ҷо токҳои ангур ҳосили пурбор ва ширин медиҳад; оби фаровон замини тафсонро шодоб мекунад; дар заминҳои ниҳоят ҳосилхез ғалла корида, боқимондаи он ба чарогоҳи гову гӯсфандон табдил дода шудааст, вале қисми зиёди замин дашти бесамар мебошад». Плиний дар бораи дар Бохтар парвариш карда шудани рустаниҳои ғалладонае, ки ҳар як донаи он аз ҷиҳати ҳаҷм бо хӯшаҳои муқаррарӣ баробар аст, хабар медиҳад. Зироат ҳам лалмӣ ва ҳам обӣ буд. Чунончи, дар асрҳои V-IV пеш аз милод аз Вахш канал кашида буданд, ки тахминан ба шохаи ҳозираи Ҷӯйбори Боло мувофиқат мекард. Дар минтақаи обёрии ин канал қариб 50 км мураббаъ замин мавҷуд буд.
Ҳафриёти Балх нишон дод, ки қадимтарин табақаҳои он ба охири нимаи аввали ҳазораи I пеш аз милод тааллуқ доранд. М. М. Дяконов дар вақти кофтукови харобаҳои Қалъаи Мир дар поёноби дарёи Кофарниҳон (райони Қубодиёни РСС Тоҷикистон) доир ба маданияти Бохтари шимолӣ материалҳои ҷолиби диққат ба даст овард. Дар ин ҷо, яъне дар асосгоҳи маскане, ки то револютсия вуҷуд дошт (он вақтҳо ин ҷо маҳалли таваққуфи бекҳои Қубодиён буд), як силсила иқоматгоҳҳои хеле вайронгардидаи давраи қадими бохтарӣ пайдо карда, аз он ҳашт хонаи камбари аз хишти мураббаъ биноёфта кушода шуд. Девори берунии хонаҳо назар ба дигар деворҳо ғафстар буд. Дар ин ҷо бисёр зарфҳое, ки ба зарфҳои Самарқанд ва Марви қадима монандӣ доштанд, инчунин пайконҳои биринҷии марбут ба асрҳои VII-V пеш аз милод ва маснуоти оҳанӣ, аз қабили сӯзан, корд ва ғайра ёфт шуданд. Аз рӯйи кашфиёти археологӣ маълум мешавад, ки бошандагони ин деҳа ба касбу пешаи кулолӣ, бофандагӣ, оҳанолотсозӣ ва биринҷигудозӣ, инчунин ба корҳои хоҷагии қишлоқ – зироаткории обӣ ва чорводорӣ машғул буданд . Дигар аз масканҳои асрҳои V-IV пеш аз милод маскани Булдонтеппа, ки дар водии Вахш, наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа кофта ёфтаанд.
Аз рӯйи чизҳое, ки ба таркиби ба истилоҳ «Дафинаи Амударё» дохил мешаванд, яъне аз рӯйи маҷмаи миқдори зиёди ашёи заргарии асосан аз симу зар сохташуда (ҳамагӣ 180 адад, аввалҳо зиёдтар будааст) ва низ пулҳои тилло ва нуқра дар бораи дараҷаи тараққиёти пешаи санъатварӣ дар Бохтар фикру мулоҳиза рондан мумкин аст. Ҳамаи ин тиловорро дар соли 1877 тоҷирони бухороӣ аз бошандагони яке аз маҳалҳои райони Қубодиён харида ба Ҳиндустон бурданд, ки баъдҳо ин бозёфтҳо ба дасти олимон афтод. Асли таърихи ба вуҷуд оварда шудани ин маҷмаи ашёи заргарӣ ҳанӯз маълум нест. Истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим, ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи «Дафинаи Амударё» ба таври барҷаста муҷассам гардидааст. Чунончи, аробаи дучархаи ҷангии тиллоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тиллоие, ки дар рӯйи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст, бозубанди тилло, ки нӯгҳои он ба шакли сари буз зинат дода шудааст, муҷассамаи тиллоии гавазн ва бисёр чизҳои дигари моҳирона сохташуда ба гуфтаи боло далолат мекунанд.
А. Каннингэм чунин мепиндошт, ки ин хазинаи хусусии кадом як хонаводаи ашрофи бохтарист. Р. Гиршман фарзияе пеш ниҳод, ки дафинаи Амударё як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, ки эҳтимол, дар вақти ҳамлаи қӯшуни Искандари Мақдунӣ ва ё Салҷуқи I хароб гардида бошад. Ин фарзияро Р. Бэрнетт, ки зимнан санаи дертари анҷоми таҳнишасти дафинаро (асри II пеш аз милод) пешниҳод кард, тарафдорӣ намуд.
Дар он вақтҳо дар қисмати шимолии Тоҷикистон ҳам як қатор шаҳрҳои калону хурд вуҷуд доштанд. Аз он ҷумла шаҳре буд, ки онро юнониҳо Киропол меномиданд (дар ноҳияи Ӯротеппаи ҳозира).
Дар сарзамини паҳноваре, ки тоифаҳои сакоӣ иқомат доштанд, низ ёдгориҳои мухталиф мавҷуданд. Дар Помири шарқӣ қӯрғонҳои дафнгоҳ кашф гардиданд. Мурдаро ба қабрҳои на чандон чуқур кофташудаи лаҳаднок дафн мекарданд. Баъзан ҷасадҳои ҷуфт гӯркардашуда низ вомехӯранд. Дар Ҳафтрӯд қӯрғонҳои калони дорои хонаҳои чӯбин ва дар маҳалҳои назди Арал, байни дарёҳои Аму ва Сир мақбараҳои калони мураккабсохти аъёну ашрофи сакоӣ ёфт шудаанд. Дар худи ҳамин маҳалҳо масканҳоеро, ки эҳтимолан ба сакоиҳо нисбат медиҳанд, пайдо кардаанд.
Ҳафриёти қабристони сакоиҳо, ки дар поёноби Сирдарё воқеанд, имкон дод, ки дар бораи сохти иҷтимоии ҷамъиятии сакоиҳо баъзе мулоҳизаҳои муҳим пеш гузошта шавад. О. А. Вишневская қабристони Ӯйгаракро тадқиқ намуда, диққати муҳаққиқонро ба ҳамин ҷалб намуд, ки хоктеппаи ин қабристонҳои равшан ба се гурӯҳ тақсим мешаванд ва зимнан дар ҳар се гурӯҳ тарзи ба ҳамон гурӯҳҳо хоси дафн ва асбобу ашёи ба ҳамон гурӯҳ хоси дохили қабрҳо ба назар мерасад. Масалан, дар қабрҳои гурӯҳи шарқӣ дар маросими дафн оташро бисёр кор мефармудаанд ва дар гӯри занҳо ҳатман тахтасанги ниёз мемондаанд, ки ин гуна тахтасанг дар қабрҳои дигар гурӯҳҳо ниҳоят кам вомехӯранд ва хеле дағал сохта шудаанд. Яроқу аслиҳа фақат дар қабристони гурӯҳи марказӣ гузошта шудаанд. Дастос фақат дар гӯрҳои қабристонҳои гурӯҳи ғарбӣ ва марказӣ ба назар мерасанд.
Ҳамаи ин қонуниятҳо ба Е. Е. Кузмина имкон доданд сохти қабристони Ӯйгаракро бо ҳамон қоидаи анъанавӣ, ки ҷамъияти халқҳои қадими эрониро ба се табақа тақсим менамояд, муқоиса кунад. Мувофиқи ин қоида, ҷамъият ба се гурӯҳ (ё худ, бо истилоҳи баъзе муҳаққиқон, ба се каста) тақсим мешавад: ҷанговарон, коҳинон ва аҳли озоди ҷамоат. Қабрҳои гурӯҳи марказии Ӯйгарак бояд аз они ҷанговарони савора бошад, қабрҳои гурӯҳи ғарбӣ, ки сохташон ҳам оддитар ва ашёи онҳо низ камтар аст, бояд аз они аҳли зироаткори ҷамоат ва косибон бошад; қабрҳои гурӯҳи шарқӣ ба онҳое тааллуқ доранд, ки вазифаи коҳиниро адо мекардаанд.
Тасдиқи ба ин се гурӯҳ тақсим шудани ҷамъияти сакоиҳоро, эҳтимол, аз асарҳои муаррихони антиқа дарёфта метавонем, ки онҳо мардумони ин ноҳияро ба қалам додаанд. Масалан, Плинии Калонӣ мардумони сокини ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёнаро зикр карда, аз ҷумлаи онҳо котиерҳо ва эвхатҳоро ном мебарад (Pliny, VI, 19). Аз афти кор, ин номҳо номи ҳамон катарҳо ва авхатҳо мебошад, ки мувофиқи маълумоти Геродот (IV, 6) номи авлоди скифҳои Европаро ифода менамояд ва ин скифҳо аз ду бародарони афсонавӣ, ки саравлоди тамоми скифҳо ба шумор мераванд, пайдо шуда будаанд (авлоди севуми скифҳо, ки аз бародари хурдӣ пайдо шуда будаанд, паралатҳо ном доштанд). Ҳам этимологияи ин номҳо ва ҳам он атрибутҳое, ки ривояти скифҳо ба намояндагони он авлодҳо ва ба асосгузорони он авлодҳо нисбат медиҳанд, ба муҳаққиқон имкон доданд, ки ривояти ба авлодҳо тақсим шудани скифҳоро тасдиқи тақсимоти иҷтимоӣ, тақсимоти табақавие шуморанд, ки ба қоидаҳои анъанавии мазкури тақсимоти ҷамъиятии халқҳои қадими эронӣ мувофиқат дорад. Умумияте, ки дар вақти скифҳои Европаро тасвир кардани Геродот ва қавмҳои ба онҳо наздики сакоии Осиёи Миёнаро тасвир кардани Плиний ба назар мерасад, ба мо имкон медиҳад даъво кунем, ки анъанаи ривояти скифҳо ҳам ба худи онҳо нисбат дораду ҳам ба сакоиҳо. Ин даъвои моро тадқиқи сохти қабристони Ӯйгарак ҳам тасдиқ мекунад.
Худи ҳамин умумият ва, ҳеҷ набошад, қаробати скифҳои ноҳияҳои назди баҳри Сиёҳ ва сакоиҳои Осиёи Миёнаро аз рӯйи он атрибутҳое ҳам дидан мумкин аст, ки нишони рамзии намояндагони ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ мебошанд. Ба қавли Геродот (IV,5), ин нишонаҳои рамзӣ табарзин (нишони ҷанговарон), юғу омоч (нишони аҳли зироат) ва ҷом (нишони коҳинон) аст. Ин чизҳо мувофиқи ривояти скифҳо аз осмон афтида будаанд. Дигар муаррихи дунёи қадим Квинт Куртсий Руф (VII, 8,34) чанд ашёро ном мебарад, ки сакоиҳо онҳоро чун чизҳои худофиристода парастиш мекардаанд. Ин чизҳо найзаву тир барои дафъи душман, юғу омоч – барои баҳрабардорӣ аз замин ва ҷом барои адои ибодат будаанд. Маҳз ҳамин ҷиҳати масъала, яъне зикри барои кадом кор даркор будани ин чизҳо равшан нишон медиҳад, ки онҳо дар ҷамъияти сакоиҳо, пеш аз ҳама, нишони рамзии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ буданд. Ба истиснои ба ҷойи табарзин ном бурдани найзаву тир, ин нишонаҳои рамзии ҳам скифҳо ва ҳам сакоиҳо айнан якхелаанд.
Дар бораи сохти сиёсии ҷамъияти сакоиҳо мо маълумоти казоӣ надорем. Дар сари қабилаҳои сакоӣ шоҳ меистод. Полиен (VII,12) аз ҷанги сакоиҳову Доро сухан ронда, се шоҳи сакоиро ном мебарад. Мумкин аст онҳо шоҳони се қабилаи мустақили аз ҳам ҷудое бошанд, ки фақат дар вақти ҷанг муттаҳид шудаанд. Вале ин нуктаро дигар хел шарҳ додан ҳам мумкин аст. Геродот (IV,120) нақл мекунад, ки дар сари скифҳои ноҳияи назди баҳри Сиёҳ се подшоҳ меистод ва яке аз онҳо подшоҳи асосӣ буд. Мувофиқи ривояти скифҳо ин тарзи якбора ҳукмронӣ кардани се шоҳ дар давраҳои афсонавии қадимтарин пайдо шуда будааст (Геродот, IV,7). Чи тавре мебинем, дар ин ҷо ҳам қаробати ривоятии скифҳои Европа ва сакоиҳои Осиёи Миёна равшан зоҳир шудааст.
Эътиқоди диниву мазҳабии аҳолии Осиёи Миёна яксон ва якранг набуд. Дар вилоятҳо ҳазорӣ, дар байни аҳолии муқимӣ оини зардуштӣ паҳн гардида, кешҳои гуногуни маҳаллиро дарбар гирифта буд. Дар хусуси мазмуни воқеии тасаввуроти динии мардумони он замон ҳанӯз яқинан чизе гуфтан душвор аст. Эҳтимол меравад, баъзе тоифаҳои сакоӣ ҳам оини зардуштиро қабул карда, дар байни қавму тоифаҳои дигар ҳамон тасаввуроти диние, ки асоси он аз парастиши Яздони меҳр – Аҳуро-Маздо (ё худ Митра) фароҳам омада буд, ҳукмфармойӣ менамуд.
Санъати сакоиҳо ва, пеш аз ҳама, сабки тасвири ҳайвон, ки дар он замонҳо дар саросари даштҳои паҳновари Евросиё паҳн шуда буд, бо ақидаҳои динии сакоӣ алоқаи зич дорад. Вале масъалаи аҳамияти ин образҳо ҳоло ҳам масъалаи баҳснок мебошад. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон, ин образҳо инъикоси ақидаҳои хурофии сакоиҳост, ба қавли дигар муҳаққиқон, ин образҳои ҳайвонсимо тасвири худоҳои скифу сакоӣ мебошад. Ба ҳар ҳол, ин масъала ҳоло торик аст ва тадқиқи муфассалро тақозо дорад. «Дафинаи Амударё» барои омӯзишу тадқиқи ақидаҳои динию хурофотии халқҳои қадими Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. Гуфтан мумкин, ки дар ин дафина беш аз ҳама анъанаи санъати бохтарҳо ва сакоиҳои кӯчманчӣ акс ёфтааст . Вале, чи тавре ки дар боло ҳам инро қайд кардем, масъалаи тавзеҳи этникӣ ва мадании ин дафина ҳанӯз масъалаи басо баҳснок мебошад.
Дар давлати ҳахоманишӣ ба истилоҳ тақвими хурдавестоӣ ҷорӣ шуда буд. Ин тақвим аслан ба тақвими шамсии Миср, ки ҳар сол аз 12 моҳи сирӯзӣ ва панҷ рӯзи илова фароҳам меомад, шабоҳат дошт. Моҳ ва рӯзҳои ин тақвим бо номи худоён ва шахсони асотирии мансуб ба оини Зардуштии «Хурд-Авесто», ки дар «Готҳо» зикр гардидаанд, инчунин бо номи дигар худоёни эронӣ (аз ҷумла, ононе, ки Зардушт яқинан мункир шудааст) тасмия ёфтаанд. Ин тақвим дар байни мардуми эронинажод ба таври васеъ паҳн гардида буд. Ёдгориҳои хаттии марбут ба Суғд, Хоразм ва Порт дар замонҳои қадим ва ибтидои асрҳои миёна дар сарзамини Осиёи Миёна мустаъмал будани онро шаҳодат медиҳанд. Тақвими форсии миёна ва тақвими аз он баромадаи форсии нав дар заминаи ҳамин тақвим ба вуҷуд омадааст (номи моҳҳои тақвими шамсии имрӯзаи Эрон аз номи худоёни «Хурд-Авесто» гирифта шудааст). Номи моҳҳои ин тақвими қадима дар ёдгориҳои хаттии баъзе дигар кишварҳои Осиёи Наздик, аз ҷумла, дар Арманистон низ дучор меояд.
Он вақтҳо дар байни қавму тоифаҳои Осиёи Миёна достоне, ки дар «Авесто» ҳам инъикос ёфта буд, ривоҷ дошт. Тавассути ривояти Ктесий порчае аз қиссаи маликаи Заррина ва Стриангеи мидӣ маҳфуз мондааст. Дар он нақл карда мешавад, ки Заррина пас аз фавти шавҳараш подшоҳи сакоӣ ба Мармар ном ҳокими вилояти портҳо хонадор мешавад. Подшоҳи мулки Форс ба муқобили Мармар лашкар мекашад. Дар вақти муҳориба «Стриангей ном марди мидӣ як зани сакоиро аз асп фурӯ меандозад – занҳои сакоӣ воқеан ҳам савораи хуб буда, мардонавор меҷанганд. ӯ ба маҳзи дидани ин зани соҳибҷамол ва мисли гул шукуфон вайро зараре нарасонида, сар медиҳад». Пас аз чанд вақт худи Стриангей ба дасти шавҳари вай асир меафтад. Дар дили Стриангей нисбат ба ин зани соҳибҷамол оташи ишқ шӯълавар мегардад ва зоҳиран чунин эҳсос дар дили зан ҳам пайдо мешавад. Вале шавҳари вай Стриангейро куштанист ва ҳеҷ як зорию таваллои зан ӯро аз ин қасд боздошта наметавонад. Он гоҳ Заррина асиронро раҳо карда, бо кӯмаки онҳо шавҳарашро мекушад ва бо Стриангей «унсият меварзад» (Ктесий, фиқраҳои 7 (26), 8а (27) ва ғ.).
Ба ақидаи як қатор олимон, ин асаре аз достони сакоист, аммо баъзеҳо чунин тахмин доранд, ки он намунае аз офаридаҳои мидӣ аст. Ба назари мо, ақидаи аввалӣ саҳеҳтар менамояд.
3. Осиёи Миёна ва Эрон дар аҳди салтанати Ҳахоманишиҳо
3. Осиёи Миёна ва Эрон дар аҳди салтанати Ҳахоманишиҳо
Давлати бузурги Ҳахоманишӣ, ки яке аз пуриқтидортарин империяҳои ҷаҳони аҳди қадим ҳисоб меёфт, мавҷудияти худро беш аз 200 сол нигоҳ дошта, дар таърихи Шарқи бостонӣ мавқеи ба назар намоёне ишғол намуд. Созмонҳои иқтисодию сиёсӣ ва анъанаҳои мадание, ки дар давраи Ҳахоманишиҳо ба вуҷуд омада буданд, қарнҳо маҳфуз монда, дар давлати императории Искандари Мақдунӣ, давлатҳои портҳо, сосониён ва халқҳои Осиёи Миёна низ давом карданд.
Дар давраи Ҳахоманишиҳо тағйироти муҳими иҷтимоӣ (тараққиёти муносибатҳои заминдорӣ, афзудани аҳамияти меҳнати ғуломон, фаъолияти тиҷоратхонаҳои Бобул ва ғ.) ба амал омада, низоми ягонаи давлатии пул ва тартиби пардохти молиёт дар асоси ба назар гирифтани имконоти иқтисодии кишварҳои дохили империя ҷорӣ гардид, усули идоравии ба сатрапиҳо (вилоятҳо) тақсим кардани давлат бо аниқ муқаррар намудани ҳудуди онҳо ва коргузории аз як расмулхатти ягонаи умумидавлатӣ, яъне алифбои оромӣ истифодакунанда ба вуҷуд омад. Ҳамчунин почтаи давлатӣ таъсис ёфта, роҳҳои нав сохта ва роҳҳои кӯҳнаи корвонгард таъмир карда шуд. Ғайр аз ин, қонунгузории умумидавлатӣ кор карда баромада, дар тамоми қаламрави салтанати Ҳахоманишиҳо ҷорӣ карда шуд. Дар айни замон қонунҳои пешинаи халқҳои гуногун қувваи худро нигоҳ медоштанд.
Худ аз худ маълум аст, ки воқеияти таърихӣ хеле мураккаб буд. Ба сиёсати пешгирифтаи подшоҳони Ҳахоманишӣ фақат дар қиёси салтанатҳои мустабидаи қадимаи шарқ, ки зулму истибдоди онҳо назар ба аҳди Ҳахоманишиҳо шадидтар буд, метавон баҳои нисбатан мусбат дод. Дар замони ҳукмронии онҳо низ зиндагӣ хуш ва ором набуд: муборизаҳои тунду тези синфӣ, шӯришҳои мардумони мутеъ пояҳои давлати Ҳахоманиширо муттасил ба ларза медароварданд.
Ҳахоманишиҳо, бар хилофи дигар подшоҳони пешинзамони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои соири халқҳо хеле ботаҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро (ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон) дубора барқарор намуданд. Хусусан, асосгузори давлати ҳахоманишӣ Куруш шӯҳрати зиёде пайдо карда буд. Форсҳо ӯро ҷадди кабир, бобулиҳо расули худои Мардук, юнониҳо раҷули бузурги давлатӣ ва яҳудиён наҷотбахши худо Яҳве номидаанд.
Дар замони Ҳахоманишиҳо барои тиҷорати байналхалқӣ шароити мусоид фароҳам омада буд. Сайёҳон ва донишмандон метавонистанд ба кишварҳои тобеи давлати ҳахоманишӣ сафар кунанд. Бисёр намояндагони маъруфи маданияти Юнони Қадим (Гекатей, Геродот, Демокрит ва д.) он вақтҳо ба кишварҳои машриқзамин саёҳат намуда, ҳамватанони худро бо комёбиҳои мадании халқҳои Шарқ шиносониданд.
Ҳамаи ин ба вусъати уфуқҳои маданияти тобеиёни давлати ҳахоманишӣ боис гардида, ба инкишофи алоқаи байни намояндагони халқҳои гуногун мусоидат намуд.
Чунон ки маълум аст, Искандари Мақдунӣ нияти ба як ваҳдати маданию сиёсӣ муттаҳид кардани юнониён ва халқҳои Шарқро дар дил мепарварид ва ин орзуи худро бо кӯмаки сарбозони мақдунӣ ба амал овардан мехост, вале ҳар гоҳ ба муқовимати шадиди мардумон, аз ҷумла халқҳои Осиёи Миёна дучор мегардид. Албатта, роҳи осоишта ва мусолиматомез бештар манфиатрасон ва самарабахштар буд ва ӯро ба ҳусули мақсад наздиктар менамуд. Бояд хотирнишон кард, ки оғози синтези мадании халқҳои гуногун ва ҷараёни аввалин марҳилаҳои инкишофи он дар зарфи 200 соли қабл аз футӯҳоти Искандари Мақдунӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва аз ин рӯ, тадбироти Искандар дар ин роҳ идомаи ҳамон сиёсати ҳахоманишиҳост.
Дар замони Ҳахоманишиҳо дар дохили ҳар як кишвари тобеи онҳо намояндагони халқҳои мухталиф ҳамроҳ зиндагӣ ва кор мекарданд. Чунончи, дар ҷазираи Элефантинаи назди сарҳади Нубия ва дар шаҳри Мемфиси Миср мисриён, форсҳо, юнониён, хоразмиҳо, бобулиён, оромиҳо, яҳудиён, финикиҳо ва ғайра зиста, бо ҳам дар муомила буданд. Аксар вақт онҳо урфу одатҳои динии якдигарро пазируфта, на фақат ба худоёни худ, балки ба худоёни дигар ҳам саҷда меоварданд, ҳатто номҳои худро иваз намуда, номҳои дигаронро қабул мекарданд. Дар Ниппур ва дигар шаҳрҳои Бобул бобулиҳо, мисриҳо, кариҳо, лидиҳо, мидиҳо, яҳудиҳо, ҳиндуҳо, сакоиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо ва ғайра бо ҳам зиндагӣ ва кор мекарданд. Дар Шуш, Истахр ва шаҳрҳои дигар садҳо ва ҳазорҳо аҳли Миср, Бобул, Юнон ва ғайра зиндагӣ ба сар мебурданд. Ба ин шаҳрҳо аз Ҳиндустон сар карда, то Миср намояндагони халқҳои гуногун доимо рафтуо менамуданд. Маданияти моддӣ ва маънавии халқҳои мухталиф ба ҳам омезиш ёфта, дар заминаи он тадриҷан маданияти давлати ҳахоманишӣ, ки бештар аз синтези донишҳои илмӣ, ҳунару санъат ва ақоиди мазҳабии бисёр кишварҳо иборат гардида буд, ба вуҷуд омад. Бисёр халқҳо, аз он ҷумла халқҳои Осиёи Миёна ҳам, ба ин маданият саҳми худро гузоштаанд. Дар давлати Ҳахоманишиҳо, махсусан бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, портҳо, марвониҳо, сакоиҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна роли бузурге бозидаанд.
Бисёр ҷанговарони моҳир ва корозмуда дар қӯшуни Ҳахоманишиҳо аз Осиёи Миёна буданд. Масалан, дар вақти ҷанги Юнону Форс, дар муҳорибаи Марафон дар қатори аскарони пиёдагарди форсҳо сарбозони савораи сакоӣ ҳам ширкат намуда, ҷанговарони дастаи марказии афиниҳоро ба ақибнишинӣ маҷбур карданд. Сакоиҳо ҳамчунин дар муҳорибаҳои назди Платей ва Фермопил мардонагӣ ва ҷасорати фавқулодда нишон доданд. Сарлашкари Форс Мардонӣ ба сафи қӯшуни яккачини худ, ки ба мақсади фатҳ кардани Юнон гирд оварда буд, дар қатори форсҳо ва мидиҳо бохтариҳо ва сакоиҳоро низ дохил намуд. Ҷанговарони сакоӣ дар ҳайъати қӯшунҳои киштигард дар муҳорибаҳо иштирок мекарданд. Онҳоро дар сафи қӯшунҳои Миср ҳам дидан мумкин буд. Сафҳаҳои сафолиеро, ки дар онҳо сарбозони сакоии кулоҳ бар сар тасвир ёфтаанд, аз Миср то Осиёи Миёна, дар ҳамаи шаҳрҳои давлати ҳахоманишӣ метавон пайдо кард.
Дар шаҳри Ниппури Бобул ва атрофи он маҳаллаҳои калони муҳоҷирнишин ба вуҷуд омада буд, ки дар онҳо сарбозони сакоӣ истиқомат мекарданд. Чунин масканҳои сарбозони сакоӣ дар дигар шаҳрҳои Бобул низ мавҷуд буданд. Чунончи, дар санади аҳди Дорои I аз шаҳри Сиппар Сакиэт ном марди сакоӣ ёд шудааст. Намояндагони дигар халқҳои Осиёи Миёна ҳам дар кишварҳои мухталиф хидмати сарбози ҳахоманиширо адо мекарданд ва ё бо сабабҳои дигаре ба он ҷойҳо ҳиҷрат менамуданд. Марди хоразмӣ Дарғмон дар ҷазираи дурдасти Элефантина зиндагӣ ихтиёр карда, дар он ҷой соҳиби ҷоҳу ҷалол гардидааст. Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки дар санадҳои бобулии аҳди Дорои I занҳои қандаҳорӣ ва бохтарӣ, ки ба канизӣ фурӯхта шудаанд, ёд карда мешаванд. Намояндагони Осиёи Миёна ба тарафҳои Осиёи Хурд ҳам мерафтаанд.
Дар навбати худ аҳли кишварҳои ғарб ҳам ба Осиёи Миёна омада, сукунат ихтиёр мекарданд. Дар аҳди Хишоёршоҳ (асри V пеш аз милод) бисёр касон аз шаҳри юнонии Милет ба Осиёи Миёна муҳоҷират намуда, дар ин ҷо маскан гирифта буданд. Онҳо ба ду забон – ҳам ба забони маҳаллӣ ва ҳам ба юнонӣ гап мезаданд. Дар аҳди Дорои I аҳолии шаҳри Барк (Африқои шимолӣ) ба Бохтар кӯчонида шуда буданд. Ғайр аз ин, намояндагони идораҳои давлатии ҳахоманишӣ, аз ҷумла муншиҳои оромӣ дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекарданд.
Ҳарчанд мансабҳои муҳими идораи давлат асосан дар дасти форсҳо буд, Ҳахоманишиҳо намояндагони дигар халқҳоро низ барои ишғоли мансабҳои калон роҳ медоданд. Касони аз Осиёи Миёна баромада ҳам аксаран мақомҳои баландро дар идораи давлат соҳиб мешуданд. Чунончи, дар асри IV пеш аз милод Амминаспи портӣ ҳукмрони Миср гардида буд.
Достони халқии эронӣ, ки аз фиқраҳои боқимондаи «Таърихи форс» ном асари табиби дарбори Ардашери II Ктесий ба мо маълум аст, аслан дар вилоятҳои Осиёи Миёна, бештар дар маҳалҳои бохтариҳо ва сакоиҳо офарида шудааст. Баъдтар вай ба тарафҳои ғарб интишор ёфта, пас аз тағйироту иловаҳо асоси ҳамосаи миллии эрониро фароҳам овард. Бисёр сюжетҳои ин достон ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дохил гардидаанд.
Оини Зардуштӣ, ки дар Осиёи Миёна ба зуҳур омада буд, дар замони Ҳахоманишиҳо ба Эрон ва боз дуртар ба тарафҳои ғарб паҳн шуда, баъдҳо (то замони таҳти истилои арабҳо воқеъ гардидани Эрон ва Осиёи Миёна) мазҳаби давлатии эрониҳо қарор гирифт. Ҳанӯз дар асри V пеш аз милод дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи Рим парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои Британия расида буд.
Мувофиқи маълумоти муаррихи бобулии асри III пеш аз милод Беросс, Ардашери II муҷассамаи Олиҳа Анаҳиторо барои эҳтиром дар Бобул, Шуш, Экботан, Истахр, Бохтар, Димишқ ва Сардаҳ гузошт.
Чунон ки аз навиштаҷоти хатти мехии бобулӣ ва папирусҳои оромӣ маълум мегардад, дар замони Ҳахоманишиҳо муғҳои эронӣ ба Бобул ва Миср рафта, дар ин кишварҳо, зоҳиран, маросимҳои диниро ба ҷо меовардаанд,
Донишмандони Юнони Қадим аз оини зардуштӣ ба таври куллӣ балад будаанд, ки роҷеъ ба он рисолаҳои махсус ҳам таълиф намудаанд. Масалан, Арасту дар бораи муғҳо асаре офаридааст, ки то давраи мо фақат баъзе порчаҳои он боқӣ мондаанд. Ҳамчунин навиштаҳои Плутарх, Диогени Лаэртӣ ва дигарон доир ба дини зардуштӣ маълум аст. Муаррихи лидии асри V пеш аз милод Ксанф, муаррихи бобулӣ Беросс, файласуфи библӣ Филон ва бисёр донишмандони дигар низ ба забони юнонии қадим дар бораи зардуштия асар эҷод кардаанд. Оинномаҳои асосии зардуштӣ ба системаи фалсафаи юнониёни қадим таъсири муайяне расонидаанд.
Устодон ва ҳунармандоне, ки дар қаламрави Ҳахоманишиҳо кор мекарданд, анъанаҳои мадании гузаштагони худ ва халқҳои ҳамсояро эҷодкорона давом ва такмил медоданд.
Ҳанӯз дар аҳди Ҳахоманишиҳо дар сарзамини паҳноваре аз Сибир то навоҳии шимолии лаби баҳри Сиёҳ ҳунари махсуси тоифаҳои скифӣ дар тасвири ҳайвонот («сабки скифии тасвири ҳайвонот») ба вуҷуд омада буд. Асарҳои санъати ин сабк дар замонҳои қадим ба дараҷае шӯҳрат дошт, ки баъзе наққошони юнонӣ аз онҳо истифода мебурданд. Санъати ҳахоманишӣ аз ҳамин «сабки скифии тасвири ҳайвонот», ки он вақтҳо дар байни аҳолии даштҳои Евросиё, аз ҷумла Осиёи Миёна ҳукмфармо буд, хеле баҳраманд гардидааст (асарҳои барҷастаи онро дар навоҳии назди Арал, Ҳафтрӯд, Помир ва як қатор маҳалҳои Қазоқистон пайдо кардаанд). Осори санъати Ҳахоманишиҳо, маснуоти косибону пешаварони ҳахоманишӣ на фақат ба Осиёи Миёна, балки дуртар ба тӯли даштҳо, то ба маҳалли иқомати савроматҳо роҳ ёфта, дар навбати худ ба маданият ва санъати онҳо таъсири худро мегузоштанд.
Халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар бобати либос ҳам умумият доштанд, хусусан либоси хоразмиҳо, бохтариҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна хеле монанд буд, зимнан сакоиҳои тиграхуд бештар бо кулоҳи худ фарқ мекарданд. Либоси онҳо аз нимтанаи тасмакалон ва шалвори кӯтоҳ иборат буд. Намояндагони халқҳои Осиёи Миёна дар нақшҳои барҷастаи Бесутун, Тахти Ҷамшед ва Нақши Рустам тасвир ёфтаанд, ки ин барои донистани хусусиятҳои антропологӣ ва этнографии ин халқҳо аҳамияти бағоят калон дорад. Ин ёдгориҳо нишон медиҳанд, ки либоси форсҳо ҳам айнан мисли либоси мардумони Осиёи Миёна будааст.
Бозёфтҳои ҳафриёти қӯрғонҳои мансуб ба асрҳои VI-IV пеш аз милоди Олтой, ки ашёи аз пӯст, пашм ва намад сохташуда дар шароити яхбандии доимӣ ба хубӣ маҳфуз мондаанд, дар бораи алоқаҳои маданӣ ва тиҷоратии Эрони ҳахоманишӣ ва Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд. Порчаҳои матои пашмӣ ва гилеми пат, ки дар қӯрғони панҷуми Пазириқ ёфт шудаанд, хеле ҷолиби диққатанд. Онҳо аз дараҷаи баланди ҳунари бофандагӣ ва қолинсозии онвақта шаҳодат медиҳанд. Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки ин гилемро устодони форс ё мидӣ тайёр кардаанд, ба ақидаи дигарон вай моли ҳунармандони Осиёи Миёна аст. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки ин гуна гилемҳо ҳам дар Эрон ва ҳам дар Осиёи Миёна тайёр карда мешуданд, зеро тариқи бофт, нақшу нигор ва сужети лавҳаҳои дар онҳо тасвиршуда барои бисёр халқҳои эронизабон хос ва умумист.
Чунон ки аз бозёфтҳои бостоншиносон ва тасвироти нақшҳои барҷастаи ҳахоманишӣ ҳувайдост, дар навъҳои мухталифи яроқу аслиҳа ва тариқи овехта гаштани он низ қаробат ва шабоҳати бештар ба назар мерасад. Дар ҳазораи I пеш аз милод дар Осиёи Миёна ва даштҳои Евросиё савораи вазнинсилоҳи ҷавшанпӯш, кулоҳхӯд бар сар ва баргустувон дар асп тимсоли марди мусаллаҳ гардида буд. Баъдтар ин навъи аслиҳаҷот дар Эрон ва Осиёи Пеш ҳам паҳн мешавад, ки мавҷудияти он дар ин маҳалҳо ба василаи санадҳои охири асри V пеш аз милод тасдиқ гардидааст.
Ниҳоят, халқҳои Осиёи Миёна дар офариниши осори бошукӯҳи санъати ҳахоманишӣ ҳиссаи бузурги моддӣ гузоштанд. Тибқи навиштаҷоти Доро, барои сохтмони қасри Шуш аз Бохтар тилло, аз Суғд лоҷувард ва ақиқ, аз Хоразм фирӯза бурда шудааст. Ин маълумот, инчунин ахбори муаллифони қадим ва ҳафриёти бостоншиносӣ аз дараҷаи баланди тараққиёти кори маъдан дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба пешрафти кори маъдан дар Эрон шаҳодат медиҳанд. Ногуфта намонад, ки лоҷуварди Осиёи Миёна дар Ҳиндустон, Бобул ва Миср ҳам мавриди истифода будааст.
Ба ин тариқа, ба ҳайъати давлати Ҳахоманишиҳо дохил шудани Осиёи Миёна уфуқи ҷуғрофӣ ва донишҳои илмии эрониёни ғарбӣ, юнониён ва дигар халқҳоро хеле вусъат дод. Дар навбати худ халқҳои Осиёи Миёна бисёр комёбиҳои форсҳо, мидиҳо ва дигар мардумонро азхуд намуданд.
Вилоятҳои Осиёи Миёна нахустин бор бо хат пас аз дохил шудан ба ҳайъати давлати ҳахоманишӣ ошноӣ пайдо карданд. Ёфт шудани навиштаҷоти оромӣ дар ҳудуди собиқ сатрапиҳои шарқии давлати ҳахоманишӣ (Таксил, Пули Дарунта ва Қандаҳор) бар он шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз дар аҳди Ҳахоманишиҳо забон ва хатти оромӣ ба музофотҳои саргаҳи ҳинд ва Осиёи Миёна нуфуз карда, дар расмияти идораҳои давлатии он ҷо истифода бурда мешудаанд. Дар аҳди Ҳахоманишиҳо ба тадриҷ қолабҳои ба забонҳои эронӣ гардонидани истилоҳот ва муншаоти оромӣ ба вуҷуд омадаанд.
Баъдҳо аз номаҳои идоравии оромии пас аз Ҳахоманишиҳо чор системаи хатти идеографӣ: портӣ, форсӣ, суғдӣ ва хоразмӣ пайдо шуданд. Ин системаҳои хат дар Осиёи Миёна ва Эрон муддати чандин аср, то давраи истилои арабҳо мавҷудияти худро нигоҳ доштанд.
Чунон ки таъйид гардида буд, дафинаи Амударё барои таҳқиқи ҳунар ва санъати Осиёи Миёна, аз ҷумла Бохтари миёнаҳои ҳазораи I пеш аз милод материали асосӣ медиҳад. Сиккаҳои давраҳои охири ин дафина мутобиқи соли 200-уми пеш аз милод буда, аксари ашёи он, бешубҳа, ба давраҳои қадимтар, яъне асри IV ва ҳатто асрҳои VI-V пеш аз милод мансубият дорад.
Дар байни ганҷҳои дафинаи Амударё як миқдор ашёи воридотӣ ҳам мавҷуд аст, аммо қисмати муҳими ин дафинаро маснуоти маҳаллӣ ташкил менамояд. Устодони ин ҷо бо санъати дарбории Эрони ҳахоманишӣ, ки намунаи барҷастаи он қасрҳои бошукӯҳи Истахр ва Шуш мебошад, шиносоӣ доштанд. Саҳнаи шикори шер, ки дар рӯйбасти заррини наём тасвир шудааст, ҳамчунин сурати шер аз таъсири анъанаи мактаби устодони нақшҳои машҳури ошурӣ, ки яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштаи онҳо шер шикор кардани подшоҳ буд, шаҳодат медиҳад.
Санъати Бохтари Қадимро боз дигар як мактаби шоистатаре буд, ки онро бо санъати дунёи васеи тоифаҳои бодиянишин наздик менамуд. Тарзи хеле гӯёву фасеҳ, муассиру пурҷазаба, дар ҳаракати тез, ҳолат ва чарху печҳои ғайриоддӣ тасвир кардани ҳайвонот ҷиҳати хоси ин санъат аст. Нақши ин сабки тасвирро дар ашёи хизонаи Амударё ҳам метавон мушоҳида намуд. Чунончи, ҳайкалчаҳои гавазн, муҷассамаи нуқрагии буз дар вазъи ҷаҳиш, саҳнаи саворон ҳангоми шикори бузу харгӯш аз ҳамин қабиланд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, дар асри IV пеш аз милод бузургзодагони Суғд майдонҳои шикори худро доштаанд ва, аз ин рӯ, табиист, ки саҳнаи шикор дар санъати Бохтари Қадим ин тариқа маъмул ва машҳур аст. Бинобар ин дар вақти омӯхтани санъати «сабки тасвири ҳайвонот» бояд мавқеи мактаби ҳунарии Бохтар ва дигар воҳаҳои иқоматиро ба назар гирифт.
Дар замони Ҳахоманишиҳо ба тавассути ривоҷи касбу ҳунар ва муносибатҳои пулию молӣ тараққиёти босуръати шаҳрҳои Осиёи Миёна, ҳамчун марказҳои маъмурӣ ва ҳунармандӣ шурӯъ гардид. Ҳаминро ҳам бояд хотирнишон кард, ки халқҳои Осиёи Миёна дар давраи Ҳахоманишиҳо аввалин бор бо пули танга ошно шуданд. Намунаҳои тангаи тилло ва дигар сиккаҳои системаи пулии ҳахоманишӣ аз хоки Осиёи Миёна пайдо карда шуд. Дар замони Ҳахоманишиҳо робитаҳои тиҷоратии Осиёи Миёна бо дигар кишварҳо беш аз пеш инкишоф ёфт, ки ба ин то Бохтар расидани роҳи корвонрави Эрону Бобул мусоидат менамуд. Дар ҳафриёти маҳалҳои Осиёи Миёна намунаҳои санъати Эрони ғарбӣ, Миср ва дигар мамлакатҳо ёфт шуданд. Дар байни онҳо маснуоти давраи ҳахоманишӣ низ мавҷуд аст, ки онҳоро пешаварони юнонӣ дар резишгоҳи Нил, дар шаҳри Навкратис сохтаанд.
Ғайр аз ин, халқҳои Осиёи Миёна дар аҳди ҳахоманишӣ на фақат бо маданияти эрониёни ғарбӣ, балки ҳамчунин бо тамаддуни бостонии Аллом, Бобул, Миср ва дигар кишварҳо низ шиносоӣ пайдо карданд.
Ҳамин тариқа, ба ҳайъати давлати ҳахоманишӣ дохил шудани Осиёи Миёна барои тараққиёти маданият ва муассисаҳои давлатии ҳам худи ин сарзамин ва ҳам ҳамсояҳои ғарбии он аҳамияти хеле калон дошт. Он сарватҳои умумии маданӣ, ки дар он замон ба вуҷуд омада буданд, муддати чандин асрҳо давом карданд.
Давлати бузурги Ҳахоманишиҳо, ҳамчун яке аз пуриқтидортарин империяҳои ҷаҳонии қадим беш аз 200 сол мавҷудияти худро нигоҳ дошт. Комёбиҳои соҳаи хоҷагӣ ва анъанаҳои сиёсӣ ва мадании он дар давраҳои баъдина, дар аҳди эллинизм ва мавҷудияти давлатҳои портҳо ва сосониён низ ҳамоно дар таърихи халқҳои Шарқ роли муҳим мебозиданд.
Маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва мадракҳои бостоншиносӣ дар бораи пешрафти муҳими соҳаи қувваҳои истеҳсолкунандаи давраи ҳахоманишӣ (чунончи, паҳн шудани олоти оҳан дар кишварҳои гуногун – аз Миср то Осиёи Миёна), тараққиёти зироат, обёрӣ ва ба таври васеъ азхуд кардани заминҳои нав, равнақи касбу ҳунар, вусъати шаҳру деҳот, ривоҷи тиҷорати дохилӣ ва байналхалқӣ шаҳодат медиҳанд. Маданият ва санъати давлати ҳахоманишӣ, ки тавассути амали мутақобили фаъолонаи анъанаҳои мадании қавмҳои мухталиф ба вуҷуд омада буд, на фақат аз салтанати Ҳахоманишиҳо зиёдатар умр дид, балки ба тараққиёти маданияти халқҳои гуногуни Шарқ ва Ғарб таъсири амиқе расонид. Ба ин тариқа, ваҳдати сиёсии давраи ҳахоманишии бисёр халқҳои Шарқ марҳилаи муҳими инкишофи иқтисодӣ ва мадании тамаддуни тамоми ҷаҳон гардид, ки роли қавму тоифаҳои Осиёи Миёна дар ин давра ниҳоятдараҷа бузург буд.
Барқароршавӣ ва тамоми давраи мавҷудияти давлати ҳахоманишиҳо бо авҷ гирифтани муборизаҳои синфии оммаи халқ бар зидди истисморкунандагон алоқаманд гардидааст. Давлати ҳахоманишиҳо ҳам, мисли тамоми дигар империяҳо, бо ҷангҳои истилогарона ва фурӯ нишондани шӯришҳои қавму тоифаҳои гуногуни дохили мамлакат ба вуҷуд омада, вусъат пайдо кардааст. Вале дар баробари ин, чунон ки зикр гардид, ба миён омадани иттиҳодияи чандин кишварҳо ба тараққиёти тамаддуни Шарқ ва таҳкими робитаҳои мутақобили иқтисодию мадании бисёр халқҳо мусоидат намуд.
Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.