Боби X.
Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (солҳои 1920-1924)
§ 4. Иғвои Анварпошо ва Салимпошо. Комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ (Диккомиссия) оид ба Бухорои Шарқӣ
Сабабҳои ба амал омадани иғвои Анварпошо
Ҳолати вазнини ҷумҳурии Бухоро ва ноиттифоқии ҳайати ҳукумати он; вазъи ноороми Бухорои Шарқӣ; дар байни мардум ҳанӯз эътибори зиёд надоштани тартиботи нав; баръакс пурқувват шуда истодани дастаҳои гуногуни зиддишӯравӣ; ҳамсарҳадӣ бо давлати Афғонистон, ки маркази асосии гурезагони бухороии аз тартиботи нав норозӣ гардида буд; дастгирии қувваҳои берунаи зиддишӯравӣ, бо сарварии амири гуреза — Олимхон ва ҳукуматдорони англис ва ғайраҳо барои ба вуҷуд омадани иғвои Анварпошшо чун сабабҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1921 бо ташаббуси собиқ полковники турк, нозири ҳарбии вилояти Шеробод Ҳасан-афандӣ дар маркази Қубодиён митинге барпо гардид. Ӯ ба ҳозирон эълон намуд, ки ҳамроҳи ӯ Ан3в2а2рпошо ҳузур дорад. Ин меҳмони нохонда гӯё бо мақсади «озод кардани Бухоро аз дасти болшевикон» омадааст. Анварпошшо мехост сарварии умумии қувваҳои зиддишӯравии Бухорои Шарқиро ба дасти худ гирад. Бо ҳамин мақсад Анварпошшо аз Қубодиён ба Ҷилликӯл рафт ва интизор буд, ки дигар сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ дар атрофи ӯ ҷамъ омада, ба вай таъзим ва итоат хоҳанд кард. Охирҳои моҳи ноябри соли 1921 вақте, ки Иброҳимбек нақшаи забти Душанберо мекашид, ба қароргоҳи вай — Кӯктош Анварпошшо бо отряди хурди савора ҳозир мешавад. Иброҳимбек дар аввал ба садоқати Анварпошшо нисбат ба қувваҳои зиддишӯравӣ бовар накарда, ӯро бо отрядаш ҳатто беяроқ кард ва ба ҳабс гирифт. Баъди аз амир Олимхон омада расидани хабари садоқатмандии Анварпошшо нисбат ба ӯ, Иброҳимбек одамони Анварпошшоро аз ҳабс озод намуда, яроқашонро баргардонид.
Вале минбаъд ҳам Иброҳимбек ба Анварпошшо сари таъзим фурӯд наовард.
Анварпошшо дар ҳақиқат чун иғвогар симои маълум буд. Дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ ӯ ҷонишини вазири ҳарбии Туркия дар ҳукумати ҷавонтуркон буд. Дар амалиётҳои ҷангӣ ба қӯшунҳои турк сарварӣ мекард ва шикаст хӯрд. Дар худи Туркия дар натиҷаи инқилоб тартиботи султонӣ ва ҳукумати ҷавонтуркон сарнагун карда шуд. Ба сари ҳокимият Камолпошшо (Отатурк) омад. Анварпошшо шармандавор аз Туркия аввал ба Олмон гурехт. Баъд худро ҳамчун намояндаи ҳаракати озодихоҳии халқҳои Шарқ тарошида, сентябри соли 1920 дар Боку, ба Анҷумани 1-уми халқҳои Шарқ чун вакил омад. Баъд ба Москва рафт. Бо сарвари Давлати Шӯравӣ В.И. Ленин вохӯрд. Аз он ҷо октябри соли 1921 ба Бухоро омад. Сарварони ҷумҳурии Бухоро ӯро хуш қабул карданд. Анварпошшо онҳоро бовар кунонид, ки барои ором намудани вазъи Бухорои Шарқӣ кӯмак хоҳад кард. Албатта аз мақсади асосии ин иғвогар на ҳамаи аъзоён ва сарварони ҳукумати Бухоро хабардор буданд. Аз эҳтимол дур нест, ки сарварони бонуфузи ҶХШ Бухоро: раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳо -Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, нозири маъмурияти милитсия, полковники турк Алӣ Ризо ва дигарон аз нақшаҳои ӯ ба хубӣ хабар доштанд. Бинобар ин ба вай як даста саворагони мусаллаҳи содиқро дода, ба Бухорои Шарқӣ гусел карданд. Анварпошшо ба Бухорои Шарқӣ бо ҳамроҳии афсарони собиқи султонии Туркия: Ҳоҷӣ Салимбек (Салимпошшо), Бартинли Муҳиддин, Нафтибек, Халилбек, нозири ҳарбии вилояти Шеробод Ҳасан афандӣ, сардори милитсияи Тирмиз Усмон афандӣ ва дигар туркон пайдо шуд. 112 Амир Олимхон Анварпошшоро сарфармондеҳи «лашкари ислом» таъин намуд.
Аввали моҳи декабри соли 1921 дар Кӯктош, дар қароргоҳи Иброҳимбек, бо иштироки худи ӯ, бо ташаббуси Анварпошшо ҷамъомади сарварони дастаҳои зиддишӯравӣ барпо гардид. Дар он намояндагони Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев — Алӣ Ризо ва Дониёр ҳам, ки гӯё барои «ғун кардани» озуқаворӣ ва ему хошок омада буданд, ширкат доштанд. Дар ҳамин ҷамъомад нақшаи забти Душанбе кашида шуд.
9 декабри соли 1921, соати 19, дар Душанбе, бо ташаббуси У. Пӯлодхоҷаев, гӯё ба шарафи комиссари ҳарбии гарнизони Душанбе Марозенко ва гусели консули генералии Русия дар Бухорои Шарқӣ Нагорный «зиёфате» барпо гардид. Дар он муовини комиссари ҳарбӣ Мухин низ иштирок дошт. Соҳибони зиёфат У. Пӯлодхоҷаев, Алӣ Ризо, Дониёр ва дигарон нимишабӣ «меҳмонони» худ Марозенко, Мухин ва Нагорныйро беяроқ ва ҳабс намуданд, инчунин ба беяроқкунии баталиони сеюми полки ҳафтум сар карданд. Баталиони дуюм аз ин хиёнаткориҳо воқиф гардида муқобилият нишон дод. Дар натиҷа, 10 декабр дар Душанбе ҷанги сахт ба амал омад. Баталиони дуюм дар баробари бартараф намудани ҳуҷуми 800 нафараи саворагони суиқасдчӣ, инчунин ҳабсшудагонро озод намуда, яроқҳои баталиони сеюмро баргардонид. Миқдори аскарони сурхи гарнизон тақрибан 600-700 нафар буд. Бо ташаббуси Анварпошшо барои забти Душанбе қувваи иловагӣ фиристода шуд. Ҷанг се шабонарӯз давом кард. Ниҳоят қувваҳои зиддишӯравӣ аз забти Душанбе умедашонро канда, ба қафо гаштанд. Баъди ин воқеа У. Пӯлодхоҷаев, Алӣ Ризо ва Дониёр ба кӯҳҳои Боботоғ пинҳон шуданд. Онҳо дар натиҷаи бархӯрдан бо дигар гурӯҳҳои зиддишӯравӣ бойигарии худро талаф дода, пароканда гардиданд. У. Пӯлодхоҷаев ва Алӣ Ризо ба Афғонистон гурехтанд. Дониёр бошад, 70 нафар милитсионерони содиқашро гирифта, худро бек эълон карда, ба сӯйи Санггардак ҳаракат кард ва минбаъд муборизаро ба муқобили тартиботи нав давом дод.
Баъди барбод рафтани суиқасди У. Пӯлодхоҷаев ҳам вазъи Душанбе беҳтар нагардид. Баръакс дар атрофи он аз ҳар сӯ гурӯҳҳои зиёд ҷамъ омаданд, ки ниҳоят миқдори онҳо то ба 10 ҳазор нафар расид. Дар натиҷа Душанбе аз тарафи ин қувваҳо ба муҳосира гирифтор шуд, ки он ду моҳ давом кард.
Комиссари ҳарбии гарнизони Душанбе Марозенко ва консули генералии Русия Нагорный вазъиятро ба инобат гирифта, бо Иброҳимбек роҳи музокираро пеш гирифтанд, ки он соли 1921 дар нимаи дуюми моҳи декабр 12 рӯз давом кард. 26 декабр худи Нагорный ҳам ба Кӯктош рафта бо Иброҳимбек вохӯрд. Талаби ягонаи Иброҳимбек — «аз Бухорои Шарқӣ тамоман баровардани қисмҳои аскарони сурх буд.» Баъзе аз муқобилони тартиботи нав инчунин рӯйрост чун мақсади худ — «аз нав барқарор намудани тартиботи амирӣ»-ро изҳор мекарданд. Вале ин ҳама гуфтушунидҳо натиҷа надоданд. 1 январи соли 1922 Иброҳимбек ба муқобили Ҳукумати Шӯравӣ ҷанг эълон кард.
Ташкил намудани комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ (Диккомиссия)
2 январи соли 1922 дар маҷлиси якҷояи КМ ҲК Бухоро, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Шӯрои Нозирони ҷумҳурии Бухоро бо сабаби душвор гардидани вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар Бухорои Шарқӣ, махсус барои ин гӯшаи ҷумҳурӣ, Комиссияи фавқулодаи диктатории Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶХШ Бухоро (Диккомиссия) ташкил карда шуд. Ба он Носир Ҳакимов (раис), Олимҷон Оқчурин, Аҳмад Комилов, Рашид Боймуродов ва Ҳоҷӣ Зайнулло Зикриёев дохил шуданд. Ба комиссия супориш дода шуд, ки аз 10 январ дер намонда ба Душанбе равад. 8 январ садорати (Президиуми) Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тартиби кори комиссияро тасдиқ намуд.
5 июни соли 1922 дар тамоми вилоятҳои Бухорои Шарқӣ Шӯрои ҳарбии инқилобӣ (Реввоенсовет) ташкил карда шуд, ки он мебоист тамоми сарварони ҳарбӣ ва шаҳрвандиро муттаҳид намуда, органҳои ҳокимияти маҳаллиро мустаҳкам менамуд. Ин шӯроҳо дар як вақт бо диккомиссия амал мекарданд.
Фаъолияти диккомиссия сарзамини вилоятҳои Шеробод, Ҳисор, Ғарм ва Кӯлобро дар бар мегирифт. Дар ҳудуди ин вилоятҳо тамоми ҳокимияти сиёсӣ, ҳарбӣ ва судӣ ба ихтиёри диккомиссия гузашт. Диккомиссия фаъолияти худро муваққатан дар ҳудуди вилоятҳои Қаршӣ, Шаҳрисабз ва Каркӣ низ паҳн карда буд. Вале дар ин вилоятҳо диккомиссия дар доираи Конститутсияи ҶХШ Бухоро амал карда, мебоист ҳар чӣ зудтар тартиботи давлатиро барқарор мекарданд.
Дар назди комиссияи диктаторӣ шӯрои иқтисодӣ (ё худ машварати иқтисодӣ), шуъбаҳои назорати давлатӣ, адлия, замину об, сохтмон, ташкилотҳои табобатӣ, маорифи халқ, трибунали ҳарбии инқилобӣ, маъмурияти муҳофизат, маъмурияти нақлиёт, комиссариати фавқулодаи молиявӣ ва комиссияи андоз вуҷуд дошт.
Комиссияи диктаторӣ ба муддати нисбатан муайяни кӯтоҳ, то 31 марти соли 1922 ташкил карда шуда буд. Он бо мақсади: аз як тараф мубориза бурдан ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ва аз тарафи дигар ба низом даровардани вазъи иқтисодию сиёсии Бухорои Шарқӣ бунёд гардид. Вале бо сабаби дар ҳудуди Бухорои Шарқ тӯл кашидани ҳаракати зиддишӯравӣ комиссияи номбурда ба «Комиссияи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ» табдил ёфт ва фаъолияти худро то тобистони соли 1924 давом дод. Чунин комиссия дар дигар нуқтаҳои ҷумҳурии Бухоро, аз ҷумла дар қисми марказии (ғарбии) он ҳам, бо мақсади мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ташкил карда шуд. Бо сабаби мураккаб шудани вазъият дар вилоятҳои Шаҳрисабз ва Каркӣ, алоҳида аз «Комиссияи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ», бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои ҶХШ Бухоро «комиссияи диктатории вилоятҳои Шаҳрисабз ва Каркӣ» бунёд гардид.
Бо ташаббуси Комиссияи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ дар он маҳалҳое, ки аз дасти қувваҳои зиддишӯравӣ гирифта мешуд, кумитаҳои инқилобӣ аз сари нав барқарор мегардид. Дар натиҷа дар вилоятҳо, туманҳо ва кентҳо чунин кумитаҳо бори дигар ташкил меёфтанд. Ҳайати кумитаҳои инқилобӣ аз се нафар иборат буд. Аз ин ҳисоб дар кумитаи инқилобии вилоятӣ як нафар ва дар кумитаи инқилобии туманию кентӣ дунафарӣ аз тарафи худи халқ интихоб карда мешуд, боқимонда таъин мегардиданд.
Комиссияи диктаторӣ дар роҳи мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ва бунёду мустаҳкамии ҷамъияти нав, дар баробари корҳои мусбат ба ташкилоти ҷазодиҳӣ табдил ёфта буд.
Зеро, аз тарафи ин ташкилот мардуми зиёд, аксар бегуноҳ, қурбони беадолатиҳои замон гардиданд.
Боз ҳам қувват гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҶХШ Бухоро
Аввали соли 1922 ҳаракати зиддишӯравӣ қариб тамоми ҳудуди Бухорои Шарқиро фаро гирифта буд. Масъулони қисмҳои аскарони сурх чунин вазъиятро таҳлил намуда, онро ҳамчун шӯриши халқӣ ҳисобида, 14 феврал қисмҳои худро аз Душанбе бароварданд. 22 феврал ин қисмҳо дар Бойсун бо дигар қисмҳои аскарони сурх муттаҳид гардиданд. Душанбе бошад ба ихтиёри дастаҳои Иброҳимбек гузашт.
Хабари аз Душанбе бароварда шудани қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ дар тамоми ҳудуди ҶХШ Бухоро паҳн гардид ва боиси боз ҳам пурзӯр шудани ҳаракати зиддишӯравӣ дар ноҳияю вилоятҳои дигар шуд. Аз ҷумла Мулло Абдуқаҳҳор ва Аъзамхоҷа, ки дар атрофи худ зиёда аз 4 ҳазор нафар муборизони зиддишӯравии ноҳияҳои Ғиждувону Вобканд, Галаосиёю атрофи шаҳри Бухорои Куҳнаро ҷамъ намудаанд, аввали моҳи марти соли 1922 маркази худи ҷумҳурӣ — шаҳри Бухорои Куҳнаро таҳдид мекарданд.
8 марти соли 1922 барои шаҳри Бухорои Куҳна рӯзи вазнинтаре буд. Шаҳрро қисмҳои Аъзамхоҷа ва Мулло Абдуқаҳҳор пурра ба муҳосира гирифтанд. Дар чунин лаҳзаи душвор сарвари дивизияи савораи аскарони сурхи Бухоро, собиқ афсари турк Иброҳим афандӣ ҳам рӯйрост ба тарафи муқобил гузашт. Нозири ҳарбии ҶХШ Бухоро А. Орифов, ки он вақт дар Кармина буд ва ҷонишини ӯ, афсари турк — Талъатзода низ ба қувваҳои аксулинқилобӣ ҳамроҳ гардиданд. Чунин хиёнаткориҳоро ба инобат гирифта ҳукумати ҷумҳурии Бухоро дар худи Бухорои Куҳна 25 нафар афсаронро, ки аксар баромадашон турк буд, бо кӯмаки қисмҳои аскарони сурх ба ҳабс гирифг.113
9 марти соли 1922 дар наздикии Вобканд ва Ғиждувон қисмҳои аскарони сурх отряди Ҷабборхоҷаро, ки яке аз қисмҳои фаъоли қӯшуни Мулло Абдуқаҳҳор ба ҳисоб мерафт, мағлуб намуданд. Ин воқеа каме бошад ҳам вазъияти шаҳри Бухорои Куҳнаро сабук намуд. Мулло Абдуқаҳҳор Нураторо ба қароргоҳи худ табдил дода, ба ҳуҷуми қатъӣ тайёрӣ медид. Чунин вазъиятро ба инобат гирифта 17 март ҳукумати ҷумҳурӣ дар туманҳои Бухоро ҳам комиссияи диктаторӣ ташкил намуд.114
Ҳуҷуми аскарони сурх ба муқобили Анварпошо ва маҳв намудани он
Сарварони Русияи Шӯравӣ ба хубӣ пай бурда буданд, ки таҳдиди Анварпошшо, бо қӯшунҳои тахминан 20 ҳазорнафарааш, ки дар Бухорои Шарқӣ аллакай ҷамъ карда буд, на танҳо барои мавҷудияти тартиботи шӯравӣ дар Бухоро, балки барои тамоми сарзамини Осиёи Миёна хатари ҷиддӣ дорад. Анварпошшо низ мақсади худро пинҳон намедошт. 19 майи соли 1922 вай аз Ҳукумати Шӯравии Русия бо таҳдид талаб кард, ки дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Бухоро, Туркистон ва Хоразм давлати монархиявии исломии ташкилкардаистодаи ӯро ба расмият шиносад ва дар муҳлати 15 рӯз қисмҳои аскарони сурхро аз ин сарзамин барорад. Ин талабҳо дар таърих бо номи «таҳдидномаи Анварпошшо» маълум аст.
Барои Ҳукумати Шӯравии Русия ва ҳизби коммунистии он мағлуб кардани Анварпошшо аз вазифаҳои муҳимтарин гардид. Бо қарори КМ Ҳизби Коммунистии (болшевикии) Русия, арбоби намоёни ҳизбӣ Г.К. Орҷоникидзе ва бо қарори ҳукумат сарфармондеҳи қувваҳои ҳарбии Русия С. С. Каменев ба Бухоро фиристода шуданд. Ба эътирозу муқобилияти вазири ҳарбии Русия Тротский нигоҳ накарда, аз фронти Кавказ ва дигар фронтҳо қисмҳои аскарони савораро ба Осиёи Миёна фиристоданд. Аксари ин қисмҳо барои ҷанг ба муқобили қӯшунҳои Анварпошшо сафарбар гардиданд. Роҳбарии умумии мубориза ба муқобили қӯшунҳои Анварпошшо ба уҳдаи С. С. Каменев гузошта шуд. Қисмҳои аскарони сурхро, ки бевосита ба ин амалиёт сафарбар гардиданд «гурӯҳи аскарони Бухоро» ё худ «фронти Бухоро» номиданд ва фармондеҳии он ба уҳдаи Н. Е. Какурин афтод.
Пеш аз ҳуҷуми қатъӣ ба муқобили қувваҳои асосии Анварпошшо сарварони қисмҳои аскарони сурх зарур шумориданд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи қувваҳои зиддишӯравиро мағлуб намоянд. Аз ҷумла моҳи майи соли 1922 дар наздикии Бойсун қисмҳои Иброҳимбек, ки аз 1900 нафар ҷанговар иборат буд, мағлуб ва бемадор карда шуд. Иброҳимбек дар ин мулк якчанд муддат фаъолияти худро пурзӯр карда натавонист. То ин лаҳза дар ин самт қувваҳои зиддишӯравӣ бо сарварии Хуррамбек амал мекарданд ва онҳо ба ҳайати қувваҳои Иброҳимбек дохил шуда буданд. 28 май бошад, қисмҳои аскарони сурх дар Нурато базаи асосии Мулло Абдуқаҳҳорро маҳв намуданд ва худи ӯ бо гурӯҳи ба худ содиқ гурехт. Акнун ҳуҷуми навбатӣ бевосита ба муқобили Анварпошо нигаронида шуда буд.
15 июни соли 1922 ҳуҷуми васеи қисмҳои аскарони сурх ба муқобили Анварпошшо сар шуд. Онҳо ба қанотҳо тақсим гардида — қаноти чап бо сардории А.Я. Мелкумов аз Бойсун ба сӯйи Деҳнав, Ҳисор, Душанбе, Кофарниҳон, Файзобод ва қаноти рост, бо сардории Богданов, аз секунҷаи Шеробод-Кокайти-Тирмиз ба сӯйи Қубодиён, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Балҷувон ҳаракат карданд. Дар худи ҳамон рӯз дар маҳали Бойсун-Работ бо қисмҳои Анварпошшо ҷанги сахт ба амал омад. Дар ин ҷанг Анварпошшо на танҳо талафоти зиёд дод, ҳатто посбонони шахсии вай ба қисмҳои аскарони сурх асир афтоданд. Қисмҳои боқимондаи Анварпошшо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Қисмҳои аскарони сурх аз қафои аскарони гурезаи Анварпошшо дунболагир шуданд. Онҳо дар натиҷаи ҷангҳои шадид 18 июн Деҳнав ва Юрчӣ, 30 июн — Регар, 1 июл — Қаротоғ, 2 июл — Ҳисор, 14 июл — Душанберо аз сари нав ба даст дароварданд.
Баъди шикастхӯрӣ дар ҷанги шадиди назди Душанбе дастаҳои Анварпошшо ба ҳар сӯ пароканда гардиданд. Аз ҷумла дастаи Мастчоҳ бо сардории Раҳмон додхоҳ ба қаторкӯҳҳои Ҳисор, дастаи Қаротегину Дарвоз бо сардории Фузайл Махсум ва Эшони Султон ба сӯйи Янгибозор (Ваҳдат), қисмҳои ба худи Анварпошшо содиқ ба воситаи Кӯктош ба водии Лақай гурехтанд. Дар ин лаҳза, қисмҳои дигари аскарони сурх (қаноти рост) 3 июл — Ҷилликӯл, 4 июл — Қӯрғонтеппа ва 17 июл — Кӯлобро гирифта, гузаргоҳи дарёи Панҷро аз Чубек то Баҳорак ишғол намуданд. Дар натиҷа пеши роҳи Анварпошшо, барои ба Афғонистон гурехтан, баста шуд. Анварпошшо аз ин воқеа огоҳ гардида, аз Қӯрғонтеппа ба сӯйи Сангтӯда ҳаракат кард. Бо ҳамроҳии ӯ дастаи Балҷувон, бо сарварии Давлатмандбий низ буд. Дар назди деҳаи Сангтӯда ҷанги сахттарине ба амал омад. Анварпошшо шикаст хӯрда ба сӯйи Балҷувон гурехт. 17-20 июли соли 1922 дар Балҷувон ҷанги шадиде рӯй дод. Анварпошшо, тақрибан бо 500 нафар аскарони содиқаш ба сӯйи деҳаи Обдара ақиб гашт. 4 август дар наздикии ин деҳа бо Анварпошшо ҷанги шадиди охирин ба амал омад. Дар ҳамин ҷанг вай 5 маротиба захмин гардида, ҳалок шуд.
Инчунин дар ин муҳориба Дониёрбек ва Давлатмандбий ҳам сахт ярадор гардиданд. Бо ҳамин ҷанг «иғвои Анварпошшо» барояш ба тарзи фоҷиавӣ анҷом ёфт.
Пастшавии ҳаракати зиддишӯравӣ. Барбод рафтани иғвои Салимпошо ва шикасти Фузайл Махсум
Давраи иғвои Анварпошшо (ноябри соли 1921 — августи соли 1922) нуқтаи баландтарини ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини ҷумҳурии Бухоро, махсусан Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Баъди маҳви Анварпошшо, албатта ин ҳаракат анҷом наёфт, вале рӯ ба пастравӣ ниҳод. Рӯз аз рӯз сарварони он дастаҳо эътибори худро дар байни мардуми оддӣ аз даст медоданд. Баръакс, тартиботи нав, дар натиҷаи чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла афви умумӣ, муддате қатъ гардидани ситонидани андозҳо, тақсим кардани замин, ба деҳқонон додани қарзи ҳасана, тухмӣ ва ғайра соҳиби эътибор мегардид.
Баъзе арбобони шӯравӣ хатогиҳои нисбат ба дин ва урфу одати мардум содиркардаи аскарони сурхро ислоҳ карданӣ шуданд. Аз ҷумла раиси нави Комиссияи диктаторӣ Ҳоҷӣ Мирбобо Мирмуҳсинов бо фармони худ аз 10 августи соли 1922 кумитаҳои инқилобии Бухорои Шарқиро вазифадор намуд, ки масҷидҳоро аз ҳисоби маблағи давлатӣ таъмир ва обод кунанд.
Вале дастаҳои зиддишӯравӣ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ҳанӯз пурра маҳв нашуда, балки аксарашон пароканда гардида буданд. Инак, августи соли 1922, бо мақсади муттаҳид нигоҳ доштани қувваҳои Анварпошшо, амир Олимхон дар шаҳри Кобул машварате гузаронида, иғвогари дигар, афсари дигари турк Ҳоҷӣ Салимбойро, ки бо номи «Салимбек» ҳам маълум аст, вориси Анварпошшо эълон намуда, ба сӯйи Бухоро фиристод. Дар ин лаҳза низ қувваи нисбатан хавфноки зиддишӯравӣ, гурӯҳҳои Иброҳимбек ба ҳисоб мерафт, ки дар Лақай ҷойгир буданд.
Тирамоҳи соли 1922 Салимпошшо аз дарёи Панҷ гузашта бе муқобилият ба Қалъаи Хумб дохил шуд. Ӯ аз он ҷо бо кӯмаки Эшони Султон ба Ғарм, ба назди Фузайл Махсум омад. Дар ин ҷо вай аз муборизаи байни Эшони Султон ва Фузайл Махсум барои ҳокимият воқиф гардида, онро ба фоидаи худ истифода бурд. Фузайл Махсум бо дастгирии Салимпошшо Эшони Султонро шикаст дода, ӯро бо ҳамроҳии бародараш Эшони Сулаймон ба дор кашонд, Кӯри Шерматро низ, ки он ҷо буд, шикаст дод. Вале Кӯри Шермат аз чанголи Фузайл Махсум халос хӯрда, ба водии Олой гурехт. Баъд аз ин Фузайл Махсум тамоми қувваҳои зиддишӯравии Дарвозу Қаротегинро ба итоаташ дароварда, худро амир эълон кард. Вай Салимпошшоро ба ивази дастгирӣ ва кӯмакаш ҳамчун вориси Анварпошшо эътироф кард. Салимпошшо моҳи декабри соли 1922 бо ҳамроҳии бародари Фузайл Махсум ва отряди 500-600 нафара ба Кӯлоб омада, баъди муҳорибаи шадид шаҳрро ба даст даровард. Вале қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ Кӯлобро аз Салимпошшо баргардонида гирифтанд. Баъди чунин нобарорӣ Салимпошшо ба водии Ҳисор рафт. Феврали соли 1923 вай ба соҳили рости дарёи Вахш гузашта, деҳаи Шӯрёнбошро маркази худ қарор дод. Дар он ҷо бо сарварони отрядҳои гуногуни зиддишӯравӣ вохӯрда, ба онҳо супориш дода, худ бо қӯшунҳои тахминан 4 ҳазорнафара ба сӯйи Ғузору Қаршӣ ҳаракат кард. Иброҳимбек, ки нисбат ба Салимпошшо ҳам чандон содиқ набуд, бо қӯшунҳои 2 ҳазорнафарааш дар Бухорои Шарқӣ монд.
Иғвогари нав — Салимпошшо ният дошт, ки бо ҳаракат ба сӯйи Ғузору Қаршӣ на танҳо қувваҳои зиддишӯравии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), балки мардуми тамоми ҷумҳурии Туркистонро низ ба муқобили тартиботи нав бархезонад. Вале дар наздикии Қаршӣ, дар деҳаи Тошлик дастаҳои Турдитӯқсабо, ки барои ҳамроҳшавӣ бо отряди Салимпошшо мешитофтанд, торумор карда шуданд. 13 марти соли 1923 қисмҳои асосии қӯшунҳои Салимпошшо дар секунҷаи Болдур-Ғузор — истгоҳи роҳи оҳани Тангиҳарам иҳота ва маҳв гардиданд. Баъди ин муҳориба Салимпошшо бо отряди начандон зиёд ба кӯҳҳои Ҳисор гурехт. Акнун зиддияти байни Салимпошшо ва Иброҳимбек хеле боло гирифта буд. Иброҳимбек ба Салимпошшо на танҳо итоат карданро намехост, балки аз Салимпошшо талаб мекард, ки ба ӯ итоат кунад. Чунин рақобат боиси парокандагии дастаҳои ҷудогонаи онҳо ва маҳвашон аз тарафи қисмҳои аскарони сурх гардид. Баъди ин ҳама ноумедиҳо Салимпошшо, бо отряди ба худ содиқ 15 июли соли 1923 аз дарёи Панҷ гузашта, ба Афғонистон гурехт. Бо ҳамин иғвои Салимпошшо хам бенатиҷа анҷом ёфт.
Тобистони соли 1923 қисмҳои асосии аскарони сурх барои маҳви қӯшунҳои Фузайл Махсум нигаронида шуданд. Ҳалли ин масъаларо маҳви қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳ осон гардонид. Зеро, ба муқобили қувваҳои Фузайл Махсум ҳам аз болои Мастчоҳ (отряди эъзомияи Самарқанд, бо сарварии Е. Н. Шветсов) ва ҳам аз тарафи Оби Гарм (отряди эъзомия бо сарварии Баранов) ҳуҷум карданд. Қисмҳои Баранов моҳи июл Оби Гармро ишғол карданд. Ба муқобили дастаҳои Фузайл Махсум дар деҳаҳои водии Қаротегин қисмҳои Шветсов ва Баранов ҷангҳои шадид бурданд. Фузайл Махсум ба сӯйи Дарвоз ақиб гашт. Миёнаи моҳи август дар Дарвоз ҳам ба ӯ шикаст доданд. Фузайл Махсум бошад аз дарёи Панҷ гузашта, ба Афғонистон гурехт. Иттифоқчии вай, собиқ беки Дарвоз Диловаршо дар ҷанг ҳалок гардид. Ниҳоят дар водии Қаротегин ва Дарвоз Ҳокимияти Шӯравӣ аз сари нав барқарор карда шуд.
Гузариш ба ҳаёти осойишта
Баробари маҳви иғвои Салимпошшо вазъи нисбатан солими ба амал омада имконият дод, ки дар Бухорои Шарқӣ низ дар худи ҳамон соли 1923 оҳиста-оҳиста аз вазъи ҳарбӣ ба ҳаёти осойишта гузаранд. Ҳанӯз охири он сол Комиссияи диктаторӣ «Низомномаро оиди Кумитаҳои иҷроияи (кумитаҳо инқилобии) вилоятҳо» тасдиқ намуд. Мувофиқи он дар Бухорои Шарқӣ ҳам сохтмони ҷамъияти нав дар асоси принсипҳои ягона бо ҷумҳурии Бухоро мегузашт. Дар худи он сол дар аксари туман ва вилоятҳои ин кишвар аввалин интихоботи намояндагӣ гузаронида шуд. Аммо иштироки мардум дар он хеле суст буд. Шахсони ба анҷуманҳои туманӣ ва вилоятӣ интихобшуда аксар аз ҷумлаи рӯҳониён, заминдорони калон, амалдорони хурди амирӣ буданд, ки чунин натиҷа ба табъи мутасаддиёни тартиботи нав нафорид. Бинобар ин соли 1924 дар Бухорои Шарқӣ интихоботи дуюми маҳаллӣ гузаронида шуд. Ин ҳама натиҷаи оромии ба даст даромада ба ҳисоб мерафт.
Маҳз муътадил гардидани вазъият дар Бухорои Шарқӣ имконият дод, ки минбаъд аз баъзе ташкилотҳои ҷазодиҳӣ даст кашанд. Аз ҷумла 15 апрели соли 1924 бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия қарор қабул кард, ки «фавран сегонаи ҷазодиҳӣ, ки дар Бухорои Шарқӣ амал мекунад, барҳам дода шавад». Баъди он 28 май Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумибухороӣ бо қарори худ Комиссияи фавқулодаи диктаториро дар Бухорои Шарқӣ барҳам дода, ба ҷойи он Кумитаи Иҷроияро оид ба Бухорои Шарқӣ ташкил намуд. 7 июли соли 1924 Комиссияи диктаторӣ қатъ гардидани фаъолияти худро эълон кард. Маҳз ҳамин орган бо роҳҳои ташвиқотӣ, ҳарбӣ ва ҷазодиҳӣ Ҳокимияти Шӯравиро дар Бухоро Шарқӣ пойдор намуд.
Августи соли 1924, яъне баъди ба итмом расидани маъракаи интихоботии шӯроҳои маҳаллӣ, анҷумани Шӯроҳои маҳаллӣ, анҷумани шӯроҳои кентӣ, туманӣ ва вилоятӣ барпо гардид. Аз 1 то 5 сентябри он сол дар Душанбе анҷумани якуми Шӯроҳои намояндагии халқии Бухорои Шарқӣ барпо гардид, ки он масъалаҳои: мубориза ба муқобили босмачигарӣ; шӯравӣ гардонидани мамлакат; аз нав барқарор кардани хоҷагии халқ; инкишофи маорифи халқ ва ғайраҳоро дид. Анҷуман Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои намояндагии халқии Бухорои Шарқӣ ва намояндагонро ба анҷумани V Умумибухороии Шӯроҳо интихоб кард.
Ҳамин тарз дар Бухорои Шарқӣ низ тартиботи нав — шӯравӣ барпо гардид ва он структураҳои фарқкунавдаи идоракунӣ, ки бо оғози иғвои Анварпошшо дар ин мулк ба вуҷуд оварда шуд, оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд ва Бухорои Шарқӣ, аз ҷиҳати маъмурӣ ба сохтори ягонаи идоракунии ҷумҳурии Бухоро ворид шуд.
Умуман дар таърихи дунимҳазорсолаи Бухоро давраи бо номи Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ вуҷуд доштан ва маркази ҷумҳурӣ будани ин шаҳри бостонӣ давраи хеле муҳим, мураккаб ва фоҷиавӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, таърихи ин давр дар қатори саҳифаҳои қаҳрамонии мубориза баҳри беҳбудии зиндагии мардуми он, боз аз авроқҳои хунин низ саршор аст. Мардуми сарзамини Бухоро ба ҳаёти осойиштаи замони нав акнун каме одат карда буд, ки дар ин мулк низ тақсимоти ҳудуди миллӣ гузаронида шуд.