Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-4

shashmaqom-5

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.

Талқинчаи Наврӯзи Сабо
(Талқини Сабо)

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Рӯзе, ки фироқ аз ту дурам созад,
Аз ҳаҷри рухи ту носабурам созад.
Гар дида ба сӯйи дигаре бикшоям,
Қанди намаки ҳусни ту кӯрам созад.

Ман бандаи он касам, ки шавқе дорад,
Бар гардани худ зи ишқ тавқе дорад.
Ту лаззати ишқу ошиқӣ кай донӣ?
Ин бода касе хӯрад, ки шавқе дорад.

Рубоиёти Ҳофиз

Уфари Ироқ (Уфари Ироқи Бухоро)

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ), Ироқи Бухоро

Чӣ сабаб, ки шӯхи мастам бари мо надида бигзашт,
Нанишасту нолаи мо даме ношунида бигзашт.
Дилу ҷону дин рабуда, рухи шармгин намуда,
Гираҳи ҷабин кушуда, ба миён расида бигзашт.
Чу ҳилол пайкари ман ба тавозуи дари ӯ,
Ба умеди ҷабҳасойӣ ба қади хамида бигзашт.
Ба чаман, ба субҳгоҳе чу ғизоли ром омад,
Зи саводи дидаи ман чӣ қадар рамида бигзашт.
[Чӣ шавӣ дар имтиҳонам, ки мабод зинда монам,
Шуда об дидагонам ба раҳат чакида бигзашт.]
Зи ғами фироқ, Ҳоҷӣ, ба фиғон чаро нанолам?!
Ки чу най зи найситонам, ҳама кас бурида бигзашт.
Матни шеър:
Чӣ сабаб, ки шӯхи мастам бари мо надида бигзашт,
Нанишасту нолаи мо даме ношунида бигзашт.
Зи паёми ваъдаи ӯ, ки чу шаб биёяд, оям,
Нағунудам ин ки шаб ҳам ба дами сапеда бигзашт.
Дилу ҷону дин рабуда, рухи шармгин намуда,
Гираҳи ҷабин кушуда ба миён расида бигзашт.
Чу ҳилол пайкари ман ба тавозуи дари ӯ,
Ба умеди ҷабҳасоӣ ба қади хамида бигзашт.
Ба чаман ба субҳгоҳӣ чу ғизоли ваҳшӣ омад,
Зи саводи дидаи ман чӣ қадар рамида бигзашт.
Чӣ шавӣ дар имтиҳонам, ки мабод зинда монам!
Шуда об дидагонам, ба раҳат чакида бигзашт.
Зи ғами фироқ, Ҳоҷӣ, ба фиғон чаро нанолам?!
Ки чу най зи найситонам, ҳама кас бурида бигзашт.

Ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Уфари Ироқ.mp3

Уфари Муғулчаи Бузрук

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Муғулчаи Бузрук

Эй, ки аз қадди расо ғайрати сарви чаманӣ,
Сарвӣ, ай моҳ, ба қад, лек ба гесу суманӣ.
Лабу дандони ту, эй сарвқади симинтан,
Беҳтар аз лаъли бадахшониву дурри аданӣ…
Лаби майгуни ту аз ғояти сурхӣ, ки дар ӯст,
Натавон фарқ намудан зи ақиқи яманӣ…*
Гуфтамаш: шонасифат панҷа ба зулфи ту занам
Гуфт: бар доми дилу дида чӣ сон панҷа занӣ?
Ба сари кӯйи ту бигзор қароре гирам,
Умрҳо шуд, ки малулам зи ғами беватанӣ.
Кард хосияти лаъли лаби ҷонон, Шоҳин,
Тӯтии табъи маро шуҳра ба ширинсуханӣ.
Матни шеър:
Эй, ки аз қадди расо ғояти сарви чаманӣ,
Сарвӣ, ай моҳ, ба қад, лек ба ораз суманӣ.
Лабу дандони ту, ай сарвқади симандом,
Беҳтар аз лаъли бадахшониву дури аданӣ.
Гуфтамаш шонасифат панҷа ба зулфи ту занам,
Ханда зад, гуфт: Илоҳӣ ба бало панҷа занӣ.
Турки ман дӯш ғазаб карду бигуфт: «ӯлдураман»,
Гуфтам оҳиста ба гӯшаш, ки киро? Гуфт: Санӣ.
Кард хосияти лаъли лаби ҷонон, Шоҳин,
Тӯтии табъи маро шӯҳра ба шаккаршиканӣ.
______________________
* Эй сияҳчашм, аҷаб нест, ки бар дида кашад,
Гарди пою қадамат сурма ғизоли хутанӣ
(иҷрои М. Мирниёзов).

Ғазали Шоҳин

Уфари Муғулчаи Сегоҳ

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Муғулчаи Сегоҳ

Эй рӯйи ту шамъи покбозон,
Зулфи ту каманди сарфарозон.
Ушшоқ ба рӯйи ҳамчу моҳат,
Чун субҳ ба офтоб нозон.
Аз шавқи рухат чароғи гардун,
Чун шамъ ҳамеравад гудозон.
Тавсифи рухат кунанд доим,
Дар пардаи ҳусн дилнавозон.
Эй дилбари моҳрӯйи танноз,
Бурқаъ зи ҷамоли худ барандоз.
То дида зи партави ҷамолат,
Чун ҷоми ҷаҳоннамо кунам боз.
Мо зинда ба бӯйи ҷоми ишқем,
Дар маҷлиси ошиқони ҷонбоз.
Бо тӯтии ақли хеш ҳамдам,
Бо булбули ишқи ту ҳамовоз.
***
Эй ёр тасаддуқ, сад бор тасаддуқ,
Сад бор чӣ бошад, дусад бор тасаддуқ.
Эй ёр тасаддуқ, сад бор тасаддуқ,
Сад бор чӣ бошад, дусад бор тасаддуқ.

Ғазали Фаридаддин Аттор

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Рушел Рубинов. Уфари Муғулчаи Сегоҳ.mp3

Уфари Оромиҷон

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Оромиҷон

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, лекин аз он болотарӣ.
Ту аз парӣ чобуктарӣ, аз барги гул нозуктарӣ,
В-аз ҳар чӣ гӯям бартарӣ, ҳаққо аҷоиб дилбарӣ.
Ту ман шудӣ, ман ту шудам, ман тан шудам, ту ҷон шудӣ,
То кас нагӯяд баъд аз ин, ман дигарам ту дигарӣ
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Ҳаргиз наёмад дар назар нақше зи рӯят хубтар
Шамсӣ, надонам, ё қамар, ё Зуҳраӣ, ё Муштарӣ
Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар шаҳри шумо,
Бошад, ки аз рӯйи вафо сӯйи ғарибон бингарӣ.
Матни шеър:
Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он зеботарӣ.
Ҳаргиз наёяд дар назар нақше зи рӯят хубтар
Шамсӣ, надонам, ё қамар, ҳурӣ, надонам, ё парӣ.
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.
Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.
Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ.
Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар шаҳри шумо,
Бошад, ки аз баҳри Худо сӯйи ғарибон бингарӣ.

Ғазали Амир Хусрав

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Берта Давидова. Уфари Оромиҷон.mp3
Озода Ашӯрова. Уфари Оромиҷон.mp3

Уфари Савти Калон

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Калон

Як назар аз туву бар хок тапидан аз ман,
Як сухан аз ту, ба сад гӯш шунидан аз ман.
Чеҳра нанмудану дил бурдану дурӣ аз ту,
Ситаму ҷавру ҷафои ту кашидан аз ман.
Ҳар тараф ҷилвакунон зуд гузаштан аз ту,
Аз қафои ту ба ҳар кӯча давидан аз ман.
Дилбарӣ аз туву меҳр аз туву тамкин аз ту,
Интизори сари роҳи ту нишастан аз ман.
Як ишорат ба ман аз гӯшаи абру аз ту,
Зери дандон лаби таҳсин газидан аз ман.
Дил ба тороҷи ғамат бурдани Нозим аз ту,
Ҳамчу мурғе ба ҳавои ту паридан аз ман.
Матни шеър:
Як назар аз туву бар хок тапидан аз ман,
Як сухан аз ту, ба сад гӯш шунидан аз ман.
Чеҳра бинмудану дил бурдану дурӣ аз ту,
Ситаму ҷавру ҷафои ту кашидан аз ман.
Ҳар тараф ҷилвакунон зуд гузаштан аз ту,
Аз қафои ту ба ҳар кӯча давидан аз ман.
Дилбарӣ аз туву меҳр аз туву тамкин аз ту,
Интизори сари роҳи ту кашидан аз ман…
Як ишорат ба ман аз гӯшаи абру аз ту,
Зери дандон лаби таҳсин бигазидан аз ман.
Дил ба тороҷи ғамат бурдани Нозим аз ту,
Ҳамчу мурғе ба ҳавои ту паридан аз ман.

Ғазали Нозим

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Мастона Эргашева. Уфари Савти Калон.mp3

Уфари Савти Ушшоқ

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ

Акси он лабҳои майгун дар шароб афтодааст,
Ҳайрате дорам, ки чун оташ дар об афтодааст.
Зоҳир аст аз ҳалқаҳои зулфи моҳи оразат:
Дар миёни соя он ҷо офтоб афтодааст.
Чун табиби ошиқоне, гаҳ-гаҳ ин дилхастаро
Пурсише мекун, ки бемору хароб афтодааст.
Булбул афғон мекунад ҳар лаҳза бар шохи дигар,
Ҷилвае к-ӯ дида гул дар изтироб афтодааст
Чун Ҳилолиро ба хоки остонаш дид, гуфт:
Ин гадоро бин, ки бас олиҷаноб афтодааст.

Ғазали Ҳилолӣ

Чапандози Наво-1
(Чапандози Савти Наво)

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Наво

Ақлам рабуда ҷилваи чашми сиёҳи кист,
Ин дил ҳазор пора шуд, аз нигоҳи кист?
Дил бурдану нигоҳ накардан боз гуноҳи кист?
Бо теғи ҳаҷр бастану куштан сазои кист?
Бо дарду ғусса мурдану рафтан давои кист?

Тоқат ба дил намонду мурдан барои ман,
Ҳар дам ба теғи ҳаҷри ту куштан давои ман,
Дар осмон расида таманно нолаҳои ман,
Шояд расад ба нолаву оҳам нигори ман,
Ғамро ба дил намонду ҷабру ҷафои кист?

Равам ба кӯчаю бозор дидан барои ту,
Ман бекасу ғарибаму ҳастам гадои ту,
Ҳар дам ба дида сурма кашам хоки пойи ту,
Гаштам ҷафопешаву ҳам бевафои ту,
Қаҳру итоб, ҷабру тазаллум барои кист?

Ҷаллоди бемуруввату гулгунқабои ман,
Бераҳму пуртазаллуму ширинсалои ман.
Эй дил, баро, бигӯ: “Чӣ бошад гуноҳи ман?
Ғайр аз ту нест дилбари соҳиблиқои ман,
Ҳар дам ҷафову ҷабру тазаллум барои кист?”

Мухаммаси Ҳаё бар ғазали Мулҳам

Чапандози Наво-2
(Чапандози Савти Наво) (2)

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Наво

Чу дар дил орзуи суҳбати ширинкалом омад,
Зи номи ӯ забонро лаззати шаккар ба ком омад,
Ба базми майпарастон духтари раз дар хиром омад,
Арӯси бодамаст аз пардаи мино ба ҷом омад,
Тарабро муждаи домодии айши мудом омад.

Ба гашти боғ агар бар ҷониби гулшан назар кардӣ,
Зи ҳасрат дидаи ушшоқро хуни ҷигар кардӣ,
Саводи шоми торики асиронро саҳар кардӣ,
Шабе чун рӯзи равшан доштам, аз ман гузар кардӣ,
Садои хандаи субҳ аз паси девори шом омад.

Ба гулзоре, ки сарви қоматат аз бод мерақсад,
Зи хубии ниҳоли қоматат шамшод мерақсад,
Чу он сайде, ки шуд аз банду ғам озод мерақсад,
Лаби чоки қафас механдаду сайёд мерақсад,
Намедонам, кадомин сайди озоде ба дом омад.

Ҳаё, доим маро бо нуктасанҷон аст дамсозӣ,
Забони хиҷлатам аз ман наёбад ҳарфи ғаммозӣ,
Расид аз суҳбати соҳибдилонам гар сарафрозӣ,
Зи файзи хоксорӣ буд, не аз нуктапардозӣ,
Агар Нозим ба базми аҳли ирфон дӯстком омад.

Мухаммаси Ҳаё бар ғазали Нозим

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Фарҳод Қорӣ Ҳалимов. Чапандози Наво.mp3

Чапандози Ушшоқ
(Чапандози Савти Ушшоқ)

Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ

Ба рағми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам,
Зи хуни дида дар дил нақши сад гулзор мебастам.
Зи гиря мезадам обе дар оташхонаи ҳиҷрон,
Ба сеҳри Сомирӣ имшаб бути таррор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Ба танҳоӣ гирифтам хӯ чунон дар кунҷи танҳоӣ,
Ки дар бар рӯйи акси сояи девор мебастам.
Рухи уммедро Махфӣ, агар аввал чунон дидӣ
Зи оҳ оинаи дилро гули зангор мебастам.
Тарзи Б. Исҳоқова
Ба рағми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам,
Зи хуни дида дар дил нақши сад гулзор мебастам.
Зи гиря мезадам обе дар оташхонаи ҳиҷрон,
Ба сеҳри Сомирӣ имшаб бути таррор мебастам.
Чу марҷон шуд хаси мижгон маро аз лахти дил имшаб,
Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам.
Ба ёди рӯйи ту имшаб ба гирди шамъ мегаштам,
Назар чун андалебон бар гули рухсор мебастам.
Зи якдигар ҷудо чун аҳди бетасбеҳ мекардам,
Магар як раҳ агар дар хидмати зуннор мебастам.
Рухи уммедро Махфӣ, агар аввал чунон дидӣ
Зи оҳ оинаи дилро гули зангор мебастам.

Ғазали Махфӣ

MP3 — фаро кашед ва бишнавед:
Барно Исҳоқова. Чапандози Ушшоқ.mp3

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 3

  1. Устод таронахоро илтимос ба ин почта равон намоед.

  2. Братчон салом. Чаро аз Мирсалим Ашуров ва Афзалшо ягон суруд нест ???

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.