Шамси Табрезӣ. Шахсияти бузург ва камназири олами ирфон

shamsi_tabrezi_1

Деҳаи зебою хушманзари Вешаби ноҳияи Айнӣ, мисли аксари шаҳру деҳоти Тоҷикистони маҳбуби мо таърихи қадими беш аз ҳазорсола дорад. Номи ин деҳа дар катибаҳои маъруфи суғдӣ, ки солҳои сиюми асри гузашта, ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз қалъаи Мут ба даст омадаанд, дар ду шакл — «Вешаб» ва «Бешак» ба мушоҳида расида, ба фаровонии обу гиёҳ дар ин мавзеи файзбори кӯҳистон далолат мекунад. Вале ба андешаи ман, чизе, ки тӯли садсолаҳо ба ин деҳаи дурдасти кӯҳистон шуҳрату эътибор бахшидааст, қадамгоҳи бузургон ва азизу авлиё будани он аст. Мардуми деҳоти водии Зарафшон мазори бузургвори ин деҳаро ба номи Шамси Табрезӣ нисбат медиҳанд ва асрҳост, ки дармондагону ниёзмандон ин остони муқаддасро кӯйи арзи ниёз ва макони ибодату зиёрат қарор додаанд. Дар воқеъ, шинохти аҳволу осори фарзандони фарзонаи сарзамини фарҳангхезамон моро водор месозад, ки собиқаи таърихии худро хубтару беҳтар омӯзем ва ба кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузорем.

Яке аз он шахсиятҳои бузургу камназири олами ирфон Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ мебошад, ки ҳанӯз шахсияташ ба таври комил шинохта нашудааст ва оқибати кору фарҷоми тақдири асрорангезаш ҳам чандон равшан нест. Вале мусаллам аст, ки маҳз нафаси гарм ва сухани нарми ӯ Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро аз тангнои хонақоҳу мадраса ба паҳнои шеъру адаби ҷаҳонгири тоҷикии форсӣ кашида, дар арсаи ҳунари шеъру шоирӣ машҳури оламиён ва маҳбуби ҳамаи давру замонҳо кард. Ин ҳақиқат ба қалами худи Мавлоно чунин тасвир ёфтааст:

Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Ин орифи фарзона дар олами ирфону адаб бо номҳои Шамсиддин, Шамсулҳақ, Шамси Табрезӣ, Шамси Паранда ва Шамси Сабзпӯш машҳур мебошад. Баъзе таърихнигорону тазкиранависон, аз ҷумла, Давлатшоҳи Самарқандӣ, гузаштагони ӯро аз Хуросон донистаанд, ки бо мақсади тиҷорат ба Табрез омада, дар ин ҷо ба таври доимӣ сукунат ихтиёр кардаанд. Шамси Табрезӣ баъд аз сайру саёҳати зиёд дар яке аз рӯзҳои соли 1244 дар шаҳри Қуния бо Ҷалолуддин мулоқот кард ва ҳамин мулоқот дар вуҷуди Мавлоно Ҷалолуддин инқилоби рӯҳоние падид овард, ки баъзе муҳаққиқон онро таваллуди дигари Ҷалолуддини Балхӣ маънидод кардаанд.

Мулоқот бо ин инсони покравишу покманиш ва орифи бузург Мавлоноро чунон шефтаву шайдои худ кард, ки ӯ худро аз хешону наздикон ва иродатмандон тамоман канор гирифта, курсии таълим ва маснади фатворо ба рақсу самоъ табдил дод. Пайдо шудану ворид гаштани Шамс ба зиндагии Мавлоно Ҷалолуддини соҳибшуҳрату воломартаба таҳаввулоти амиқеро дар афкору андешаи ӯ падид оварда, ӯро аз дарсгӯйиву ваъзхонӣ канор бурд ва дари дунёи шеъру тарона ва рақсу самоъро ба рӯяш кушод. Мавлоно аз ин пас ба сурудани шеър шурӯъ кард ва ашъори ӯ тобеи табъи латифи Шамси Табрезӣ ва ҳамнавои қалби ошиқони ишқи абадият гардид.

Бори дувум Мавлоно бо Шамси Табрезӣ муддати шаш моҳ дар ҳуҷраи мадрасае, ки дар он ҷо пеш аз мулоқот бо ин орифи комил мударрисӣ мекард, бо ҳам суҳбат доштанд. Аҳли Қуния аз чунин сурат гирифтани ҳодиса ба шӯр омаданд ва дар ҳаққи Шамси Табрезӣ бадгӯйиҳо карда, ӯро соҳиру афсунгар эълон намуданд, ки Мавлоноро сеҳру ҷоду кардааст. Мегӯянд, ки Шамси Табрезӣ баъд аз ин моҷаро ба Султон Валад — фарзанди калони Мавлоно изҳор намуд, ки чунон ғайб хоҳад зад, то ҳеҷ кас асари ӯро наёбад ва ногаҳон ғайб зад. Мавлоно баъд аз ин воқеа бо маслиҳати дӯстон ба суроғи Шамси Табрезӣ ба Димишқ рафт, вале асаре аз ӯ пайдо накарда, ба Қуния баргашт. Мавлоно ду сол Шамси Табрезиро ҷустуҷӯ кард ва ҳар куҷо суроғи ӯро гирифт, нишоне ва асаре пайдо накард. Вале бояд гуфт, ки то ба имрӯз оромгоҳи Шамси Табрезӣ, ки мегӯянд ногаҳон аз Қуния ғайб зад, дақиқан муайян нашудааст. Дар кишварҳои Туркияву Эрон барои ин орифи бузург гӯрхона таъин кардаанд, ки мардум барои зиёрат ба ин шаҳрҳо мераванд. Мардуми ин водии кӯҳистони Тоҷикистон бошанд, гӯрхонаи Шамси Табрезиро ба ҳамин деҳаи Вешаб эҳтимол медиҳанд.

Шойистаи зикр аст, ки шахсиятҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла, бунёдгузори давлати Темуриёни Ҳинд — Мирзо Бобур, шоҳи Афғонистон — Абдураҳмонхон ва дигар шахсиятҳои маъруф дар давраҳои мухталиф мазори ба истилоҳ, Шамси Табрезии ин деҳаро зиёрат карда, аз файзи раҳмати ин остони муқаддас баҳраманд шудаанд. Амирони Бухоро низ ба ин мазор таваҷҷуҳ доштаанд, аз ҷумла, бо фармони амир Насруллоҳ дар болои гӯрхонаи ин бузургвор хонақоҳ сохтаанд, ки Абдураҳмони Мустаҷир бунёди онро дар соли 1842 эҳтимол додааст.

Бисёр рамзист, ки мувофиқи нақлу ривоятҳои мардумӣ дар ҳамин хонақоҳ то айёми Инқилоби Октябр «Куллиёти Шамси Табрезӣ», маъруф ба «Девони Кабир»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ нигаҳдорӣ мешуд, ки бар асари китобсӯзиҳои даврони инқилоб эҳтимол аз байн рафтааст.

Миллатҳои соҳибтамаддуни бостоние, ки дар тӯли садсолаҳо ранҷи истибдоди бегонагонро таҳаммул кардаанд, чун ба истиқлол мерасанд, пеш аз ҳама бо шӯру шавқ саҳифаҳои дурахшони таъриху фарҳанги худро варақгардон намуда, кӯшиш мекунанд, ки суннату анъанаҳои миллиашонро дубора зинда созанд ва саҳми гузоштаи худро дар пешрафти тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Миллати тамаддунофару шарафманди мо низ дар пешрафти тамаддуни башарӣ, бахусус, тамаддуни исломӣ саҳми сазовору ҷовидона дорад, ки дар ин амри хайр бешубҳа, бузургону донишмандони миллат нақши меҳварӣ доранд. Аз ин рӯ, мо аз оғози даврони истиқлолият, бахусус, пас аз анҷоми ҷанги таҳмилии дохилӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили солгарду зодрӯзи шахсиятҳои таърихию бузургони илму ирфону адаб ва дар ҳамин замина бедор намудани рӯҳи худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандии сокинони кишварро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии давлату Ҳукумати кишвар қарор додаем. Дар шароити таҳдиди ошкорои бӯҳрони маънавӣ ва афзойиши фишори фарҳангӣ мо беш аз пеш ба панду насиҳати бузургони адаби худ ниёз дорем. Бештари андешаҳои пурҳикмати Шамси Табрезӣ низ дар рӯзгори мо қобили омӯзишу пайравӣ мебошанд. Шамси Табрезӣ инсониятро тоҷи офариниш шинохта, бузургдошти ӯро таъкид менамояд, ки ин ҳақиқат аз суханони зерини ӯ баръало ба мушоҳида мерасад: «Каъба дар миёни олам аст, аҳли олам ҷумла рӯ ба ӯ кунанд, чу ин Каъбаро бардорӣ, саҷдаи эшон ба сӯйи ҳамдигар бошад».

shamsi_tabrezi_2

Имрӯз афроди тундраве ҳастанд, ки огоҳона ё бар асари дуруст нашинохтани асолати миллӣ ва динии мо мехоҳанд мардуми мусулмонро дар хоби ғафлат ва таҳти таъсири афкори хурофотӣ нигоҳ дошта, бо суистифода аз сатҳи начандон баланди маърифати диниву маънавии як қисми мусулмонон майдони фаъолияти худро густариш диҳанд ва дар зери ниқоби дин ғаразҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Агар равшантар ифода намоем, ин неруҳо мехоҳанд, ки динро чун саҳнаи бозиҳои сиёсӣ истифода намуда, пойдории сулҳу субот, бақои ваҳдати миллӣ, ҳаёти осойиштаи мардум, амнияти ҷомеа ва ҳифзи тартиботро халалдор созанд. Аз ин лиҳоз, олимон ва мусулмонони кишварро зарур аст, ки неъмати бебаҳои истиқлолиятро беш аз ҳарвақта ҳифзу пуштибонӣ намуда, бо кору пайкори созандагӣ, рисолати неки ояндасозӣ, аъмоли солеҳу ахлоқи ҳамида ҳақро аз ботил шиносанд, ситезаҷӯйиву тундгаройиро маҳкум намоянд, зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳанд ва ватандӯстиву ватанпарастиро воҷиботи имониву қарзи инсонии худ қарор диҳанд. Гузашта аз ин, олимони моро зарур аст, ки дар муаррифӣ ва нашри осори гаронқадри ин бузургони миллат камари ҳиммат баста, осори пандомӯзу ибратбахши онҳоро дастраси мардум намоянд.

Албатта, бе таҳқиқи ҷиддии илмӣ дар бораи зодгоҳу оромгоҳи бузургону орифони пешин ҳукми қотеона баровардан душвор аст, вале эътиқоду иродат ва муҳаббату самимияти мардум, бегумон, бодбони киштии умеду ормонҳост, ки дар баҳри тӯфонхези рӯзгор онро ба соҳили мурод ва дарки ҳақиқат мерасонад.

Мехоҳам як масъалаи муҳимро, ки борҳо таъкид карда будам, хотиррасон намоям. Мо пайравони яке аз мазҳабҳои бонуфузтарини дини ислом — ҳанафия ҳастем, ки бунёдгузори он фарзанди бузурги миллати тоҷик — Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит мебошад. Мазҳаби мо бо фарҳанги муросову мадоро ва таҳаммулгаройӣ худ маъруф аст. Яъне мо дар ин масъала ду ифтихор дорем: якум, ин ки асосгузори мазҳабамон парвардаи миллати худамон аст ва дуюм, ин ки ин фалсафа ва ҷаҳонбинии сулҳу таҳаммул қобили қабули тамоми инсонияти солимфикру хайрхоҳ мебошад. Аз ин лиҳоз, ба мо ҳам қарзу ҳам фарз аст, ки аз таълимоти ҷовидонаи бузургони гузаштаамон, аз ҷумла, Имоми Аъзам барои таҳкими сулҳу суботи кишварамон, муҳаббату ҳамдигарфаҳмии мардуми шарифамон ва тинҷиву ободии Ватани азизамон ба ҳадди аъзам истифода намоем.

Ба расми маъруфи мардум ба ризоияти Худои мутаол, ба рӯҳи поки Муҳаммади Мустафо, ҷамеи анбиёву авлиё, ба рӯҳи пурфутуҳи Имоми Аъзам, хусусан ба рӯҳонияти зоти поки бобаракот — Мавлоно Шамси Сабзпӯши Табрезии ҳоҷатбарор ва шогирди эшон Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ба рӯҳонияти ҳамаи гузаштагонамон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи Худои меҳрубон аз дилу ҷон ободиву шукуфоии ҳарчи бештари Тоҷикистони азизамонро талаб дорем.

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

1 гузориш

  1. Салом, оё дар бораи Мавлоно Ш. Табрезӣ ҳамин қадар маълумот аст.
    Қаблан сипосгузорам.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.