Фасли панҷум
Тоҷикон дар охирҳои асри миёна
Боби дувум
Халқи тоҷик дар ҳайъати давлати Ҷониён
(асри ХУII – нимаи аввали асри ХVIII)
1. Таърихи сиёсӣ
Низоъҳои байнихудии феодалон дар асри ХVII
Хони Шайбониён — Абдуллохони II соли 1598 вафот кард ва ба ҷои ӯ писараш — Абдулмӯъмин ба тахт нишаст. Лекин азбаски ӯ монанди падараш дар мамлакатдорӣ таҷрибаи кофӣ надошт, гурӯҳҳои хусуматпарвари аъён ва ашрофи феодалиро натавонист на ба тарафи худ кашад ва на дасти онҳоро кӯтоҳ намояд. Дере нагузашта, худи ҳамон сол, вай аз тарафи нӯкари зархариди як гурӯҳ феодалони зидди ҳукумати марказӣ кушта шуд. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён -Пирмуҳаммадхони II фақат ба як қисмати ночизи давлат соҳиб буд. Ӯ ҳам ба зудӣ дар ҷангу низоъҳои байнихудӣ ҳалок гардид.
Сафавиён, сулолаи давлати хонии Хева ва қазоқҳо аз задухӯрдҳои миёни Шайбониён фавран истифода намуданд. Подшоҳи сафавӣ — шоҳ Аббоси I қисмати зиёди Хуросон ва ҳатто Ҳиротро забт кард. Балхро аввал бародарзодаи Абдуллохони II — Абдуламин ишғол намуда, як муддат аз номи худ сикка баровард. Вале ба зудӣ ин шаҳр аз тарафи дастнишондаи шоҳ Аббоси Сафавӣ- Муҳаммад Иброҳим тасарруф карда шуд ва, ҳамин тариқа, ин маҳалли аслии Шайбониён замоне дар доираи таъсири давлати Сафавиён қарор гирифт. Қазоқҳо чанд шаҳр, аз ҷумла калонтарин мулки Шайбониён — Тошкандро ба даст дароварданд. Аз ин ҷо хони қазоқҳо — Таваккалхон ба қисматҳои марказии Мовароуннаҳр ҳаракат карда, ҳатто Самарқандро ҳам ишғол намуд. Фақат шикасти назди Бухоро, сахт маҷрӯҳ шудан ва оқибат ҳалок гардидани Таваккалхон футуҳоти қазоқҳоро боздошт. Хоразм, ки Абдуллохони II бо сад машаққат ба зери итоати худ дароварда буд, дубора истиқлолият ёфт. Кӣ будани аввалин подшоҳи сулолаи нави Ҷониён он қадар маълум нест. Аъён ва ашрофи феодалӣ маснади хониро ба Ҷонимуҳаммадсултон (Ҷонибексултон) пешниҳод намуданд. Ӯ хоҳари Абдуллохони Шайбониро ба занӣ гирифта буд. Худаш аз авлоди ҳамон Чингизиёне буд, ки пас аз пароканда шудани давлати Олтинӯрда дар Аштархон ҳукумати хонӣ ташкил дода буданд. Вақте ки Аштархон ба Россия ҳамроҳ карда шуд, Ҷонибек гурехта ба назди Шайбониён омад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, Ҷонибексултон пешниҳоди аъёну ашрофро рад карда, ба маснади салтанат писари калони худ — Динмуҳаммадро тавсия намуд. Аммо Динмуҳаммад, ки он вақт дар Абевард ҳукмронӣ мекард, ҳанӯз фурсати ба Бухоро омаданро наёфта, ба ҳуҷуми лашкари Эрон дучор гардид ва дар ҷанг кушта шуд. Бинобар ин ба ҷои ӯ бародараш — Боқимуҳаммад (1599–1605) ба тахт нишаст. Ба ҳамин сабаб дар асарҳои илмӣ ҳамин Боқимуҳаммадхон, яқинан, аввалин подшоҳи сулолаи Ҷониён дониста шудааст. Лекин мадракҳои сиккашиносӣ ҳақиқати ҳолро қадре дигар нишон медиҳанд, зеро ба дасти мутахассисони ин соҳа хеле бисёр сиккаҳои дар Бухоро, Самарқанд ва Тошканд зарбшудаи Ҷонибексултон расидаанд. Аз ин чунин бармеояд, ки амалан ё исман подшоҳи аввал худи Ҷонимуҳаммад (Ҷонибек) будааст.
Ягона муваффақияти дар ҳаёти сиёсии мамлакат ба даст овардаи Ҷониёни аввал ин буд, ки онҳо ҳокимияти худро дар Балх низ дубора барқарор намуданд. Дигар ҳамаи кӯшишҳои онон дар бобати барҳам додани низоъҳои дохилӣ ва муборизаи зидди бодиянишинҳо натиҷаи муҳимме набахшид.
Дар соли 1605 Боқимуҳаммадхон вафот карда, ба ҷои ӯ бародараш — Валимуҳаммад (1605–1611) ҳукмрон гардид. Чун ӯ ба маишат дода шуда буд, аз ӯҳдаи идораи мамлакат баромада натавонист. Аъёну ашроф ба зудӣ аз вай рӯ гардониданд ва рӯзе ҳангоми дар дашти Қаршӣ машғули шикор буданаш тахти хониро ба писари Динмуҳаммадхон — Имомқулихон (1611–1642) муносиб диданд. Вақте ки Валимуҳаммадхон аз воқеа хабардор гардид, аз Мовароуннаҳр фирор карда, ба назди подшоҳи сафавӣ паноҳ бурд. Шоҳ Аббос ӯро хуш пазироӣ намуда, бо қувваи зиёде дубора ба Мовароуннаҳр равона намуд. Аммо дар муҳориба лашкари Эрон шикаст хӯрда, худи Валимуҳаммадхон асир афтод ва бо фатвои уламо кушта шуд.
Ба Имомқулихон муяссар гардид, ки ҳудуди давлати худро васеътар намояд: ӯ бар зидди қазоқҳо лашкар кашида, Тошкандро бо зӯр тасарруф намуд. Ӯ бо бодиянишинони дигар – қарақалпоқҳо ва қалмоқҳо, ки торафт ба сарҳадди давлати Ҷониён наздик мешуданд, низ бомуваффақият мубориза бурд. Имомқулихон ҳамчунин тавонист, ки муваққатан бошад ҳам ҷангу низоъҳои байнихудии феодалонро боздорад. Муаррихони он замон аҳди ҳукм-ронии Имомқулихонро ҳамчун давраи гӯё пур аз рафоҳият ва осоиши мамлакат тавсиф кардаанд. Агарчи ин тавсифот муболиғаомез намояд ҳам, дар он асоси ҳақиқат вуҷуд дорад. Агар ҳукуматдории тӯлонии ӯ бо давраҳои пешина ва баъдина муқоиса шавад ба ин метавон боварӣ ҳосил кард. Сарчашмаҳо далолат мекунанд, ки дар замони Имомқулихон ҳатто баъзе корҳои обёрӣ анҷом дода шудааст.
Аз ҳамон рӯзе, ки Имомқулихон аз мамлакатдорӣ даст кашида, бародари ӯ — Надирмуҳаммадхон (1642–1645) ба тахт нишаст, вазъият тағйир ёфт. Надирмуҳаммадхон аъён ва ашрофи феодалии қабилавиро ба худ ҷалб карда натавонист. Рӯз аз рӯз муносибати байни ӯ ва намояндагони бонуфузи табақаи ҳоким бадтар гардид. Ба ин сабаб ҳукмронии Надирмуҳаммадхон дер давом накард. Аъён ва ашрофи феодалӣ, ки аз сиёсати пешгирифтаиӯнорозӣ буданд, ба муқобили вай суиқасд карда, ба тахти салтанат писараш — Абдулазизхонро (1645–1680) нишонданд. Надирмуҳаммад маҷбур шуд, ки бо мансаби ҳокими Балх қаноат кунад. Аммо дар ин ҷо ҳам мавқеи худро устувор карда натавонист. Дигар писарони Надирмуҳаммад, ки гоҳ тарафи падар ва гоҳ тарафи бародарро мегирифтанд, худашон низ ба талоши ҳокимият ва мулк ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай Балх, ки аз ободтарин вилоятҳои мамлакат ба шумор мерафт, ба харобӣ рӯ овард. Надирмуҳаммадхон чун дид, ки бо қувваи худ коре карда наметавонад, барои кӯмак ба ҳукмрони сулолаи Темуриёни Ҳинд — Шоҳиҷаҳон муроҷиат намуд. Шоҳиҷаҳон, ки мисли гузаштагонаш ҳамеша фикри ба даст даровардани сарзамини пурсарвати ҳамсояро дар cap мепарварид, ин фурсатро барои расидан ба қасду нияти деринаи худ ғанимат дониста, хоҳиши Надирмуҳаммадро дарҳол қабул кард ва бо сардории писаронаш — Аврангзеб ва Муродбахш аскаризиёдеро ба Балх фиристод. Надирмуҳаммад аз ҳақиқати масъала хабардор шуда, фавран фирор намуд. Истилогарон Балхро ишғол намуда, муддати ду сол тамоми сарвати ин вилоятро тороҷ карданд. Аҳолии маҳаллӣ аз ҷабру ситам ва қатлу ғорат ба танг омада, рӯ ба гурез ниҳоданд. Саросари Балх ва атрофи онро қаҳтӣ ва гуруснагӣ фаро гирифт. Ниҳоят Абдулазизхон бо тайёрии зиёд ба муқобили лашкари Ҳинд бархоста, дар натиҷаи муҳорибаҳои шадид ғалаба ба даст овард. Вале ҳоли мардум аз ин ҳама тороҷгарӣ ва ҷангу ҷидолҳои пурдавом ба ниҳояти табоҳӣ расида буд.
Дере нагузашта Балх боз ба дасти Надирмуҳаммад даромад, аммо ин дар вилояти харобгардида ягон оромӣ ва осоиш ба вуҷуд наёвард. Абдулазиз аввал бародараш Субҳонқулихонро ҳукмрони Балх таъйин карда, ба муқобили падараш фиристод, ки ӯ шаҳрро ба зудӣ ишғол намуд. Сипас қӯшуни навро бар зидди Субҳонқулихон равона сохт, то ки Балхро ба тасарруфи худ дароварад. Вале ин ба ӯ муяссар нагардид. Субҳонқулихон муқобилати сахт нишон дода, Балхро дар дасти худ нигаҳ дошт. Фақат ҳар он чӣ, ки дар атрофу акнофи он боқӣ монда буд, ҳама ба ғорат рафт ва хоку туроб гардид.
Ҳокимони Хева аз ҳамаи ин ҷангу ҷидолҳои дохилии сулолаи Ҷониён ба манфиати худ истифода намуданд, онҳо чандин дафъа ба ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр ҳуҷум оварда, ҳамаро ғорат карданд. Ҳатто то Бухоро расида, боре як қисмати шаҳрро гирифтанд. Фақат мардонагӣ ва далерии аҳолӣ имкон дод, ки шаҳр аз душман тоза карда шавад.
Субҳонқулихон чунин вазъиятро фурсати мусоид дарёфта, ҳокимиятро ба даст даровард. Дар аҳди салтанати Субҳонқулихон (1680-1702) вазъияти душвори мавҷуда на фақат аз байн нарафт, балки дар бисёр соҳаҳо бадтар гардид. Тохтутози хевагиҳо ҳамоно давом мекард. Онҳо ҳатто Самарқандро забт карданд ва аъёну ашрофи шаҳр хони Хеваро ба расмият шинохтанд, ки ба ивази ин Субҳонқулихон бо ғаромати зиёде аҳолии Самарқандро хонахароб намуд. Ниҳоят, Субҳонқулихон фаҳмид, ки то дар Хева қоиммақоми худро нанишонад, тохтутози хевагиҳо тамом нахоҳад шуд. Бинобар ин бо ҳар роҳ аъёну ашрофи маҳаллиро ба тарафи худ кашида, оқибат муваффақ гардид, ки Хева ҳукмронии ӯро эътироф намояд. Ин дар тамоми давраи ҳукмронии Субҳонқулихон ягона муваффақияти ба назар намоёни сиёсатмадории ӯ мaҳcyб меёбад. Вай дар дигар ҳамаи корҳои боқимондаи мамлакатдорӣ ба чизе комёб шуда натавонист.
Низоъҳои байнихудии феодалӣ кайҳо аз доираи хонадони салтанатӣ берун баромада буданд. Ҳоло сарони тоифаҳои ӯзбек беш аз пеш қувват мегирифтанд. Худи Субҳонқулихон ҳам дар бисёр мавридҳо нуфузи баъзеи онҳоро баланд мебардошт. Чунончи, вақте ки писараш Сиддиқмуҳаммад худро дар Балх мустақил эълон карда, ба ин ваҷҳ бо амри падараш ба қатл расид, ӯ ҳукумати Балхро, ки дер боз мулки ворисони салтанат ҳисобмешуд,баяке яз мирони қабилаи юз супорид.
Дар замони Субҳонқулихон мавқеъ ва эътибори Маҳмудбии атолиқ аз қабилаи қатаған фавқулодда баланд гардид. Субҳонқулихон дар муборизаи зидди хевагиҳо борҳо ба кӯмаки вай рӯ оварда ва фурӯ нишондани исёни амирони Балхро низ ба ҳаминатолиқ супорида, сипасӯро ҳокими Балх ва Бадахшон таъйин карда буд.
Он вақтҳо Бадахшон амалан мулки мустақил буд ва дар он ҷо асосгузорисулолаи амирони бадахшӣ- Ёрбек ҳукмронӣ мекард. Аз соли 1650 cap карда муносибати байни Бадахшон ва Бухоро бад шудан гирифт. Хонҳои Бухоро хусусан, пас аз ишғол намудани водии Қундуз ба тохтутози худ ба сарзамини Бадахшон вусъат доданд. Бадахшониҳо Ёрбекро мири худ бардошта, бо сардории ӯ ба истилокорон муқовимати сахт нишон медоданд. Сабаби асосии ба Бадахшон лашкар кашидани Маҳмудбии атолиқ бухориёнроба маҳсули кони лаъли онҷо роҳ надодани Ёрбек буд.
Ин лашкаркашии Маҳмудбии атолиқ, ки барои комилан мутеъ кардани тамоми хоки Бадахшон равона гардида буд, он қадар муваффақиятнок набаромад. Аскарони ӯмаркази Бадахшон — шаҳри Файзобод (Ҷузгун)-ро чанд гоҳ муҳосира намуда, вале фатҳ карда натавонистанд. Ниҳоят Маҳмудбӣ маҷбур шуд, ки дар асоси шартҳои зерин бо Ёрбек муоҳида баста, ақиб нишинад: Ёрбек мебоист маҳсули дусолаи кони лаъли Бадахшонро ба хон супорида, фармонбардории ҳукумати хони Бухороро қабул менамуд. Лекин дар ҳақиқат ӯ як ҳокими мутлақи он ҷо буд ва тамоман мустақилона кор мебурд.
Ҳокими Балх — Маҳмудбии атолиқ истиқлолияти номаҳдуде ба даст оварда, ҳатто Субҳонқулихонро ҳам қариб писанд намекардагӣшуд. Субҳонқулихон аз қувваи фавқулодда пайдо кардани Маҳмудбӣ дар хавф афтода, бо тадбире ӯро аз Балх ронд ва набераи худ — Муҳаммадмуқимсултонро ҳокими Балх таъйин намуд.
Субҳонқулихон муқобилати феодалони маҳаллиро бартараф карда натавонист.Ҷангҳои муттасиле, ки ӯ мебурд, боиси холӣ шудани хазинаи давлат ва қувват гирифтани зулму истисмори оммаи меҳнаткаш мегардиданд. Барои ҷангҳои дохилии зидди феодалони саркаш сармояи зиёде лозим буд ва аз ин рӯ Субҳонқулихон пешакӣ аз аҳолӣ ситонидани андози ҳафтсоларо талаб кард. Дар вазъияти онвақтаи мамлакат ҷорӣ шудани ин усули андоз барои аҳолӣ ниҳоятдараҷа вазнин буд. Ришвахӯрӣ ва суиистифодаҳое, ки амалдорони ҳукумати хонӣ дар вақти ҷамъоварии андоз мекарданд, халқи меҳнатиро боз ҳам бештар афтода мекард.
Афзудани парокандагии феодалӣ. Сиёсати дохилии Убайдуллохон
Дар давраи ҳукмронии кӯтоҳмуддати Убайдуллохон (1702–1711) муборизаи байни ҳукумати марказӣ ва феодалон хеле шиддат ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанатии Ҷониён буд, ки дар роҳи маҳдуд намуданихудсариҳои феодалон ва пурқувват кардани ҳокимияти марказӣ саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Аммо шахсияти Убайдуллохон ва сиёсати дохилии ӯ ноҳаққона солҳои дароз аз доираи диққати муҳаққиқон берун монда буд. Дар бораи ӯ ҳатто чунин тавсифоте аз қабили зайл ба асарҳои тадқиқотӣ роҳ ёфта, маъмул гардида буданд, ки бо онҳо розӣ шудан душвор аст: Убайдуллохон «барои ҳокимияти мутлақа саъй менамуд, вале азбаски як марди мутакаббир ва худписанде буда бо мардум дуруст муомила карда наметавонист, дар амал бозичаи дасти амирон гардид» . Ин қабил таассурот аз он сар задааст, ки манбаъҳои хаттии он замон комилан ба тасвири муфассали низоъҳои байни худии хонадонҳои салтанатӣ бахшида шуда, дар онҳо роҷеъ ба дигар ҳодисаҳои даврон фақат сатрҳои ҷудогона ва далелу ишораҳои ғайримустақим дучор меоянд.
Мадракҳое, ки сиёсати дохилии Убайдуллохонро бештар баён менамоянд, дар «Убайдуллонома»-и Мирмуҳаммадамини Бухорӣ мавҷуданд. Муқоисаи ин мадракҳо бо бозёфтҳои сиккашиносӣ нишон дод, ки ҷидду ҷаҳди Убайдуллохон дар роҳи марказонидани давлат аз маромноктарин амалиёт дар тамоми даври салтанати сулолаи Ҷониён ба шумор меравад, ин тамоюл ба фаҳмиши хеле возеҳу равшани хусусиятҳои тартиби нирӯҳои табақотӣ асос ёфта, на ҳамеша пайгирона бошад ҳам, бо азм ва қатъияти тамом зуҳур мекард. Агар вай муваффақият пайдо накарда бошад, пас сабаби асосӣ ин аст, ки дар он вақт барои марказонидани давлат ҳанӯз шароит ва заминаи мувофиқ фароҳам наомада буд.
Ба Убайдуллохон аз Субҳонқулихон вазъияти сахте ба мерос монд. Амирон – сардорони тоифаҳои ӯзбек худро тамоман соҳибихтиёр ҳис мекарданд. Маъмулан, онҳо ҳокими ҳамон шаҳру ноҳияе буданд, ки таъмини маишати тоифаашонро дар зимма дошт. Онҳо дар қаламрави худ замин харида, ба заминдори калон табдил меёфтанд ва ҳамчун хоҷагони соҳибихтиёр амал менамуданд. Аксари амирон ба ҳамқабилаҳои худ такя карда, ҳокимияти марказиро тамоман ба эътибор намегирифтанд. Онҳо байни худ хусумат мепарвариданд, гурӯҳҳо ташкил медоданд, баъзан ошкоро ҳокимияти хони Бухороро эътироф намекарданд. Убайдуллохонро на сармоя буд ва на қӯшуни кофӣ, ки ба сари худ зидди ҷудоихоҳии ин феодалон мубориза барад. Ба ин сабаб ӯ маҷбур буд, ки дар мубориза ба муқобили як амир аз пуштибонии амири дигар истифода намояд. Аммо, воқеан, дар чунин мавридҳо ба вай на ҳамеша амалӣ намудани ниятҳои худ муяссар мегардид. Аксар вақт амире, ки ба ӯ такя мекард, бо ҳар баҳона аз ҷангидан сар мекашид ва ба ҳамин сабаб чанд дафъа қувваи ҳарбии Убайдуллохон ба шикаст дучор шуда буд. Гоҳо чунин ҳодиса ҳам рӯй медод, ки дар вақти юриш қисме аз амирон бо қӯшуни худ пас мегаштанд ва ё ҳатто ба тарафи душман мегузаштанд. Вазъияти Убайдуллохон бисёр мураккаб буд ва ҳар гоҳ ба вай лозим меомад, ки барои ҳалли мушкилот тадбирҳои гуногун андешад. Ӯ кӯшиш мекард, ки байни амирон мухолифат пайдо шавад ва онҳо бо ҳам ҷангида, якдигарро заиф гардонанд. Ва ӯ дар ин кор аз худ маҳорати баланде нишон медод. Вале ин ягона ва асоситарин равияи ҳаракати ӯ набуд. Мадракҳои ҷудогонаи ба ҳам овардашуда нишон медиҳанд, ки Убайдуллохон як системаи томи тадбиротеро пешбинӣ карда будааст, ки аз як тараф, ба мустаҳкам сохтани пояҳои иқтисодии давлати ӯ ва, аз тарафи дигар, ба роҳи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ заиф гардонидани амирон нигаронида шудаанд.
Синфи феодалон яксон набуд. Дар ин вақт ду гурӯҳи асосӣ: гурӯҳи амирон ва, умуман, феодалони болонишини тоифаҳои ӯзбек ва гурӯҳи ашрофи қадимӣ, маъмурон, феодалони заминдор, табақаи фавқонии тоҷирону косибон арзи вуҷуд мекард. Ҷангҳои байнихудии амирон на фақат оммаи халқро хонабардӯш месохтанд, балки ба манфиатҳои ҳамин гурӯҳи дувуми синфи феодалон низ зарар мерасониданд. Аз ин сабаб намояндагони ин гурӯҳ тарафдори қувват гирифтани ҳокимияти марказӣ буданд.Феодалони рӯҳонӣ ҳам ба ҳамин ваҷҳ аксар вақт ҳукумати марказиро пуштибонӣ мекарданд. Аммо гурӯҳи дувуми феодалон, ки Убайдуллохон ба онҳо такя менамуд, яклухт ва муттаҳид набуд. Намояндагони ҷудогонаи ин гурӯҳ хусусан дар ҳамон ноҳияҳое, ки амирон иқтидори бештар доштанд, гоҳо, баръакс, амиронро ҳимоя мекарданд. Мардуми заҳматкаши шаҳру деҳот, ки аз ҷангу низоъҳои муттасили байнихудии феодалон ба ҳоли табоҳ афтода буданд, ба тарафдории ҳокимияти марказӣ ва зидди амирони исёнкор сар мебардоштанд.
Убайдуллохон, агарчи на ҳамеша амали собитқадамона дошт, ин авзоъро хуб ба ҳисоб мегирифт. Ӯ беш аз ҳама ба ҳамон гурӯҳи синфи феодалон, ки ба мустаҳкам гардидани ҳокимияти марказӣ ва барҳам хӯрдани ҷангу низоъҳои байнихудӣ манфиатдор буданд, такя мекард. Муҳимтарин ҷузъи сиёсати дохилии Убайдуллохон кӯшиши аз ҳисоби сипосгузорони худ ба вуҷуд овардани як дастгоҳи нави маъмурӣ буд. Муаррихи вақт Мирмуҳаммадамини Бухорӣ ошкоро шаҳодат медиҳад, ки Убайдуллохон ба умури идора фарзандони косибон ва тоҷирон, одамони «пастнасаб» ва «бекас»-ро ҷалб менамуд.
Албатта, лавҳаи зерин як ҳодисаи тасодуфӣ нест: вақте ки қӯшуни Бухоро ба наздикии Балх расид, Убайдуллохон фармони махсус баровард, ки киштзори мардумро поймол накунанд ва ба аҳолӣ ягон зараре нарасонанд. Ӯ дар яке аз деҳот қароргоҳи худро сохта, арзиши киштҳои аз тарафи аскаронаш поймолшударо пардохт. Аз ин ошкоро ҳувайдост, ки Убайдуллохон барои ба тарафи худ кашидани аҳолии оддӣ саъю кӯшиш менамуд. Чунон ки хотирнишон гардид, дар асрҳои ХVII–ХVIII оммаи халқҳои Осиёи Миёна хеле фаъол шуданд ва онҳоро дар муборизаи зидди амирони саркаш ба худ муттафиқ гардонидани хон барояш манфиати зиёде меовард.
Тадбироти Убайдуллохон чӣ навъ сурат мегирифт? Муносибати ӯ бо амирон душманона ва муборизаҳояш бо онҳо рӯирост ва ошкоро буд. Инро сарчашмаи номбурда низ тасдиқ мекунад. Ӯ ба ҳамон амироне, ки такя мекард, пулу мол ва замин ҳадя менамуд, вале аслан баробари ба сари ҳокимият омаданаш ба амирон аз ҷиҳати иқтисодӣ фишор расонид ва дар ин роҳ аз камтарин чизҳо низ ҳазар накард. Масалан, бисёр аҷиб аст, ки вай ба душманони сиёсии худ ба арзиши даҳчанд фурӯхтани «ҳадя»-ро ҷорӣ намуд. Сарчашма шаҳодат медиҳад, ки «ба ӯзбекони бечора тоби нафаскашӣ ҳам намонд». Вале кори аз ин ҳам ҷиддитаре, ки ӯ анҷом дод, аз байн бурдани як қисми заминҳои танхоҳ буд. Вай амалан номумкин будани бе ҳеҷ асос кашида гирифтани заминҳои танхоҳро дарк карда, як тадбири маккоронае ба кор бурд. Ӯ ин заминҳоро ба моликияти комили муқаррабон ва маъмуронаш дод (яъне, албатта, фурӯхт). Дар амалӣ намудани ин сиёсати худ вай аз ҳамон гурӯҳи синфи феодалон, ки манфиатдори мустаҳкам шудани ҳокимияти ӯ ва афзудани нуфузи худ буд, пуштибонӣ медид. Ин тарзи мусодираи танхоҳ ҳамчунин зиддияти байни ду гурӯҳи синфи феодалонро тунду тез мекард.
Афзудани парокандагии феодалӣ. Сиёсати дохилии Убайдуллохон (давомаш)
Афзудани парокандагии феодалӣ. Сиёсати дохилии Убайдуллохон (давомаш)
Убайдуллохон боз як манбаи афзоиши даромади хазинаи давлатро дар барҳам додани масунияти хироҷи заминҳои мулк дид. Ин тадбири хеле ҷасурона ва шояд хатарноке ҳам буд, зеро аз байн бурдани масуният ба манфиатҳои ҳамон гурӯҳи ӯро тарафдорикунандаи синфи феодалон зарарҳои ҷиддӣ ворид мекард. Аз эҳтимол дур нест, ки Убайдуллохон ин тадбирро нисбат ба ин гурӯҳ интихобан татбиқ менамуд. Аз ҷумла маълум аст, ки ӯ масунияти хироҷи бузургтарин феодалони рӯҳонии ОсиёиМиёна – шайхони Ҷӯйбориро бекор карда буд.
Убайдуллохон дар бобати инкишофи тиҷорати байналхалқӣ низ чораҳое дид. Дуруст аст, ки ривоҷи тиҷорати беруна ба манфиати савдогарони маҳаллӣ набуд. Пеш савдогарони Бухоро молҳои хориҷиро якбора мехариданд ва пулашро баъдтар, пас аз фурӯхта шудани мол мепардохтанд. Ин муомила барои тоҷирони хориҷӣ бисёр ноқулай буд. Илова бар ин, мувофиқи шариат, моли фурӯхтаро дар давоми се сол баргардондан имкон дошт. Дар аҳди Убайдуллохон ҳукумат дар ин масъалаҳо ба нафъи тоҷирони хориҷӣ кор кард, зеро мебоист ин тадбир вуруди молҳои хориҷиро афзунтар созад ва ба ин васила даромади хазина низ зиёдтар шавад.
Убайдуллохон ба ислоҳоти пул умеди калон баста буд. Мирмуҳаммадамини Бухорӣ ба сабаби вуқуфи комил надоштан аз ҳақиқати ҳол навиштааст, ки сабаби гузаронидани ислоҳоти пул тамоман холӣ шудани хазинаи давлат буд. Хонҳои сулолаи Ҷониён дар зарфи асри ХVII сикказаниро ҳамчун манбаи даромад дониста, муттасил пул мебароварданд. Онҳо иёри пулро гоҳ паст ва гоҳ баланд намуда, дар охирҳои асри ХVII зарби сиккаҳоро ба дараҷае расониданд, ки дар тангаҳо ҳамагӣ 22,5% нуқра монда буду халос. Убайдуллохон бошад, пулҳое баровард, ки иёрашон хеле баланд буд, яъне тангаҳо 35% нуқра доштанд. Ӯ дар давоми ҳафт сол, дар чӣ вазъияте ки бошад, ба тағйири пул ҳамчун манбаи даромад роҳ надод. Инро бо ду сабаб тавзеҳ додан мумкин аст: аз як тараф, ӯ сиккаҳоро вайрон накард, чунки ин бар зарари ҳамон гурӯҳи синфи феодалон мебуд, ки ба онҳо такя мекард; аз тарафи дигар, чунон ки маънии ислоҳоти соли 1708 собит менамояд, ӯ ин манбаи даромадро, бидуни ба қисматҳо ҷудо ва пароканда кардан, «эҳтиёт менамуд», то ки дар як фурсати муносиб якбора даромади калонеро ба даст оварад.
Соли 1708 пулҳои дар хазина буда дубора сикка зада шуданд: аз ҳар тангаи кӯҳна чор тангаи нав ба вуҷуд оварда шуд, ки ҳар кадоми он 9% нуқра дошт. Пас аз ин эълон карда шуд, ки минбаъд иқтидори хариди пулҳои нав (9% нуқра) ва пулҳои кӯҳна (35% нуқра) баробар хоҳад буд. Агар таври дигар гӯем, Убайдуллохон хост дороии хазинаро якбора чор мартаба афзояд. Чунин ҳодиса ҳеч вақт рӯй надода буд. Одатан иёри нуқраро 5–10% поин мефуроварданд. Убайдуллохон ба чунин тадбири ғайримуқаррарӣ ҷуръат намуда, зоҳиран, гумон дошт, ки барои самаранок мубориза бурдан бар зидди амирон воситаҳои кофиро ба даст меорад ва аз ин рӯҷони худро ба хатар андохта, қадам ба ин роҳ гузошт. Ӯ бояд мефаҳмид, ки воқеан ҳам ҷони худро ба хатар меандозад, зеро тавассути ин ислоҳот, бигзор муваққатан ва бо ниятҳои нек бошад ҳам, на фақат душманонашро, балки муттафиқонаш: халқ, табақаи фавқонии феодалону тоҷирон, ҳамаи онҳоеро, ки дар даст пул доштанду аз ислоҳот манфиатдор буданд, ғорат мекард.
Дар Бухоро кори савдо қатъ гардид. Тоҷирон ва косибони шаҳр дӯкону корхонаҳояшонро бастанд. Ин воқеа вазъияти камбағалон ва гурӯҳҳои меҳнатии аҳолиро бисёр танг кард. Дар бозор чизе ёфт намешуд. Ин аҳвол норозигии умумро ба вуҷуд овард. Тӯдаҳои мардуми шаҳр, аксаран одамони бенаво шӯриш бардошта, ба таҳдид ва фарёд ба арк ҳуҷум карданд ва ба ҳолати аввала овардани вазъияти шаҳрро талаб намуданд. Шӯриши халқ охир фурӯ нишонда шуд, чанд кас ба қатл расид. Вале ин шикасти тамом набуд. Убайдуллохон ба созиш маҷбур гардид ва маънии ислоҳотро тағйир дод. Акнун пули кӯҳна на ба як, балки ба ду пули нав баробар карда шуд (ва ин қоида солҳои дароз, ҳатто баъд аз сари Убайдуллохон ҳам боқӣ монд). Ба ин тариқа, дороии хазинаи Убайдуллохон на чор мартаба, балки фақат ду маротиба афзуд. Ислоҳот он даромадеро, ки интизор мерафт, оварда натавонист, вале ҳамаи онҳоеро, ки пештар Убайдуллохонро тарафдорӣ мекарданд, ба душмани ӯ мубаддал сохт. Ин буд, ки дар сиёсати дохилӣ имкони анҷом додани ягон кори мусбати ба назар намоёне фароҳам наомад.
Дар ин вақт мубориза, нобоварӣ ба якдигар, хусумат ва адоват парваридан ба ҳам хеле авҷ гирифт. Душманӣ то дараҷае расид, ки ҳангоми яке аз суиқасдҳо дар соли 1711 Убайдуллохон кушта ва дарбори хонӣ тороҷ карда шуд.
Пас аз ҳалокати Убайдуллохон бародараш Абулфайзхон (1711– 1747) ба тахт нишаст. Дар замони ҳукмронии ин охирин намояндаи асосии сулолаи Ҷониён ҳукумати марказӣ иқтидори худро тамоман аз даст дода, давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили ҷудогона тақсим мегардад. Корҳои мамлакатдорӣ тақрибан ба куллӣ ба ихтиёри Муҳаммадҳакимбии атолиқ мегузарад, ки ӯро саркардагони тоифаи манғит пуштибонӣ мекарданд.
Баъдҳо дар натиҷаи норизоятии аъёну ашроф Муҳаммадҳакимбӣ аз мансабҳои баланди дарбор дур карда, ба Қаршӣ фиристода мешавад. Сафири давлати Рус Флорио Беневени аз харҷумарҷе, ки он вақт дар дарбори Абулфайзхон ҳукмфармо буд, сухан меронад. Умури идораи давлат ба дасти амалдорони ҳарис ва ҷоҳталаб мегузарад. Онҳо барои савдо дар бозорҳои Бухоро ҳуқуқи номаҳдудеро соҳиб шуда, мувофиқи табъи худ мардумро ғорат менамуданд.
Ин ҳама задухӯрдҳои байнихудии хонҳо ва бедодгариҳои беамсоли феодалон аз ҳаёти пурмашаққати халқҳои Осиёи Миёна дар аҳди ҳукмронии Ҷониён шаҳодат медиҳанд.
2. Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ
Вазъи хоҷагӣ. Даромади замин. Андозҳои шаҳр
2. Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ
Вазъи хоҷагӣ. Даромади замин. Андозҳои шаҳр
Чунон ки аз гуфтаҳои боло маълум гардид, ҳукумати марказӣ, дар воқеъ, иқтидори ҷиддие надошт. Ҷониёнро ҳатто расман ду пойтахт буд – Бухоро ва Балх. Дар Бухоро худи хон нишаста, дар Балх валиаҳдаш ва ё атолиқҳукмронӣ мекард. Маъмулан, хонҳои ин сулола тамоман ба аъёну ашрофи феодалии қабила, ки амалан зимоми ҳукмронии мамлакат дар дасти онҳо буд, вобастагӣ доштанд. Дар ин давра ҳуқуқи атолиқҳо ва қудрату ихтиёри ашрофи тоифавии ӯзбек назар ба давраи Шайбониён бағоят афзуд. Умури идора комилан ба дасти онҳо гузашт, мансабҳои муҳимро дар дастгоҳи давлат онҳо ишғол намуданд.
Қувват гирифтани иртиҷои феодалӣ, парокандагии сиёсӣ, ҷангҳои пайдарпайи дохилӣ, холӣ мондани шаҳрҳо, аз молиёти ниҳоят зиёд ва боҷу хироҷи доимӣ хонавайрон шудани аҳолии муқимӣ, аз тохтутозҳои ҳокимони гуногун хароб гардидани воҳаҳо ва ба ғорат рафтани корвонҳои тиҷоратӣ – ин ҳама хусусияти хоси ин давраи мавриди таҳқиқи мост. Ба ҳамин сабаб аст, ки дар асри ХVIII дар сарзамини Осиёи Миёна, алалхусус дар вилоятҳои марказии он таназзули амиқи иқтисодӣ рӯй дод. Хоҷагии қишлоқ ақиб рафт. Шабакаи обёрӣ кам шуд. Нон намерасид. Яке аз шоҳидони ин вазъият, сафири подшоҳ Алексей Михайлович Борис Пазухин навиштааст: «Дар Бухоро, дар Балх ва дар Хева ғалларо бисёр намекоранд, аз ин рӯ то охири сол ғаллаи онҳо кам мемонад ва он ҳам дар баъзе хонаводаҳо» . Тамоми як ноҳия ва вилоятро фаро гирифтани гуруснагӣ ҳодисаи муқаррарӣ гардида буд.
Меъёри расмии даромади солиёнаи феодал аз замин мисли пештара (0,3 ҳиссаи ҳосил) боқӣ монда бошад ҳам, дар амал хеле зиёдтар аз он ситонида мешуд. Феодал метавонист ин оидотро чанд сол пештар бигирад ва ё худсарона ҳаҷмашро зиёдтар кунад. Масалан, дар замони Субҳонқулихон онро ҳафт карат зиёд ситонида буданд! Ба замми ин, боз анвои мухталифи боҷу хироҷҳои дигар вуҷуд дошт ва суиистифодаҳои амалдорон аз ҳад гузашта буд. Малеҳо дар хусуси пешакӣ аз аҳолӣ гирифта шудани андози ҳафтсола сухан ронда менависад: «…агар шахсеро як танга додан лозим буд, ҳафт танга мегирифтанд. Ҳафтодчанд ба қалами девониён ва арбоб хароҷот мебаромад». Бояд қайд кард, ки андози даромад (молу ҷиҳот, хироҷ) на фақат аз заминҳои давлатӣ зиёд мешуд, балки мувофиқан ҳиссаи давлат аз даромади солиёнаи заминҳои милк, ки ин навъи хироҷро милкона мегуфтанд, низ меафзуд. Бар тибқи шаҳодати яке аз сарчашмаҳо, аз заминҳои милк милкона гӯён чандон меситонданд, ки соҳибонаш ин заминро муфт диҳанд ҳам, касе намегирифт. Зоҳиран, дар ин ҷо сухан на он қадар аз феодалони милкдор, балки аз он гурӯҳи деҳқононе меравад, ки замини милк дар онҳо ҳанӯз боқӣ монда буд. Протсесси камшавии милкҳои ин гурӯҳи нисбатан имтиёзноки деҳқонон дар асри ХVI ҳам ба назар мерасид, вале дар замони Ҷониён, алалхусус, дар вилоятҳои марказии Осиёи Миёна ин қабил соҳибони милк тамоман хонахароб гардиданд.
Дар натиҷаи зулму истисмори бераҳмона ва хироҷу молиётситониҳои аз ҳад афзун деҳқонон чунон ҳам ба фақирӣ ва нотавонӣ афтоданд, ки дар ибтидои асри ХVIII ҳукумат дигар ба зиёд кардани андоз ва ё ҷорӣ кардани ягон андози нав ҷуръат накард. Дар «Убайдуллонома» ошкоро гуфта мешавад, ки ин роҳи даромади хазина бурида шуд, зеро хавфи ҷунбиши калоне таҳдид менамуд.
Деҳқонон, умуман, аз ҳар тараф ба ҳамлаву фишор дучор мешуданд. Хоҷагии онҳоро на фақат ғоратгариҳои ҳангоми ҷангҳои дохилӣ рӯйдода, на фақат андозҳои миёншикан хароб мекарданд. Ҳамчунин як протсесси амиқи иҷтимоӣ – барҳам додани бақияҳои обшина, кам кардани гурӯҳи деҳқонони дар замини ҷамоат коркунанда ва зиёд намудани гурӯҳи деҳқонони иҷоранишин ба амал меомад. Чунон ки дар боло хотирнишон гардид, замини ҷамоатро лоақал чунин як афзалияте буд, ки деҳқонро дар ҳар 2–3 сол иҷора гирифтани замини нав лозим намеомад. Ӯ ҳақ дошт дар замини ҷамоа тамоми умр кор кунад (ва кори худро ба авлодаш боқӣ гузорад).
Косибон ҳам аз тарафи феодалони калону хурд ҳар навъ зулму ҷавр медиданд. Ба касбу тиҷорат худсарона ҳар гуна боҷ ва аворизоти зиёде андохта мешуд ва, ғайр аз ин, барои хону амир фиристодани пешкашҳои гаронбаҳо ҳатмӣ буд. Дар натиҷаи бедодгариҳои феодалон ва набудани ҳеҷ як замонат барои моликияти хусусии косибон ва тоҷирон ба ҳар тараф парешон гардидани аҳолии ҳатто марказҳои шаҳрии қадим ба амал меомад.
Ҳукмронони давлати хонӣ аз тарси ин, ки берун овардани сарватҳои зеризаминӣ боиси ҳуҷуми ҳамсояҳои ҳарис хоҳад шуд, кандани конҳоро манъ карданд ва ба ин сабаб саноати истихроҷи маъдан дар ин давра аз тараққиёт бозмонд.
Ба дасти феодалон ҷамъ шудани моликияти замин
Ба дасти феодалон ҷамъ шудани моликияти замин
Дар айни замон ба дасти феодалони калони ҷудогона ва шайхони бонуфуз ҷамъ шудани мулк ва сарватҳои замин ба вуқӯъ меомад. Алалхусус, амирони тоифаҳои ӯзбек дар аҳди салтанати Ҷониён ба заминдорони хеле давлатманд табдил ёфтанд. Инак, чанд мисол. Чунон ки аз санадҳои расмӣ маълум мегардад, Ялангтушбӣ хусусан дар вилояти Самарқанд, ки чандин сол (дар нимаи аввали асри ХVIII) дар он ҷо ҳукмронӣ кардааст, масоҳати беҳадду канори заминҳои киштро ба даст дароварда буд. Хонҳои сулолаи Ҷониён, ба замми ин, заминҳои ӯро аз пардохти ҳиссаи давлатии даромади солиёна «озод» карданд. Аз амирони ӯзбек Оллоҳбердибӣ ва писараш Оллоҳёрбӣ ҳам заминҳои ниҳоят зиёде доштанд. Онҳо саъй мекарданд, ки заминҳои дар ҳар ҷо парокандаи худро ба як ҷо ҷамъ оваранд, ба ин мақсад ҳатто заминҳояшонро иваз менамуданд. Бузургтарин моликони замин ҳамоно шайхони ҷӯйборӣ буданд. Дар шароити мураккаби замон, ки ҳукумати марказӣ дигар аз онҳо пуштибонӣ карда наметавонист, чунон ки дар давраи Шайбониён буд ва аъёну ашрофи қабила ба дороии онҳо чашм медӯхтанд, шайхи ҷӯйборӣ Тоҷиддин ба ин нигоҳ накарда ба ҳар ҳол заминҳои бе ин ҳам беҳадду ҳисоби худро боз ҳам меафзуд.
Аъёну ашрофи феодалӣ ва саркардаҳои ҳарбӣ мисли пештараба номи суюрғол ва танхоҳ подош мегирифтанд. Пазухин қайд мекунад, ки «тамоми деҳаҳо барои мавоҷиби аскарон ва ҳар гуна мансабдорон тахсис ёфтааст». Ғайр аз ин, дар аҳди ҳукмронии Ҷониён хеле зиёд ва ба ҳаҷми калон на фақат заминҳон давлатӣ, балки ҳиссаи давлат аз даромади солиёнаи заминҳои милк низ ба тариқи хизматона бахшида мешуд. Ин дар байни шахсони гуногуне, ки аз даромади замин ҳиссаҳои гуногун доштанд, чунон муносибатҳои мураккаб ба вуҷуд овард, ки дар асрҳои ХVII–ХVIII, чи навъе ки муҳаққиқон дуруст қайд кардаанд, ҳатто истилоҳоти санадҳои расмӣ тағйир ёфт. Дар васиқа, вақфнома ва дигар санадҳо ҳангоми тавсифи заминҳои милк акнун диққати асосӣ ба дуруст муайян кардани ҳиссаи даромаде, ки харидор ва ё идораи вақф бояд мегирифт, дода мешуд.
Лекин ба дасти феодалони калон ҷамъ шудани замин на фақат аз ҳисоби подошҳо, балки бо роҳи хариди замин низ сурат мегирифт, ки ин ҷиҳати хоси ин давра ба шумор меравад. Баъзе феодалҳо заминҳояшонро ба дараҷае муттаҳид мекарданд, ки дар ниҳояти кор молики заминҳои як ноҳияи тамом мегардиданд. Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки бештар заминҳои давлатӣ ба фурӯш мерасиданд. Ба ин санадҳои расмӣ ҳам гувоҳӣ медиҳанд. Холӣ шудани хазина хонҳои Бухороро зуд-зуд ба фурӯхтани замин водор мекард ва илова бар ин, як қисми заминҳо ба тариқи подош тақдим карда мешуд. Ҳамаи ин амалҳо, мисли асри ХVI, дар қозихонаҳо ба расмият медаромаданд.
Акнун дар байни давлат ва шахсони ҷудогона тақсим шудани заминҳои милк (яъне қисман ба заминҳои давлатӣ ва қисман ба милкҳои холис мубаддал гардидани онҳо) хеле босуръат ба вуқӯъ мепайваст. Ин, албатта, фаҳмост. Аз тарафи давлат беш аз пеш афзудани истисмор вазъияти феодали милкдорро хеле номусоид мекард. Бинобар ин ӯ доштани миқдори камтари замин – милки холисро, ки худ ихтиёрдори комил бошад, авлотар медонист. Дар чунин ҳолат даромади ӯ ба он, ки давлат аз деҳқон чӣ қадр меситонад ва оё ӯ аз хоҷагии харобшуда ҳиссаи худро рӯёнида метавонад ё не, ҳеҷ алоқае пайдо намекард.
Пас, ба дасти феодалони калон, хусусан аъёну ашрофи тоифаҳои ӯзбек ҷамъ шудани заминҳои хусусӣ ва инъомӣ, аз ҳад гузаштани истисмори деҳқонон, ба таври оммавӣ муфлис гардидани деҳқонони милкдор, торафт кам шудани деҳқонони замини ҷамоат, афзудани замини милки холис, босуръат «парокандашавии» милкҳои феодалӣ, ба феодалон фурӯхтани заминҳои давлатӣ, ба амлоки шартӣ тақсим карда додани заминҳои давлатӣ ва милкӣ (аслан ҳиссаи давлат аз даромади замини милк), инъом кардани заминҳои давлатӣ ва аз хусусиятҳои махсуси асрҳои ХVII– ХVIII ба шумор мераванд. Дар натиҷа, барои хазинаи хон доимо пул намерасид, зеро манбаи асосии даромад, ки андози мадохили замин буд, торафт кам шуда, ниҳоят бо сабабҳои боло қариб аз байн рафт. Дар ин хусус сарчашмаҳои гуногун гоҳ бавосита ва гоҳ бевосита шаҳодат медиҳанд. Мо дар ин ҷо фақат бо овардани гуфтаҳои ду нафар шоҳид, ки дар вақтҳои гуногун ба Бухоро сафар карда, вазъиятро бо чашми худ дидаанд, иктифо мекунем. Б. Пазухин (1669): «Андӯхтаҳои пулии давлати онҳо дар хазинаи подшоҳӣ кам аст, зеро ҳамаи деҳкадаҳо ба тариқи инъом дар байни саркардаҳо ва мансабдорони гуногун тақсим шудаанд, барои заруроти шоҳон аз зарби сикка ва боҷу хироҷ пуле дар хазина фароҳам меояд; боз бо ин ҳама зарурот то охири сол чизе боқӣ намемонад». Ф. Беневени: «Аз чеҳраи хон пайдост, ки дар умури идораи мулк мароми олие дар ӯст, аммо чун хазина холист, ӯро иқтидоре нест… Он чӣ оидоти хазина хоҳад буд, низ аз байн рафтааст».
Ин аст асоси иқтисодии торафт заиф гардидани ҳукумати марказӣ ва беш аз пеш қувват гирифтани феодалони калони соҳибихтиёр, алалхусус амирон – сардорони қабилаҳои ӯзбек.
Мавқеи феодалони рӯҳонӣ ҳам баланд гардид. Чунончи, дар вақтҳои гуногун шайхони тариқати дарвешӣ дар Фарғона ва Тошкандҳокимиятро ба дасти худ гирифта буданд.
Ҷунбишҳои халқӣ
Ҷунбишҳои халқӣ
Зулму ситами тоқатшикан ва истисмори бераҳмонаи феодалӣ, ҷангҳои дохилӣ ва фақру гуруснагӣ норозигии оммаи халқро ниҳоятдараҷа зиёд кард. Ин буд, ки дар маҳалҳои гуногун дам ба дам шӯру ошӯбҳои халқӣ сар мезаданд. Дар замони Абдулазизхон, ба қавли шоири ҳамзамони ӯ Сайидои Насафӣ, шӯриши калоне дар деҳаи Даҳбеди Самарқанд рӯй дод. Шиддат ва вусъати ин ҷунбиши халқӣ ба дараҷае буд, ки худи Абдулазиз бо лашкари зиёде омада, шӯришро фурӯ нишонд ва Даҳбедро оташ дода, ба хок яксон намуд. Дар давраи ҳукмронии Субҳонқулихон ва ворисони ӯ ҳам муттасил шӯришҳои халқӣ ба амал меомаданд. Гоҳо аз ин ҷунбишҳои халқӣ феодалони ҷудогона барои расидан ба мақсадҳои шахсии худ истифода менамуданд. Масалан, боре ҳангоми ба Балх ҳуҷум кардани Субҳонқулихон тамоми аҳолӣ дар зарфи 21 рӯз қаҳрамонона ҷангида, шаҳрро, ки ҳокими он Маҳмудбии атолиқ буд, аз бухориҳо ҳифз намуд. Дар ин маврид ҳамаи табақаҳои ҷамъият муттаҳид гардида буданд, зеро ба хубӣ мефаҳмиданд, ки агар хон шаҳрро ишғол намояд, ба таври ваҳшиёна мардумро қатлу ғорат хоҳад кард. Аммо халқ аксар вақт ҳукумати марказиро тарафдорӣ менамуд, чунки ҷангу низоъҳои дохилии феодалӣ аҳолии ҳам шаҳр ва ҳам деҳотро хонахароб месохт.
Қиёми калонтарин ва зафармандонаи халқ соли 1703 дар Ҳисор ба вуқӯъ омад. Сабабгори он ҷанги байни ду феодал гардид: Муҳаммадраҳимбӣ бо лашкари Бухоро ба муқобили Ӯткан ном ҳокими яке аз қалъаҳои вилояти Ҳисор ҷанг сар кард. Вале лашкари Бухоро муваффақияте ба даст наоварда, ақиб нишаст ва мардуми Ҳисор дучори бедодгариҳои Ӯткан гардид. Аз низоъҳои хунини байни феодалон ба танг омада, аҳолии Ҳисор ба амирони Бухоро бо эътироз муроҷиат намуданд ва ҳимояти худро талаб карданд. Амирон бо вакилони халқ дағалона муносибат карда, ҳатто яке аз амирон ба сари онҳо шамшер кашид, вакилон ҳам даст ба сангу калтак бурданд. Воқеанигоре ин ҳодисаро чунин ба қалам овардааст:
«Умарои Бухоро (башитоб) аз қалъаи Ҳисор берун омаданд, сипоҳиёнашон ҳам дар ҳоле, ки (аз қиёми мардум) ба ваҳшат ва биму ҳарос афтода буданд, ба ишон пайравӣ карданд. Он гоҳ аҳолии Ҳисор, юзҳои қавми шодӣ, худро ба тороҷи хиргоҳу шомиёнаҳои бухороиёни шитобон фироркунанда дарандохтанд ва андаруни қалъа чунон талотӯбе барпо гардид, ки гӯё рӯзи ҳашр фаро расида». Дар ин маврид манфиатҳои аҳолии муқимии вилояти Ҳисор ва тоифаи юзи ӯзбек ба ҳам мувофиқат намуд: халқ барои барҳам хӯрдани ҷангҳои феодалӣ дар сарзаминаш сар бардошт, юзҳо ҳаракати муваффақиятомези халқро тарафдорӣ карда, кори торумор намудани бухороиёнро ба анҷом расониданд.
Шӯрише, ки соли 1714 дарБухоро ба амал омада буд, бо марому хусусиятҳои худ аз дигар ҷунбишҳои халқӣ тафовут дошт. Як гурӯҳ феодалони қабилаи кенагас бо сардории Иброҳим атолиқ ба мақсади иҷро кардани табаддулоти дарборӣ хост ба арк дохил шавад. Халқ ба ҳимояи ҳукумат бархос-та, дар шаҳр сангарҳо барпо намуд. Ҳамин тариқа, фақат тавассути кӯмаки мардум ба хон муяссар гардид, ки душманонашро нобуд созад.
Аммо, қабл аз ин, соли 1708 дар вақти эълони ислоҳоти пул халқи Бухоро, баръакс, бар зидди Убайдуллохон шӯриш бардошт. Норозигӣ табақаҳои гуногуни ҷамъиятро фаро гирифта, аввал башакли муқобилатиғайрифаъол зуҳур намуд: дӯкону корхонаҳо баста шуданд: кори савдо қатъ гардид, дар бозор чизе ёфт намешуд. Баъдҳо норизоятии мардум авҷ гирифта, ба як шӯриши ошкорои мардуми фақиру бенаво фурӯ рехт. Ба қавли, яке аз муаррихони онвақта – Мирмуҳаммадамини Бухорӣ шӯриш бераҳмона пахш карда шуд, чанд касро ба дор кашиданд, ислоҳот комилан ҷорӣ гардид ва ҳама сари итоат фуруд оварданд. Чанд вақт таърихшиносон ин баҳои ғаразноки шӯришро ғайританқидӣқабул карда буданд. Таҳқиқ ва муқобилаи манбаъҳои санадии он давр нишон дод, ки ин ҷунбиши халқӣ муваффақияти калоне пайдо карда будааст, ҳукумат аз он хеле ба ҳарос афтода, маҷбур шудааст, ки маънии ислоҳотро тағйир диҳад.
Дар нимаи аввали асри ХVIII ҷунбишҳои халқӣ чунон бисёр сар мезаданд, ки ҳатто муаррихони дарбор, бигзор ғаразолуд ва рӯпӯшида бошад ҳам, аз зикри онҳо гурез надоштанд. Ғайр аз шӯришҳои номбурда, боз дар солҳои 1713–1714 дар Бухоро, соли 1713 дар Самарқанд, соли 1719 дар Балх, соли 1746 дар Тошканд шӯру ошӯбҳои халқӣ ба вуқӯъ омаданд. Ҳарчанд муаррихони дарбор воқеияти ҷунбишҳои халқиро таҳриф кунанд ҳам, шубҳае боқӣ намемонад, ки дар шароити иртиҷо ва истибдоди феодалӣ оммаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек ба муборизаи зидди сохти беҳуқуқиву ситамкорӣ, зидди ҷангҳои дохилии феодалӣ бармехостанд.
Касбу ҳунар, тиҷорат, муомилоти пулӣ
Касбу ҳунар, тиҷорат, муомилоти пулӣ
Дар давлати Ҷониён шароит барои тараққиёти касбу ҳунар ва тиҷорати дохилию хориҷӣ хеле номусоид буд ва ба қадри авҷ гирифтани низоъҳои салтанатталабӣ ва ҷангҳои феодалӣ боз ҳам бадтар мешуд. Баъзе шаҳру вилоятҳои тамом чунон дучори тороҷ ва харобӣ мегардиданд, ки пас аз ин муддати дуру дарозе ба худ омада наметавонистанд. Вале мардум малакаи касбӣ, пешаварӣ ва ҳунари худро фаромӯш намекард: бе сабаб нест, ки дар як худи Бухоро Сайидои Насафӣ беш аз дусад навъи касбу ҳунарро ном бурдааст. Харобии иқтисодие, ки ҷангҳои дохилӣ, тохтутози хевагиҳо, ҳуҷуми тоифаҳои бодиянишин ва қӯшунҳои аҷнабӣ ба сари мамлакат меоварданд, ба инкишофи мӯътадили истеҳсолоти молӣ ва тиҷорат халал мерасонид. Қашшоқӣ, гуруснагӣ, хонавайроншавӣ – ҳамаи ин боиси кам шудани харидорони муқаррарии колоҳои оддӣ мегардид. Сайидои Насафӣ, ки дар айёми пирӣ ба бофандагӣ машғул будааст, дар ашъори худ ба набудани харидор, тамоман аз равнақ бозмондани бозор дар охирҳои асри ХVII ишорат мекунад.
Дар таҳи гарди касодӣ шуд матоам поймол,
Рӯзгоре шуд хиҷолат аз дукон бошад маро,
Ё худ:
Гоҳе матои худ, ки ба бозор мебарам,
Домону остини харидор мекашам.
Вазъият дар нимаи аввали асри ХVIII боз ҳам бадтар гардид. Дар натиҷаи тохтутозҳои муттасили ҳафтсолаи қазоқҳо (1723– 1730) водии Зарафшон тамоман ба харобазор табдил ёфт. Қаҳтӣ ва гуруснагии сахт сар шуд, касони аз чанги ин фалокат раҳоёфта ба ҳар тараф фирор карданд, Бухоро ва Самарқанд беодам монд. Аҳволи фақат он шаҳру вилоятҳое, ки аксаран дар гӯшаву канорҳои мамлакат воқеъ гардида, ба арсаи ҷангҳои доимии феодалӣ, тохтутозҳои хевагиҳо ва ҳамлаи бодиянишинон мубаддал нашуда буданд, нисбатан беҳтар буд. Ба харобӣ рӯ ниҳодани ноҳияҳои марказии давлат ба тараққиёти онҳо ҳатто таъсири мусоид ҳам расонид, зеро косибону ҳунармандон барои эмин мондан аз хавфу хатар ва пайдо намудани имкони кори осоишта марказҳои бузурги касбу ҳунар ва тиҷоратро тарк карда, ба ин гӯшаҳои дурдаст паноҳ мебурданд.
Вазъи умумии пулдорӣ ва сиёсати ҳукумат дар соҳаи пулбарорӣ ва гардиши пул низ барои касбу ҳунар ва тиҷорат номусоид гардид. Ба болои душвориҳои аз ҳилаву найранги қурб ба миён омада, ки ҳанӯз дар асри ХVI чун бори гароне бар дӯши касбу ҳунар ва тиҷорат афтода буд, акнун босуръат вайроншавии сиккаҳои нуқра зам шуд. Пулро аз омезаи нуқраву мис зарб мезаданд, лекин миқдори мис торафт меафзуд. Ҳар бор, ки иёри пул паст мефуромад, хазина фоида мебурду аҳолӣ зарар медид. Аз ин рӯ, аҳолӣ ба муқобили шикастани қурби пул фаъолона мубориза мебурд ва дар ин маврид манфиатҳои қариб тамоми табақаҳои ҷамъият ба ҳам мувофиқат менамуд. Аҳолӣ «пули асил»–пули маҳкаму устувор ва ҳамеша якхелаву баландиёрро мехост. Ин мубориза дар асри ХVII гоҳо натиҷаи матлуб медод: аҳолӣ муваффақ мешуд, ки ҳукуматро ба баландтар кардани иёри пул водор намояд. Аммо дар чоряки охири асри ХVII зарби пули баландиёр тамоман қатъ гардид. Аҳолӣ агарчи мисли пештара барои «пули асил» муборизаи худро давом медод, вале барори он хеле кам ва ночиз буд: миқдори нуқра дигар аз 35% баланд набаромад. Баъдтар, соли 1708, чунон ки дар боло оварда шуд,Убайдуллохон миқдори нуқраро дар сиккаҳои худ ба 9% фуроварда, боиси сар задани шӯриши халқ гардид, ки он қисман муваффақиятомез анҷом ёфт.
Вале ҳукумат аз кори пулбарорӣ на фақат бо чунин роҳи бевосита фоида ба даст медаровард. Найрангҳое, ки дар бобати тағйири қурби пул карда мешуд, чун бори боз ҳам гаронтар ба дӯши аҳолӣ меафтод. Дар аҳди Ҷониён ҳам, мисли асри ХVI, ҳамаи пулҳои нуқраро ба «пули нав» ва «пули кӯҳна» ҷудо мекарданд. Ҳукумат ҳар вақт ки хоҳад, «пули нав»-ро «кӯҳна» эълон менамуд, лекин иқтидори хариди пули «кӯҳна» дар бозор комилан ба иёри он вобаста буд. Чунончи, пулҳое, ки 60% нуқра доштанд, вақти нав будани худ ҳамчун пули баландиёр бо нархи иҷборӣ гардиш мекарданд. Ҳамин ки ин пулҳоро «кӯҳна» эълон карданд, фавран 40% иқтидори хариди он аз даст мерафт, яъне аҳолӣ дарҳол 40% зарар медид. Агар таври дигар гӯем, дар давоми асри ХVII меъёри истифодаи зарби пул фавқулодда афзоиш ёфт ва ин ҳол вазъияти косибону тоҷиронро назар ба он чи, ки Ҷенкинсон дар миёнаҳои асри ХVI навишта буд, хеле вазнинтар намуд.
Аз ин ҳама ба таври равшан бармеояд, ки косибон дар ин давра ҳоло тамоми хусусиятҳои пешаву ҳунари худро ҳифз карда буданд, вале шароити онвақта ба пешрафти касбу тиҷорат имкон намедод. Ин буд, ки ҳаҷми онҳо хусусан аз охирҳои асри ХVII сар карда сахт коҳиш ёфт ва ин ба анвои молҳо низ бетаъсир намонд. Албатта, он навъи касбу ҳунар, ки маҳсулоти он ба хориҷ содир мешуд, як дараҷа вазъи беҳтаре дошт: талаботи беруна дар чунин шароити сахт низ ба пешрафти истеҳсолот мусоидат мекард. Аз ин ҷиҳат муносибатҳои тиҷоратии торафт мустаҳкамшаванда ва вусъатёбанда бо Россия аҳамияти махсусе дошт.
Давлати Рус аз инкишофи тиҷорат бо Осиёи Миёна хеле манфиатдор буд ва барои он шароити мусоид фароҳам месохт. Ба савдогарони осиёимиёнагӣ тадриҷан иҷозат дода шуд, ки дар тамоми шаҳрҳои ин мамлакати паҳновар тиҷорат кунанд. Хусусан, пеш бурдани корҳои савдо ба воситаи Сибир имтиёзҳои зиёде дошт – дар ин ҷо аз тоҷирони Осиёи Миёна хеле кам боҷ мегирифтанд ва ҳатто аз баъзе молҳо аслан боҷ ситонда намешуд. Баъди ба вуҷуд омадани истеҳкоми Оренбург дар соли 1735 ба мақсади ҷалб кардани тоҷирони Осиёи Миёна чанд муддат дар ин ҷо савдои бегумрук эълон карда шуд.
Савдогарони Осиёи Миёна ба тарафи Россия бештар матоъ ва мансуҷоти пахтагӣ мебурданд. Аз дафтарҳои гумрукии тиҷоратхонаҳои Сибир ва Аштархон метавон дид, ки ба он мамлакат чӣ андоза молҳои зиёде содир мегардидааст. Дар рӯйхати муфассали ин дафтарҳо анвои мухталифи газворҳои истеҳсоли Осиёи Миёна, аз қабили матои «зандонӣ» (себандӣ, дубандӣ, пурбенӣ, бурматӣ), матоъҳои гулдор, хомсуф ва амсоли инҳо зикр ёфтаанд.
Як қатор мадракҳо дар ин вақт ба сабаби нарасидани абрешими хом (ҳатто ба хориҷ баровардани он манъ гардида буд) ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ва ҳам аз ҷиҳати навъ коҳиш ёфтани истеҳсоли шоҳивориро нишон медиҳанд. Бад шудани шароити зиндагӣ теъдоди касонеро, ки ба парвариши кирми абрешим шуғл доштанд, ҳамчунин талабгорони матоъҳои шоҳӣ ва шоҳивориҳои гаронбаҳоро беш аз пеш кам менамуд.
Чарм, баъзе навъҳои мӯйина, қолин ва ғ. аз молҳои асосии содиротӣ ба шумор мерафтанд. Анвои молҳои ба истилоҳ тиҷорати хонӣ, яъне он молҳое, ки сафирони тоҷир мебурданд, хеле зиёд ва гуногун буд. Азбаски талаботи давлати Рус нисбат ба молҳои Осиёи Миёна ҳамоно меафзуд, ҳаҷми ин молҳои содиротӣ ҳам бештар гардида, табиатан ба истеҳсолоти онҳо шароити мусоидтаре фароҳам меомад.
Истеҳсоли аслиҳаҷот ва, умуман, маснуоти фулузӣ ниҳоят дараҷа равнақ ёфт. Онҳо низ ба кишварҳои хориҷӣ содир мегардиданд. Баъзе намунаҳои олоти сафолии онвақта то замони мо расидаанд ва чунин ба назар мерасад, ки ғайр аз зарфҳои оддӣ ва муқаррарӣ, зарфҳои нафиси луобии мунаққаш низ истеҳсол мешудаанд. Дар асри ХVII касбу ҳунари амалӣ низ аз равнақ намонда буд, махсусан хотамкорӣ, қошинкорӣ ва кандакориҳои рӯи гаҷ ва чӯб ба дараҷаи баланди тараққӣ расид. Аммо дар асри ХVIII талабот нисбат ба осори ҳунари амалӣ тақрибан қатъ гардид.
Дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ мавқеи муҳимро муомилоти савдо бо давлати Рус ишғол менамуд. Чунон ки хотирнишон гардид, ба ин мамлакат молҳои хеле зиёд ва гуногуннавъи Осиёи Миёна бурда мешуд. Дар ин ҷо бояд илова кард, ки тоҷирони Осиёи Миёна роли миёнаравиро ҳам бозӣ мекарданд: онҳо ба Россия на фақат молҳои худро, балки бисёр молҳои хориҷӣ, хусусан ҳиндиро низ мебурданд. Ин албатта, дар навбати худ боиси ба Осиёи Миёна бештар ворид гардидани молҳои ҳиндӣ мегардид, ҳарчанд ки бо сабабҳои дар боло овардашуда талаботи аҳолӣ ба молҳои воридотӣ хеле кам шуда буд.
Ҳодисаи нав дар таърихи тиҷорати байни Россияву Осиёи Миёна на фақат афзудани ҳаҷми содироту воридот, балки дар ин кор фаъолона ширкат намудани савдогарони рус ҳам буд. Савдогарони рус ва ё дӯкондорони онҳо акнун дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна 2–3 сол иқомат намуда, молҳои худиро меоварданд ва молҳои инҷоиро мебурданд. Аз молҳои русӣ дар Осиёи Миёнана фақат ба ашёи таҷаммулӣ (мӯина, чарм, моҳут ва дигар чизҳои қиматбаҳо) балки ба асбобҳои гуногуни рӯзгор, аз қабили зарфҳо, чарчинворӣ ва ғ. низ талабот зиёд буд.
Дар ин давра Осиёи Миёна ҳамчунин бо Ҳиндустон, Эрон, Хитой робитаҳои тиҷоратӣ дошт, вале ҳаҷм ва миқёси ин муомилот ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст. Дар ин бобат чунин амри воқеӣ диққатро ба худ ҷалб менамояд, ки дар Бухорои онвақта гузари махсуси савдогарони ҳиндӣ мавҷуд будааст. Убайдуллохон барои давлат зиёда манфиат доштани инкишофи тиҷорати хориҷиро ба хубӣ дарк намуда, дар роҳи беҳтар гардидани он чораҳо меандешид. Аммо ин як ҳодисаи кӯтоҳмуддате буд, ки бо қувват гирифтани харобии хоҷагии мамлакат ба зудӣаз байн рафт. Флорио Беневени, ки соли 1722 дар Бухоро зиста, масъалаҳои тиҷоратро махсус омӯхта баромадааст, хотирнишон месозад, ки агарчи молҳои ҳам барои Бухоро ва ҳам барои Россия зарурӣ мавҷуданд, аммо шароит барои инкишофи тиҷорат вуҷуд надорад.
3. Маданияти моддӣ ва маънавӣ
Меъморӣ ва санъат
3. Маданияти моддӣ ва маънавӣ
Меъморӣ ва санъат
Хусусиятҳои ҳаёти хоҷагӣ ва иҷтимоию иқтисодии асрҳои ХVII–ХVIII ба соҳаи меъморӣ низ нақши маълуме гузошт. Нуфуз, ҳокимият ва сарвати табақаҳои фавқонии тоифаҳои ӯзбек, алалхусус амирон торафт афзунтар мегардид. Шаҳрҳо ва вилоятҳои тамом гоҳе амалан дар ихтиёри онҳо қарор мегирифтанд. Пули барои сохтмон лозим дар дасти ҳамин амирони қабилавии ӯзбек буд ва онҳо бо василаи анъанавӣ мехостанд шӯҳрат ёбанд ва номи худро ҷовидонӣ гардонанд.
Яке аз ҳамин қабил аҳли кибор Ялангтушбӣ дар Регистони Самарқанд сохтмони бузургеро вусъат дод ва ҳамон маҷмӯи имороти муҷаллалеро, ки то имрӯз боқист, ба вуҷуд овард. Дар рӯбарӯи мадрасаи Улуғбек (дар он ҷое, ки пештар хонақои Улуғбек мавҷуд буд) бо амри ӯ меъмори номӣ Абдулҷаббор мадрасаи нав бино кард. Дар пештоқи даромадгоҳи ин мадраса сурати даррандаи ба ғизол ҳамлакунанда тасвир ёфтааст ва аз ҳамин сабаб онро мадрасаи Шердор номидаанд. Рӯи мадрасаи Шердор айнан нусхаи рӯи мадрасаи Улуғбек аст: дар марказ – сардар, дар гӯшаҳо – манораҳои рост, аз байни дарвоза ва манораҳо гунбазҳои теғадор ба назар менамоянд, ки дар болои ду дарсхона сохта шудаанд. Лекин дар ҷузъиёти тарҳи бино ва ороишоти он навиҳои зиёде мушоҳида мешавад.
Баъдтар Ялангтушбӣ аз тарафи севуми майдон боз як иморати дигар андохт. Чун дар ороишоти ин бино тиллои бисёре истифода шудааст, онро Тиллокорӣ номидаанд. Ин биноест, ки мадрасаву масҷид дар як ҷо сохта шудаанд: дар се тарафи ҳавлӣ ҳуҷраҳо ва дар тарафи чорум масҷид воқеъ гардидааст (иморати марказии гунбазнок ва ду айвони серқубба низ дар ҳамин қисмат ҷо гирифтааст).
Ҳамин тариқа, майдоне ба вуҷуд омадааст, ки як тарафаш кушоду се тарафаш бо се бинои мӯҳташами хушнамо зинат ёфтааст.
Дигар аз ёдгориҳои меъмории асри ХVII маҷмӯи иморатест, ки дар Бухоро воқеъ гардидааст. Яке аз, қисматҳои муҳимми ин ансамбли меъморӣ ҳавзи калон мебошад ва аз ин рӯ вай бо номи Лабиҳавз машҳур аст. Аввалин иморати ин маҷмӯъ–мадрасаи Кӯкалтош ҳанӯз дар асри ХVI сохта шуда буд. Дар асри ХVII яке амалдорони олимақоми он замон Надир-девонбегӣ фармуд, ки ҳавз, мадраса ва хонақоҳчае созанд. Ин ансамбли меъморӣ он қадар мутаносиб ва мутавозин нест, чунон ки дар маҷмӯи имороти Регистони Самарқанд метавон дид. Вай ҳамчунин ба худ шакли том нагирифтааст. Намуди он чунин аст: намои пурҳашами мадрасаи асри ХVI рӯ ба майдон буда, дар як тарафи ин майдон мадрасаи на он қадар калони Надир-девонбегӣ ва дар тарафи дигари он Лабиҳавз ва дар паси Лабиҳавз хонақои хурд воқеанд. Мадраса ва ҳавз бо ин хонақо мувозана надоштанд ва ҳамчунин бо мадрасаи асри ХVI мувофиқат намекарданд. Ин ансамбли меъморӣ аз таносуб ва тавозуни қисматбандӣ маҳрум буда, меъмор дар бунёди он на завқе ва на табъе аз худ зоҳир накардааст. Бинокориҳои асри ХVII низ ба сари худ ягон ҷиҳати қобили таваҷҷӯҳе надоранд.
Дигар ансамбли меъмории дар асри ХVII биноёфтаи Бухоро бисёр муҳим ва ҷолиб мебошад. Ин ду мадрасаест, ки муқобили якдигар воқеъ гардидаанд: яке мадрасаи Улуғбек, ки дар асри ХV сохта шудааст ва дигаре мадрасаи Абдулазизхон, ки аз ёдгориҳои меъмории асри ХVII ба шумор меравад. Дар байни ин ду иморат хеле шабоҳат мавҷуд аст, аммо тафриқаи онҳо боз бештар мебошад. Таносуби рӯи иморати мадрасаи Улуғбек ба ҳадди комил расида, ороишоти он сода ва дар айни замон хеле нафис аст. Аммо дар намои мадрасаи Абдулазизхон асаре аз таносуб мавҷуд нест, даромадгоҳаш ниҳоят дароз, канораҳои рӯи иморат, баръакс, бисёр ғафсанд. Ороиши он бағоят бодабдаба ва пуркарруфар мебошад.
Агар дар бораи асри ХVII ҳамчун яке аз марҳилаҳои инкишофи санъати меъмории Осиёи Миёна сухан ба миён ояд, ин, беш аз ҳама, ба ороишоти биноҳо дахл менамояд. Ороишгарони асри ХVII анъанаи ду қарни пешинаро давом дода, баъзан муваффақиятҳои муайяни эҷодӣ ба даст меоварданд. Алалхусус, комёбии устодони кандакории рӯи гаҷ ба назар намоёнтар буд. Шӯшаҳои гаҷии мадрасаи Абдулазизхон бо мураккабӣ, инчунин зарофат ва нафосати худ касро дар ҳайрат мегузорад. Дар ороиши иморатҳо аз ҳунари хотамкорӣ ва кошинкорӣ ба таври васеъ истифода мекарданд. Нақшҳо пурпечухам ва сарбаста, гаммаи рангҳо назар ба асрҳои ХV–ХVI дурушт ва хашинтар мебаромаданд, рангҳои зард ва сабз, ки ба таври фаровон кор фармуда шудаанд, онҳоро аз ҳад зиёд рангин менамуданд.
Аз нусхаҳои хаттии асри ХVII, ки бо минётурҳои рассомони Осиёи Миёна зинат ёфтаанд, миқдори хеле кам то замони мо расидааст. Вале аз ҳамин намунаҳои кам низ маълум мегардад, ки анъанаи мактаби минётури осиёимиёнагии асри ХVI давом ва инкишофи босазои худро дар асри ХVII пайдо намудааст. Хусусан, минётурҳое, ки «Зафарнома»-и Шарафиддини Яздиро зеб додаанд, бисёр хуб ва ҷолибанд. Ин нусха соли 1628 дар Самарқанд китобат шуда, 12 минётурро дар бар мегирад. Минётурсози забардасте дар саҳнаҳои размӣ бо як маҳорати ҳайратангез тавонистааст миқдори зиёди симоҳои одамиро ҷо диҳад, ки ҳар яки он боз ба назар зинда ва дар ҷунбишу ҳаракат намудор мешавад. Масалан, дар сурате, ки Ҳиротро муҳосира кардани Темур тасвир ёфтааст, 23 андоми одамӣ ва 18 асп мавҷуд аст. Дар минётури дигар, ки лашкар кашидани Темур бар зидди хони Олтинӯрда — Тӯхтамиш тасвир шудааст, 20 кас ҷанг мекунад. Саҳнаи базми Темур низ пуродам аст: дар ин ҷо аҳли кибор, сипоҳиён, мутрибон, ҳофизон, ровиён ва соқиёнро метавон дид. Саҳнаҳо хеле зебо ва хушранг офарида шудаанд.
Дар асри ХVII санъати портрет ҳам аз тараққӣ бознамонд. Чунончи, тасвири фасеҳи Имомқулихон, ки соли 1642 кашида шудааст, ба ин далолат мекунад.
Вазъияти даври баъдина ба пешрафти бинокорӣ, меъморӣ ва санъат ягон қадар мусоидат накард. Нимаи аввали асри ХVIII давраи харобии иқтисодӣ, хуруҷи ҷангҳои дохилӣ, ба вайронӣ рӯ овардани шаҳру деҳот, сар задани шӯришҳои халқӣ, дубора авҷ гирифтани тохтутози хевагиҳо, ҳуҷуми тоифаҳои бодиянишин ва қӯшунҳои аҷнабӣ буд. Дар ин вақт, махсусан, ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр ва вилояти Балх зарар диданд. Дар натиҷаи ба ҳар тараф фирор кардани аҳолӣ чунин марказҳои маданӣ, монанди Бухоро ва Самарқанд беодам монданд. Табиист, ки аз ин замони ошуфта ва тира ҳеҷ як ёдгории муҳимми меъморӣ ва ҳунарӣ боқӣ намондааст.
Адабиёти бадеии тоҷик ва солномаҳои таърихии асри ХVII – ибтидои асри ХVIII
Адабиёти бадеии тоҷик ва солномаҳои таърихии асри ХVII – ибтидои асри ХVIII
Дар аҳди Ҷониён ду маркази адабӣ вуҷуд дошт, ки яке Бухоро ва дигаре Балх буд. Дар ин давра адабиёти тоҷик назар ба асри ХVI бештар ба тараққӣ рӯ ниҳод. Лекин дар замони Субҳонқулихон шароит ба дараҷае сахт гардид, ки ҳатто як идда шоирони дарбор ватани худро тарк намуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат карданд.
Дар сурате ки адабиёти дарборӣ ва расмии тасаввуфӣ ҳолати таназзулро аз сар мегузаронид, дар доираҳои ғайрирасмӣ, махсусан дар байни пешаварони шаҳр назми рӯҳан ба муҳити халқ наздик тараққӣ карда, мисли Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Муллообиди Мумтоз ва, хусусан, Миробид Сайидои Насафӣ шоирони забардаст ба камол расиданд, ки маҳсули адабии онон бештар ба ҳаёти табақаҳои истеҳсолкунандаи мамлакат алоқаманд буд.
Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ соли 1657 дар маҳаллаи Зардӯзони Самарқанд таваллуд ёфтааст. Ҳамаи хешу ақрабои ӯ дар касби зардӯзӣ маҳорати комил доштанд ва худи ӯ ҳам ин пешаро ба хубӣ азхуд карда буд. Фитрат дар соли 1685 ба Бухоро рафта, дар мадрасаи он ҷо таҳсил мекунад. Рӯзгори ӯ ба сахтӣ ва машаққат мегузашт. Мӯҳтоҷӣ ва тангдастӣӯро маҷбур намуд, ки ҳавлиашро фурӯшад. Харидор, ки шахси давлатманде буд, ӯро фиреб дода, ҳавлиро бо нархи хеле арзон соҳиб гардид. Шоир ба ин ваҷҳ дар бораи вай як шеъри ҳаҷвӣ навишта, бо ҳамин васила қасос гирифт. Фитрат дар аввалҳои асри ХVIII вафот кардааст.
Соҳибони тазкира ӯро устоди ҳам назм ва ҳам наср донистаанд. Аз мероси адабии ӯ маснавии «Толиб ва Матлуб», як ҳаҷвия ва чанд ғазал дар дастраси мост. Девони ӯ то ҳол пайдо нашудааст.
Сайидои Насафӣ (ваф. байни солҳои 1707–1711) бузургтарин шоири ин давра аст. Дар замони ҳукмронии Абдулазизхон, Субҳонқулихон ва Убайдуллохон ҳаёт ба сар бурда, рӯзҳои тира ва мудҳишеро, ки истибдоди феодалӣ ба сари оммаи заҳматкаш оварда буд, бо чашми худ дидааст.
Сайидо дар давраи аввали эҷодиёти худ зоҳиран бо мақсади пайдо кардани сарпараст ва мураббие бо баъзе намояндагони табақаи ҳоким ва бо муҳити одамони дарбор наздик шуд ва таъсири ҳамин муҳит буд, ки чанд қасидаи худро ба Абдулазиз ваСубҳонқулихон бахшид. Аммо, вақте ки вай аз тамоми фисқу фуҷури дарбор ва разолати аҳли он воқиф шуд, ҳар чӣ зудтар худро аз муоширати ин тоифа дур кашид:
Қадам аз кӯчаи арбоби давлат кӯтаҳ авлотар,
Ки аз ҳар нақши пои ман барояд чашмаи хуне.
Сайидо халқи худро бисёр дӯст медошт. Ӯ на фақат бо маҳсули адабии худ, балки шахсан ҳам афтодагон ва мазлумони бечораи ватанашро то метавонист ҳимоят мекард:
Ҳар куҷо афтодае бинам ба сар ҷо медиҳам,
Хори ин саҳро гули рӯи сабад бошад маро.
Сайидо қасидаҳои худро на ин ки ба подшоҳон ва аъёну ашроф, балки ба камбағалон, пешаварон ва деҳқонон бахшида, ҳаёти ин гурӯҳи аҳолиро хеле хуб тасвир кардааст. Қасидаҳое, ки ӯ дар тавсифи нонвой, наққош ва ғ. навиштааст, аз ҳамин қабиланд. Дар байни асарҳои ӯ мавқеи муҳимро «Баҳориёт» («Ҳайвонотнома») ишғол мекунад. Шоир дар ин асари худ дар тимсоли ҳайвонот симои намояндагони табақаҳои мухталифи ҷамъияти феодалиро тасвир намуда, чунин ақидаеро пеш меронад, ки одамони меҳнатӣ агарчи дар назар чун мӯрчагон ба зери по афтодаанд, дар амал аз ҳама болотаранд ва агар онҳо иттифоқ кунанд, қавитарин душманро ҳам мағлуб карда метавонанд.
Сайидо дар як силсила шеърҳои худ харобии шаҳру деҳот, маҳрумият ва азоби бекарони аҳолиро дар аҳди Субҳонқулихон – даврае, ки, аз як тараф, муфлисӣ ва бенавоӣ зиёд шуда, аз тарафи дигар, сарвати синфи ҳукмрон беш аз пеш меафзуд, нишон додааст, чунон ки ӯ менависад:
Фалак ба қомати пири хамида мемонад,
Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад…
Зи баски аҳли ҷаҳон хуни якдигар хӯрданд,
Сари сипеҳр ба нори макида мемонад.
Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор
Ба кирмҳои бирешимтанида мемонад.
Умуман, Сайидои Насафӣ дар давлати хонии Бухоро нахустин шоирест, ки ошкоро ба ҳимояти аҳли меҳнат бархоста, сохти феодалиро сахт танқид кардааст. Ӯ ҳамчун шоири соҳибистеъдод, ифодакунандаи орзуву омоли табақаҳои меҳнатии аҳолӣ, хусусан ҳунармандон баромад кардааст. Аҳли меҳнат ва баёни кайфияти он дар эҷодиёти ӯ мақоми марказӣ дорад. Сайидо дар ифодаи ақидаҳои пешқадами иҷтимоӣ ва таблиғи ғояҳои инсониятпарварона аз муосирони худ хеле пеш гузаштааст. Дар шеърҳояш халқи меҳнаткашро ситоиш карда, бартарии онро аз дигар табақаҳои ҷамъият таъкид менамуд, бо ҷасорати тамом изҳор мекард, ки иқтидори аҳли меҳнат дар иттиҳод аст, синфи ҳокимро ба ҷаҳолат ва бераҳмӣ гунаҳгор карда, ба зери тозиёнаи сахт мегирифт.
Сайидо дар мавзӯъ ва шакли шеър баробари давом додани беҳтарин анъанаҳои гузаштагони худ, бисёр навиҳо овард. Дар ғазалҳояш ҳокимони золимро сарзаниш ва вайрониҳои мулкро бо дарду алам тасвир намуда, доираи мавзӯоти ин жанри анъанавиро хеле васеъ гардонид. Мавзӯъҳои қасидаро низ тағйир дод ва дар васфи ҳунармандон қасидаҳо офарид. «Баҳориёт»-и ӯро метавон шакли нави назми дидактикӣ ҳисоб кард. Дар адабиёти пас аз асри ХVI ба тавассути эҷодиёти Сайидо жанри «шаҳрошӯб» равнақи тоза ёфт. Шоир дар эҷоди худ ташбеҳу истиораҳои нав, образҳои фолклорӣ ва таъбирҳои пуробуранги халқиро ба кор бурда, ганҷинаи воситаҳои тасвири бадеии назми тоҷикро ғанитар сохт.
Ғояҳои тасаввуфӣ ба эҷодиёти Сайидо як дараҷа таъсири манфӣ расонидаанд. Дар шеърҳои ӯ асари сабки мураккаби ҳиндиро ҳам метавон эҳсос намуд, лекин истифодаи шоир аз ин сабк бештар характери эҷодӣ дошт.
Аксари шоирони гузашта ба нигаҳдоштани меъёри дахлнопазири забони адабиёти классикӣ саъй менамуданд. Пас аз воқеаҳои сиёсии ибтидои асри ХVI, пайдоиши ҷудоӣ ва дурӣ дар байни Эрону Мовароуннаҳр ҳифзи ягонагии забон моҳияти пешинаи худро аз даст дод. Сайидо инро дарк карда, бо ҷуръати тамом анъанаи қадимаро шикаст ва ба назм калимаҳои оммафаҳми забони гуфтугӯии модариашро дохил намуд. Забони офаридаҳои ӯ ба забони адабии ҳозираи тоҷик бисёр наздик аст.
Асри ХVII дар баробари расонидани ин қабил намояндагони бузурги адабиёт аз таърихнависон низ холӣ набуд. Маҳмуд ибни Валӣ яке аз таърихнависони барҷастаи ин давра мебошад. Асари ӯ «Баҳр-ул-асрор фӣ маноқиб-ул-ахбор» як навъ энсиклопедияест, ки аз чор ҷилд фароҳам омада, қисмати таърихии он воқеаҳои давраи аз Чингизхон то Ҷониёнро дар бар мегирад.
Дигар асари муҳимме, ки дар ин давра таълиф ёфтааст, «Таърихи Сайид Роқим» мебошад. Ин асар агарчанде воқеаҳои таърихиро бо як тартиби муайян тасвир намекунад, лекин дар бораи одамони машҳур, дар хусуси бинокорӣ ва осори адабии замони Темур ва давраҳои баъдина то асри ХVIII маълумоти хеле пурқимат медиҳад.
Ҳамчунин асари Муҳаммадамини Яроқчӣ «Муҳит-ут-таворих»-ро низ метавон дар қатори сарчашмаҳои муҳимми таърихии индавра номбар кард. Муаллифи ин китоб шарҳи воқеаҳои таърихиро аз давраҳои қадим сар карда то нимаҳои асри ХVII оварда мерасонад ва дар аҳди салтанати Ҷониён (Аштархониён) ба таври муфассал таваққуф мекунад.
Аз таълифоти дигаре, ки дар ин давра ба вуҷуд омадааст, асари Муҳаммадюсуфи Муншӣ «Таърихи Муқимхонӣ» мебошад. Дар ин асар, асосан, таърихи давраи Ҷониён то соли 1704 тасвир ёфтааст. Ниҳоят, муҳимтарин асари таърихии ин давра «Убайдуллонома»-и Мирмуҳаммадамини Бухорист, ки комилан ба давраи ҳукмронии Убайдуллохон бахшида шуда, воқеоти солҳои 1702–1711-ро фаро гирифтааст.