Куруши Кабир. Бунёдгузори давлатдории мутамаддин

kurush_1

Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки таклифи онро ба куллӣ тағйир дода, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Кабир буд.

Куруши Кабир ба нахустин империяи мутамаддини ориёӣ бунёд гузошт, ки то замони лашкаркашию кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надошт. Империяи таъсисдодаи ӯ мутобиқи маълумоти катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони Юнони қадим чандин давлатҳои ҷаҳони куҳан — Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят муттаҳид намуда, дар ҳудуди се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда буд. Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Эъломияи таърихии Куруш бошад, аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард.

Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст. Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муктадиру мутамаркази муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак ва расму ойини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд.

Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост.

* * *
Куруши Кабир аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид. Аммо барои ба ин мартаба расидан ӯ саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди зиёде кард ва монеаҳои бисёреро аз сари роҳи худ бартараф намуд. Куруш аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш ба мустаҳкам кардани ҳокимияти марказӣ ва пурқувват кардани артиши худ шурӯъ кард. Вақте ки ӯ мустаҳкам будани ҳокимият ва пурқувват шудани лашкари худро эҳсос кард, соли 553-и то мелод бар зидди шоҳи Мод Ихтивируа (Астиаг) исён бардошта, бинобар бекифоягӣ ва заъфи қудрати ӯ қиём намуд ва аз итоати ӯ амалан баромад. Астиаг барои танбеҳ додани ин сарвари тобеаш ду маротиба ба Порс лашкар фиристод, аммо ҳар ду дафъа ҳам ба нокомӣ дучор шуд. Баъди ин Куруш ботантана ба пойтахти Мод — шаҳри Ҳангматана дохил шуд ва ӯро расман подшоҳи Порс ва Мод эълон карданд. Манбаъҳои таърихӣ дар бораи чӣ тавр сарзамини Модро ишғол кардани Куруш ба ҷуз се муҳорибае, ки байни онҳо сурат гирифтааст, иттилои дигаре надодаанд.

Ба ҳар ҳол, якбора подшоҳи ин ду кишвар эълон шудани Куруш ҳам нуфузу эътибори ӯро баланд бардошт ва ҳам мавқеи сиёсии ӯро мустаҳкам намуд. Дар он замон Порс барои давлати Мод аҳамияти хос дошта бошад ҳам, дар минтақа чун як вилояти мутеъ шинохта мешуд. Аммо Мод калонтарин ва пурқувваттарин давлати минтақа буд ва эътибори ҷаҳонӣ дошт. Агар ривояти Ҳеродот воқеӣ бошад, Куруш набераи Астиаг буд. Аз ин рӯ, дар симои ӯ на ғосиби ҳокимият, балки вориси қонунии подшоҳони Модро медиданд. Акнун бояд тамоми кишварҳои тобеи давлати Мод бечуну чаро ба Куруш итоат мекарданд. Дар амал ҳамин тавр ҳам шуд.

Воқеияти таърихӣ тасдиқ менамояд, ки Куруши Кабир баъди бар зидди шоҳи Мод — Астиаг қиём намудан ва ӯро мағлуб сохтан ба устувор намудани иқтидори давлати Форс кӯшида, тақрибан солҳои 547-546-и то мелод пай дар пай аввал Парфия, Гиркания, Лидия ва давлатҳои юнонии Осиёи Хурдро забт мекунад. Сипас барои беҳтар намудани марзҳои шимолу шарқии қаламрави Форс, тақрибан солҳои 545-540-и то мелод, яъне дар давоми бештар аз панҷ сол ба ҳудудҳои Марғиён, Хоразм, Суғд ва Бохтар, инчунин сарзамини скифҳо (сакоиҳои резишгоҳи рӯди Омӯ ва канораҳои Сир) лашкар мекашад. Агар ба шарҳи ин масоил таваҷҷуҳ кунем, мушоҳида хоҳем кард, ки нақшаҳои ҳарбии Куруш бо гирифтани сарзамини модҳо хотима наёфтааст. Баъди Мод Куруш давлати Иломиҳоро, ки дар ҷанг бо Ошур заиф шуда буд, ба тасарруфи худ дароварда, пойтахти худро аз Аншон (Эншон) ба Шум интиқол дод.

Тафсилоти ба даст овардани сарзамини Лидияро муҳаққиқон тасвир намуда, аз ҷумла қайд кардаанд, ки яке аз рақибони ҷиддии Куруш дар ғарб Лидия буд. Дар Лидия юнониёни муҳоҷир ва аҳолии маҳаллӣ — хетиҳо ва лувайҳиҳо аҳлона зиндагӣ мекарданд. Он баъди Мод, Бобул ва Миср чорумин давлати пуриқтидори минтақа буд. Лидия роҳҳои тиҷоратиеро, ки аз Байнаннаҳрайн ва Эрони Ғарбӣ ба воситаи Осиёи Хурд ба баҳри Эгей ва Юнону Аврупо мебурданд, зери назорати худ дошт. Барои ба баҳри Эгей баромадан ва бойигарии Осиёи Хурдро ба даст даровардан ҳанӯз шоҳи Мод Фравартиш қисмати шарқии Осиёи Хурдро ишғол карда, панҷ сол бо Лидия ҷангид, аммо онро ишғол карда натавонист.

Дар бораи давлати Ҳахоманишиён бо Лидия Ҳеродот1 муфассал ахбор додааст. Ташаббускори ин чанг шоҳи Лидия Крез буд. Баъди Модро ишғол кардани форсҳо ӯ хатарро эҳсос карда, ба ҷанг тайёрӣ дид ва бо Миср иттифоқ баст. Соли 547-и то мелод Крез бо лашкараш ба Каппадокия, ки баъди модҳо ба форсҳо итоат мекард, зада даромад ва дар назди шаҳри Синопа лашкаргоҳи худро сохт. Куруш низ бо лашкари худ ба ин ҷо омад. Куруш ҳанӯз дар ҳамин ҷанги нахустини хориҷиаш сиёсатмадори дурандешу нуктасанҷ ва одил будани худро нишон дод. Ӯ қосид фиристода, ба Крез пешниҳод кард, ки агар бе ҷанг таслим шавад, ӯро шоҳи Лидия таъин мекунад. Ӯ ба ҳамаи шаҳр-давлатҳои юнонии Осиёи Хурд низ ваъда дод, ки агар таслим шаванд, озодиҳо ва имтиёзҳои онҳоро нигоҳ медорад. Аммо ҳам Крез, ки ба қувваи худ боварии калон дошт ва ҳам шаҳрҳо пешниҳоди ӯро рад карданд. Танҳо шаҳри Милет дурандешӣ зоҳир карда, ин даъватро қабул кард. Баъди ин дар назди дарёи Галис задухӯрди хунин ба амал омад, аммо ғалаба насиби ҳеҷ

______________________
1. Геродот. История. Кн.1. — М., 1972. — С.69-71.

кадом аз тарафҳо нашуд. Крез ба пойтахти худ шаҳри Сард баргашт, то ки барои муҳорибаи оянда хубтар тайёрӣ бинад. Ӯ аз иттифоқчиаш Спарта хоҳиш кард, ки дар баҳор, яъне тақрибан баъди панҷ моҳ барои ёрӣ лашкар фиристад. Ба шоҳи Бобул Набонид барои бастани иттифоқи ҳарбӣ муроҷиат кард ва ҷанговарони зархариди юнониро, ки дар лашкараш буданд, то баҳор ба хонаҳояшон ҷавоб дод.

Дар ин миён Куруш, ғайричашмдошти Крез, фурсати баамаломадаро ғанимат шуморида, лашкари худро аз нав мураттаб намуд ва масофаи тӯлониро босуръат тай карда, ба шаҳри Сард расид. Крез маҷбур шуд лашкари худро барои муҳориба ба дашти назди шаҳр барорад. Дар задухӯрди баамаломада лидиягиҳо шикаст хӯрда, ба шаҳр қафо нишастанд. Баъди 14 рӯзи муҳосира лашкари форсҳо шаҳри Сардро ишғол кард. Ин ҳодиса дар байни моҳҳои октябр — декабри соли 547-и то мелод рух дод. Иттифоқчиёни Лидия фурсат наёфтанд, ки ба ёрӣ биёянд. Куруш олиҳимматӣ зоҳир карда, Крези ба асирӣ афтодаро афв кард. Ӯ Табала ном форсро ҳокими Лидия таъин карда, дар шаҳри Сард дастаи ҷанговарони форсро ҷойгир намуд ва худаш ба Ҳангматана баргашт.

Баъди рафтани ӯ лидиягиҳо шӯриш бардоштанд, аммо лашкари форсҳо бо сардории Мазар омада, шӯришро пахш карда, шаҳрҳои дигари Осиёи Хурдро низ ишғол намуд. Баъди Мазар Гарпаги мод ҳокими Лидия таъин шуд ва шаҳрҳои боқимондаи юнониёни Осиёи Хурдро тасарруф намуд. Ин ҳамон Гарпаге буд, ки дар ишғол кардани Мод ба Куруш ёрӣ дода буд. Тавре ки мебинем, Куруш ба шахсони содиқ ва лаёқатманд мансабҳои баланди давлатиро медод ва дар аксар маврид онҳо вазифаҳои ба дӯшашон гузоштаро уҳдабароёна ва бо масъулияти том иҷро мекарданд.

Дар бораи Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ишғол кардани Куруш муаррихони Юнони қадим ва сарчашмаҳои дигар маълумоти хеле ночиз ва пароканда додаанд. Тамоми олимоне, ки дар бораи Ҳахоманишиҳо асар навиштаанд, ин маълумотро истифода бурдаанд. Ҳеродот навиштааст, ки баъди Лидияро ишғол кардани Куруш дар сари роҳи ӯ «бобулиҳо, бохтариҳо, сакоиҳо ва мисриҳо меистоданд».1 Ба қавли Ктесий, дар ҷанг бо бохтариҳо Куруш гоҳе муваффақ мешуд ва гоҳе ноком. Бохтариҳо танҳо баъди фаҳмидани он, ки Куруш писари шоҳи Мод Астиаг будааст, аз муқобилат даст кашида, ба ӯ тобеъ шуданд. Аз ин ахбор бармеояд, ки Куруш тавонист бо роҳи гуфтушунид бохтариҳоро ба бас кардани ҷанг моил созад. Ктесий ҳамчунин дар бораи сарзамини сакоиҳои

_______________________
1. Геродот. История. Кн.1. — М., 1972.- С. 153.

kurush_2

хаумаваргаро ишғол кардани Куруш хабар додааст. Ба фикри бархе аз олимон, инҳо сакоиҳое буданд, ки дар он тарафи Сирдарё зиндагӣ мекарданд.1

Муаррихи юнонӣ Плиний навиштааст, ки «Куруш шаҳри Каписаро вайрон кард» ва ин шаҳр дар шимоли Кобул ҷойгир буд. Арриан бошад, аз ҳуҷуми Куруш «ба сарзамини ҳиндуҳо» ёдовар шудааст.

Сабаби чунин ахбори кӯтоҳ додани муаррихони зикршудаи юнонӣ дар бораи ҷангҳои Куруш дар Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аниқ маълум нест. Шояд танҳо дар бораи ин кишварҳои дурдасти шарқӣ маълумоти кофӣ надоштанд. Дар робита ба ин масъала як ахбори Ҳеродот 2 ҷолиби диққат аст. Ӯ таъкид кардааст, ки танҳо дар бораи ҷангҳои ба форсҳо душвориҳои зиёд оварда нақл мекунад. Дар асоси ин ахбор мо метавонем хулоса барорем, ки аксарияти кишварҳои Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бе ҷанг ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил шуданд. Эҳтимол баъди он ки нерумандтарин давлати ин минтақа Бохтар ихтиёран ба итоати Куруш даромад, Суғд, Хоразм ва дигар кишварҳо низ ба он пайравӣ карданд.

Дар бораи лашкаркашиҳои Куруш ба марзҳои Осиёи Марказӣ сухан ронда, як ахбори хеле ҷолиби Ктесийро ёдовар шудан ба маврид аст. Ктесий меорад, ки ҷанговарони бохтарӣ ба муқобили Куруш азми қавии ҷангидан ва ҳифз намудани сарзамини худро доштанд. Вале Куруш ба пешвои ҷанговарони бохтарӣ худро ҳамчун ҷонишин ва валиаҳди шоҳи Мод-Астиаг шинос намуда, онҳоро водор намуд, ки мартабаи подшоҳии

______________________
1. Гафуров Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. — М., 1972. — С.73.
2. Геродот. История. Кн.1. — М., 1972. — С. 177-178.

ӯро бишиносанд ва аз сари ҷангу хунрезиҳо бигзаранд. Дар натиҷа бохтариён ба суханони ӯ эътимод баста, яроқҳояшонро фурӯ гузоштанд ва ихтиёран бо Куруш созиш бастанд.

Воқеан, мувофиқи ахбори Ҳеродот баъди марги подшоҳи Мод Киаксар тоҷу тахт ба писари ӯ Астиаг мемонад. Астиаг қариб 35 сол подшоҳӣ намуда, аз дасти набераи худаш Куруши Кабир, ки фарзанди Мандана ном духтари Астиаг ва Камбуҷия ном ҳокими Парсумаш (номи собиқаи вилояти Форс) буд, аз тахти шоҳӣ бенасиб мегардад. Куруши Кабир соли 550-и то милод худро ба ҷой бобояш Астиаг расман подшоҳи Мод эълон мекунад.

Ин амали Куруши Кабир аз ҷониби подшоҳони Миср, Бобул, Ошур ва Юнон чун силсилаи навбатии ба тахт нишастани яке аз намояндагони силсилаи подшоҳони Мод пазируфта мешавад. Чуноне ки аз навиштаҷоти «Солномаи Набонид — Куруш» бармеояд, сипас ӯ хазинаи пурсарвати подшоҳони Модро аз пойтахти он Экбатан (Ҳамадон) ба вилояти Форс интиқол дода, ҳокимони миёнаҳоли кишварҳои хурди Парсумашу Аншанро аз фаромӯшхонаи рӯзгор ба арсаи таърихи башарият ҳидоят месозад. 1

Азбаски дар он рӯзгор муносибати давлати Мод бо Бохтар хеле хуб буд (дар ин бора Ктесий низ хабар додааст), аҷаб нест, ки дар ибтидои кор бохтариён бо Куруши Кабир наҷангида, ӯро ҳамчун вориси шоҳи Мод шинохта бошанд. Новобаста ба он, ки ҷараён ва ҷузъиёти Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказиро гирифтани Куруш маълум нест, як чиз мусаллам аст — тамоми ин минтақа ҳанӯз дар давраи ӯ ба ҳайати империяи Ҳахоманишиён дохил карда шуда буд. Дар ин бора катибаи порсии Доро (Дориюш) дар кӯҳи Беҳсутун равшану возеҳ шаҳодат медиҳад. Дар он дар байни кишварҳои тобеи форсҳо — Марғинон (Марв), Арея (Ҳирот), Бохтар, Хоразм, Суғд ва баъзеи дигар номбар шудаанд.

Масъалаи дигари баҳснок кадом сол ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум кардани Куруш мебошад. Муаррихони қадим соли дақиқи рух додани ин ҳодисаро нишон надодаанд. Онҳо дар ин бора маълумоти гуногун ва бо ҳам муқобил дода, се вақтро номбар кардаанд: 1) баъди Модро ишғол кардани Бобул, яъне байни солҳои 539-530-и то мелод. Муҳаққиқони муосир низ ба се гурӯҳ тақсим шуда, яке аз ин санаҳоро дастгирӣ мекунанд. Масалан, яке аз олимони маъруфи ин соҳа М. А. Дандамаев ҷонибдори санаи дуюм буда, ин ҳодисаро байни солҳои 545 — 539-и мелод медонад.

_____________________
1. Дар ин бора ба таври муфассал дар асарҳои зерин сухан рафтааст: Дандамаев М. И. Иран при первых Ахменидах. — М.. 1963. — С.102-110; Дьяконов И. М. История Мидии. — М.-Л., 1956. — С.18-19.

kurush_3

Мутаассифона, ягон далели қотее вуҷуд надорад, то ба мо имконият диҳад, ки ба яке аз санаҳои зикршуда бартарӣ диҳем. Бо вуҷуди ин, ба назар чунин мерасад, ки ин ҳодиса бояд то ҳуҷуми Куруш ба Бобул (соли 539-и то мелод) рух дода бошад.

Ба ақидаи олимони муосир, дар байни муаррихони Юнони қадим ахбори Ҳеродот аз ҳама боэътимодтар мебошад. Аз рӯйи маълумоти ӯ, ин ҳодиса баъди Лидияро ишғол кардани Куруш руҳ додааст. Ба қавли Ҳеродот 1 вақте ки Гарпаг шаҳрҳои Осиёи Хурдро забт мекард, Куруш тамоми кишварҳои Осиёро пайи ҳам ишғол намуда, танҳо баъди ин ба Бобул ҳуҷум кард. Шояд як сабаби ихтилофи назари муаррихони Юнони қадим дар ин масъала аз он иборат бошад, ки баъзе кишварҳои Эрони Шарқӣ ба мисли Гиркания ва Порт то забти Мод ва бевосита баъди ин ҳодиса ихтиёран ба Куруш тобеъ шуданд. Агар баъзе мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ ба онҳо пайравӣ карда бошанд, аҷабе нест. Яъне ин ҳодиса ҳанӯз пеш аз забти Лидия сар шуда, эҳтимол якчанд марҳаларо дар бар мегирифт. Аз гуфтаҳои Ҳеродот ва дигар муаррихони қадим як чиз то андозае аён мегардад: дар ин минтақа ҷангҳои калон рух надода буданд ва аз ҷониби дигар, ин муаррихон дар бораи ҳодисаҳои дар ин минтақаи дурдасти шарқӣ бавуқӯъпайваста маълумоти дақиқ надоштанд.

Баъди ишғол кардани Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар сари роҳи Куруш барои ҳукмрони чаконӣ мутамаддини давр шудан Бобул меистод. Он тараққикардатарин мамлакати минтақа, маркази маданият ва тиҷорат буд. Ишғол кардани ин давлат барои Порсҳо ҳам аҳамияти сиёсӣ-ҳарбӣ ва ҳам иқтисодӣ-фарҳангӣ дошт. Дар арафаи ҳуҷуми Куруш вазъияти дохилии Бобул ба манфиати шоҳи он Набонид набуд. Тоҷирон, ки дар Бобул нуфузи калон доштанд, барои ба дасти Порсҳо афтидани роҳҳои савдои Осиёи Хурд, рӯҳониёни мазҳаби бонуфузи худои Мардук барои таъқиб шуданашон, яҳудиёни асир ва тобеъ барои маҷбурӣ ба ин ҷо муҳоҷир гардиданашон аз Набонид норозӣ буданд. Куруш аз вазъияти дохилии Бобул огоҳ буд ва кӯшиш мекард аз он барои тасарруфи ин кишвар ҳаддалимкон истифода бурда, иқдомҳои муайяни сиёсӣ-дипломатиро ба кор барад. Аммо вазъияти баамаломада маънои онро надошт, ки тақдири Бобул аллакай пеш аз ҳуҷуми Куруш ҳал шуда бошад. Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳама гуна муноқиша нақши ҳалкунандаро иқтидори ҳарбии тарафҳои муқобил мебозад. Куруш ин ҳақиқатро хуб медонист.

_________________________
1. Дар ин бора ба таври муфассал дар асарҳои зерин сухан рафтааст: Дандамаев М. И. Иран при первых Ахменидах. — М., 1963. — С.102-110; Дьяконов И. М. История Мидии. — М.-Л., 1956. — С.18- 19.

Аз ҳамин сабаб ӯ барои ба Бобул ҳуҷум кардан хуб тайёрӣ дид. Лидия, Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ишғол карда, ақибгоҳи худро мустаҳкам намуд ва неруи ин кишварҳоро барои пурқувват кардани лашкари худ истифода бурд.

Баҳори соли 539-и то мелод лашкари Куруш ба хоки марзи Бобул дохил шуд. Ӯ ҳангоми лашкаркашию кишваркушоиҳо ба сӯйи Бобули овозадору мағлубнопазир аз деворҳои устувор ва истеҳкоми ҳарбии муъҷизаосои ин шаҳр басо андеша дошт. Мувофиқи маълумоти Ҳеродот, шаҳри мураббаъасосро девору бурҷҳои мудофиавии бузурге иҳота мекард, ки давродаври он чаҳорсаду ҳаштод стадий (тақрибан 80 км) меомад. Деворҳои муҳташами Бобул панҷоҳ оринҷ1 паҳноӣ ва дусад оринҷ баландӣ доштанд. Ва аз болои ин деворҳои паҳни бо манораҳои дидбонӣ иҳоташуда ду аробаи чораспа бемалол рафтуо мекард. Дар давродаври шаҳр сад дарвозаи ғафси мисин устувор буд, ки онҳоро бо зарби даҳҳо манҷаниқ рахна задан имкон надошт.2

Вале ин деворҳои устувору дарвозаҳои бузурги рахнанопазир дар назди азму иродаи кишваркушоиҳои Куруши Кабир ва макри сарлашкари ӯ Гобрия дер напойид. Дар ҳоле, ки Валтасар — писари шоҳи Бобул Набонид аз устувории деворҳои шаҳр хотирҷамъона машғули айшу ишрат ва майнӯшӣ буд, дарвозаҳои Бобулро ҷосусони зархарид (ба қавле коҳинони ибодатхонаи Эсағил) ба рӯйи лашкари Куруш кушодаанд. Дар тӯли чанд соат саросари шаҳр ва қасри бошукӯҳи шоҳаншоҳ забт гардид ва ҳомии шаҳр Валтасари сархушро басо осон ғофилгир намуданд.

_____________________
1. Оринҷ — ченаки дарозӣ, ки тақрибан ба 0,4 метр баробар аст.
2. Маспоро. Древняя история народов Востока. — М., 1911. — С.681.

Муҳорибаи ҳалкунанда моҳи августи ҳамон сол дар назди шаҳри Описа дар соҳили Даҷла ба амал омад. Ба лашкари Бобул писари шоҳ Набонид Белшарусур сарварӣ мекард. Дар муҳорибаи баамаломада форсҳо лашкари бобулиҳоро шикаст дода, пурра ғалаба карданд. 10-уми октябри ҳамон сол Гобрия бе ҷанг шаҳри Сиппар ва баъди ду рӯз Бобулро ишғол кард. 29-уми октябр Куруши Кабир ботантана вориди Бобул шуд. Набонид асир афтод, аммо Куруш ӯро ҷазо надода, афв кард. Вале писари ӯ Белшарусур ба қатл расонида шуд. Тавре ки мебинем, Куруш дар ҳолатҳои зарурӣ нисбат ба душманони оштинопазир қатъият ва устуворӣ зоҳир мекард.

Баъди Бобулро гирифтан Куруш як қатор амалҳои сиёсӣ-дипломатиро иҷро кард, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти Порсҳо дар Бобул равона шуда буданд. Ӯ маъбади асосии Бобул Эсагиларо барқарор намуда, ба худои Мардук қурбонӣ кард ва ҳуқуқу имтиёзҳои рӯҳониёни ин худоро аз нав ба онҳо баргардонд. Ӯ эъломия интишор карда, ба ҳамаи халқҳо ҳуқуқ ва озодӣ дод, яҳудиёнро иҷозат дод ба ватани худ ва ё ба ҳар куҷое, ки хоҳанд, рафта зиндагӣ кунанд. Подшоҳии Бобул ва сохти маъмурӣ-идоравии онро тағйир надод. Ин ва дигар чорабиниҳои Куруш аз ҷониби сокинони Бобул хуш пазируфта шуда, мавқеи ӯро дар минтақа мустаҳкам намуданд. 1

Баъди Бобулро гирифтани Куруш Финикия ва Фаластин ихтиёрӣ ба итоати ӯ даромаданд. Акнун дар дасти Куруш Бобул ва тамоми Шарқи Баҳримиёназамин буд. Навбат ба ягона давлати тавонои минтақа — Миср буд, ки форсҳо онро забт накарда буданд. Ҳамаи муҳаққиқон комилан дуруст таъкид кардаанд, ки Куруш, бешубҳа, ният дошт ба Миср ҳамла намояд. Аммо бар хилофи чашмдошти ҳамзамонони Куруш ва олимони муосир ӯ ин корро ба таъхир гузошт.

Нотинҷиҳои сарҳади қисми шимолу шарқии давлати Форс ва пай дар пай тохтутоз намудани қабилаи массагетҳо, ки аз итоати Куруш берун буданд, ӯро водор мекард, ки қасди лашкаркашиашро мавқуф гузорад. Аз ин рӯ, Куруши Кабир ба Миср, ки рақиби ягонааш буд, ҳуҷум накард ва ба ҷойи худ писараш Камбуҷияро ба тахти шоҳии Бобул нишонда, тобистони соли 530-и то милод дубора роҳи сарзамини Осиёи Марказиро пеш гирифт. Ӯ бо фавҷи сипоҳиёни бешумор, ки аз ҳар қавму миллат гирд омада буданд, ҳадафи пойдор намудани сарҳад ва шикастани урдуи массагетҳоро дошт. Ба назар чунин

_______________________
1. Ниг. Геродот. История. Ки. I. — С.178-201; Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — М., 1985. — С. 32-52.

мерасад, ки агар массагетҳо ба бехатарии қисмати шимолу шарқии империя ҷиддӣ таҳдид намекарданд, Куруш чунин роҳи дурударозро тай карда, бар зидди онҳо ба ҷанг намерафт. Дар ҳар сурат ӯ ин корро кард ва дар бораи ин ҳуҷум Ҳеродот ва дигар муаррихони Юнони қадим маълумот додаанд.

Ривояти Ҳеродотро дар бораи ин ҷанг бисёр муҳаққиқони муосир дар мақолаву китобҳои худ овардаанд ва гумон мекунам ҳоҷат ба такрори он нест. Таърихшиносони муосир дуруст қайд кардаанд, ки дар нақли Ҳеродот воқеият бо ҷомаи хаёлот ва бадеият оро дода шудааст.

Дар бораи мансубияти этникии массагетҳо ва ватани буду бошашон миёни олимон чандин ақидаҳо мавҷуданд. Аз қавли Ҳеродот чунин ба назар мерасад, ки массагетҳо дар сарзаминҳои байни баҳрҳои Каспий ва Арал ва дар атрофи он зиндагӣ мекарданд. Пеш аз омадани Куруш онҳо ба қаламрави империяи ӯ, ба минтақаҳои муқиминишини Порт, Гиркания ва ноҳияҳои ҳамҷавор ҳуҷум карда, шаҳру деҳаҳои онро талаву тороҷ намуданд. Эҳтимол, ба ҳамин сабаб Куруш маҷбур шуд ба ин минтақа лашкар кашад. Массагетҳо аз ин бохабар шуда, қафо нишастанд ва ба даштҳои паҳновари худ рафтанд. Ин усули дӯстдоштаи ҷангии саҳронишинон буд. Онҳо ба ин восита душманро дар саҳроҳои беоб сарсону саргардон ва хаста намуда, ногаҳон ба ҳуҷум мегузаштанд.

Вақте ки Куруш ба сарҳади сарзамини массагетҳо расид, байни намояндагони тарафайн музокира баргузор шуд. Ба қавли Ҳеродот,1 маликаи массагетҳо зане буд Томирис ном, ки баъди марги шавҳараш ба ҷойи ӯ сарварӣ мекард. Томирис ба Куруш мегӯяд, ки ба кишвари мо тамаъ накун ва ба ватани худат баргашта рав. Вақте ки Куруш ба назди малика хостгоронро мефиристад, Томирис ӯро айбдор мекунад, ки ӯ бо ин роҳ мехоҳад соҳиби мамлакати массагетҳо шавад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки эҳтимол Куруш аз массагетҳо талаб кард, ки пурра ба ӯ тобеъ шаванд, аммо ҷавоби рад гирифт. Тавре ки мебинем, Куруш ҳамеша пеш аз сар кардани ҷанг кӯшиш мекард бо воситаҳои дипломатӣ, яъне музокира муноқишаро бартараф созад. Баъди натиҷаи дилхоҳ надодани гуфтушунид Куруш бо дарбориёнаш машварат ороста, ба қароре меоянд, ки ба сарзамини массагетҳо дохил шуда, бо онҳо задухӯрд намоянд.

Куруш бо фавҷи сарбозони сершумор ҷониби рӯди Аракс омада, бар зидди массагетҳо ҷанги ошкороро сар мекунад; барои убур намудани сарбозон ӯ аз болои дарё кӯпрукҳо

______________________
1. Геродот. История. Кн. I. — С. 205-206.

kurush_4

месозад, дар рӯйи киштиҳо барои убур намудани ҷанговарон бурҷ мегузорад. Вақте ки Куруш машғули ин корҳо буд, Томирис сӯяш қосиде фиристод бо пайғоми зерин: «Даст бикаш, шоҳи Мидиҳо. аз коре ки ба он саргардонӣ; охир ту намедонӣ, ки кори пешгирифтаат бо некӣ анҷом хоҳад ёфт ё на. Боз ист ва дар сари умматони хеш подшоҳӣ бикун, ба подшоҳии мо низ халал марасон, то машғули кори хеш бошем».

Вале Куруш суханони Томирисро гӯш накард ва бо лашкараш аз дарёи Аракс (Амударё) гузашта, массагетҳоро дунболгирӣ кард. Дар муҳорибаи якум бо дастаҳои пешгарди массагетҳо форсҳо ғалаба карданд. Дар ин задухӯрд писари маликаи массагетҳо ҳалок гардид. Томирис ҳамаи неруҳои ҷангиашро гирд оварда, ба Куруш ҳамла намуд. Ба ман чунин менамояд, ки ин муҳориба аз тамоми ҷангҳое, ки барбариҳо (массагетҳо) то ин дам ба сар бурда буданд, шадидтаринаш будааст. Аз рӯйи шунидам, ҷанг ин тариқа рух додааст: аввал ҳар ду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир андохтаанд, сипас, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта, найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз бо ҳам муқобил истода, ҳеҷ яке аз тарафҳо рӯ ба гурез наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни Форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст. Ӯ бисту ҳашт сол подшоҳӣ карда буд. Томирис машкеро пур аз хуни одамӣ кард ва амр дод, ки аз байни мақтулон ҷасади Курушро пайдо намоянд. Баъди ёфтан ӯ сари Курушро ба машки пурхуне ғӯтонида, бо таҳқир гуфт: «Ҳарчанд мебинам, ки дар муҳориба бар ту ғолиб омадам, вале ту бар дӯшам бори гарони андуҳро гузоштӣ, бо макр писарамро аз ман рабудӣ ва акнун туро аз хун сер хоҳам кард, чуноне ки бароят таҳдид намуда будам».1

Ин ривоят то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик аст, маълум нест. Вале мо ин қиссаро барои он зикр кардем, ки оқибати тавсиаталабиҳо, забткориҳо ба чӣ анҷом меёбад.

Албатта, Куруши Кабир аз забткомону ҷаҳонкушоёну қудратталабоне мисли Чингиз, Темур ва ҳатто Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашони араб тафовути куллӣ ва ҷиддӣ дошт. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба қатли ом роҳ намедод, дар ҳамон давраҳои аввали инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро аз ҷумлаи аслҳои давлатдорӣ медонист. Эъломияи ӯ аз дурандешӣ ва хирадмандиаш гувоҳӣ медиҳад. Ӯ бунёдгузори давлати нахустини муназзам ва мутамаддини инсонӣ буд.

Ба ҳар ҳол, аз сабақи мусбате, ки Куруш дошт, бояд ибрат гирифт, Ӯ ориёие буд, ки озодиро беҳтар аз ҳама чиз медонист ва душманони асиргирифтаашро ба ғулом табдил намедод.

Муаррихони юнонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷасади Курушро баъди як соли маргаш писараш Камбуҷия бо баҳои гароне харида, дар вилояти Форс, дар шаҳри Посоргод (пойтахти нахустини империяи Ҳахоманишиҳо) дафн мекунад. Мақбараи Куруши Кабир то кунун чун нишонае аз он рӯзҳои куҳан пурра ва беосеб маҳфуз мондааст. Искандари Мақдунӣ ба сари қабри Куруш дар Посоргод ду маротиба рафта буд ва ин ҳодиса дар сарчашмаҳо зикр гардидааст.

Ҳамин тавр, ҷанги Куруш бо массагетҳо ба таври фоҷиавӣ ба анҷом расид. Дар бораи ҳодисаҳои баъди ин муҳориба рухдода ягон хел маълумот нест. Мо намедонем, ки массагетҳо аз ин ғалабаи худ чӣ манфиат ба даст оварданд. Камбуҷия, ки баъди марги падараш ба тахти шоҳаншоҳӣ нишаст, дар ин минтақа ягон хел амалиёти ҳарбӣ бар зидди массагетҳо нагузарондааст. Эҳтимол баъди ин муҳорибаи хунин, ки дар он массагетҳо низ бояд талафоти калон дода бошанд, байни тарафҳо сулҳ ва аҳдномаи ба якдигар ҳуҷум накардан баста шуд.

_________________________
1. Хрестоматия по истории древнего Востока. — М., 1963. — С. 353-354.

Дар бораи ҷанги Куруш бо массагетҳо ҳанӯз дар давраи қадим ривоятҳои зиёд ва гуногун пайдо шуда буданд. Имрӯз ҳам дар тамоми мақола ва рисолаҳои ба таърихи давлати Ҳахоманишӣ бахшидашуда ин ҷанг батафсил таҳлил шудааст. Бояд дар назар дошт, ки сабаби шуҳрати ин ҷанг танҳо дар марги фоҷиавии Куруш буд. Подшоҳи ҷаҳонгир, ки то ин муҳориба чандин кишварҳои зӯру тавоноро тасхир карда, ҳеҷ шикасте надида буд, дар муҳориба бо як қабилаи саҳронишин ба ҳалокат расид. Ин гуна фарҷомро ҳеҷ кас мунтазир набуд. Аммо аз лиҳози сиёсӣ-ҳарбӣ ин ҷанг барои давлати пурзӯри Ҳахоманишӣ ягон оқибати фоҷиавӣ ва ҳатто ҷиддӣ надошт. Баъди ин муҳориба массагетҳо ягон бор ҳам ба қаламрави Ҳахоманишиён ҳуҷум накарданд. Манзур аз ин суханон он аст, ки мо набояд ба ин ҷанг аз будаш зиёд баҳо диҳем.

Дар мавриди шахсияти Куруш бояд ёдовар шавем, ки ҳамзамонони ӯ ба фаъолияти сиёсию ҳарбиаш баҳои баланд додаанд. Беҳуда нест, ки рӯҳониёни Бобул ӯро фиристодаи худованд Мардук, яҳудиён фиристодаи худованд Яҳво ва юнониён сиёсатмадори бузург номидаанд. Олимони муосир дар бораи ӯ ҷилд-ҷилд асарҳо офаридаанд. Албатта, мо набояд хизмати шахсиятҳои таърихиро аз будаш зиёд карда, ба иғроқ роҳ диҳем. Аммо Куруш, бе муболиға, ба ҳама гуна бузургдошт сазовор аст. Барои тасдиқи ин фикр мо аз фаъолияти ӯ метавонем мисолҳои зиёд орем, аммо бо чанд мисол иктифо меварзем.

Баъзе муаррихон сабаби ба осонӣ шикаст ёфтани Бобулро аз сиёсати яктарафаи шоҳи Бобул Набонид, афзудани ихтилофоти дохилӣ ва норозигии рӯҳониёни кишвар медонанд. Шоҳони Бобулу Ошур ба намояндагони миллатҳои зердаст зулму ҷафои беадад намуда, эътиқоди динӣ ва ибодатхонаҳояшонро поймолу ғорат менамуданд. Барои мисол намунаеро аз катибаи шоҳи Ошур Насирбол меорем, то сиёсати бебақои ин давлати абарқудрат ва иллатҳои зуд шикаст хӯрдани он аён гардад:

«Ба фармудаи Ошур ва Иштор, худоёни бузург, ки ҳомиёни ман ҳастанд, бо лашкариён ва аробаҳои ҷангии худ ба шаҳри Гиною ҳамла бурдам ва онро ба як зарби шадид тасарруф кардам. Шашсад ҳазор нафар аз ҷангиёни душманро бедиранг сар буридам. Се ҳазор асирро зинда туъмаи оташ сохтам ва ҳатто якеро боқӣ нагузоштам, то ба гаравгонӣ равад. Ҳокими шаҳрро ба дасти худам зинда пӯст кандам ва пӯсташро ба девори шаҳр овехтам ва аз он ҷо ба сӯйи шаҳри Тилло равон шудам. Мардуми ин шаҳр аз дари аҷзу илтиҷо дарнаёмаданд ва таслими ман нашуданд. Лоҷарам ба шаҳрашон юриш будам ва онро гушуда ва 30 ҳазор нафарро аз дами тег гузарондам. Бисёр нафаронро дар оташ кабоб кардам ва асирони бешуморро дасту ангушту бинӣ буридам ва ҳазорон чашм аз коса ва ҳазорон забон аз даҳон берун кашидам. Аз ҷасади куштагон пуштаҳо сохтам ва сарҳои бурида ба тоқҳои шаҳр овехтам». 1

Аммо Куруши Кабир сиёсати оқилонаи давлатдориро пеш гирифта, эътиқоду ақоид ва дини миллатҳои ғайрро эҳтиром мегузошт. Ӯ ба ҳар кишваре, ки мерафт, худоёни мазҳабҳои мухталифро ба расмият мешинохт, худро ҷонишини қонунии подшоҳони бумӣ эълон медошт ва аз рӯйи расму русуми онҳо подшоҳиро мепазируфт. Беҳуда нест, ки рӯҳониёни Бобул ӯро ҳамчун писари худои олитабори бобулиён Мардук муаррифӣ намуда, ба тахти шоҳӣ нишастанашро бо хушнудии тамом истиқбол намуда буданд. Ба ибораи имрӯз, сиёсати давлатдории Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос ёфта буд. Шояд яке аз сабабҳои шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтану империяи абарқудрати замони худ шудани давлати Форс дар пеш бурдани ҳамин сиёсати давлатдории дунявӣ нуҳуфта бошад.

Дар айни ҳол бояд зикр намуд, ки Куруши Кабир зимни сиёсати давлатдорӣ ва тарзи дунявии тафаккур ҳадафҳои кишваркушоӣ ва густариш додани иқтидори рӯзафзуни империяи Форсро пеш мебурд. Ба қавли муаррихони аҳди қадиму ҷадид, Куруши Кабир қабл аз ҳуҷум ба Бобул дар симои савдогарону тоҷирон, рӯҳониёни мазҳабҳои гуногун ва дастаи ҷосусони давлатӣ тарғиботчиёни сиёсати худро ба он ҷо интиқол дода, намояндагони миллату мазҳабҳои азияткашидаро қаблан ба империяи Ҳахоманишиён дилгарм месохт. Куруши Кабир алалхусус нисбат ба миллати банӣ-Исроил, ки аз замони Бухтуннаср дар асорати давлати Бобул буд, меҳрубонӣ ва инояти зиёде кардааст. Ӯ ашёҳои гаронбаҳо ва зарфиёти тилоиву нуқрагинро, ки ҳангоми хароб намудани маъбади яҳудиён дар Байтулмуқаддас ғорат шуда буд, ба ибодатхонаи яҳудиён бозгардонд. Гузашта аз ин, бо иҷозаи Куруш беш аз 42 ҳазор нафар яҳудӣ, аз ҷумла, 7 ҳазор ғуломону каниз барои таъмиру таҷдиди маъбадҳои Байтулмуқаддас раҳсипор шуданд. Аз ин ҷост, ки эҳтироми паямбарони банӣ-Исроил ба Куруш хеле зиёд буда, номи ӯ дар китоби муқаддаси онҳо зикр шудааст.

Куруши Кабир дар айни ҳол маъбадҳои Бобулистон, Ошур ва Эламро таъмир намуда, ба онҳо назру ниёз ва қурбониҳои зиёде нисор месохт, халқиятҳои мухталифро барои

_________________________
1. Ҷаҳониён Ардашер. Дини Ҳахоманишиён. — Теҳрон, озари 1349, саҳафоти мухталиф.

баргаштан ба ватани аслиашон рухсат медод. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҷавҳари зӯроваронаи империяи Ҳахоманишиён ва сиёсати бузургдавлатии онҳо боқӣ мемонд.

Вақте ки Куруши Кабир соли 539-и то мелод шаҳри Бобул — пойтахти давлати муқтадири Бобулистонро фатҳ кард, бар хилофи шоҳони аҳди бостон, ки маъмулан ба куштору ғорат мепардохтанд, эъломияе интишор сохт, ки дар он ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди динии шаҳрвандон кафолат дода мешуд.

Эъломияи Куруш, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, дар Музейи Британия маҳфуз буда, шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад.

Ба назарам, матни ин эъломияро, ки бо хат ва забони бобулӣ навишта шуда, тарҷумаи форсӣ-тоҷикии он бо саъй ва эҳтимоми олими шинохта П. Ҷамшедов ба табъ расидааст, овардан аз аҳамият холӣ нест:

«Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия — шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати адабӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам. Мардук — худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амокини муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳеч як аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Аккадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».

Эъломияи мазкур падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ буд. Ӯ ба мисли шоҳони пешинаи ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс, Куруш олиҳимматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии бемисл нишон дода, ба халқҳои мағлуб озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ эъто кард.

Ин эъломияи башардӯстона, ки метавон нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони гуногунмиллату мухталифойин шумурд, аз тамаддуни ориёӣ сарманшаъ гирифтааст. Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯйи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути рӯшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард.

Куруш сиёсатшиноси нуктасанҷ буд. Пеш аз ҳама гуна муҳориба ӯ барои нарехтани хун ба рақибонаш бо кафолати амният, озодӣ ва бо шартҳои барои онҳо имтиёзнок бастани сулҳро пешниҳод мекард. Танҳо дар сурати аз ҷониби муқобил қабул нашудани пешниҳодҳояш даст ба ҷанг мезад. Баъди ғолиб баромадан кӯшиш мекард мағлубонро беҳуда озор надиҳад ва иззати нафси онҳоро паст назанад.

Ӯ одамшиносу инсондӯст буд ва шахсони лаёқатмандеро, ки барояш содиқона хизмат мекарданд, қадр мекард ва ба онҳо мансабҳои калони давлатиро медод. Ағлаб ӯ подшоҳони мағлубшуда ва ба асирӣ афтодаро мебахшид. Шоҳи Лидия Крез, шоҳи Бобул Набонид ба ин мисол шуда метавонанд. Куруш дар ҳайати империяи худ қариб 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид карда, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Башарият метавонад имрӯз ҳам аз таҷрибаи инсондӯстӣ ва адолатпарварии ин шахсияти беназир истифода барад. Таҷрибаи давлатдории Куруши Кабир ибратомӯз аст, мо бояд онро ҳамаҷониба омӯзем, зеро сохтори давлатии Ҳахоманишиён яке аз муҳимтарин тарзи ҳукуматҳои императории Аҳди бостон ба шумор меравад.

Сазовори ёдоварист, ки ӯ бори нахуст чандин кишварҳо ва халқҳои ориёиро дар ҳайати як давлат муттаҳид намуда, барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо мусоидат намуд. Хусусан дар аҳди Куруши Кабир, ки давраи марказиятёбӣ ва дар қаламрави давлати бузурги Ҳахоманишиён муттаҳид шудани давлатҳои хурд ва қабилаҳои парокандаи ориёинажод ва ориёизабони сарзамини Ориёнои Ғарбӣ ва Ориёнои Шарқӣ ба шумор мерафт, таъқибу саркӯб кардани сакоиҳои марказгурезу озодипараст авҷ гирифта, барои аз тохтутози онҳо эмин доштани сарҳадҳои шарқии империяи Ҳахоманишиён қалъаи истеҳкомии Курушкада бунёд мегардад.

Гумони ғолиб он аст, ки Куруши Кабир баъди кишваркушоиҳо ва вусъат бахшидани ҳудудҳои шарқии империяи Форс қалъаи устувор ва истеҳкоми марзбонии Курукадаро дар ҳудуди Истаравшани қадим бунёд гузоштааст, ки он дертар бо номи Курушкада (шаҳри Куруш) шуҳрат ёфтааст. Ҳадафи асосии сохтани Курушкада мустаҳкам намудани сарҳадҳои қисми шарқии қаламрави Форс ба хотири лашкаркашиҳои минбаъда, яъне дар оянда забт намудани давлатҳои пуриқтидори Бобулистон ва Мисри қадим буд. Чуноне ки қаблан ёд кардем, сакоиҳои сарвари тиграхуд, ҳаумаварг ва канораҳои Суғд бо ҷасорату пархошҷӯй ва маҳорати баланди ҷангиашон дили ҷумлаи подшоҳону қудратталабонро ба ларза меоварданд.

Муаллифону воқеанигорони аҳди атиқа — Страбон, Юстин, Арриан, Квинт Куртсий ва дигарон таъсиси ин шаҳрро ба Куруш нисбат дода, онро Киропол, Кирэсхата ном мебаранд. Ногуфта намонад, ки қадами номубораки Искандари Мақдунӣ низ ҳангоми лашкаркашиҳояш ба Киропол расида буд. Шояд ӯ баъди Куруш ин истеҳкоми ҳарбию марзбониро таъмиру устувор намуда, дар шикастани ошӯби сокинони Суғду Истаравшан ва Самарқанди бостонӣ чун бошишгоҳи ҳарбӣ истифода бурда бошад. Ва аҷаб нест, ки яке аз шадидтарин ҷангҳои байни пешвои суғдиён Спитамен ва Искандари мақдунӣ дар канораҳои шаҳри Киропол (баъдтар ин шаҳр бо номи Искандарияи Ақсо низ шуҳрат ёфт) рух дода бошад.

Мавҷудияти таърихии шаҳри Курукадаро муаррихону кишваршиносон В. Минорский, В. Чейлитко ва дертар бостоншиноси тавоно академик Н. Неъматов дар заминаи этимологияи номи Куркат асоснок намуда, мавҷудияти воқеии ин ном ва ин маҳалро аз таърихи аҳди қадими Истаравшан то ба имрӯз оварда расониданд. Фарзияи нисбатан дақиқи илмӣ ба он мебарад, ки номи Курукадаи аҳди Куруш шояд ба Куркати имрӯзаи воқеъ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд (маркази деҳшӯрои Куркат) як пайвастагии узвие дошта бошад.

Куруш ба вориси худ писараш Камбуҷия империяи паҳноварро мерос гузошт. Камбуҷия сиёсати кишваркушоии падарашро идома дод. Дар бораи панҷ соли аввали ҳукмронии ӯ дар сарчашмаҳои хаттӣ ягон хел маълумот нест. Муаррихони Юнони қадим аз вақти ҳуҷуми ӯ ба Миср сар карда, дар бораи ӯ ахбор медиҳанд. Куруш баъди Бобулро ишғол кардан бояд ба Миср ҳуҷум мекард. Аммо тавре ки ишора кардем, ӯ бо сабабҳои номаълум ин корро ба таъхир андохт. Дар натиҷаи марги ногаҳонӣ ва фоҷиавии ӯ ин нақша иҷро нашуд. Камбуҷия низ барои ба Миср ҳамла овардан шитоб накард. Эҳтимол ӯ мехост хубтар тайёрӣ бинад ва дар фурсати муносиб ин корро анҷом диҳад.

Соли 525-и то мелод Камбуҷия лашкари худро дар Фаластин ҷамъ карда, ба сӯйи Миср равон гардид. Ба ёрии ӯ киштиҳои ҳарбии финикиҳо ва юнониёни Осиёи Хурд омада буданд. Нахустин муҳориба бо лашкари мисриҳо дар назди шаҳри Пелусия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин задухӯрди хунин форсҳо пурра ғалаба карданд. Боқимондаҳои лашкари Миср бетартибона қафо гаштанд. Баъди ин муҳориба форсҳо ба сӯйи пойтахти Миср — шаҳри Мемфис ҳаракат карда, ягон муқобилияти ҷиддӣ надиданд. Онҳо ба шаҳр расида, онро муҳосира намуданд. Мисриҳо муқобилияти зиёд нишон надода, ба зудӣ таслим шуданд. Фиръавн Псаметихи Ш асир гирифта шуд. Аммо Камбуҷия сиёсати падарашро давом дода, ӯро афв кард. Августи соли 525-и то мелод Камбуҷияро расман шоҳи Миср эълон карданд.

Барои таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллиро ба худ ҷалб кардан ӯ либосҳои мисрӣ пӯшид ва маросими батахтинишиниаш мувофиқи қоидаҳои мисрӣ гузаронда шуд. Барои қонунӣ гардонидани ҳукмрониаш ӯ худро вориси фиръавнҳо эълон кард. Баъди Мемфисро ишғол кардани Камбуҷия қабилаҳои Ливия ихтиёран ба ӯ тобеъ шуданд. Баъдтар ӯ қисмати ши-молии Куш (Эфиопия)-ро ишғол кард.

Аз сарчашмаҳои хаттӣ бармеояд, ки ӯ бо баъзе амалҳояш рӯҳониёни Мисрро ба худ зид карда буд. Ба ӯ вайрону ғорат кардани якчанд ибодатхонаҳоро нисбат медиҳанд. Аммо ба ақидаи як қисми олимон, ин хабарҳо заминаи воқеӣ надоранд ва онҳоро рӯҳониён барои беобрӯ кардани Камбуҷия бофта баровардаанд. Дар ҳар сурат гумон кардан душвор аст, ки рӯҳониён ӯро бесабаб туҳмат карда бошанд. Шояд харобкунии ибодатхонаҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, пурра набошад ҳам, қисман ҷой доштааст.

Камбуҷия чор сол дар Миср монд. Дар ин миён дар пойтахти империя вазъият ноором шуда буд. Аз набудани подшоҳ истифода бурда, мубад Гаумата, ки Камбуҷия идораи корҳои давлатиро ба ӯ супорида буд ва ба бародари Камбуҷия Бардия хеле монанд буд, худро шоҳаншоҳ эълон кард. Ҳол он ки мувофиқи ахбори Ҳеродот, Камбуҷия бародараш Бардияро пеш аз ҳуҷумаш ба Миср пинҳонӣ кушта буд. Хабари табаддулоти Бардияи дурӯғин моҳи марти соли 522-и то мелод ба Миср расид. Баъди шунидани ин хабар Камбуҷия лашкарро ҷамъ карда, ба сӯйи Эрон равон гардид, аммо дар роҳ ногаҳон бемор шуда, вафот кард. Марги ӯ асроромез буд ва ривоятҳои зиёдро ба миён овард. Аз рӯйи яке аз онҳо, ӯро ҷосусони мубад Гаумата заҳр дода куштанд. Марги Камбуҷия муборизаҳои дохилисулолавӣ ва дарбориро тезутунд кард. 1

Воқеан Куруши Кабир дар болои пойдевори устувори давлати тавонои Мод давлати муҳташаму абарқудрати Форсро бунёд гузошта, қаламрави онро дар чор самти кишвар вусъат бахшид. Дорои ҷаҳонгир шуҳрату эътибори давлати Ҳахоманишиёнро боз ҳам афзунтар намуда, тамоми душманони худро чи дар Машриқу чи дар Мағриб забуну мутеъ сохт. Баъди шикасти Ҳахоманишиён Искандари Мақдунӣ тамоми марзу буми давлати Куруши Кабир, аз ҷумла, Порту Марғиён ва Бохтару Суғдро дар ҳайати империяи Мақдуниён муттаҳид сохта бошад ҳам, ин тоифаҳои озодипарастро мутеъ карда натавонист. Дар бораи ҳодисаҳои ин давра муаррихони қадим маълумоти гуногун ва дар бисёр маврид ба якдигар мухолиф додаанд. Асрори баъзе ҳодисаҳои ин давра ҳанӯз ҳам дар қаъри асрҳо ниҳон монда ва ба хотираи фаромӯшӣ супурда шудаанд.

________________________
1. Дар бораи ҳамлаи Камбуҷия ба Миср ниг: Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63; Гафуров Б. Таджики. — С. 71; История древнего Востока. — С. 589-590.

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.