Спитамен. Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол

spitamen_1

Солҳое, ки дар мактаби миёна мехондам, чанде аз маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ ба дастам афтод, ки дар миёни онҳо «Искандарнома» ҳам буд. Аз ғояти шавқе, ки ба шахсияти Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ӯ доштам, ин манзумаро мутолиа намуда, хеле ба тааҷҷуб афтодам. Искандари офаридаи Низомии Ганҷавӣ аз шахсияти Искандари Макдуние, ки камобеш аз китобҳои дарсии таърих хонда будам, ба назарам фарқи калон дошт. Он солҳо имкон надоштам, ки симои Искандари таърихӣ ва Искандари хаёлии Низомиро дар асоси ахбори муаррихон ва сарчашмаҳои мавҷуда муқоиса намоям. Вале бо вуҷуди ин эҳсос мекардам, ки Искандари Мақдунӣ дар ин достон ҳамчун шоҳи идеалӣ ва пиндори хаёлии шоир ба зуҳур омада, аз шахсияти воқеии худ, ки лашкаркаши ғосиб, рақиби бераҳму истилогар ва шоҳи якраву худпараст буд, хеле дур афтодааст.

Воқеан, баъди гузашти солҳо, зимни афзудани доираи мутолиа ва таҷрибаи зиндагӣ пай бурдам, ки ҳадафи аслии шоирони бузурги мо — Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Низомӣ дар «Искандарнома», Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ва ғайра офаридани симои таърихӣ ва воқеияти зиндагии Искандари Мақдунӣ набуда, балки тасвири шоҳаншоҳи одил ва раиятпарваре будааст, ки барои подшоҳони бедодгару ҳокимони ҷоҳили даврашон намунаи ибрат гардад. Хосса, барои он садрнишинони бодиягарде, ки баъди заволи давлати Сомониён тахту тоҷи шоҳаншоҳӣ барояшон чун атои қисмат расида буду аз ойини деринаи давлату давлатдории ориёиҳо ва низоми идоракунии кишвар огоҳие надоштанд.

Ва беҳуда нест, ки дар давраи ҳукуматдории Салҷуқиён Низомулмулки вазир «Сиёсатнома» худро оид ба усули давлатдории Сомониён ва дигар давлатҳои пешрафтаи давраш навишта, оид ба ойини кишвардорӣ, рафтору кирдор ва муносибату муомилаи амирону вазирон, надимону девондорон, расми нигаҳдории лашкар ва таъмини хазинаи давлат фикрҳои басо ҷолиб баён намудааст. «Сиёсатнома» барои амирону вазирони кӯтоҳандеш мебоист ҳам дастури мамлакатдорӣ ва ҳам пандномаи ахлоқу одоби ҳамида гардида, адолату инсоф, ростию хайрхоҳӣ, халқдӯстию раиятпарварӣ рукни асосии осойиш ва оромии кишвар мешуд. Вале тақдири бадфарҷом мисли Фирдавсию Низомӣ, ки дар давраи салтанати Ғазнавиёну Салҷуқиён зистаанд, ба Низомулмулки вазир низ чандон вафо накард. Агар Фирдавсӣ дар баҳои заҳмати гаронаш аз Султон Маҳмуди Ғазнавӣ подоши басо ночизе гирифта, аз ғояти ранҷидаҳолию озурдахотирӣ бефарҳангию пастфитратии султонро ҳаҷв намуда, дар поёни умраш рӯ ба гурезогурезу хуфиянишинӣ оварда бошад, Низомулмулк бар подоши хидматҳои холисонаи вазирӣ аз вазифа барканор шуда, оқибат кушта гардид.

Ҳамин тариқ, ҳадафи аслии Фирдавсию Низомию Ҷомӣ офаридани симои идеалии Искандари Мақдунӣ будааст, ки барои амирону вазирони замонашон панде гардад ва расми халқпарварию раиятдӯстиро дар замири зимомдорони мамлакат бедор намояд. Вале Искандари воқеӣ дар асл як фарде буд, ки қабл аз ҳама дар рӯҳияи эллинӣ тарбия ёфта, аввал таҳти парастории дояаш Ланика, сипас устодонаш Леонид ва Лисимах1 ба камол расида, обутоби спартанӣ ёфтааст. Дертар ӯ бо васояти падараш Филиппи II муддате чанд илмҳои мухталифи замон, фалсафа ва дастовардҳои тамаддуни юнониро аз олим ва файласуфи машҳур Арасту меомӯзад. Мувофиқи расми эллиниҳо, ӯ аз овони хурдсолӣ санъати ҷангу набардҳои тан ба тан ва аспсавориро аз худ намуда, аз ҳамон айём аспи дӯстдоштааш Бутсефалро аз Демарати Коринфӣ туҳфа мегирад.2 Искандар аспи қайсар ва ваҳшитабиатро дар пеши чашми падар ва муқаррабони ӯ саворӣ намуда, гӯё баъди он аз падараш чунин суханони таҳсиномез мешунавад: «Писарам, барои худат мулки дигаре пайдо намо, вагарна Мақдуния барои ту тангӣ мекунад». 3

Ғояҳои бузургэллинӣ ва лашкаркашию забткориҳои пайдарпайи шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ ба Юнони қадим борҳо давлатҳои хурду бузурги ин сарзамин — Афина,

___________________________
1. Гафуров Б. Цибукидис Д. Александр Македонский и Восток. — М., 1980. — С.17.
2. Шахермайр Ф. Александр Македонский. — М., 1986. — С.47.
3. Гафуров Б. Цибукидис Д. Александр Македонский и Восток. — М., 1980. — С.17.

Спарта, Фив ва Коринфро алайҳи форсҳо муттаҳид сохта, муқобилияту муҳорибаҳои шадиди мусаллаҳонаро падид овард. Баъди пурқувват шудани Мақдуния Филиппи II сиёсати муттаҳидсозии давлатҳои ҷудогонаи Юнонро пеш гирифта, пас аз муҳорибаи Хиронея (соли 338-и пеш аз мелод) ба сулҳи миёни давлатҳои Юнонзамин муваффақ шуд, ки он дар таърих чун иттифоқи давлатҳои эллинӣ шуҳрат ёфтааст. Барои риояи созишнома ва ҳалли мушкилоти пешомада ба таври мунтазам дар Коринф ҷамъомади Синедрион — Шӯрои махсус доир мегардид, ки ин шӯро шоҳи Мақдуния Филиппи II-ро гегемон ва сарфармондеҳи қӯшунҳои муттаҳидаи давлатҳои эллинӣ таъин карда буд.1 Ногуфта намонад, ки Искандари Мақдунӣ дар муҳорибаи Хиронея дар 18-солагӣ қӯшунҳои савораи фалангаи ростро сарварӣ намуда, сарбозони савораи фиваниро ба ақибнишинӣ водор намуд ва истеъдоди лашкаркашии худро намойиш дод. 2

Баъди марги ногаҳонии Филиппи II, ки бар асари суиқасд рӯй дода буд, Искандар ба тахти Мақдуния нишаста, бо баҳонаи ситонидани қасоси падар аввал ба муқобили душманони дохилӣ ва сипас рақибони хориҷии худ муборизаи оштинопазир бурд ва чанде нагузашта мавқеи худро ҳам дар Мақдуния ва ҳам дар саросари Юнон устувор намуд. Исёнҳои зиддимақдунӣ, ки соли 335-и то мелод дар баъзе шаҳрҳои Юнон ва музофотҳои он сар зада буд, Искандари Мақдуниро водор намуд, ки фавран лашкар кашида, исёнгаронро саркӯб созад ва ба ҷойи падар ҳамчун гегемону сарфармондеҳи қӯшунҳои муттаҳидаи эллинӣ эътироф гардад. Кӯшишҳои Дорои Ш барои устувор намудани мақоми худ дар Осиёи Хурду соҳилҳои баҳри Миёназамин, ҳамчунин аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кардани шаҳру музофотҳои ошӯбкарда бар зидди мақдуниён чандон барор нагирифт ва оқибат ҳуҷуми Искандари Мақдуниро ба империяи паҳновари Ҳахоманишиҳо (соли 334-и пеш аз мелод) ба бор овард.

Искандари Мақдунӣ ҳамагӣ бистсола буд, ки ба тахти шоҳаншоҳӣ нишаст ва азми ҷаҳонгирӣ намуд. Лашкари ӯ асосан аз ду қисми асосӣ — мақдуниҳо ва юнониҳои узви иттиҳоди Коринф гирд омада буд. Ӯ ба воситаи Геллеспонт (Дарданели ҳозира) ба Осиёи Хурд гузашта, бо қӯшуни иборат аз панҷ ҳазор аскари савора, сӣ ҳазор аскари пиёда ва отрядҳои вазниняроқу ҷанговарони зудамалкунандаи сабуксилоҳ дар муҳорибаи назди дарёи Граника (моҳи майи соли 334-и пеш аз мелод)

____________________
1. Шахермайр Ф. Александр Македонский. — М., 1986. — С. ЗО.
2. Гафуров Б., Цибукидис Д. Александр Македонский и Восток. — М., 1980. — С.36.

армияи сершумори Ҳахоманиширо торумор кард ва шаҳрҳои юнонии Осиёи Хурдро озод намуд. Ба қӯшуни Искандари Мақдунӣ сарлашкарони боистеъдод — Парменион, Антипатр, Филота, Птоломей Лат, Пердикка ва дигарон сарварӣ мекарданд. Қатъи назар аз се баробар афзун будани қӯшуни Ҳахоманишиён Искандари Мақдунӣ Дорои Ш-ро дар наздикии Исса (тирамоҳи соли 333-и пеш аз мелод) сахт шикаст дод ва ӯро ба фирор водор намуд. Сипас Искандар муқовимати Финикияро бартараф намуда, бандарҳои шарқии баҳри Миёназаминро ишғол кард. Зимистони соли 332- и пеш аз мелод дарвозаҳои Миср ба рӯяш кушода гардид ва коҳинони воломартаба ӯро чун фарзанди худо Аммон пазироӣ ва арҷгузорӣ намуданд. Аз рӯйи ахбори воқеанигорону муаррихони аҳди атиқа — Арриан, Квинт Куртсий Руф, Диодор ва дигарон Искандари Мақдунӣ баъди талаба дар муҳорибаи Гавгамел (1-уми октябри соли 331-и пеш аз мелод) бо тантана эълон кард, ки ҳукмронии шоҳаншоҳ Дорои Кудумон дар қаламрави Порс хотима ёфт. Воқеан, лашкари аз ғалабаҳо рӯҳбаландгардидаи Искандар қариб бе ягон муқовимат сӯйи шаҳри овозадори Бобул равона гардид ва рӯҳониёни бонуфузу ашрофзодаҳои бобулӣ дарвозаҳои ин шаҳри дорои истеҳкоми пурқувватро басо осон ба рӯяш кушоданд.

Рӯҳониёни маккор Искандари Мақдуниро дар маъбади овозадори Иштар арҷгузорӣ намуда, ба сараш тоҷи меросии шоҳаншоҳи Ҳахоманиширо гузоштанд ва ӯро «шоҳаншоҳи Бобул ва чаҳор самти олам» номиданд. Ва Искандар шаҳри овозадори Бобулро пойтахти давлати худ эълон карда, дар оғӯши фараҳафзойи Боғи муаллақ чандин моҳ фароғат намуду хастагии дурударози ҷангу лашкаркашиҳоро баровард.

Сипас Искандар шаҳрҳои куҳанбунёди Шуш, Истахр ва пойтахти овозадори порсҳо — Персеполисро забт намуда, ба лонаи шоҳаншоҳони Порс ворид гашт, қасрҳову ибодатхонаҳоро ба хок яксон намуд, чандин китоби муқаддаси зардуштиён, аз ҷумла «Авесто»-ро сӯзонид ва бисёр рӯҳониёнро гирифтори таъқибу нобудшавӣ кард. Ҷанговарон ғанимати бешуморе ба даст оварданд ва лашкари Искандар дар Персополис «чаҳор моҳ»1 дам гирифт. Ҷосусон хабар доданд, ки Дорои Кудумон баъди шикаст дар муҳорибаи Гавгамел ба пойтахти собиқаи Модҳо шаҳри Экбатан (Ҳамадон) фирор кардааст. Искандар ба лашкараш отрядҳои навро ҳамроҳ намуда, сафҳои онро пурра намуд ва бо фарорасии баҳори соли 330-и пеш аз мелод сӯйи Экбатон шитофт.

_______________
1. Гафуров Б. Цибукидис Д. Александр Македонский и Восток. — М., 1980. — С. 200.

Ба қавли муаррих ва воқеанигори дарбори Клитарх, «лашкари савора дар тӯли понздаҳ рӯз шаш ҳазор стадий роҳро паймуда, бо ҳамон суръати таъҷилӣ шаҳрро ишғол карданд. Охирин хазинаҳои Дорои Кудумон ба дасти Искандар афтод ва ӯ сӯйи Гургон фирор намуд. Ҷанговарон ба се гурӯҳ тақсим шуда, тавассути се роҳ сӯйи Гургон шитофтанд. Дирӯз тангнои дарвозаи Гургонро паси сар гузоштем. Дар пеш шаҳри Рог (Рай) аст, ки дар он ҷо Дорои Кудумон ниҳон шудааст. Акнун ӯ аз мо раҳоӣ надорад».1

Дорои Кудумон гирифтори қасоси лашкари аҷнабӣ нагашта, бо супориши хешованди хеш — волии Бохтар Бесс аз ҷониби сарлашкар Набарзан ва волии Арахозия ва Дрангиана Барзиент кушта гардид. Дере нагузашта ба Искандари Мақдунӣ хабар расид, ки ҷасади оғушта ба хоку хуни Дорои Ш дар гӯшае хобидааст. Искандар ба болои ҷасад ҳозир шуда, аз сарбозе кӣ будани марҳумро пурсид. Сарбоз посух дод, ки «ин дам ҳеҷ кас, то омадани Искандари Мақдунӣ ӯро худованди тамоми халқҳо ва кишварҳои олам аз тулӯъ то ғуруби офтоб — шоҳаншоҳ Дорои Кудумон меномиданд».

Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ»-и Абӯалии Балъамӣ, манзараи марги Дорои III дигархелтар тасвир шудааст: «Ва ин Доро марде буд ситамкора ва халқ ӯро душман гирифта буданд… Ҳама сипоҳ бар вай озурда буданд аз бедодиҳо, ки карда буд, аз кибру ҷабборие, ки дошт…

Искандар бо ҳоҷибони хеш биёмад ба наздикии Доро ва ӯро бидид бар замин ба хок андар ҳамегашт ва хун аз вай ҳамерафт. Ва… сари Доро бар канор ниҳод ва хок аз рӯяш пок кард ва ӯро малик хонд ва гуфт: — Ё малик, нахостаме, ки туро чунин дидаме, алҳамдулиллоҳ, ки на аз ман омад бар ту ва аз касҳои ту омад бар ту. Акнун ҳар ҳоҷате, ки дорӣ, бихоҳ ва бифармой!

Доро чашм боз кард ва гуфт: — Маро ба ту се ҳоҷат аст: яке хуни ман нагузорӣ, ки ботил шавад ва дигар — духтари маро — Равшанак ба занӣ кунӣ ва се дигар меҳтарони Аҷам неку дорӣ ва эшонро барда накунӣ.

Искандар гуфт: — Ҳар се ҳоҷат раво кардам.

Ва Доро бимурд. Ва Искандар ӯро ба тобут андар кард ва дигар рӯз ба тахти Доро бинишаст.

Ва он Равшанакро ба занӣ кард ва… уламо ва ҳукамои Аҷамро биёвард ва илмашон биёвард ва набишт ва тарҷума кард ба забони юнон(ӣ) ва ба Юнон фиристод сӯйи

________________
1. Ильясов Я. Согдиана. — Душанбе, 1987. — С.236.
2. Арриан, Ш, 21.5. Мувофиқи хабари Квинт Куртсий Руф таҳти фармондеҳии Бесс ҷанговарони бохтарӣ, донҳо, массагетҳо гирд омада буданд.

Аристотолис. Ва ҳарчанд битавонист, аз шаҳри Порсу Бобулу Ироқ вайрон кард ва ҳисорҳо бияфканд, ҳамчунон ки Бахтуннаср карда буд. Ва девонҳои Доро ҳама бисӯхт».1

Маросими тоҷгузории Искандари Мақдуниро баъди сари Дорои III воқеанигорон ва таърихнависони аҳди қадим чун як гардиши ҷиддие дар низоми давлатдорӣ ва кишваркушоиҳои ин лашкаркаши тавоно шумурдаанд. Ӯ баробари расму ойини маъмулии ашрофони юнонӣ анъанаҳои шоҳаншоҳони Ҳахоманиширо пазируфта, муқаррабону сарлашкаронашро водор намуд, ки ба расми шарқиён дар ҳузури ӯ ба зону бизананд ва ҳатто замин бибӯсанд. Ин иқдом дастаи сарлашкарону дӯстони наздикашро, ки дар рӯҳияи эллинӣ тарбия ёфта, аз оғози лашкаркашиҳо паҳлу ба паҳлу буданд ва тафриқае дар мақому мартаба намегузоштанд, дар ҳолати басо ногувор гузошт. Як гурӯҳи ҳамсафону дӯстони ӯ, аз ҷумла, Гефестион, Птоломей Лаг, Пердикка амри ӯро ночор писандида бошанд, гурӯҳи дигар — Филот, Клит, Аминта аз ин кирдори Искандар озурдахотир гашта, хостанд ба ҷони ӯ суиқасд намоянд. Суиқасд ошкор гашт ва Искандари Мақдунӣ аввал Филот, сипас падари ӯ Парменион ва дертар дигар ҳамсафони барошуфтаашро маҳкум ба қатл намуд.

Искандари Мақдунӣ бо ин зоҳирбозиҳои назарфиребаш мехост унсурҳои беҳтарини тамаддуни Ғарбу Шарқро бо ҳам омезиш дода, як империяи ҷаҳонии фарогире офарад, ки халқҳои сершумори гуногунзабону мухталифойинро зери нигини як қаламрав муттаҳид созад. Як давлати мутамарказ ва идеалие бунёд намояд, ки сокини Юнонзамин худро дар билоди Порс ва сокини Порс худро дар Мақдуния бегона напиндорад. Ба ҳамин хотир ӯ расму ойини форсҳо ва дигар халқиятҳои Осиёро пазируфта, азми ҷаҳонгирию кишваркушоиҳо намуд.

Ногуфта намонад, ки ин гоя парвардаву офаридаи нахустшоҳони Ҳахоманишӣ буда, аз аҳди Куруши Кабир ва Дорои I сар карда дар миёни ҷаҳонгирону бунёдгузорони империяҳои бузург пайравону ҳомиёни зиёде пайдо кардааст. Халқи тоҷик ва ниёгони ориёии ӯ баъди империяи ҷаҳонии Искандари Мақдунӣ боз дар аҳди хилофати араб ва истилои муғул ба ин ҳангомаи бузургдавлатии аҷнабиён гирифтор шуда, ҳувийяти миллӣ ва ориятӣ аҷдодии худро аз даст надоданд. Дар даврони Шӯравӣ низ барои бунёди чунин империяи абарқудрате, ки сокинони он ғолибан бо як забони умумӣ ҳарф зада, марому мақсади муштарак дошта бошанд,

_______________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — Душанбе, 2000. — С.395- 398.

кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода мешуд. Гузашта аз ин, мақому мартабаи як миллатро бо роҳи сунъӣ баланд бардошта, ба дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси мадании миллатҳои дигар хурдагирона муносибат кардан ба ҳукми анъана даромада буд. Одатан ин амалҳо ба хотири офаридани халқияти якмарому якзабон, дорои мафкураи аз решаҳои таърихӣ канда ва аз миллату унсурҳои миллӣ бегона пиёда мегардид.

Хуллас, азми ҷаҳонгирӣ ва бунёди империяи ягонаи ҷаҳонӣ дар ниҳоди Искандари Мақдунӣ он қадар қавӣ буд, ки ҳатто баъди тоҷи шоҳаншоҳии Дорои Ш-ро ба сар ниҳодану ба таҳти аҷдодии Ҳахоманишиён соҳиб шудан низ ӯ ба лашкаркашию кишваркушоиҳояш интиҳо набахшид. Акнун дар сари роҳи ӯ Бохтари ҳазоршаҳр ва Суғди зебоманзар бо бойигариҳои беинтиҳояш доман афрохта буд.

Искандари Макдунии саргарми талабаҳо баландиҳои осмонгири Ҳиндукушро паймуда, ба паҳноҳои Бохтару Суғд менигаристу гумон мекард, ки мутеъ кардани ин кишварҳо низ чун дигар вилоятҳои қаламрави Ҳахоманишӣ барояш мушкилие надорад ва чанде нагузашта орзуи деринааш — созмон додани империяи ягонаи ҷаҳонӣ ҷомаи амал мепӯшад. Вале ӯ сахт иштибоҳ карда буд. Искандар аз оғози лашкаркашӣ ба марзҳои Бохтару Суғд бар хилофи интизораш ба муқовимати шадиди мардуми ин сарзамин дучор омада, дар тасхири ин ду вилоят назар ба тамоми вилоятҳои забткардаи қаламрави Ҳахоманишӣ ранҷу заҳмати зиёде кашид.

Ҳарчанд волии собиқи Бохтар — Бесс худро ба ҷойи Дорои Ш шоҳаншоҳ эълон карда, лақаби Хашиёршоҳро гирифта буд, бар зидди Искандари Мақдунӣ ягон муқовимати ҷиддие карда натавонист. Мувофиқи маълумоти муаррихони юнонӣ, ҳангоме ки лашкари сершумори Искандар дарёи Омуро дар фосилаи 400 стадий (тақрибан 70 км) бо талафоти зиёд ва азобу машаққат убур мекарданд, аз ҷониби Бесс ягон муқобилияте надиданд. Ҳол он ки Бесс дар ихтиёраш 7 ҳазор ҷанговари савораи бохтарӣ ва ҳазорҳо сарбозони боқимондаи лашкари Дорои Ш ва қабилаҳои доиро дошт. Шояд барои чунин тарсуӣ ва дуруст ташкил карда натавонистани муқовимат эътибори ӯ коҳид ва дере нагузашта ҳамсафонаш Бессро дастгир намуда, ба Искандар супурданд. Ва аз ҳамон лаҳза сар карда, муборизаҳои шадиди қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен 1 баҳри озодию истиқлоли кишвар боло гирифт.

____________________
1. Спитамен (порсии бостон: Spitamana,, юнонии қадим Σπιταμένη, соли 370-и пеш аз мелод — соли 327-и пеш аз мелод), сипаҳсолори суғдӣ ва раҳбари шӯриши суғдиён ва балхиён бар Искандари Мақдунӣ (Искандари Зулқарнайн, яъне Искандари Душоха) дар соли 329-и пеш аз мелод буд. Раҳбарии Спитамен ва ёрии сакоиҳо ин шӯришро яке аз муҳимтарин корзор дар ҷанг бо юнониён кард. Аммо сардорони сакоиҳо бар Спитамен хиёнат карданд ва ӯро аз тарси Искандар дар соли 327-и пеш аз мелод куштанд. Аммо шӯриш ҳамчунон то соли 327-и пеш аз мелод идома ёфт.

Муборизаи Спитамен барои истиқлол ва озодӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи гузаштаи тоҷикон ба шумор меравад. То ҷое ки ба илми таърих даст додааст, талошҳои воқеии истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастии бошууронаи тоҷикон аз давраи истилои Искандари Мақдунӣ чун як раванди муташаккили сиёсию иҷтимоӣ оғоз ёфта, дар таърихномаҳои воқеанигорони аҳди Искандар ва давраҳои минбаъда хеле равшан сабт шудааст. Даҳҳо муаррихони аҳди қадим — Арриан, Квинт Куртсий Руф, Диодор, Помпей Трог, Каллисфен ва дигарон Спитаменро чун рақиби тавонои Искандари Мақдунӣ ва лашкаркаши зираку боҳунар ба қалам дода, сифатҳои наҷиби ватандӯстӣ ва афзалияти ӯро аз охирин шоҳони Ҳахоманишӣ зикр намудаанд.

Ғалабаҳои бузург одатан аз пайи хатарҳои бузург ба даст меоянд. Спитамен бо душмани басо тавоною маккор, лашкаркаши беҳамто ва шикастнопазир Искандари Мақдунӣ таҳти фармондеҳии сарлашкарони форс борҳо ҷангида, шоҳиди шикасти шармандавори онҳо гардида бошад ҳам, ин қазия ба муборизаҳои шадиди ӯ баҳри истиқлол алайҳи лашкари сершумори юнониву мақдунӣ монеъ шуда натавонист.

Мувофиқи хабари Квинт Куртсий Руф, ҳафт ҳазор ҷанговари савораи бохтарию суғдӣ таҳти фармондеҳии Спитамен қарор доштанд, ки дар қиёс бо лашкари ҷангозмудаи пиёдаю савора ва вазниняроқи Искандар қариб сӣ баробар кам буд. Спитамен ҷанговари касбӣ ва лашкаркаши набардозмуда буда, муборизаҳои озодихоҳонаи нахустини худро бар зидди душман ҳангоми аз сари қудрат рафтани Бесс оғоз намуд. Ӯ мактаби ҷангии порсҳоро гузашта, бурду бохти онҳоро дар қиёс бо амалиёти ҳарбӣ ва низоми лашкаркашии юнониён хуб омӯхта буд.

Искандар баъди қатли Бесс Навтоқро ишғол менамояд ва аз аҳолии маҳаллӣ аспи зиёде рабуда, сӯйи пойтахти Суғд шаҳри Мароқанд (Самарқанд) лашкар мекашад. Ӯ шаҳри Марокандро ишғол намуда, бошитоб сӯйи Курушкада ё Киропол раҳсипор мегардад. Ҳадафи асосии лашкаркашии бошитоб он буд, ки Кирополро ҳарчи зудтар забт намуда, сари роҳи ба кӯмак омадани сакоиҳои соҳили муқобили Яксарт (Сирдарё)-ро бубанданд. Илова бар ин шоҳроҳи корвонгардро ба даст оварда, ворид шудани силоҳҳои ҷангӣ ва лавозимоти ҳарбиро пешгирӣ намоянд. Лашкари Искандар дар сари роҳи Киропол ба муқовимати шадиди мардуми маҳаллӣ дучор меояд ва муборизаҳои истиқлолхоҳии ниёгони мо бар зидди аҷнабиёни юнониву мақдунӣ боло мегирад.

Илҳомбахш ва пешвои воқеии ин муборизаҳо Спитамен буд ва то нафаси вопасин баҳри озодию истиқлоли кишвараш талошҳо варзид. Нахустин талошҳои шадид ва набардҳои рӯ ба рӯй Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ дар Мароқанд рӯй додааст. Арриан хабар медиҳад, ки Искандар ҳангоми лашкар кашидан ба Киропол дар роҳи кӯҳӣ ба муқовимати шадиди ЗО ҳазор нафар суғдиён дучор меояд. Дар ин ҷанги нобаробар лашкари сар то по мусаллаҳи юнониён, ки бар тан ҷавшанҳои фулузини тирногузар, шамшерҳои оҳанин, найзаҳои дароз ва лавозимоти ҷангии мукаммал доштанд, талафоти зиёде медиҳанд. Аз ҷониби суғдиён 22 ҳазор фидоӣ ҷон бохта, боқимондаҳо аз фишори отряди сершумори аҷнабӣ ақибнишинӣ мекунанд.

Мудофиаи Киропол низ аз ҷониби сокинони шаҳр ва мардуми деҳка-даҳои ҳамсоя хуб ба роҳ монда шуд. Деворҳои мустаҳками қалъаи шаҳрро ҳатто бо манҷаниқ рахна карда натавонистанд. Искандари Мақдунӣ дурудароз давом кардани муҳосираро пай бурда, фавҷи лашкарашро ба самти девори муқобили қалъа партофту мудофиачиёнро дар ғафлат гузошта, тавассути ноаён кофтани ҷӯйи обгузар ба шаҳр зада даромад. Сокинони шаҳр дар ҷангҳои кӯчагӣ муқобилияти сахт нишон доданд. Дар тӯли ин ҷангҳо Искандари Мақдунӣ ва чандин сарлашкарони ӯ захм бардошта, оқибат Кирополро ишғол намуданд.

Искандари Мақдунӣ овораи забти Истаравшану Фарғона ва сохтани гарнизони ҳарбӣ дар Хуҷанд буд, ки Спитамен мардуми маҳаллиро муттаҳид намуда, бо дастаи ҷанговарон Урдуи лашкари дар Мароқанд будаи душманро торумор мекунад (соли 329-и пеш аз мелод) ва шаҳрро ба даст меорад.

«Вақте ки қӯшуни юнону мақдунӣ дар такопӯй ишғол кардани Уструшан ва Фарғонаи Ғарбӣ буд, оташи шӯру исён тамоми мамлакати Суғд ва як қисми Бохтарро фаро гирифт. Искандари Мақдунӣ миқёси шӯришро дарк накарда, ба кӯмаки гарнизони муҳосирашудаи Мароқанд қӯшуни на чандон калон (тақрибан 2500 нафар) фиристод. Вақте ки дастаи аскарони пештар фиристодаи Искандар ба Мароқанд наздик расид, Спитамен шаҳрро аз муҳосира озод намуда, зиракона ақиб нишаст. Аскарони юнонӣ ин аҳволро дида, суғдиёнро таъқиб карданд. Спитамен фурсати муносиб пайдо намуда, якбора пас гашт ва ба сари юнониён тохт. Арриан (IV, 5,8) мегӯяд, ки юнониён «рӯ ба гурез ниҳода, ба як ҷазирачаи байни дарё (дарёи Зарафшон дар назар дошта мешавад. — Б. Ғ.) паноҳ бурданд. Лекин дар ин ҷо скифҳо ва аскарони савораи Спитамен онҳоро ба муҳосира гирифта, парронда маҳв карданд».1

Ин шикастҳои пайдарпай Искандари Мақдуниро сахт ба таҳлука овард. Киропол бар хилофи чашмдошти ӯ канораи олам набуд ва паҳноҳои сарзамини бузурге аз соҳили дигари Яксарт (Сирдарё) оғоз меёфт, ки дар ихтиёри сакоиҳои ҷасуру пархошҷӯй қарор дошт. Искандар бо фавҷи лашкари сершумор ба Самарқанд бозгашт, вале Спитамен нобаробар будани қувваҳоро дида, аз муҳорибаи рӯйирост даст кашид ва аз Самарқанд берун рафт.

Юнониён ба қатлу ҷазо додани аҳолӣ шурӯъ намуда, мардони калонсол ва кӯдаконро аз дами теғ гузаронданд, садҳо деҳаро оташ заданд, то ки чашми суғдиёнро тарсонда, муқовимати истиқлолхоҳӣ ва ошӯбу исёнро бишкананд. Аммо оташи шӯришу талошҳои истиқлолхоҳӣ бештар аланга мезад ва халқи қаҳрамони Суғд ба талафот нигоҳ накарда, мутеъ намешуд. Спитамен бо сипоҳиёни савораи тезгардаш аз ҳар тараф ба лашкари Искандар ҳуҷум оварда, ба истилогарон зарбаҳои ҷонкоҳ мезад.

Искандари Мақдунӣ аз мутеъ нашудани мардуми Суғд сахт барошуфта, Урдуи лашкарашро ба панҷ гурӯҳ тақсим намуд ва амр дод, ки ҳар каси дучоромадаро бераҳмона қатл намоянд. Мувофиқи хабари Диодор, дар натиҷаи ин кушторҳо дар саросари Суғд зиёда аз 120 ҳазор кас нобуд гашта, кулли деҳаву шаҳрҳои ин сарзамин басо харобу вайрона шуд. Ҳангоми ин хунрезиҳо Спитамен бо 600 сарбози савора ба ақибгоҳи Искандари Мақдунӣ гузашта, муборизаро дар Бохтар оғоз кард. Ӯ бо дастаи сарбозон ба гарнизонҳои Искандари Мақдунӣ ҳамла оварда, ҷанговарони юнониро қир мекард ва онҳоро ба таҳлука меовард.

Искандар ночор яке аз беҳтарин лашкаркашони хеш Кратерро бар зидди Спитамен равона кард. Дар натиҷаи муҳорибаи шадид Спитамен саду панҷоҳ сарбозашро талаф дода, сӯйи биёбон ақиб нишаст. Кратер аз таъқиб кардан ҳаросида, қафо гашт. Спитамен дастаи ҷанговарони худро аз ҳайати ориёиёни кӯчманчӣ пурра намуда, боз дар тӯли баҳору тобистони соли 328-и пеш аз мелод ба гарнизони душман зарбаҳои пайдарпай мезад ва юнониёнро ором намегузошт. Дастаи ҷанговарони Спитамен дар ин давра тақрибан се ҳазор сарбози савораро ташкил медод. Спитамен ба хотири пурра озод намудани Суғд боз ба ҷангҳои шадиди рӯ ба рӯ оғоз намуд. Дар яке аз набардҳои сахт Спитамен қариб 800 нафар сарбозашро талаф дода, ақибнишинӣ кард. Ҷанговарони бохтарию

___________________
1. Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 1998. — С.129.

суғдӣ, ки аз ҷангҳои пайдарпай ва дунболагириҳои Искандари Мақдунӣ хеле хаста шуда буданд, оқибат Спитаменро тарк намуданд. Спитамен бо дастаи боқимондаи лашкар ҳамроҳи сакоиҳо ва массагетҳо ба биёбон рафт.

Оид ба марги Спитамен ва рӯзҳои вопасини умри ӯ ду тахмин мавҷуд аст, ки якеаш ба муаррихи юнонӣ Арриан (IV, 17, 71) тааллуқ дорад. Мувофиқи маълумоти ӯ, ба сардорони қабилаҳои сакоиёни кӯчманчӣ хабар расид, ки Искандари Мақдунӣ ба хотири дастгир намудани Спитамен азми ба сарзамини онҳо лашкар кашидан дорад. Сарварони қабилаҳои массагетҳо барои пешгирии ин ҳуҷум сари Спитаменро аз тан ҷудо намуда, ба Искандари Мақдунӣ мефиристанд.1

Мувофиқи ахбори Квинт Куртсий Руф, Спитамен зани зебо ва фарзандони дӯстдорашро ҳангоми ҷангу ҷидолҳо пайваста ҳамроҳ мегардонд, то ки чун гаравгон ба дасти душман наафтанд. Зани ӯ, ки соҳиби се фарзанд буд, аз таъқиботу дунболагириҳои пай дар пай сахт дилгир шуда, Спитаменро ташвиқ менамояд, ки ба Искандари Мақдунӣ таслим гардад ва аз рӯйи ваъдаҳои ӯ зиндагии осудаҳолонаро пеш гирад. 2 Спитамен аз ин суханони занаш ба хашм омада, аз ғояти қаҳру ғазаб ба ӯ ҳамла мекунад, вале бародарони занаш ӯро мераҳонанд. Боре баъди базми айшу нӯш занаш сари Спитамени дар хоби ғафлат мондаро аз тан ҷудо намуда, ба қароргоҳи Искандари Мақдунӣ меорад.

Ин андешаи воқеанигорони юнонӣ то кадом андоза асос дорад, ба ҳукми олимону муаррихон ҳавола мекунем. Вале дар ин лаҳза манзараи ба пеши Искандар овардани сари Спитамен дар тасвири нависандаи таърихнигори рус Василий Григоревич Ян пеши назар меояд.

Искандар баъди ба хуну оташу мусибатҳои сангин гирифтор намудани сарзамини Суғд дар Мароқанд ҳамроҳи маликаи ҷавон Рухшонак ва муқаррабонаш истироҳат мекард. Ба ин ҷамъомад рухсат пурсида ҳокими маҳаллӣ Датаферн ворид гардид ва дар пеши пойи Искандар халтаеро гузошта, аз даруни он сари оғушта ба хоку хунеро берун овард.

— Ин кист? — пурсид Искандар баробари дидани сари чашмонаш нимапӯш ва ҳанӯз ҷавон.

— Спитамен, — бо тантана арз намуд Датаферн.

— Ин сар ба ман хеле писанд аст, вале афсӯс, ки онро мисли сипару камони Доро ва ангуштарини Бесс доим ҳамроҳам гардонида наметавонам.

_______________________
1. Ғафуров Б., Цибукидис Д. Александр Македонский и Восток. — М., 1980. — С.263.
2. Ҳамон ҷо. — С.263-264.

Ва Искандар беҳтарин ҳайкалтароши юнонӣ Лисиппро ба ҳузур хонд, ки ин дам ба офаридани муҷассамаи ӯ машғул буд.

— Ту айнан нусхаи биринҷии ҳамин сарро офарида метавонӣ? — пурсид Искандар. — Ӯ аз ҳамаи лашкаркашону душманони то ин дам вохӯрдаам ҷасуртарину тавонотарин буд. Спитамен чун дигар ҳарифонам аз ман намегурехт, балки бо сарбозони камшумораш ба сари лашкари ман пайваста ҳамла меовард.1

spitamen_2
Дар осорхонаи Палатинаи шаҳри Рим пайкараи аслии Спитамен, ки 2230 сол пеш бо амри Искандари Мақдунӣ рассом-муҷассамасоз Лисипп аз сари бурида ва хунчакони ҷадди бузурги тоҷикон сохта буд, нигоҳдорӣ мешавад. Онро моҳи апрели соли 2009 нависанда ва драматурги тоҷик Ато Ҳамдам пайдо кард.

Талошҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастонаи Спитамен яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи муборизаҳои муташаккилонаи ниёгони суғдию бохтарии мо алайҳи истилогарон мебошад. Ин муборизаҳои шадид қариб чор сол идома ёфта баъди марги Спитамен

ҳам ором нагирифт ва Искандари Мақдуниро водор намуд, ки даҳҳо истеҳкомҳои ҳарбию гарнизонҳои мудофиавӣ созад. Танҳо дар ҳудуди Бохтару Суғд, мувофиқи маълумоти Страбон, 8 шаҳр ва аз рӯйи ақидаи Юстин, 12 шаҳр 2 бунёд намудааст, ки онҳо асосан барои нигаҳдорию муҳофизати отрядҳои юнониён ва зери итоат нигоҳ доштани сокинони ин сарзамин қомат афрохта буданд. Аз шаҳрҳои бунёднамудаи Искандари Мақдунӣ то ба ҳол барои мо Искандарияи Ақсо (Хуҷанд), Искандарияи лаби Омӯ (тахминан дар Тирмиз ё Хатлон), Искандарияи Бохтар, Искандарияи Аррея (Ҳирот), Искандарияи Мароға (Марв) ва ғайра маълуманд, ки онҳо ғолибан моҳияти стратегию ҳарбӣ доштанд. Баъди марги Спитамен ба тарафи Искандари Мақдунӣ гузаштани ашрофон маънои интиҳо ёфтани

__________________________
1. Ян В. Собрание сочинений в четырех томах. Том 1. — М., 1998. — С.408-409.
2. История таджикского народа. Том I. — Душанбе. 1998. — С.320.

муборизаро надошт. Аҳолии маҳаллӣ бар зидди истилогарон ниҳонию ошкоро бархоста, роҳи пешгирифтаи Спитаменро идома медоданд. Марҳалаи охирини ин муборизаҳо дар ноҳияҳои марказии Бохтар, ҳангоми ҳаракати лашкари ӯ ба ҷониби дарёи Окс (Амударё) рост меояд.

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, яке аз сарлашкарони маъруфи Искандар Полиперхонт баъди муҳорибаҳои шадид Бубакенро мутеъ карда, барои пойдории ҳокимияти хеш шаҳри навбатии Искандарияро месозад, ки «аз рӯйи нишондодҳои баъзе муаллифон байни Тамлият ва Мунк, аз рӯйи дигар сарчашмаҳо, байни Ҳулбуку Мунк воқеъ гардидааст. Ҷойи ҳамаи ин нуқтаҳо маълум аст: Мунк дар ноҳияи Ховалинг воқеъ буд; Ҳулбук ба тарафи ҷануб аз Кӯлоб дар ҷойи деҳаи Қурбоншоҳид дар шафати дарёи Сурхоб; Тамлият дар ҷануби гузаргоҳи Вахш, наздики Норак. Дар яке аз ин ҷойҳо Полиперхонт Искандарияро бунёд намудааст».1

Вале хунрезию кушторҳои ваҳшиёна, ба ғуломию асорат бурдани ниёгони мо аз кӯдаки 7-сола то пири 70-сола, оташ задани шаҳру деҳкадаҳои Суғду Бохтар, бунёди истеҳкому гарнизонҳои ҳарбӣ ва шаҳрҳои қалъабандӣ азму иродаи истиқлолхоҳӣ ва муборизаҳои бардавоми аҷдодони бохтарию суғдии моро бар зидди аҷнабиёни юнониву мақдунӣ шикаста натавонист. Муборизаҳои пай дар пайи муташаккилона, зери парчами озодию истиқлол гирд омадани қавму қабилаҳои мухталиф, иттиҳоди ҳадафманди сокинони шаҳру деҳот алайҳи душмани маккор ва дигар омилҳо ҳувийяти озодихоҳӣ ва ватанпарастиро дар ниҳоди мардуми Бохтару Суғд парвариш дод ва дар имтиҳонҳои басо душвори таърих озмуд.

Спитамен дар набардҳои нобаробар ҳалок шуда бошад ҳам, ҳамсафони ӯ Оксиарт, Сисимитр ва Ҳурриён дар қалъаҳои дастнораси кӯҳӣ ва шахҳои баланду устувор паноҳ бурда, душманро лаҳзае ором намегузоштанд. Қалъаҳои Суғд ва Бохтар аз ҷумлаи он истеҳкомҳои дастнораси кӯҳие буданд, ки неруҳои боқимондаи озодихоҳ дар онҳо гирд меомаданд. Ҳимоятгарони қалъа захираи кофии хӯрокворӣ ва об доштанд ва муборизаро бе дудилагӣ идома медоданд. Искандари Мақдунӣ маҷбур шуд, ки пайроҳаҳои мушкилгузар ва вартаҳои хатарнокро паси сар карда, ба ҷанговарони фатҳкунандаи ин қалъаҳо маблағи гароне (12 талант ба фотеҳи нахустин ва ЗОО тангаи тиллоӣ ба фотеҳи охирин) пешниҳод намояд. Баъди фатҳи қалъаи Суғд, ба қавли Ю. Яъқубов, Искандар 30 нафар сарварони шӯришро дар кӯҳ мекушад ва ҳимоятгарони боқимондаро ба ғуломӣ дода, амволашонро ба тороҷ мебарад.2

_______________________
1. Пянков И. В. Осиёи Миёна дар номаҳои бостон. — Душанбе, 1991. — С.58.
2. Яъқубов Ю. Таърихи қадими халқи тоҷик. — Алмаато. 2000. — С. 161.

Мувофиқи маълумоти Арриан, Искандари Мақдунӣ баъди забти қалъаи Суғд аҳли оилаи Оксиартро (бо талаффузи маҳаллӣ Вахшувар- та — ишора ба дарёи Вахш) асир метапад, ки дар байни онҳо духтараш Рухшонаки ниҳоят зебо ҳам будааст. Ба гуфти Арриан, дар ҳусну ҷамол ва зебоӣ танҳо зани Дорои Ш ба ӯ баробар шуда метавонистааст. Искандар бо як нигоҳ ба Рухшонак ошиқ шуда, ӯро ба занӣ мегирад. Оксиарт инро пай бурда, ихтиёран ба ҳузури Искандар меояд ва бо иззату икром пазируфта мешавад.

Искандари Мақдунӣ баъди талафоти гарон, заҳматҳои рӯзафзуни лашкаркашиҳо ва ҷангу ҷидолҳои бешумор роҳи созишро пеш гирифта, бо ашрофони бонуфуз ва ҳокимони соҳибэътибори Бохтару Суғд робитаҳои хешутабориро барқарор менамояд ва мансабу мақоми онҳоро нигоҳ медорад. Бо пеш гирифтани ин сиёсат Искандар дар байни аъёну ашроф ва ҳокимони собиқи Суғду Бохтар эътибор пайдо карда, дар мутеъ намудани ошӯбгарон ва саркӯб сохтани халқи озодихоҳ дастболо мегардад. Хиёнати табақаи аъёну ашроф ва рӯҳониёни бонуфуз аз як тараф ва марказият надоштани неруҳои шӯришгарон баъди сари Спитамен аз сӯйи дигар, боиси шикасти талошҳои истиқлолхоҳӣ гардида, охирин вилоятҳои қаламрави Ҳахоманишӣ — Бохтару Суғдро мутеи империяи паҳновари Искандари Мақдунӣ менамояд.

Баъди талошу муборизаҳои шадид ва хунрезиҳои беадади қариб чаҳорсола Искандари Мақдунӣ Бохтару Суғд ва дигар кишварҳои Осиёи Миёнаро ба ҳайати империяи худ муттаҳид намуда, баъди Ҳахоманишиён ба дуюмин империяи бузурги ҷаҳонӣ бунёд мегузорад. Империяи Искандари Мақдунӣ қаламрави давлати Ҳахоманиширо фаро гирифта, бар иловаи он давлатҳои Юнону Мақдуния ва дигар кишварҳои нимҷазираи Балканро муттаҳид мекард.

Искандари Мақдунӣ баъди талабаи пайдарпай боре дар ҳузури сарлашкаронаш худситоёна гуфта буд, ки рӯзе сарзамини Юнон ва қаламрави паҳновари Осиёро муттаҳид сохта, чун арӯсе оро медиҳаду баъди расидан ба канораи олам онро аз Офаридгор мерабояд. Ӯ тайи даҳ соли кишваркушоиву лашкаркашиҳо на ба канораи дунё расиду на оташи ошӯбу исёнҳоро дар қаламрави паҳновараш хомӯш кунонда тавонист. Алангаи шӯришу ошӯбҳои истиқлолхоҳиро нав дар як гӯшаи империя хомӯш мекард, ки хатари дар гӯшаи дигар боло гирифтани он ӯро осуда намегузошт.

Искандари Мақдунӣ баъди фатҳи Бохтару Суғд оқибат азми Ҳиндустон намуда, се соли дигар дар қисматҳои Ҳиндустони Ғарбӣ — водии

Панҷоб лашкаркашиҳо намуд ва бо душворӣ қӯшунҳои филсаворӣ ҳокими он Порро шикаст дод. Ӯ мақсад дошт, ки юриши худро ба водии дарёи Ганг идома диҳад, вале сарбозони хастаҳоли аз ҷангу ҷидол дилгиршудааш ӯро дастгирӣ накарданд.

Ӯ маҷбур шуд, ки дастаҳои ҷанговаронашро тақсим намуда, бо роҳи хушкӣ ва баҳр сӯйи Бобул раҳсипор гардад. Ба дастаи қӯшунҳои бо роҳи хушкӣ раҳсипораш худи Искандари Мақдунӣ ва ба сарбозони бо роҳи баҳрӣ равонааш сарвари флот Неарх роҳбарӣ мекард. Баъди азобу машаққатҳои гарон ва паймудани бероҳаҳои душворгузар лашкари Искандар ба Бобул баргашт ва худи ӯ соли 323-и пеш аз мелод, дар 33-солагӣ аз дунё гузашт. Ва ниҳоят империяе, ки аз паҳноҳои Дунай то сарзамини Ҳинд, аз баҳри Миёназамин то соҳили дарёи Сир доман афрохта, бузургтарин давлати дунёи қадим буд, баъди марги Искандари Мақдунӣ пароканда шуд ва дар ҳудуди он давлатҳои ҷудогона падид омаданд.

Ниёгони бохтарию суғдии тоҷиконро ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён умумияти забон, умумияти мазҳаб, умумияти фарҳанги ориёӣ ва ниҳоят тақдири ягонаи таърихӣ муттаҳид сохта бошад, дар давраи истилои Искандари Мақдунӣ ҳувийяти ватанпарастӣ ва истиқлолхоҳии онҳо боло гирифта, баъди ҳалокати Спитамен ва пахш гардидани шӯришҳои халқӣ Бохтару Суғд ба тасарруфи истилогарони юнониву мақдунӣ даромаданд. Сабабҳои асосии шикасти талошҳои истиқлолхоҳӣ ва муқовимати мардуми Бохтару Суғдро мо бояд аз муташаккил набудани неруи шӯришгарон ва қувваи марказиятноки ҳарбӣ надоштани онҳо, ба табақаҳои доро ва мардуми бонуфузи маҳаллӣ муносибатҳои хешутаборӣ пайдо кардани Искандару сарлашкарони вай, инчунин ба аъёну ашроф ва ҳокимони собиқ додани мансабу имтиёзҳо ва дигар самтҳои сиёсати созишкоронаи ин лашкаркаши кишваркушо биҷӯем.

Ҳарчанд муборизаҳои шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор шуданд, корнамойиҳои бемислу монанди онҳо дар сафҳаҳои таърих то ба рӯзгори мо ба ёдгор мондааст. Мо имрӯз корнамойиҳои Спитамени диловар ва ҳамсафони ӯро қадршиносӣ намуда, барои зинда доштани номи нек ва хотираи бегазанди фарзандони фидоии Ватан ордени «Спитамен»-ро таъсис додем, ки он барои шуҷоату корнамойиҳои ватандӯстона ва идомаи анъанаи неки ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ба ворисони воқеии ин марди қаҳрамон дода мешавад.

Таърих корнамойиҳои фарзандони худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик садҳо ошӯбҳои хурду бузург сабт шудааст, ки ҳадафи аслии онҳо решакан намудани зулму истибдоди аҷнабиён ва расидан ба истиқлолу давлатдории миллӣ буд. Имрӯз ватани воқеии суғдиён — собиқ вилояти Ленинобод ба хотири риояи адолати таърихӣ вилояти Суғд ва ноҳияи собиқи Нов ба хотири корнамойиҳои безавол ва орзую ормонҳои наҷиби Спитамен ва ҳамсафони диловари ӯ ноҳияи Спитамен номида шудааст. Маҳз ҷонбозию талошҳои пай дар пайи Спитамен ва садҳо фарзандони фидоӣ буд, ки тоҷикон тавонистанд дар тӯли ҳазорсолаҳо фарҳанги давлатдории хешро нигоҳ дошта, ин суннати ориёиро пушт ба пушт то ба рӯзгори мо бирасонанд ва давлати миллии соҳибистиқлол, ягона ва беҳамтои хешро умри ҷовидона бахшанд.

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.