Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-7

shashmaqom-7

Озода Ашӯрова

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Сарахбори Ироқ

Мақоми Ироқ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъба

Имрӯз шоҳи анҷумани дилбарон якест,
Дилбар, агар ҳазор бувад, дил бар он якест.
Ман баҳри он яке дилу дин додаам ба бод,
Айбам макун, ки ҳосили ҳар ду ҷаҳон якест.
Савдоиёни олами пиндорро бигӯ:
«Сармоя кам кунед, ки суду зиён якест!»
Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,
Эй, ман ғуломи он ки дилаш бо забон якест.
Ҳофиз бар остонаи давлат ниҳода сар,
Давлат дар он сар аст, ки бо остон якест.

Ғазали Ҳофиз

Сарахбори Рост-1

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист,
Ки мо ду ошиқи зорему кори мо зорист.
Дар он замин, ки насиме вазад зи турраи дӯст,
Чӣ ҷойи дам задани нофаҳои тоторист?
Биёр бода, ки рангин кунем ҷомаи зарқ,
Ки масти ҷоми ғурурему ном ҳушёрист.
Хаёли зулфи ту пухтан на кори ҳар хомест,
Ки зери силсила рафтан тариқи айёрист.
Латифаест ниҳонӣ, ки ишқ аз ӯ хезад,
Ки номи он на лаби лаълу хатти зангорист.
Ҷамоли шахс на чашм асту зулфу оразу хол,
Ҳазор нукта дар ин кору бори дилдорист.
Қаландарони ҳақиқат ба ними ҷав нахаранд,
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.
Бар остони ту мушкил тавон расид, оре,
Уруҷ бар фалаки сарварӣ ба душворист.
Саҳар карашмаи чашмат ба хоб медидам,
Зиҳӣ маротиби хобе, ки беҳ зи бедорист!
Дилаш ба нола маёзору хатм кун, Ҳофиз,
Ки растагории ҷовид дар камозорист.

Ғазали Ҳофиз

Сарахбори Рост-2

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор, арза деҳ бари ҷонон паёми мо.
Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст,
З-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо.
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад ки мурғи васл кунад қасди доми мо.

Ғазали Ҳофиз

Соқиномаи Муғулчаи Бузрук

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Муғулчаи Бузрук

Муғаннӣ, куҷоӣ, ки вақти гул аст,
Зи булбул чаманҳо пур аз ғулғул аст.
Ҳамон беҳ, ки хунам ба ҷӯш оварӣ,
Даме чангро дар хурӯш оварӣ.
Муғаннӣ, навои тараб соз кун!
Ба қавлу ғазал қисса оғоз кун!
Ки бори ғамам бар замин дӯхт пой,
Ба зарби усулам баровар зи ҷой.
Биё, соқӣ, аз май надорам гузир!
Ба як ҷоми боқӣ маро даст гир!
Ки Ҳофиз чу мастона созад суруд,
Зи чархаш диҳад Зӯҳра овози руд.

Шеъри Ҳофиз

Соқиномаи Муғулчаи Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Муғулчаи Наво

Биё, соқӣ, аз май надорам гузир,
Ба як ҷоми боқӣ маро даст гир!
Муғаннӣ, навои тараб соз кун
Ба қавлу ғазал қисса оғоз кун
Биё, соқӣ, аз бодаҳои куҳун
Зи ҷоми паёпай маро маст кун
Ки Ҳофиз чу мастона созад суруд
Зи чархаш диҳад Зӯҳра овози руд.

Шеъри Ҳофиз

Соқиномаи Мустазоди Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Мустазоди Наво

Биё, соқӣ, он ҷоми гетифурӯз,
Ки шабро ниҳад ноз бар рӯйи рӯз.
Биё, мутрибо, нақше аз нав бубанд,
Бизан ин наворо ба бонги баланд.
Ки н-ояд ба каф мардро дурри ноб,
Набурда сари худ фурӯ зери об.
В-агар з-он ки гӯйӣ сухан, рост гӯй,
Ба ҷуз ростӣ зевари дил маҷӯй.
Надонад дили ҳеҷ донишваре
Суханро беҳ аз ростӣ зеваре.

Шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ

Соқиномаи Савти Калон-2

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Калон

Биё, соқӣ, акнун, ки шуд чун биҳишт,
Зи рӯйи ту ин базми анбарсиришт.
Қадаҳ пур кун аз май, ки май хуш бувад,
Хусусан, ки софеву беғаш бувад.
Бидеҳ, то бухуре бар оташ кунам,
Димоғи хирадро даме хуш кунам.
Муғаннӣ, куҷоӣ, ки лутфе кунӣ,
Даме оташе дар дилам афканӣ.
Бурун ор аз фикри худ як дамам,
Ба ҳам барзанӣ кору бори ғамам.
Муғаннӣ, дафу чангро соз деҳ,
Ба ёрони хушнағма овоз деҳ.
Муғаннӣ, биё удро соз кун,
Навоин навои нав оғоз кун.

Шеъри Ҳофиз

Соқиномаи Савти Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Наво

Муғаннӣ, куҷоӣ, ки вақти гул аст,
Зи булбул чаманҳо пур аз ғулғул аст.
Ҳамон беҳ, ки хунам ба ҷӯш оварӣ,
Даме чангро дар хурӯш оварӣ
Биё, соқӣ, аз май талаб коми дил,
Ки бе май надорам ман ороми дил.
Биё, соқӣ, он май, ки тезӣ кунад,
Ба боғи дилам мушкбозӣ кунад.
Бидеҳ, то бинӯшем ба ёди касе,
Ки ҳаст аз ғамаш дар дилам хун басе.

Шеъри Ҳофиз

Соқиномаи Савти Сарвиноз

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Сарвиноз

Биё, соқиё, барги ишрат бисоз,
Макун дар ба рӯйи ҳарифон фароз.
Агар будӣ аз ҷаҳл ҳар сина соф,
Барафтодӣ аз даҳр расми хилоф.
Биё, мутрибо, уд бинҳода гӯш,
Ба як гӯшмол овараш дар хурӯш.
Хурӯше, ки дилро бар ҳуш оварад,
Ба доно паёму сурӯш оварад.
Дар ин кӯҳнабеша дурангӣ макун,
Зи шерӣ занӣ дам, палангӣ макун.
Макун зоеъ инъоми худ, зинҳор,
Ба ҳақношиносони ҳақногузор.
Наояд зи як даст кардан ду кор,
Нашояд ба як дил гирифтан ду ёр.

Шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ

Соқиномаи Савти Ушшоқ

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ

Биё, соқӣ, оби чу озар биёр!
На май, балки кибрити аҳмар биёр!
Ки бар миси мо кимиёӣ кунад,
Ба нақди хирад раҳнамойӣ кунад.
Биё, мутрибо, захма бар чанг зан!
В- аз он парда ин дилкаш оҳанг зан!
Ки хуш вақти он бесару по гадой,
Ки зад афсари шоҳро пушти пой…
Биё, соқӣ, он ҷоми гетифурӯз,
Ки шабро ниҳад роз бар рӯйи рӯз,
Бидеҳ, то зи макроварони ҷаҳон,
Намонад зи мо ҳеҷ макре ниҳон.

Шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.