Раҳии Муайирӣ (1909-1968)
Аз китоби «Сояи умр»
ҲАДИСИ ҶАВОНӢ
Ашкам, вале ба пойи азизон чакидаам,
Хорам, вале ба сояи гул орамидаам.
Бо ёди рангу бӯйи ту, ай навбаҳори ишқ,
Ҳамчун бунафша сар ба гиребон кашидаам.
Чун хок дар ҳавои ту аз по фитодаам,
Чун ашк дар қафои ту бо сар давидаам.
Ман ҷилваи шабоб надидам ба умри хеш,
Аз дигарон ҳадиси ҷавонӣ шунидаам.
Аз ҷоми офият майи нобе нахӯрдаам,
В-аз шохи орзу гули айше начидаам.
Мӯйи сапедро фалакам ройгон надод,
Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам.
Ай сарви пойбаста, ба озодагӣ маноз,
Озода ман, ки аз ҳама олам буридаам.
Гар мегурезам аз назари мардумон, Раҳӣ,
Айбам макун, ки оҳуи мардумнадидаам.
***
ҒУБОРЕ ДАР БИЁБОНЕ
На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳе,
На бар мижгони ман ашке, на бар лабҳои ман оҳе.
На ҷони бенасибамро паёме аз дилороме,
На шоми бефурӯғамро нишоне аз саҳаргоҳе.
Наёбад маҳфилам гармӣ, на аз шамъе, на аз ҷамъе,
Надорад хотирам улфат, на бо меҳре, на бо моҳе.
Ба дидори аҷал бошад, агар шодӣ кунам рӯзе.
Ба бахти вожгун бошад, агар хандон шавам гоҳе.
Киям ман? Орзугумкардаи танҳову саргардон,
На ороме, на уммеде, на ҳамдарде, на ҳамроҳе.
Гаҳе афтону хезон чун ғуборе дар биёбоне,
Гаҳе хомӯшу ҳайрон чун нигоҳе бар назаргоҳе.
Раҳӣ, то чанд сӯзам дар дили шабҳо чу кавкабҳо,
Ба иқболи шарар нозам, ки дорад умри кӯтоҳе.
***
РАСВОИ ДИЛ
Ҳамчу най менолам аз савдои дил,
Оташе дар сина дорам ҷойи дил.
Ман, ки бо ҳар доғ пайдо сохтам,
Сӯхтам аз доғи нопайдои дил.
Ҳамчу мавҷам, як нафас ором нест,
Баски тӯфонзо бувад дарёи дил.
Дил, агар аз ман гурезад, войи ман,
Ғам, агар аз дил гурезад, войи дил.
Мо зи расвоӣ баландовозаем,
Номвар шуд, ҳар кӣ шуд расвои дил.
Хонаи мӯр асту манзилгоҳи бум,
Осмон бо ҳиммати волои дил.
Ганҷи мунъим хирмани симу зар аст,
Ганҷи ошиқ — гавҳари яктои дил.
Дар миёни ашки навмедӣ, Раҳӣ,
Хандам аз уммедвориҳои дил.
***
ҒАРҚИ ТАМАННОИ ТУАМ
Дар пеши бедардон чаро фарёди беҳосил кунам,
Гар шиквае дорам зи дил бо ёри соҳибдил кунам.
Дар парда сӯзам ҳамчу гул, дар сина ҷӯшам ҳамчу мул,
Ман шамъи расво нестам, то гиря дар маҳфил кунам.
Аввал кунам андешае, то баргузинам пешае,
Охир ба як паймона май андешаро ботил кунам.
Он рӯ ситонам ҷомро, он мояи оромро,
То хештанро лаҳзае аз хештан ғофил кунам.
Аз гул шунидам бӯйи ӯ, мастона рафтам сӯйи ӯ,
То чун ғубори кӯйи ӯ дар кӯйи ҷон манзил кунам.
Равшангари афлокиям, чун офтоб аз покиям,
Хоке наям то хешро саргарми обу гил кунам.
Ғарқи таманнои туам, мавҷе зи дарёи туам,
Ман нахли саркаш нестам, то хона дар соҳил кунам.
Донам, ки он сарви саҳӣ, аз дил надорад огаҳӣ,
Чанд аз ғами дил чун Раҳӣ фарёди беҳосил кунам.
***
ДИЛИ ЗОРЕ, КИ МАН ДОРАМ
Надонад расми ёрӣ бевафо ёре, ки ман дорам,
Ба озори дилам кӯшад, дилозоре, ки ман дорам.
В-агар дилро ба сад хорӣ раҳонам аз гирифторӣ,
Дилозори дигар ҷӯяд дили зоре, ки ман дорам.
Ба хоки ман наяфтад сояи сарви баланди ӯ
Бубин кӯтоҳии бахти нагунсоре, ки ман дорам.
Гаҳе хорӣ кашам аз по, гаҳе дасте занам бар сар,
Ба кӯйи дилфиребон ин бувад коре, ки ман дорам.
Дили ранҷури ман аз сина ҳар дам меравад сӯе,
Зи бистар мегурезад тифли беморе, ки ман дорам.
Зи панди ҳамнишин дарди ҷигарсӯзам фузунтар шуд,
Ҳалокам мекунад, охир, парасторе, ки ман дорам.
Раҳӣ, он маҳ ба сӯйи ман ба чашми дигарон бинад,
Надонад қимати Юсуф харидоре, ки ман дорам.
***
СОҒАРИ ҲАСТӢ
Соқиё, дар соғари ҳастӣ шароби ноб нест,
В-ончи дар ҷоми шафақ бинӣ, ба ҷуз хуноб нест.
Зиндагӣ хуштар бувад дар пардаи ваҳми хаёл,
Субҳи равшанро сафои сояи маҳтоб нест.
Шаб зи оҳи оташин як дам наёсоям чу шамъ,
Дар миёни оташи сӯзанда ҷойи хоб нест.
Мардуми чашм фурӯ монда-ст дар дарёи ашк,
Мӯрро пойи раҳоӣ аз дили гирдоб нест.
Хотири доно зи тӯфони ҳаводис фориғ аст,
Кӯҳи гардунсойро андеша аз селоб нест.
Мо ба он гул аз вафои хештан дил бастаем,
В-арна ин саҳро тиҳӣ аз лолаи сероб нест.
Ончи ноёб аст дар олам вафову меҳри мост,
В-арна дар гулзори ҳастӣ сарву гул ноёб нест.
Гар туро бо мо тааллуқ нест, моро шавқ ҳаст,
В-ар туро бе мо сабурӣ ҳаст, моро тоб нест.
Гуфтӣ, андар хоб бинӣ, баъд аз ин рӯйи маро,
Моҳи ман, дар чашми ошиқ об ҳасту хоб нест.
Ҷилваи субҳу шакарханди гулу овои чанг
Дилкушо бошад, вале чун сӯҳбати аҳбоб нест.
Ҷойи осойиш чӣ меҷӯйӣ, Раҳӣ, дар мулки ишқ?!
Мавҷро осудагӣ дар баҳри бепоёб нест.
***
ЧАШМАИ НУР
Ҳарчанд ки дар кӯйи ту мискину фақирем,
Рахшандаву бахшанда чу хуршеди мунирем.
Хорему тарабноктар аз боди баҳорем,
Хокему диловезтар аз бӯйи абирем.
Аз наъраи мастонаи мо чарх пуровост,
Ҷӯшанда чу баҳрему хурӯшанда чу шерем.
Аз соғари хунини шафақ бода нанӯшем,
В-аз суфраи рангини фалак луқма нагирем.
Бар хотири мо гарди малоле нанишинад,
Оинаи субҳему ғуборе напазирем.
Мо чашмаи нурем – битобему бихандем,
Мо зиндаи ишқем – намурдему намирем.
Ҳамсӯҳбати мо бош, ки чун ашки саҳаргоҳ
Равшандилу соҳибасару покзамирем.
Аз шавқи ту бетобтар аз боди сабоем,
Бе рӯйи ту хомӯштар аз мурғи асирем.
Он кист, ки мадҳуши ғазалҳои Раҳӣ нест?
Ҷуз ҳосиди мискин, ки бар ӯ хурда нагирем.
***
СОЯИ ОРАМИДА
Лолаи доғдидаро монам,
Кишти офатрасидаро монам.
Дасти тақдир аз ту дурам кард,
Гули аз шох чидаро монам.
Натавон баргирифтанам аз хок,
Ашки аз рух чакидаро монам.
Пеши хубонам эътиборе нест,
Ҷинси арзон харидаро монам.
Барқи офат дар интизори ман аст,
Сабзаи навдамидаро монам.
Ту ғизоли рамидаро монӣ,
Ман камони хамидаро монам.
Ба ман афтодагӣ сафо бахшид,
Сояи орамидаро монам.
Дар ниҳодам сиёҳкорӣ нест,
Партавафшон сапедаро монам.
Гуфтамаш, эй парӣ, киро монӣ?
Гуфт, бахти рамидаро монам.
Дилам аз доғи ӯ гудохт, Раҳӣ,
Лолаи доғдидаро монам.
***
САРОБИ ОРЗУ
Дили ман зи тобнокӣ ба шароби ноб монад,
Накунад сиёҳкорӣ, ки ба офтоб монад.
На зи пой менишинад, на қарор мепазирад,
Дили оташини ман бин, ки ба мавҷи об монад.
Зи шаби сияҳ чӣ нолам? Ки фурӯғи субҳи рӯят
Ба сапедаи саҳаргоҳу ба моҳтоб монад.
Нафаси ҳаётбахшат ба ҳавои бомдодӣ,
Лаби мастиофаринат ба шароби ноб монад.
На аҷаб, агар ба олам асаре намонад аз мо,
Ки бар осмон набинӣ асар аз шаҳоб монад.
Раҳӣ, аз умеди ботил раҳи орзу чӣ пӯйӣ?
Ки сароби зиндагонӣ ба хаёлу хоб монад.
***
ВАФОИ ШАМЪ
Мурдам аз дарду намеойӣ ба болинам ҳанӯз,
Марги худ мебинаму рӯят намебинам ҳанӯз.
Бар лаб омад ҷону рафтанд ошноён аз сарам,
Шамъро нозам, ки мегиряд ба болинам ҳанӯз.
Орзу мурду ҷавонӣ рафту ишқ аз дил гурехт,
Ғам намегардад ҷудо аз ҷони мискинам ҳанӯз.
Рӯзгоре по кашид он тоза гул аз доманам,
Гул ба доман мефишонад ашки хунинам ҳанӯз.
Гарчи сар то пойи ман мушти ғуборе беш нест,
Дар ҳавояш чун насим аз пой наншинам ҳанӯз.
Симгун шуд мӯю ғафлат ҳамчунон бар ҷой монд,
Субҳидам хандиду ман дар хоби нӯшинам ҳанӯз.
Хасмро аз соддалавҳӣ дӯст пиндорам, Раҳӣ,
Тифламу накшуда чашми маслиҳатбинам ҳанӯз.
***
ҲОСИЛИ УМР
Баски ҷафо зи хору гул дид дили рамидаам,
Ҳамчу насим аз ин чаман пой бурун кашидаам.
Шамъи тараб зи бахти мо оташи хонасӯз шуд,
Гашт балои ҷони мо ишқи ба ҷон харидаам.
Ҳосили даври зиндагӣ сӯҳбати ошно бувад,
То ту зи ман буридаӣ, ман зи ҷаҳон буридаам.
То ба канор будиям, буд ба ҷо қарори ман,
Рафтию рафт роҳат аз хотири орамидаам.
То ту муроди ман диҳӣ, кушта маро фироқи ту,
То ту ба доди ман расӣ, ман ба Худо расидаам.
Чун ба баҳор сар кунад лола зи хоки ман бурун.
Ай гули тоза, ёд кун аз дили доғдидаам.
Ё зи раҳи вафо биё, ё зи дили Раҳӣ бирав,
Сӯхт дар интизори ту ҷони ба лаб расидаам.
***
ДАРЁДИЛ
Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи маҳфилам,
То худ чӣ бошад ҳосиле аз гиряи беҳосилам.
Чун соя дур аз рӯйи ту, уфтодаам дар кӯйи ту,
Чашми умедам сӯйи ту, вой аз умеди ботилам.
Азбаски бо ҷону дилам, ай ҷону дил, омехтӣ,
Чун накҳат аз оғӯши гул бӯйи ту хезад аз гилам.
Лабрези ашкам, ҷом ку? Он оби оташфом ку?
В-он мояи ором ку, то чора созад мушкилам?
Дар кори ишқам ёри дил, огоҳам аз асрори дил,
Ғофил наям аз кори дил в-аз кори дунё ғофилам.
Дар ишқу мастӣ додаам буду набуди хештан,
Ай соқии мастон, бигӯ, девонаам ё ғофилам?
Чун ашк меларзад дилам аз мавҷи гесуе, Раҳӣ,
Бо он ки дар тӯфони ғам дарёдилам, дарё дилам!
***
ОЗОДА
Бар хотири озода ғуборе зи касам нест,
Сарви чаманам, шиквае аз хору хасам нест.
Аз кӯйи ту бе нолаву фарёд гузаштам,
Чун қофилаи умр, навои ҷарасам нест.
Афсурдатарам аз нафаси боди хазонӣ,
К-он навгули хандон нафасе ҳамнафасам нест.
Сайёд зи пеш ояду гурги аҷал аз пай,
Он сайди заифам, ки раҳи пешу пасам нест.
Беҳосиливу хории ман бин, ки дар ин боғ,
Чун хор ба домони гуле дастрасам нест.
Аз тангдилӣ, поси дили танг надорам,
Чандон кашам андӯҳ, ки андӯҳи касам нест.
Имшаб, Раҳӣ, аз майкада берун наниҳам пой,
Озурдаи дардам, ду-се паймона басам нест.