Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-2

shashmaqom-5

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Наврӯзи Сабо

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.
Шаккарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро,
Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро.
Ғурури ҳуснат иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро.
Ба хулқу лутф тавон кард сайди аҳли назар,
Ба банду дом нагиранд мурғи доноро.
Чу бо ҳабиб нишиниву бода паймойӣ,
Ба ёд ор муҳибони бодапайморо.
Надонам, аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест,
Сиҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо?
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯйи зеборо.
Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,
Суруди Зӯҳра ба рақс оварад Масеҳоро.
Матни шеър:
Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.
Шаккарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро,
Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро.
Ғурури ҳуснат иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро.
Ба хулқу лутф тавон кард сайди аҳли назар,
Ба банду дом нагиранд мурғи доноро.
Надонам аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест,
Сиҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо?
Чу бо ҳабиб нишиниву бода паймойӣ,
Ба ёд ор муҳибони бодапайморо.
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯйи зеборо.
Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,
Суруди Зӯҳра ба рақс оварад Масеҳоро.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Мастона Эргашева. Наврӯзи Сабо.mp3

Насри Баёт

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Биё, биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод!
Саре, ки бар тани ман ҳаст, хоки пойи ту бод!
Дилам ба меҳри ту сад пора бод, ҳар пора
Ҳазор зарраву ҳар зарра дар ҳавои ту бод!
Зи хона то ба дар ойию по ниҳӣ ба сарам,
Сарам фитода ба хоки дари саройи ту бод!
Ба дард кардам одат, даво намехоҳам,
Ҳамеша дар дили ман дарди бедавои ту бод!
Мабод он, ки раҳад ҳаргиз аз балои ту дил,
Ҳамеша хоҳиши дил низ мубталои ту бод!
Муқассирам зи дуо дар ҷавоби дашномат,
Муқими кӯйи ту як умр дар дуои ту бод!
Агар Ҳилолии бечора дар ҳавои ту мурд,
Барои мурдани ӯ ғам махӯр, бақои ту бод!
Матни шеър:
Биё, биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод!
Саре ки бар тани ман ҳаст, хоки пойи ту бод!
Дилам ба меҳри ту сад пора боду ҳар пора
Ҳазор зарра боду ҳар зарра дар ҳавои ту бод!
Зи хона то ба дар ойию по ниҳӣ ба сарам,
Сарам фитода ба хоки дари саройи ту бод!
Туро ба бисмили ман гар ризост, бисмиллоҳ,
Биё-биё, ки қазо тобеи ризои ту бод!
Муқассирам зи дуо дар ҷавоби дашномат,
Малоики ҳама афлок дар дуои ту бод!
Мабод он, ки раҳад ҳаргиз аз балои ту дил,
Дар ин ҷаҳону дар он низ мубталои ту бод!
Ба дард хӯй гирифтам[у] даво намехоҳам,
Ҳамеша дар дили ман дарди бедавои ту бод!
Чӣ лутф буд, рақибо, ки рафтӣ аз кӯяш,
Бад-ин савоб, ки кардӣ, биҳишт ҷойи ту бод!
Агар Ҳилолии бечора дар ҳавои ту мурд,
Барои мурдани ӯ ғам махӯр, бақои ту бод!

Ғазали Ҳилолӣ

Насри Ушшоқ

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат, чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Хадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

Агар дашном фармойӣ, в-агар нафрин, дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Хадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Малоҳат Абдушукурова. Насри Ушшоқ.mp3

Насруллоӣ

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Биё, ки маҷлиси хубони бовафо ин ҷост,
Суруди мутриби риндони хушнаво ин ҷост.
Ҷамоли шоҳиди маънӣ зи шиша, карда тулӯъ,
Шаробу соғару соқии маҳлиқо ин ҷост.
Ба гӯшу ҳуш шунидам, ки пири майкада гуфт:
Биё ба сидқ, ки ҷоми ҷаҳоннамо ин ҷост.
Дафу пиёлаву чангу рубобу шишаи май,
Қароргоҳи дили беқарори мо ин ҷост.
Нифоқу ширк дар ин сарзамин намебошад,
Чӣ феълҳову амалҳои бериё ин ҷост.
Ба як карашма дилу дину ақлу ҳушам бурд,
Ғазалсаройи ҳарифони хушнаво ин ҷост.
Зи холи кунҷи лаби лаъли ёр пурсидам,
Ба ханда гуфт, ки сарчашмаи бақо ин ҷост.
Касе, ки дар талаби дӯст дарбадар бошад,
Хабар кунед, рафиқон, ки муддао ин ҷост.
Тарзи дигар:
Биё, ки маҷлиси хубони бовафо ин ҷост,
Суруди мутриби риндони хушнаво ин ҷост.
Дафу пиёлаву чангу рубобу шишаи май,
Қароргоҳи дили беқарори мо ин ҷост..
Ба як карашма дилу дину ақлу ҳушам бурд,
Ғазалсаройи ҳарифони хушнаво ин ҷост.
Ба гӯшу ҳуш шунидам, ки пири майкада гуфт:
Биё ба сидқ, ки ҷоми ҷаҳоннамо ин ҷост.
Зи холи кунҷи лаби лаъли ёр пурсидам,
Ба ханда гуфт, ки сарчашмаи бақо ин ҷост.
Касе, ки дар талаби дӯст дарбадар бошад,
Хабар кунед, рафиқон, ки муддао ин ҷост.

Ғазали Сайидо

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Озода Ашӯрова. Насруллоӣ.mp3

Нимчӯпонӣ

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Муғулчаи Сегоҳ

Ҳар куҷо лаъли ту ранги хандаи мастона рехт,
Аз хиҷолат оби гавҳар чун май аз паймона рехт.
Дарди маъшуқон ба ошиқ бештар дорад асар,
Шамъ, то ашке бияфшонад, пари парвона рехт.
Ҳасрати васли ту бурд осойиш аз бунёди дил,
Партави шамъ аз шабехуне дар ин вайрона рехт.
Гарди ноз аз домани гесуи ёр афкандаӣ,
Аз гудози мотамам обе ба рӯйи шона рехт.
Гиряи булбул пайи тасвири гул беҳуда аст,
Баҳри сайди тоирони ранг натвон хона рехт.
Ҳар куҷо Бедил мукофоти амал гум карданист,
Мавҷи хоби махмали гул пештар дурдона рехт.

Ғазали Бедил

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Мастона Эргашева. Нимчӯпонӣ.mp3

Орази Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 1

Ҳумои авҷи саодат ба доми мо афтад,
Агар туро гузаре бар мақоми мо афтад.
Ҳубобвор барандозам аз нишот кулоҳ,
Агар зи рӯйи ту аксе ба ҷоми мо афтад.
Шабе, ки моҳи мурод аз уфуқ шавад толеъ,
Бувад, ки партави нуре ба боми мо афтад.
Ба боргоҳи ту чун бодро набошад бор,
Кай иттифоқи маҷоли саломи мо афтад?
Чу ҷон фидои лабаш шуд, хаёл мебастам,
Ки қатрае зи зулолаш ба коми мо афтад.
Хаёли зулфи ту гуфто, ки «Ҷон васила масоз,
К-аз ин шикор фаровон ба доми мо афтад!»
Ба ноумедӣ аз ин дар марав, бизан фоле,
Бувад, ки қуръаи давлат ба номи мо афтад.
Зи хоки кӯйи ту ҳар гаҳ, ки дам занад Ҳофиз,
Насими гулшани ҷон дар машоми мо афтад.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Озода Ашӯрова. Орази Наво.mp3

Рок

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ)

Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро,
Қадди сарву лаби чун лаъли Бадахшони туро.
То бар он чоки гиребон набарам дасти умед,
Ҳаргиз аз каф надиҳам гӯшаи домони туро.
Дил ба якбор бипардохтам аз фикри китоб,
То бидидам рухи ҳамчун маҳи тобони туро.
Як ҷаҳон дил фитад аз ҳар хами мӯйи ту ба хок,
Доя гар шона кунад зулфи парешони туро.
Қурси хуршеду қамар гар биниҳандаш ба канор,
Илтифоте набувад резахӯри хони туро.

Ғазали Шоҳин

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ҷумъабой Қӯзиев. Рок.mp3

Савти Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Ба рағми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам,
Зи хуни дида дар дил нақши сад гулзор мебастам.
Зи гиря мезадам обе дар оташхонаи ҳиҷрон,
Ба сеҳри Сомирӣ имшаб бути таррор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Ба танҳоӣ гирифтам хӯ чунон дар кунҷи танҳоӣ,
Ки дар бар рӯйи акси сояи девор мебастам.
Рухи уммедро Махфӣ, агар аввал чунон дидӣ,
Зи оҳ оинаи дилро гули зангор мебастам.

Ғазали Махфӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
М. Абдушукурова. Савти Наво.mp3

Савти Сарвиноз

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Ту аз ҳар дар, ки бозойӣ бад-ин хубиву раъноӣ,
Даре бошад, ки аз раҳмат ба рӯйи халқ бикшоӣ.
Ба зеварҳо биёроянд вақте хубрӯёнро,
Ту, симинтан, чунон хубӣ, ки зеварҳо биёройӣ.
Чу булбул рӯйи гул бинад, забонаш дар ҳадис ояд,
Маро дар рӯят аз ҳайрат фурӯбаста-ст гӯёйӣ.
Гирифтам, сарви озодиву аз моъи маҳин зодӣ,
Макун бегонагӣ бо мо, чунин донӣ, ки аз моӣ.
Гирифтам, сарви озодиву аз моъи маҳин зодӣ,
Макун бегонагӣ бо мо, чунин донӣ, ки аз моӣ.
Дуое гар намегӯйӣ, ба дашноме азизам кун,
Ки гар талх аст, ширин аст, аз он лаб ҳар чӣ фармойӣ.
Гумон аз ташнагӣ бурдам, ки дарё то камар бошад,
Чу поёнам бирафт аз дард, донистам, ки дарёӣ.
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархойӣ.
Матни шеър:
Ту аз ҳар дар, ки бозойӣ бад-ин хубиву зебоӣ,
Даре бошад, ки аз раҳмат ба рӯйи халқ бикшоӣ.
Маломатгӯйи беҳосил турунҷ аз даст нашносад,
Дар он маъраз, ки чун Юсуф ҷамол аз парда бинмойӣ.
Ба зеварҳо биёроянд вақте хубрӯёнро,
Ту, симинтан, чунон хубӣ, ки зеварҳо биёройӣ.
Чу булбул рӯйи гул бинад, забонаш дар ҳадис ояд,
Маро дар рӯят аз ҳайрат фурӯбаста-ст гӯёйӣ.
Ту бо ин ҳусн натвонӣ, ки рӯй аз халқ дарпӯшӣ,
Ки ҳамчун офтоб аз ҷому ҳур аз ҷома пайдоӣ.
Ту соҳибмансабӣ, ҷоно, зи мискинон наяндешӣ,
Ту хоболудаӣ, бар чашми бедорон набахшойӣ.
Гирифтам, сарви озодӣ, на аз моъи маҳин зодӣ,
Макун бегонагӣ бо мо, чу донистӣ, ки аз моӣ.
Дуое гар намегӯйӣ, ба дашноме азизам кун,
Ки гар талх аст, ширин аст, аз он лаб ҳар чӣ фармойӣ.
Гумон аз ташнагӣ бурдам, ки дарё то камар бошад,
Чу поёнам бирафт акнун, бидонистам, ки дарёӣ.
Ту хоҳӣ остин афшону хоҳӣ рӯй дарҳам каш,
Магас ҷое нахоҳад рафтан аз дӯкони ҳалвоӣ.
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархойӣ.

Ғазали Саъдӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Ансамбл. Савти Сарвиноз.mp3

Самандарӣ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Ду чашмат масту махмур аст,
Ду рухсорат пур аз нур аст,
Қадат чун сими танбӯр аст,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Дувоздаҳ химчаи кокул,
Дувоздаҳ дастаи сунбул,
Маро кардӣ ту доғи гул,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Камар чун химчаи борик,
Мижа чун наргиси норик,
Ту шамъӣ дар шаби торик,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Асират ман, асират ман,
Асири чашми ҷодуят.
Харобат ман, харобат ман,
Хароби чашму гесуят.

Лабон лаълу садаф дандон,
Даҳон чун ғунчаи хандон,
Чароғи чашми махмурон,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Надорам чораи дигар,
Тарозу пур кунам аз зар,
Ба вазнат баркашам, дилбар,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Манам Абдулазиз номам,
Макун хор, эй дилоромам,
Занад дарди ту бар ҷонам,
Ту садбарги кадом боғӣ?

Шеъри Абдулазизи Кӯҳистонӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Барно Исҳоқова. Самандарии Дугоҳ.mp3

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.