Исмоили Сомонӣ. Абармарди хирад ва сиёсат

ismoili_somoni_1

Дар интиҳои таърихи пурмоҷарои асри XX ва оғози ҳазорсолаи сеюми мелодӣ мо шоҳиди рӯйдодҳои бузурги ҷаҳони мутамаддин гардидем. Медидем, ки давлатҳои абарқудрат ва низомҳои тоталитарӣ, ки ба қимати ҷони миллионҳо қурбониён дар давоми даҳсолаҳо бунёд ва устувор гардида буданд, бар асари инқилобҳои демократӣ ва равандҳои сиёсӣ фурӯпошӣ шуданд. Мушоҳида намудем, ки арзишҳои умумибашарӣ ва демократӣ дар ҷаҳони имрӯза босуръат густариш меёбанд ва ҳамзамон арзишҳои асили миллӣ дар арсаи олам мақоми рӯзафзун пайдо мекунанд. Шоҳиди он гардидем, ки давлатҳои ҷавон дар талоши истиқлолият ва ёфтани мақоми худ дар ҷомеаи муосир ҳастанд ва миллатҳои бостонӣ эҳёи ҳайратангез ва зинаи баланди худшиносиро мепаймоянд.

Гузашта аз ин, дар кураи замин на ин ки марзбандии ҳавзаҳои геополитикӣ ва иқтисодиву стратегӣ оҳанги нав мегирад, балки ҳудуди тамаддунҳои қадиму ҷадид аз нав марзбандӣ мегардад ва миллатҳои хурду бузург доираи фарҳангу тамаддуни хешро аз ҳисоби ба ҳамдигар наздик гардонидани тамаддунҳои ҳамҷавор вусъат мебахшанд.

Равандҳо ва тамоюлоти ҷомеаи башарӣ ба андозае расидааст, ки ҷомеашиносон аз фарорасии давраи комилан нав ва даврони дигаргуниҳои бузург дар таърихи инсоният ибрози ақида мекунанд. Ин дигаргуниҳо аз ҷараёни худшиносии халқҳо, миллатҳо ва дар маҷмӯъ инсоният ғизо мегирад. Раванди мазкур аслан солҳои 70-ум зоҳир гардид ва солҳои 80-ум ва 90-уми асри XX чун падидаи умумии тамоюлоти таърихӣ арзи ҳастӣ намуд.

Эҳёи Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол ва озод низ натиҷаи ҳамин қонунияти таърихӣ ва дигаргуниҳои мантиқии интиҳои асри XX мебошад. Дар айни замон мо дар рӯ ба рӯйи озмойишҳои бузурги таърихӣ қарор гирифтаем, ки меҳвари онро таъсис ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлати мустақили миллӣ ташкил медиҳад.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боиси он гардид, ки дар қатори дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон низ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти воқеӣ баҳравар шуд. Ин давраро метавон чун оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Истиқлолияти миллӣ дар марҳалаи навин барои мардуми Тоҷикистон чандон осон ба даст наомад ва аз қазо боз ба душвориҳои сангин ва ихтилофҳои шадид рӯ ба рӯ шуд.

Қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷие, ки истиқлолияти Тоҷикистонро чашми дидан надоштанд ё худ мехостанд ин сарзамини пурганҷро таҳти нуфузи хеш гиранд, мардуми тоҷикро бар зидди ҳамдигар ангехта, ҷанги шаҳрвандиро бар дӯши он таҳмил намуданд. Ба назар чунин мерасид, ки бесарусомониҳо ва муноқишаҳои хунин дар сарзамини тоҷикон мисли кишвари Афғонистон дурудароз давом хоҳанд кард. Вале Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми кӯшишро ба он равона сохт, ки ба муқовимату душманӣ хотима гузошта, сокинони мамлакатро ба сулҳу ваҳдат ва меҳнати бунёдкорона ҳидоят намоянд. Халқи тоҷик маҳз ба шарофати хираду заковати аҷдодӣ ва ақли солим сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумати кишварро дастгирӣ намуд. Сулҳу салоҳ, ваҳдату созандагӣ ва меҳнати бунёдкорона дар сарзамини тоҷикон аз нав пойдор гардид.

Бо ташаббуси Ҳукумат ва ҳамкории собиқ мухолифин, ҳамчунин дастгирию ҷонибдории ташкилотҳои байналхалқӣ ва чандин кишварҳои хайрхоҳи олам сулҳи саросарӣ дар мамлакат фароҳам оварда шуд. Таъсис ва ташаккули давлати пояндаи миллӣ дар Тоҷикистон амри воқеист. Татбиқи ин рисолати таърихӣ барои мо ҳам осон асту ҳам мушкил. Зеро мо, тоҷикон, аз қадимулайём дар қалби Осиё ва чорроҳаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо арзи ҳастӣ намуда, дорои таҷрибаи қадимтарини фарҳанги давлатдорӣ мебошем.

Борҳо ҳангоми суханронӣ дар мулоқоту ҷаласаҳо таъкид кардаам, ки давлати Сомониёнро дар ҳеҷ сурат овози давлату давлатдории тоҷикон шумурдан раво нест. Чунки халқи тоҷик то давраи Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудааст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳди қадимро дар ин сарзамин поягузорӣ кардааст.

Воқеан, таърихи давлату давлатдории тоҷикон ба ҳазорсолаҳои басо дур рафта мерасад, ки аз сарчашмаҳои асотирӣ ва ривоятӣ оғоз мегирад.

Давраи подшоҳии сулолаи Пешдодиён ва Каёниёнро аз ҷумлаи давраи асотирию нимасотирӣ қаламдод кардаанд, ки ғолибан манзараи оғози тамаддуни ниёгони моро фаро мегирад.

Модоме ки асотири Юнонзамин, банӣ-Исроил, Мисри Қадиму Бобул чун як рукни таърихи ин кишварҳои қадим эътироф шуда бошанд, пас сулолаи Пешдодиёнро чун оғози таърихи давлату давлатдории ниёгони тоҷикон ва дигар мардуми ориёинажод ҳисобидан равост. Давлату давлатдории сулолаи Каёниён зинаи аз асотир ба воқеияти таърихӣ гузаштан буда, ба аҳди подшоҳии Гуштосп ва зуҳури Зардушт рост меояд. Таълимоти Зардушт ва китоби муқаддаси «Авестоиро кулли уламои ҷаҳон ва таърихшиносони Шарқу Ғарб эътироф кардаанд. Инчунин шукӯҳу шаҳомати давлати Каёниён ва Балху Бохтари бостониро ситойиш намудаанд ва мо — ворисони воқеии сулолаи Каёниён ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки асолати куҳанбунёди ниёгони худро нодида гирем.

Дастовардҳои навини илмӣ олимонро ба хулосае овардааст, ки дар марзу буми Ориёнои таърихӣ дар ҳазорсолаи дувуми то мелод, тахминан байни солҳои ҳазору панҷсад, ҳазору дусади то мелод, сохтори давлатӣ ва суннати устувори давлатдорӣ падид омада буд. Ин суннат, ки онро метавон «суннати каёнӣ» номид, дорои низом ва деринаи давлатдорӣ будааст. Баъзе унсурҳои ин суннат баъдан ба қаламрави Порс ва Мод паҳн шуда, дар ташаккули воҳидҳои нахустини сиёсию идории ин сарзамини паҳновар нақши муҳим гузоштанд.

Ин суннати давлатдорӣ дар замони таъсис ва ташаккули Ҳахоманишиён дар сатҳи як давлати абарқудрати ҷаҳонӣ такомули ҳамаҷониба ёфт. Шоҳони бузурги он — Куруши Кабир ва Доро низоми пешрафтаи сиёсӣ ва идориро бунёдгузорӣ намуданд. Дар замони Ҳахоманишиён аввалин бор дар таърих шакли оқилона ва башардӯстонаи муносибати халқҳо, гурӯҳҳои этникӣ, пайравони ойину мазҳабҳои мухталифи динӣ ва мактабҳои гуногуни илмию фалсафӣ тарҳрезӣ ва корбаст гардид, ки ҳатто имрӯз низ ибратомӯз мебошад.

Вақте Куруши Кабир соли панҷсаду сиву нуҳуми то мелод пойтахти давлати муқтадири Бобулистонро фатҳ кард, бар хилофи шоҳони аҳди бостон эъломияе интишор намуд, ки дар он ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди динии шаҳрвандон кафолат дода мешуд. Ин эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, шояд нахустин намунаи Эъломияи ҳуқуқи бештар дар таърихи инсоният бошад.

Бояд таъкид кард, ки ин суннати давлатдории ниёгони мо дар давлатҳои баъдинаи ориёӣ — давлати Ашкониёни Порт, Кушониён, Ҳайтолиён ва бахусус Сосониён, идомаву такомул ёфт ва то истилои араб побарҷо монд. Зимнан бояд афзуд, ки дар раванди ташаккул ва таҳаввули ин давлатдориҳо мо як хусусияти устувори фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ — ворисиятро возеҳ мебинем: яъне ориёиён то истилои араб ба арзишҳои деринаи тамаддун ва давлатдории худ содиқ буданд. Ин суннатҳои давлатдорӣ ҳанӯз дар аҳди қадим аз ҷониби давлатҳо ва кишварҳои дигар, аз ҷумла, давлатҳои Юнону Рими Қадим, Ҳинду Қафқоз ва ғайра мавриди истифода қарор гирифта, ҷузъи таркибии ганҷинаи давлатдории башарӣ гардидаанд.

Истилои араб ва густариши дини ислом бунёди ҷомеаи суннатӣ ва асолати тамаддуни ориёиро дар сарзамини ниёгони тоҷикон комилан шикаста натавонист. Чуноне ки ин ҷараён дар мавриди заволёбии тамаддунҳои пешрафтаи Мисри Қадим ва Бобул сурат гирифт. Вале бо вуҷуди ин ҳокимияти аҷнабиёне, ки дорои сатҳи пойинтари тамаддун буданд, барқарор шуд. Забони арабӣ забони расмии давлатӣ эълон гардид ва ойину эътиқоди маҳаллӣ таҳти фишори аҷнабиён қарор гирифт. Дар чунин шароит муборизаи тӯлонии фарзандони огоҳу ватанпарасти Мовароуннаҳру Хуросон оғоз шуд ва авҷ гирифт. Ин мубориза шаклҳои гуногун дошт: пайкори мусаллаҳона, талош бо донишу таҷриба, муросову мадоро, василаҳои дигари сиёсӣ ва дипломатӣ.

Ҳаракати васеи мардумӣ бо сарварии фарзанди бузурги халқ Абӯмуслими Хуросонӣ намунаи барҷастаи ин мубориза ва оғози эҳёи истиқлоли сиёсӣ ва миллии халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар ин раванд хонадонҳои фидоии миллӣ, бахусус Бармакиён, нақши муҳим гузоштаанд. Ва албатта, барои раҳоӣ ва тобеияти бегонагон ошӯбҳои халқӣ бар зидди арабҳо, махсусан, шӯриши Муқаннаъ аҳамияти бузург доштанд.

Бар асари ин муборизаҳо мавқеи неруҳои миллӣ мустаҳкам гардид, иқтидор ва нуфузи ашрофи маҳаллӣ афзуд. Ғояи истиқлолхоҳӣ дар байни табақаҳои васеи мардум реша давонд. Муҳимтар аз ҳама, дар натиҷаи ин муборизаи тӯлонӣ раванди ташаккули халқи тоҷик суръати тоза пайдо кард ва заминаи эҳёи давлати миллӣ фароҳам омад.

Дар ташаккули халқи тоҷик ҳамчунин омилҳои гуногуни таърихӣ — таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ, рушди кишоварзӣ ва сохторҳои дигари истеҳсолӣ, инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии минтақаҳои Мовароуннаҳру Хуросон нақши муҳим гузоштанд. Дар ин амр фаъолияти марказгаройи давлатҳои Кушониён, Ҳайтолиён ва бахусус Сосониён, аҳамияти хоси таърихӣ доштааст. Яке аз омилҳои асосии ташаккули халқи тоҷик пайдоиши забони тоҷикист, ки бо номҳои «забони дарӣ» ва «форсӣ» низ маъмул аст. Ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон хеле тӯлонӣ ва мураккаб будааст.

Имрӯз мусаллам аст, ки гаҳвораи забони тоҷикӣ Мовароуннаҳру Хуросон ва эҷодгарони он сокинони ин марзу бум, яъне ниёгони тоҷикон будаанд. Забони тоҷикӣ аз ин сарзамин ба ғарбу шимоли Эрони имрӯза, баъдан ба машриқу мағриб паҳн гардид. Намунаҳои аввалини ёдгориҳои хаттии ин забон ба асри VIII тааллуқ доранд.

Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ дар асрҳои 1Х-Х на фақат ба инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳувийяти миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳое, ки ин забон ба вуҷуд омад ва ба камол расид, номи тоҷик низ мақом ёфт ва устувор шуд.

Омили дигари ташаккули халқи тоҷик таъсис ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ мебошад. Оғози эҳёи ваҳдати сиёсии сарзамини тоҷикон — Мовароуннаҳру Хуросон ба давраи давлатдории Тоҳириён ва Саффориён рост меояд. Дар маҷмӯъ Тоҳириён ва Саффориён оғозгари эҳёи давлатдории миллӣ буданд, аммо онҳо натавонистанд тамоми сарзамини тоҷикро дар қаламрави як давлати комилан мустақили неруманд муттаҳид созанд ва ташаккули халқи тоҷикро таъмин намоянд. Ин рисолати бузурги таърихиро танҳо Сомониён анҷом дода тавонистанд.

Пайдоиши давлати Сомониён ба даврони талошу муборизаҳои сангин рост омад. Ин давроне буд, ки муборизаи қаҳрамононаи мардум бар зидди аҷнабиён ҳамоно идома дошт ва сиёсати шовинистии истилогарони араб мунтазам амалӣ мегардид. Аҷнабиён ният доштанд, ки ба воситаи густариши забону фарҳанги арабӣ нуфузи забони тоҷикро кам карда, ҳувийяту ифтихори миллӣ, шарафу номуси ватандорӣ, суннатҳову фарҳанги куҳани аҷдоди моро барбод диҳанд.

Миллати фарҳангдӯсти тоҷик дини исломро қабул кард, лекин мисли баъзе халқияту миллатҳо забони арабиро ба ҷой лафзи модарии худ напазируфт. Ин кӯшишу талоши ҷиддӣ, яъне пешгирии нуфузи забони арабӣ чун падидаи беназири ватанпарастӣ дар таърихи миллати мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст. Маҳз Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд, забони модариро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ҳувийяти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро ҳифз намоянд. Насли имрӯз ва оянда вазифадор аст, ки ин анъанаи неки онҳоро идома диҳад.

Оғози кишвардории воқеии хонадони Сомониён ба таъини фарзандони шойистаи Асад ибни Сомонхудот — Нуҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс дар соли 819 ба мақоми аморати Самарқанд, Фарғона, Чоч, Истаравшан ва Ҳирот рост меояд. Бар асари ҳукуматдории оқилона, ободонию созандагӣ, маърифату ғамхорӣ ва талошу ғайрати бародарони Сомонӣ Мовароуннаҳр сарсабзу обод гардид. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ дар ин қаламрав беш аз 250 шаҳрҳои хурду бузург мавҷуд буда, марказҳои зиёди илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ фаъолият доштанд. Бунёдгузори ҳақиқии давлати Сомониён Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ — абармарди хирад ва сиёсат буд.

Ӯ илму дониши замонашро хуб аз бар намуда, аз даврони ҷавонӣ ҳунари сарварӣ ва кишвардориро амалан фаро гирифт. Сирати наҷиби сиёсӣ ва фазилати инсонии Исмоили Сомонӣ дар солҳои давлатдориаш возеҳан зоҳир гардид.

Ин сиёсатмадори бузург ба корҳои созандагӣ ва ободонӣ, беҳбудии рӯзгору осойиши мардум, ривоҷу равнақи шаҳрдорӣ ва инкишофи илму фарҳанг таваҷҷуҳи доимӣ дошт. Исмоили Сомонӣ ба рукни ниҳоят муҳими давлатдории ориёӣ — масъулияти давлат дар таъмини шароити зарурии пешрафти кишвар садоқати беназире нишон дод. Фаъолияти ӯ дар таъмини амнияти Бухоро ва тамоми қаламрави давлати Сомониён низ басо муассир ва ибратомӯз аст. Ӯ бо фаросати олии сиёсӣ ва инсонӣ дарёфт, ки сиёсати мудофиавӣ ба муқобили тохтутозҳои харобиовари кӯчманчиён ба манфиати давлат ва амнияти халқ созгор нест. Аз ин лиҳоз, Исмоили Сомонӣ бо ҳамкорию пуштибонии мардум ба қабилаҳои яғмопеша зарбаи сахт зад ва ҳуқуқи маънавӣ пайдо кард, ки бо ифтихор иброз дорад: «То зинда ҳастам, бораи Бухоро ман бошам!»

Амир Исмоили Сомонӣ бо тамоми вуҷудаш хоҳони муттаҳидии тамоми сарзамини тоҷикон буд. Ӯ бар хилофи таҳрикоти пайдарпайи халифаи Бағдод ба Хуросон, ки таҳти ҳокимияти Саффориён буд, майли лашкаркашӣ накард. Ва ҳатто замоне, ки Амр ибни Лайс бо лашкари 70-ҳазорнафара сӯй Мовароуннаҳр ҳаракат мекард, Исмоили Сомонӣ ноилоҷ барои мудофиаи мулк омода гардид ва дар муҳориба толиб омад. Баъди ин пирӯзӣ Исмоили Сомонӣ тамоми сарзамини тоҷикон — Мовароуннаҳру Хуросонро зери парчами як давлати муқтадир ва мутамаркази Сомониён муттаҳид намуд.

Шояд ҳамин сифатҳои ҳамидаи Исмоили Сомонӣ буд, ки ӯро дар арсаи таърих чун шахсияти фавқулодати сиёсӣ эътироф намуда, баъди Анӯшервон барояш унвони ифтихории шоҳи одилро сазовор донистаанд. Аз ин ҷиҳат рӯзгор ва муборизаи Исмоили Сомонӣ дар муттаҳидсозӣ ва сарҷамъ овардани халқҳои парешони ориёинажоди Мовароуннаҳру Хуросон як падидаи ибратомӯзи таърихист.

Хизмати бузурги таърихии Исмоили Сомонӣ ва ниёгони ӯ дар он буд, ки низоми ниҳоят муназзам, муассир ва фаъоли идораи марказӣ ва маҳаллиро бунёд гузоштанд. Ин низом унсурҳо ва арзишҳои муҳимтарини давлатдории ориёиро эҳё намуда, онҳоро бо арзишҳои тамаддуни гузаштаву мавҷудаи давр омезиш дод. Дар натиҷа, ин низом таҷассумгари арзишҳои беҳтарини давлатдорӣ ва ба эътирофи аксари донишмандон, мутамаддинтарин давлати замони худ гардид. Ин низом, ки бо номи «девони Сомониён» машҳур аст, на фақат давлати соҳибқудрату нерумандро эҷод кард ва таҳким бахшид, балки муносибати оқилона ва гуногуншаклро дар байни марказ ва вилоятҳо бунёд гузошт. Исмоили Сомонӣ ва ворисони шойистаи ӯ ба таҳкими бунёди маънавӣ ва ахлоқии давлат аҳамияти бузург дода, шахсиятҳои тавонои илмиву фарҳангиро ба идоракунии кишвар ҷалб менамуданд. Аксари вазирони Сомониён аз хонадонҳои машҳури Ҷайҳонӣ, Балъамӣ ва Утбӣ баромада, аз ҷумлаи донишмандтарин афроди замони худ ба ҳисоб мерафтанд. Зиёда аз ин, худи амирони Сомонӣ дониш ва маърифати баланд дошта, дар маҷлису маҳфилҳои илмӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Гуногунандешӣ ҳусни давлатдории Сомониён ба шумор мерафт. Дар қаламрави ин давлат намояндагони халқҳо ва динҳои гуногун аҳлона умр ба сар бурда, ба кору сохтори давлатдорӣ халал намерасонданд. Ин падида низ дар таърих чун ҷиҳати ибратомӯзи давлатдории Сомониён эътироф шудааст.

Давлати Сомониён боз як рисолати бузурги таърихӣ дошт, ки ба он дар илми таърихнигорӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Дар асрҳои 1Х-Х яке аз омилҳои муҳими давлатдорӣ омезиши оқилона ва моҳиронаи арзишҳои ориёӣ бо меъёрҳои маънавии ислом ба ҳисоб мерафт. Сомониён синтези табиӣ ва оқилонаи арзишҳои ориёиро эҳё намуда, ҳамзамон ба ривоҷ ва таблиғи мазҳаби Имоми Аъзам мусоидат карданд. Дар натиҷа, низоми сиёсӣ ва идораи давлат моҳияти дунявӣ касб карда, нақши он дар умури иҷтимоӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ ҳамчунон устувор монд. Ин имкон дод, ки эътибори дин бар асари воқеоти фоҷиабори муқовимату бархӯрдҳо ва қудратталабиҳо халалдор нагардад. Ва имрӯз мо бо такя ба таҷрибаи давлатдории Сомониён дилпурем, ки гуногунандешӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди як давлати демократӣ ва дунявӣ кӯмак мекунад ва дар таҳкими сулҳу осойиш дар сарзамини бостонии мо мусоидат менамояд.

Давлатдорони Сомонӣ ба эҳёи фарҳангу тамаддун мусоидати ҳамаҷониба намуда, дар таъмини мақоми давлатии забони тоҷикӣ кӯшишҳои зиёд кардаанд. Тулӯи оламшумули забони тоҷикӣ ба талошу фаъолияти ин давлат ва сарварони соҳибхираду маърифатпарвари он иртиботи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар ҳамин давра шеъри Рӯдакӣ оламгир шуд ва шоирони бузург Абӯмансури Дақиқӣ, Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва дигарон ашъори гаронмоя эҷод карданд. Абулқосими Фирдавсӣ ба офаридани шоҳасари ҷовидонаи худ — «Шоҳнома» пардохт. Рушди бесобиқаи тиб, таърихнигорӣ, ҷуғрофия, улуми табиӣ, фалсафа ва улуми исломӣ низ аз бисёр ҷиҳат маҳсули фаъолияти ин давлат будааст. Заковати илмӣ ва эҷодии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва аллома Абӯрайҳони Берунӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфт ва шоҳкориҳои ҷаҳонии илмро ба бор овард. Эҳёи тамаддуни тоҷик, ки рушду нумӯи он ба даврони Сомониён ва шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд рост меояд, бо дастовардҳои фарҳангии гаронбаҳо ва нотакрораш ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ин даврон роҳи илму донишро на танҳо барои мардуми ориёинажод, балки барои тамоми башарияти фарҳангдӯст мунаввар сохт.

Ман бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳангу тамаддуни аҳди Сомониён имрӯз на танҳо мероси таърихии халқи тоҷик, балки сарвати халқҳои Осиёи Марказӣ ва умумибашарӣ ба шумор меравад.

Мо нияти азхуд кардани тамаддуну мероси фарҳангии ягон халқу миллати марзҳои собиқа ва имрӯзаи Осиёи Марказиро надорем. Танҳо мехоҳем аслу насаби худро бишносем, таърихи сарзамини аҷдоди гузаштаи худро таҳқиқ намоем, бурду бохти онҳоро дар тӯли ҳазорсолаҳои дуру наздик омӯзем, аз шикасту пирӯзиҳои онҳо сабақҳо андузем. Зеро таърих ҳаками одил ва роҳбалади корозмуда буда, моро аз гузаштаҳои дур ба сӯйи асрҳои оянда ҳидоят менамояд.

Халқи тоҷик ҳақ дорад аз он ифтихор кунад, ки имрӯз инсонияти маърифатдӯст аз осори бузурги илмиву фарҳангии давраи Сомониён баҳраманд мешаванд. Хизмати бузургтарин ва арзандатарини давлати Сомониён дар таъмини ташаккули комили халқи тоҷик будааст. Исмоили Сомонӣ ва ворисони ӯ раванди ташаккули халқи тоҷикро суръат бахшиданд ва маҳз дар ҳамин давра халқи тоҷик мақоми таърихии худро соҳиб шуд. Халқи тоҷик таърихан худро бо номҳои «озодагон», «деҳқон», «ибн-ул-ашроф» ва ғайра муаррифӣ мекард, ки онҳо тақрибан ҳаммаънои калимаи «ориёӣ» мебошанд.

Дар давраи Сомониён ҷойи онҳоро номи «тоҷик» гирифт. Дар бораи ин этноним — даврони пайдоиш, ташаккул, авҷи камолот ва моҳияти он ақидаҳои гуногун мавҷуданд: бинобар ин замоне фаро расидааст, ки ин масъала бояд ба таври амиқ таҳқиқу баррасӣ шавад. Вале агар ба хислат ва моҳияти ташаккули халқи тоҷик таваҷҷуҳ намоем, унсурҳои ворисият ва худшиносии ориёӣ аён аст. Яъне халқи мо дар тӯли садсолаҳои таърих баробари суннати давлатдорӣ фарҳанги миллӣ ва хотираи таърихии худро ҳифз кардааст. Таҷрибаи таърихии Сомониён дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва равобити байнидавлатӣ низ дорои унсурҳои ибратомӯз аст. Сомониён истиқлоли воқеии давлатро мисли гавҳараки чашм ҳифз карда, бо Хилофати араб равобити эҳтиёткорона, оқилона ва судбахш доштанд ва бо ин роҳ ба таҳкими пояҳои дохилию хориҷии давлат мусоидат менамуданд. Онҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто давлатҳои нисбатан дур, ба монанди Чин, Рум, кишварҳои Аврупо ва сарзамини Рус муносибати тиҷоратӣ барқарор намуда, дар эҳёи Шоҳроҳи абрешим нақши ниҳоят муҳим бозидаанд. Давлати Сомониён барҳақ машъале буд, ки роҳи тамаддуну давлатдориҳоро дар давоми садсолаҳо мунаввар сохта, як давраи хеле пурбаракату мусоиди болоравӣ ва нақши ҷовидонаи миллати тоҷикро дар арсаи таърих фароҳам овард ва як ҳавзаи паҳновари муттаҳидсозандаи халқ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои моддию маънавии ниёгони мо гардид. Давлати Сомониён дар ниҳояти кор як ҷавлонгаҳе шуд, ки кишвару миллати фарҳангпарварӣ тоҷик бори дигар заковати фитриву ҳувийяти миллии хешро ба ҷаҳони мутамаддин нишон дод. Ин давра чун ҷамъбасти роҳи таърихии ташаккули миллати тоҷик ва ба авҷи камолот расидани давлату давлатдории миллии тоҷикон эътироф шудааст.

Давлати Сомониён бо вуҷуди ҳамаи ин комёбиҳо аз раванди умумии таърихи ташаккул, шукуфоӣ ва таназзули низоми давлатдорӣ истисно набуд. Бояд гуфт, ки дар шикасту таназзули ин давлат чанд омил ё сабаби асосӣ нақши ҳалкунанда доштанд:

Аввалан, ягонагии роҳбарияти олии давлат ва худи хонадони Сомониён то охир таъмин нашуд. Дар марҳалаи аввали давлатдорӣ ин ваҳдату ягонагӣ таъмин буд ва омили ниҳоят муҳими пешрафти давлати Сомониён гардид. Ва ҳангоме ки муборизаи қудратталабӣ дар байни хонадони Сомониён авҷ гирифт, ин ваҳдат аз байн рафт ва заминаи заволи давлат фароҳам омад.

Дуюм, таъсис ва нуфузи сипоҳи ғайримиллӣ — горди Сомониён, ки асосан аз ҳисоби ғуломони зархариди турк ташкил шуда буд, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда василаи боэътимоди ҳифзи кишвар ва ҳатто ҳокимияти Сомониён нагардид.

Сеюм, муборизаи ҳокимони бонуфузи баъзе вилоятҳо барои қудрат ва соҳибихтиёрӣ ҳокимияти марказиро тадриҷан заиф намуда, боиси низоъ ва муноқишаҳои дохилию хориҷии мамлакат гардид.

Чорум, фаъолияти зиддимиллӣ ва ихтилофангези баъзе гурӯҳҳои рӯҳониён, ки мардумро аз пуштибонӣ ва дифои истиқлолияти миллӣ бозмедоштанд, дар шикасти давлати мутамаркази Сомониён таъсири ҷиддӣ гузошт.

Панҷум, афзойиши фишори рӯзафзуни неруҳои хориҷӣ дар шароити бӯҳрони дохилии сиёсии давлати Сомониён аз омилҳои асосии шикасти давлат гардид. Ва албатта боз чандин сабаби дигар ҷараёни шикасти ин давлати абарқудрати тоҷиконро тезониданд.

Имрӯз мо аз ин сабабу омилҳои таърихӣ бояд сабақҳои зарурӣ андузем. Мардуми тоҷик бояд он ҳақиқати талхро донад, ки сабаби асосии шикасти давлати абарқудрати Сомониён тангназарии ҳокимон, мансабталошиву худхоҳии як зумра сиёсатмадорону сипоҳиён, кашмакашиҳои бемаънии дохилӣ, хиёнати аҷнабиён ва қувваҳои зиддихалқии марказгурез буданд.

Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо ваҳдати мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадами дунё моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад.

Шикасти давлати Сомониён расо ҳазор сол қабл аз ин маънои комилан аз байн рафтани суннати давлатдории тоҷиконро надошт. Давлатҳои баъдина — Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарохониён ва Хоразмшоҳиён саъю талош менамуданд, ки низоми сиёсиву давлатӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Сомониёнро идома диҳанд. Дар ин даврон боз як давлати дигари тоҷикон — давлати Ғуриён арзи ҳастӣ намуд. Вале таҷовузи маргбори муғул ва ворисони он ба суннати давлатдорию истиқлолияти миллати тоҷик зарбаи ҷонкоҳе зад. Ба вуҷуди ин ҳама зарбаҳои пайдарпай талошҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастии тоҷикон хомӯш нагашт.

Ҷунбиши истиқлолхоҳии Сарбадорони Хуросон унсурҳои муҳими суннати давлатдории Сомониёнро ҳифз ва эҳё карданд. Ҳатто давлатҳои минбаъда, аз ҷумла, Аморати Бухоро худро вориси суннатҳои давлатдории Сомониён медонистанд ва унсурҳои муҳими ин давлатдориро ҳифзу нигаҳдорӣ менамуданд.

Пас аз суқути сулолаи Сомониён ҳарчанд халқи тоҷик аз давлатдории худ маҳрум гардид, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми поянда дошт. Тамоми корҳои ташкилу танзими давлатдорӣ, низоми мамлакатдорӣ, идораи девону дафтар, коргузорӣ маҳз бо забони тоҷикӣ сурат мегирифтанд. Пеш бурдани сафорату тиҷорат, танзими дахлу харҷ, таҳкими пояҳои иқтисоди кишвар, сарварии ҳавзаҳои илмию адабӣ ва ғайра суннати соф тоҷикона дошт, аммо мақоми подшоҳӣ ва зимомдории мамлакат ба дасти дигарон буд. Дар ин муддати тӯлонӣ душманони миллати мо кӯшишҳои зиёд намуданд, ки номи тоҷикро аз саҳифаи таърих берун афкананд. Вале миллати сарбаланди тоҷик тавонист, ки дар марҳалаҳои ҳассос ва озмойишҳои бешумори таърих асолати миллиашро ҳифз намояд, ном, забон, фарҳанг, дину ойин ва суннатҳои деринаашро нигоҳ дорад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ягон миллат бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни халқу миллатҳои ҳамҷавор бо сари танҳои худ миллати тавонову бофарҳанг шуда наметавонад. Вале ман бузургии миллатамро дар он мебинам, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо таҳаммули мардонавор паси сар намуда, тамаддуни халқиятҳои бегонаро бо дастовардҳои безаволи фарҳангиаш ҳазм намуд ва беҳтарин бозёфтҳои маънавии онҳоро аз бар кард.

Аҳди Сомониён, алалхусус, замони давлатдорони Исмоили Сомониро метавон яке аз қуллаҳои камолоти худшиносӣ ва асри шукӯҳу ҷалоли истиқлолияти миллати тоҷик номид. Фарзандони оқилу хирадпешаи миллат маҳз дар ҳамин айём бо асарҳои безаволи хеш сарчашмаи маънавие офариданд, ки асрҳо боз оби зулоли он насл ба насли инсониятро шодоб месозад. Аз ҳамин хотир, мо ҷашни бузурги 1100-солагии давлати Сомониёнро истиқбол гирифтем, то марҳалаҳои гузаштаву имрӯзаву ояндаро бо ҳам васл намоем.

Ин ҷашн барои мо на танҳо саҳифаҳои сипаригаштаи таърих, балки сарчашмаи шуҷоату мардонагӣ, таҷассуми симои давлатдории миллӣ, сабақу таҷрибаи ниёгон ва дар айни ҳол чун шуълае аз дуриҳо роҳи ояндаи миллатро равшан сохт. Рӯзгори саршор аз ватандӯстию ифтихори миллии Сомониён ба фарзандони огоҳу фарзонаи халқи тоҷик дар ҳифзи асолати миллию фарҳангӣ, пуштибонии миллат ва татбиқи ҳуқуқҳои таърихии тоҷикон, махсусан, таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон мисли қутбнамо хизмат намудааст. Муборизаҳои пайвастаи онон, ба хусус, корномаи таърихии устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров идомаи мантиқии муборизаи ватанпарастонаи фарзандони шойистаи Оли Сомон ба шумор меравад.

Эҳёи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи навин, бешак, бузургтарин ва муҳимтарин воқеа дар таърихи асри бистуми мо мебошад. Дар як қисмати қаламрави таърихии давлати Сомониён давлати мустақили тоҷикон қомат рост кард, ки воқеан вориси шойистаи Оли Сомон мебошад.

Мо дар як замони мушкилу сарнавиштсози миллат муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро дар дили пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе кушодем. Ин муҷассама, албатта, ба хотири парастиши зоҳирии ниёгон не, балки барои тақвияти ҳофизаи таърихӣ, бузургдошт ва эҳтироми роҳкушои миллати тоҷик — Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст. Зеро халқ то таърихи гузаштаи хешро дақиқ надонад ва аз шикасту рехти давлату давлатдории ниёгон хулосаи дуруст набарорад, дар бунёди давлату давлатдории оянда низ ба комёбиҳо ноил намегардад.

Мо ҳаргиз даъвои миллатгаройӣ, шовинизми бузургдавлатӣ надорем, ба арзишҳои миллӣ, мероси таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии бародарони ҳамзабон ва ҳамсояҳои дуру наздики худ аз рӯй тамаъ ё ғарази ноҷо баҳо намедиҳем.

Мо фақат мехоҳем, ки таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдориамонро хубтар омӯзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо раҳо ёфта, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем; дар зери парчами Тоҷикистон гирд омада, истиқлолияту якпорчагии Ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеш гирем ва давлати воқеан мутамаддин бунёд намоем.

Таърихи муштараку фарҳанги ҳамҷавор ва ҷуғрофияи сиёсии асрҳои гузашта набояд шарҳу тафсири яктарафа ёфта, ба раванди ҳаёти имрӯза, ташаккули истиқлолият ва давлатдории навин таъсири ногувор расонад.

Раванди нави таърих бар дӯши давлати мо вазифаҳои басо мураккаб, пурмасъулияту вазнин гузошт. Ин вазифаҳои тақдирсоз қабл аз ҳама хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан бозгардонидани фирориён, таъмини ваҳдату ягонагии ҳамаи сокинони Тоҷикистон, нигоҳ доштани якпорчагии мамлакат, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва даҳҳо мушкилоти ҳалталаб буданд, ки дар муддати кӯтоҳ ба ҳалли онҳо ноил шудем. Алалхусус сиёсати ваҳдати миллӣ ва сулҳу созиш, ки аз ҷониби халқ ва неруҳои солимфикру пешқадами ҷомеа дастгирӣ ёфт, иқдоми ҷиддие дар пешрафти мамлакат гардид.

Бо назардошти тамоюлоти инкишофи ҷомеаи башарӣ, манфиатҳои олии мардум ва Ватани азизи мо, ворисони Сомониён, вазифаи бузурги таърихӣ — бунёди ҷомеаи демократию дунявиро пеш гузоштаем, ки ба раъйдиҳии аксарияти мутлақи сокинони Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфт ва эътибори олии қонунӣ пайдо кард. Албатта, мо ҳанӯз дар оғози ин

ismoili_somoni_2

шоҳроҳи бузург қарор дорем ва бунёди ҷомеаи навин талошу фаъолияти мунтазами тамоми гурӯҳҳо ва табақаҳои мардумро тақозо дорад. Шарти муҳимтарини иҷрои ин вазифа расидан ба ризоияти миллӣ ва ваҳдати саросарии ҷомеа аст.

Бо дарки возеҳи ин зарурат ва сабақҳои таърихии давлати Сомониён мо бо азми комил дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қадам гузоштем, ки натиҷаи он имзои «Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор намудани ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 27-уми июни соли 1997 ва татбиқи бомуваффақияти он мебошад. Дар ин роҳ ба мо ақлу заковати ниёгони барӯманд ва рӯйдодҳои ибратомӯзи таърих, алалхусус, таҷрибаи давлатдории Исмоили Сомонӣ сабақ дод.

Самтҳои муҳими ин барнома тарғиби ғояи ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи муттаҳидсозандаи давлату кишвар, татбиқи сиёсати ҳамкории иҷтимоии табақаҳо ва гурӯҳҳои ҷомеа, таҳкими ҳамаҷонибаи равобити вилоятҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, боло бурдани нақши неруҳои зеҳнию фарҳангии кишвар ба шумор мераванд. Шарти муҳимтарини ноил шудан ба ҳадафҳои мазкур ташаккули низоми сиёсии демократӣ ва дунявӣ бо назардошти хусусиятҳои ҷомеаи навин, суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ахлоқиву фарҳангии халқи тоҷик ва сокинони дигари Тоҷикистон мебошад. Ин низом ҳуқуқ ва озодиҳои демократии шаҳрвандонро таъмин намуда, фаъолияти иҷтимоӣ ва сиёсии доираҳои васеи мардумро пуштибонӣ мекунад.

Бунёд ва таҳкими давлати соҳибистиқлолу демократии Тоҷикистон бидуни пешрафти иқтисоди тавонои миллӣ амалан номумкин аст. Мо ҷонибдорон низоми иқтисоди бозорӣ мебошем, вале бар онем, ки ин низом бояд моҳияти иҷтимоӣ дошта бошад. Дар марҳалаи душвори ташаккули рукнҳои асосии ин низом нақши танзимкунандаи давлат зарур аст.

Дар ин марҳала вазифаҳои асоситарини мо бозсозии куллии сохтори иқтисод, ислоҳоти амиқи соҳаи кишоварзӣ, рушди ҳамаҷонибаи инфраструктура, алалхусус энергетика, бунёди роҳҳои бузурги дохилию байнидавлатӣ, аз ҷумла Шоҳроҳи абрешим, татбиқи барномаи мушаххаси тараққии минтақаҳо ва ноҳияҳои ақибмонда, пешбурди равобити иқтисодии хориҷӣ бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад. Дар айни ҳол такя ба низоми дақиқи идоракунӣ ва технология, густариши ҳамаҷонибаи шабакаи таълиму иттилоот ва бозомӯзии кадрҳои иқтисодӣ аз ҳадафҳои навбатии мо ба шумор мераванд.

Самти ниҳоят муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон — сиёсати фаъол ва ҳадафманди иҷтимоӣ мебошад. Ҳадафи асосии ин сиёсат таъмини адолати иҷтимоӣ дар чорчӯбаи арзишҳои демократӣ, ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди ҳамаҷонибаву дастраси низоми маориф, соҳаи тандурустӣ, таъмини ҳуқуқи занон, ҳифзи оила ва пешбурди сиёсати оқилонаи демографӣ, танзими урфу одат ва расму ойинҳои анъанавӣ, ҳифзи муҳити зист ва табиати нотакрори мамлакат мебошанд.

Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи ҳувийяти миллӣ ва асолати фарҳангӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, мо дар густариши ҳамаҷонибаи забони адабии тоҷик, интишору тарғиби мероси фарҳангӣ, арзишҳои волои ахлоқию маънавӣ, пешбурди сиёсати ҳадафманди илмиву техникӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи аҳли илму адаб ва фарҳанг фаъолона талош хоҳем кард. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқҳои маънавӣ, манфиатҳои миллӣ ва асолати фарҳангии тоҷикони бурунмарзӣ масъулияти таърихӣ ва маънавӣ дорад.

Мо бар онем, ки марзҳо набояд садди роҳи робитаҳои фарҳангии халқҳо ва ҳамкориҳои судбахш гарданд.

Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон — ворисони таърих ва фарҳанги Сомониёни бузург мебошад.

Мо саъй хоҳем кард, ки ин умедгоҳ нуқтаи ҷазби меҳру муҳаббат ва орзуву ормонҳои тамоми тоҷикони Осиёи Марказӣ ва кулли ҷаҳон гардад. Мо, тоҷикон, ки аз қадимулайём дар қалби Осиё ва чорроҳаи олами мутамаддин мақом дорем, ҳамеша узви фаъол ва созандаи низоми тиҷоратии байналхалқӣ ва равобити байнидавлатӣ будаем.

Дар остонаи асри нав ва ҳазорсолаи сеюм Тоҷикистони озод ва соҳибистиқлол узви доимӣ ва таркибии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Кишвари мо узви Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфуз ва муътабари байналмилалӣ буда, бо 130 давлати дунё равобити сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ дорад. Самти муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкими равобити стратегӣ ва ҳамаҷонибаи иқтисодию фарҳангӣ бо Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои халқи тоҷик ва таъмини амнияту суботи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Тоҷикистон, ки дар роҳи эҷоди ҷомеаи демократӣ қадамҳои таърихӣ мебардорад, ба густариши равобит бо кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса, Британия, Италия, Япония ва кишварҳои дигари Шарқу Ғарб аҳамияти бузург медиҳад. Густариш ва таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Афғонистону Эрон, кишварҳои Араб аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.

Дар маҷмӯъ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати сулҳ, равобити ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстии халқҳо ва кишварҳо мебошад, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои олии Ватан, амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, мудохила накардан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои дигар, густариши ҳамкориҳо ва равобити барои тарафайн судманд бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, сарфи назар аз сохти давлатдорӣ ва роҳи пешгирифтаи онҳо, буда, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни деринаи тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ менамояд.

Ҳазору сад сол қабл аз ин миллати шарафманди тоҷик таҳти раҳбарии абармарди одил Исмоили Сомонӣ ба шоҳроҳи эҳёи ҳайратовари миллӣ ва фарҳангӣ ворид шуд ва ба дастовардҳои оламшумул ва бебаҳои таърихӣ ноил гардид. Баъди ҳазору сад соли ин гардиши таърихӣ мо, тоҷикон, боз дар рӯ ба рӯйи дарёфти мақом ва ҷойгоҳи шойиста дар низоми навини ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтем.

Аз баракати сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ мо имконият ёфтем, ки ба сохтмони силсилаи иншоотҳои барои пешрафти минбаъдаи мамлакат бағоят муҳим — роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди байналхалқии Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд тавассути туннели Анзоб, истихроҷ ва истифодаи кони газӣ Хоҷасартез, бунёди неругоҳи барқии Сангтӯда, неругоҳи барқии Помир ва даҳҳо объектҳои тақдирсоз даст зада, аксари онҳоро ба анҷом расонем. Аммо корҳои басомонрасида ҳанӯз як қисми нақшаҳои Ҳукумат дар бобати ободонии мамлакат аст. Дар баробари неругоҳи барқии Сангтӯда бузургтарин неругоҳи барқии олам — ГЭС-и Роғунро ба кор андохтан ва силсилаи неругоҳҳои барқи обии миёна ва хурдро ба анҷом расондан дар мадди назар аст. Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Мамлакати мо дар асри XXI ба яке аз бонуфузтарин кишварҳои содиркунандаи неруи барқ ва оби нӯшокӣ табдил хоҳад ёфт. Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 400 намуди захираи сарватҳои зеризаминӣ кашф шудааст, ки тамоми системаи даврии Менделеевро фаро гирифта, 70 навъи он ба манбаъҳои нодири табиӣ мансубанд. Баъзе намудҳои сарватҳои табиии кишвари мо, аз ҷумла намак, об, захираҳои энергетикӣ, металлҳои нодир ва ғайра барои садсолаҳо басандаанд. Дару дарвозаи кишвари мо барои кулли кишварҳои хориҷие, ки азму нияти хайри созандагӣ, таҷрибаи муфид, технология ва дастовардҳои нави истеҳсолӣ доранд, кушода аст.

Қонунҳои ҷумҳурии мо барои соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ имтиёзу сабукиҳои зиёдеро пешбинӣ кардаанд. Интиҳои асри XX ва оғози ҳазорсолаи сеюм бар дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои наву масъулияти басо бузург гузошт. Зеро асри навин асри фазои беинтиҳои дастовардҳои иттилоотӣ, низоми дақиқтарини идоракунӣ ва технологияи ҷадиди инкишофу таҳлил ва хулосабарориҳои амиқ хоҳад гардид.

Инкишофи тамаддун ва равнақи илму фарҳанги мо дар асри XXI ба неруи офарандаву созанда, ақлу заковати ҷӯлидаву навовар, корбасти дастовардҳои навини васоити иттилоотӣ ва кашфиёти тозатарини илм аз ҳарвақта бештар ниёз хоҳад дошт. Чунки ин аср барои мардуми Тоҷикистон асри дастовардҳои бузурги истиқлолу худшиносӣ, асри имтиҳону озмойишҳои мушкили созандагиву бунёдкорӣ, асри ба сафи кишварҳои мутамаддин ва пешрафтаи олам роҳ ёфтани ҷумҳурии демокративу дунявии мо, асри рушду камол ва эҳёи илму фарҳанг ва давлатдории навини тоҷикон хоҳад буд.

Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯйи замин, кишвари ганҷҳои нокушодаву табиати худодод ва макони кӯҳҳои сарбаланду чашмаҳои зулол аст. Дастаи кӯҳнавардони кишварҳои гуногун яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳонро дар қаторкӯҳҳои Помир фатҳ намуда, симои ҷовидонаи Исмоили Сомониро ба куллан кӯҳ насб карданд ва қуллаи осмонгири сарзамини тоҷикон номи ин абармарди миллатро гирифт. Боварии комил дорам, ки ҳайкали бошукӯҳ ва қуллаи осмонгири Исмоили Сомонӣ чун рамзҳои давлату давлатдории тоҷикон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ то абад азизу муборак хоҳад монд. Ва асри XXI барои кулли тоҷикони олам асри кору пайкори фикрӣ, асри созандагию бунёдкориҳо ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави ҳаёт хоҳад буд.

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.