Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 3.3

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

Боби III.
Тоҷикон дар замони бавуҷудойии дигаргуниҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ. Болоравии ҳаракатҳои халқӣ ва ихтилофҳои мазҳабию мансабӣ (солҳои 1867-1917)

§ 3. Авҷ гирифтани шӯришҳои зиддимустамликавӣ дар кишвари Туркистон

Сабабҳои ба амал омадани шӯришҳои зиддимустамликавӣ

Дар замони мустамликавӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон худсарию бедодгариҳои амалдорони маҳаллии ҳукумати подшоҳӣ ҳадду канор надошт. Бераҳмиҳои онҳо ҳангоми ҷамъоварии андоз, махсусан дар вақти ба фоидаи муҳоҷирони рус кашида гирифтани ҳиссае аз заминҳои мардуми таҳҷойӣ, зоҳир мегардид. Дар натиҷаи пай дар пай афзудани маҳаллаҳои руснишин, заминҳои корам ва чарогоҳҳои мардуми маҳаллӣ маҳдуд мешуд. Фасли тобистон дар баъзе ноҳияҳои кишвар норасоии об барои корҳои обёрӣ эҳсос карда мешуд. Ҳангоми дар чунин ноҳия мавҷуд будани маҳаллаҳои руснишин аксаран масъалаҳо, аз ҷумла оид ба об, ба фоидаи муҳоҷирони рус ҳал мегардид.
Ба ғайр аз бедодгариҳою маҳдудиятҳои иқтисодӣ, аз тарафи амалдорони маҳаллии ҳукумати подшоҳӣ на ҳама вақт дин ва урфу одати мардуми маҳаллӣ ба эътибор гирифта мешуд. Дар идоракунии кишвар (ба ғайр аз идоракунии маҳаллӣ) аз байн бардоштани нуфузи сарварони дини ислом, дар ҳудуди кишвар маҳдуд намудани мулкҳои вақфӣ ва ғайраҳо олимақомони диниро норозӣ ва ниҳоят ба ғазаб меовард. Ҳол он ки пеш аз забтшавӣ чи ҳукумати хонӣ ва чи ҳокимони маҳаллӣ бе розигии олимақомони динӣ ягон хел чорабиниро намегузарониданд. Мулкҳои вақфӣ бошанд муқаддас ҳисоб карда мешуданд.
Барҳам хӯрдани истиқлолияти миллӣ қисми бузурги мардуми кишвар, махсусан зиёиёни маҳаллиро ором намегузошт, ки дар ин бора дар боби минбаъда хоҳем истод. Қисме аз онҳо роҳи ягонаи озодиро дар мубориза медиданд.
Ниҳоят дар замони мустамликавӣ мардуми маҳаллии кишвари Туркистон дар симои ҳукуматдорони маҳаллии подшоҳӣ истисморгарони асосӣ ва таҳқиркунандагони дину урфу одатҳои миллии худро медиданд. Маҳз ҳамин воқеаҳо дар ҳудуди кишвар сабаби асосии ба амал омадани як қатор шӯришҳои зиддимустамликавӣ, аз ҷумла исёни вабо, шӯриши соли 1898 дар Андиҷон, шӯриши Осиёимиёнагии соли 1916 ва ғайраҳо гардидаанд.

Исёни вабо

Соли 1892 дар шаҳри Тошканд ҳаракати халқӣ ба вуҷуд омад, ки он дар таърих бо номи «исёни вабо» маълум аст. Баҳонаи ба вуҷуд омадани исён, ин моҳи майи ҳамон сол, бо чорабиниҳои дар Тошканд барои пешгирии бемории номбурда андешидаи ҳукумати кишвари Туркистон вобаста аст. Дар он сол беморони вабо аввалин бор моҳи март дар шаҳрҳои Кобул ва Ҳироти Афғонистон пайдо шуда, нишонаҳои онро 1-уми июн дар уезди Ҷиззахи вилояти Самарқанд ва 7-уми июн дар Тошканд ба қайд гирифтаанд. Вале он лаҳза барои табобати беморон чи табибон ва чи доруворӣ намерасид. Бинобар ин, мувофиқи баъзе маълумотҳо, шумораи умумии аз ин беморӣ фавтидагон танҳо дар кишвари Туркистон қариб ду ҳазор нафарро ташкил медоданд.
Сарварони шаҳри Тошканд, бо маслиҳати мутахассисон, барои пешгирии ин бемории хавфноки гузаранда, бо қарори худ барои гӯронидани майитҳои аз ин касалӣ фавтида танҳо як қабристонро муайян намуда, 12 қабристони дигари шаҳриро бастанд. Дар қабристони муайяншуда ҳам майитро танҳо баъди иҷозати хӯҷаинҳои шаҳр мегӯрониданд. Бо сабаби зиёд гардидани фавтидагон муҳлати иҷозатгирӣ тақрибан 3-4 рӯз давом мекард ва дар ин муддат майит бояд нигоҳ дошта мешуд. Агар авлодони майит ба ногоҳ ин қоидаи нав ҷоришударо бо инобат нагирифта, майити аз бемории вабо фавтидаро (баъзан аз ин беморӣ набошад ҳам) худсарона дар дигар қабристон ба хок супоранд, он гоҳ ҳукуматдорони шаҳр онҳоро маҷбур мекарданд, ки майитро аз қабристони аввала бароварда ба қабристони муайяншуда оварда гӯронанд. Инчунин дар муддати маъракаи мубориза бо вабо аз шаҳр баромадан ва ба шаҳр даромадан маҳдуд карда шуда буд. Чунин ҳолат на танҳо тоҷирон, балки чоряккорон, мардикорон ва ғайраро низ норозӣ мекард.
Оғози исёнро рақобати мансабӣ тезонид. Чунончи, 12 майи соли 1892 оқсаққоли калони шаҳр Иноятхоҷаро аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Муҳаммад Ёқубро таъин намуданд. Ин ҳолат тарафдорони Иноятхоҷаро ором нагузошт. Онҳо ҳамоно дар байни мардум чунин ташвиқот бурданд, ки гӯё қисми зиёди чорабиниҳои шудаистода аз ҷумлаи худсариҳои Муҳаммад Ёқуб мебошанд. Бинобар ин онҳо мардумро маҳз ба муборизаи муқобили Муҳаммад Ёқуб даъват намуданд. Мардуми маҳаллӣ ин ҳама чорабиниҳоро на ҳамчун кӯшишҳо барои пешгирии бемории вабо, балки чун таҳқири дину одат ҳисобиданд. Ниҳоят онҳо 28-уми июни (аз рӯйи дигар маълумотҳо 24-уми июн) соли 1892 исён бардоштанд.
Баҳона барои оғози исён он гардид, ки майитеро авлодонаш беиҷозат ба мазори хостаашон гӯронидаанд. Мутасаддиёни шаҳр аз ин воқеа воқиф гардида авлодони майитро ҷамъ намуда, онҳоро аз байни бозор гузаронида, ба идораи маъмурияти шаҳрӣ бурданӣ шудаанд. Он мутасаддиён инчунин дар роҳ авлодони он майитро таҳдид намуда гуфтаанд, ки «майити беиҷозат гӯронидаашонро аз он қабристон гирифта ба қабристони муайяншуда гӯронанд». Мардуми бозор ва кӯчаҳои шаҳр аз асли воқеа воқиф гардида, ба ҳимояи авлодони майит гузаштанд. Дар натиҷа ин воқеа ба исён сабзида расид. Ҳукуматдорони кишвар бо зудӣ ба муқобили исёнгарон қувваи зиёди низомиро гузоштанд. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр задухӯрди сахти байни қувваҳои низомӣ ва исёнгарон ба вуқӯъ омад. Аз ҷумлаи иштирокчиёни шӯриш панҷ нафар ҳалок гардида, бисёриҳо ҳангоми гурехтан дар канали Анҳор ғарқ шудаанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, баъди хомӯш намудани исён аз он канал 80 ҷасадро баровардаанд. Аз ҷумлаи фаъолони исён 60 нафар ба ҳабс гирифта шуд.
Ҳамин тавр, яке аз шӯришҳои калонтарин, ки маҳз дар натиҷаи таҳқири урфу одати миллӣ аз тарафи ҳукуматдорони мустамликавӣ ба вуқӯъ омадааст, хомӯш гардид.

Шӯриши соли 1898 дар Андиҷон

Соли 1898 дар водии Фарғона шӯриши калонтарине ба амал омад, ки дар таърих бо номҳои: «шӯриши Андиҷон», «шӯриши эшони Дукчӣ» ва «шӯриши Мадалӣ-эшон» маълум аст. Сарвари шӯриш Мадалӣ- эшон ба ҳисоб меравад. Аз сабаби он ки падари вай Собири дугчӣ буд, бинобар ин ба Мадалӣ-эшон боз лақаби «дугчӣ» монд. Вале Собири дугчӣ устои камбағали деҳаи Чимиони уезди Марғелон буду, писари вай Мадалӣ-эшон на танҳо эшони машҳури водӣ, балки заминдори калон ҳам ба ҳисоб мерафт. Вай дар ҳақиқат маълумоти хуби динӣ гирифта, ба Макка ҳам рафта омад. Ӯ танҳо дар уезди Марғелон 447 таноб замин, ду осиё, чор ҷувози равған ва заводи киштро ихтиёрдорӣ мекард. Мадалӣ-эшон муридҳо — пайравони зиёде дошт. Рӯзе дар Марғелони Нав полисмеӣстри аз худ рафтаи рус ӯро дар ҳузури одамон, аз он ҷумла муридонаш, маҷбур кард, ки аз хар фаромада, пиёда аз шаҳр гузарад. Мадалӣ-эшон ин воқеаро барои худ таҳқири нобахшиданӣ ҳисобид. Бинобар ин ӯ нисбат ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нафрати зиёд пайдо карда, муридонашро ҳам ба ҳамин майл ҷалб кард. Яъне ӯ ва муридонаш барои ба фоидаи худ ба муборизаи зидди амалдорони подшоҳӣ бархезонидани мардум лаҳзаи муносибро интизорӣ мекарданд. Инак, соли 1898 чунин лаҳза муҳайё гардид. Мадалӣ-эшон ва муридони ӯ аз ҳамин гуна вазъияти барояшон қулай истифода бурданӣ шуданд.
Дар аввал дар атрофи Мадалӣ-эшон тақрибан 200 нафар саворагон аз деҳаи Тоҷики уезди Мингтеппа ҷамъ шуданд. Баъд ба онҳо мардуми худи Мингтеппа, ки деҳаи сераҳолӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамроҳ гардиданд. 17 майи соли 1898 Мадалӣ-эшон, бо мардуми дар атрофаш ҷамъомада, аз деҳаи Мингтеппа ба Андиҷон, ки маркази уездӣ буд, ҳаракат кард. Дар ин лаҳза шумораи шӯришгарон аллакай ба 2 ҳазор нафар расид, ки аз онҳо тахминан ҳазор нафарашон саворагон будаанд. Онҳо 18 март ба гарнизони қӯшунҳои рус якбора ҳуҷум карданд. Дар натиҷа дар байни аскарони рус ва шӯришгарон задухӯрди сахт ба амал омад. Танҳо талафоти аскарони рус 22 нафар ҳалокшудагон ва 24 нафар захминшудагонро ташкил медод. Бо ташаббуси ҳукуматдорони кишвар ва вилоят бо зудӣ ба Андиҷон қувваҳои имдодия фиристода шуд. Баробари омада расидани он қувваҳо, аллакай бегоҳии ҳамон рӯз шӯриш дар Андиҷон хомӯш гардид. Мадалӣ-эшон дар аввал гурехта бошад ҳам вале худи ҳамон рӯз дастгир шуд.
Шӯриши соли 1898 на танҳо Андиҷон, балки Намангон, Марғелон, Ӯш, умуман қариб тамоми водии Фарғонаро фаро гирифта буд. Дар он дар қатори ӯзбекҳо, қирғизҳо, инчунин тоҷикҳо низ иштирок карданд. Шӯриш аз рӯйи характери худ миллӣ-озодихоҳӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, он пеш аз ҳама ба муқобили сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд. Вале сарварони он, пеш аз ҳама Мадалӣ-эшон ва муридони содиқи ӯ, ин шӯришро ба манфиати худ истифода бурданд. Аз ин рӯ бисёр олимон то ба имрӯз дар ин шӯриш фақат ҷиҳатҳои иртиҷоиро медиданд, ки ин баҳои яктарафа аст.
Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба воситаи қувваи аскарони худ шӯриши соли 1898-ро дар тамоми нуқтаҳояш пахш намуданд. Аз ҷумлаи иштирокчиён ва хаӣрхоҳони он 777 нафарро (мувофиқи маълумоти дигар 546 нафар) ҳабс карда, 18 нафар фаъолонашро барои ба дор овехтан ҳукм карданд. Ба ғайр аз ин, танҳо аз волости Мингтеппа, деҳаҳои Тоҷик, Қошғар ва Қутчӣ, ки аз онҳо шӯришгарон нисбатан бисёр буданд, аз тарафи аскарони подшоҳӣ тамоман вайрон карда шуданд. Умуман мутасаддиёни ҳарбии кишвар барои тарсонидани чашми мардум ният доштанд, ки боз 29 деҳаҳоро тамоман вайрон кунанд. Вале аз ғазаби нави мардум тарсида, чунин мақсади худро то ба охир нарасонидаанд. Дар ҳақиқат ҳам аллакай 20 июни соли 1899 дар водии Фарғона шӯриши нав ба вуқӯъ омадааст.
Бинобар ҳамин ҳам ҳукуматдорони подшоҳӣ, бо мақсади такмил додани сиёсати мустамликадоронаи худ дар Осиёи Миёна, ба шӯриши соли 1898 диққати ҷиддӣ дода, оид ба сабаб, рафт ва оқибатҳои он, ҳуҷҷатҳои зиёди заруриро ҷамъ намудаанд, ки онҳо 20 ҷилдро ташкил медиҳанд.
Умуман чи дар Туркистон ва чи дар аморати Бухоро зиндагии вазнин минбаъд ҳам боиси ҷунбишҳои эътирозии мардум гардидаанд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.