Фасли шашум
Тоҷикон дар давраи ба Россия
ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ва тараққиёти
муносибатҳои капиталистӣ дар ин сарзамин
Боби чорум
Халқи тоҷик дар давраи аз соли 1908 то соли 1917
1. Револютсияи февралии соли 1917
Вазъияти кишвари Туркистон ва аморати Бухоро
баъд аз револютсияи солҳои 1905–1907
ва то Ҷанги якуми ҷаҳонӣ
Ба ҳукуматдорони подшоҳӣ муяссар гардид, ки муваққатан ғолиб омада, аввалин револютсияи русро буғӣ кунанд. Аммо онҳо зиддиятҳои оштинопазиреро, ки пояи империяи калони подшоҳиро суст мекарданд, ҳеҷ бартараф карда наметавонистанд. Ин зиддиятҳо бағоят тезу тунд гашта, боиси хурӯҷи нави револютсионӣ гаштанд. Соли 1910, чун дар Россия, дар Осиёи Миёна ҳам мавҷи муборизаи синфӣ боло хест. Масалан, худи ҳамон сол дар вулуси Конибодом коргарони кони нефти «САНТО» корпартоӣ карданд. Муборизаи муттафиқу мутташаккили коргарон маъмуриятро маҷбур сохт, ки ба талаби коргарон розӣ шавад, дар натиҷа музди кор зиёд ва муддати он кӯтоҳ карда шуд. Худи ҳамон сол ангиштканони Сулукта корпартоӣ карданд ва ба онҳо коргарону хизматчиёни стансияи Драгомирово ҳамроҳ шуданд (дар ин ҷо корхонаҳои таъмири конҳои Сулукта ва маъмурияти кон ҷойгир буд; ҳозир ин ҷо посёлкаи Пролетар). Шӯру ошӯбҳои деҳқонон ҳам авҷ гирифт. Соли 1912 дар вулуси Нов деҳқонони қарздор ба ҳавлии судхӯри калон ҳамла карда васиқаҳои қарзро сӯхта партофтанд.
Меҳнаткашони аморати Бухоро, ки аз зулму асорати гӯшношуниди бойҳои маҳаллӣ ба танг омада буданду ин бойҳоро ҳукуматдорони Петербург дастгирӣ мекарданд, махсусан бо қаҳру ғазаб шӯру ошӯб бардоштанд. Ин шӯру ошӯбҳо ба дараҷае вусъат ёфтанд, ки ҳукуматдорони империяи Россия ҳам ба воҳима афтоданд. Кор ба ҷое расид, ки «масъалаи Бухоро» ва роҳҳои «танзими» он (маълум, ки бо таъбири амалдорони подшоҳ) мавриди ташвишу тараддуди зиёд ва муҳокимаи махсуси амалдорони олимартаба қарор ёфт.
Соли 1909 нашр шудани «Кишвари беҳуқуқӣ. Аморати Бухоро ва авзои имрӯзаи он» ном китоби Д.Н.Логофет ба ин моҷаро таконе гардид. Муаллифи ин китоб чанд сол дар Осиёи Миёна зиндагӣ карда буд. Дар байни дараҷоти мансабҳои маҳаллӣ мартабаи баланд ҳам дошт– сардори идораи Округи гумрукии Туркистон буд. Логофет чизи навиштаашро нағз мефаҳмид ва ҳукуматдорон ҳам ҳеҷ баҳонае надоштанд, ки ӯро дар «тарғиботи револютсионӣ» муттаҳам намоянд. Аслашро гирем, мавқеи Логофетро мавқеи ҳамдардию ғамхорӣ нисбат ба меҳнаткашони тоҷику ӯзбек гуфтан ҳам ҳеҷ мумкин набуд. Логофет фақат ғами ҳаминро мехӯрд, ки обрӯю эътибори ҳамон тартиботи маъмурию сиёсӣ, ки ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна ҷорӣ карда буд, паст нашавад. Вале дарвоқеъ, «Кишвари беҳуқуқӣ» ин ҳукми сахтест ба тамоми он худсарию бедодиҳои феодалӣ, ки дар аморати Бухоро ҳукмфармо буданд ва онҳоро табақаҳои ҳарбию феодалии Россия бевосита дастгирӣ мекарданд. Корманди дар ихтиёри генерал-губернатор буда – генерал-майор Дрягин дар бораи ин китоб ба генерал-губернатори Туркистон маърӯзае ирсол намуда навишта буд, ки «ин китоб аз бедодиҳои дохилии Бухоро, аз худсариҳову бемаззагиҳои маъмурони Бухоро, ки барои кирдори худ ҳеҷ гуна ҷазое намебинанд, сухан меронад».
Д.Н.Логофет менависад, ки тамоми амалдорону маъмурони амир қариб 50 ҳазор нафар мебошанд (ба ин ҳисоб сарбозон дохил не) ва ҳеҷ кадоми онҳо аз ҳукумат маош нагирифта, фақат аз ҳисоби толону тороҷи аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Амир ба баъзе одамон оила-оила одамонро пешкаш намуда, қариб ба ғуломӣ медиҳад ва иҷозат ҳам медиҳад, ки сеяки даромади он оилаҳо кашида гирифта шавад. Барои адои қарзу ҷарима савдои музоядаро бисёр истифода мебаранд ва баъзан дар баробари молу мулк зану фарзанди қарздорро ҳам ба фурӯш мемонанд. Боварии кас намеояд, ки дар асри ХХ, дар он сарзамине, ки таҳти «васояти» империяи Россия мебошад… ғуломдорӣ ҳасту ривоҷ дорад. Ҳукумати амир миқдори андозу хироҷро торафт зиёд мекунаду барои эҳтиёҷи мамлакат як пули сиёҳро дареғ медорад ва асосан пулро барои таъмини лашкар сарф мекунад, зеро он барои андозу хироҷҷамъкунӣ даркор мешавад. Аммо пулҳои ниҳоят калон зери пардаи «тӯҳфа»-ю «пешкаш»-ҳо барои ришваи амалдорони маъмурияти генерал-губернатории Туркистон ва калонони Петербург сарф мешавад. Расман даромади Бухоро 2,5 млн. сӯм аст, ки 1,5 млн.-и он барои лашкар, 900 ҳазораш барои амир ва 100 ҳазораш барои қозиву муллоҳо харҷ мегардад. Вале аслан, мегӯяд Логофет, аз мардум соле 18 млн. сӯм пул ситонда мешавад, ки ҳамаи онро худи амир ва нӯкарони калону хурди вай – қушбегию парвоначию беку амлокдор ва ғайраву ва ҳоказои вай нӯши ҷон мекунанд. Логофет гапашро давом дода мегӯяд, ки мардум ба ҳадди қашшоқию бенавоӣ расидаасту рӯзи сериро намебинад ва ба мурданаш кам мондааст, бинобар ин таклиф мекунад, ки филҳол ба ҷои тартиботи маҳаллии маъмурӣ тартиботи умумироссиягиро ҷорӣ карда, амирро фақат ҳамчун намояндае мондан даркор.
Вазъияти шадиди аморати Бухоро, ки эҳтимоли таркиданаш дур набуд, дар Тошканд дар маҷлиси махсуси машваратӣ муҳокима карда шуд, ки дар он генерал-губернатори Туркистон — Мишенко, ёрдамчии вай — Кондратович, сардори штаби Округи ҳарбии Туркистон-Рихтер, гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро — Лютш ва дигарон иштирок доштанд. Масъалаи якум, ки диққати ҳамаро ҷалб карда, ниҳоят кушоду равшану луччаку пӯстканда таъбир карда шуд, ин тавр буд: «Дар бораи ба гардани аҳолии аморати Бухоро беҳад зиёд бор шудани андозҳо, ки ба туфайли ниҳоятдараҷа бевиҷдон будани ҳукуматдорони маҳаллӣ ба аҳолии аморати Бухоро бағоят гарон меафтаду миёншикан аст». Акнун инаш иддаои кадом-як «нависандаи бенӯхта» набуд, ки китобаш ба ходимони давлатӣ маъқул нашуд. Инаш акнун муҳокимаи махсусу расмии пӯшидаи масъала буд, ки дар айни он фикру ақидаҳои расмӣ ба таври кушоду равшан изҳор гардиданд ва минбаъд дар мактуби комилан махфии генерал-губернатор, ки ба вазири ҳарбӣ ирсол дошта буд, зикр ҳам ёфтанд. Хӯш, ин шӯрои олии мансабдорони олимартабаи Туркистон чиҳо гуфт? Иқрори онҳо ба дараҷае аҷиб аст, ки барои зикри онҳо мақоми муносиб додан даркор. Дар шартномаҳои солҳои 1868 ва 1873-уми байни Россия ва Бухоро моддаҳое низ буданд, ки мувофиқи онҳо амир бояд ғуломдорӣ ва ғуломфурӯширо бекор мекард, вале дар ин бобат дар Бухоро ҳеҷ кор карда нашуд. «Ба шарофати ҳокимияти русҳо ҳокимони Бухоро хеле бурд карданд, зеро пештар воҳимаи ҳуҷуми душманони берунӣ онҳоро маҷбур менамуд, ки ба ин ё он роҳ лутфу садоқати табааи худро ба даст оваранд ва бедодию худсарии бекҳову амлокдоронро камтар кунанд. Акнун бошад, амир тамоман ба умеди ҳимояти сарнайзаҳои русҳо мебошад ва парвои кору бори мамлакатро надорад…»
Албатта, ҳозирон ҳама мағз андар мағз подшоҳпараст буданд, ба ин сабаб имони комил доштанд, ки сабаби бадбахтии халқи тоҷик ва дигар халқҳои аморати Бухоро фақат «парвои кору бори мамлакатро надоштани амир» аст. Сарфи назар ба ин, онҳо маҷбур шуданд иқрор намоянд, ки мардум «батамом ба ихтиёри маъмурони ҳарис партофта шудааст, ба маорифи халқ касе аҳамият намедиҳад, роҳҳову пулҳо… ҳама фатарот шудаанд, нархи чизҳои зарурӣ ба касофати хироҷҳои бешумор ниҳоят баланд мебошанд ва мардум рӯз ба рӯз бенавотар мешавад».
Масъалаи даромади амир ҳам диққати ҳамаро ҷалб кард. Гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро таъкидан гуфт, ки маблағи даромади амирро махфӣ нигоҳ медоранд, вале мувофиқи «гуфтаи баъзе одамон» ин даромад соле ба 7.350 ҳазор сӯм мерасидааст. Дар матни қарори маҷлиси машваратӣ чунин як таъбири такдор ба назар мерасад: «Агар фарз кунем, ки амир аз замин ба ҳисоби миёна соле 5 млн. сӯм меғундорад, ҳамин маблағ ҳам аз маблағе, ки тамоми аҳолии маҳаллии кишвари Туркистон медиҳаду илова бар ин нисбат ба аҳолии Бухоро шумораашон ду маротиба бештар аст, чор маротиба зиёдтар мебошад». Агар ҳаминро ба назар гирем, ки нӯкарони ҳукумати подшоҳӣ меҳнаткашони Туркистонро чанд қабат пӯст меканданд, пас тасаввур кардан муҳол аст, ки аҳволи табааи «аълоҳазрат амири Бухоро» то ба кадом дараҷа табоҳ буд.
Агар ба умеди он шавем, ки генерал-губернатору муқаррабони вай ҷиддан дар ғами ислоҳи вазъият мешаванд, сахт саҳв хоҳем кард. Дарвоқеъ, ин калоншавандаҳо бедодию худсарии ваҳшиёнаи ҳукуматдорони Бухороро таъкид намуда, ғуломвор мутеъ будани халқро изҳор дошта, ба чунин қарор омаданд, ки… ба гумоштаи сиёсии дар Бухоро буда, супурда шавад, ки дар бораи иқтисод ва андозҳои маҳаллӣ чунин маълумотҳоро гирд оварад. Иттиҳоди синфии истисморгарони мухталифу гуногунмиллати империяи Россия, ки зидди истисморшавандагон равона шудааст, ана ҳамин тавр кушоду равшан зоҳир шуд.
Пас аз якчанд моҳ, тирамоҳи соли 1909 дар Тошканд барои муҳокимаи вазъияти Бухоро боз ҷамъомаде баргузор гардид ва иштирокчиёни он ҳам хеле гап доданд, ки «дар аморат дигаргуниҳо мувофиқи мақсад мебуд», пас аз ин масъаларо ба ихтиёри Маҷлиси махсуси машваратӣ оид ба вазъияти Бухоро ҳавола карданд, ки он дар Петербург 28 январи соли 1910 шуда гузашт. Аз дараҷаи эътибори ин маҷлис ҳайъати иштирокчиёни он шаҳодат медиҳад. Маҷлиси машваратӣ дар таҳти раёсати раиси Совети вазирон ва вазири корҳои дохилии Россияи подшоҳӣ-Столипин мегузашт, дар он вазири молия Коковсев, вазири корҳои хориҷӣ Изволский, вазири ҳарбӣ Сухомлинов, сардори штаби генералӣ Гернгрос, ёрдамчии вазири корҳои хориҷӣ Сазонов, генерал-губернатори Туркистон Самсонов ва дигарон иштирок карданд. Инҳо хеле гапфурӯшӣ карданд, ки «ба сабаби дар кишвар набудани хоҷагии ботартиби пулӣ» ва набудани ёрии тиббӣ «аҳволи табааи Бухоро бениҳоят хароб аст», лашкари сершуморе вуҷуд дорад, ки барои таъмини он 1 млн. сӯм даркор ва ғайраву ва ҳоказо. Ба «гӯшаи дурдасти аморат» – ба Бухорои шарқӣ мароқи махсус зоҳир карда шуд, алалхусус, ки дар бораи ин ноҳия ҳукуматдорони подшоҳӣ хабари ночизе мегирифтанд. Ин маҷлиси машваратӣ ҳам ғайр аз бозори гапфурӯшӣ дигар чизе нашуд. Пеш аз ҳама сабаб ҳамин буд, ки иштирокчиёни маҷлисро ҳатто ба гӯшаи хаёлашон намеомад, ки бо чӣ роҳ «ба соҳибихтиёрии комили шоҳаншоҳ», яъне амир дахолат кардан мумкин будааст. Самсонов дар як шакли ҳаросону ларзони нодилона барои муҳокима таклифе пеш ниҳод, ки дар аморат баъзе дигаргуниҳо кардан даркор, вале фақат баъди ин ки ягон вақт аморат ба Россия ҳамроҳ карда шавад, вале ҳамин таклифи нимҷонро ҳам Столипин рад кард. Столипин қатъиян гуфт, ки «хомдаррон кардан лозим не… хусусан дар чунин замонаи нотинҷ, ки тамоми қувваи империя барои такмили дохилии мамлакат равона шудааст». Маълум, ки Столипин револютсияи солҳои 1905-1907-ро дар назар дошт, ки баъди он аппарати давлатии ҳукумати подшоҳӣ хеле вақт ба ифоқа омада натавонист. Самсонов боз аз номи маҷлиси машваратии Тошканд лоиҳаи ноқису думбурридаи баъзе ислоҳотро – дар Бухоро ҷорӣ кардани «бюҷети ботартиб», дигар кардани тартиби андозҳо, ё кам кардани лашкарро низ пеш ниҳод, вале ҳамаи онро аркони ҳукумат фавран рад карданд.
Намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ бо дастгирии дигар иштирокчиёни маҷлис таъкидан гуфтанд, ки «ба ҳисобу китоби пули амир дахолат карда, аз вай тартиб додани ин ё он гуна бюҷетро талаб кардан ва ҳамчунин кам кардан шумораи лашкарро низ тақозо намудан, бешак, таҳрифи истиқлоли вай ва тақсири эътибори вай мебуд». Бинобар ҳамин ҷамъомади ин подшоҳпарастони гузаро чунин қарор баровард: «Масъалаи бюҷет, масъалаи лашкар, масъалаи тағйири тартиби андоз бардошта нашавад, роҳи ба мо мақбули беҳдошти вазъияти Бухороро муайян карда, онро рӯирост не, балки тадриҷан ба иззати нафси амир нарасида, номаълум ба вай фаҳмондан даркор ва ба худи вай имкон додан лозим, ки аз номи худаш ва бо роҳу усулҳои ба шароити маҳаллӣ мутобиқу муносиб он тадбирҳоро ба амал барорад». Маънои ин фақат ҳамин буд, ки лом нагуфта аз гуноҳи тамоми он селаи даррандагони Бухоро гузаштанд ва хунрезию кушокушиҳои онҳоро таҳсин гуфтанд.
Маҷлиси машваратӣ қобили қабул донист, ки «минбаъд он одати то ба ҳол дар Бухоро мавҷударо бояд бекор кард, ки мувофиқи он агар мансабдорони рус ин ё он кору вазифаи ба амир вобастаро иҷро намоянд, амир ҳатман ба онҳо тортуқ медиҳад» (аслан ин ришваю порадиҳии рӯирост буд, ки аз ҳисоби толону тороҷи меҳнаткашон карда мешуд) ва дар ин бобат як қарори муҷмал қабул ҳам карда, ба вазири ҳарбӣ супориш дода шуд, ки «инро мавриди назари марҳаматбори аълоҳазрат император созад, то роҷеъ ба ин, маншури мубораке шавад, ки ба муассисаҳои мутааллиқ чун дастурамал ирсол гардад».
Хуллас, тамоми амалдорони хурду калону пасту баланди подшоҳӣ аз худсарию бедодиҳои гӯшношунид, ваҳшиёна толону тороҷ шудани меҳнаткашон, ки дар аморати Бухоро ҳукм меронд, воқиф буданд, аммо ба меҳнаткашони бадбахти Бухоро (ва маълум, ки ҳам ба меҳнаткашони Осиёи Миёна ва умуман ҳам ба меҳнаткашони тамоми империяи Россия) дасти ёрӣ дароз намекарданд ва парвое надоштанд. Аҳволи мардум сол ба сол табоҳтар мешуд. Дар баробари ин даромади аппарати феодалию клерикалии амир сол ба сол меафзуд. Аз ҳисоби арақи ҷабину хуни меҳнаткашони тоҷику ӯзбек ва ғайра на фақат бойҳои Бухоро киса пур мекарданд, балки табақаҳои буржуазию помешикии Россия ҳам насибаи худро зада мегирифтанд. Дар ин бобат такопӯю даводавию ташвишу тараддудҳои аркони молия, соҳибони банку корхонаҳо ва умуман қаллобу каззобони олимансаб, ки бо дарбори худи подшоҳ қаробат доштанд, ҷолиби диққат аст.
Соли 1915 дар Бухоро ғайр аз шӯъбаи Банки давлатӣ боз 7 шӯъбаи банкҳои хусусӣ буд, ки ҳамаи онҳо бо сармояи хориҷӣ алоқаманд буданд. Ин банкҳо дар дасти консессионерҳои калон буданд ва онҳо бо иҷозати ҳукумати амир барои консессияи ирригатсионӣ заминҳои бисёреро мегирифтанд. Масалан, гумоштаи Банки Русу Осиё-Стовба соли 1913 дар бекии Қабодиён 10 ҳаз. десятина заминро ба муддати 99 сол ба консессия гирифта буд (қитъаи «Гавҳаралӣ»). Ҳукумати Бухоро аз соли 1912 то соли 1915 ҷамъулҷамъ то 300 ҳаз. десятина заминро ба консессия дод. Ғайр аз қитъаи «Гавҳаралӣ» боз ду консессияи дигар дода шуд – соли 1914 – «Айваҷ» 5 ҳаз. десятина заминҳое, ки дар қарибии ба Аму рехтани Кофарниҳон воқеъ буданд ва соли 1915 «Қӯрғонтеппа» 65 ҳаз. десятина замин (ин заминҳо ҳозир дар ҳудуди РСС Тоҷикистон мебошанд).
Амири Бухоро ва амалдорони вай ғайр аз ситондани андозу хироҷу закоту пораву ришва ҳаннотию савдогарӣ ҳам мекарданд. Хазинаи давлат тамоман кисаи худи амир шуда монд. Дар ин бора устод Айнӣ дар «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» маълумоти аҷоиб овардааст. Соли 1913 даромади амир 30 млн. сӯми тилло буд, ки ин тавр харҷ мешуд:
Таъмини сарбозон – 1 млн. сӯми тилло.
Таъмини нӯкарҳо – 100 ҳаз. сӯми тилло.
Харҷи тортуқҳо – 1 млн. сӯми тилло.
Хароҷоти гуногун–100 ҳаз. сӯми тилло.
Маорифи халқ ва тандурустӣ – ягон тин ҳам не.
Тамоми хароҷот 2200 ҳаз. сӯми тилло.
Тамоми пули аз ин боқӣ, яъне зиёда аз 27 млн. сӯми тилло барои зиндагию айшу ишрати амир сарф мешуд. Ҳамаи ин далолат мекунад, ки дар аҳди амири охирин — Олимхон толону тороҷ шудани мардум ба авҷи аъло расид. Саросари аморат қаҳатию гушнагию касалиҳо ҳукмфармо шуданд. Аммо ҳукуматдорони Бухоро ба ин парвое надоштанд, на дар ғами маорифи халқ буданду на дар ғами нигоҳдории тандурустии мардум, ҳатто оддитарин намудҳои хизмати тиббӣ набуд.
Авҷ гирифтани фаъолияти миллатчиёни буржуазӣ
Робитаи миллатчиёни буржуазии Туркистону Туркия ҳанӯз дар охири асри ХIХ сар шуда буд (дар ин кор миллатчиёни тотор ҳам саҳм гузоштаанд), яъне дар ҳамон даврае сар шуда буд, ки панисломия ва пантуркия идеологияи расмии империяи Усмония гардид ва ин робитаҳо пас аз револютсияи соли 1908-уми ҷавонтуркон ниҳоят вусъат ёфт. Пешвои ҷавонтуркон — Анварпошшо, Талъатпошшо, Ҷамолпошшо ва дигарон ақидаҳои пантуркияро бо ҷидду ҷаҳд тарғибу ташвиқ менамуданд, тамоми халқҳои «мусулмон», аз он ҷумла, халқҳои Поволжя, Кавказ, Закавказия, Осиёи Миёнаро даъват менамуданд, ки дар як «давлати усмонӣ» муттаҳид шаванд. Ходими намоёни пантуркия Зиё Гукалп нияту мақсади асосии онҳоро ба як шакли муайян оварда гуфта буд, ки «ватани туркон на Туркияву Туркистон, балки кишвари абадзиндаву бекарони Тӯрон аст». Пешвои аслии ҷавонтуркон Анварпошшо ҳам ба нияти таъсиси «Тӯрони Қабир» аҳамияти калон медод. Вале кор фақат бо ният анҷом намеёфт. Аз Туркия ба Осиёи Миёна ҷосусони пантуркия меомаданд, кору бори пайравони худро тафтиш мекарданд, роҳу равиши кору амалиёти минбаъдаро нишон медоданд, бо адабиёти лозима таъмин менамуданд.
Гарчанд ҳукумати подшоҳӣ ба интишори шиорҳои пантуркия дар Туркистон бо хавф менигарист ва ҷосусони онро сахт ба назорат мегирифт, ба ҳар ҳол, бисёр ҷосусон аз доираи назорат берун мемонданд.
Баъди дар Истамбул охири соли 1909 таъсис ёфтани «Ҷамъияти Бухоро оид ба интишори дониши муфид дар байни ом» омадурафти ҷосусони пантуркия аз Туркия ба Осиёи Миёна хеле зиёд шуд. Ин ҷамъият дар таҳти назорати махсус ва ҳимояти шӯъбаи маорифи партияи ҷавонтуркон «Иттиҳод ва тараққӣ» ва роҳбари он, ходими намоёни пантуркия доктор Нозим амал мекард. Генерал-губернатори Туркистон ба мулкҳои осиёимиёнагии Россия чаққа шудани Туркияро дида, ба ташвиш афтод ва 24 августи 1910 ба Раиси Совети вазирон ва вазири корҳои дохилӣ Столипин навишт, ки соли 1910 «омаду рафти туркҳо ба кишвар ақаллан нисбат ба соли гузашта хеле зиёд шуд, фақат дар нимаи якуми ҳамин сол нисбат ба тамоми соли 1909 ду маротиба зиёдтар туркҳо омада рафтанд».
Аллакай соли 1910 бо имдоди «Ҷамъияти Бухоро оид ба интишори дониши муфид дар байни ом» мактабҳои олии Истамбул аз Туркистон ва давлатҳои Осиёи Миёна қариб сад студент қабул карданд. Дере нагузашта дар Истамбул «Клуби студентони мусулмони Россия» кушода шуд. Ин клуб ҳам мисли «Ҷамъияти Бухоро…» маркази одамгирӣ, тайёркунӣ ва фиристодани ҷосусон ба Осиёи Миёна буд, ки дар ин ҷо ҳам ин қабил ташкилот таъсис кардани буданд. Масалан, ҷадидони Бухоро бо ташаббуси худ барои мадад ба мусулмонони «доништалаб» муассисаи хайрияе кушоданӣ шуданд. Гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро 11 июни соли 1912 навишта буд, ки ҳайъати муассисон нияти ба тамоми Осиёи Миёна паҳн кардани нуфузи ин «муассисаи хайрия» далолат менамояд, ки он «дар банди саъю кӯшишҳои миллатпарастӣ» мебошад. Гумоштаи сиёсӣ дуруст тахмин карда буд, ки ин ҷамъият бо ҷамъияти Истамбул бояд алоқа дошта бошад.
Яке аз сарварони намоён ва роҳбарони ғоявии ҷадидони Осиёи Миёна Мунавварқорӣ Абдурашидовро сардори ҷавонтуркони ҷосуси партияи «Иттиҳод ва тараққӣ» дар Тошканд гуфтан мумкин аст. Мунавварқорӣ мудири яке аз мактабҳои ҷадид буд, дар нашрияҳои панисломия фаъолона ширкат мекард, журналу китобҳои туркиро тарҷума ва нашр менамуду пулашро ба Истамбул ба фонди «Ҷамъияти имдоди миллӣ ба флоти Усмонӣ» мефиристод. Дар ҳавлии Мунавварқорӣ мунтазам маҷлисҳои пӯшидаи ҷадидон, ки зоҳиран, ба зиёфат мемонд, баргузор мешуд ва дар ин ҷамъомадҳо оид ба усулҳои тарғиботи пантуркия мубодилаи таҷриба мекарданд, инструкторҳои аз Туркия омада дастурҳо медоданд. Худи Мунавварқорӣ борҳо ба Фарғонаву дигар вилоятҳои Туркистон рафта кору бори ҷадидонро тафтиш карда_ меомад. Фаъолияти Мунавварқорӣ чунон вусъат гирифт, ки Шӯъбаи ҳимояти ноҳиявии Туркистон ӯро ба зери назорати худ қарор дод.
Ҷадидон дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна ҳар гуна «ташкилотҳои имдоди Туркия» таъсис медоданд, ки онҳо ба фоидаи Туркия ташвиқоту тарғибот мебурданд, барои иҷрои маросимҳои гуногуни динию дунявӣ пул меғундоштанд. Ҳатто ҳоҷиҳои Туркистон ҳам ба тарғибу ташвиқи ғояҳои панисломия сафарбар мешуданд. Ба ононе, ки ба ҳаҷ мерафтанд, таъкид карда мешуд, ки «султон халифи муслимин асту ба вай итоати комил бояд кард» ва онҳо пас аз ҳаҷ бояд дар ҳамон ҷо ғояҳои «иттиҳоду ваҳдати тамоми мусулмонон»-ро паҳн мекарданд.
Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ як гурӯҳ пайравони пантуркизм, ки ба онҳо Юсуф Оқчурӯғлӣ роҳбарӣ мекарду ҳамаашон аз Россия муҳоҷират карда буданд, фаъолияти худро ниҳоят вусъат доданд. Ин миллатчиҳо, ки худро «намояндагони тамоми мусулмонони Россия» мехонданд, ба пойтахти давлатҳое рафтуомад доштанд, ки бо Россия меҷангиданд ва дар ҳама ҷо ҷор мезаданд, ки дар Россия «давлатҳои соҳибихтиёри исломӣ» ташкил кардан даркор. Дар ин бобат «фаъолияти» яке аз миллионерҳои калонтарини Осиёи Миёна, пайрави ашаддии пантуркизм Миркомил Мӯъминбоев ҷолиби диққат аст. Ҳанӯз соли 1911 маъмурияти маҳаллии Андиҷон хабар дошт, ки Миркомил ба манфиати пантуркия кор мебарад. Мувофиқи маълумоти муассисаи хуфия Миркомил сардори «ташкилоти мусулмононе» буд, ки ният дошт зидди русҳо шӯриши мусулмононро бардорад. Соли 1914 пеш аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ вай ба Берлин рафта «бо амалдорони Германия нақшаҳои зидди Россияро муҳокима кард». Дар арафаи ҷанг ба Қустантания омада бо Анварпошшо мулоқот кард ва ба Туркия маблағи калонеро хайр намуд.
Моҳи июли соли 1915 аз хонаи Миркомил 31 дона варақае ёфтанд, ки аҳолии маҳаллиро ба муборизаи зидди Россия ва тарафдории Туркия даъват мекарданд. Дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна чандин гурӯҳҳои пайравони пантуркизм буданд, ки зарурати «ғазовоти зидди кофирон» онҳоро муттаҳид менамуд. Ҷолиби диққат аст, ки амалиёти пайравони пантуркизми Осиёи Миёнаро разведкаҳои хориҷа таҳрику дастгирӣ мекарданд.
Ҷидду чаҳди ҷадидону пайравони пантуркизму панисломия, ки аз номи «тамоми мусулмонон» гап заданӣ мешуданд, авомфиребии маҳз буд. Миллатчиёни буржуазӣ куҷо буданду меҳнаткашон куҷо буданд – тафовут аз замин то осмон буд – миллатчиён аз орзуву умеду мақсаду нияти меҳнаткашони Осиёи Миёна басо дур буданд. Камбағалони тоҷику узбек, туркману қирғиз ақидаи ҷадидонро намепазируфтанд, ба он ҳамрайъӣ набуданд, онро тарафгирӣ намекарданд. Пролетариат ва деҳқонони Туркистон медидиданд, ки миллатчиёни буржуазӣ душманони синфии онҳо мебошанду ғайр аз толону тороҷу зулму истисмор дигар чизро намедонанд ва аз истисморгарони дигар миллатҳо ҳеҷ фарқ надоранд.
2. Шӯриши соли 1916 ва аҳамияти он
Таъсири харобиовари ҷанги соли 1914 ба иқтисодиёти Россия
2. Шӯриши соли 1916 ва аҳамияти он
Таъсири харобиовари ҷанги соли 1914 ба иқтисодиёти Россия
Дар соли 1914 Ҷанги якуми империалистии ҷаҳонӣ сар зад. Азобу кулфати ҷанг, талафоти бисёри одамон, белаёқатии ҳайъати фармондиҳии ҳукумати подшоҳӣ ва хиёнаткориҳои бевоситаи ҳукуматдорони намоёнтарини он, ки бо дарбор бевосита алоқа доштанд, шикастхӯрӣ дар фронт ва харобшавии ақибгоҳ – ҳамаи ин кинаю адоват ва хашму ғазаби коргарон, деҳқонон, солдатҳо ва интеллигентсияро нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ ба вуҷуд оварда, ҳаракати револютсионии оммаҳои халқро чӣ дар марказ ва чӣ дар гӯшаву канори мамлакат зӯр ва тезу тунд гардонд. Аҳволи вазнини оммаи халқ дар Осиёи Миёна бо як қатор сабабҳо вазнинтар мешуд.
Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Россия, аз он ҷумла, ба иқтисодиёти Осиёи Миёна ва ноҳияҳои тоҷикнишини он таъсири харобиовар расонд. Кашонда овардани молҳои саноатӣ бағоят кам шуда, аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом ва озуқаворӣ баръакс ниҳоятдараҷа меафзояд. Дар натиҷа вазъияти хоҷагии халқи кишвар ва аҳволи табақаҳои меҳнатии аҳолӣ беш аз пеш вазнин мешаванд. Ба сабаби бисёр паст фуромадани нархи пахта хоҷагии пахтакорон хароб гардида, солҳои 1915–1916 дар Осиёи Миёна бӯҳрони ба худ хоси хоҷагӣ сар зад, ки ин боиси норозигиҳои калони пахтакорон шуда буд. Ба ғайр аз ин андозҳо хеле афзуда аспҳоро барои эҳтиёҷоти ҷанг меғундоштанд ва ғайра. Нархи молҳои сермасриф фақат дар зарфи як сол (1915– 1916) 2–3 баробар гаронтар гардид. Дараҷаи зиндагии аҳолӣ хеле поин фуромад.
Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар кишвари Туркистон фаъолияти ташкилотҳои сотсиал-демократӣ боз сар шуд. На фақат дар Тошканд, балки дар бисёр дигар шаҳрҳо кружоку гурӯҳҳои сотсиал-демократӣ амал мекарданд. Дар Хуҷанд гурӯҳи болшевикон кор мебурданд, ки ба он Е. И. Иванитский сардорӣ мекард. Маҳз дар ҳамин ҷо дар паҳлӯи бародарони руси ҳамсинфи худ Ҷӯра Зокиров, Абдулқодир Раҳимбоев, Раҳимбердӣ Эгамбердиев ва дигарон зидди душманони худ мубориза бурданд, обутоб ёфтанд ва таҷрибаи муборизаи револютсиониро дарёфт карданд. Инчунин кружоки сотсиал-демократии роҳиоҳанчиёни Хуҷанд ва кружоки сотсиал-демократии Драгомирово буданд, ки дар байни роҳиоҳанчиён ва ангиштканони Сулуктаву Драгомирово тарғибот мебурданд. Болшевикон хосияти империалистии ҷангро фаҳмонда медоданд, ба муборизаи зидди истисморгарон даъват мекарданд. Соли 1914 коргарони Сулукта корро партофтанд. Дар уезди Хуҷанд деҳқонон паси ҳам шӯру ошӯб мебардоштанд.
25 июни соли 1916 дар айни долузарби ҳосилғундорӣ укази подшоҳӣ баромад, ки номаш ҳам гӯё қасдан муғлақ буд: «Дар бораи сафарбарии мардҳои аҳолии маҳаллии табааи империя ба кори сохтмони иншооти мудофиа дар маҳалли армияи амалкунанда ва ҳамчунин барои анҷоми ҳама гуна корҳои барои мудофиаи давлат зарур». Мувофиқи яке аз моддаҳои ин указ «аз ҷумлаи мардҳои аҳолии маҳаллии табааи империя тамоми мардҳои аз 19 то 44-солаи вилоятҳои Сирдарё, Фарғона, Самарқанд…» ва дигар вилоятҳои кишвари Туркистон бояд сафарбар мешуданд.
Ҳар як вилоят бояд хеле мардикор медод. Тамоми вазни ин кулфат ба дӯши камбағалон афтид, зеро савдогарони калону бойҳо, ҳар гуна маъмурони маҳаллӣ, элликбошиҳо, мирзоҳо, қориҳо, муллоҳо ва дигар унсурони истисморгар ҳарисию пулпарастии маъмурони идораҳои подшоҳӣ ва маҳаллиро ба кор бурда, имкони «ивази каси сафарбаршударо» истифода бурда, бо зӯри пул худро халос мекарданд, яъне ба ҷои худ ё наздикони худ камбағалбачаеро киро карда мефиристоданд. Ҳеҷ ҷои аҷобат надорад, ки як ҳуҷҷати бениҳоят аҷибу такдор диққати тамоми муаррихонро ҷалб кардааст–ин ҳуҷҷат мактуби сардори Шӯъбаи ҳимояти ноҳиявии Туркистон М.Н. Волков мебошад, ки 10 июли соли 1916 навиштааст ва дар он чунин гуфта мешавад: «…мувофиқи хабарҳое, ки ба шӯъба мерасанд, аҳолии маҳаллӣ бениҳоят ба ғазаб омадааст ва сабабаш овозаҳое мебошад, ки одамони пулдори босавод метавонистаанд худашон ба мардикорӣ нараванд, рафта хандақковӣ накунанду ба ҷои ин маблағи муайян диҳад. Дар бозору чойхонаҳову дигар ҷойҳо гап-гап шудааст, ки агар бойҳо ба мардикорӣ гирифта нашаванд, камбағалон ҳатман шӯриш мекунанд ва худашон ин гуна бойҳоро кушта мепартоянд».
Чӣ тавре мебинем, халқ моҳияти синфии муносибати ҳукумати подшоҳиро дар масъалаи мардикоргирӣ нағз фаҳмидааст. Худи ҳамин ҳам як омили муҳиме гардид, ки оммаи халқро ба неҳзати тавонои зиддиҳукуматӣ сафарбар намуд.
Саршавӣ ва ҷараёни шӯриш
Саршавӣ ва ҷараёни шӯриш
Ошӯбҳои аввалин дар шаҳри Хуҷанд сар шуданд. Аз рӯи тақсимот мувофиқи вилоят ва уездҳои кишвари Туркистон уезди Хуҷанд бояд 9 ҳазор мардикор медод. Ба мардикоргирӣ 4(17) июли соли 1916 бояд шурӯъ мекарданд. Опричники подшоҳӣ, губернатори ҳарбии Самарқанд Н. С. Ликошин (мисли ҳамвазифаҳои худаш дар вилоятҳои дигар) рӯйрост таҳдид мекард, ки дар сурати саркашӣ кардан мардикорон ба воситаи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда хоҳанд шуд. Хашму ғазаби омма уезди Хуҷандро фаро мегирад.
Дар бораи воқеаҳои минбаъдаи шаҳр рапорти сардори гарнизони маҳаллӣ полковник И.Б.Рубах маълумоти муфассал медиҳад. Ин полковник аз ошӯби мардум сари калобаи худро гум карда ва ҳатто тартиби ба киҳо рапорт доданро ҳам аз ёд бароварда, рапортро рост ба номи подшоҳ фиристодааст: «Ба Шумо аълоҳазрат императори аъзам бо тақсиру камияти тамом арз мекунам, ки 4 июл, рӯзона, дар шаҳри Хуҷанд, мардуми шаҳр издиҳом карда, ба идораи пристави политсия омаданд ва талаб карданд, ки рӯйхати мардикороне, ки мувофиқи фармоишоти Шумо аълоҳазрати императори аъзам аз санаи 25 июни ҳамин сол бояд ба корҳои ақибгоҳи армия фиристода мешуданд, бекор кунем. Ҳукуматдорони политсия хеле илтимосу зорию тавалло карданд, ки мардум хона ба хона раванд, вале касе ба гапи онҳо гӯш накарда ва ҳама баробар ғавғову мағал бардоштанд. Вақте политсайҳо мардумро тела дода, дур карданӣ шуданд, аҳолии маҳаллӣ муқобилат карданд ва политсайҳоро дошта заданд.
Аз посбонгоҳе, ки дар наздикӣ воқеъ буд, панҷ нафар аскари қатории дастаи қаравулони Хуҷанд, ки барои рафъи бетартибиҳо омода меистоданд, ба сари ғавғо давида омаданд, вале издиҳом онҳоро ҳам филҳол печонида гирифт ва дар ин мобайн яке аз шаҳриён милтиқи аскарро кашида гирифтанӣ шуд, дигарон бошад, аскаронро сангборон карданд.
Дар ҳамин лаҳза аз байни издиҳом касе тир кушода буд, ки ин аскарони қаторӣ ва шарикони онҳо, ки дар болои девори қалъа меистоданд, ба тарафи издиҳом 16 маротиба тир кушоданд, дар натиҷа ду кас кушта ва як кас маҷрӯҳ шуд – ҳар се аҳолии маҳаллӣ мебошанд. Издиҳом фавран пароканда шуд».
Воқеаҳои Хуҷанд ба шӯру ошӯбҳои оммавии саросари кишвари Туркистон як навъ сарахбор шуданд. Шӯриш шаҳри асосии кишвар Тошканд ва пас аз он тамоми дигар вилоятҳоро фаро гирифт. Мо тамоми ҷузъиёти шӯришро муфассал баён намекунем, зеро дар бораи он тадқиқотҳои махсус чоп шудаанд. Мо фақат дида мебароем, ки ин шӯриш дар ноҳияҳои тоҷикнишин чӣ гуна зоҳир шуд ва ба зуҳуроти он чӣ гуна баҳо додаанд.
Мо дар боло аз рӯи рапорти «бо тақсиру камтарини» полковник Рубах дидем, ки шӯриш аз нуқтаи назари ҳарбиёну политсайҳо чӣ гуна гузаштааст. Албатта, ин рапорт бисёр тафсилоти воқеаҳои 4 июли соли 1916-уми Хуҷандро баён намекунад. Ҳол он ки бояд махсус таъкид кард, ки дар шӯриш нафақат аҳолии шаҳр иштирок доштанд. Мардуми деҳаҳои атроф ҳама аз ҷон сер шуда, ба ғазаб омада буданд ва садҳо нафар деҳқонон ҳамон рӯз ба Хуҷанд омаданд. Вақте пристави политсия Устимович фармуд, ки бегоҳии 3 июл дар саҳни масҷиди Шайх Муслиҳиддин бо «калоншавандаҳои» мардум мулоқот мекунад, ба он ҷо понздаҳ-бист «калоншаванда» не, балки якчанд ҳазор одам ҷамъ шуд.
Ҳозирон қатъиян талаб карданд, ки тайёрӣ ё худ сафарбарии мардикорон бекор шавад, ё мавқуф гузошта шавад. Устимович маҷбур шуд, ки маҷлисро қатъ кунад, аниқтараш, думро хода карда гурезад. Рӯзи дигар дар шаҳр як навъ намоише шуд. Марду зан, пиру кампир, хурду калон, баччаву качча ҳама ба сӯйи гузари Охун рафтанд, ки дар он ҷо идораи оқсаққол воқеъ буд. Оқсаққол Мирзо Муинов ва пристав Устимович ин қадар одамро дида, зуд ваъда доданд, ки дигар рӯйхат тартиб дода намешавад. Баъди ин мардуми оташину пурғазаб, ки шумораашон ба 6–7 ҳазор расида буд, ба тарафи «шаҳри нав» равон шуданд.
Пешопеши ин намоиш Ҷӯра Зокиров, Додобой Машарифов барин одамон мерафтанд, ки баъдҳо дар роҳи ғалабаи ҳокимияти халқ дар Тоҷикистон муборизони машҳур шудаанд. Қозӣ Бузрукхӯҷа ва Комилҷон Олимҷонов ном бойҳои шаҳр пеши роҳи издиҳомро гирифта аз роҳ гардонданӣ ва пароканда карданӣ шуданд, вале мардум онҳоро ҳам гурезонданду идораи приставро печонида гирифтанд ва талаб карданд, ки рӯйхати мардикорон фавран нобуд карда шавад. Политсайҳо аз ғазаби мардум тарсида, андаруни бино пинҳон шуданд.
Ана дар ҳамин лаҳза аскарон пайдо шуданд, дастаи посбонони Хуҷанд пеш баромаданд ва якҷоя бо политсайҳо тир кушоданд. Аз тирҳои онҳо пирамарди ҳаштодсола шайх Оқил Неъматшайхов, ҷавони бистусесола Муҳаммадхон Миробидов ҳалок шуда, Мирзоҷон Мирфозилов маҷрӯҳ гардид. Аммо аскар кам буд. Ҳанӯз 7 июл Ликошин ба иҷрокунандаи вазифаи сардори штаби Округи ҳарбии Туркистон Н. Н. Сиверс муроҷиат карда, бо исрор илтиҷо карда буд, ки ба вилоят тезтар солдату казакҳоро фиристад. Ғайр аз ин Ликошин навишта буд, ки сардори уезди Хуҷанд ҳам талаб карда истодааст, ки ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа фавран яктогӣ пулемёт ва ягон панҷоҳнафарӣ казакҳоро фиристодан даркор.
Аммо аскарфиристонӣ ҳеҷ натиҷа надод ва ин кори ҳукуматдорони подшоҳӣ барабас рафт. Ба ин худи Ликошин ҳам боварӣ ҳосил кард. Барои тафтиши вазъият вай 12 июл ба сафари вилоят баромад. Вай баъдтар (17 декабри соли 1916) ба генерал-губернатори Туркистон навишта буд, ки дар вокзали Хуҷанд «ба вай издиҳоми бузурге маътал будаанд, ки аз деҳаҳои Қистакӯзу Исфисор омадаанд, ман бозистодам, ки бо онҳо гап занам. Гуфтам, ки ҳар каси дар ҷояш рост истодагӣ шинад, худам рост истода ба ҳозирон аҳамияти фармоишоти аълоҳазрат императорро дар бораи мардикоргирӣ ва тартиби мардикоргириро фаҳмонда додам. Ҳама гап назада, гӯш мекарданд, вале рӯи ҳама тираву қавоқҳо овезон буду аз сукути онҳо касро воҳима зер мекард».
Дар омади гап, губернатор сонитар мегӯяд, ки «на ҳама дар сукут буданд». Исфисорие баромада гуфт, ки Кауфман дар вақташ ваъда дода будааст, ки дар муддати 50-сол ягон касро аз ин ҷо ба аскарӣ намегиранд. Пас аз ин Ликошин боз гапашро давом дода менависад:
«Ман ба он исфисорию ба издиҳом гуфтам, ки ин гап афсона асту маъно надорад ва зоҳиран гӯё ки гапҳои ман маъқул шуданд, вале оқибати кор тамоман дигар баромад – муллое, ки бо вай гап мезадам, якбора ба издиҳом рӯ оварду гуфт: «Гапро кашол додан чӣ лозим, ҳой халоиқ, шумо гуфта будед, ки мардикор намедиҳед, рост аст?». Тамоми издиҳом ба якборагӣ басо босалобату бадвоҳима ғурунгос зад, ки: «Рост, намедиҳем. Рост, намедиҳем»– ман бошам фақат ҳаминро гуфта тавонистам, ки фармоиши аълоҳазратро дар бораи мардикорӣ ҳар коре шавад, иҷро кардан даркор».
Он чӣ аён аст чӣ ҳоҷат ба баён аст – магар аз ин зӯртар манзараро дидан мумкин аст? Кай пештар мардум дида буд, ки худи губернатори ҳарбии вилоят дар пеши деҳқонону косибони деҳот гап занад?! Хайр, агар гап зада бошад ҳам, кай як одами олимансаби генерал-губернаторӣ аз даҳони ом ин қадар гапҳои рӯйросту пухтаву бурро шунида буд?!
Минбаъд ҳам қистакӯзиҳову исфисориҳо бо камбағалони Хуҷанд алоқаи мустаҳкам доштанд ва дар зарурат фавран ба мадади онҳо меомаданд. Масалан, вақте 21 июли 1916 ҳукуматдорони Хуҷанд чор касро ба ҳабс гирифтанд, ки онҳо гӯё мардумро ба шӯриш даъват мекардаанд, тамоми қистакӯзиҳо ба мадади хуҷандиҳо шитофтанд. Хурду калон, ҳар касе ки гашта метавонист, ба роҳ баромаданд. Калонони шаҳр бо як азоб пеши роҳи ин издиҳоми панҷҳазорнафараро гирифтанд ва намонданд, ки ба Хуҷанд дароянд.
Дар Ӯротеппаву деҳаҳои атрофи он ҳам шӯру ошӯбҳо мешуданд. Ликошин ба генерал-губернатори Туркистон А. Н. Куропаткин 7 декабри соли 1916 мактубе фиристод, ки дар он навишта буд: «… 1 август ба шаҳр аз вулуси Ғончӣ ду гурӯҳ деҳқонон омаданд – як гурӯҳ 200 нафар, гурӯҳи дигар 250 нафар, онҳо ба тартиб додани руйхат монеъ шуданӣ буданд. Бо ёрдами посбонони савора ва политсайҳо ғончигиҳо пароканда карда шуданд».
Сарфи назар ба ҳамаи ин, сардори уезди Хуҷанд полковник Рубах хавф дошт, ки мардуми ин ҷойҳо боз шӯриш мекунанд. Бинобар ин вай аз губернатори ҳарбии Самарқанд илтимос кард, ки ба вулуси Ғончӣ «отряди ҷазодиҳандаи Шаҳристон фиристода шавад… ва он бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки дар зарурат таъзир ҳам кунад». Пас аз ин Рубах менависад: «…азбаски бетаъхир тезутунд амал кардан даркор, бинобар ин даҳҳо ва садҳо касро ҳабс карда, ба замми ин тамоми расмиятҳоро (қарори ҳабс, пурсишу тергав, маълумот ба идораҳои болоӣ) риоя кардан мумкин нест» ва аз гапҳояш маълум, ки шӯриш ҳақиқатан вусъат ёфта будааст.
Маъмурияти подшоҳӣ армияи худро ба манбаъҳои шӯриш бо азоб тақсим мекард, зеро отрядҳои ҷазодиҳанда намерасиданд. 9 август дар Қистақӯз мардум боз шӯриш бардоштанд. Худи ҳамон Ликошин ба Тошканд чунин хабар дода буд: «Издиҳоми бузурги мардум – хурду калон, марду зан ба ҳавлии идораи сардори вулус зада даромаданд ва сардори вулус, элликбошӣ (?) ва пос¬бонро дошта заданд».
«Солдату казак фиристед!», «Солдату казак фиристед!» – аз тамоми вулусу уезду вилоятҳои кишвари Туркистон ба маркази он фақат ҳамин гуна телеграммаҳо меомаданд. Зеро шӯриш дар Хуҷанд сар шуда, саросари кишварро фаро гирифт ва то тирамоҳи соли 1916 дар манбаҳои асосии худ ва дар баъзе ҷойҳо аз ин ҳам дертар давом кард. Фақат пас аз он ки ба Осиёи Миёна қисмҳои нави армия омаданд, шӯриш пахш карда шуд. Қувваи асосии шӯриш деҳқонон ва косибон буданд. Дар ноҳияҳои зироаткорӣ муқобилати шӯришгарон ба дараҷае сахт шуд, ки генерал-губернатори Туркистон он муқобилатро фақат бо зӯри армия ва артиллерия рафъ карда тавонист.
Мувофиқи маълумоти архив дар аморати Бухоро ҳам шӯру ошӯбҳо аз ибтидои соли 1916 сар шуданд ва алалхусус, дар Китоб, Шаҳрисабз, Яккабоғ ва Чироқчӣ вусъат ёфтанд. Махсусан деҳқононе ба шӯр омаданд, ки амир барои сохтмони роҳи оҳани Бухоро-Тирмиз зӯран сафарбар карда буд. Тақрибан моҳҳои март-апрели соли 1946 Агентии сиёсии Россия дар яке аз хабарҳои худ навишта буд: «Норозигии коргарон торафт зиёд шуда истодааст. Истисмору худсарӣ ҳад надорад. Барои ду ҳафта кор сартҳо ҳамагӣ як сӯм маош мегиранд ва хӯрду хӯрокашон аз худашон (дар мавзеи Калиф – Тирмиз). Овоза паҳн кардаанд, ки роҳ давлатӣ аст ва дар он бепул кор кардан даркор». Аҳолии бекиҳои кӯҳистон, масалан, аҳолии Балҷувон сар бардоштанд.
Шӯриши соли 1916 неҳзати стихиявӣ буд ва на дар ҳама маҳалҳо хусусияти халқӣ дошт. Шӯришгарон на вазифаи шӯришро дуруст дарк мекарданду на роҳҳои ғалабаро медонистанд. Бисёр шӯришҳо ҷудо-ҷудои беробита буданд. Нақшаи ягонаи амалиёт, роҳбарияти ягона набуд.
Гарчанде мувофиқи маълумоти идораи политсия дар баъзе маҳалҳо баъзе сотсиал-демократҳо, ки дар баъзе шаҳрҳои Осиёи Миёна зиндагӣ мекарданд, дар ин ё он шӯриш ба ин ё он андоза дахл доштаанд, вале мо гуфта наметавонем, ки дар ин шӯришҳо роҳбарии пролетарӣ вуҷуд дошт, ин гуна роҳбарӣ набуд. Пролетариати маҳаллии миллӣ ҳоло камшумор ва ташаккул наёфта буд, барои роҳбарӣ қодир набуд. Пролетариати рус бошад, гарчанде ба онҳо партияи болшевикон роҳбарӣ мекард, дар ибтидои шӯриш бо меҳнаткашони маҳаллӣ, ки асосан аз деҳқонон иборат буданд, робитаи мустаҳкам надошт. Натиҷаи муҳимтарини шӯриши соли 1916 дар ҳамин, ки шӯриш дар он ҷойҳое, ки хусусияти ҳақиқатан халқию озодкунанда дошт, пояҳои ҳокимияти подшоҳӣ ва истисморгарони маҳаллиро суст кард.
Дар айни ҳол, бояд ҳатман қайд кунем, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Осиёи Миёна ҷосусони империалистони Германия ва султони Туркия хеле ҷидду ҷаҳд карданд, ки шӯришҳои халқии зиддиподшоҳиро ба шӯриши зидди умуман русҳо табдил диҳанд. Дар навбати худ муллоҳои мутаассиб, алалхусус, пайравони ашаддии тасаввуф кӯшиданд, ки шӯриш ба худ шакли «ғазовот»-ро гирад, ки дар ин сурат тамоми русҳо бояд қир карда мешуданд.
Шоҳидон нақл мекунанд, ки дар яке аз маҳаллаҳои Хуҷанд як гурӯҳ одамон, ки ё ҷосуси империалистони Германия ё султони Туркия будаанд, байроқи халифаи Туркияро бардошта баромадаанд. Маълумоте ҳаст, ки султони Туркия Афғонистонро таҳрик мекардааст, ки ба корҳои аморати Бухоро ва кишвари Туркистон дахолат кунад.
Ба ҷосусони Туркия муяссар шуд, ки бо фиребу найрангу ришваю пора сардорони баъзе қабилаҳои туркманро аз роҳ бароранд ва дар ин хел маҳалҳо шӯру ошӯби мардум ба фоидаи султони Туркия ҷараён ёфт. Дар ноҳияҳои сарҳадди Афғонистон ва Эрон ҳодисаҳое рӯй доданд, ки шӯришгарон ба роҳиоҳанчиёни бегуноҳу муздури рус дарафтоданд, қасабаҳои русҳоро оташ заданд, посбонгоҳҳо, воситаҳои алоқа ва ғайраро хароб карданд. Бойҳо ва муллоҳои туркман мехостанд, ки ба туфайли ин шӯриш қабилаҳои туркманро ба Эрон ё Афғонистон ва баъдтар ба Туркия ҳамроҳ кунанд. Ин гуна ниятҳои душманона дар дигар маҳалҳои Осиёи Миёна ҳам ҷой доштанд.
Хулласи калом, ҳангоми баҳо додан ба хусусияти шӯриши соли 1916 шароити конкрети ҳар як маҳалли Осиёи Миёнаро ба ҳисоб гирифтан даркор. Аниқу равшан ҷудо кардан даркор, ки кадом шӯриш стихиявӣ буд, кадом шӯриш хусусияти халқию озодкунӣ дошт, кадом шӯришро феодалҳои иртиҷоӣ, муллоён ва дигар унсурҳои зиддихалқӣ ташкил кардаанд, ё ба манфиати худ истифода бурдаанд.
Баъди бераҳмона пахш кардани шӯриши соли 1916 ҳукумати подшоҳӣ мардумро бемалол ба мардикорӣ, аниқтараш, барои кор дар ақибгоҳи армия сафарбар кардан гирифт. Ин сафарбарӣ бо худсарию бедодиҳои бешумор мегузашт. Ба мардикорӣ фақат фарзандони бенавоёну камбағалонро мегирифтанд, бойҳо бошанд, расман ҳукуқ доштанд, ки ба ҷои фарзандони худ дигар касро киро карда фиристонанд. Фарзандони бойҳо, амалдорон, муллоҳо пораву ришва ҳам дода, аз мардикорӣ худро халос мекарданд. Деҳқонони бечора барои ришваю пора пул надоштанд, бинобар ин баъзан чунин мешуд, ки аз як оила якбора ду-се кас ба мардикорӣ мерафт – яке аз рӯйи «қонун», дигаре ба ҷои қарз ва севумӣ худро мефурӯхт, ки зану кӯдаку пиру кампирони дар хона монда қути лоямуте дошта бошанд.
Касони ба мардикорӣ сафарбаршуда дар сохтмони иншооти мудофиа кор мекарданд, дар корхонаҳои саноатӣ ҳар гуна корҳои сиёҳро иҷро мекарданд, баъзан онҳоро дар заминҳои помешикҳо ҳам кор мефармуданд. На идораҳои ҳарбӣ ва на соҳибони заводу фабрикаҳо, ки бояд мардикорони осиёмиёнагиро қабул мекарданд, ба ин кор мутлақо тайёрӣ надида будаанд. Ҳазорон ҳазор мардикорон дар бараку заминканҳои хунуки бепечка зиндагӣ мекарданд, аз хунукию гуруснагию касалиҳо садҳо нафари онҳо мурда мерафтанд.
Ваҳшиёна пахш карда шудани шӯриши соли 1916, худсарию бедодию беинсофиҳои бешумори тартиби мардикоргирӣ, зиндагии мудҳишу вазнину тоқатгудози мардикорон дар ғарибӣ – ҳамаи инҳо нафрату адовати меҳнаткашони Осиёи Миёнаро нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ, ҳукуматдорони маҳаллӣ ва тамоми золимон хеле сахттар кард. Дар айни ҳол, шӯриши соли 1916 аз рӯи унсурҳои буржуазии миллӣ ниқобро канда партофт.
Тарғиботчиёни пантуркия натавонистанд, ки халқҳои Туркистонро ба роҳи каҷи «иттиҳоди ҷамеи муслимин» равона кунанд, дар роҳи «иттиҳоди миллию динӣ» аз муборизаи синфӣ дур созанд.
Ҳамаи ин дар Осиёи Миёна дар вақти шӯриши соли 1916 басо аён зоҳир гардид ва дар ин кор худи ҷадидҳо ҳам кӯмак карданд. Маълум, ки онҳо неҳзатҳои халқиро ба манфиати худ истифода бурданӣ мешуданд ва дар аҳён-аҳён ҷойҳо (масалан, дар Ҷиззах) ба онҳо муяссар шуд, ки эҳтироси револютсионии оммаро ба маҷрои таассуби динӣ андозанд. Аммо аксари аҳолӣ – камбағалони маҳаллӣ душманони аслии худро нағз шинохта гирифтанд. Қайд кардан лозим, ки аз худи аввали шӯриш то пахш карда шудани он тамоми калонони «обрӯманд», бойҳои маҳаллӣ бо амалдорони хурду калони подшоҳӣ фаъолона ҳамкорӣ мекарданд. Ба маъмурияти подшоҳӣ миллатчиёни буржуазӣ – ҷадидҳо ҳам ҳарҷониба кӯмак мекарданд. Аҳвол ҳам дар Хуҷанду Ӯротеппа, ҳам дар Самарқанду Марғелон, ҳам Дар Пишпеку Верний, дар ҳама шаҳрҳо, ниҳоят дар худи Тошканд ҳам ҳамин буд.
Ин хоинон ба манфиатҳои миллии халқи худ хиёнат карда, идораҳои махсус таъсис медоданд, ки ба ҳукумати подшоҳӣ дар масъалаи мардикоргирӣ мадад расонанд. Масалан, дар маркази генерал-губернаторӣ «Комитети шаҳрии Тошканд барои ба кор даъват кардани аҳолии маҳаллӣ» ном муассисае таъсис ёфт, ки ба он Мунавварқории дар боло номбурдаи мо, Хоҷаев ном як савдогари серпули корчаллон ва дигар намояндагони давлатманди бойҳову ҷадидҳо сарварӣ мекарданд. Дар вилояти Сирдарё намояндагони буржуазияи маҳаллӣ ба губернатори ҳарбии вилоят махсус ариза дода иҷозат пурсиданд, ки «дар байни аҳолӣ ташвиқоту тарғибот баранду онҳо ба маъракаи ғундоштани чизу чораву молу ашё барои эҳтиёҷи ҷанг муқобилат накунанд».
Ин иқдом ва дигар кирдорҳои ба ин монанд равшан далолат мекунанд, ки ҷадидҳо ҳам мисли тамоми буржуазияи миллии Туркистон аз оммавӣ будан ва равияи муайяни синфӣ доштани шӯриши соли 1916 ба ҳарос афтода, дар ғами мавқеи худ шуда, бо душманони ашадии тамоми халқҳои мамлакат – ҳукуматдорони подшоҳӣ забон як карданд.
3. Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 ва аҳамияти он дар ҳаёти халқи тоҷик
3. Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 ва аҳамияти он дар ҳаёти халқи тоҷик
Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки оқибат ва ифодаи бӯҳрони умумии капитализм ба шумор мерафт, ин бӯҳронро тезутунд гардонда империализми ҷаҳониро суст намуд. Коргарон ва солдатҳо 27 феврали (12 марти) соли 1917 дар Петроград шӯриш бардошта, подшоҳро аз тахт сарнагун карда, Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳоро ташкил доданд. «Ба коргарони рус,– навишта буд В. И. Ленин,– чунин шараф ва иқболе насиб шуд, ки якумин шуда револютсияро, яъне ҷанги бузург, ягона ҷанги қонунӣ ва ҳаққонии мазлумонро бар зидди золимон сар кунанд».
Ба шарофати роҳбарии партияи болшевикӣ, ба шарофати гегемонияи пролетариат револютсияи буржуазӣ-демократии феврал дар тамоми сарзамини васеи Россия ғалаба кард.
Дар натиҷаи хоинии эсерҳо ва меншевиконе, ки ба роҳбарияти Советҳо даромада гирифта буданд, ба сабаби зудбоварии аз ҳад зиёди оммаҳои васеи коргарон ва солдатҳо, ки аз аввалин комёбиҳои револютсия сармаст шуда буданд, ҳокимияти давлатиро буржуазия ба дасти худ мегирад. Ҳокимияти нави давлатӣ дар шахси Ҳукумати Муваққатӣ аз намояндагони буржуазия ва помешикони буржуазияшуда иборат буд.
Ба як тарзи махсус ба ҳам пайвастани ду диктатура: диктатураи буржуазия дар шахси Ҳукумати Муваққатӣ ва диктатураи пролетариат ва деҳқонон дар шахси Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳо вазъияти ба вуҷудомада, рафти вусъати воқеаҳои револютсиониро чи дар тамоми мамлакат ва чи дар Осиёи Миёна ҳам муайян кард.
Револютсияи феврал оммаи васеи халқи Осиёи Миёнаро сахт ба ҷунбиш овард. Дар рӯзҳои аввалини револютсия аввал дар Тошканд, баъд дар дигар шаҳрҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои аксарияти аҳолиаш тоҷик дар Самарқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Бухорои Нав (Когон) Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо ба вуҷуд омаданд. Дар баробари Советҳо ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи коргарон, косибон, ҳунармандон ва дигар табақаҳои аҳли меҳнат таъсис меёфтанд. Дар Самарқанд Иттифоқи мусулмонони меҳнаткаш («Иттифоқ») роли калон мебозид, ки бисёр фаъолони он сиёсати болшевиконро суботкорона ва бо ҷиддият дастгирӣ мекарданд. Дар Хуҷанд, ки дар байни аҳолии он роҳи оҳанчиён хеле зиёд буданд, «Комитети роҳи оҳании коргарон ва деҳқонони стансияи Хуҷанд» таъсис карда шуд.
31 март дар маҷлиси муттаҳидаи Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои Тошканд, Комитети иҷроия, инчунин намояндагони Совети депутатҳои мусулмонон ва Совети деҳқонон дар бораи барҳам додани генерал-губернаторӣ якдилона қарор қабул карда шуд. Ин ғалабаи калони револютсия ба ҳисоб мерафт.
Як қисми халқи тоҷик, ки дар кишвари Туркистон зиндагонӣ мекард, ба муборизаи револютсионии халқҳои Россия ҳамроҳ шуд. Дар зери таъсири пролетариати Россия ва бо ёрии вай дар як қатор шаҳрҳо иттифоқҳои мусулмонони меҳнаткаш ва Советҳои депутатҳои коргарони мусулмон ташкил меёбанд, ки дар онҳо меҳнаткашони миллати маҳаллӣ бо қисми болшевикии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо ҳамкорӣ карда, таълими муборизаи револютсионӣ мегиранд.
Дуҳокимиятӣ дар Туркистон дар ҳамин зоҳир мешуд, ки дар баробари Советҳо комитети туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ ҳамчун органи олии ҳокимият дар кишвар ташкил дода шуда буд, дар маҳалҳо (вилоят ва уездҳо) комиссарони Ҳукумати Муваққатӣ гузошта шуда буданд, инҳо органҳои ҳокимияти буржуазӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки сиёсати Ҳукумати Муваққатиро ҷорӣ мекарданд, сиёсатеро, ки аз ҷумла, барои дар Туркистон нигоҳ дошта шудани машинаи кӯҳнаи давлатӣ равона карда шуда буд.
Ҳукумати Муваққатии буржуазӣ тамоми чораҳоро медид, ки режими мустамликавиро дар Осиёи Миёна нигоҳ дорад. Ҷаллоди халқҳои Осиёи Миёна -генерал Куропаткинро Ҳукумати Муваққатӣ дар вазифаи пештарааш мононд. Вазири ҳарбии Ҳукумати Муваққатӣ капиталист Тучков дар телеграммаи худ изҳори боварӣ мекард, ки генерал Куропаткин барои нигоҳ доштани тартибот дар Туркистон «таҷрибаи худро истифода хоҳад бурд». Бо мақсади нигоҳ доштани ин «тартибот» губернаторони вилоятӣ, сардорони уезд ва тамоми дастгоҳи политсия дар ҷойҳои худ мононда шуданд.
Ҳамаи маҳдудиятҳои миллие, ки дар замони подшоҳӣ вуҷуд доштанд, бекор карда нашуданд, меҳнаткашон мисли пештара аз ҳуқуқ маҳрум буданд. Сардори комитети кадетҳои Туркистон Шепкин ба деҳқонони меҳнаткаш таҳдид мекард, ки барои заминҳои мулкдорони калон ва бойҳоро худсарона зер карда гирифтанашон ҷазои сахт хоҳад дод. Коргароне, ки рӯзи кори 8-соата талаб мекарданд, дучори таъқибот мешуданд. Ба таври дигар гӯем, буржуазияи ба сари ҳокимият омада барои аз миён бурдани на зулми иҷтимоӣ ва на миллӣ ҳатто кӯшиш ҳам накард. Вай баъзе зуҳуроти дурушти сиёсати миллӣ-мустамликавии ҳукумати подшоҳиро (фақат зоҳиран) аз байн бурда, онҳоро бо сиёсати нозуктар ва аз ин рӯ боз ҳам хавфноктар иваз намуд.
Буржуазияи миллӣ, унсурҳои феодалӣ-боӣ кӯшиш мекарданд, ки болоравии кайфияти миллии озодихоҳии оммаи халқро зери роҳбарии худ гирифта ва онро ба манфиати маҳдуди синфиашон нстифода баранд.
Ба андозаи дар Россия ривоҷ ёфтани ҳодисаҳои револютсионӣ моҳияти зиддихалқии ҷадидизм торафт ошкортар мешуд. Табаддулоти моҳи феврали соли 1917-ро ҷадидҳо бо ваҷду шодии тамом истиқбол гирифтанд. Хабари револютсия расидан замоно моҳи марти соли 1917 дар Тошканд «Шӯрои исломия» ном ташкилоти буржуазии миллатчигӣ таъсис ёфт, ки ба он собиқ депутати Думаи II давлатӣ Муллоабдувоҳид Қориев ва ҳамон Мунавварқорӣ Абдурашидов сарварӣ мекарданд. Онҳо бо М. Чукаев ва И. Сайфулмулуков барин пешвоёни пантуркия ба Шӯрои муттаҳидаи кишварии исломии Туркис-тон роҳбарӣ мекарданд ва «Турк эли» («Халқи турк») ном як газетача ҳам мебароварданд.
Моҳи апрели соли 1917 миллатчиёни буржуазии Осиёи Миёна дар Тошканд съезди мусулмонони Туркистонро даъват карданд. Иштирокчиёни съезд эълон карданд, ки барои интишори нуфузи буржуазияи миллӣ дар байни аҳолии Осиёи Миёна ғояҳои панисломия ва пантуркизмро ҳатталимкон васеъ истифода бурдан даркор. Дар съезд ягон масъалае муҳокима нашуд, ки барои беҳтар шудани аҳволи деҳқонон ё косибон лозим бошад. Ҷадидон ва пайравони онҳо «соҳибихтиёрӣ ва худидоракунӣ»-и Туркистонро талаб карданд, то ки фақат худашон меҳнаткашонро толону тороҷ кунанд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки сохти кӯҳнаи нимфеодалиро барқарор нигоҳ доранд, таъсири дини ислому ходимони он, таъсири буржуазияи миллиро ба халқҳои Осиёи Миёна мустаҳкамтар кунанд.
Пешвоёни ҷадидҳо – М. Беҳбудӣ, Мунавварқорӣ Абдурашидов, Абдурауф Фитрат ба тарғибу ташвиқи ғояҳои пантуркизм аҳамияти махсус дода, «бою камбағал»-ро даъват мекарданд, ки «дар роҳи як мақсад» хизмат кунанд ва бо ҳамин байни меҳнаткашони маҳаллӣ ва камбағалони рус низоъ меандохтанд. Дар ин кор «Тӯрон» ном гурӯҳи буржуазии миллӣ, ки сонитар ба «Ташкилоти федералистони турк» («Турк адам марказият») табдил ёфт, мақоми намоён дошт.
Ташкилоти маҳаллии буржуазии «Шӯрои исломия» ва ташкилоти феодалии динии «Уламо» таъсис ёфтанд, ки майдони амалиёташон хеле васеъ буд. Онҳо шиорҳои контрреволютсионӣ, шиорҳои панисломия ва пантуркизмро пешбарӣ карда, мехостанд, ки оммаи маҳаллии меҳнаткашро аз қафои худ гирифта баранд, оммаеро, ки бедор шуда буду аммо аз қайди ҷаҳолат ва азияти асрина раҳо наёфта буд.
Роҳбарони ин ташкилотҳо худро ҳомиёни дини ислом ва манфиатҳои умумимиллӣ ба қалам дода, табақаҳои боқимондаи ноогоҳи аҳолии маҳаллиро ба муқобили болшевикон иғво медоданд. Масалан, дар Хуҷанд ташкилоти «Шӯрои исломия» чунин овоза паҳн карда буд, ки гӯё болшевикон молу мулки мардумро кашида гирифта, ҷамъиятӣ кардан мехостаанд, гӯё болшевикон расму оини диниро манъ карда, дини мусулмониро нест карданӣ будаанд. «Шӯрои исломия» ва махсусан «Уламо» аҳолии маҳаллиро на ин ки фақат барои ба болшевикон пайравӣ кардан, балки барои иштирок кардан ба ҳар як ташкилоти меҳнаткашон таъқиб менамуданд.
Органи Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои Тошканд «Наша газета» моҳияти зиддихалқии амалиёти «мустамликадорони навбаромад»-и ҳайъати Ҳукумати Муваққатӣ ва хиёнаткориҳои миллатчиёни буржуазиро бо далелу исботҳо фош карда ба меҳнаткашон (алалхусус, ба меҳнаткашони маҳаллӣ) моҳияти ҳақиқии мутаассибонро нишон медод. «Инак боз як касофати дигар шуд –балои севум омад, ки номаш «Уламо» будааст –- навишта буд «Наша газета» – Ин бало аз қаҳтию вабо ҳам бадтар. Ин як селаи бадаъмолони шаҳри кӯҳна аст, ки аз офати ҷанг миллионҳо сӯм дуздидаанд, аз ҳисоби кулфати мардум давлатманд шудаанд».
Дар моҳҳои аввали Револютсияи феврал ба миллатчиёни буржуазӣ муяссар шуд, ки қисме аз аҳолиро гаранг карда аз паси худ баранд. Онҳо мекӯшиданд, ки дар Осиёи Миёна зидди болшевикҳо фронти ягона ташкил диҳанд, зеро таъсири болшевикон ба халқҳои Осиёи Миёна рӯз ба рӯз меафзуд. Ҷадидон, панисломчиҳо, пантуркчиҳо ба тарғиботу ташвиқоти болшевикон шиори худ «миллати ягонаи мусулмон» -ро муқобил гузоштанӣ мешуданд, синфҳои гуногунро ба иттиҳод даъват мекарданд. Дар ин бобат як хитобаи Фитрат хеле ҷолиби диққат аст:
«Мусулмонони Туркистон! – навишта буд вай дар хитобааш,– биёед, аз барои пайғамбар, аз барои дин, аз барои илм муттаҳид шавем; ба низои байнихудӣ ва тафриқаи синфӣ чашм пӯшем, худро бо риштаҳои дӯстию иттиҳод барбандем, ки нахустпанди ислом аст, биёед, даст ба ҳамдигар диҳем» .
Вале вазифае, ки онҳо назди худ гузошта буданд, ба ҳеҷ ваҷҳ иҷро намешуд. Программаи ленинии партияи болшевикӣ дар масъалаи миллӣ ҳалли ҳамон масъалаҳои умдаеро дар назар дошт, ки миллионҳо меҳнаткашони тамоми миллатҳо ба умеди ҳалли он масъалаҳо буданд ва ҳамин нияти партияи болшевикон ба дили ҳамаи меҳнаткашон роҳ меёфт ва ба туфайли ҳамин мардуми гӯшаву канорҳои Россия ҳам, аз ҷумла халқҳои Осиёи Миёна фаъолона болшевиконро дастгирӣ мекарданд.
Худи ҳаёт ба ҷараёни аз ҳам ҷудошавии синфии аҳолии маҳаллӣ ёрӣ расонд. Меҳнаткашони тоҷику ӯзбек ва туркману қирғиз торафт бештар боварӣ ҳосил мекарданд, ки бойҳои маҳаллӣ мардумро ба ягонагии миллӣ даъват карда, дар амал аз ҳисоби бародарони «ҳамхун»-и худ – деҳқонон ва камбағалони қашшоқу гуруснаи шаҳр, давлатманд мешаванд. Чунин воқеаи ҷолиби диққатро мисол меоварем, ки онро матбуоти болшевикӣ хабар дода буд: «Масъалаи озуқаворӣ дар Ӯротеппа бисёр мушкил аст. Мардум аз гуруснагӣ аз вулусҳои дар гирду атроф будаи Басманда, Шаҳристон ва дигар маҳалҳо, ба сӯи Дарё мегурезанд. Чунки дар Дарё ба ҳар ҳол арзан ҳаст. Воқеан, бо ин арзан корҳои беҳаёна мекунанд, бойҳои Ӯротеппа дар стансияи Кривошенно ҳар пуд арзанро 28 сӯмӣ харида, онро рустӣ бо поезди пассажирӣ ва молкашон ё бо ароба ба Ӯротеппа мекашонанду дар ҳавлиҳошон орд карда, ба мардуми гурусна ҳар пудашро 50 сумӣ мефурӯшанд».
Оммаи меҳнаткаш торафт бештар ба ҳамин маънӣ сарфаҳм мерафтагӣ мешавад, ки байни камбағалони аз гуруснагӣ мурдаистода ва сабабгорони ин гуруснагӣ – бойҳои савдогар, ки ба ташкилоти «Шӯрои исломия» сардорӣ мекунанд, ҳеҷ гуна манфиатҳои «умумимиллӣ» шуда наметавонад.
Фаъолияти собиқ мардикорон, яъне ононе, ки барои кори ақибгоҳ ба Россия сафарбар шуда буданд, ба инкишофи шуури синфии пролетарҳову косибону деҳқонони маҳаллӣ хеле мусоидат кард. Онҳо ба Россия рафта, зуд ба майдони муборизаи шадиди сиёсӣ медаромаданд, дар роҳи муборизаи фаъолонаи зидди золимон дарси муҳим мегирифтанд ва бисёр вақт дар ҳамон ҷойҳо ба партияи болшевикон аъзо мешуданд. Албатта, ҳамаи коркунони ақибгоҳро якхела гуфта ҳисоб кардан нодуруст мебуд. Қисми болонишини онҳо, ки аз амалдорони хурди подшоҳӣ ва намояндагони рӯҳониён иборат буданд, ҳамаи чораҳоро медиданд, ки коркунони ақибгоҳ бо коргарони рус ва украин алоқадор нашаванд. Аксар вақт аз рӯи маълумоти онҳо коркунони ақибгоҳро ҳабс ва маҳкум мекарданд.
Аммо ҳамаи чораҳое, ки ҳукумати подшоҳӣ ва дертар Ҳукумати Муваққатӣ, буржуазияи миллӣ ва рӯҳониёни мусулмон барои мардикорони ақибгоҳро, инчунин меҳнаткашони миллатҳои маҳаллиро, аз таъсири идеяҳои болшевикӣ нигоҳ доштан медиданд, натиҷаи дуруст набахшид.
Мана, як мисоли ҷолиби диққат. Дар солҳои мардикоргирӣ дар қатори дигарон ҳукуматдорони подшоҳӣ Ҷӯра Зокиров ва Абдуқодир Раҳимбоевро ҳам ба кори ақибгоҳ ба Россия гирифта рафтанд. Ҷӯра Зокиров ба заводи шаҳри Бердянск (ҳозир шаҳри Осипенко) афтод. Дар ин ҷо на фақат бо ғояҳои ленинии сотсиал-демократӣ шинос шуд, балки ба дурустии онҳо имони комил пайдо кард. Пас дар байни дигар мардикорони осиёимиёнагӣ фаъолона ташвиқоту тарғибот бурд. Ӯро ҳатто ба депутатии совети шаҳри Бердянск номзад ҳам карданд.
Фаъолияти Абдуқодир Раҳимбоев ҳам чунин буд. Вай ба шаҳри Харков ба заводи «Ширкати умумии электрикӣ» афтод. Баъдҳо Абдуқодир Раҳимбоев ба ёд меовард, ки чӣ гуна ба маҷлисҳои коргарони русу украин мерафт, чӣ гуна онҳоро бо ҳаёти халқҳои Осиёи Миёна шинос мекард ва худаш ҳам чӣ гуна аз воқеияти Россия ва Украина воқиф мегардид: «Ман ҳамон вақтҳо саводи дуруст надоштам, хусусан саводи аврупоӣ надоштам; аммо забони аврупоиро надонам ҳам ҳаракат мекардам, ки ҳамаи гапҳои дар маҷлисҳо мешудагиро фаҳмида гирам ва худам барои дигар дӯстони туркис-тониам тарҷумонӣ ҳам мекардам». Коргарони русу украин ба вай газета хонда воқеаву ҳодисаҳои замонаро фаҳмонда медоданд, худи Раҳимбоев бо ташкилоти болшевикон алоқаи мустаҳкам дошт ва бо ҳидояти ячейкаи партиявии завод дар намоишу митингҳо иштирок мекард.
Маълум ки вақте Зокиров, Раҳимбоев ва дӯстони онҳо, ки дар кӯраи ҳодисаҳои револютсионии қисми европоии Россия обутоб ёфта буданд, ба шаҳру деҳоту авулҳои худ баргаштанд, дарсҳои оид ба ҳамкорию ҳамфикрии синфии дар он ҷойҳо гирифтаи худро зуд ба кор бурданд. 25 майи соли 1917 дар Хуҷанд ба муносибати бозгашти мардикорон митинг шуд ва иштирокчиёни он Совети депутатҳои мардикорони коргарро интихоб карданд. Ҷӯра Зокиров, Абдуқодир Раҳимбоев, ки дар фаъолияти ташкилотҳои револютсионӣ мақоми намоён доштанд, аъзои Президиуми ин Совет шуданд.
Асосан ба шарофати ғайрату хизмати мардикорони ба Россия рафта омадагӣ моҳи июни соли 1917 дар Хуҷанд Совети интернатсионалии меҳнаткашон таъсис ёфт ва чор депутати он ба ҳайъати Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои шаҳр ҳамчун вакил фиристода шуданд. Ин гуна ҳодисаҳо ба бисёр дигар маҳалҳои Туркистон ҳам хос буданд.
Ташкилотҳои болшевикӣ, ки дар шаҳрҳои Осиёи Миёна пайдо шуда буданд, ба иттифоқҳои меҳнаткашони маҳаллӣ, «Иттифоқ» ва Совети депутатҳои мусулмонон бештар таъсир мегузаронданд. Пролетарҳо, деҳқонон ва ҳунармандони меҳнаткаш аз миллатҳои маҳаллӣ торафт бисёртар ба сафи партияи болшевикӣ медаромаданд. Дар ин бобат баҳои комитетҳои партиявӣ ба аввалин болшевикони миллатҳои маҳаллӣ басе ҷолиби диққат аст: «Пролетарҳои асил, ки фақат бо меҳнати худ зиндагӣ мекунанд, онҳо бо шавқу рағбати бағоят калон, бо ёрии тарҷимонҳо, идеяҳои сотсиал-демократияро гӯш карда, фаҳмида мегиранд; бо қувваи фаросати пролетарӣ… нуктаҳои асосии ҳаракати коргариро аз худ мекунанд. Онҳо ба сафи партия дохил шуда, аъзоёни боғайрат мешаванд, вазифаҳои худро бо майли тамом иҷро мекунанд» .
Съезди II кишварии ташкилотҳои РСДРП-и Туркистон, ки моҳи июли соли 1917 дар Тошканд кушода шуду ба кори байни мусулмонон махсус диққат дод, дар ин бобат аҳамияти калон дошт. Дар резолютсияҳои съезд зарурати «аз банди ғояҳои клерикалию буржуазӣ раҳо додани мусулмонон, ҳамчунин равшан кардани худшиносии пролетариати мусулмон» қайд шуда буд.
На фақат дар шаҳрҳо, балки дар деҳоти Осиёи Миёна ҳам авҷ гирифтани муборизаи шадиди синфӣ, дар маҳалҳои гуногун таъсис ёфтани Советҳои револютсионию демократии мусулмонони меҳнаткаш, ки бо Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо муттаҳид мешуданд ё амалиёти худро бо он мутобиқ менамуданд, шиору программаи РСДРП-ро комилан тарафдорӣ мекарданд – ҳамаи ин падидаҳо гарави муҳим ва бурҳони қотеъи ҳамин буданд, ки табақаҳои васеи аҳолии Туркистон бо миллатчиёни буржуазӣ, ҷадидҳо, пантуркчиҳо не, балки ба ҳимоятгарони содиқи кори халқ – болшевикон пайравӣ мекунанд. Агар дар давраи револютсияи соли 1905 дар байни миллатҳои маҳаллӣ танҳо ягон-ягон кас бевосита кори револютсионӣ мебурда бошад, ҳоло садҳо тоҷикон, ӯзбекон, қазоқон, туркманҳо, қирғизҳо ва намояндагони дигар халқҳои Осиёи Миёна ба сафи партияи болшевикӣ дохил мешуданд. Дар зери роҳбарии партияи болшевикӣ иттифоқи пролетариати рус бо меҳнаткашони миллатҳои мазлум ташкил меёфт.
Дар арафаи револютсияи февралии буржуазӣ-демократӣ партияи мо доир ба масъалаи миллӣ назарияи аз тарафи В.И.Ленин чуқур асоснок кардашудае дошт, ки ин дар кори бомуваффақият ташкил ёфтани иттифоқи пролетариати рус бо меҳнаткашони миллатҳои мазлум бисёр кӯмак расонд. Ташкилотҳои партиявӣ дар кори худ, ки байни меҳнаткашони миллатҳои маҳаллии гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла, байни меҳнаткашони Осиёи Миёна мебурданд, чунин асарҳои В. И. Ленинро, монанди «Мулоҳизаҳои танқидӣ оид ба масъалаи миллӣ», «Дар бораи ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо», «Револютсияи сотсиалистӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо», «Ҷамъбасти мубоҳиса дар бораи худмуайянкунӣ», ки дар солҳои 1913–1916 навишта шуда буданд, ба роҳбарӣ мегирифтанд.
Қисми зиёди халқи тоҷик, ки дар аморати Бухоро сукунат дошт, аз нуқтаи назари ба револютсия ҳамроҳшавӣ дар шароити на чандон мусоид буд. Агарчанде ки амир Олимхон дар телеграммаи худ ба номи генерал-губернатори Туркистон Куропаткин ба муносибати хушӣ ба хушӣ ва ба тариқи тамоман осоишта ба сохти нав гузаштани тамоми Туркистон мамнунияти самимона изҳор карда буд, ё худ агарчанде ки Агентии сиёсии императорӣ дар Бухоро бо қарори Ҳукумати Муваққатӣ Резидентии Россия номида шуда буд, дар аморати Бухоро аслан ягон дигаргуние ба амал наомад. Дар ин мобайн дар аморат дар маҳалҳои руснишин вазъият якбора тезутунд шуд. Ҳанӯз 8 марти соли 1917 вақте хабари суқути подшоҳ ба ин ҷойҳо расид, коргарони роҳи оҳани стантсияи Когон митинги калон оростанд, ки дар он шаш ҳазор одам иштирок кард. Дар ин митинг болшевик П.Г.Полторатский нутқи оташин эрод намуд. Пас аз ин дере нагузашта меҳнаткашони маҳаллӣ яроқу аслиҳаи политсайҳоро кашида гирифтанд ва маҳбусони сиёсиро озод карданд. Дар телеграммаи бадвоҳимаи Гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро Миллер, ки ба Тошканд, ба генерал-губернатор Куропаткин фиристода буд, гуфта мешуд: «Коргарони сершумори рус, ки дар заводҳои пахтаву равғани Бухоро кор мекунанд ва коркунони роҳи оҳани Осиёи Миёна ва Бухоро ба таъсиси муассисоте шурӯъ карданд, ки аз рӯи гуфтаи онҳо бояд ҷои муассисаҳои политсия ва аз афти кор, ҷои дигар муассисаҳои давлатии моро гиранд».
Ҳукумати Муваққатӣ мекӯшид инони вазъиятро ба даст гирад. Моҳи майи соли 1917 дар Когон, Чорҷӯй, Тирмиз, Каркӣ комитетҳои иҷроия ташкил шуданд, ки бояд ба маҳалҳои руснишин роҳбарӣ мекарданд. Дар аввалҳои моҳи май дар Бухоро съезди вилоятии ин комитетҳо Комитети вилоятӣ таъсис кард, ки ба Комитети туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ тобеъ буд.
Дар баробари ин органҳои ҳокимияти халқӣ – Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо ташкил мешуданд. Ба қавли прокурори суди округии Самарқанд, советҳо на фақат бо масъалаҳои сиёсати хориҷию дохилӣ, балки бо масъалаҳои ҳаёти рӯзмарра, алалхусус, масъалаи озуқа ҳам «машғул» мебошанд. «Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо дар пеши мардум эътибори баланд доранд, онҳоро муассисаҳои давлатӣ ва ашхоси расмӣ ҳам эътироф мекунанд. Эътибори комитетҳои иҷроия (яъне органҳои Ҳукумати Муваққатӣ – Б.Ғ.) камтар аст. Ин комитетҳо дар қатори Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо амал кунанд ҳам, ҳеҷ обрӯ надоранд. Сабаб бояд ҳамин бошад, ки ин комитетҳо мисли Советҳои коргарон ва солдатҳо он қудрати реалие надоранд, ки барои дар ҳаёт ҷорӣ намудани қарорҳои худ истифода баранд». Чӣ тавре мебинем, прокурори Самарқанд дидаи бино доштааст. Органҳои ҳокимияти халқ бар ташкилотҳои сунъии буржуазию эсеру меншевикӣ афзалияти калон пайдо мекарданд.
Ташкил ёфтани Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳо, болоравии кайфияти револютсионӣ дар шаҳрҳои Осиёи Миёна ба оммаи халқи тоҷик дар аморати Бухоро рӯҳи револютсионӣ мебахшиданд. Аммо ба гӯшаю канори дурдасти давлати хонӣ дар он вақт хабарҳои ҳаққонӣ дар бораи револютсияи феврал ҳанӯз рафта намерасиданд.
Табақаи пролетарии аҳолии маҳаллӣ ҳанӯз камшумор буд. Деҳқонон ба муллоҳо бовар мекарданд, онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ниҳоятдараҷа қафомонда буданд. Унсурҳои иртиҷоӣ қисми зиёди аҳолии маҳаллиро дар таъсири худ нигоҳ медоштанд. Бо вуҷуди ин, дар ҳамон вазъияте ки аморати Бухороро фаро гирифта буд, таъсири зӯри револютсия мушоҳида карда мешуд, дар байни меҳнаткашон хашму ғазаб аз беҳуқуқӣ дар аморат ва бедодгариҳои амиру муқаррабонаш торафт меафзуд.
Ҷадидони Бухоро ҳам ба ҷунбиш даромада буданд, аммо онҳо барои гузаронидани ягон хел ислоҳоти асосӣ, ки ба манфиати халқ равона шуда бошад, ҳаргиз намекӯшиданд. Ҷадидон ба амир талаботи қатъӣ пешниҳод накарданд ва бо як эҳтиёткории калон «азҳадгузариҳоро» дар системаи ҳукуматдории амир маҳкум мекарданду бас. Онҳо ҳаргиз нияти сарнагун кардани амирро надоштанд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки бо ёрии Ҳукумати Муваққатӣ дар системаи ҳукуматдорӣ баъзе ислоҳоти ночиз дароварда дар корҳои давлатӣ худҳошон ҳам иштирок намоянд.
Амири Бухоро барои ором кардани халқ ва мустаҳкам кардани пояи давлати худ 7 апрели соли 1917 дар бораи «ислоҳот» манифест баровард. Дар ин манифест ба ғайр аз ваъдаҳои хушку холии умумӣ чизе набошад ҳам, ҷадидони Бухоро ба ваҷд омаданду бо шиори «Зинда бод амири озодидӯст» ба намоиш баромада, изҳори миннатдории тамаллуқкоронаи худро ба амир ифода карданд. Аммо азбаски ҳукуматдорони амир ҳатто ҷадидони хушомадгӯйро ҳам «револютсионерон»-и хатарноктарин ҳисоб мекарданд, баъди намоиш онҳоро ба таъқибкунӣ даромаданд. Махсусан мардуми меҳнаткаш ва ходимони ҳақиқатан тараққипарвари аморати Бухоро ба таъқиботи сахт дучор гардиданд.
Дар ин рӯзҳо ҳамаи зиндонҳо аз бандиён пур буданд. Ҷаллодони амири Бухоро дар кӯчаҳо ҳатто одамонеро ҳам медоштанд, ки сару либосашон назар ба ақидаи онҳо «ба рӯҳи мусулмонӣ» муносиб набудааст. Гурӯҳ-гурӯҳ одамони бегуноҳ ҳар рӯз ба марги пуразоб гирифтор мешуданд. Садҳо одамонро бо андак шубҳа чӯб зада ҷазо медоданд. Бо фармони амир С. Айниро дастгир карда 75 чӯб мезананд ва ба зиндон мепартоянд. Ӯро солдатҳои револютсионии рус, ки аз Бухоро гузашта ба хонаҳошон мерафтанд, аз марг халос мекунанд. Ҳукумати Муваққатӣ барои маҳдуд кардани қатлу куштори ваҳшиёнаи амири Бухоро чорае намедид. Резидентии Россия, ҳам, ки намояндагии дип-ломатии Ҳукумати Муваққатӣ дар назди амир ҳисоб меёфт, нисбат ба бедодгарии ҷаллоди хунхор — амир Олимхон бепарво буд.
Иртиҷоъ дар Бухоро муваққатан тантана кард. Аммо рӯҳи револютсионии оммаи меҳнаткаш рӯз ба рӯз болотар мешуд.
* * *
В.И.Ленин дар «Тезисҳои апрелии» машҳури худ чунин вазифаи нав мегузорад: «…Аз марҳилаи якуми револютсия, ки дар натиҷаи ба қадри кифоя шуурнок ва муташаккил набудани пролетариат ҳокимиятро ба буржуазия додааст, ба марҳилаи дувуми вай гузаштан аст, ки ин марҳила бояд ҳокимиятро ба дасти пролетариат ва камбағалтарин табақаҳои деҳқонон диҳад».
Россия дар арафаи револютсияи нав, револютсияи сотсиалистӣ меистод. Партияи болшевикон синфи коргар ва деҳқонони камбағалтарини ҳамаи халқҳои Россия, аз ҷумла халқҳои Осиёи Миёнаро барои ба амал баровардани ин револютсия тайёр мекард.
4. Маорифпарварӣ ва адабиёти тоҷик
(нимаи дувуми асри ХIХ — ибтидои асри ХХ)
Маорифпарварӣ дар нимаи дувуми асри ХIХ – ибтидои асри ХХ
4. Маорифпарварӣ ва адабиёти тоҷик
(нимаи дувуми асри ХIХ — ибтидои асри ХХ)
Маорифпарварӣ дар нимаи дувуми асри ХIХ – ибтидои асри ХХ
Ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба равнақи маданияту санъату адабиёт объективона мусоидат кард. Олимони тараққипарвари Россия дар бобати тадқиқи иқтисодиёт, этнография, таърих, забон, адабиёт, сарватҳои табиӣ ва ғайраи Осиёи Миёна хизмати калон карданд.
Бисёр мутафаккирон ва шоирони Осиёи Миёна аз намояндагони зиёиёни пешқадами Россия сабақ мегирифтанд. Тадриҷан адабиёти кишвар ҳам пеш рафт. Дар ташаккули ҷаҳонбинии мутафаккири шаҳири он солҳо Аҳмад Маҳдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1827–1897) таъсири маданияти пешқадами Россия калон аст.
Аҳмади Дониш яке аз фозилтарин одамони Бухоро ба шумор мерафт. Ӯ дар бораи худ ба таври ҳаққонӣ навишта буд, ки дар симои як шахс духтур, шоир, мусиқачӣ, рассом, мунаҷҷим, олим ва хаттотро муҷассам намудааст. Аҳмади Дониш ба ивази озодфикрӣ ва ақидаҳои танқидиаш ба «кофирӣ» ном бароварда буд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам, дониш ва маълумоти фавқулоддаи ӯ амирро маҷбур мекард, ки ба вай бо назари эътибор нигарад. Аҳмади Дониш ба сифати котиби сафорати амир се маротиба ба Петербург сафар карда буд. Шиносоӣ бо Россия ва маданияти рус дар тамоми ҳаёт ва фаъолияти ӯ роли ҳалкунанда бозид. Дар ҳамон шароити таърихие, ки Аҳмади Дониш умр ба сар мебурд, барои алоқа пайдо кардан бо одамони пешқадами Россия имконият надошт ва ба пояи ҳалли револютсионии масъалаи дигаргун кардани тарзи зиндагонӣ расида наметавонист. Ӯ дар ибрози мақсад ва орзуҳои сиёсии худ ба шиори хаёлпарастонаи подшоҳи маърифатнок рӯ меовард. Ба ақидаи вай, агар амир ба фоидаи маорифи халқ «бовар кунонда шавад», гӯё худи ҳамин барои ба тарзи нав сохтани ҳаёти воқеии Бухоро кофист. Лекин, дар айни замон, Аҳмади Дониш барои таъсис намудани идораҳои машваратӣ ва ба ин восита маҳдуд гардонидани яккаҳукмронӣ баромад мекард. Рӯҳи тамоми гуфтаҳои ӯро меҳру муҳаббат нисбат ба халқ ва ғамхорӣ барои саодатмандии он фаро гирифтааст. Аҳмади Дониш асли моҳияти ҳукумати мутлақаи Россияро дарк карда натавониста бошад ҳам, аммо Россияро бо Бухоро муқоиса карда, табиист, ки аз маданият, саноат ва шаҳрҳои рус ба ваҷд меомад.
Муҳимтарин асари Аҳмади Дониш рисолаи «Наводир-ул-вақоеъ» мебошад, ки аз маҷмӯи порчаҳои илмии фалсафӣ, публисистӣ ва бадеӣ фароҳам омадааст. Аҳмади Дониш дар ақидаҳои фалсафии худ дар мавқеи идеалист монда, монанди Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ба таълимоти абадияти олам ва офариданашудани он мухлис будани худро низ изҳор доштааст, ки ин дар шароити онвақтаи пуртаассуби Бухоро ҳамаи пояҳоро ба ларза медаровард. Ӯ дар рисолаи оид ба таърихи ҳукмронии сулолаи Манғитияи Бухоро, ки ба тариқи пинҳонӣ паҳн гардида буд, Бухорои феодалиро ба зери танқиди сахт гирифта, ошкоро гуфтааст:
«Бас, агар ҳоли султонро тафтиш кунӣ фосиқе, золиме, саффоке; ва қозӣ марди мурташии ҳаромхоре, ғосибе; ва раис к… бедиёнате ва асас мухаммир ва муқаммир, саргурӯҳи роҳзанон ва саркардаи сориқон мебуд» .
Вай ҳамчунии пешбннӣ карда буд, ки наҷот аз зулму истибдод фақат бо ёрии халқи рус муяссар хоҳад шуд.
Тамоми одамони боистеъдоду поквиҷдони он солҳои Бухоро дар атрофи Аҳмади Дониш гирд меомаданд. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ хеле зиндаву таъсирбахш ба қалам медиҳад, ки чӣ тавр Аҳмади Дониш ба тадриҷ худро аз дарбор дур мекашид ва дар атрофи худ одамонеро ҷамъ мекард, ки кӯшиш доштанд мардумро аз банди ҷоҳилӣ ва бенавоӣ раҳо диҳанд.
Ба ин тариқа фикру ақидаҳои Аҳмади Дониш, бо вуҷуди он ҳама маҳдудиятҳои синфии худ, нисбат ба он замон ақидаҳои пешқадам ва прогрессивӣ буданд. Бузургтарин хизмати Аҳмади Дониш аз ин иборат аст, ки ӯ тавонист дар атрофи худ як гурӯҳ пайравон – маорифпарварони асри ХIХ тоҷикро муттаҳид кунад.
Абдулқодирхоҷаи Савдо (ваф. 1874), Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ (1828–1894), Исо Махдуми Бухороӣ (1826–1887), Шамсиддин Маҳдуми Шоҳин (1857–1893), Ҳайрати Бухороӣ (1876– 1902) барин шоирони маҳфили Аҳмади Дониш ҳарчанд шоирони забардасти охири асри ХIХ буданд, вале аз ҷиҳати ақидаву мафкура ба дараҷаи ин мутафаккири бузург расида натавонистанд.
Ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар вилояти Фарғона, ки аз ҷиҳати тараққиёти саноат нисбатан пеш буду бар хилофи аморати Бухоро худ ба ҳайъати генерал-губернатории Туркистон дохил мешуд, ба инкишофу равнақи ақидаҳои ҷамъиятию сиёсии ходимони ин кишвар хеле мусоидат намуд. Дар атрофи шаҳру деҳоти аҳолии маҳаллӣ пайдо шудани маҳаллаҳои русҳо, алоқаву робита бо русҳои тараққипарвар ва револютсионерони рус, ки ба хоки кишвари Туркистон бадарға шуда буданд, шиносоӣ бо ҳаракатҳои револютсионии Россия дар охири асри ХIХ, сохтмони роҳи оҳан ва зиёдшавии рафтуомад ба ноҳияҳои марказии Россия ва ғайра ба адабиёти маорифпарваронаи нимаи дувуми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ хеле таъсир карданд. Намояндагони пешқадами ин гуна адабиёт дар вилояти Фарғонаи кишвари Туркистон — Муқимӣ, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода, Дилшод ва Анбаротун буданд.
Дар эҷодиёти Муҳаммадаминхоҷаи Муқимӣ (1850–1903) ҳаҷв мақоми намоён дорад. Муқимӣ маҳз бо тавассути ҳаҷв беинсофию бедодию худсарию золимии амалдорони идораҳои подшоҳӣ, заводчиҳо, соҳибони фабрикаҳо, риёкорӣ, муфтхурӣ ва ҷоҳилию нодонии муллоҳоро фош мекунад.
Зокирҷон Фурқат (1858–1909) ба Россия, ба маданияти рус ҳусни таваҷҷӯҳи махсус дошт, дӯстию рафоқати халқи рус ва халқҳои Осиёи Миёнаро доимо тарғибу ташвиқ мекард.
Эҷодиёти шоири маорифпарвар Ҳамза Ҳакимзода (1889–1929) баъди револютсияи якуми Россия хеле равнақу ривоҷ ёфт.
Омилҳои асосии ташаккули ақидаҳои пешқадами маорифпарварони халқҳои тоҷик ва ӯзбек зиндагии вазнини халқҳои Осиёи Миёна ва шиносо шудани шоирону мутафаккирони Осиёи Миёна бо марказҳои илмию мадании Россия ҳам дар худи ҳамин ҷо, яъне Туркистон ва ҳам дар маркази ин мамлакати бекарон буд. Дар ташаккули ақидаҳои ҷамъиятию сиёсии Дилшод (1800–1905/06) ва Анбаротун (1874–1908/09) низ ин омилҳо яке аз омилҳои муҳимтарин буданд.
Дилшод ва Анбаротун мисли тамоми дигар равшанфикрон худсарию бедодии ҳукуматдорон, ҳокимияти ваҳшиёнаи феодалҳо, истисмори гӯшношуниди халқро маҳкум карда тавонистанд. Онҳо риёкорӣ, ҳарисӣ, фосиқӣ, ҷоҳилӣ ва бераҳмии бойҳоро фошу ошкор карда, муфтхӯрон, молимардумхуронро зери ҳаҷви сахт мегирифтанд.
5. Адабиёти тоҷик дар ибтидои асри ХХ
Фаъолияти адибони пешқадами тоҷик
5. Адабиёти тоҷик дар ибтидои асри ХХ
Фаъолияти адибони пешқадами тоҷик
Дар ибтидои асри ХХ фаъолияти баъзе адибони пешқадами тоҷик басо вусъат ёфт. Ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ, Айнӣ ва баъзе дигарон аз ҷумлаи он адибон буданд. Шиносоӣ бо адабиёти рус ба эҷодиёти онҳо таъсири бузург расонд.
Ҳайрат (1878–1902) шоири боистеъдод ва ғазалсарои забардаст буд. Аммо шаклу мазмуни кӯҳнаи назм ба Ҳайрат тангӣ мекарданд ва ӯ дар назм роҳҳои нав меҷуст. Дар ҳаёти тираву тори аморати Бухоро вай нури умеде надида, рӯҳафтода шуд ва дар эҷодиёташ ҳам оҳангҳои яъсу ҳузну ғаму андӯҳ хеле афзуд. Вале гуфтан даркор, ки Ҳайрат шеърҳое низ дорад, ки дар онҳо оҳангҳои иҷтимоӣ равшан ба назар мерасанд ва шоир дар ин шеърҳояш халқро ба маърифат даъват намуда, дар роҳи беҳбудии мардум ҷаҳд карданро сифати олии инсон мешуморад. Саҳбо худаш амалдори олимартаба буд, унвони тӯқсабо дошт. Аммо авомфиребию ҳарисию ҷоҳилии дарбориён ва амалдорони амир ба ин шоири поквиҷдон маъқул нашуд. Саҳбо аз дарбор рафт. Ашъори вай асосан лирикӣ бошад ҳам, вале ҳаҷви сахт ҳам бисёр ба назар мерасад. Соли 1918 Саҳбо бо фармони амир барои иштирок дар неҳзати озодихоҳии халқ ба қатл расонида шуд.
Тошхӯҷа Асирӣ (1864–1915) дар Хуҷанд зиндагонӣ мекард. Бо косибӣ камбағалона рӯз мегузаронд, касбаш сангиосиётарошӣ буд. Асирӣ шоири инсондӯст буд ва мегуфт, ки вазифаи адабиёт тавсифи ақлу дониш аст. Асирӣ дар ашъораш бою муллоҳои риёкорро сахт танқид карда, онҳоро «худозадагони роҳи дин» меномад ва дар ҷои дигар мегӯяд: «Ҳама хумории майхонаи шароратанд, чӣ мӯҳтасиб, чӣ мударрис, чӣ қозию, чӣ раис». Дар як шеъраш Асирӣ менависад:
Оҳ, аз ин ҷинси наҷосаттинатони зӯҳдкеш,
Ҷуз ба оби теғ натвонӣ мутаҳҳар доштан.
Анкабутонанд ҳангоме, ки гиранд эътикоф,
Сайди мазлуме ғараз дар зери чодар доштан.
Суфпӯшонанд, аммо дар ғами дебои Рум,
Аз кулоҳ ин ҷо ҳавои зеби қайсар доштан.
Ҷумла тарророни роҳи дину имони туанд.
Чашм бар ҳамёни симу кисаи зар доштан.
Аз сару кори намозу рӯзаи эшон мапурс!
Хешро дар зери бори охират дар доштан.
Асирӣ тарғиботчии фаъоли илму дониш буд ва ақидае дошт, ки бо роҳи маърифат халқро аз ҷаҳолат ва таассуби динӣ раҳо додан мумкин аст. Вай имони комил дошт, ки мактабҳои дунявӣ, илму маданият мардумро хушбахт карда метавонанд. Масалан, вай дар як шеъраш мегӯяд:
Шуморо шояд акнун ҷаҳд кардан,
Ғами ислоҳи кори хеш хӯрдан,
Макотибҳои нав эҷод кардан,
Раҳи дарси наве иршод кардан,
Қироатхонаҳо барпо намудан,
Мақоми маслиҳат иншо намудан,
Ба авлоди азиз миннат ниҳодан,
Ба нури дидагон фан ёд додан,
Сару кори дигар бояд гирифтан
Ба роҳи тоза бояд пеш рафтан,
Сари худ дар ҳама сӯрох хастан,
Зи ҳар дар роҳи истиқбол ҷустан.
Садриддин Айнӣ (1878–1954) ҳам аз адибони тараққипарвари он давра буд, ки соли 1909 аввалин китоби дарсии дунявӣ «Таҳзиб-ус-сибён»-ро таълиф кард. Дар ҳамон солҳо Айнӣ бисёр шеърҳое навишта буд, ки ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ бахшида шудаанд.
Тамоми адибони мазкур дар эҷодиёти худ хусусиятҳои мусбати маорифпарварии Аҳмади Донишро маҳфуз дошта, бо роҳи маърифат ба халқ хизмат мекарданд, аморатро зери танқид мегирифтанд ва бо Россия алоқаву робита карданро ташвиқ менамуданд. Вале бояд қайд кунем, ки онҳо фаъолияти маорифпарварии худро бо вазифаю талаботи револютсия, ки рӯз аз рӯз вусъат меёфт, мутобиқ карда натавонистанд, ба ҳамин сабаб, ақидаи онҳо ва, умуман, фаъолияти онҳо ба андозае маҳдуд ва либералӣ буд. Зиёда аз ин баъзе аз ин адибон пайрави идеологияи ҷадидизм шуданд. Тадриҷан, адибони равшанфикр ва дилсофу поквиҷдон ба андозаи ривоҷи револютсия боварӣ ҳосил карданд, ки ба кӯчаи ҷадидӣ даромада хато рафтаанд. Онҳо бо мурури замон фаҳмиданд, ки фақат партияи коммунистӣ қудрат дорад ба халқ озодии ҳақиқӣ ва маърифат оварад. Ба қавли устод Айнӣ, партия ӯро ва ӯ барин бисёр зиёиёни поквиҷдони ҷӯяндаро «аз ботлоқи ҷадидизм берун кашид». Ин қабил одамони ботинан тараққипарвар ҷадидиро қатъиян тарк карда, ба мавқеи бинокори сотсиализм, ба мавқеи маърифати коммунистии халқ қарор мегирифтанд.
Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.