Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 6.3

Боби VI.
Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон (солҳои 1917-1919)

§ 3. Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон

Мавқеи отряди Помир нисбат ба Ҳокимияти Шӯравӣ

Дар Кӯҳистони Бадахшон мисли пештара ҳар гуна тағйирот аз мавқеи отряди сарҳадии аскарони рус, ки ин ҷо буданд яъне отряди Помир, вобастагӣ дошт. Аз тарафи дигар сарварони отряд дар қатори вазифаҳои ҳарбӣ инчунин вазифаҳои маъмуриро низ иҷро мекарданд. Хулоса, сарвари отряд сарвари ҳарбию маъмурӣ ба ҳисоб рафта, нисбатан ҳуқуқҳои васеъ дошт. Ҳамон лаҳза сарвари отряд полковники рус Фенин буд.
То 2 июли соли 1918 на танҳо дар Бадахшон, ҳатто дар ҳудуди отряди Помир ҳам аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатӣ чӣ дар Петроград ва чӣ дар Тошканд хабар надоштанд. Танҳо дар ин рӯз, дар кумитаи аскарони отряд мактуби аз Тошканд фиристодаи П. Воловикро хонда, муҳокима намуданд, ки дар он оиди сарнагун шудани Ҳокимияти Муваққатӣ хабар дода мешуд. Дар натиҷа, хабари дар марказҳо бунёд гардидани Ҳокимияти Шӯроҳо бо зудӣ дар байни афсарону аскарони отряд ва оҳиста-оҳиста дар байни мардуми ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшон низ паҳн гардид.
Афсарону аскарони отряд дар марказҳо бунёди тартиботи навро ба тарзи гуногун пазируфтанд. Пеш аз ҳама афсарон, бо сарварии полковник Фенин ва як қисми аскарони қатории отряд, ки нисбат ба Ҳукумати Муваққатӣ содиқ буданд, Ҳокимияти Шӯравиро эътироф накарданд.
Тобистони соли 1918 аз Тошканд, бо мақсади ҷорӣ намудани алоқа бо отряди Помир, ба Бадахшон, бо сарварии собиқ поручики қӯшунҳои подшоҳӣ Афанасев, отряди иловагӣ фиристода шуд. Вале аксари аъзоёни ин отряд ҳам, бо сарварии худи Афанасев муқобили тартиботи нав буданд. Аз ин рӯ отряди Помир, бо якҷоягии отряди навомада, дар мавқеи зиддишӯравӣ меистод.
30 августи соли 1918, мувофиқи фармони барои қисмҳои аскарони сурх баровардашуда, отряди Помир ба тобеияти сардори комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Мухтори Туркистон гузашт. Аммо полковник Фенин ва дигар афсарони отряд на танҳо ин фармонро ба эътибор нагирифтанд, балки мисли пештара умуман аз шинохтани Ҳокимияти Шӯравӣ саркашӣ мекарданд.
Ниҳоят, моҳи ноябри соли 1918, полковник Фенин ва дигар афсарони отряд, бенатиҷагии мавқеи ишғолкардаи худро эҳсос намуда, бо ҳамроҳии 32 нафар аскарони қатории отряд, тамоми маблағ ва аслиҳаи мавҷудаи отрядро бо худ гирифта, дар миёнаи моҳи ноябри ҳамон сол, ба воситаи Вахон, ба Ҳиндустон гурехтанд. Бо ҳамин воқеа дар як вақт Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ низ барҳам хӯрд. Дар постҳои сарҳадии чӣ Помири Шарқӣ ва чӣ Ғарбӣ як қисми ками аскарони рус монда буданду халос. Аз ҳисоби ҳамин аскарон, бо сардории Волков, кумитаи инқилобӣ ташкил карда шуд, ки он мебоист дар Кӯҳистони Бадахшон ҳокимиятро ба дасти худ мегирифт.

Отряди А.А. Холмаков ва барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон

Охири моҳи ноябри соли 1918 Кумитаи Иҷроияи Маркази КИМ Ҷумҳурии Туркистон баробари шунидани хабари ба хориҷа гурехтани полковник Фенин ва дигар тарафдорони вай, оиди ба Бадахшон фиристодани комиссияи ҳарбию сиёсӣ ва отряди ихтиёрӣ бо сарварии коммунист А. А. Холмаков қарор қабул кард. Дар ҳайати отряд 20 нафар болшевикон буданд. Комиссия ва отряд моҳи феврали соли 1919 бо душвориҳои хеле зиёд ба Хоруғ омада расид. То ҳамин лаҳза дар Бадахшон ҳолати беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд. Дар маҳалҳо бошад ҳанӯз ягон хел ташкилот ё худ ҷамъияти сиёсию инқилобӣ вуҷуд надошт1.
Дар аксари адабиётҳои мавҷуда таъкид мегардад, ки «моҳи ноябри соли 1918 дар натиҷаи баромади инқилобии аскарон, коргарон ва мардикорон дар маркази Помир — Хоруғ кумитаи инқилобӣ — аввалин органи Ҳокимияти Шӯравӣ дар Кӯҳистони Бадахшон ташкил карда шуд». Маълум аст, ки ин гуна андешаҳо беасос будаанд.
Вазифаи асосии комиссия ва отряди А. А. Холмаков — ин дар маҳалҳо ташкил намудани органҳои ҳокимияти инқилобии халқӣ ва муҳофизати сарҳади давлатии Федератсияи Русия дар Бадахшон ба ҳисоб мерафт.
Баҳори соли 1919 ба ташаббуси комиссия ва отряд дар як қатор маҳалҳои Бадахшон кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд. Дар худи ҳамон фасл анҷумани ин кумитаҳо низ барпо гардида дар онҳо оиди муттаҳид намудани Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ қарор қабул карданд. Аз ҳамон лаҳза роҳбарии умумиро дар Кӯҳистони Бадахшон кумитаи отряд бо сарварии А.А. Холмаков ба ихтиёри худ гирифт. Дар назди отряд низ кумитаи инқилобӣ ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он ба ғайр аз А. А. Холмаков, боз П. Волков ва Руднев шомил буданд.
Ҳамин тавр, баҳори соли 1919 дар Кӯҳистони Бадахшон низ бо ташаббуси комиссия ва отряди аз Тошканд фиристодашуда Ҳокимияти Шӯравӣ ташкил карда шуд. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки ҳайати отряди номбурда аз қисмҳои аскарони сурх иборат буданд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.