Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-8

Абдуҳамид Тағоев / Июл.10.2015. / Гузориш нест

tanbur  1   2   3    4    5    6

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Талқини Уззол

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Соқиё, ҳамчун гули раъно дар айёми баҳор,
Ҷоми зар аз бодаи гулгун даме холӣ мадор.
Ҳаст дуде з-оташи сӯзанда қад афрохта.
Бе ниҳоли қоматат сарви сиҳӣ дар лолазор.
Ғунча хунолуди пайконе бувад бигрифта ранг,
Дида то лаъл аз даҳонат дар чаман, эй гулъузор.
Лола дар ҳован чӣ ҳоҷат мушк сояд чун сабо,
Мевазад дар гулситон аз хоки поят мушк бор.
Бар канори рӯдҳо, дар сояҳои бедгул,
Моҳиёнро ранги гул дар об бинӣ сад ҳазор.
Бар канори ҷӯ чу ханҷарҳои савсан ранг ёфт,
Бод сояд обро сӯҳонсифат дар ҷӯйбор.
Аз даруни байза тӯтибаччаҳо сар мекашанд,
Меваҳои сабз чун гашт аз шукуфа ошкор.
Боғ дебои мулавван аз гулу аз сабза сохт,
Сабза аз гулшан чароғони сипеҳри зарнигор.
***
Ёри вафодор-а, ҳайрони ту ман!
Мӯнису ғамхору қурбони ту ман!

Ғазали Восифӣ

Талқини Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Ҳар кӣ бошад ошиқи ҷонон пардозад ба ҷон,
Ҳар кӣ бошад толиби гавҳар, наяндешад зи об.
Гӯши ман сӯйи самоу ҳуши ман сӯйи сабӯ,
Чашми ман сӯйи нигору дасти ман сӯйи шароб.
Зору нолонам чу булбул, дида пурхуни тазарв,
То нафирам кард он кабки дарӣ бонги ғуроб.
Наргисе дорад сиёҳу савсане дорад сафед,
Лолае дорад латифу сунбуле дорад ба тоб.
Сунбули чанбарниҳоду наргиси ханҷаргузор,
Лолаи шаккарфишону савсани анбарниқоб.

Ғазали Абдулвосеи Ҷабалӣ

Талқинчаи Ироқи Бухоро-2

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2, аз силсилаи бухороии Бузрук, Ироқи Бухоро

Ҷонро ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.
Рӯзи нахуст, эй маҳи хубон, ба ошиқон,
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис.
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ,
Гуфто, бирав, Камол, ки вақти закот нест.

Ғазали Камоли Хуҷандӣ

Талқинчаи Ироқи Бухоро-3

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2, аз силсилаи бухороии Бузрук, Ироқи Бухоро

Вақти тараб хуш ёфтам он дилбари таннозро,
Соқӣ, биёр он ҷоми май, мутриб, навоз ин созро.
Имшаб, ки базми ошиқон, аз шамъи рӯят равшан аст,
Оҳиста, то навбат бувад дилдори шоҳидбозро.
Дӯшина май хӯрдӣ магар, чашмат гувоҳӣ медиҳад,
Май бо ҳарифе хӯрд, к-ӯ пӯшида дорад розро.
Рӯйи хушу овози хуш, доранд ҳар як лаззате,
Бингар, чӣ хуш лаззат бувад маҳбуби хушовозро.
Саъдӣ, ту мурғи зиракӣ, ҷонат ба дом овардаанд,
Мушкил ба дом орад касе монанди ту шаҳбозро.
МАТНИ ШЕЪР:
Вақти тараб хуш ёфтам он дилбари таннозро,
Соқӣ, биёр он ҷоми май, мутриб, бизан он созро.
Имшаб, ки базми орифон аз шамъи рӯят равшан аст,
Оҳиста, то набвад хабар риндони шоҳидбозро.
Дӯш, эй писар, май хӯрдаӣ, чашмат гувоҳӣ медиҳад,
Боре ҳарифе ҷӯ, ки ӯ мастур дорад розро.
Рӯйи хушу овози хуш, доранд ҳар як лаззате,
Бингар, ки лаззат чун бувад маҳбуби хушовозро.
Чашмони турку абрувон дилро ба новак мезананд,
Ё Раб, кӣ додаст ин камон он турки тирандозро?!
Шӯру ғами ишқаш чунин ҳайф аст пинҳон доштан,
Дар гӯши най рамзе бигӯ, то баркашад овозро.
Шероз пурғавғо шудаст аз фитнаи чашми хушат,
Тарсам, ки ошӯби хушат барҳам занад Шерозро.
Ман мурғаке парбастаам, з-он дар қафас биншастаам,
Гар з-он ки бишкастӣ қафас, бинмудаме парвозро.
Саъдӣ, ту мурғи зиракӣ, хубат ба дом овардаам,
Мушкил ба даст орад касе монанди ту шаҳбозро.

Ғазали Саъдӣ

Талқинчаи Савти Сарвиноз

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2, Савти Сарвиноз

Зи раҳи ҳавас ба ту кай расам, нафасе зи худ нарамида ман,
Ҳама ҳайратам, ба куҷо равам, ба раҳат саре накашида ман.
Чу гул он ки нусхаи сад чаман зи ниқоби ҷилва кушуда ту,
Чу май он ки ишрати оламе зи гудози худ талабида ман.
Ту ба маҳфиле нанамуда рӯ, ки зи тоби шӯълаи ғайраташ
Ҳама ашк гашта ба ранги шамъ зи чашми худ начакида ман.
Майи ҷоми нозу ниёзҳо ба хумор агар накушад, чаро,
Зи сари ҷафо нагузашта ту, зи дари вафо нарамида ман.
Чу нигоҳи гарм ба ҳар тараф, ки гузашта маҳфили нози ту,
Чу дили гудохта аз паят ба рикоби ашк давида ман.
Туву сад чаман тарабу нумӯ, ману шабнами нигаҳ обрӯ,
Ба баҳори олами рангу бӯ ҳама ҷилва ту, ҳама дида ман.
Ба кадом нағмаи дилгусил зи навокашон нашавам хиҷил,
Чу ҷарас ба ғайри шикасти дил, сухане зи худ нашунида ман.
Мани Бедилу ғами ғафлате, ки зи чашмбанди фусули дил:
Ҳама ҷо зи ҷилваи ман пур асту ба ҳеҷ ҷо нарасида ман.

Ғазали Бедил

Талқинчаи Савти Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2, Савти Чоргоҳ

Эй зулфи ёри ман зиреҳӣ, ё зиреҳгарӣ?
Ё пеши теғи ғамзаи ҷонон зиреҳварӣ?
Нашнидаам, ки ҳеҷ зиреҳ Зӯҳра парварад
Бар рӯйи он санам зиреҳи зӯҳрапарварӣ.
Маҷмар ҳаме набоядату уднакҳатӣ
Оташ ҳаме насӯзадату мушкпайкарӣ.
Гоҳ аз рухон-ш соҳиби ёқуту луълӯӣ,
Гоҳ аз лабон-ш ҳофизи марҷону шаккарӣ.
Боғӣ магар, ки маъдани насрину савсанӣ,
Чархӣ магар, ки ҷойгаҳи моҳу ахтарӣ.
Гар қавли файласуф наӣ, чун мусалсалӣ?
В-ар хулқи садри шарқ наӣ, чун муаттарӣ?

Ғазали Адиб Собир

Уфари Мустазоди Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2, Мустазоди Наво

Маҳ гард барангехта аз орази моҳат
бар торами ахзар,
Хуршеди иёрӣ ба ҳаво рӯфта роҳат
аз зарра фурӯтар.
Ҳайрони ҷамолат шуда оина ба сад раҳ
чун мардуми дида,
Ҳангоми назора ҳама тан маҳви нигоҳат
ҳайратзада як сар.
Минову маю мутрибу соқӣ шуда бехуд
дар базми висолат,
В-аз рамзу адои нигаҳи чашми сиёҳат,
саршор чу соғар.
Зоеъ манамо хуни сиришкам, ба фидоят
к-аз чашм бирезад,
Ҳамроҳи дилу дида ба хоки сари роҳат
чун тифл бупарвар.
Умрест, ки аз оби бақо васф намояд,
чун килки Дабирӣ,
Ҳар дилшудае дар талаби ҷоми висолат
ай мӯнису дилбар.

Мустазоди Дабирии Ҳисорӣ

Уфари Ироқ (Уфари Муҳайяри Ироқ)

Мақоми Ироқ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъба

Акси рӯят чун фитад дар об, об аз худ равад,
Гар фишонӣ зулфи мушкин, мушки ноб аз худ равад.
Бод ҳоҷат нест, к-аз рӯят барандозад ниқоб
Бо ту чун худ рӯбарӯ афтад, ниқоб аз худ равад.
Ёри мо аз худ равад
Ҷони мо аз худ равад
Остинафшон даро, ки гаҳ ба хубон дар самоъ,
То дарояд маҳ ба чарху офтоб аз худ равад.
Ёри мо аз худ равад
Ҷони мо аз худ равад
Ашки ман дурри хушоб аст, аз лаби хомӯши лаъл
Лаъл чун гӯё кунӣ, дурри хушоб аз худ равад.
Сина дар оташ кабоб асту зи сӯзи ӯ дилам
Бар мисоли қатраи хун, к-аз кабоб аз худ равад.
[Ман на танҳо рафтаам дар ҳайрат аз он чашми маст,
Ҳар ки бинад ончунон масте ба хоб, аз худ равад.]
Бо хаёли он ду лаб ҳар дам равад аз худ Камол
Ҳар киро дар сар занад зӯри шароб аз худ равад.
Ёри мо аз худ равад
Ҷони мо аз худ равад
***
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Кушоиши кор туӣ
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Ба ҳар диле ёр туӣ
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Ба иззати кунфаякун,
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Муроди мо ҳосил кун.
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Ба иззати кунфаякун,
Муроди мо ҳосил кун.
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Субҳоналлоҳ.

Ғазали Камоли Хуҷандӣ

Уфари Рок

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2, аз силсилаи Бухороии Бузрук

Гуфт ёр: аз ғайри мо пӯшон назар, гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида бар мо менигар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардӣ шабе аз рӯйи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар, гуфтам: ба чашм!

СУПОРИШИ РОК
Гуфт: агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар, гуфтам: ба чашм!

МАТНИ ШЕЪР:
Ёр гуфт: аз ғайри мо пӯшон назар, гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар ёбӣ нишони номи мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардӣ шабе аз рӯйи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол

Ғазали Камоли Хуҷандӣ

Уфари Савти Сабо

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2, Савти Сабо

Хезед, яке сарви дилором биёред!
Арбоби тарабро ба дил ором биёред!
Бар мурғи дил аз холи лабаш дона бипошед,
В-аз ҳалқаи зулфи сияҳаш дом биёред!…
Ин маҷлиси унс аст, навои дафу тор аст,
Соқиву гулу шамъу маю ҷом биёред!
Аз сарву гул, эй аҳли сафо, ном нагиред,
Дар маҷлиси мо сарви гуландом биёред!
Дар базми ман аз нутқу даҳону лабу чашмаш:
Нуқлу шакару пиставу бодом биёред!
Бар Маҳрам агар васли рухаш нест муяссар
Аз лаъли лабаш бӯса ба пайғом биёред.

Ғазали Маҳрами Бухороӣ


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


8 + 1 =


error: Content is protected !!