III. Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир


Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳазорсолаи нав дар як шароити бисёр пурихтилофу пуртазод ворид гардид. Дар даҳсолаҳои охири асри гузашта ва оғози ҳазорсолаи нав мо шоҳиди дигаргуниву таҳаввулоти бунёдие шудем, ки онҳо ҳама дар маҷмӯъ оғозгари арзи вуҷуд кардани зуҳуроти фарогири ҷаҳонишавӣ гардиданд.

Қобили таъкид аст, ки ин раванд омили воқеан муҳими рушду таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму техника ва технологияи муосир, истеҳсолот ва истеъмолот гардида, ба наздикшавии кишварҳо ва халқҳои сайёра хеле мусоидат кард.

Вале дар баробари ин, раванди ҷаҳонишавӣ сабаби дар минтақаҳои гуногуни олам паҳн шудани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, радикализму сепаратизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар равияҳои барои инсоният хатарнок гардид. Ва ниҳоят, ин падидаи фарогир арсаи ба вуҷуд омадани бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ гардид, ки таъсири манфии он ба иқтисоди аксари мамолики ҷаҳон то ба имрӯз идома дорад. Гузашта аз ин, раванди ҷаҳонишавӣ арзишу асолатҳои миллии халқу миллатҳои гуногунро таҳти хатари нобудӣ қарор дода, зуҳуроти бархӯрди фарҳангу тамаддунҳоро ба миён овард. Ва ин зуҳурот дар давоми қариб се даҳсолаи охир аз ҷониби бисёр сиёсатмадорон ва олимону муҳаққиқони Шарқу Ғарб ҳамчун масъалаи меҳварии муносиботи байни кишварҳо арзёбӣ мегардад. Ҳамин аст, ки таҳлилгарону коршиносон аҳли башарро аз оқибатҳои хатарноки бархӯрди тамаддунҳо огоҳ сохта, муколама ва гуфтугӯйи тамаддунҳоро яке аз роҳҳои муассири муқовимат бо ин падидаи номатлуби даврони муосир мешуморанд.

Тоҷикон, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар кардаанд, дар ҳама давру замон аз таҳаммулгаройӣ ва маслиҳату муколама кор гирифта, борҳо собит сохтаанд, ки бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниву ақидаҳои мухталиф метавонад на танҳо сабабгори фасоди ахлоқ ва халалдор гардидани фарҳангу тамаддунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад. Дар даврони муосир низ мардуми Тоҷикистон бо такя ба афкор ва таҷрибаи таърихии ниёгони худ раванди гуфтугӯйи тамаддунҳоро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки мо борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувийят, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додаем. Фалсафаи хеле қадимаи муросою мадорои халқи тоҷик, ки дар зоти худ асли андешаи таҳаммулгаройӣ буда, дар мероси намояндагони маъруфи илму адаби миллати мо, аз ҷумла, дар осори шахсияти барҷастаи дини мубини ислом, бунёдгузори яке аз мазҳабҳои бузурги аҳли суннату ҷамоат Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам васеъ инъикос ёфтааст, имрӯз низ метавонад ба ҳайси намунаи равшани муколамаи фарҳангу тамаддунҳои гуногун хизмат намояд.

Ҳангоми эълони иқдоми худ доир ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам мо, аз як тараф, мақсад доштем, ки дар баробари арҷгузорӣ ба шахсияти ин абармард мардумро бо зиндагинома ва мероси ҷовидонаи пешвои мазҳаби худ бештару беҳтар ошно гардонем. Аз тарафи дигар, мо хостем, ки ба ин васила нақшу мақоми мероси имониву диниро дар муттаҳид сохтани халқҳо аз роҳи гуфтугӯйи тамаддунҳо нишон диҳем. Зеро дар замоне, ки инсоният ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва вусъати равобити байниҳамдигарӣ ниёзи бағоят шадид дорад, муроҷиат ба рӯзгор ва осори шахсиятҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ як амри зарурӣ ва пурманфиат аст. Дар айни замон мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳаргиз маъно ё ҳадафи боло гузоштани ягон мазҳабро надорад. Баръакс, дар баробари арҷгузорӣ ба хизмати таърихии ин фақеҳи шинохта кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба омӯзиши таълимоти пурарзиши ӯ, бахусус ҷанбаҳои таҳаммулу мадорои он ва истифодаи онҳо дар тақвияти якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагии олами ислом ва умуман аҳли башар дар шароити нобасомони муосир мебошад. Зеро мо аз таҷрибаи гузаштагон хуб медонем, ки халқу миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи мероси фарҳангии худ ва қадр кардани арзишҳои динию мазҳабӣ онҳоро тибқи ҳадафҳо ва ниёзҳои ҷомеа оқилона корбаст намудаанд, ба комёбиҳои бузургу нодир дастёб шудаанд.

Воқеан, дини мубини ислом, ки ҷавҳари таълимоти онро тавҳид ташкил медиҳад, аз каломи осмонии парвардигори олам, яъне Қуръони карим сарчашма гирифта, роҳнамойи зиндагии ҳар як мусулмон мебошад. Ниёгони мо зиёда аз сездаҳ аср муқаддам онро бо дилу ҷон пазируфтаанд ва дар паҳлуи Пайғамбари Худо — ҳазрати Муҳаммад (с) қарор гирифтани Салмони Форс гувоҳи равшани ин гуфтаҳост. Ба ибораи дигар, дини мубини ислом дар тӯли асрҳои зиёд бо фарҳанги куҳанбунёди мо омезиш ёфта, ба як рукни таркибии он табдил ёфтааст. Имрӯз дар кишвари мо ба шарофати истиқлолият арзишҳои ахлоқии имониву динӣ мақому манзалати хосса пайдо кардаанд. Мо ин арзишҳоро чун мазҳари ваҳйи Илоҳӣ ва улуми Раббонӣ сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида, василаи муассири тарбияи наслҳо ва чароғи раҳнамойи худогоҳиву худшиносии мардум мешуморем. Ин аст, ки мо дар баробари ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ масъулияти худро дар самти нигоҳдории покиву асолати арзишҳои динӣ ва дар айни замон пешгирӣ кардани ҳар гуна зуҳуроти ифротгаройии динӣ эҳсос мекунем. Ин роҳро мо аз мактаби гузаштагони некному бузургамон, аз ҷумла, пири мазҳабамон — Имоми Аъзам омӯхтаем.

Абӯҳанифа дар таърихи фарҳанги исломӣ бештар ба унвони як фақеҳи соҳибраъй шинохта шуда, ба ин васила номи ӯ дар қатори дигар имомони мазҳаби суннату ҷамоат, аз ҷумла, Имом Молик, Имом Шофеӣ ва Имом ибни Ҳанбал ҳамчун яке аз бузургтарин фақеҳони аҳли суннат эътироф гардидааст. Вале илова бар ин, бояд гуфт, ки таълимоти Абӯҳанифа ба ҳайси мактабе шинохта шудааст, ки ҳам аз низоми эътиқодӣ ва ҳам аз назму тартиби фиқҳӣ бархӯрдор аст.

Яъне мактаби фиқҳи Имоми Аъзам бо такя ба Қуръони маҷид аз суннат, орои саҳоба, иҷмоъ ва қиёсу истеҳсон, инчунин урф иборат буда, ҳаллу фасли қариб тамоми масоили рӯзгори мусулмононро дар бар мегирад. Хизмати бузурги Имоми Аъзам, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ӯ дини мубини исломро на ҳамчун воситаи тафриқаву муқобилгузорӣ, балки чун омили муҳимтарини муттаҳидсозии мардум, ки аз моҳияти рисолати ҷаҳонии каломи худовандӣ бармеояд, пуштибонӣ мекард. Ӯ тавонист чунин як мазҳаби аҳли суннату ҷамоатро созмон диҳад, ки дар чаҳорчӯбаи арзишҳои шаръии он роҳҳои муассири рафъи мухолифату низоъҳо ва роҳандозии гуфтугӯйи тамаддунҳо вуҷуд доранд. Зиёда аз ин, дар он таҷрибаи таърихӣ, ҷаҳонбинии мазҳабӣ, афкори фалсафӣ ва андешаи миллии чандин халқу миллатҳои мусулмон таҷассум ёфтааст. Ҳамин синтез ё омезиши афкору ақоиди динӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ буд, ки ҳанафия ҳамчун яке аз равияҳои бонуфузи аҳли суннату ҷамоат эътироф гашта, аз замони зуҳури худ то имрӯз аз Кӯфа то Африқо, Осиёи Марказиву Чин, Русияву Аврупо паҳн шудааст. Мазҳаби ҳанафӣ маҳз бо вусъати масоили дарбаргирифтааш ва созгории худ ба эҳтиёҷу ниёзи рӯзмарраи мардуми мусулмон дар олами ислом маҳбубият касб карда, имрӯз дар бисёр кишварҳои исломӣ ҳамчун мазҳаби расмӣ шинохта шудааст. Ва маҳз ба шарофати арзишҳои бунёдии мазҳаби ҳанафӣ ҳувийяти миллии бисёр қавму халқҳо, аз ҷумла, тоҷикон дар тӯли 1300 соли охир ҳифз гардидааст.

Қобили ёдоварии махсус аст, ки ҷавҳари таълимот ва андешаҳои Абӯҳанифа бо арзишҳои волои умумибашарӣ, яъне инсондӯстӣ, баробарӣ ва дифоъ аз мақому манзалати инсон ҳамоҳанг буда, ба осудагии моддиву рушди маънавии мусулмонон ва ҷомеаи башарӣ мусоидат менамояд. Абӯҳанифа дар ҷараёни фаъолияти иҷтимоии худ ин мавқеъро дастгирӣ намуда, дар ҳама маврид аз муқаррароти шариати исломӣ ҳимоят мекард. Тавре аз зиндагиномааш бармеояд, Имоми Аъзам баъди бозгашт аз Басра ба Кӯфа бештар ба такмили фиқҳ машғул шуда, барои осон гардонидани ҳалли масоили зиндагии мардум низоми фиқҳиеро асос гузошт, ки аллакай дар замони зиндагиаш нисбат ба назариёти фиқҳии дигар имомони мазҳаби суннату ҷамоат мафҳумтар, маҳбубтар ва муассиртар гашта буд. Кору фаъолияти Абӯҳанифа дар бахши сиёсати замонааш ба ҷорӣ кардан ва таҳким бахшидани волоияти муқаррароти шаръи шариф равона шуда буд.

Ҳамчунин дар назар бояд дошт, ки замони зиндагии Имоми Аъзам дар таърихи тамаддуни ислом яке аз давраҳои хеле пурмоҷарову ноором ва пур аз муборизаҳои тезу тунд ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра маслаки миллатгаройӣ ва тундравии доираҳои ҳукмрон вусъат пайдо карда, боиси авҷ гирифтани таҳқиру озори мусулмонони қаламравҳои дигар гардид ва ба воқеият доштани масъалаи баробариву бародарии мусулмонон шубҳа ба миён омад. Абӯҳанифа дар ин давраи хеле ҳассоси таърихӣ, ки пайравони ислом ба фирқаву маслакҳои динии бо ҳам мухолиф тақсим шуда буданд, тавонист як неҳзати фарогири шуури исломиро ба вуҷуд орад, ки он бо номи «мазҳаби ҳанафӣ» дар атрофи худ аксари мусулмононро муттаҳид сохта, ғояҳои баробарӣ, бародарӣ, таҳаммулгаройӣ, адолати иҷтимоӣ ва аз миён бурдани тафриқаи нажодиро пуштибонӣ ва таблиғ менамуд.

Ба ибораи дигар, мазҳаби ҳанафӣ тавонист ҷаҳони исломро аз гирдоби шадиди мухолифат берун оварда, намояндагони равияҳои ифротиву тундравро бо ҳусни тадбиру таҳаммул, муросову мадоро ва далелҳои қавии ақливу мантиқӣ муттаҳид созад. Чунон ки таъкид гардид, фаъолияти сиёсии Абӯҳанифа бештар ба татбиқи муқаррароти шариат дар зиндагии ҷомеа марбут мебошад. Масалан, ӯ пешниҳод менамояд, ки халифа дар маҷлиси хирадмандон ба таври озоду шаффоф аз қабилаи Қурайш интихоб гардад ва соҳибилму адолатпеша бошад. Ягон шахси золиму ситамкор ҳақ надорад, ки мансаберо ишғол намояд ва дар сурати золим будани халифа халқ ҳуқуқ дорад аз итоати ӯ сарпечӣ намояд.

Дар мавриди аҳамияти қазои одил ва мақоми қозӣ Имоми Аъзам бар он ақида буд, ки шахсе метавонад сазовори мансаби қозӣ бошад, ки қудрати таҳмил намудани адолати шаръӣ ё ба ибораи имрӯза, қонунро бар халифа, ҳукуматдорон, сарлашкарон ва дигар ашхоси воломақом дошта бошад. Ин афкори муҷтаҳиди бузург ифодагари баробарии ҳама дар назди шариати ислом, инчунин таъкиди масъалаи мустақил будани низоми додгоҳ мебошад. Замоне ки халифаи аббосӣ Мансур ба Абӯҳанифа мансаби қозиро пешниҳод менамояд, Абӯҳанифа мегӯяд: «Атрофиёни шумо ба касоне зарурат доранд, ки онҳоро ба хотири шумо мавриди эҳтиром қарор диҳанд. Ман аз уҳдаи ин кор намебароям ва ҳаргиз бар хилофи шариат ва адлу инсоф ҳукм нахоҳам кард». Аз ин гуфтори ҷасурона бармеояд, ки Абӯҳанифа усули шариату адли Илоҳиро афзал дониста, дастуру супориши халифаро дар мақоми дувум мегузорад. Ӯ тартиби татбиқи қавонини шаръиро барои ҳама афроди мусулмон, аз ҷумла, халифа ягона шуморида, бо ин амалаш баробарии муъминонро тарғиб кардааст. Имом Абӯҳанифа ба ин васила дар нобасомонтарин авзои сиёсии хилофат дар баробари аркони муҳими шаръиёту фарзиёти исломӣ, аз қабили Каломуллоҳи шариф ва аҳодиси набавӣ ҳамчунин усулҳои урфу қиёс ва истеҳсону иҷмоъро ҷавҳари фиқҳи худ қарор дода, дар байни мусулмонон заминаи раванди таҳаммулгаройӣ ва эътидолро гузошт.

Имоми Аъзам вобаста ба падидаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии замонааш ақидаҳои равшан, саҳеҳ ва ҳадафрас баён намуда, ислоҳоти ҷомеаро омили муҳими пешрафти иҷтимоӣ медонад. Дар ин росто вусъати афкори ӯ то ба ҳадде буд, ки ҳамчун асос барои бунёди фарҳанги нави сиёсӣ дар марҳалаи аввали густариши дини ислом хизмат менамуд. Андешаҳои ин абармард имрӯз ҳам рӯзмарра буда, мардумро ба тақвову покизагӣ, ободиву рифоҳи мулк, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва озодиву истиқлол раҳнамойӣ месозанд.

Ба хотири таъмини мустақилияти мавқеи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динии афроди мусулмон Абӯҳанифа назариёти озодии иқтисодӣ ва худкифоиро низ тарғибу ташвиқ менамуд. Зеро озодии сиёсиву иҷтимоӣ бевосита бо вазъи иқтисодии ҳар як шахс вобаста мебошад. Имоми Аъзам дар асоси Қуръони шариф ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) молро аркони аслии ислоҳи ҳаёт, сабаби пешрафти халқу кишвар ва ниҳоят омили хушбахтии афрод, ҷомеа ва ҳатто силоҳи муъмин меҳисобад.

Бузургон фармудаанд, ки талафи беҳуда ва исрофи мол эҳтиёҷмандиро ба вуҷуд оварда, инсони муҳтоҷро барои даст задан ба ҳар гуна амали ношойиста водор месозад. Камбизоатӣ ва эҳтиёҷмандӣ дар баробари бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат дар ҳар давру замон сарчашмаи хушунату ифротгаройӣ ва дигар бадбахтиҳои инсоният маҳсуб мешавад.

Ризқи ҳалол низ яке аз шартҳои асосии таълимоти исломӣ буда, мусулмони комил бояд таъмини зиндагиву рӯзгори худро аз моли ҳалол анҷом диҳад. Имоми Аъзам анҷом додани аъмоли хайру садақотро танҳо аз моли ҳалоли шахсӣ ҷоиз медонад. Дар зери мафҳумҳои «моли ҳалол» ва «ризқи ҳалол» фалсафаи заҳмат кашидан, ҳунар омӯхтан ва ҳифзи оӣини покиза нуҳуфтааст, ки ҳадафи ниҳоии он тоза нигоҳ доштани ҷомеа аз исрофкорӣ, фасоду ришва ва дигар амалҳои номатлуб мебошад.

Имоми Аъзам, бо вуҷуди он, ки ба қуллаи баланди илм расида буд, то охири умр монанди Расули Акрам (с) аз роҳи тиҷорату бозаргонӣ зиндагӣ ба сар мебурд. Ӯ ҳадисҳои набавиро дар хусуси он, ки «беҳтарини касбҳо тиҷорат аст» ва «беҳтарин сарват он аст, ки бо заҳмату ранҷи ҳалол ба даст меояд», дастури амали худ қарор дода, дар баробари пешбурди корҳои тиҷорат ба омӯхтани илм низ ҷиддан машғул мешуд.

Имоми Аъзам ба хотири баровардани ҳоҷати ниёзмандон, сарпарастии хонаводаҳои бесаробон ва расонидани кӯмаки молӣ ба толибилмон намунаи дигарон будааст. Яке аз шогирдонаш Абӯюсуф мегӯяд, ки устодаш то бист сол кафолати молиявии ӯ ва аҳли аёлашро ба уҳда доштааст ва тамоми хайру саховати ӯ мутобиқи фармудаҳои Каломуллоҳ ва аз тиҷорати ҳалол сурат мегирифтааст. Ба ҳамин далел Имоми Аъзам замонатдори моли зиёди мардум буда, хонааш бо номи «маҷлису-л-барака» шуҳрат доштааст. Ин мисолҳо аз таълимоти Имоми Аъзам ва тарзу тариқи зиндагии ӯ дар замони муосир, ки ахлоқи инсоният то андозае коҳиш ёфтааст, метавонанд намунаи ибрат ва пайравӣ бошанд.

Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки назариёти бунёдии Абӯҳанифа дар хусуси озодиҳои фардӣ, умури мухталифи иҷтимоӣ ва низоми эътиқодӣ метавонанд дар замони мо низ барои ҳамзистии халқҳои гуногун ва равобити фарҳангу тамаддунҳои олам ҳамчун заминаи мусоид истифода шаванд.

Имоми Аъзам таъкид мекард, ки арзишҳои исломӣ ба қавм ё миллати алоҳида тааллуқ надоранд, балки доираи фарогирӣ ё мансубияти онҳо пурвусъат аст.

Мо аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки дар давраи аввали густариши дини ислом қавму миллатҳои дорои ойину суннатҳои гуногун дар доираи хилофат ҷомеаеро таъсис дода буданд, ки дар он дар баробари мутобиқати ғоявӣ мухолифати назариёти мазҳабӣ низ мавҷуд буд. Дар чунин шароит Имоми Аъзам ба хотири бартараф кардани низоъҳои гурӯҳӣ, ихтилофоти назарӣ, таҳкими аҳкоми шаръӣ, истифодаи баробари низоми фиқҳӣ, ба таври содаву осон ҳал кардани мушкилоти муъминон ва бахусус, муттаҳид сохтани ҷомеаи исломӣ асосҳои мазҳаберо гузошт, ки ҳам аз назари низоми эътиқодӣ ва ҳам аз дидгоҳи татбиқи аҳкоми шаръӣ дар олами ислом пазируфта шуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар асоси барномаҳои мушаххасе, ки дар онҳо ҳам арзишҳои миллӣ ва ҳам дастовардҳои илмиву техникӣ ва технологии замонаи нав инъикос ёфтаанд, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин карда истодааст. Мо саъю кӯшиш дорем, ки як давлати муосиру мутамаддин бунёд намоем ва хоҳони онем, ки мардуми мо дар тамоми соҳаҳои илму ҳунар ва технология пешрафта ва дар айни замон аз расму ойинҳо ва арзишҳои волои миллию динии худ огоҳ бошанд. Ин дар навбати худ яке аз роҳҳои беҳтарини истодагарии мардуми тоҷик дар муқобили ҳама гуна тундравию ифротгаройиҳо мебошад, ки ин бахши муҳиме аз таълимоти Имоми Аъзам аст. Аз ин нуқтаи назар, мо нисбат ба сарнавишти мусулмонони ҷаҳон ва проблемаву мушкилоти онҳо дар асри XXI бетараф буда наметавонем. Вале боиси ташвиш аст, ки дар баъзе кишварҳо мусулмонон воқеияти ҷаҳони имрӯзаро ба таври кофӣ дарк накарда, ҳанӯз ҳам пойбанди хурофот мондаанд. Қисме аз онҳо дар асоси баҳсҳои лафзӣ ва масоили зоҳирӣ дар муқобили якдигар қарор гирифта, ба зуҳури ҳар гуна ҷунбишҳои ифротгаройӣ дар олами ислом, ҷангу куштори мусулмонон ва дар натиҷа бадгӯйии душманон аз ислом ва арзишҳои он роҳ мекушоянд. Қисми дигар намехоҳанд воқеияти ҷаҳони муосир, пешрафти илму техника ва технологияи муосирро дарк намуда, ҳамқадами замон бошанд ва сатҳу сифати зиндагии хешро баланд бардоранд.

Ба андешаи мо, имрӯз замоне фаро расидааст, ки кишварҳои исломӣ бо такя ба аслҳои неку созандаи муруввату муросо ва таҳкими муносибатҳои ҳасанаву дастҷамъона роҳҳои даст кашидан аз ин маҳдудиятҳо ва рафъи амалҳои ифротгароиро пайдо намоянд, то оромиву суботро дар ҷомеа таъмин намуда, имкониятҳои мусоиди милливу исломӣ ва дастовардҳои илму техникаи муосирро барои зиндагии шойиста ва пешрафти мардуми мусулмон пурсамар истифода баранд. Чунин ба назар мерасад, ки барои ҳаллу фасли ин матолиб, пеш аз ҳама рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷабҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангии байни кишварҳо зарур аст. Аз ин рӯ, истифодаи таълимоти Имоми Аъзам барои бо ҳам наздик сохтани Ғарби аз нигоҳи технология пешрафта ва Шарқи дорои манбаъҳои ғании маънавӣ ва табиӣ василаи ниҳоят муассир мебошад.

Равшан аст, ки ҳадафи стратегии ҳар як кишвару давлат таъмини зиндагии шойистаи мардум аст ва табиист, ки татбиқи он мушкиливу монеаҳои зиёд дорад.

Вале мо — мусулмонон барои амалӣ гардонидани ин мақсад имконияту шароити мусоид дорем. Зеро кишварҳои мо дорои захираҳои азими табиӣ — об, замини кишт, маводи сӯхт, маъдан, ҳамчунин неруи ақлониву корӣ, арзишҳои суннативу фарҳангӣ ва таҷрибаи таърихии ҳамкорӣ мебошанд. Пас, мо қодирем ба ин ҳадафи бузурги худ дастёб шавем. Албатта, таъмини ин ҳадаф танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки кишварҳои исломӣ бо пайравии амалӣ ва саҳеҳ аз дастури қуръонии «муъмин бародари муъмин» ваҳдати воқеӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монанд. Барои ин ҳамчунин зарур аст, ки пешрафти ҷаҳони ислом, бахусус, рушди иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ ва илмии он дар сиёсати давлатии ҳар кишвари мусулмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошта бошад. Дар ин роҳ вусъат бахшидан ба фаъолияти сармоягузории кишварҳои қудратманди исломӣ дар дигар мамлакатҳои мусулмонии рӯ ба инкишоф низ мақоми хосса дорад. Агар мо бо изҳори иродаи сиёсӣ ва эҳсоси бародарию баробарӣ аз имкониятҳои якдигар истифода намоем, он гоҳ метавонем дар муддати нисбатан кӯтоҳ рушди устувори иқтисодии кишварҳои худро таъмин ва сатҳи зиндагии халқҳоямонро ба таври назаррас беҳтар намоем, то ин ки бародари муъмин соҳиби зиндагии шойиста гардад ва қудрату эътибори ҷаҳони ислом низ афзун шавад.

Аз ҷониби олимону муҳаққиқони дини мубини ислом то имрӯз дар самти тафсиру тарғиб ва интишори манбаъҳои нақдии дини ислом корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Вале таҳлилу арзёбӣ ва ҳаллу фасли муаммову масоили назариявии динӣ, муноқишаҳои мазҳабӣ ва ҳуқуқие, ки бештар хусусияти иҷтимоиву сиёсӣ доранд ва дар паси пардаи онҳо матолиби гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ ва ҷунбишу низоъҳо ниҳон аст, ҳанӯз ба таври зарурӣ сурат нагирифтааст.

Аз ин лиҳоз, дар давраи кунунӣ низ бояд уламои дин ва фақеҳону исломшиносон масоили ҳалталаби умури динӣ ва ҷунбишҳои гуногунро, ки осудагӣ ва ҳаёти умматро халалдор месозанд, бо назардошти хусусиятҳои замони муосир мавриди таҳлили амиқ қарор диҳанд. Ҳамон фиқҳе, ки Абӯҳанифа ва пайравонаш ба қавле 60 ҳазор ва ба қавли дигар 83 ҳазор масъалаи онро дар замони хулафои уммавию аббосӣ матраҳ намуда, дар

заминаи он ягонагии ҷомеаи исломиро таъмин карда буданд, уламои динро водор мекунад, ки ба ин кор ҷиддан камари ҳиммат баста, бо истифода аз манбаъҳои асосии дини ислом падидаю зуҳуроти навро дар чаҳорчӯбаи шариат таҳлил ва таҳқиқ намоянд. Ин масъала дар назари аввал ҳарчанд сода менамояд, дар асл бисёр мураккабу ҳассос мебошад, зеро аз ҳалли он зиндагии осудаи беш аз як миллиард мусулмонони ҷаҳон вобастагӣ дорад.

Дар адабиёти динӣ таъкид шудааст, ки баъди Имоми Аъзам фақеҳони мазҳаби ҳанафия танҳо ба шарҳу баён ва таъбиру тафсири гуфтаҳои ӯ пардохтаанд ва фақеҳе набуд, ки ба дараҷаи ӯ расида бошад.

Албатта, ин ақида аз нобиғаи бузурги илми фиқҳ будани Абӯҳанифа шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, ба муҳаққиқони ислом зарур аст, ки дастҷамъона ва бо истифода аз говҳои созандаи таълимоти динӣ ва маърифати исломӣ ҷанбаҳои назарӣ ва амалии ҳаёти ҷомеаи исломиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ҳар гуна зуҳуроти номатлубу ифротӣ дар умури динӣ аввал бояд аз ҷониби муҳаққиқони дин мавриди нақду арзёбӣ қарор гирад. Ин кор, дар марҳалаи аввал, иштироки фаъоли тамоми фақеҳону исломшиносонро дар миқёси минтақавӣ тақозо дорад. Сипас аз ин доира фаротар рафта, марказҳо ва мактабҳои динии олами ислом бояд ба меҳвари ҳалли ин масоил кашида шаванд.

Марказҳои асосии омӯзиши фиқҳи исломиро зарур аст, ки бо ҳам робитаву ҳамкориро қавитар гардонида, беҳтарин неруҳои зеҳнии ҷомеаи мусулмониро ба таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни маорифи исломӣ ҷалб намоянд, то ин ки барои пешгирӣ аз зуҳуроти фирқаву ҷараёнҳои номатлуб дар таълимоти аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан дар бахшҳои иҷтимоиёт ва сиёсат заминаи воқеӣ ба вуҷуд оварда шавад. Зеро ҳар вақте ки дар фазои умури динӣ холигоҳе эҷод шавад, онро фирқаву ҷараёнҳои ифротгаро ишғол хоҳанд кард.

Хизмати бузурги Имоми Аъзам барои уммати мусулмон ва башарият аз он иборат аст, ки ӯ зимни фаъолияти беш аз нимасраи худ тавонист ҷомеаи исломиро дар асоси манбаъҳои нақдиву шаръӣ аз ҷангу ҷидол ва таҷзияи минбаъда ба гурӯҳҳои ба ҳам муқобил эмин дорад, халқу миллатҳои гуногуни мусулмонро зери парчами ислом муттаҳид созад, уммати исломро аз бархӯрдҳои хастакунанда ва фалокатбор наҷот диҳад. Аз ин нуқтаи назар, таълимоти ба хотири суботи ҷомеа бунёдкардаи ӯ аз газанди давру замонҳои номусоид эмин ва побарҷо монда, дар ҳаёти аксари мусулмонони ҷаҳон нақши бузурги худро гузоштааст. Ҳамаи масоиле, ки Имоми Аъзам дар умури динӣ, фарҳангӣ, фиқҳӣ ва ахлоқӣ баррасӣ кардааст, аз имтиҳони таърих гузашта, имрӯз ба арзишҳои асосии маорифи динӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтаанд ва дар таърихи афкори исломӣ ҷойгоҳи босазое доранд. Аз ин рӯ, андешаву таълимоти Абӯҳанифа дар маорифи динӣ метавонад барои инкишофи минбаъдаи усулу ақоиди динӣ дорои аҳамияти зерин бошад: аввалан, он ҳамчун маъхази муҳими илмӣ хизмат мекунад; дуюм, барои арзёбии шаръию фиқҳии падидаҳои тозаи маърифати исломӣ ва рӯйдоду ҳодисаҳои номатлубу нохушоянд санад ва сарчашмаи муҳим мебошад; сеюм, усули таҳқиқ ва таълимоти Имоми Аъзам метавонад ҳамчун намунаи барҷастаи амали муҳаққиқону фақеҳони муосир бошад; чорум, дар раванди гуфтугӯй тамаддунҳо омили муҳими расидан ба ризоият ва ваҳдату ягонагӣ бошад; ва панҷум хусусияти таҳаммулгаройӣ он метавонад муносибати ҳасанаи дини исломро бо дигар адёни ҷаҳонӣ таъмин намояд.

Ақидаҳои Абӯҳанифа имрӯз ҳам башариятро ба муросову гузашт, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва худдорӣ кардан аз зӯроварӣ ҳидоят месозанд. Имрӯз мо ҳаёту осори ибратбахши Имоми Аъзамро таҳқиқ ва арзёбӣ намуда, бори дигар ба хулосае мерасем, ки таълимоти ӯ бо гузашти замон арзиши худро гум накарда, балки имрӯз ҳам ҷавобгӯйи аксари масъалаҳои зиндагии ҳамарӯзаи мардум мебошад. Зеро дар мазҳабу мактаби динӣ ва фалсафию ирфонии Имоми Аъзам рисолати созандагӣ ва осойишу рушди ҷомеа нуҳуфтааст. Абӯюсуф дар хусуси устоди худ беҳуда нагуфтааст, ки «Худованди таоло ва таборак Абӯҳанифаро бо фиқҳ, илм, бахшиш ва ахлоқи қуръонӣ зинат додааст». Гузашта аз ин, бузургии ақлу дониш, иродаи матин, эътиқоди қавӣ ва садоқати фитрии Имоми Аъзам имрӯз барои мо тимсоли барҷастаи симои маънавию мазҳабии халқи тоҷик аст, ки дар мушкилтарин давраи таърихи ислом тавонист бузургӣ ва моҳияти дини исломро дарк намуда, дар пойдорӣ ва пуштибонии фарҳанги миллӣ ва забони модарӣ матонату ҷасорати беназир нишон диҳад. Дар шароити имрӯза, ки баъзе нуқоти олами исломро мавҷи хушунату муноқиша, фузунхоҳиву тундгаройӣ фаро гирифтааст, донистану риоя кардани таълимоти Абӯҳанифа барои пайравони ин мазҳаб, бахусус ҷавонон, бештар эҳсос мешавад.

Имоми Аъзамро воқеан метавон поягузори бартарафсозии низои миёни уммати ислом ва аҳли башар номид. Зеро ӯ мазҳаби фиқҳиеро бунёд гузошт, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чаҳорчӯбаи шаръӣ ва ойину суннатҳои неки фарҳанги умумиисломӣ осон гардонид.

Ба даргоҳи Худои мутаол, рӯҳи муҷаллои Муҳаммади Мустафо, ҷамеи анбиёву авлиё, хусусан ба рӯҳи пурфутуҳи Имоми Аъзам — сӯфии кӯфӣ, олимону соҳибназарон ва ҳамаи гузаштагони ҳамин манзилу макон дуо мегӯем, ки аҳли башарро дар амну осудагӣ нигоҳ доранд ва мардуми шарифи мамлакати мо низ дар қатори онҳо соҳиби рӯзгори обод бошанд ва барои пешрафту ободии ҷаҳон саъю талош намоянд. Ҳамчунин орзумандем, ки Худованди оламиён банӣ-башарро ҳамеша дар паноҳи исмати худ нигоҳ дорад.

Бозгашт ба мундариҷа

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.