Фасли чорум
Осиёи Миёна дар давраи тараққиёт
ва устуворшавии сохти феодалӣ
Боби якум
Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайъати Хилофати Араб
1. Аз по афтидани давлати Сосониён
Арабистон дар арафаи ислом
Дар асарҳои таърихшиносӣ аксар вақт ақибмондагии арабҳо дар арафаи пайдоиши ислом таъкид мешавад. Ин ақида яктарафа ва нодуруст аст. Соли 1853 Ф. Энгелс навишта буд: «Дар ҷое, ки арабҳо зиндагии муқимӣ ба сар мебурданд, яъне дар қисмати ҷануби ғарбӣ,– зоҳиран, онҳо мисли мисриён, ошуриён ва ғайраҳо мардуми мутамаддин буданд, ки иншооти меъмории онҳо аз ин шаҳодат медиҳад». Материалҳои эпиграфӣ ва археологии аз он вақт ин ҷониб дарёфтшуда ҳаққонияти гуфтаҳои Ф. Энгелсро комилан тасдиқ менамоянд: тоифаҳои ҷануби араб воқеан ҳам дар замонҳои қадим давлатҳои муқтадир, маданияти баланд ва ба худ хосе ба вуҷуд оварда будаанд.
Дараҷаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии қисматҳои гуногуни Арабистон ба таври куллӣ фарқ мекард. Агар дар сарзамини Яман ва баъзе дигар вилоятҳои ин кишвар дар нимаи дувуми асри VI ва ибтидои асри VII зироаткорӣ ва зиндагии шаҳрӣ равнақ ёфта бошад, дашту саҳроҳои паҳновари он макони сукунати кӯчманчиёни бадавӣ ба шумор мерафт, ки уштур сарвати асосии онҳоро ташкил мекард. Ҳарчанд ташкилоти тоифавии авлодӣ дар байни арабҳо хеле қавӣ буд, муносибатҳои феодалӣ ба зуҳур омада, дар ҷараёни тараққиёти таърих аз қабилаҳои пароканда ва иттифоқи қабилаҳо давлати ягона таъсис ёфт. Дар оғози асри VII системаи нави динӣ бо номи ислом пайдо гардид.
Барои таҳлили сабаб ва шароити таърихии пайдоиши дини ислом ва бо як суръати фавқулодда аз тарафи арабҳо тасарруф шудани кишварҳои зиёде, пеш аз ҳама, таркиби синфии ҷамъияти он замон ва пешравиҳои дар ҳаёти ҳамон ҷамъият ба амал омадаро аз назар гузаронидан зарур аст. Ҳамон амри воқеӣ, ки дини ислом дар давраи таъсиси ҷамъияти синфии арабҳо ба вуҷуд омадааст, ҳеҷ як ҷои шубҳа надорад. Масъалаи муайян кардани хусусияти ҷамъияти нави синфӣ ва тарзи истеҳсолоте, ки дар арабҳо ва кишварҳои забткардаи онҳо мавқеи бартариро ишғол мекард, ҳамчунин омӯхтани протсесси синтези мураккаби иҷтимоие, ки дар он давра ба амал меомад, басо мушкилтар аст. Ҳалли ин масъалаҳо, хусусан, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки онҳо на фақат яке аз муҳимтарин давраҳои таърихи халқҳои шарқро равшан менамоянд, балки дар навбати аввал ба талаботи ғоявии кадомин синфҳо мувофиқ будани дини исломро низ аён месозанд. Ҳалли масъалаи охирӣ барои таҳлили марксистии ҷиҳати мафкуравии марҳилаҳои аввали ислом бояд замина фароҳам оварад.
Хеле кам будани манбаъҳое, ки доир ба сохти иҷтимоии Арабистони шимолии пеш аз ислом (дини ислом дар ҳамин ҷо ба вуҷуд омадааст) маълумот медиҳанд, хусусан таърихнигории асримиёнагӣ, ки диққати худро фақат ба баёни воқеаҳои сулолавӣ ва «муқаддас» равона сохта, ҳамеша ҳодисаҳои воқеиро бо афсона ва мавзӯъҳои мухталифи фолклорӣ омехта нақл менамояд, аз ҳамон сабабҳое мебошанд, ки ҳалли масъалаҳои дар боло номбаршударо ниҳоятдараҷа мураккаб гардонидаанд. Исломшиносии буржуазӣ далелу мадракаҳои зиёде доир ба он давра ҷамъ намуда, роҷеъ ба сабабҳои пайдоиши ислом бисёр фарзияҳои идеалистӣ ба миён овард, аммо аз ҷиҳати методологӣ дар таҳлили решаҳои иҷтимоии ислом тамоман оҷизу нотавон монд.
Дар илми таърихшиносии советӣ доир ба тавсифи ин ҷамъияти синфӣ ду нуқтаи назар мавҷуд аст. Бар тибқи нуқтаи назари аввал, дар ҷануби Арабистон ҷамъияти ғуломдорӣ ба ҳар ҳолат дар асри VI вуҷуд дошта, дар охири асри VI ва аввали асри VII дар Арабистони шимолӣ, дар Ҳиҷоз, Макка ва Мадина, ки дар роҳи асосии корвонгард воқеъ гардида буданд, ташаккули тартиботи ғуломдорӣ ба вуқӯъ меояд. Дар Арабистони дарунӣ, ки бадавиҳо, кӯчманчиёни чорводор сукунат доштанд, низ вайроншавии сохти ҷамоати падаршоҳӣ шурӯъ мегардад, вале он хеле суст ба амал меояд. Ба ҳар ҳол дар байни бадавиҳо ҳам, аз як тараф, сарватмандон – соҳибони рамаҳои калон ва баъзан замин, миқдори зиёди асирони ғулом, аксар вақт бо роҳи корвонӣ тиҷораткунанда ва, аз тарафи дигар, камбағалон пайдо мешаванд, ки дар ҳаққи онҳо шоири тоисломии араб аш-Шанфара гуфта буд: «(Марди бенаво) рӯзро дар як паноҳгоҳ ва шабро дар паноҳгоҳи дигар мегузаронад, ҳамеша танҳост ва савора дар дӯши хатар аст». Ин камбағалон ҳар чӣ бошад ҳам, ҳанӯз озод буданд.
Бо вуҷуди ин, дар шимоли Арабистон тартиботи ғуломдорӣ то дараҷаи форматсияи ҳукмрон сабзида нарасид, чунки дар айни бӯҳрони бавуҷудовардаи давраи гузариш ба ҷамъияти синфӣ ислом пайдо шуд ва Муҳаммад зуҳур намуд. Муҳаммад сарлашкари моҳире буд, дар бораи ғазовот (ҷанги муқаддас) ҳукми ислом қабул гардид, халифаҳои Муҳаммад роҳи халосиро аз бӯҳрон дар ҷангҳои истилокорона медиданд. Инак, тӯдаҳои араб ҳамчун «сарбозони ислом» ба сарзаминҳое, ки сохти феодалӣ босуръат роҳ меёфт ва ё кайҳо барқарор гардида буд, фурӯ рехтанд. Лекин дар кишварҳои забткардаи арабҳо тартиботи ғуломдорӣ ҳам тамоман барҳам нахӯрда буд, бинобар ин сохти ғуломдорӣ дар арабҳо муддати дуру дароз маҳфуз монд ва ҳатто дар натиҷаи ба даст овардани асирони зиёд дубора қувват гирифт. Умуман, муносибати феодалӣ дар хилофат баъди футӯҳоти бузург дар охирҳои асри VII ташаккул ёфт, ғуломдорӣ бошад, ҳамчун тарзи кӯҳнаи зиндагӣ боз вақти зиёде мавҷудияти худро нигоҳ дошт.
Мувофиқи ин нуқтаи назар, ислом аввал дар заминаи ҷамъияти ташаккулёфтаи ғуломдорӣ ба вуҷуд омад ва танҳо баъди футуҳот ҳамчун дини ҷамъияти феодалӣ қарор гирифт. Ин нуқтаи назарро Е. А. Беляев, инчунин А. Ю. Якубовский, С. П. Толстов, И. П. Петрушевский ба миён овардаанд.
Тибқи нуқтаи назари дувум, ҳанӯз пеш аз пайдоиши ислом, ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шимоли Арабистон, на ин ки муносибатҳои ғуломдорӣ, балки феодалӣ ташаккул ёфта, то асри VII, яъне то футуҳоти бузург мавқеи ҳукмронӣ пайдо карда буд. Ба ин тариқа, ислом аз аввалин қадамҳои пайдоиши худ дини табақаҳои болонишини ҷамъияти навбунёди феодалӣ ба шумор мерафт. Ин нуқтаи назарро Н. В. Пигулевская, А. Г. Лундин, Н. А. Смирнов ва Л. И. Нодирадзе пешниҳод кардаанд. Пайравони ин нуқтаи назар диққатро ба чоряккорӣ, ки дар ҳамон шароити таърихӣ аз муҳимтарин зуҳуроти муносибатҳои феодалӣ буд, ҷалб менамоянд.
Ин ду нуқтаи назар нисбат ба вазъияти Арабистони асри VII ва шароити иҷтимоии пайдоиши ислом ҳоло фақат фарзияи ноқис ва шартӣ буда, ҳалли ҳамаҷонибаи ин масъала кори оянда аст.
Вале, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ҷамъияти хилофати охири асри VII дар сурати маҳфуз мондани тартиботи ғуломдорӣ, ба дараҷаи хеле зиёд феодалӣ гардида буд ва истилои Осиёи Миёна, шарқи Хуросон ва Мовароуннаҳр аз тарафи ашрофи ҳарбии феодалӣ, ки унсурҳои тарзи зиндагии бодиянишинро ҳам давом медод, ба амал оварда мешуд. Муносибатҳои хоси ин қабил ҷамъият ба муносибатҳои ҷамъияти феодалишудаи муқимӣ нақши худро мегузошт ва ба ин васила протсесси феодалишавиро тағйир ва суръат медод.
Пайдоиши ислом. Шикасти давлати Сосонӣ
Чанд сухан дар бораи пайдоиши ислом. Муҳаммад пайғамбари Оллоҳи таоло ва яккаву ягона гардид. Ӯ аслан аз калонтарин маркази Арабистон – шаҳри Макка буд, чун дар зодгоҳи худ ба чизе муваффақ нашуд, дар соли 622 бо пайравонаш ба Мадина кӯчид, ки аз ҳамин сана солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ сар мешавад. Тоифаҳои Мадинаро ба итоати худ дароварда, баъд сокинони Маккаро ҳам ба «ҷамоати мӯътақидин» дохил намуда, як қатор қабилаҳои дигари арабро, ки ба Оллоҳ ва пайғамбари ӯ – Муҳаммад эътиқод баста буданд, ба таҳти тасарруфи худ даровард. Ислом, ки номи ин дини нав мебошад, маънии «таслим ва итоат»-ро дорад. Пас аз фавти Муҳаммад (соли 632) Абӯбакр (632–634) халифа эълон карда шуд; баъди ӯ Умар (634 — 644) халифа гардид, ки дар замони вай қабилаҳои арабро ба куллӣ тобеъ карда, ҳамаи онҳоро ба мусулмон табдил доданд. Давлати динии аз ҷиҳати марказият қавӣ ба вуҷуд оварда, лашкари сершумор ва хеле ҷангӣ ташкил дода шуд. Аъёну ашрофи араб истилокорӣ, тороҷгарӣ ва ғасб кардани сарватҳои мамолики дуру наздикро орзу мекарданд. Дар ин сурат норозигии табақаҳои пойини ҷамъияти араб ба муқобили мардуми ғайримусулмон, яъне кофирон равона карда, ба ин восита диққати онҳо аз муборизаи синфии зидди истисморгарони «худӣ» дур кашида мешуд. Илова бар ин, сарбозони қатории араб қисмате аз ғаниматҳои ҷангро соҳиб мегардиданд, ки ин онҳоро на камтар аз эътиқоди Оллоҳ рӯҳбаланд намуда, ба сӯйи корзор мекашид. Барои асилзодагони араб ҳукми шаръии ғазавот, дар воқеъ, пардае буд, ки ба пинҳон доштани асли мақсади ҷангҳои истилогаронаи онҳо хизмат менамуд.
Истилогарон қӯшуни худро қариб дар як вақт, ҳам ба муқобили Рум (Византия) ва ҳам ба муқобили Эрон ҳамлавар сохтанд. Саъю кӯшиши лашкаркашони охирин намояндаи сулолаи сосонӣ — Яздигурди III (632–651), ки пеши ҳаракати қӯшуни арабро гирифтанӣ мешуданд, натиҷае набахшид. Дар муҳорибаҳои назди Қуддусия (Қадисия) ва Наҳованд (солҳои 636 ва 642) қӯшуни араб қувваи якҷояи форсҳоро торумор намуда, ба мавҷудияти тақрибан панҷасраи давлати сосонӣ хотима дод. Дар зарфи 10 сол арабҳо хоки Эронро истило намуда, ба Рум зарбаҳои сахт заданд. Фаластин, Миср, Сурия ва Ироқро ишғол карданд.
Яздигурди III муддати 10 сол таҳти фишори арабҳо аз як маҳал ба маҳалли дигар ақиб нишаста, бо нияти бар зидди истилогарон хезондани аҳолӣ дар шаҳру кишварҳои гуногун сарсону саргардон гашт. Вале ин кӯшишҳои ӯ ягон натиҷае набахшиданд.
Оммаи асосии аҳолии давлати сосонӣ барзгарону ҳунармандон – аз тарафи амалдорони сосонӣ, феодалон ва рӯҳониёни зардуштӣ зулму ситам дида, илова бар ин, дар натиҷаи маҳдудиятҳои табақотӣ азият мекашиданд. Ҷангҳои дуру дарози Сосониён бо ҳайтолиҳо, туркҳо ва румиҳо аҳволи бе ин ҳам вазнини меҳнаткашонро табоҳ гардонида буданд. Ҳамаи ин боиси норозигии оммаи халқ гардид ва онҳо дар мубориза бар зидди арабҳо тарафи Сосониёнро нагирифтанд.
Ҷангҳои пай дар пай давлати сосониро аз иқтидори пешинаи сиёсӣ ва ҳарбии худ маҳрум ва заиф гардонида буданд. Ба сабаби баланд шудани мавқеи ашрофи маҳаллии феодалӣ роли ҳукумати марказӣ якбора хеле паст гардида, атроф аз тобеияти марказ баромадан гирифт. Ҳокимони маҳаллии вилоят ва музофотҳои ҷудогона дар вақти ҳуҷуми арабҳо ба ҳукумати марказӣ мададгорӣ накарданд.
Мавридҳое мешуданд, ки оммаи аҳолии мазлум барои сабуктар гардидани аҳволи тоқатфарсои худ ба арабҳо ва дини онҳо, ки баробарии ҳамаи мусулмононро ваъда медоданд, умед мебаст. Ҳаёт ба зудӣ бар абас будани ин умеди халқро нишон дода бошад ҳам, ба ҳар ҳол дар вақтҳои аввал бе таъсир намонд ва он саҳван ҳамчун эҳёи анъанаҳои наҳзати маздакия тасаввур карда шуд.
Ин буд, ки Сосониён сели хурӯшони арабҳоро боздошта натавонистанд ва давлати сосонӣ аз по афтод.
2. Аз тарафи арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр (давраи аввал)
Парокандагии сиёсии Мовароуннаҳр дар миёнаҳои асри VII
Арабҳо аз ҳамон рӯзе, ки ба Эронзамин қадам гузоштанд, ғасб кардани вилоятҳои дар ин сӯйи Омударё воқеъгардидаи Осиёи Миёна, яъне Мовароуннаҳрро мақсади асосии худ қарор доданд. Чи навъе ки дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ (асри Х) ва «Мӯъҷам-ул-булдон» ном асари ҷуғрофидони араб — Ёқут (асри ХIII) дида мешавад, арабҳо аз номи асосгузори дини ислом Муҳаммад ҳадисҳо оварда, пешниҳод мекарданд, ки забт намудани Мовароуннаҳр вазифаи муқаддас ва бошарафи пайравони дини ислом аст.
Дар ин вақт Мовароуннаҳр ҳамон ҳолати парешонии сиёсиро, ки ҳанӯз дар асрҳои IV–V сар зада, дар авохири ҳукмронии ҳайтолиҳо ва хоқонии турк боз ҳам бештар қувват гирифта буд, аз сар мегузаронид. То чӣ андоза будани ин парокандагиро аз ин ҷо ҳам фаҳмидан мумкин аст, ки дар лаҳзаи ба хоки кунунии Тоҷикистон дохил шудани арабҳо дар ин сарзамин миқдори зиёди мулкҳои мустақил ва ниммустақил вуҷуд доштанд.
Дар Фарғона мулкҳои шимолӣ ва ҷанубии ин сарзамин, дар ноҳияи Ӯротеппа – Уструшан (Истаравшан) бо пойтахти худ — Бунҷикат (дар қарибии Шаҳристони ҳозира) воқеъ буданд. Саргаҳи Зарафшон бо воҳа ва доманаҳои қаторкӯҳи Туркистон ва Зарафшон ба ҳайъати мулки Буттом дохил мешуд. Дар шимоли он мулкҳои Масчоҳ ва Парғар (Фалғари имрӯза), дар қисмати ғарбӣ шаҳри Панҷ – Панҷакенти ҳозира воқеъ гардида буданд.
Дар ноҳияи Ҳисор мулки Чағониён сар то сари водии дарёи Сурхон (Чағонруд) ва қисмати ғарбии водии Ҳисорро бо шаҳри бузурги худ — Чағониён (наздикии Деҳнав) дар бар мегирифт; дар шарқтари Чағониён–Аҳорун ва Шумон; дар байни дарёи Кофарниҳон ва Вахш – Вашгирд бо пойтахти худ Вашгирд (Файзобод); дар саргаҳи Кофарниҳон (дарёи Ромит) ва Вахш мулки Кумед арзи вуҷуд мекард.
Дар ноҳияи Қӯрғонтеппа тамоми паҳнои водиро мулки Вахш фаро мегирифт ва мулки Қубодиён бо шаҳри асосии худ — Қубодиён дар ҷараёнгоҳи пойини дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон воқеъ буд
Дар ноҳияи Кӯлоб – Хатлон (Хаталон – байни Панҷ ва Вахш бо пойтахти худ — Ҳулбук ва шаҳри Мунк (Балҷувон) арзи вуҷуд мекард. Ба Хатлон дар вақтҳои гуногун дигар мулкҳо, аз қабили Вашгирд, Қубодиён ва ғ. низ дохил мешудаанд.
Дар ноҳияи Ғарм мулки Рашт бо пойтахти худ шаҳри Рашт (Ғарм) ва мулки Дарвоз бо пойтахти худ — Қуррон воқеъ шуда буд.
Дар вилояти кӯҳистони Бадахшон мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон, ки бо Бадахшон алоқаи зич доштанд, мавҷуд буданд.
Ҳокими ҳар як мулк худашро мустақил ҳисоб мекард ва унвони махсус дошт. Набудани иттиҳод ва ягонагӣ дар байни ҳокимони Мовароуннаҳр кори муттаҳид намудани халқҳои Осиёи Миёнаро барои зарба задан ба истилокорони араб хеле душвор мекард.
Ба сарҳади Осиёи Миёна расидани лашкари араб. Ҳамлаҳои нахустин ба Мовароуннаҳр
Ба сарҳади Осиёи Миёна расидани лашкари араб. Ҳамлаҳои нахустин ба Мовароуннаҳр
Мувофиқи ривоятҳои араб, лашкари ислом пас аз муҳорибаи назди Наҳованд (с.642) қӯшуни шикастхӯрдаи сосониро таъқибкунон, гӯё то фавти халифа Умар, яъне то соли 644 бо туркони Тахористон алоқа пайдо кардаанд. Аммо дар ҳақиқати ҳол истилои Осиёи Миёна даҳ сол баъдтар шурӯъ гардид. Соли 651 охирин подшоҳи сосонӣ — Яздигурди III аз таъқиби дастаҳои араб гурехта, ба Марв расид. Хост дар ин ҷо паноҳгоҳе пайдо кунад, вале бо хиёнати дастнишондаи худ – волии Марв кушта шуд (бар тибқи яке аз ривоятҳо қотил осиёбонест, ки подшоҳи гуреза ба хонаи ӯ паноҳ бурданӣ шудааст). Дар ҳамон сол арабҳо Марвро ишғол намуданд.
Пас аз се соли ин воқеа арабҳо нахустин ҳамлаҳои худро ба Мовароуннаҳр сар карданд, аз ҷумла, дар манбаъҳо ҳуҷуми соли 654 ба Маймурғ, воқеъ дар Суғд хотирнишон шудааст. Дар соли 667 онҳо аввалин дафъа ба Чағониён ҳамла оварда, ба ҳайтолиҳо зарбаи сахт доданд. Арабҳо ба амалиёти ҳарбӣ дар миқёси васеъ ошкоро тайёрӣ медиданд. Яке аз чунин тадбироти тайёрии ҳарбию сиёсӣ аз Басра ва Куфа ба Хуросон кӯчонидани 50 ҳазор хонаводаи араб буд. Барои арабҳои муҳоҷир ба тариқи гарнизон дар панҷ нуқта иқоматгоҳҳо ба вуҷуд оварда шуданд.
Ба ақидаи Гибб, ки мегӯяд, ин тадбирҳо бо ду мақсад: қувват додани амнияти вилоятҳои зеридаст ва ҷамъ кардани қувва барои истилои минбаъда ба амал оварда мешуданд, розӣ шудан мумкин аст.
Наршахӣ мегӯяд, ки истилокорони араб борҳо аз дарёи Аму гузашта, ба Мовароуннаҳр ҳуҷум оварданд. Маликаи Бухоро ҳар бор ба ивази хироҷ ва дигар пешкашҳо сулҳ карда, мамлакати худро нигоҳ медошт.
Дар охири соли 673 ва аввали соли 674 қоиммақоми арабҳо дар Хуросон Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, Рометан ва атрофи Бухороро ба даст дароварда, тороҷ ва хароб намуд, вале ба муқобилати сахти қувваҳои якҷояи туркҳо ва бухороиҳо дучор омада, ба сулҳ бастан маҷбур гардид. Вай аз маликаи Бухоро пулу чизи бисёр гирифта ва 4 ҳазор камонкашони моҳирро аз аҳолии маҳаллӣ ба ғуломӣ бурда (ва аз онҳо гвардияи шахсӣ ташкил карда), муваққатан ҳудуди Мовароуннаҳрро тарк намуд.
Дар соли 676 қоиммақоми нави Хуросон — Саид ибни Усмон бо қувваи зиёде аз дарёи Аму гузашта, ба сӯйи Бухоро ҳаракат кард. Маликаи Бухоро, мисли ҳарвақта, ба ивази додани сесад ҳазор дирҳам ва ба гарав гузоштани як гурӯҳ ҷавонони ашрофзодаи Бухоро бо арабҳо созиш намуд. Он гоҳ Саид ба тарафи Самарқанд рӯ овард. Суғдиён бо тамоми шуҷоат ва мардонагӣ муқовимат нишон доданд. Ҷанг бештар аз як моҳ давом намуд. Ниҳоят Саид чораи дигар наёфта, сулҳ кард ва бо асирону ғанимати андак баргашт. Дар роҳ ӯ Тирмизро ба тасарруфи худ даровард.
Наршахӣ ва Балозурӣ дар хусуси рафтори ҷасуронаи ҷавонони гаравии бухорӣ, ки Саид ба ғуломони худ табдил дода буд, ҳикоят мекунанд. «Эшон (ҷавонони гаравӣ. – Б.Ғ.) бағоят тангдил шуданд ва гуфтанд: «Ин мардро (Саидро. – Б. Ғ.) чӣ хорӣ монд, ки бо мо накард ва моро ба бандагӣ гирифт ва кори сахт мефармояд. Чун дар истихфоф хоҳем ҳалок шудан, боре ба фоида ҳалок шавем. Ба саройи Саид андаромаданд ва дарҳо барбастанд ва Саидро бикуштанд ва хештанро низ ба куштан доданд».
Табарӣ воқеаи аҷиберо нақл мекунад, ки дар бобати бо арабҳо чӣ гуна муносибат кардани аҳолии вилоятҳои кӯҳистонии Мовароуннаҳр хеле ҷолиби диққат аст. Ба ҳузури қоиммақоми араб, ки дар Кеш хайма зада буд, бародарзодаи малики Хатлон меояд. Ӯ ба халқи худ хиёнат кардааст ва арабҳоро ташвиқ мекунад, ки ба Хатлон лашкар кашанд. Қоиммақом розӣ шуда, писари худ Язид ибни Муҳаллабро мефиристад.
«Ӯ дар ҳудуди Хатлон,– менависад Табарӣ,– ба таври ҷудогона лашкаргоҳ бисохт ва бародарзодаи малик – он малик Сабол ном дошт – ӯрдуи дигар ба худ зад ва Сабол шабонгаҳ ҳамла ба ӯрдугоҳи бародарзодааш овард. Чун аскарони малик бо лафзи араб садо медоданд, бародарзодаи ӯ гумон бурд, ки арабҳо хиёнат карданд, аммо арабҳо, вақте ки ӯ қароргоҳи онҳоро тарк намуд, дар ҳарос буданд, ки ӯ хиёнат хоҳад кард. Сабол бародарзодаи худро дастгир намуд ва ба ҳисори худ бурда, ба куштан дод. Гӯянд, ки Язид ибни Муҳаллаб қалъаи Саболро ба муҳосира гирифт ва ба ӯ сулҳ кард. Шарти мувофиқат ин буд, ки Сабол мебоист товони ҷанг медод. Язид ин товон бигирифт ва ба ҳузури падари худ Муҳаллаб бозомад. Баъд аз мақтул гардидани бародарзодаи малик модари вай ба назди модари Сабол расуле фиристод ва бигуфт: «Ту чӣ сон умед дорӣ, ки Сабол пас аз куштани бародарзодаи худ зинда хоҳад монд. Охир мақтул ҳафт бародар дорад ва онҳо акнун дар талаби хун ҳастанд. Ту бошӣ модари фарзанди ягонаӣ. Модари Сабол чунин ҷавоб бидод: «Шер кам бачча дорад, хук бисёр».
Баъд аз тохтутози Саид ибни Усмон қӯшуни арабҳо муддати панҷ сол ба Мовароуннаҳр ҳуҷум накарданд. Арабҳо бори севум дар вақти ҳокими Хуросон шудани Салм ибни Зиёд, ки ба давраи хилофати Язид ибни Муовия (680–683) иттифоқ афтода буд, ба Мовароуннаҳр ҳамла оварданд.
Ба қавли Балозурӣ, лашкари араб то Хуҷанд расида, вале дар он ҷо ба зарбаи сахт дучор гардид. Самарқандиҳо ва бухороиҳо аз арабҳо шикаст хӯрда, маҷбур шуданд, ки ба ивази пулу чизи зиёде худро аз асорати истилокорон халос намоянд.
Соли 689 писари яке аз ҳокимони исёнкори Хуросон — Мӯсо ибни Абдуллоҳ Тирмизро ишғол намуда, тақрибан понздаҳ сол ҳокими ин қалъаи пуристеҳком гардид. Ӯ ҳокимияти касеро эътироф намекард, ба мулкҳои ҳамсоя ҳамла оварда, онҳоро ғорат месохт. Танҳо дар соли 704 ба қӯшуни ҳукумати марказии араб муяссар гардид, ки бо кӯмаки сарбозони суғд ва турк ин балворо аз байн бардоранд. Ҳақ ба ҷониби А. Ҷалилов аст, ки мегӯяд: «… Аҳамияти ин ғалаба бар Мӯсо ду ҷанба дошт. Аз як тараф, он чи ки мулкдорони маҳаллӣ ҳамроҳи қӯшуни хилофати Араб ҳокимияти Мӯсоро барҳам заданд, кори мусбат буд. Аммо, аз тарафи дигар, онҳо бо ин амали худ ба ҳукумати марказии араб барои халос шудан аз балвогаре, ки як андоза дар роҳи ба Осиёи Миёна сар даровардани онҳо монеае буд, кӯмак расониданд».
Ҳамин тариқа, то замони қоиммақоми Хуросон таъин гардидани Қутайба ибни Муслим (с. 705) он ҳама ҷангҳое, ки арабҳо дар Мовароуннаҳр кардаанд, хусусияти тасодуфӣ ва ноҷур дошта, фақат барои мақсадҳои ғоратгаронаи сардорони ҷудогонаи араб хизмат мекарданд. Қӯшунҳои араб вилоятҳои дар натиҷаи тохтутозҳои шадид ишғолнамудаи худро тороҷ карда ва ба харобазор табдил дода, ба Марв бозмегаштанд.
Муборизаи суғдиён, тахористониҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна бар зидди истилогарон
Муборизаи суғдиён, тахористониҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна бар зидди истилогарон
Аъёну ашрофи араб фақат пас аз он ки дар замони хилофати Абдулмалик ибни Марвон (685–705) низоъҳои дохилии хилофатталабӣ барҳам хӯрда, шӯришҳои мардуми кишварҳои тобеъ фурӯ нишонда шуданд, ба истилои Мовароуннаҳр ба таври қатъӣ камар бастанд. Тақрибан дар соли 705 ҳокими Хуросон — Қутайба ибни Муслим ба амалиёти ҷангие, ки ниҳоят ба забт гардидани Мовароуннаҳр оварда расонд, иқдом намуд. Ӯ аз парокандагии мамлакат ва ихтилофи дохилии ашрофи деҳқони маҳаллӣ истифода бурда, тавонист қадам ба қадам мавқеи хилофатро дар Осиёи Миёна мустаҳкам намояд. Қутайба дар соли 705 бо қувваи зиёде ба тарафи Балх ҳаракат намуда, он маҳалҳоеро, ки аз арабҳо рӯ гардонида буданд, ба худ итоат кунонид.
Ғайр аз Балх вилояти Чағониён (ки дар ин вақт ҳокими он Тиш ба тарафи арабҳо гузашта, онҳоро барои ҳуҷум ба мулкҳои ҳамсоя ташвиқ мекард), Шумон ва ғ. ба итоати ӯ даромаданд. Дар соли 706 ӯ ба хоки Мовароуннаҳр қадам ниҳод. Чунон ки Табарӣ менависад, Қутайба аз дарёи Аму гузашта, ба Пайканд равон шуд. Дар дохили қӯшуни ӯ деҳқонони Балх ва Чағонхудоти хоин ҳам буданд, ки аз роҳи тамаъ истилогаронро тарафдорӣ мекарданд.
Пайканд дар он замон аз ободтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба шумор мерафт. Вайро шаҳри бозургонон («мадинату-т-туҷҷор) меномиданд ва аз-баски қалъаи мустаҳкаме дошт, «шористони рӯин» низ мегуфтанд. Қӯшуни Қутайба аввалин дафъа дар ҳамин ҷо ба муқовимати сахти аҳолӣ дучор гардид. Дар мудофиаи шаҳр на фақат сокинони Пайканд, балки суғдиёни дигар ҳам, ки пайкандиҳо барои кӯмак ба онҳо муроҷиат карда буданд, ширкат доштанд. Аввалҳо дасти онҳо боло шуда, арабҳо ба вазъияти сахте афтоданд. Суғдиҳо муддати дуру дароз қӯшуни арабро ба муҳосира гирифта, роҳҳои алоқаи онҳоро буриданд. Вале маҳз ноиттифоқии байни ҳокимони маҳаллӣ арабҳоро аз ин вазъият раҳо дод. Баъзе аз ҳокимон оҳиста-оҳиста дастаҳои худро ба канор кашиданд. Сафи мудофиачиёни Пайканд торафт кам шудан гирифт. Қутайба аз ин ҳолат истифода бурда, шаҳрро гирифт, ғорат кард ва пас ба Бухоро рӯ овард. Муҳосираи Пайканд, ба як ривоят, 50 рӯз ва, ба ривояти дигар, 10 моҳ давом кардааст.
Ҳанӯз Қутайба 5 фарсах (яъне тақрибан 30 км) ҳам дуртар нарафта, аҳли Пайканд шӯриш карданд ва арабҳои дар он ҷо истодаро ба қатл расониданд. Қутайба Пайкандро дубора ишғол карда, онро тамоман ба харобазор мубаддал гардонд, ҳамаи мардонро кушта, занону кӯдаконро ба ғуломӣ дод. Арабҳо дар ин ҷо ҳамон қадар сарват ба даст дароварданд, ки то ин вақт дар ҳеҷ ҷо ин андоза ғанимат насиби онҳо нагардида буд.
Аз эҳтимол дур нест, ки муҳимтарин қисмати ин ғаниматро анбори бузурги пур аз аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ ташкил мекард. Сифати ин ҳама маснуот ба дараҷае олӣ буд, ки то ҳол дар назми араб калимаи «суғдӣ» ҳамчун ташбеҳи ҳунармандии беҳамто истифода мешавад. Аз рӯи баъзе маълумот, то забти Пайканд қӯшуни Қутайба ҳамагӣ 350 адад либосу аслиҳаи ҷангӣ дошт. Бинобар ин, Қутайба аз ғанимати тақсимшаванда берун гузоштани лавозимоти ҷангиро исрор карда, пас тамоми сарбозони худро силоҳи нав дод ва иқтидори ҷангии қӯшуни арабро хеле афзунтар гардонид.
Фоҷеаи Пайканд ба аҳолии Мовароуннаҳр нишон дод, ки онҳо бо чӣ гуна душмани бераҳм сарукор доранд. Ҳокимони ҷудогонаи Суғд туркҳоро ба кӯмак даъват намуда, дар атрофи Рометан (дар наздикии Бухоро) қувваҳои муттаҳидаи зиёде ҷамъ карданд, то ки ба арабҳо зарба расонанд. Ҷанги шадиде ба амал омад. Қӯшуни арабҳо ба муҳосира афтод. Дар ин ҷо Қутайба роҳи фиребро пеш гирифт. Ӯ ба тарзи махфӣ кас фиристода, подшоҳи Суғдро аз туркон ва турконро аз подшоҳи Суғд бадгумон карда, дар байни онҳо нифоқ андохт. Дар ҳамин вақт ба Қутайба қувваи иловагӣ расид ва ба ин восита ӯ аз муҳосира берун омад. Вале азбаски лашкари араб талафоти зиёде дода буд, ӯ дигар ҷангро давом дода натавониста, маҷбур шуд аз нақшаи забт кардани Мовароуннаҳр муваққатан даст кашида, ба Марв баргардад.
Дар соли 708 Қутайба бо қувваи нав боз ба тарафи Мовароуннаҳр ҳаракат кард. Бо вуҷуди муқовимати шадиди аҳолии Суғд ба ӯ муяссар гардид, ки худро ба мулки Бухоро расонида, Рометанро ишғол намояд. Лекин ҷангҳои сахте, ки барои гирифтани Бухоро кард, натиҷае набахшид. Қутайба талафоти зиёде дода, дар тирамоҳи ҳамон сол маҷбур шуд ба Хуросон ақиб нишинад. Ҳокими Ироқ Ҳаҷҷоҷ, ки Қутайба ҳамчун қоиммақоми Хуросон ба вай итоат мекард, аз шунидани ин хабар дар ғазаб шуда, ба Қутайба фармуд дубора ба ҷанги бухорхудот равад ва ба ҳар қимат, ки бошад, ӯро шикаст диҳад.
Инак, дар соли 709 Қутайба бо қӯшуни пуршумор аз дарёи Аму гузашта, худро ба ҳаволии Бухоро расонид. Аҳолии Бухоро, мисли собиқ туркҳо суғдиёнро ба ёрдами худ даъват намуданд. Ҷанги хунине рӯй дод.
Қутайба эълон кард, ки ҳар кас, агар сари душманеро биёрад, сад дирҳам ба тариқи ҷоиза хоҳад гирифт. Дар қароргоҳи арабҳо аз сари ҷанговарони Мовароуннаҳр манораи бузурге ба вуҷуд омад. Аммо ин ҳам муқовимати дифоъкунандагони Бухороро дарҳам шикаста натавонист. Онҳо ба арабҳо зарбаҳои ҳалокатовар мезаданд. Он гоҳ Қутайба аз мағлубият тарсида, боз ҳамон усули пештараи худ – макру хиёнатро ба кор бурд. Чӣ навъе ки Наршахӣ нақл мекунад, ӯ ба назди подшоҳи Суғд — Тархун ҷосуси худро фиристод. Ҷосус Тархунро огоҳ кард, ки арабҳо пас аз чанде ин ҷоҳоро тарк мекунанд, туркон ин фурсатро ғанимат дониста, барои ишғол кардани Суғд, ки мулки пурсарвату зебост, нияти бар зидди Тархун лашкар кашидан доранд. Подшоҳи Суғд, ки аз ин гапҳои дурӯғ сахт ба тарсу ҳарос афтода буд, маслиҳат пурсид. Ба ӯ чунин маслиҳати пур аз макру ҳиял доданд: бояд бо Қутайба сулҳ кард ва ба туркон хабар расонд, ки ба ёрии арабҳо қувваҳои сершумори иловагӣ омада истодаанд, он гоҳ туркон пас хоҳанд гашт.
Тархун ин маслиҳатро қабул кард. Иттифоқи зидди арабҳо барҳам хӯрд ва қӯшуни араб Бухороро ишғол намуд. Қутайба бо мақсади устувор намудани мавқеи худ бо ихшиди Суғд Тархун қарордод баст ва чанд нафарро аз ақрабои подшоҳ ба гарав гирифт ва барои ҳар сол ҷизя муқаррар намуд.
Ҳокимони баъзе вилоятҳои Тахористон, аз ҷумла ҳокими Шумон аз андармонӣ ва нобарориҳои арабҳо дар воҳаи Бухоро истифода бурда, аз итоати Қутайба сар кашидани худро эълон карданд.
Дар соли 710 Қутайба қувваҳои тоза ҷамъ намуда, ба Шумон лашкар кашид. Аҳолии Шумон талабҳои таҳдидомези арабҳоро рад карда, ба муқобили қувваҳои бартаридоштаи онҳо ҷасурона ва мардонавор ҷангиданд. Дар яке аз муҳорибаҳои шадид подшоҳи Шумон кушта шуд. Қутайба шаҳрро тамоман ғорат карда, ба тарафи Насаф (дар наздикии Қаршии имрӯза) ва Кеш (Шаҳрисабзи кунунӣ) равон шуд ва он ҷоҳоро ба тобеияти худ даровард.
Мудофиаи Самарқанд
Мудофиаи Самарқанд
Чунон ки дар боло оварда шуд, ҳукмрони Самарқанд подшоҳи Суғд — Тархун бо арабҳо сулҳ кард. Ӯ дар айни вақт ӯҳдадор шуд, ки ба онҳо хироҷ медиҳад. Пас аз як сол Қутайба бародараш Абдурраҳмонро барои гирифтани хироҷ ба Самарқанд фиристод. Тархун ба додани хироҷ маҷбур гардид. Ин боиси норизоятии ашрофи Самарқанд (ва, бешубҳа, оммаи меҳнаткаши Суғд, гардид. Тархун бо дасти муқаррабони худ аз тахти салтанат фуроварда шуд ва ӯ дар ҳолати навмедӣ ва шиддати алам худро нобуд сохт.
Дар соли 710 ба тахти подшоҳии Суғд Ғурак нишаст. Ин мард, аз рӯйи баҳои донишманди воқеаҳои давраи истилои араб Ҳ. А. Р. Гибб, «ватанпараст ва раҷули давлат буд».
Дар ин вақт ҷараёни ҳодисот ба қарори зайл сурат мегирифт. Дар Хоразм таҳти роҳнамойии Хурзод ном бародари Хоразмшоҳ наҳзати халқӣ сар зад. Қутайба аз ин муборизаи дохилии давлати Хоразм истифода намуда, бо баҳонаи кӯмак расондан ба Хоразмшоҳ бо қӯшуни худ ба он ҷо ҳаракат кард. Дар солҳои 710–712 Хоразмшоҳ бо Қутайба муоҳидаи сулҳ баста, ба ивази он ки шӯришиёнро ба хун оғушта намуд, ба тариқи подош 10 ҳазор сар чорво дод. Ин амалан маънии ба арабҳо сари итоат фуруд овардани Хоразмшоҳро дошт.
Қутайба ба осонӣ таслим нашудани суғдиёни ҷангҷӯро дар назар гирифта, барои дар ғафлат гузоштани онҳо овозае паҳн кард, ки гӯё бо ғаниматҳои аз ғорат бадастовардаи худ ба Марв хоҳад рафт, лекин дар амал бо лашкари Хоразмшоҳ ва бухорхудот ба Самарқанд ҳуҷум овард.
Ҷиҳати хоси вазъияти онвақтаи муборизаи зидди истилогарон на фақат набудани фронти ягона ба муқобили арабҳо, балки бадтар аз ин, хиёнати ҳокимони Бухоро ва Хоразм мебошад. Дастаҳои сарбозони хоразмӣ ва бухороӣ дар тарафи арабҳо қарор гирифта, дар сурате, ки самарқандиҳо яккаву танҳо бо азобу машаққат ватани худро мудофиа мекарданд, ҳамроҳи қӯшуни душман бар зидди Самарқанд бо тамоми қувват ҷангиданд. Бар замми ин, дар дохили Суғди Самарқанд ҳам якдилӣ ва ҳамфикрӣ набуд. Пас аз марги Тархун дар Суғд гурӯҳи неруманди ашрофи арабпараст боқӣ монда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз намояндагони ин гурӯҳ ҳокими Панҷакент — Дивоштак бошад. Баъди худкушӣ кардани Тархун вай сарпарастии писари хурдсоли ӯро ба зимма гирифта, унвони «подшоҳи Суғд, ҳукмрони Самарқанд»-ро соҳиб шуд (ин унвон аз ҳуҷҷатҳои суғдии Кӯҳи Муғ маълум гардидааст).
И. Ю. Крачковский тахмин мекард, ки «албатта, мумкин аст, масъала аз ин ҳам амиқтар бошад, дар байни арабҳо ва арабпарастҳо майли дар муқобили Ғурак ба сифати давомдиҳандагони «қонунии» силсилаи подшоҳони Суғд гузоштани писарони Тархун пайдо шуда буд». Инро дар ҳаққи Дивоштак ҳам метавон гуфт, ҳарчанд ки яқинан ӯ унвони «подшоҳи Суғд, ҳукмрони Самарқанд»-ро хеле дертар, соли 719 гирифтааст. Қутайба риёкорона ва маккорона эълон кард, ки вай омадааст, то барои марги Тархун қасос бигирад. Ба ин восита ӯ тарафдорони подшоҳи сарнагуншудаи Суғдро ба ҳаракат овард ва имкон дод, ки онҳо бо унсурони арабпараст муттаҳид шаванд. Роли муҳимро дар қароргоҳи тарафдорони арабҳо Дивоштак бозид. Ҳамаи инҳо вазъияти Ғурак ва аҳволи мудофиакунандагони Самарқандро мураккабтар месохт.
Таҳлили муфассали манбаъҳои хаттии оид ба ҷараёни истилои Самарқанд ба қалами В. В. Бартолд тааллуқ дорад.
Манбаи асосӣ–Табарӣ–се ривоят ва ҳикояти ҷомее дорад, ки аз рӯйи чанд сарчашма навишта шудааст. Дар муҳорибаҳои шадид, ки ба арабҳо зарбаи ҳалокатовар зада шуд, мудофиакунандагони шаҳр қаҳрамонии беназир нишон доданд. Подшоҳ Ғурак дар яке аз мактубҳои худ навиштааст: «Бисёр сарбозони мо кушта ва маҷрӯҳ гардиданд, аскарони пиёда ва савораи дошҳо (арабҳо – Б.Ғ.) ниҳоят сершумор буданд ва мо ба онҳо муқобилат карда наметавонистем. Ман дар паноҳи деворҳои қалъа ақиб нишастам, то ки он ҷо камин бигирам».
Аҳли Суғд аз муҳосираи арабҳо ба ҷон омада, аз подшоҳи Чоч, хоқони турк ва ихшиди Фарғона кӯмак хостанд ва навиштанд, ки «агар арабҳо бар Суғд ғалаба кунанд, навбати шумо хоҳад расид». Он се ҳукмрон қарор доданд, ки ба Суғд мадад расонанд ва дастаи ҷанговарони савораеро аз «шаҳзодагон ва шуҷоатмандтарин сарбозони ҷавони подшоҳӣ» ба он ҷо фиристоданд. Сардори ин даста писари хоқон буд. Азбаски аскарони турк дар ин вақт ба наздикиҳои Суғд қарор гирифта буданд, ба муборизаи зидди араб метавонистанд фавран ёрӣ кунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб дар сари қувваи имдодӣ писари хурдии хоқони турк – Иналхоқон, ки вазифаи сарфармондеҳи қӯшуни ғарбии туркро адо мекард, гузошта шуд. Ҳанӯз қувваи имдодӣ дар роҳ буд, ки Қутайба аз воқеа хабардор шуда, ба муқобили он қӯшуни баргузидае бо сардории бародари худ равона кард.
Арабҳо ногаҳон шабохун зада, дастаи иттифоқчиёни суғдиёнро торумор карданд. Онҳо ашрофзода будани сарбозони ин дастаро фаҳмида, сари кушташудагонро аз тан ҷудо карданд ва номашонро ба гӯшашон навишта, сарҳоро ба камарбанди худ овехта, ба қароргоҳашон баргаштанд. Яке аз арабҳои иштирокчии ин воқеа нақл мекунад: «Аз мо касе набуд, ки дар камарбанди худ сари душмани номдорро надошта бошад… ва мо силоҳи олӣ, матоъҳои гаронбаҳо, камарбандҳои заррин, аспҳои бодпоро ғанимат гирифтем ва Қутайба ҳамаи инҳоро ба худи мо инъом кард. Бо ҳамин суғдиҳо ба шикаст рӯ оварданд. Қутайба ба тарафи онҳо манҷаниқ рост карда, ба тирпарронӣ шурӯъ намуд, вай ҳамеша бо онҳо задухӯрд мекард. Сарбозони бухороӣ ва хоразмии тарафдори ӯ, ки (ба муқобили суғдиҳо. – Б.Ғ.) беамон меҷангиданд, барояшон намунаи ибрат буданд. Ҳамон вақт буд, ки Ғурак суханони оташборе гуфта, Қутайба ва ҳамроҳонашро ба шӯру ғазаб овард: «Ту бо ман бо дасти бародарони ман ва аҳли хонадони ман ҷангида истодаӣ, канӣ арабҳоро ба муқобили ман гузор». Ин муҳориба ва боз якчанд муҳорибаҳои дигар (Яъқубӣ якчанд «муҳорибаҳои шадид» мегӯяд), ки дасти арабҳо боло буд, суғдиёнро маҷбур кард ба паси девори Самарқанд паноҳ баранд (дар охирин ҷанги хеле сахти назди Самарқанд суғдиён қариб ғалаба карда буданд, вале ба арабҳо муяссар гардид, ки ин муҳорибаро ба фоидаи худ анҷом диҳанд).
Муҳосира сар шуд. Худи Ғурак чунин тасвир менамояд: «Он гоҳ арабҳо шаҳрро муҳосира карданд. Онҳо дар муқобили девор 300 мошини деворшикан гузошта, дар се ҷо хандақҳои калон канданд. Нияти онҳо несту нобуд кардани шаҳри мо ва подшоҳии мо буд».
Мошинҳои деворшикан рӯзу шаб деворҳои Самарқандро мекӯфтанд. Арабҳо як ҷои деворро сӯрох карданд, суғдиҳо зуд онро маҳкам намуданд. Суғдиҳо аз камон тирхоликунон гоҳо берун мебаромаданд ва ба муҳосиракунандагон талафоти зиёд ворид меоварданд. Ҳамин тариқа, онҳо як моҳи тамом шаҳрро мардонавор мудофиа карданд. Вале охири охирон шаҳр таслим шуд. Ғурак ноилоҷ шартномаи барои Самарқанд ниҳоятдараҷа вазнинро имзо кард. Мувофиқи ин шартнома ӯ мебоист якбора ду миллион дирҳам, се ҳазор ғуломи калонсол ва ганҷи бутҳои маъбадҳои қадимаро ба арабҳо супорад, сипас, ҳар сол дусад ҳазор дирҳамӣ ба онҳо нақдина пардозад. Илова бар ин, мувофиқи шарти пешакӣ, самарқандиҳо мебоист барои мусулмонон дар шаҳри худ масҷид месохтанд ва қӯшуни суғдиро аз Самарқанд дур мекарданд. Ба ивази ҳамаи ин Қутайба Ғуракро ҳукмрони «Самарқанд ва заминҳои он ва атрофи он ва Кеш ва Нахшаб ва шаҳрҳо ва қалъаҳо» таъйин намуд, Ғурак дар амал вассали ӯ гардид. Қутайба аз тарси шӯриши суғдиҳо дар шаҳр дастаи сарбозони худро гузошт.
Вале рӯҳи озодихоҳии мардуми Самарқанд нашикаст. Чунон ки Яъқубӣ хабар медиҳад, тирамоҳи соли 712 «мардуми Самарқанд ба муқобили ӯ (қоиммақоми арабҳо. – Б.Ғ.) сар бардошт ва хоқон, подшоҳи туркон ҳам ба ӯ ҳамла намуд». Фақат расида омадани Қутайба бо қувваҳои асосии араб (баҳори с.713) гарнизони арабро аз шикасти ногузир наҷот дод. Дар манбаъҳои қадимаи туркӣ ҳам доир ба ин воқеаҳо далелу мадракҳои ҷолиби диққат оварда шудаанд. Аз рӯи маълумоти онҳо, сафорати суғдӣ бо сардории Суком ба қароргоҳи туркон меояд. Чунон ки аз катибаи калоне ба шарафи Гултегин маълум мегардад, ҷавобан туркҳо «ба ёрии халқи Суғд» то худи «дарвозаи оҳанин» (Бойсунтови ҳозира) ҳаракат кардаанд. Ғайр аз ин, чи навъе ки Ҳ. Гибб дуруст қайд мекунад, истилои Самарқанд ба тасарруфи Суғд ва мутеъ кардани суғдиён оварда нарасонид. Аксари суғдиён ҳокимияти арабҳоро эътироф накарда, озодона мезистанд. Бо вуҷуди ин, шӯриши самарқандиҳо бераҳмона пахш карда шуд.
Пас аз даҳ соли ҷангҳои муттасили хунрезона Мовароуннаҳр ба ҳокимияти олии хилофат тобеъ карда шуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, халқҳои ин сарзамин худро тамоман мутеъ ҳисоб намекарданд. Тирамоҳи ҳар сол Қутайба аз хавфи ин мардуми озодихоҳ қӯшуни худро аз Амударё гузаронида, дар Марв ва дигар шаҳрҳои Хуросон ҷойгир менамуд ва баҳорон боз ба Мовароуннаҳр ҳамла меовард ва ҳар бор бо қувваҳои тоза меомад, зеро талафоти ӯ дар ҳар дафъаи ба ин ҷониб ҳуҷум карданаш хеле бузург буд.
Иттифоқи Суғд, Чоч, Фарғона ва туркон
Иттифоқи Суғд, Чоч, Фарғона ва туркон
Дар солҳои 712–713 ба муқобили арабҳо иттифоқи хоқони турк ва се давлати калони истиқлолияти худро нигоҳ дошта — Суғд, Чоч ва Фарғона баромад мекард.
Низоъҳои байнихудии ашрофи Суғд ба он оварда расонид, ки Дивоштак таслими Ғурак ва аз тарафи арабҳо ҳамчун подшоҳи Суғд эътироф шудани ӯро барои иштироки худ дар муборизаи зидди истилокорони араб фурсати муносиб дарёфта, Фатуфарн ном сафири худро ба Чоч ва вилоятҳои ҳамсоя фиристод. Дар кӯшки кӯҳи Муғ номаи аз Чоч ирсол доштаи ин сафир маҳфуз мондааст, ки дар тасвири бевоситаи вазъияти ниҳоят мураккаб ва фоҷианоки онвақта беҳтарин ҳуҷҷатест. Фатуфарн ба Дивоштак «хоҷа» гӯён муроҷиат карда, менависад: «Хоҷа, ман ба ҳузури ҳукмрони Чоч расидам. Ва ман, хоҷа, ҳам номаро супурдам ва ҳам он чи даҳонӣ гуфтанӣ буд, якта намонда, ҳамаашро ба тудун (ҳокими Чоч/ – Б.Ғ.) ва «муовинаш» арз кардам. Ва, хоҷа, номаро ба хоқон ва номаро ба шоҳи Фарғона бо тутуки фарғонӣ (унвон – Б.Ғ.) ба шоҳи Фарғона фиристодам. Ва, хоҷа, ман дигар роҳи худро наметавонам давом диҳам, зеро, хоҷа, мегӯянд, ки хоқонро дидан мумкин нест. Ва, хоҷа, ман аз тудун ва «муовинаш» нома ва ҷавобҳои номаро гирифтам…, вилояти Уструшан тамом аз даст рафтааст. Ва, хоҷа, ман яккаву танҳоям, ҳамроҳ надорам ва, хоҷа, ба рафтан ҷуръат намекунам. Ва, хоҷа, ман ба ин ҷиҳат дубора ба Чоч баргаштам. Ва, хоҷа, ман барои ин аз ту бисёр метарсам. Ва, хоҷа, тудун мувофиқи аҳдномаи сулҳ бо арабҳо худро ақиб кашид. Ва, хоҷа, мувофиқи аҳдномаи сулҳ Ҷомравоз ва форси лашкаркаш ба пойин рафтанд – овоза ҳаст, ки барои гирифтани товон ва барои аз арабҳо дур кардани қӯшун… Ва, хоҷа, тудун [аввал] бо Тарбанд шартнома баст [«сулҳ кард»] ва, хоҷа, вай ҳамаи заминҳоро [ҳамту] ба даст овард. Ва, хоҷа, аз рӯйи овозаҳо, «муовин» аз «сулҳ» хеле ғамгин аст ва ҳам аз ту тарсон аст, ки ба назди ту нарафт». Дар охир роҳи маълумотрасонӣ ба Дивоштак, яъне ба воситаи Канд (Конибодоми ҳозира) ва баъд ба воситаи Исфара ба Мастчоҳ ва, сипас, бо водии Зарафшон ба қароргоҳи Дивоштак расидани хабар нишон дода мешавад.
Номи тудун – ҳокими Чоч – аз дигар сарчашмаҳои хаттӣ низ маълум мегардад, ки Моҳэду-тутун (Баҳодуртудун) будааст. В. А. Лившитс тахмин дорад, ки дар баробари тудуни қароргоҳаш Тарбанд (Ӯтрори ҳозира), ҳокими маҳаллӣ «ҳукмрони Чоч» ҳам буд, ки дар Бинкент (наздикии Чоч) қароргоҳ дошт. С. Г. Кляшторний, ки бо далелҳои муайян «тудун» ва «ҳукмрони Чоч»-ро як шахс медонад, ба ин нуқтаи назар мухолиф аст. Хоқон аслан Инэлхоқони турк мебошад.
Подшоҳи Фарғона ҳам иштирокчии ин иттифоқ буд. Ба қатори иштирокчиёни иттифоқ, албатта, худи Дивоштакро низ ҳамроҳ кардан лозим аст.
Агарчанде Суғд ва, хусусан, ноҳияҳои кӯҳии Самарқанд ҳанӯз комилан ба таҳти тасарруфи арабҳо надаромада буданд, Қутайба ибни Муслим қарор дод, ки аввал ба зӯртарин иштирокчиёни иттифоқи зидди арабҳо – фарғониҳо, чочиҳо ва туркҳо зарба занад. Ӯ қувваи зиёде ҷамъ карда, бо ду фавҷ ба роҳ медарояд. Яке аз фавҷҳо, ки аксаран аз «муттафиқон» – дастаҳои аз аҳолии Кеш, Насаф ва Хоразм ташкилшуда фароҳам омада буд, ба тарафи Чоч равона гардид, фавҷи дигар ба сӯйи Хуҷанд ва Фарғона ҳаракат намуд. Дар бораи амалиёти фавҷи шимолӣ маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Вай Чочро забт карда, бисёр маҳалҳои онро оташ дод. Фавҷи ҷанубӣ, ки худи Қутайба сардорӣ мекард, пас аз якчанд задухӯрд Хуҷандро ишғол карда, ба Косон расид. Дар ин ҷо ду фавҷ ба ҳам муттаҳид шуданд. Аз маълумоти Ибни Ҳавкал ва Истахрӣ, ки мутаассифона, хеле иштибоҳист, чунин бармеояд, ки Қутайба дар Уструшан, боз ҳам на фақат дар қисмати ҳамворӣ, балки дар маҳалҳои кӯҳистонии он низ амалиёт доштааст.
Маълумоте низ мавҷуд аст, ки гӯё Қутайба дар Фарғона қоиммақоми арабро гузошта, дар Чоч ва Фарғона маҳаллаҳои арабнишин сохта бошад, вале асосҳое ҳастанд, ки дурустии ин маълумотро зери шубҳа мегузоранд. Қутайба ғалаба карда бошад ҳам, муқовимати фарғониҳо ва чочиҳоро тамоман шикаста натавонист. Маълумоте, ки дар ахбори Фатуфарн мавҷуд аст, маҳз ба ҳамин маънӣ далолат мекунад. Чӣ навъе ки маълум аст, Фатуфарн дар айни гармогармии амалиёти ҷангии соли 713 фиристода шуда буд.
Соли 714 Қутайба бори дигар ба Чоч ҳамла меорад. Он ҷоро ба қароргоҳи асосии худ табдил дода, ба тарафи Исфиҷоб (Сайрами ҳозира, дар наздикии Чимкент) ҳаракат мекунад. Таваҷҷӯҳи Қутайбаро на он қадар аҳамияти тиҷоратии ин шаҳр, балки бештар ҷиҳати стратегии он ба худ ҷалб менамояд. Ӯ Исфиҷобро забт карда, ният дошт пеши роҳи лашкари туркро, ки ба ёрии иттифоқчиёни осиёимиёнагии худ мерафт, бигирад.
Дар сари соли 715 Қутайба ба Фарғона ҳуҷум карда, ба он зарбаи сахт расонид. Подшоҳи Фарғона фирор намуд.
Дар ҳамин вақт ба тахти хилофат Сулаймон нишаст, ки душмани Қутайба буд. Қутайба бар зидди ӯ исён кард, вале ин исён ба шикаст ва марги худи вай анҷом ёфт.
Арабҳо футуҳоти Осиёи Миёнаро анҷом дода, маркази вилояти шарқии худро, ки Хуросон ва Мовароуннаҳрро дар бар мегирифт, дуртар аз Бухоро ва Самарқанди «ноором» – Марв муқаррар карданд.
Ба муваффақияти хилофат дар истилои Осиёи Миёна чӣ мусоидат намуд?
Сабаби асосии ин муваффақият, пеш аз ҳама, парокандагии сиёсии мамлакат буд, ки арабҳо ин вазъиятро барои манфиатҳои худ хеле моҳирона истифода бурда тавонистанд. Онҳо аз аввалин рӯзи ба Мовароуннаҳр қадам ниҳодани худ тамоми тадбирҳоро пешбинӣ карданд, то вилоятҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна ба ҳам муттаҳид нашаванд. Ин ба онҳо, дар ҳақиқат ҳам, муяссар гардид. Қутайба чунин сиёсатеро пеш гирифта буд, ки аввалан, ба яке аз давлатчаҳои ба ҳамдигар душман кӯмак расонида, тарафи муқобилро торумор мекард ва, сипас, худи онро низ мутеъ менамуд. Аксар вақт ҳукуматчаҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр, ба манфиати истилогарон, бар зидди якдигар мубориза мебурданд. Қутайба барои тасхири Суғд илова бар қӯшунҳои араб аз қувваҳои ҳарбии Хоразм, Бухоро, Насаф ва баъдтар, аз қувваҳои Суғд низ истифода намуд.
Дигар аз сабабҳои муваффақияти қӯшунҳои хилофат дар ин ҷост, ки онҳо зиддиятҳои байни туркҳои бодиянишин ва аҳолии воҳаҳои зироатии Осиёи Миёнаро истифода бурда, гоҳо муваффақ мешуданд онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд ва якеро ба муқобили дигаре барангезанд.
Ниҳоят, арабҳо аз ҷиҳати ҳарбӣ бартарияти калоне доштанд. Онҳо мамлакатҳои зиёдеро забт намуда, аҳолии маҳаллӣ ва воситаҳои моддии давлатҳои мутеъро барои муваффақияти сиёсати таҷовузкоронаи худ истифода бурда тавонистанд.
Халқҳои Осиёи Миёна ба истилогарони араб муқовимати хеле шадид нишон медоданд, вале борҳо иттифоқ меафтод, ки ҳокимони онҳо, мисли подшоҳчаҳои Хоразм ва Суғд, хиёнат карда, боиси барбод рафтани он ҳама ҷонфишониҳои халқ мегардиданд. Аксари подшоҳчаҳои маҳаллӣ на ин ки ба муборизаи оммаи халқ барои истиқлолият сардорӣ кардан, балки ба ваъдаҳои арабҳо фирефта шуда, ба истилогарон сари итоат фуруд оварданро афзалтар медонистанд.
3. Аз тарафи арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр (давраи дувум)
Аҳволи халқҳои Осиёи Миёна
3. Аз тарафи арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр (давраи дувум)
Аҳволи халқҳои Осиёи Миёна
Арабҳо дар тамоми шаҳру деҳаҳои бузурги Осиёи Миёна қувваҳои ҳарбии худро гузошта, бо пуштибонии онҳо аҳолии маҳаллиро дар зери итоат нигоҳ медоштанд ва молиёт ҷамъоварӣ мекарданд.
Ҳукмронии хилофати араб дар Осиёи Миёна бар дӯши аҳолӣ бори сангине гардида буд. Чунончи, Қутайба дар вақти тарк кардани Самарқанд, пас аз ишғоли он, ба бародари худ, ки сардори гарнизони арабҳо буд, чунин амр намуд: «Ба ҳеҷ як бутпараст, то вақте ки мӯҳр ба дасташ назананд, иҷоза надиҳед, ки аз дарвоза берун шавад ва агар мӯҳр то берун шудан аз шаҳр хушк гардад, ӯро бикушед ва агар теғе аз ӯ пайдо кунанд, ӯро бикушед. Ва агар шабонгаҳ пас аз бастани дарвоза касеро дар шаҳр пайдо кунед, вайро бикушед». Аҷнабиён кишвари забткардаи худро ғорат ва аҳолии онро ба қабули дини нав маҷбур карда, маданият ва урфу одатҳои мардуми ба зери итоат даровардаашонро таъқиб менамуданд. Онҳо ба он ҳама сарвате, ки ҳангоми ишғол кардани шаҳрҳо ба даст медароварданд, қонеъ нашуда, аз аҳолии маҳаллӣ андозҳои аз ҳад зиёд ситонида, ононро водор мекарданд, ки оқоёни нави худро бо ғулом, каниз, чорво, ғалла, маснуоти бофандагӣ ва дигар молҳо, инчунин гарнизони арабҳоро бо чизҳои зарурӣ таъмин намоянд.
Аъёну ашрофи араб дар вилоятҳои забтшуда беҳтарин заминҳои кишт ва василаҳои обёриро ба ихтиёри худ гирифта, ба шаҳрҳо хироҷ меандохтанд. Қисмате аз ҷанговарони араб дар заминҳои сабзу хуррами аз аҳолии маҳаллӣ мусодиракардаи худ манзил гирифтанд.
Ҳамон навъҳои молиёте, ки дар замони Сосониён буданд, дар ин давра низ вуҷуд доштанд. Масалан, хироҷ, ки нисфи ҳосили заминро ташкил мекард ва ҷизя, ки дар аввалҳо фақат аз касони ғайримусулмон гирифта мешуд, ба таври васеъ ҷорӣ гардид. Илова бар ин, ба барзгарон ва пешаварон андозҳои дигар, ӯҳдадориҳои молӣ ва корҳои иҷборӣ дар сохтмони биноҳо, пулҳо ва девори қалъаҳо, кофтани рӯдхонаҳо ва ғ. бор карда мешуданд. Арабҳо касонеро, ки аз адои молиёт саркашӣ кунанд, ба ҷазоҳои мудҳиш гирифтор мекарданд ва заминҳои онҳоро мусодира менамуданд.
Дар баъзе шаҳрҳо, чунончи, Марв, Самарқанд, Бухоро ва ғ. истилокорони араб нимаи ҳавлиҳои ҳар як аҳолии маҳаллиро ишғол карда буданд. Агарчанде гоҳо, масалан, дар Бухоро, ин қабил мусодираҳо бо баҳонаи зарур будани назорати доимӣ бар он ки аҳолии маҳаллӣ амрияи исломро чи тавр ба ҷо оварда истодаанд, ба амал меомад, вале дар асл ин ҳам яке аз шаклҳои ғорат кардани аҳолӣ буд, алалхусус, арабҳо пас аз соҳиб шудан ба хонаҳои иқоматӣ соҳибони собиқи ҳавлиҳоро водор менамуданд, ки барои онҳо кор кунанд.
Халифаҳои араб дар кишварҳои тобеи худ сиёсати ба расмият даровардани дини исломро ҷорӣ мекарданд. Онҳо дар Осиёи Миёна низ мехостанд ҳокимияти худро бо ҳамин васила мустаҳкам намоянд. Дар вақти сар шудани истилои арабҳо дар Осиёи Миёна дини ягона вуҷуд надошт. Дар баробари хеле васеъ паҳн шудани оини зардуштӣ, дар ин ҷо пайравони мазҳабҳои исавӣ, буддоӣ ва монӣ ҳам мавҷуд буданд. Арабҳо ба ҳамаи ин дину мазҳабҳо ҳуҷум намуда, онҳоро куфр эълон карданд. Онон, махсусан, бар зидди дини зардуштӣ, ки оини аксарияти аҳолии Осиёи Миёна буд, ба таври хеле ҷиддӣ мубориза бурданд. Арабҳо барои ин ки ҳар чӣ зудтар таъсири дину мазҳабҳои дигарро аз миён баранд, дар ҳама ҷо адабиёти динии мардумони Осиёи Миёна, хусусан китобҳои зардуштиро сӯхта нобуд карданд. Дар натиҷа, на фақат адабиёти динӣ, балки адабиёти дигар соҳаҳои зиндагии халқҳои Мовароуннаҳр ва дар ин қатор осори хаттии суғдиён низ қариб тамоман аз миён рафтанд.
Аҳолие, ки дини исломро қабул карда буданд, соҳиби имтиёзҳои калон гардиданд. Арабҳо дар аввалҳои кор ба ононе, ки заруриёти дини навро ба ҷо меоварданд, ҳатто пул медоданд ва аз одамоне, ки оини исломро пайравӣ намекарданд, ҳар сол ҷизя мегирифтанд. Ин тадбирот ба паҳн шудани дини ислом дар Осиёи Миёна хеле мусоидат намуд. Лекин, бо вуҷуди ин, аксарияти аҳолии ин сарзамин, ҳарчанд дини исломро қабул карда бошанд ҳам, муддати дуру дарозе ба дини аввалаи худ ба таври пинҳонӣ пайравӣ мекарданд.
Муборизаи суғдиён, фарғониҳо ва туркон дар солҳои 720–722
Муборизаи суғдиён, фарғониҳо ва туркон дар солҳои 720–722
Дар таълифоти таърихшиносӣ гоҳе ба иштироки Хитой дар муборизаи зидди арабҳо ишора карда мешавад. Ин тамоман дар заминаи ғалат ва иштибоҳ ба миён омадааст. Дар ҳақиқат, чунон ки сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, императорҳои Тан ҳокимони Осиёи Миёнаро ба муқобили арабҳо барангезонда, ба онҳо ташаккур изҳор мекарданд ва мансаб мебахшиданд. Ҳукумати Хитой ин ҳокимонро ба муборизаи зидди арабҳо таҳрик намуда, дар оянда ба онҳо ёрӣ карданро ваъда дода ва дар сурати ба ҷо наовардани ӯҳдадориашон тобеияти худро нисбат ба Хитой эътироф кардани онҳоро талаб карда, аслан барои ёрӣ расондан ба мардуми Осиёи Миёна ангушти худро ҳам хам накарданд.
Чӣ навъе ки Л. Н. Гумилёв қайд мекунад, ҳукумати Тан аз дигар қисматҳои сарҳади худ ягон дастаи аскарро гирифта, ба кӯмаки фарғониҳо ва суғдиҳо нафиристод. Чунон ки муҳаққиқ менависад: «Империягиҳо умедворӣ доштанд, ки ваҳшати ғоратгариҳои арабҳо ва тибатҳо аҳолии Осиёи Миёнаро ба оғӯши онҳо тела медиҳад ва ба онҳо фақат сурати ташкилӣ додан мемонаду халос» (ибораи «сурати ташкилӣ» мебоист ба нохунак гирифта мешуд).
Суғдиён аз кӯмаки хитойиҳо умеди худро канда, барои аз нав барқарор кардани иттифоқ бо фарғониён ва туркҳо ҳаракат намуданд. Соли 720 дар Суғд оташи муборизаҳои озодихоҳӣ дубора фурӯзон гардид.
Пеш аз ин чунин воқеаҳо ба амал омаданд:
Халифа Умар ибни Абдулазиз (717–719) ислоҳоти молиявие эълон кард, ки дар асоси он аз касони дини исломро қабул карда, ҳамчун мусулмонони араб, на хироҷ ва на ҷизя ситонида намешуд. Ӯ аз тарафи арабҳо ба даст овардан, ё худ аниқтараш зер карда гирифтани заминҳоро низ манъ кард, зеро ин боиси ба хазинаи марказӣ хеле кам дохил шудани хироҷ мегардид. Аммо қоиммақомҳои Хуросон бо ҳар баҳона аз иҷрои ин амри халифа саркашӣ мекарданд. Дар навбати худ аъёну ашрофи маҳаллӣ, ки аксари онҳо худро мусулмон мегуфтанд, аслан намехостанд андоз ба арабҳо расад. Онҳо ҳам дар ғами афзудани сарвати худ буданд. Ба ин ҷиҳат дар байни аъёну ашрофи маҳаллӣ ва намояндагони идораи хилофат зиддият пайдо шуд. Мардум, ки аз зулму ситам ва қатлу ғорати арабҳо ба дод омада буд, тарафи аъёну ашрофи маҳаллиро гирифт. Овозае паҳн гардид, ки дар соли 100 ҳиҷрӣ, мутобиқи солҳои 718–719 милодӣ, ба қудрати арабҳо завол мерасад.
Шояд ба муқобили арабҳо сар бардоштани Ғурак (маҳз дар ҳамин вақт, на пештар аз ин) баҳонае шуд, ки Диваштак бо таҳрики арабҳо худро подшоҳи Суғд ва ҳокими Самарқанд эълон кард.
Ҳамон гурӯҳҳои ашрофи суғдӣ ҳам, ки пештар байни худ хусумат парварида, тамоюлоти гуногунро пеш гирифта буданд, якҷоя бар зидди арабҳо бархостанд. Туркҳо ҳам ба ёрӣ даъват шуданд.
Суғдиҳо дар аввали соли 720 шӯриш бардоштанд. Кӯмаки туркҳо низ дар сари вақт расид. Хоқони турк бо сардории Курсул қӯшун фиристод. Иттифоқчиён ба қувваҳои араб сахт зарба заданд. Дар кишвари суғдиён қариб ҳеҷ маҳалле ва ё ҳокиме намонда буд, ки ба муқобили истилогарон сар набардошта бошад. Фақат дар баъзе ҷоҳо гарнизони арабҳо боқӣ монда, он ҳам бо додани товон ва гарав гузоштани одамон мавҷудияти худро нигоҳ медошт. Инак, вақти ҳисоб расид. Мавқеъҳо иваз шуданд. Истилогарони афтодаҳол дар ин арасот аз қаҳру ғазаби бениҳояти халқ ба ларза даромаданд. Қоиммақоми Хуросон ҳарчанд саъй кард, ки шӯришро хобонад, аммо натавонист. Он гоҳ Саид ал-Ҳарошӣ, ки дар пахш кардани шӯриши халқи Ироқ «шӯҳрат» ёфта буд, қоиммақоми Хуросон таъин гардид. Ӯ бо шӯришчиён гуфтушунид сар кард, фавран қисме аз аъёну ашроф нисбат ба шӯриш хиёнат намуд. Дар миёни ин хиёнаткорон подшоҳи Суғд — Ғурак ҳам буд, ки на фақат ба тарафи арабҳо гузашт, балки ҳамроҳи онҳо бар зидди раияти худ ҷангиданро ҳам ба зимма гирифт. Бо вуҷуди ин, аксари шӯришчиён қарор доданд, ки ба душман таслим нашуда, ба маҳалҳои аз тасарруфи арабҳо берунмонда паноҳ баранд.
Чунин маҳал Фарғона буд. Подшоҳи он Алутар, ки он вақт дубора тоҷу тахтро соҳиб гардида буд, ба суғдиён паноҳгоҳ ва ҳимоят ваъда дод. Қисми зиёди суғдиҳо ба ин ваъда бовар карда, роҳи Фарғонаро пеш гирифтанӣ шуданд. Онҳоро Қарзанҷ ном марди далер ва шуҷоъ сардорӣ мекард. Фарғона рафтан ба ӯ маъқул набуд. Ӯ нақшае пешниҳод кард, ки мувофиқи он ба қӯшуни пешоҳанги араб ҳамла намуда ва онро торумор карда, ба он сӯйи Сирдарё, ба назди туркҳо рафтан лозим буд. Лекин тоҷирон ва деҳконони суғдӣ бо ин пешниҳоди ӯ розӣ нашуданд ва Фарғонаравиро исрор карданд. Вақте ки фавҷи шӯришгарон ба тарафи Фарғона равон шуд, Алутар аҳдшиканона бо арабҳо гуфтугузор сар карда, ваъда дод, ки шӯришиёнро ба дасти онҳо месупорад. Вале ба суғдиҳо хабар расонид, ки ваъдаи ба онҳо додаи ӯ пас аз 20 ё 40 рӯзи дар яке аз дараҳои Исфара пинҳон шудани онҳо қувват пайдо мекунад. Дар ҳамин вақт, ки ду тараф саргарми гуфтушунид буд, қӯшуни араб ба Хуҷанд, ба қароргоҳи муваққатии шӯришгарон расида омад. Маълум, ки дастнишондаи арабҳо — Алутар ёрӣ расонданро ба одамони фиребдодааш рад намуд.
Ба арабҳо ишғоли Хуҷанд (баҳорон ё тобистони с.722) ба осонӣ муяссар нагардид. Суғдиҳо то дами охирин истодагарӣ карданд. Онҳо дар назди дарвозаҳои шаҳр хандақ канда, болои онро пӯшониданд ва сипас, бардурӯғ рӯ ба гурез ниҳоданд, арабҳои фирефташуда онҳоро таъқиб намуданд ва даҳҳо нафарашон ба хандақ ғалтида, асири суғдиён гардиданд. Аммо вақте ки қувваҳои сершумори арабҳо расида, мошинҳои деворшикан ба кор сар карданд, вазъияти ба муҳосира афтодагон хеле бад шуд. Онҳо шартҳои арабҳоро дар бобати баргаштан ба Суғд, пардохтани хироҷ ва раҳо кардани асирони араб қабул намуданд. Суғдиёни шӯришгар ҳама беяроқ карда шуданд. Арабҳо якеро гунаҳгор хонда, тамоми онҳоро қир карданд. Сарбозони суғдӣ дар охирин лаҳзаи ҳаёти худ ҳам ҷасорати фавқулодда нишон медоданд. Табарӣ бо тааҷҷуб менависад, ки суғдиёни бесилоҳ калтак ба даст ҷангида, муқовимат мекарданд. Ҳамаи онҳо аз дами теғ гузаронида шуданд. Фақат 400 нафар тоҷирон зинда монданд, ки ҷони худро бо пулу моли бисёре аз арабҳо харида гирифтанд. Аҳолии Хуҷанд ҳам ба азият ва маҳрумиятҳо дучор гардид; саркардаи араб фармуд, ки заминдорони ин ҷо ба гардани худ мӯҳри сурбӣ овехта гарданд; касеро, ки андаке аз итоат сар мекашид, ба куштан медоданд.
Ба гурӯҳи дигари шӯришгарон Дивоштак сардорӣ мекард. Ӯ бо ҳамроҳони худ аз Панҷакент ба саргаҳи Зарафшон ҳаракат кард. Аз рӯйи тахмини ба ҳақиқат наздики А. Ю. Якубовский, Дивоштак ният дошт одамони худро аз ағбаи Шаҳристон гузаронида, ба Хуҷанд ва Фарғона расонад. Вале ин нияти ӯ амалӣ нагардид. Дар қарибиҳои қишлоқи Қум кӯшке ба номи Абгор (ё худ Абаргар) мавҷуд буд, ки онро ба кӯшки Кӯҳи Муғ як мешуморанд. Қӯшуни араб дастаҳои чанде аз ҳокимони Осиёи Миёнаро ҳам дар бар гирифта буд. Кӯшишҳои Дивоштак дар бобати гирифтани пеши роҳи душман бо ҷанги танбатан натиҷае набахшид. Дере нагузашта захираи озуқа ва лавозимоти фидоиёни ба муҳосира афтодаи ӯ ба охир расид. Дивоштак маҷбур шуд, ки бо арабҳо гуфтушунид сар кунад. Арабҳо барои нигоҳ доштани ҳаёти сад нафар, аз ҷумла, худи Дивоштак замонат доданд. Аммо дар ин ҷо ҳам истилогарон макру фиреби ҳамешагии худро ба кор бурданд: Дивоштакро ваҳшиёна қатл карданд ва сари буридаи ӯро ба ҳукмрони Ироқ фиристоданд.
Наҳзати зидди арабҳо бераҳмона пахш карда шуд. Бисёр деҳқонон ва ҳокимони маҳаллӣ нобуд гардида, молу мулки онҳо ба дасти саркардаҳои араб расид. Истисмори барзгарон қувват гирифт.
Баъзе ҳокимони мулкҳои Осиёи Миёна пас аз шикаст хӯрдани наҳзати зиддиарабии солҳои 720-722 ҳам муборизаро қатъ накарданд. Дар байни онҳо, ҳатто касоне ҳам буданд, ки дар вақтҳои пеш ба назди истилогарон сар хам мекарданд. Чунончи, дар соли 723 подшоҳи Фарғона — Алутар бар зидди арабҳо лашкар кашида, бо ҳамроҳии фарғониҳо ва чочиҳо онҳоро дар тамоми роҳи аз Хуҷанд то Самарқанд таъқиб намуд ва ба истилогарон зарбаи сахт ворид овард. Аҳолии Суғд аз сари нав шӯриш бардошт. Оташи мубориза гоҳо хомӯш мешуд ва гоҳо забона мезад. Амалиёти ҳарбӣ гоҳ ба фоидаи арабҳо ва гоҳ ба фоидаи муборизони роҳи озодӣ анҷом меёфт.
Муборизаи Хатлонзамин бар зидди истилогарон
Муборизаи Хатлонзамин бар зидди истилогарон
Мардуми далер ва озодихоҳи Хатлон (Хаталон) ба истилогарони араб муқобилати сахт нишон доданд. Он вақтҳо Хатлон тамоми хоки гурӯҳи районҳои Кӯлоб ва водии Вахшро дар бар мегирифт ва дигар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ ба вай итоат мекарданд. Подшоҳи Хатлон дар ихтиёри худ 50 ҳазор қӯшун дошт.
Арабҳо фақат дар соли 725 ба муқобили Хатлон амалиёти ҷиддии ҳарбӣ сар карданӣ шуданд. Қоиммақоми араб — Асад ибни Абдуллоҳ пас аз барқарор намудани Балх ба ин мулк лашкар кашид. Вале арабҳо ба қувваи муттаҳидаи подшоҳи Хатлон ва хоқони турк рӯ ба рӯ шуда, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Табарӣ хабар медиҳад, ки вақти аз ҷанги Хатлон шармандавор шикаст хӯрда, ба Балх баргаштани Асад ибни Абдуллоҳ аҳли Балх дар ҳаққи ӯ суруди тамасхуромез меофаранд, ки аз аввалин асари маҳфузмондаи тоҷикӣ ҳисобидан мумкин аст:
Аз Хаталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия.
Обор боз омадия,
Хушку низор омадия.
Арабҳо дар муҳорибаи Хатлон чунон сахт шикаст хӯрда буданд, ки дар муддати бештар аз даҳ сол ишғол кардани онро ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеоварданд. Фақат дар соли 737 Асад ибни Абдуллоҳ ба Хатлон ҳуҷум кард. Аввалҳо дасти ӯ қадре боло шуд. Вале хоқони турк аз ҳуҷуми арабҳо огоҳӣ ёфта, бо қувваи зиёде ба кӯмаки хатлониҳо шитофт. Асад ибни Абдуллоҳ ақиб нишаста, ба воситаи дарёи Панҷ ба тарафи Кӯҳи Намак (ҳоло Хӯҷа Мӯъмин меноманд) паноҳ бурд. Дар вақти фирор арабҳо аз қофилаҳои худ тамоман маҳрум шуданд. Қӯшуни турк ва хатлониҳо дар соҳили чапи дарё ҳам арабҳоро таъқиб мекарданд. Иттифоқчиён комилан имкон доштанд, ки қувваҳои бесарусомон ва ҳаросон гурехтаистодаи арабро тамоман мағлуб карда, Балхро ишғол намоянд. Вале онҳо, ба ивази ин ки якҷоя ва фавран ба қӯшуни арабҳо зарба зананд, муддати дароз нигарон истода, мавзеъҳои камаҳамиятро забт мекарданд ва қувваҳои худро парешон менамуданд. Инак, вақте ки дар Хористон байни қӯшуни иттифоқчиён ва арабҳо муҳориба ба амал омад, дастаҳои Асад на фақат ҷон ба саломат бурданд, балки сарбозони хоқон ва хатлониҳоро торумор ҳам карданд. Ҳокими Хатлон Бадр-Тархон ва сарбозони ӯ ба муҳосира афтода, бо аскарони араб ҷангро давом медоданд, вале дар охир маҷбур шуданд, ки дар бобати сулҳ бо арабҳо гуфтушунид кунанд. Арабҳо ваъда доданд, ки ба Бадр-Тархон даст намерасонанд. Ин дафъа ҳам ваъдаи онҳо дурӯғ буд. Бадр-Тархонро мисли Дивоштак аҳдшиканона ба куштан доданд ва ӯ ваҳшиёна қатл карда шуд. Пас аз ин арабҳо Хатлонзаминро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.
Як нафар аз зурёти ҳокимони Хатлон хост ба Фарғона фирор намояд. Вале ба таъқиби арабҳо дучор гардида, ба Уструшан гурехт. Ӯ ва ҳамроҳонаш бо худ бутҳои бисёреро ба Уструшан оварданд.
Чунон ки гуфта шуд, дар сари ҳукумати Уструшан афшин меистод. Афшинҳои Уструшан ба тарафдории деҳқонон – мулкдорони хурд ва, махсусан, ба хайрхоҳӣ ва муборизаи фаъоли заминдорони озодихоҳ истинод намуда, истилогарони арабро то охири асри VIII ба қаламрави худ роҳ надоданд.
Дар соли 728 ва солҳои 736–737 аҳолии Тахористон ва Суғд бо ҳимояи қӯшуни хоқони турк бар зидди истилогарони араб сар бардоштанд. Аҳволи арабҳо, хусусан, дар соли 737 хеле вазнин гардид. Тафсили ин қиёми озодихоҳона чунин аст: дар аҳди хилофати Ҳишом (724–743) аксари аҳолӣ исломро фақат зоҳиран қабул карда, ҷизя намедоданд. Дар натиҷа даромади хазинаи давлати араб хеле кам шуд. Халифа ба мақсади дубора барқарор намудани даромади хазина амр кард, ки тамоми одамони мусулмоншуда боз андози иловагӣ – ҷизя диҳанд. Адо намудани он барои мардум душвор буд. Бинобар ин онҳо ба унвони халифа нома навишта, изҳори эътироз намуданд ва арз карданд, ки аз мусулмонон гирифтани ҷизя ғайриқонунист ва мухолифи ваъдаи хилофат аст. Аммо талаби мардум аз тарафи Ҳишом рад карда шуд. Он гоҳ суғдиҳо аз ислом рӯй гардонида, ба пайравӣ кардани ақидаҳои динии қадимаи худ шурӯъ намуданд. Илова бар ин, туркҳоро ба ёрӣ даъват карда, ба муқобили ҳокимияти хилофат шӯриш бардоштанд. Ин шӯриш ба дараҷае вусъат ёфт, ки ғайр аз Самарқанд ва Дабусия тамоми хоки Мовароуннаҳр ба дасти шӯришчиён даромад.
Рӯз то рӯз хавфноктар гардидани вазъияти Хуросон ва Мовароуннаҳр халифаи арабро маҷбур сохт, ки дар як муддати кӯтоҳ якчанд қоиммақомро иваз кунад. Ниҳоят, дар соли 738 Наср ибни Сайёр қоиммақоми Хуросон ва Мовароуннаҳр таъин гардид. Ӯ вақти зиёде ба корҳои давлатии Хуросон машғул шуда, баробари он дар солҳои 738–739 се маротиба ба Мовароуннаҳр лашкар кашид ва шӯришҳои аҳолии Самарқанд, Чоч ва Форобро фурӯ нишонид. Наср ибни Сайёр фаҳмид, ки фақат бо роҳи ҷанг мутеъ кардани мардуми ин сарзамин мумкин нест. Аз ин рӯ, вай роҳи бо аъёну ашрофи маҳаллӣ созиш карданро меҷуст, то ки барои дар итоат нигоҳ доштани мамлакат аз қувваи онҳо истифода барад. Ӯ духтари бухорхудотро ба занӣ гирифта, бо асилзодагони Мовароуннаҳр робитаи ақрабоӣ пайдо мекунад.
Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, муборизаи мардуми Осиёи Миёна бар зидди истилогарон ҳамоно давом мекард ва ин сарзамин яке аз беэътимодтарин гӯшаву канорҳои хилофат ба ҳисоб мерафт.
Оқибати ба хилофати араб ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна
Оқибати ба хилофати араб ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна
Ҳангоми баҳо додан ба аҳамияти таърихии аз тарафи арабҳо истило шудани Осиёи Миёна, чунон ки дар баъзе тадқиқот ба шакли пардапӯшида ба назар мерасад, набояд ба ифроту тафрит роҳ дод. Дар вақти таҳлили чунин ҳодисаи мураккаб, мисли Осиёи Миёнаро истило кардани арабҳо, пеш аз ҳама, мавқеи синфиро ҷиддан риоя намудан, гуногунӣ ва рангорангии ғайриоддии таркиби синфӣ ва тоифавии ҷамъияти феодалиро ба эътибор гирифтан зарур аст.
Шубҳае нест, ки маъмурони сосонӣ, аъёну ашрофи динӣ ва ғайридинии маҳаллӣ дар Эрон ва Осиёи Миёна ба кишоварзону ҳунармандон аз ҳад зиёд зулм мекарданд. Ин буд, ки оммаи халқ аввалҳо ҳукумати худро дар мубориза бар зидди арабҳо дастгирӣ накард, шиори ҳокимони арабро дар бораи баробарҳуқуқӣ ва озодӣ саҳван ҳамчун таҷдиди анъанаҳои наҳзати маздакия пиндошт. Ҳамаи ин дар давраи аввали истило ба ҳаракати фотеҳони арабҳо дар сарзамини Эрон ва Хуросон мусоидат намуд.
Дар айни замон, аз тарафи арабҳо истило шудани Осиёи Миёна, қабл аз ҳама, ҷанги ғосибонае ба манфиати табақаи ҳукмрони араб буда, ба сари мардумони мутеъ мусибат ва маҳрумиятҳои зиёде меовард ва дучори зулму тааддии дутарафа мегардонид.
Ҳокимони маҳаллӣ аз тобеияти Эрони сосонӣ, хусусан дар нимаи дувуми асри VII раҳойӣ ёфта, ба зери ҳукмронии маъмурияти боз ҳам бераҳмонатари араб афтоданд. Истилогарон сиёсати толону тороҷ ва ҷабру ситамро ҷорӣ намуданд. Дар натиҷаи ин, алалхусус, дар марҳилаҳои баъдинаи истило, дар бисёр маҳалҳо аҳолии Осиёи Миёна ба муқобили истилокорон сар бардошта, бо матонати тамом муқобилати мусаллаҳона карданд.
Ҳамчунин бояд ба назар гирифт, ки вазъият ҳар гоҳ вобаста ба замону макон тағйир меёфт. Кӯшишҳои нахустини арабҳоро «нарм кардан» ва ба василаи андозу хироҷ аз дасти онҳо халос шудан ба қиёми мусаллаҳона мубаддал мегардид. Тазйиқи арабҳо торафт зиёдтар мешуд, сиёсати табақаи феодалшудаи хилофат тағйир ёфта, баробари мустаҳкам шудани давлати бузурги ба тараққӣ рӯниҳода нисбат ба халқҳои мутеъ боз ҳам золимонатар мегардид. Дар ин сурат маҳалҳои нисбатан ба осонӣ забткардаи арабҳо ҳам ба шӯр омада, бо кӯмаки иттифоқчиёни шарқии худ, алалхусус, туркҳо ба истилогарон муқовимати сахт нишон медоданд. Мухтасаран чунин буд шароити таърихии Осиёи Миёна дар асрҳои VII–VIII.
Протсессҳои этногенӣ, забонӣ ва мадании кишварҳои дохили хилофат ниҳоятдараҷа мураккаб ва пурихтилоф буданд. Дар Шарқи Наздик ва Африқои шимолӣ аксари қавму нажодҳо «арабонида» мешуданд. Дар ҳамон ноҳияҳо ҳам, ки аҳолӣ забони модарии худро нигоҳ медошт, зӯран дини исломро ҷорӣ карда, баробари он забони арабиро низ чун забони муқаддас паҳн менамуданд, зеро Қуръон ва дигар адабиёти динияро фақат онҳое хонда метавонистанд, ки ин забонро медонистанд. Забони арабӣ ҳамон мавқееро, ки забони лотинӣ дар Европаи ғарбии асримиёнагӣ дошт, дар дохили хилофат соҳиб гардида, дар байни халқҳои гуногун эътибори забони умумии илмиро пайдо мекунад (фақат баъдҳо адабиёти илмӣ дубора ба забонҳои маҳаллӣ инкишоф меёбад). Маданияти халқҳои хилофат ё худ чи навъе ки баъзан истилоҳи нодурустеро ба кор бурда, маданияти мусулмонӣ мегӯянд (маданияти араб – тамоман нодуруст), натиҷаи синтези комёбиҳои эҷодии бисёр халқҳо, аз ҷумла, халқҳои Осиёи Миёна мебошад. Ҷаҳонбинии ягонаи динӣ ва забони (лоақал дар марҳилаҳои аввал) умумӣ, алоқаи наздик ва муттасили ин халқҳо бисёр ҷиҳатҳои махсуси ин маданиятро ба миён овард. Вале бори дигар таъкид мекунем: ҳар як халқи ба ҳайъати хилофат дохилшуда дорои маданияти ба худ хос, инчунин махсусиятҳое мебошад, ки бо таъсири анъанаҳои маданӣ ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам омада, алалхусус, аз охири асри IХ-Х тадриҷан ба ҷудошавии (дезинтегратсияи) маданӣ оварда мерасонад.
Маданияти халқҳои хилофат дар асрҳои IХ–ХII аз маданияти ҳамзамони аврупоӣ чандин мартаба баландтар буд. Бузургтарин хизмати таърихии халқҳое, ки ба ҳайъати хилофат дохил буданд, бисёр суннатҳои қадима, хусусан, анъанаҳои улуми табиат ва фалсафаро, ки донишмандони хилофат ба таври эҷодӣ аз нав кор карда мебаромаданд, барои тамоми инсоният «интиқол» намудан аст. Меҳнат ва фаъолияти ин донишмандон барои шинос шудани аврупоиҳо бо комёбиҳои мардуми шарқ мусоидат карданд. Осори илмии донишмандони Осиёи Миёна, аз қабили Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва бисёр дигарон ба ганҷинаи илму маданияти на фақат хилофат, балки тамоми инсоният саҳми пурарзише гардиданд. Таълифоти оид ба тиб, рисолаҳои ҳисоб, ҷадвалҳои нуҷум ва тарҷумаҳои арабӣ аз забонҳои гуногун ба мамолики Ғарб роҳ ёфта, муддати асрҳо вазифаи дастури мӯътабареро адо мекарданд. Роли Шарқ дар инкишофи адабиёти Европаи ғарбӣ низ хеле калон аст, ҳатто тахмин мекунанд, ки қофия ба назми румӣ аз шеъри араб гузаштааст.
Инак, аз нуқтаи назари пешомади таърихӣ, ба хилофат ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна оқибат ба суръат ёфтани тараққиёти феодализм, консолидатсияи қавмҳои Осиёи Миёна, кам шудани парокандагӣ ва пайдоиши давлатҳои марказиятнок мусоидат намуд ва дар ин замина минбаъд давлатҳои маҳаллии Осиёи Миёна ва Эрон ба вуҷуд омаданд; илова бар ин, вай ҳарчанд аввал ба иқтисодиёт ва маданияти маҳаллӣ зарарҳои калон расонда бошад ҳам, баъдҳо ба равнақи васеи равобити байни халқҳои гуногун боис гардид, ки ба тавассути он синтези бузурги мадании Осиёи Миёна ва тамоми Шарқи Наздики асрҳои IХ-ХI ба вуқӯъ пайваст.
4. Роли халқҳои Осиёи Миёна дар муборизаи байни Умавиҳо ва Аббосиён
Гурӯҳҳои мухолиф дар хилофат
4. Роли халқҳои Осиёи Миёна дар муборизаи байни Умавиҳо ва Аббосиён
Гурӯҳҳои мухолиф дар хилофат
Рӯҳияи душманона нисбат ба ҳокимияти хилофат на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар кишварҳои таҳти тасарруфи арабҳо низ хеле пурқувват буд. Усули идораи халифаҳои араб на фақат норизоияти оммаи меҳнаткашро ба вуҷуд меовард, дар айни замон, ба ашрофи заминдори маҳаллӣ ҳам намефорид. Зеро ашрофи маҳаллӣ тақрибан ба куллӣ аз ҳуқуқи сиёсӣ маҳрум гардида буданд ва дар натиҷаи ба нафъи халифа ва аъёни қабилавии араб равона шудани тамоми молиёт ва андозҳои барзгарон ба оидоти онҳо хеле зарар мерасид.
Сиёсати пешгирифтаи халифаҳои Банӣ Умавия на фақат ба халқҳои мутеъ, балки инчунин ба худи оммаи арабҳо хуш намеомад. Ин ҳолат бо протсесси ба синфҳо ҷудошавии қабилаҳои араб, вайроншавии алоқаҳои авлодӣ ва афзудани нобаробарии мулкӣ, ки дар ҳамин вақт ба вуқӯъ мепайваст, вобаста буд. Дар сари ҳокимият нишастани Умавиҳоро ду гурӯҳи асосӣ ғайриқонунӣ медонистанд.
Гурӯҳи аввал хориҷиҳо буданд. Ин гурӯҳ намояндагони ҳамон табақаҳоеро дар бар мегирифт, ки аз баланд шудани мартабаи аъёну ашрофи араб норозӣ буда, бар зидди усули ба мерос бурдани тахти хилофат баромад мекарданд ва чунин қоидаро пешниҳод менамуданд: «Нест халифае, ки берун аз хости Худо ва майли халқ бошад». Онҳо чунин ҳисоб мекарданд, ки халифаи аз тарафи ҷамоат интихобшуда мумкин аст дар сурати бад идора карданаш аз тарафи ҳамон ҷамоат назл карда шавад; бояд дар дохили ҷамоати мусулмон баробарии комил ҳукмфармо бошад. Аз ҳамин сабаб ҳам баъдҳо таваҷҷӯҳи доираҳои васеи аҳолии аслан ғайриараб, хусусан барзгарон ба тарафи ин гурӯҳ кашида шуд.
Гурӯҳи дигар тарафдорони Алӣ (шиаҳо) буданд. Дар аввалҳо ин гурӯҳ манфиатҳои баъзе болонишинони хонадонҳои қадимаи маккавӣ ва мадинавиро, ки усули меросӣ будани тахти хилофатро эътироф карда, дар айни замон, фақат авлоди Алиро (амакзода ва домоди Муҳаммад, шавҳари Фотима) ворисони ҳақиқӣ медонистанд, ифода менамуд. Алӣ ва писари кӯчаки ӯ Ҳусайн, ки дар вақти задухӯрдҳои дохилӣ кушта шуда буданд, бо ҳолаи азиятдидагони муқаддас иҳота шуда, ливои муборизаи зидди Умавиҳо гардиданд. Дар оянда мазҳаби шиа ва парастиши Алӣ ба байрақи чандин ҷараёнҳои мухолифатварзандаи дохили ислом табдил ёфт. Мазҳаби шиа аз оғози ба вуҷуд омадани худ, хусусан, дар миёнаи болонишинони ҷамоаи халқҳои мутеи хилофат, ки онро ҳамчун василаи суст шудани фишори аҷнабиён мепиндоштанд, тарафдорони зиёде пайдо намуд.
Ғайр аз ин, тақрибан аз соли 718 сар карда, авлоди Аббос (амаки Муҳаммад) бар зидди ҳукмронии Умавиҳо ба таври пинҳонӣ таблиғоти ҷиддӣ бурданд. Аббосиён даъво мекарданд, ки ҳаққи хилофат аз они Банӣ Ҳошим, яъне хонадони пайғамбар аст. Аммо кӣ бояд аз ин хонавода ба тахти хилофат нишинад, дар ин бора одатан чизе ошкоро намегуфтанд. Аз ин сабаб онҳо ба шиаҳо, ки гумон доштанд Аббосиён ба нафъи онон амал мекунанд, муттаҳид шуданд.
Норизоияти умумӣ нисбат ба сиёсати Умавиҳо махсусан дар солҳои чилуми асри VIII, яъне дар овони хилофати Марвони II (744–750) ниҳоятдараҷа қувват гирифт, ки ба ин афзудани хироҷ ва дар бинокориҳои бузург беш аз пеш иҷборан истифода шудани қувваи аҳолии маҳаллӣ боис гардида буд.
Халифаи Марвон ин вазъиятро ба хубӣ ҳис карда, барои таъмини бехатарии ҳокимияти Умавиҳо як қатор тадбирот пешбинӣ намуд: аввалан, ӯ тамоми аъзои хонаводаи Умавияро аз Димишқ ба шаҳри Ҳаррон (пойтахти нави хилофат) кӯчонид; сониян, вай фармон дод, ки ғайр аз шаҳри Антиохия, ки чун маркази аз румиҳо мудофиа кардани хилофат ба шумор мерафт, тамоми қалъа ва деворҳои атрофи шаҳрҳоро вайрон кунанд, то аҳолии маҳаллӣ аз ин истеҳкомот ба муқобили ҳукумати Банӣ Умавия истифода набаранд. Вале дигар ҳеҷ як тадбире пеши ҳаракати пурэътирозро гирифта наметавонист. Норизоияти умумӣ ба дараҷае вусъат ёфта буд, ки ҳатто аввалин бор дар таърихи хилофат аскарони хосаи дарбори халифа исён бардоштанд.
Яке аз шахсони соҳибнуфузи хонадони Аббосиён — Имом Иброҳим ибни Муҳаммад дар охирҳои давраи ҳукмронии Умавиён роҳбарӣ кардани корҳои таблиғотиро ба дасти худ гирифта, ба тамоми гӯшаву канори хилофат, махсусан, ба музофотҳои шарқӣ воизони махфӣ фиристод ва тарғиботи зидди Умавиҳоро хеле пурқувват намуд.
Аббосиён изҳор медоштанд, ки тамоми бадбахтиҳои аз рӯзи пайдо шудани ислом, яъне дар муддати ин сад сол ба сари мусулмонон омада аз тарафи халифаҳои Банӣ Умавия сар задааст. Онҳо ба халқ ваъда медоданд, ки дар сурати сарнагун шудани ҳукмронии Умавиҳо хироҷ ва соири молиётҳоро кам хоҳанд кард, дар бинокориҳо ба тарзи маҷбурӣ кор фармудани барзгаронро барҳам хоҳанд дод, ба аҳолии маҳаллӣ ҳуқуқи сиёсӣ бахшида, онҳоро низ ба умури давлатии хилофат ҷалб хоҳанд намуд.
Албатта, ин ҳама ваъдаҳо, ғайр аз фиреб додани халқ чизи дигаре набуд. Аббосиён ба ин восита фақат мехостанд, ки дар низоъҳои сулолавӣ бар алайҳи Умавиҳо оммаро ба тарафи худ кашида, муборизаро ба манфиати худ ташкил намоянд. Лекин он чӣ дар бораи манфиатҳои аслии оммаи васеъ бошад, Аббосиён ва воизони онҳо, ба мисли Умавиҳо, хеле кам фикр мекарданд.
Аббосиён дар муборизаи худ бар зидди Умавиҳо бештар ба ашрофи заминдори Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки умедвор буданд дар сурати муваффақият пайдо кардани табаддулоти Аббосиён ба идора кардани мамлакат роҳ хоҳанд ёфт, такя менамуданд. Воизони махфии Аббосиён ҳанӯз дар вақти хилофати Ҳишом (724-743) дар Хуросон пайдо шуда буданд. Сарчашмаҳои таърихӣ чунин гувоҳӣ медиҳанд, ки дар вақти қоиммақоми Хуросон будани Асад ибни Абдуллоҳ (735-738) якчанд намояндагони Аббосиёнро дастгир карда, дасту пойи онҳоро буридаанд. Дигар аз қоиммақомҳои Хуросон, ки ба муқобили шиаҳо ва Аббосиён бештар ва қатъитар мубориза бурдааст, ҳамон Наср ибни Сайёр (738-748) мебошад.
Дар нимаи дувуми солҳои 40-уми асри VIII вазифаи сардорӣ намудани муборизаи зидди хилофати Умавиҳоро Абӯмуслим, ки мубтакири табаддулоти Аббосиён буда, баъдҳо шӯҳрати зиёде пайдо намуд, ба зиммаи худ гирифт.
Наҳзати Абӯмуслим
Наҳзати Абӯмуслим
Абӯмуслим аслан аз оилаи барзгар баромада, бар тибқи баъзе маълумот, дар аввалҳо ғулом будааст. Абӯмуслим дар наздикии бузургтарин шаҳри Хуросон – Марв қароргоҳи худро таъин намуда, ҳамчун «як шахси боэътимоди хонаводаи пайғамбар» барои сафарбар кардани аҳли шиа ва дигар одамони норозӣ бо тамоми ҷиддият кор мебурд. Ин унвони боэътимодро ба Абӯмуслим Аббосиён дода буданд, зеро амалиёти таблиғотии ӯ ба манфиати онҳо равона шуда буд. Вақте ки замина ҳозир шуд, 9 июли соли 747 Абӯмуслим байрақи сиёҳро, ки аз они Аббосиён буд, барафрошта, халқро ба муборизаи ошкоро даъват намуд.
Даъвати Абӯмуслим дар байни ҳам арабҳо ва ҳам халқҳои мутеи хилофат муваффақияти калоне пайдо кард. Муаллифи арабизабон Абӯҳанифаи Диноварӣ чӣ навъ афзудани қувваҳои аскари Абӯмуслимро ба ин тариқа фасеҳ тасвир менамояд: «Мардуми Ҳирот, Фушанҷ, Марворруд, Толиқон, Марв, Нисо, Абевард, Тӯс, Нишопур, Сарахс, Балх, Чағониён, Тахористон, Хатлон, Кеш ва Насаф бо аҷала ба назди Абӯмуслим ҳаракат мекарданд. Ҳамаи онҳо ба аломати ҳамрайъӣ либоси худро ранги сиёҳ заданд, инчунин нимаи гурзҳои чӯбиашонро сиёҳ карданд… Ин мардум савори аспу хар ва ё пиёда харҳои худро пеш давонида ва ба онҳо «Харро Марвон!» – гӯён фарёд зада, яъне халифаи Марвон ибни Муҳаммадро тамасхуркунон ба хар нисбат дода, ба ин ҷониб меомаданд ва иддаи онҳо 100 000 нафар буд». Даста-даста арабҳои Яман, ки шӯриши онҳо чанде пеш фурӯ нишонда шуда буд, дар таҳти байрақи Абӯмуслим гирд меомаданд. Ҳатто ғуломон, ки аз ин наҳзат ба сабук шудани ҳолати табоҳи худ умедвор буданд, ба қувваи ҳарбии ӯ ҳамроҳ мешуданд.
Қоиммақоми Хуросон — Наср ибни Сайёр, ки тамоми бори вазнини муборизаи зидди Абӯмуслим ба зиммаи ӯ афтода буд, дар бобати муттаҳид кардани арабҳо ба муқобили ин наҳзат хеле кӯшишҳои бефоида ба харҷ дод. Аъёну ашрофи тоифаҳои ҷудогонаи араб, ки пай дар пай барои ҳокимият мубориза мебурданд, дар ин вақт ба ҷаҳду талоши худ бештар вусъат дода буданд. Дар дохили қабилаҳои араб протсесси тақсимоти синфӣ босуръат ба амал омада, бисёрии арабҳо, алалхусус онҳое, ки аз табақаҳои фақир буданд, ба таҳти байрақи Абӯмуслим қарор мегирифтанд.
Дар аввали соли 748 Наср ибни Сайёр маҷбур шуд, ки пойтахти Хуросон шаҳри Марвро ба қиёмкунандагон гузошта, тарафи Нишопур ақиб нишинад. Лекин яке аз сарлашкарони Абӯмуслим, ки таъқиб кардани Наср ибни Сайёрро ӯҳдадор шуда буд, дар наздикии Нишопур ба қувваи ҳарбии ӯ зарбаи ҳалокатовар расонид ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто худи ҳамин муҳориба ғалабаи асосии шӯришро таъмин намуда, тақдири хилофати Умавиҳоро ҳал кард. Агарчанде халифаи Марвон тамоми қувваи дар ихтиёраш бударо ба кор дароварда, шӯришчиёнро шикаст дод ва Имом Иброҳими Аббосро дар пеши назари умум ба қатл расонид, лекин ин ҳам хилофати Умавиҳоро аз суқут наҷот дода натавонист. Шӯришчиён дар Ироқ ба қӯшунҳои ӯ якчанд зарбаи сахт дода, бузургтарин маркази хилофат — шаҳри Димишқро ишғол намуданд.
Ба ҳамин тариқ, он лашкаре, ки Абӯмуслим дар вилоятҳои шарқии хилофат асосан аз аҳолии Осиёи Миёна ва аз арабҳои мухолифи сиёсати Умавиҳо ташкил дода буд, дар соли 750 қувваҳои ҳарбии охирин намояндаи хонадони Умавияро торумор карда, хилофати ин силсиларо аз миён бардошт.
Ба сари ҳокимият Аббосиён омаданд. Лекин Аббосиён, чунон ки интизор мерафт, дар бораи оммаи асосии шӯришчиён, ки бо ташаббус ва фаъолияти онҳо ба тахти хилофат соҳиб шуда буданд, чизе фикр накарданд. Ваъдаҳои ба халқ додаи онҳо иҷро нагардид, Абӯмуслим ҳам, ки қоиммақоми Хуросон таъйин шуда буд, дар ин бора хомӯш монд.
Вақте ки суғдиён дар бораи вафо кардан ба аҳди худ, ҳатто ният надоштани Аббосиён ва Абӯмуслимро яқинан донистанд, дар Бухоро бо сардории Шарик ибни Шайх шӯриш намуданд. Абӯмуслим ба муқобили шӯришчиён қӯшуни даҳҳазора фиристод. Аммо шӯриш то дараҷае пурқувват буд, ки фақат бо кӯмаки бухорхудот Қутайба ибни Туғшода, ки ба муқобили аҳолии заҳматкаши Бухоро лашкари бо нафароти қӯшуни фиристодаи Абӯмуслим баробар бударо равона сохт, фурӯ нишондани он имконпазир гардид.
Абӯмуслим дар мубориза бар зидди императори Хитой, ки аз ҷангҳои дохили хилофат истифода намуда, хост ҳукмронии худро дар Осиёи Миёна барқарор кунад, низ ҳамчун ҳомии ғайюри хилофати Аббосиён фаъолият нишон дод. Дар соли 751 дар муҳорибаи шадиде, ки дар соҳили наҳри Талас, наздикии шаҳри кунунии Ҷамбул рух дод, қӯшуни арабҳо бо сардории яке аз сарлашкарони Абӯмуслим ба торумор намудани лашкари императори Хитой муваффақ гардид.
Бо вуҷуди он ки Абӯмуслим чӣ бо душманони хориҷӣ ва чӣ бо ҷунбишҳои дохилии зидди Аббосиён мубориза бурда, онҳоро самимона тарафдорӣ мекард, Аббосиён ба вай он қадар бовар надоштанд ва хавф мебурданд, ки ӯ рӯзе ба тахти хилофат даъво хоҳад кард. Ин хавф ба дараҷае расид, ки дар соли 755 халифа Абӯҷаъфар ал-Мансур (754-775) Абӯмуслимро ба ҳузури худ талабида, ӯро дар қасри худ аҳдшиканона қатл намуд.
Шӯриши Сумбоди Муғ ва наҳзати Муқаннаъ
Шӯриши Сумбоди Муғ ва наҳзати Муқаннаъ
Дар замони хилофати Аббосиён аҳволи оммаи васеи халқ на танҳо беҳтар нашуд, балки назар ба давраи Умавиҳо боз бадтар гардид. Оидоти замини иҷора бештар ба шакли молӣ буд. Аз заминҳои лалмӣ нисфи ҳосил ва аз заминҳои обёришаванда аз чаҳоряк то сеяки он ситонида мешуд. Баъзан аз рост наомадани тақвими қамарии мусулмонон бо тақвими шамсии зироат истифода намуда, дар як сол ду мартаба хироҷ мегирифтанд. Бар замми ин дар вақти хироҷғундорӣ корандагони заминро фиреб медоданд ва бо роҳи таҳдид ҳарчи зиёдтар молиёт меситониданд.
Дар натиҷаи қувват гирифтани протсесси инкишофи муносиботи феодалӣ, замин, ки исман моликияти халифа ҳисоб ёфта, вале амалан ҳиссаи умдаи он дар дасти ашрофи заминдори маҳаллӣ буд, ба қитъаҳои хурд ҷудо карда, ба тариқи иҷора ба барзгарони бечора дода шуд. Ба ин васила аҳли озоди ҷамоат соҳибихтиёрии худро аз даст дода, дар қатори кадеварҳои мадюн, ғуломони озодшуда ва ё ғуломони ба заминҳо ҷо додашуда ба ашхоси вобаста мубаддал гардиданд.
Халифаҳои аббосӣ анъанаҳои Сосониёнро давом дода, ба ҳашамат ва дабдабаи дарбори онҳо низ тақлид мекарданд. Аъён ва ашрофи маҳаллӣ ҳам дар ин бобат ба онҳо пайравӣ менамуданд. Ин буд, ки бинокорӣ хеле авҷ гирифта, бисёр қасрҳо, қалъаҳо ва ғ. сохта шуданд. Ҳамаи хароҷоти ин бинокориҳо ба зиммаи барзгарон буд. Аҳволи пешаварони шаҳр низ беҳтар аз ин набуд. Онҳо мавриди истисмори нимфеодалӣ қарор гирифта, дар натиҷаи молиёти зиёд ва худсариҳои маъмурон тамоман муфлис гардида буданд. Молиёти ҷинсӣ, инчунин ба дӯши туркҳои бодиянишин ҳам бори гароне шуда, онҳоро ба паршикастагӣ дучор мекарданд.
Ҳамаи инҳо боиси афзудани эътироз ва иғтишоши халқ мегардид. Яке аз бузургтарин шӯришҳо дар он замон — шӯриши Сумбоди Муғ буд. Сумбод аз пайравони наздики Абӯмуслим ҳисоб мешуд. Вай дар соли 755 бо шиори «барои хуни Абӯмуслим бояд қасос гирем» сар бардошта, ба атрофи худ аз ҳар табақа тарафдорони бисёре ҷамъ карда тавонист. Инчунин гурӯҳҳои зардуштиён ва хуррамиҳо (пайравони таълимоти Маздак) ба ӯ ҳамроҳ шуданд. «Одамони сурхалам», яъне ононе, ки дар таҳти байрақи сурх гирд омада буданд, низ номи хуррамиҳоро доштанд. Шӯриш ноҳияҳои бузург, аз ҷумла Хуросон ва Табаристонро фаро гирифт. Аббосиён ин шӯришро фақат бо машаққати зиёде хобониданд. Сумбод шикаст хӯрда, дар Рай қатл гардид ва зану фарзандони ӯ ба ғуломӣ фурӯхта шуданд. Пас аз мағлубияти Сумбод пайравони ӯ аз тариқати муслимия ба таври пинҳонӣ фаъолияти худро давом медоданд. Онҳо ваъз мекарданд, ки Абӯмуслим боз хоҳад омад, то «дар ҷаҳон одилона ҳукмронӣ кунад».
Ҳанӯз қӯшуни арабҳо шӯриши Сумбодро тамоман фурӯ нанишонда, дар гирду атрофи Ҳирот шӯриши дигар ба вуҷуд омад, ки ба он «Устод Сис» ном шахсе роҳбарӣ менамуд. Ба ин шӯриш ҳазорҳо кас иштирок карда буданд.
Беш аз пеш ба қашшоқӣ ва хонавайронӣ дучор гардидани аҳолии заҳматкаш ва рӯйидани ҳисси танаффури онон нисбат ба золимони худ дар аҳди халифа Маҳдӣ (775–785) ҷунбиши бузурги халқиро бар зидди Аббосиён ба вуҷуд овард, ки дар солҳои 70-уми асри VIII тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифта буд.
Дар сари ин шӯриш Муқаннаъ меистод. Муқаннаъ аслан аз Марв буда, ба пешаварӣ машғулият дошт. Баъзе сарчашмаҳои таърихӣ хабар медиҳанд, ки ӯ яке аз сарлашкарони Абӯмуслим буд ва дар наҳзати зидди хилофати Умавиҳо иштирок дошт. Ӯ шахси соҳибмаърифате буд. Чунин фикр беасос нест, ки дар вай ғояи маздакиён таъсири хеле калоне дошт ва ӯ ин ғояро таблиғ мекард. Қоиммақоми арабҳо аз таблиғоти Муқаннаъ воқиф гардида, ӯро дастгир намуд ва ҳамчун як марди ҷинояткори гузарои давлатӣ барои муҳокима ба маркази хилофат – шаҳри Бағдод фиристод. Лекин Муқаннаъ аз зиндони Бағдод фирор карда, худро ба Марв расонид. Дар ин ҷо тарафдорони худро ҷамъ намуда, дар соли 776 онҳоро барои даъват намудани аҳолӣ ба муборизаи зидди зулму асорати аҷнабиён ба тамоми ноҳияҳои Осиёи Миёна равона кард. Ин тарғибот махсусан дар Насаф ва Кеш, ки дар ин ҷоҳо бештар суғдиён иқомат мекарданд, муваффақияти калоне пайдо кард.
Маъмурони халифа боз аз паси дастгир кардани Муқаннаъ афтоданд. Онҳо дар соҳили дарёи Аму як дастаи пуршумори савораҳои мусаллаҳро гузоштанд, то рӯзу шаб назорат карда, нагузоранд, ки Муқаннаъ аз Марв ба Суғд равад. Ин, албатта, бесабаб набуд. Зеро дар Суғд тарафдорони ӯ рӯз аз рӯз зиёд мешуданд. Ҳокимони маҳаллӣ ба хубӣ медонистанд, ки агар Муқаннаъ ба Мовароуннаҳр роҳ ёбад, вазъияти онҳо фавқулодда душвор хоҳад шуд. Бо вуҷуди он ҳама мамониатҳо Муқаннаъ бо ҳамроҳии даҳҳо тарафдорони худ аз дарёи Аму гузашта, ба Суғд паноҳ бурд.
Дар ин вақт, чӣ навъе ки Наршахӣ мегӯяд: «андар Суғд ағлаб деҳаҳо ба дини Муқаннаъ даромаданд ва аз деҳаҳои Бухоро бисёр кофир шуданд ва куфр ошкоро карданд ва ин фитна азим шуд ва бало бар мусулмонон сахт шуд».
Наршахӣ дар бораи наҳзати Муқаннаъ сухан ронда, нисбат ба пешвои шӯриш назари душманона доштани худро рӯйрост қайд кардааст. Ин тариқа рафтор намудан нисбат ба Муқаннаъ барои ҳамаи муаррихони феодалӣ хос мебошад.
Сабаби асосии мавриди эътирофи омма қарор гирифтани таълимоти Муқаннаъ дар ин буд, ки ин таълимот бартараф намудани нобаробарии молӣ ва мулкиро талаб карда, бар зидди ҳукмронии истилокорони араб нигаронида шуда буд.
Дере нагузашт, ки ҷунбиши Муқаннаъ ба як шӯриши бузурги ошкоро мубаддал гардида, дар муддати кӯтоҳе тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифт. Ситоди (штаби) шӯришчиён дар деҳаи Наршах, наздикии Бухоро, воқеъ шуда буд. Ҳокими Бухоро Ҳусайн ибни Муоз тамоми қувваи ҳарбии худро, ки асосан аз арабҳо иборат буд, ҷамъ карда, бо ҳамроҳии дастаҳои аъёну ашрофи Бухоро ба муқобили шӯришчиён ҳаракат намуд. Дар моҳи апрели соли 776 дар назди девори деҳаи Наршах байни қӯшуни арабҳо ва тарафдорони Муқаннаъ муҳорибаи шадиде ба миён омад. Шӯришиён шикаст хӯрда, 700 нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роҳи талаби озодихоҳӣ қурбон карданд. Лекин ғалабаи арабҳо вазъиятро ба таври асосӣ тағйир дода натавонист. Ба зудӣ шӯриш боз бо қувваи тоза сар зада, қиёмкунандагон мавзеъҳои атрофи Бухороро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.
Халифа Маҳдӣ чун дид, ки шӯриш торафт вусъат пайдо мекунад, барои пурқувват кардани муборизаи зидди наҳзати Муқаннаъ дар як сурати таъҷилӣ аз Бағдод ба Нишопур омад ва ба амири Хуросон фармон дод, ки барои кӯмаки ҳокими Бухоро фавран қувваи иловагӣ фиристонад.
Сардори қӯшуни имдодии аз Хуросон фиристодаи арабҳо Ҷабраил ибни Яҳё муддати дуру дароз Наршахро дар ҳолати муҳосира нигоҳ дошт, вале аз ин натиҷае ҳосил нашуд. Шӯришчиён бо ҳамлаҳои пай дар пайи худ қувваи ҳарбии Ҷабраилро чунон заиф карданд, ки ӯ дигар бидуни қувваи иловагӣ ҷангро давом дода натавонист. Дар ҳамин вақт қӯшуни ҳафтҳазорнафараи халифа аз Балх расида омада бошад ҳам, вале сардорони он муваффақиятҳои шӯришчиёнро дида, ҳатто барои дохил шудан ба муҳориба ҷуръат накарданд. Ниҳоят, қувваи эҳтиётии амири Хуросон, ки мебоист нафароти қӯшуни ба Мовароуннаҳр фиристодаи халифаро ду баробар меафзуд, ба имдод омад. Аммо ин ҳам самарае набахшид – шӯришчиён ин қувваи ҳарбии арабҳоро ҳанӯз дар роҳи Мовароуннаҳр ба куллӣ торумор намуданд. Вазъияти Ҷабраил ибни Яҳё ниҳоятдараҷа пурхатар гардид. Роҳи алоқаи ӯ аз Балх ва Марв бурида шуда буд. Ҷабраил тамоми қувва ва техникаи ҳарбии дар ихтиёри худ доштаашро ба гирифтани истеҳкоми Наршах, ки дар ин ҷо қувваи асосии шӯришиён ҷамъ шуда буд, равона кард. Қӯшуни арабҳо чор моҳ беҳуда Наршахро муҳосира намуд. Дар охир ҳар ду тараф, ки аз задухӯрдҳои муттасил хеле хаста шуда буданд, барои сулҳ кардан дохили музокирот гардиданд.
Сардорони қӯшуни арабҳо дар вақти бастани муоҳидаи сулҳ яке аз роҳбарони шӯришро хиёнаткорона куштанд. Онҳо умедвор буданд, ки ба ин восита шӯришро бесар карда, мақсадро ба даст хоҳанд овард. Вале ин кори онҳо натиҷаи акс дод. Кушта шудани як нафар аз роҳбарони шӯриш муқовимати шӯришиёнро чандин баробар зиёд кард.
Сарчашмаҳои таърихии араб тасдиқ мекунанд, ки охируламр шӯришиёни Наршах мағлуб шуданд, лекин, дар айни замон, шӯриш беш аз пеш вусъат ёфта, ноҳияҳои тозаи Осиёи Миёнаро фаро мегирифт. Ин оғози марҳалаи дувуми мубориза буд.
Агар дар марҳалаи аввал баъзе гурӯҳҳои ашрофияи Суғд аз наҳзати Муқаннаъ пуштибонӣ карда бошанд, пас дар марҳалаи дувум онҳо аз тарси вусъати ҷунбиши халқ комилан ба тарафи хилофат гузаштанд. Аммо табақаҳои васеи барзгари Суғд торафт бештар ба сафи муборизон дохил мешуданд.
«Сафедҷомагон» (пайравони Муқаннаъ) соҳибони Мовароуннаҳр мегардиданд ва «бӯстони амиралмӯъминин» (Хуросон ва Мовароуннаҳрро бо ин ном ёд мекарданд) ба як мамлакати аз хилофати араб мустақил табдил меёфт.
Халифа Маҳдӣ қоиммақоми Хуросонро ба ноӯҳдабаройӣ айбдор намуда, маъзул кард ва ба ҷои ӯ Муоз ибни Муслимро ба сари ҳокимият овард. Муоз ибни Муслим дар соли 778 дар навоҳии байни Бухоро ва Марв қӯшуни зиёде ҷамъ намуда, ба кӯмаки қӯшуни арабҳо, ки дар назди Самарқанд аз дасти шӯришиён ба аҳволи басе душвор афтода буд, равон шуд. Лекин ин лашкаркашии Муоз ибни Муслим низ, бо вуҷуди он ки аз тарафи ашрофи маҳаллӣ хеле ҳимоят медид, бо шикасти нангин анҷом ёфт. Шӯришиён дар дашти назди Пайканд ба лашкари Муоз рӯ ба рӯ шуда, ба он чанд зарбаи сахт ворид оварданд. Дар натиҷаи ин Муоз ибни Муслим ҳаракати худро ба Самарқанд давом дода натавониста, ба тарафи Бухоро майл намуд.
Фақат дар соли оянда ба қӯшунҳои халифа муяссар гардид, ки Самарқандро забт намоянд. Бо ҳамин марҳалаи севум ва охирини мубориза сар шуд.
Дар ин вақт қувваҳои асосии шӯришиён дар қалъаи кӯҳии Санам, наздикии Кеш, ҷамъ омада буданд. Муоз ин қалъаро муҳосира намуд, вале ба зудӣ маҷбур шуд, ки аз муҳосира даст кашад. Муаррихони араб тасдиқ мекунанд, ки сабаби аз муҳосира даст кашидани Муоз расидани фасли зимистон буд. Лекин сабаби асосии ин шояд ба зарбаи сахти дастаҳои Муқаннаъ дучор гардидани ӯ бошад. Ба зудӣ пас аз ин воқеа аз мансаби қоиммақоми Хуросон дур карда шудани ӯ ва аз тарафи халифа таъин гардидани шахси дигар ин фикрро собит менамояд.
Чунон ки Наршахӣ мегӯяд, Муоз ибни Муслим ду соли тамом бар зидди Муқаннаъ мубориза бурд. Волии нави Хуросон Мусайяб ибни Зуҳайр ҳам аз ҷиҳати лавозимоти ҷанг пурра таъмин будан ва ҳам хеле зиёдтар аскар доштани худро истифода бурда, ба туфайли ҳамин афзалияти калони худ баъди задухӯрдҳои хунини дурудароз тавонист муқобилати оммаи халқро, ки ба он Муқаннаъ роҳбарӣ мекард, бартараф намояд. Тобистони соли 780 қӯшуни арабҳо қалъаеро, ки Муқаннаъ дар он ҷо иқомат менамуд, забт карданд ва аз мудофиакунандагони қалъа ҳар касе, ки ба дасташон афтод, ба қатл расониданд. Аммо худи Муқаннаъ таслим шудан нахоста, худро ба қатл расонид. Пас аз марги ӯ низ дар зарфи чандин сол шӯришҳои ҷудогонаи «сафедҷомагон» дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Миёна ба амал меомаданд.
Дар он солҳое, ки мардуми Мовароуннаҳр дар роҳи истиқлолияти худ мубориза мебурданд, хилофати араб аз пуриқтидортарин давлатҳои он замон ҳисоб мешуд. Муборизае, ки аҳолии ин сарзамин дар таҳти байрақи Муқаннаъ солҳои бисёр бо чунин як давлати муқтадир бурданд, дар бораи диловарӣ ва озодидӯстии халқҳои Осиёи Миёна боз як мисоли дурахшон аст.
Чунон ки мудовимат ва муташаккилии ин мубориза нишон медиҳад, Муқаннаъ роҳбари хеле боистеъдоди ҳарбӣ ва сиёсӣ буд, ки халқро ба ҷанги зидди истилокорони аҷнабӣ ва золимони маҳаллӣ ташвиқ ва рӯҳбаланд мекард.
Дар хотима ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки шӯришҳои халқии давраи хилофати Аббосиён аз шӯришҳои замони ҳукмронии Умавиҳо фарқи калоне доштанд. Шӯришҳои халқӣ дар давраи Умавиҳо асосан бар зидди ҳукмронии аҷнабиён равона шуда, ба ин шӯришҳо одатан аъён ва ашрофи маҳаллӣ сардорӣ мекард. Аммо дар давраи хилофати Аббосиён мо тамоман як вазъияти дигареро мушоҳида мекунем. Дар ин давра оммаи халқ на фақат ба муқобили Аббосиён, балки бар алайҳи ҳомиёни онҳо, яъне аъён ва ашрофи маҳаллӣ низ сар мебардоштанд.
Наҳзати Муқаннаъ наҳзати табақаҳои заҳматкаши аҳолӣ ва қабл аз ҳама, барзгарон буда, яке аз равияҳои асосии онро мубориза бар зидди асорати беш аз пеш қувватгирандаи феодалӣ ташкил мекард. Ин аст, ки шӯриши Муқаннаъ дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна аҳамияти бузургеро дарбар кардааст. Ҳарчанд шӯришҳои халқӣ шикаст мехӯрданд, вале фаъолияти оммаи заҳматкашро инкишоф дода, рӯҳи асоратнописандӣ ва озодидӯстии халқҳои Осиёи Миёнаро тарбия менамуданд ва як дараҷа дасти истисморгарони феодалии нав ба рӯйи кор омадаистодаи маҳаллиро кӯтоҳ мекарданд.
Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.