Имтиҳони халқӣ
Саҳни масҷиди калони деҳаи мо васеъ ва ҳамвор, миёнҷояш чимзор аст. Дар як канори чимзор партаҳои мо гузошта шудаанд. Дар пешгаҳ, дар паси стол се кас нишастаанд: яке муаллими мо Сулаймонов, дуи дигар — муаллимони аз Тӯс омадагӣ; як нафари онҳо, Азиз Карим ном ҷавони миёнақади фарбеҳ, ки дар танаш куртаи сафеди озода ва дар сараш тоқии чустӣ, мӯйи сараш ва ришу мӯйлабаш покиза тарошидагӣ буд, коркуни шӯъбаи маориф будааст.
Аз чорсад нафар зиёдтар халқ ҷамъ шуда буд.
Одамҳо бар рӯйи чимзори сабз гурӯҳ-гурӯҳ шуда менишинанд. Дар ҷойҳои дуртар тӯда-тӯда занҳои фаранҷинок истода буданд. Дар як сӯ — як гурӯҳ муллоҳои салласафед.
Шогирдон партаҳои худро ишғол карданд.
Азиз Карим аз ҷо бархоста, ба халқ муроҷиат карда нутқ эрод намуд:
— Ҳозир мо ба шумо, падару модарони азиз, дар мобайни ҳафт моҳ дар мактаби нав чиҳо ёд гирифтани фарзандонатонро нишон медиҳем. Ҳозир шумо бо чашми худатон мебинед ва бовар мекунед, ки мактаби нав тез саводи бачагонро мебарорад. Мақсади ҳукумати коргару деҳқони мо ин аст, ки халқи меҳнаткаш зудтар аз торикию нодонӣ халос шавад. Мактаби нав мактаби халқӣ аст, вай бояд дар байни халқ дониш паҳн кунад ва дар ҳақиқат ҳам паҳн мекунад. Ман бовар дорам, ки вақти фарзандони шумо беҳуда нарафтааст. — Азиз Карим табассум намуда ба тарафи мо шогирдон нигоҳ карда суханашро давом дод: — Онҳо имрӯз ба шумо исбот хоҳанд кард, ки гапҳои бадномкунандагони мактаби нав ҳама нодуруст ва тӯҳмат будааст ва одамҳои нодоне, ки ба он гапҳо бовар мекарданд, хато карда будаанд. Фарзандони шумо дар ин ҳафт моҳ то як дараҷа хатхонӣ ва хатнависиро ёд гирифтанд, соли оянда хату саводи онҳо, албатта, расотар хоҳад шуд.
Азиз Карим баъди ин нутқи кӯтоҳи худ ба муаллим таклиф намуд, ки шогирдонро ба тахта бароварда имтиҳон кунад.
Муаллим Сулаймонов як бачаи хушзеҳн ва пешқадамро ба назди тахта ҷеғ зад.
Дар байни «тамошобинон» одамҳои саводнок кам набуданд ва инчунин якчанд нафар муллоҳои калони дар мадрасаҳои Хуҷанд, Намангон ва Бухоро хонда низ ҳозир буданд: дар пеши онҳо ба тахта баромада имтиҳон додани мо, гуфтан мумкин воҳиманок буд.
Ҳамсинфи мо тарсону ларзон дар пеши тахта рост меистод. Муаллим ба вай имло кард:
— Навис: «Ман шогирди мактаби нав ҳастам».
Бача андак саросема шуда, дар рӯйи тахтаи сиёҳ нақши сафеди ҳарфҳои арабиро кашидан гирифт.
Азиз Карим ҳар дам ба вай:
— Шарм надор, дар ин ҷо одами бегона нест, ҳама падару бобоён ва бародарони худат нишастаанд, — гуфта, дили вайро бардошта мемонд.
Рафиқи мо гарчанде бо дасти ларзон бошад ҳам, ҷумларо дуруст навишт. Вай аз саросемагӣ ҳарфҳои навиштаашро дам ба дам бо латта пок карда аз дигар менавишт, ман бошам инро дида бетоқат мешудам ва дар дилам мегуфтам, ки «Барои чӣ муаллим маро набаровард?
Ман тез навишта мепартофтам… Лекин эҳтимол дорад маро набароранд, чунки либосам даридагӣ ва чиркин аст».
Азиз Карим ба ҷамоат гуфт:
— Мана, бача дуруст навишт, одамҳои саводнок, ки дар байни шумо ҳастанд, метавонанд инро тасдиқ кунанд.
Аз шумоён ҳар кас ҳар бачаеро, ки хоҳад, ба тахта бароварда имтиҳон кунад, марҳамат! Аммо хоҳишмандам дар вақти имтиҳон кардан ҳаминро фаромӯш накунед, ки бачагон фақат ҳафт моҳ хондаанд.
Як нафар мулло рафиқи ман Солеҳро ба назди тахта ҷеғ зад. Солеҳ дар мактаб он қадар нағз намехонд. Мо дидем, ки ранги муаллими мо канд. Солеҳ бо чашми ҳаросон ва хотири парешон, дар ҳолате ки аз тарс ҷоғаш меларзид, ба назди тахта рафт.
— Саросема нашуда навиштан гир, — гуфт ба вай Азиз Карим.
Муллои салладор имло кард:
— Навис: «Ман фарзанди мусулмонам».
Азиз Карим ва муаллимони дигар ба ҳамдигарашон нигоҳ карданд, мо шогирдон ҳам аз ин ҷумлаи имлошуда як дараҷа ҳайрон монда будем, зеро медонистем, ки он мулло ҳар вақт «Фарзанди мусулмонро дар мактаби кофир хондан гуноҳ аст» гуфта мегашт. Рафиқи ман хеле душворӣ кашида бошад ҳам, ба ҳар ҳол ҷумларо навишт, фақат калимаи «мусулмон»-ро ғалат карда «мусмон» навишт.
Вақте ки вай ба обу арақ ғӯтида дар рӯйи тахта бӯр меронд, мо ба муллоҳо нигоҳ мекардем: онҳо ба якдигарашон чашмак зада ришханд менамуданд. Як нафари онҳо ба муаллими мо бо кинояи талх гуфт:
— Калимаи «мусулмон»-ро навишта натавонист-ку, саводи баровардагиаш ҳамин-мӣ?
— Тақсир, дар пеши ҳамин қадар халқ агар шуморо ба тахта бароварда имтиҳон мекарданд, шумо ҳам донистагиатонро гум карда мемондед! — ҷавоб дод ба вай муаллими мо. — Ҳар чӣ ҳам бошад, бача навишт-ку! Шумо дидед, ки вай як дараҷа навишта метавонад, инро кӣ инкор мекунад?
Муаллим гарму ҷӯшон гап мезад, ба тавре ки бисёре аз ҳозирон ба аломати ризо сар меҷунбониданд. Аз байни онҳо садоҳои «Боракалло! Рост мегӯяд!» баланд гардид.
Пас аз он боз чанд нафар бачаро имтиҳон карданд.
Онҳо дар навиштан баъзе хатоҳо мекарданд, лекин муллоён дигар ба он бачаҳо забон намерасониданд: охир, аз бачагоне ки фақат ҳафт моҳ хондаанд, саводи комил талаб кардан хандаовар мебуд!
Аз имтиҳон мақсад як дараҷа хату саводнок шудани шогирдонро нишон додан буд ва ин мақсад ҳосил гардид.
Дар байни мардуми ҷамъомада Мулло Зайниддин ҳам буд. Вай чашмаш ба ман ғалтида гуфт:
— Ку, Собир, ту ҳам баро!
Ман даррав аз парта бархоста ба тарафи тахта хурсандона равон шудам, зеро ҳамаи ҷумлаҳои то ин дам имлошуда ба ман бисёр осон менамуданд.
Зайниддин гардани борикашро ба пеш ёзонда гуфт:
— Навис: «Худои ҳаждаҳ ҳазори олам ба бандагони собиру солеҳаш мададгор ва меҳрубон аст»
Муаллим Сулаймонов аз ман пурсид:
— Навишта метавонӣ?
— Метавонам, — бо дилпурӣ ҷавоб додам ман.
Худи ман ҳам ҳис мекардам, ки мулло аз гуфтани ин ҷумлаи дароз ягон мақсади ниҳонии маккорона дорад.
Азиз Карим бо оҳанги оташинӣ ба Зайниддин гуфт:
— Инсоф кардан лозим, тақсир! Шумо, эҳтимол, даҳ-дувоздаҳ сол хонда бошед, лекин шумо ҳам ин қадар гапро дуруст навишта тавонистанатон гумон. Сухани кӯтоҳтар ва содатар гуфтан лозим!
Дар ҳамин вақт овози Содиқамаки анборчӣ, ҳамон анборчие, ки ба ман гандум дода буд, баланд гардид:
— Ман мегӯям! Гапи маро навис: «Ҳукумати Шӯро ба ятимон ғалла медиҳад!» — имло кард вай ва илова намуд:
— Навис, писарам!
Ман ин ҷумларо зуд навиштам ва дар дилам ба Содиқамак, ки боб карда ба даҳони Мулло Зайниддини маккор зада буд, офарин мехондам.
Имтиҳон ба охир расид. Мардум натиҷаҳои онро бо овози баланд муҳокимакунон пароканда мешуданд.
Як деҳқон дар ғазаб шуда мегуфт:
— Писари ман ҳафт сол боз дар мактаби Наҷмиддин-домулло мехонад, лекин то имрӯз ҳам алифро таёқ мегӯяд!
Дигаре ҳасрат мекард, ки:
— Панҷсола умри Ҳасани ман ҳам беҳуда гузашт. Домуллои вай «Одам ҳафт сол хонад, номи худро менавиштагӣ мешавад» мегӯяд! Охир, дар мактаби нав бача дар ҳафт моҳ хату саводашро мебаровардааст-ку!
Саввумӣ эълон менамуд, ки:
— Ман писарамро аз мактаби кӯҳна гирифта ба мактаби нав мемонам!
Ин садоҳо ба дили мо шодӣ ва ифтихор мебахшиданд. Мо медидем, ки халқ аз натиҷаҳои таҳсили мо хушнуд аст. Мақсади муаллимон ҳосил шуда буд: мактаби нав бартарии худро нисбат ба мактаби кӯҳна исбот кард.
Ба ҳар кадоми мо яктоӣ қаламу дафтари тоза доданд.
Китоби алифбо, ки мо дар аввали таҳсил гирифта будем, ҳамчунин дар дасти худамон монд. Муаллим ба мо гуфт:
— Дар тобистон вақт-вақт китобатонро кушода хонед, ба дафтаратон кӯчонед, хат машқ кунед, то ки чизи ёдгирифтагиатон фаромӯш нашавад!
Таътили тобистонии мо сар шуд.
Дар интернат
Тӯс монанди бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна ба «шаҳри кӯҳна» ва «шаҳри нав» тақсим мешуд. Дар «шаҳри кӯҳна» бештари биноҳо лойин, кӯчаҳо танг на каҷу килеб; дар «шаҳри нав», баръакс, биноҳо аксар европоӣ, кӯчаҳо рост ва фарох буданд. Интернат дар ҳамин қисми европоии шаҳрча, аз шӯъбаи маориф ду-се чақрим дуртар воқеъ шуда буд. Азиз Карим, ки он рӯз худаш ҳам ба он тараф рафтанӣ будааст, маро бо худ гирифта ба интернат бурда монд.
Интернат як бинои панҷхонадорро, ки дар даруни чорбоғе воқеъ шуда буд, ишғол мекард. Бино пешайвони дарозе дошт. Чорбоғ бисёр калон буда, ҳавзҳо дошт ва дар кунҷи канораш чакалакзорҳо буданд се чор бех садаи баланду пир ба саҳни ҳавлии интернат соя меандохт ва каравотҳои бачагон дар зери ҳамин садаҳо меистоданд.
Вақте ки Азиз Карим маро ба он ҷо овард, бачагон саргарми бозӣ ва даводав буда, чанде аз онҳо дар турник муаллақ мезаданд, гурӯҳе дар ҳавз оббозӣ мекарданд.
Азиз Карим мудири интернатро наёфта, маро ба сардори бачаҳо — Ҷаббор ном ҷавони якчашма супурд ва фармуд, ки маро даррав мӯйи сар тарошонанд ва либоси тоза пӯшонанд.
Ман аз Азиз Карим беҳад миннатдор будам ва намедонистам ин миннатдории худамро ба ӯ чӣ тавр изҳор кунам. Охир, ба воситаи вай ман ба орзуям расида, ба интернат дохил шудам.
Баъди рафтани Азиз Карим як бача бо фармойиши Ҷаббор маро ба сартарошхона бурда мӯйи сарамро тарошонд. Аз он ҷо баргашта будам, ки мудири хоҷагии интернат (вай ҳам аз худи бачаҳо буда, фақат ба синну сол калонтар будааст) ба ман як куртаи тозаи чит ва як шими сиёҳи нимдошт дод. Ман соате бо бачагони дигар дар ҳавз машғули оббозӣ шудам ва баъд либоси тоза пӯшида, худамро сабук, хушҳол ва хушбахт ҳис кардам. Ногаҳон, як бача оҳани дарози ба дарахт овехташударо бо санг се- чор бор зад. Бачагон бо шунидани садои ин «занг» давон- давон омада дар гирди мизи дарозе, ки ба як кунҷи ҳавлӣ гузошта шуда буд, ҷой гирифтанд.
Дар байни онҳо ман як нафар шиноси худамро ёфтам, ки номаш Раҳимҷон буд: вай барои дидани хоҳари дар Қизилтеппа истиқоматкунандааш боре ба он деҳа рафта буд ва ман ӯро дар ҳамон ҷо дида шинос шуда будам. Вай ҳам маро шинохт, мо дар паси миз бо ҳам нишастем. Ду бача аз ошхона дар косаҳои мисин мошкичирӣ оварда ба пеши ҳар бача яккосагӣ гузоштанд.
Мошкичирӣ ба ман ончунон писанд омад, ки гумон кардам солҳои сол он гуна таоми бомазаро нахӯрдаам.
Баъд аз таом бачагон боз ба ҳар сӯ пароканда шуда, саргарми турникбозӣ, лаптабозӣ ва оббозӣ гардиданд. Ману Раҳимҷон ба оббозикунандагон ҳамроҳ шудем. Бо шӯру ғавғо дар об ғӯта мехӯрдем, шино мекардем, ҳамдигарамонро ба ҳавз тела медодем; баъзе бачагон аллакай бо ҳам даст ба гиребон шуда ҷанг ҳам мекарданд ва мегиристанд.
Бачагон чӣ қадаре ки дилашон хоҳад, бозӣ ва даводав мекарданд, ҳеҷ кас онҳоро манъ намекард ва ягон коре ҳам намефармуд.
Як вақт буд, ки чанде аз шарикони мо ҳаёҳуйкунон аз кӯча як бачаи бегонаро дастгир карда оварданд. Бача гирён буд, рафиқони мо бошад ӯро бо шӯхиҳои дағалона масхара менамуданд, тӯппиашро гирифта ҳаво медоданд, аз гӯшаш мекашиданд, баъзеҳо вайро заданӣ ҳам мешуданд. Баъди як нафас сардори мо Ҷаббори якчашма бачагонро зада-кӯфта пароканда карду бандиро озод намуд ва худаш ҳам ба сари ӯ як мушт фуровард. Ман аз ин воқеа ҳайрон мондам.
— Ҷаббор он бегуноҳро барои чӣ зад? — пурсидам аз Раҳимҷон.
— Ҷаббор бачаи ганда! — гуфт ошноям. — Ҳамаро мезанад. Ту ҳам аз вай эҳтиёт бош.
Дар байни тарбиягирандагони интернат, ки бештаринашон сарутандарида, побараҳна ва шӯхи камодоб буданд, баъзе бачагони хушлибос ва як дараҷа ҳавобаланд ҳам вомехӯрданд. Ман баъд фаҳмидам, ки ин бачагон падару модар доштаанд, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки бо вуҷуди ин дар интернат бо ҳамроҳии ятимбачагон истиқомат мекарданд.
Бегоҳӣ Ҷаббор моро ҷамъ карда дар як қатор саф кашонд. Ҳар бача муносиби қадаш дар қатор ҷой гирифт, ҷойи ман ба охир савум ё чаҳорум буд (шояд зиндагонии нимгуруснаи пурмашаққатам сабаб шуда бошад, ки ман дар ду-се соли охир чандон қад накашида будам ва қадам аз ҳамсолони худам пасттар буд).
Тамоми рӯз ман ғайр аз Раҳимҷон бо ҳеҷ кас ҳамгап нашудам ва аз касе чизе напурсидам. Эълон карданд, ки вақти хоб шуд: дар интернат чароғ набуд, бачагон бо фуромадани торикӣ хоб мекардаанд. Ман каравот надоштам, ҳайрон будам, касе ба ман дар куҷо хоб карданамро нагуфта буд. Раҳимҷон маро ба яке аз хонаҳои холӣ, ки фаршаш тахтагин буда, ғайр аз як мизи кӯҳна дар он ҷо ҳеҷ чиз набуд, дароварда гуфт:
— То омадани мудир ана дар ҳамин ҷо, дар замин ё рӯйи ана он миз хоб карда гаштан гир. Ба интернат ҳар рӯз бачагони навро қабул карда истодаанд, каравот, кӯрпаю болишт намерасад.
Ман дар рӯйи миз тоқиамро ба таги сарам ниҳода, пойҳоямро ғундошта ва дастҳоямро дар бағалам халонда хоб кардам.
Пагоҳӣ баъд аз дасту рӯй шустан ба ҳар кадоми мо дуто-дуто нон доданд. Ҳар кас хоҳад, ба ношто ҳар ду нонашро мехӯрд, нахоҳад дар давоми рӯз кам-кам хӯрда то бегоҳӣ мерасонд. Нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ хӯроки гарм дода мешуд, аммо бе нон.
Ман бо як нон сер шудам, нони дуюмамро ба таги болишти Раҳимҷон пинҳон карда мондам, ки агар то хӯроки нисфирӯзӣ гурусна монам, мехӯрам.
Се маҳал хӯрок барои ман хӯроки серӣ буд ва ҳатто зиёдатӣ ҳам мекард. Шикамам ки сер буд, аз набудани каравоту бистар ҳам парво намекардам. Шоду беғам зиндагонӣ менамудам. Вақтам бисёр буд, китоби алифборо такрор мекардам, якто-нимто китобҳои дигарро ҳам, ки рафиқонам доштанд, гирифта мехондам ва дар ҳама бозиҳои бачагон гарму ҷӯшон ҳамроҳӣ менамудам.
Ягона вазифаи ҷамоатии мо дар ошхона навбатдорӣ кардан буд. Ҳар рӯз ду бачаро навбатдор таъин мекарданд, навбатдорон се километр роҳ паймуда ба шаҳри кӯҳна рафта аз ким-кадом анбор биринҷ ё мош гирифта меоварданд ва баъд аз он ба кори ошпаз ёрӣ медоданд; обу ҳезум мекашонданд, пиёзу картошка пок мекарданд, дегу коса мешустанд.
Интернат ба ман бисёр маъқул буд. Мо рӯзи дароз бозӣ мекардем, дар кӯчаву боғ даводав менамудем, тарона мехондем; тамоман озод будем.
Машғулияти фикрии мо аз шунидани қироати рӯзномаи «Фарғона» ва сӯҳбати донишҷӯй Шамсуллоев иборат буд. Рӯзномаро Ҳусайн ном бачае, ки аслаш аз Намангон буда, дар байни мо аз ҳама саводноктар ба шумор мерафт, аз ким-куҷо ёфта оварда, ба мо бо овози баланд хонда медод, мо дар гирди ӯ зич нишаста гӯш меандохтем; вай нағзу бурро мехонд. Донишҷӯйи хушфеъл ва хушмуомила Шамсуллоев талабаи рабфаки1 Тошканд буда, бо мо дар бораи Инқилоб, Ленин, Артиши Сурх сӯҳбат мекард. Вай гимнастёркаи ҳарбӣ пӯшида мегашт, гимнастёркаи ӯ дар синааш се рахи кабуд дошт.
Шамсуллоев пеш аз дохил шуданаш ба рабфаки Тошканд,
__________
1Факултаи коргарӣ.
яъне аз ин як сол муқаддам, дар кӯҳҳо бо ҳамроҳии аскарони сурх бар зидди босмачиён меҷангидааст.
Вай дар интернат бозиҳои ҳарбӣ мегузаронд. Мо понздаҳ-бист адад милтиқи бозичагӣ доштем, роҳбари бозиҳои ҳарбии мо тақрибан ҳар рӯз моро дар рӯйи ҳавлии интернат қатор карда бо милтиқчаҳо мусаллаҳ менамуд. Баъд аз он мо лашкарвор саф кашида ва солдатвор пой кӯфта аз интернат ду километр ба дашт мерафтему дар он ҷо машқи «ҷанг» мегузаронидем.
Шамсуллоев моро ба ду даста тақсим мекард, як даста пештар рафта камин мегирифт, дастаи дигар онро кофтуков карда, ёфта ба «ҷанг» медаромад. Аммо аксар вақт мо «душман»-ро кофта намеёфтем, он гоҳ худи «душман» баногоҳ аз камингоҳаш ҷаста ба мо ҳамла мекард. «Ҷанги тан ба тан» сар мешуд. Ҳар касе, ки ба замин меафтид, кушташуда ҳисоб меёфт ва ҳар касе ки яроқашро аз даст медод, асирафтода ба шумор мерафт.
«Кушташудагон» ва «асирон» аз бозӣ мебаромаданд. Оқибат кадом дастае, ки одамаш камтар монад, мағлубшуда ҳисоб меёфт.
Баъди «ҷанг»-и як-дусоата мо ба интернат баргашта, милтиқҳоямонро ба мудири хоҷагӣ месупурдем.
Ин бозиро ҳамаи мо писандида будем.
Шамсуллоевро ҳамаамон дӯст медоштем. Худи вай ҳам ба бозии мо бо шавқу ҳаваси тамом роҳбарӣ мекард.
Шамсуллоев ҷавони илмнок буда, русиро нағз медонист, мо ӯро ҳурмат мекардем. Вай дар вақти машқ ва бозиҳои ҳарбӣ аз мо итоати бечуну чаро талаб мекард, вайронкунандагони интизомро сахт танбеҳ менамуд. Ҳар гоҳ ки аз даҳони ягон бача лафзи қабеҳ мешунид, бисёр оташин мешуд. Гарчанде бештарини бачагон ба бесарӣ моил бошанд ҳам, дар ҳузури Шамсуллоев худро баодоб ва боинтизом нигоҳ медоштанд ва ин на аз рӯйи тарс, балки аз рӯйи эҳтиром ва муҳаббати онҳо нисбат ба Шамсуллоев буд.
Баъзе бачагон ба ман ким-чӣ гуна хатчаҳои русиро бароварда нишон дода: «Дидӣ, ман кашшоф1 ҳастам, ана ин шаҳодатномаи ман аст» мегуфтанд. Ман чӣ будани кашшофро намедонистам ва худи соҳибони «шаҳодатнома»-ҳо ҳам онро дуруст намефаҳмиданд, бинобар ин, дар вақтҳои аввал он хатчаҳо ба ман як навъ асроромез менамуданд, аммо кам-кам дар ман ҳам майли кашшоф шудан ва «шаҳодатнома» гирифтан пайдо гардид.
Шамсуллоев бо ман муомилаи нағз мекард ва ман як рӯз ба ӯ гуфтам:
— Ако, шаҳодатномаро кӣ медиҳад? Ман ҳам кашшоф шудан мехоҳам.
— Агар кашшоф шудан хоҳӣ, шаҳодатнома гирифтан мушкил не, — гуфт вай ва аз сумкаи сафариаш як порча коғаз бароварда, чизе навишта ба ман дароз кард. — Мана шаҳодатнома.
Минбаъд ин коғази дар ду дақиқа навишташуда бояд гувоҳӣ медод, ки ман, Собир Умаров, кашшоф ҳастам. Ман «шаҳодатнома»-амро беш аз як сол эҳтиёт карда нигоҳ доштам.
Рӯзе аз рӯзҳо Шамсуллоев моро марш дода, аз Тӯс се-чор километр дуртар ба тарафи деҳаи Ҳисорак бурд. Мо дар наздикии деҳа машғули бозӣ шудем. Баъзе бачагон ба полизу мевазорҳои деҳқонон бо чашми тамаъ нигоҳ мекарданд, лекин Шамсуллоев иҷозаташон намедод, ки ба он тарафҳо қадаме гузоранд. Бо вуҷуди ин, Хидир ном як бача худсарӣ карда ба полизи деҳқоне даромада, як дона харбузаашро канда овард. Деҳқон хабардор шуда Хидирро таъқиб кард, ӯ харбузаро гирифта гурехт. Шамсуллоев дар хиҷолат монда, сахт оташин шуд. Вай аз деҳқон узр хост ва моро ба наздаш ғун карда гуфт:
___________
1Кашшоф — пионер. Дар он вақтҳо пионерро ҳамин тавр меномиданд.
— Ман бо шумо ба таври ихтиёрӣ машғулият мегузаронам, маро ҳеҷ кас ба ин маҷбур намекунад. Мақсади ман ин аст, ки шумо ҳам вақти хуш гузаронед ва ҳам баъзе чизҳоро ёд гиред. Лекин агар шумо маро дар пеши мардум шармсор мекарда бошед, ман маҷбур мешавам, ки аз машғулият даст кашам ва аз интернат ҳам поямро канам.
Мо ғавғо бардошта гуфтем, ки бо касофати як нафар бачаи бесари бадахлоқ мо намехоҳем аз раҳбари дӯстдоштаамон ҷудо шавем, қавл додем, ки вай минбаъд ҳаргиз ба туфайли мо шармсор нахоҳад шуд ва талаб намудем, ки вай ба воситаи Ҷаббор ва мудири интернат Хидирро ба ҷазои сахт расонад ва ҳатто аз интернат хориҷ кунонад.
Шамсуллоев аз суханҳои мо шод шуда бошад ҳам, озурдагиаш аз кирдори он бачаи шум кам нашуда буд.
Вай дар сари ғазаб қасам хӯрд, ки:
— Агар ман он бадкирдорро аз интернат хориҷ накунонам, ба рӯям туф кунед!
Хидир аслаш аз деҳаи Қӯрғон буд, ки зодгоҳи модари ман ҳам он ҷост. Хидирро ман дер боз мешинохтам: дар вақти зиндагии модарам ҳар боре ки мо ба Қӯрғон назди хешовандонамон мерафтем, ӯро медидам. Падари Хидир бойи калони қӯрғонӣ буда, тағои ман дар замини ӯ чоряккорӣ мекард. Падари Хидир аз ин чанд сол пеш вафот карда будааст. Писараш дар интернат ба ман мегуфт, ки «Ман дар ин ҷо хонда саводамро бароварда, бо амалдорони калони Тӯс шиносо мешавам. Дар байни амалдорони ин ҷо ошноҳои падарам ҳастанд, бо ёрии онҳо ман ҳам ягон амали калон мегирам».
Шамсуллоев ба интернат баргашта воқеаи харбузадуздии Хидирро ба Ҷаббор нақл кард ва талаб намуд, ки ӯро аз интернат берун кунанд, то ки ба дигарон ибрат шавад.
Сардори мо Ҷаббор бачагонро қатор карда, гунаҳгорро ба пеш бароварда бо химчаи бед як-ду бор ба банди пояш зад. Ин ба Хидир на фақат таъсир накард, балки дар вақти задани Ҷаббор вай ҳатто табассум менамуд. Ҷаббор бо ҳамин ҷазодиҳӣ қаноат карда, Хидирро дар интернат мононд.
Бачагон аз ин ҷазо розӣ набуданд. Онҳо умедвор буданд, ки Шамсуллоев гунаҳгорро ба ҷазои сахттаре хоҳад расонд: охир, вай барои аз интернат хориҷ кунондани Хидир қасам хӯрда буд. Аммо Хидир хориҷ карда нашуд. Обрӯ ва эътибори Шамсуллоев зарба хӯрд.
Бо Ҷаббор мубориза карда натавониста, аз ӯҳдаи хориҷ кунондани Хидир набаромадани Шамсуллоев ихлоси бачагонро аз вай гардонд.
— Шамсуллоев қасамашро шикаст. Наход, ки вай ҳам аз Ҷаббор тарсида бошад? — мегуфтанд бачаҳо.
Пас аз чанд рӯз вай бо мо машғулиятгузарониро бас кард ва оқибат, аз интернат ҳам ғоиб гардид. Гуфтанд, ки вай ба Тошканд рафт.
Ҷаббор дар интернат мисли ҳоким рафтор менамуд. Вай маккор ва дилсиёҳ, рӯяш доим турши хашмолуд буда, чашми ягонааш ба одам бадгумонона ва бонафрат нигоҳ мекард. Бачагонро вай аксаран бе ҳеҷ ваҷҳ озор медод, мезад, бо лафзҳои қабеҳ хорӣ мекард. Ман ҳайрон будам, ки чаро бачагон ба он ҳама бедодгарии Ҷаббор тоқат мекунанд ва аз болои ӯ ба мудир шикоят намекунанд. Як рӯз ман инро аз Раҳимҷон пурсидам, вай гуфт:
— Тағои Ҷаббор одами калон аст, дар комиҷроия кор мекунад. Худи мудир ҳам аз Ҷаббор метарсад. Моҳи гузашта Ҷаббор як бачаи бегуноҳро зада буд, бача ба мудир арз кард, мудир бошад ба ҷойи ҳақиқат кардан ба он бача: «Ту бояд ягон гуноҳ карда бошӣ, ки вай туро задааст! Ҷаббор бесабаб ҳеҷ касро намезанад. Рав, дигар арз карда ба пеши ман набиё!» гуфт.
Барои ин ки Ҷаббор ягон чизро баҳона карда маро ҳам дошта назанад, ман кӯшиш мекардам, ки ба чашми вай камтар намудор шавам.
Як пагоҳ Ҷаббор маро ҷеғ зада ба дастам як халтаи пур дод ва гуфт:
— Инро ба Ҳисорак, ба хонаи мо бурда расон!
— Ин чист? — пурсидам ман.
— Чизҳои майда-чуйда. Аз бозор харидам. Бибиам фармуда буданд.
Дар роҳи Ҳисорак ман фикр кардам, ки Ҷаббор чӣ ҳақ дошт маро мисли хизматгораш ба назди модараш фиристонад ва ин «майда-чуйда» чист? Ман аз рӯйи кунҷковӣ халтаро даст-даст карда дидам, дар даруни он собун ва қуттии гӯгирд барин чизҳои сахт ва боз чизи дона-дона, зоҳиран биринҷ буд. Ман гумони бад бурдам, зеро ин хел собун ва гӯгирдро он вақтҳо дар бозор ёфтан мумкин набуд, барои интернат бошад, он чизҳоро аз анбори давлатӣ медоданд. Ман халтаро кушода нигоҳ карда, дар даруни вай биринҷ, собун, гӯгирд ва инчунин чой дидам. Бешубҳа, Ҷаббор ин чизҳоро аз интернат гирифта буд. Ман озуқаи дуздиро ба хонаи Ҷаббор кашондан нахоста ақиб гаштам.
Ба интернат баргашта халтаро ба мудири хоҷагӣ нишон додам.
— Ба хаёлам, ин чизҳо аз интернат гирифта шудааст.
Мудири хоҷагӣ худаш, чунон ки дар болотар гуфта шуд, аз тарбиягирандагони калонсолтар буда, муносибаташ бо ман бад набуд.
— Э, таги гапро кофта чӣ кор мекунӣ, бача! — гуфт вай аз тайри чашмдошти ман. — Агар маслиҳати маро гирӣ, инро ба ҷойи гуфтагиаш бурда расону дам гаштан гир. Қаҳри ин гови шохзанро набиёр. Хайр, камтар аз ҳаққи мо зада бошад ҳам, ҳеҷ воқеа не, мо намемурем.
Сухани мудири хоҷагӣ гувоҳӣ медод, ки вай аз дуздии Ҷаббор хабар дорад ва эҳтимол, худаш ҳам дар ин кор бо вай шарик бошад.
Ба ман лозим буд, ки ҳамон соат рафта хиёнати сардор ва мудири хоҷагиро ба бачагон ва ба мудири интернат маълум карда, ба онҳо ҷазо доданро талаб намоям, аммо ман аз ниқоргирии Ҷаббор тарсида, ин корро накардам. Баъдҳо ман аз ин пушаймон шудам.
Аздусар, Ҷаббор, ба сабаби ёрӣ надоданам ба ӯ дар кори дуздӣ аз ман ниқор гирифта, маро азоб додан гирифт: вай ҳафтае ду бор-се бор маро дар ошхона навбатдор таъин мекард, баъди ҷомашӯйӣ ба ман либоси тоза намедод, бо ҳар баҳона ба ман чақида, маро дошта заданӣ мешуд.
Дар он вақтҳо хушхат будан фазилати асосии шогирди мактаб ба шумор мерафт. Ҳар шогирдеро, ки хати арабиро зебо навишта метавонист, ҳам муаллимонаш таъриф ва ҳам рафиқонаш эҳтиром мекарданд.
Хати ман нағз набуд, бачагони хушхатро дида ҳавасам мерафт. Барои ин ки аз ин ҳунар баҳравар шавам, пайваста хат машқ мекардам, аз китоби дарсӣ порчаҳои назму насрро гаштаю баргашта ба дафтарам мекӯчондам.
Аммо «қариндошқалам»-и оддӣ хати нозеби маро нозебтар мекард: ҳарфҳо бенур ва дағал мебаромаданд. Ҳавас доштам, ки бо сиёҳӣ нависам, лекин дар интернат сиёҳӣ набуд. Рӯзе аз рӯзҳо ман, ҳамчуноне ки чанде пеш дар деҳа карда будам, нони ҳар пагоҳ дар интернат мегирифтагиамро сарфа намуда, дар ду рӯз ду нон зиёд кардам ва баъд онро назди баққол бурда ба сиёҳӣ иваз намудам. Баққоли тӯсӣ аз баққоли деҳаи мо сахитар баромад: вай ба ман сиёҳии хокаи коғазпечро бӯлак накарда пурра дод, ки аз он ним шиша сиёҳии обакӣ баромад. Ин миқдор сиёҳӣ барои ман ба чанд моҳ мерасид, ман шод будам. Аммо шодии ман ногаҳон ба ғам мубаддал гашт.
Худи ҳамон пагоҳ, ки ман ду нони зиёдкардаамро ба бозор бурда будам, баъди рафтани ман иттифоқан ба як бача нон нарасидааст. Ҷаббор қасдан ва бардурӯғ маро дузд дошт: гӯё ки ман он пагоҳ бо фиреб ду нони барзиёд гирифта бошам.
Вай аз гиребони ман гирифта, чӯбро бардошта маро заданӣ шуд. Лекин Ҳусейни рӯзномахон на Раҳимҷон, ки барои сиёҳӣ харидан аз нонҳои худам ду нон сарфа кардани маро медонистанд, тарафи маро гирифтанд:
— Сар деҳ вайро, Ҷаббор! Вай гуноҳ надорад! — гуфтанд онҳо ба он ситамгор.
Тӯҳмати ноҳақи Ҷаббор ва думравони вай ба ман ончунон алам кард, ки ман тоб оварда натавониста ба Ҷаббор:
— Худи ту дузд! Ман не, ту! Ту озуқаи интернатро медуздӣ! — гуфта фарёд задам.
Ҷаббор сахт барошуфт.
— Тӯҳматчӣ! Исбот кун! Агар дуздии маро исбот карда надиҳӣ, ман туро зада хунибинӣ мекунам, аъзои баданатро лахт-лахт мекунам!
Инро гуфта вай ҳамла овард, ман гурехтам. Вай ба ман расида натавониста:
— Ҳоло нигоҳ карда ист, ту боз ба дастам меафтӣ! — гӯён ба ман мушташро нишон дода, ақиб гашт.
Воқеан ҳам ман «ба дасташ афтодам».
Шишаи сиёҳии ман баногоҳ гум шуд. Ман онро тамоми рӯз кофтуков карда наёфтам. Баъд маълум шуд, ки онро барои дилхушӣ ва маро азоб додан Хидир гирифта пинҳон карда будааст.
Ман ба вай дарафтида дод задам, ки:
— Ту писари бой ҳастӣ! Ту бо фиребу ҳила ба интернат даромадаӣ, туро кайҳо аз ин ҷо зада пеш кардан лозим буд!
Бегоҳӣ дар вақти «ҳозиру ғоиб» кардан Ҷаббор маро ба пеши саф бароварда, дар ҳузури ҳама бо химча задан гирифт. Мегуфт, ки:
— Иғвогар! Ку писари бойро нишон деҳ, кӣ писари бой!
Ман гириста ба хобгоҳ (дар он вақт мо аз берун ба даруни бино кӯчида будем) даромада, кӯрпаро ба сарам кашида хоб кардам. Ҷаббор аз ман ҳам ниқори худаш ва ҳам ниқори дӯсти ҳамтабақаш Хидирро гирифт. Хидир ҳамеша савғотиҳои аз хонаашон меомадагиро бо Ҷаббор баҳам медид.
Пагоҳӣ ман аз интернат баромада рафтам. Ҷойи мерафтагӣ надошта бошам ҳам, дигар дар интернат мондан намехостам. Ман, ки ҳатто аз падарам ҳам калтак нахӯрда будам, акнун омада-омада аз як нобакор, ки маро хор медорад ва ҳеҷ кас ҳам ҷилави ӯро намекашад, калтак хӯрам? Не, аз ин хел зиндагӣ оворагии кӯча беҳтар.
Аз «одамҳои калон» ман ба Азиз Карим эҳтироми махсусе доштам: охир вай худаш маро оварда дар интернат ҷойгир карда буд. Ман вайро надида аз Тӯс рафта наметавонистам.
Чанде аз ин муқаддам Азиз Карим мудири шӯъбаи маориф таъин шуда буд. Ман барои ба назди ӯ даромадан ҷуръат накарда, муддате дар таги дар истодам. Баногоҳ, аз зинапояи қабати дуюм худи вай фуромада омад. Маро даррав шинохт:
— Ҳа, туӣ? Салом! — Мудир бо диққат ба рӯям нигоҳ карда пурсид: — Чӣ гап шуд? Туро ягон кас хафа кард магар?
— Ман дар интернат намеистам, меравам, — ҷавоб додам ман ва худамро дошта натавониста, гиря карда фиристодам.
Азиз Карим аз дастам гирифта маро ба кабинеташ даровард.
— Биншин. — Вай маро ба нимкат нишонд. — Чи воқеа рӯй дод?
Ман андак ором шуда, ба Азиз Карим воқеаҳои дар интернат рӯйдодаро як-як баён кардам. Вай ба суханҳои ман хомӯшона гӯш дода, дар охир бо оҳанги нохушнудӣ:
— Чаро ту ба ман дар бораи Ҷаббор ва Хидир пештар гап назадӣ? — гуфт, — Хайр, зарар надорад… Аз интернат рафтани ту лозим нест. Ҳозир ба он ҷо баргард… Ман чора мебинам.
Пас аз ду рӯз Азиз Карим ба интернат бо ҳамроҳии мудири мо омад.
Оҳани ба дарахт овехташуда садо бароварда буд, ки ҳамаи тарбиягирандагон дар саҳни интернат ҷамъ омада саф кашиданд. Азиз Карим муддате ба рӯй, ба либос ва пойҳои бараҳнаи бачагон нигоҳ кард. Ман мунтазир будам, ки кай ба тарафи ман ҳам нигоҳ мекунад (монанди ҳарвақта ман аз охири саф чаҳорум будам), аммо ман ба назараш нанамудам, гӯё ки вай намехост маро бинад. Бо овози паст пурсид:
— Хидир писари Отабой кист?
— Ман! — гуфта Хидир пеш баромад.
Азиз Карим ба наздики вай рафт.
— Ту аз куҷо?
— Аз Қӯрғон, муаллим.
— Падарат кист? Чӣ касб дорад?
— Падарам як деҳқони камбағали батрак буд, асил юқсул1 буд.
Азиз Карим саҳл лабханд карда монд.
— Чанд таноб замин доред? — боз пурсид аз Хидир.
— Намедонам. Аком мегӯянд, ки заминамон аз чиҳил таноб зиёд не.
Азиз Карим як дам хомӯш истода ба ӯ гуфт:
___________
1Дар он вақтҳо пролетарро ба ӯзбекӣ юқсул мегуфтанд.
— Ту ба Қӯрғон, ба хонаи худатон баргард. Интернат ба ту чӣ лозим? Дар ин ҷо бачагони бекас меистанд, ки дигар ҷойи мерафтагӣ надоранд… Ҳозир бирав!
Хидир оҳиста-оҳиста қадам монда, шармсору сархам ба тарафи дари берун равон шуд. Азиз Карим бо ҳамин тарз боз се бачаро, ки падару модар доштанд, аз интернат берун кард.
Пас аз он ба бачагони боқимонда муроҷиат карда пурсид:
— Кӣ ба ман ягон гап ё арз дорад?
Ҳама хомӯш.
— Сардоратон хуб аст? Ҳама аз вай розӣ ҳастед?
Боз ҳам хомӯшӣ. Ин хомӯширо якум шуда Ҳусейн вайрон кард.
— Розӣ нестем, муаллим! — гуфт вай бо овози баланд.
— Ҷаббор моро мезанад, бо лафзҳои бад хорӣ мекунад.
Ҷаббор аз саф ба пеш зада баромада:
— Дурӯғ мегӯяд! — гуфт. — Ман бесабаб ҳеҷ касро ҷазо намедиҳам, ин худаш бачаи ганда аст! Ана аз мудир пурсед…
Мудири сиёҳриши олуфтанамойи мо, ки то кунун ҳеҷ дамаш намебаромад ва ман чигунаву чикора будани ӯро дуруст намедонистам, зеро дар интернат ҳафтае фақат як бор ё ду бор худро нишон дода, боз ғоиб мегардид, сухани Ҷабборро бурида гуфт:
— Ту дам ист! Ба саф даро!
Ҷаббор, дар ҳолате ки аз қаҳру оташинӣ ранги рӯяш канда буд, ба ҷойи худ баргашт.
Дар ҳамин вақт Азиз Карим рост ба ман нигоҳ кард, гӯё ки бо нигоҳаш маро ба гап задан даъват менамуд.
Ман «лаб ба шикоят кушодам»:
— Ҷаббор аз боиси Хидир маро зад, Хидир ба вай пора медиҳад! Ҷаббор аз интернат озуқа медуздад, инро мудири хоҷагӣ ҳам медонад!
Баъди ин ҳама ба сухан даромаданд. Бачагон гапи якдигарро бурида, ҳама ба якборагӣ кирдорҳои нолоиқи сардорро шумурдан гирифтанд.
Ман ба Ҷаббор нигоҳ мекардам, дар вай ранги рӯ намонда буд, ба бачагоне, ки бо овози баланд айбҳои ӯро эълон менамуданд, аз чашми ягонааш шарораҳои хашму ғазаб мепаронд.
Вақте ки боз хомӯшӣ барқарор гардид, Азиз Карим ғазаби худро базӯр нигоҳ дошта, ба Ҷаббор хитоб кард:
— Гум шав! Минбаъд дар ин ҷойҳо ба чашми ман нанамой!
Ҷаббор аз интернат ронда шуд.
Маро ба хондан мефиристонанд
Тобистон рафт, тирамоҳ омад. Ба интернат як ҷавони намангонии сурхмӯй ва чашмкабудро мудир таъин карданд, ки боғайрат ва кордон буд.
Мудири кӯҳна нисбат ба интернат чӣ қадар ки беғам бошад, мудири нав ҳамон қадар ғамхор буд. Вай тартибу интизоми нав ҷорӣ кард. Акнун, ҳар кадоми мо каравоти матраснок, кӯрпаю болишти нав, рӯйҷоҳои сафед доштем. Ба ҳамаамон мӯза, либоси таҳ ва чомаи пахтанок доданд.
Якуми сентябр пагоҳӣ баъд аз ношто моро дар саҳни интернат қатор карданд. Мудир ба мо:
— Ҳозир шумоён ба мактаб меравед, — гуфт ва хоҳиш кард, ки дар кӯча ва дар мактаб баодоб бошем, аз гапи муаллимон набароем ва нағз хонем.
Мактаби намунаи чорсинфдор дар шаҳри кӯҳна воқеъ шуда буд. Мо ба он ҷо саф кашида равон шудем. Он рӯз барои мо ҳамчун ид буд, тамоми роҳ тарона мехондем, диламон мисли субҳи сентябр хуррам буд.
Ҳар қадар ки ба мактаб наздик мешудем, маро ҳаяҷони шодӣ фаро мегирифт.
Инак, мо ба рӯйи ҳавлии фарохи мактаб дохил шудем. Моёнро мудири мактаб ва муаллимон пешвоз гирифтанд. Ҳамаи шогирдон дар рӯйи ҳавлӣ қатор карда шуда буданд, мо ҳам дар қатори онҳо ба саф истодем.
Азиз Карим моёнро бо сар шудани соли нави таҳсил муборакбод карда, ба хониши мо муваффақият талабид.
Ман бесаброна мунтазир будам, ки вай ба синф даромада дар паси парта ҷой мегирад. Лекин Азиз Карим бо ҳамроҳии муаллимон монанди ман бачагони аз ҷойҳои дигар ва аз мактабҳои дигар омадаро дар зал ҷамъ карда, ба имтиҳонгирӣ даромаданд: онҳо дониши ҳар як шогирдро муайян карда, ба синфҳо тақсим менамуданд.
Ман дар муддати хониши ҳафтмоҳаам дар мактаби деҳа аз арифметика фақат ду амалро ёд гирифта будам, ки он ҳам дар ҳудуди рақами даҳ буд. Чунончи, рақами ёздаҳро навишта наметавонистам.
Аз хониш ва иншо ман нағз имтиҳон додам, лекин аз ҳисоб садро навишта натавонистам. Барои синфи дуюм ки шогирдони он аз чаҳор амал бохабар буда, рақамҳои садҳазорҳо ва миллионҳоро навишта метавонистанд, дониши ман камӣ мекард, лекин маро ба қатори «абҷадхон»-ҳои синфи якум ҳам нишондан мумкин набуд.
Азиз Карим фикр карда истода гуфт:
— Майлаш, ба синфи дуюм нависед. Собир бачаи хушзеҳн аст, ба ҳамсинфҳояш расида мегирад.
Ман дар синфи дуюм ба хондан шурӯъ кардам. Мактаби мо дар бинои калони сафед ҷой гирифта, синфҳо равшан ва озода, фаршҳо ҳама тахтагин, дар ҳар синф ду қатор партаҳои сиёҳ гузошта шудагӣ буд.
Мактаби деҳагии мо, ки дар анбори як дараҷа таъмиршуда ҷой гирифта буд, бо мактаби намунаи Тӯс асло баробар шуда наметавонист. Рӯйи ҳавлии калони мактаб ҳамеша об зада рӯфтагӣ, аз миёнаш ҷӯйи об равон, он тарафи ҷӯй боғ буд. Дар саҳни мактаб мо дарси гимнастика мегузарондем; дар боғ бошад, дар вақти танаффус бозӣ мекардем.
Мо мактаби худамонро бисёр дӯст медоштем ва онро ба навозиш «Намуна» меномидем. Одатан дар интернат ва дар кӯчаҳо мо шавқун ва сурон мекардем, баъзе бачагон ҳатто лафзҳои қабеҳ мегуфтанд, гоҳо дастбагиребонӣ ҳам рӯй медод. Аммо ҳамин ки ба остонаи «Намуна» пой мениҳодем, магар ба назари ман ҳамин тавр менамуд ё дар ҳақиқат хамии тавр буд, ки хулқу атвори бачагон дигаргун мешуд, онҳо ғалоғула намекарданд, бо якдигарашон боадабона муомила менамуданд. Лафзи қабеҳ гуфтан ё даст ба гиребон шудан бошад, ҳатто ба хаёли мо ҳам намеомад. Пеш аз ба синф даромадан мо поямонро пок мекардем, дар вақти боришу лойгарӣ мӯзаамонро шуста ба бино дохил мешудем.
Дар аввали соли таҳсил арифметика маро бисёр ба ташвиш андохт. Ман зарб ва тақсимро намедонистам, масъалаҳо ба ман бисёр мушкил ва мураккаб менамуданд.
Метарсидам, ки мабодо ба синфи якум гузаронанд; аз тарафи дигар умеди Азиз Каримро дар ҳаққи худам барҷо овардан мехостам, бинобар ин, зӯр зада ҳисоб машқ мекардам. Ҷадвали зарбро дар ду рӯз аз ёд кардам. Хониш ва иншо бошад, ба осонӣ давом мекард ва он қадар вақти маро намегирифт, ин аст, ки ман бисёртар бо арифметика машғул мешудам. Дар фуроварди моҳи дуюми таҳсил ман дигар на фақат аз рафиқонам ақиб намемондам, балки ҳатто аз баъзе ҳамсинфҳоям пешқадамтар ҳам шуда будам.
Сарулибосам гарм, шикамам сер, китоби хониш, қаламу дафтар ҳам арзони буд, ман худамро хушбахт ҳис мекардам ва зиндагонии аз ин беҳтарро орзу ҳам наменамудам.
Ба китобхонӣ ҳавас доштам, лекин ғайр аз китоби хониш ба забони ӯзбекӣ ё тоҷикӣ китоби дигар набуд, агар бошад ҳам ман хабар надоштам ва ҳеҷ кас он гуна китобҳоро ба ман нишон надода буд. Китоби хониши дуюм сарсухани калоне дошт, ки бо ҳуруфоти майда чоп шуда буд. Ман ин сарсуханро камаш бист бор хонда баромадам, — ҳатто дар вақти аз мактаб ба интернат бозгаштан дар кӯча ҳам онро мехондам. Вақте ки сарсуханро, ҳатто бо фаҳмидани маънояш «шаррос зада» мехондагӣ шудам, худам-худамро одами комилан донову саводнок дониста фахр мекардам. Як рӯз Азиз Карим, ки дар синфҳои боло дарси забони модарӣ медод, маро дар синф дид, ки бо овози баланд сарсухани китоби дарсиро мехонам, «офарин, нағз мехонӣ», гуфта маро таъриф карда монд. Баъд аз он пурсид:
— Маънояшро мефаҳмӣ?
— Камтар… мефаҳмам, — ҷавоб додам ман.
— Чӣ навиштаанд дар ин сарсухан?
— Одами ҳамин китобро навиштагӣ ба муаллимон роҳ нишон додааст, ки бачагонро чӣ тавр хононанд… Мегӯяд, ки нигоҳ кардан лозим дар хат чӣ ҳаст, нуқта ҳаст-мӣ, аломати савол ҳаст-мӣ ё гапи одами дигар оварда шудааст-мӣ. Сонӣ, мувофиқи ҳамон аломат маънидор карда бурро-бурро хонданро ба бачагон ёд додан лозим, мегӯяд. Сонӣ аз муаллимон хоҳиш мекунад, ки агар дар китоб камбудиҳо ёбанд, ба вай навишта фиристонанд, вай дафъаи дигар китобашро беҳтар карда мебарорад…
Азиз Карим табассум карда гуфт:
— Нағз, дуруст фаҳмидаӣ.
Хониши ман ҳамин тавр давом мекард.
Ман шод будам, аммо баъзан Мухторро, ки ба ёд меовардам, хотирам парешон мегардид. Кӯдаки бечора! Ба ман-ку нағз, аммо ба вай чӣ?
Дар моҳи декабр, вақте ки арифметика маро дигар азоб намедод ва аз дарсҳои дигар ҳам корам пешрав буд, ман ба дидани Мухтор рафтанро ният кардам.
Бо рухсати мудири интернат ман дар яке аз рӯзҳои хушки декабр баъди ношто пиёда ба Қизилтеппа равон гардидам. Укоямро ончунон ёд карда будам, ки дар роҳ давон-давон мерафтам. Вақте ки ба хонаи аммаам дохил шудам, аҳли хонаводаи ӯ ҳоло аз сари ношто ҳам нахеста буданд.
Мухтор маро дида беҳад шод гардид. Бача лоғари нимҷон ва сабукак буд, ба тавре ки ман ӯро бе душворӣ ба дастам бардоштам. Вай бо дастҳои нозукаш аз гардани ман оғӯш карда, бо фалонӣ ва фалонӣ (бачагони хурдсоли ҳамсояҳо) аспбозӣ карданаш, ба дарахти олуча баромада тавонистанаш, аз шохзании ғуноҷин натарсида ба назди вай рафтанаш ва монанди ҳамин воқеаҳои муҳимро ба ман бо шитобу саросемагӣ ҳикоя мекард.
Нигаҳбонии аммаам ба Мухтор аз меҳру навозиш холӣ набуд; духтарбачагон, ки аммаам онҳоро мехононд, ҳамчунин ба вай меҳрубон буданд, вай як-ду байти тоҷикии аз як шогирди аммаам ёдгирифтаашро бо хурсандӣ ба ман хонда дод.
Ман бо тааҷҷуб медидам, ки ақли укои хурдтараки ман ба кор кардан шурӯъ намудааст: вай муҳокима мекард, кунҷковӣ карда саволҳо медод. Мухтор аз падару модарамон, ки онҳоро ба ёд надошт, пурсон мешуд. Вақте ман ба ӯ мегуфтам, ки падарамон паҳлавони «пушташ ба замин норасида» ва коркуни зӯр буд, модарамон зебо буд ва мӯйҳои дароз-дароз дошт, — аз чашми Мухтор қатраҳои ашк мебориданд.
Аз интернат ба ман фақат дурӯза рухсат дода буданд, ман бояд бегоҳии рӯзи дигар ба Тӯс бозмегаштам. Мухтор аз бари ҷомаи ман гирифта мегуфт, ки «ман бе шумо намеистам, ман ҳам меравам». Бо дили реш ва чашми тар ман ба вай фаҳмонданӣ мешудам, ки боз ягон сол сабр кунад, то калонтар шавад ва он гоҳ ман омада ӯро ба пеши худам — ба интернат гирифта мебарам, мехононам ва аз вай ҳеҷ ҷудо намешавам.
Бо аммаам ва аҳли хонаводаи ӯ хайрухуш карда ба роҳ баромада будам, ки Мухтор гирякунон аз қафоям давид. Аммазодаи кенҷаам ӯро базӯр ором карда гирифта бурд.
Ман даҳ қадоқ барин зардолуи хушки аммаам додаро дар пуштам бардошта равон шудам. Аз ин савғотии аммаам бисёр хурсанд будам, зеро дар интернат бештарини бачагон меваҳои хушк доштанд, — баъзе онро аз хонаҳояшон оварда буданд, баъзеҳо худашон дар тобистон аз меваҳои боги интернат хушконида гирифта буданд, — лекин ман надоштам. Барои мо ягона ширинии то як андоза дастрас фақат мева буд: ман ҳатто ба Хайрӣ ва шавҳари ӯ мактуб фиристода хоҳиш намуда будам, ки ба ман камтар меваи хушк фиристонанд, ки дар зимистон «даҳон ширин кунам», лекин мактуби ман бе ҷавоб монда буд. Акнун аммаам аз тайри чашмдошти худам маро як зимистон аз ширинӣ таъмин кард, пас ман чаро хурсанд набошам.
Дар нимаи роҳ аз ақибам як аробаи пахта бор карда шуда расида омад.
— Ба куҷо рафта истодаӣ? — пурсид аробакаш.
— Ба Тӯс.
— Монда шуда мемонӣ, ба ароба савор шав, — таклиф кард вай.
Ман баромада дар болои қанори пахта нишаста гирифтам. Аробакаш одами дамдузд баромад, ҳеҷ гап намезад, ба ман ғайр аз ин ки фикру хаёл кунам, кори дигар намонда буд. Хомӯшии атроф ва ғиж-ғижи якзайлаи чархи ароба ҳам маро ба фикру хаёл кардан моил менамуд. Ман дар бораи Мухтор фикр мекардам, падару модарамро, рӯзҳои дар Тошканд гузаронидаамро ба ёд меовардам. «Кошки ба Тошканд мерафтам! — мегуфтам дар дилам. — Рафиқонам Сергей ва Паша, тӯта Маша, тӯта Любаро медидам. Агар онҳо аз вафоти падарам хабардор шаванд ва донанд, ки ману Мухтор ғариб ва бекас мондаем, албатта, моро ба тарбияи худ мегиранд ва мехононанд».
Бо ҳамин хаёлҳо ман ба Тӯс расиданамонро нафаҳмида мондам. Роҳ аз паҳлуи мактаби мо мегузашт; вақте ки ароба ба он ҷо расид, ман аз он фуромада ба бинои мактаб дохил шудам. Рӯз рӯзи дамгирӣ буд, аз чӣ сабаб бошад, ки дилам мехост ба синфамон даромада, камтар дар паси партаи худ нишинам. Даромадам ва нишастам.
Ба ногоҳ фарроши мактабамон аз дари синф сар халонда маро диду гуфт:
— Ту дар куҷо будӣ? Ҳозир ғиззас карда ба маориф рафта Азиз Каримро бин, ки вай туро кофта гаштааст.
— Азиз Карим домулло ба ман чӣ кор доштаанд?
— Ба шуниди ман, туро ба ким-кадом мактаби Тошканд фиристоданӣ ҳастанд.
Ман ҷаҳида аз синф бадар рафтам, халтаам аз дастам ғалтида, қоқ ба таги партаҳо пош хӯрд. Ман ба ғундоштани он ҳам ҳавсала накардам, чунки ҳозир қоқ ба назарам наменамуд. Давон-давон ба шӯъбаи маориф рафта, Азиз Каримро дар он ҷо ёфтам. Вай ба ман чунин гуфт:
— Нағз шуд, ки омадӣ. Мо туро ба Тошканд мефиристонем. Дар он ҷо Дорулмуаллимини тоҷикӣ кушода шудааст, барои талаба ҷамъ кардан ба ин ҷо як рафиқ омада буд, ҳамин пагоҳ рафт. Мо аз «Намуна» се талабаро ҷудо карда гирифтем, талабаи чаҳорум ту мешавӣ. Ду нафари онҳо аз синфи чаҳоруманд, як нафарашон аз синфи сеюм; як ту синфи дуюм ҳастӣ, лекин ман медонам-ту бачаи қобилиятнок мебошӣ, умед мекунем, ки туро ба Дорулмуаллимин қабул кунанд. Агар имрӯз намеомадӣ, мо ба ҷойи ту каси дигарро мефиристодем. Ҳозир ба интернат рафта тайёриатро бин, худи пагоҳ чаҳоратон ба Тошканд равон мешавед.
Хонанда, ту худат шодии маро тасаввур кун. Агар падарам зинда мешуд ҳам, ман аз ин бештар шодӣ намекардам. Ҳамагӣ ягон соат пеш ман дар болои ароба нишаста хаёли Тошкандро мекардам ва он шаҳр, гарчанде ман вайро як вақте дида бошам ҳам, ба ман мисли шаҳри афсонавие менамуд, ки орзу кардан дораду дидан надорад. Аммо, акнун бахти якбора бедоршудаи ман дар тараддуди он буд, ки хаёламро ба ҳақиқат мубаддал гардонад!
Рӯз беҳад дароз кашид. Шаб дар интернат хобам намебурд, дар пеши назарам якзайл шаҳри шинос, кӯчаҳои он ба заводе, ки чӣ қадарҳо ёддошти талху ширини ман ба он тааллуқ дошт, ҷилвагар мешуданд.
Ман дар Тошканд бо дӯстон ва ошноёни деринаам чӣ гуна мулоқот карданамро тасаввур менамудам.
Дар интернат моликияти ман танҳо аз як шиша сиёҳӣ ва як перои ба нӯги чӯб басташуда иборат буд. Ман онҳоро барои хотира ба Раҳимҷон бахшидам. Қоқи ба таги партаҳои синф пошхӯрдаи ман дар «Намуна» монд, пагоҳ бо вай рафиқони ҳамсинфам даҳон ширин хоҳанд кард.
Ниҳоят, шаб ҳам гузашт, субҳ дамид. Ман бо рафиқонам хайрухуш карда ба шӯъбаи маориф шитофтам. Ба он ҷо барвақт омада будаам, соате мунтазир нишастам лозим шуд, то Азиз Карим ва муаллими аввалини деҳагиам Сулаймонов бо се нафар шогирди «Намуна» омаданд. Ду нафари ин шогирдон, Калон ва Акрам ном, аз синфи чаҳорум буданд, як нафарашон, Одил ном, аз синфи сеюм. Сулаймонов роҳбари сафари мо таъин шуда буд. Мо як аробаро киро карда ба роҳ даромадем.
Дорулмуаллимин
Ҳар рӯз ба омӯзишгоҳи мо аз Хуҷанд, Конибодом, Риштон, Исфара, Самарқанд, Бухоро, Ӯротеппа, Панҷакент, Помир, Ҳисор ва ҷойҳои дигари ба мо номаълум нав ба нав талабагон меомаданд.
Бинои омӯзишгоҳ монанди хонаи занбӯр ғуввос мезад. Моён дар бобати синну сол ва савияи дониш хеле мухталиф буда, аз якдигар бо шеваю лаҳҷаи худамон ҳам, ки ба ин ё он гӯшаи кишвари тоҷик хос бошад, фарқ мекардем. Албатта, намояндаи ҳар як маҳалли тоҷикнишин худро аз ҳама беҳтар ҳисоб мекард ва ба шеваҳои дигар механдид. Хуҷандиён шеваи бухориёнро хуш намекарданд, бухориён ба шеваи Конибодом механдиданд, помириён ва ҳисориён ҳамаи шеваҳои дигарро ҳаҷв мекарданд. Аммо аз ҳама зиёдтар шеваи Тӯс, ки «вайрон» ва беш аз ҳад омехтаи забони ӯзбекӣ ҳисоб меёфт, боиси ҳаҷву хандаҳои тамасхуромез мегардид. Гарчанде ман на аз худи Тӯс, балки аз деҳаи дури он будам, ки дар он ҷо ба тоҷикӣ гӯё як дараҷа дурусттар гап мезаданд, бо вуҷуди ин баробари рафиқони тӯсиам ҳадафи ин хандаҳо мешудам.
«Хонда истодаам»-ро чустӣ хонсакам, конибодомӣ хонсодиям, бурҷимуллогӣ хондахотакам мегуфт.
Хуҷандиён ва бештарини тоҷикони Фарғона пешоянди маконии «дар»-ро бо «анда»-и пасоянда ифода карда, Хуҷанданда, бозори каланданда мегуфтанд. Помириёни шӯх рафиқони хуҷандии худро бозори киланданда гӯён ҳаҷв мекарданд. Акрам, Калон ва Одил мувофиқи лаҳҷаи ватанашон баъзе рақамҳоро ба ӯзбекӣ мегуфтанд, ки дар дохили ҷумлаи тоҷикӣ хандаовар мебаромад. Як рӯз Одил дар вақти санҷидани термометр «сифрдан то саксан» (аз нол то ҳаштод) гуфта монд. Муддати чандин моҳ талабагон инро ҳар замон ба хотир оварда завқкунон механдиданд.
Вақти хониш наздик расида буд, ки ба санҷидани дониши талабагон ва онон шурӯъ карданд.
Дорулмуаллимини моро як навъ омӯзишгоҳи махсус аст мегуфтанд, лекин ҳеҷ кадоми мо чигунагии онро равшан намедонистем. Вақте ки имтиҳонгирӣ сар шуд, ман бесаранҷом шуда мондам, зеро ба қабул шуданам дилам пур набуд, сухани директор, ки дар ҳамон мулоқоти аввалин ба хурдсолии ман ишора намуд, хотири маро парешон карда монда буд. Ғайр аз ин, ман тамоман хату саводи русӣ надоштам. «Маро гардонда фиристонанд ҳам аҷаб нест», — мегуфтам дар дилам. Аксарияти талабагон чаҳор-панҷ сол хондагӣ, маълумоташон аз ман зиёд буд.
Басо мешуд, ки якчанд талаба дар як ҷо ғун шуда «масъалаталошӣ мекарданд»: аз гаштани Замин дар гирди Офтоб, пайдоиши кӯҳҳо, баҳрҳо ва ғайра мубоҳиса менамуданд; аз рӯйи харитаҳои дар девор овехташуда қитъаҳои олам, шаҳрҳо ва мамлакатҳоеро, ки ман дар умрам нашунида будам, ном мегирифтанд, ҳатто масофаи байни шаҳрҳоро бо усули ба ман номаълуме андоза карда мукаррар менамуданд; ё ки аз арифметика масъалаҳои касри оддӣ, касри аъшорӣ ва ё «нисбати таносуб»-ро ҳал мекарданд. Ман бошам дар ин гуна вақтҳо даҳонамро боз карда нишастан мегирифтам, зеро ки ба ман ҳатто худи калимаҳои «касри оддӣ», «касри аъшорӣ» ва ё «нисбати таносуб» тамоман ноошно буданд.
Ҳар қадар ки ман ин гуна мубоҳисаҳои талабагонро мешунидам, ҳамон қадар ғамгинтар мешудам. Худ ба худ гаштаю баргашта мегуфтам, ки «эҳтимол дорад маро қабул накунанд», дар он вақт чӣ кор мекунам?
Рафиқони тӯсии ман аз масъалаҳое, ки мавриди мубоҳиса мешуданд, як дараҷа хабар доштанд, онҳо аз ман зиёдтар хонда буданд. Акрам ба қабул шудани худ боварии том дошт, Калон хоҳ қабул шавад ва хоҳ нашавад, парво надошт: вай дар самоворхонаҳои Тошканд дутор зада, ба худ ёру ҷӯраҳо пайдо карда, бо инҳо мегашт ва гоҳо ду рӯз-се рӯз бедарак шуда мерафт. Одил бошад ҳеҷ аломати бесаранҷомӣ зоҳир намекард, бинобар ин фикри ӯро донистан душвор буд. Аммо ба ман чунин менамуд, ки хотири вай ҳам парешон аст, зеро чунон ки ман пай бурда будам, вай касрро бад медонист ва дар харита шаҳрҳо, дарёҳоро нишон дода наметавонист.
Аз чӣ сабаб бошад, ки ба русӣ бехату савод буданам маро беш аз ҳама ғамгин карда буд. Ман аз Маҳкам ном бачаи конибодомӣ хоҳиш кардам, ки ба ман ҳарфҳои русиро нишон диҳад. Вай навишта нишон дод; агарчи вай ҳарфҳои русиро мешинохт ва ҳиҷҷа карда хонда метавонист, лекин забони русиро ҳеҷ намедонист, ҳатто ман аз вай беҳтар медонистам.
Дар Дорулмуаллимини мо Арзуманов ном ҷавони армании қадбаланди бо китфу бозу ба печкаҳо алов карда мегашт. Мегуфтанд, ки вай дар Дорулфунун мехонад ва барои таъмини маошаш дар ин ҷо хизмат мекунад. Як рӯз, вақте ки Арзуманов ба печка алов мекард, ман ва Маҳкам бо якдигарамон донистаю надониста ба русӣ гуфтугузор менамудем. Баъд аз он Маҳкам ба ким-куҷо баромада рафт. Арзуманов ба ман гуфт:
— Ту ба русӣ бе аксент гап мезанӣ, дар куҷо ёд гирифтӣ?
Ман, ки чӣ будани аксентро намедонистам, ҷавоб додам, ки ба русӣ бесаводам ва метарсам, ки бо ин сабаб маро ба Дорулмуаллимин қабул накунанд.
— Ба русӣ савод баровардан душвор нест, — гуфт вай.
— Мехоҳӣ, ман ба ту ёд диҳам?
Ман, албатта, хурсандона розӣ шудам.
— Агар ёд медодед, нағз мешуд. Мегӯянд, ки талабаи ба русӣ хонда-навишта наметавонистагиро қабул намекунанд. Ман падару модар надорам, хона надорам, агар қабул накунанд, дар кӯча мемонам.
— Хуб, ман пагоҳ ба ту китоби алифбо меоварам; агар ғайрат кунӣ, хондан ва навиштанро тез ёд мегирӣ. Ҳақиқатан пагоҳии рӯзи дигар Арзуманов ба ман як китоби кӯҳнаи муқовадаридаи алифбои русиро оварда дод. Баъди ба печкаҳо алов кардан, вай назди даҳани печка сари ду по нишаста ба ман якчанд ҳарфи русиро нишон дод. Дар охир гуфт:
— Инро хуб хонда, ҳамаашро ба дафтарат кӯчон, пагоҳ ба ман нишон медиҳӣ.
Бо ҳамин тариқа вай ҳар рӯз ба ман аз китоби алифбо сабақи нав медод ва дафтарамро медид. Ҳар як сабақи нав аз шиносонидани якчанд ҳарф иборат буд. Ман бо шавқи тамом ба ин кор сар фурӯ бурдам. Матнҳои кӯтоҳ-кӯтоҳро хонда, аз рӯйи хати дастие, ки намунааш дар китоби алифбо буд, ҳамаро ба дафтарам мекӯчондам. Арзуманов навиштаҳои маро аз назар гузаронда, ғалату камбудиҳояшро нишон медод ва маънои калимаю ибораҳои ҷудогонаро мефаҳмонд. Ман ҳар як сабақро дуборӣ ва себорӣ ба дафтарам мекӯчондам. Арзуманов хурсанд шуда мегуфт:
— Тез пеш рафта истодаӣ, додарам. Ба Дорулмуаллимин, албатта, қабул мешавӣ.
Думоҳа вақти ман дар Дорулмуаллимин то сар шудани таҳсил беҳуда нагузашт, ман ҳар чиро ки аз талабагони дигар мешунидам, мисли ин ки исфанҷ обро мекашад ба худ мекашидам ва зӯр зада саводи русӣ меомӯхтам.
Имтиҳон сар шуд. Аз диктант ва хониш ман баҳои «хуб» гирифтам, аммо дар арифметика, чуноне ки ин ҳол дар вақти дохил шуданам ба мактаби намунаи Тӯс ҳам рӯй дода буд, муаллими имтиҳонгиранда аз нодонии ман ба танг омад: талабагони дигар масъалаҳои касри оддӣ ва даҳиро ҳал мекарданд, ман бошам, чаҳор амалро базӯр медонистам.
Баъди тамом шудани имтиҳон мо ду-се рӯзро дар интизории ҳаяҷоннок гузарондем.
Ниҳоят, номи қабулшудагонро эълон карданд. Мо, тӯсиён ҳар чаҳорамон ба синфи якуми тайёрӣ навишта шуда будем.
Дар Дорулмуаллимин мебоист чаҳор синфи асосӣ кушода мешуд, лекин дар аввали кор фақат як синфи асосӣ ва синфҳои тайёрии якум ва дуюм кушода шуд.
Аз сар шудани таҳсил як рӯз пеш директор дар хонаи калоне, ки барои мо ҳам хизмати ошхона, ҳам қироатхона ва ҳам зали маҷлисро адо мекард, ҳамаи моро ҷамъ намуд. Талабагон ба хона нағунҷида, дар ҳар як курсӣ дукасӣ менишастанд, инчунин тоқчаи тирезаҳо ва фосилаи байни қатори курсиҳо ҳам аз одам пур буд. Барои мизи садорати маҷлис ҷой намонда буд, бинобар ин Нисор Муҳаммад дар таги девор рост истода гап зад.
Вай нутқи худро бо чунин саволе шурӯъ кард:
— Маънои «дорулмуаллимин» чист? Кӣ медонад?
Нотиқ ба ҳозирон чашм давонд. Мо ба якдигарамон нигоҳ карда хомӯш менишастем, баъзеҳо бо ҳам пичиррос мезаданд, лекин ҳеҷ кас ба саволи директор ҷавоб намедод. Маънои калимаро гӯё касе намедонист ё донад ҳам ба гуфтан ҷуръат намекард.
— Дорулмуаллимин калимаи арабӣ аст, — фаҳмонд директор, — ба тоҷикӣ «хонаи муаллимон» мешавад. Аз ин мебарояд, ки шумо ба «хонаи муаллимон» омадед: ин ҷо хонаи шумост.
— Мо аллакай муаллим шудем? Як рӯз ҳам нахонда? — пурсид яке аз талабагон. Хандаи қоҳ-қоҳ баланд гардид.
— Оре, шумо муаллимонед, лекин муаллимони оянда,-бо ҷиддият ҷавоб дод директор. — Медонам, шумо ҳар рӯз сари ин масъала, ки лаҳҷаи кӣ беҳтар аст, бо ҳам мубоҳиса мекунед, лекин ҳамаи шумо фарзандони як халқ ҳастед. Халқи мо садҳо сол аз ҳам ҷудо буд, мазлум буд, дар торикию ҷаҳолат монда буд. Вайро амирон, боён, рӯҳониён, амалдорони подшоҳ ба ин ҳол оварданд. Рафиқ Ленин, фирқаи иштирокиюн1, Ҳукумати Шӯроӣ қарор додаанд, ки халқи тоҷикро ба рӯйи об бароварда, аз илму маориф баҳравар кунанд, онҳо давлати шӯроии тоҷикон — Ҷумҳурии Шӯроии Мухтори Тоҷикистонро ташкил доданд. Ҳоло ба ҷумҳурии мо, ба халқи мо кӣ даркор? Муаллим даркор. Шумо нахустин касоне ҳастед, ки аввал худатон дар ин ҷо таълим гирифта, баъд аз он машъали илму ирфонро ба сари халқи худ тобон месозед… Пештар касе ки чашми хат дошт ва андак навиштан метавонист, мулло ва олим ҳисоб меёфт. Аммо хонда ва навишта тавонистан фақат аввали кор аст. Кас баъд аз он илми табииёт, риёзиёт2, ҷуғрофия, ҳикмат ва кимиёро3 ёд гирад, забон ва хатту саводи русиро ёд гирад, дар ҳамон вақт вай ҳақиқатан босавод ва доно мешавад. Кӯшиш бикунед, ақлу ҳушатонро ба таҳсили илм бидиҳед. Дар хотир дошта бошед, ки чашми халқ ба шумо, муаллимони ояндааш, чор аст. Аз пагоҳ шумо шурӯъ ба хондан мекунед.
Дар вақти нутқи директор сар то пойи ман гӯш шуда буд. Ҳар як сухани вай ҳамчун ваъз ё шиори оташборе маро ба ҳаяҷон меовард. Пагоҳ сар шудани хонишро дониста бисёр хурсанд гардидам ва аз ҷо бархоста даст боло кардам.
— Гап зан, — табассум карда гуфт директор.
— Мо чӣ хел мехонем, ба мо китоб надоданд-ку? — пурсидам ман.
Директор абрувонашро ба ҳам кашида ба замин нигоҳ кард ва ба назари ман, ҳатто як оҳи номаълуме ҳам кашида монд. Баъд аз он ҷиддиёна гуфт:
— Душвориҳои калон дар пеш аст. Ман инро аз шумо пинҳон намедорам. Дар забони мо ҳоло китобҳои дарсӣ нестанд. Инак, он чи ки ҳаст ҳамин аст. — Директор инро гуфта аз портфелаш ду китоб бароварда нишон дод, ки яктои он китоби хониш ва дигар китоби арифметика буд.
______________
1Ҳизби Коммунистро дар он вақтҳо ба тоҷикӣ ҳамин тавр мегуфтанд.
2Математика.
3Физика ва химия.
Китоби хониш (ба алифбои арабӣ), ки ба усули литографӣ чоп шуда буд, дар рӯйи муқовааш ким-чӣ гуна суратҳо дошт ва он қадар нозеб наменамуд, аммо китоби арифметика муқовааш хокиранги чиркиннамо ва коғазаш ҳам пасти хираранг буд.
Маълум шуд, ки муаллифи ҳар ду китоб худи Нисор Муҳаммади Афғон будааст (вай Афғон тахаллус мекард ва миллаташ ҳам афғон буд).
— Улуми дигарро муаллимон ба шумо шифоҳан (даҳанакӣ) баён хоҳанд кард, — илова кард директор, — баъд аз он мазмуни дарсро мухтасаран дар тахта хоҳанд навишт, шумо ба дафтарҳоятон кӯчонда аз ёд мекунед. Ҳар гоҳ ки шумо ба забони русӣ вуқуф пайдо кардед ва хондану навиштани онро ёд гирифтед, кор бароятон осон мешавад, дар ҳар фан ба шумо ба забони русӣ китобҳои дарсӣ медиҳем.
Дар охир директор ба мо, талабагони хурдсолтар — шогирдони синфҳои тайёрӣ, муроҷиат карда гуфт:
— Шумо ҳам хуб саъю кӯшиш бикунед! Ду синфи тайёриро тамом ки кардед, ба синфи асосӣ гузашта тулабои (талабагони) ҳақиқӣ мешавед.
Баъд аз маҷлис талабагон суханҳои аз директор шунидаашонро гарму ҷӯшон муҳокима мекарданд.
Дар Дорулмуаллимин ба чашми бисёр талабагон, аз он ҷумла ман ҳам, гӯё ки як ҷаҳони нав кушода шуд. То кунун бисёре аз моён фақат деҳаҳои худамон ва якто- нимто шаҳрҳои тоҷикнишинро медонистем, аммо акнун фаҳмидем, ки мамлакати тоҷикон — Тоҷикистон ҳаст, давлати советии халқи тоҷик ҳаст. Ин ки мо дар ояндаи наздик муаллимони халқи худ мешавем, моро ҳисси ифтихормандӣ бахшида, ба фикру андешаҳои гуногун меандохт. Рост аст, ки дар байни мо касони норозӣ ҳам буданд — онҳо хоҳиши муаллим шудан надоштанд, балки дар идораҳои давлатӣ хизмат кардан, «сардор», «мудир», «амалдор»-и калон шудан мехостанд.
Ман бошам, ба муаллим шудан ҳавас доштам. Дар хаёлам аллакай худро муаллими деҳаи худамон медидам, монанди Азиз Карим аз шогирдон дар пеши халқ имтиҳон мегирифтаму ба тӯҳматҳои душманонаи Зайниддин барин муллоҳои иғвогар ҷавобҳои муносиб тайёр мекардам.
«Шумо машъали илму ирфонро ба сари халқи худ тобон месозед» гуфтани директор ба ман ҳаяҷони махсусе бахшида буд. Ман пештар ин гуна суханҳои аҷоибро ҳеҷ нашунида будам «Машъали илму ирфон» сухани пурҷозибаи шеъролуде буд, ки маро мутаассир ва мафтун карда буд; ман ин машъалро ба сари халқи худам чӣ гуна тобон карданамро хаёлан ба пеши назарам оварданӣ мешудам. Чанде аз он муқаддам дар Тошканд ба шарафи ташкил ёфтани ҷумҳуриҳои миллии шӯравии Осиёи Миёна намойише барпо шуда буд ва намойишчиён шабона бо машъалҳо мегаштанд. Ман он шабро ба хотир оварда тасаввур менамудам ки машъал ба даст дар дашту саҳро равонам, машъали ман шӯълабор, бузург, баланд, аз сафедорҳо ҳам баландтар буда, гӯё «машъали илму ирфон» ҳамин аст. Дар пеш, дар торикии шаб издиҳоми азими халқ – ҳазорон-ҳазор одамон меҷунбанд, онҳо дар рӯшноии машъал торафт намоёнтар метананд, рӯйи одамон равшан мегардад, издиҳом шоду хандон ба машъали фурӯзон нигоҳ мекунад…
Халқи худро шинос!
Аз сар шудани таҳсили мо чанд рӯз пеш ба Дорулмуаллимин як марди солхӯрдаи каллакалон, ки як чашмаш андак олус буд, омад.
Талабагонро пешакӣ хабардор карда монда буданд, ки «профессор Андреев омада бо шумо сӯҳбат мекунад». Мо дар интизори вай дар ошхона ҷамъ шуда нишаста будем.
Профессор ба хона дохил шуда ба мо бо лаҳҷаи софи тоҷикӣ «ассалому алайкум, бачаҳо!» гӯён салом дод. Мо ки аз лаҳҷаи тоҷикии ин марди рус дар ҳайрат монда будем, ба саломаш даррав алек ҳам нагирифтем.
Профессор худ ба худ табассумкунон дар паси миз ҷой гирифт ва як нафас хомӯш нишаста моёнро аз назар гузаронд. Аз портфелаш дафтари ғафсе ва аз кисаи сарисинагиаш қаламе бароварда ба рӯйи миз гузошт. Баъд аз он ба мо саволҳо додан гирифт.
Вай ҷавобҳои моро дар дафтараш навишта мегирифт. Аввалан вай ба чанд талабаи дар қатори пешнишаста муроҷиат карда, аз куҷо будани онҳоро пурсид. Ҳамин ки талаба номи вилояту деҳаи худро мегуфт, Михаил Степанович бо шеваи маҳаллии он талаба шурӯъ ба гуфтугӯ кардан менамуд ва дар шева чунон покиза гап мезад, ки гумон мекардед вай тоҷики ҳақиқӣ ва аҳли ҳамон маҳал аст.
Профессор ба назди мо барои навишта гирифтани баъзе хусусияти шеваҳои маҳаллии забони тоҷикӣ омада будааст. Аммо кам-кам саргарми гуфтугӯ шуда, қаламу дафтаратро як сӯ гузошта, чизҳоеро ба ҳикоя кардан даромад, ки мо дар умрамон нашунида будем. «Бача, ту аз куҷоӣ?» — муроҷиат кард профессор ба як нафари мо. Талаба ҷавоб дод, ки аз Бухорост. Профессор ба мо аз таърихи Бухоро ва ривоятҳои оид ба пайдоиши ин шаҳр баъзе нақл кард. Баъд аз он аз талабаи бухорӣ боз пурсид:
— Ту Рӯдакиро шунидаӣ?
— Рӯдакӣ? Аз одамҳо шунида будам: дар қадим ҳамин хел як валӣ гузашта будааст.
Профессор лабханде карду гуфт:
— Не, вай валӣ набуд… Рӯдакӣ ҳамватани бузурги туст, вай бисёр одами аҷоиб буд… Вақте ки ту дар ин ҷо хонда кӣ будани Рӯдакиро дониста, вайро дӯст хоҳӣ дошт.
Пас аз он Михаил Степанович аз зиндагонии нахустин ва бузургтарин шоири тоҷик ҳикоятҳои шавқовар кард ва баъзе шеърҳои шоирро аз ёд хонда дод.
Ғазали машҳури шоир «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» ба мо бисёр хуш омад:
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги1 моро то миён ояд ҳаме.
Реги Омуву бо дуруштиҳои ӯ
Зери по чун парниён2 ояд ҳаме.
Шоир дар ин ғазалаш ҳусну латофати шаҳри азизаш Бухороро васф мекунад. Ривояти машҳуреро, ки бо ин шеър алоқаманд аст, мо дар он рӯз аввалин бор аз забони М. С. Андреев шунидем. Назар ба ин ривоят, амири сомонӣ дар он вақт аз пойтахти худ Бухоро ба Ҳирот рафта, муддате дар он монда будааст, шеъри Рӯдакиро ба ӯ пагоҳӣ дар вақти мӯза пӯшида истоданаш мехонанд. Амир бо шунидани ин шеър ба чунон ҳаяҷоне меояд, ки ҳамон соат як пойи мӯза пӯшида ва пойи дигараш нопӯшида, ба асп савор шуда роҳи Бухороро пеш мегирад.
Михаил Степанович дар бораи бузургони дигари аз байни халқи тоҷик баромада ҳам ҳикояҳо кард. Вай афсӯс хӯрда мегуфт, ки тоҷикон ба сабаби садҳо сол дар қайди зулм, торикӣ ва бесаводӣ монданашон шоирон ва олимони бузурги худро дуруст намешиносанд ё ки фаромӯш кардаанд.
— Аммо акнун шумоён, — мегуфт профессори рус, — бояд кӯшиш кунед, ки онҳоро зудтар шиносед ва шӯҳрати онҳоро дар байни халқи худатон зинда гардонед. Онҳо ба тоҷикон дӯстдории илму маърифат ва санъатро ёд медиҳанд.
___________
1Асп.
2Ҳарир.
Баъд аз он М. С. Андреев аз як ҷавони помирӣ пурсид, ки вай Носири Хусравро медонад ё на?
Ҷавони помирӣ ҷавоб дод, ки Шоҳносири Хусравро пайғамбар мегӯянд ва помириён ба вай ихлос доранд. Мо талабагони ғайрипомирӣ бошем, ин номро аввалин бор буд, ки мешунидем.
Профессор қаламашро бесаброна ва беихтиёр ба миз тӯқ-тӯқ зада гуфт:
— Бале, медонам, ихлос доранд… Бузургони гузаштаро шумо ё «шоҳ» медонед, ё «валӣ». Ва ҳол он ки Носири Хисрав на валӣ буд ва на шоҳ. Вай овораи ҷаҳон, шоир ва файласуф буд. Як умр аз шоҳу валиҳои замон, ки мехостанд ӯро аз барои фикри ҳақиқатҷӯй ва озодихоҳаш дастгир карда кушанд, гурезон буд ва дар ғор зиндагонӣ мекард… Ман як шеъри ӯро барои шумо мехонам, бубинед, ки вай чӣ гуна шеърҳои хуб мегуфт:
Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост.
Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост
Бар ростии бол назар карду чунин гуфт:
К-«имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост!
Гар авҷ бигирам, бипарам аз назари шед1,
Мебинам агар заррае андар таги дарёст.
Гар бар сари хошок яке пашша биҷунбад,
Ҷунбидани он пашша аён дар назари мост».
Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид, —
Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост:
Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне
Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост,
Бар боли уқоб омад он тири ҷигардӯз
В-аз абр мар ӯро ба сӯйи хок фурӯ кост,
Бар хок биафтоду биғалтид чу моҳӣ,
___________
1Хуршед, офтоб.
В-он гоҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост,
Гуфто: «Аҷаб аст ин ки зи чӯб асту зи оҳан,
Ин тезию тундию паридан-ш куҷо хост!»
Зӣ тир нигаҳ карду пари хеш бар ӯ дид:
Гуфто: «Зи кӣ нолем, ки аз мост ки бар мост».
Носир, ту маниро аз сари хеш бадар кун,
Бингар ба уқобе, ки манӣ карду чиҳо хост.
Ман аввал ин шеърро он қадар нафаҳмидам, зеро маънои бисёр калимаҳои он ба ман торик буд. Аммо ҷавони помирӣ, ки ин шеърро ҳамчунин аз ёд медониста ва хуб ҳам мефаҳмидааст, ба ман фаҳмонд; ман онро навишта гирифта аз ёд кардам.
Профессор М. С. Андреев боз чандин дафъа ба Дорулмуаллимини мо омад. Гоҳе вай бо ҳамроҳии як нафар-ду нафар шогирдони худ, ки дар факултаи шарқии Дорулфунуни Тошканд аз вай забони тоҷикӣ меомӯхтаанд, меомад. Мо, талабагони Дорулмуаллимин, бисёр вақтҳо байни худамон дар бораи ӯ гап мезадем ва ҳайрон мешудем, ки ин одами рус таърих ва забони халқи моро ба ин хубӣ чӣ гуна ёд гирифта бошад?
Дертар донистем, ки Михаил Степанович ҳанӯз дар солҳои ҷавонии худ пиёда дар садҳо деҳаи тоҷикнишин гашта, дар чунон кунҷи канорҳои кӯҳистон, ки пеш аз ӯ пойи одами шаҳрӣ ба он ҷойҳо нарасида будааст, саёҳати илмӣ кардааст. Вай дар ҳама ҷо бо марду занҳои пир ва ҷавон сӯҳбат карда, гапҳои онҳо ва зиндагонии онҳоро навишта мегирифтааст.
Бисёре аз мо, аз он ҷумла ман ҳам тааҷҷуб мекардем, ки ба ин гуна олими калон чӣ лозим шудааст, ки ин қадар машаққат кашида ба деҳаҳои дурдасти гумном рафта, урфу одати мардум, чӣ гуна тӯйҳо ва маросимҳо гузаронидани онҳо, чӣ гуна бача калон кардани онҳо, чӣ гуна таронаҳо хондани онҳо ва ғайра ва ҳоказоро пурсида навишта гирад?
Дар вақти яке аз мулоқотҳоямон бо профессор мо инро аз худи ӯ пурсидем. Вай аввал хандиду баъд бо қиёфаи ҷиддӣ гуфт:
— Ман ин корро аз он сабаб кардаам ва мекунам, то имрӯз ҳеҷ касе аз тоҷикон бо ин кор машғул нашудааст ва ҳол он ки мову шумо вазифадор ҳастем таърих, маданият ва расму одатҳои халқро омӯзем. Оё гуфтан мумкин аст, ки шумо халқи худатонро хуб медонед? Дар беҳтарин сурат шумо деҳаи худатон ё якчанд деҳаро хуб медонед. Лекин, охир, халқи тоҷик на дар як деҳа ё чанд деҳа, балки дар як кишвари калон зиндагонӣ мекунад. Зиндагонии ин халқ пештар чӣ гуна будааст? Вай имрӯз ҳам мисли бобоёни худ зиндагонӣ мекунад ё таври дигар? Вай чӣ гуна ҳунару санъатро дорад? Чӣ гуна афсонаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо, таронаҳо дорад ва онҳо хубанд ё бад? Шумо бояд ҳамаи инҳоро таҳқиқ кунед ва донед. Агар одам халқи худро нағз нашиносад, ба вай нағз хизмат ҳам карда наметавонад.
Ман дар солҳои баъд таърихи халқи худро омӯхтам, бо эҷодиёти Рӯдакӣ, Носири Хусрав ва арбобҳои дигари маданияти гузаштаамон шиносоӣ пайдо кардам, лекин олими рус, ки нахустин бор ба ман «халқи худро шинос» гуфт ва худаш ҳам намунаи чунин шиносоӣ буд, як умр дар хотири ман монд.
Айнӣ
Аввалин рӯзномаро ба забони модариам дар Дорулмуаллимин хондам. Ин рӯзнома «Овози тоҷик» буд, ки дар Самарқанд мебаромад. Аз шумораи аввалини рӯзнома ба Дорулмуаллимини мо фақат як нусха омада буд, мо онро дар давоми чандин рӯз даст ба даст дода хондем. Забони рӯзнома ба ман монанди шеърҳое, ки модарам аз Хоҷа Ҳофиз мехонд, ширин ва зебо менамуд.
Пештар ман гумон мекардам, ки бо чунин забон фақат китобҳои кӯҳнаро навиштаанд ва дар замони мо касе бо ин забон гуфтугӯ намекунад ва наменависад. Аммо акнун медидам, ки шиносони худам бо ин забон менависанд ва ҳатто гуфтугӯ ҳам мекунанд: ду нафар аз муаллимони мо, яке самарқандӣ ва дигар хуҷандӣ, ба «Овози тоҷик» мақолаҳо менавиштанд.
Таронаҳои навро ҳам ба забони модарии худам ман аввалин бор дар Дорулмуаллимин шунидам. «Интернатсионал»-ро, ки мо дар интернати Тӯс ба забони ӯзбекӣ месурудем (ба мо онро Азиз Карим ёд дода буд), ба тоҷикӣ дар Дорулмуаллимин ёд гирифтам. Баъзе талабагони самарқандӣ сурудеро мехонданд, ки ҳам суханҳояш ва ҳам оҳангаш дилро ба туғён ва рӯҳро ба ҳаяҷон меовард:
Эй ситамдидагон, эй асирон,
Вақти озодии мо расид!
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид!
Мо ба хондани ҳикоя, повест ва романҳо одат накарда будем – дар забони мо ин чизҳо набуданд; ба кино ва театр ҳам ба сабаби бепулӣ фақат аҳён-аҳён мерафтем.
Барои мо хизмати ин ҳама ғизои рӯҳӣ ва истироҳати маданиро тарона адо мекард. Мо онро нағз медидем ва дар ҳама ҷо: дар кӯча ҳам, дар хобгоҳ ҳам, дар маҷлис ҳам месурудем. Бештарини талабагон дафтари таронаҳо доштанд — ҳар таронаи навро ба он навишта мегирифтанд.
Гуфтан мумкин аст, тарона ё ашӯлае набуд, ки каму беш паҳн шуда бошаду мо онро надонем. Тақрибан ҳар як шеъри ба дастамон афтода ва маъқулшударо, албатта, ба ягон оҳанги ба худамон маълум дароварда месурудем. Шеъри машҳури Лоҳутӣ «Ту к-андар базми васлӣ, дарди ҳиҷронро чӣ медонӣ?» аввалин бор дар Дорулмуаллимини мо аз тарафи пионерон ба оҳанги тарона дароварда шуд. Мо ташнаи китоб будем. Муҳобот намешавад агар гӯям, ки ҷаври бекитобӣ барои мо аз ҷафои тангии хонаву ҷо ва норасоии сарутан ҳам ҷонкоҳтар буд. Китобҳои кӯҳна ҳастанд, лекин онҳо ё дастраси мо набуданд ё ки мо ҳоло онҳоро хонда наметавонистем. Кошки ба забони модарии мо ва бо хати чопӣ ҳикояте, қиссае, достоне (бо истилоҳи имрӯза повесте ё романе) мебуд, ки мо мехондем!
Як нафар талабаи кӯлобӣ, ки саводи куҳнаи хубе дошт, аз ким-куҷо «Муш ва гурба»-и Убайди Зокониро ба даст оварда буд, як рӯз ба мо аз он порчаеро хонда доду ба бало монд: мо ҳар рӯз ба гирдаш ҷамъ шуда ӯро «ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ» китоб хононда безор мекардем. Оқибат китобашро гум карду аз мо халос шуд.
Ана дар ҳамин вақт дар газетаи «Овози тоҷик» ҳикояте бо сарлавҳаи «Одина ё саргузашти як тоҷики камбағал» чоп шуда баромад. Ҳикоят давомнок буд, мо ҳама ба газета ҳамчун гуруснагоне, ки ба хӯроки муфт расида бошанд, дарафтодем. Газета ба Дорулмуаллимин ду-се нусха беш намеомад, бинобар ин мо онро талош карда мехондем ва баъди хондан бесаброна ба шумораи оянда — ба давоми ҳикоя нигарон мешудем.
Зиндагонии камбағалони тоҷик пеш аз инқилоб, зиндагоние, ки машаққатҳо ва талхиҳои он ба мо ин қадар шинос буданд: манзараҳои табиати кишварамон, ки дар қиссаи Одина он қадар рангину дилрабо тасвир ёфта буданд, ба мо таъсири калон мебахшиданд; ранҷу азобҳо, кулфату риёзатҳо, таронаҳо, хаёлу орзуҳои Одинаи ҷавон ӯро бо мо рафиқи мӯнису ҳамдард мегардонданд. Бисёр вақтҳо чунин манзараеро мушоҳида кардан мумкин буд, ки дар хобгоҳ пашша пар намезанад ва талабагони ҷомаҳои алочаи пахтанок дар бар, баъзе ҳатто салла бар сар, рӯйи каравотҳои худ нишаста сар ба мутолиа фурӯд овардаанд: онҳо «Одина»-ро мехонданд.
Дертар ин ҳикоя китобчаи алоҳида шуда аз чоп баромад. Дар рӯйи муқоваи он чунин тасвире буд: чӯпони кӯҳистоние салла бар сар ва таёқи чӯпонӣ дар даст, рӯйи харсанге нишастааст ва дар гирду пеши ӯ гӯсфандон мечаранд. Ман, ки дар газета фақат баъзе қисмҳои ин ҳикояро хонда будам, ҳоло имконият доштам онро аз як сар мутолиа кунам.
Китоб аз саҳифаҳои аввалинаш маро ба худ мафтун кард. Ман он гуна суханҳои зебои хушоҳангро пеш аз он ҳеч нахонда ва нашунида будам. Аз варақҳои китоб гӯё мусиқии ҷозибадоре садо медод, гумон мекардам, ки дар ин ҷаҳон ҳеч чизи форамтару зеботар аз забони тоҷикӣ нест. Ман бисёр ҷойҳои «Одина»-ро саҳифа-саҳифа ба дафтарам кӯчонда аз ёд мекардам.
Ҳар гоҳ ки кас як китоби нағзро мехонад, фикру хаёлаш беихтиёр ба сӯйи нависандаи он равон мешавад. Мо хонандагон дидани эҷодкунандаи «Одина»-ро орзуманд будем Хаёл мекардем, ки вай бояд шахси хориқулоддае бошад.
Дертар, вақте ки китоби нави ин нависанда ва олим «Намунаи адабиёти тоҷик» аз чоп баромад, ҳусни таваҷҷӯҳи мо нисбат ба он шахс боз ҳам зиёд шуд. Дар варақҳои аввалини китоб акси нависанда ва боз ду сурати дигарро дарҷ карда буданд: аз сурати якум ба хонанда марди миёнсоли ҷафодидае нигоҳ карда меистод; дар сурати дуюм мо тахтапушти маҷрӯҳи хуншореро мушоҳида кардем, ки гӯё пӯсташро канда гӯшташро пора- пора бурида гирифта буданд. Аз муаллимони худ фаҳмидем, ки бо ҳукми амири Бухоро ҷаллодони ӯ ба пушти Айнӣ ҳафтоду панҷ чӯб зада будаанд ва ин ҷароҳати даҳшатнок осори ҳамон зарбаҳои хунин будааст.
Ба пеши назари мо як риёзаткаши кори халқ ва маорифи халқ, коре ки онро мо, муаллимони оянда, бояд иҷро менамудем, арзи вуҷуд кард.
Ман аввалин бор Садриддин Айниро тирамоҳи соли 1928 дар конфронси забоншиносӣ дидам. Дар он вақт ман дар курси охирини Дорулмуаллимин мехондам ва бо ҳамроҳии як гурӯҳ талабагон дар конфронс иштирок кардам. Ҳамойиш дар бинои нави Дорулмуаллимин, дар зали бошукӯҳе, ки тирезаҳои баландаш ба боғ кушода мешуданд, барпо шуда, лоиҳаи алифбои нав ва масъалаҳои забони адабии тоҷикро муҳокима мекард.
Ба конфронс аз Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро ва шаҳрҳои дигар олимон, адибон, ходимони матбуот ва нашриёт, муаллимон омада буданд.
Гуфтанд, ки Айнӣ ҳам меояд. Ҳама дар толор ҷамъ шуда буданд, мо талабагон бошем, даҳлезҳоро пур карда ба омадани Айнӣ интизорӣ мекашидем.
Ниҳоят, Айнӣ ҳамроҳи якчанд вакилон, дар ҳолате ки бо як нафари онҳо гарму ҷӯшон гуфтугӯ мекард, ба бино дохил шуд. Вай одами миёнқади босалобате буда, риши кӯтоҳи мошубиринҷ дошт ва ба сараш тоқии чустӣ, ба танаш палтои сабуки сиёҳ пӯшида буд.
Мо ӯро аз рӯйи сурати дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дарҷшудааш зуд шинохта, дар баробари намудор шудани ӯ қарсак задем. Зоҳиран, устод, мунтазир набудааст, ки вайро чунин истиқбол хоҳанд кард, бинобар ин, аввал ба кӣ ва барои чӣ қарсак задани моро нафаҳмида андак саросема шуда монд, аммо вақте ки ба худаш нисбат доштани қарсакҳои моро донист, ба ҳаяҷон омада, даст бар сина гузошта ва сар ҷунбонида изҳори ташаккур намуд.
Конфронс сар шуд. Айнӣ дар президиум нишаста буд, мо аз вай чашм намекандем. Дар қиёфаи ӯ, дар муомилаи ӯ бо дигарон ҳеҷ гуна осори такаббури «бузургворона» мушоҳида карда намешуд ва ҳол он ки мо, хонандагони китобҳои Айнӣ, ӯро одами бокарруфар ва сипоҳ тасаввур менамудем. Чашмони зираки вай ба ҳама кас ва ҳама чиз диққаткорона нигоҳ мекарданд.
Дар музокираҳо ба ӯ сухан доданд. Вақте ки қарсакҳо хомӯш шуданд, Айнӣ аввал оромона ва бо овози паст ба сухан даромад, аммо ба зудӣ аз вай ҳаракатҳои асабиёна ба ҳузур омада, нутқаш пуршӯр ва тезутунд шудан гирифт. Худи устод инро ҳис карда узр хост, ки ман одами асабӣ ҳастам ва ин асабияти ман натиҷаи ҳафтоду панҷ чӯби амир ва бемориҳои пас аз он рӯйдода мебошад, бинобар ин, ман дар маҷлисҳо тавре гап мезанам, ки гӯё бо касе дастбагиребон мешуда бошам.
Ба муҳокимаи конфронс ду лоиҳаи алифбои нави ба ҳуруфоти лотинӣ асосёфта пешниҳод шуда буд. Тартибдиҳандагони лоиҳаи якум таклиф мекарданд, ки овозҳои ҷудогонаи ба мисоли баъзе алифбоҳои Аврупои Ғарбӣ бо ду-се аломат (ҳарф) ифода карда шаванд, ки ин, ба фикри онҳо алифбои нави моро «зебо» ва «маданӣ» карда, ба вай тамомияте мебахшид.
Лоиҳа боиси тааҷҷуб ва эродҳои ҷиддӣ гардид. Айнӣ «далел»-и тартибдиҳандагони лоиҳаро бо истеҳзои талх, суханҳои нешдор рад кард. Сухани ӯ ба ин мазмун буд:
«Алифбои навро мо бо чӣ мақсад қабул мекунем? Барои «зебоӣ»-и онро тамошо карда завқ бурдан ё халқро зудтар босавод кардан? Агар мақсади шумо алифбои «зебо»-ро тамошо карда завқ бурдан бошад, марҳамат карда аз тамошои алифбоҳое, ки шумо аз онҳо намуна гирифтаед, завқ бурдан гиред. Мо бошем, толиби алифбои оддӣ ва осон мебошем, то ки халқамон ба воситаи он тезтар савод барорад. Ба фаҳми мо, «зебоӣ», «маданият» ва «тамомият»-и алифбо дар он аст, ки бачагон онро ҳарчи тезтар ёд гиранд ва халқи тоҷики мо ҳарчи зудтар саводнок шавад. Як сабаби аз алифбои кӯҳнаи арабӣ даст кашидани мо ин аст, ки он душвор ва мураккаб буда, ёд гирифтанаш вақти бисёр талаб мекард.
Шумо бошед, зоҳиран, бо баҳонаи хандаовари «маданият» ва «тамомият» мехоҳед ҳамон душворию мураккабиро дар алифбои нав ҳам нигоҳ доред».
Бештарини иштироккунандагони ҳамойиш ҳар замон қарсак зада бо нотиқ ҳамфикр будани худро изҳор менамуданд.
Нависандаи номии мо дар конфронс боз як бор ба нутқ баромада, дар бораи асосҳои забони адабии тоҷик сухан ронд.
Якчанд интеллигентҳои кӯҳнаи адабиётшинос шӯру ғавғо андохта талаб мекарданд, ки забони адабиёти қадимаи ҳазорсолаи мо бояд ҳамчун забони адабии имрӯзаи тоҷикон қабул карда шавад. Аз ин мебаромад, ки мо бояд рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва китобҳои худамонро, ки на барои як мушт «шахсони зубда», балки барои тамоми халқ бароварда мешаванд, бо забони китобҳои кӯҳна нависем. Устод ба муқобили ин хел касон баромад.
«Забони адабиёти кӯҳнаро ман аз ҳеҷ кадоми шумо камтар намедонам, — мегуфт вай ба ҳомиёни забони кӯҳнаи адабӣ муроҷиат карда, — аммо он забон кайҳо аз забони зиндаи халқ канда шуда мондааст. Ҳозир онро гирифта забони адабии имрӯза қарор додан кори бемаънӣ ва зарарнок мебуд. Мо бояд ба асоси забони адабиамон забони зиндаи халқро гирифта, вайро бо унсурҳои хуб ва фоиданоки адабиёти кӯҳна ва бо он чӣ ки инқилоб ҳар рӯзу ҳар соат ба забони мо дароварда истодааст, бой кунем. Шумо забони адабии қадима мегӯед, аммо бо ин шумо, агар таълифоти ҳар гуна муаллифони динию дарбории шаш-ҳафт асри охирро дар назар медошта бошед, пас донед, ки онҳо арабизм ва услуби мубҳаму тумтароқро аломати донишмандӣ ҳисоб карда, содагию оммафаҳмӣ, равшании баёнро нишонаи бесаводӣ ва безавқӣ медонистанд. Забони онҳо забони мурда аст, аммо забони Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ барин арбобҳои бузурги адабиёти ҳазорсолаи мо гапи дигар аст. Забони асарҳои ин санъаткорони сухан сода, фаҳмо ва халқӣ мебошад. Ана аз ин сарвати мероси кӯҳна мо дар аснои ба вуҷуд овардан ва тараққӣ додани забони ягонаи адабии халқи тоҷик истифода мебарем ва бояд ҳам истифода барем».
Дар вақти танаффус, мо, як гурӯҳ талабагони Дорулмуаллимин Садриддин Айниро миёнагир карда, барои асарҳои аҷоиби вай, ки ҳамаи мо онҳоро бо шавқу ҳаваси тамом хонда будем, ба вай миннатдории худамонро изҳор намудем. Айнӣ бо ҳар кадоми мо гарм- гарм вохӯрдӣ карда, моро дар паҳлуи худ ба курсӣ нишонд.
— Мо, талабагон, дар бораи забони адабӣ суханҳои шуморо бо диққат гӯш кардем, — гуфт яке аз рафиқони мо. — Мо бо шумо тамоман ҳамфикр ҳастем, домулло. Агар, масалан, «Одина»-и шуморо гирем, ба фикри мо, забони вай айни ҳамон забони адабиест, ки шумо гуфтед.
— «Ман хурсандам, ки ин гапро аз шумо, ҷавонон, мешунавем табассум кард устод ва баъди андак тааммул суханашро давом дода гуфт: — Ҳар касе ки ба дасташ қалам гирифта чин- менависад ва ё дар пеши халқ баромада нутқ мекунад, хоҳ адиб бошад, хоҳ мухбир, хоҳ мақоланавис, хоҳ коркуни фирқаю шӯро, бояд кӯшиш кунад, ки забони вай ба хонандагон ё шунавандагон фаҳмо бошад. Лекин фаҳмогӣ то фаҳмогӣ фарқ дорад.
Баъзе одамон гапам фаҳмо барояд гуфта, бо забони авомони кӯча сухан меронанд ё менависанд. Ин дуруст нест. Забони китоб, мақола ё нутқ бояд сода, лекин содаи адабӣ бошад. Ман барои ин ки асарҳоям ба халқ фаҳмо бошанд, дар болои забони онҳо бисёр кор мекунам. Ман ба гуфтугӯйи одамҳо бо диққат гӯш меандозам ва агар аз онҳо ягон калима ё ибораи нағз, бурро ва пурмаъноро шунида монам, дар хотирам нигоҳ медорам. Вақте ки ман «Одина»-ро менавиштам, дар ҳавлии мо як ҷавони кӯҳистонӣ истиқомат мекард, — ман ҳар як боби асарро навишта тамом ки кардам, ба он ҷавон хонда мешунавондам ва тафтиш мекардам, ки забони асарам ба вай фаҳмост ё не… Лекин шумо ҳаминро нағз донед, ки агар забони гуфтугӯйи имрӯза холису бетағйир гирифта шавад, бо вай китоб навиштан мумкин нест; он забонро бо ғалбери фикр бехта, бо сӯҳони қоида суфта, бо ҷилбури маънӣ сайқал дода, кор фармудан лозим аст. Аз бойигарии адабиёти кӯҳна пурра истифода бурдан даркор, инчунин аз лаҳҷаҳои забони тоҷик ҳам мо бояд чизҳои нағзи ҳамафаҳмро гирифта ба забони адабӣ дохил кунем»…
Он рӯз Айнӣ бо мо ҳамин тавр сӯҳбат кард. На фақат китобҳои Айнӣ, балки шахсияти вай, ҳаёти аҷоиби вай ҳам ба мо таъсире доштанд ва дар сари мо фикру хаёлҳои наверо бедор мекарданд. Тақрибан ҳар сол як китоби нави Айнӣ нашр мешуд, мо асарҳои ӯро хонда аз саргузаштҳои халқи худ воқиф мешудем ва забони адабии худамонро меомӯхтем.
Ду-се моҳ пас аз мулоқот дар конфронси забоншиносӣ ман боре ба хондани чанд сатре дар бораи худам дар як мактуби Айнӣ мушарраф ва мустаид гардидам. Он сатрҳо, гуфтан мумкин, ба ман дар интихоби касб ҳам мададе карданд.
Вожатии мо Таня боре дар ҷамъомади пионерҳо ҳикояи нависанда М. А. Алексеев «Сам ва Дик»-ро хонд.
Он ҳикоя дар бораи дӯстии Дики сафедпӯст ва Сами зангӣ — ду сарбози ҷанги граждании солҳои 1861-1862 дар ШМА мебошад, дӯстие, ки дар имтиҳоноти сахт обутоб хӯрдааст. Ҳикоя ба ман бисёр таъсир кард ва ман пас аз ду сол, чун китобча боз ба дастам ғалтид, барои озмойиш онро бо ёрии як нафар ошнои русам — донишҷӯйи донишгоҳ ба тоҷикӣ шурӯъ ба тарҷума кардан намудам.
Тарҷума тамом шуда буд, ки дастнависи худро ба мулоҳизаи як нафар коркуни шӯъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Тошканд пешниҳод намудам. Дар вохӯрии дигар вай «дастнависатро ба мудир додам» гуфт.
Дере нагузашта он мудири шӯъбаи нашриёт аз кор холӣ шуда ба куҷое рафту ба ҷояш каси дигар таъин шуд, ки аз тарҷумаи ман хабар надошт. Хулоса, дар ин мобайн дастнавис гум шуд. Ман аз ин воқеа чандон хафа ҳам нашудам: гум шуда бошад шудааст, охир ман ба чопи тарҷума худам он қадар умедвор ҳам набудам.
Аз байн як-ду моҳ гузашт, ман воқеаро қариб фаромӯш карда будам, ки банохост маро рӯзе ба шӯъбаи нашриёт даъват карда, дастнависамро ба худам нишон доданд. Саҳифаҳои он саросар бо сиёҳии сурх тасҳеҳ ёфта буд. Ман ҳайрон шуда ба мудир чашм дӯхтам, вай бошад лабханд карда гуфт:
— Кӣ таҳрир кард, медонӣ? Айнӣ! Мана инро хон! — Мудир як мактуби калони ба ҳуруфоти арабӣ ва ба хати дурушти бадхон навишташударо ба ман дароз кард.
Мактуб аз Айнӣ ба номи мудири шӯъбаи нашриёт буд. Чун ман сатрҳои ба худам дахлдорро хондам, намедонам афту башараам чӣ гуна шуда буд, аммо ҳамин қадараш ба ёдам ҳаст, ки мактуб аз дастам афтид ва ман хам шуда онро бардоштанӣ шуда будам, ки оринҷам ба як даста коғазҳои мизи мудир бархӯрда, ҳамаро ба замин ғалтонд. Дар идора нишастагон хандиданд, мудир гуфт: «Бача даступо гум кард! Мана ба ин ҷо шину бемалол хондан гир!» Айнӣ, ки он вақтҳо дар шӯъбаи Самарқанди нашриёт ба сифати сармуҳаррир хизмат мекард, дар мактубаш коркунони нашриётҳоро аз ваҷҳи бемасъулиятона рафтор карданашон ба нигоҳдории дастнависҳо сарзаниш менамуд ва навишта буд, ки тарҷумаи ҳикояи «Сам ва Дик» аз байни ким-кадом маводи бойгонии аз шӯъбаи Тошканд расида тасодуфан баромада монд, ва дар он на имзои мутарҷим ҳаст, на сана ва на ягон ишорати дигар. Баъд мазмуни мактуб чунин буд: тарҷума агарчи айбу нуқсонҳо дорад ва тарҷумонаш ҷавони бетаҷриба менамояд, вале қобили таваҷҷӯҳ аст ва тарҷумон матлаби ҳикояро ба хубӣ фаҳмида, маъниҳои борики онро ба таври худ ифода карда тавонистааст ва ҷо-ҷо забонаш ҳам бад нест, бинобар ин, ман дастнависи ӯро тасҳеҳ ва таҳрир карда баромадам; маслиҳат ин ки онро ҳарчи зудтар барои бачагон чоп карда барореду тарҷумонро аз ин баъд ҳам ба кор ҷалб карда роҳбарӣ намоед, ки тараққӣ кунад, саводаш ва таҳрираш такмил ёбад…
Ҳоҷати зикр кардан ҳам нест, ки ман аз ин таваҷҷӯҳи неки Айнӣ нисбат ба кори нахустини худам, ки аслан аз машқи шогирдонае беш набуд, ниҳоят мутаассир ва муташаккир будам. Ман тасҳеҳоти ӯро дар саҳифаҳои дастнависам бо диққат мутолиа карда баромадам. Ба ҳамин тариқ ман аз нависандаи калон, шахси соҳибдил, мушоҳидакор ва дақиқ устод Садриддин Айнӣ аввалин танқид ва аввалин таъриферо шунидам, ки касро ҳам меомӯзонад ва ҳам пару бол мебахшад.
Дар солҳои баъд ман ба мулоқоти бисёре бо Айнӣ мушарраф шуда, ӯро аз наздик шинохтам. Вай одамонеро, ки дар зиндагонӣ ягон кори фоиданок аз дасташон ояд, дӯст медошт. Донишҳои ӯ, пуркорӣ ва меҳнатдӯстии фавқулоддаи ӯ, ҳофизаи тавонои ӯ дар ҳақиқат ҳайратангез буданд.
Айнӣ якумин муаллим, якумин журналист, якумин шоир ва насрнавис, якумин таърихшинос ва олими шӯравии тоҷик буда дар охирин солҳои умраш якумин президенти Академияи навбунёди фанҳои республика гардид.
Аввалин китобҳое, ки ман ба забони модарии худам хондам, китобҳои Айнӣ буданд. Қаҳрамонони асарҳои ӯ — Одина, Ёдгор, Гулнор дӯстони бачагӣ ва рафиқони ҷавонии мо буданд.
Ин нависандаи бузург ҳам бо китобҳояш ва ҳам бо шахсияти аҷоибаш ба зиндагонии насли мо дохил гардид…