Падарам
Падарам то синни чиҳилсолагиаш паҳлавон будааст.
Вай қадбаланд, қоматаш рост, ришаш сип-сиёҳ, пӯсти рӯяш сиёҳтоб, нигоҳи чашмонаш тези андак қаҳролуд буд.
Дастони сахти пурқуввате дошт. Пойҳои бисёр калонашро бешитоб, вазнин-вазнин монда роҳ мерафт.
Гӯштигириро кайҳо партофта бошад ҳам, ба ивази он ба ману бародарам — Азизхон аз паҳлавониҳои пештараи худ ҳикояҳо мекард. Ва ҳар дафъа дар охири ҳикояташ бо ифтихор:
— Пушти падаратон ба замин расидагӣ не! — гуфта мемонд.
Мо ҳикояти ӯро дар бораи гӯштӣ гирифтанаш бо Амон ном полвони1 машҳури шоёнӣ бо шавқи махсусе гӯш мекардем.
Назар ба нақли падарам, вай пеш аз Амон чанде аз полвонҳои номиро ғалтонда бошад ҳам, худашро танҳо баъди зӯрозмойӣ карданаш бо Амон, полвони ҳақиқӣ ҳисоб мекардагӣ шудааст.
Онҳо бо ҳам дар ватани Амон — деҳаи Шоён гӯштин гирифтаанд. Амон даҳ-понздаҳ сол боз дар маъракаҳои гӯштигирӣ иштирок карда, ҳоло аз ҳеҷ кас мағлуб нашуда будааст. Падарам ба синну сол аз вай ҳашт ё даҳ сол ҷавонтар будааст.
Дар Шоён як бой дар тӯйи хатнаи писараш маъракаи гӯштигирӣ барпо карда, аз гирду атроф полвонҳоро даъват менамояд.
Дар майдон аз ҳазор кас зиёдтар одам гирд омада, бомҳо, дару деворҳо, болои дарахтон ҳам аз тамошобинон пур мешаванд. Амон ду полвонро ба осонӣ меғалтонад, он гоҳ падарам миён баста ба майдон мебарояд. Шоёнӣ полвони ҷавони густох ва мағрурро намойишкорона бо илтифоту эҳтироми рӯякӣ истиқбол карда, вохӯрдӣ менамояд. Тамошобинон тамасхуромез механданд. То падарам миёнбанди холии ҳарифро ба дасташ печонидан ҳариф дам меистад. Вақте ки мубориза сар мешавад, шоёниён ҳар дам ба ҳамдеҳаи худ бо овози баланд изҳори хайрхоҳӣ ва ҳаводорӣ карда меистанд.
— Мо миёни якдигарамонро маҳкам гирифта, як дам майдонро чарх задем, — ҳикоя мекард падарам. — Ҳардуямон гардан ба гардан мемолидем, гардани Амон худи гардани барзагов барин ғафс ва сахт буд, сари синааш мисли як харсанг ба ман фишор меовард. Вай се бор маро бардошта ба замин заданӣ шуд, лекин ман ҳар дафъа поямро ба замин тиргак карда, худамро нигоҳ медоштам. Ман хам Амонро як-ду бор бардоштани шудам, аммо азбаски қади вай аз қади ман баландтар буд, пойҳои дарозашро базӯр аз замин мекандам. Мартабаи сеюм ба бардошта тавонистанам чашмам нарасида монд.
Ҳамаи шоёниҳо тарафи ҳамдеҳаашонро гирифта ғалоғула мекарданд, «печонда парто, Амонбой! Бардошта зан!» гуфта шавқун меандохтанд. Аммо ба ман ҳеҷ кас ҳаводорӣ намекард, ягон чиз гуфта диламро намебардошт.
Падарам зӯри миёни Амонро дурустакак озмуданӣ шуда, вайро бо тамоми қувваташ фишурда ба тарафи худ кашидааст, шиками Амон пеш баромада қоматаш рост шудааст, падарам фикр кардааст, ки миёни ӯ чандон бақувват нест. Дар ин дам Амон ҳам падарамро сахт бағал карда, як бор бардоштаасту боз дарҳол ба замин фуровардааст, гӯё ки дармонаш хушк шуда, ҳарифро на фақат барои ғалтондан, балки барои дар даво нигоҳ доштан ҳам зӯраш нарасида монда бошад. Аз дили падарам гузаштааст, ки Амон дар ҳақиқат хам монда шуд. Лекин ҳаракатҳои Амон ҳама ҳила будааст, вай бардурӯғ худро мондашуда вонамуд мекард, то ки қувваи худашро сарфа ва дармони ҳарифро хушк намояд.
Ҳамин тавр карда, мо як ним соат гӯштин гирифтем, мегуфт падарам, — баъд Амон миёнбанди холишудаамро боз як бор ба дасташ печонда, маро чунон фишурд, ки қариб буд миёнам шиканад. Дасташ даст набуд, оҳан буд. Дар дилам гуфтам, ки ана акнун гӯштигирии ҳақиқӣ сар шуд! Вай маро гаштаю баргашта се-чор бор дам ба ронаш, дам ба сандуқи дилаш бардошта, чаппа карда ба замин заданӣ мешуд, ман бошам, то тавонистам чустучолокӣ мекардам, тоб мехӯрдам, поямро тиргак мекардам, ки нағалтам. Оқибат монда шудам. Дар дилам мегуфтам, ки агар вай маро боз як бор дурустакак бардошта занад, тоб оварда наметавонаму меғалтам, аммо вай ҳам, мазмун, монда шуда буд, ки дигар маро набардошт. Мо боз аз миёни якдигарамон даст наканда, рӯ-рӯйи майдон гаштан гирифтем. Ман як-ду бор ҳаракат кардам, ки ӯро бардорам, аммо натавонистам; хонасалот вазнашро андохта, пойҳояшро сахт ба замин зер карда меистод.
Дидам, ки намешавад, пайташро ёфта, ронамро ба таги шикамаш монда вайро чапгардон карданӣ шудам, аммо боз ҳам нашуд, вай нағалтид. Шоёниҳо ҳамоно шавқун андохта ба Амон ҳаводорӣ мекарданд. Ман «ягон кас ба ман ҳам ҳаводорӣ мекарда бошад?», гуфта ҳамин қадар гӯш меандохтам, аммо ҳеҷ кас номи маро намегирифт. Ҳама мехостанд, ки Амон маро ғалтонад. Ман худамро ғариб медидам, хориам меомад, дилам ба ғалтиданам гувоҳӣ медоду дастам торафт камқувват, ҳавсалаам пир шудан гирифт. Аз аламам гиря карданам меомад. Ба худ мегуфтам, ки кошки ягон каси боинсоф ба ман ҳам як чиз гуфта диламро бардошта мемонд! Дар ҳамин дам нохост аз байни тамошобинон овози шинос ба гӯшам расид:
— Писарам, ман дар ҳамин ҷо! Натарс, ту аз Амон зӯртарӣ. Ё пирам, гуфта, бардошта зан!…
Падарам нигоҳ карда, бобоямро мебинад, ки риши сафедаш то сари сина, дар дасташ асо, аз байни издиҳом роҳ кушода, пеш омада истодааст. «Дилатро маҳкам дор, писарам! — мегӯяд боз бобоям ба падарам. — Туро меғалтондагӣ паҳлавон ҳоло набаромадааст!». Бо дидани бобом ва шунидани овози ӯ падарам рӯҳбаланд шуда, бозувонаш қуввати нав гирифтаанд. Амон гӯё инро ҳис карда ба вай гуфтааст:
— Биё ҷудо мешавем, Умархон! Баробарӣ. На ту, на ман.
— Не, ё меғалтӣ, ё меғалтонӣ! — ҷавоб додааст падарам ва тамоми қувваташро ҷамъ карда, наърае кашида аз «пир»-аш мадад хостаасту Амонро ба рони росташ бардоштааст. Полвони шоёнӣ ҳаракат мекардааст, ки ҳарифро бо гаронии бадани худ пахш кунад, бинобар ин ба падарам бисёр зӯр омада, рагҳои гарданаш баромада, қариб мондааст, ки канда шавад.
Одатан, полвонҳо баъди ҳарифро ба рони рост бардоштан ӯро ба тарафи чапи худ партофта ғалтонданӣ мешудаанд, падарам ҳам чунин вонамуд кардааст, ки Амонро бо ҳамон тарзи оддӣ ғалтондан мехоҳад ва чашмдошти Амон ҳам ба ҳамин будааст, аммо падарам баногоҳ як тоб хӯрда вайро ба тарафи рост, дурусташ ба қафои худ гардонда задааст; Амон, ки мунтазири ин набудааст, чаппа шуда ба замин фурӯ ғалтиданашро худаш ҳам нафаҳмида мондааст. Ин усул, — мегуфт падарам, — хавфнок аст, зеро мумкин ки худи кас пештар ғалтида дар таги ҳариф монад ва ин усулро ҳамон касе ба кор мебарад, ки қадаш аз ҳариф баландтар ва вазнаш ҳам зиёдтар бошад. Аммо падарамро дар он дам ғайр аз таваккал кардан дигар чорае намонда будааст.
— Ҳамин ки Амон ғалтид, — нақл мекард падарам, — ман ӯро чунон сахт ба замин пахш кардаам, ки ҳеҷ маҷоли ҷунбиданаш набуд. Халқ талотӯб карда, ғавғо бардошт, аммо ба гӯши ман ҳеҷ чиз намедаромад. Ман рафта бобоятонро оғӯш кардам ва худамро дошта натавониста, гиря карда фиристодам. Бобоятон пуштамро молида гуфтанд:
— Қуввати тан кифоя не, писарам, дилро бақувват доштан лозим!
Ба мукофоти ғалаба падарамро ҷомаву тӯппии нав пӯшонда ва ба миёнаш миёнбанди шоҳӣ бастаанд. Баъди ин воқеа Амон муддати чандин сол номи полвони якумро ба худаш бозгардонданӣ шуда, падарамро чандин бор ба гӯштингирӣ даъват кардааст, аммо падарам ҳар дафъа даъвати ӯро рад менамудааст, зеро полвонҳо одатан бо каси як бор ғалтондагиашон бори дуюм гӯштин намегирифтаанд.
Алами Амон кам-кам ба кинаю кудурат мегузарад.
Вай ба қасди аз мағлубкунандаи худ қасос гирифтан афтода, интизори фурсат мешавад.
Дар байни деҳаи мо ва Шоён даште буд. Деҳқонони безамин ва камзамини деҳаи мо ба тариқи ҳашар ҳар сол ба як канори он дашт об бароварда, ҷаву гандум мекоштанд. Падари ман ҳам дар он кор шарик буд. Як тобистон, дар вақти дарав Амон ба дашт омада, бо падарам моҷаро сар мекунад ва нохост бар сари вай як мушт сахт мезанад. Дос аз дасти падарам меафтад, сараш чарх зада, чашмонашро сиёҳӣ пахш мекунад, аммо бо ин ҳама вай аз по намеафтад. Баъди андак ба худ омадан вай ҳам ба Амон ҳамла карда, ба сараш як мушти сахт мефурорад. Амон аз пой меафтад.
Аз он баъд ҳоли Амон чӣ шуд, намедонам, аммо падарам таъсири мушти оҳанини ӯро то охири умраш ҳис мекард, яъне тобистон дар гармии офтоб сараш чарх мезад. «Майнаам луқ-луқ мекунад»,-мегуфт вай.
Модарам
Вай аз падарам даҳ-понздаҳ сол хурдтар буд. Қади майдааш базӯр то китфи падарам меомад. Ба намуд солиму бардам буд, рӯйи сафедаш сурхии латифе дошт, чашмонаш калони гӯсфандӣ, пешонааш кушоди беожанг буд. Ҳаракатҳояш чобук ва озодона буда, корубори хонаро бо тезӣ ва бе ташвиши зиёд анҷом медод. Меҳрубон ва раҳмдил буд, ба ятиму бенавоён дилаш сӯхта мегирист, одамдӯст буд, меҳмондориро нағз медид ва ҳар гоҳ агар ба хонаамон касе аз хешонаш ё дугонаҳояш биёяд, тайёр буд, ки тамоми занҳои маҳалларо ба меҳмонӣ даъват кунад.
Як вақт аз зодгоҳи модарам — деҳаи Қӯрғон зани ҷавоне ба дидани амаки пираш ба деҳаи мо омад. Модарам ӯро ба хонаамон таклиф кардани шуд. Модари ин зани ҷавон як вақтҳо дар Қӯрғон бибиотун буда, модарам дар хурдсолиаш пеши ӯ бо ҳамроҳии духтари ӯ сабақ хонда будааст. Падарам, аз чӣ сабаб бошад, ки ба хонаамон таклиф кардани он зани ҷавонро муносиб намедид, аммо дар ҳамон даме, ки падару модарам дар ин бора гуфтугӯ мекарданд, аз роҳрави дарвозахона се зани фаранҷидор намоён шуданд. Модарам бо хурсандӣ:
— Ана, Нисохон! Худаш омад! — гӯён ба пешвози меҳмонаш давид.
Вай ба мо гуфта буд, ки шавҳари Нисохон одами бадҷаҳл аст ва занашро мезанад, аз дари ҳавлӣ берун баромадани намемонад. Нисохон бошад, зани дилшод аст, хушчақчақ ва маҷлисорост, овози хуб дорад, ҳофиза ва ҳам раққоса аст. Рӯзе аз рӯзҳо шавҳари вай дар сари хашму ғазаб бо теша ба пойи занаш зада, панҷаҳои пойи ӯро бурида партофтааст.
Ман хостам зудтар ин зани сиёҳбахти панҷаипобуридаро бубинам, бинобар ин, тозон аз кафон модарам рафтам. Падарам бошад, барои он ки «чашми номаҳрам»-аш ба рӯйи занҳои бегона ғалтида, «гунаҳгор» нашавад, ба хонаи амакам даромада ғоиб гардид.
Меҳмон чашмбандашро боло кард. Ҳамроҳаш ду амакзодаи вай ҳам омада буданд, аммо ман фақат ба Нисохон нигоҳ мекардам. Вай зани ҷавони бисёр зебо ва нозукандом буд, дар танаш атласкуртаи сабз, дар гӯшҳояш гӯшвораи дароз, дар гарданаш марҷони сурх дошт, чашмонаш сип-сиёҳи ҷилодор буданд- Бо модарам хандону шукуфон вохӯрдӣ кард, ба тавре ки ҳеҷ ба зани сиёҳбахт монандӣ надошт. Ман якзайл ба пояш нигоҳ мекардам, то зудтар панҷаҳои буридаи ӯро бубинам, аммо пойҳои вай дар даруни кафши «амиркони»-и наппа-нав пинҳон буданд.
Падарам ночор гӯшту равған, биринҷ ва равғани чароғ ёфта овард. Модарам даррав занҳои ҳамсояро ҷеғ зад. Меҳмондорӣ ва сӯҳбати гарм сар шуд- Нисохон кафшашро кашида, дар пешгаҳ ба болои кӯрпача нишаста буд, ман дидам, ки ҳақиқатан як пойи ӯ чаҳор ангушт, пойи дигараш се ангушт надоранд.
Амакзодаҳои Нисохон, яке духтари қадрас, дигаре келинчаки ба қарибӣ шавҳаркарда, ҳардуяшон ҳам шӯхтабъи хандон ва гапбоз буданд. Онҳо аз Нисохон хоҳиш карданд, ки тарона гӯяд. Меҳмони қӯрғонӣ розӣ шуда дутор талабид. Дутори падарам дар меҳмонхона буд ва дар он ҷо ҷӯраҳои гапхӯр ҷамъ шуда нишаста буданд. Модарам бо андешаи ин ки агар аз меҳмонхона дутор пурсад, сабаби кунҷковии номаҳрамон мешавад, бародарам Азизхонро ба хонаи яке аз ҳамсояҳои дутордор фиристод, ки дуторашонро пурсида гирифта биёрад.
Меҳмони қӯрғонӣ дутор зада, бо овози ширадори дилангези худ суруду нағма сар кард. Вай як ғазали ӯзбекиро бо нақароти «Ҳама озод бӯлдӣ, булмадим озод дастингдин» тараннум кард, ки ҷигархарош, ҳузновар ва пур аз оҳу нолаи ҷонгудоз буд. Занҳо шайдо гашта ба мақоми тарона мадҳушона алвонҷ мехӯрданд ва бо остинҳои дарози худ оби дидаҳояшонро пок мекарданд. Ман аз он ғазали диловез ва савти шӯрангез об шуда, сарамро ба китфи модарам такя дода нишаста будам, ки ба ногоҳ аз берун овози ғазаболуди падарам баланд шуд.
Вай модарамро ҷеғ мезад. Модарам якбора аз ҳолати мафтунӣ ба худ омада аз ҷо бархесту берун баромад. Ман ҳам хавотир кашида, аз пайи ӯ ба айвон баромадам.
— Ба меҳмонат гӯй, дам шавад! — хашмгинона амр кард падарам. — Хонаро ба сараш бардошт-ку! Овози вайро дар меҳмонхона будагиҳо шунида нишастаанд. Онҳо гумон мекунанд, ки ашӯлагӯянда ту ҳастӣ. Мулло Зайниддин: «Кас дар ин ҷо аз имонаш ҳам ҷудо мешавад! Ба як маҳалла шунавонда, занашро ашӯла мегӯёндагӣ одам ба меҳмонхонааш мӯъмину мусулмонро ҷеғ назанад, беҳтар буд!» гуфта аз меҳмонхона баромада рафт. Ман аз шармам замин накафид, ки дароям.
Модарам ҳаросон шуда гуфт:
— Охир, вай меҳмон аст, як мазлумаи дилшикаста аст, ман чӣ хел ба вай «ашӯла нахонад!» мегӯям?
— Мегӯйӣ! Ту кай боз гапи маро мегардондагӣ шуда мондӣ! — инро гуфта падарам ба рӯйи модарам як шаппотӣ зад. Ман тарсида ларз-ларзон ба модарам маҳкам часпида гирифтам. Бечора модарам кафи дасташро ба рӯяш ниҳода овозе набароварда боз ба хона даромад. Вай ба рӯйи меҳмонон зӯрбазӯракӣ табассум мекард, ба тавре ки ӯро дида раҳми кас меомад. Вай дарҳол ваҷҳ ёфта, ба ҳофизаи қӯрғонӣ:
— Афв кунед, соҳиби дутор омадааст, дуторашро мепурсад, — гуфту дутори дар паҳлуи Нисохон истодаро гирифт. Вай боз бо садои нарму табассуми узрхоҳона илова кард: — Афсӯс, намонданд, ки камтар машқу ашӯлаи шуморо шунавем…Вай дуторро гирифта бурд.
Ман фаҳмидам, ки модарам, бо ин тариқ ашӯлахонии меҳмонро бас кунондани аст, лекин, мутаассифона, меҳмон ба фаҳми ин намерафт — вай баъди ба хона баргаштани модарам гуфт:
— Майлаш, ман бе дутор ашӯла мехонам.
Пас, табақчаеро дудаста дар бари рӯяш нигоҳ дошта, ба он доиравор панҷа зада-панҷа зада таронаи нав хонданӣ шуд. Занҳо хушҳолона омодаи шунидани тарона гардиданд, лекин модарам… модарам асло хурсанд набуд.
Ман ба рӯяш нигоҳ кардам — ранги рӯяш канда, монанди рӯймоли сараш сап-сафед шуда буд. Охир чаро рангаш наканад, ки лаззати хониши ҳофизаи хушилҳон барои ӯ шарбати заҳр мегардид. Вай тез ба пиёла чой рехта ба меҳмон дароз кард. Бо дасти ларзонаш қатламаро пора карда истода мегуфт:
— Ба дастархон нигоҳ карда шинетон, охир… Шумо аз қатлама ҳеҷ нахӯрдаед-а, Нисохон!
— Қуллуқ1, ман бисёр хӯрдам, — ҷавоб медод Нисохон.
Инак, меҳмони нозанини мо қиёфаашро ғамолуд сохта, чашмони сип-сиёҳи дурахшандаашро нимпӯш карда, бо оҳанги сӯзу гудоз, алам, ҳасрат ва надомат таронаи нав сар кард. Лекин ман акнун чӣ сурудани ӯ, нағзӣ ё бадии суруди ӯро фарқ карда наметавонистам, зеро чашму ҳуши ман ба модарам буд. Дилам ба ӯ месӯхт.
Вай ҳамоно табассум мекард, аммо аз табассумаш осори парешонҳолӣ ва азоби рӯҳии ӯ ҳувайдо буд: лабонат мепариданд, чашмони ваҳмгирифтааш гоҳ ба рӯйи меҳмон ва гоҳ ба дар нигоҳ мекард. Вай бешуурона аз ҷо хеста, рафта дарро маҳкамтар пӯшид…чойникро гирифта ба пиёла хам кард, бехабар аз он ки чойник холи аст, дар ин асно сарпӯшаки чойник ҷингир-ҷингир карда, ларзиши дасти модарамро ошкор сохт. Ҳофизаи нозанин бошад булбулвор илҳон мекард ва занҳо аз овози сеҳрангези у сеҳрзада шуда, мисли гаҳвораҷунбон ҳай сар меҷунбониданд. Вале модарам дар ҷойи нишастагиаш карахт шуда монда, якзайл ба берун гӯш меандохт.
___________
1Қуллуқ — ташаккур, раҳмат (ба забони ӯзбекӣ).
Дарвоқеъ, ҳам аз берун шарфаи по шунида шуд. Ман худдорӣ карда натавониста, тирвор парида берун баромадам. Дар торикӣ падарам ба таги дар омад.
— Дадо, Нисохон-холаамро бибиам ашӯла гӯёндагешон не, худи холаам…
— Бибиатро ҷег зан! — бо ғазаб фармуд падарам.
— Дадо, Нисохон-холаам худашон…
— Ҷеғ зан, мегӯям! — боз гапи маро бурид вай.
Аз тарс ларзида, дари хонаро нимроғ кушода, ба модарам имо кардам, ки барояд. Вай бо чашмони ваҳму ҳаросгирифтааш ба ман нигоҳ мекарду аз ҷояш намеҷунбид. Ман сахттар даст ҷунбонида имо кардам.
Ниҳоят, вай бархоста, оҳиста-оҳиста қадам монда баромад. Ҳофиза бошад, аз дунё бехабар, бо овози баланд авҷи ашӯлаашро мегирифт ва овози вай, албатта на фақат дар меҳмонхона, балки дар кӯча ҳам шунида мешуд.
Ман бо ҳар ду дастам ба банди дасти модарам часпида, бо ӯ дар пеши падарам ҳозир гардидам.
— Бо ман ҳар чӣ хоҳед кунед, аммо ҳозир не, баъд! Монед, меҳмонҳо бе хархаша баромада раванд, баъд аз он кушед ҳам майлаш, — ба падарам фурсати даҳан кушодан надода, зорикунон гуфт модарам.
Падарам як оҳи қаҳролуд кашида, ду-се қадам онсӯтар рафт.
— Маро шарманда кардӣ! — гуфт вай ва баъд бо овози баландтар, барои он ки Нисохон шунавад, илова кард: — Бо ин хел овози баланд ашӯла гуфтан чӣ лозим? Тамоми маҳалла мешунавад, охир, ба дили одамҳо ҳар хел гап меояд… Шармандагӣ!
Овози Нисохон ҳамон лаҳза бурида шуд.
Модарам ба хона баргашта, аз шарму хиҷолат забонаш гирифта, ба узрхоҳӣ даромад:
— Ин мардҳо…аҷаб… одамҳои ғалатӣ мешудаанд!
Дадои ин, — модарам маро нишон дод, — ҷаҳлашон ганда… дар сари ҷаҳл одобро ҳам аз хотир мебароранд…Ба дилатон нагиред, ойимпошшо.
Нисохон суп-сурх шуда рафт, аммо хиҷолатмандӣ ва озурдагии худро дар зери лабханди нозук пинҳон карданӣ шуда:
— Пештар гуфта намонда будед-дия ба ман! — гуфт. — Рост мегӯянд… Ҳақиқатан ҳам… ашӯла хондани ман лозим набуд…
Баъди хомӯшии дурударози бағоят ногуворе, ки ба миён омад, меҳмонон бархоста хайрухуш карданд. Модарам онҳоро то наздики дарвоза гусел кард.
Ман хурсанд шуда дар дилам мегуфтам, ки нағз шуд, акнун бибиам хотирҷамъ шуданд.
Лекин модарам, вақте ки ба хона гашта омад, парешонҳол ва андӯҳгин буд. Вай дастархонро ғундошта истода, ногаҳон худро ба рӯйи гилем партофту фиғоне бардошт. Бечора ҳунгас зада зор-зор мегирист…
Бачаи талабида гирифтагӣ
Аз рӯзе, ки ман худро шинохтам, дар сарам кокулча буд. Гумон мекардам, ки ман бо вай зойида шудаам. Ин кокулчаи зормонда, ки аз теппаи сарам овезон шуда меистод, боиси хафагиҳои аввалини ман шуда буд, зеро дар вақти бо ҷӯраҳоям ҷанг карда даст ба гиребон шуданам, маро дар муқобили онҳо оҷиз карда мемонд.
Хусусан дар вақтҳои гӯштигириам кокулча балои ҷони ман буд. Ҳикоятҳои полвонии падарам маро ва бародарам Азизхонро ба шавқ оварда, дар дили мо ҳаваси полвоншавиро бедор мекард. Майли Азизхони сездаҳсола аз ҳамаи бозиҳо ба гӯштигирӣ зиёдтар буд; аксар вақтҳо ман ӯро дар саҳни масҷид бо ягон ҳамсолаш даст ба миён медидам. Вай, гарчанде дар гӯштигирӣ бисёр маротиба мағлуб шавад ҳам, бо ин ҳама худро паҳлавон ҳисоб мекард. Саропо чанголуд, пойлуч, сарутан дарида, вай давон-давон ба хона меомаду аз модарам як бурда нон ё як каф зардолуи хушкро гирифта, хӯрда-хӯрда боз ба кӯча медавид, то ки бо «полвон»-ҳои нав зӯрозмойӣ кунад.
Ман шашсола будам, ҷӯраҳо доштам. Мо ҳам ба бачагони калонсолтар тақлид карда гӯштӣ мегирифтем, аммо гӯштигирии мо аксар вақт бо занозанӣ ва доду фиғон меанҷомид.
Ҳарифони ман, агар дар гӯштигирӣ маро ғалтонда натавонанд, аз кокулам гирифта мекашиданд, ман аз дард доду фарёд бардошта, маҷбур мешудам, ҳатто ба ҳарифе ҳам, ки аз ман камқувваттар буд, таслим шавам. Ин ба ман бисёр алам мекард, ба назди модарам омада гиря мебардоштам:
— Кокула намехоҳам, бурида партоед! Бачаҳои дигар кокул надоранд-ку!
Модарам маро ба оғӯш гирифта аз сару рӯям мебӯсид ва мегуфт:
— Охир бачаҳои дигар худашон ба дунё омадаанд, ту бошӣ фарзанди талабида гирифтагӣ мебошӣ.
«Ба дунё омадан» чӣ бошад ва «фарзанди талабида гирифтагӣ» чӣ маъно дорад, ман намефаҳмидам ва дар дилам афсӯс мехӯрдам, ки ба дунё худам наёмадам. Дертар фаҳмидам, ки падару модарам баъди Азизхон боз чаҳор фарзанд ёфта бошанд ҳам, ҳамаи онҳо дар хурдсолӣ вафот карда будаанд. Падару модарам пештар аз он ки ман ба олами вуҷуд оям, ғами умрдарозии маро хӯрда, сарамро ба мазори Идрис-пайғамбар ниёз карда будаанд, то ки агар баногоҳ Худо ҷони маро гирифтанӣ шавад, ин пайғамбар ба ман шафоат карда, ӯро аз нияташ гардонад. Барои ин хизмати Идрис-пайғамбар падарам ба вай як гӯсфанд ваъда карда будааст. Кокул нишонаи «ниёзмандӣ»-и сари ман, дурусташ — ҳуҷҷати қарздории падару модарам аз Идрис-пайғамбар буд ва ман аз он кокул танҳо баъд аз адои қарз, яъне баъди гӯсфанд куштани падарам дар мазори пайғамбар, халос шуда метавонистаам.
Хулласи калом, ман кокуламро мурданивор бад медидам. Эҳтимол, онро худам қайчӣ карда мепартофтаму лекин модарам маро .тарсонда монда буд, ки агар ман онро пеш аз қурбонӣ кардани падарам гӯсфандеро дар мазори Идрис-пайғамбар қайчӣ кунам, даррав мемурам. Ман аз мурдан тарсида, ба кокул даст намезадам. Падарам бошад, доим пул надошт, то ки гӯсфанд харида, ба Чатқал, ки мазори Идрис-пайғамбар дар он ҷо будааст, бурда қурбонӣ карда, маро аз кокули сабилмонда халос намояд.
Рӯзе аз рӯзҳои тобистон ман аз боғ ба ҳавлиамон барои аз модаркалонам хабар гирифтан омадам ва ба ӯ як харбуза бардошта овардам.
Амакам бо зану духтараш ва аммазодаам Зебӣ ба сари полиз рафта буданд, дар суфаи таги сада модаркалонам монанди ҳамеша танҳо нишаста чарх мересид.
Вай маро даррав аз шарфаи поям шинохт.
— Собир, туӣ? — Аз чархресӣ бозистода сарашро ба тарафи ман гардонд модаркалонам.
— Ба шумо харбуза овардам, бибиам дода фиристоданд.
— Биё, очаат гардад, даррав биё, маро оғӯш кун. Маро ёд накардӣ, баррачаи очаш? Ман туро ёд кардам…
Ман рафта аз гарданаш оғӯш кардам, вай бо дастҳои лоғари нотавонаш маро ба синаи худ пахш карда, сарамро мебӯсид ва пуштамро мемолид.
— Рав, баррачаи оча, кордро оварда харбузаатро куш.
Ман корд ва табақча оварда харбузаро кушта очаамро зиёфат кардам.
— Илоҳӣ, калон шавӣ, бадавлат шавӣ, — мегуфт модаркалонам, дар даҳони бедандонаш харбузаи мулоимро хойида-хойида. — Ман ҳар рӯз дар болои ҷойнамозам шумо набераҳои азизамро дуо мекунам, ки: Худоё, Худовандо, набераҳоямро дар паноҳи худат нигоҳ дор. Агар бобот зинда мебуданд, туро дида чӣ қадарҳо шод мешуданд! Бобот дадои туро аз писарҳои дигарашон нағзтар медиданд, сабаб ин, ки дадот ба он кас ғамхору меҳрубон буд, ба гапашон медаромад. Аз кӯча ба ҳавлӣ биёяд, аввал ба пеши бобот медаромад, ҳолпурсӣ мекард. «Дадо, ба ман хизмат нест-мӣ? — гуфта мепурсид.- Ба келинатон фармоям ширбиринҷ пухта биёрад?» Агар ба ягон ҷойи дур рафтани шавад, ба пеши бобот даромада: «Дадо, фотиҳа диҳед» мегуфт. Дар ҳамон ҷойҳои дур ҳам падарашро аз ёдаш намебаровард; вай аз Чатқал ба бобот ҳамон асои дар хонаатон истодагиро овард. Акнун дадот он асоро аз падарам ёдгорӣ гӯён табаррук медорад. Ана аз барои ҳамин бобот ба дадон ту аз писарони дигарашон дида меҳрубонтар буданд. Як рӯз дар меҳмонхона он кас ба дадот гуфтаанд, ки писарам, ҳар вақт ту пеши ман дарой, ба пуштам офтоб мерасад…
Шаш бародари падарам аз модари дигар — аз зани якуми бобоям буда, ҳамаашон солхӯрда буданд; калонтарини онҳо Исохон, баъди зан гирифтанаш ба Тошканд кӯчида, дар ҳамон ҷой ҳавлӣ-ҷой карда буд; дуюминашон бо оилааш дар деҳаи ҳамсоя истиқомат мекард, як нафарашон вафот намуда буд. Се нафари дигарашон дар деҳаи мо меистоданд. Ҳар шаш нафарро модаркалонам ба воя расонда, хонадор карда бошад ҳам, онҳо ба вай бепарво буданд ва иззаташро ба ҷо намеоварданд. Модаркалонам баъзан аз онҳо шикоят карда «аз бегона ҳам бадтаранд, ҳеч намепурсанд» — гуфта мемонд.
Амакҳои калониат, — суханашро давом дод модаркалонам, — дар ҷавониашон, аз ваҷҳи ин, ки бобот ба дадон ту меҳрубонтар буданд, дадотро нағз намедиданд, бахилӣ мекарданд. Онҳо бисёр маротиба дадотро дошта заданӣ шуданд, аммо дадот ҷавон бошад ҳам, аз онҳо зӯртар буд, чаққон буд, худашро ба онҳо намедоронд. Як вақт шаш бародар маслиҳат карда, вайро заданӣ шуданд, аммо дадот аз байни онҳо зада баромада, ҳу ана вай сангро… — модаркалонам бо ангушташ санги калонеро, ки якчанд пуд меомад ва дар пеши хоначаи худаш хобида буд, нишон дод, гӯё ки онро дида истода бошад, — ана ҳамон санги калонро бо ду дасташ бардошта, вайро ғайр аз падарат ҳеҷ каси дигар бардошта наметавонист, ба акоҳояш: «Ку наздик биёед, зада маҷақ мекунам!» гуфт. Онҳо тарсида, ба дадот наздик наомаданд…
Дар офтоб сӯхта-пухта, аз сари полиз давон-давон Зебӣ омад. Зебӣ духтари аммаи ман аст, ки як қабза кокулчаҳои майда-майда бофтааш бодбезак барин ёзида, китфу гардани нозукашро пинҳон карда меистод. Намози пешин наздик буд. Зебӣ бояд барои таҳорати модаркалонамон об оварда, баъд ӯро ба сари ҷойнамоз менишонд. Вай рӯзе панҷ бор ин хизматро анҷом медод ва дар ҳар ҷое, ки бошад, ин вазифаро аз ёдаш набароварда, сари вақт ба хона расида меомад.
Зебӣ дар сесолагиаш аз модар ятим монда, дар хонаи мо ва дар пеши модаркалонамон калон шуда буд.
Мегуфтанд, ки падараш зинда аст, аммо Зебӣ ӯро надида буд ва намешинохт, — падари вай бо зани дуюмаш дар кадом деҳаи дуре зиндагӣ мекард ва ба духтараш тамом бегона ва бепарво буд.
Зебӣ модаркалонамро ба сари ҷойнамоз нишонду баъд лӯхтакҳои навашро оварда ба ман нишон додан гирифт.
— Ана ин ояам мешаванд (Зебӣ модари маро оя мегуфт). — Ин писарча ту ҳастӣ, ин духтарча — ман худам. Ояам маро китоби «Ҳафтяк» мехононанд.- Зебӣ лӯхтаки калонашро дар кӯрпача ҷой дода «худаш»-ро ва «ман»-ро дар назди вай нишонд.
Овози моро шунида, аз кӯча ба ҳавлии мо ҷӯраҳои ман Солеҳ ва Маҳмуд даромада омаданд. Солеҳ бачаи почадарози даванд, аз думи аспон ба қил кандан усто ва аз он қил ба кӯзанаки гунҷишкгирӣ сохтан моҳир буд. Маҳмуд бошад, аз ҳамаи мо чустучолоктар буда, гурбавор хазида ба болои дарахту бому деворҳо мебаромад ва кӯзанакҳоро дар гунҷишкхонаҳо ҷо мекард. Ҳозир, Маҳмуд як гунҷишкро дар даруни куртаи дарбеҳгинаш андохта оварда буд, ки ҳар дам патаррос мезад. Солеҳ бошад, аз думи ким-кадом аспи роҳгузар панҷ-шаш тор қили дароз канда оварда буд. Мо аз ҷӯйи он тарафи кӯча лой гирифта оварда, аз қил ба кӯзанаксозӣ сар кардем (кӯзанак ин тавр тайёр карда мешуд: як пора лойро гирифта, тахминан ба шакли сабзи поёнашро васеътар ва болояшро бориктар карда, кулӯла намуда «қолиб» месохтем ва панҷ-шаш тор қилро дар гирди он печонда- печонда тур мебофтем, баъд лойро мепартофтем, мемонд «тӯрхалтача»-и аз қил доми гунҷишкгирӣ).
Ба ногоҳ гунҷишки Маҳмуд фарри карда, аз таги куртааш баромаду ба пилтасабади модаркалонам даромад (Маҳмуд нӯги қаноти вайро бурида будааст, парида рафта натавонист). Гурбаи Зеби як хез зада, гунҷишкро ба дандон газида гурехт. Маҳмуд аз қафои гурба пеш карда, ба хонае, ки модаркалонам дар он ҷо намоз хонда истода буд, даромаданӣ шуд. Зебӣ вайро даромадан намонд. Маҳмуд ба Зебӣ часпида ӯро заданӣ шуд, ман тарафи Зебиро гирифта ба Маҳмуд дарафтодам. Маҳмуд маро якто зада гурехт, ман аз дунболи вай сур кардам, вай ба девор ҷаҳида, худро ба ҳавлии ҳамсоя партофт. Ман ҳам аз девор ҷаҳиданӣ шуда будам, ки вай аз он тараф кокули маро гирифта кашиду аз дасташ сар надода истод. Ман аз дард фарёд задам, баъд вай кокуламро сар дода гурехт.
Бозии мо ҳамин тариқа поён ёфт. Бо айби кокулам ман аз он ҷангараи дилозор қасос гирифта натавонистам на дил пур аз сӯзу алам ба боғамон баргаштам.
Дар он ҷо гирёну нолон ба модарам дарафтидам, ки:
— Кокула намехоҳам, қайчӣ карда партоед?
Модарам ба ман тасаллӣ дода мегуфт:
— Боз камтар сабр кун, ҷони бибеш, дадот аз Қирғизистон биёянд, гӯсфанд харанд, баъд аз он…
— Намехоҳам, ҳозир қайчӣ кунед!
— Ҳозир намешавад, охир, сарат ниёз аст! Агар кокулатро ҳозир бурем, ту касал шуда мемурӣ, метарсонд маро модарам ва худаш ҳам аз гапи гуфтагиаш ба ваҳм афтода, рӯяшро ба як тараф гардонда, «туф-туф» мекард.
Ман бошам, асло мурдан намехостам, бинобар ин, кокул боз дар ҷояш мондан гирифт.
Дере нагузашта, ман сахт бемор шуда мондам. Таб гирифта хоб рафта будам, ба рӯям пуф-пуф кардани касеро ҳис кардам. Базӯр чашм кушода нигоҳ кардам, бинам ки як одами салладори бузриш дар сарам нишастааст, чашмонаш танг-танги обрав, гулӯяш борик буд, гулӯяш мисли тароша, ки ба халта андохта бошанд, баромада меистод. Ин кас мулло — дуохони маҳаллаи мо Зайниддин буд, ки ба ман дам меандохт. Амакам Обидхоҷа ҳам дар он ҷо ҳозир буд, мулло баъди дам андохта шудан гуфт:
— Тезтар ягон ҷондор кушта худоӣ кунед, набошад, бача нобуд мешавад.
Аз пушти девор овози гиряолуди модарам баланд шуд:
— Ҳозир мо чӣ тавр худоӣ мекунем, тақсир, охир падараш дар ин ҷо нестанд.
Мулло Зайниддин:
— Ба падараш нигоҳ карда наистед, хоҳар, бача нобуд мешавад, — гуфта модарамро метарсонд. Маълум шуд, ки сухан дар бораи куштани ҷондори ба Идрис-пайғамбар ваъда кардашуда мерафтааст, зеро ки амакам дар ҷавоби сухани мулло гуфт:
— Мазори Идрис-пайғамбар дар Чатқал аст, то он ҷо дурӯза роҳ. Падараш нест, ба Чатқал кӣ меравад?
— Ҷондорро дар мазори Идрис-пайғамбар куштан шарт нест,- даррав ҷавоб гардонд мулло.- Дар ҳамин ҷо кушед ҳам, шудан мегирад. Арвоҳи он ҳазрат дар ҳама ҷо ҳозиру нозир. Ҷондорро тезтар кушта маро хабар кунед, ман худам омада кокули инро бурида мемонам.
Гарчанде, ба пайғамбар гӯсфанд ваъда шуда бошад ҳам, мо гӯсфанд надоштем, амакам ва модарам маҷбур шуданд ягона бузғолаи маро, ки бисёр дӯсташ медоштам ва худам мечаронидам, худой кунанд. Мулло Зайниддин бо чаҳор каси салладор омада бузғолаи маро хӯрда рафт. Ғайр аз он, каму беш як пуд орде, ки ғаллаашро бародарам Азизхон аз хӯшачинӣ пайдо карда буд, низ худой шуд. Мулло Зайниддин дуо хонду қайчиро гирифта кокули маро бурида партофт. Баъд аз он модарам ба рӯймоли Зайниддин ва ҳамроҳони ӯ нонҳои гарм печонда дод, «меҳмонон» онҳоро дар бағал гирифта баромада рафтанд.
Модарам Идрис-пайғамбарро «хотирҷамъ» карда бошад ҳам, хотири худаш ҷамъ нашуд ва тарсаш аз эҳтимоли мурда мондани ман кам нагардид. Вай пайи ҳам чаҳор бачаашро гӯронда, дилашро гиронда монда буд. Ман сиҳат шуда хестам. Акнун, аз кокули зормонда ҳам халос шуда будам. Лекин маро як балои дигари аз кокул ҳам бадтар пойида истода будааст, ман «аз борон гурехта ба новадон» дучор шудам…
Рӯзе аз рӯзҳо модарам якбора ба ман аз ҳарвақта зиёдтар меҳрубон шуда монд, ҳатто рухсат дод, ки асои бобоямро гирифта бозӣ кунам.
Дар саҳни масҷид бо ҷӯраҳоям саргарми бозӣ будам, ки бародарам омада, маро ба хона гирифта бурд. Ба ҳавлӣ даромада, дар айвони хонаамон се зани бегонаро дидам, зани чаҳорум, ки модарам буд, ба меҳмонаш қиссаи Боборавшанро мехонд (ман инро аз аввали суханони модарам донистам, зеро пештар ҳам қиссаро шунида- шунида қариб аз ёд карда будам).
Дар баробари пайдо шудани ман модарам:
— Биё, ҷони бибеш, ана ин холаҳоят ба ту савғотӣ овардаанд, — гуфта маро ба наздаш талабид.
Занҳо тоқии маро аз чормағзу писта пур карданд.
Яке аз онҳо маро дар бағал гирифта, сарамро ба синааш пахш кард, гарм-гарм навозиш намудан гирифт. Ҳайрон будам, ба ин зани бегона чӣ кори ман маъқул шудааст, ки маро ин қадар навозиш мекунад? Ногаҳон, нармии гӯши ростам як чизи тез халида ҷаззи карда монд. Садои фарёдмонанде бароварда даст ба гӯшам бурда бинам, ки дастам хунолуд шудааст.
Меҳмони модарам бо меҳрубонии тамом ба гӯши ман як сӯзани ғафсро халонда будааст. Ба ҷойи хунбаромада як пора намадро сӯзонда пахш карданд ва камтар хокистар ҳам пошида монданд.
Вақте ки захмам сиҳат ёфт, дар гӯшам гӯшовезе иборат аз як шадда мӯҳраи майда-майда пайдо гардид.
Бо он гӯшовез бори якум ба кӯча баромада будам ки бачаҳо маро миёнагир карда:
— И, ана, Собир мунчоқ1 овехтааст! Собир писар набудааст, духтар будааст! Духтарча! — гӯён ҳаёҳу бардоштанд.
Аз ин бадтар чӣ мешавад? Ман гирёну нолон ба назди модарам омада шикоят кардам, ки бачаҳо маро духтарча гӯён масхара карда истодаанд, мунчоқро даррав аз гӯшам гир, ки тобу тоқати онро надорам. Модарам монанди ҳарвақта маро ба тасаллӣ додан даромад:
___________
1Мунчоқ — гӯшвор, мӯҳра.
— Масхара кунанд, ҳеҷ воқеа не, ҷони бибеш, як бор ду бор мекунанду дигар накунанд. Мунчоқ ҷони туро нигоҳ медорад. Агар Азроил биёяд, мебинад, ки дар гӯша. мунчоқ дорӣ, сонӣ вай: «Ман барои ҷони писарбачаро гирифтан омада будам, ин духтарбача будааст-ку!» гуфта, гашта меравад, ту зинда мемонӣ.
Модарам бо ҳамаи «чораю тадбирҳо» маро аз дасти аҷал халос карданӣ мешуд. Ман ҳам асло мурдан намехостам, бинобар ин хоҳу нохоҳ ба тақдирам тан дода, мунчоқро дар гӯшам овехта гаштан гирифтам. Аз барои «зинда мондан» ба хандаи бачагон ҳам тоб меовардагӣ шудам.
Бачагон ба ман на фақат «духтарча» гӯён ханда мекарданд, балки боз гоҳо аз мунчоқам гирифта мекашиданд, ки дарду озори ин аз кашида шудани кокул хам зиёдтар буд. Як рӯз Маҳмуд аз гӯшворам гирифта, чунон сахт кашид, ки қариб нармии гӯшам дарида буд, лекин маро ғайр аз сабр чора набуд. Охир, барои зинда мондан ба ҳамаи ин азобҳо тоқат карданам лозим буд. Дар он вақтҳо падару модарам ҳамин тавр фикр мекарданд ва худам низ ҳамин тавр фикр мекардам.
Об, об!
Тобистон мо ба боғамон кӯчидем. Боғи мо аз деҳа чор чақрим дуртар, дар ҷӯйи Дӯлона воқеъ шуда, аз ним таноб токзор иборат буд, ки дар гирди девораш бед, сафедор ва дарахтони зардолу шинонда будем. Дар як канори боғ айвон буд, мо дар таги он айвон истиқомат мекардем ва шабҳо, агар ҳаво хушк бошад, ба болои бомаш баромада мехобидем.
Дар пушти боғамон панҷ таноб замини корам доштем. Ин боғу замин дар тасарруфи шариконаи ду оила — хонаводаҳои мо ва амакам Обидхоҷа буд. Мо дар боғ бо навбат рафта менишастем: як сол мо, соли дигар амакам бо зану бачагонаш.
Тирамоҳи гузашта пахтаҷаллобони тӯсӣ пахтаро аз деҳқонон бо нархи баланд хариданд, бинобар ин, имсол падарам ва амакам дар замини мо ғӯза кошта буданд. Ин ғӯза ба сари мо ташвиши бисёре овард. Ҳанӯз дар баҳор овоза паҳн шуд, ки нархи пахта имсол бисёр паст мефуромадааст. Дар Русия коргару солдатҳо сар бардошта, подшоҳро аз тахт ғалтонда, бо амалдору саркардаҳои подшоҳ ҷанг карда истода будаанд, шаҳрҳо хароб будаанд, заводҳо аз кор мондаанд. Заводи пахтатозакунии Тӯс аз чӣ сабаб бошад, ки кор накарда монд.
Деҳқонони пахтакорида ба хавотир афтода буданд.
Падарам ва амакам шабҳо моёнро бо модарам ба боми айвон бароварда фиристода, худашон то ними шаб дар айвон нишаста аз корубори худ гуфтугӯ мекарданд. Мо дар боло овози онҳоро мешунидем, гуфтугӯяшон дар атрофи пахта, Мавлонхоҷаи пахтаҷаллоб, Русия, ҷанг ким-кадом ҳукумати нав чарх мезад. Аммо ғами асосӣ об буд. Тобистон кишти пахтаро ҳафт-ҳашт бор об додан лозим, аммо об нест. Ҳатто дар солҳои серобӣ ҳам, ки об аз Ҷӯйи Дӯлона канда намешуд, вай ба мо бо душворӣ мерасид, зеро замини мо дар поёноб буд ва ба мо ҳамеша лозим меомад, ки нигоҳ карда истем, то ҳамсояҳои «боло» аз об сер шаванду он гоҳ мироб ба мо муруввате кунад.
Аммо имсол тобистон хушк омада, кишт ва боғи мо аз ташнагӣ ба ҷазир шудан расида буд. Ғӯзаи пастаки бенамуди мо кӯракҳояш хушкида пучак шудан гирифт. Агар вайро зудтар об надиҳем, бими он буд, ки тамоман сӯхта равад.
Сокинони деҳа дар сариҷӯйҳо ҷамъ омада, бузу гӯсфанду гов қурбонӣ карда ва намозҳо хонда, аз Худо абру борон металабиданд, лекин Худо арзи онҳоро ҳеҷ намешунавид. Ниҳоят, рӯзе аз рӯзҳо ба Ҷӯйи Дӯлона об омад. Мегуфтанд, ки дар кӯҳҳои Қирғизистон жола ва борони сел боридаасту ин об аз ҳамон будааст. Мувофиқи ваъдаи мироб навбати оби мо бояд баъди ду рӯз мерасид.
Ин ду рӯз ба мо як умр барин намуда бошад ҳам, гузашт, лекин об ба мо нарасид, пахтаю ҷуворимаккаи Мирабдулло-буқоқ1 ҳоло аз об сер нашуда будаанд, бинобар ин, мироб боз навбати моро ақиб партофт.
Падарам аз Сариҷӯй бо қавоқи гирифта баргашта, каландашро ба як тараф ҳаво дода ва дар таги сафедор дастҳояшро ба зонуяш ҳалқа карда нишаст. Дар онсӯтар, бар рӯйи палос бародарам пойи бараҳнаи қарқбаста ва аз офтоб сиёҳгаштаи худро ба ҳаво баланд карда мехобид ва ҳар дам аз дард фарёд мезад, зеро модарам бо сӯзан кафи пойи ӯро кофта, хорҳоеро, ки дар вақти хӯшачинӣ ба пояш халида буданд, мебаровард.
Падарам як муддат хомӯш нишасту баъд якбора аз ҷояш хест ва каландашро ба китфаш гирифта, аз дари боғ бадар рафт. Модарам ва бародарам хавотиркашона ба якдигар нигоҳ карда монданд. Модарам ба ман фармуд, ки баромада нигоҳ кунам — падарам ба кадом тараф рафт.
Вай қад-қади ғӯза рост ба тарафи Ҷӯйи Дӯлона равон буд.
Ман ҳам аз қафотари вай рафтан гирифтам. Масофаи то ҷӯй ним чақрим меомад. Лаб-лаби ҷӯй, каландҳошонро дар китфҳошон ниҳода, ду каси шинос гардиш мекарданд. Яке Шариф ном мард буд, бисёр қаддароз, ки аз ҳамин сабаб ӯро Шарифи Навча мегуфтанд, дигаре қадпаст ва каҷпо, номаш Ҳаит, Ҳаити Пакана. Инҳо чоряккорони Мирабдулло буданд. Ҳар дуяшон ҳам пойлуч, эзорпочаҳошон то зону барзадагӣ. Маълум буд, ки онҳо обро дидбонӣ карда гаштаанд. Падарам ба онҳо салом надода гузашта ба ҷое, ки аз ҷӯйи калони Дӯлона ҷӯйи хурде ҷудо шуда ба тарафи боғи мо мерафт, равон шуд.
— Ҳой, ба куҷо рафта истодаӣ? — фарёд зад Навча.
________
1Буқоқ — ҷоғар.
Падарам ҷавоб надод. Вай истода, бо се-чор каланд задан оби Ҷӯйи Дӯлонаро ба ҷӯйи мо кушода партофт. Шариф ва Ҳаит: «Ҳой, ту чӣ кор карда истодаи!» гуфта, каландҳошонро боло карда ба сари вай тохтанд. Ман, ба гумони ин, ки онҳо ҳамин дам рафта бо каланд ба сари падарам мефуроранд, аз тарс дод задам. Аммо Ҳаит ба «обдузд» дарафтиданӣ буд, ки падарам ӯро як лагад зада ба оби ҷӯй ғалтонд, баъд аз он каланди Шарифи ба худаш ҳамлакардаро аз дасташ зада гирифта, ба он тарафи ҷӯй, ба даруни алаф ҳаво дод. Занозанӣ сар шуд. Ҳар сеяшон дар даруни об истода ба ҳамдигарашон дарафтида буданд. Навча бо Пакана падарамро ба куҷояш, ки рост ояд, мезаданд, падарам ҳам ба сару гардани онҳо мушт мекӯфт. Вай пайт ёфта Паканаро боз як лагад зада буд, ки Пакана боз ба об — ин дафъа ба болои сангҳо ғалтид ва базӯр хеста лангон-лангон дур рафт. Шарифи Навча бошад, даҳону биниаш хуншор шуда буд, лекин ҳамоно аз занозанӣ даст намекашид. Ниҳоят, вай ҳам гурехт. Аз об гузашта каландашро аз даруни алаф ёфта гирифту ба тарафи падарам:
— Ту муттаҳам, кучук1, обдузд, ҳоло нигоҳ карда ист! Ба мингбошӣ арз карда, туро маҳкам накунонам, саг бошам! — гӯён таҳдид карда равон шуд.
— Ба ман гӯйӣ, ба пеши оқподшоҳ рав!-ҷавоб дод падарам, гарчанде медонист, ки оқподшоҳ кайҳо аз тахт фуромада мондааст.
Ҳаит ҳам лангон-лангон дунболи рафиқашро гирифт. Об шаввос зада ба ҷӯйи хушкидаи мо мерехт.
Ана, баъди як нафас, вай ба киштзори мо мерасад, дар он ҷо вайро ба ҷӯякҳои пахта равона кардан лозим аст.
Амакам дар деҳа буд, падарам ба ман фармуд:
— Тохта раву ба бибиат гӯй, бо Азиз дуяшон баромада ба ғӯза об монанд. Ман дар ин ҷо обро мепоям.
_________
1Кучук — саг.
Ман давон-давон рафта, фармойиш падарамро ба модарам ва бародарам расонидам ва боз гашта ба Сариҷӯй омадам. Медонистам, ки Шарифи Навча албатта, хӯҷаинашро ё миробро сар карда меоварам бинобар ин, намехостам падарамро танҳо гузорам. Маро ҳам тарс ва ҳам ҳисси кунҷковӣ фаро гирифта буд. Об ба замини мо расида рафт ва ману падарам аз дур медидем, ки модарам ва бародарам бо каланд дар даруни ғӯза гаштаанд. Инак, аз паси ҷуворимаккаи сабз ду савор намоён шуданд. Аз кафон саворон Шарифи Навча, дар китфаш каланд, қадам мезад.
Онҳоро дида, падарам бо куртаи пора-порашуда, бо қавоқи гирифта, рӯйи варамкарда ва дили пур аз кину ситеза, боз ҳам лою чимҳоро ба ҷӯйи калон хобондан гирифт, то ки ҳамаи об ба ҷӯйи мо равад.
— Ист! Чӣ кор карда истодаӣ, падарлаънати обдузд? Ба ту кӣ иҷозат дод, ки обро бандӣ? — мироб қамчинашро бозӣ доронда, аспи қашқаашро ба сари падарам ронда, овози ғулғуладорашро баланд кард. Вай рӯйи паҳни хашмолуде дошт, ришаш ягон-ягон, устухони рӯяш баромадагӣ ва биниаш пачақ буд. Дар паҳлуи ӯ, дар болои аспи саманди синафарох як одами ғафси ҷоғардор нишаста буд, ки риши каҷи сурхтоби нӯгборикаш ханҷари зангзада ва ҷоғари аз таги манаҳ ба як тараф баромадаистодааш пуфаки бод пуркардашударо ба хотир меовард. Ин кас Мирабдулло буд. Вай бо қамчинаш ба ҷӯй ишора карда, аз байни ришу ҷоғараш овози қурбоққамонанде бароварда, ба чоряккораш кӯтоҳакак фармон дод:
— Кушо!
Шарифи Навча даррав ба даруни об даромаду бо каландаш банди обро кушода, лою чимро ба даҳани ҷӯйи мо ҳаво додан гирифт. Падарам дам истод.
— Охир инсоф кардан лозим, ғӯзаи ман сӯхта рафт-ку! Ваъдаи шумо ҳамин рӯз буд! — гуфт вай ба мироб.
— Номаъқул кардӣ ту! — бо қаҳру итоб ҷавоб дод
мироб. — Ман ба ту «навбататро пойида ист» — гуфта будам.
Ту худсарӣ карда обро дуздидаӣ, боз одамҳои ин касро зада, яктаашро маъюб карда, даҳону бинии дигарашро хун кардаӣ! Ту пагоҳ дар маҳкама ҷавоб медиҳӣ!
Инро гуфта мироб ба роҳ даромад. Аз паси вай бой ҳам аспашро чу гуфта, бо кинаю нафрат ба падарам:
— Дузди луччак! Ту ҳоло нигоҳ карда ист! — гуфта таҳдид карда монд.
— Дузд гуфтагӣ худаш дузд! — фарёд зад падарам аз қафои ҷоғар.
Ӯро ҳеҷ кас омада ба маҳкама, ба назди мингбошӣ набурд. Аммо худи мингбошӣ ҳам, эҳтимол, ба падарам ҷазое сахттар аз он ки мироб ба ӯ дод, дода наметавонист; мироб моро аз навбати об маҳрум кард.
Обе, ки падарам «худсарона» ба ҷӯйи мо гардонда буд, барои ғӯзаи мо мисли қатрае буд, ки ба даҳони ташнаи ҷон кандаистода чаконда бошанд, вале бе чунин «худсарӣ»-и падарам ҳам мо умеде надоштем, ки ягон рӯзе навбати об ба мо мерасида бошад.
Падарам як-ду рӯз аламзада ва хашмгин шуда гашт; рӯзи сеюм дос ва ҷуволи кӯҳнаро ба китфаш партофта, роҳи Қирғизистонро пеш гирифт, то ки дар он ҷо ба доскашии боёни Сумсор ва Чатқал киро шуда ғалла даравад.
Аз Қирғизистон вай дар охирҳои тобистон баргашт ва баъди чанд рӯз барои мардикорӣ ба Тошканд равона шуд.
Ордро кӣ гирифт?
Падарам як ҳафта боз дар Тошканд. Мо бо модарамон мондаем. Модарам ҳомила. Аз чӣ сабаб бошад, ки гоҳо худ ба худ гиря мекунад.
Ҳар гоҳ ки ман ё бародарам аз кӯча омада:
— Бибӣ, гушна мондам, — гӯем, модарам, як каф орди зирбондашуда ё аз сандуқ камтар зардолуи хушк ё ки санҷид гирифта медиҳаду худаш гиря мекунад. Ором ва бесадо гиря мекунад.
— Бибӣ, барои чӣ гиря мекунед? — мепурсам ман.
Вай чашмонашро бо нӯги рӯймолаш пок карда дам намезанад.
Боре ману Солеҳ дар айвон донакбозӣ мекардем, модарам бо зани амакам дар хона нишаста буданд. Овози модарам ба гӯшам мерасид, ки мегуфт:
— Почотон1 ба мо якуним пуд орд монда рафтанду халос. Агар Худо накарда як-ду моҳ дер монанд, чӣ кор мекунам? Ризқу рӯзии бачагонамро аз куҷо меёбам? Бачагони бечораи ман гушна-гушна мегарданд, рӯзе як бор дами гармӣ хӯранд мехӯранд, набошад не. Собири маро дидед, рӯз ба рӯз харобтар шуда истодааст… Чунон метарсам, чунон метарсам ки, авсун2! Худо нишон надиҳад-ку, агар мабодо… мурда монад, чӣ кор мекунам? Шӯракам хушк мешавад, ман ҳам мемурам. — Модарам дар ин ҷойи суханаш гирист. — Рӯзам сахт, авсунҷон, чунон сахт, ки ҳеҷ напурсед… Ман ҳар чӣ андак ризқу рӯзиамон баромада истад гуфта, духтарчаҳоро ғун карда хононданӣ шуда будам, аммо почотон намонданд. «Ба мо барин деҳқонони хокпош ин корро кӣ мондааст?»-мегӯянд.
«Одамҳо намегӯянд-мӣ, ки фалонӣ зану бачаҳояшро пойида натавониста, акнун занашро бибиотун карда мондааст? Мон, ба гапу гапча тобам нест».
____________
1Почо — язна.
2Авсун — зани ҳевар ё худ бародари шавҳар.
Зани амакам дар ҳар гап «Худо гирад» мегуфт:
— Худо гирад ин камбағалию мӯҳтоҷиро! Ғусса нахӯред, авсун, одамизод дар пешониаш будагиро мебинад. Гуфтаанд-ку: чил сол муромурӣ шавад, боз ҳам аҷалаш расидагӣ мемурад… Худо гирад ин ғаму ғуссаро!.. Ба модарам раҳмам меомад. Чӣ кор кунам, ки бори ғами вай сабуктар шавад? Фикр карда, ҳеҷ чорае ёфта наметавонистам. Рӯзе ба хаёлам омад, ки ман ҳеҷ набошад, дар ҳаққи худам дили ӯро осуда карда метавонам. Пеш аз тошкандравии падарам бо талаби ман ва ризояти ӯ гӯшвор аз гӯши ман гирифта шуда буд. Ман онро аз қуттичаи модарам ёфта боз ба гӯшам овехтам.
— Чӣ шуд? Боз барои чӣ инро овехтӣ? — ҳайрон шуд модарам.
— Шумо «писарам мурда мемонад» гуфта тарсида, ҳар рӯз гиря мекунед-ку? — ҷавоб додам ман.-Аз барои ҳамин овехтам. Акнун хотирҷамъ бошед, намемурам… Шумо дигар гиря намекунед-а, бибӣ?
Модарам оби дидаашро бо нӯги остинаш пок карда сару рӯйи маро бӯсид ва гуфт:
— Хуб, ҷони бибӣ, ман дигар гиря намекунам. Мунчоқатро гирифта мон, набошад бачаҳо боз ба ту ханда мекунанд.
Инро гуфта, худаш гӯшворро аз гӯшам бароварда ба қуттича андохта монд.
Модарам савод дорад, вай дар ҳавлии мо ягона каси бохату савод аст. Ӯро дар хурдсолӣ ва духтариаш, то ба шавҳар додан, падару модараш дар пеши бибиотун хононда будаанд. Вай гоҳе шеър менавишт ва мегуфт, ки шеърро аз дилаш мебарорад. Дар рӯйи гилем ба девор такя карда менишасту китоберо ба зонуяш ниҳода ва коғазеро бар рӯйи он нигоҳ дошта, найқаламро ҳар дам ба давот1 тар карда, оҳиста-оҳиста навиштан мегирифт.
— Бибӣ, аз дилатон ғазал бароварда истодаед-мӣ? — мепурсидам ман.
— Ҳа… ана ҳозир ҳамааш мебарояд, баъд хонда медиҳам.
Навишта шуда, бо як навъ оҳанги махсуси сурудмонанд хонда медод:
Чанд гӯям дод аз ин бечорагӣ?
Санг бар фарқи сари бечорагӣ!
Ризқи моро Ҷӯйи Дӯлона надод,
Мурдашӯ шӯяд рухи бечорагӣ.
Азизхон, Зебӣ ва ман бо шавқу ҳавас гӯш меандохтем ва ҳайрон мешудем, ки модарамон ин хел суханҳои аҷоиби хушоҳангро аз куҷо меёфта бошад? Баъд аз он байтҳои дар ёдамон мондаро шоду хуррам такрор менамудем.
Ин қабил шеърҳоро модарамон «аз дилаш» бисёр бароварда буд. Вай онҳоро ба коғазҳои дарозу борики ба ҳам часпондашуда навишта дар қуттӣ нигоҳ медошт. Рӯзҳое, ки модарам мо се кас Азизхон, ман ва Зебиро дар наздаш нишонда сабақ ёд медод, рӯзҳои шодмонии ман буданд.
Азиз ва Зебӣ китоби «Ҳафтяк» мехонданд, ман бошам ояту сураҳоро аз бар мекардам ва нигарон будам, ки кай модарам ба ман ҳам ҳарфҳоро дар рӯйи тахтача навишта нишон доданро сар мекунад, чуноне ки ба Азиз ва Зебӣ нишон медод.
Модарам Зебиро бисёр дӯст медошт.
— Худо ба ман духтар надод, ту духтари ман мешавӣ, — мегуфт вай ба Зебӣ.
_________
1Давот — рангдон.
Ёд дорам, модарам дар кӯрпача нишаста, мӯйи тари Зебиро шона мекард. Зебӣ китоби «Ҳафтяк» дар даст ҷумлаҳои арабиеро, ки калима ҳам аз онҳо мафҳум набуд, бо овози сурудгӯёнаи хандаовар хонда, сабақи гузаштаро ба муаллимаи худ такрор менамуд, бо дасти дигараш пушти гурбачаи лоғари худро мемолид. Модарам бо шона мӯйи Зебиро ҷудо карда-ҷудо карда кокулчаҳо мебофт.
Баъди такрори сабақ Зебӣ китоби «Ҳафтяк»-ро ба як сӯ гузошта, гурбачаашро дар бағал гирифта, ба модарам саволи пеш аз ин даҳҳо бор додагиашро медод:
— Оя, шумо бибиамро дидагӣ-а? гуфта диҳед, бибиам чӣ хел буданд?
Модарам суханҳои пеш аз ин даҳҳо бор гуфтагиашро такрор мекард, аммо ҳар дафъа тавре такрор мекард, ки гӯё ба духтарча дар бораи модари вай аввалии бор гап зада истода бошад.
— Оҳ, Зебӣ, ман бибии ту барин занро надидаам. Чияшонро гӯям? Хушфеълиашонро гӯям-мӣ, одоби шиштухезашонро гӯям-мӣ?… Худо раҳмат кунад, бибиат ана ҳамин гурбачаро ҳам озор намедоданд. Хурду калонро «шумо» гуфта гап мезаданд, ҳатто ана ҳамин Собир барин бачаҳои хурдтаракро ҳам «ту» намегуфтанд…Ҳусну ҷамолашонро намегӯйӣ! Ҳамчунон хушрӯй буданд, ки дидагӣ боз як бор бинам мегуфт. Саводашон ҳам расо буд: кадом китобе, ки ба дасташон афтад, шаррос зада хонда рафтан мегирифтанд, ҳеҷ забонашон намегирифт. Аз Мирзобедил, Хоҷаҳофиз, Навоӣ пурсӣ, чашмашонро пӯшида варақ-варақ аз ёд мехонданд…
— Ман ҳам бибиам барин мешуда бошам, оя? — бо чашмони тар мепурсид Зебӣ.
— Албатта, набошад-чӣ? — ба нӯги кокулчаҳои Зебӣ аз пахта пилтаҳо бофта истода, ҷавоб медод модарам. — Бибиат туро дар ин дунё аз худашон нишона монда рафтанд, ки ту калон шуда, монанди худашон шавӣ, — бо ҷиддият бовар мекунонд вай духтарчаро. Мӯйи ӯро бофта тамом карда мегуфт. — Акнун, рафта аз очаат хабар гир: вақти намозашон шуд.
Зебӣ бештарин вақташро дар хонаи мо мегузаронд ва ҳар хел бозиҳо фикр карда бароварда, маро машғул медошт.
Ӯ ба модарам дилбаста ва меҳрубон буд, дар корубори хона худаш, бе он ки модарам гӯяд, ба ӯ ёрӣ медод. Модарам хона рӯфтанӣ шавад, омада аз дасташ ҷорӯбро мегирифт, хӯрок пухтанӣ шавад — даррав ҳезум оварда ба оташдон алов мекард.
Рӯзе аз рӯзҳо модарам беэҳтиётӣ карда, аз ғайри хоҳиши худаш, Зебиро сахт ранҷонд. Зебӣ чунон ғамгин шуд, ки гӯё мусибате ба сараш омада бошад.
Воқеа чунин буд.
Мо бо Зебӣ дар айвон ба чойи дӯстдоштаи ман — остоначаи сангини пеши дарича нишаста будем. Зебӣ ба лӯхтаки худ куртаи нав мепӯшонд, ман асои бобоямро ба худам дутор сохта замзама мекардам. Модарам дар хона, дар сари дегу оташдон андармон буд. Нохост, вай аз як чиз тарсидагӣ барин овоз баровард:
— Собир!
Ман ҷаҳида ба наздаш рафтам. Модарам бо ду даст сарашро гирифта дар пеши хум рост меистод.
— Орд нест! Ордро дуздидаанд! — гуфт вай.
Ман бо нӯги поям рост шуда ба даруни хум нигоҳ кардам. Ҳақиқатан, дар таги хум камтарак орд монда буд, ки се-чор қадоқ беш набуд. Аз якуним пуд орд баъди як ҳафтаи рафтани падарам фақат ҳамин мондааст!
— Кӣ гирифта бошад? — тарсону ҳаросон пурсид модарам.
— Ман чӣ донам?…
Зебӣ ҳам бесаранҷом шуда омад. Модарам ба вай бо чашми умедворӣ нигоҳ карда пурсид:
— Ё ту гирифтӣ-мӣ, Зебихон? Ту «орди очам тамом шуда истодааст» гуфта будӣ-ку?
Зебӣ дар ҷояш шах шуда монд, лӯхтак аз дасташ ғалтид, духтарак бо ду даст гиребонашро гирифт.
— Ё тавба!.. Ман наход ки!.. Ман чӣ хел напурсида мегирифтаам?…
— Набошад, кӣ мегирад?… Ё ту ҳамту… надониста гирифтӣ, а? Гӯй, Зебихон, ман туро ҷанг намекунам.
Зебӣ чашмонашро калон кушода ба модарам нигоҳ мекарду дамаш намебаромад. Баъд аз он рангу рӯяш ҷунбид, лабонаш инҷ шуданд ва ӯ ҳунгас гириста худро ба замин партофт. — Ман гирифта будаам!.. Ман…Дузд шудаам…Ман, агар гирифта бошам, илоҳӣ дастам шиканад, илоҳӣ аз ҳамин ҷоям нахезам!..
Модарам:
— Хайр, гиря накун, хез. Ман дар ҳаққи ту ҳеҷ гумони бад накардаам; медонам, ордро ту нагирифтаӣ… Ман аз ту ҳамту пурсидам, — гуфта ӯро тасаллӣ доданӣ мешуд, аммо бенатиҷа. Зебӣ ким-чиҳо гуфта торафт баландтар ҳунгас зада мегирист. Баъд аз он вай бархоста, гирёну нолон ба хонаи модаркалонам рафт. Дар он дақиқа дили ман аз орди гумшуда ҳам зиёдтар ба Зебӣ месӯхт, ман аз модарам норозӣ будам, ки чаро вай аз Зебӣ гумонбар шуд.
Рӯзи дигар гунаҳгор ёфт шуд. Аммо Зебӣ, ки агарчи аз гумон яклаҳзагӣ ҳам бошад, худро таҳқиршуда ҳисоб карда буд, ду рӯз аз хонаи модаркалонамон набаромад. Вай аз моён бо ҳеҷ касе вохӯрдан намехост. Оқибат худи модарам ба пеши вай рафта, ба воситаи модаркалонам хафагиро базӯр аз дилаш бароварда, оштӣ кард.
Гунаҳгор бародарам Азизхон будааст. Рӯзе, ки мо аз гум шудани орд хабар ёфтем, Азизхон дар хона набуд, кан аз ин воқеа як рӯз пештар ба деҳаи Қизилтеппа, ба хонаи аммаам рафта буд. Фардои он рӯз вай омад. Рӯз, рӯзи ҷумъа буд, модарам ба расми азодорӣ ба қабристон рафта буд, ки дар сари қабри фарзандони мурдагиаш гиряд.
Баногоҳ чашми ман ба ду тасмачаи борике, ки аз таги домани куртаи бародарам баромада истода буд, афтод. Одатан бо чунин тасмачаҳо ғилофи кордро зинат медиҳанд.
Ман бо хурсандӣ:
— Ако, кордро аз куҷо ёфтӣ? — гуфта, домани куртаи ӯро боло кардам, то кордашро тамошо кунам.
Азизхон дер боз орзуи корд мекард. Корд овехта гаштан сабаби ғурур ва ифтихормандии мардон, хусусан ҷавонон буд. Дар байни ҷӯраҳои бародарам корддорон кам набуданд. Азизхон доим ба падарам зорӣ карда мегашт, ки ба вай корд харида диҳад, падарам бошад: «Ту ҳоло ҷавонӣ, корд овехта гаштанат барвақт аст» гуфта, кордхариро якзайл ақиб мепартофт. (Аслашро пурсед, корд овехтани бародарам барвақт набуд-ку, лекин дар бозор корд қимат буд!). Лекин имрӯз чӣ тавре шудааст, ки орзуи деринаи бародарам ба вуҷуд омада, вай нохост корддор шуда мондааст! Бародарам хурсанд буд, вале хурсандии ман ҳам аз вай кам гар набуд, зеро вай ба ман: «Корддор шавам ба ту ҳар вақте, ки хоҳӣ, аз чӯб ҳуштак, чиллик тарошида медиҳам, най сохта медиҳам» гуфта, ваъда дода буд.
Аммо ҳозир Азизхон аз чӣ сабаб бошад, ки дасти маро аз доманаш дур кард ва кордашро нишон додан нахост.
— Ба бибиам «аком корд дорад» нагӯй, ба ҳеҷ кас нагӯй, хуб-мӣ? Агар гӯйӣ, ман ба ту кордамро нишон намедиҳам, ҳуштаку най сохта намедиҳам!
— Охир, ту ин кордро аз куҷо ёфтӣ?
— Ёфтам-дия!.. Дар роҳи Қизилтеппа ёфтам…
— Дурӯғ нагӯй, ако! Кадом одам ҳамин хел корди калонро ба роҳ афтонда гум мекунад? Ягон кас «овехта гард» гуфта додагист?
— Хайр, ҳамту… як кас дод… Лекин ба бибиам нагӯй!
— Барои чӣ нагӯям? Одам гуфтагӣ аз бибиаш ҳам руст мекунад-мӣ?
— Баъзе вақт… руст кунем, ҳеҷ чиз намешавад, — саросема шуда ҷавоб дод Азизхон. Боз гуфт: — Агар нагӯйӣ, ман сонитар ин кордро ба ту медиҳам, дадом ба ман корди дигар харида медиҳанд. Агар гӯйӣ, туро мезанам… бо ҳамин корд гӯшатро мебурам!..
Гарчанде аз хонаи худамон орд дуздидани бародарамро ақлам нагирад ҳам, ман гумони бад бурдам.
Пурсидам:
— Ту хабар дорӣ, ки орди мо гум шуд?
Бародарам ба паҳлу гашт, рӯяшро гардонд; ман дидам, ки вай сурх шуд. Гумони ман қавитар гашт.
— Бибиам ч-чӣ гуфт? Аз кӣ… донист? — забонаш гирифта пурсид Азизхон.
— Ҳоло аз ҳеҷ кас донистагиашон не… Ё ту гирифтӣ- мӣ, ако?
— Не, барои чӣ ман мегирифтаам? — Бародарам тарсидагӣ барин шуда худро як қадам ақиб кашид.
— Худат гирифтагӣ! — яқин карда гуфтам. — Донистам, ту ордро бурда ба корд иваз карда гирифтаӣ! Чаро ин хел кардӣ? Акнун бе орд мондем, чӣ кор мекунем?
— Инро гуфта, гирён-гирён ба қабристон давидам.
Дар байни занҳое, ки назди қабрҳо нишаста навҳа мекарданд, модарамро даррав шинохтам; вай монанди ҳамеша дар пеши қабри яке аз бародаронам, ки пеш аз «талабида гирифта шудан»-и ман вафот карда будааст, нишаста буд. Ман ба наздаш нарафта, дар ҷойи ғалтидаи девори қабристон роҳи ӯро пойида истодам.
Баъди андак фурсат вай аз қабристони баланд фуромад. Чашмонаш аз гиристан сурх шуда, варам карда буданд, ман ҷуръат накардам, ки бо расондани хабари ногувор андӯҳи ӯро зиёд кунам.
Мо ба хона омада бародарамро наёфтем, вай баромада боз ба кадом ҷое рафта будааст.
— Писарат ба ин ҷо ким-чӣ хел корд монда рафт,- хабар дод модаркалонам ба модарам.- «Ба бибиам гӯед, ки кордро ба хонаи Султон-мерган бурда дода, ордашонро гирифта биёранд» гуфт.
— Чӣ? Корд?… Чӣ хел корд? — ба матлаб сарфаҳм нарафта, саросема шуд модарам.
Ман гуфтугузори дар байни мо — ду бародар воқеъшударо ба ӯ нақл кардам. Модарам гапи маро шунида, аввал хурсанд шудагӣ барин намуд, охир, ба ҳар ҳол орд ёфт шуда буд! Аммо баъд асли маънои воқеаро фаҳмида, ба даҳшат омад ва ошуфтаҳолона даст бар сар зада нолиш сар кард:
— Э Худоё, ин боз чӣ диданӣ буд! Писари ман, писари худам дузд шудааст! Додамро ба кӣ гӯям?! Охир медонист, ки то омадани падараш ризқу рӯзии мо ҳамин орд буд! Бачаи сарсахт! Туро зада-зада аз хона пеш кунам ҳам кам!.. Акнун ман чӣ хел ба хонаи бегона рафта «писарам ордамонро дуздида будааст, гашта диҳед» мегӯям?
Модаркалонам ба вай гуфт:
— Айб ба худат. Ту вайро эрка карда мондӣ, ҳар қадар гандагӣ кунад ҳам, ту боз меҳрубонӣ мекунӣ, ҷазояшро намедиҳӣ. Кадом рӯз вай аз пилтасабади ман нонамро гирифта гурехт, ман ба ту гуфтам, ту дам назадӣ, вайро ҷанг накардӣ. Доим аз даҳанат шакар боронда: «Писари барноям, ҷонам! Бибиат тасаддуқ!» мегӯйӣ. Ана дидӣ, «писари барноят» чӣ хел? Вай худашро медонаду халос, на ба бибиаш дилаш месӯзад, на ба дадояш ва на ба укояш.
Агарчи ба модарам раҳмам меомад, лекин ман ҳам мехостам, ки ба вай монанди ҳамин гапҳоро гӯям.
Модаркалонам рост мегуфт: модарам Азизхонро бисёр эрка мекард. Ман боварӣ доштам, ки агар дар ҳамон дам бародарам омада мемонд, модарам ба вай ҳеҷ ҷазое намедод, балки аз қабили: «Хафа нашав, писарам, як бор кардӣ, дигар намекунӣ, ҳеҷ воқеа не» суханҳо гуфта, ӯро навозиш ва дилбардорӣ ҳам мекард, гӯё ки гунаҳкор худаш бошад, на бародарам.
Корд ба хонаи Султон-мерган бурда ва орд гашта оварда шуд. Аз мобайн ду рӯз гузашт, ки бародарам ҳамоно бедарак буд. Вале модарам хавотир намекашид, зеро мо медонистем, ки вай ба Қизилтеппа, ба хонаи аммаам рафтааст. Аммо боз чанд рӯз гузашт, бародарам ба хона бознагашт: аз афти кор, шарм медошт. Модарам, баъди ба даст омадани орди аздастрафта, аллакай гуноҳи бародарамро фаромӯш карда буд ва мегуфт:
— Бечора писарам, хафа шуда дилашро хӯрда гаштагист. Замин кашад ин камбағалиро! Агар ин камбағалӣ намебуд, ман аз писарам як пуд ордро дареғ медоштам?…
Модарам аз ким-куҷо як пора матои ласи сиёҳ ба даст оварда ба тӯппидӯзӣ даромад. Рӯзу шаб ором нагирифта, бо шитобу ҷадал медӯхт. Ман гумон кардам, ки эҳтимол, тӯппиро1 фурӯхта, ба пулаш озуқа хариданӣ бошад, аммо гумони ман хато баромад, зеро вай тӯппиро дӯхта тамом карда, пагоҳии рӯзи чоршанбе аз тахтакаш бароварда, ба амакам дод ва хоҳиш кард, ки онро дар бозор бурда фурӯшаду ба пулаш якта… корд харад.
Инчунин якчанд тангаҳои майдаеро, ки кайҳо боз дар қуттиаш хобида буданд, бароварда ба дасти амакам дод.
Амакам як корди на он қадар калони дастааш аз шохи барзаговро бо ғилофаш харида овард.
Он гоҳ ману модарам харро тӯқум зада ба он хар дуямон — вай пеш, ман қафо — савор шуда, роҳи Қизилтеппаро пеш гирифтем.
Дар кӯчаи пурчангу ғубори он деҳа бачаҳо чилликбозӣ мекарданд. Мо дар байни онҳо бародарамро дидем, вай чилликро аз чуқуракҳо ба боло ҳаво дода
__________
1Тӯппӣ — тоқӣ.
заданӣ шуда истода буд, ки ман аз болои хар ҷаҳида фуромада вайро ҷеғ задам:
— Ако, ҳой, ако!
Бародарам моро дида, аз чилликзанӣ бозистод ва чилликдастаро ба замин партофта, оҳиста-оҳиста қадам монда, бо қиёфаи хиҷолатмандона ба тарафи мо омадан гирифт. Бо пойи луч ва қади борики мавзуни худ ба мо чанд қадам наздик омада истод. Сараш хам буд, якзайл биниашро мекашид.
Модарам зуд аз хар фуромада, чашмбандашро боло накарда ба наздаш рафту ӯро сахт дар оғӯш гирифт.
— Ғам нахӯр, писарам, ҳеч воқеа не, — сару рӯйи Азизхонро бӯсида мегуфт, гӯё ки худаш дар назди бародарам гунаҳкор бошад, на бародарам дар назди ӯ. — Ман ба ту як корди нағз харида овардам, овехта мегардӣ.
Бародарам ҳамоно сархам буд, аз замин чашм намеканд ва навозиши модарамро хомӯшона қабул мекард, мисли он ки худро ба он навозиш ҳақдор ва сазовор медониста бошад.
«Агар очаам инро медиданд, албатта, модарамро коҳиш карда мегуфтанд: «Ба ҷойи ин ки вайро таъзир диҳӣ ва шарм доронӣ, навозиш мекунӣ!» — аз дил гузаронидам ман.
Ин тавр саҳлу осон гуноҳи бародарамро бахшидани модарам ба ман ҳам маъқул набуд, лекин ман барои «ақл ёд додан» ба модарам худро ба ҳеч ваҷҳ ҳақдор намешумурдам.
Бегоҳирӯзӣ мо ба роҳи омадагиамон бозгаштем.
Ман ва Азизхон дар болои хар савор будем, модарам аз қафои мо пиёда қадам мезад.
Саргузашти Мирзодиккак
Падарам гуфта буд, ки аз Тошканд баъди чил рӯз бармегардад. Инак, чил рӯз гузашт, аммо аз най дарак набуд. Ман ва бародарам Азизхон ҳар рӯз баромада роҳи ӯро мепойидем. Мо ба теппаи Подаҷо баромада чашмамонро ба роҳ дӯхта менишастем, ки агар падарам дар он роҳ намудор шавад, бубинем. Аммо вай ҳеҷ намудор намешуд.
Рӯзи чилу сеюм ё чилу чорум буд, ки мо аз раҳпойӣ монда шуда, димоғамон сӯхта аз теппа фуромадем, то ки ба хона баргардем, аммо дар ҳамин вақт аз хамгашти роҳи таги теппа падарам намоён шуд. Хӯрҷини пур дар китфаш, вай тез-тез қадам монда меомад, аз афти кор шитоб мекард: охир, дар хона кайҳо боз интизории ӯро мекашанд.
Мо ба пешвозаш давидем. Падарам хӯрҷинро ба замин монда ману Азизхонро бо навбат оғӯш карда бӯсид. Мо ба вай: чаро дар рӯзи чиҳилум наёмадед? Дар Тошканд чӣ қадар пул кор кардед? Ба мо чӣ савғотиҳо овардед? гуфта пайи ҳамдигар саволҳо додан гирифтем.
— Ба ту як чизи ғалатӣ овардам, — гуфт падарам ба ман. — Канӣ ёв, он чиз чист? Ёфта наметавонӣ. Дар хона нишон медиҳам.
Дар хона ҳамаи бошандагони ҳавлии мо дар суфаи таги сада ҷамъ омаданд. Падарам як-ду куртаворӣ газвор, «тешукнон» (бублик) ва қанди савғотӣ овардаашро як-як аз хӯрҷин баровардан гирифт. Ман бесаброна нигарон будам, ки вай «чизи ғалатӣ»-ро мебарорад. Аммо падарам, гӯё ки ваъдаи худро фаромӯш карда бошад, аз он чиз даҳон накушода, хӯрҷини холишударо ба як тараф гузошт.
— Дадо, савғотии ба ман овардагиатон канӣ?
— Мана! — падарам хандида «тешукнон» ва қандро нишон дод. — Инҳо савғотии ганда аст?
Ман маъюс шудам: охир ин чизҳо ҳеҷ ҷойи ғалатигӣ надоранд, қанду «тешукнон»-ро падарам аз ин пеш ҳам оварда буд.
Вай моро бо шириниҳо зиёфат кард. Ман, Азизхон ва Зебӣ ба қанду «тешукнон» дарафтидем, модарам ва зани амакам низ мазаи онҳоро чашиданд. Фақат модаркалонам дар канор нишаста буд ва ба ҳеҷ кадоми он чизҳо даст намерасонд.
— Ин чизҳо ҳалол не, дасти кофирҳо расидагӣ, — мегуфт вай, ҳарчанд ки савғотиҳоро бо чашмаш намедид.
Баногоҳ ман дар паҳлуям як чизи аҷибро дида мондам, ки маълум набуд вай аз куҷо пайдо шуд: дар кунҷаки палос, қадакаш ним ваҷаб, почакаш ёзондагӣ, чашмакош каб-кабуд ва калон кушодагӣ, як одамчаи силиқи гулобиранг нишаста буд. Падарам хушҳолона ханда мекард. Ман фаҳмидам, ки «чизи ғалатӣ» ҳамин аст.
Падарам ба ман нафаҳмонда онро оҳистекак ба паҳлуям монда будааст.
— Шинос шав! — гуфт вай. — Ин худаш бисёр бачаи хуб аст, лекин андак қайсарӣ дорад, ки ҳеҷ хоб намеравад, фақат мешинад. Кушӣ ҳам хоб намеравад. — Падарам бозичаро якчанд бор ба замин хам кард, аммо ҳамин ки дасташро мебардошт, «бачаи қайсар» даррав хеста менишаст.
— Номаш чӣ? — бозичаро ба дастам гирифта пурсидам ман.
— Номаш-мӣ? — падарам як лаҳза фикр карда монд ва баъд гуфт: — Номашро ман напурсидам, вай ҳам нагуфт… Мо номи инро…медонӣ, чӣ мемонем? Мирзодиккак мемонем.
Ҳама хандиданд. Ин ном дар ҳақиқат ба вай бисёр муносиб афтод1.
____________
1Он бозича «Ванька-встанька» буд, ки ба тагаш аз дарун сурб рехта шуда буд ва бо вазни сурб «хеста менишаст». Чун ба тоҷикӣ ном надошт, падарам дар худи ҳамон ҷо ба бозича ба эътибори он ки ҳар бор дикки карда хеста менишаст, Мирзодиккак ном ниҳод. (С. У.)
Аз ҳамин рӯз сар карда Мирзодиккак дӯсти қарини ман шуд, бо вай ман кӯзанаксозӣ ва гунҷишкгириро ҳам аз ёд баровардам. Мирзодиккак ба мо, бачаҳо, он қадар завқ ва хушҳолӣ мебахшид, ки ҳеҷ бозичаи дигар набахшида буд. Мо ба воситаи он бозича касони бо вай «шинос» набударо метарсондем. Ҳар гоҳ ки ба хонаи мо аз хешу табор ё аз ҳамсояҳо касе меомад, ман Мирзодиккакро номаълумак ба наздаш мегузоштам.
Баъзе касон дар лаҳзаи аввал нохост тарсида худро аз бозича дур мекашиданд, ман бошам, завқ карда механдидам. Як рӯз ба хонаи мо Алихӯҷа ном хешамон омад, ки одами гарангнамо ва тарсончак буда, аз арвоҳ ва ҷину аҷина метарсид. Вай дар сари дастархон бо падарам саргарми сӯҳбат буд, ки ман Мирзодиккакро оҳиста ба зонуяш нишонда мондам. Як маҳал чашми Алихӯҷа ба вай афтода, аз тарсаш як қад парид ва ҳатто аз ҷояш хеста рафт. Мирзодиккак бошад, ба рӯйи гилем ғалтиду лекин парво накарда боз даррав хеста шиштан гирифт. Ман аз ханда шах шуда, Мирзодиккакро гирифта боз ба наздики Алихӯҷа бурдам, вай ба бозича остин афшонда, худро ақиб мекашид, мисли ин ки он бозича каждум ё ки ягон газандаи дигар бошад.
Рӯзе аз рӯзҳо Мирзодиккак ба меҳроби масҷид ғалтида, қариб буд як мағали калон хезонад. То кунун ҳам, агар ҳар гоҳ ман ин воқеаро ба ёд оварам, хандаам мегирад. Масҷид, ки пешаш бо панҷараи чӯбин гирифта шуда буд, дараш ҳеҷ гоҳ маҳкам карда намешуд; мо, бачагон, гоҳе ба он ҷо даромада, дар болои ҷойнамозҳои калоне, ки ба рӯйи намади мулоим паҳн карда шуда буданд, бозӣ мекардем. Як рӯз ману Солеҳ сӯфӣ (муаззин) — ро бо Мирзодиккак тарсонданӣ шуда, пеш аз намози пешин бозичаро ба меҳроби масҷид дароварда мондему худамон дар паси панҷараи масҷид ба даруни алафҳо руст шуда нигоҳ карда нишастем. Сӯфӣ ҷорӯб дар даст барои рӯфтани даруни масҷид омада ба он ҷо дохил шуд. Ба наздики меҳроб рафта буд, ки нохост чашмаш ба Мирзодиккак ғалтида, қомати хамашро ҳам рост накарда, дар ҷояш шах шуда монд. Мирзодиккак дар як ҳолати дур аз одоб, пойҳояшро ёзонда ва чашмони кабудашро ба сӯфӣ дӯхта менишаст.
— Худоё тавба! — мегуфт сӯфӣ худ ба худ. — Ту чистӣ? Аз куҷо пайдо шудӣ? Боз аҷина набошӣ? — Баъд сӯфӣ «аҷина»-ро бо нӯги ҷорӯбаш оҳиста ҷунбонд:
Мирзодиккак ба як паҳлу ғелида, ҳамон лаҳза боз хеста нишаст, гӯё ки бо забони ҳолу амал ба сӯфӣ: «Ана дар ҳамин ҷо шиштан мегирам, аз ту наметарсам» мегуфт.
— Э, лаънатӣ! Хеста мешинад-а — шунида мешуд овози сӯфӣ.
Ману Солеҳ дар даруни алаф шикамамонро дошта, ғел зада-ғел зада механдидем.
Аз кӯча ба саҳни масҷид се кас омаданд, ки яке аз онҳо мулло Зайниддин буд. Ману Солеҳ худамонро ба даруни ҷӯйи хушк гирифта аз назари омадагон паноҳ шудем. Мулло ба даруни масҷид даромад. Сӯфӣ қомат рост карда:
— Тақсир, — гуфт, — ба ин ҷо як ҷин даромадааст, бинед!
— Лаббай? Ҷин? — Мулло ҳам наздик рафта ба болои Мирзодиккак хам шуд. — Э, ин-мӣ? Ин бозича! Бозичаи кофирон! Умархон инро аз Тошканд ба писараш овардааст. Инро ба масҷид кӣ овард? Гирифта ғурронед, ки масҷидро мурдор мекунад!
— Ман навакак таҳорат карда омадам, тақсир, даст расонам, таҳоратам мешиканад,- нимҳазлу нимҷиддӣ карда гуфт сӯфӣ.
Он гоҳ худи имом мисли ин ки ягон мор ё калпесаро1 мегирифта бошад, бо нӯги остинаш оҳиста аз пойи Мирзодиккак гирифта, ӯро берун баровард.
Дар ин вақт аз пойин, аз тарафи чашма, падари ман бо амакам пайдо шуданд, ки баъди таҳорат дастурӯй поккунон меомаданд.
— Умархон! Шумо мӯъмину мусулмон шуда истода, аз шаҳр ба писарчаатон ҳамин хел бозичаи кофирҳоро меоваред? Шарм намедоред? — Падарамро хиҷолат доданӣ шуд мулло Зайниддин. — Писарчаи шумо инро ба масҷид оварда партофтааст! Охир ин масҷидро мурдор мекунад!
Падарам ва амакам ба Зайниддин нигоҳ карда, аз ханда худдорӣ карда натавонистанд: муллои иззатманд Мирзодиккаки бечораро бо ҳазару кароҳат дар нӯги остини ҷомааш нигоҳ дошта меистод, ки дар воқеъ хандаовар буд.
— Ин як бозичаи оддии бачагон аст, — лабханд карда, ҷавоб дод падарам, — вай масҷидро чӣ хел мурдор мекардааст?
— Мекунад! Ҳар чизе ки бо дасти кофир сохта шуда бошад, мурдор аст, — ҳукм кард мулло ва бозичаро бо нафрат ба таги девор ғурронд.
Сӯфӣ азон гуфт, одамҳо то поёни азон дар ҳар ҷо-ҳар ҷо сарҳошонро хам карда нишастанд. Ман аз ин фурсат истифода бурда, оҳиста аз даруни ҷӯй баромадаму Мирзодиккаки сағираро аз таги девор бардошта гурехтам.
Солеҳ ҳам худро аз болои девори масҷид ба кӯча ҳаво дода, ба ман расида гирифт. Ману вай акнун аз касе хавф набурда, овозамонро сар дода хуб хандидем.
Бори дигар Мирзодиккак ба хӯрҷини як резаворфурӯш ғалтида ба бозор ҳам рафт. Хайрият, ки ману бародарам дар сари вақт хабардор шуда, ӯро халос
_______________
1Калпеса — калтакалос.
кардем, вагарна резаворфурӯш ӯро қариб ба як харидори мусофир фурӯхта фиристода буд. Агар халос намекардем, бечора ба мусофиратӣ ғалтида нобуд шуда равад ҳам, аҷаб набуд…
Воқеа ин аст. Резаворфурӯш, ки ошнои мо буд, ҳар рӯзи чоршанбе аз деҳаи ҳамсоя омада, дар хонаи мо каме дам мегирифту баъд бозор мерафт. Вай шона, ресмон, сӯзан, сурма, даҳанифаранг, тишқол, сақич ва монанди ҳамин чизҳо мефурӯхт. Як рӯзи бозор аз деҳаи худаш омада ба ҳавлии мо фуромад ва хӯрҷинашро дар тоқчаи айвон монда, худаш ба хона даромада бо падарам чой нӯшида нишаст. Бародарам Азизхон дар айвон хӯрҷинро ба ман нишон дода гуфт;
— Биё, Мирзодиккакро ба даруни ин хӯрҷин андохта мемонему мардакро метарсонем. Мардак ба бозор рафта хӯрҷинашро кушояд, Мирзодиккак мебарояд, вай метарсад.
Ман розӣ нашудам.
— Раваду Мирзодиккакро ба ягон ҷой партояд ё фурӯхта фиристонад, сонӣ чӣ кор мекунем?
— Фурӯхта наметавонад, ман ҳам ба бозор меравам-ку! Ман аз вай хабардор шуда меистам. Агар хоҳӣ, ту ҳам бо ман биё. Тамошо мекунӣ!
Бозича ба хӯрҷин андохта шуд. Вақте ки резаворфурӯш хӯрҷинро ба китфаш партофта равон шуд, мо ҳам аз қафояш рафтем.
Вай доим дар як ҷо — рӯ ба рӯйи дӯкони масҳифурӯшӣ зери дарахте нишаста савдо мекард. Ба он ҷо расида, шолчаашро ба замин паҳн карду аз хӯрҷин молҳояшро якто-якто бароварда ба рӯйи шолча мондан гирифт. Ману Азизхон дар пушти дарахт панаҳ шуда, аз ӯ чашм наканда истодем. Як маҳал вай ба хӯрҷинаш даст халонда буд, ки ба дасташ Мирзодиккак омад.
Резаворфурӯш дар тааҷҷуб монда, мижа зада-мижа зада бозичаро тамошо кард. Бағоят ҳайрон буд ва албатта, фикр мекард, ки ин чӣ бошад ва ба даруни молҳои ӯ чӣ тавр афтода монда бошад? — охир, дар хӯрҷини вай ин хел «мол» набуд-ку! Баъд аз он вай худ ба худ табассум карда, бозичаро ба як кунҷи шолча монд. Мирзодиккак аз рӯйи одати худ даррав хеста нишаст. Резаворфурӯш вайро хобонда монд, вай боз хест. Аз афти кор, якраҳагии Мирзодиккак ба резаворфурӯш хуш омада буд, ки вай боз якчанд бор ӯро паҳлунокӣ ё пуштнокӣ хобондани шуд, аммо Мирзодиккак ҳеҷ таслим намешуд, фақат нишастан мехост. Ману бародарам муомилаҳои ӯро бо Мирзодиккак тамошо карда, бисёр завқ мебурдем. Фурсате гузашт, Мирзодиккак диққати яке аз харидоронро ба худ ҷалб намуд. Харидор сари ду пой нишаста, бозичаро ба даст гирифта тамошо кард.
— Ин чист? — тааҷҷубкунон пурсид вай.
Дар ин дам резаворфурӯш, ба ҳайрати ману бародарам чӣ будани бозичаи моро ба харидор фаҳмондан гирифт. Мо дар ҳаққи бозичаамон тавсифҳое шунидем, ки ҳеҷ дар гӯшаи хаёламон ҳам набуд. Ҳеҷ яке аз он сифатҳоро мо дар ошнои деринаамон Мирзодиккак надида будем.
— Ин бисёр чизи ғалатӣ аст! Ҷавоб дод резаворфурӯш ба харидор. Баъд аз он тез-тез гап задан гирифт: — Инро Қаровулаки Хесташинак мегӯянд, — гуфт. — Ин гап мезанаду мешунавад, мебинаду дам намезанад. Худаш шиштакори хоббезор аст. Корҳои мекардагиашро ҳеҷ махлуқ карда наметавонад. Дар хонае, ки Хесташинак бошад, мору каждум намедарояд. Ҳар кас инро дар пешаш монда хоб равад, дар сари вақт бедор мешавад ва намозашро қазо намекунад. Агар шумо дар сари қаҳру ғазаб фарзандатон ё занатонро бе гуноҳ заданӣ шавед, як бор ки чашматон ба Қаровулаки Хесташинак ғалтид, даррав аз ҷахлатон мефуроед. Ана ҳамин навъ хосиятҳо дорад ин Хесташинаки мо. Харед! Қимат намефурӯшам, ин ба худи ман аз як ҳоҷӣ расид, пули як гӯсфанд ро дода харидам, ҳоҷӣ инро аз Истанбул оварда будааст. Ку, савдо кунед!
Резаворфурӯш худаш аслан одами суханбофу суханпардоз буд, вале то ин дам ин ҳунари вай бо чунин дурахшонӣ зоҳир нашуда буд, чунон ки ҳоло зоҳир шуд. Дар ин вақт бародарам давида рафта Мирзодиккакро аз дасти резаворфурӯш зада гирифт, ки агар зада намегирифт, ба дасти бегона рафтани он муқаррар буд.
Мирзодиккак боз ба ман баргашт. Вале бо ин ҳама вай баъди чанд рӯзи ин воқеа дар таги пойи бародарам монда ҳалок шуд: бародарам надониста ӯро бо мӯзааш зер карда будааст. Сари Мирзодиккак кӯфта ва пайкари нозукаш маҷақ-маҷақ шуда буд. Акнун вай дар умраш аввалин бор пуштнокӣ ба замин хобиду дигар нахест.
Ҷалои Ватан
Чизу чораи мо ба хари сиёҳ бор карда шудааст ва ман дар болои он саворам. Сабрам нест, интизорам, ки кай ба роҳ медароем. Дар паҳлуи ман, зери сада, бародарам Азизхон хари сафеди моро аз нӯхтааш дошта истодааст, ки ба он ҳам чиз бор карда шудааст, аммо камтар. Аз хонаи модаркалонам садои гуфтугӯ меояд — дар он ҷо хешовандони мо, ки барои моро ба роҳи дур гусел кардан омадаанд, бо падару модарам хайрухуш мекунанд. Овози гиряолуди модаркалонам ба гӯш мерасад, ки мегӯяд:
— Боз шуморо мебинам ё не, Худо медонад. Ду-серӯза умрам монд, умед карда будам, ки маро худат гӯронӣ. (Модаркалонам ба падарам гап мезад). Замона вайрон шуд. Одамҳо хона-ҷояшон, ёру диёрашонро партофта, ба ғарибӣ мераванд… Худоё, Худовандо, дар он шаҳрҳои дур писарам, набераҳоям, келинамро хор накун, ба бегона зор накун!..
Ин қадар хайру маъзур дароз кашид! Сабрам намонд, охир падару модарам кай мебароянд? Кошки тезтар ба роҳ медаромадем. Ман имрӯз ё пагоҳ поездро мебинам, баъд Сирдарё, баъд аз он Тошкандро, ки падарам дар бораи он ҳикояҳои аҷиб мекард, мебинам. Имрӯз дар роҳ харро ҳар чӣ қадар дилам хоҳад савор мешавам, ки ормонам намонад. Хари сиёҳро мо аз ҳамсоя киро кардем, вай боқувват ва тезгард аст, зӯр ҳангос мезанад, вай хари сафеди мо барин не: хари мо агар, сархам, гаранг ва сустгард аст, ба вай ҳоло халачӯб як тараф истад, ҷуволдӯз ҳам дуруст кор намекунад. Агар дар роҳ истоёнанд, даррав заминро бӯйида ҳаракати хоб рафтан мекунад.
Ниҳоят, модарам кӯдаки семоҳаашро бардошта аз хонаи модаркалонам мебарояд; аз паси вай падарам, аз паси падарам хешовандони мо намоён мешаванд.
Зебӣ зор-зор мегиряд.
— Оя, маро ҳам баред! — тавалло мекунад вай ба модарам — Ман бе шумо дар ин ҷо намемонам, шуморо ёд мекунам.
Духтарак бо ду дасташ дасти модарамро гирифта, гирёну нолон:
— Тағо, ба ман дилатон намесӯзад? — мегӯяд. — Ман ҳам бо шумо меравам!
Падарам сари ӯро сила карда мегӯяд:
— Худи ман ҳам мехостам, ки туро гирифта барам, лекин ҳоли очаат чӣ мешавад? Вай бе ту як рӯз ҳам зиндагӣ карда наметавонад. Ту сабр кун, аввал ба Тошканд расида ҷойгир шавем, баъд аз он ман омада туро бо очаат гирифта мебарам. Аммо Зебӣ таскин намеёбад ва ҳунгас гиря мекунад. Модарам ӯро дар оғӯш гирифта, аз сару рӯяш мебӯсад, тасаллӣ медиҳад. Ман ҳам аз Зебӣ ҷудо шудан намехоҳам, дар дилам аз мондани вай афсӯс мехӯрам, лекин ҳозир майли ман бештар ба тамошои ояндаи поезд ва Сирдарё банд аст.
Модарам бо ёрии падарам ба хар савор шуда, Мухтори семоҳаро ба бағалаш — ба даруни фаранҷӣ мегирад. Ниҳоят, «хуш раветон! Хуш монетон!» гуфтанҳо ва роҳи сафед талабиданҳо ба поён мерасаду мо ба роҳ медароем. Хари сиёҳи ман бардам-бардам пой монда меравад, аз қафои вай, сархаму фармонбардор, хари сафед қадам мезанад, вайро Азизхон якзайл «их-их» гуфта бо калтак зада меистад, ки ақиб намонад. Аз қафотар падарам ва амакам меоянд. Хомӯшона роҳ мепаймоянд.
Амакам гоҳ-гоҳ як оҳ кашида мемонад: вай аз кӯчидани мо розӣ нест, сафари мо ба вай нодаркор ва хатарнок менамояд. Ин пагоҳ вай дар хона бисёр ҳаракат кард, ки падарамро аз нияти сафари пурхатар гардонад, аммо падарам намегашт. Вақте ки мо аз деҳа баромадем, амакам охирин бор ба падарам гуфт:
— Ба ман нигаред, ако, ҳозир ҳам дер нест. Аз роҳатон гардед. Бо ҳам як ҷо бошем, беҳтар аст. Дар ҳамин ҷо ҳам рӯзамо мегузарад.
— Ту ҷиннӣ1 шудӣ? — оташин шуда ҷавоб медиҳад падарам. — Мо ҳазлбозӣ карда истодаем магар? Ман ки ба ягон кор ҷазм кардам-тамом! Аз роҳам намегардам.
Қаҳтӣ сар шуда буд, падарам аз тарси он моро ба Тошканди дур кӯчонда мебурд. Хушксолӣ киштҳои деҳқононро нобуд кард. Аз ғӯзаи дар Дӯлона коштан мо фақат ду ҷувол кӯрак рӯйиду халос. Падарам ин кӯракро бо як ҷувол зардолуи дар боғ хушконидаамон ба амакам дод ва боз ваъда кард, ки дертар аз Тошканд пул мефиристонад. Тошканд шаҳри калон аст, падарам дар он ҷо ошноҳо дорад, амаки калониам Исохон дар ҳамон ҷост, мо метавонем вақтҳои аввал дар хонаи вай истиқомат кунем. Бойҳои Тошканд мӯҳтоҷи мардикоронанд, падарам ба мардикории онҳо рафта, маоши зиндагии моро пайдо хоҳад кард. Инро вай аз мондан дар деҳаи гуруснае, ки баъзе хонаводаҳои он аз ҳам ин вақт ба кунҷорахӯрӣ сар кардаанд, беҳтар медонист.
__________
1Ҷиннӣ — ҷинзада, девона.
Мо аз миёни дашт бо роҳи санглох мерафтем. Деҳа дар ақиб монд. Ҳаво тира буд, нафаси зимистон ҳис карда мешуд. Ҳар дам шамоли хунук вазида, алафҳои хушкидаи канори ҷӯйҳои беобро ба замин пахш мекард. Деҳаҳое, ки дар канорҳои дашти биёбонмонанд дида мешуданд, бо якто-нимто дарахтони бараҳнаи хазонзадаашон ба назар мисли харобазорҳо менамуданд.
Хари сиёҳи саркаш ва ҳангӣ ба ҷонам расонд. Вай ҳар дам бесабаб ҳангос мезад. Агар дар дашт хареро дида монад, фукашро боло карда наъра кашида ба сӯяш медавид. Падарам ё амакам қаҳр карда вайро калтак зада ба роҳ андохтанӣ шаванд, қаҳр карда ҷуфт мезад, ман бошам бо ду дастам аз ёлаш маҳкам қапида худамро базӯр аз ғалтидан нигоҳ медоштам.
Ниҳоят, тоқатам тоқ шуду ба падарам гуфтам, ки аз харсаворӣ безорам ва пиёда меравам. Фуромадам, ба ҷойи ман харро бародарам савор шуд.
Хари сафеди пир ҳам моро хеле ташвиш дод. Вай роҳи нағзу ҳамворро монда, якзайл ба роҳи пасту баланд ва санглох мегашт, ба даруни лой ва ҷӯйҳо медаромад, падарам ё амакам ӯро зада ба миёнаи роҳ меандохтанд.
Ҳар гоҳ ки мо дар ягон ҷо андак қарор мегирифтем, вай даррав заминро бӯй карда хобиданӣ мешуд; модарам тарсида моро ҷеғ мезад, ягонтаи мо давида рафта харро зада аз хобидан манъ мекардем. Дар як деҳаи сари роҳ мо камтар истода дам гирифтем. Борамонро аз болои харҳо фуроварда, онҳоро барои чаридан сар дода будем, ки ҳамон хари сиёҳ бе ҳеҷ сабаб бо хари сафед ҷангталаб шуда, ба вай дарафтид. Ӯро бо сари синааш мезад, гарданашро мегазид ва боз, гӯё ки худи ӯро зада истода бошанд, дод ҳам мегуфт. Дар ин дам хари сафеди дангоса ногаҳон ба ғайрат даромада, ба он сиёҳи шӯрапушт ҷазои хубе дод, яъне пушт гардонда, бо ду пойи ақибаш ба фуки ӯ, ба шиками ӯ, ба ҳар ҷояш ки рост ояд, лагад задан гирифт. Шӯрапушт аввал он зарбаҳоро писанд накард, аммо дар охир тоб наёварда фарёдкунон гурехт. Баъди ҳамин вай ҳалим ва фармонбардор шуда монд ва дигар ба хари сафед наздик ҳам намерафт.
Ба истгоҳи роҳи оҳан мо дар вақти ғуруби офтоб расидем. Истгоҳ дар дашти кушод воқеъ шуда буд; Дар наздикии роҳи оҳан бинои хурдтараке буд, хиштин, бомаш аз тунукаи сурх, ин бинои вокзал будааст; аз вай дуртар, дар канори роҳ, як хонаи пасти лойин ба назар менамуд, ки чойхона буд.
Падарам бо амакам борро аз харҳо фуроварда ба чойхона дароварданд, ману Азизхон бошем, мондагиро фаромӯш карда, ба хатти роҳи оҳан шитофтем. рӯ- рӯйи релси ҷилодор давидан гирифтам. Релсҳо аз истгоҳ ба ду ҷониб рафта, дар уфуқи дашт ғоиб мегардиданд.
То вақти говгум мо дар болои релсҳо даводав мекардем. Баногоҳ, аз дур ду оташак намудор шуд. Падарам, ки ба назди мо омада буд, гуфт, ки поезд омада истодааст ва ин ду оташак ду чашми поезд аст. Он чашмони аловин торафт калонтар шуда рост ба тарафи мо меомаданд.
Мо аз релсҳо дур шуда дар пеши бинои вокзал поездро пойида истодем. Инак, аз торикӣ фаш-фашкунон як чизи сиёҳи кӯҳпайкари оташнафас пайдо гардид. Аз рӯйи ҳикоятҳои падарам ман поездро як махлуқи зинда мепиндоштам ва монанди девҳои афсонавӣ тасаввур мекардам. Ин аст, ки ҳиссиёти аввалини ман аз дидани поезд тарс буд. Охир, деви афсонавӣ ба одам ҳуҷум мекунад, ӯро ба комаш фурӯ мебарад! Ҳоло ин «дев»-и сиёҳи пурҳайбат ҳам фаш-фаш карда ва ғулғула андохта ба болои мо меомад. Ман ба падарам маҳкам часпида гирифтам. Нохост як наъраи даҳшатноки осмонкаф баланд гардид. Ман аз тарс аъзои баданам ларзида сарамро ба зери ҷомаи падарам пинҳон кардам.
— Натарс, вай ба ту зиён намерасонад, вай явош, беозор аст. Ҳозир истода дам мешавад, — гӯён падарам маро ором карданӣ мешуд.
Поезд истод. Фаш-фашу ғулғулаи он паст шуд. Тарси ман ҳам гузашт. Акнун ман паровози оромгирифта ва қатори хонаҳоеро, ки вай аз думболаш кашола карда оварда буд, тамошо кардан гирифтам.
Падарам пештар ба ман гуфта буд, ки паровоз ангишт мехӯрад ва об менӯшад, ин аст, ки чашми ман ҳоло ҷиддан даҳон, шикам ва пойҳои паровозро меҷуст.
— Дадо, вай ангиштро чӣ хел мехӯрад? Даҳанаш дар куҷояш?
— Паровоз ҷон надорад, вайро одам аз оҳан сохтагӣ, — гуфт падарам.
— Не, ҷон дорад! — қабул накарда мегуфтам ман, зеро намехостам аз тасаввуроти афсонавии худам, ки дар бораи поезд доштам, ҷудо шавам. Аммо чун дуртар нигоҳ кардам, дидам, ки паровоз ҳақиқатан чизи «сохта» аст. Фикр мекардам: агар поездро одамҳо месохта бошанд, пас чаро то ҳол дар деҳаи мо насохтаанд? Агар месохтанд, мо бемалол ҳамаи чизҳои даркориамонро ба он бор карда, аз ҳавлӣ ба боғ ва аз боғ ба ҳавлиамон мекашондем ва худамон ҳам ба он савор шуда, рафтуой мекардем…
Вақте ки ба поезд нишастем, ман дар ин бора ба падарам савол додам. Вай гуфт:
— Поездро урусҳо месозанд. Онҳо ҳикмати инро ёфтаанд. Агар мо ҳам ёбем, месозем.
Ҳикмат чист, ман намедонистам ва онро дар хаёлам монанди тилисме, ки аз афсонаҳои модаркалонам ва модарам шунида будам, тасаввур мекардам, ки он тилисм дар байни кӯҳҳо, дар ғорҳои касмаёбу касмабин пинҳон шудааст. «Маълум мешавад, ки русҳо он тилисмро ёфтаанд» — фикр мекардам ман. Мехостам, ки ман ҳам онро ёбам.
Амакам хари сиёҳро савор шуда ва хари сафедро пешандоз карда ба деҳа баргашт. Мо бошем, дар поезд нишаста, роҳи Тошкандро пеш гирифтем. Дар байни ҳамсафарони мо мардони шапкапӯш ва занони бефаранҷии сафедрӯйи малламӯй буданд, ки хушу хуррам дар забони ба мо нофаҳмо чақ-чақ мекарданд. Марди риштарошидаи чашмкабуде ба оҳанги адибе тарона мегуфт, ки «ғазал»-аш ҳамчунин нофаҳмо буд. Ҷавони сабзинаи ҷингиламӯе як асбоби ғалатии мусиқиро менавохт, асбобаш ба дами оҳангарӣ монанд буд ва ҳар боре ки ҷавон онро бо ду дасташ мефишурд ва сар медод, асбоб садоҳои нафисе мебаровард. Дар паси тиреза гоҳо сутунҳои фонусдор намоён гашта, тез-тез ба ақиб мерафтанд. Ҳар он чӣ ман дар поезд медидам ва мешунидам, бароям ҳама нав, ҳама ғайричашмдошт ва шавқовар буд. Ман ҳатто ҳайрон мешудам, ки додаракам Мухтор дар поезд, — дар ҳамон ҷойи ин қадар аҷоибу ғалатӣ ҳам мегиряд, чунон ки дар деҳа, дар хонаи худамон мегирист. Фақат ҳамин гиряи ӯ хотиррасон карда меистод, ки ман на дар олами афсона мебошам, балки дар замин, дар байни одамони муқаррарӣ нишастаам.
Инак, ғулғулаи чархҳои поезд паст шуд, дар паси тиреза сутунҳои фонусдор пайи ҳамдигар пайдо шуда, оҳиста-оҳиста ба қафо мерафтанд. Падарам гуфт:
— Ба пули Сирдарё расидем.
Ман ва бародарам рӯямонро ба ойинак тиреза ҷафс карда дарёро тамошо карданӣ шудем. Дарё аз пул хеле паст ҷорӣ мешуд ва дар қаъри торикӣ пинҳон буд. Фақат дар як ҷо рӯшноии хираи фонус ва камтарак ҷойи дарё тофта, як пора обро равшан карда буд ва дар он ҷо оби тезҷараён аз торики берун омада боз ба торикӣ мерафт.
Ман бисёр афсӯс мехӯрдам, ки аз пул шабона гузашта истодаем, вагарна дарёи Сирро, ки диданаш дер боз орзуи ман буд, медидам! Поезд хеле муддат дар болои пул гашт, аз ҳамин рӯ, дарё ба ман беҳад калон намуд.
Гуфтугузори ҳаяҷонноки ману бародарам дар бораи дарё магар диққати ҷавони ҷингиламӯйро ҷалб карда буд, ки назди мо омада, ба гап ҳамроҳ шуд. Вай ба забони ӯзбекӣ нимғалату нимдуруст мегуфт, ки дар дунё дарёҳои аз Сир чанд маротиба калонтар ҳастанд. Ҷавон аз онҳо чанд дарёро ном гирифт. Аз суханони вай дунё ба ман беандоза бузург ва беҳадду канор намуд.
Мо ба Тошканд шабона расидем. Падарам дар вокзал як аробаи маҳаллиро киро кард, мо чизу чораамонро ба он бор карда ва худамон ҳам савор шуда ба роҳ баромадем. Шаб торик буд, ман шаҳри Тошканд, «хонаҳои равони зангӯладор»-и он, занҳои малламӯйи кушодарӯйи онро, ки падарам ҳикоя карда буд, тамошо карда натавонистам. Аммо баъди чанд фурсат донистам, ки дар ин бобат афсӯс нахӯрам ҳам мешавад; аробакаш моро аз кӯчаҳои каҷукилеби торик ва беодам мебурд. Дар ду бари кӯча деворҳои лойин, дар паси деворҳо боғчаю хонаҳои паст намудор буданд. Ин манзара аз деҳаи мо фарқе надошт. Наход, ки Тошканд, Тошканди афсонавӣ, ки аз ҳикоятҳои падарам дар хаёли ман тасвир шуда буд, ҳамин бошад?
— Не, Тошканд ин нест, ин атрофи Тошканд аст, — гуфт падарам.
Мо ба Шиблӣ ном гузар ё маҳаллаи шаҳр равон будем. Нисфи шаб мо ба тангкӯчае даромада, дар дами дарё қарор гирифтем. Падарам дарро кӯфта, бо овози баланд касеро ҷеғ зад. Аз дар ду-се мард баромаданд. Яке аз онҳо маро дар дасташ бардошта ба дарун бурд…
Бурда ба хонае даровард, ки аз рӯшноии чароғи ба шифт овехташуда нимравшан буд. Хона аз хонаи деҳагии мо кам фарқ дошт ва аз он беҳтар набуд. Мардак мӯйсафед буд ва маро «ҷиянам» мегуфт. Фаҳмидам, ки ин кас амаки Исохон аст. Модар, падар ва бародарам бо ҳамроҳии мардоне, ки ба пешвози мо баромада буданд, омаданд. Аз паси онҳо се зан пайдо шуд, ки яке аз онҳо кампири лоғари қаддарози андак қоматхамида буд. Ғайр аз амакам боз чаҳор мард — амакзодаҳои ман: ду нафарашон монанди падарам гандумгуни сиёҳриш, дуи дигарашон ҷавонтари мӯйлабдор, ҳамаашон одамҳои солимчеҳра буданд.
Яке аз занҳо дастархон андохт, ҳамаи мо дар гирди он нишастем. Зан якчанд харбузаи малларангро оварда ба рӯйи дастархон гузошт. Чун амакам онҳоро бо корд пора кард, ман дидам, ки онҳо харбуза набуда, балки нон будаанд ва ин нонро ба русӣ «хлеб» мегуфтаанд. Аз он шаб беш аз ин чизе дар хотирам намонд, зеро ки маро зуд дар ҷойи нишастагиам хоб бурдааст…