Фасли якум
Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он
дар сарзамини Осиёи Миёна
Боби дувум
Тоифаҳои шарқиэронии Осиёи Миёна дар оғози
пайдоиши ҷамъияти синфии ибтидоӣ
(асри IХ — миёнаҳои асри VI пеш аз милод)
1. Материалҳои археологии асри аввали оҳан
Металлургияи оҳан
Материалҳои археологӣ бо қиёси баъзе мадракҳои забонӣ ва ҳамчунин сарчашмаҳои хаттии қадим, ки ба давраҳои баъдтар тааллуқ доранд, манзараи ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милодро равшан месозанд.
Дар ибтидои ҳазораи I пеш аз милод сокинони Осиёи Миёна аз маъдан истеҳсол кардани оҳанро ёд гирифта буданд. Ф.Энгелс аҳамияти оҳанро дар таърихи ҷамъияти инсонӣ муайян намуда, навиштааст: «Оҳан аз тамоми ашёи хоме, ки дар таърих роли револютсионӣ бозидааст, охирин ва муҳимтарин, то худи пайдо шудани картошка навтарин навъи ашёи хом буда, ба одам хизмат мекардагӣ шуд.
Оҳан барои дар майдонҳои васеъ ривоҷ додани зироат ва ба мақсади киштукор тоза кардани бешаҳои паҳновар имконият фароҳам овард; вай ба дасти ҳунарманд чунон асбоби сахт ва тезе дод, ки ҳеҷ як санг ва ҳеҷ як металли то он замон маълум ба вай муқобил истода наметавонист. Ҳамаи инҳо якбора муяссар нашудаанд; аввалин оҳани ҳосилкардашуда бисёр вақтҳо аз биринҷӣ ҳам мулоимтар буд».
Шиносоӣ бо усули аз маъдан истеҳсол намудани биринҷӣ ба инсон дар бобати бо протсесси металлургӣ ба даст овардани оҳан ёрӣ расонд. Оҳан дар кӯраҳои дошӣ, ки ҳарорати он то 1300–1400° мерасид, гудохта мешуд. М. С. Андреев дар солҳои бистуми асри ХХ ҳамин гуна кӯраҳоро, ки ҳанӯз мавриди истифода буданд, дар водии Ванҷ пайдо карда буд.
Барои инсони ибтидоӣ ба моддаи сахти ёзанда мубаддал гардидани як порча санги бешакл, яъне маъдан муъҷизаосо ва пурасрор менамуд. Ин боиси пайдоиши эҳтироми махсус нисбат ба оҳангару фулузсозон ва ҳар гуна биму ҳароси хурофотпарастона гардид. Дар миёни бисёр халқҳо ин навъ муносибат то вақтҳои охир давом карда омадаааст. Чунончи, аз ҷумла дар баъзе районҳои Помир оҳангарон одами хеле муҳтарам ва корхонаи онҳо ҷойи муқаддас дониста мешуд, мардум ба онҳо саҷда мекарданд ва пас аз ҷамъоварии ҳосил дар оҳангархона маросими қурбонӣ барпо мегардид. Дар баробари ин аз рӯйи дигар эътиқодҳои динӣ оҳангарон фиристодаҳои шайтон ва иблис ҳисоб меёфтанд ва дар истифодаи оҳан мамониатҳои гуногун гузошта мешуданд, ки ин асари ҳамон тарсу ваҳми хурофии одамон аз фулузот буд.
Олоти оҳанӣ хеле оҳиста паҳн мегардид. Аввалҳо оҳанро асосан ба мақсади зебу зинат кор мефармуданд. Сонӣ тадриҷан аз он асбобу аслиҳа месохтагӣ шуданд. Оҳанро ба моддаи ёзанда табдил дода, ба ин васила асбобу олот тайёр кардан аз сохтани олоти биринҷӣ дида чандин мартаба душвортар буд. Техникаи нав ба сустӣ азхуд карда мешуд. Аз ин рӯ, бартариҳои фулузи нав зуд ва якбора аён нагардид. Дар аввалин марҳилаҳои зуҳури асри оҳан дар Осиёи Миёна бештар асбобу аслиҳаи оҳану биринҷӣ, чунончи, ханҷарҳои теғааш оҳаниву дастааш (қисман ё тамоман) биринҷӣ сохта мешуданд.
Дар Осиёи Миёна ғалабаи асри оҳан хеле барвақт ба амал омад. Баъзе кишварҳои дигар, масалан, Хитой дар ин бобат аз Осиёи Миёна чандин садсолаҳо ақиб монда буданд.
Масканҳо
Ёдгориҳои асри аввали оҳан дар Осиёи Миёна назар ба ёдгориҳои пешини асрҳои санг ва биринҷӣ ниҳоятдараҷа кам кашф ва таҳқиқ гардидаанд.
Дар ҷануби Туркманистон баъзе масканҳои қадима, ки ҳаёти онҳо ҳанӯз аз аҳди энеолит шурӯъ гардида буд, мавҷудияти худро дар асри оҳан низ давом медоданд. Чунончи, дар худи Анав қабатҳои маскуни мансуб ба асри аввали оҳан кашф гардида, аз ин маснуоти оҳанӣ, аз ҷумла қадимтарин дар Осиёи Миёна досҳои оҳанӣ, пораи корд ва ғайра ёфт шудаанд.
Дар қисмати ҷанубу ғарби Туркманистон, дар он ҷое, ки фалоти Машҳади Мисриён воқеъ аст, масканҳои истеҳкомӣ ва беистеҳкоми маданияти дигаргунаи аз Анав фарқкунанда вуҷуд доштаанд. Баъзе аз онҳо ниҳоят калонанд, масалан, масоҳати маскани Иззатқулӣ ба 50 гектар мерасад. Хонаҳо аз хиштҳои хеле калони дарозиаш 3/4-метра сохта шудаанд.
Водии Машҳади Мисриён ба воситаи каналҳо аз дарёи Атрек шодоб мегардид. Зироат дар зиндагонии аҳли масканҳо мавқеи муҳимеро ишғол мекард. Ба ин нафақат шабакаи обёрӣ, балки фаровонии осҳо ва дастгоҳҳои ярма низ шаҳодат медиҳанд. Ба кор фармуда шудани досҳои оҳанӣ набояд шубҳа кард, вале, дар баробари ин, истифодаи досҳои қадимаи сангӣ ҳам, ки теғаи аз санги чақмоқ сохташудаи онҳо пайдо гардидаанд, ҳанӯз давом дошт.
Дар масканҳо лӯндаҳои дажғоли оҳан ёфт шудаанд. Аз биринҷӣ яроқу аслиҳа, аз ҷумла шамшер ва пайкон сохта, бо чархи кулолӣ олоти сафолии хушсифат, вале бенақшу нигор тайёр мекардаанд.
Ниҳоят, гурӯҳи (аз ҷиҳати ҳудуд) севуми ёдгориҳо дар Туркманистони ҷануби шарқӣ, дар резишгоҳи Мурғоб, яъне дар Марғиёни охир кашф гардидааст. Калонтарин маскани ин ҷо Ёзтеппа мебошад, ки ба масофаи 34 км дуртар дар тарафи шимоли ғарбии Байрамалӣ воқеъ аст. Ин маскан иборат аз қалъаи тақрибан ростгӯшае буда, дар саҳни он манзилҳо ҷой гирифтаанд. Масоҳати умумии Ёзтеппа дар ин вақт (вай баъдҳо низ вуҷуд дошт) 16 гектар будааст. Дар қалъа рӯйи суфаи хиштии баландиаш ҳаштметра бинои калоне сохта шуда буд, ки чанд манзили дарозрӯя ва мураббаъшакл, аз ҷумла толори бузурги ростгӯшае дошт. Маълум гардид, ки ин қалъа аслан кӯшки пуршукӯҳе буда, ҳамчун қароргоҳи ҳокими ин маҳал хизмат мекардааст.
Қисмати асосии бозёфтҳои маскани Ёзтеппаро сафололот ташкил менамояд. Олоти сафолии ин ҷо аз олоти сафолии Машҳади Мисриён бо он фарқ мекунад, ки вай бештар дастӣ сохта шудааст.
Асри аввали оҳан дар Тоҷикистони ҷанубӣ ва Ӯзбекистони ҷанубӣ осори худро дар сурати масканҳои Кучуктеппа (вилояти Сурхондарё), Макони Мор (райони Фархори ҷанубии Тоҷикистон) ва баъзе бозёфтҳои дигар боқӣ гузоштааст.
Маскани Кучуктеппа дар дашти Музробод воқеъ гардидааст. Вай ҳанӯз дар айни авҷи тараққиёти аҳди биринҷӣ ба вуҷуд омада, мавҷудияти худро то худи миёнаи ҳазораи I пеш аз милод нигоҳ доштааст. Дар давраи мавриди баҳс дар ин маскан бинои байзашакли аз хиштҳои дарозрӯя сохташудае мавҷуд будааст (дар солҳои 1962–1964 ҳамагӣ 17 хона кофта тоза карда шуд). Ин бино бо девори мудофиавии мудаввар иҳота гардидааст. Аз ин ҷо қолабҳои рехтагарӣ, маснуоти биринҷӣ ва сангӣ, аз ҷумла досҳои сангӣ пайдо шуданд.
Бостоншиносони тоҷик дигар маскани онвақтаро дар поёноби Қизилсу, дар мавзеи Макони Мор кашф намуданд. Биноҳои ин маскан хароб гардида, фақат сафолоти фаровон ва инчунин баъзе маснуоти дигари марбут ба он замон боқӣ мондааст.
Маснуоти ҷудогона ва маҷмӯи асбобу олоти асри аввали оҳан аз дигар ноҳияҳои республика низ ёфт шудаанд. Аз ҷумла, охирин маҷмӯи бозёфтҳои Қайроққум, баъзе сағонаҳои дар Помири шарқӣ пайдошударо ҳам ба ҳамон давра нисбат додан мумкин аст.
2. Ҷамъияти Осиёи Миёна дар асри
аввали оҳан
«Авесто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ
«Авесто», ки аз маҷмӯи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. Ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор зардуштиён дар Ҳиндустон зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан «порсиён» меноманд. Порсиён натанҳо дини қадима, балки матнҳои қадимии диниро маҳфуз медоранд.
Дар миёнаҳои асри ХVIII Анкетил Дюперрони франсавӣ, ки нисбат ба омӯзиши дину мазҳабҳои қадим шавқу рағбати махсусе дошт, ба Ҳиндустон сафар намуд. Ӯ назди мӯбадони порсӣ маросими динӣ ва хондани матнҳои қадимиро (ба дараҷае ки мӯбадон балад буданд) омӯхт ва якчанд дастхатро харида гирифт. Ба ватан баргашта, баъдан ӯ тарҷумаи франсавии «Авесто»-ро бо мулҳақоти чанде аз матнҳои марбут ба он интишор дод. Ба воситаи ин корнамоии илмии ӯ маълумот дар бораи «Авесто» дастраси аҳли илми Европа гардид. Вале тарҷумаи Дюперрон хеле ноқис буд. Аксари порчаҳоро ӯ нодуруст фаҳмида ва ё комилан нафаҳмида буд.
Дар асри ХIХ ба сабаби инкишофи забоншиносии муқоисавӣ наздикии забони «Авесто» бо забонҳои қадимии хуб омӯхташуда ва аз рӯйи бисёр ёдгориҳо маълуми ҳиндӣ-ведоӣ (бо ин забон «Ригведа» ва ёдгориҳои қадими дигари Ҳинд навишта шудаанд) ва санскрит исбот гардид. Ҳамчунин пайдо шудани мифтоҳи дувумин забони машҳури эронии қадим – форсии қадим, мутолиа ва баррасии минбаъдаи адабиёти зардуштии пасазавестоӣ ва истифодаи васеи маълумотҳои забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоиро қайд кардан зарур аст. Омӯзиши забонҳои эронии миёна, аз он ҷумла забонҳои мурда (хоразмӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ) ва зиндаи (забонҳои помирӣ) эронии шарқӣ низ аҳамияти бисёр калон дошт. Ҳамаи ин кори тарҷумаи илмии «Авесто»-ро нисбатан осон намуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, тарҷумаи «Авесто» ҳанӯз мушкилоти зиёде дорад ва мӯътабартарин мутахассисон ҳам баъзе ҷойҳои муҳими «Авесто»-ро ба таври мухталиф тарҷума мекунанд.
Муддатҳои зиёде «Авесто» мисли дигар ёдгориҳои динӣ ва ҳамосии ҳиндӣ ва эронӣ ба таври шифоҳӣ, ки ягона шакли дақиқан маҳфуз мондан буд (ғайр аз баъзе тағйироти муайяне дар талаффуз), нақл карда мешуд. Ин тарзи нақл ва хониш боз муддати дуру дарозе, пас аз сабти хаттии «Авесто» ҳам, дар иҷрои ниёиш, таълим ва ғайра, инчунин дар маҳфуз мондани матни анъанавии он аҳамияти умда дошт.
То ба вуҷуд овардани алифбои авестоии ҳозиразамон (яъне алифбое, ки дастхатҳои то замони мо расидаи «Авесто» китобат шудаанд) матнҳои авестоие вуҷуд доштанд, ки бо алифбои дар асрҳои VI–V пеш милод дар Эрону Осиёи Миёна мустаъмали оромӣ таълиф ёфта буданд. Тибқи навиштаҷоти зардуштии давраи форсии миёна, ки доир ба бисёр масъалаҳои таърихи пешини зардуштия маълумоти дақиқе надошт, дар замони Ҳахоманишиҳо маҷмӯи китобҳои «Авесто» мавҷуд буда, ҳангоми забти Искандари Мақдунӣ аз байн бурда шуд, баъдтар шоҳи ашконӣ — Валахш (яъне Вологес, одатан ӯро бо Вологеси I, ки дар асри I милодӣ ҳукмфармойӣ кардааст, айни як кас мешуморанд) фармон дод, ки бақияи матнҳои авестоӣ ва он чӣ ба таври шифоҳӣ байни мӯбадон монда буд, ҷамъ оварда шавад. Олимони имрӯза чунин маълумотро, яъне аслан вуҷуд доштани «Авесто»-и замони Ҳахоманишиёнро беасос мешуморанд ва баъзеҳо, ҳатто ба мавҷудияти матни ашконии «Авесто» ҳам шубҳа доранд. Вале, зоҳиран «Авесто»-и хаттӣ дар нимаи дувуми давраи Порт (Парфия) ва яқинан дар оғози давраи сосонӣ вуҷуд дошт. Дар асоси баъзе мадракҳои асноди портҳо, ки аз Насо ёфт шудааст, И.М. Дяконов ва В.А. Лившитс тахмин доранд, ки дар шарқи давлати Порт дар асри I пеш аз милод матни хаттии «Авесто», ҳеҷ набошад, қисмати ҷудогонаи он, мавҷуд буд.
Баъдтар «Авесто» бо алифбое, ки махсус барои навишти он ихтироъ шуда буд, китобат гардид. Ин алифбо дар заминаи хати паҳлавӣ (яъне ҳуруфи китобҳои зардуштии форсии миёна), ки инкишофи яке аз намудҳои хати оромиасос ҳисоб меёбад, ба вуҷуд омадааст. Вале алифбои авестоӣ хеле зиёдтар (бештар аз ду баробар) ҳуруф, аз ҷумла, 14 ҳарфи садонок дорад. Ин алифбои бо тамоми ҷузъиёташ коркардашуда имкон медод, ки матнҳои «Авесто» бо нигоҳ доштани тарзи талаффузи анъанавии гӯяндагони он аз давраи пайдоиши ин ёдгорӣ хеле дақиқ ва саҳеҳ сабт гардад; ба замми ин чунин сабт бо як қатор хусусиятҳо (бештар марбут ба хусусиятҳои қадимаи лаҳҷавӣ) симои забони эронии қадимаро, ки ҳангоми пайдоиши матнҳои авестоӣ мустаъмал буд, пурра ва комилан инъикос менамояд.
Алифбои авестоӣ зоҳиран дар асри VI, аниқтараш дар замони Хусрави I (531 – 579) ба вуҷуд оварда шудааст. Матнҳои бозмондаи «Авесто», ки қадимтарини онҳо ба асрҳои ХIII ва ХIV тааллуқ доранд, ба ҳамин китобати давраи охири сосонӣ мансуб мебошанд.
Китобати «Авесто» ба алифбои то замони мо расидааш аслан дар асоси нақли лафзии он сурат ёфтааст. Худи номи «Авесто» аз калимаи форсии миёнаи араstāk, баъдан аbastāv – ба маънии «асос» (ва ё мувофиқи тафсироти дигар «гузориш», «дастур», «ниёиш» ва ғ.) аст, ки бевосита ба матни маҳфузмондаи «Авесто» нисбат дорад. Замимаҳои он «Занд» (калимаи форсии миёнаи zand «дониш», «таълимот») номида мешуданд. Зоҳиран, матни хаттии «Авесто» (дар сабти алифбои кӯҳна ва шояд дар давраҳои аввали китобати нав) ва ҳамчунин дигар иловаву тафсирҳои дастури авестоиро низ «Занд» мегуфтанд. Вале баъдтар номи «Занд» бештар ба тарҷума ва тафсири дар замони Сосониён анҷомгирифтаи «Авесто» (ҳамаи дастхатҳои қадимии «Авесто» дорои тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба забони форсии миёна мебошанд) нисбат дода мешуд.
Аз ҳамин ҷост, ки муддатҳои зиёде дар илми Европа номи нодурусти «Авесто» – «Занд-Авесто» ва номи забони авестоӣ дар шакли «забони зандӣ» ривоҷ дошт.
«Авесто» дар зарфи мавҷудияти чандинасраи худ борҳо кодификатсия шудааст. Чунон ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ҷамъоварӣ ва танзими қавонини «Авесто» дар замони Вологеси I Ашконӣ (зоҳиран, асри I милодӣ), Сосониёни аввалия (асри III), Шопури II (асри IV), ки таҳрири пураҳамияти китоби муқаддас зери роҳбарии Атурпати Меҳроспандон анҷом ёфт ва ниҳоят, пас аз ҳаракати маздакиён, дар аҳди Хусрави I (асри VI), ки аз «Авесто» баъзе матнҳои дар асрҳои IV – V вуҷуддошта партофта шуданд, ба вуқӯъ пайвастааст.
Пас аз ин таҳрири охирин «Авесто» аз 21 китоб (наск) иборат буд, ки ном ва мазмуни мухтасари онҳо аз рӯйи асари оид ба дини зардуштӣ дар асри IХ таълифкардаи Денкарт маълум аст (ин хулоса на аз рӯйи матни авестоӣ, балки аз рӯйи тарҷумаи форсии миёнаи «Авесто» аст). «Авесто»-и то замони мо расида чаҳоряк қисмати китобати давраи охири сосониро ташкил медиҳад. Ин, пеш аз ҳама, фаслҳоеро дар бар мегирад, ки барои тоату ибодат заруранд; ҷузъҳои мавҷудаи «Авесто», китобҳои «Ясно» ва ғайра низ мувофиқи ҳамин мақсад тартиб ёфтаанд. Аз ин китобҳо танҳо «Видевдат» комилан ба яке аз китобҳои «Авесто»-и қадим мутобиқат мекунад.
«Авесто»-и имрӯза аз китобҳои «Ясно» – «назр», «ниёз», маҷмӯи матнҳои маросимӣ; «Яштҳо» («Яшт»– «ниёиш», «ситойиш»), сурудҳо дар васфи худоёни дини зардуштӣ; «Видевдат» – «қонун ба муқобили девон» (шакли баъдинаи нодурусташ «Вандидод»), дастурҳо дар бораи покизагӣ ҳангоми тоату ибодат (як қатор муқаррароти динӣ ва шаръӣ, порчаҳои асотири қадим, ҳамосӣ ва ғайраро дар бар мегирад); «Виспрат» – «ҳама родҳо» (номи баъдинаи каме носаҳеҳи он «Виспарад»), аз маҷмӯи дуо ва матнҳои ибодатӣ иборат аст. Ғайр аз ин, ба «Авесто» якчанд қисматҳои ҳаҷман хурд ва камаҳамият дохил мешаванд.
Аз 72 боби «Ясно» 17-тоашро «Готҳо» («Сурудҳо»-и пайғамбар Зардушт — асосгузори зардуштия), 7-бобро «Ясна ҳаптаҳатӣ» («Яснои Ҳафтбоба»), ки аз ҷиҳати забон ва замони офариниш ба «Готҳо» наздик аст, ташкил менамоянд. Лаҳҷаи «Готҳо» ва «Яснои Ҳафтбоба» нисбат ба ҷузъи дигари «Авесто», ки «Хурд-Авесто» ном гирифтааст, кӯҳнатар мебошад ва аз он бо хусусиятҳои лаҳҷавӣ фарқ мекунад.
Баъзе муҳаққиқон (П. Тедеско, А. Мейе) забони авестоиро ба забонҳои эронии ғарбӣ нисбат додаанд, дигарон (мисли Х. Нюберг) онро аз гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ меҳисобанд. Ақидаҳои дигаре низ мавҷуданд, ки мувофиқи онҳо ин забон дар байни забонҳои эронӣ мавқеи алоҳида (К. Гоффман) ва ё дар байни гурӯҳи забонҳои ғарбӣ ва шарқӣ мавқеи васатӣ дорад (В. Ҳеннинг). Як қатор хусусияти алоҳидаи забони авестоӣ, аз ҷумла, лаҳҷаи «Готҳо» бо забонҳои шарқиэронӣ мувофиқат мекунанд. Дар «Хурд-Авесто» таъсири забонҳои эронӣ (аз он ҷумла, забонҳои ғарбӣ) дар минтақае, ки забони авестоӣ ҳамчун забони муқаддас интишор ёфта буд, ҳис карда мешавад.
Масъалаи замон ва макони пайдоиши ҷузъҳои «Авесто» то имрӯз аз бисёр ҷиҳат баҳснок аст. Мувофиқи анъанаи дини зардуштӣ, ки дар замони Сосониён тасдиқ ёфтааст, замони зиндагии Зардушт ва офарида шудани «Готҳо»-ро ба охири асри VII – нимаи аввали асри VI пеш аз милод нисбат медиҳанд. Ин ақидаро муҳаққиқоне тарафдоранд, ки анъанаи мазкурро комилан асоснок мешуморанд. Вале баъзе олимон ба саҳеҳии он шак доранд; онон қайд мекунанд, ки ин анъана дар давраи баъдтар тасдиқ ёфтааст ва эҳтимолан пайдоиши он ҷанбаи ривоятӣ дорад. Дар замони ҳозира, ба ҳар ҳол, бо мушкилӣ метавон ба эътимоднокии ин таърих бовар намуд, гарчанде имкон дорад, ки, дар ҳақиқат, Зардушт дар охири асри VII – оғози асри VI пеш аз милод зистааст.
«Авесто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ (давомаш)
«Авесто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ (давомаш)
Мувофиқи ривоятҳои маъмули давраи сосонӣ ва баъдина, Зардушт дар Атропатена (Озарбойҷон) ва ё аз Роғи мидӣ (Райи асримиёнагии наздики Теҳрон) баромадааст. Вале ин маълумот ҳоло беэътимод шумурда шудааст; ҳақиқатан ҳам материалҳои «Хурд-Авесто» ба мавҷудияту ҳокимияти деринаи ҷамоаи пайравони Зардушт дар Роғ ишорат мекунанд; ин ҳолат, бешубҳа, аз он сабаб рӯй додааст, ки ноҳияи мазкур, ки дар қисмати шимоли шарқии Мод (Мидия) ҷой дошт, нахустин ноҳияе буд, ки таълимоти Зардушт аз шарқ ба он роҳ ёфт.
Ривояти хеле қадима мавҷуд буд, ки тибқи он Зардушт гӯё дар Бохтар зистааст. Ин ривоят дар асари муаллифи юнонӣ Ктесий (охири асри V-оғози асри IV пеш аз милод) ифода ёфтааст. Ба ин ривоят пайравӣ намуда, баъзе олимон (аз қабили Ҷ. Мултон) гумон кардаанд, ки «Готҳо» дар Бохтар офарида шудаанд, ҳамчунин забони онҳоро дар давраи қадим авестоӣ ҳисобидаанд (дар асри ХIХ В. Гейгер ва дигарон ҳамин гуна ақида доштанд). Вале баъзе маълумотҳо ин ақидаро тасдиқ намекунанд, ёдгориҳои ба наздикӣ кашфгардидаи забони Бохтари давраи кушонӣ бошад, онро аз эҳтимол дур месозанд.
Ж. Дармстетер, В. Ҷексон ва баъзе дигар олимон, баъдтар дар солҳои 30–40 асри ХХ Э. Хертсфелд ва муаллифони дигар, ки Зардуштро ҳамзамони Ҳахоманишиёни нахустин, аз ҷумла, Дорои I шуморидаанд, фаъолияти ӯро ба шимоли ғарби Эрон нисбат медиҳанд. Вале, мувофиқи ақидаи маъмули замони ҳозира, «Готҳо» то ба миён омадани давлати ҳахоманишӣ тартиб ёфтаанд ва аз сӯйи пайдоиши худ ба Эрони ғарбӣ муносибат надоранд.
Мувофиқи ақидаи муҳаққиқони ҳозиразамон, пеш аз ҳама, ба маълумоти географии худи «Авесто» истинод мекунанд, «Готҳо» ва қисматҳое, ки ба он аз ҷиҳати замон наздикӣ доранд, дар яке аз ноҳияҳои Осиёи Миёна ва ё минтақаҳои муҷовири шимоли ғарби Афғонистон ва шимоли шарқи Эрон офарида шудаанд. Дар ин бобат ақидаҳои мухталиф баён карда мешаванд. Масалан, баъзеҳо ба ноҳияи ҷараёнгоҳи миёна ва поёноби дарёи Аму ва ё аслан ба Хоразм ишора мекунанд (С.П. Толстов ва диг.); дар ин маврид нуқтаи назари қабулнамудаи И. Маркварт, Э. Бенвенист ва олимони дигар, ки мамлакати асотирии Аирйанам Ваеҷаҳ «Фарохнои Ориёно» – ватани эрониён ва дини зардуштиро бо Хоразм айният медиҳанд, ба асос гирифта мешавад; ба ғайр аз ин ба ноҳияҳои байни дарёи Аму ва дарёи Сир, яъне ба Суғд ва ё ноҳияҳои ҳамсояи он (Х. Нюберг) ба сарҳадҳои скифу сакоиҳои осиёимиёнагӣ (В.И. Абаев) ва ноҳияҳои соҳили баҳри Арал ва поёноби дарёи Сир (Г. Виденгрен); ба Марв, Суғд ва Хоразм (Ж. Дюшен-Гюйимен) ва ғайра ишоратҳо кардаанд.
Нуқтаи назаре (дар корҳои В. Ҳеннинг, К. Барр, И. Гершевич, Р. Сеннер ва дигарон) ба таври васеъ паҳн гардидааст, ки мувофиқи он «Готҳо» дар ҳудуди конфедератсияи давлати Хоразм, ки пеш аз забткориҳои Ҳахоманишиён мавҷуд буд, офарида шудаанд (дар ин маврид ба санаи анъанавии Зардушт, ки дар боло ба он ишора рафт, пайравӣ мешавад). Ба ин мавзеъ ноҳияҳои қисмати ҷануби Хоразм низ дохил мегарданд ва махсусан Марғиёну Ориё ҳамчун макони офарида шудани «Готҳо» шинохта мешаванд (В. Ҳеннинг ва диг.; академик В.В. Струве аз рӯйи асосҳои дигар ба Марғиён ҳамчун ватани дини зардуштӣ назар менамуд); ба қавли В. Ҳеннинг, матнҳои авестоии баъдина имкон дорад дар Сиистон эҷод гардидаанд. Вале қатъи назар аз ин ки оё чунин конфедератсияе бо сарварии Хоразм вуҷуд дошт (маълумоти муаллифони қадим ба ин суол ҷавоби мусбат медиҳанд), далелҳои муайяне оид ба муносибати Зардушт ба он мавҷуд нестанд.
Ба замми ин, муҳаққиқоне, ки ба «санаи анъанавии Зардушт» пайравӣ намуданро зарур намешуморанд ва ё аслан онро эътимоднок намедонанд, одатан офариниши «Готҳо»-ро ба замони басе қадимтар, яъне замони пеш аз ҳуҷуми Ҳахоманишиҳо ба Осиёи Миёна нисбат медиҳанд. Масалан, И. М. Дяконов дараҷаи инкишофи ҷамъияти тасвирнамудаи «Готҳо»-ро ба назар гирифта, гумон менамояд, ки онҳо бояд пештар аз асри VI ва то нимаи дувуми асри VII пеш аз милод эҷод шуда бошанд. Эд. Мейер ва баъзе донишмандони дигар дар вақти худ, ҳатто имкони ба қарибиҳои соли 1000-ум ва ё ибтидои ҳазораи I пеш аз милод нисбат доданро ҳам изҳор карда буданд. Ва муаллифи яке аз охирин асарҳои бузурге оид ба дину мазҳабҳои эронӣ — Г. Виденгрен менависад, ки бо камоли боварӣ метавон замони зиндагии Зардуштро ба давраи байни солҳои 1000–600 пеш аз милод, ҳеҷ набошад, ба давраи пеш аз пайдоиши давлати ҳахоманишӣ нисбат дод.
Ба ақидаи чанде олимон (аз он ҷумла, И. М. Дяконов, Г. Виденгрен ва диг.) «Авесто»-и аввала то миёнаи асри VI пеш аз милод дар шарқи Мидия, дар Роғ пазируфта шуд, аз он ҷо таълимоти он дар шакли тағйирёфта бошад ҳам, дар Эрони ғарбӣ паҳн гардид. Муҳаққиқони дигар интишори ғояҳои «Готҳо»-ро ба ғарб, ба замони Ҳахоманишиҳои нахустин (замони Куруш ба қавли В. Хинтс, замони Дорои I ба қавли В. Ҳеннинг, И. Гершевич ва ғ.) нисбат медиҳанд.
Ба ҳамин тариқ, ба хулосае бояд омад, ки замони фаъолияти Зардушт ва офариниши «Готҳо» пештар аз охири асри VII — аввали асри VI пеш аз милод мансуб аст, вале маҳз ба ҳамин замон ва ё як-ду аср пештар муносибат доштани онҳоро мо яқинан гуфта наметавонем. Доир ба макони пайдоиши «Готҳо», гарчанде ҳоло ягон ноҳияи муайянеро бо боварии қатъӣ ном бурдан мумкин нест, бо вуҷуди ин, метавон тасдиқ кард, ки он дар минтақаи Осиёи Миёна ва ё ноҳияи ҳамсарҳади он воқеъ буд. Дар ин бора ҳудуди географии худи «Авесто» ва маҷмӯи мамолики дар он номбаршуда шоҳиди мӯътамаде шуда метавонанд.
Номгӯйи нисбатан пурраи ин мамолик дар боби аввали «Видевдат» оварда шудааст. Дар ин ҷо дар силсилаи «беҳтарин кишвар ва мамлакатҳо»-и офаридаи Аҳурамаздо инҳо номбар мешаванд: Аирйанам Ваеҷаҳ, «Гава, макони суғдиён», «Моуруи ҳ ноҳияи Марв тавоно, ростипараст», «Баҳди (Бохтар) зебо бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳди воқеъ аст», Ҳарайва (ноҳияи Ҳирот) ва ноҳияҳои дигар то мавзеъҳои Ҳинд ва Ҳарахвати (Арахозия) дар ҷануби шарқӣ, Ҳайтуманта дар водии Ҳилманд дар ҷануб, кишварҳои гургониён ва Роғ (дар шимоли шарқии Мидия) дар ғарб. Ҳамин тавр, ҷаҳонбинии географии тартибдиҳандагони ин матни авестоӣ тақрибан тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна ва минтақаҳои ҳамсарҳади он – Афғонистону Эрони шимоли шарқиро дар бар мегирад. Аслан, матни дар ин шакл то замони мо расида нисбат ба қисматҳои дигари «Авесто» ба давраи баъдтар, ба замоне дахл доранд, ки зардуштия ба таври васеъ паҳн шуда буд. Баъзеҳо ақида доранд, ки асоси ин матнро порчае ташкил мекард. ки дар он теъдоди камтари кишварҳо номбар шуда буданд.
«Суруд дар васфи Митра» («Яшт»-и Х, «Меҳр Яшт»), ки дар он ҳам номгӯйи якчанд кишварҳо омадааст, ба давраҳои нисбатан қадимтаре муносибат дорад. Ин «Яшт» яке аз беҳтарин намунаҳои шеърияти авестоӣ (ва ё эронии қадим) мебошад. Дар ин ҷо, аз ҷумла тавсифоти пуробуранги кишварҳое, ки «сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтанд, кӯҳҳои баланди пурчарогоҳ ба шахси парастори чорпоён хидмат мекарданд, кӯлҳои булӯрин ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуроб ба сӯи Ишкат ва Парут, Ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд», дода шудааст.
Ба минтақаи дар ин порча тасвиршуда бояд ҳамчун ба минтақае назар кард, ки дар он аз ҳама пештар дини зардуштӣ паҳн гардид ва, ба ақидаи мо, дар яке аз ин кишварҳои номбурда ватани нахустин матнҳои авестоиро бояд ҷуст. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин ҷо ноҳияҳое номбар мешаванд, ки бо Бохтар ҳамсояву ҳамсарҳад буданд ва ё қисман дар замони пеш аз Ҳахоманишиҳо ба таркиби он дохил мешуданд. Аз ин рӯ, Бохтар бо «дирафшҳои афрошта», чи тавре ки он дар «Видевдат» ёд мешавад, агар нахустин набошад, яке аз он кишварҳоест, ки дар манотиқи он дини зардуштӣ аввалин бор паҳн гардид.
Дар матнҳои «Хурд-Авесто» муттаҳидшавии таълимоти Зардушт, ки аз тарафи пайравони ӯ инкишоф дода шуд, бо ғояву русумот ва образҳои ба таблиғоти аввалияи пайғамбар бегона, вале дар «Хурд-Авесто» инъикосёфта, мушоҳида мегардад. Ҳатто «Яснои Ҳафтбоба», ки ба ҳамон лаҳҷаи «Готҳо» тартиб ёфта буд, гузаштҳои зиёде бо оинҳои паҳншуда дорад. Як силсила сурудҳои «Авесто» худоён ва персонажҳои асотириро (мисли Митра ва Ҳавма) васф мекунанд, ки аз қадим боз ориёиён онҳоро ситойиш мекарданд, вале аз тарафи пайғамбар дар «Готҳо» рад гардидаанд. Ин натиҷаи созиш бо дину мазҳабҳои қабилавӣ буд, ки дар ҳудуди давлатҳои бузурги ҳахоманишӣ, Порт ва Сосониён паҳн гардида буданд ва дар замони мавҷудияти онҳо ҷузъҳои «Хурд-Авесто» эҷод гардида, тартиб ва таҳрир меёфтанд. Вале чунин дину оинҳо ва дастурҳои маросимӣ ба таври сохта тавассути ибораҳои «чунин гуфт Аҳура-Маздо ба Зардушт…» ва дигар василаҳои таҳрирӣ дар он аз номи Зардушт оварда мешаванд. Ба истиснои ин фиқраҳои илова чанде порчаҳои «Хурд-Авесто», махсусан «Яштҳо», аз рӯйи мундариҷаи худ нисбат ба замони мураттаб гардидани «Готҳо» қадимитаранд.
Ҳамин тавр, «Авесто» натанҳо доир ба дини зардуштӣ, балки доир ба баъзе оину мазҳабҳои эронии қадим ва русумоти қабилавие, ки ба замони умумияти ҳиндуаврупоӣ дахл доранд, маълумот медиҳад. Дар баробари ин «Авесто» муҳимтарин ёдгорӣ дар бобати омӯзиши айёми бостон, маданияту маишат, созмонҳои иҷтимоӣ ва сиёсии давр, ҳамчунин осори ҳамосии қабилаҳои эронии Осиёи Миёна ва Эрон мебошад.
Ҷараёни махлутшавии таълимоти Зардушт бо дигар мазҳабҳои эронӣ дар миёнаи асри V пеш аз милод сурат ёфт.
Замони офариниши «Яснои Ҳафтбоба»-ро асри VI – оғози асри V пеш аз милод, иншои «Яштҳо»-и қадимитар (ва махсусан «Меҳр Яшт»)-ро даҳаҳои нахустини асри V пеш аз милод меҳисобанд. Вале дар ин сурат, одатан, дар назар дошта мешавад, ки «Готҳо» дар оғоз ва ё нимаи аввали асри VI пеш аз милод мураттаб шудаанд. Вале эҳтимол дорад онҳо пештар эҷод шудаанд, аз ин рӯ, қисматҳои аз ҷиҳати замон пасоянди «Авесто», «Яснои Ҳафтбоба» ва «Яштҳо»-и аввалинро метавон ба замони боз ҳам қадимтар нисбат дод ва онҳоро байни санаи аниқ муайян нагардидаи Зардушт ва миёнаи асри V пеш аз милод ҷой дод. Мураттаб кардани матнҳои дигари «Хурд-Авесто» аз замони нишондодашуда пасонтар низ идома дошт, баъзе аз онҳо, эҳтимол, дар асрҳои якуми ҳазораи I милодӣ ташаккул ёфта бошанд.
Чунон ки аз гуфтаҳои боло равшан мегардад, ҳангоми истифодаи «Авесто» ҳамчун маъхази таърихӣ бояд гуногунҷанбагии он, ки ифодакунандаи давраҳо ва ҳатто аҳдҳои мухталифи таърихӣ мебошанд, таъсири ақоиду тасаввуроти муҳаррирон ва тартибдиҳандагон ба матни то замони мо бозрасида ба назар гирифта шаванд. Дар ин ҳолат, ҳатто як фиқра чун ҳамбастаи маълумоти замонҳои мухталиф ба назар мерасад.
Ба ҳамаи ин маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, «Авесто» муҳимтарин ва ягона маъхазест барои равшан намудани таърихи қадимтарини эрониёни шарқӣ, яъне мардуми Осиёи Миёна, Афғонистон ва он қисмати Эрон, ки дар шафати Осиёи Миёна воқеъ гардидааст.
Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»
Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»
Маҷмӯи нисбатан комилтари маълумоти «Авесто» дар масъалаи тавсифи ҷамъият асари В. Гейгер «Маданияти Эрони шарқӣ дар аҳди бостон» мебошад. Дар муддати пас аз соли 1882 ин асар аз бисёр ҷиҳат кӯҳна шудааст, вале, мутаассифона, асаре ҳаммонанди он аз ҷиҳати дарбаргирии материал ҳоло ба миён наомадааст. Ба ғайр аз диди нави филологӣ-лингвистӣ дар чунин асар маълумоти «Авесто»-ро мумкин аст аз назари комёбиҳои нави археологӣ тадқиқ кард. Умед аст, ки эроншиносон ва бостоншиносони мо дар солҳои наздик чунин асари заруриро ба вуҷуд меоранд.
Муҳаққиқон хусусияти ҷамъияти авестоиро тадқиқ намуда, чаҳорзина будани онро қайд намудаанд. Дар «Яшт»-и Х, 115 оварда шудааст: «Сарвари динии хонадон нманйа; сарвари динии авлод – висйа; сарвари динии қабила — зантума; сарвари динии мамлакат — даҳйума: сарвари олии динӣ – «заратуштротэма» номида мешавад.
Ба ҳамин тариқ, оила нмана ном дошт. Сарвари чунин оилаи патриархалӣ кадхудо – нманопати, яъне «Худованди хона» буд, зани калонӣ дар оила нманопатни – «кадбону» номида мешавад. Мавқеи зиёдро ишғол кардани зани калонӣ дар оилаи тоҷикон, махсусан сокинони маҳалҳои назди Помир, бо ҳукмронии ҳазорсолаи ислом нигоҳ накарда, то замони мо боқӣ мондааст. Материалҳои этнографие, ки дар мавзеъҳои гуногуни Помир ҷамъоварӣ шудаанд, ба ин шаҳодат медиҳанд.
Як далели дигар, вале ғайримустақиме оид ба роли баланди занон дар Осиёи Миёнаи қадим мавҷуд аст. Чунон ки маълум аст, дар замонҳои қадим ҳукмрони ноҳияҳои Осиёи Миёна – Уструшон ва Суғд лақаби «афшин» доштанд. Таҷзия ва таҳлили таърихию этимологии ин истилоҳро В. И. Абаев анҷом додааст. ӯ тафсирҳои кӯҳна ва дар ҳақиқат беасосро рад намуда, ин истилоҳро бо калимаи дар забони осетинӣ боқимондаи äfsin – «кадбону» муқоиса намуд. Ба ақидаи В. И. Абаев занон – сарварони қабилаҳои сакоӣ-массагетӣ бояд ҳамин унвонро медоштанд. Аз онҳо ин истилоҳ баъдтар ба ноҳияҳои ҳамсояи Осиёи Миёна гузашта, нисбат ба мардони сарвар истифода шудааст. Ба ҳамин тариқ, истилоҳе, ки дар байни осетинҳо маънии «кадбону»-ро дошт, дар Осиёи Миёнаи қадим тадриҷан нисбат ба мардони ҳукмрон истифода гардид.
Дар матнҳои авестоӣ калимаи «нманйа» аъзои оиларо ифода менамояд, дар баробари ин, чунон ки И. Гершевич исбот кардааст, истилоҳи мазкур эзиди нигаҳбони хонадонро низ ифода мекунад, ки мувофиқи тасаввуроти қадимии мардуми рус номи «парии хонагӣ»-ро гирифтааст. Ҳамчунин эзидони қабилавӣ мавҷуд буданд, ки онҳоро «висйа» меномиданд. Амали ин эзидон қисман бо амалиёти фравашиҳо – фариштаҳои нигаҳбон ва рӯҳи тамоми мавҷудот мутобиқ мебошад.
Ба ҳайати оила узвҳои ноқисулҳуқуқ – вира, вайса ва парийатар низ дохил мешуданд. Вира маънии «мард», «сарбоз»-ро дорад, вале маънии «ғулом»-ро низ метавонад ифода кунад. Масалан, дар «Яшт»-и Х, 28 оид ба Митра сухан меравад, ки вай ба он хонадоне, ки хайрхоҳ аст «галаву рама ва вираҳои зиёд», яъне ғуломонро тақдим медорад. Умуман, ҳангоме ки дар «Авесто» номбурд ва муқобилгузории чорпоён ва вира оварда мешавад, вира одатан ғуломро ифода мекунад. Вайса ва парийатар, тибқи баъзе матнҳо, ба ҳайати оила ҳамчун узвҳои хурд дохил мешудаанд.
Иттиҳодияҳои нисбат ба оила калонтар аз риштаи падарӣ «нафа» ном доштанд. Онҳо соҳиби замини кишт, чарогоҳ ва дигар дороии дигари умумӣ буда, моликияти аъзои иттиҳодияро риштаҳои ҳамраъйӣ ва кафолат ба ҳам мепайваст. Ин гурӯҳҳо хеле бузург буданд ва наздики 100 марди комилҳуқуқ ба он дохил мешуд. Оид ба мавқеи чунин гурӯҳҳо, аз ҷумла, гилаи Зардушт шаҳодат медиҳад: «Бизоатмандон ва муттафиқон аз ман рӯ тофтанд, ҷамоа нисбат ба ман номеҳрубон аст, ҳамчунон ки шаҳриёрони дурӯғпарасти кишварҳо номеҳрубонанд» («Ясно»-и 46, 1).
Қабила («вис») аз якчанд гурӯҳҳои бизоатманд иборат буд, сардори қабила «виспати» ном дошт. «Вис» натанҳо қабила, балки маскани аҳли қабила – деҳро низ ифода мекунад. Дар аввал, зоҳиран, ин макони зист аз якчанд хонадон иборат буд. Баъдтар вай батадриҷ хусусиятҳои ҷамоаи кишоварзиро соҳиб шудааст.
Ҷавонон ҳангоми ба камол расидан (овони 15-солагӣ) маросими иртиқаро ба дин ва ҷамоа мегузаштанд. Дар маҷлиси гурӯҳи бизоатмандон ба онҳо камарбанд ва пироҳани муқаддас бахшида мешуд. Ба ин амал ҳамчун «таваллуди дувум»-и инсон назар мекарданд. Танҳо пас аз ин ҷавон узви комилҳуқуки ҷамоа мегардид, дар маросимҳои динӣ иштирок менамуд, ӯҳдадориҳо гирифта ва ақди никоҳ баста метавонист.
Аксари масъалаҳои хонаводаро шӯрои қабила, ки сарварони гурӯҳҳои бизоатманд ба он дохил мешуданд, ҳал мекард. Шӯро масъалаҳои ҳаёти дохилӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии марбут ба анҷоми вазоифи динӣ ва ҳуқуқӣ, ғайр аз ин масъалаҳои муносибат бо қабилаҳои дигарро ҳал менамуд.
Мувофиқи матнҳои «Авесто», дар ҷамъияти онзамона тафриқаи иҷтимоию молумулкӣ хеле васеъ инкишоф ёфта буд. Дар боло мо ба ғуломон ишорат кардем. Дар қисматҳои мухталифи «Авесто» ба кадхудоён ва шахсоне ишора мешавад, ки галаву рамаи фаровонеро соҳибанд. Чорпо бойигарии асосӣ ба ҳисоб мерафт, вале маълум аст, ки бойигарии дороён натанҳо чорпо, балки замину сарватҳои дигар низ буд.
Дар «Авесто» гурӯҳҳои «иҷтимоӣ-касбӣ» ба монанди рӯҳонӣ, сарбозу дучархасавор, деҳқони чорводор ва (як бор) ҳунарманд номбар мешаванд. Баъзе олимон ақида доранд, ки ин тақсимоти иҷтимоӣ ба давраи умумияти ҳиндуэронӣ дахл дорад ва аз ин сабаб қобили таваҷҷӯҳ нест; дигарон бошанд, ба таври асоснок мӯътақиданд, ки он инъикоскунандаи ҳақиқати (дар замони пайдоиши «Авесто» ва баъдтар) вуҷуддоштаи таърихӣ мебошад, аз ин рӯ, ҳангоми таҷдиди ҷамъияти «Авесто» бояд ба мадди назар дошта шавад.
Дар баробари мардуми оддӣ ҷамъият дорои «родмардон» ва «ашрофон» буд. Яке аз истилоҳот ба маънии «родмард», «ашроф» – «азата» («асилзода») аст. Аксаран вай сарвари виса (қабила) ва оилаи худ мебошад. Таҳлили таҷзияи комили этимология ва эволютсияи калимаи «азата»-ро Г.Бейли анҷом додааст. Дар забони форсии миёна – паҳлавӣ он маънои «зодаи хонадони шоҳ», «родмард», «озодасл»-ро дошт.
Аз ҳамин ҷо калимаҳои тоҷикии «озод» ва «озода» сар задааст, ки яке аз маъниҳои он «род», «наҷиб» аст. Истилоҳи дигари «Авесто» барои ифодаи «ашроф» «асна» мебошад.
Қабила – «занту», зоҳиран, мавқеи нисбатан хурдтарро ишғол менамуд. Дар баробари ин баъзе матнҳоро аз шӯрои «беҳтарин мардумон» иттилоъ медиҳанд. Истилоҳи ифодакунандаи ин гуна шӯроҳо «ҳанҷамана» буд, ки дар забони тоҷикӣ ба шакли «анҷуман» боқӣ мондааст.
«Вилоят» ва «мамлакат», ки аз якчанд ноҳия иборат буд, дар «Авесто» «даҳйу» ном дорад. И. М. Дяконов дуруст қайд мекунад, ки «равшан кардани маънии ин истилоҳ мушкил аст». Аксаран дар қисматҳои қадимтарини «Авесто» «даҳйу» ба маънии ҳамон гуна «давлатчаҳое» буд, ки тибқи манбаъҳои ошурӣ, дар Мидия вуҷуд доштанд, яъне иттиҳодияҳои минтақавие будаанд, ки на ҳамчун давлат, балки ҳамчун ташкилотҳои бузурги қабилавӣ амал мекарданд. В. А. Лившитс ҳаққонӣ хотиррасон мекунад, ки даҳйу «пеш аз ҳама, мафҳуми ҳудудӣ ва географист, ки дар он умумияти этникӣ хеле зиёд аст, вале он ҳоло дар таркиби давлати ташаккулёфта воҳиди маъмурӣ нест».
Дар сари «даҳйу» «даҳйупатн» меистод. Аз шахсони дигаре, ки ҳокимият ба дасташон буд, «састар» («ҳукмрон», «ҳоким»)-ро ном бурдан мумкин аст, ки ҳукмаш ба ин ё он маҳал раво буд.
Дар «Авесто» барои ифодаи маънии иттиҳодияи ноҳияҳо истилоҳи «даҳйусасти»– «ҳокимият бар ноҳияҳо» мавҷуд аст.
Сардори чунин иттиҳодия «даҳйупатии тамоми даҳйуҳо»–«ҳокими тамоми ноҳияҳо» буд; вай ҳуқуқи яккаҳокимиятӣ надошт, чунки ба ғайр аз ӯ «даҳйунам фратэмадато» – «шӯрои бузургон»-и иттиҳодияи ноҳияҳо низ фаъолият мекард. Зоҳиран, ҳокимияти «даҳйупати»-ҳо ва, ҳатто «ҳокими тамоми ноҳияҳо» маҳдуд буд ва шӯро бар ҳокимияти онҳо назорат мекард.
Таҳлили «Готҳо» аз ҷиҳати иҷтимоӣ-сиёсӣ (дар ин бобат корҳои В. И. Абаев ва И. М. Дяконов муҳиманд) нишон медиҳад, ки онҳо инъикоскунандаи ҳолату авзои ҷамъияте мебошанд, ки дар остона ва ё дар оғози офариниши давлат аст.
Ҷамоаи дар «Готҳо» тасвиршуда аз тороҷгарӣ, тохтутози ваҳшиёнаи ҳамсоягон, ғорат шудани чорпоён ба дод омадааст. «Готҳо» ба зиндагии орому осоишта ва мавҷудияти маконҳои гул-гулшукуфон бо сарварии шоҳони «хуб», даъват мекунанд. Ҳамаи ин тағйироти бузурги иҷтимоиро талаб мекард, ки ҷараёни онҳо дар он замон хеле тезутунд буд. Ин ҳолатро низ ба назар гирифтан зарур аст, ки «дар давраи аввали ҷамъияти синфӣ мавқеи ҳалкунандаро дар байни синфи ҳукмрон ҳамеша аъёну ашрофи қабила – пешвоён ва рӯҳониёне, ки дар заминаи сохти ҷамоати ибтидоӣ ба миён омада буданд, ишғол мекард. Аммо давлати муттаҳида танҳо анъанаҳои қабилавӣ ва ҳукмронии олигархиро, ки бо решаҳои маҳаллӣ ва ҷамоавии худ пурқувват буда ва аз ин ваҷҳ доимо ҷудоиталаб аст, аз миён бардошта, ба вуҷуд омада метавонад».
Ба ҳамин тариқ, муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсии давраи мазкурро дар Осиёи Миёна ҳамчун муносибатҳои гузариш аз сохти ибтидоии ҷамоагӣ ба сохти ҷамъиятии синфӣ маънидод кардан мумкин аст. Ҷамоати қабилавӣ аз байн рафта, ҷамоати деҳот ба миён меомад. «Оилаи ҷудогона воҳиди хоҷагии ҷамъият шуда мемонад» – гуфтааст Ф. Энгелс. Асоси ҷамоати деҳотро бар хилофи ҷамоати қабилавӣ, на муносибатҳои қабилавӣ, балки алоқаҳои хоҷагӣ ва территориявӣ ташкил мекарданд. Дар таърихи мардуми Осиёи Миёна ҷамоати деҳот роли калоне бозида, асрҳои аср пояндаву барқарор будааст. «Истибдоди шарқӣ ва ҳукмронии истилогарони бодиянишине, ки ҷойи якдигарро мегирифтанд, дар давоми ҳазорҳо сол бо ин ҷамоаҳои қадимӣ ягон коре карда натавонистанд», – қайд мекунад Энгелс дар «Анти-Дюринг».
Дар дохили обшина тадриҷан нобаробарии молумулкӣ меафзуд. Ғуломдории патриархалӣ инкишоф меёфт. Дороён ва камбағалон пайдо мешуданд. Мавқеи сипаҳсолорон ҳамчун шахсони доиман соҳибмансаб баланд мегардид. Вале ҳокимияти онҳоро шӯрои куҳансолон ва маҷлиси қабилавӣ маҳдуд мекард. Зарурати иттиҳодияи қабилаҳо ба миён меомад.
Чунон ки Ф. Энгелс қайд мекунад, лашкаркашиҳои ғоратгарона мавқеи сипаҳсолорон ва пешвоёнро боз ҳам баланд менамуд. Ҷанг бо мақсади ғоратгарӣ касбу кори доимӣ мегардад. Сипаҳсолори олӣ ва дастёрони вай аъёну ашрофи меросӣ шуда мемонданд, «демократияи табиии сохти ибтидоӣ ба аристократияи нафратовар» мубаддал мегардид.
Мутобиқи шароити мухталифи истеҳсолот дар минтақахои саҳроӣ ва водиҳо дар оғози ҳазораи I пеш аз милод ду намуди хоҷагӣ – кӯчманчигӣ, чорводорӣ дар саҳро ва муқимнишинӣ, заминдорӣ дар воҳаву водиҳои сероб ташкил гардиданд. Ба ҳамин тариқ, аз давраҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна ҳолате барқарор гардида буд, ки дар бораи он К. Маркс навиштааст: «Дар ҳамаи қабилаҳои шарқ аз сароғози таърих дар байни муқимӣ будани як қисми онҳо (қабилаҳо – Б.Ғ.) ва кӯчманчигии давом кардаистодаи қисми дигар таносуби умумиеро дидан мумкин аст».
Масъалаи ташаккули қадимтарин давлатҳо
Масъалаи ташаккули қадимтарин давлатҳо
Таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки мамлакат дар марҳилаи гузариш ба ҷамъияти синфӣ буд. Комилан табиист, ки дар баъзе аз ноҳияҳои мутараққии Осиёи Миёна аввалин давлатҳо ташкил меёфтанд ва, эҳтимол, инҳо ҳамон давлатҳое буданд, ки дар «Авесто» «даҳйусасти» номида шудаанд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ин давлатҳои нахустин маълумоти хеле кам ва дар бисёр мавридҳо нодурустеро дучор менамоем.
Яке аз ин давлатҳо «Хоразми Бузург» буд. Геродот (III, 117) иттилоъ медиҳад: «Дар Осиё даште мавҷуд аст, ки атрофашро силсилаи кӯҳҳо ишғол кардаанд, дар ин қаторкӯҳҳо панҷ дара мавҷуд аст. Замоне ин дашт моли хоразмиён буд ва он дар ҳудуди хоки ҳамин хоразмиён, гиркониён, портҳо, сарангҳо ва таманаиҳо ҷо гирифтааст. Аз кӯҳе, ки дар атрофи дашт ҷо дорад, дарёи бузурги Акес ҷорӣ аст. Аввалҳо дарё ба панҷ шохоб тақсим шуда, заминҳои мардумони зикршударо обшор менамуд». Ин порча аз Геродот баҳси зиёдро ба миён овардааст; тафсироти мухталиф, аз ҷумла, комилан фантастикӣ дар ин бобат баён шудааст. Ҳақиқатан ҳам дар ин ҷо душвориҳои зиёд пеш меоянд. Дар натиҷа В. В. Бартолд барин шахсе, ки беҳтарин донандаи географияи таърихии Осиёи Миёна аст, аз таҳлили конкрети ин иттилоот даст кашидааст.
Аксарияти олимон ба ин иттилоот таври дигар назар мекунанд. Аввалан, дарёи Акесро, ки Геродот аз он хабар медиҳад, қариб тамоми муҳаққиқон ҳамон дарёи Теҷен мешуморанд (Ба ақидаи мо, С. П. Толстов, ки бар хилофи шаҳодати бавосита ва бевоситаи манбаъҳо кӯшиш дорад, дарёи Акесро дар мавзеи Хоразми ҳозира ҷой бидиҳанд, ноҳақ аст). Сониян, иттилооте, ки дар асарҳои дигар муаллифони қадим мавҷуд аст, ба назар гирифта мешавад. Муаллифи юнонӣ Геготеи Милетӣ (наздики соли 500 пеш аз милод) аз Геродот пештар хоразмиҳоро ёд мекунад, ки қисман дар дашт ва қисман дар кӯҳҳо, дар шарқи Порт зиндагӣ мекарданд. Равшан аст, ки ин на Хоразми ҳозиразамон, балки ноҳияест дар навоҳии Ҳироту Марв. Ҳамаи инро ба назар гирифта, И. Маркварт дарёи Акесро натанҳо бо Ҳарирӯди ҳозира – Теҷен айният додааст, ки ба ин васила иттилооти Геродот воқеӣ ба назар мерасад, балки онро бо ривоятҳои эронии қадим оид ба Афросиёб, ки якчанд дарёҳоро ба кӯли Ҳилманд гузаронидааст, муқоиса менамояд. Вай ба будани иттиҳодияи калони қабилаҳои шарқиэронӣ – «Хоразми Бузург» ақидаи худро изҳор дошт.
Тамоми қазияи географии дар боло овардашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки маркази ин иттиҳодия дар Хоразми ҳозиразамон набуда, ҷанубтар – дар ноҳияи Марву Ҳирот ҷо дошт.
Сайри қавмҳо, ки боиси ташаккули чунин иттиҳодия гардидааст, масъалаи дигар аст. Дар ин бора ду назария мавҷуд аст: баъзеҳо исбот мекунанд, ки иттилооти Гекотей ва Геродот шоҳиди ҳаракати батадриҷи хоразмиҳо аз шимол ба ҷанубанд, дигарон, баръакс, мӯътақиданд, ки хоразмиҳо аз Эрон ба маҳалҳои назди Арал ҳаракат кардаанд.
И. Маркварт назарияе пеш ронд, ки Аирйанам-Ваеҷаҳ, ки аслан маънии луғавиаш «Фарохнои Ориёно» аст, бо ҳамин «Хоразми Бузург» айният дорад. Дар бораи он иттилоъ дода мешавад, ки наздики дарёи Дотйа (зоҳиран, дарёи Аму) воқеъ аст ва зимистони ин ҷо даҳ моҳ тӯл мекашад. Ин назария аз тарафи аксари муҳаққиқон пазируфта шудааст.
Барои тасаввуроти бештар пайдо кардан оид ба «Хоразми Бузург» забоншиносон, алалхусус В. Б. Ҳеннинг, кори зиёде анҷом додаанд. Аз ҷумла, ӯ забони «Авесто»-ро бо он иттилооте, ки оид ба забони хоразмӣ мавҷуд аст, муқоиса кардааст. Моҳияти ақидаи В. Б. Ҳеннинг дар он аст, ки ду лаҳҷаи асосии «Авесто»-ро ба гурӯҳи ғарбиэронӣ ва шарқиэронӣ нисбат додан мумкин нест, онҳо мавқеи мобайниро ишғол мекунанд. Аз рӯйи ақидаи ӯ, ин ҳолат бо пешниҳоде, ки гӯё «Готҳо» – қадимтарин қисмати «Авесто» дар мавзеи Марву Ҳирот ва матнҳои баъдии авестоӣ аксаран дар Сиистон офарида шудаанд, мутобиқ шуда метавонад. Хулосаи ӯ чунин аст: «Тадқиқи амиқтаре ҳам лозим нест барои он ки бигӯем, шаҳодати забоние, ки материалҳои хоразмӣ додааст, ҳақиқат будани конструксияи таърихии моро исбот мекунад, вале як чизро метавон гуфт: онҳо бо вай мутобиқат мекунанд».
Ба ҳамин тариқ, гарчанде бисёр масъалаҳои марбут бо «Хоразми Бузург» норавшан бошанд ҳам, ба мавҷудияти чунин иттиҳодияи бузург шубҳа кардан маҳол аст.
Дувумин давлати бузург салтанати Бохтари Қадим буд. Таърихнависи Юнони Қадим Ктесий ҳикоятеро дар бораи лашкаркашии шоҳи ошурӣ — Нино ба Бохтар маҳфуз доштааст. Дар он оид ба сернуфус будани Бохтар, зиёд будани шаҳрҳои калон, дар бораи пойтахти ин давлат — Бохтари истеҳкомдор, шоҳи Бохтар — Уксорт, ганҷинаҳои фаровони он хабар дода мешавад (Диодор, II, 5, 3). Чунон ки илми таърихшиносии ҳозиразамон исбот кардааст, лашкаркашиҳои ошурӣ то Бохтар нарасидаанд, аз ин рӯ, ҳикояти Ктесийро сохтакории адабие мешуморанд, ки дар тақлид аз ҳикояти Геродот оид ба Лидияро гирифтани Куруш навишта шудааст.
Аксари олимон асли мундариҷаи ҳикояти Ктесийро рад намуда, дар баробари ин ақида доранд, ки он дар асоси ривоятҳои дар Эрон паҳншуда ба миён омадааст. Далели мавҷудияти Бохтари муқтадирро аз иттилои Геродот (1,153) дар бораи он ки дар сари роҳи Куруш баъд аз таслими Лидия «Бобул, мардуми Бохтар, сакоиҳо ва мисриён меистоданд», метавон дид. Пас, Бохтар бо давлатҳои бузурги Миср ва Бобул дар як қатор меистодааст. В. Гейгер низ мӯътақид буд, ки Бохтари Қадим аз ҷиҳати тавоноӣ аз ноҳияҳои ҳамсоя болотар буда, дар байни онҳо мавқеи хосеро ишғол менамуд.
Хоки ин иттиҳодия, зоҳиран, аз ҳудуди Бохтар васеътар буд. Тибқи баъзе маълумотҳо, ба ҳайати он (мумкин аст на ҳама вақт) Марғиён ва Суғд дохил мешуданд.
Шӯҳрати боигариҳои табиии Бохтар берун аз ҳудуди он то Осиёи Наздик расида буд. Махсусан, лоҷуварди бадахшонӣ баҳои баланде дошт.
Дар минтақаҳои заминдории Осиёи Миёна ба ғайр аз хоразмиҳо (аниқтараш хорасмиҳо) ва бохтарҳо, ки дар боло ишора кардем, суғдиён, фарғониён, марғиён, портҳо мезистанд. Суғдиён дар водии дарёҳои Зарафшон ва Қашқадарё, фарғониён дар водии Фарғона, марғиён – дар воҳаи Марв, портҳо дар тарафи шимоли кӯҳҳои Купетдоғ умр ба сар мебурданд. Дар водӣ ва кӯҳҳо қабилаҳои бодиягарди сакоӣ қарор гирифта буданд. Сакоиҳо ба ду конфедератсия ҷудо мешуданд: сакоиҳои ҳумаварга («сакоиҳои ситояндаи Ҳаума») ё амюргҳо – гурӯҳи ҷануби шарқии қабилаҳои сакоӣ (ки таърихан бо Бохтар ва Ҳинд иртибот доштанд) ва сакоиҳои тиграхӯд («сакоиҳои қулоҳпӯш») ва ё ортокарибантиҳо – массагетҳо — гурӯҳи шимоли шарқӣ, ки бо Хоразм марбут буданд.
Зардуштия
Зардуштия
Дар боло ишора кардем, ки «Авесто» – маҷмӯи аносири аҷноси мухталиф ва дар замони гуногун ба вуҷуд омадааст. Кайҳост, ки муҳаққиқон доир ба таҷзияи ин аносир ва муайян намудани ҷанбаҳои қадимтарини дини эрониён кор мебаранд. Махсусан, дар ду даҳсолаи охир ин корҳо хеле пеш рафтанд. И. Гершевич ба ҷойи як номи умумии «зардуштия» се номро пешниҳод мекунад: «заратуштрианизм» (дини замони худи Зардушт, ҳамон тавре ки он дар «Готҳо» инъикос ёфтааст); «заратуштритсизм» (дине, ки дар матнҳои нисбатан баъдинаи авестоӣ мунъакис гардидааст); «зороастрианизм» (оини замони сосонӣ).
Дар байни қабилаҳои эронӣ дар ҳудуди ҳазораҳои II – I пеш аз милод оину мазҳабҳои ҷудогонае мавҷуд буданд, ки баъдтар онҳо ба зардуштия дар шакли комилан инкишофёфтаи худ дохил гардиданд. Аксари онҳо ба давраи умумияти ҳиндуэронӣ ва баъзан ба умумияти ҳиндуаврупоӣ мерасиданд. Махсусан, ситойиши Митраро бояд ном бурд. Худоёне, ки эрониён мепарастиданд, Аҳура ном доштанд. Тадриҷан тасаввурот дар бораи худои ягона — Аҳура пайдо шуд, ки ӯро Маздо – «доно» меномиданд.
Гарчанде баъзе олимон шубҳа доранд (ақидаи онҳо дар китоби мо «Таърихи халқи тоҷик» оварда шудааст), далели шахсияти ҳақиқии таърихӣ будани Зардуштро исботшуда шумурдан мумкин аст. Ӯ мураттиби «Готҳо» аст ва дар онҳо шахсияти ӯ ҳамчун таблиғотчӣ, одами зинда ва мубориз ба таври равшан аён мегардад. Сонитар, дар «Хурд-Авесто» Зардушт ҳамчун персонажи асотирӣ пайдо мешавад.
Номи Зардушт (шакли аврупоиаш Зороастр), бо эҳтимоли куллӣ, маънии «шутурбон»-ро дорад. Ӯ аз дудмони Спитама аст (аз ҳамин ҷост исми суғдии Спитамана, ки дар юнонӣ Спитамен шудааст). Падараш Поурушаспа ва модараш Дуғдова ном доштанд. Зардушт ба табақаи мӯбадон мансуб буд. Вай шахси камбизоат буд, шикваҳояш маҳфуз мондааст, ки чорво ва тобеони кам дорад, ба ӯ даҳ байтал бо тойчаҳояш ва шутуре ҳамчун тӯҳфа ваъда шудааст. Зардушт зану фарзанд дошт.
Зардушт дар «Готҳо» мегӯяд, ки ваҳйи дини халқро аз Аҳурамаздо ноил гардидааст (ба ҳамин монанд дар Қуръон низ аз гуфтугузор ва сӯҳбатҳои Муҳаммад бо Худо ва илҳом гирифтанаш сухан меравад). Дар оғози таблиғоти динии худ Зардушт ба муваффақият соҳиб нашуд ва маҷбур ба фирор гардида, дар охир дар шахси кави (шоҳзода, шоҳ) Виштосп ҳимоятгаре пайдо кард, ки худаш ва наздиконаш дини Зардуштро қабул карданд. Дар «Готҳо» ба ғайр аз ин чандин шахсон – наздикон ва хешони Зардушт номбар мешаванд.
Таблиғоти Зардушт ба муқобили пешвоёни қабилавӣ (ва ё ашроф) ва мӯбадони дини пешин, ки қурбониҳои зиёди хунинро тарғиб мекарданд, равона карда шуда буд. Ба таври одилона ва холисона шаклҳои пешқадами хоҷагидориро тарғиб намуда, ба муқобилат кардан ба задухӯрдҳои ҷангиву ғоратгарона, ки ягона мақсадашон ба тороҷ бурдани чорпоён буд, даъват намуда, Зардушт тарафдори муқимнишинӣ ва барқарор намудани ҳокимияти пурзӯру зиндагии осоишта дар рӯйи замин буд. Ситойиши эзидони қадимаро рад намуда, Зардушт ситояндаи худои ягона — Аҳурамаздо гардид.
Аз байни хусусиятҳои асосии зардуштия, ки ба давраҳои мухталифи инкишофи он хос буданд, инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: 1) дар шаклҳои аввалини зардуштия тамоили монотеистӣ (яккахудоӣ), ки дар ибодат ба худои ягона — Аҳурамаздо (Урмузд, Ҳурмузд) ифода ёфта буд, ба назар мерасад; 2) дуияте, ки аксаран онро ба ахлоқ ва одоб нисбат медиҳанд ва он аз муқобилгузории ду мабдаи доимии муҷаррад Некӣ ва Бадӣ ва ё Рост ва Дурӯғ таркиб ёфта буд, сарвари қувваҳои Некӣ (ростӣ, адолат, рӯшноӣ ва ғ.) — худои бузург — Аҳурамаздо, сарвари қувваҳои Бадӣ (дурӯғ, торикӣ ва ғ.) эзиди бад ва душман — Аҳраманйу (дар навишти авестоӣ – Ангро Майну, баъдан Аҳриман) мебошанд. Муборизаи ин ду қувва асоси пешрафти ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Мутобиқ ба исми Аҳурамаздо зардуштияро баъзан маздаизм ва худи пайравони он худашонро маздаясноён (аз маздаясно «ситояндаи Маздо») меноманд.
Қабилаҳои ориёӣ хеле барвақт, зоҳиран, дар давраи ҳиндуэронӣ дар бораи ду навъ худоҳо тасаввурот доштаанд: дайва (дар ҳиндӣ дева, баъдтар дар эронӣ дев шудааст) – худоҳои қадимии антропоморфии табиӣ буданд, ин калима ба маънии умумии худо низ меояд (решаи ҳиндуаврупоӣ – дейво), дигар асура (дар эронӣ аҳура, маънии луғавиаш «сарвар», «Худованд») – Худоёне, ки сарвари олӣ ва сарварии махсусеро доир ба масоили ахлоқӣ ба ӯҳда доштанд. Мувофиқи анъанаи Ҳинди қадим (дар сурудҳои баъдтар эҷодшудаи «Ригведа»), асураҳо душмани мардум ҳисоб мешуданд, баъдтар дар Ҳинд калимаи асураро танҳо барои ифодаи қувваҳои бадӣ истифода мекардагӣ шуданд, девҳо бошанд, ҳамчун худоён боқӣ монданд. Дар дини маздаясно ин табдилот баръакс анҷом гирифт: девҳо дар ин дин худоёни бадкирдор гаштанд. Дар шумори девҳо «Авесто» Индра (яке худоёни маълуму машҳури ведоӣ) ва «Наҳатна» (дар ҳиндӣ Насатйа) ва дигаронро ном мебарад. Истилоҳи «аҳура», баръакс маънии «худо»-ро дар худ нигоҳ дошт.
Аз байни худоёни дигар яке ҷудо гардид, ки худои оламу кайҳон, Худованди донову роздон ба ҳисоб мерафт. Аҳура дар якҷоягӣ бо сифати «Мазда» номи худои ягона Аҳурамаздоро (Худованди бохирадро) ташкил мекунад. Ин тағйирот бевосита бо рафти гузариш ба дине, ки ҷанбаҳои ахлоқии зиёд дошт, марбут буд. Аҳурамаздо (монанди асураи Ҳинди қадим Вауна) бо яке аз мафҳумҳои асосии динӣ бевосита алоқаманд аст, ки он арта (дар «Авесто»-аша) – ростӣ, шаҳриёрии хуб, адолат мебошад. Дар «Готҳо»-и Зардушт Аҳурамаздо натанҳо худои ягона аст: ӯ натанҳо худоёни дигарро раду инкор мекунад, балки ба ҷойи онҳо амал менамояд.
Дар соҳаи расму оин Зардушт қурбониҳои хунин ва истифодаи нӯшокии муқаддас — хаомаро (дар ҳиндӣ сома) рад мекард ва танҳо ситойиши оташро тарғиб менамуд. Оташ ҳамчун ифода ва ё рамзи адолати илоҳӣ – арта шинохта мешуд. Ситойиши оташ ва оташкадаҳо баъдан яке аз хусусиятҳои хоси зардуштия гардиданд. Манъи куштори чорпоён барои қурбонӣ бевосита бо мазмуну мундариҷаи иҷтимоии таълимоти Зардушт алоқаманд аст.
Якҷоя бо тамоюли яккахудоӣ, ки ба сабаби худои ягона шинохта шудани Аҳурамаздо дар байни тоифаҳои эронӣ инкишоф меёфт, тасаввуроти дуалистӣ низ паҳн мегардид. Мувофиқи ин тасаввурот, тамоми чизҳои рӯйи ҷаҳон – худоён, ҳаводиси табиат ва ҷамъият, ҳайвонот ва ғайра ба мабдаъҳои неку бад, ба ростӣ (арта) ва ё дурӯғ (драуга, шакли авестоиаш друг, друҷ) – таҷассуми беадолатӣ, бадӣ ва бадахлоқӣ мансубанд. Ин ақидаҳо дар таълимоти Зардушт, ки монотеизм ва дуализмро фаро гирифта, тамоми тасаввуроти дуалистиро дар атрофи як зиддияти умумии ҷаҳонӣ ғун мекард, ҷамъбаст ва амиқтар шуда буданд. Дар зиддияти умумии ҷаҳонӣ роли ҳалкунандаро инсон мебозид.
Роли инсон дар зардуштия аз рӯйи консепсияи оид ба иродаи озод, ки дар «Готҳо»-и Зардушт асоснок шудааст, муайян мегардад. Инсон некӣ ва ё бадиро худ интихоб менамояд ва амалиёти ӯ дар рафти муборизаи ҷаҳонии мабдаъҳои неку бад аҳамияти ҳалкунанда дорад. Роҳи некиро дини поки ба замин овардаи пайғамбар – Зардушт нишон медиҳад. Кӯшиши якҷояи тарафдорони он (ва ё пайравонаш) бояд дар охир ба пирӯзии некӣ бирасонад. Зардушт ба мардум ваъдаи расидани ҷаҳони наверо медод, ки дар он қувваҳои некӣ бар бадӣ пирӯз хоҳанд шуд. Пас аз озмойиш бо оташ онҳое, ки некиро интихоб намудаанд, ба олами адолат, ки Аҳурамаздо ба он асос гузоштааст, мерасанд. Мувофиқи таълимоти Зардушт пирӯзии қатъии қувваҳои некӣ дар ояндаи наздик бояд анҷом бипазирад. Вале баъдтар дар зардуштия қабул гардид, ки пас аз мавлуди Зардушт ва ба миён омадани оини ӯ, ки васоили мубориза бо бадӣ аст, то расидани раҳойибахш – Саошианта (ин истилоҳ дар «Готҳо» низ истифода шудааст), ки аз нутфаи Зардушт аст ва дар қаъри кӯл нигоҳ дошта мешавад, се ҳазор сол хоҳад гузашт. Маҳз пас аз расидани раҳойибахш бояд пирӯзии қатъии некӣ бар бадӣ анҷом ёбад.
Вазифаи асосии инсон дар мусоидат ба некӣ ва дар муборизаи он бо бадӣ гузориши намоз ва иҷрои маросимҳо ҳисоб намеёфт. Дар оғози пайдоиши худ зардуштия ба ин ҷиҳати масъала қариб ҳеҷ аҳамияте намедод. Вазифаи асосӣ зиндагии одилонаи аз тарафи дини ҳақ муайянгардида ва «андешаи нек», «гуфтори нек», «кирдори нек» буданд, ки тавассути онҳо инсон бо бадӣ мубориза мекард. Зиёд кардани бойигариҳои моддӣ (ки Аҳурамаздо ва ё Рӯҳи муқаддас барои инсон офаридааст), яъне машғул шудан бо чорводорӣ ва киштукор яке аз василаҳои мубориза бо қувваҳои бадӣ дониста мешуд.
Дар худи «Готҳо» дар баробари Аҳурамаздо ду рӯҳи ҳамзод мавҷуданд, ки якеашон тимсоли ростӣ ва дигаре таҷассуми дурӯғ мебошад. Дар қисмати «Яснои Ҳафтбоба»-и «Авесто» мавзӯъҳои бисёрхудоӣ (политеистӣ) хеле зиёданд. Дар ин ҷо натанҳо Аҳурамаздо ва тазоҳуроти ӯ, балки оташ, об, бод, замин, ҳаво, равони чорпоён ва ғайра ситойиш мешаванд.
Дар байни маҷмӯи худоҳои авестоӣ аз ҳама машҳур ва ситойишшаванда худои офтоб ва равшанӣ Митра – ҳимоятгари пурзӯри размкунандагон, бахшандаи пирӯзӣ ва боз Олиҳаи серҳосилӣ ва обҳои равон Ардвисура Анаҳито буданд. Дар маросими ибодат ба ин Олиҳа хусусиятҳое маҳфуз монда буданд, ки ба давраи модаршоҳӣ мерасиданд.
Аз одобу русуми зардуштия расми гӯрондани мурдаҳо (ҳоло ҳам дар байни порсиёни Ҳинд маъмул аст) ҷиҳатҳои ба худ хосе дорад. Колбади мурда дар дахма гузошта мешавад ва гӯшташ тӯъмаи паррандагон мегардад. Устухонҳои ба ин тарз аз гӯшт тозакардашуда дар зарфҳои махсус – оссуарийҳо (устадонҳо) нигоҳ дошта мешаванд. Ин расм, ки шаклан аз зардуштия пештар ба вуҷуд омадааст, бо қоидаҳои асосиаш ба зардуштиён бор карда шуд ва барои пайравони он ягона расми имконпазир гардид. Зиддияти байни зиндагӣ ва марг яке аз зиддиятҳои асосӣ дар системаи таълимоти дуалистии зардуштия ба шумор мерафт. Зиндагӣ неъмати бахшидаи мабдаи некӣ, марг бошад, бадии офаридаи Аҳриман буд. Тани пайрави дин, ки дар зиндагиаш ифодаи мабдаи нек буд, пас аз марг нопок, ифодаи мабдаи бадӣ мегардад. Дар баробари ин ситойиши оташ, замин, об қатъиян нопок кардани онҳоро манъ мекард. Аз ин рӯ, ба хок супурдан ва ё сӯзондани мурда расм набуд (гарчанде пеш аз ин сӯзондани мурда маъмул буд, ба ин худи калимаи «дахма», ки одатан онро ҳамчун «ҷойи сӯзондан» маънидод менамоянд, ишорат мекунад).
Таълимоти зардуштӣ шуғли деҳқонӣ ва чорводориро вазифаи муқаддас ва кори пуршуҷоат медонист ва пайравони худро ба ин амр водор менамуд.
Дар фасли севуми «Видевдод» гуфта мешавад, ки макони хайру эҳсон ва шодиву хуррамӣ «ин ҳамон ҷост, ки бандагон барои худ маскан ва оташкада сохта, соҳиби зану фарзанд ва дорои рама бошанд. Он гоҳ ба ин макон хайру баракат рӯ оварда, ҳайвонот ва саг, зан ва кӯдак, оташ ва ҳама гуна нозу неъмат осуда ва эмин хоҳад буд… Ин ҳамон ҷост, ки бандагон бисёртар ғалла, алаф, наботот ва меваҳои хӯрданӣ мекоранд, замини хушкшударо шодоб ва замини хеле намро хушк мекунанд, ба миқдори хеле зиёд ҳайвоноти калон ва хурдро парвариш менамоянд… ва ин ҳайвонот поруҳои ниҳоят бисёре медиҳанд» (фиқраҳои 2-6).
Дар ин ҷо барои гузаштан ба чорводорӣ ва зиндагии муқимӣ ва махсусан ба хоҷагии зироаткорӣ ошкоро даъват карда шудааст.
Боз дар ҳамон фасл гуфта мешавад: «Он касе, ки бо дасти чапу рост ва росту чап заминро меронад ва мекорад, ба замин фоидаи бисёр меорад. Ин ба шавҳари дӯстдоре монанд аст, ки барои зани маҳбубаи дар бистари нарму музайян ба роҳат хобидааш фарзанд ва ё неъмати дигар мебахшад… Замин ба он кас хитоб мекунад: «Эй одаме, ки маро бо дасти чапу рост ва росту чап меронӣ ва кишт мекунӣ…, дар ҳақиқат, ман монда нашуда тавлид мекунам, ҳамеша ҳосили фаровон ва ҳама гуна хӯрокворӣ муҳайё месозам. Касе, ки ғалла мекорад, гӯё тухми некӣ мепошад» (фиқраҳои 25 – 26,31).
Дар «Готҳо» ба чорводорӣ низ диққати калоне дода шудааст. Пайғамбар ба Аҳурамаздо рӯ оварда мегӯяд: «Ту ҳамоне ҳастӣ, ки… барои мо ин неъмати бузург – чорворо офаридӣ» (47,3). Мо дар ин ҷо бисёр порчаҳоеро дучор мекунем, ки дар бораи чорво, нигоҳубини чорво, муҳофизати чорво ва ҳимояи чорводорони бегуноҳ аз ҳуҷуми даррандагон сухан меравад. «Ситойиши Аҳурамаздо ва сер кардани чорворо мо аз ҳама афзал медонем» (35,7)
Маҳз дар қадимтарин қисми «Авесто» даъват ба меҳнати деҳқонӣ, инъикоси тасаввурот ва афсонаҳои халқӣ ва ғайра дида мешавад. Вале «Авесто» дар сурати мукаммал, ҳамчун асари давраҳои хеле баъдина ба назар мерасад, давраҳое, ки таълимоти зардуштӣ муқаддас ва қонунӣ эълон гардида, ба дину оини давлатӣ, ки ҳокимияти подшоҳро парастида, ҳукмронии ашроф ва рӯҳониёнро бар оммаи меҳнаткаш раво медонист, табдил меёбад.
Барои омӯхтани таърихи қадими аҷдоди халқи тоҷик маълумоти этнографӣ низ аҳамият дорад. Дар маишат ва тарзи зиндагии пешазреволютсионии тоҷикон, махсусан тоҷикони кӯҳистон бисёр боқимондаҳои муносибати ҷамоати ибтидоӣ маҳфуз монда буд. Чунончи, хонаҳои калони умумӣ дар деҳаҳои Дарвоз ва Қаротегин яке аз нишонаҳои он мебошад. Аз бисёр бақияҳои парастиши оташ аловхона, яъне ҷое, ки аҳолии мардинаи қишлоқ дар гирди оташ ҷамъ омада, зиёфат меоростанд, ниҳоят паҳн гардида буд. Дар санъати сафолсозӣ ва бинокорӣ бисёр хусусиятҳои қадима нигоҳ дошта шудаанд. Машҳуртарин гуфторҳои бостонии доир ба қаҳрамонӣ ривоятҳо дар васфи Рустам мебошад. Одатан тоҷики кӯҳистонӣ ба коре шурӯъ намуда, пеш аз ҳама, «Рустам, мадад кун!» мегӯяд. Тиру камон «камони Рустам» ном гирифтааст. Як қатор урфу одатҳо аз маҳфуз мондани бақияҳои давраи модаршоҳӣ шаҳодат медиҳад. Дар ҳунари кулолӣ ва санъати бинокорӣ бисёр ҷиҳатҳои анъанавии қадима боқӣ мондаанд.
Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.