Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-9

shashmaqom-9

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Талқинчаи Савти Калон-2

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (Савти Калон)

Биё ба кулбаам, эй моҳрӯ, сафо ин ҷост,
Нишин ба дидаам, эй нури чашм, ҷо ин ҷост.
Зиёрати дили мо созу сайри ҷаннат кун,
Калиди қуфли дари боғи дилкушо ин ҷост.
Зи доғи туст маро сина равзаи шуҳадо,
Ба ханҷари ту қасам, дашти Карбало ин ҷост.
Маро забони нигоҳи ту ёри ҳарф шуда,
Куҷо равам, ки суханҳои ошно ин ҷост.
Ба кӯят омадаму гашт чашми ман равшан,
Қасам ба хоки қудумат, ки тӯтиё ин ҷост.
Бинои Каъба бувад дил ба даст овардан,
Агар худоталабӣ мекунӣ, Худо ин ҷост!
Ба гиря гуфтамаш: — Оби Ҳаёт меҷӯям?
Ба ханда гуфт лабаш: — Чашмаи Бақо ин ҷост.
Рақиб хост, ки имшаб ба базм биншинад,
Ишора кард ба абру, ки Сайидо ин ҷост.

Ғазали Сайидо

Талқинчаи Савти Сабо

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (Савти Сабо)

Вақти тараб хуш ёфтам он дилбари таннозро,
Соқӣ, биёр он ҷоми май, мутриб, навоз ин созро!
Имшаб, ки базми ошиқон аз шамъи рӯят равшан аст,
Оҳиста, то набвад хабар риндони шоҳидбозро.
Дӯшина, май хӯрдӣ магар, чашмат гувоҳӣ медиҳад?
Май бо ҳарифе хур, ки ӯ пӯшида дорад розро.
Чашмони шӯху абрувон новак ба ҷонам мезананд,
Ё Раб, кӣ дода-ст ин камон он турки тирандозро?
Рӯйи хушу овози хуш доранд ҳар як лаззате,
Бингар, чӣ хуш лаззат бувад маҳбуби хушовозро!
Саъдӣ, ту мурғи зиракӣ, чунат ба дом овардаанд?
Мушкил ба дом орад касе монанди ту шаҳбозро.

Ғазали Саъдӣ

Талқинчаи Савти Сарвиноз

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Сарвиноз

Зи раҳи ҳавас ба ту кай расам, нафасе зи худ нарамида ман,
Ҳама ҳайратам, ба куҷо равам, ба раҳат саре накашида ман.
Чу гул он ки нусхаи сад чаман зи ниқоби ҷилва кушуда ту,
Чу май он ки ишрати оламе зи гудози худ талабида ман.
Ту ба маҳфиле нанамуда рӯ, ки зи тоби шӯълаи ғайраташ
Ҳама ашк гашта ба ранги шамъ зи чашми худ начакида ман.
Майи ҷоми нозу ниёзҳо ба хумор агар накушад, чаро,
Зи сари ҷафо нагузашта ту, зи дари вафо нарамида ман.
Чу нигоҳи гарм ба ҳар тараф, ки гузашта маҳфили нози ту,
Чу дили гудохта аз паят ба рикоби ашк давида ман.
Туву сад чаман тарабу нумӯ, ману шабнами нигаҳ обрӯ,
Ба баҳори олами рангу бӯ ҳама ҷилва ту, ҳама дида ман.
Ба кадом нағмаи дилгусил зи навокашон нашавам хиҷил,
Чу ҷарас ба ғайри шикасти дил, сухане зи худ нашунида ман.
Мани Бедилу ғами ғафлате, ки зи чашмбанди фусули дил:
Ҳама ҷо зи ҷилваи ман пур асту ба ҳеҷ ҷо нарасида ман.

Ғазали Бедил

Талқинчаи Савти Чоргоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Чоргоҳ

Эй зулфи ёри ман зиреҳӣ, ё зиреҳгарӣ?
Ё пеши теғи ғамзаи ҷонон зиреҳварӣ?
Нашнидаам, ки ҳеҷ зиреҳ Зӯҳра парварад
Бар рӯйи он санам зиреҳи зӯҳрапарварӣ.
Маҷмар ҳаме набоядату уднакҳатӣ
Оташ ҳаме насӯзадату мушкпайкарӣ.
Гоҳ аз рухон-ш соҳиби ёқуту луълӯӣ,
Гоҳ аз лабон-ш ҳофизи марҷону шаккарӣ.
Боғӣ магар, ки маъдани насрину савсанӣ,
Чархӣ магар, ки ҷойгаҳи моҳу ахтарӣ.
Гар қавли файласуф наӣ, чун мусалсалӣ?
В-ар хулқи садри шарқ наӣ, чун муаттарӣ?

Ғазали Адиб Собир

Уфари Ироқ (Уфари Муҳайяри Ироқ)

Мақоми Ироқ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъба

Акси рӯят чун фитад дар об, об аз худ равад,
Гар фишонӣ зулфи мушкин, мушки ноб аз худ равад.
Бод ҳоҷат нест, к-аз рӯят барандозад ниқоб
Бо ту чун худ рӯбарӯ афтад, ниқоб аз худ равад.
Ёри мо аз худ равад
Ҷони мо аз худ равад
Остинафшон даро, ки гаҳ ба хубон дар самоъ,
То дарояд маҳ ба чарху офтоб аз худ равад.
Ёри мо аз худ равад
Ҷони мо аз худ равад
Ашки ман дурри хушоб аст, аз лаби хомӯши лаъл
Лаъл чун гӯё кунӣ, дурри хушоб аз худ равад.
Сина дар оташ кабоб асту зи сӯзи ӯ дилам
Бар мисоли қатраи хун, к-аз кабоб аз худ равад.
[Ман на танҳо рафтаам дар ҳайрат аз он чашми маст,
Ҳар ки бинад ончунон масте ба хоб, аз худ равад.]
Бо хаёли он ду лаб ҳар дам равад аз худ Камол
Ҳар киро дар сар занад зӯри шароб аз худ равад.
Ёри мо аз худ равад
Ҷони мо аз худ равад
***
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Кушоиши кор туӣ
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Ба ҳар диле ёр туӣ
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Ба иззати кунфаякун,
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Муроди мо ҳосил кун.
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Ба иззати кунфаякун,
Муроди мо ҳосил кун.
Субҳоналлоҳ, субҳоналлоҳ
Субҳоналлоҳ.

Ғазали Камоли Хуҷандӣ

Уфари Муғулчаи Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (Муғулчаи Наво)

Гуфтам: — Ҳама побанди ту шуд! — Гуфт: — Шумо чӣ?
Гуфтам: — Зи ғамат сӯхт дилам! — Гуфт: — Ба мо чӣ?
Гуфтам: — Чӣ шавад ҳосили ман? — Гуфт: — Чӣ донам?
Гуфтам: — Ба сарам даст бинеҳ! – Гуфт, ки по чӣ?
Гуфтам: — Чӣ диҳам, бӯса диҳӣ? – Гуфт, ки ҷон деҳ!
Гуфтам: — Бикуш имрӯз маро! – Гуфт: — Паго чӣ?
Гуфтам: — Дилам обод бикун! – Гуфт: — Чӣ даркор?
Гуфтам: — Набувад аҳд туро? – Гуфт: -Вафо чӣ?
Гуфтам: — Кӣ бувад ошиқи ту? – Гуфт, ки Саҳбо!
Гуфтам, ки чаро зулм кунӣ? – Гуфт: — Чаро чӣ?

Ғазали Мирзо Саҳбо

Уфари Мустазоди Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Мустазоди Наво

Маҳ гард барангехта аз орази моҳат
бар торами ахзар,
Хуршеди иёрӣ ба ҳаво рӯфта роҳат
аз зарра фурӯтар.
Ҳайрони ҷамолат шуда оина ба сад раҳ
чун мардуми дида,
Ҳангоми назора ҳама тан маҳви нигоҳат
ҳайратзада як сар.
Минову маю мутрибу соқӣ шуда бехуд
дар базми висолат,
В-аз рамзу адои нигаҳи чашми сиёҳат,
саршор чу соғар.
Зоеъ манамо хуни сиришкам, ба фидоят
к-аз чашм бирезад,
Ҳамроҳи дилу дида ба хоки сари роҳат
чун тифл бупарвар.
Умрест, ки аз оби бақо васф намояд,
чун килки Дабирӣ,
Ҳар дилшудае дар талаби ҷоми висолат
ай мӯнису дилбар.

Мустазоди Дабирии Ҳисорӣ

Уфари Рок

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, аз силсилаи Бухороии Бузрук

Гуфт ёр: аз ғайри мо пӯшон назар, гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида бар мо менигар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардӣ шабе аз рӯйи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар, гуфтам: ба чашм!
Супориши Рок
Гуфт: агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар, гуфтам: ба чашм!
Матни шеър:
Ёр гуфт: аз ғайри мо пӯшон назар, гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар ёбӣ нишони номи мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардӣ шабе аз рӯйи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол, Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар, гуфтам: ба чашм.

Ғазали Камоли Хуҷандӣ

Уфари Савти Сабо

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Сабо

Хезед, яке сарви дилором биёред!
Арбоби тарабро ба дил ором биёред!
Бар мурғи дил аз холи лабаш дона бипошед,
В-аз ҳалқаи зулфи сияҳаш дом биёред!…
Ин маҷлиси унс аст, навои дафу тор аст,
Соқиву гулу шамъу маю ҷом биёред!
Аз сарву гул, эй аҳли сафо, ном нагиред,
Дар маҷлиси мо сарви гуландом биёред!
Дар базми ман аз нутқу даҳону лабу чашмаш:
Нуқлу шакару пиставу бодом биёред!
Бар Маҳрам агар васли рухаш нест муяссар
Аз лаъли лабаш бӯса ба пайғом биёред.

Ғазали Маҳрами Бухороӣ

Уфари Савти Сарвиноз-1

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Сарвиноз

Дӯшина куҷо рафтию меҳмони кӣ будӣ?
Дил бе ту ба ҷо буд, ту ҷонони кӣ будӣ?
Ин ғусса маро кушт, ки ғамхори кӣ гаштӣ
В-ин дард маро сӯхт, ки дармони кӣ будӣ?
Бо холи сияҳ мардуми чашми кӣ шудӣ боз,
Бо рӯйи чу маҳ шамъи шабистони кӣ будӣ?
Эй давлати бедор, ба паҳлуи кӣ хуфтӣ,
В-эй бахти гурезанда, ба фармони кӣ будӣ?
Шӯре ба дили сӯхта афтод, бифармо,
Имшаб намаки синаи бирёни кӣ будӣ?
Ман бо дили ошуфта чӣ донам, ки ту имшаб,
Ҷамъияти аҳволи парешони кӣ будӣ?
Дур аз ту сияҳ буд шаби тори Ҳилолӣ,
Эй моҳ, ту хуршеди дурахшони кӣ будӣ?

Ғазали Ҳилолӣ

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.