Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 2, боби 5

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

2_bobi_5

Фасли дувум
Аҷдоди тоҷикон дар давраи
тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ

Боби панҷум
Сохти иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёнаи қадим

1. Историографияи
масъалаҳои форматсияи иҷтимоию иқтисодии
ғуломдории Осиёи Миёнаи қадим

Нотавонии илми буржуазӣ, алалхусус ҳангоми чун як чизи том омӯхтани таърихи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна ва Шарқ маълум шуд. Муаррихони буржуазӣ барои шарҳу тафсири ин масъалаҳо усулеро пеш гирифтаанд, ки ба методологияи ғайриилмӣ асос ёфтааст ва манзараи ҳақиқии таърихиро таҳриф менамояд. Бар хилофи муаррихони буржуазӣ муаррихони советӣ аллакай аз солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юм сар карда, дар ягона мавқеи дурусту ҳақиқатан илмӣ – дар мавқеи марксизм-ленинизм истода, ба тавзеҳи конкретии форматсияҳои иҷтимоию иқтисодии шарқ шурӯъ намуданд.
Ин тадқиқотро новобаста ба дигар масъалаҳо, ҷудо аз он муборизаи шадиди идеологӣ, ки илми мо зидди идеологҳои империалистии Европаи ғарбӣ ва Америка бурда истодааст, тасаввур кардан мумкин не. Ин идеологҳо (рӯйрост ё худ пардапӯшкунон) исбот карданӣ мешаванд, ки халқҳои Шарқ аз азал қафомонда мебошанд ва дар Шарқ тараққиёти ҷамъиятӣ гуфтанӣ чизе набуд. Иддаои «карахтии» тараққиёти ҷамъиятӣ дар Шарқ бо чунин як даъво «тақвият» дода мешуд, ки аз давраҳои таъсиси аввалин давлатҳои Миср ва Байнаннаҳрайн то рӯзҳои мо дар Шарқ муносибатҳои феодалӣ вуҷуд доштанд.
Асари доҳиёнаи В. И. Ленин «Дар бораи давлат», ки соли 1929 нашр шуд, дар кори аз нуқтаи назари марксистӣ муайян кардани таърихи иҷтимоию иқтисодӣ роли калон бозид. Дар ин асар навишта шудааст: «Тараққии тамоми ҷамъиятҳои инсонӣ дар давоми ҳазорҳо сол беистисно дар ҳамаи мамлакатҳо ба мо қонунияти умумӣ, дурустӣ, мунтазамии ин тараққиётро ба ин тариқа нишон медиҳад, ки дар аввал мо ҷамъияти бесинф — ҷамъияти аввалини патриархалӣ, ҷамъияти ибтидоиро мебинем, ки дар он ҷамъият аристократҳо набуданд, баъд ҷамъияти ба ғуломӣ асосёфта, ҷамъияти ғуломдориро мебинем. Ин роҳро тамоми Европаи мадании замони ҳозира тай кардааст – ғуломдорӣ 2 ҳазор сол пеш аз ин комилан ҳукмрон буд. Ин роҳро аксарияти бузурги халқҳои қитъаҳои дигари олам ҳам тай кардааст».
Тадқиқи марксистии масъалаи форматсияҳои иҷтимоию иқтисодии Шарқ дар солҳои 20-30-юм акнун оғоз меёфт. Яке аз мушкилиҳои он солҳо ҳамин буд, ки аксарияти насли калонсоли шарқшиносон, ки соҳиби дониши фактҳои конкрет буданд, дар соҳаи идеологияи марксистӣ ҳанӯз тайёрии казоӣ надоштанд. Дар ин бобат нутқи яке аз барҷастатарин намояндагони «насли калонсол» академик С. Ф. Олденбург, ки дар маҷлиси фавқулоддаи АФ СССР июни соли 1931 эрод карда буд, ниҳоят ба мавриду муносиб шуд. О. Ф. Олденбург гуфта буд: «Мо халқҳо ва мамлакатҳоро ба халқу мамлакатҳои Шарқу Ғарб, халқу мамлакатҳои ба ҳамдигар муқобил ва ҳар якеро ба тарзи худ омӯхташаванда ҷудо намекунем, зеро Шарқ бо ҳуқуқи баробар бо Ғарб ба Иттифоқи мо дохил шуд ва мо Ғарбро бо кадом методологияи марксистӣ меомӯхта бошем, Шарқро ҳам бо ҳамон методология тадқиқ мекунем. Чи тавре дар Ғарб муборизаи синфӣ равад, дар Шарқ ҳам чунин мубориза давом дорад. Дар Шарқ ҳам худи ҳамон форматсияҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар таърихи ғарб ҳастанд. Ин нуктаҳои асосии шарқшиносии мо мебошад». Ана ҳамин тавр шоҳроҳи инкишофи шарқшиносии советӣ, ки ба таҳкурсии мазбути марксизм — ленинизм асос дорад, муқаррар карда шуд. Хуллас, диди марксистӣ ба таърихи халқҳои Шарқ тамоман хилофи он ҷараёни реаксионии илми буржуазӣ мебошад, ки мабдаву сиришти он чунин суханони маддоҳи империализми Британия Киплинг аст: «Бидонед, ки Шарқ Шарқ асту Ғарб Ғарб ва то рӯзи арасот онҳо бо ҳам як нахоҳанд шуд!»
В. В. Струве маъхазҳои таърихи Миср ва Байнаннаҳрайни Қадимро марксистона тавзеҳ дода ва онҳоро бо диққати тамом тадқиқ намуда, дар ибтидои солҳои 30-юм ба чунин хулосае омад, ки давлатҳои Шарқи қадим ҷамъиятҳои навъи ниҳоят соддатарини ғуломдорӣ буданд. Соли 1933 вай дар маърӯзаи махсуси худ, ки барои Академияи давлатии таърихи маданияти моддӣ тайёр карда буд, ин ақидаи худро изҳор намуд ва он дере нагузашта аз чоп ҳам баромад. Ғояти ҷасорат будани гуфтаҳои вай роҷеъ ба мавҷуд будани форматсияи иҷтимоию иқтисодии ғуломдории Шарқ, ба ин дараҷа конкрет ва навоварона масъала гузоштани вай ва дар айни ҳол баъзе камбудиҳои ақидаҳои вай, яъне аз ҳад зиёд баланд бардоштани роли ғуломон ва баҳои лозима надодан ба аҳли ҷамоат боиси он гардид, ки баъзе олимони машҳур ба тавзеҳоти В. В. Струве зид баромаданд. Дигар олимон нуктаи дар Шарқ вуҷуд доштани форматсияи ғуломдориро қабул карда, онро инкишоф доданд.
Дар худи ҳамон соли 1933 С. П. Толстов дар пленуми Академияи маданияти моддӣ, ки ба масъалаҳои пайдоиш ва тараққии феодализм бахшида шуда буд, дар мавзӯи «Генезиси феодализм дар ҷамъиятҳои кӯчманчии чорводор» маърӯза кард. Вай бисёр нуктаҳоеро асоснок намуд, ки баъдтар ба дурдонаҳои ганҷинаи илми таърихшиносии советӣ мубаддал гардиданд, масалан, яке аз онҳо нуктаи робитаи зич доштани кӯчманчиён ва зироаткорони муқимӣ мебошад ва ғ.
Дар айни ҳол, вай фарзияе пеш ниҳод, ки кӯчманчиёни Осиёи Миёна (аз хуннҳо сар карда) аз асри II пеш аз милод то худи асрҳои VIII–IХ давраи инкишофи ғуломдориро аз сар гузаронданд ва зимнан «дар инкишофи ҷамъиятҳое, ки дар онҳо чорводории кӯчӣ афзалият дошт, давраи ғуломдорие, ки ба форматсияҳои антиқии баҳри Миёназамин ҳамгун буд, дар як шакли ба худ хос демократияи ҳарбии ғуломдорӣ вусъат меёфт». Ин фарзияи вай ба тафсил асоснок ва конкрет таҳлил нашуда буд ва иддаои С. П. Толстов аз он сабаб ҳам рахнапазир ҳисоб мешуд, ки баъзе нуктаҳои он ғалат буд (масалан, чунин иддао, ки дар байни туркманҳо дар асри ХIХ сохти ғуломдорӣ вуҷуд дошт ва ғ.). Вале умуман ақидаи С. П. Толстов, ки нисбат ба Шарқ таълимоти марксистии форматсияҳои иҷтимоию иқтисодиро конкрет татбиқ менамуд, хеле судбахш баромад. Аз ин ақида мантиқан бармеомад, ки нафақат халқҳои кӯчманчии Осиёи Миёна, балки халқҳои муқимии ба онҳо зич робита дошта ҳам марҳалаи тараққиёти ғуломдориро аз сар гузарондаанд.
Гузориши нави масъала боиси эътирози сахти як қатор олимон гардид. Масалан, А. Н. Бернштам дар пленуми соли 1933 тарафдори чунин ақида шуд, ки «қисми зиёди Осиё (Осиёи Миёнаро ҳам вай ба ин ҷо ҳамроҳ мекард.– Б. Ғ.) форматсияи ғуломдориро аз сар нагузаронда аз коммунизми ибтидоӣ ба ҷамъияти феодалӣ гузаштааст». Ду сол сонитар, соли 1935 М. Е. Массон даъво кард, ки дар давраи баъди асри VIII милодӣ дар Осиёи Миёна аллакай «заволи муносибатҳои кӯҳнаи феодалӣ» сар шуда буд.
Вале чунин нукта, ки халқҳои Осиёи Миёна давраи ғуломдориро аз сар гузарондаанд, тадриҷан ба саҳифаҳои нашрияҳои илмии оммавӣ ва махсус роҳ меёбад.
Соли 1938 С. Толстов бори нахуст сохти ғуломдории Осиёи Миёнаи қадимро муфассал тафсир дод. Нуктаҳои асосии он тафсир инҳоанд:
Аъёну ашрофи суғдиён дар арафаи истилои арабҳо хосияти «ғуломдорӣ ва сардорони қабилаву авлод»-ро мепазируфтанд. ҳокимияти он ба «дастаҳои мусаллаҳи ғуломони чақир… ва ба лашкари боимтиёзи савораи ҷавонони ашрофзода», ки маъхазҳои арабию форсӣ ва хитоӣ аз онҳо ривоят менамоянд, такя мекард. Ин намуди ташкили дастаҳои ҳарбӣ дар давраи портҳо ҳам расм буд.
Тамаддуни қадими воҳаҳои Осиёи Миёна симои хоси «шаҳрӣ» дошт.
Кӯчманчиён ва зироаткорон бо ҳамдигар робитаи зич доштанд. Ғуломдорӣ дар байни аҳолии муқимӣ ва кӯчманчӣ маъмул буд. Ба ин мадраки маъхазҳои хитоӣ ва «мактубҳои қадимии суғдӣ» бевосита далолат мекунанд. Ба ин худи дар ҳайъати давлати ҳахоманишиҳо будани Осиёи Миёна ва бевосита моддаи оид ба ғуломдории айбномаи Сосониён шоҳид аст. Гӯрҳои оддии давраи усуниҳо, ки ба тартиби муқаррарӣ қатор-қатор нестанд, аз афти кор, гӯрҳои ғуломоне мебошанд, ки ба усуниҳо тааллуқ доштанд (ақидаи дигар – «ғуломони дар манзиле сокиншуда ва аъёну ашрофи усуниҳо»). «Мадракоти археологӣ далолат мекунанд, ки дар сохтмони шабакаи обёрии Осиёи Миёна меҳнати ғуломон васеъ истифода бурда мешуд… Анҷом додани ин гуна сохтмон бо қувваи деҳқонон ва бо воситаҳои техникӣ, ки дар ихтиёри суғду хоразмиёни қадим буд, он қадар қувваи кориро аз хоҷагии қишлоқ кашида мегирифт, ки ин соҳаи хоҷагӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мӯътадил кор карда наметавонист. Суханони машҳури Ф. Энгелсро андак дигар хел таъбир дода гуфтан мумкин, ки агар ғуломдорӣ намебуд, маданияти баланди обёрии Шарқ ба вуҷуд намеомад». «Пас аз он ки Осиёи Миёна ба доираи назари осори хаттӣ афтод, боз дар муддати чандин асрҳо боқимондаҳои сохти ибтидоии ҷамъиятӣ пойдор монданд ва фақат аз асрҳои якуми ҳазораи якум сар карда, аввалин дигаргуниҳои калони сохти ҷамъиятии халқҳои Осиёи Миёна ба назар мерасанд, ки онҳо Осиёи Миёнаро тадриҷан ба доираи системаи ғуломдории Шарқ мекашиданд». «Бӯҳрони умумии олами ғуломдорӣ, ки империяи Римро вожгун сохта, давлати Хитойи қадимро ба завол расонд, ба сари Осиёи Миёна ҳам омадааст. Давлати Кушон дар асри V дар зери зарбаи қабилаҳои барбарӣ, ки дар асри IV дар Хитой ва дар асрҳои IV-V дар Европа бо номи гуннҳо маълум буданд, ба хок яксон гашт».
Ин нуктаҳои С. П. Толстов, ба ғайр аз ду нуктаи аввал, асосан аз тарафи аксари олимони советӣ маъқул дониста шуд ва дар таълифи марксистии таърихи қадими Осиёи Миёна роли муҳим бозид (ду нуктаи аввал барои ҳамин қабул нашуд, ки иддао дошт, гӯё дар Осиёи Миёна давраи ғуломдорӣ то худи асрҳои VII-VIII давом карда бошад. ҳол он ки ин фикр ғалат аст).
Баъдҳо С. П. Толстов борҳо ба сари масъалаи сохти иҷтимоии иқтисодии Осиёи Миёнаи Қадим баргашта, ҳаракат кард, ки асосан бо мадади мадраки таърихи шабакаи обёрии Хоразм нуктаи дар ин ноҳия вуҷуд доштани сохти ғуломдориро исбот кунад. Дар хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла дар обёрӣ истифода шудани меҳнати ғуломон аз эҳтимол дур нест. Вале чунин иддаои С. П. Толстов, ки аҳолии озод дар сохтмони шабакаи обёрӣ ширкат надошт ва каналҳои қадима «бо қувваи ғуломони сершумори дар дигар намудҳои зироаткорӣ машғул набуда сохта шудаанд», ба назари мо он қадар баҳснопазир нест. Аз рӯи ҳисобу китоби С. П. Толстов фақат дар сохтмони канали биступанҷкилометраи Ҷонбосқалъа мардони ноҳияи атрофи канал, агар соле 20 рӯзӣ кор мекарданд, 15 – 25 соли онҳо сарф мешуд. Ба фикри С. П. Толстов, ин кор ҳеҷ мумкин не, аз ин рӯ, ин каналҳоро шумораи зиёди ғуломон сохтаанд. Ин мулоҳизаҳо ба ду гумон асос ёфтаанд: каналҳои калон ниҳоят тез сохта мешуданд; аҳолии зироаткори воҳа метавонист дар сохтмони канал соле ҳамагӣ 20 рӯз кор кунад.
Вале каналҳои калон, эҳтимол, дар зарфи чандин солҳо (дар баъзе мавридҳо дар зарфи даҳҳо солҳо), умуман шабакаи обёрӣ дар зарфи садҳо сол сохта мешуданд. Аз дигар тараф, хусусияти хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна (аз ҷумла, Хоразм) имкон медод, ки аҳолии зироаткор дар сохтмон ва тоза кардани ҷӯю анҳор соле ду ва ҳатто се моҳ машғул шавад. Пас, худи ҳамон канали Ҷонбосқалъа (агар чунин маълумоти С. П. Толстов ва Б. В. Андриановро ба назар гирем, ки шумораи мардони қобили кор тақрибан 1000 кас мебошад) мумкин буд бо қувваи аҳолии ноҳияи канал дар зарфи чор ё панҷ сол сохта шавад . Ниҳоят, беандоза соддаву камсамар будани техникаи хоҷагии қишлоқ аз киштукор кашида гирифтани «шумораи зиёди» коркунон ва фақат дар каналканӣ истифода бурдани онҳоро ба як кори бефоида ва ҳатто зарарнок табдил медод. Онҳоро бо воситаи зиндагӣ таъмин кардан бар дӯши аҳолии зироаткор бори гароне мешуд. Дар ҳамон дараҷаи техникаи хоҷагии қишлоқ, ки дар Хоразми охири асри ХIХ вуҷуд дошт, як коркун метавонист (агар чорвои корӣ дошта бошад) дар як сол дар андак майдон киштукор кунад. Дар давраҳои қадим бошад, сифати техникаи хоҷагии қишлоқ боз ҳам пасттар буд. Пас, имкон ва зарурати васеъ намудани майдони кишт ба шумораи коркуноне, ки бевосита дар киштукор шуғл доштанд, сахт вобаста буд.
Маълум, ки дар асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ миқдори ҳосили гандум аз ҳар як гектари замини обӣ 15-20 сентнер буд. Аз ин миқдор 1,5–2 сентнерашро барои тухмӣ мегирифтанд. Як қисми ҳосилро (ба ҳар ҳол, камаш 1/3 қисми онро, ки ин қоида дар асрҳои миёна маъмул буд) деҳқон хироҷ ё андоз медод. Дар дасти деҳқон ҳамагӣ 8–11с ғалла мемонд. Дар давраи қадим бошад, ин рақамҳо аз ин хеле камтар буданд. Агар ин рақамҳоро 50 фоиз кам карда, онро дуруст ҳисоб кунем (албатта, фақат фикран) дар дасти деҳқон ҳамагӣ 4–5,5с ғалла мемонд: ин миқдор ғалла соле ба ду ва агар бисёр гирем, ба се кас базӯр мерасад. Агар ба назар гирем, ки дар киштукор ба коркуни асосӣ аҳли хонаи вай ҳам кӯмак мекарданд, пас оилаи деққони Хоразми Қадим шиками худро бо азоб сер мекарду маҷбурӣ андоз медод.
Дар асоси мулоҳизаҳои болоӣ чунин тахмин ҷоиз аст, ки дар сохтмони ирригатсионӣ ва дар мавсимҳои лозима тоза кардани ҷӯю анҳор одатан (гарчанде баъзе истисноҳо ҳам маълуманд) тамоми коркунони хоҷагии қишлоқ ва аз ҷумла, ғуломон низ иштирок мекарданд. Б. А. Литвинский хеле дуруст навиштааст, ки: «Ба сохтмони каналҳои нав худи давлат манфиатдор буд, зеро барои истифода аз об ва заминҳои обӣ андоз мегирифт. Бинобар ҳамин аҳли деҳот, аз афти кор, маҷбуран ба каналковӣ сафарбар мешуданд. Ин кор, эҳтимол, зери роҳбарӣ ва назорати намояндагони ҳукумат иҷро мешуд». Худи ҳамин муҳаққиқ чун шабеҳ ба Ошур ишорат мекунад, ки дар он ҷо бинокорӣ чун амри умум маъмул буд ва дар он худи подшоҳ ҳам, ҳамчун намояндаи ҷамоат (албатта, фақат ба тарзи рамзӣ) иштирок мекунад. Боқимондаҳои ин расму таомули қадим дар Хева то асри ХIХ пойдор буд. ҳар сол дар вақти тоза кардани ҷӯйбор, баъди маросими пурдабдаба, худи хон ба ҷӯй медаромаду ба даст каланд гирифта, онро гӯё тоза карданӣ мешуд. Аҳамияти иҷтимоӣ ва агар ин таъбир ҷоиз бошад – «мартабаи» каналковон дар Шарқи қадим чунон баланд буд, ки масалан, дар асотири шумерӣ худи худоён ҷӯй мекобанд, каланд мезананд ва хокро ба сабад андохта, пушторакунон берун мебароранд. Дар Мисри Птолемей каналковию дарғотсозӣ бо мадади аҳолии маҳаллии мутеъ анҷом дода шуда, давлат онҳоро ба ин кор иҷборӣ сафарбар менамуд. Умуман таомул ҳамин буд, ки дар ин кор бояд ҳама иштирок кунанд, вале намояндагони табақаҳои болоии ҷамъият андози муайяне медоданду ба кор намебаромаданд. Касони ба каналковӣ сафарбаршударо давлат бо каланду сабади хоккашонӣ таъмин мекард ва онҳо баъди анҷоми кор бояд каланду сабадро гашта медоданд. Дар Шарқ манфиати оддии иқтисодӣ тақозо мекард, ки тамоми аҳли деҳот дар каналковӣ иштирок кунанд. Ин гуна корҳои мураккаб бе идораву танзими давлат анҷом ёфта наметавонист ва чи тавре К. Маркс дар асари худ «ҳукмронии Британия дар ҳиндустон» навиштааст: «Шароити обу ҳаво ва хусусияти хок… системаи обёрии сунъиро, ки бо ёрии каналҳо ва иншооти ирригатсионӣ ба амал бароварда мешавад, асоси зироаткории шарқ гардонидаанд… Он функсияи иқтисодӣ, ки ҳамаи ҳукуматҳои Осиё маҷбуран ба ҷо меоварданд, яъне функсияи ташкили корҳои ҷамъиятӣ аз ҳамин система ба миён меомад. Чунин системаи ба таври сунъӣ баланд бардоштани ҳосилхезии замин, системае, ки ба ҳукумати марказӣ вобаста буда, дар сурати бо корҳои ирригатсионӣ ва хушккунии заминҳо бепарвоӣ кардани ин ҳукумат фавран ба таназзул меафтод, сабаби чунин факте мебошад, ки территорияҳои бисёр калоне, ки як замонҳо хеле обод буданд… ҳоло ба биёбони беҳосилу беодам мубаддал шудаанд…» Муаррихони советӣ дар солҳои 40 – 60-ум нуктаи дар таърихи Осиёи Миёна инкишоф ёфтани сохти ғуломдориро аниқ ва амиқ намуда, масъалаҳои таърихи сиёсӣ, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, муомилоти пулӣ, маданият ва дигар ҷиҳатҳои ин сохтро муфассал тадқиқ намуданд. Ғайр аз ин кӯшиш карданд, ки хусусияти сохти ғуломдории Осиёи Миёнаро муайян намоянд ва марҳалаҳои тараққиёти онро муқаррар кунанд. Хуллас, дар илми советӣ чунин ақида пойдор шуд, ки дар Осиёи Миёнаи қадим сохти ғуломдорӣ ҳукмрон буд.
Тадқиқи маҷмӯи материалҳои таърихӣ касро ба чунин ақида водор мекунад, ки сохти ғуломдории Осиёи Миёна баъзе хусусиятҳои муҳим дошт. ҳанӯз дар нашри якуми «Таърихи халқи тоҷик» (М., 1949) баъзе хусусиятҳои принсипиалии сохти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи қадим таъкидан баён шуда буд. Ин ақида дар нашрҳои минбаъдаи ин асар инкишоф дода шуд ва хеле аниқтар гардид.
Дар ҷилди I асари коллективонаи «Таърихи халқи тоҷик» (М., 1963) ҳамон материалҳое, ки дар солҳои 60-ум оид ба Осиёи Миёнаи қадим дар ихтиёри илм буд, таҳлил карда шуда, бо мадраки таърихии иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои ҳамҷавори Шарқ муқоиса карда шуданд. Ин тадқиқоти аз ҳама пурратару ботартибтар дар ҳалли ин масъала, инчунин қадаме ба пеш буд.
Дар болои мубоҳиса оид ба «тарзи осиёии истеҳсолот» махсус таваққуф кардан даркор.
Дар охирҳои солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юм дар илми советии таърих оид ба «тарзи осиёии истеҳсолот» мубоҳисаи калон ба вуқӯъ омад. Ин мубоҳиса дар миёнаҳои солҳои 60-ум боз авҷ гирифт ва зимнан ба мубоҳисаи дувум баромади олимони марксисти хориҷа ибтидо гузошт. Дар ин мавзӯъ дар журналҳои илмӣ бисёр мақолаҳо чоп шуданд, маҷмӯаҳо ва асарҳои алоҳида интишор гардиданд. Истилоҳи «тарзи осиёии истеҳсолот» дар асарҳои асосгузорони марксизм дучор меояд. Вале дар ибтидои солҳои 80-уми асри Х1Х вақте К. Маркс ва Ф. Энгелс бевосита ба масъалаҳои таърихи қадим машғул шуданд, диди онҳо ба ин масъала тағйир ёфт. Дар асари Ф. Энгелс «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» (с.1884) ба ҷои «тарзи осиёии истеҳсолот» сохти ибтидоӣ ва баъди ин сохти ғуломдорӣ омадааст. Соли 1887 Ф. Энгелс навишта буд: «Дар даврони қадими осиёӣ ва классикӣ ғуломдорӣ шакли асосии зулми синфӣ буд, яъне на он қадар замини оммаҳо мусодира карда мешуд, балки бештар шахсияти онҳо аз они худ карда мешуд… Дар асрҳои миёна аз замин озод кардани халқ не, балки, баръакс, ба замин вобаста намудани вай манбаи истисмори феодалӣ буд» .
В. И. Ленин дар асари махсуси худ «Дар бораи давлат», ки ба форматсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ бахшида шудааст, ҳар як форматсияро муфассал тавсиф дода, ба ҷойи ҳамдигар бо тартиб омадани онҳоро баён кардааст, вале В. И. Ленин истилоҳи «тарзи осиёии истеҳсолот»-ро ҳатто ном намебарад ва фақат дар матни иқтибосҳое зикр мекунад, ки аз асарҳои дахлдори К. Маркс гирифтааст. Мо ҳамфикри он олимони советӣ ҳастем, ки ба ақидаи онҳо К. Маркс ва Ф. Энгелс бо мурури вақт аз тасаввурот оид ба ким-чӣ хел «тарзи осиёии истеҳсолот» даст кашидаанд. Кӯшишҳои В. И. Ленинро ҳам тарафдори «тарзи осиёии истеҳсолот» карда нишон додан низ ҳеҷ як асос надорад.
Дар айни ҳол, дар рафти мубоҳисаи охирин маълум шуд, ки мазмуни форматсияи ғуломдориро бештар ҳартарафа ва васеътар муайян кардан зарур аст. Чунин ақида ҳаст, ки сохти ғуломдорӣ гӯё чунон ҷамъияте бошад, ки дар он аксарияти (ва ҳатто қисми асосии) истеҳсолкунандагони бевосита бояд ғуломон бошанд — ҳол он ки ин ақида мутлақо беасос ва догматикӣ аст. Воқеан таърих аз ин гуна ҷамъиятҳо хабар надорад ва ҳама вақт ғуломон қисми камтари аҳолиро ташкил медоданд. Худи авзои ғуломон ниҳоят гуногун шуданаш мумкин буд. Билохир, он ҷамъияте, ки мо ҷамъияти ғуломдорӣ меномем, аслан гуногунуклад буд.
Ҳамаи инро дар вақти дида баромадани сохти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи қадим ба назар нагирифтан мумкин нест.

2. Тасаввуроти ҳозиразамон дар бораи
сохти иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёнаи қадим

Тақсимоти иҷтимоӣ ва молумулкӣ

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.