Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-10

shashmaqom-10

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Уфари Савти Сарвиноз-2

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Сарвиноз-2
Эй зулфи ту барҳам зада сад мулки Хиторо,
Дорад ба хами атрфишон боди саборо,
Монанди ту нозукбадан нест, нигоро,
Симинбадано, сарвқадо, лолаузоро,
Хуш кун ба нигоҳе дили ғампарвари моро.
Чун сабзаи сероб ба гулбарги тар афтӣ,
Гоҳе ба рухи сабзаву гоҳе ба бар афтӣ,
Хуш он, ки зи май маст шавӣ, бехабар афтӣ,
Пинҳон зи ту ман бӯса занам он кафи поро.
Тӯтӣ шуда ҳайрон зи сухан кардани нозук,
Бас ғунча хиҷил гашт зи хандидани нозук,
Аз риштаи ҷон дӯхта пероҳани нозук,
Озурда мабодо, ки шавад он тани нозук,
Аз баҳри дили мо бикушо банди қаборо.
Мухаммаси Хокии Кӯҳистонӣ бар ғазали Ҷомӣ

Уфари Савти Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Чоргоҳ
Эй луъбати хандон, лаби лаълат кӣ газида-ст?
В-аз боғи латофат гули рӯйи ту кӣ чида-ст?
Некутар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрда-ст?
Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ бурида-ст?
Ин хуни касе рехтаӣ, ё майи сурх аст,
Ё тути сиёҳ аст, ки бар ҷома чакида-ст?
Бо ҷумла даромезию аз мо бигурезӣ,
Ҷурм аз ту набошад, гунаҳ аз бахт рамида-ст.
Бисёр таваққуф накунад меваи пурбор,
Чун халқ бидонанд, ки ширину расида-ст.
Саъдӣ, дари бӯстон раву ҷойи дигаре зан,
Сад ҷойи дигар меваи ширин, ки расида-ст.
Матни шеър:
Эй луъбати хандон, лаби лаълат кӣ газида-ст?
В-аз боғи латофат гули рӯйи ту кӣ чида-ст?
Некутар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрда-ст?
Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ бурида-ст?
Эй Хизр, ҳалолат накунам Чашмаи ҳайвон,
Донӣ, ки Сикандар ба чӣ меҳнат талабида-ст?
Ин хуни касе рехтаӣ, ё майи сурх аст,
Ё тути сиёҳ аст, ки бар ҷома чакида-ст?
Бо ҷумла даромезию аз мо бигурезӣ,
Ҷурм аз ту набошад, гунаҳ аз бахти рамида-ст.
Бисёр таваққуф накунад меваи пурбор,
Чун ом бидонанд, ки ширину расида-ст.
Шукр аст, ки девор ба як бор бияфтод,
То боз нагӯйӣ, ки кас ин боғ надида-ст.
Гул низ дар он ҳафта даҳан боз намекард,
Имрӯз насими саҳараш парда дарида-ст.
Рафт он, ки фуқоъ аз ту кушоянд дигар бор,
Моро бас аз ин кӯза, ки бегона макида-ст.
Саъдӣ, дари бӯстони ҳавои дигаре зан,
В-ин кишта раҳо кун, ки дар он гала чарида-ст!
Ғазали Саъдӣ

Уфари Уззол

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Бо ин ҳама бедоди ӯ, в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ, то бар забонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯйӣ, равонам меравад.
[Бозою дар чашмам нишин, ай дилситони нозанин,
К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.]
[Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.]
Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.
Саъдӣ фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд, эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.
Ғазали Саъдӣ

Уфари Ушшоқ

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1
То ниҳод он симтан лаб бар лаби ҷоми шароб,
Кард рашки ӯ дили пурхуни ошиқро кабоб.
Ҳар куҷо машшота бар гесуи он маҳ шона зад,
Риштаи ҷони маро афтод чандин печутоб.
Хандаи лаълаш ба ҳангоми такаллум шуд падид,
З-он даҳони бенишон як нуқта кардам интихоб.
Ошиқонро беқарорӣ мефазояд рӯйи ӯ,
Ҳар куҷо хуршед бошад, зарра дорад изтироб.
Аз хаёли орази ӯ ошиқон ҷон медиҳанд,
Хуш аз он соат, ки аз рӯяш барандозад ниқоб.
Мехӯрам хуни дилу сад нола иншо мекунам,
Бода нӯшад ҳар куҷо он шӯх бо чангу рубоб.
Кардаам сад бор аз лаълаш саволи бӯсае,
Аз лаби ҷонбахши ӯ як бор нашнидам ҷавоб.
[Хок гардидам, тапидам, сурма гаштам, сӯхтам,
Аз тағофул во нашуд он чашми масти нимхоб.]
Дар таманнои висоли ӯ равон кардам, Амир,
Сӯйи гардун корвонҳои дуои мустаҷоб.
Ғазали Амир(Амирӣ)

Уфари Чоргоҳ (Уфари Дугоҳ)

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1
Эй ҷигарҳо доғдори шавқи пайкони шумо,
Чокҳои дил наёми теғи мижгони шумо.
Аз ҳуҷуми ашк бар мижгон гуҳарҳо чидаем,
Дар таманнои нисори лаъли хандони шумо.
Аз шикасти кори мо, ошуфтаҳолон, нусхаест,
Дафтари ошӯб, яъне сунбулистони шумо.
[Як сари мӯ холӣ аз пардози шӯхӣ нест ҳусн,
Сад нигаҳ хобида дар таҳрики мижгони шумо.]
Бо шикасти зулф натвон он қадар пардохтан,
Ранги мо ҳам нисбате дорад ба паймони шумо.
Бедили ошуфтаи мо бӯйи ҷамъият набурд,
То ба кай дар ҳалқаи зулфи парешони шумо.
Матни шеър:
Эй ҷигарҳо доғдори шавқи пайкони шумо,
Чокҳои дил наёми теғи мижгони шумо.
Шуъла дар ҷайбе, ки чоки ҳасрати дидор нест,
Хок дар чашме, ки натвон дид ҳайрони шумо.
То қиёмат ҷавҳару оина меҷӯшад ба ҳам
Аз ғуборам пок натвон кард домони шумо.
Бо шикасти зулф то кай лан яқда пардохтан,
Ранги мо ҳам нестӣ дорад ба паймони шумо.
Ишрати ранг аст, ҳар ҷо гул бисоторо шавад,
Муфти ҷоми мо, ки мегардад ба даврони шумо.
Кӯшиши мо пойи хоболудаи домони мост,
Ҷуз шумо сар барнаёвард аз гиребони шумо.
Пеш аз ин натвон ба абруи тағофул сохтан,
Шишаи дил чок шуд дар тоқи нисёни шумо.
Бедили ошуфтаӣ бар рӯйи ҷамъият нигар,
Умрҳо дар ҳалқаи зулфи парешони шумо.
Ғазали Бедил

Хоро ё Насри Хоро (Наврӯзи Хоро)

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1 (Хоро)
Бикшо рухи чу моҳу ривоҷи бутон шикан,
Бозори нози лолаву лоларухон шикан!
Сӯйи чаман хиром, чу бурқаъ фикандаӣ,
Қадру ривоҷи барги гули арғувон шикан!..
Мастона боз кун нигаҳи оҳувонаро,
Тарфи кулаҳ ба сайди дили ошиқон шикан!
Дастури нашъабахшии пири муғон турост,
Имо ба ҷоми бодае з-он абрувон шикан!
Хорои қалби хеш шикан, сӯйи мо гузар,
В-аз абру тири ноз чу тир аз камон шикан!
Ҷамъанд бо ту холу хату зулфи тобдор,
Имло фидои ту, сари зулф аз миён шикан!
Ғазали Имлои Бухороӣ

Ҳусайнии Дугоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1 (Чоргоҳ)
Шароби беғашу соқии хуш ду доми раҳанд,
Ки зиракони ҷаҳон аз камандашон нараҳанд.
Ман арчи ошиқаму ринду масту номасиёҳ,
Ҳазор шукр, ки ёрони шаҳр бегунаҳанд.
Ҷафо на пешаи дарвешӣ асту роҳравӣ,
Биёр бода, ки ин соликон на марди раҳанд.
Мабин ҳақир гадоёни ишқро, к-ин қавм
Шаҳони бекамару хусравони бекулаҳанд.
Ба ҳуш бош, ки ҳангоми боди истиғно,
Ҳазор хирмани тоат ба ним ҷав наниҳанд.
Макун, ки кавкабаи дилбарӣ шикаста шавад,
Чу бандагон бигурезанду чокарон биҷаҳанд.
Ғуломи ҳиммати дурдикашони якрангам,
На он гурӯҳ, ки азрақлибосу дилсияҳанд.
Қадам манеҳ ба харобот, ҷуз ба шарти адаб,
Ки сокинони дараш маҳрамони подшаҳанд.
Ҷаноби ишқ баланд аст, ҳиммате, Ҳофиз,
Ки ошиқон раҳи беҳимматон ба худ надиҳанд.
Ғазали Ҳофиз

Ҳусайнии Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1 (Баёт)
Муҳаббати ту, ки бар дил балои ҷони ман аст,
Балои ҳаҷри ту бар ҷони нотавони ман аст.
Ба ҳар куҷо ки равам, аз ғамат халосӣ нест,
Ки сӯзи ишқи ту дар мағзи устухони ман аст.
Ба кӯраи алами ишқ сӯхтам чандон,
Ҳамеша маскани парвона ошёни ман аст.
Зи гуфтугӯйи рақибон дилам ба танг омад,
Аҷаб, ки дар ҳама ҷо ҳарфи достони ман аст.
Зи бевафоии Ширин ҳалок шуд Фарҳод,
Чӣ зулмҳо, ки туро ҳар замон ба ҷони ман аст.
Зи остонаи ҷонон куҷо равам, Ҷазбӣ,
Ки ишқи лоларухон боиси амони ман аст.
Ғазали Ҷазбӣ

Чапандози Ироқи Бухоро

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ), Ироқи Бухоро
Ҳар замон моро ба кӯяш завқи дидор оварад,
Булбулонро орзуи гул ба гулзор оварад.
Гул, ки бозорӣ шавад, булбул занад худро ба дом,
Бар умеди он ки сайёдаш ба бозор оварад.
Гар кунам арзи тааммул бар сари бозори ишқ,
Сад ҳазорон ҳамчу Юсуфро харидор оварад…
Ҷомии бечора дур аз кӯйи он номеҳрубон,
То ба кай дар гӯшаи ғам рӯ ба девор оварад.
Ғазали Ҷомӣ

Чапандози Қаландарӣ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 Қаландарии Дугоҳ
Зи рашки кулбаи ман Каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшию мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардию парвона месӯзад,
Ба ҷисму ҷони ман, эй барқи бепарво, мурувват кун,
Ту бар коҳи ман оташ мезаниву дона месӯзад.
Ба ёди он гули рӯ, Сайидо, шамъе, ки афрӯзам,
Ба гулшан булбулу дар анҷуман парвона месӯзад.
Матни шеър:
Зи рашки кулбаи ман Каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшию мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардию парвона месӯзад.
Ба ҷисму ҷони ман, ай барқи бепарво, мурувват кун,
Ту бар коҳи ман оташ мезанию дона месӯзад,
Нигоҳи гарм дар майхонаи ман аз кӣ афтода-ст,
Май аз хум то барояд, шишаву паймона месӯзад?
Туро имрӯз ҳамчун мӯйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфат шона месӯзад?
Намерезад касе бар оташи бетобиям обе,
Ба ҳолам ошно мегиряду бегона месӯзад.
Ба ёди он гули рӯ, Сайидо, шамъе, ки афрӯзам,
Ба гулшан булбулу дар анҷуман парвона месӯзад.
Ғазали Сайидо

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.