Боби IV.
Афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX
§ 5. Таърихнигорӣ ва ҳаёти адабии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX
Таърихнигорӣ
Яке аз хусусиятҳои хоси таърихнигорӣ ва ҳаёти адабии тоҷик дар замони мустамликавӣ он аст, ки аксари таърихнигорони ин давр дар навбати худ нависанда ё шоир ва қисмашон аз ҷумлаи маорифпарварон буданд. Бегуфтугӯ дар тамоми ин соҳаҳо дар қатори аввал Аҳмади Дониш меистад. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, асари барҷастаи ӯ «Наводир-ул-вақоеъ» пеш аз ҳама асари барҷастаи адабӣ мебошад ва маҳорати баланди нависандагии маорифпарварро нишон медиҳад.
Албатта афкори маорифпарваронаи Аҳмади Дониш ба эҷодиёти таърихнигорон низ бе таъсир намонд. Аз ин рӯ яке аз фарқиятҳои таърихнигории ин давр аз замонҳои гузашта дар он аст, ки маҳз дар ҳамин давр асарҳои танқидии таърихӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин соҳа асарҳои навиштаи Аҳмади Дониш ва Мирзо Абдулазими Сомӣ махсусан мақоми муҳимеро ишғол мекунанд.
Рисолаи таърихии А. Дониш аз ҷумлаи асарҳои охирини ӯ мебошад, ки тақрибан дар ду-се соли охири умраш ба тарзи махфӣ навишта, аммо ба охир расонида натавонистааст. А. Дониш ба ин рисолааш ҳатто ном нагузошта бошад ҳам, вале бо номи шартии «Рисолаи таърихӣ» машҳур гардид. Дар он муаллифи асар таърихи хонадони манғитияро таҳлил намуда, махсусан ба замони ҳукмронии амир Музаффар диққати ҷиддӣ додааст. Аз ҳамин сабаб ҳам ин давр аз нуқтаи назари танқидӣ, ҳаҷвнигорона, нисбатан батафсил тасвир шудааст. Дар асар аз ҳаёти ҳаррӯзаи халқи оддӣ бисёр лаҳзаҳои муҳими таъсирбахш ҷой дорад.
А. Дониш дар хотимаи «Рисолаи таърихӣ» ба хулосае меояд, ки ин салтанати амирон ба зулм ва нобаробарии иҷтимоӣ асос ёфтааст, бинобар ин бояд сарнагун шавад. Ин асар имрӯз бо номи «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» дастраси ҳаводорони эҷодиёти ӯ гардидааст.
Мирзо Абдулазими Сомӣ (Бӯстонӣ) (тавал. 1838, соли вафоташ номаълум) низ муаллифи «Таърихи салтанати манғития» мебошад. Ӯ ҳамчун А. Дониш баъди хатми мадраса дар хизмати дарбор буд. Агар А. Дониш хизматро аз замони амир Насруллоҳ сар карда бошад, Сомӣ аз замони амир Музаффар ва пас дар замони амир Абдулаҳадхон давом додааст. Сомӣ чун таърихнигор дар сафарҳои ҳарбии амирон онҳоро ҳамроҳӣ мекард. Вай шоҳиди ҷанги байни Русияю Бухоро (соли 1868) буда, онро дар асари худ батафсил нишон додааст. Дар асар муаллиф тавонистааст, ки ҷаҳолат, ақибмондагӣ ва бемаърифатии амалдорону сарлашкарони амириро ба қалам дода, онҳоро масхара намояд.
Сомӣ дар айёми пирӣ аз дарбор ронда шуд. У дар охири умр бо китобати дастхатҳо рӯз мегузаронид. Вай инчунин муаллифи манзумаи «Миръот-ул-хаёл» (ривоятҳои аҷиб аз ҳаёти фозилон ва шоирони ҳамзамонаш), «Санъати маҳзун», «Туҳфаи шоҳӣ» мебошад.
Шарифҷон Махдуми Зиё ва маҳфили адабии ӯ
Садри Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1867-1932) дар шаҳри Бухоро дар оилаи Абдушукур ном домулло, ки бо тахаллуси Оят шеър менавишт, ба дунё омадааст. Шариф номи ӯст, махдум калимаест, ки ба номи муллозодагон илова мекарданд, садр унвони илмии динист, ки баъд аз ӯроқ ва судур саввумин ва олитарин унвони уламо ба шумор меравад, Зиё тахаллуси адабиаш мебошад. Падари Садри Зиё- Абдушукури Оят аз косибони Бухоро буда овони ҷавонӣ, бо касби падару бобоёнаш — чармгарӣ ва шустагарӣ (шуста сафед кардани карбосу суфи хоми дағали зардчатоб) машғул шудааст. Ӯ баъди хатми мадраса дар мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ва дар баъзе мулкҳои аморат (аз ҷумла дар бекигарии Зиёуддин) қозигӣ карда, дар охири умр қозикалони Бухоро таъин гардидааст.
Садри Зиё ҳам баъди таҳсили мадраса аз соли 1893 ба фаъолияти қозигӣ оғоз намуд, ки он то соли 1920 давом кардааст. Дар ин муддат ӯ дар Ҷондор, туманҳои Зандане (Пешкӯ), Вобканд, Ғиждувон, бекигариҳои Чорҷӯй, Қаршӣ, Каркӣ, Шаҳрисабз қозигӣ кардааст. Вай хеле кӯтоҳ, аз 25 март то 8 апрели соли 1917, яъне 15 рӯз қозикалони Бухоро шудааст.
Мероси илмию адабии Садри Зиё зиёда аз 60 асарро ташкил медиҳад. Муҳимтарини онҳо: «Наводири Зиёия», «Рӯзнома», «Тазкират-ул-Хаттотин», «Таърихи амирони манғития», «Рисолаи асбоби инқилоби Бухоро» ва ғайраҳо мебошанд
Охири асри XIX ва аввали асри XX хонаи Садри Зиё ба як маҳфили адабӣ табдил ёфта буд, ки дар он як зумра зиёиён иштирок намуда, баҳра гирифтаанд. С. Айнӣ иштирокчии фаъоли ҷамъомадҳои маҳфили адабии хонаи Садри Зиё буд. Ӯ воқеоти он солҳоро дар «Ёддоштҳо»-яш ин тавр тасвир намудааст: «Хонаи Шарифҷон-махдум дар ҳар ҳафта се шаби таътил — сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагӯён ва ширинкоронро мегирифт». Дар он маҳфил адибу фозилони пешқадами Бухоро аз қабили: Мулло (Мирзо) Назруллоҳи Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зӯфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳамид, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Мулло Бурҳони Муштоқӣ («Бисмил»). Қорӣ Абдулкарими Офаринӣ («Дӯзахӣ»), Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Мулло Раҳмати Сартарош, Азизхоҷаи Азиз ва дигарон иштирок менамуданд.57
Иштироккунандагони маҳфили адабии Садри Зиё кам ё беш аз тартиботи замони амирӣ норозӣ буданд. Бинобар ин дар он ҷамъомадҳо на танҳо масъалаҳои адабиёт муҳокима мегардид, балки дар бораи аҳволи замон ва кирдори мансабдорон ҳам сухан мерафт. Бегуфтугӯ аҳли маҳфил хубиҳои Аҳмади Донишро зикр мекарданд, нисбат ба андешаҳои ислоҳотхоҳонаи ӯ ҳамфикр будани худро изҳор менамуданд. Маҳз ҳамин маҳфил ба ташаккулёбии ҷаҳонбинии адабии худи С. Айнӣ ва Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, ки ҳамон давр дар ҳавлии Садри Зиё «вазифаи пешхизматиро» адо мекарданд, заминаи асосӣ гузоштааст. Бояд ба инобат гирифт, ки эҳтимол дар натиҷаи таъсири ҳамин маҳфил, бо ташаббуси С. Айнӣ ва М.А. Мунзим, аз ҷумлаи толибилмони мадрасаҳои Бухоро, маҳфили дӯстдорони илми таърих бунёд гардида буд. Чуноне яке фаъолони он маҳфил мулло Бобо Қосим Рамазонов (1887-1970) ба хотир меоваранд, аъзоёни он аз С. Айнӣ ва М.А. Мунзим ҳар гуна супоришҳо гирифта, онҳоро аз сарчашмаҳои таърихӣ пайдо мекарданд. Инчунин, баъзан дар бораи асарҳои гуногун, ё худ воқеаҳои таърихӣ. суҳбатҳо барпо менамуданд.
Аз ҳаёт ва эҷодиёти дигар зиёиёни давр
Дилшоди Барно (1800-1907) — шоира, маорифпарвар ва таърихнигор ба ҳисоб меравад. Шоира дар Ӯротеппа ба дунё омадааст. Хони Қӯқанд Умархон ҳангоми забти Ӯротеппа (солҳои 1810-1822) Дилшодро бо ҳамроҳии асирон ба Қӯқанд мебарад. Чанде нагузашта Дилшод аз дарбор гурехта, дар хонаи Тошмахдум ном шахс паноҳ меёбад ва баъд зани ӯ шуда, то охири умр дар Қӯқанд мемонад. Шоира дар шеърҳояш беадолатиҳои замонаро сахт мазаммат кардааст. Вай дар Қӯқанд мактабдори номӣ буд ва мувофиқи баъзе маълумотҳо 891 нафар духтаронро саводнок намудааст. Яке аз асарҳои Дилшод «Таърихи муҳоҷирон» мебошад. Ӯ дар ин асар тороҷгарӣ ва кушокушиҳои Умархон, баъзе воқеаҳои аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт намудани Осиёи Миёна, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии замонро инъикос кардааст.
Абдулқодирхоҷа Савдо (1823-1873) — шоир, маорифпарвар ва таърихнигор дар Бухоро таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо таҳсили мадраса намудааст. Ҳангоми таҳсил дар баробари донишҳои расмии мадраса илмҳои нуҷум, риёзиёт, ҳунари наққошӣ, заргарӣ, меъморӣ, тарроҳӣ, лаввоҳӣ ва навозандагиро низ омӯхтааст. Қобилияти ӯро ба инобат гирифта, вайро ба дарбор, ба кор даъват карданд. Дар натиҷа Савдо бо супориши ҳукумат ба гӯшаю канори аморат сафарҳо карда, бо бечорагии мардум аз наздик ошно гардид. Шоир дар бисёр шеърҳояш, махсусан шеърҳои ҳаҷвиаш ба худ тахаллуси «Бепул»-ро қабул намудааст. Мероси бадеии Савдо ҳанӯз ҳам пароканда аст ва то имрӯз қисме аз онҳо дастраси хонандагон гардидаасту халос. Вай инчунин муаллифи як рисолаи таърихӣ мебошад.
Муҳаммад Шамсиддин Махдуми Шоҳин (1857-1894) яке аз шоирони шинохта ва маорифпарвари нимаи дуюми асри XIX мебошад. Ӯ дар Бухоро ба дунё омада, аз хурдсолӣ (11-12 солагӣ ) ба шеъру адаб шавқи зиёд дошт. Вай тақрибан соли 1885 таҳсили мадрасаро ба итмом расонида мирзои яке аз маъмурони дарбор гардид. Шоир бо А. Дониш ва эҷодиёти ӯ аз наздик шинос буд. Шоҳин нисбат ба разолатҳои замона нафрати зиёд дошт. Мехост аз дарбор равад. Аммо амир Абдулаҳадхон ӯро аз рикоби худ қасдан дур намекард. Ниҳоят, вай ҳангоми яке аз сафарҳои амир, дар Қаршӣ вафот кард. Шоҳин девони ашъор-маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун», маснавии нотамоми «Туҳфаи дӯстон» ва асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро мерос гузоштааст. Аз ҷумла «Туҳфаи дӯстон» асари ахлоқӣ буда, дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» афкори маорифпарварии А. Донишро инкишоф дода тартиботи амирӣ, кирдорҳои разилонаи мансабдоронро сахт мазаммат кардааст.
Мирзоҳайит Саҳбо (тақр.1850-1918) шоири лирик буд. Вай дар тумани Вобканди наздикии Бухоро ба дунё омада, дар замони амир Абдулаҳадхон ба хизмати дарбор ҷалб гардида, унвони «тӯқсабо» ва «бий»-ро гирифта буд. Вале ӯ нисбат ба кирдорҳои разилонаи дарбориён ва амалдорони амир нафрати зиёд дошт. Вай шоири ҳақиқатҷӯй ва ҳақиқатгӯй буд, оиди нуқсонҳои аморат бепарда сухан мекард, ки ин ҷиҳатҳоро аз шеърҳои лирикиаш ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Амир, бо мақсади аз марказ дур намудан, ӯро ба мулки дурдаст ҳоким таъин мекунад. Вале Саҳбо аз ин вазифа даст кашида, ба Бухоро бармегардад ва гӯшанишиниро ихтиёр мекунад. Соли 1915 барои рӯзномахонӣ ҳатто ҷазо дидааст. Баъди намойиши апрелии соли 1917-и Бухоро, амир Саҳборо ба вазифаи ҳокимӣ ба Қубодиён фиристод. Пас ӯро соли 1918 дар он ҷо, бо дасти одамони худ, ба тарзи ваҳшиёна қатл намуд.
Тошхӯҷа Асирӣ (1864-1915) шоир ва маорифпарвар мебошад. Вай дар Хуҷанди бостонӣ ба дунё омада, бо касби сангиосиёбтарошӣ камбағалона зиндагӣ ба сар мебурд. Ба ақидаи Асирӣ вазифаи адабиёт тавсифи ақлу дониш аст. Бинобар ин ӯ тарғиботчии фаъоли илму дониш ба ҳисоб меравад. Ба андешаи вай мардуми гумроҳро бо роҳи маърифатнокӣ аз ҷаҳолат баровардан мумкин аст. Шоир дар ашъораш истисморгаронро сахт мазаммат мекунад. Ӯ тарафдори ашаддии ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо, дар мактабҳо ҷорӣ намудани таълими илмҳои дунявӣ буд.
Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878-1902) гарчанде ҳамагӣ 25 сол умр дидааст, вале чун устоди ғазал шуҳрат пайдо карда буд. Камбағалӣ ва ятимӣ аз хурдсолиаш ба ҳаёти ӯ нақши вазнини худро гузоштааст. Аз 15-16 солагӣ вай ба таҳсили мадраса оғоз намуда ба ҳайати адибони давр дохил шуд. Дар ғазалу қасидаҳои шоир разолатҳои замона сахт танқид карда мешавад. Ҳайрат аз бемории сил вафот кардааст.
Нақибхон Туғрал (1865-1919) яке аз шоирони намоёни давр ва устоди ғазал ба ҳисоб меравад. Ӯ дар деҳаи Зосуни бекигарии Фалғар, дар оилаи давлатманде (аз авлодони Хоҷа Аҳрори Валии Самарқандӣ) ба дунё омада, дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Чанде дар назди Шоҳин хондааст. Баъди таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул шудааст. Бо туҳмати аксулинқилобӣ ӯро ба қатл расонидаанд. Туғрал дар ғазал пайрави Бедил буда, дар онҳо дар баробари сурудани ишқ, инчунин бехирадии мансабдорону давлатдорон, авомфиребии муллоҳои чаласаводу рӯҳониёни иртиҷоъпарастро тасвир намудааст.
Дар аввали асри XX дар Бухоро С. Айнӣ ва М.А. Мунзим ҳам на танҳо ҳамчун маорифпарвар, балки дар олами адабиёт аллакай қадамҳои ҷиддӣ гузошта буданд. Дар шеърҳои онҳо, ки аз ақидаҳои маорифпарварӣ саршор буд, меҳрубоние нисбат ба халқи мазлум, нафрат ба истисморгарон дида мешавад. Ҳамдардӣ нисбат ба мардум, нафрат нисбат ба истисморгарон мағзи эҷодиёти шоири инқилобӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро (1889-1929) ташкил менамоянд, ки шеърҳои худро бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштааст.
Зиёиёни тоҷик, махсусан зиёиёни водии Фарғона, аз эҷодиёти шоирон ва маорифпарварони номии ӯзбек — Муҳаммадхоҷаи Муқимӣ (1850-1903), Зокирхоҷаи Фурқат (1858-1909) ва дигарон низ аз наздик шинос буданд. Дар эҷодиёти онҳо дӯстию рафоқат, адлу инсоф тараннум карда мешуд.
Умуман вазъи илму адаби ин давр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки арбобони он нисбат ба давраҳои гузашта боз ҳам ҷиддитар ва бештар ба мардум ва талабҳои онҳо наздик шудаанд. Аксари ин арбобон дар асарҳо ва шеърҳои худ нисбат ба бетартибиҳои давр оштинопазир буда, ислоҳи онро талаб мекарданд.