Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-3

shashmaqom-5

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Сарахбори Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Бошад ба ёди лаъли ту ушшоқ дар наво,
Парварда найшакар ба умеди шакар наво.
Дил пора-пора гаштаву ҷон дар фиғон ҳанӯз,
Парголаҳо зи дида маро як ба ҳар наво.
Дорам ба ёди зулфи баногӯшат изтироб,
Дар шом нола дораму вақти саҳар наво.
То чанд аз дилам зи ғамат нола сар кашад,
То кай кашам ба ёди қадат аз ҷигар наво?
Дар кӯҳу беша нола кунам, манъи ман масоз,
Маҷнун кунад ҳамеша ба ҳар дашту дар наво.

Ғазали Амирӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Устод Фазлиддин Шаҳобов. Сарахбори Наво бо 4 тарона (анс).mp3
Озода Ашӯрова. Сарахбори Наво.mp3

Сарахбори Оромиҷон

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1, Оромиҷон

Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту майи софи беғашам.
Дар ошиқӣ гузир набошад зи сӯзу соз,
Истодаам чу шамъу матарсон зи оташам.
Ман одами биҳиштиям, аммо дар ин сафар,
Ҳоле асири ишқи ҷавонони маҳвашам.
Шероз маъдани лаби лаъл асту кони ҳусн,
Ман ҷавҳарии муфлисам, аз он рӯ мушаввашам.
Ҳофиз, зи тоби фикрати меод низ бисӯхт,
Соқӣ, куҷоӣ, то занам обе бар оташам.
***
Ёр ёра оромиҷонам, дардаш ба ҷонам, ширинзабонам, нозанинам
Ороми ҷони ман шумоед,
Сарви равони ман шумоед,
Рақсида хуш меоеде,
Эй, нозанини ман шумоед,
Рақсида хуш меоед,
Эй, нозанини ман шумоед,
Ороми ҷони ман шумоед.
Матни шеър:
Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту майи софи беғашам.
Гуфтӣ: «Зи сирри аҳли азал як сухан бигӯ»,
Он гаҳ бигӯямат, ки ду паймона даркашам.
Ман одами биҳиштиям, аммо дар ин сафар,
Ҳоле асири ишқи ҷавонони маҳвашам.
Дар ошиқӣ гузир набошад зи созу сӯз,
Истодаам чу шамъу матарсон зи оташам.
Шероз маъдани лаби лаъл асту кони ҳусн,
Ман ҷавҳарии муфлисам, эро мушаввашам.
Азбаски чашми маст дар ин шаҳр дидаам,
Ҳаққо, ки май намехӯрам акнуну сархушам.
Шаҳрест пуркарашма, ҳурон зи шаш ҷиҳат,
Чизе-м нест, в-арна харидори ҳар шашам.
Бахт ар мадад диҳад, ки кашам рахт сӯйи дӯст,
Гесуи ҳур гард фишонад зи мафрашам.
Ҳофиз арӯси табъи маро ҷилва орзу-ст,
Оинае надорам, аз он оҳ мекашам.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Малоҳат Абдушукурова. Сарахбори Оромиҷон.mp3

Сарахбори Оромиҷон (2)

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Оромиҷон

Ҷонро ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.
Рӯзи нахуст, эй маҳи хубон, ба ошиқон,
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис.
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Ба даври оразат хати сабзе, ки шуд падид,
Мазмуни хат ҳамин, ки ба ошиқ наҷот нест.
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ,
Гуфто, бирав, Камол, ки вақти закот нест.
***
Оҳ ёраме, нозанинаме, ороми ҷонаме, дардаш ба ҷонаме,
Ёр-ёре, ороми ҷонаме шумоеде,
Сарви равонаме шумоеде,
Ба чашмонат, ороми дил,
Дуобасти ҷонаме шумоед-е.
Ороми ҷонаме шумоед-е!
Матни шеър:
Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.
Рӯзи нахуст, эй шаҳи хубон, ба ошиқон
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест?
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам: Закоти лаъли лабат бӯсае бидеҳ,
Гуфто: Бирав, Камол, ки вақти закот нест.

Ғазали Камоли Хуҷандӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед: Исҳоқ Катаев. Сарахбори Оромиҷон.mp3

Сарахбори Сегоҳ

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Ба чашм кардаам абруи моҳсимое,
Хаёли сабзхате нақш бастаам ҷое.
Умед ҳаст, ки маншури ишқбозии ман,
Аз он камончаи абру расад ба туғрое.
Сарам зи даст бишуд, чашм аз интизор бисӯхт,
Дар орзуи сару чашми маҷлисорое.
Мукаддар аст дил, оташ ба хирқа хоҳам зад,
Биё, бубин, ки киро мекунад тамошое.
Ба рӯзи воқеа тобути мо зи сарв кунед,
Ки меравем ба доғи баландболое.
Зимоми дил ба касе додаам мани дарвеш,
Ки несташ ба кас аз тоҷу тахт парвое.
Дар он мақом, ки хубон зи ғамза теғ зананд,
Аҷаб мадор, саре уфтода дар пое.
Маро, ки аз рухи ӯ моҳ дар шабистон аст,
Куҷо бувад бар фурӯғи ситора парвое?!
Фироқу васл чӣ бошад? Ризои дӯст талаб,
Ки ҳайф бошад аз ӯ ғайри ӯ таманное.
Дурар зи шавқ бароранд моҳиён ба нисор,
Агар сафинаи Ҳофиз расад ба дарёе.

Ғазали Ҳофиз

Синахурӯш

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Ба ҳар чӣ васф намоям туро ба зебоӣ,
Ҷамилтар зи ҷамолӣ, чу рӯй бинмойӣ.
Сифат кунанд накуёни шаҳрро ба ҷамол,
Ту бо ҷамоле чунин дар сифат намеойӣ.
Ба нотавонии ман бин, тараҳҳуме фармо,
Ки нест бо ту маро панҷаи тавоноӣ.
Тафовути шабу рӯз аз барои мост зи ту,
Аз он сабаб, ки ту худ меҳри оламоройӣ,
Шаби висоли ту донистам, аз чӣ кӯтоҳ аст,
Ту худ ситораи рӯзӣ, чу парда бикшоӣ.
Ба сарву моҳ аз он ошиқ аст, Қоонӣ,
Ки моҳи сарвқаду сарви моҳсимоӣ.

Ғазали Қоонӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Озода Ашӯрова. Синахурӯш.mp3

Синахурӯш (2)

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.
Қасам бар он дили оҳан хӯрам, ки аз сахтӣ,
Ҳазор тарҳ ниҳода-ст санги хороро.
Ки аз ту ҳеҷ мурувват тамаъ намедорам,
Ки кас надида зи сангиндилон мудороро.
Ҳазор бор Худоро шафеъ меорам,
Вале чӣ суд, чу ту нашнавӣ «Худо»-ро?!
Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ намеписандад ҳазор Дороро!

Ғазали Рӯдакӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷумъабой Қӯзиев. Синахурӯш.mp3

Соқиномаи Ироқи Бухоро (Соқиномаи Ироқ)

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ), Ироқи Бухоро

Чаман шуд тозарӯ, то фасли гулгашти баҳор омад,
Зи ҳар шохе гуле як сарвқадди гулизор омад.
Чаманзори хаёлаш навбаҳори дигаре дорад,
Дил аз худ рафт чандоне ки гулшан дар канор омад.
Кушуд ин бӯстонро шоҳиди гул турраи сунбул,
Бидеҳ, соқӣ, қадаҳ тағйири ҳангоми баҳор омад.
Шудам нақши қадам, то пойбӯси он санам гаштам,
Ба роҳаш хоксориҳои ман охир ба кор омад.
Муборак бод Наврӯзи тараб боғи табиатро
Гули шодӣ шукуфту меваи ишрат ба бор омад.

Ғазали Амирӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Барно Исҳоқова. Соқиномаи Ироқ.mp3
Озода Ашӯрова. Cоқиномаи Ироқи Бухоро.mp3

Соқиномаи Савти Калон

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Калон

Ман хоки пойи ту, эй сарви нозпарвари ман,
Ки ҷуз ҳавои висоли ту нест дар сари ман.
Ба роҳи ишқи ту хокам, тариқи ман ин аст,
Дар ин тариқ набошад касе баробари ман.
Ғами ту дар дили тангам нишасту мунфаилам,
Ки нест лоиқи ӯ кулбаи муҳаққари ман.
Зи ҷилваи суману сарв дил наёсояд,
Куҷост сарви сиҳиқомату суманбари ман?
Ҳазар кунед, рақибон, зи теғи мижгонам,
Ки дардмандаму хун мечакад зи ханҷари ман.
Ҳазар кунед, рақибон, зи теғи мижгонам,
Ки дардмандаму хун мечакад зи ханҷари ман.
Ҳилолӣ, аз майи ишрат маро насибе нест,
Магар ба хуни ҷигар пур кунанд соғари ман.

Матни шеър:
Ман хоки пойи ту, эй сарви нозпарвари ман,
Ки ҷуз ҳавои висоли ту нест дар сари ман.
Ба роҳи ишқи ту хокам, тариқи ман ин аст,
Дар ин тариқ набошад касе баробари ман.
Ғами ту дар дили тангам нишасту мунфаилам,
Ки нест лоиқи ӯ кулбаи муҳаққари ман.
Зи ҷилваи суману сарв дил наёсояд,
Куҷост сарви сиҳиқомату суманбари ман?
Зи турки масти ман, эй зоҳидон, канора кунед,
Ки нест ҳеҷ мусулмон ҳарифи кофари ман.
Ҳазар кунед, рақибон, зи теғи мижгонам,
Ки дардмандаму хун мечакад зи ханҷари ман.
Итоб карду ҷафо низ мекунад, ҳайҳот,
Ҳанӯз то чӣ кунад толеи ситамгари ман.
Ҳилолӣ, аз майи ишрат маро насибе нест,
Магар ба хуни ҷигар пур кунанд соғари ман.

Ғазали Ҳилолӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Сарафроз Почокалонов. Cоқиномаи Савти Калон.mp3

Супориши аввалини Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред,
Тарфи доман ба миён барзаданашро нигаред.
Ҷониби гиряи ман чун нигарад аз сари ноз,
Ханда бар ҷониби дигар заданашро нигаред.
Шӯхи ман маст шуду соғари май зад ба сарам,
Шӯхию мастию соғар заданашро нигаред.
Чун ба он қомати раъно кунад оҳанги чаман,
Таъна бар сарву санавбар заданашро нигаред
Мункирон, оҳи ҷаҳонсӯзи Ҳилолӣ бинед!
Ҳар дам оташ ба ҷаҳон дарзаданашро нигаред.

Ғазали Ҳилолӣ

Талқинчаи Ироқ (Талқинчаи Ироқи Бухоро)

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ), Ироқи Бухоро

Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
[Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор, арза деҳ бари ҷонон паёми мо.]
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад ки мурғи васл кунад қасди доми мо.
Матни шеър:
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Чандон бувад карашмаву нози саҳиқадон,
К-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо.
Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор, арза деҳ бари ҷонон паёми мо.
Гӯ: номи мо зи ёд ба амдан чӣ мебарӣ,
Худ ояд он ки ёд наёрӣ зи номи мо.
Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст,
З-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо.
Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост,
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад ки мурғи васл кунад қасди доми мо.
Дарёи ахзари фалаку киштии ҳилол,
Ҳастанд ғарқи неъмати Ҳоҷӣ Қивоми мо.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Талқинчаи Ироқ.mp3

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.