Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 1, боби 1

1_bobi_1

Фасли якум
Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он
дар сарзамини Осиёи Миёна

Боби якум
Ҷамоатҳои ибтидоӣ дар Осиёи Миёна

1. Палеолит.
Сохти пешазқабилавӣ. Пайдоиши ҷамоати қабилавӣ

Осори палеолити пойин

Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гӯё Осиёи Миёна дар дохили минтақаи одамшавии маймун воқеъ гардида будааст. Ҳарчанд ин ақида маъмул ва мақбули умум маҳсуб ёфта наметавонад, бо вуҷуди ин кашфи қадимтарин ёдгориҳои ҳаёти одамиро дар ин сарзамин набояд берун аз имкон донист.
Соли 1953 А. П. Окладников дар рӯди Унарчаи наздики дарёи Норини Қирғизистон аз девораи регии суфаи қадимаи плейстотсени миёна қайроқи калони дасти инсон расидаро, ки як тарафи он ба теғи дарози барҷастаи камонӣ монанд аст, пайдо намуд. Чунин олат дар илми бостоншиносӣ бо номи чоппер – олати қайроқсанг машҳур аст. Пас аз чанд соли бозёфти ин олати қадима дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Миёна боз даҳ макони он кашф гардид. Ин гуна олат дар бисёр ноҳияҳои Олами Куҳан ба хубӣ маълум буда, қадимтарин маданияти инсонӣ – маданияти қайроқсангро тавсиф менамояд.
Таҳлили типологӣ нишон медиҳад, ки олати қайроқсанги Осиёи Миёна бо маданияти ба истилоҳ суонии давраи палеолити Ҳиндустон хеле шабоҳат дорад. Аз ин чунин бармеояд, ки ин ду кишвар дар давраи палеолити пойин як роҳи умумии таърихиро тай кардааст. Чунон ки аз мадракҳои геологӣ маълум мешавад, аҳли маданияти қайроқсанг дар давраи пиряхҳои нахуст ва яхбандии рис, яъне дар давраи плейстотсени миёна, беш аз 200 ҳазор сол қабл аз ин зиндагӣ ба сар бурдаанд. Он вақтҳо чунин ҳайвонот, аз қабили ҷинсҳои қадимаи фил, асп, мамонт ва бизонҳои шохдароз, намудҳои гуногуни каркадан вуҷуд доштаанд. Аз рӯйи баъзе далелҳо, одам дар он замон хеле кам будааст.
Олати навъи дигар дастколаҳои сангӣ, ки барои палеолити пойини Европа бисёр характернок аст, фақат дар қисмати ғарби мамлакат – дар Туркманистон пайдо гардид.
Баъзе олимон изҳори шубҳа мекарданд, ки Осиёи Миёна ин қадар барвақт маскани одам шуда будааст, зеро нишонаҳои зиндагии инсон дар ин маҳал аввало, ки хеле кам, дар баъзе ҷойҳо, алоҳида-алоҳида ёфт мешуданд ва сонӣ, аслан дар қабатҳои аз ҳама болоии заминҳои соҳили дарёҳо ба назар мерасиданд. Вале инак соли 1973 дар мағзи зардхоки Қаротоғи Ёвон ва сипас, дар ҳафт ҷойи ҷануби Тоҷикистон дар мағзи хокҳое, ки дар чуқурии 50–65 метр воқеъ мебошанд, олоти сангӣ ба даст омад. Ҳафриёти ду бошишгоҳ – бошишгоҳи Қаротоғи 1 ва Лоҳутӣ-1 нишон дод, ки дар ин ҷо нишонаҳои бошишгоҳи нав, осори маданияти то ба ҳол номаълуме ҳастанд, ки он «маданияти Қаротоғ» ном гирифт. Таърихи ин қабати археологӣ 200–150 ҳазор сол аст, ки инро бо мадракоти геологӣ муайян карда, баъд бо усули термолюминистсенсия аниқ намуданд. Маданияти Қаротоғ аз ҷиҳати тавсифоти худ ба маданияти қайроқсанг мансуб аст ва аз маданияти суонии нимҷазираи Ҳиндустон, ки дар боло номбар шуда буд, ягон фарқи казоӣ надорад. Баъди ин кашфиёт ҷойи шубҳа нест, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна сараввал тоифаҳое маскун шуданд, ки ба давраҳои маданияти қайроқсанг тааллуқ доштанд.

Осори палеолити миёна

Дар Осиёи Миёна аз марҳилаи баъди ҳаёти башари аввалия – палеолити миёна ёдгориҳои фаровон боқӣ мондааст. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавҷудияти неандерталҳо буд, ки дар ҳудуди палеолити миёна ва боло аз онҳо инсони навъи имрӯза ташаккул ёфтааст.
Дар ин давр қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият нисбат ба давраи палеолити пойин тезтар ба дигаргунӣ рӯ ниҳоданд: техникаи тайёр кардани олот зудтар такмил ёфт, шакли олатҳо нав ва вазифаи онҳо гуногун гардид. Одамон натанҳо нигоҳ доштани оташ, балки гирондани онро ёд гирифтанд. Навтарин усулҳои статистикӣ имкон медиҳад, ки дар ноҳияҳои мухталиф, аз ҷумла дар Осиёи Миёна чанд маҳалли маскуни асрисангии миёна, ки мумкин аст мавҷудияти ягон иттиҳодияи калони ҷамоатиро инъикос гардонанд, ошкор карда шавад.
Масканҳои саркушода ва ғори мустйе дар бисёр ҷойҳои Осиёи Миёна, чи дар қисмҳои кӯҳсор ва чи дар дашту воҳаҳо ёфт шуданд. Чунончи, ин қабил иқоматгоҳҳо дар Туркманистон – дар нимҷазираи Красноводск ва Кӯпетдоғи Марказӣ, ғорҳои қадима дар Ӯзбекистон – дар наздикии Тошканд ва Самарқанд, масканҳои саркушодаи зиёд дар Тоҷикистон – дар Фарғонаи ғарбӣ, ноҳияи Ӯротеппа, водиҳои Ҳисор ва Вахш, ноҳияи Данғара ва ниҳоят, дар солҳои охир осори маданияти мустйе дар Қирғизистони шимолӣ низ кашф гардиданд.
Мағоки Тешиктош дар Иттифоқи Советӣ ва хориҷа шӯҳрати зиёд пайдо намуд. Вай дар наздикии шаҳри Тирмиз, дар воҳаи Тургондарё, дар кӯҳсори Бойсун воқеъ гардидааст. Дар ин мағок панҷ табақаи маскун, ки неандерталҳои чандин бор ба манзили кӯҳнаи худ бозгашт намуда боқӣ гузоштаанд, мушоҳида шудааст. Аз ин ҷо қариб 3 ҳазор маснуоти сангӣ пайдо гардид, ки 339-тои он олоти комия мебошад. Дар байни онҳо ду навъи олоти хеле маъмул – корд ва белчаи сангӣ мавҷуд аст. Корд ҳамчун олоти бурранда ва силоҳи шикорӣ хизмат мекард. Белчаро барои сохту пардохти дарахт, пӯст истифода менамуданд. Олатҳои дигар хеле каманд. Сайди асосии шикорчиёни тешиктошӣ бузи кӯҳии сибирӣ буд, ки дар кӯҳистони Осиёи Миёна бисёр дучор меомад. Ғайр аз ин гавазн, хирс, паланг ва дигар ҳайвонҳои хурдтарро низ шикор мекарданд.
Тасодуфан пайдо шудани ҷасади одами аҳди мустйе – писарбачаи 8–9-сола воқеаи дорои аҳамияти ҷаҳонӣ гардид. Аз вақти ин бозёфт наздик чил сол гузашта бошад ҳам, бостоншиносон ба ёфтани дигар косаи сари одами неандертал муваффақ нашудаанд, ҳарчанд ки ҳоло дар мамлакати мо даҳҳо макони мустеӣ маълум аст. Дар гирди ҷасад (косаи сар ва баъзе устухонҳои скелети писарбача) шохҳои бузи кӯҳӣ ба шакли ҳалқа гузошта шудаанд, ки аз ин метавон бо нияти муайян ба хок супурда шудани онро тахмин кард.
Коллексияи олоти сангии Тешиктош бо осори дигар мағораҳо пурратар гардид. Аз байни онҳо мағоки ба қарибӣ ёфташудаи Обираҳматро, ки дар масофаи 100 км дуртар аз Тошканд воқеъ аст, ном бурдан мумкин аст. Материалҳои ҳафриёти ин ёдгории хеле ҷолиб ҳанӯз муфассалан интишор наёфтааст. Аз ин мағок бештар аз 30 ҳазор маснуоти давраи мустйе пайдо шуд.
Дар водии Сирдарё, дар байни Ленинобод ва Навкати Қайроққум бисёр материалҳои муҳим ба даст расид. Олоти ду марҳилаи давраи мустйе дар ин ноҳия бо бақияи суфаҳои қадимаи Сирдарё алоқаманд аст. Ин олатҳо дар регҳои обшустаи суфаҳо ҷамъ шудаанд. Дар ин ҷо ҳам ба мисли Тешиктош аксари олотро белча ва кордҳои сангӣ ташкил мекунанд, фақат фарқ дар ин аст, ки онҳо на аз оҳаксанги чахмоқии зудшикан, балки аз санги сахти сумоқ (порфирит) сохта шудаанд.
Ҳамаи ин ёдгориҳо мутааллиқи маданияти ба «истилоҳ леваллуаю мустйе» буда, бо ёдгориҳои давраи мустйеи шарқи Наздик шабоҳат доранд .
Вале дар ҷануби Тоҷикистон якчанд ёдгориҳои давраи мустйе пайдо шуданд, ки тамоман хусусияти дигар дошта, бо тамаддуни Ҳиндустон ва соири кишварҳои дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъгардида наздиканд. Калонтарин маҳалли ин навъи осори қадима Қаробӯра, воқеъ дар водии Вахш (наздики Ҷилликӯл) аз ҷониби В.А. Ранов тадқиқ шудааст. Вай аз силсилаи дунгиҳои на он қадар баланди регӣ иборат аст, ки рӯйи онҳоро ба ғафсии ду метр сангрезаҳо пӯшидаанд. Маснуоти қадима маҳз аз байни ҳамин сангрезаҳо ёфт шудаанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин маҳал дар қатори олоти муқаррарии мустйе маснуоти махсуси сангӣ – олоти ҳақиқии қайроқсанг – чоппер ва чоппинг низ пайдо гардид, ки бо ҳамин қабил маснуоти давраҳои баъдинаи маданияти Суои Ҳиндустон бисёр монанд аст.
Ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзикичики райони Данғара барои тадқиқи маданияти мустйе материали фаровон дод. Аз ин ҷо даҳҳо олатҳои гуногуни сангӣ, аз ҷумла, белчаву кордҳои гуногун ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд. Инчунин бисёр устухони ҳайвон низ ёфт шуд, ки неандерталиҳо сайд карда будаанд. Дар қатори устухони ҳайвонҳои маълуме, ки то ба ҳол вуҷуд доранд, устухони карки дарозпашм ва асп барин ҳайвонҳое низ ёфт шуданд, ки то ба рӯзҳои мо омада нарасидаанд.
Қисми болоии табақаи маскуни (табақаи археологии) ин ҷо дар ҷойи дигар вонамехӯрад ва иборат аз пораҳои ба лой часпидаи резаи устухони сангпуштҳои даштиву дигар ҳайвонҳо мебошад. Аксари устухонпораҳо сӯхтагианд ва ин далолат мекунад, ки мардуми Оғзикичик дар ҳамон давраҳо асосан гӯшти сангпуштро истеъмол мекардаанд
Ба ин тариқа, аз давраи мустйе сар карда, дар маданияти асри сангии Осиёи Миёна мушобиҳати ду минтақаи бузурги палеолит – Осиёи шарқӣ ва Миёнаро метавон мушоҳида намуд. Чунин наздикии маданиятҳоро дертар, дар давраи неолит ҳам дидан мумкин аст . Мутобиқи мадракҳои навтарин, синни осори асосии давраи мустйе дар Осиёи Миёна 50–40 ҳазор сол мебошад.

Осори палеолити боло

Тахминан 40–35 ҳазор сол пеш ташаккули навъи имрӯзаи башар Homo sapiens сурат мегирад. Дар ин давра асбобу олоти сангӣ босуръат такмил меёбад. Ба ивази се-чор намуди асосии олатҳои замони мустйе асбобу абзорҳои гуногуни сангӣ ба вуҷуд меоянд. Бо такмили асбобу олот ҳаҷми онҳо хурдтар ва василаҳои шикор низ беҳтар мегардад.
Дар давраи палеолити боло ташаккули қабилаҳо шурӯъ мешавад: қавми модарӣ, ки аз гурӯҳи экзогамии одамони бо риштаҳои хешӣ ва умумияти насаби модарӣ баҳампайваста фароҳам омада буданд, дар ҳамин давра ба дараҷаи рушду такомули худ мерасад.
Палеолити болои Осиёи Миёна кам тадқиқ шудааст. Зоҳиран, баръакси давраи мустйе, шароити табиӣ на дар ҳамаи ноҳияҳои Осиёи Миёна барои зиндагонии одамони он давр мусоид буд.
Муҳимтарин ёдгории палеолити боло қароргоҳи Самарқанд мебошад, ки дар даруни худи шаҳр воқеъ гардидааст. Дар байни ҳазорон маснуоти аз се табақаи маскунӣ бадастомада абзорҳои мухталиф, аз қабили белча, корд, асбобҳои тарошанда, буранда ва ғайра мавҷуданд. Соли 1964 аз ин ҷо ҷоғи одами палеолити боло ёфт шуд. Сардори ҳафриёт Д. Н. Лев чунин тахмин дорад, ки одамони ин қароргоҳ дар манзилҳои аз гил ва қамиш сохташуда мезистаанд. Ғанимати шикори онҳо асосан асп, хар, гови ваҳшӣ, шутур, оҳуи даштӣ, гӯсфанди ваҳшӣ ва гавазн будааст .
Дигар ёдгории палеолити боло маҳаллест, ки бо номи «Хоҷағор» машҳур буда, дар водии хурди силсилакӯҳи Туркистон, дар наздикии деҳаи Чоркӯҳ воқеъ аст . Ин ёдгорӣ ба охири палеолити боло тааллуқ дорад; эҳтимол меравад, ки одамон дар ин ҷо 15–12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ зиндагонӣ кардаанд. Табақаи маскуни ин ҷо маҳфуз намондааст, олатҳои аз санги чахмоқ сохташударо сел рӯфта бурдааст . Вале ин ёдгорӣ аз ҷиҳати фаровонии анвои олоти чахмоқсанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошишгоҳи Самарқанд фарқ мекунад, ҷолиби диққат аст.
Солҳои 1969–1970 дар бошишгоҳи Шуғнов, ки дар болооби Яхсу воқеъ аст, чанд табақаи маскунӣ кашф шуд. Дар ин маҳал дар мағзи зардхоки ҷарии панҷоҳметраи соҳили дарё дар вусъати калони майдон 4 табақаи маскуни палеолити боло кофта шуд. Синни табақаи қадимтарин, мувофиқи мадракоти геологию археологӣ 35–30 ҳазор сол ва синни табақаи навтарин, мувофиқи усули радиокарбонии муайян кардани сана, 1050 сол мебошад. Аз ду табақаи аз ҳама боло бештар аз ҳама олоти меҳнат ёфта шуд. Табақаҳои маскуни бошишгоҳи Шуғнов чунон ҷойгир шудаанд, ки ҷиҳати стратиграфии онҳо возеҳ ба назар мерасад ва ин ба археологҳо имкон медиҳад, ки инкишофи тадриҷии маданияти палеолити болои Тоҷикистонро равшан тасаввур намоянд.
Ба мадракҳои дигар низ истинод намуда, мумкин аст гуфт, ки дар Осиёи Миёнаи аҳди палеолити боло ду анъанаи техникӣ мавҷудияти худро давом медод, ки яке бо палеолити Осиёи шарқӣ ва Сибир (қароргоҳи Самарқанд) ва дигаре бо палеолити Осиёи Пеш (Хоҷағор) алоқаманд буд.

Тавсифи ҷамъияти палеолит

Мо дар асоси материалҳои археологӣ инкишофи тадриҷии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъияти давраи палеолити Осиёи Миёнаро мавриди тадқиқ қарор додем. Аммо масъалаи такомули тадриҷии иҷтимоии ин ҷамъият ниҳоятдараҷа мураккаб аст. Ҳатто қонуниятҳои асосии тараққиёти он дар асарҳои мутахассисони сотсиология низ ба таври мукаммал омӯхта нашудааст, мулоҳиза ва хулосаҳои пешниҳодшуда мавзӯи баҳсу мунозираҳои тундутез гардидаанд . Масъалаи оид ба хусусиятҳои инкишофи ҷамъияти аҳди палеолити Осиёи Миёна умуман ба миён гузошта нашудааст.
Агар гӯем, ки ҷамъияти инсонӣ бисёртарин қисмати вақти худро дар марҳилаи асри санг гузаронидааст – ин сухани умумӣ хоҳад шуд. Дар ин маврид ҷоиз аст, ки барои возеҳтар ифода ёфтани матлаб қиёси борҳо истифодашударо биёварем. Инак, шартан фарз кунем, ки тамоми ҳаёти ҷамъияти инсонӣ то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ҳамагӣ як сол давом кардааст. Дар он сурат ба одам табдил шудани маймун дар аввали моҳи январ ба вуқӯъ пайваста, давраи ҳукмронии палеолит қариб тамоми солро то 25-уми моҳи декабр фаро мегирад ва тамоми таърихи ҷамъияти синфии Осиёи Миёна баҳузур дар ним соати охири пеш аз соли нав «ғунҷоиш» меёбад!
Ташкилоти иҷтимоӣ дар палеолити пойин хеле сода ва ибтидоӣ буд. Коллективҳои аз ҳама қадим ва нав ташаккулёфтаи одамонро Ф. Энгелс «гала» номидааст. В.И. Ленин паи ҳам «галаи ибтидоӣ» ва «коммунаи ибтидоӣ»-ро номбар мекунад.
Давраи галаи ибтидоӣ давраест, ки ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфта, асоси асосҳои он фароҳам меояд. Дар охири палеолити миёна ва боло ташкилоти қабилавии ҷамъият – коммунаҳои ибтидоӣ бо тартиби қавмию насабӣ пайдо мешавад. Ин сохти қавмии модарӣ буд, ки зан дар он мавқеи хеле баландро ишғол мекард . Муносибати оилавӣ дар доираи никоҳи гурӯҳӣ сурат мегирифт.
Истеҳсолот коллективӣ бошад ҳам, вале дараҷаи қувваҳои истеҳсолкунанда ниҳоят паст буд. «Ин навъи ибтидоии истеҳсолоти кооперативӣ ё коллективӣ, албатта, на оқибати умумӣ кардани воситаҳои истеҳсолот, балки натиҷаи заифии шахсияти ҷудогона буд». Қувваҳои истеҳсолкунанда дар як ҷо намонда, ба оҳистагӣ такмил меёфт. Тараққиёти беш аз пеши қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташкилоти ҷамъиятӣ боиси мураккабшавии шаклҳои маданияти инсонӣ мегардид. Бояд гуфт, ки ёд гирифтани тариқи ҳосил кардани оташ, сохтани манзилҳои оддӣ, ривоҷи шикори ҳайвоноти калон ва ба ин васила гузаштан ба зиндагонии муқимӣ – ҳамаи ин қадамҳои муҳими тараққиёти прогрессивии ҷамъияти инсониро нишон медиҳад. Чунон ки аз мадфани писарбачаи тешиктошӣ аён мегардад, дар ҳамон вақтҳо аввалин аломатҳои русуми дафн, нахустин падидаҳои дин ба зуҳур омада будаанд.

2. Мезолит ва неолит

Осори мезолит

Осори неолит

Қадимтарин тасвирҳои рӯйи санг

3. Асри биринҷӣ

Қувваҳои истеҳсолкунанда

Вилоятҳои таърихию мадании Осиёи Миёна

Сохти ҷамъиятӣ

4. Таркиби нажодии аҳолии Осиёи Миёна дар аҳди биринҷӣ. Масъалаи ориёӣ

Роҳҳои кӯчиши тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва комплексҳои археологии Осиёи Миёна

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.