Абӯалӣ ибни Сино. Мутафаккири абадзинда

ibni_sino

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад. Ба ҳамин сабаб аст, ки инсонияти мутамаддин барҷаста ва олими энсиклопедистро дар асри гузашта ду маротиба таҷлил кард: дафъаи аввал соли 1952 тибқи солшумории ҳиҷрӣ ва бо қарори Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ. Раиси Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ, олими маъруф Фредерик Жолио-Кюри доир ба хизмати беназири Ибни Сино чунин гуфтааст: «Фаъолияти Ибни Сино, ки бар пояи ҳақиқат ва хирад асос ёфтааст, саҳми бузурге ба тамаддуни ҷаҳонӣ буда, ба хотири ҳамдигарфаҳмии халқҳо хизмат карда, ба инсоният барои сохтмони ояндаи нек кӯмак мерасонад».

Бори дувум ҷашни ҳазорсолагии Ибни Сино соли 1980 тибқи қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, саҳми бузурги ӯ дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва дигар илмҳо комилан эътироф карда шуд. Чунин арҷгузории олӣ ба хизматҳои илмӣ ва фарҳангии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аз он ҷиҳат аст, ки ӯ дар тӯли умри кӯтоҳ ва пурҳаводиси худ бо вуҷуди саргардониҳои зиёд тавонистааст ба инсоният осори гаронбаҳое ба ёдгор гузорад.

Осори боқимондаи ӯ бештар аз 250 асарро фаро мегирад, ки дар байни онҳо «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ҳикмат-ал-Машриқия», «Китоб-ул-инсоф», «Донишнома», «Мабдаъ ва маод», «Мубоҳасот», «Ишорот ва танбеҳот» аҳамияти бузурги илмӣ ва фалсафӣ доранд. Ӯ дар осораш низоми мукаммали маърифати ҷаҳоншиносиро ба вуҷуд овард, ки моҳиятан ҷамъбасти ҳамаи соҳаҳои илми он замона — фалсафа, табииёт, риёзиёт, тиб, мантиқ ва илоҳиёт мебошад.

Ибни Сино на танҳо олим ва файласуфи бузурги ҷаҳон, балки ҳамчунин яке аз барҷастатарин чеҳраҳои таърихи табобат дар ҳама давронҳост. Асари муҳимтарини дар ин бахш таълифнамудааш «Қонун»-и ӯст, ки китоби аввали онро дар 30-солагӣ навиштааст. Бояд гуфт, ки пеш аз Ибни Сино дар Шарқ ду китоби арзишманди тиббӣ машҳур буданд, ки аввалӣ ба Закариёи Розӣ ва дуюмӣ ба Алӣ ибни Аббосии Маҷусӣ тааллуқ доштанд. Лекин «Қонун»-и Сино бо ҳалли масъалаҳои сода ва мушкили тиббӣ тавонистааст, ки ҳамаи китобҳои пешин ва баъд аз ӯро дар сояи худ нигоҳ дорад. Масалан, Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола»-аш ба «Ал-Қонун»-и Ибни Сино чунин баҳо додааст: «Агар Буқрот ва Ҷолинус зинда шаванд, раво бувад, ки пеши он китоб саҷда кунанд».

Ибни Сино бо эҷоди «Ал-Қонун» ва як силсила осори дигари тиббии худ зимни муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои тибби ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ ва ниёгони халқи тоҷик пойдевори табобати назарӣ ва амалиро бунёд гузошт, ки ба эътирофи муҳаққиқони машҳури ҷаҳон ҷовидона аст. Осори адабии ӯ ба забони тоҷикии форсӣ ва арабӣ дар пешрафти адабиёти тоҷику форс ва ташаккули забони миллии мо нақши муҳим дорад.

Бояд гуфт, ки дар қарни даҳуми мелодӣ дар хонадони тоҷик ба дунё омадани нобиғае ба мисли Ибни Сино амри тасодуф нест. Зеро замони Ибни Сино яке аз давраҳои тиллоии адабиёту фарҳанги мо буд, ки давлатдории Сомониёнро шуҳрати ҷаҳонӣ додааст. Маҳз дар ҳамин давра ба Сино ва дигар шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ муяссар гардид, ки ба ситораҳои тобноки илму тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёфта, номи худ ва миллати хешро дар таърихи башар абадӣ сабт намоянд.

Давраи Сомониён собит месозад, ки симоҳои бузурги фарҳангиву илмӣ тасодуфан ба арсаи таърих намеоянд, балки муҳити созгор ва мусоид аз байни садҳо олимону шоирон, хунёгарон ва аҳли зиё беҳтарин ва боистеъдодтарини онҳоро шуҳратманд мегардонад. Ибни Сино низ аз устодони донишманди давраи Сомониён дарс омӯхта, минбаъд бо зеҳни фавқулодат ва заҳматҳои фаровони илмию эҷодиаш осори гаронбаҳотарини тиббию фалсафиро ба ёдгор гузошт.

Яке аз хусусиятҳои муҳими давраи давлатдории Сомониён таваҷҷуҳ ба ривоҷи илму фарҳанг буд. Мо метавонем ин давраро ба як хазинаи нодире монанд кунем, ки беҳтарин ва арзишмандтарин дурру гавҳарҳои маърифатро ҷамъ оварда, барои такомули ақлу хиради башарият истифода намудааст. Ҷиҳати дигари афзалиятноки давлатдории Сомониён ин пазируфтани дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ буда, шиори «Дониш андар дил чароғи равшан аст» кулли фарзонагон ва аҳли илму фарҳангро раҳнамойӣ мекард. Маҳз чунин фазои озод боис шуд, ки фалсафаи Юнон бо андешаҳои фалсафии мактабҳои Шарқи Миёна ва Наздик дастраси донишмандони қаламрави Сомониён гардад ва дар заминаи озодфикрии шуубия фалсафаи Арастуро ба пояи баланд бардорад. Рӯзгор ва осори Ибни Сино намунаи барҷастаи хизмати бедареғ ва фидокорона ба инсоният аст. Ӯ дар тамоми марҳалаҳои зиндагии худ, хоҳ дар маснади вазорат бошаду хоҳ дар ҷодаи таълиму таълиф ва хоҳ дар ҷараёни табобат ба ҳадафҳои олии инсонӣ ва ҳақиқати илмӣ содиқ монд.

Ибни Сино ба воситаи асарҳои фалсафии худ ҷаҳони андешаи асримиёнагиро фарох ва зиндатар гардонд, роҳи расидан ба ҳақиқат ва кашфи асрори вуҷудро сармашқи таҳқиқи худ қарор дод. Сино дар тӯли умри кӯтоҳи 57-солааш тавонист осори безаволу гаронбаҳое офарад, ки садҳо сол мавриди ниёзи ҳамарӯзаи олимону табибон қарор бигиранд. Ман «Ал-қонун»-ро дар назар дорам, ки дар қатори осори Буқрот, Ҷолинус ва Арасту дар мактабҳои олии Аврупо ҳамчун китоби дарсӣ омӯхта мешуд. Ин асари беназир воқеан ҳам ифтихори тибби ҷаҳонӣ буда, аз замони мавриди истифода қарор гирифтанаш то ба имрӯз шояд ба миқдори бешумори беморон умри дубора ато кардааст ва хоҳад кард.

Асарҳои фалсафии ӯ, махсусан «Донишнома», «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Мабдаъ ва мавод» ба рушди фалсафаи халқҳои Шарқи исломӣ ва Ғарб таъсири амиқ расонида, бар хилофи таассуб ва иртиҷоъ ақидаҳои дунявӣ ва озодфикронаи илмро интишор додаанд.

Шахсияти Ибни Сино намунаи барҷастаи иродаи қавӣ, рӯҳи тавоно, ҷасорати камназир дар муқобили ҳама гуна мушкилиҳои зиндагӣ мебошад. Ҳарчанд ӯ дар интиҳои давлатдории подшоҳони Сомонӣ ба дунё омада, ҷавониаш дар айёми таназзули он гузаштааст, вале тавонист мероси бузурги илмию фарҳангии он давраро азбар намуда, оқилонаву эҷодкорона инкишоф диҳад. Рӯзгори номусоиди баъдина, таъқиботи ҳамешагии султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва гумоштагони ӯ Ибни Синоро пайваста ба фирор водор месохт. Вале бо вуҷуди нооромиҳои доимии зиндагӣ, маҳбусию гирифторӣ ва мушкилоту маҳрумиятҳои дигар, ҳатто нобуд шудани дастнависи китобҳои нав таълифкардааш ӯ аз таълифу эҷод даст накашида, мехост барои ояндагон осори гаронбаҳои илмӣ ба мерос гузорад. Чунонки муҳаққиқони фалсафаи ӯ қайд кардаанд, дар таълимоти Ибни Сино оид ба ҳастӣ дар баробари Воҷибулвуҷуд, яъне Офаридгор абадияти модда низ эътироф мешавад. Бинобар ин, масъалаи муҳими дигар дар фалсафаи Ибни Сино, ки метавон онро меҳвари аслии ҳастишиносӣ ва низоми ҷаҳонии фалсафии вай ба шумор овард, фарқ миёни ҳастӣ ва моҳият аст. Дар ҳар маврид Ибни Сино сабаби ҳодисаҳои олами табиӣ ва инсониро ҷустуҷӯ карда, ба ҳар масъала аз мавқеи мантиқ ва ақли солим бархӯрд менамояд, ҳодисаҳои коинот ва олами заминиро дар вобастагӣ таҳқиқ месозад.

Ибни Сино на танҳо олими тавоно, шоири мутафаккир, табиби ҳозиқ, балки сиёсатмадори барҷаста ва муҳаққиқи бузурги ахлоқ низ будааст. Ҳарчанд ки аз фаъолияти вазирии ӯ маълумоти хеле кам дастрас шудааст, вале як мавзӯъ равшан аст, ки ӯ дар умури давлатдорӣ илму сиёсатро бо ҳам пайваста, барои ҷорӣ кардани низоми адлу инсоф кӯшидааст. Маҳз ба ҳамин сабаб ашхоси манфиатҷӯю золим ба нобуд кардани ӯ азм намуда, ин марди покраву покманишро ду бор гирифтори ҳабс сохтаанд. Рисолаҳое, ки ӯ дар маҳбас таълиф кардааст, гувоҳи муборизаҳои бардавомат барои тантанаи адолат ва хирад мебошанд. Андешаҳои пурҳикмати Ибни Сино дар бораи сиёсат, ахлоқ ва ташкилу тадбири оила як қисми муҳими осори ӯро ташкил дода, имрӯз низ қобили таваҷҷуҳ ва истифода мебошанд. Шайхурраис дар бораи тарбияи сиёсатмадорони нексиришт ва фозил, ки шаҳрдоронро ба корҳои хайр раҳнамойӣ кунанд, аҳли ҷомеаро саодатманд намоянд, ҳамдигарфаҳмиву муттафиқиро дар байни мардум густариш диҳанд, ақидаҳои солиму омӯзанда баён доштааст. Ӯ барои ноил шудан ба ин мақсад таълиму тарбияро дар оила, ки онро ҳавзаи хурди мулкдорӣ меҳисобад, вазифаи бағоят муҳими падару модар мешуморад.

Ақидаҳои Ибни Сино оид ба таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа дар замони истиқлолияти кишвари мо аҳамияти хосса доранд. Зеро дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари меъёрҳои байналмилалии давлатдории муосири мо анъанаҳои арзишманди тарбиявию ахлоқиро низ бояд ҳамчун унсури ғояи миллӣ истифода намоем.

Ибни Сино дар асарҳои худ ба ҷо овардани эҳтироми зан, махсусан модарро аз сифатҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ мешуморад. Ба қавли ӯ, дар оила озод нигоҳ доштани зан, меҳрубону ҳалиму хоксор будани мард боиси ҳурмату эҳтироми дуҷониба ва баландии шарофати онҳо мегардад. Ӯ ба занон дар баробари тарбияи фарзанд омӯхтани ҳунар ва ба меҳнати судбахш машғул буданро тавсия медиҳад. Соҳиби касбу ҳунар шудани занон, ба андешаи Сино, онҳоро аз беҳудашинӣ, афсурдаҳоливу дилтангӣ мераҳонад ва ба зиндагии оилавиашон ҳусни тоза мебахшад. Покии ахлоқи зану шавҳар, эҳтироми самимонаи онҳо ва тарбияи оқилонаи фарзандон дар таълимоти Ибни Сино мақоми арзанда дорад.

Ибни Сино ба нақши илму маърифат дар тарбияи фарзанд баҳои баланд дода, таъкид мекунад, ки ҳар қадар шахсони соҳибмаърифат, чорасозону ҳунармандон зиёд бошанд, корҳои давлатдорӣ, истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва сарватҳои рӯзгор ҳамон қадар беҳтару бештар мегардад. Андешаҳое, ки ӯ ба сифати як барномаи мукаммал дар китобҳои «Шифо», «Ал-Қонун», «Тадбири манзил» ифода кардааст, дар ҳалли мушкилоти мактабу маориф, тарбияи муаллим ва омӯзишу парвариши шогирдон имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд. Аз ин лиҳоз, ҳам барои табибон, ҳам барои мураббиёну муаллимон ва ҳам барои кормандони соҳаи тарбияи ҳуқуқӣ дастурҳои ӯро омӯхтан ва вобаста ба шароити таълиму тарбияи имрӯз истифода кардан ба пешрафти соҳаи маориф ва умуман тарбияи ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Барои инсоният ақидаҳои ахлоқию иҷтимоии Ибни Сино имрӯз ҳам арзиши худро гум накардаанд. Дар ҷаҳони муосир, ки раванди глобализатсия мушкилиҳои нав эҷод кардааст, андешаи Ибни Сино дар бораи зарур будани ваҳдату ҳамраъйии инсонҳо, даъват ба ҳамкорӣ ва кӯмак ба ҳамдигар, пеш гирифтани роҳи адолату инсоф ва муросою мадоро бешак ба талқини ормонҳои осойишу амнияти ҳамагонии башарият ҳамоҳанг аст. Ӯ барҳақ таъкид мекунад: азбаски ҷомеа зодаи ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ аст, ба касе ниёз дорад, ки «қонун ва адолатро муқаррар намояд ва чунин кас бояд имкони тавассути сухан ба мардум муроҷиат карданро дошта бошад ва мардумро барои риояи қонун уҳдадор созад». Ибни Сино барои аз бенизомӣ ва бесарусомонӣ ҳифз кардани ҷомеа сарвари оқилу огоҳеро лозим медонад, ки мардумро ба роҳи дуруст раҳнамойӣ кунад ва инсофу адолатро пуштибонӣ намояд.

Зимнан бояд гуфт, ки Ибни Сино на танҳо бо андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки тавассути назариёти тиббиаш низ ҷовидонаю абадзинда аст. Андешаҳои ӯ дар хусуси қоидаҳои нигоҳдошти тандурустӣ, тадбирҳо ва шартҳои пешгирии бемориҳо, дар таҷриба дақиқан санҷидани давоҳо ва таъини он ба беморон, сабабмандии ҳолатҳои физиологӣ ва рӯҳонии инсон, вобастагии инсон ба муҳити зист, иқлим ва обу ҳаво аз ҷумлаи он нуктаҳои муҳими назарияи тиббии Ибни Сино мебошанд, ки дар замони мо ҳам аҳамияти илмӣ ва амалии худро аз даст надодаанд. «Ал-Қонун»-и Ибни Сино асари мукаммали энсиклопедие мебошад, ки дар давоми асрҳо китоби рӯйимизии табибон буд ва ҳоло ҳам ин рисолатро иҷро карда метавонад. Худи ҳамин далел аз бузургӣ ва шаҳомати ҷаҳонии Ибни Сино шаҳодат медиҳад, ки баъд аз сад соли вафоти ӯ

«Ал-Қонун» ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, соли 1544 аввалин бор аз чоп мебарояд. Ин китоби безавол дар донишгоҳҳои Монполис, Вена, Лувен (Лёвен), Брюссел ва мактабҳои олии Аврупо то асри XX ҳамчун китоби дарсии беҳтарин маъмул буд ва борҳо ба забони лотинӣ бо теъдоди зиёд ба табъ расидааст.

Дар кишварҳои Шарқ, алалхусус дар сарзамини Эрони бостонӣ ба ҳифзу гирдоварӣ ва табъу нашри осори Сино, ташкили анҷумани байналмилалии синошиносӣ ва бузургдошти номи ӯ тадбирҳои мушаххас меандешанд, ки ин боиси таҳнияту сарфарозист. Бояд зикр кард, ки баргузор шудани маҳфили бузурги байналмилалӣ ба муносибати 1025-умин солгарди ӯ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иқдомоти муҳими ин кишвар дар бузургдошти ному осори ин алломаи безавол аст.

Бисёр олимону файласуфони аврупоӣ ва ҳакимону донишмандони Шарқ Ибни Синоро устоди хеш дониста, ба асарҳои тиббию фалсафиаш шарҳҳо навиштаанд, ки аз нуфузу эътибори ҷаҳонии ин шахсияти бузург гувоҳӣ медиҳад. Зиндагӣ ва осори Ибни Сино ин мактаби ҷасорат, тантанаи илму хирад, инсондӯстӣ ва худафрӯзӣ барои бахту саодати инсоният аст. Мо дар назди рӯҳи ин бузургвор имрӯз сари таъзим фуруд оварда, хотираи некашро бо таълиму таҳқиқоти тоза ва инкишофи афкори ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм зинда нигоҳ медорем.

Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, «тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тӯли ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд».

Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост. Аз ин рӯ, ба марказҳои илмии мо зарур аст, ки осори ин алломаи бузургро пурра ба забони тоҷикӣ ба табъ расонанд ва ба забонҳои дигар тарҷума кунанд.

Ҳамду сано ба миллате, ки чунин абармардро ба олами тамаддун эҳдо намудааст!

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.