Абулқосим Фирдавсӣ. Ситойишгари адлу ростӣ ва нуру хирад

firdavsi

Фалсафаи ҳаётбахши Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, сабақи омӯзанда ва ибратбахш барои наслҳои имрӯз ва фардо хоҳад шуд. Халқи тоҷик мисли ҳамаи қавмҳои дигари эронӣ аз он ифтихор дорад, ки ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидонаи худ манзараи басо барҷастаи Ватанамонро аз нахустин падидаҳои зиндагӣ дар ин сарзамин то рӯзгори худ бо қалами сеҳрофарин тасвир намудааст ва мо ҳамроҳи нависандаи ин ҳамосаи ҷовидонӣ шоҳиди ҳам фирӯзиҳо ва ҳам нокомиҳо, ҳам сарбаландиҳо ва ҳам шикастҳо мешавем. Бадахшону Вахшону Хатлон ва Фарғонаву Хоразму Тахористон, Суғду Бохтар ва мулки Шумон дар «Шоҳнома» бо тамоми кӯҳу дашту даманҳояшон ба таври ҳайратангез ба қалам дода шудаанд.

«Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, ойини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои цангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, фирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем.

Ман бовар дорам, ки дар мунозираҳои илмӣ перомуни бузургтарин китоби таърихи эрониён, балки тамоми ҷаҳони ақлу хирад паҳлуҳои гуногуни фалсафаи Фирдавсии бузургвор баррасӣ хоҳад шуд ва ин имкон медиҳад, ки муҳтавои «Шоҳнома»-и беҳтару хубтар дарк намоем ва аз муборизаи некӣ бо бадӣ, нур бо зулмот дақиқтар огоҳ шавем.

“Шоҳнома” дар замоне эҷод гардид, ки аз як сӯ ҳокимияти миллии мо — давлати Сомониён рӯ ба шикаст ниҳод, аз сӯйи дигар ҷойи арзишҳои бостонии Аҷамро арзишҳои сифатан нави исломӣ фаро мегирифт. Ва Фирдавсӣ тавонист ба ранҷу азоби тоқатфарсо нигоҳ накарда, бо сухани ҷаззоби шоирона Аҷамро аз нав зинда карда, мероси бузурги фарҳангӣ ва анъанаҳои ватандӯстии халқашро барои наслҳои оянда ба ёдгор бимонад.

Дар «Шоҳнома» ҳам ҷангҳои дохилии вилоятҳои Эронзамин ҳамчун ҷангҳои зишту бемаъно, ки аз оғоз ғоратгарӣ мебошанд, бисёр тасвир шудаанд.

Яке аз ҷангҳои бемаъно ва бедодгарона ҷанги шоҳи Сосониён бар зидди шоҳи Ҳайтол (Хатлони имрӯза) Хушнавоз аст. Пирӯз, ки худ бо мадади шоҳи Ҳайтол ба салтанат расида буд, паймоншиканона ӯро сарнагун мекунад ва мо мебинем, ки Фирдавсӣ шоҳи Сосониёнро мазаммат намуда, ҳокими Ҳайтолиёнро, ки барои сулҳу осойиш ҷонбозиҳо мекард, самимона ситойиш мекунад. Ба қавли Фирдавсӣ, танҳо ҳамон неруҳое, ки дар хидмати адлу адолат мебошанд, қобили ситойишанд. Дар ҷангҳои доманадори Эрону Тӯрон ҳам Фирдавсӣ эрониёнро фақат ҳамон лаҳзаҳое ситойиш мекунанд, ки онҳо барои доду адл мубориза мекунанд, зеро ҷанги беадолатона талаба нест.

Ки ҳар к-ӯ ба бедод ҷӯяд набард,
Ҷигархаста боз ояду рӯйзард.

Фирдавсӣ ҳатто ҳуҷуми хеле пурхашми Искандари Мақдуниро ба Эронзамин маҳкум намекунад. Зеро вай бо худ идеяи нав — идеяи шоҳи одилро овард. Рустами дастон — ин паҳлавони ҷаҳон ҳам ба ҳеҷ рӯй моил намешавад, ки дар ҷанги бедод талаба кунад ва мегӯяд, агар кори ман ҳақ нест, бигузор бо дасти душман кушта шавам.

Сирру асрори тасвирҳои зебои «Шоҳнома» ҳам дар он аст, ки Фирдавсӣ фақат ҷангҳои одилонаро ситойиш карда, хонандаро ҳамроҳи худ вориди саҳнаи набардҳои одилона месозад.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати як инсони покнажоду покгуҳар ва шахсияти нобиғаву достонсаройи беҳамто, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон воқеан фалсафаву адаби моро неруи тоза бахшида, шеърро ба ҳар дард даво ва ёвару мададгор ва ҷонбахши мардум гардонид. Фалсафаи манзуми ӯ моломоли ғояҳои ватанпарастӣ, башардӯстӣ, покию нафосат, сулҳу сафо, панду андарз ва ахлоқи ҳамида, шеъри набарду мубориза ва ҷонбозиҳо дар роҳи озодии халқу Ватан, дар роҳи адолату ростӣ аст.

Ҳаким Фирдавсӣ ба сифати як ҳамосасаройи нобиға ва бузургтарин донандаи таърих ва зиндагиномаи гузаштагони хеш таърихи чандинҳазорсоларо дар дилу дидаи оламиён аз нав эҳё карда, аз қисмату сарнавишти мардони бузурги таърихи мо ва рӯйдодҳои зиндагӣ натиҷаҳо бардошт ва ҳосили ин бардошт панду андарз ва хулосаҳои саршор аз ҳикмат аст, ки моро ба роҳи ростӣ ҳидоят мекунад.

Ҳакими бузургвори тӯсӣ тавассути шеъри асил анъанаю дастовард, ҳикмату хирад, ҷасорату мардонагӣ, қудрати маънавию ахлоқӣ, нангу номус, ғурури миллӣ ва қаҳрамониҳои бемисли мардуми эронинажодро ба гӯши ҷаҳониён расонид. Бисёр халқҳои олам ба таърихи Эрони бостон, корномаи фарзандони далер ва анъанаю суннатҳои миллии он тавассути «Шоҳнома» ошноӣ пайдо карданд.

«Шоҳнома» асари ҷовидонист ва ҳар сатри он аз заминаи миллӣ, аз саргузашту користони мардуми он, аз зиндагии воқеӣ берун омадааст ва биноан, шеъри Фирдавсӣ шеъри асил ва ростин аст. Ҳазор сол боз мардуми мо аз шеъри Фирдавсӣ ғизои рӯҳу ҷон, панду ҳикмат, ахлоқи ҳамида мебардоранд, ба ҳар дардашон даво, ба тани ранҷурашон шифо меёбанд, тавассути шеъри ӯ мушкилоташонро осон мекунанд.

Фирдавсӣ як марди мусулмон буд, вале ҳаргиз таърихи пурифтихори халқи худро қурбони идеологияи ҷоҳилона насохтааст. Аз фалсафаи Фирдавсӣ бармеояд, ки ягон ҳукумат, ягон роҳбар ва ҳоким, ягон андеша ва дину идеология ҳақ надорад, ки мардумро бо зӯрӣ мутеи худ созад.

Хирад барои мардуми эронинажод нақше ба ҷуз посдорӣ ва нигаҳдорӣ ва парвариши ҷон, яъне зиндагӣ чизи дигар намебошад. Озурдани ҷон ва ҳамроҳ бо он озурдани хираду андеша бадтарин гуноҳ ва шар(р) аст.

Барои Фирдавсӣ рехтани хуни бародарони ҳамхуни ҳамнажоду ҳамзабон гуноҳест азим ва ҷавонмардӣ ин нест, ки хуни бародари хеш бирезӣ ва миёни пайвандон тухми нифоқу қасос бикорӣ:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг
Наёяд, агар бошадаш ному нанг!

Боз мегӯям, ҳазор афсӯс, ки мардуми тоҷик ба дасисаи аҳриманӣ гирифтор шуд ва дар ҷанги фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ панду андарз ва даъватҳои шуълавари шоири бузурги хешро аз ёд бурда, ба харобкориву хунрезӣ даст заданд. Акнун бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем. Бояд дар ин сарзамини абгору дардхӯрда аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад. Фардои дурахшон ва хушбахтию некномии миллати мо танҳо аз ваҳдат, ягонагию якзабонӣ ва мусолиҳаи миллӣ вобаста аст ва агар мо ин корро накунем, рӯҳу арвоҳи бузургонамон, бахусус, рӯҳи Фирдавсӣ, ҷовидон аз мо домангир хоҳад буд.

Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин рӯҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осойиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем ва нагузорем, ки миёни мо тухми нифоқу кина бикоранду бародарро ба қатли ҷони бародар бифиристанд.

Ҳамон тавре ки Фирдавсии бузург фармудааст:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Аз ин пас ба хира марезед хун,
Ки бахти ҷафопешагон шуд нагун.

Имрӯз қаламрави забони форсӣ дар марзҳои якчанд кишвари мустақили Ховарзамин ва нуфуси форсигӯён дар бисёр кишварҳои Аврупо ва Амрико паҳну парешон аст. Ва фақат нобиғаҳое чун Рӯдакию Фирдавсӣ тавонистанд, ҳатто ҳазор сол баъд аз сари худ ҳамаи моро гирди ҳам оранд. Ин гирдиҳамойӣ маҳфили ақлу хираду фаросату башардӯстист. Он, ки бо сеҳри сухан мулки Аҷам зинда кард, намирандааст, ҳамон тавре ки худаш ҳам бовар дошт:

Биноҳои обод гарданд хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.