Фасли панҷум
Тоҷикон дар охирҳои асри миёна
Боби якум
Ҳаёти халқи тоҷик дар давлати Шайбониён
(асри ХVI)
1. Таърихи сиёсӣ
Истилои давлати Темуриён
Сиёсати дохилии Шайбонихон
Дар охирҳои асри ХV ва ибтидои асри ХVI ӯзбекҳои бодянишин бо сардории Муҳаммад Шайбонихон Мовароуннаҳри марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ – «Шайбонӣ» машҳур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои ӯ- Абулхайрхон дар нимаи аввали асри ХV давлати пуриқтидори бодиявӣ ташкил намуд. Қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи ӯ аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар паҳноҳои бекарони дашту саҳрое, ки домони он аз поини дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, ҳаёт ба сар мебурданд. Вале ин иттиҳодияи бавуҷудовардаи Абулхайрхон мабдаи иқтисодӣ надошт ва бо зӯри силоҳ арзи вуҷуд мекард. Ин буд, ки вай пояҳои худро устувор карда натавониста, ба зудӣ пас аз фавти Абулхайрхон аз по афтод. Шайбонихон хост, таҷрибаи бобояшро такрор намояд, вале кораш барор нагирифт. Ҷангу талошҳо бо дигар Чингизиёни ҷоҳталаб ва ихтиёрхоҳ гоҳ ба фоида ва гоҳ ба зарари ӯ анҷом меёфт. Ҳарчанд ки баъзан бо ғаниматҳои хеле хуб зафар меёфт, вале ин барои таъмини имтиёзи сиёсии ӯ кофӣ набуд.
Шайбонихон дар ин муборизаҳо борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд. Ӯ дар яке аз ҷангҳо мағлуб шуда, ду сол дар Бухоро зист ва, аз рӯи шаҳодати сарчашмаҳо,ҷиддан машғули андӯхтани илму дониш гардид.
Душмани ашаддии Темуриён дар қисмати шимоли мамлакат моғулҳо* ба шумор мерафтанд, ки Тошкандро маркази худ ихтиёр карда буданд. Онҳо чандин бор ҳатто ба ноҳияҳои Мовароуннаҳри марказӣ ҳамла намуда, молҳоро толон ва аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба муқобили муғулҳо истифода карданӣ шуданд. Лекин Шайбонихон иттифоқчии бад баромад: ӯ фақат аз паи манфиати худ шуда, аксаран хилофи ваъдаи худ амал мекард, гоҳ тарафи Темуриёнро мегирифт, гоҳ тарафи муғулҳоро, ҳар замон ба мулкҳои ину он ҳуҷумҳои ғоратгарона менамуд. Ниҳоят, ӯ чунин шаҳрҳои истеҳкомӣ, мисли Утрор, Сайрам ва Яссаро ба таҳти тасарруфи худ дароварда, ҳамқавмони худро даъват кард ва дастаи қавии аскарӣ ташкил дода, бо моғулҳо муоҳида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннаҳр шурӯъ намуд. Аввал ӯ пойтахти Темуриёни Осиёи Миёна — шаҳри Самарқандро ба муҳосира гирифт. Вақте ки волии Бухоро бо қӯшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз муҳосира бархоста, ба муқобили ӯ шитофт ва дар роҳ ин қувваи аскариро торумор намуда, ба сӯи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто се рӯз нагузашта, аъёну ашроф ва рӯҳониён шаҳрро ба ӯ таслим намуданд.
Дар чунин лаҳзаи пурмасъулият ҳам, ки мамлакатро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, ашрофи Самарқанд ва шаҳзодагони темурӣ тамоман саргарми нифоқу низоъҳои байнихудӣ буданд. Гурӯҳе саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна — Султон Алиро тарафдорӣ мекарданд, гурӯҳи дигар хешованди вай – Бобурро ба Самарқанд даъват намуда, таслими шаҳрро ба ӯ ваъда медоданд. Ҳангоми Самарқандро муҳосира кардани Шайбонихон ин низоъҳо боз ҳам қувват гирифт. Баъзе намояндагони хеле бонуфузи рӯҳониён ҳисси навмедӣ ва кайфияти мағлубиятро падид меоварданд. Султон Алӣ дар ҳама ҷо хиёнатро гумон бурда, аз дигарон пештар бо як гурӯҳ рикобдорони худ ба қароргоҳи Шайбонихон равона шуд. Ашрофи Самарқанд аз ин воқиф гардида, бо тӯҳфаву инъомҳои зиёде ба ҳузури Шайбонихон омада, сари таъзим фуруд оварданд. Ба ин тариқа, соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон даромад.
Аммо ин муваффақияти аввалин, ки ба зудӣ ва осонӣ ба даст омада буд, бақое наёфт. Як қисми ашрофи Бухоро ва Самарқанд тарафдори барқарор намудани ҳокимияти Темуриён буд. Агарчанде ки ӯ нахустин сӯиқасдро фош намуда, гунаҳкорон ва ҳатто гумонбарҳоро аз дами теғ гузаронид, ба ҳар ҳол дасти муқобилони ӯ боло шуд. Акнун ҳарифи асосии Шайбонихон шаҳзодаи ҷавони темурӣ, аоосгузори ояндаи давлати Темуриёни Ҳинд — Бобур гардид. Қароргоҳи Шайбонихон дар ҳаволии Самарқанд буд. Аъёну ашрофе, ки пинҳонӣ бо Бобур мукотиба доштанд, ба рӯи ӯ дарвозаи шаҳрро кушоданд ва ӯро подшоҳ эълон намуданд. Дере нагузашта дар баъзе шаҳрҳо ва истеҳкомоти дигар низ пирӯзӣ насиби тарафдорони Темуриён гардид. Вале дар муҳорибаи кушоди соҳили Зарафшон, ки дар моҳи апрели соли 1501 ба вуқӯъ омад, Бобур шикаст хӯрд ва ба Самарқанд ақиб иишаст. Худи ӯ дар ёддоштҳояш аз тарафи Шайбонихон моҳҳои дароз муҳосира шудани Самарқандро ба тариқи хеле муфассал тасвир намудааст. Аз гуфтаҳои Бобур маълум мешавад, ки халқ, аҳолии оддии шаҳр, пешаварону косибон аввалҳо дар муҳофизати шаҳр бисёр фаъолона иштирок доштаанд, ҷасорат ва қаҳрамонӣ нишон дода, нақшҳои ҳуҷуми фикркардаи Шайбонихонро вайрон мекардаанд. Аммо сокинони шаҳр манфиатҳои сулолавии Бобурро, чунон ки ӯ соддалавҳона гумон мебурд, ҳимоя намекарданд. Самарқандиҳо якнун таҷрибаи калон ва талхе доштанд: хиёнат ва сӯиқасдҳои аъёну ашроф, аз даст ба даст гузаштани шаҳр боиси ғорат, қатлу куштор ва қаҳтиву гуруснагӣ мегардид. Лекин ин бор манфиати шаҳриён ва Бобур мувофиқ афтод.
Бо вуҷуди ин, нигоҳ доштани Самарқанд муяссар нагардид. Шаҳриён яроқу аслиҳа надоштанд. Дар шаҳри муҳосирашуда гуруснагӣ ҳукмфармоӣ мекард. «Вақти гандумпаз расида буд, вале касе ҳосили нав намеовард. Рӯзҳои муҳосира тӯл кашид, мардум ба маҳрумиятҳои зиёде дучор гардиданд; кор ба ҷое расид, ки бенавоён ва мӯҳтоҷон гӯшти сагу харро мехӯрдагӣ шуданд. Чун еми асп камёб шуд, одамон ба ҷои он барги дарахтро медоданд» .
Бобур барои кӯмак ба ҳокимони гуногун муроҷиат намуд, вале имдоде нарасид. Ӯ чунин хислати Темуриёнро, ки манфиати умум барояшон бегона буд, хеле аниқ ва дақиқ хотирнишон намудааст: «Мо ба кӯмак ва пуштибонии моликони ҳамсоя ва атрофу акноф умед баста будем, лекин ҳар яки онҳо нақшаҳои худро дошт . Хусусан, кӯтоҳандешии сардори Темуриёни Хуросон — Султон Ҳусайн, ки нафақат дасти ёрӣ дароз накард, балки ҳатто ба Шайбонихон чоплусӣ намуд, ӯро дар ҳайрат гузошт.
Сокинони шаҳр, сарбозон ва ҳатто наздикони Бобур ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ тоб наёварда, ба ҳар сӯ фирор мекарданд. Ниҳоят, худи Бобур ҳам роҳи гурезро пеш гирифт. Шаҳри пойтахтии Самарқанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Ин ҳодиса дар соли 1501 рӯй дод.
Ба Шайбонихон аз ҳама бештар сокинони шаҳри Қарокӯл муқовимат карданд. Баҳорони соли 1501 дар ин ҷо шӯрише ба амал омад, ки амалан хусусияти синфӣ дошт. Ба сари шаҳр намояндаи халқро, зоҳиран, сардори шӯришро нишонданд. Номи ӯ маълум нест, дар манбаъҳои онвақта ӯро таҳқиромезона «гадо» ва «ҷоҳил» номидаанд.
Шайбонихон худ бо қӯшуни зиёде ба ҷанги зидди Қарокӯл рафт. Шаҳрро гирифта, сардори шӯришгаронро ба қатл расонид. Вале пас аз шаҳрро тарк кардани Шайбонихон мардум боз шӯриш бардошт. Феодалон дар ин лаҳза ташаббусро ба дасти худ гирифтанд, онҳо ният доштанд, ки ин шӯришро ба манфиати Темуриён истифода баранд. Онҳо аз ҳокимони ҳамсояи темурӣ мадад хостанд. Шайбонихон дубора ба Қарокӯл қӯшуни сершуморе фиристод. Муҳорибаи ниҳоятдараҷа шадид ба амал омад, фуқарои шаҳр диловарӣ ва қаҳрамониҳои бемислу монанде нишон доданд. Дар охири охирон Шайбониён шаҳрро ишғол намуда, онро ба кушторгоҳи ҳақиқӣ мубаддал карданд. Сипас ба мақсади тарсонидани чашми мардум бо амри Шайбонихон аз сари қарокӯлиҳои мақтул дар Бухоро калламанора сохта шуд .
Муддате чанд Шайбонихон барои аз хатар эмин намудани ақибгоҳи худ чораҳои лозима дида, пас ба истилои мулкҳои ҷанубии Темуриён камар баст. Дар ин ҷо ҳам ҳамон вазъияти парокандагииқувваҳои ин хонадон ба истилокорон мадад расонид. Ҳокимони вилоятҳои мухталиф ин дафъа ҳам нахостанд ба ҳам муттаҳид шаванд. Ҳисси нобоварӣ ба якдигар, иғво, сӯиқасд ва хиёнати ошкоро заминаҳои мусоиди истилоро фароҳам овард. Шайбонихон аз чунин вазъият ба хубӣ истифода бурда, ба яке ваъдаи подош медод, ба дигаре сиёсат мекард ва худ ба василаи тохтутозҳои бемалол, тороҷ ва ғорати мардум оҷизӣ ва нотавонии Темуриёнро нишои медод ва дар байни онҳо кайфияти мағлубиятро ҷорӣ менамуд.
Дар вилояти хеле калоне, ки марказаш Ҳисор буд, Хусравшоҳ ҳукмронӣ мекард. Чун замоне ӯ ба дараҷае иқтидор пайдо намуда, ба худраъйӣ ва сарватмандӣ шӯҳрат ёфта буд, шаҳзодагони темурӣ дар ин лаҳзаи душвор барои кӯмак ва пуштибонӣ ба вай рӯ оварданд. Вале ӯ нисбат ба вазъияти мавҷуда нодонӣ ва нофаҳмии тамом зоҳир намуд: ба ҷои муттаҳид шудан бо Темуриён ва ё лоақал кӯмак расондан ба онҳо, ки борҳо илтимосаш карда буданд, аз тарси даъвоҳои онҳо роҳи макру фиребро пеш гирифт ва дар натиҷа комилан дар ҳолати ҷудоӣ ва танҳоӣ монда, аз аввалин хабари ҳаракати қӯшуни Шайбонихон ба Ҳисор буздилона фирор кард. Қаламрави ӯ, ки ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон, қисмати шимолии Афғонистон ва ҷануби Ӯзбекистонро фаро мегирифт, ба осонӣ ба таҳти тасарруфи Шайбонихон даромад. Дере нагузашта, соли 1505 Хоразм ҳам аз тарафи қӯшуни Шайбониён ишғол карда шуд.
Навбати забти пойтахти дигари Темуриён – Ҳирот расид. Султон Ҳусайн фақат акнун то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатари таҳдидкардаистодаро дарк намуда, бо қувваи асосии худ ба муқобили Шайбонихон равона шуд. Вале ӯ, ки пир ва бемор буд, дар роҳвафот намуд. Дар байни асилзодагони темурӣ низоъу нифоқ ба амал омад. Дар натиҷа, якбора ду писари Султон Ҳусайнро ба тахт нишонданд, ки онҳоро ду гурӯҳи ашрофи соҳибнуфуз пуштибонӣ мекарданд. Шайбонихон аз ин дигар шароити мувофиқро орзу ҳам карда наметавонист. Ин буд, ки Бобур навиштааст: «Ин амрест ғариб: ҳеҷ гоҳ касе нашунидааст, ки дар як мулк ду подшоҳ якҷоя ҳукмронӣ кунанд».
То ҷамъ кардани қӯшун, то тамом шудани баҳсу мунозираи наздикони ду подшоҳ, ки ба як қарор омада наметавонистанд, Шайбонихон Балхро забт намуда, ба хок яксон кард ва зуд ба тарафи Ҳирот раҳсипор гардид. Ӯ дар наздикии шаҳр қӯшуни ба ҷанг хуб омоданашудаи темуриро мағлуб намуд .
Бисёр амирону амалдорон аз майдони ҷанг ва баъзеҳо аз шаҳр гурезон шуданд. Ҳар ду подшоҳҳам–яке ба ғарб ва дигаре ба шарқ фирор карданд. Рӯҳониёни олимақом ва аъёну ашроф бо ҳам машварат намуда, ба Шайбонихон хати таслим ва итоат фиристоданд. Аҷобат дар ин ҷост, ки ин номаро муаррихи маъруф, нигорандаи асари калони таърихии «Ҳабиб-ус-сияр» — Хондамир иншо намудааст. Фақат аҳолии шаҳр андаке муқовимат нишон доданд. Онҳо ногаҳон ҳамла карда, қариб сесад нафар ӯзбекро, ки дар атрофи Ҳирот машғули яғмогарӣ буданд, нобуд сохтанд.
Дар айни замон, Шайбониён ба вакилони ашрофу рӯҳониён шарту шароити супурдани Ҳиротро пешниҳод карданд: мардуми авом ва пешаварон мебоист ба тариқи товон маблағи калоне мепардохтанд, аз аъёну ашроф ба сифати инъом ва бахшиш пули зиёде ситонда мешуд. Аммо мусодара асосан ба молу мулки сулолаи мағлуб ва ашрофи наздики он дахл мекард.
Дар як муддати кӯтоҳ шаҳру вилоятҳои боқимонда то худи Астаробод забт карда шуд. Дар тамоми шаҳрҳои калони давлати собиқаи темурӣ – Самарқанд, Бухоро, Марв, Сарахс, Балх, Ҳирот, Машҳад, Нишопур, Тӯс, Нимрӯз ва Астаробод пулҳои нуқраро ба номи фотеҳи нав сикка заданд. Шайбонихон ҳам ба ин аҳамияти бузурги сиёсӣ медод, зеро ин амр маънии расман ба сари тахти подшоҳӣ омадани ӯро дошт.
Шайбонихон нияти истилои давлати Темуриён ва тасарруфисарзамини бузургеро дар дил парварида, ба хубӣ ангошта буд ва дар ҳусули ин мақсад фақат муваффақиятҳои ҷангӣ кофӣ нест. Ӯ намояндагони хонадони Темуриёнро бераҳмона таъқиб ва маҳв намуда, аз қадамҳои аввал барои ба тарафи худ кашидани феодалону рӯҳониёни бонуфуз саъй кард. Зоҳиран, ин усул ба ӯ бештар аз силоҳи ҷангӣ зафар ва пирӯзӣ овард. Нафақат худи ӯ, балки наздиконаш ҳам мефаҳмиданд, ки танҳо ҳокимият дигар мешавад, аммо муқаррароти зиндагӣ ба ҳар ҳол мисли пештара боқӣ мемонад. Дар ин бобат ҳикояти Зайниддини Восифӣ, ки шоҳиди Ҳиротро гирифтани Шайбонихон буд, хеле ҷолиби диққат аст. Як амири ӯзбек ӯ ва ҳамроҳашро деҳқон пиндошта, ба онҳо фаҳмонданӣ мешавад, ки фақат хоҷае бо хоҷаи дигар иваз шудаасту халос. Хоҷаҳои нав барои зудтар барқарор шудани хоҷагӣ саъй мекунанд, зеро акнун замин ва деҳқонон ба онҳо «тааллуқ гирифт» ва «тарбияву нигоҳубин»-и деҳқонони дигар дар ӯҳдаи онҳост .
Сиёсати дохилии Шайбонихон пас аз истилои давлати темурӣ тамоман ба манфиати синфи ҳукмрон, синфи феодалоне, ки аннун ба таркиби он ашрофи тоифаҳои бодиянишини ӯзбек ҳам дохил шуда буд, хизмат мекард. Ҳатто тадбироти, зоҳиран, мусбати ӯ ҳам манфиати синфи ҳокимро ифода менамуд.
Худи Шайбонихон, муқаррабони ӯ, амирони тоифа ва ҳатто наздиктарин сипоҳиёнаш аз ҳисоби мусодираи молу мулки Темуриён, феодалони ашрофӣ ва рӯҳонии тарафдори онон ва ҳамаи касоне, ки ба суиқасди зидди Шайбониён гумон бурда мешуданд, хеле сарватманд гардиданд. Шайбонихон тамоми давлатро ба мулкҳо тақсим карда, ихтиёри онҳоро ба дасти хешовандон ва амирони номии худ супорид.
Ҷиҳати иқтисодии ин мулкҳои инъомӣ аз он иборат буд, ки мудохилот на ба хазинаи Шайбонихан, балки тамоман ё қисман ба дасти мулкдорони шаҳру вилоятҳо медаромад. Истилогарон зуд ҳис карданд, ки сарвати ғораткарда ва ҷабран ситонидаро дуру дароз беҳаракат нигоҳ доштан хуб нест. Ба ин мулоҳиза онҳо ба харидани замин, иморатҳои шаҳр ва устохонаҳо сар карданд. Онҳо ҳамчунин дар ҳар вазъият моликияти аз ҳама устувор будани чизҳои харидаро фаҳмиданд. Бинобар ин аксар вақт моли ҷабран ситонидаи худро ҳамчун моли харида ба расмият медароварданд. Аҷобаташ ин ки гоҳо заминҳои зӯран кашидагирифтаро пас гашта додан ҳам лозим меомад .
Мусодира ва харид дар як муддати кӯтоҳ боиси ба дасти Шайбониён ва ашрофи ӯзбек гузаштани заминҳои зиёд, бисёр иморатҳои шаҳр, осиёбҳо ва дигар ҷойҳои сердаромад гардид. Ҳамин як мисол кофист: ҳанӯз дар солҳои 20-уми асри ХVI келини (зани писари) Шайбонихон барои вақфи мадраса бештар аз 40 дӯкони косибӣ, тимча, 8 осиёб, устохонаи коғазрезӣ, анборҳо, ҳавлиҳо, тақрибан 150 қитъаи замин, пурра ё қисман 6 деҳа ва ғ. дода тавонист.
Ҳамин тариқа, Шайбониён ва ашрофи тоифаҳои бодиянишини ӯзбек ва калонтарин феодалони заминдор ба шахсони манфиатбари касбу ҳунар ва тиҷорати шаҳр табдил ёфтанд. Манфиатҳои иқтисодии онҳо аз манфиатҳои феодалони ашрофӣ ва рӯҳонии ирсии Осиёи Миёна, ки дар замони Шайбониён заминҳои меросӣ ва сарватҳои шаҳрии пешинаи худро нигоҳ дошта буданд, қариб ҳеҷ фарқ намекард.
Ислоҳоти пулие, ки Шайбонихон дар соли 1507 ба амал овард, аз кӯшишҳои ӯ дар бобати ба тарафи худ ҷалб кардани табақаҳои ҳокими давлати истилокардааш ва ба ин васила васеъ намудани базаи синфии худ гувоҳӣ медиҳад.
Касбу ҳунар, тиҷорат ва муомилоти пулӣ аз муҳимтарин моддаҳои оидоти давлатӣ ва мадохили соҳибони мулк ба шумор мерафт. Охирин намояндагони сулолаи Темуриён аз ин модда ба таври хеле васеъ ва беибо истифода мекарданд, ба дараҷае ки муомилоти пулӣ аз манфиати тиҷорат дур гардида, ба инкишофи мӯътадили он халал мерасонид ва ин вазъият ба соҳаи пешаварӣ ҳам таъсир накарда намемонд. Ин бар зарари манфиати нафақат пешаварон ва майдасавдогарон, балки тамоми синфи ҳоким ҳам буд, чунки дар ҷамъияти феодалии Осиёи Миёна феодал дар айни замон тоҷир ҳам ба шумор мерафт, ӯ натанҳо соҳиби замини шаҳру қишлоқ буд, балки коргоҳҳои мухталифи ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ ҳам дошт ва, аз ин рӯ, дар тиҷорати дохилишаҳрӣ ширкат менамуд ва дар тиҷорати байнивилоятӣ ва байналхалқӣ симои асосӣ ҳисоб мешуд .
Ислоҳоти Шайбонихон дар тамоми давлат муомилоти ягонаи куллиро ташкил карда, онро аз ҳар гуна тағйирот раҳо намуд. Вай вазн, ҳаҷм ва навъи сиккаҳои нуқрагию мисӣ ва муносибати байни онҳоро муайян кард. Ин сиккаҳо дар ҳамаи шаҳрҳо ва дар ҳамаи вилоятҳо қувваи баробар доштанд, соҳибони мулкҳо наметавонистанд ба муомилоти баробари онҳо монеае ба вуҷуд оваранд, қурби онҳоро мувофиқи табъи худ баланд ё паст кунанд.
Табиист, ки чунин ислоҳот дар тамоми мамлакат таъсироти бузурги сиёсӣ ба амал овард ва бартарии чорабиниҳои фотеҳи навро иисбат ба фаъолияти молиявии намояндагони охирини Темуриён нишон дод. Бесабаб набуд, ки фармони ислоҳот фавран пас аз суқути Ҳирот – дувумин пойтахти Темуриён эълон карда шуд. Дар қатори дигар чорабиниҳои нисбатан ҷузъии Шайбонихон, ки барои мӯътадил гардонидани ҳаёти дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ халалдоршуда нигаронида шуда буданд, ислоҳоти соли 1507 мебоист дафъатан ба ҳамаи табақаҳои синфи ҳукмрон нишон медод, ки аз ивазшавии сулола онҳо на ин ки зарар диданд, балки бурд карданд, зеро Шайбонихон манфиати онҳоро мефаҳмад ва ҳимоя мекунад.