Боби VII.
Халқи тоҷик дар замони мавҷудияти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (солҳои 1918-1924)
§ 3. Ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон
Сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ
Дар миёнаи соли 1918 дар сарзамини ҶМШС Туркистон тартиботи шӯравӣ ҳанӯз пурра барпо нагардида ба муқобилияти сахт дучор шуд. Онҳое, ки аз ин тартибот, махсусан сиёсати дар амал ҷорӣ кардаистодаи ҳомиёни он норозӣ буданд, ба мубориза бархестанд. Дар маҳалҳо қариб ҳамаи онҳо аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ буданд. Дар байнашон намояндагони диндорон, тоҷирону саноатчиён (яъне намояндагони буржуазияи миллӣ), зиёиён, деҳқонон, косибону ҳунармандон ва ҳатто коргарон низ буданд. Умуман дар ҳайати онҳое, ки ба ҳаракати зиддишӯравӣ иштирок намудаанд намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ иштирок доштанд. Дар шаҳрҳо, маҳаллаҳои руснишин ва посёлкаҳо ба ин ҳаракат дар қатори намояндагони мардуми маҳаллӣ инчунин намояндагони русҳо ва русзабонҳо ҳам иштирок намуданд. Дар байни онҳо, инчунин афсару аскарони собиқи рус, ё худ русзабон (аз Русия, дар натиҷаи таъқиби аскарони сурх гурехта) низ амал мекарданд.
Агар ба миқдори умумии онҳое, ки ба ҳаракати зиддишӯравӣ иштирок намудаанд назар афканем, хеле сершуморанд. Дар давраҳои муайян ба он як ҳиссаи бузурги мардҳои солим дохил гардиданд. Дар ҳақиқат тартиботи нав худро ҳомии бенавоёну бечорагон ҳисобида, ба манфиати онҳо баъзе гузаштҳо кард (бекор кардани андозҳои собиқа, додани замин ба онҳое, ки безамин ё худ камзамин буданд) ва боз ваъдаҳои зиёде дод. Аммо барои мардуми бечорае, ки ба ин ҳаракат иштирок намуданд, аз гузаштҳо ва ваъдаҳои тартиботи нав дида, аз тарафи ҳомиёни ин тартибот таҳқири дин ва урфу одати миллӣ зиёда тоқатнопазир буд.
Пас ин ҳаракате, ки дар ҳақиқат ҳаракати зиддишӯравӣ буд ва маҳз ба муқобили тартиботи нав — Шӯравӣ нигаронида шуда буд, чӣ тавр бояд номид? То ба имрӯз дар адабиёти таърихи онро «ҳаракати босмачигарӣ» мегуфтанд, ки аз ҳақиқат хеле дур аст ва амалан ин баҳо таҳқирест нисбати мардуми таҳҷойӣ. Дар таркиби ин ҳаракат босмачиёни ҳақиқӣ, ки маънои «ғоратгар»-ро дорад, низ буданд.
Барои онҳо ҳиссиёти динию урфу одати миллӣ муқаддас набуда, онҳо аз вазъи мураккаби баамаломада ба хубӣ истифода бурда, бештар ба ғорат намудани молу мулки мардум машғул буданд. Аммо на ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар чунин мавқеъ меистоданд. Баъзе муаллифон ин ҳаракатро «ҷанги шаҳрвандӣ», дигарон «ҳаракати муҷоҳидин» меноманд. Ба ин баҳоҳо то андозае розӣ шудан мумкин аст. Вале ҳангоми қабули баҳои «ҷанги шаҳрвандӣ» боз душвории дигаре ба миён меояд. Масалан, аз тарафи муаллифони зиёд қабул гардидааст, ки «солҳои 1918-1920, ё худ бо андешаи баъзе дигарон то соли 1921 дар ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ «ҷанги гражданӣ», яъне «ҷанги шаҳрвандӣ» давом кардааст. Пас, солҳои минбаъда чӣ? Ҳол он, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон ҳаракати зиддишӯравӣ то солҳои 30-юм давом кардааст. Бо ин ҳама сабабҳо «ҳаракати зиддишӯравӣ» номидани он ҳаракат ҳақиқати ҳоли ҳамон давраро пурра ифода менамояд.
Чуноне аз боби пешина маълум гардид, дар ҳудуди кишвари Туркистон, барои бунёди тартиботи шӯравӣ танҳо дар Тошканд, Қӯқанд, то андозае дар Ӯротеппа, Самарқанд, аз маҳалҳо — Қистакӯз, Мастчоҳ ва ғайра қувваи зӯрӣ-ҳарбӣ истифода гардидааст. Дар боқимонда маҳалҳо тартиботи шӯравӣ асосан ба тарзи осойишта, бе истифодаи қувваи зӯрӣ, барпо карда шуд. Пас чаро як ҳиссаи мардум бо зудӣ аз ин тартибот рӯ гардонида, ба муқобили он ба мубориза бархестанд? Барои ин, бо андешаи мо, сабабҳои зерин асос шуданд:
1. Эътироф накардани дин ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ. Чуноне маълум аст, яке аз аввалин корҳои амалие, ки бунёдкорони тартиботи нав дар пеши назари мардум анҷом доданд, ин нобуд кардани китобҳои муқаддаси динӣ, бастан (расмӣ набошад ҳам), ё худ хароб кардани масҷиду мадрасаҳо, ба азобу шиканҷа кашидани диндорон ва ғайраҳо. Аз ҷумла, ҳомиёни тартиботи нав дар Марғелон, дар пеши чашми мардум Қуръони Шарифро сӯхтанд, масҷиди ҷомеи Андиҷонро ба казармаи қисмҳои аскарони сурх табдил доданд ва охирин дар ин ҷойи барои мардум муқаддас ҳар гуна корҳои бемаъниро ба ҷо овардаанд.1
2. Дар аввал маҳдуд ва баъд тамоман манъ намудани фаъолияти ҳизбу ҷамъиятҳои ғайриболшевикӣ. Маълум аст, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон, аниқтараш дар шаҳрҳои асосии он қариб тамоми ҳизбҳои бузурги Русия ташкилот ё худ намояндаи худро доштанд. Махсусан ҳизби эсерҳо ва ҷамъияти «Шӯрои исломия» аз ҳамаи ҳизбҳо ва ҷамъиятҳо сернуфузтар ба ҳисоб мерафтанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳизби болшевикӣ ҳамаи онҳоро ба муқобили худ гузошт.
3. Маҳв намудани ҳаракати мухториятчиён. Чӣ тавре аллакаӣ дар боби пешина таъкид кардем маҳв намудани «Мухторияти Қӯқанд» қариб тамоми тарафдорони онҳоро, ки дар ҳудуди кишвар хеле бисёр буданд, ба майдони муборизаи муқобили сиёсати болшевикӣ бархезонд.
4. Кашида гирифтани замин, завод, бино ва дигар молу мулки дороён, миллӣ кунонидани бонкҳо, ҷорӣ намудани сиёсати развёрсткаи озуқавӣ (яъне аз аҳолӣ кашида гирифтани ғалла ва дигар намуди хӯрокворӣ, пахта ва ғайра). Дар чунин ҳолат соҳибони мулк бо сиёсати пешгирифтаи Ҳокимияти Шӯравӣ розӣ нашуда, барои муқобилият вақти мусоидро интизор буданд.
5. Амалиётҳои ношойистаи баъзе аз ашхосе, ки дар замони нав, дар марказ ва дар маҳалҳо ба сари қудрат омада буданд. Дар байни амалдорони нав ашхосе буданд, ки аз мансаб истифода бурда, ба манфиати шахсии худ, ба мол ва номуси мардум даст мезаданд, таҳқир менамуданд ва ғайраҳо. Сиёсати террористӣ, ки тарғиботи нав нисбати муқобилони худ пеш гирифта буд, барои ин гуна амалдорон воситаи 72 хубе буд. Онҳо метавонистанд, ҳар касеро, ки хоҳанд нест кунанд. Чунин далел аз он шаҳодат медиҳад, ки он солҳо дар байни аъзоён ва органҳои ҷазодиҳии Самарқанд оиди «ки дар як шаб каси бисёреро қатл карда метавонад», мусобиқае вуҷуд доштааст. 73 Амалан дар баъзе ноҳияҳо, нисбат ба сиёсати фаҳмондадиҳӣ, сиёсати тарсонидан, манъ намудан ва ҷазо доданро пеш гирифта буданд, ки мардум бо зудӣ аз чунин сиёсат рӯй мегардонд.
6. Ҳангоми ташкил додани аввалин органҳои марказӣ ба эътибор нагирифтани манфиати мардуми маҳаллӣ ва ташкил додани чунин ҳокимият танҳо аз ҳисоби русҳо ва русзабонҳо. Ин гуна сиёсатро намояндагони зиёиёни маҳаллӣ ҳамчун ҷорӣ гардидани сиёсати нави мустамликавӣ ва таҳқири миллати худ меҳисобиданд.
Албатта ба сабабҳои дар боло нишон додашуда, инчунин таъсири ҳаракати зиддишӯравии худи Русия, ташвиқоту амалиётҳои мамлакатҳои беруна илова шуда метавонанд. Хулоса, ҳамаи ин сабабҳо қисми бузурги мардуми кишвари Туркистон, аз он ҷумла мардуми сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолиро ба майдони ҳарб кашида буд.
Ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ
Аввалин баромади зиддишӯравӣ дар ҳудуди уезди Хуҷанд 4 феврали соли 1918 дар деҳаи Қистакӯз ба амал омад. Вале дар нимаи дуюми сол ин ҳаракат қариб тамоми ҳудуди уездро фаро гирифт. Зеро, моҳи июл якбора аз ду тарафи кишвари Туркистон ба тартиботи шӯравӣ зарба зада шуд. Чунончи: дар қисми шимол 3 июл қӯшунҳои казакии атаман Дутов Оренбургро бори дуюм гирифта алоқаи Туркистони Шӯравиро бо Русияи Шӯравӣ канд. (Атаман Дутов бори аввал Оренбургро ноябри соли 1917 гирифта то январи соли 1918 дар дасти худ нигоҳ дошта буд.)
Худи ҳамин моҳ дар вилояти Моварои Каспӣ (Закаспий) низ мардуми туркман шӯриш бардошта, дар мулки худ тартиботи шӯравиро барҳам доданд. Ин ду воқеа, ки зуд ба шаҳру ноҳияҳои ҶМШС Туркистон паҳн гардид, сарварони онро сахт ба ташвиш гузошт. 13 июл бо ташаббуси онҳо штаби муҳофизати Туркистон ба вуҷуд омад.
Ҳукумати шӯравии Туркистон дар тарси он буд, ки мабодо ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҳудуди вилояти Фарғона ба амал наояд. Зеро, мардуми ин вилоят, махсусан шаҳри Қӯқанд, ҳангоми аз тарафи аскарони сурх забт намудани он ва барҳам додани ҳокимияти мухториятчиён, аз тороҷгарии онҳо сахт ба дод омада буданд. Чунончи, яке аз иштирокчиёни маҳв намудани «Мухторияти Қӯқанд» собиқ штабс-капитани қӯшунҳои подшоҳӣ Д. Е. Коновалов эътироф кардааст, ки «дар пахш намудани ҳаракати мухториятчиёни Қӯқанд элементҳои тасодуфии авбошу ғоратгар низ танҳо бо мақсади тороҷ намудани амволи мардум иштирок намуда буданд».74 Аз ин рӯ дар Қӯқанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона ҳанӯз оромии том вуҷуд надошт. Шаҳри Хуҷанд бошад, дар байни ин вилоят ва шаҳри Тошканд нуқтаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳол он ки дар ин шаҳр ҳам болшевикон такягоҳи боэътимоде надоштанд. Бинобар ҳамин ҳам 13 июл роҳи оҳан ва шаҳри Хуҷанд дар ҳолати ҳарбӣ эълон карда шуд.
Дар нимаи дуюми соли 1918 ҳаракати зиддишӯравӣ бисёр ноҳияҳои Фарғона, Сирдарё, Ҳафтрӯд ва Самарқандро низ фаро гирифт. Моҳи декабр ҶМШС Туркистон дар ҳолати ҳарбӣ эълон карда шуд. 16 декабр сарвари ташкилоти хуҷандии эсерони чап Стерлиговро ҳамчун ташкилкунандаи суиқасд ба ҳабс гирифтанд.
Шаби аз 18 ба 19 январи соли 1919 дар худи шаҳри Тошканд бо сарварии комиссари ҳарбии ҷумҳурии Туркистон К.П. Осипов ба муқобили тартиботи болшевикии кишвар исёне ба амал омад, ки дар натиҷаи он бисёре аз коркунони ҳизбию шӯравӣ, аз ҷумла 14 нафар комиссарони туркистонӣ (онҳо бо даъвати худи К. Осипов барои ҷамъомад ҳозир шуда буданд) қурбон шуданд. Фаъолони ин исён аъзоёни «Ташкилоти ҳарбии Туркистон», ки аз тарафи гвардиячиёни сафед бунёд карда шуда буд, ба ҳисоб мерафтанд. Ин воқеа муқобилони тартиботи шӯравии кишварро хеле рӯҳбаланд намуд.
22 январи соли 1919 Оренбург боз ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Ин ба Ҳукумати Шӯравӣ имконият дод, ки ба Туркистони шӯравӣ иловагӣ аскар ва лавозимоти ҳарбӣ фиристад. Дар натиҷа ба муқобили К. Осипов қувваи зиёд гузошта шуд. К. Осипов ҳатто шаҳри Тошкандро пурра ба даст гирифта натавонист ва шикаст хӯрда ба сӯйи Мастчоҳ, баъд, тобистони он сол ба Бухоро гурехт.
Аз охири соли 1918 дар ноҳияҳои гуногуни водии Фарғона, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ отрядҳои зиддишӯравӣ бо сарварии Эргаш, Мадаминбек, Кӯри Шермат, Раҳмонқул, Исломбек, Амонқул, Маҳмадсолеҳ ва дигарон амал мекарданд. Эргаш 5 марти соли 1919 дар волости Исфанаи уезди Хуҷанд бо дастаи сеҳазорнафарааш муборизаро бо шӯроҳо аз сари нав сар кард. Вале ҳамон лаҳза дар байни қувваҳои зиддишӯравӣ сернуфузтарин қувваҳои Мадаминбек ба ҳисоб мерафт. Ӯ, ки худро «Сарфармондеҳи армияи сафеди мусулмонии Туркистон» эълон карда буд, тавонист дар атрофи худ отрядҳои зиёди хурд-хурди зиддишӯравиро муттаҳид намояд. Дар натиҷа қариб тамоми водии Фарғона ба зери нуфузи вай гузашт. Ҳамон вақт як ҳиссаи ноҳияи Ӯротеппа аллакаӣ ба зери итоати қувваҳои Амонқул буд.
Моҳи апрели соли 1919 бо мақсади ба танзим даровардани мубориза ба муқобили ҳаракатҳои зиддишӯравӣ дар Тошканд Шӯрои Ҳарбии инқилобии ҶМШС Туркистон ташкил ёфт. Тобистони он сол, баъди дар фронти Шарқии Русияи Шӯравӣ маҳв намудани қувваҳои бузургтарини зиддишӯравии Колчак, ба кишвари Туркистон қувваҳои иловагӣ — қисмҳои аскарони сурх ва масолеҳи зиёди ҳарбӣ фиристода шуд. 11 августи он сол аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурхи фронти Шарқӣ, ки ба кишвари ‘Туркистон фиристода шуданд, фронти Туркистонӣ, бо сарварии М. В. Фрунзе ташкил гардид. Ба ихтиёри он инчунин тамоми қисмҳои аскарони сурх, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон амал мекарданд, гузашт. Вазифаи асосии фронти нав — дар тамоми ҳудуди Осиёи Миёна, пеш аз ҳама дар кишвари Туркистон пурра маҳв намудани қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар ҳудуди кишвари Туркистон хеле бисёр ҷамъ гардидани қисмҳои аскарони сурх ба сарварони фронт имконият дод, ки онҳоро бештар дар ноҳияҳои барои тартиботи шӯравӣ хавфнок ҷойгир намоянд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, танҳо дар вилояти Фарғона як муддат миқдори аскарони сурх то ба 30 ҳазор нафар расидааст. Албатта дар як вилояти сераҳолитарини кишвар ба ин миқдор ҷамъ гардидани аскарон боиси боз ҳам зиёд гардидани норозигии мардум мешуд. Зеро ин микдор аскар аз зӯроварию тороҷ намудани мардум худдорӣ намекарданд.
Тобистони соли 1919 ҳаракати зиддишӯравӣ водии Зарафшонро низ фаро гирифта буд. Дар ин ҷо қувваҳои зиёди зиддишӯравӣ дар атрофи Ҳамроқул муттаҳид гардиданд.
Баробари ташкил додани фронти Туркистонӣ, аскарони он ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳуҷум гузоштанд. Дар натиҷа «пробкаи оренбургӣ» абадан барҳам дода шуд. Ин имконият дод, ки ҳукумати Русияи Шӯравӣ ба вазъи кишвари Туркистон диққати ҷиддӣ диҳад. Бо ташаббуси он 8 октябри соли 1919, бо мақсади кӯмак расонидан ба болшевикони ин кишвар, барои маҳви душманони дохилӣ ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ Комиссияи Кумитаи иҷроияи Марказии (КИМ) Умумирусиягӣ ва Шӯрои Комиссарони Халқии (ШКХ) Федератсияи Русия оид ба корҳои Туркистон (Турккомиссия) ташкил дода шуд. Кумитаи Марказии ҳизби коммунистии болшевикии Русия (ҲК(б) Русия) ба ин комиссия масъулияти ҳизбиро низ дод. Минбаъд, августи соли 1920 барои зиёдтар намудани нуфузи болшевикӣ ва роҳбарияти ҳизбӣ Бюрои Туркистонии (Туркбюро) ҲК(б) Русия ташкил карда шуд.
Аз аввали соли 1920 вазъи ҳарбии ҳомиёни тартиботи нави кишвари Туркистон нисбатан беҳтар гардид. Аҳволи қувваҳои зиддишӯравӣ бошад, баръакс вазнин шуд. Охирин, бо сабаби дар ҳудуди кишвар хеле зиёд гирд овардани қисмҳои аскарони сурх, дигар имконияти муттаҳидшавиро аз даст дода буданд. Бинобар ин онҳо бештар ба отрядҳои хурд-хурд тақсим шуда, дар ноҳияҳои гуногун амал мекарданд. Аз ин рӯ аскарони сурх дар амалиёти ҷангии худ дигар қариб бо қувваҳои нисбатан бузурги муттаҳидаи зиддишӯравӣ дучор намеомаданд. Ин аз як тараф кори қисмҳои аскарони сурхро осон намояд, аз тарафи дигар, бо чунин тарз ҷангидани отрядҳои маҳаллӣ, аз хусуси хеле тӯлонӣ бурдани ин ҷанг далолат медод.
Дар чунин шароит баъзе сарварони ҳизбию шӯравӣ ва махсусан ҳарбии кишвар на танҳо сиёсати ба мардум фаҳмондадиҳӣ, балки сиёсати зӯроварӣ, барои тарсонидани чашми мардум чораҳои ҳабсу қатлро пеш гирифтанд. Махсусан отрядҳои ҷазодиҳии сегона (тройка), ки дар маҳалҳо ташкил дода мешуд, дар ин ҷода бераҳмиҳои зиёде зоҳир намудаанд. Аз тарафи онҳо асосноку беасос каси бисёре қатл карда шудааст. Баъзан, бо мақсади ғаразнок, ё худ рӯпӯш намудани нобарории амалиёти худ, шахсони тамоман бегуноҳро ҷамъ намуда, қатл мекарданд, ё худ деҳаеро ба хок яксон менамуданд. Чунин рафтор баъзан худи иштирокчиёни ҳамин гуна ҳолати мудҳишро ба ғазаб овардааст. Аз ҷумла моҳи марти соли 1921 шикояти як гурӯҳ коммунистон — аъзоёни комиссияи фавқулодаи Туркистонӣ (ТуркЧК) ва КМ ҲК(б) Русия чоп карда шуд. Дар он муаллифон рӯйрост иқрор шудаанд», ки «ҳарчанд ин ғамангез бошад ҳам, аммо мо бояд иқрор шавем, ки коммунист ба органҳои ҷазодиҳӣ дохил шуда, инсон будани худро фаромӯш мекунад ва ба автомати ба тарзи механикӣ баҳаракатдароянда табдил меёбад. Ӯ наметавонад андешаҳои худро озодона баён намояд, талабҳои худро фаҳмонад. Зеро, ӯро барои ҳамаи ин ҳукми қатл таҳдид мекунад. Аъзои комиссияи фавқулода худро аз ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ дар канор меҳисобад. Дар онҳо сифатҳои бади инсонӣ, худписандӣ, такаббурӣ, бераҳмӣ ва ғайра бештар дида мешавад. Бо ҳамон гуна хусусиятҳо онҳо номаълум худро аз ҳаёти ҳизбӣ ба канор гирифта, кастаи махсусеро ташкил додаанд, ки ба хотир оварданаш воҳиманок бошад ҳам, ба кастаи аввалаи жандармӣ монандӣ дорад. Ташкилотҳои ҳизбӣ ба онҳо, ҳамчун ба «охранка»-и собиқа, бо тарс ва нафрат менигаранд. Ниҳоят Комиссияи фавқулода ба мушти зиреҳпӯши ҳизб табдил ёфтааст, вале ин мушт ҳоло ба сари худи ҳизб зада истодааст».75
Ин эътирози коммунистон — аъзоёни комиссияи фавқулода, ки худ шоҳиди бисёр фоҷиаҳои хунини аз тарафи «мушти зиреҳпӯши ҳизб» содир карда буданд, барои як ё якчанд ноҳия не, балки қариб барои тамоми ҳудуди Осиёи Миёна хос аст. Таърихи башарият борҳо исбот намудааст, ки ҳеҷ гуна тартиботро ба тарзи зӯрӣ, ба муҳлати тӯлонӣ барқарор нигоҳ доштан ғайриимкон мебошад. Вале сарварони ҳамонвақтаи Ҳокимияти Шӯравӣ, махсусан ҳизби болшевикӣ, ки бунёдгузори тартиботи нав ба ҳисоб мерафтанд, аз чунин дарси таърих сабақи зарурӣ нагирифтаанд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо имконият доданд, ки дар маҳалҳо нисбат ба мардум бераҳмиҳои хеле зиёд зоҳир гардад. Албатта фактҳои болоӣ маънои онро надорад, ки гӯё ҳамаи чекистҳои ҳамонвақта чунин шахсони қотил бошанд. Худи ба вуҷуд омадани он мактуби эътирозии чекистҳо далели он мебошад, ки қисми онҳо аз усули корбарии ташкилотҳои маҳаллиашон норозӣ буданд. Яъне, чекистҳое, ки дар ҳақиқат ғами халқро мехӯрданд, низ фаъолият доштаанд. Маҳз фаъолияти чунин шахсони нисбати мардум содиқ пеши роҳи чандин фоҷиаҳои хунинро гирифтааст. Минбаъда пойдор гардидани тартиботи шӯравӣ ҳам на хизмати онҳост, ки танҳо роҳи қатлу ҳабс ва тарсонидани чашми мардумро пеш гирифта буданд, балки хизмати, он чекистҳое ба ҳисоб меравад, ки аз рӯзҳои аввал дар ғами беҳбудии аҳволи мардум, муқобили ҳар гуна қатли ом ва тарафдори сиёсати фаҳмондадиҳӣ буданд.
Умуман соли 1920 вазъияти кишвари Туркистон нисбат ба соли 1919, ба фоидаи тартиботи шӯравӣ хеле тағйир ёфт. Моҳи феврали соли 1920 аскарони сурх тамоми ҳудуди Моварои Каспиро ба даст дароварда, дар ин ҷо тартиботи шӯравиро аз нав барқарор намуданд. Моҳҳои март-апрел бошад аскарони сурх ба қувваҳои зиддишӯравии Ҳафтрӯд шикасти сахт доданд. Дар натиҷа фронтҳои Моварои Каспӣ ва Ҳафтрӯд барҳам дода шуд.
Солҳои 1918-1919 ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини кишвари Туркистон характери зиддирусӣ ҳам дошт. Зеро, қувваҳое, ки тартиботи нав — шӯравиро дар ин кишвар барпо намуданд ва ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ меҷангиданд, асосан қисмҳои аскарони сурх буданд. Ин қисмҳо бошанд бештар аз ҳисоби казакҳои рус, баъд аз мардуми гуногуни русзабон таркиб ёфта буданд. Ҳатто дастаи дашнакҳои арманиро мардуми маҳаллӣ ба ҳисоби русзабонҳо дохил мекарданд. Он солҳо мардуми маҳаллӣ дар ҳайати қисмҳои аскарони сурх ё хеле камшумор, ё худ қариб набуданд. Сарварони ҳамонвақтаи давлатию ҳизбӣ ва ҳарбии кишвар оқибати бади чунин ҳолатро ба инобат гирифта, зарурияти дар ҳайати қисмҳои аскарони сурх зиёд намудани намояндагони мардуми маҳаллиро ба миён гузоштанд, Дар ин ҷода, корҳои ташвиқотиро бештар ба кор бурданд ва он натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ҳамаи ин чорабиниҳо дар соли 1920 ҳаракати зиддишӯравиро нисбат ба солҳои 1918-1919 заифтар намуд.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ як қисми аҳолии маҳаллӣ оҳиста-оҳиста ба сохти нав майл карда, барои барқарории он ҷонбозиҳо намуданд. Аз ҳисоби онҳо соли 1919 дар ҳудуди уездҳо отрядҳои ихтиёриёни халқӣ ташкил ёфт. Ба чунин отрядҳо, фаъолони ҳаракати шӯравӣ: Ҳайдар Усмонов, Бобобек Мавлонбеков, Аҳмадбек Мавлонбеков, Шариф Раҷабов, Абдуқодир Раҳимбоев, Раҳимбердӣ Эгамбердиев ва дигарон сарварӣ намудаанд. Маҳз дар натиҷаи ба ҳимояи тартиботи шӯравӣ бархестани як ҳиссаи мардуми маҳаллӣ, дар чунин маҳалҳо ҳаракати зиддишӯравӣ ба худ характери ҷанги шаҳрвандиро гирифт. Ҳамин ҳолат махсусан солҳои 1919-1921 ҳувайдо буд. Вале отрядҳои ихтиёрии халқӣ дар он солҳо қувваи ҳалкунанда ба ҳисоб намерафтанд. Қувваи асосие, ки баҳри тартиботи шӯравӣ меҷангид ҳанӯз ҳам қисмҳои аскарони сурх буданд.
Аз аввали соли 1920 дар водии Фарғона қисмҳои асосии аскарони сурх ба муқобили қисмҳои Эргаш ва Мадаминбек, ки ҳанӯз ҳам хеле сершумор буданд, нигаронида шуданд. Дар натиҷаи муборизаҳои пайдарпай 13 январ деҳаи Бешкир, ки такягоҳи асосии Эргаш ба ҳисоб мерафт, ба ихтиёри аскарони сурх гузошт. Моҳи март бошад Мадаминбек низ шикаст хӯрд ва қисмҳои боқимондаи ӯ ба воситаи Ӯротеппа ба сӯйи Мастчоҳ ақиб нишастанд.76
Баъди шикаст додани қувваҳои Эргаш ва Мадаминбек, охири соли 1920 ва аввали соли 1921 қисмҳои асосии аскарони сурхи дар водии Фарғона буда ба муқобили қувваҳои Холбӯта ва Раҳмонқулбек сафарбар карда шуданд. Дар ин муҳорибаҳои шадид қувваҳои зиддишӯравӣ шикаст хӯрда, ба ҳар сӯ пароканда гардиданд. Солҳои 1921—1923 дастаҳои нисбатан хурди зиддишӯравӣ дар Ӯротеппа бо сарварии Холбӯта, дар волости Қистакӯз — бо сарварии Лаҳадмахсум, дар водии Зарафшон бо сарварии Ҳамроқул ва ғайраҳо амал мекарданд. Сентябри соли 1921 ҳуҷуми қатъии аскарони сурхи фронти Фарғона, аз ҷумла дар ҳудуди Ашт ба муқобили қароргоҳҳои асосии Раҳмонқул ва Аҳмад Полвон, дар ҳудуди маҳалҳои САНТО – Исфара — Қӯқанд ба муқобили қароргоҳҳои Исломқул ва Эшмат нигаронида шуда буд.
Солҳои 1921—1922 дар бисёр маҳалҳои уезди Хуҷанд заминҳои вақфие, ки аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ мусодира карда шуда буд, ба соҳибони пештарааш — масҷиду мадрасаҳо баргардониданд. Ин чорабинӣ то андозае сабаби заифтар гардидани ҳаракати зиддишӯравӣ гардид. Вале дар соли 1922 низ гурӯҳҳои нисбатан пурзӯри зиддишӯравӣ — ин отрядҳои Раҳмонқул ва Холбӯта ба ҳисоб мерафтанд. Махсусан гурӯҳҳои Раҳмонқул дар атрофи Хуҷанд ва Холбӯта дар атрофи Ӯротеппа нуфузи зиёд доштанд. Маҳз ҳамин гуна ҳолатро ба инобат гирифта, ҳамон сол дар Хуҷанд ва Ӯротеппа аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ Комиссияҳoи фавқулода оиди мубориза ба муқобили ҳаракати зиддишӯравӣ ташкил гардид. Инчунин ба ин нуқтаҳо қисмҳои иловагии аскарони сурх фиристода шуд. Дар натиҷа, моҳи октябри соли 1922 Раҳмонқул сахт шикаст хӯрд. Охирин такягоҳи ӯ деҳаи Ошоба ба ихтиёри қисмҳои аскарони сурх гузашт. Худи вай бо 90 нафар наздиконаш таслим шуд. Охири соли 1922 ва аввали соли 1923 отрядҳои Холбӯта асосан дар ҳудуди волостҳои Шаҳристон ва Басманда амал мекарданд. Моҳи апрели соли 1923 отряди Холбӯта низ дар Ӯротеппа шикаст хӯрд.77 Баъди ин воқеа масъалаи ҳалли тақдири «бекигарии Мастчоҳ» ба миён омад.
Маҳв намудани ҳаракати зиддишӯравӣ дар Мастчоҳ
30 ноябри соли 1918 дар Мастчоҳ агарчанде дар натиҷаи сулҳи тарафҳо тартиботи шӯравӣ ба тарзи осойишта аз нав барқарор ёфта буд, вале баробари аз ҳудуди ин ноҳия дур шудани қисмҳои аскарони сурхи Тихонов ва Силченко, аввали моҳи декабр Султонбек худро бек ва Мастчоҳро бекигарии мустақил эълон кард. Дар натиҷа дар Мастчоҳ Ҳокимияти Шӯравӣ боз барҳам хӯрд.
Баҳори соли 1919 Эргаш бо гурӯҳи начандон калони худ ба Мастчоҳ омад. Ӯ охири моҳи май ба Фалғар ҳуҷум кард, вале аз қисмҳои аскарони сурхи дар Панҷакент буда, ки ба муқобили вай омада расиданд, шикаст хӯрд ва ба Мастчоҳ баргашт. Баъди ин воқеа, Эргаш, бо мақсади пурқувват намудани қувваҳои зиддишӯравии водии Фарғона, тобистони он сол Султонбекро бо дастааш ба Фарғона бурд. Беки нави Мастчоҳ Ҳофиз Ҳусайн бошад дар муборизаи муқобили тартиботи шӯравӣ чандон фаъол набуд. Вале дар ҳудуди волости Мастчоҳ аллакаӣ касони бисёри аз тартиботи шӯравӣ норозии аз ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон омада, паноҳӣ ёфтаанд. Бинобар ин сарварони шӯравӣ ин дафъа ҳам масъаларо бо сарварони нави Мастчоҳ ба тарзи осойишта ҳал карданӣ шуданд. 12 июли соли 1920 дар деҳаи Похути волости Фалғар байни Ҳокимияти Шӯравӣ ва бекигарии Мастчоҳ сулҳ имзо гардид. Вале тирамоҳи он сол вазъият аллакаӣ тағйир ёфт. Ба ин мулк Саид Аҳмадхоҷа — писари эшони Авлиёхоҷа, ки дар тамоми ҳудуди уезд шуҳрат дошт ва аз соли 1919 раиси комиҷроияи волости Бокса-Исфанаи уезди Хуҷанд буду ҳатто ба ҳайати ҳизби болшевикӣ ҳам шомил буд, омада худро бек эълон кард ва сулҳи бо Ҳокимияти Шӯравӣ вуҷуддоштаро бекор намуд. Вай мехост, ки дар тамоми болооби Зарафшон ҳокимияти худро барқарор намояд.
Саид Аҳмадхоҷа аз Ҳокимияти Шӯравӣ талаб кард, ки мустақилияти давлати ӯро эътироф кунад. Ба ин талаб Шӯроҳо розӣ нашуданд. Ба ҳамин сабаб гуфтушуниди тарафайн натиҷаи дилхоҳ надод. Ниҳоят Ҳокимияти Шӯравӣ ба муқобили бекигарии Мастчоҳ қувваро истифода бурд. Моҳи марти соли 1923 барои маҳви бекигарии Мастчоҳ аз тарафи Ҳокимияти Шӯроҳо, бо сарварии Ҷӯра Зокиров ва Аҳмадбек Мавлонбеков Сегонаи ҳарбию сиёсӣ ташкил карда шуд. Дар худи ҳамон моҳ қисмҳои аскарони сурх ба хоки Мастчоҳ бори аввал қадам гузоштанд. 2 апрели ҳамон сол онҳо маркази «бекигарии Мастчоҳ» — деҳаи Оббурдонро ишғол карданд. Бо ҳамин дар ҳудуди Кӯҳистони Мастчоҳ ҳам пурра тартиботи шӯравӣ аз сари нав барқарор гардид. Худи Саид Аҳмадхоҷа боз ба уезди Хуҷанд гурехта паноҳӣ ёфт. 4 январи соли 1924 ӯ баъди нокомиҳои зиёд ба Ҳокимияти Шӯравӣ таслим шуд.
Ҳаракати зиддишӯравӣ дар Кӯҳистони Бадахшон
Тобистони соли 1919 вазъият дар Кӯҳистони Бадахшон боз мураккаб гардид. Зеро дар ноҳияи Ӯш дер боз отрядҳои хурд-хурди Эргаш ва Мадаминбек амал мекарданд. Аз худи Ӯш то сарҳади Помири Шарқӣ, яъне дар водии Олой, асосан қувваҳои зиёди зиддишӯравӣ бо сарварии Муҳиддин ва Ҷонибек ҳукуматдорӣ менамуданд.
Чунин вазъият барои пурқувват шудани қувваҳои зиддишӯравии Кӯҳистони Бадахшон низ имкониятҳои мувофиқ ба вуҷуд овард. Дар Помири Ғарбӣ ба чунин қувваҳо роҳбари сектаи исмоилиҳо — Муҳаммадалишо, эшони Шохдара — Саид Маҳмудшо ва эшони Поршнев — Саид Юсуфалишо сарварӣ мекарданд. Бевақтии шаби 23 июли соли 1919 дар Хоруғ А. А. Холмаков ва наздикони ӯ аз тарафи мадёрҳои сафед, ки аз Афғонистон гузашта буданд, кушта шуданд. Баъди ин фоҷиа, 24 июл иҷрои вазифаи сарвари сиёсии Кӯҳистони Бадахшон ба уҳдаи П. Воловик гузошта шуд.
Моҳи октябри он сол отряди зиддишӯравии Н. Монстров, ки дар Ҷалолободи мулки қирғизҳо амал мекард, бо Мадаминбек иттифоқ баста, Ӯшро ба даст даровард. Роҳ аз водии Фарғона ба сӯйи Кӯҳистони Бадахшон баста шуд. 26 сентябри соли 1919 Ӯш аз тарафи қисмҳои аскарони сурх ишғол карда шуд. Аз ин пештар Андиҷон низ аз ихтиёри қувваҳои зиддишӯравӣ рафта буд. Вале баъди ин воқеа ҳам вазъияти Кӯҳистони Бадахшон беҳтар нагардид. Зеро, қувваҳои зиддишӯравии Мадаминбек минбаъд асосан дар водии Олой ҷамъ гардиданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо охири соли 1919 қувваҳои танҳо Мадаминбек тахминан ба 7 ҳазор нафар мерасид. 24 октябри он сол дар деҳаи Гулҷӣ, ки маҳалли асосӣ дар роҳи Ӯш — Хоруғ ба ҳисоб меравад, Монстров ва Мадаминбек «Ҳукумати Муваққатии Туркистон»-ро бо сарварии Мадаминбек ташкил доданд.
Охири моҳи декабр ба Хоруғ отряди зиддишӯравӣ бо сарварии полковник Тимофеев омада расид, ки он бо супориши генерал Муханов фиристода шуда буд. Бо омадани ин отряд дар Помири Ғарбӣ тартиботи шӯравӣ барҳам хӯрд ва дар ин мулк режими сахти ҳарбӣ ҷорӣ гардид. Дар Помири Шарқӣ каме пештар ҳокимият ба ихтиёри қувваҳои зиддишӯравии маҳаллӣ ба сарварии Кулсарибек Кунакбоев гузошт. Чӣ дар Помири Ғарбӣ ва чи Шарқӣ ба таъқиби онҳое сар карданд, ки нисбат ба тартиботи шӯравӣ хайрхоҳ буданд.
Аввали соли 1920 нуқтаҳои асосии стратегӣ дар роҳи Ӯш-Хоруғ, аз он ҷумла деҳаи Гулҷӣ, аз тарафи қисмҳои аскарони сурх ишғол карда шуд. Ин воқеа дар Кӯҳистони Бадахшон тарафдорони шӯравиро рӯҳбаланд намуд. Бо сарварии Х. Кирмоншоев отряди гвардиячиёни сурх ташкил карда шуд, ки ба он А. Наврӯзбеков, Т. Бердаков, С. Абдуллоев, Э. Элчибеков, Б. Мирзобеков ва Воловик дохил мешуданд.
Моҳи апрели соли 1920 полковник Тимофеев нокифоягии қувваи худро эҳсос намуда, бо наздиконаш ба Ҳиндустон гурехт. Баъди ин воқеа сардори милитсияи Хоруғ Ҳақназар, ба диндорони маҳаллӣ такя намуда, ҳокимиятро гирифт. Вале диндорони Помири Ғарбӣ, бо ташаббуси Абдулғиёсхон ба беки Дарвоз бо мактуб муроҷиат карданд, ки мулки онҳоро низ ба ҳайати мулкҳои идоракунии амири Бухоро ҳамроҳ кунанд. Дар натиҷа моҳи майи ҳамон сол отряди бухороии дар мулки Дарвоз буда, ба Хоруғ дохил шуданд ва Кӯҳистони Бадахшон мулки амири Бухоро эълон гардид. Акнун дар Хоруғ намояндаи амир — бек менишаст. Дар маҳалҳо тартиботи амириро аз нав барқарор карданд. 26 июн, вақте ки бек ва дигар намояндагони амири Бухоро дар зиёфати шои78 Роштқалъа Саид Маҳмудшо буданд, тарафдорони шӯравӣ, бо сарварии Азизбек Наврӯзбеков (ҳамагӣ зиёда аз 20 нафар), дар аввал кӯпруки дарёи Ғундро, ки роҳи Рошткалъаро бо Хоруғи Боло мепайваст, вайрон карданд Онҳо 27 июн қалъаи Хоруғро ба даст дароварда, тамоми аслиҳаро аз худ намуданд. 28 июн бек ва дигар тарафдорони ӯ аз воқеаи Хоруғ хабардор гашта, аз Роштқалъа омаданд ва бо душвориҳои зиёд аз дарёи Ғунд гузашта, аз исёнгарон талаби супоридани қалъаро карданд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Рӯзи 29 июн дар байни тарафдорони шӯравӣ ва бек задухӯрд ба амал омад, ки бо ғалабаи шӯравиҳо анҷом ёфт. Бек асир афтид ва ӯро ба Қалъаи Хумб фиристоданд. Ҳокимият дар Кӯҳистони Бадахшон ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ бо сарварии П. Воловик гузашт.
Ҳамин тавр, 29 июни соли 1920, ҳамчун рӯзи дар Помири Ғарбӣ аз нав ташкил ёфтани Ҳокимияти Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Баъди Хоруғ, бо зудӣ тартиботи шӯравӣ дар Вахон ва Ишкошим низ аз нав барқарор гардид. Кумитаи инқилобии Помири Ғарбӣ, бо мақсади пурсидани кӯмак аз ҳокимияти шӯравии Туркистон, моҳи июл ба Тошканд, иборат аз 20-25 нафар ҳайати намояндагӣ фиристод. Дар ин асос ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳад, ҳокимияти Туркистон, ба Бадахшон иборат аз 350 нафар отряди нави сарҳадиро фиристод.
Ба Кӯҳистони Бадахшон расидани отряди нави сарҳадӣ ба тарафдорони Ҳокимияти Шӯравӣ имконият дод, ки на танҳо мавқеи қувваҳои зиддишӯравиро дар Помири Ғарбӣ маҳдуд намоянд, балки сентябри соли 1921 дар Помири Шарқӣ низ тартиботи шӯравиро аз нав барқарор созанд.
Дар ин гӯшаи кӯҳӣ ҳам ҳокимият ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузашт. Моҳи сентябри соли 1921 бо ташаббуси ҳокимияти шӯравии Туркистон, бо мақсади дар тамоми маҳалҳои Кӯҳистони Бадахшон барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ Сегонаи ҳарбию сиёсӣ оид ба Помир ташкил карда шуд. Ба он аз Помири Ғарбӣ — Шириншоҳ Шоҳтемур, аз Помири Шарқӣ — Ҳусенбоев ва аз отряди сарҳадӣ — М. М. Дяконов (вай инчунин намояндаи КИМ ҶМШС Туркистон ба ҳисоб мерафт) дохил буданд. Ин сегона 19 сентябр баҳри дар тамоми маҳаллаҳои Кӯҳистони Бадахшон ташкил додани кумитаи инқилобӣ қарор қабул кард.
Сегонаи ҳарбию сиёсӣ мебоист ба иқтидори ҳарбии дар ихтиёраш буда такя намуда бештар бо роҳи фаҳмондадиҳӣ мардумро ба тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ ҷалб мекард. Дар ин ҷода дар ҳақиқат муваффақиятҳои зиёд ба даст дароварданд. Қисми бузурги мардуми ин диёри баландкӯҳ ба зудӣ рӯ ба тарафи шӯроҳо гардониданд.
Вале он усули дағалию ҷазодиҳӣ, ки аз тарафи баъзе ҳомиёни тартиботи шӯравӣ дар водиҳо роҳ дода мешуд, дар ин гӯша ҳам ҷой дошт. Дар яке аз мактуби шикоятии ба номи КИМ ҷумҳурии Туркистон фиристодашуда (соли 1922) таъкид мешавад, ки «роҳбари органи ҷазодиҳӣ ва сарвари сегонаи Помир як шахс мебошад». Вай коркуни куҳнаи шуъбаи махсус буда, мавқеаш ҳанӯз солҳои 1918-1919 ташаккул ёфтааст. Ин усули «тарсонидан, манъ кардан ва ҷазо додан мебошад. Ба ҳамин се усул тамоми мафҳуми корбарии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии корманди шуъбаи махсус асос ёфтааст». Дар натиҷаи корҳои ношоями ин гуна шахсон сафи онҳое, ки аз Ҳокимияти Шӯравӣ норозианд зиёд шуда истодааст.1 Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар Кӯҳистони Бадахшон ҳам махсусан муллою эшонҳо ва шахсони ба онҳо наздик ба таъқиби сахти органҳои ҷазодиҳии тартиботи нав — шӯравӣ гирифтор шудаанд.
Кӯшишҳо барои бо роҳи осойишта ҳал намудани муноқишаҳо
Бояд ба хотир дошт, ки пеш аз даргириҳои ҷангҳои тарафайн, ва ҳангоми ҷанг кӯшишҳои тарафайн барои бо роҳи осойишта ҳал намудани муноқишаҳо дида мешуд. Чуноне таъкид намудем, мухториятчиён пеш аз эълони ҳокимияти мухтории худ талабҳояшонро дар назди сарварони Туркистони Шӯравӣ гузоштаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки агар он талабҳо ҳамон лаҳза қабул мегардиданд (яъне ташкили ҳокимияти коалитсионӣ ва эълон намудани мухторияти Туркистон) зарурияти ба вуҷуд омадани «мухторияти Қӯқанд» ва ихтилофҳои байни шӯравиҳо ва мухториятчиён намемонд. Вале он таклифҳо ҳамон лаҳза аз тарафи сарварони болшевикии Туркистон рад гардиданд.
Минбаъд бештари талабҳои тарафайн характери таҳдидӣ доштанд. Онҳо ба якдигар гузашт кардан намехостанд. Ҳар ду тараф ҳам мавқеи худро ҳақ ва ҳимоякунандаи асосии манфиати халқ меҳисобид.
Тарафҳо ба якдигар боварӣ надоштанд. Бинобар ин масъалаи мусолиҳаи тарафайн, баъзан аз тарафе барои ба даст даровардани имконияти хуби ҷангӣ пешниҳод карда мешуд. Маҳз ҳамин нобоварӣ нисбати якдигар яке аз сабабҳои асосии тӯлонӣ гардидани ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон ва умуман ҳудуди Осиёи Миёна гардид.
Чунончи моҳи августи соли 1921, анҷумани Шӯроҳои қувваҳои зиддишӯравии водии Фарғона ба Ҳокимияти Шӯравӣ ба тарзи расмӣ муроҷиат намуда, барои гуфтушуниди масъалаи мусолиҳа шартҳои зеринро ба миён гузоштааст; иҷозат ба фаъолияти озоди мактабҳои динӣ, мадрасаҳо ва масҷидҳо; аз нав барқарор намудани судҳои қозигӣ; ба соҳибони пештарааш — мадрасаю масҷидҳо баргардонидани мулкҳои вақфӣ ва ташкили идоракунии динӣ; ҷорӣ намудани фаъолияти озоди бозорҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолоти косибию ҳунармандӣ; ба ҳайати қисмҳои аскарони сурх қабул намудани отряди қувваҳои зиддишӯравӣ ва ғайраҳо. Аммо ин таклифҳо ҳамон лаҳза аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ рад гардиданд. 79 Ҳарчанд баъзеи ин талабҳо минбаъд иҷро карда шуданд. Чунончи: 20 ноябри соли 1921 декрети Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) ҷумҳурии Туркистон оиди афви онҳое, ки дар ҳаракати зиддишӯравӣ иштирок кардаанд, баромад. 26 майи соли 1922 мувофиқи қарори КИМ ҷумҳурии Туркистон заминҳои вақфӣ ба соҳибони пештараашон баргардонида шуд ва судҳои қозигӣ аз нав барқарор гардид. Бинобар ин аз 26 июли он сол дар тамоми ҳудуди кишвари Туркистон дар як вақт бо судҳои шӯравӣ судҳои қозигӣ низ амал мекарданд.
Ин ҳама маънои онро дорад, ки сарварони Ҳокимияти Шӯравии ҷумҳурии Туркистон ҳамон солҳо бо сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ дар амал муросо карданӣ набуданд, ё аниқтараш бе иҷозати марказ ва сарвари фронти Туркистон, барои ба тарафи муқобил мустақилона музокира кардан ҳуқуқ надоштанд. Масалан, Абдулло Раҳимбоев, ки солҳои 1920-1923 раиси КИМ ҷумҳурии Туркистон буд, аз мансаби худ истифода бурда, соли 1923 яке аз сарварони ҳаракати зиддишӯравии Самарқанд Баҳромбекро (ӯ сарвари отряди 500 нафара буд) аз ҳабс озод намуд. Чунин ҷуръат барои А. Раҳимбоев на танҳо боиси ҷазои ҳизбӣ, балки сабаби асосии аз мансаб сабукдӯш гардиданаш шуд.80
Дар кишвари Туркистон, дар давраҳои гуногун як қисми қувваҳои зиддишӯравӣ, баъди ноумедиҳо аз мавқеи ишғолкардаи худ даст кашида, ихтиёран ба қисмҳои аскарони сурх таслим шуданд. Вале тарафи шӯравӣ, ба мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо оиди афви умум аҳамият надода, баъзан онҳоро, махсусан қӯрбошиҳо ва наздиконашонро нест мекарданд. Аз ин рӯ, мардуми бо қувваҳои зиддишӯравӣ ҳамроҳшуда на ҳама вақт ба ваъдаҳои ҳомиёни тарафи шӯравӣ боварӣ доштанд.
Маҳз бо сабабҳои болоӣ, дар ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ отрядҳои хурд-хурди зиддишӯравӣ солҳои 20-30-юм низ амал карданд.
Умуман ҳаракати зиддишӯравӣ, ки сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшонро дар қатори дигар ноҳияҳои кишвари Туркистон фаро гирифта буд, на танҳо боиси харобиҳои хоҷагии халқ, балки он боиси талафотҳои зиёди ҷонӣ низ гардидааст. Махсусан солҳои 1918-1921 ба муқобили қисмҳои мунтазами ҳарбӣ, қисмҳои аскарони сурхи казакии мусаллаҳи дар маӣдонҳои ҷанг обутобёфта, тӯдаи зиёди мардуми машқи ҷангӣ надида ва бадмусаллаҳгардида меҷангид. Бинобар ҳамин ҳам агар талафоти ҷонии тамоми Федератсияи Русия (бо ҳамроҳи кишвари Туркистон) дар замони авҷи ҷангӣ гражданӣ, яъне солҳои 1918—1920 ба 800 ҳазор нафар расад, пас талафоти ҷонии танҳо кишвари Туркистон, бо якҷоягии маъюбон 200 ҳазор нафарро ташкил кардааст.81
Дар солҳои болоравии ҳаракати зиддишӯравӣ, аз ноҳияҳое, ки амалиёти ҷангӣ зиёда ба амал омадааст, мардуми зиёде ватани худро тарк карданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо дар он солҳои душвор миқдори мардуми вилояти Фарғона аз се як ҳисса кам шудаанд.82