Фасли чорум
Осиёи Миёна дар давраи тараққиёт
ва устуворшавии сохти феодалӣ
Боби чорум
Халқи тоҷик дар давлати чингизиён
1. Истилои муғул.
Хоҷагии Осиёи Миёна дар замони ҳукмронии муғулҳо
Ҳуҷуми ӯрдуи Чингизхон ба Осиёи Миёна
Давлати хоразмшоҳӣ дар солҳои бистуми асри ХIII боз ҳам бештар сабзида, ғайр аз Хоразм ва Мовароуннаҳр Афғонистони кунунӣ ва қисмати бузурги Эронро низ дар бар мегирифт. Вале ҷанбаи марказият ёфтани ин давлат хеле суст буд. Иддае аз ҳокимони маҳаллӣ фақат зоҳиран тобеияти худро нисбат ба Хоразмшоҳиён эътироф намуда, дар амал вилоятҳои зеридасти худро қариб мустақилона идора мекарданд.
Ҳокимияти Муҳаммади Хоразмшоҳ устувор набуд: давлати ӯро на фақат оммаи заҳматкаш ва халқҳои мутеъ, ки ҳам аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ ва ҳам аз тарафи Хоразмшоҳ ба ҷабру зулм дучор буданд, пуштибонӣ намекарданд, балки ҳатто ашрофи феодалони ҳарбӣ ва рӯҳониёни бонуфуз низ нисбат ба он ошкоро равияи душманона доштанд. Илова бар ин, дар дохили хонаводаи Муҳаммади Хоразмшоҳ низову нифоқ сар шуда, вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуд: модари Муҳаммади Хоразмшоҳ — Турконхотун, ки зани ғаюр ва омире буд, низ бо ӯ мухолифат меварзид. Вай як гурӯҳ сарлашкарони дарбории қипчоқро, ки дорои қувваи бузурги ҳарбӣ буданд, ба муқобили ӯ барангехт.
Давлати Хоразмшоҳӣ дар чунин вазъияти душвори мухолифатҳои дохилӣ ба ҳуҷуми ӯрдуҳои Чингизхон дучор гардид.
Машғулияти асосии бодиянишинони муғул чорводорӣ буд. Онҳо ғайр аз парвариши ҳайвонот ба шикор низ машғул мешуданд. Дар байни онҳо ва қабилаҳои ирқан наздики ҳамсоя доду гирифти молӣ давом менамуд.
Бар тибқи шаҳодати муаррих Ҷувайнӣ, қӯшуни муғул ба даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор тақсим шуда, хеле боинтизом ва чусту чолок буданд. Ҳамаи қабилаҳои муғул муваззаф буданд, ки ҳама вақт ба амалиёти ҷангӣ омода бошанд.
Дар аввалҳои асри ХIII дар сохти ҷамъиятии муғулҳо ҷанинҳои муносибати феодалӣ пайдо мешаванд. К.Маркс ин протсессро чунин тавсиф намудааст:
«Дар Ёсо (маҷмӯи қонунҳои муғулҳои қадим. – Б.Ғ.) дар бораи табақаи баландмақом, тарханҳо зикр шудааст, ки онҳо аз ҳар навъ андоз озод карда шуда буданд, ғанимати худро бояд бо дигарон тақсим намекарданд, ба назди хони кабир ҳамеша бемалол даромада метавонистанд, аз ҷазо то нӯҳ маротиба озод карда мешуданд. (Ин навъи ҳуқуқҳои феодалӣ дар байни ҳамаи халқҳои ниммаданӣ дар натиҷаи тарзи зиндагии ҷанговаронаи онҳо ба миён меояд).
Лашкаркашиҳои азими истилокоронаи Чингизхон иқтидори ҳукмфармоии феодали бодиянишинро на фақат бар халқҳои мутеъ, балки бар ҳамқабилаҳои он низ меафзуд. Хони бузург ва ашрофи феодалӣ ба дараҷаи афсонавӣ сарватманд мешуданд.
Аммо аратҳо – оммаи заҳматкаши муғул охируламр ба ҳолати қашшоқӣ ва хонахаробӣ афтода, беш аз пеш мутеъ ва дастнигари табақаи ҳукмрон мегардиданд.
Дастаҳои ҷангии муғул бо сардории «Ҷуҷӣ» ном писари калони Чингизхон «халқҳои ҷангалнишини» соҳили дарёи Енисейро ба худ тобеъ намуданд. Халқи уйғур бо ихтиёри худ ҳукмронии Чингизхонро қабул кард. «Ҳубилой» ном сарлашкари Чингизхон қисми шимолии Ҳафтрӯдро ишғол намуд. Худи Чингизхон ба Чини шимолӣ лашкар кашида, шаҳри Чжунду (Пекин)-ро, ки дар он замон пойтахти давлати Тсзин буд, забт кард.
Пас аз ин, дар солҳои 1218-1219 қӯшуни муғул бо роҳбарии «Ҷебе» ном лашкаркаши Чингизхон, тақрибан бидуни муқовимат, сарзамини Қарахитоиҳо – Ҳафтрӯд ва Туркистони шарқиро тасарруф намуд ва ба ҳудуди давлати Хоразмшоҳиён наздик шуд. Дар бобати тадриҷан шиддат ёфта, ба худ ранги душманӣ гирифтани муносибати ин ду давлат – давлати Чингизхон ва давлати хоразмшоҳӣ роли тоҷирони Осиёи Миёна кам набуд. Бисёр тоҷирони сарватманд, ки бозургонии Муғулистон ва Осиёи Миёнаро дар дасти худ нигоҳ медоштанд, ҳанӯз пеш аз ҳамсарҳад гардидани ин ду давлат бо ҳамроҳии уйғурҳо дар умури ташкилот ва сохти идораи дохилии Муғулистон аз мушовирони асосии Чингизхон ҳисоб мешуданд. Чингизхон дар бораи вазъияти дохилии давлати хоразмшоҳӣ муттасилан ба воситаи ин тоҷирон маълумот ба даст меовард.
Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки дар он вақт назар ба Чингизхон бештар қувват дошт, равияи ҷангталабонаеро пеш гирифт. Дар соли 1218 ҷанговарони Хоразм бо иҷозати ӯ дар қалъаи сарҳадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, як корвони аз тарафи Чингизхон фиристодашударо, ба гумони ин ки мақсади ҷосусӣ дорад, тороҷ намуданд. Бори корвон аз 500 шутури тилло, нуқра, маснуоти абрешими чинӣ, пӯстҳои қиматбаҳо ва амсоли ин иборат буд ва 450 нафар тоҷир, аъёну ашроф ва ашхоси мӯътамади хони муғул маъмури овардани онҳо буданд. Гумоштагони Хоразмшоҳ ҳамаи ин одамонро ба қатл расонида, тамоми молҳоро фурӯхта, пули онро ба маркази давлати хоразмшоҳӣ фиристоданд.
Чингизхон аз воқеаи Утрор (ба истилоҳ «Фалокати Утрор») хабардор шуда, аз Хоразмшоҳ талаб кард, ки мусаббиби ин фоҷиа, яъне ҳокими Утрорро ба ӯ супорад ва товони хасоратҳои воридшударо бидиҳад. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти давлати хоразмшоҳӣ омада буд, бо амри Муҳаммади Хоразмшоҳ ба қатл расид ва ҳамроҳони ӯ бо ришу мӯйлаби бурида пас гардонида шуданд (аз рӯи баъзе маълумот онҳоро низ қатл карданд). Ин рафтори ҷангталабонаи Муҳаммад ҳуҷуми Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.
Чингизхон ба масъалаи лашкар кашидан ба Осиёи Миёна аҳамияти калоне дода, ба ин кор бо тамоми ҷиддият тайёрӣ медид. Вай ҳанӯз то оғози амалиёти ҷангӣ ба воситаи тоҷирони Осиёи Миёна дар бораи дараҷаи омодагӣ ва нафароти қувваҳои ҳарбии душман маълумот ба даст овард. Аз ин ҷост, ки ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна, чи навъе ки як қатор муаррихони буржуазӣ тасвир мекунанд, ҳаракати бетартиб ва худсаронаи бодиянишинони муғул набуда, балки ҳуҷуме буд, ки бар асоси мулоҳизаҳои амиқ ва нақшаҳои муайян қарор дошт. Тоҷирони маҳаллӣ вазифаи роҳбалади ӯрдуҳои чингизиро адо намуданд.
Чунон ки дар боло қайд гардид, Хоразм дар аснои ҳамлаи чингизиён омодаи мудофиа набуд. Муҳаммади Хоразмшоҳ бо вуҷуди иқтидори зоҳирии худ ба андозаи зиёде вобаста ба ашрофи ҳарбии феодалӣ буд. Вай ба сардорони ҳарбии худ ва ба аҳолии маҳаллӣ он қадар ҳам бовар надошт. Ба ҳамин ҷиҳат аз тарс қӯшуни худро ба як ҷо ҷамъ накарда, онро ба гурӯҳҳои хурд тақсим намуд ва дар маҳалҳои гуногун гузошт. Ин парокандагии қувваҳои ҳарбии давлати хоразмшоҳӣ барои ғалабаи лашкари муғул бештар заминаи мусоид ҳозир намуд. Ғайр аз ин, Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳангоми тадорукоти ҷангӣ дар зарфи як сол аз аҳолӣ се мартаба молиёт гирифта, ба ин васила эътироз ва норизогии халқро ба вуҷуд овард.
Дар моҳи сентябри соли 1219 Чингизхон ба Утрор расида, қувваҳои ҳарбии худро ба се қисмат тақсим кард: як қисмати қӯшуни худро ба писаронаш — Ӯқтой (Угедей) ва Чағатой супорид, ки Утрорро муҳосира кунанд; қисмати дигари онро бо роҳбарии Ҷуҷӣ барои забт намудани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир ба тарафи шаҳри Ҷанд равона кард.
Худи ӯ бо ҳамроҳии писараш Тулуй қувваҳои асосиро гирифта, ба тарафи Бухоро ҳаракат намуд.
Аскарони муғул бо ҳамлаи қатъӣ шаҳри Утрорро ишғол карданд, лекин қалъаи Утрор муддати як моҳ (бар тибқи баъзе ҳуҷҷатҳо – 6 моҳ) муқовимат намуд. Муғулҳо пас аз тасхири шаҳри Утрор ҳамаи мудофиакунандагони шаҳру қалъаро ба қатл расониданд.
Он қисмати лашкари муғул, ки бо сардории Ҷуҷӣ барои забт кардани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир рафта буд, аввалин мартаба Сиғноқро ғасб намуда, аҳолии онро тамоман аз дами теғ гузаронид. Сипас, муғулҳо дар муддати кӯтоҳе шаҳрҳои поёноби дарёи Сирро ишғол карда, онҳоро низ ғорат ва хароб намуданд. Дигар дастаи қӯшуни муғул, ки дар имтидоди дарёи Сир ҳаракат мекард, дар резишгоҳи Ангрен шаҳри Бинокатро забт намуда, тамоми аскарони мудофеи ин шаҳрро кушт.
Дар соли 1220 Чингизхон бо қувваҳои асосии лашкари худ ба Бухоро ҳамла овард. Вале ӯ дар ин маврид ба муқобилати шадиди муҳофизаткунандагони шаҳр дучор гардид. Ҳарчанд қувваи аскароне, ки шаҳри Бухороро мудофиа мекарданд, назар ба лашкари муғул хеле кам буд, ба вуҷуди ин, онҳо устуворона муқовимат менамуданд. Лекин ин муқобилат бисёр давом накард. Дар рӯзи севуми ҷанг мудофиакунандагони шаҳри Бухоро, ки робитаи онҳо аз ҳама тараф бурида шуда буд, ночор аз муқовимат даст кашиданд. Аксарияти онҳо сафи қувваҳои муҳосиракунандаи душманро рахна карда, аз дарёи Аму гузаштанд. Аммо, бо ин ҳама, муқобилат комилан барҳам нахӯрд. Чандсад нафар аз ватанпарастони далер, ки тарк кардани шаҳри худро намехостанд, ба даруни қалъа паноҳ бурда, то дами марг бар зидди истилогарон мубориза намуданд. Фақат вақте ки хандақи атрофи қалъа аз ҷасади одамон ва мурдаи аспҳо пур шуд, тасарруфи қалъа ба муғулҳо муяссар гардид. Ғосибони муғул пас аз забт кардани Бухоро ҳазорон сокинони бегуноҳи шаҳрро куштанд ва боқимондагонро ҳамчун ғулом ва каниз ба асорат бурданд.
Пас аз ин лашкари Чингизхон ба тарафи Самарқанд раҳсипор гардид. Муҳаммади Хоразмшоҳ барои мудофиаи Самарқанд аҳамияти махсусе дода, дар ин ҷо қувваи бузурге ҷамъ оварда буд. Истеҳкомоти шаҳр аз нав таъмир карда шуд. Гарнизони калони қӯшун фароҳам гардид, ки, ба қавли Рашидаддин, 110 ҳазор ва, аз рӯи маълумоти дигар манбаъҳо, 50-60 ҳазор нафар сарбоз дошт. Тамоми мамлакат чашми умед ба сӯи Самарқанд дӯхта буд. Ба ақидаи шоҳидони давр, ин шаҳр метавонист ба муҳосираи чандинсола тоб оварад. Рӯзи севуми муҳосира мудофиакунандагони шаҳр аз қароргоҳи худ баромада, ба душман ҳамлавар шуданд. Дар ин ҳуҷуми ногаҳонӣ дастаи сершумори аскар иштирок намуд. Онҳо як миқдор аскарони муғулро нобуд карданд. Вале худ ба иҳотаи душман афтода, ба зарбаи сахт дучор шуданд, аксари онҳо дар майдони набард ҳалок гардид. Ин ҳуҷуми бебарор ба рӯҳияи мудофиакунандагон таъсири ногуворе расонд. Аъёну ашроф ва рӯҳониёни риёкор аз ин ҳолат истифода карда, қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то дар роҳи таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Субҳдам онҳо хоинона дарвозаи шаҳрро ба рӯи муғулҳо кушоданд. Қӯшуни чингизӣ ба шаҳр зада даромада, ба қатли ом ва ғоратгарӣ шурӯъ намуд. Фақат хиёнаткорон ва онҳое, ки ба паноҳи муғулҳо омада буданд, ҷон ба саломат бурданд. Аммо мудофиакунандагони қалъа ҳамоно сари таслим фуруд наоварда, ба душман муқобилати сахт нишон медоданд. Бо вуҷуди ин ҳама шуҷоат ва мардонагӣ онҳо низ дар муқобили қӯшуни чун мӯру малахи истилогарон дурудароз истодагӣ карда натавонистанд. Пас аз афтодани истеҳкомоти қалъаи Самарқанд ҳазорон диловарон ба масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муғулҳо бо роҳе масҷидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин наҳаросида, дар ҷойи худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд.
Бештар аз нисфи аҳолии Самарқанд талаф шуд. 30 ҳазор нафар косибону ҳунармандон ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз ҳамон қадар аз заҳматкашони шаҳр ба хидмати қӯшуни муғул бахшида шуданд.
Шаҳри Самарқанд ба харобазор табдил ёфта, аз одам холӣ гардид. Ҳатто пас аз якуним сол ҳам, қисме аз аҳолии он ба ҷойҳои худ баргаштанд, нуфуси шаҳр фақат чоряки сокинони пештараи онро ташкил менамуд.
Ҳангоми муҳосираи Самарқанд Муҳаммади Хоразмшоҳ ба анҷоми муҳорибаҳои соҳили дарёи Аму нигарон буд. Вақте ки қӯшуни муғул шаҳрро ишғол намуд, ӯ ба ҳудуди Эрон – ба Табаристон фирор карда, дар яке аз ҷазираҳои ҷануби баҳри Хазар паноҳ бурд ва дигар барои ташкили муборизаи зидди истилои муғул чорае наандешид.
Мудофиаи қаҳрамононаи Хуҷанд. Темурмалик
Он қисмати лашкари муғул, ки барои забт кардани Хуҷанд фиристода шуда буд, агарчи муддати зиёде ин шаҳри қадими тоҷиконро ба муҳосира гирифт, вале дар ишғоли он муваффақияте ба даст оварда натавонист. Аз ин ҷиҳат пас аз мағлубияти Бухоро ва Самарқанд як гурӯҳи калони аскарони муғул ба ёрии муҳосиракунандагони Хуҷанд омаданд ва, ба ин тариқа, дар атрофи шаҳр даҳҳо ҳазор нафар аскарони чингизӣ ҷамъ шуданд.
Ба мудофиакунандагони шаҳр марди ҷасури ҷангӣ Темурмалик роҳбарӣ менамуд. Мудофиакунандагони шаҳр фақат он вақт ба тарк намудани Хуҷанд маҷбур гардиданд, ки дигар ба душман муқобилат кардан мумкин набуд. Онҳо ба ҷазирае, ки дар дарёи Сир воқеъ гардида буд (зоҳиран, як километр пойинтар аз шаҳр) рафта истеҳком гирифтанд ва аз он ҷо муборизаи худро бар зидди истилогарон давом доданд.
Ин ҷазира барои мудофиа хеле муносиб буд. Вай дар ҷое воқеъ гардида буд, ки тирҳои душман аз соҳил рафта намерасид. Ҳатто ба манҷаниқ ҳам имкони ҳуҷум кардан набуд. Вақте ки муғулҳо ба муқобили ин сангари мудофиакунандагони Хуҷанд чорае наёфтанд, ба ин фикр омаданд, ки бар рӯйи оби дарёи Сир садде сохта ва ба ин васила худро ба ҷазира расонанд. Онҳо барои ин мақсад хеле асирони ҳарбиро водор намуданд, ки аз кӯҳ санг кашонида сад бисозанд. Аскарони Темурмалик барои бетаъсир кардани тири душман рӯи киштиҳои худро бо намад пӯшида, бо гил андова намуданд. Онҳо шабона ва субҳдам бо чунин киштиҳо ба соҳил наздик шуда, ба лашкари истилогарон ҳамла меоварданд ва садди ононро вайрон карда, пас мегаштанд.
Қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Онҳо бо вуҷуди хеле кам будани қувваи худ муборизаро ба муқобили қӯшуни пуршумори душман қатъ накарданд. Лекин вақте ки захираи хӯрокворӣ ба охир расид, Темурмалик маҷбур гардид ҷазираро тарк карда, аскарони зиндамондаи худро халос кунад. Ин буд, ки ӯ сарбозонашро ба киштиҳо савор карда, шабонгоҳ ба кӯмаки рӯшноии машъалҳо бо маҷрои дарё ҳаракат намуд. Истилокорони муғул ҳамчун каргасҳои гурусна аз паси киштиҳои Темурмалик метохтанд ва онҳоро ба зери борони тир мегирифтанд. Қаҳрамонони Хуҷанд ҳамлаҳои душманро рафъ намуда, роҳи пурхатари худро мепаймуданд. Бар тибқи ривояте, дастаи аскарони муғул аз онҳо пеш гузашта, аз ин лаб ба он лаби дарё занҷир кашиданд. Аммо Темурмалик ва сарбозони ӯ ин занҷирро пора намуда, барои убури киштиҳои худ роҳ кушоданд.
Темурмалик дар наздикии шаҳри Ҷанд бо қувваи бузурги ғосибони муғул, ки аз ду тараф соҳили дарёро иҳота карда буданд, дучор гардид. Муғулҳо киштиҳои манҷаниқдорро ба якдигар васл карда, пули мутаҳаррике ба вуҷуд оварданд ва, ба ин тариқа, роҳи киштиҳоро бастанд. Ба диловарони Хуҷанд лозим омад, ки аз киштӣ пиёда шуда, бо душман охирин дафъа ба ҷанг дароянд. Дар ин ҷанги ду қувваи нобаробар тақрибан ҳамаи сарбозони Темурмалик ҳалок гардиданд. Фақат худи Темурмалик муваффақ шуд, ки бо як дастаи хурде аз марг раҳоӣ ёфта, худро ба Хоразм бирасонад. Дар он ҷо бақияи қӯшуни торуморшудаи Хоразмшоҳ ҷамъ омада буд.
Темурмалик дар Хоразм тамоми мардони ҷангиро муттаҳид намуда, дубора бар зидди истилогарони муғул амалиёти ҳарбиро оғоз кард. Вай ба душман якчанд зарбаи сахт ворид оварда, ҳатто муваффақ гардид шаҳри Ёникент-ро, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои поёноби дарёи Сир буд, забт намояд. Лекин аз он ҷо, ки дар байни Темурмалик ва дигар сарлашкарони Хоразмшоҳ ваҳдат ва муносибати хуб мавҷуд набуд, ӯ ин муваффақиятҳои ҳарбии худро вусъат дода натавониста маҷбур шуд ба Хоразм баргардад.
Писари Муҳаммади Хоразмшоҳ — султон Ҷалолиддин ҳам ба муқобили қӯшуни Чингизхон муқовимати ҷиддӣ намуда, бо ҳамроҳии Темурмалик ба истилогарони муғул чандин зарбаи шадид расонид. Вале саранҷом худи ӯ низ дар муҳорибаи наздикии дарёи Ҳинд дучори шикаст гардида, аз саҳнаи мубориза берун рафт.
Ташкили мудофиаи шаҳрҳо ҳангоми ҳуҷуми Чингизиён хеле бад буд. Фақат оммаи халқ шаҳру деҳаҳои худро фидокорона мудофиа мекарданд, дар ҳоле ки аъёну ашроф, амалдорон ва табақаи олии рӯҳониёни ислом барои ҳифзи ҳаёт, молу мулк ва ҷоҳу ҷалоли худ бо душман созиш менамуданд. Ин буд, ки Чингизхон бо қувваи камтар аз қувваи лашкари Хоразмшоҳ ба ғалабаҳои пай дар пай ноил мегардид.
Футуҳоти минбаъдаи Чингизхон дар Осиёи Миёна
Футуҳоти минбаъдаи Чингизхон дар Осиёи Миёна
Истилогарони муғул аҳолии зиндамондаи Бухоро, Самарқанд ва Хуҷандро ба азобу уқубатҳои даҳшатангезе гирифтор намуда, пас аз андак таваққуф ба тарафи дашти Қаршӣ ва Тирмиз ҳаракат карданд. Онҳо шаҳри Тирмизро ба харобазор табдил дода, сокинони онро ба қатл расониданд. Пас аз ин хунрезиҳо Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба хоки Афғонистони шимолии ҳозира дохил гардид ва дар соли 1221 Балхро забт карда, онро низ тамоман хароб намуд.
Дар ҳамин вақт писарони ӯ — Чағатой, Ӯқтой ва Ҷуҷӣ бо сад ҳазор нафар лашкари муғул пойтахти давлати хоразмшоҳӣ — шаҳри Гургонҷ (Урганҷ)-ро муҳосира намуданд. Мудофиакунандагони Гургонҷ муддати шаш моҳ бо муғулҳо мардонавор ҷангиданд. Муҳорибаи Гурганҷ ба дараҷае шадид буд, ки ғосибони муғул пас аз ворид шудан ба шаҳр низ ҳар як маҳалла ва кӯчаро бо қурбонӣ ва талафоти бузурге ба даст дароварданд. Онҳо пас аз забт кардани шаҳр ғайр аз пешаварон, кӯдакон ва занон, яъне онҳое, ки ба ғулом ва каниз табдил намуданд, дигар ҳамаро сар буриданд. Илова бар ин, ғосибон аз он ҳама талафоте, ки дар ҷанги Гурганҷ доданд, хеле ба хашму ғазаб омада, тасмим гирифтанд шаҳрро тамоман ба хок яксон кунанд, то аз он асаре боқӣ намонад. Ба ин мақсад онҳо садди соҳили дарёи Амуро вайрон намуда, шаҳри Гурганҷро ғарқи об карданд.
Дар аввалҳои соли оянда писари Чингизхон — Тулуй Хуросонро забт намуда, махсусан яке аз қадимтарин марказҳои маданияти Осиёи Миёна — шаҳри Марвро хароб кард. Аз аҳолии Марв фақат чандсад нафар пешаварони ғуломгардида зинда монда, дигар ҳама кушта шуданд.
Аз навоҳии тоҷикнишин танҳо Бадахшон ва баъзе вилоятҳои кӯҳистонии Тоҷикистони шарқӣ, инчунин чанде аз маҳалҳои Ғур, ки бо қалъаҳои мустаҳкам муҳофизат шуда буданд, ба дасти муғулҳо надаромаданд.
Аз муаррихони араб Ибн ал-Асир (1160-1244), ки шоҳиди манзараи мудҳиши истилои муғулҳо ва ваҳшонияти онҳост, рафтори ғайриинсонии ғосибони чингизиро чунин тасвир мекунад: «Онҳо (ӯрдуҳои Чингиз. – Б.Ғ.) ба касе раҳм намекарданд, баръакс, занон, мардон ва кӯдаконро мекуштанд, шиками занони ҳомиларо пора карда, кӯдакони ҳанӯз таваллуд нашударо сар мезаданд… Шарораҳои ин бало ба ҳар тараф парида, офати он насиби умум гардид ва ҳамчун абри сиёҳе, ки вайро боди сахт меронад, аз вилояте ба вилояте сайр намуд. Халқе аз канори мамлакати Чин баромада, ба вилояти Туркистон, ба Қошғар ва Баласоғун ҳамла овард ва аз он ҷо ба навоҳии Мовароуннаҳр, ба Самарқанд, Бухоро ва ҷоҳои дигар тохт, ишғол кард, хароб намуд, ба қатл расонид ва ба яғмо бурд. Шаҳре набуд, ки аз дасти тоторҳо саломат монда бошад, онҳо ҳама ҷоро вайрон мекарданд, аз наздикии ҳар чизе ки мегузаштанд, тороҷ менамуданд, ҳар як чизе ки ба назарашон ғайриқобили истеъмол менамуд, месӯзониданд. Масалан, онҳо молҳои абрешимӣ ва дигар хел колоҳоро тӯда-тӯда тӯъмаи оташ мекарданд».
Истилои муғул ба сари халқҳои Осиёи Миёна мусибатҳои беҳадду ҳаср овард. Дар натиҷаи талаву тороҷ ва сӯхторҳо шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба харобазор табдил ёфтанд, аҳолии заҳматкаши онҳо қатли ом гардиданд. Корҳои зироат низ хеле паст рафт.
Маркс дар баёни зулми муғулҳо чунин таъкид карда буд, ки ин тааддӣ «ба рӯҳи халқе, ки қурбони он гардидааст, на фақат фишор меовард, балки вайро таҳқир менамуд ва мехушконид». Ба қавли Маркс, истилогарони муғул «одамонро ба ҳайвон, замини зироат ва деҳоти пурнуфусро ба чарогоҳ табдил медоданд».
Дар айни замон муборизаи қаҳрамононаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди тааррузи Чингизиён, ки бо муқовимати бар ӯрдуҳои муғул нишондодаи халқи кабири рус мусодиф шуда буд, аҳамияти бузурги таърихӣ дошт. Ин мубориза ҳамлаи муғулҳоро камқувват карда, роҳи минбаъд ба ғарб паҳн шудани онро масдуд намуд.
Вақтҳои охир баъзе муаррихони Республикаи Халқии Хитой ҳамчун ситоишгари ҷангҳои истилокоронаи Чингизхон ва ворисони ӯ баромад карда, ба амалиёти хунхоронаи онҳо бо ҳар васила мадҳу сано мехонанд. Онҳо ба тохтутозҳои истилогарони муғул дар кишварҳои бегона аҳамияти прогрессивиро нисбат дода, мавқеи ононро баланд бардоштанӣ мешаванд. Масалан, Хан Жу-лин дар бораи Чингизхон мақолае навишта («Лиши янь цзю», 1962, №3, с.1-10), бо ҳамон таърихшиносоне, ки «қатлу куштор ва харобиҳои дар ҷанг баамаловардаи муғулҳоро махсус таъкид намуда, аммо ба роли прогрессивии дар таърих бозидаи Чингизхон мутаваҷҷеҳ намешаванд», муноқиша мекунад. Ӯ роли прогрессивии Чингизхонро фақат дар юриш ва ҷангҳои истилокорона мебинад: «Чингизхон марзҳоро аз сари роҳи равобити Шарқу Ғарб нест кард, истеҳкому қалъаҳоеро, ки ба алоқаҳои иқтисодӣ ва маданӣ мамониат мекарданд, ба хок яксон намуд, дар натиҷа робитаҳои мутақобили Шарқ ва Ғарб ба равнақ даромад». Ба ақидаи Хан Жу-лин, Хитойро истило кардани муғулҳо ва ба Осиёи Миёна ҳамла овардани онҳо аҳамияти мусбат дорад, зеро «муғулҳо дар Хитой гӯё ваҳдату ягонагии давлати императориро барқарор намуда, дар Ғарб бошад, монеаҳоеро, ки ҳукмронони давлатҳои мухталиф дар роҳи мубодилаи иқтисодию мадании Хитой ва ин давлатҳо ба вуҷуд меоварданд, аз миён бардошт».
Моҳи декабри соли 1962 доир ба мақоми Чингизхон дар таърих мақолаи Ян-Чжи-тсзю чоп шуд («Лиши цзяосюэ», 1962, №12, с.6-11), ки дар он баробари эътироф намудани роли мусбати Чингизхон дар ташкили иттиҳоди тоифаҳои муғул ба ӯ роли муттаҳидкунандаи Хитой низ нисбат дода шудааст. Ян Чжи-тсзю менависад: «Агар аз нуқтаи назари давраҳои дуру дарози таърих нигарем, он гоҳ бардавом ва муҳимтар будани роли муттаҳидкунанда, амри муваққатӣ ва дараҷаи дувум будани харобӣ аён мегардад. Иттиҳод бо арзиши харобӣ ба даст меомад».
Асли мақсади муаррихони Хитой аз баланд бардоштани мавқеи Чингизхон дар «таърихи инсоният» ин аст, ки даъвоҳои роҳбарони ҳозираи Хитойро ба заминҳои Республикаи Халқии Муғулистон, республикаҳои Осиёи Миёнаи Иттифоқи Советӣ ва дигар сарзаминҳои як вақтҳо таҳти тасарруфи истилогарони муғул қароргирифта «илман» асоснок кунанд. Дар айни замон, ин инъикоси сиёсати азаматталабонаи роҳбарони маочии Партияи Коммунистии Хитой мебошад.
Ҳаёти хоҷагӣ пас аз истилои муғул
Ҳаёти хоҷагӣ пас аз истилои муғул
Чингизхон давлати бузурги императории ташкилкардаашро дар байни писарони худ тақсим намуд.
Писари калони ӯ — Ҷуҷӣ ҳанӯз дар соли 1207 ба идора кардани «халқҳои ҷангалнишин» ӯҳдадор гардида буд, ки ин халқҳо дар масоҳати васеъ аз поёноби дарёи Саланга то соҳили Иртиш зиндагӣ мекарданд. Дар соли вафоти Чингизхон (1227) қисми шимолии Ҳафтруд, тамоми хоки онвақтаи қазоқҳо ва қирғизҳо, инчунин қисмати шимолии Хоразм низ ба ҳиссаи мулки Ҷуҷӣ дохил шуд. Мулки писари дигари Чингизхон – Чағатой аз мамлакати уйғурҳо то Самарқанд ва аз қисмати ҷанубии Олтой то соҳилҳои дарёи Аму вусъат дошт. Ӯрду – қувваи асосии хони бузург Ӯқтойхон дар Тарбоғатой воқеъ гардида буд. Писари хурди Чингизхон Тулӯй, аз рӯи таомули бодиянишинон, ба заминҳои асосии падараш соҳиб шуд.
Агарчанде Мовароуннаҳр ба мулки Чағатой дохил мешуд, вале амалан ин мамлакатро бевосита худи хони бузург Ӯқтой (1229-1241) дар тасарруф медошт ва фақат як қисми оидоти онро ба Чағатой ва хонаводаи ӯ медод.
Истилокорони муғул кишварҳои забткардаашонро бо қувваи худ идора карда наметавонистанд. Ин буд, ки Ӯқтой вазифаи идора кардани Мовароуннаҳрро ба бузургтарин тоҷир ва рибохӯри ин мамлакат — Маҳмуди Ялавоч супорид. Маҳмуд дар Хуҷанд истода, қаламрави худро идора мекард. Тамоми қувваи ҳарбии дар Мовароуннаҳр гузоштаи муғулҳо низ дар ихтиёри ӯ буд. Сардорони ин қувваи ҳарбӣ баскакҳо, ки назорати аз аҳолӣ ҷамъ кардани молиёт ҳам вазифаи онҳо ҳисоб мешуд, бевосита ба Маҳмуди Ялавоч итоат намуда, бо нишондоди ӯ амал мекарданд.
Истилои муғул сохти ҷамъиятии Осиёи Миёнаро тағйир надод, вале ба авзои табақаҳои мухталифи мамлакат ба таври гуногун таъсир расонд.
Рӯҳониён, тоҷирон ва заминдорони калон ба зудӣ ба такягоҳи ғосибони муғул табдил ёфтанд. Чи навъе ки муаррихи асрҳои ХIII-ХIV Рашидаддин мегӯяд, дар вақти Чингизхон ва ворисони ӯ Ӯқтойхон ва Гуюкхон (1246-1248) хонҳо ва шоҳзодагони муғул ба тоҷирон ва заминдорони калон ярлиқҳои махсус («пайтези») медоданд, ки дар асоси он аҳолӣ мебоист ҳар вазифа ва хидмате, ки онҳо фармоянд, иҷро мекард. Вазъияти оммаи заҳматкаш, чи дар шаҳрҳо ва чи дар маҳалҳои рустоӣ рӯз аз рӯз бадтар мегардид.
Барзгарон ва пешаварон ғайр аз хироҷ, ки ҳар сол аз заминҳои кишт ба давлат медоданд, боз ба адо намудани вазифаҳои зиёде маҷбур буданд. Маъмурон, тоҷирон, намояндагони табақаи рӯҳонӣ ва аъзои хонаводаи хонӣ, вақте ки аз ягон маҳал мегузаштанд, ярликҳои махсусро иишон дода, аз аҳолӣ маскан, озуқа ва нақлия талаб мекарданд ва аҳолӣ маҷбур буд, ки ҳамаи ин талаботро ба ҷо орад. Илова бар ин, масъулияти бо хӯрок ва пӯшок таъмин намудани дастаҳои ҳарбии дар шаҳру деҳот гузошташуда низ ба зиммаи аҳолӣ буд. Пешаварон дар феҳрасти махсус буданд ва ғайр аз вазифаҳои номбаршуда ба таҳия намудани як миқдори муайяни маҳсулот ҳам ӯҳдадорӣ доштанд. Онҳо мебоист дар мӯҳлати муқаррарӣ миқдори муайяни маснуоти худро барои ҳокимони муғул ҳозир мекарданд. Махсусан, аҳволи пешаварони аслиҳасоз, пойафзолдӯз ва бофанда хеле бад буд.
Истилои муғул ба ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна зарбаи сахт расонид. Сӯистеъмолкунии ҳукмронони маҳаллӣ, ки худсарона андоз ва молиётро назар ба дараҷаи муқарраршуда якчанд мартаба бештар меситониданд, аҳволи халқро ба куллӣ тоқатнопазир мекард. Зулму истибдод ва ҷабру бедод аҳолии зиндамондаи шаҳру қишлоқро аз ҳар гуна майлу иштиёқи пеш бурдани хоҷагӣ маҳрум сохт. Ин буд, ки вазъияти хоҷагии мамлакат дар даҳсолаҳои аввали истилои муғул боз ҳам харобтар гардид.
Дар ин бобат махсусан вазъи ҳаёти шаҳр ва тиҷорати дохилии пулӣ мисоли равшан шуда метавонад. Бар тибқи шаҳодати Чан-чун, ки аз қатлу ғорати муғулҳо дере нагузашта ба Самарқанд сафар кардааст, дар шаҳр қариб чор-яки аҳолии маҳаллӣ боқӣ монда, ҳама ҷоро гадову гурусна зер карда буд, бо вуҷуди ин тиҷорат давом мекард ва бозор моли фаровон дошт. Баъдтар аҳвол на ин ки рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, балки бадтар гардид. Дар сиккаҳои онвақтаи Самарқанд аломатҳои афзудани бӯҳрони тиҷорати пулӣ, шакли бӯҳрон ва кӯшишҳои дар роҳи пешгирӣ кардани ин бӯҳрон бахарҷдодаи ҳукумат возеҳу равшан нақш ёфтааст.
Дар Самарқанди пас аз истилои муғул (мисли пештара, чунон ки дар асри ХII ва ибтидои асри ХIII) сиккаҳои калони мисӣ зарб зада, аз рӯяш оби нуқра медавониданд. Ин дирамҳои мисии нуқраандуд дар муомилот пулҳои нуқраи асилро иваз карданд. Осиёи Миёна «бӯҳрони пули нуқра»-ро ҳоло ҳам аз сар мегузаронд. Ин аввалин пулҳои пас аз истилои муғул баровардашуда, ки навиштаҳои арабии аксаран динӣ доштанд, дар муомила дер давом накарданд. Дар соли 1225 ба ҷои онҳо пулҳои қадре ғайриоддӣ ба муомила гузошта шуданд, ки навиштаҳояшон на ин ки ба забони арабӣ, балки ба забони маҳаллии тоҷикӣ буд. Акнун зарурате ба миён омад, ки мардум пулро на фақат аз шакли зоҳириаш, ҳамчунин аз мазмунаш ҳам бишиносанд. Ин навиштаҳо бо забони фаҳмои самарқандиҳо мардумро бовар кунонданӣ мешуданд, ки ин пули маҳаллист, барои Самарқанд ва давоири он бароварда шудаст ва дар ҳамин ҷо роиҷ аст. Вале мардуми Самарқанд бовар накарданд. Он гоҳ пас аз як сол дирамҳои нави мисии нуқраандуд бароварда шуд, ки дар онҳо низ суханони «боваркунонанда», вале акнун бо оҳанги таҳдидомез, сабт гардида буд: бо ин мақсад дар навиштаҳои рӯи пул се мартаба бо исрор таъкид мешуд, ки ин тангаҳои худи Чингизхон аст. Аммо самарқандиҳо аз ин натарсиданд. Ба ин сабаб дар соли 1232 дирамҳое пайдо шуданд, ки дар рӯи онҳо ба забони тоҷикӣ суханони ошкоро таҳдидкунанда сабт ёфта буд: «Ҳар касе, ки дар Самарқанд ва ноҳияи ин шаҳр ин пулро нагирад, ҷинояткор аст».
Аз ин чунин бармеояд, ки дар он вақтҳо Самарқанд сахттарин бӯҳрони муомилоти пулиро аз сар мегузаронид: касе намехост моли худро ба пули мисии нуқраандуд фурӯшад, лекин пули дигар мавҷуд набуд.
Аз хоҳишу таҳдид чизе ҳосил нашуд. Ҳукумат маҷбур гардид, ки дар Самарқанд пули нуқраи асил барорад. Вале ин иқдом вазъиятро фақат бадтар кард: тангаҳои нуқра, ҳамин ки ба дасти касе афтад, дигар берун намебаромад ва дере нагузашта захираи ин пул ба итмом расид. Дар чунин шароит бозгаштан ба дирамҳои мисии нуқраандуд умуман аз ақл берун буд. Инак, Самарқанди як замон бузургтарин маркази бозаргонию ҳунармандии Осиёи Миёна ба «давраи бепулӣ» қадам гузошт: тиҷорати пулӣ тамоман қатъ гардид.
Вазъияти тиҷорат дар дигар вилоятҳои калоне, ки як вақтҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле нашъунамо доштанд, боз ҳам бадтар буд. Чунончи, дар Фарғона, Шош, Тирмиз, Чағониён ва бисёр шаҳру вилоятҳо пас аз истилои муғул умуман пул бароварда нашуд. Агар дар ин маҳалҳо ягон қадар тиҷорати дохилӣ вуҷуд дошта бошад, тадриҷан ба дараҷаи содатарин доду гирифти молӣ таназзул намуд.
Шӯриши Маҳмуди Торобӣ
Шӯриши Маҳмуди Торобӣ
Аз солҳои 30-юми асри ХIII дар байни аҳолии воҳаҳои зироатӣ ва пешаварони шаҳр ҷунбиши зидди золимони аҷнабӣ ва маҳаллӣ шурӯъ гардид. Ин ҷунбиш махсусан дар Бухоро пурқувват шуд ва дар соли 1238 шӯрише дар ин ҷо ба амал омад, ки бо номи «шӯриши Маҳмуди Торобӣ» машҳур аст.
Бухороро асосан намояндагони аъён ва ашрофи феодалии маҳаллӣ (амирон ва садрҳо), ки дар зулм кардан ба халқ аз хонҳои муғул ақиб намемонданд, идора мекарданд. Бинобар ин, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки аввалин душмани бархӯрдаи шӯришиён ҳукмронони маҳаллии Бухоро буданд.
Роҳбари шӯриш «Маҳмуд» ном яке аз пешаварони элакбофи деҳаи Тороб буд. Вай дар кӯчаҳои Тороб ва деҳаҳои атрофи он нутқҳои ғазабнок эрод карда, оммаро ба муборизаи зидди зулми истилогарон ва тарафдорони онҳо даъват намуд. Ҳукмронони Бухоро дар садади дастгир кардани ӯ афтоданд. Пас аз он ки кӯшиши фурӯ нишондани шӯриш натиҷае набахшид, онҳо хостанд, ки Маҳмудро бо фиреб аз Тороб ба Бухоро бурда, дар он ҷо ба қатл расонанд ва, ба ин тариқа, шӯришро бе раҳбар кунанд. Лекин Маҳмуди Торобӣ қасди душманро пешакӣ фаҳмида, хатари таҳдидкунандаро бартараф намуд. Ӯ ба Бухоро танҳо нарафта, бисёре аз пайравонашро бо худ гирифт.
Тарафдорони пуршумори Маҳмуд дар яке аз теппаҳои наздикии шаҳри Бухоро ҷамъ шуданд ва Маҳмуд дар ҳузури иддаи зиёди аҳолии заҳматкаш нутқ эрод намуд ва мардумро ба муборизаи мусаллаҳона даъват кард. Ин нутқи Маҳмуди Торобӣ хеле муваффақият пайдо кард. Ҳамаи аҳолии маҳалҳои атроф омада ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Вақте ки Маҳмуд қувваи бузурге ҷамъ намуд, аз рӯҳониён, садрҳо ва дигар намояндагони табақаи ҳоким талаб намуд, ки ӯро халифа хонанд. Намояндагони синфи ҳоким ба вазъияти танг афтоданд: азбаски халқ тамоман ба тарафи шӯришиён гузашта буд, онҳо ба ҷуз қабул кардани талаби Маҳмуд дигар чорае надоштанд. Маҳмуд қасри пешвои қиёми халқӣ — Малик Санҷарро, ки дар соли 1206 сохта шуда буд, иқоматгоҳи худ муқаррар карда, ба иҷрои нақшаҳояш иқдом намуд. Садрҳо ва соири намояндагони табақаи ҳоким аз шаҳр ронда шуданд.
Муаррих Ҷувайнӣ, ки шӯриши Маҳмуди Торобиро аз мавқеи синфии худ бо назари манфӣ тасвир намудааст, дар бораи тадбироти нисбат ба синфҳои ҳоким пеш гирифтаи Маҳмуд чунин менависад: «Вай аксарияти одамони наҷиб ва мӯҳтарамро таҳқир намуд ва қисми дигари ин гурӯҳ гурехта, худро аз ӯ халос карданд».
Дар айни замон Ҷувайнӣ маҷбур шудааст эътироф намояд, ки ӯ (Маҳмуди Торобӣ) ба мардуми авом ва дарбадарони бехонумон хайрхоҳӣ мекард… Одамонро ба хонаҳои тавонгарон мефиристод, ки аз он ҷо хайма ва қолин оварда ӯрдугоҳ созанд.
Аз ин суханони Ҷувайнӣ маълум мешавад, ки Маҳмуд барои марҳилаи минбаъдаи мубориза ба тарзи ҷиддӣ тайёрӣ медидааст. Ӯ ба хубӣ медонист, ки «бузургони» Бухоро аз муқовимат даст намекашанд ва онҳо барои баргардонидани ҳокимияти аздастрафтаи худ, албатта, кӯшиш хоҳанд кард.
Садрҳо ва дигар намояндагони табақаи ҳоким дар Кармина қарор гирифта, бо ҳамроҳии қувваҳои мусаллаҳи муғулҳо низ ба ҷанг омода мегардиданд.
Дар наздикии шаҳри Бухоро дар байни шӯришиён ва аскарони муғул муҳорибаи сахте ба амал омад. Қувваи шӯришиён хеле хуб ташкил шуда буд. Онҳо бо шуҷоат ва мардонагӣ меҷангиданд. Маҳмуди Торобӣ шахсан ҳамеша дар миёни корзор буд. Аҳолии деҳаҳои атроф бо каланд ва табар мусаллаҳ шуда, ба кӯмаки шӯришиён омаданд. Ин хеле ғалабаи шӯришиёнро тезтар намуд. Қӯшуни муғулҳо ва феодалони маҳаллӣ шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Шӯришиён онҳоро то Кармина таъқиб намуда, аксарашонро нобуд карданд. Чунон ки Ҷувайнӣ тасдиқ мекунад, дар ин муҳориба 10 ҳазор кас кушта шуд.
Лекин ҷараёни мубориза ба зудӣ тағйир ёфта, шӯриш ба шикаст дучор гардид. Пешво ва ташкилкунандаи он — Маҳмуди Торобӣ дар наздикии Кармина кушта шуд. Дигар аз роҳбарони боистеъдоди шӯришиён, дӯсти Маҳмуд – Шамсиддин Маҳбубӣ низ ҳалок гардид. Шӯришиёне, ки аз сардор маҳрум монда ва аз ҷиҳати яроқ камбудӣ доштанд, чанд рӯз пас аз ин воқеа комилан мағлуб гардиданд. Аҳолии Бухоро ва сокинони атрофи он ба тарзи бераҳмонае қатлу ғорат шуданд.
Ҷувайнӣ дар воқеаномаи худ бо ҳар васила кӯшиш кардааст, ки симои Маҳмуди Торобиро бар хилофи ҳақиқат нишон диҳад. Ӯ Маҳмудро ҳамчун як марди мутаассиби нимдевона тасвир намуда, мегӯяд, ки аз паси вай фақат «мардуми авом ва дарбадар» мерафтанд. Ин суханони душмани синфии шӯриши халқ бори дигар ба исбот мерасонанд, ки ҷунбиши Маҳмуди Торобӣ ҳақиқатан дорои хусусиятҳои халқӣ будааст.
Шӯриши Маҳмуди Торобӣ на фақат ба муқобили ғосибони муғул ва зулми онҳо, балки бар зидди рӯҳониён, тоҷирон ва феодалони маҳаллӣ, ки истилогаронро пуштибонӣ мекарданд, равона гардида буд. Барзгарон ва пешаварон ба ин сабаб аз паси Маҳмуд рафтанд, ки ӯ ба муқобили зулму ҷабри номаҳдуди тавонгарон сар бардошта, тақсим намудани молу мулки онҳоро дар байни фақирон ва бенавоён талаб мекард.
Маҳмуди Торобӣ дар асл, бар хилофи Ҷувайнӣ, ки «одами мутаассиби нимдевона» тасвир мекунад, як марди оқили хеле шуҷоъ буд. Ӯ дар роҳи манфиати халқ аз ҳеҷ душворӣ рӯ намегардонд ва намеҳаросид. Аз ин ҷост, ки Маҳмуди Торобӣ дар таърихи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна мақоми барҷастаеро ишғол намудааст.
Сиёсати дохилии Мангуқоон ва ҳокими тоҷир – Масъудбек
Сиёсати дохилии Мангуқоон ва ҳокими тоҷир – Масъудбек
Аз истилои Осиёи Миёна ва Эрон дере нагузашта дар байни хонҳо ва ашрофи муғул нисбат ба аҳолии муқимии ноҳияҳои забтшуда ду тамоюл ба таври равшан падидор гардид. Асосҳои иҷтимоии ин тамоюлот аз тарафи А.Ю.Якубовский ва И.П.Петрушевский мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Ифодакунандаи як тамоюл қисми зиёди ашрофи бодиянишини ҳарбӣ (чи муғул ва чи турк), аксари шоҳзодагон ва баъзе қоонҳо–соҳибдавлатони оли муғул ба шумор мерафтанд. Онҳо беибо мардумро талаву тороҷ мекарданд, ба оташ меандохтанд, ба асорат мебурданд ва ҳеҷ андешае надоштанд, ки дар натиҷаи чунин муносибат бо аҳолии маҳаллӣ худро хеле зуд аз даромадҳои беҳаддуҳисоб ва оидоти мунтазами замин, касбу ҳунар ва тиҷорат маҳрум месозанд. Қисмате аз аъёну ашроф ва бозургонони маҳаллӣ, ки аз ғорат ва яғмогарӣ ба зудӣ сарвати фаровон ба даст оварданӣ буданд, низ ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуданд.
Ифодакунандаи дигар тамоюл баъзе қоонҳо ва қисмати ками ашрофи бодиянишини муғул, амалдорон, рӯҳониён ва аксари тоҷирон буданд. Ин табақаҳои синфи ҳукмронро ҷидду ҷаҳд дар роҳи таъсиси ҳокимияти пуриқтидори марказиятнок, мубориза бо кайфияти ҷудоихоҳии намояндагони равияи аввал, ниҳоят равшану возеҳ фаҳмидани зарурати бас кардани ғорат ва хонавайрон сохтани аҳолии муқимӣ ба ҳам муттаҳид менамуд. Ба таҳти ҳимояи худ гирифтани шаҳрҳо ва умури тиҷорат, аниқ муайян кардани ҳаҷми хироҷ ва молиёт, аз андозҳои худсарона раҳонидани рустоиёну шаҳриён, роҳ надодан ба зери по шудани киштзорҳо ва хароб гардидани ободиҳо – чунин буд сиёсати пешгирифтаи онҳо, ки бидуни он барқарор кардан ва ба роҳи инкишоф даровардани хоҷагии тамоман харобшуда муяссар намегардид. Албатта, асли мақсади онҳо аз тараққӣ додани хоҷагӣ аҳолии меҳнаткашро бештар ва бо самараи зиёд истисмор кардан буд. Намояндагони тамоюли дувум ба хубӣ мефаҳмиданд, ки пеш нагирифтани чунин тадбир ба маънии теша бар решаи манфиатҳои худ задан аст, зеро як дафъа тороҷ кардан ба ҳеҷ ваҷҳ ба даромади фаровоне, ки ҳар сол ва мунтазам аз хоҷагии қишлоқ, шаҳр, соҳаҳои касбу ҳунар ва тиҷорат ба даст меояд, баробар шуда наметавонад.
Мангуқоон, ки соли 1251 ба сари ҳокимият омада буд ва ҳокими тоҷир Масъудбек – писари Маҳмуди Ялавоч аз намояндагони барҷастаи ин тамоюл ба шумор мерафтанд. Муаррихон ба маълумоти то замони мо расидаи сарчашмаҳои хаттӣ роҷеъ ба фаъолияти Мангуқоон ба дараҷаи лозима диққат надода, амру фармонҳои ӯро ҳамчун кӯшишҳои истисноӣ дар роҳи маҳдуд кардани худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ донистаанд.
Ҳол он ки агар мазмуни фармонҳои Мангуқоон ба мадракҳои сиккашиносӣ муқоиса карда шавад, дар пеши назар на ин ки тадбироти парешон, балки сиёсати дохилии ба як мақсади муайян нигаронидашудаи ӯ намоён мегардад, ки татбиқи амалии баъзе аз ҷанбаҳои онро лоақал дар Осиёи Миёна метавон мушоҳида намуд.
Дар аҳди Мангуқоон андози сарикасӣ (сарона) ба низоми муайян дароварда шуда, дар бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна ва берун аз ҳудуди он зарби муназзами динорҳои тиллои якиёра ҷорӣ гардид.
Умуман дар шароити феодализм ва хусусан дар ҳолати хасорати хоҷагии пас аз истилои муғул тангаҳои тиллои баландиёр шаклан хеле калон буда, ба ҳаҷми тиҷорати дохилӣ ва савияи нархи молҳои асосӣ мувофиқат намекард. Барои ин ки динори тилло василаи муомилоти умумидавлатӣ гардад ва бо ин роҳ ба истиқрор ва инкишофи тиҷорати пулӣ мусоидат кунад, ба он иёри паст (тақрибан 60 фоиз тиллои тоза) муқаррар карда шуд. Ба ин восита пул ва мол то андозае ба ҳам «наздик» гардид.
Рашидаддин дигар чорабиниҳои Мангуқоонро ба тариқи зайл тавсиф намудааст: «Чун пас аз (фавти) Гуюкхон бисёр хонзодаву маликзодаҳо ба одамон ярлиқу пайзаҳои беадад доданд ва ба тамоми гӯшаву канори давлат гумоштаҳо фиристода, хосу омро ба хотири сарукор доштан бо онҳо дар тиҷорат ва бо сабабҳои дигар пуштибонӣ мекарданд, Мангуқоон бо фармоне ба ашхоси мазбур дастур дод, ки ҳар яке дар музофоти худ ҳамаи ярлиқу пайзаҳои аз Чингизхон, Ӯқтойхон ва Гуюкхон, ҳамчунин аз дигар шаҳзодаҳо гирифтан одамонро пас бигиранд».
Хироҷу андозҳои пештараи миёншикан ва номаҳдуд бекор карда шуданд. Аз ҷумла, Мангуқоон тамоми ярлиқу пайзаҳои пас аз марги Чингизхон интишорёфтаро аз эътибор соқит намуд. Ӯ ҳамчунин аз аҳолӣ асп гирифтани қосидонро манъ карда, барои онҳо нормаи нақлиёти почтаро муқаррар сохт. Ба ашхоси ҷудогона умуман истифодаи аспҳои давлат манъ карда шуд. Мангуқоон бесабаб ба шаҳру деҳот рафтан ва барои худ аз аҳли деҳа баҳудаву беҳуда чиз талаб карданро иҷозат намедод. Ҳатто таъкид мекард, ки аз аҳолӣ пасмонда ҷамъ накунанд. Боз як чиз ҷолиби диққат аст, ки дар аҳди Мангуқоон фармонҳо ба забони ҳамон халқҳое, ки фармон ба онҳо дахл дошт, содир мегардид. Барои муғулҳои бо муносибати беэътиноёна нисбат ба халқҳои мутеъ одаткарда ақдномае амал мекард, ки сиёсати муайяни дурандешона ба он водор менамуд.
Ба ин тариқа, тадбироти ҷорикардаи Мангуқоон ба таъини миқдор ва ҳаҷми хироҷ, аз андозҳои ниҳоят худсарона ва номаҳдуд ҳимоя кардани аҳолӣ ва роҳ кушодан ба нашъунамои ҳаёти шаҳрҳо ва тиҷорат равона гардида буд. Худи амри дар миёнаҳои асри ХIII ба эътибори қонун даровардани ин қабил тадбирот аз ғалабаи ба назар намоёни тамоюли дувум дар арсаи сиёсат ба шумор меравад. Яке аз илҳомбахшу амалкунандагони асосии ин сиёсат Масъудбек буд, ки дар замони Мангуқоон ба сарзамини паҳноваре аз Уйғуристон то Хоразм ҳукмфармоӣ мекард. Оё ин ҳама амру фармонҳо дар амал муваффақияте пайдо карда буданд?
Дар Эрон, чунон ки сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ҷорӣ гардидани андози сарона ба сабаби сӯиистеъмоли аз ҳад зиёди амалдорон ва муғулҳо барои аҳолӣ ягон сабукӣ наовард. Аммо муайян кардани ҳадди хироҷҳо ва бекор кардани баъзе андозҳои худсарона дар истиқрори хоҷагии Осиёи Миёна роли мусбат бозид. Он чи оид ба ҳаёти шаҳр ва тиҷорати пулӣ бошад, дар ин бобат муваффақият боз ҳам бештар аст. Сиккаҳои тилло тиҷорати пулиро равнақ дод. Ба асоси муомилоти пулӣ на ин ки тангаи бутун, балки қисматҳо ва пораҳои баркаши он гузошта шуд. Агар ба ин боз паст гардидани иёри тангаи тилло илова карда шавад, ба доираи хеле васеи тиҷорат ва муомилоти дар миқёси тамоми мамлакат яксон хизмат кардани он ба хубӣ равшан хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин қабил пулҳои умумидавлатӣ як қатор шаҳрҳо дубора ба зарби сиккаҳои мисии нуқраандуд шурӯъ намуданд. Аз ин ҷиҳат, авҷ гирифтани кори зарробхонаҳои чунин шаҳрҳо, монанди Утрор ва Хуҷандро, ки аз нашъунамои дубораи чи худи ин шаҳрҳо (маълум аст, ки Утрор дар давраи футуҳоти муғул тамоман хароб гардида буд) ва чи Фарғона ва умуман қисмати шимолу шарқи давлат гувоҳӣ медиҳад, махсус бояд қайд кард. Ин ноҳияҳои мамлакат мустақиман пеш мерафтанд. Баъдтар, дар чоряки охири асри ХIII онҳо ба авҷи тараққии худ расида тавонистанд, ҳарчанд бештарин қисмати Ҳафтруд дар миёнаҳои асри ХIII ба чарогоҳ табдил шуда, аксари шаҳрҳои он харобазор гардида буд.
Ислоҳоти пулии Масъудбек. Қисман барқарор шудани ҳаёти шаҳр ва тиҷорат
Ислоҳоти пулии Масъудбек. Қисман барқарор шудани ҳаёти шаҳр ва тиҷорат
Дар ибтидои солҳои 70-уми асри ХIII Масъудбек муҳимтарин ислоҳоти пулӣ ба амал овард. Ин аз ғалабаи нави хеле ҷиддӣ ва пайдарпайи тамоюли дувум гувоҳӣ медод. Ислоҳот соли 1271 эълон шуда, асосан дар бист соли охири асри ХIII амалан ҷорӣ гардид ва муваффақият пайдо намуд.
Мазмуни асосии ин ислоҳотро дар бисёрии шаҳру вилоятҳои Осиёи Миёна гузаштан ба зарби муназзами сиккаи нуқраи аз ҷиҳати вазну иёр дар ҳама ҷо баробар ташкил мекард. Ин гуна сиккаҳо, сарфи назар аз маҳалли бароварда шуданашон, дар муомилоти умумидавлатӣ эътибор доштанд. Ин воқеан ҳам дар тиҷорати пулӣ як инқилобе ба шумор мерафт. Пули нуқра беш аз ҳама ба нарху наво ва ҳаҷми тиҷорати дохилии Осиёи Миёнаи феодалӣ мувофиқат мекард. Вале зиёда аз дуним аср дар Осиёи Миёна зарби нуқра ба таври мунтазам ба амал омад ва қатлу ғорати истилокорони муғул бартараф намудани бӯҳрони ин пулро хеле ба таъхир андохт.
Борҳо барои баргаштан ба муомилоти пули нуқра кӯшиш карда шуд, аммо ҳамаи ин кӯшишҳо натиҷае набахшиданд. Ислоҳоти Масъудбек бошад, муваффақияти тамом пайдо кард, ки аз тайёрии хуб ва саривақтии ин тадбир гувоҳӣ медод.
Зарби сиккаи нуқра озод буд, ҳар кас метавонист нуқраи худро ба зарробхона бурда, ба музди муайяне барояш пул созонад. Ислоҳот ҳамон вақт комилан муваффақият пайдо мекард, ки ба ташкили зарби озодонаи сикка имконият муҳайё шавад, дорандагони нуқра худро «маълум» кунанд ва нуқраи худро ба зарробхона биёваранд. Муҳимтар аз ҳама ба ин кор бовар кунондани одамон буд. Онҳо бояд барои эмин будан аз худсарӣ, зӯроварӣ ва ғоратгарии муғулҳо замонат дошта бошанд ва ба хубӣ бифаҳманд, ки ин тадбир ягон фиреби ба манфиати худ пешгирифтаи ҳукумат нест. Чунон ки ҷараёни амалӣ гардидани ислоҳот нишон медиҳад, нобоварии одамон зуд бартараф нашуда ва хусусияти он дар ҳама ҷо яксон набудааст.
Ҳарчанд Масъудбек барои дар ҳамаи маҳалҳо ҷорӣ кардани зарби пули нуқра кӯшишҳои махсус ба харҷ дод, ин кор ба ӯ якбора муяссар нагардид.
Дар солҳои 70-уми асри ХIII фақат як қисмати хеле ками зарробхонаҳо ба кор шурӯъ намуда, маҳсули онҳо ба дараҷаи кофӣ набуд. Танҳо дар солҳои 80-90-уми асри ХIII камаш дар 16 шаҳру вилоят зарробхона кушода шуда, зарби пули нуқра ҳақиқатан ҳам фаровон гардид. Аз ин чунин бармеояд, ки дар ин вақт аз худсариву ғорати муғулҳо замонати лозима мавҷуд буда, барои пешрафти ҳаёти шаҳрҳо ва тиҷорат шароити мӯътадил фароҳам омада будааст.
Соли 1269, андаке пеш аз ислоҳот, дар соҳили дарёи Талас қурултой барпо гардида, дар он хонзодаҳои муғул ба зистан дар дашту кӯҳсор, поймол накардани киштзорҳо, дахолат накардан ба кори аҳолии муқимӣ ва қаноат намудан ба андозу молиёти муқарраршуда ваъда доданд. Маълум, ки баъзе аз ин ӯҳдадориҳо иҷро шуда будааст, вагарна ислоҳоти Масъудбек ба ин дараҷа муваффақият пайдо намекард. Қарори қурултои соли 1269 ва амри ҷорӣ гардидани ислоҳот бо ҳам вобастагии қавӣ доранд: қурултой он замонатҳоеро дод, ки бидуни онҳо барои гузаронидани чунин ислоҳот, ҳатто ҳоҷати кӯшиш кардан ҳам набуд.
Муборизаи ду тамоюл ҳамоно давом мекард ва ғалабаи тамоюли дувум ҳеҷ гоҳ ба таври қатъӣ сурат наёфта буд. Мисоли равшани ин иддао тақдири Бухорост, ки маҳз баъди қурултои соли 1269 ва ҳангоми гузаронидани ислоҳоти пул дар солҳои 1273 ва 1276 аз тарафи хонзодаҳои ҳалокуӣ ва чағатоӣ ба ниҳояти харобӣ расид ва муддати ҳафт соли тамом аз ҷиҳати нуфус холӣ монд. Дар чоряки аввали асри ХIV низ воҳаи Бухоро боз вайронаҳои зиёде дошта, боғоту токзорҳои он дар ҳолати харобӣ буданд. Дар ин маврид ҳам бояд махсус қайд кард, ки Масъудбек барои ободонии Бухоро ва барқарор кардани нуфуси он тадбирҳои муассир пешбинӣ намуд ва ба ин васила дар солҳои 1282-1283, ҳатто дар ин ҷо зарби муназзами сиккаҳои нуқра шурӯъ гардид, ки аз эҳёи ҳаёти шаҳр ва тиҷорати пулӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин ҳам ҷолиби диққат аст, ки Тувахон (1282-1283) дар Фарғона шаҳри Андиҷонро бино кард ва ин шаҳр бо суръати тамом равнақ пайдо намуд.
Ба ин тариқа, ислоҳоти пул, чунон ки мадракҳои сиккашиносӣ шаҳодат медиҳанд, дар охирҳои асри ХIII нисбат ба вақти пештара муваффақияти калоне ба даст овард ва дар ин замина истеҳсолоти молӣ ва умуман ҳаёти шаҳрҳо қисман барқарор гардида, ба тараққӣ рӯ ниҳод. Зоҳиран, вазъи шаҳрҳо ва тиҷорат дар вилоятҳои шимолу шарқии Осиёи Миёна, ҳамчунин як қисми Ҳафтруд (хусусан сиккаҳои Тироз, Ганҷдеҳ, Утрор ва ғ. хеле фаровон буд), шаҳрҳои Фарғона, вилояти Шош нисбатан беҳтар будааст. Барқарор гардидани шаҳрҳои Мовароуннаҳр бисёр суст ба вуқӯъ меомад, бо вуҷуди ин, дар зарфи бист соли охири асри ХIII ва ибтидои асри ХIV дар ин ҷо низ муваффақиятҳои ба назар намоён ба даст оварда шуданд.
Он чи оид ба вазъияти хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна дар ибтидои асри ХIV бошад, мо дар даст маълумоти хеле кам дорем. Яке аз ҳуҷҷатҳое, ки дар бобати равшан сохтани баъзе ҷиҳатҳои ин масъала аҳамият дорад, вақфномаи мансуб ба соли 1299 мебошад. Дар ин вақфнома гуфта мешавад, ки таъсискунандаи вақф аз наздикиҳои Бухоро (тахминан сӣ километр дуртар дар қисмати шимоли он) деҳаеро бо заминҳои зиёди обёришавандааш тамоман харида, боз як деҳкада, ду масҷид, манзилҳои хуб барои хидматкунандагон, осиёб ва чанд (на камтар аз се) устохонаи бофандагӣ сохт.
Худ аз худ маълум аст, ки агар пеш аз ин дар як муддати дуру дарозе ҳаёти осоишта барқарор намегардид ва ба харҷ кардани пул барои замин ва сохтмон дилпурие намебуд, хариди заминҳои кишт ва ин ҳама бинокориҳо дар ноҳияи Бухоро амри маҳол буд. Он замонате, ки дар қурултои соли 1269 дода шуда буд, то охири асри ХIII, чунон ки тазаккур ёфт, эътибори худро гум накард ва ин барои қисман эҳё гардидани на фақат ҳаёти шаҳр, балки, зоҳиран, ҳаёти қишлоқ низ шароити мусоид муҳайё намуд.
Албатта, дар ибтидои асри ХIV ва умуман дар давоми тамоми ин аср, оқибатҳои харобиовари истилои муғул ба куллӣ бартараф нагардид, хоҷагӣ аз сатҳи пешинаи тараққиёти худ ҳоло хеле дур меистод, истисмори сахт ва андозҳои миёншикан ба барқарор намудани хоҷагӣ мамониат мекард ва ҷараёни ин корро ба таъхир меандохт. Юғи асорати муғулҳо барои халқҳои Осиёи Миёна ниҳоят тоқатфарсо буд ва онро ба ягон балову офат баробар карда намешуд.
Ин ҳама маълумот ва мадракҳо диққати асосиро ба марҳалаҳои барқароршавӣ ва пешрафти нисбии, пеш аз ҳама, ҳаёти шаҳр ва тиҷорат ҷалб карда, нуқтаи назари аксари муаррихонро, ки гӯё барои равнақи шаҳрҳо ва тиҷорати дохилӣ фақат ислоҳоти Кабакхон (1318-1326) имконияти воқеӣ фароҳам оварда ва маҳз Кабакхон ҳарҷу марҷи муомилоти пулиро барҳам дода бошад, рад менамоянд.
Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХIV
Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХIV
Кабакхон аввалин ҳукмрони муғул аст, ки умеди худро тамоман ба Мовароуннаҳр алоқаманд намуд. Худи ӯ аслан бутпараст буда, дини исломро қабул накарда буд, вале бо уламои ислом доир ба мавзӯъҳои динӣ бо майли тамом сӯҳбат меорост. Баъзе далелҳое ҳастанд, ки кӯшишҳои гоҳо бобарори ӯро дар роҳи пешгирӣ кардани таъқиботи сахти феодалони бодиянишин нисбат ба аҳолии муқимӣ нишон медиҳанд. Кабакхон дар наздикии Насаф барои худ кӯшк (қаршӣ) бино намуд, ки баъдҳо дар атрофи шаҳре ба вуҷуд омад ва бо номи Қаршӣ машҳур гардид.
Ба Кабакхон ислоҳоти пулӣ ва идориро нисбат медиҳанд. Ислоҳоти пулии ӯ аз тарафи М. Е. Массон муфассалан таҳқиқ шудааст. Ин ислоҳот дар соли 1321 бо назардошти системаи пулии давлатии Ҳулокуӣ ва Олтинӯрда гузаронида шуда буд. Тангаи калони нуқраи 8 грамм вазндошта динор номида шуда, бо шаш тангаи хурд, ки дирам меномиданд, баробар буд. Солҳои аввалин сиккаҳои нав (хусусан дирам) бо номи Кабакхон аксаран дар зарробхонаҳои Бухоро ва Самарқанд ба таври хеле фаровон бароварда шуданд. Зарби ин ду навъ пули нуқраро дигар ҳокимон низ давом доданд. Масалан, Тармаширин аз ин пулҳо бисёр баровард ва дар замони ӯ кори зарробхонаи Утрор ҳам хеле авҷ гирифт. Баъдтар зарби ин сиккаҳо миқдоран кам мешавад.
Аксари муаррихон кушоду равшан ба аҳамияти ислоҳоти Кабакхон муболиға кардаанд. Аслан ин ислоҳот дар хоҷагии пулии мамлакат тағйироти куллие, чунон ки ислоҳоти Масъуд оварда буд, дохил карда натавонист. Лекин вай барои пешрафти тиҷорати ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ шароити мусоид муҳайё намуд. Худи амри воқеии ҷорӣ гардидани ислоҳот ва тамоми пулбарориҳои давраи он, ҳарчанд ки аз ҷиҳати вусъати худ дар ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна яксон набуд, умуман ба равнақи шаҳрҳо ва тиҷорати пулӣ шаҳодат медиҳад.
Дар асри ХIV муборизаи ду тамоюли дар боло зикршуда нисбат ба аҳолии муқимӣ хеле шиддат ёфт. Масалан, ба Кабакхон лозим омад, ки бо шаҳзодаи исёнкори чағатоӣ Ясовур ҷангу пархоши сахт кунад. Ин шаҳзода бо кӯмаки қувваҳои ҳарбии амирони хуросонӣ Кабакхонро мағлуб намуд ва сипас, чунон ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, «аз Тирмиз то ҳудуди Самарқанд тамоми аҳолии вилоёт ва деҳотро аз каронаҳои Омул (Амударё) кӯчонид, шаҳрҳо ва маҳалҳои тобеи Кабакхонро ба харобазор табдил дод ва сокинонашонро ба асорат гирифт». Як худи амирони хуросонӣ зиёда аз 50 ҳазор асир ва ғаниматҳои зиёде бурданд. Вақте ки Кабакхон бо нияти зарбаи ҷавобӣ ба мулкҳои хуросонии Ясовур ҳуҷум карданӣ шуд, шаҳзодаи чағатоӣ ба сокинони Фороб ва Мурғоб амр кард, ки ба вилояти Ҳирот кӯчанд. Ҳангоми ин муҳоҷират чандин даҳҳо ҳазор одамон аз хунукӣ ва гуруснагӣ ҳалок шуданд. Ҷангу ҷидолҳои феодалии солҳои 1316-1319, ки дар натиҷаи исёни Ясовур сар зада буд, ба мардуми Осиёи Миёна зарарҳои ниҳоят калоне расонид.
Вориси Кабакхон – Тармаширин (1326-1334) асосан сиёсати бародари худро давом дод. Ӯ ба анъана ва урфу одатҳои зиндагонии муқимӣ боз ҳам бештар майл намуда, мусулмони боғайрат гардид ва дини исломро мазҳаби расмии давлати Чағатоиён эълон кард. Эътироз ва норизогии феодалони саҳронишин ба ошӯбу исён табдил ёфта, ниҳоят бо қатли Тармаширин анҷом ёфт.
Низоъҳои байнихудӣ ба ҳаёти шаҳр ва зироати Ҳафтруд чунон зарбаи сахт расонид, ки ислоҳи он дигар аз имкон берун буд.
Ин вазъият дар яке аз сарчашмаҳо аз рӯи нақли як марди сайёҳ бо чунин суханони образнок баён ёфтааст: «Аз дур як деҳаи хушиморати гирду атрофаш сабзу хуррам ба назар менамояд. Нияти вохӯрдан бо сокинонаш туро ба он ҷо мебарад, вале чун менигарӣ, ҳавлиҳои он холист. Тамоми аҳолии мамлакат бодиянишин буда, ба корҳои зироат ҳеҷ машғул намешаванд».
Ислоҳоти идорие, ки Осиёи Миёнаро ба воҳидҳои хурди маъмурӣ – туманҳо тақсим мекард, ба ҳаёти мамлакат мебоист таъсири муайяне мегузошт. Доир ба замони ҷорӣ гардидани ин ислоҳот нуқтаи назари ягона мавҷуд нест ва, инчунин Кабакхон будани «ҷорикунандаи» он низ ҳанӯз аниқ маълум нагардидааст. В. В. Бартолд тахмин дошт, ки ислоҳот дар байни солҳои 1318-1334 (яъне дар замони Кабакхон ё худ Тармаширин) гузаронида шудааст. А. Ю. Якубовский чунин изҳори ақида карда буд, ки ҷорикунандаи он Кабакхон аст, зеро дар вақти ба сари ҳокимият омадани Темур туманҳо вуҷуд доштанд, аммо пеш аз Кабакхон аз онҳо ному нишоне ҳам набуд, пас аз Кабакхон касе наметавонист ин ислоҳотро гузаронад. О. Д. Чехович, ки истилоҳи «туман»-ро дар вақфномаи соли 1299 дучор оварда буд (дуруст аст, ки ин калима на дар манбаи аслии арабӣ, балки дар тарҷумаи форсии ин ҳуҷҷат мавҷуд аст), эҳтимоли хеле вақт пеш аз Кабакхон вуҷуд доштани туманро ҳамчун воҳиди маъмурӣ фаразан изҳор намудааст.
Муҳаққиқон ин ислоҳотро тазоҳури майлҳои ба як марказ муттаҳид кардани мамлакат донистаанд. А. Ю. Якубовский хотирнишон карда буд, ки «…онро бояд ҳамчун як иқдоми прогрессивие, ки дар тараққиёти давлати феодалии Мовароуннаҳр роли мусбат бозидааст, эътироф намуд». Дар айни замон, ӯ чунин ҳисоб мекард, ки «ислоҳоти идории Кабакхон мулкҳои феодалиро бо моликонаш аз байн набурда, балки ба он мувофиқ гардид; мулк ба воҳиди маъмурии туман ва соҳиби пештараи он ба қоиммақоми туман табдил ёфтанд». Бо вуҷуди ин, вақфномаи соли 1326 барои дурусттар дарк намудани аҳамияти ии ислоҳот ва донистани тағйироти амиқтари дар идораи маъмурию сиёсӣ баамаловардаи он имкон медиҳад. Дар байни шартҳои пешгузоштаи бахшандагони вақф чунин зарурате ҳам таъкид шуда буд, ки маҳалҳои вақфро «ба ҳокимони шаҳри Бухоро ва дигар вилоятҳо аз ҷумлаи амирони туманҳо, маликҳо, босқоқҳо ва вазирони девон» иҷора додан мумкин нест. Дар ин ҷо зикри мулкдорони ирсӣ ва ҳокимони аслии пеш аз муғул бо туман алоқаманд карда нашудааст. Туманҳоро амирон, яъне саркардагон ва аъёну ашрофи тоифаҳои турку муғул идора мекарданд. Дар чунин маврид, худ аз худ маълум аст, ки мулки малик ва туман як мафҳумро ифода намекунад. Мумкин аст, ин ислоҳоти идорӣ, назар ба он чи ки пештар ангошта мешуд, дар тарзи идораи кӯҳна тағйироти ҷиддитаре ба амал оварда бошад. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз вазифаҳои ин ислоҳот барҳам додани мухторияти мулкдорон – ҳокимони маҳаллӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, чунин тахмини В. В. Бартолд ба ҳақиқат нисбатан наздиктар аст, ки ба туманҳо тақсим кардани мамлакат, «монанди Эрон, бо ҷудо карда додани амлоки хоса ба намояндагони хонадонҳое марбут мебошанд, ки ба Мовароуннаҳр ҳамроҳи хон омадаанд»; арлатҳо дар қисмати шимолии Афғонистон, қавгинҳо дар ҷануби Тоҷикистон, ҷалоириҳо дар Хуҷанд, барлосҳо дар водии Қашқадарё ва ғайра ҷойгир шудаанд. Он чи ки ашрофи турку муғул на фақат дар ҳудуди амлоки худ, балки берун аз он ҳам мавқеъҳои асосиро дар идораи маъмурии мамлакат ишғол намуданд, муҳимтарин ҷиҳат дар тавсифи, ҳам худи ислоҳоти идорӣ ва ҳам протсесси ба тамоми соҳаҳои ҳаёти муқимӣ ворид шудани ашрофи бодиянишин мебошад. Бо ин ҳама, умуман масъалаи аҳамият ва мақсади ин ислоҳот ба таҳқиқи ҳамаҷониба эҳтиёҷ дорад, аз ҷумла, ҳоло равшан нест, ки худи туман чи воҳиди маъмурӣ буд ва дар вақти муқаррар кардани ҳудуди он чи меъёреро ба асос мегирифтанд.
Низоъҳои феодалӣ ба гузаронидани тадбироти прогрессивӣ мамониат мекарданд ва натиҷаҳои онро ба ҳеҷ мубаддал месохтанд. Дар солҳои 40-уми асри ХIV Қазонхон равияи сиёсии Кабакхону Тармаширинро пеш гирифта, барои аз нав барқарор намудани ҳокимияти хонӣ кӯшишҳои зиёде намуд. Ӯ бо нияти ба вуҷуд овардани такягоҳи мустаҳкаме дар мубориза бар зидди феодалони бодиянишин дар масофаи ду манзил дуртари тарафи ғарбии Қаршӣ кӯшкқалъаи Занҷирсаройро бино кард. Соли 1346 ӯ дар ҷанг ҳалок гардид. Ба ҷои вай амир Қазаған, ки дӯстдори урфу одатҳои зиндагии бодиявӣ буд, ба сари ҳокимият омад. Ӯ зимистон вақти худро дар водии Сарой (райони ҳозираи Панҷи РСС Тоҷикистон) ва тобистон дар шаҳри Мунк гузаронида, бештар ба шикор ва ҳуҷумҳои ғоратгарона машғул мешуд ва ин барои ашрофи бодиянишин, ки аз чунин тохтутозҳо ғанимати бисёре ба даст меоварданд, айни муддао буд. Писари ӯ Абдуллоҳ аз соли 1358 саъю кӯшиш намуд, ки дигар сиёсати ифодакунандаи табақаи болои аҳолии муқимиро ҷорӣ намояд, вале аз мамлакат ронда шуд.
Дар охири солҳои 50-уми асри ХIV давлати чағатоӣ тақрибан ба сӣ мулки ҷудогона тақсим гардид. Баъзе аз ин мулкҳо ба феодалони бодиянишин тааллуқот пайдо намуд. Масалан, Хуҷанд ба таҳти ҳокимияти Боязиди Ҷалоир даромад. Дар сари мулкҳои дигар феодалони маҳаллии ашрофӣ ва динӣ қарор гирифтанд. Чунончи, дар Бухоро садрҳо, дар Хатлон авлоди хонадони қадимаи Кайхусрав, дар Бадахшон ду шоҳи бародар аз сулолаи маҳаллӣ, дар Тирмиз саидҳо ҳукмронӣ мекарданд. Илова бар ин, давлати чағатоӣ боз ба ду қисмат ҷудо шуда, вилоятҳои шимолу шарқии он ба худ номи Муғулистонро гирифтанд.
2. Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна дар замони муғулҳо
Категорияҳои моликияти замин. Суюрғол
2. Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна дар замони муғулҳо
Категорияҳои моликияти замин. Суюрғол
Муносибати иҷтимоию иқтисодии замони муғулҳо, таъсири истило ва фармонфармоии онҳо ба созмонҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии давлати ҳулокуиҳо ҳаматарафа омӯхта шудааст. Албатта, мушоҳида ва хулосаҳои муаррихони Эронро ба таври механикӣ ба шароити Осиёи Миёна татбиқ кардан мумкин нест, лекин ин материалҳо барои фаҳмидан ва дарк кардани баъзе мадракҳои ғайримустақими оид ба як қатор созмонҳои иҷтимоию иқтисодии онвақтаи Осиёи Миёна кӯмак мерасонанд.
Бояд қайд кард, ки муаррихон барои аз ҳамин нуқтаи назар ба таври конкретӣ-таърихӣ тадқиқ намудани худи Осиёи Миёна ҳанӯз хеле кам кор кардаанд. Яке аз сабабҳои ин ҳолат сустӣ ва маҳдудияти асосҳои маъхазшиносист. Пеш аз ҳама, ба ҷустуҷӯ ва омӯзиши сарчашмаҳои маҳаллӣ бояд диққати махсус дод. Тадқиқи вақфномаҳои солҳои 1299 ва 1326-1333, ҳамчунин мушоҳидаҳои О.Д.Чехович доир ба мафҳуми баъзе истилоҳот то чи андоза аҳамият ва ояндаи хуб доштани ин ҷиҳати масъаларо нишон медиҳанд.
Аз ин санадҳо маълум мегардад, ки дар замони муғулҳо заминҳои вақфии Осиёи Миёна на фақат барҳам нахӯрд, балки вазни нисбии онҳо, зоҳиран, зиёдатар гардид. Хонҳои муғул, бо баъзе истисно, ба мардуми ин сарзамин озодии ақоиди мазҳабӣ медоданд. Онҳо аксар вақт рӯҳониёнро (аз ҷумла, рӯҳониёни исломро) аз пардохтани андозу хироҷ озод мекарданд. Ҳатто дар вақтҳои истило ва ғорати саросари мардум молу мулки рӯҳониён эмин мемонд. Албатта, ҳангоми тохтутозҳои истилокорона, ҷангҳои байнихудӣ ва ҳуҷумҳои ғоратгаронаи муғулҳо заминҳои вақф ҳам мисли дигар заминҳо зери по монда, хароб мешуданд. Аммо худи ин категорияи замин мавҷудияти худро ҳамоно давом медод. Агар ин ҳам ба назар гирифта шавад, ки муғулҳо то Кабакхон ба идораи Осиёи Миёна дахолат намекарданд ва кӯшишҳои ба даст даровардани заминро надоштанд, мумкин аст ба чунин хулосае омад, ки фонди заминҳои вақф пас аз истилои муғулҳо кам нашудааст. Дар баробари ба ҳолати муқаррарӣ даромадани ҳаёти хоҷагӣ ин фонд боз ҳам метавонист афзояд, ки дар ин бора вақфномаҳои дар боло зикршуда шаҳодат медиҳанд. Дар соли 1299 Абдурраҳим Муҳаммад ном як шахси давлатманди исфиҷобӣ деҳаеро бо заминҳои шодобаш харида, хуб иморат кард ва ҳамаи инро ба вақф табдил дода, идораи онро ба зиммаи худ ва авлоди худ гузошт. Дар соли 1326 набераи Сайфиддини Бохарзӣ як ноҳияи тамомро аз тарафи ҷанубу шарқи Бухоро ба фоидаи мақбара ва хонақоҳи бобояш тақдим намуд. Чанде пештар аз ин хонзодахоними муғул Сиюркӯктенӣ маблағи калонеро ба сохтмони мадрасаи Бухоро (мадрасаи Хония) тахсис дода, онро бо вақфҳо таъмин кард. Ҳокими тоҷир Масъудбек низ дар Бухоро мадрасае сохт, ки бо номи мадрасаи Масъудия машҳур аст ва қабри Масъудбек ҳам дар он ҷост. Мулкҳои вақфи ин мадрасаҳо бояд хеле зиёд бошанд, зеро фақат талабаҳо дар ҳар яке аз онҳо, гӯё ки ба ҳазор нафар мерасидаанд.
Аз эҳтимол дур нест, ки баъзе кӯшишҳои азхуд кардани заминҳои вақф низ зоҳир гардида бошад. Аз ин рӯ, яке аз шартҳои вақфдиҳандагон, ки ба ҳокимон ва амалдорон иҷора надодани милки вақфро таъкид кардаанд ва он дар вақфномаи соли 1326 зикр ёфтааст, беасос наменамояд.
Дар ин санад ғайр аз заминҳои вақф ҳангоми тавсифи қитъаҳои ба вақф дохилнашуда боз се категорияи замин: милк (мулки хос), мамлакаи инҷу ва мамлакаи девон ном бурда шудааст. Вазни нисбии ҳар кадоми ин категорияҳо дар Осиёи Миёнаи аҳди муғул маълум нест. Ҳам мулки деҳқон ва ҳам мулки феодал дар феҳристи расмии фақеҳон замини милк номида шудааст. Давраи истило ва ҳукмронии муғулҳо ин ду навъи мулкро аз байн набурд. Ба ин сабаб онҳоро мо дар замонҳои баъди муғулҳо низ дучор меорем. Дар давлати Ҳулокуиҳо заминҳое, ки ба сардори давлат, аҳли хонадон ва вассалҳои ӯ тааллуқ доштанд, замини инҷу номида мешуд. Метавонистанд ин гуна заминро ба тариқи хизматона тақдим кунанд, ба вақф диҳанд, тӯҳфа кунанд, бифурӯшанд ва ғ. Ба фикри И.П.Петрушевский розӣ нашудан мумкин нест, ки ӯ замини инҷуро бо милк муқоиса карда, ҳардуро мутааллиқ ба як категория медонист, фақат бо чунин тафовут, ки замини инҷу дар ихтиёри сардори давлат, хонадони ӯ ва тобеонаш буду милк дар дасти ҳар шахси алоҳида . Албатта, заминҳои инҷу аз андоз озод буданд. Лекин гоҳо аз заминҳои милк ҳам андоз гирифта намешуд. Заминҳои инҷуи Эрон аз заминҳои дар вақти истило ва пас аз мусодирашудаи феодалони маҳаллӣ ва, инчунин аз ҳисоби коммендатсия (замини худро «ба таҳти ҳимояи» яке аз аъзои сулола вогузоштани шахсони ҷудогона) фароҳам омада, захираи онҳо хеле бузург буд. Зоҳиран, заминҳои инҷуи Осиёи Миёна аз заминҳои инҷуи Эрон фарқи казоӣ надоштанд. Лекин мумкин аст, ки вазни нисбӣ ва роҳҳои ба вуҷуд омадани онҳо андаке аз ҳам тафовут кунад. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки фақат Кабакхон ва баъзе ворисони ӯ дар сарзамини Мовароуннаҳр ба таври устувор ҷой гирифтанд. Дар ин вақт муносибат бо аҳолии муқимӣ ва тартиботи маҳаллӣ назар ба давраи истило ва даҳсолаҳои аввали он тамоман дигаргун гардида буд. Аз ин рӯ, мумкин аст чунин тахмин кард, ки дар шароити Осиёи Миёна мусодира роҳи асосии пайдоиш ва афзоиши заминҳои инҷу набуд ва умуман захираи ин қабил замин дар ин ҷо он қадар аҳамият надошт. Ҳангоми тадқиқи боз ҳам дақиқтар ва муфассалтари ин масъала, ба қадре ки сарчашма ва маъхазҳо имкон медиҳанд, хариди заминҳои милкро, ки эҳтимол, василаи пур кардани захираи заминҳои инҷу бошад, набояд аз назар соқит намуд. Дар давраҳои дертари Осиёи Миёна чунин ҳодисаҳое маълуманд, ки подшоҳон маҳз заминҳои милкро ба як тариқаи муқаррарӣ бо хату мӯҳри қозихона ба расмият дароварда мехариданд.
Замини девон замини давлатӣ ба шумор мерафт. Пас, маълум мешавад, ки дар Осиёи Миёнаи замони муғулҳо аз рӯи ҳаққи моликият чор категорияи замин: 1) замини давлатӣ, 2) милки феодалӣ ва инҷу, 3) замини вақф ва 4) милки деҳқон мавҷуд будааст.
Шубҳае нест, ки дар замони ҳукмронии муғулҳо дар Осиёи Миёна, мисли Эрон, усули подошҳои феодалӣ вуҷуд дошта, беш аз пеш равнақ пайдо мекард. Дар Эрони онвақта ин подошҳоро бо истилоҳи кӯҳнаи арабӣ иқтаъ ва ё бо истилоҳи нави муғулӣ суюрғол меномиданд. Ҳам иқтаъ ва ҳам суюрғол мумкин буд хурд ё калон бошад. Дар вақтҳои аввал иқтаъро бештар саркардаҳои ҳарбӣ соҳиб гардида, сарбозони қаторӣ бошанд, ба ивази хизмат мол ё пул мегирифтанд. Аммо дар аҳди Ғазанхон ноҳияҳои тамом ба тариқи иқтаъ ба сарбозони муғул тахсис дода шуданд. Ин навъи иқтаъ аз қисматҳои хурди мутааллиқ ба шахсони ҷудогона иборат набуда, балки масоҳати калонеро ташкил мекард, ки ба як воҳиди қӯшун дода мешуд. Амири ҳазорӣ ин замини иқтаъро байни амирони садӣ ва амирони садӣ дар навбати худ байни амирони даҳӣ тақсим мекарданд. Иқтаъ на фақат ҳаққи ба замин ва тамоми даромадҳои он, ба об ва одамони сокини он маҳал доштаи соҳиби худро маҳфуз менамуд, балки ҳамчун мулки меросӣ ҳисоб ёфта, ба иқтаъдор имкони бо тамоми салоҳият аз тобеони худ хироҷ ситониданро ҳам медод.
Суюрғол ифодаи равшантар ва шакли комилтари ҳукмронии феодали ғосиб (турк ё муғул) нисбат ба зироаткорони муқимӣ ҳисоб мешуд, ки дар худ маънии варосат ва масунияти пурраи андозу молиёт ва судиву идоравиро низ нуҳуфта буд. Ба суюрғолҳои калон мулкҳои фарогирандаи, ҳам воҳаҳои ободи зироатӣ ва ҳам даштҳои ҳомун дохил мешуданд.
Масъалаи подошҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна ҳанӯз бар асоси материалҳои конкрети таърихӣ мавриди тадқиқи ҳамаҷониба қарор нагирифтааст. Танҳо ҳамин як чиз маълум аст, ки Хуҷанд барои ҷалоириҳо, ноҳияи Қашқадарё барои барлосҳо, ноҳияи ҷануби Тоҷикистон барои қавучинҳо мулкҳои ба тариқи подош соҳибшуда, иқтаъ ё суюрғолҳои онҳо ба шумор мерафтанд.
Категорияҳои деҳқонон. Масъалаи сохти крепостноӣ. Ғуломӣ
Категорияҳои деҳқонон. Масъалаи сохти крепостноӣ. Ғуломӣ
Деҳқонон дар замони муғулҳо, мисли пештара ва давраҳои баъдина, гуногунтаркиб буданд. Гурӯҳе аз онҳо дорои имтиёз ва моликияти хусусӣ буда, ба давлат назар ба дигарон камтар андоз мепардохтанд (зоҳиран, ин ҳамон қисмати асосии аҳолист, ки дар натиҷаи хонахароб ва нобудшавӣ миқдоран хеле кам монда буд). Миқдори хеле зиёди деҳқонон заминро иҷора мегирифтанд, ё худ ҳамчун барзгари кироя дар замини доро кор мекарданд. Ин қабил деҳқонон дар вақфномаи соли 1326 бо номи музореъ ёд шудаанд. Аз рӯи маълумоти ҳамин вақфнома, деҳқонони иҷоранишини заминҳои зироатии вақф сеяки ҳосилро медоданд. Аммо махсус таъкид шуда буд, ки замини вақф аз ду сол зиёдтар ба иҷора дода намешавад.
Мадракҳои ғайримустақими давраҳои баъдтар водор мекунанд чунин тасаввур намоем, ки истилои муғул бақияҳои обшинагӣ – категорияҳои деҳқононро, ки аз насл ба насл дар як деҳа зиндагонӣ карда, соҳиби ҳуқуқи «иҷораи доимӣ» ва баъзе дигар ҳуқуқу вазифаҳои умумӣ ва ба ҳам алоқамандкунанда буданд, аз байн набурдааст.
Дар асрҳои ХV–ХVI чунин бозмондаҳои «обшинаи деҳқонон» дар категорияҳои гуногуни замин: замини давлат, замини милк ва замини вақф дида мешуданд. Аммо чигунагии ин ҳолат дар асрҳои ХIII–ХIV маълум нест.
Дар вақфномаи соли 1326 боз як категорияи деҳқонон ёд шудааст, ки онро кадевар меномиданд. Кадеварҳо асосан ба парвариши боғоти милк машғулӣ доштанд. Вале аз ин санад равшан нест, ки аҳволи онҳо аз аҳволи деҳқонони иҷоранишин чи тафовуте дорад ва муносибати онҳо бо соҳибони замин чи гуна аст. Зимнан, хидмати боғоти милкро на фақат кадеварҳо, балки боғбонҳо низ баҷо меоварданд. Инро ҳам бояд қайд кард, ки бар тибқи санади мазкур, киштукори заминҳои вақфро ғуломон ҳам, ки аз тарафи вақфдиҳандагон озод карда, ба замин нишонда шуда буданд, анҷом медоданд.
Онҳо ҳақ надоштанд, ки замини вақфро тарк кунанд, дигар аз ҳар ҷиҳат бо деҳқонони иҷоранишин яксон буданд, зеро онҳо низ дар ҳамон шароити пардохти сеяк ҳиссаи ҳосилро додан хизмат мекарданд.
Ба замин вобаста шудани ғуломон ҳанӯз барои сухан рондан аз усули крепостноӣ дар Осиёи Миёна асосе намедиҳад. Дар Эрони замони муғулҳо деҳқононро ба замин побанд намуда, аз ҷое ба ҷои дигар кӯчиданро манъ мекарданд ва аз миёнаҳои асри ХIII сар карда, деҳқонони кӯчидаро ба ҷойҳои пештараи худ бозмегардонидагӣ шуданд. Ярлиқи Ғазанхон аз таърихи соли 1303 инро фақат тасдиқ намуд. Хеле муҳим аст, ки ин на фақат ба деҳқонони иҷоранишини заминҳои иқтаъ, балки ба деҳқонони дар заминҳои милк нишаста низ тааллуқ дошт. И.П.Петрушевский чунин мешуморад, ки ин ҳолат ба тамоми деҳқонони дар ҳар гуна замин нишаста дахл менамуд. Сабабҳои асосии ба заминҳо нишонда мондани деҳқонон ин буд: агар пештар барои нуфуси сершумор замини корам намерасида бошад, пас аз қатлу ғорати истилокорони муғул миқдори аҳолӣ ва замини зироат хеле кам шуд ва бар замми ин, дар натиҷаи истисмори бераҳмонаи хусусан ашрофи ҳарбии феодалӣ деҳқонон ба ҳар тараф фирор намуда, аксари заминҳо нокишта монд. Ин буд, ки хонҳои муғул аз рӯи манфиати давлат ва феодалон, ки нигоҳ доштани деҳқононро ҳамчун адокунандаи андозу хироҷ, яъне манбаи даромад тақозо мекард, сиёсати ба замин баста мондани деҳқононро ҷорӣ намуданд. Ин сиёсат боз аз он сабаб ҳам пеш гирифта шуд, ки вай ба нуктаҳои асосии Ясои чингизӣ, ки ба пешвоёни худ комилан мутеъ будани мардуми бодиянишин ва қатъан мумкин набудани ҳаракати худсаронаи онҳоро талқин мекард, мутобиқат дошт.
Шароити Осиёи Миёна низ ба ҳамин минвол буд. Дар ин ҷо ҳам миқдори аҳолӣ ва замини зироат кам шуда, хоҷагии деҳқонон хароб ва зулму истисмор афзунтар мегардид. Дар ҳамон навоҳии Осиёи Миёна (аз қабили Туркманистони ҷанубӣ), ки ба ҳайъати давлати Ҳулокуиҳо дохил мешуданд, мисли дигар вилоятҳои ин давлат ҳодисаи ба замин побанд карда мондани деҳқонон ба таомул даромада буд. Аммо мадракҳои аниқе, ки ба мавҷудияти усули крепостноӣ дар давлати чағатоӣ, дар хиттаи Мовароуннаҳр ва вилоятҳои дар қисмати шарқӣ воқеъгардида далолат мекарда бошанд, дар дасти мо нест.
Бинобар ин ҳоло вақти ҳалли ин масъала нарасидааст. Дар ин маврид баъзе хусусиятҳои аз Эрон фарқкунандаи ташкили идораи Мовароуннаҳрро низ бояд ба эътибор гирифт. Чунон ки борҳо хотирнишон гардид, худи муғулҳо дар асри ХIII ба кори идораи мамлакат дахолат намекарданд ва худашон қитъаи замин ва иқтаъ надоштанд. Даромади мамлакатро ба воситаи ҳокимони тоҷир (Маҳмуди Ялавоч, Масъудбек ва писарони ӯ) ҷамъ мекарданд ва ин даромад барои ҳамаи он муғулоне, ки ин қисмати Осиёи Миёна ба онҳо тааллуқ дошт, умумӣ буд. Ин аст, ки он вақт дар назди хонзодаҳо ва аъёну ашрофи муғул масъалаи чи тавр ва аз ки рӯёнидани оидоти замин, дар ҷои худ будан ё фирор кардани деҳқонон ҳеҷ аҳамияте надошт. Албатта, дар асри ХIV ин ҳолат дигар шуд. Вале дар ин маврид ишораи вақфномаи соли 1326-ро дар бораи ин, ки заминро, дар сурати ободу шодоб буданаш ҳам, ба деҳқонон аз ду сол бештар ба иҷора дода нашавад, набояд аз назар соқит кард.
Алалахусус, ин ҷо сухан аз воҳаи Бухоро меравад, ки дар солҳои 1273 ва 1276 тамоман хароб шуда, то соли 1326 ҳам дар ҳар сари қадам кӯшкҳои вайрон ва боғоти ба харобазор табдилёфтаро дучор меомаданд.
Аҳволи пешаварон
Аҳволи пешаварон
Сиёсати ба қайди асорат даровардани аҳолӣ, ки муғулҳо ҷорӣ мекарданд, махсусан дар муносибати онҳо бо пешаварон возеҳу равшан зоҳир мегардад. Дар ин бобат шаҳодати яке аз маъхазҳо хеле ҷолиб аст. Тақрибан соли 1262 қосиди Қубилойхон дар Бухоро пас аз ҳисобу бароварди дубора тақсимоти зеринро муқаррар намуд: аз 16 ҳазор бухориён 5 ҳазор кас ба Боту (яъне Ҷуҷиён) ва 3 ҳазор кас ба Сиюркӯктенибегӣ (модари Ҳулокухон, Мангухон ва Қубилойхон) тааллуқ дошта, қисмати боқимондаи онҳо дар ихтиёри қоон, яъне сардори муғулҳо буданд, ки ӯ бо онҳо ҳамчун моли шахсии худ муносибат мекард. Дар соли 1263 Ҳулокухон, ки бо Ҷуҷиён ҷанг мекард, ба беруни шаҳр бароварда, сар буридани 5 ҳазор аҳолии ба ин хонадон тааллуқдоштаи Бухороро фармуд ва дар ин ҳангом на андешаи молумулк ва на раҳме нисбат ба зану кӯдакони онҳо дар дили ӯ пайдо нашуд. Муҳаққиқон дуруст тахмин мекунанд, ки инҳо пешавароне буданд, ки ба ихтиёри хонҳои муғул дода шуда, шахсан ба онҳо итоат мекарданд ва хизмати онҳоро ба ҷо меоварданд.
Плано Карпини ду гурӯҳ пешаваронро ёд мекунад: «Дар мулки саратсионҳо ва дигарон, ки дар ин миён онҳо (муғулҳо.–Б. Ғ.) гӯё ки ҳокиманд, ҳамаи беҳтарин пешаваронро соҳибӣ карда, ба тамоми корҳои худ истифода мебаранд… ба ҳар яке ҳар рӯз нони баркаш ва ҳафтае се бор порае гӯшт медиҳанд. Инро ҳам ба он пешавароне раво мебинанд, ки дар шаҳр иқомат доранд» . Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки як гурӯҳ пешаварони шаҳр ҳаёти ғуломона ба сар мебурдаанд, маҳсулоти бавуҷудовардаи онҳоро дигарон соҳиб шуда, ба ивазаш ҳар рӯз ба онҳо хӯроки бадаста медодаанд; гурӯҳи дигари пешаварони шаҳр, ки озод ё ғулом буданашон маълум нест, бо ихтиёри худ кор карда, аз оидоти касбашон андоз мепардохтаанд.
Рашиддадин ҳам ҳангоми ном бурдани тадбироти бевосита ба Осиёи Миёна дахлдоштаи Мангуқоон, зоҳиран, дар, бораи ҳамин гурӯҳи пешаварон сухан рондааст: «…Мангуқоон фармуд, ки мардуми авом аз (қабили) тоҷирон, дӯкондорон ва косибон ба дастёрони худ лутфу марҳамат намоянд ва ба (онон) аз неъмати худ бахшоянд, то ҳар яке маблағи лозимаро аз ин муомила ба қадри дарёфти худ бипардозанд».
Аҳволи пешаварони Осиёи Миёна ба як минвол набуд ва дар зарфи ду аср ҳамеша тағйир ёфта меистод. Аз манбаъҳои хаттӣ маълум мегардад, ки бисёр пешаварон ба вазъияти ғуломӣ дучор карда шудаанд. Дар овони истилои Осиёи Миёна муғулҳо умуман як қисми пешаваронро ба Муғулистон ронда бурдаанд. Баъдтар дар шаҳрҳои Эрон ва Осиёи Миёна корхонаҳои ҳунармандие ба вуҷуд омаданд, ки ба табақаи ҳокими муғулҳо тааллуқ дошта, дар он ҷо пешаварон мисли ғулом кор мекарданд. Дар баробари ин пешаварони мамлук ҳам ба мисли гурӯҳи дар боло зикршудаи Бухоро вуҷуд доштанд, ки ба ихтиёри худ кор карда, дар айни замон, ба хонҳои муғул вобаста гардида буданд ва аз касбу тиҷорати худ ба онҳо андоз медоданд. Гурӯҳи нисбатан озоди пешаварон ва тоҷироне низ мавҷуд буданд, ки ба хазинаи ҳукумати марказӣ андоз (тамға) мепардохтанд. Зоҳиран, миқдори ин гуна пешаварон торафт меафзуд. Бояд қайд кард, ки андозро аз онҳо маъмурони девон ва ё иҷорадорон ҷамъ мекарданд.
Албатта, чунин гумон кардан, ки муғулҳо пешаваронро асир карда ва ба ғуломиву бардагӣ дучор намуда, гӯё боиси тамоман аз байн рафтани ташкилоти пешаварӣ низ гардида бошанд, ҳеҷ як асосе надорад. Баробари таҷдиди сохтмони шаҳрҳои харобшуда ва эҳёи истеҳсолоти молӣ мебоист, инчунин коргоҳу устохонаҳои ҳунармандӣ ҳам дубора барқарор гардида, рӯ ба тараққӣ мениҳод.
Яке аз ҳодисаҳои нангини ҳукмфармоии истилокорони муғул афзоиши ҷанбаи ғуломдорист. Муғулҳо на фақат пешаваронро, балки тамоми аҳолии маҳалҳои ғасбкардаи худро ба ғулом табдил медоданд ва онҳоро дар хоҷагӣ, аз ҷумла, дар зироат ба таври васеъ кор мефармуданд. Дар бозори ғулом одамони ҳар қавму миллатро мефурӯхтанд. Чун меҳнати ғуломи нисбат ба тараққиёти истеҳсолот бепарво мувофиқи чашмдошт манфиат набахшид, чи навъе ки вақфномаи соли 1326 нишон медиҳад, таҷрибаи озод кардани ғуломон ва ба шахси вобаста табдил додани онҳо ба кор бурда шуд.
Зиддияти асосӣ на ин ки дар миёни ашрофи феодалӣ ва аъёни бодиянишин, балки дар байни табақаи болои феодалон, инчунин рӯҳониён, бозургонон ва судхӯрон, аз як тараф, деҳқонон ва бенавоёни шаҳр, аз тарафи дигар, ба амал меомад. Таъсири фишоровари рӯҳониёни ислом ба оммаи забун ва ақибмонда, хусусан роли гиҷкунандаи сӯфияи дарвешӣ ва шайхони сершумори он инкишофи шаклҳои бевоситаи муборизаи оммаи истисморшавандаи тоҷикро бар зидди асоратгарони маҳаллӣ (тамоман пешгирӣ карда натавониста бошанд ҳам) бо ҳар васила бозмедоштанд.
3. Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар замони муғулҳо
Меъморӣ. Касбҳои амалӣ. Санъат
3. Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар замони муғулҳо
Меъморӣ. Касбҳои амалӣ. Санъат
Вусъати фаъолияти бинокорӣ, ки дар миёнаҳои асри ХIII ва алалхусус, асри ХIV ба вуқӯъ пайваст, ба ҳолати муқаррарӣ даромадан ва, сипас, нисбатан боло рафтани ҳаёти шаҳр ва умуман хоҷагии мамлакатро инъикос менамояд. Пули сохтмонро феодалони динӣ ва ашрофӣ, ҳатто намояндагони ҷудогонаи табақаи ҳукмрони муғулҳо мепардохтанд. Аммо бинокорон устоҳои маҳаллӣ буданд. Бинобар ин дар санъати меъмории ин давра анъанаҳои маҳаллӣ, ҳамчун таҷассуми комёбиҳои меъморони Осиёи Миёна ва устоҳои гуногуни санъати амалӣ тараққиёти минбаъда ва мантиқии худро пайдо намуд.
Аз ин давра миқдори хеле зиёди осори меъморӣ боқӣ мондааст, ки аксаран аз мақбара иборат аст. Вале аз ин чунин барнамеояд, ки сохтмони асрҳои ХIII–ХIV фақат ба ҳамин навъи биноҳои мӯҳташам маҳдуд гардидааст. Аз манбаъҳои хаттӣ маълум мешавад, ки мадраса ва кӯшкҳо низ бино меёфтаанд. Дар миёнаи асри ХIII ду мадрасаи калон дар Бухоро сохта шуд, подшоҳи муғул Кабакхон дар наздикии Насаф кӯшк (қаршӣ) бино кард. Дар Кӯҳна-Урганҷ (Хоразм) манораи бошукӯҳе (ҳозир қариб 62 м баландӣ дорад) маҳфуз мондааст, дигар ҳамин хел манора дар ибтидои асри ХХ фурӯ рехт. Ин ду манора қисми таркибии масҷиде буданд.
Қадимтарин иморати маҳфузмондаи ин давра мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ мебошад. Сайфиддини Бохарзӣ аз шайхони хеле машҳур ва бонуфуз буда, ҳатто дар назди муғулҳо эътибори калон дошт.
Ӯ дар соли 1258 вафот кард. Авлоди вай бар сари мадфанаш мақбара ва хонақоҳ андохтанд. Соли 1333 ин хонақоҳро Ибни Батута зиёрат карда, онро ҳамчун «маъвои хеле бузург» тавсиф намуд. Мақбараи то замони мо расидаи шайх, ки дар наздикии Бухоро воқеъ гардидааст, хонақоҳ надорад. Вай дар асри ХIV умуман таҷдид ёфта, дар паҳлуи иморати қадимаи худи мақбара баъдтар зиёратхонае ҳам сохта шудааст. Қисми аз ҳама охир таъмирёфтаи мақбара сардарии пештоқдори вай аст. Ин ёдгории қадима ба таври оддӣ сохта шуда, дар айни замон хеле мӯҳташам мебошад. Гунбади хурдтари худи мақбара, гунбади калони зиёратхона ва сардарии баланди дорои ду манорачаи пурнақшу нигор таассуроти бинандаро ба пойдорӣ ва ҳашамати ин бино афзунтар мегардонанд.
Мақбараҳои қаблазтемурии асри ХIV хеле бисёранд. Чанд мақбара дар маҷмӯи Шоҳизинда (зиёратхонаи назди мақбараи Қуссам ибни Аббос, мақбараи соли 1360, мақбараи Хоҷа Аҳмад ва ғ.), мақбараи Буёнқулихон дар Бухоро, мақбараҳои Наҷмиддин ва Турабекхоним дар Кӯҳна-Урганҷ, мақбараи Муҳаммад Башоро дар Панҷакент, мақбараи ҳоло харобгардидаи Тубохон дар Ленинобод ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Аксари мақбараҳо аз ҷиҳати тарҳу меъморӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: гурӯҳи нисбатан сершумори онҳо, мақбараи якхонагии гунбаддор буда, гурӯҳи дигар, мақбараҳоеанд, ки мисли мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ ду гунбад дошта, аз марқад ва зиёратхона иборатанд. Дар ин давра баъзе тарҳҳои нави сохтмони мақбара ба вуҷуд меоянд, ки бар боми гунбадшакл асос ёфта, бештар бино кардани мақбараҳои дугунбада ва, ҳатто сегунбада дар назар дошта шудааст.
Ороишоти меъмории ин давра хеле муҷаллал ва гуногунранг буда, аз тараққиёти минбаъдаи касбҳои амалӣ шаҳодат медиҳад. Дар нақшу нигори биноҳо гулкориҳои рӯи гил ва мино ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Баъзан нақшҳои барҷастаи бар тахтаҳои гили пухта кандашударо бо луоби кабуд ё осмониранг андуда, дар мавридҳои дигар фақат катиба ва ё тасвири асосиро сир медоданд ва нақшҳои фаръии даруниро ба ранги гилтахтаҳои кандакоришуда мегузоштанд.
Дар ороиши биноҳо сафоли сирдори нақшин ба таври хеле фаровон ба кор бурда мешуд. Гоҳо зери мино ё рӯи миноро бо суратҳои заррин ё рангин зинат медоданд. Деворҳо бо хиштҳои сирдода, ки дар фосилаҳои баробар ба шакли амудӣ чида мешуданд, содда, вале нафис ороиш меёфтанд. Рӯи гаҷкоришудаи деворҳо гоҳо бо нақшбандии бисёр зебо пӯшида мешуд. Усули қадимаи ороиши бино тамоман аз байн нарафта буд. Чунончи, кандакориҳои (беминои) асрҳои ХI–ХII дар амали меъмории асри ХIV низ ба назар мерасанд.
Дар нақшҳои рӯи гилтахта, сафоли сирдор ва нақшу нигори деворӣ диққати касро беш аз ҳама зебоӣ ва гуногунии мураккабтарин тасвироти наботӣ ва ҳандасӣ ба худ ҷалб менамоянд. Ҳунари ихтироъкоронаи мусаввирон, ки ин ҳама намунаҳои олиро барои устоҳои сафолгар ва ё нақшбандҳо таҳия кардаанд, ниҳоят ҳайратангезанд.
Махсусан катибаҳои бо хатҳои гуногун сабтгардидаи ёдгориҳои бошукӯҳи меъмориро, ки аз маҳфуз мондани ҳунари хаттотӣ ба дараҷаи баланди пешинаи худ шаҳодат медиҳанд, бояд зикр намуд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳунари хаттотӣ ва наққошӣ осори бисёр зебои худро на фақат дар соҳаи меъморӣ, балки дар дигар ёдгориҳои санъати дастии мардуми он замон низ боқӣ гузоштаанд.
Аз ин лиҳоз ду кӯзаи гилӣ, ки танаи нокшакли онҳо бо хатҳои нақшу нигори хеле хуби қолабӣ зинат ёфтааст, бисёр ҷолиб мебошад. Дар яке аз ин хатҳо навиштаҷоте ҳаст, ки дар он ном ва сана сабт гардидааст: «Амали усто Абдурраҳмон; соли ҳафтсаду бисту як» (соли 1321 милодӣ). Хати катиба, ки хеле зебост, дар ҳар ду кӯза як хел аст, аммо нақшу нигори онҳо аз ҳам фарқ мекунад.
Баъзе намунаҳои сафололоти сирдор, ки аз Хоразм ва Туркманистони ҷанубӣ ёфт шудаанд, дорои аҳамияти калони бадеӣ мебошанд . Аз нақшу нигори маъбадҳои буддоии Марв фиқраҳои зиёде бо тасвири харгӯш, аждаҳо ва ғ. маҳфуз мондаанд.
Илму адаби тоҷик дар асри ХIII – миёнаҳои асри ХIV
Илму адаби тоҷик дар асри ХIII – миёнаҳои асри ХIV
Аз тарафи ӯрдуҳои Чингизхон истило шудани Осиёи Миёна ба тараққиёти фан ва адабиёт зарбаи калоне расонид. Дар асри ХIII ва авоили асри ХIV адабиёт махсусан дар Осиёи Сағир, ҷануби Эрон ва Ҳиндустон, яъне дар он маҳалҳое, ки дар таҳти тасарруфи муғулҳо қарор нагирифта буданд, равнақ меёбад. Фақат дар охири асри ХIV ва ибтидои асри ХV марказҳои адабӣ азнав ба Мовароуннаҳр ва Хуросон мекӯчанд.
Дар асри ХIII бузургтарин симоҳои назми форс-тоҷик Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ ба майдон меоянд.
Ҷалолиддини Румӣ (1207-1272) аслан аз қадимтарин маркази тамаддунии халқи тоҷик шаҳри Балх мебошад. Ӯ қабл аз тааррузи муғул, дар синни 14-солагӣ бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба Нишопур, Бағдод, Ҳиҷоз, Сурия ва Осиёи Сағир рафт ва дар Қуния (Осиёи Сағир) иқомат ихтиёр кард. Вай аввал бо роҳбарии падари худ дар Қуния, сипас, дар Ҳалаб ва Димишқ таҳсил намуда, маълумоти нисбат ба он замон мукаммале ба даст овард ва чанд гоҳ ба дарсгӯӣ машғул шуд. Вале дар соли 1224 ӯ бо таъсири мулоқоти яке аз дарвешон дарсдиҳӣ ва роҳбарии корҳои тариқати суфияро ба халифагони худ вогузор карда, худ гӯшанишин гардид.
Ҷалолиддини Румӣ аз бузургтарин олимон ва шоирони мутасаввиф аст. Асарҳои хеле машҳури ӯ яке девони ғазалиёт ва дигаре «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки аз шаш ҷузъ – 26 ҳазор байт иборат буда, асосҳои фалсафаи тасаввуфиро дар бар гирифтааст. Вай бо ин асари худ навъи маснавии ирфониро то ба охирин дараҷаи тараққиёти он пеш бурд. Эҷодиёти Румӣ хусусан аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки шоир ба мақсади умумфаҳм гардидани асарҳои худ услуби соддаро ба кор бурда, шаклҳои назми халқии тоҷикро, чунончи, дар ғазал сурудҳои лирикӣ ва дар маснавӣ тамсилро истифода менамояд.
Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (тақрибан 1219-1292) дар Шероз ба таҳсили илм шурӯъ намуда, пас аз он ба Бағдод рафт ва дар мадрасаи «Низомия» давраи таҳсили худро ба охир расонид. Аз як тараф, шавқи ҷаҳонгардӣ ва, аз тарафи дигар, нооромиҳое, ки ҳангоми ҳуҷуми урдуи муғул дар ватани Саъдӣ рӯй дода буданд, ӯро ба мусофирати дуру дарози кишварҳои гуногуни Шарқ водор намуданд. Саъдӣ дар овони ин мусофиратҳо, ки 30-40 сол давом карданд, Ҳиҷоз, Бағдод ва Африқои шимолиро саёҳат намуд.
Ӯ дар соли 1256 ба Шероз баргашта, ба ҷамъ кардан ва тартиб додани асарҳои худ машғул гардид.
Эҷодиёти Саъдӣ ба таъсири назми қадимаи тоҷик ташаккул ёфта, бо он узван марбут гардидааст. Бинобар ин бо вуҷуди он ки Саъдӣ шоири Шероз буда, берун аз хиттаи Осиёи Миёна офаринандагӣ кардааст, вай инчунин ба таърихи назми тоҷик дохил мешавад.
Саъдӣ ғайр аз «Гулистон» ва «Бӯстон» бисёр шеър ҳам навиштааст, аз ҷумла, чанд силсилаи ғазалиёт ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки ба ин васила шоир дар таърихи инкишофи ин навъи назми классикии форсу тоҷик мақоми шоистае ишғол намудааст. Саъдӣ, дар баробари офаридани намунаҳои мукаммали навъи ғазал, дар насри бадеӣ ҳам устодии худро нишон дод. Аз тарафи дигар вай усули панду насиҳатро дар адабиёт бештар ҷорӣ кард ва навъи асарҳои таълимиро хеле такмил намуд. Шоир дар асарҳои пандомезаш ақидаҳои инсониятпарваронаи худро акс кунонида, ғояҳои ватандӯстиро таблиғ кардааст.
Саъдӣ зулму тааддӣ ва ситамкориҳои давлатдоронро маҳкум намуда, ҳокимонро даъват мекард, ки ба мардуми оддӣ бо чашми эҳтиром ва қадршиносӣ назар кунанд. Ӯ ба кам қаноат карданро талқин менамуд ва молпарастиву таҷаммулхоҳиро мазаммат мекард. Дар айни замон эҷодиёти ин шоири бузург аз маҳдудиятҳои таърихӣ ва синфӣ холӣ нест. Чунончи, ӯ зарурати дар пеши зӯрмандон сари итоат фуруд оварданро қайд намуда, як навъи ба худ хоси мароми ба муқобили бадӣ сар набардоштанро таблиғ ва талқин мекунад.
Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325) дар яке аз шаҳрҳои шимоли Ҳиндустон таваллуд ёфтааст. Падари ӯ аслан аз шаҳри Кеш буда, дар вақти ҳуҷуми муғул аз Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон фирор намудааст. Амир Хусрав пас аз хатми таҳсил шаҳри Деҳлиро иқоматгоҳи худ қарор дод ва дар дарбори султон машғули фаъолияти эҷодӣ гардид.
Ӯ илова бар девони ашъоре, ки аз панҷ қисмат иборат аст, ба равияи фарзанди заковатманди халқи Озарбойҷон Низомӣ «Хамса» навишт. Амир Хусрав дар ин асари худ, агарчанде мавзӯи қадимаро нигоҳ дошт, лекин дар услуби достон ва тавсифи қаҳрамонҳо дигаргунӣ овард. Ӯ нисбат ба дигар шоирон дар бобати гирифтани мавзӯъҳои маҳаллӣ зиёдатар ҷасорат намуд. Аз асарҳои достонии ӯ «Қирон-ус-саъдайн» (дар бораи мулоқоти Саъд бо падари худ Буғрохон), «Мифтоҳ-ул-футӯҳ» (калиди фатҳҳо) ва «Нӯҳ сипеҳр» дар мавзӯъҳои маҳаллӣ навишта шудаанд. Ин тариқа асарҳои шоир илова бар қимати адабӣ дорои аҳамияти бузурги таърихӣ ҳам мебошанд.
Достони ишқӣ-афсонавии ӯ «Хизрхон ва Дувалронӣ», ки дар бораи шаҳзодаи ҳиндӣ ва маъшуқаи вай ҳикоят мекунад, хеле қобили таваҷҷӯҳ аст. Амир Хусрав бо забони маҳаллии рехта, ки баъдҳо асоси забони урдуро фароҳам овард, низ асар эҷод кардааст. Ӯ ба омӯзиш ва таҳқиқи фанҳои гуногун, илми шеър ва мусиқӣ ҳам машғул мешуд.
Нахустин маҷмӯаи ба мо расидаи назми тоҷик тазкираи «Лубоб-ул-албоб» мебошад, ки дар солҳои 1221-1222 таълиф ёфтааст. Муаллифи он Муҳаммад Авфӣ аслан аз Марв буда, дар Бухоро тарбият гирифта ва дар ҳамин ҷо таҳсил намудааст. Ӯ дар вақти ҳуҷуми муғулҳо ба Ҳиндустон фирор намуда, дар он ҷо ғайр аз тазкираи номбаршуда асари мансуре бо унвони «Ҷавоме-ул-ҳикоёт ва лавоме-ур-ривоёт» навишт, ки аз ҳикоятҳои ширин ва афсонаву қиссаҳои аҷиб фароҳам омадааст.
Дигар аз донишмандони илму адаб, ки дар дарбори Муҳаммади Хоразмшоҳ хидмат мекарданд, Муҳаммад ибни Қайси Розӣ мебошад. Вай низ ҳангоми тааррузи истилокорони муғул тарки ватан намуда, дар ноҳияи ҷанубии Эрони кунунӣ паноҳ бурд ва дар ин ҷо дар соли 1223 «Ал-мӯъҷам фи маойири ашъор-ул-Аҷам» ном асаре доир ба арӯз ва қофия таълиф кард, ки дар он роҷеъ ба шоирони гузашта ва муосири муаллиф маълумоти пурбаҳо дода, аз ашъори онон намунаҳо оварда шудаанд.
Дар асри ХIII таърихнависӣ хеле ривоҷ гирифт. Аз муҳимтарин асарҳои ин соҳа «Табақоти Носирӣ»-ро метавон ном бурд, ки дар соли 1260 аз тарафи Абӯумар Минхоҷиддини Ҷузҷонӣ ном шахсе аз аҳли Ғур таълиф ёфтааст.
Ин асар ғайр аз таърихи подшоҳони Ҳинд баъзе воқеаҳои давраи салтанати Ғазнавиён, ҳукмронии муғулҳо ва махсусан табаддулоти муборизаи зидди исмоилияро муфассал баён мекунад ва донр ба таърихи давраи асри миёнаи Ғур беҳтарин сарчашмае ба шумои меравад.
Аз асарҳои таърихии он замон, ки дар бобати таҳқиқ ва омӯзиши давраи муғулҳо қимати бузурге доранд, алалхусус, асари дар Эрон навиштаи Алоуддин Атомалики Ҷувайнӣ (ваф. 1283) «Таърихи Ҷаҳонкушо» ва асари Фазлуллоҳ Рашидаддин (дар соли 1318 кушта шудааст) «Ҷомеъ-ут-таворих»-ро ном бурдан мумкин аст. Ин асари охиринро В. В. Бартолд нахустин иқдоми ҷиддӣ дар бобати офаридани «Таърихи умумиҷаҳонӣ»-и асри миёна мешуморад.
Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.