Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-6

Абдуҳамид Тағоев / Июн.16.2015. / Гузориш нест

tanbur   1    2    3    4    5    6   7   8

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Насри Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Ду дил ба меҳри ту бастам, ки об шуд ҳар ду,
Ду доғ сӯхтаму офтоб шуд ҳар ду.
Ҳилоли ид ду мисраъ дар обу оина дошт,
Ба як ишорати абру хароб шуд ҳар ду.
Ду шиша хуни ҷигар аз ту доштам дар дил,
Ба як ситезаи чашмон хароб шуд ҳар ду.
Ду лаб ба ғамза кушудӣ, дуо иҷобат шуд
Ду арза доштаму якҷо ҷавоб шуд ҳар ду.
Ба абрувони ту гуфтам ду байт, як имо,
Ба умр аз ту надидам, китоб шуд ҳар ду.
Ҳамон ду зулф, ки машшота тоб медодӣ,
Ба гардани дилу ҷонам таноб шуд ҳар ду.
Зи дину дил ба ду дунё ду хона дошт, Наҷиб,
Ба як карашмаи соқӣ хароб шуд ҳар ду.

Ғазали Наҷиб

Насри Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Ду дида сӯйи ту кардам, пуроб шуд ҳар ду,
Зи ҳайрат оинаи офтоб шуд ҳар ду.
Ду нукта сирри даҳону миёнат овардам,
Саволи рамзи адамро ҷавоб шуд ҳар ду.
Ду ҳалқае, ки зи зулфат сабо парешон кард,
Гулӯи ҷону диламро таноб шуд ҳар ду.
Ду наргисат, ки ду соҳир, ду фитнаангез аст,
Барои қатли ман андар итоб шуд ҳар ду.
Ду оразат, ки занад таъна бар маҳу хуршед,
Сипеҳри меҳри туро офтоб шуд ҳар ду.
Ба теғи ханҷари нозат ду пора гашт ҷигар,
Зи тоби оташи ҳуснат кабоб шуд ҳар ду.
Ду нукта сӯзи диламро қалам ба сафҳа навишт,
Ба назди аҳли муҳаббат китоб шуд ҳар ду.
Ду нуктае, ки зи холи лабат баён кардам,
Китоби ҳусни туро фасли боб шуд ҳар ду.
Туробӣ шарҳи ҷамолат ду сатр кард рақам,
Ба Фоиқу ба Наҷибат ҷавоб шуд ҳар ду.

Ғазали Туробӣ

Орази Дугоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Ғизои рӯҳ бувад бодаи раҳиқ, алҳақ,
Ки рангу бӯ-ш занад рангу бӯйи гулро дақ.
Ғуломи он майи софам, ки аз рухи хубон
Ба як-ду ҷом барорад ҳазор гуна арақ.
Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид,
Ба пеши ҷоҳил ботил, ба назди доно ҳақ.
Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно,
Ҳаром гашта бар аҳкоми шаръ бар аҳмақ.
Чу Бӯалӣ агар ту май хӯрӣ ҳакимона,
Ба ҳаққи Ҳақ, ки вуҷудат ба Ҳақ шавад мулҳақ.

Ғазали Ибни Сино

Савти Калон

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2

Зи ишқат, эй парӣ, гаштам хароб оҳиста-оҳиста,
Ҳамеояд ба чашми ноз хоб оҳиста-оҳиста.
Шудам моил ба рухсораш валекин менадонистам,
Ки хоҳад кард ошиқро кабоб оҳиста-оҳиста.
Шабе рафтам чу дуздон, дидаме хуспида он дилбар,
Гирифтам аз рухи зебо ниқоб оҳиста-оҳиста.
Гирифтам бар канори худ, макидам лаъли майгунаш,
Бишуд бедору гуфт: эй беҳаё, оҳиста-оҳиста.
Агар дар ишқ, Соиб, нестам, дорам тақозое,
Ки тифли хурд мехонад, китоб оҳиста-оҳиста.

Ғазали Соиб

Савти Cабо

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2

Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард,
Дили шӯридаи моро зи нав дар кор меовард.
Зи рашки тори зулфи ёр бар боди саҳар медод,
Сабо ҳар нофаи мушке, ки аз Тотор меовард
Фурӯғи моҳ медидам зи боми қасри ӯ равшан,
Ки рӯ аз шарми он хуршед бар девор меовард.
Ман он шакли санавбарро зи боғи сина баркандам,
Ки ҳар гул к-аз ғамаш бишкуфт, меҳнат бор меовард.
Ба қавли мутрибу соқӣ бурун рафтам гаҳу бегаҳ,
К-аз ин роҳи гарон қосид хабар душвор меовард.
Аҷаб медоштам дишаб зи Ҳофиз ҷому паймона,
Вале манъаш намекардам, сӯфивор меовард.
МАТНИ ШЕЪР:
Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард,
Дили шӯридаи моро зи нав дар кор меовард.
Ман он шакли санавбарро зи боғи сина баркандам,
Ки ҳар гул к-аз ғамаш бишкуфт, меҳнат бор меовард.
Фурӯғи моҳ медидам зи боми қасри ӯ равшан,
Ки рӯ аз шарми он хуршед бар девор меовард.
Зи бими ғорати ишқаш дили пурхун раҳо кардам,
Вале мерехт хуну раҳ бад-он ҳинҷор меовард.
Ба қавли мутрибу соқӣ бурун рафтам гаҳу бегоҳ,
К-аз ин роҳи гарон қосид хабар душвор меовард.
Саросар бахшиши ҷонон тариқи лутфу эҳсон буд,
Агар тасбеҳ мефармуд, агар зуннор меовард.
Афаллаҳ, чини абруяш агарчи нотавонам кард,
Ба ишва ҳам паёме бар сари бемор меовард.
Аҷаб медоштам дишаб зи Ҳофиз ҷому паймона,
Вале манъаш намекардам, сӯфивор меовард.

Ғазали Ҳофиз

Савти Сарвиноз-2

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2

Чу дар дил орзуи сӯҳбати ширинкалом омад,
Зи номи ӯ забонро лаззати шаккар ба ком омад,
Ба базми майпарастон духтари раз дар хиром омад,
Арӯси бода маст аз пардаи мино ба ҷом омад,
Тарабро муждаи домодии айши мудом омад.

Ба гулзоре, ки сарви қоматат аз бод мерақсад,
Зи хубии ниҳоли қоматат шамшод мерақсад,
Чу он сайде, ки шуд аз банду ғам озод мерақсад,
Лаби чоки қафас механдаду сайёд мерақсад,
Намедонам, кадомин сайди озоде ба дом омад.

Ҳаё, доим маро бо нуктасанҷон аст дамсозӣ,
Забони хиҷлатам аз ман наёбад ҳарфи ғаммозӣ,
Расид аз сӯҳбати соҳибдилонам гар сарафрозӣ,
Зи файзи хоксорӣ буд, не аз нуктапардозӣ,
Агар Нозим ба базми аҳли ирфон дӯстком омад.

Мухаммаси Ҳаё бар ғазали Нозим

Савти Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 2

Гирифторам ба доми чини зулфи анбаринмӯе
Зулайхоталъате, лайливаше, ширин сухангӯе.
Яке холе сияҳ ҷо карда бар кунҷи лаби лаълаш,
Ки гӯё бар лаби оби бақо биншаста ҳиндуе.
Ду пистонаш зи чоки пираҳан дидам, ба дил гуфтам,
Тамошо кун, ки сарви ноз бар оварда лимуе.
[Расида гӯшаи абру ба чашми сурмасойи ӯ,
Ту пиндорӣ, оварда дар дунболи оҳуе.]
Ба рӯ чун маҳ, ба бӯ чун гул, маозаллоҳ, ғалат гуфтам,
Надорад маҳ чунин рӯе, надорад гул чунин бӯе.
Миёни хубрӯён сарбаландӣ месазад ӯро,
Ки дорад чун Заҳирӣ ошиқи зори дуогӯе.

Ғазали Заҳирӣ

Сарахбори Бузрук

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Эй аз камоли ҳусни ту шавқе дар офтоб,
Мӯят кашида доираи шаб бар офтоб.
Он ҷо ки зулфи туст, ҳама сар ба сар шаб аст,
В-он ҷо ки рӯйи туст, ҳама яксар офтоб.
Боғест орази ту, ки дорад ситора бор,
Сарвест қомати ту, ки дорад бар офтоб.
Бар моҳ мушк дориву бар сарв гулситон,
Дар лола нӯш дориву дар анбар — офтоб.
Аз чеҳра офтобиву аз бӯса шаккарӣ,
Бас лоиқ аст бо шакарат ҳамсар офтоб.
Холест бар рухи ту ба ном эзид он чунон-к
Хоҳад ҳаме зи хубии ӯ зевар офтоб.
На-шгифт, агар нависадӣ ин шеъри Анварӣ,
Бар рӯйи рӯзгор ба оби зар офтоб.

Ғазали Анварӣ

Сарахбори Дугоҳ-1

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Шод зӣ бо сияҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод.
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,
Бода пеш ор, ҳарчи бодобод!
Он ақиқин мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт.
Ҳар ду як ҷавҳаранд, лек ба табъ,
Ин бияфшурду он дигар бигудохт.
То бисуда ду даст рангин кард,
То чашида ба торак андар тохт.

Шеъри Рӯдакӣ

Сарахбори Дугоҳ-2

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Биё, ки бе рухи зебо-т дил ба ҷон омад,
Биё, ки бо ғами ту бар наметавон омад.
Биё, ки баҳри ту ҷон аз ҷаҳон карона гирифт,
Биё, ки бо ту дилам ҷумла дар миён омад.
Биё, ки ғайри ту дар чашми ман наёяд ҳеҷ,
Ҷуз оби дида, ки аз чашми ман равон омад.
Макун он чӣ ки бар ҳеҷ кас наёмада буд,
Бар ин шикаста дилам аз ғами ту он омад.
Дилам шикастаам он лаҳза дил забон бардошт,
Ки расми ҷавру ҷафои ту дар ҷаҳон омад.
Зи ҷаври ёр чунонам, ки толеи дили ман,
Чунонки бахти Ироқист, ҳамчунон омад.

Ғазали Ироқӣ

Сарахбори Рост-1

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шӯъбаи 1

Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист,
Ки мо ду ошиқи зорему кори мо зорист.
Дар он замин, ки насиме вазад зи турраи дӯст,
Чӣ ҷойи дам задани нофаҳои тоторист?
Биёр бода, ки рангин кунем ҷомаи зарқ,
Ки масти ҷоми ғурурему ном ҳушёрист.
Хаёли зулфи ту пухтан на кори ҳар хомест,
Ки зери силсила рафтан тариқи айёрист.
Латифаест ниҳонӣ, ки ишқ аз ӯ хезад,
Ки номи он на лаби лаълу хатти зангорист.
Ҷамоли шахс на чашм асту зулфу оразу хол,
Ҳазор нукта дар ин кору бори дилдорист.
Қаландарони ҳақиқат ба ними ҷав нахаранд,
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.
Бар остони ту мушкил тавон расид, оре,
Уруҷ бар фалаки сарварӣ ба душворист.
Саҳар карашмаи чашмат ба хоб медидам,
Зиҳӣ маротиби хобе, ки беҳ зи бедорист!
Дилаш ба нола маёзору хатм кун, Ҳофиз,
Ки растагории ҷовид дар камозорист.

Ғазали Ҳофиз


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

Ёбед: