Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қофиласолори адабиёти тоҷику форс

rudaki

Барои мо — тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил намуданд.

Воқеан, шинохти ҳақиқии асолати таърихӣ моро водор месозад, ки барои рушду пешрафти кишварамон аз осори гаронбаҳои аҷдодамон сабақ гирем ва роҳи минбаъдаи давлатдории навини тоҷиконро муайян созем. Ва танҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки ба кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузошта, номашонро зинда нигоҳ дорем, ки дар садри онҳо устод Рӯдакӣ қарор дорад. Зеро устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Фаъолияти эҷодии Рӯдакии ҷавон аз зодгоҳаш Панҷрӯд ибтидо гирифта, баъдан дар муҳити мусоиди илму адабпарвари Сомониён вусъат ва шуҳрат ёфтааст. Тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ, ки аз ҷониби садҳо нафар муҳаққиқону муаррихон тасдиқ ва таъкид шудааст, аз асри сеи пеш аз мелод сокинони бумии ин сарзамин суғдиҳо буда, ниёгони мо дар ин паҳно бо номи Суғд давлатдории мустақил доштаанд, ки ҳудуди Панҷакенти имрӯза яке аз марказҳои он ба ҳисоб мерафт. Инчунин дар доираи адабии асри ҳафтуми мелодӣ шоири тавоное бо номи Абӯҳафси Суғдӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст, ки аз офарандагони нахустини шеъри тоҷикӣ мебошад. Доир ба қаламрави Суғд ва суғдиён ҳанӯз дар матнҳои форсии бостон — катибаҳои шоҳони ҳахоманишӣ ва дар китоби Ҳеродот — таърихшиноси юнонии асри панҷуми пеш аз мелод сухан рафтааст. Дар

катибаҳои форсии қадим, аз ҷумла, катибаи Дориюш ҳудуди Суғд байни сарзаминҳои Хоразм ва Бохтар муайян шудааст.

Водии зебоманзари Зарафшон дар маҷмӯъ яке аз қисматҳои асосии сарзамини Суғд ба шумор мерафт, ки ин гуфтаҳоро таърихи шашҳазорсолаи Саразм ва Панҷакенти қадим собит месозад. Ва беҳуда нест, ки дар асоси мероси бузурги таърихиву фарҳангӣ ва меъмориву шаҳрсозии суғдиёни қадим як қатор муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ Панҷакентро Помпеи Шарқ ва Флоренсияи хурд номидаанд, ки ин бешубҳа, боиси ифтихори мардуми тоҷик аст. Наслҳои минбаъда ва ворисони мардуме, ки чунин тамаддуни олии моддиву маънавиро офаридааст, дар тӯли ҳазорсолаҳои баъдӣ низ кӯшишу талошҳои пайваста ба харҷ додаанд, то забону фарҳанг ва истиқлолу ҳувийяти миллии мо — тоҷикон пойдору устувор боқӣ монад.

Мо таърихи гузаштаамон, яъне асри тиллоии давлати Сомониёнро, ки як қатор нобиғаҳои сатҳи ҷаҳониро ба майдон овардааст, бо ифтихор ба ёд меорем. Замоне ки Рӯдакӣ қадам ба арсаи ҳастӣ ниҳод, аз давраҳои дурахшони таърихи халқи тоҷик мебошад. Пас аз муборизаҳои зиёди озодихоҳона аҷдоди мо соҳиби давлати мустақил гардида, истиқлолияти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ба даст оварданд. Дар авҷи истиқлолхоҳии хонадони Оли Сомон халифаи Бағдод ваколати идораи мустақилонаи қисми зиёди Мовароуннаҳрро ба Наср ибни Аҳмади якум таслим намуд. Давлати Сомониён тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат оромиву суботро пойдор сохта, баробари ба вуҷуд овардани сохтори муназзами идораи давлатӣ густариши фарҳанги бузурги миллии мардуми ориёинажодро таъмин намояд. Дар ин давра сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр, бахусус, шаҳрҳои бузурги он ба марказҳои иқтисодиву фарҳангии минтақа табдил ёфта, соҳаҳои гуногуни илму фан, тиҷорату кишоварзӣ ва иқтисодиёту фарҳанг густариши бесобиқа пайдо карданд. Вазири донишманди амири сомонӣ Абӯабдуллоҳ Муҳаммади Ҷайҳонӣ, ки худ яке аз ҷуғрофишиносони машҳури он замон буд, донишмандону олимони машҳури замонро ҷамъ овард ва барои фаъолияти пурбори онҳо шароити мусоид фароҳам намуд. Дар ин замон Абӯалӣ Сино илми фалсафаи Арастуро зинда кард ва донишномаи нави тибби ҷаҳониро бунёд гузошт. Вазирони бузурги Сомонӣ Абулфазли Балъамӣ ва писари ӯ Муҳаммади Балъамӣ барои мустаҳкам кардани мавқеи забони тоҷикӣ хизматҳои шойистаи таърихӣ карданд. Бо ҳиммат ва ташаббуси Балъамии сонӣ тарҷума ва тафсири аввалини Қуръони маҷид ба забони модарии мо ба вуҷуд омад. Донишмандони тоҷик дар муҳити созгоре, ки муҳайё шуда буд, ба омӯзиши амиқи илму дониши халқҳои гуногуни олам, бахусус, Юнону Рими бостон, Ҳинду Чини қадим пардохта, муҳимтарин осори онҳоро ба забонҳои арабиву тоҷикӣ тарҷума карданд, ки ин ҳамчунин боиси боқӣ мондани онҳо гаштааст. Хизмати бузурги Сомониён дар он буд, ки онҳо дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар ба рушди илму фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Бунёди бегазанди адабиёти нави тоҷику форс маҳз дар ҳамон давра — асрҳои IХ-Х ба души шоире афтод, ки бо ному тахаллуси Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ аз деҳаи дурдасти Панҷрӯди воқеъ дар болооби Зарафшон зуҳур намуд.

Мегӯянд, ки Рӯдакӣ ҳанӯз дар овони наврасӣ Қуръонро азбар намуда, ба омӯзиши дигар илмҳои маъмули замонаш оғоз карда буд. Маълум мешавад, ки илму дониш дар он аср на танҳо дар шаҳрҳои бузург, балки дар музофоти кӯҳистони тоҷик низ вуҷуд доштааст. Ашъори шоироне, ки то замони ӯ суруда шуда буданд ва суруду таронаҳои маҳаллии деҳоту шаҳракҳои кӯҳистон завқи шоиронаи Рӯдакии ҷавонро шодоб мегардониданд. Рӯҳи ватанпарастонаи Деваштич, ки дар қалъаҳои дастнораси кӯҳистон паноҳ ёфта, ба муқобили аҷнабиён диловарона мубориза бурда буд, дар сирату тинати Рӯдакӣ озодманишиву озодпарастиро парвариш дода буд. Сипас Рӯдакии наврас, чунон ки дар қитъаи шеъре гуфтааст, савору ҷавону тавонгару некандеш, бо ҳазорон умеду орзу роҳи шаҳрҳои бузургро пеш мегирад ва ба омӯзиши илму адаб мепардозад. Солҳои таҳсилу илмомӯзӣ Рӯдакӣ бо шеъри худ дар байни мардуми шеърдӯсту шеърпарвари диёри худ ба тадриҷ шуҳрату овоза пайдо мекард. Дар нимаи аввали асри X Исмоили Сомонӣ — бузургтарин чеҳраи хонадони Оли Сомон ҳукмрони мустақили қаламрави бузурги Мовароуннаҳр гардид. Аммо дар солҳои аввали ҳукмронии ӯ ва писараш Аҳмад таъмин кардани рушди ҳаматарафаи давлати Оли Сомон ҳанӯз имкон надошт.

Соли 914 тахти аморат ба Наср ибни Аҳмади чаҳордаҳсола расид, аммо ҳукмрони воқеии давлат Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ — донишманди бузург ва сиёсатмадори тавоно буд. Ҷайҳонӣ сохтори давлатро ба низому тартиб овард ва донишмандону шоирони номдорро аз саросари кишвар гирд намуд. Муҳаққиқони рӯдакишинос бар онанд, ки Рӯдакӣ низ дар ҳамон давра, яъне солҳои аввали вазорати Ҷайҳонӣ ба дарбор омадааст.

Сӣ соли давраи ҳукмронии амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад замони шукуфоӣ ва камолоти давлати Сомониён буд. Ҳамин сӣ сол давраи пурмаҳсул ва пурбор, давраи камолоти эҷодии Рӯдакӣ низ ба шумор меравад. Зеро замони осойишта ва рушди иқтисодиву сиёсии давлати Сомониён ба Рӯдакӣ илҳому неруи эҷодӣ мебахшид. Дар он рӯзгор дар шаҳру деҳоти қаламрави давлати Сомониён пеш аз хама таронаву сурудаҳои шодиёнаву ошиқонаи Рӯдакӣ вирди забонҳо буданд. Ин шеърҳо, ки бо забони соддаву равон ва тасвири эҳсоси поку наҷиби инсонӣ аз қалби шоир берун мешуданд, ба дили мардум ҷой мегирифтанд.

Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ масъалаҳои тарғиби одоби ҳамида, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат ва илму дониш тараннум мешаванд ва баръакс, нуқсҳои табиати инсонӣ ва иллатҳои ҷомеа мазаммат мегарданд. Рӯдакӣ сулҳу накукорӣ, дӯстӣ ва рафоқатро барои зиндагии одамон эҳтиёҷи табиӣ мешуморад. Вай дӯстии ҳақиқӣ ва беғаразро мепарастад. Панду андарзҳои Рӯдакӣ, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма мегиранд, дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи тоҷикро ташкил мекунанд. Ба ин сабаб онҳо аз имтиҳони таърих гузашта, чун ҳикмати рӯзгорон боқӣ мондаанд ва то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардонидани дилҳо хизмат менамоянд. Ба қавли ин шоири ҷаҳоншумул комёбии ҳар инсон ба кӯшишҳои пайваста, сабру тоқат ва донишу ҷаҳонбинии худи ӯ вобаста мебошад. Устод Рӯдакӣ зарурати ягонагии донишҳои инсоният, иштироки халқҳои гуногуни дунёро дар кори ба вуҷуд овардани хазинаи умумии тамаддуни башарият, инчунин ҳамеша дар такомул будани илм ва нури маърифат будани онро таъкид менамояд.

Рӯдакӣ шоири ватанпараст ва миллатдӯст буд. Барои собит сохтани ин фикр далел овардани шеъри машҳури «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме…» кофист, ки бо шунидани он амири сомонӣ Насри II бетаъхир аз Ҳирот роҳи пойтахтро пеш гирифта буд.

Рӯдакии бузургвор, ки фарогири илму дониши Шарқу Ғарб ва нобиғаи замон буд, бо фаросати эзидӣ дарк менамуд, ки чи рисолати миллатсоз ва масъулиятбори таърихӣ ба души ӯ афтодааст. Аз ин рӯ, истеъдоди худро ҳимматбаландона ба бунёди адабиёти муҳташаме равон сохт, ки дар гирдоби пурпечутоби таърих пойдор ва устувор монда тавонад. Дар ҳамон солҳои баракати илҳому неруи эҷодӣ Рӯдакӣ ду маснавиро аз адабиёти қадими Машриқзамин ба назм даровард, ки яке достони «Синдбоднома» ва дигаре маснавии машҳури «Калила ва Димна» буд. «Синдбоднома» ҳамчун маҷмӯи ҳикоятҳои шавқангезу дилчасп дар достони манзуми Рӯдакӣ ба забони тоҷикӣ асари ниҳоят маҳбубу марғубе гардид. Ҳамчунин маснавии «Калила ва Димна», ки Рӯдакӣ онро бо хоҳишу тарғиби вазири сомонӣ Балъамии сонӣ ба назм даровард, бо таъсиру аҳамияти ахлоқии худ дар ҷомеаи он замон мақоми бузурги тарбиявӣ дошт. Байти машҳуре, ки асрҳои аср вирди забонҳост:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеч н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

оҳанги пандомӯзонаи ин достон аст. Зеро ҳаёт ва таҷрибаи зиндагӣ нахустин мактабест, ки инсон аз он дониш меандӯзад. Ин шиори Рӯдакӣ дар достони «Калила ва Димна» ва дар шеърҳои дигари шоир низ ҳамеша чун панди хирадмандона садо медиҳад.

Рӯдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ — ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накукориву хайрандешӣ буд. Аз ин лиҳоз, агар гӯем, ки Рӯдакӣ шоири ҳамаи давру замонҳо буда, шеъри оламгири ӯ ҷавобгӯйи ниёзмандиҳои ҳамаи наслҳои инсоният аст, камоли ҳақиқат хоҳад буд.

Хизмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагори ва густариш пайдо кардани он гардид. Ва имрӯз ин забон на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар форсигӯён хизмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги аҳли Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири калон гузоштааст.

Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои соддаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт. Ҳанӯз ҳазору сад сол пеш ин шоири мутафаккири халқи тоҷик бо каломи ҳикматбори худ дили мардуми форсигӯро тасхир карда буд, ки ин муҳаббату самимияти гарм дар қалбҳои мардуми мо ва халқҳои гуногуни олам то ҳанӯз зинда аст. Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем. Яъне забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад, ки гӯё шеъри Рӯдакӣ дар замони мо суруда шуда бошад. Худи шоир дар ин маврид мефармояд:

Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,
Расад марҳабо аз замину замонам.

Муҳаққиқон ва донишмандон устод Рӯдакиро барҳақ «офтоби гавҳари Сосон» ва «фурӯғи дудаи Сомон» гуфтаанд. Зеро маҳз ба воситаи осори Рӯдакӣ асри нуҳ — асри тиллои адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди сомонӣ Рӯдакӣ шуҳраи офоқ гардид. Муҳити фарҳангӣ ва адабии он давра бо ашъору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Робиаи Балхӣ, Хусравонӣ ва дигарон мустаҳкам гардида, шукӯҳу азамати давлати Сомониёнро таҷассум менамояд.

Ашъори Рӯдакӣ бо сабки ниҳоят соддаву равон офарида шудааст, ки имрӯз, яъне пас аз ёздаҳ аср низ ба ҳар хонандаи форсизабон фаҳмост. Рӯдакӣ на танҳо шаклу мазмуни назми тоҷикро ба такомул расонид, балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки онро сабки Рӯдакӣ ҳам мегӯянд. Ӯ ҳамчунин асоси адабиёти тоҷик ва гузашта аз он, бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард. Назми классикии ҷаҳон бо мероси гаронбаҳои шоири бузурги тоҷикон ғанӣ гардид. Вале афсӯс, ки ин ганҷинаи бебаҳои сухан ва кохи баланди шеъри Рӯдакӣ бар асари ҳамлаҳои аҷнабиён дар тӯли ҳазорсолаҳо хароб шуд ва талаву тороҷ гардид. Аз тоқу равоқҳои муҳташами ин кохи сухан то замони мо пораву хиштҳои парешон боқӣ мондааст. Ин абёти парешон бо заҳмати устодони зиндаёд Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Абдулғанӣ Мирзоев ва донишмандони имрӯзаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон зарра-зарра аз хазинаҳои осори хаттии кишварҳои Шарқ гирдоварӣ шуд, ки шумори онҳо имрӯз зиёда аз ду ҳазор мисраъ мебошад. Ғазалу тарона ва рубоиҳои шоир, қасидаву қитъаҳои мукаммали ӯ ва ниҳоят пораҳои боқимонда аз достонҳои «Калила ва Димна»-ву маснавиҳои гумном имрӯз бо дурахшу рангорангӣ ва муҳтавои ҳаётиву инсонии худ моро мафтун месозад.

Мероси манзуми Рӯдакӣ ганҷинаи бузурги маънавии таърихи гузаштаи мо мебошад. Мо бояд ин мероси пурарҷро якҷоя бо ашъори бозмондаи ҳамасрони Рӯдакӣ таҳқиқ кунем, сирру асрори эъҷози сухани Рӯдакиро барои дигарон бозгӯ намоем. Мо таъсиси маркази илмии «Бунёди Рӯдакӣ»-ро табрик мегӯем ва корҳои аввалини омӯхтан ва ба чоп омода намудани матни илмии девони Рӯдакиро пайғоми неки рӯдакишиносӣ медонем. Рӯдакишиносӣ бояд як қисми муҳими илму адаби мо гардад ва дар марказҳои илмии донишгоҳҳо хуб ба роҳ монда шавад.

Аслан яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки дар таърихи адабиёти мо вуҷуд дорад ва бояд бо ниҳояти диққат ва назокат ҳал шавад, ин масъалаи саҳми тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон дар зинда нигоҳ доштан ва парвариши забону адабиёти тоҷику форс аст. Ин ганҷинаи нодир ва саршор, бидуни шакк, сарвати миллии тамоми форсизабонон аст. Гузашта аз ин, шоирони бузурги мо, аз қабили устод Рӯдакиву ҳаким Фирдавсӣ, Умари Хайёму Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз ва дигарон ба тамоми инсоният тааллуқ доранд ва дар саросари олами мутамаддин соҳиби барҳақӣ шуҳрат ва маҳбубиятанд. Имрӯз далелҳои қавӣ вуҷуд доранд, ки дар асоси онҳо донишмандон макони зуҳур ва нашъунамои забон ва адабиёти тоҷикиву форсиро Мовароуннаҳру Хуросон медонанд. Аввалин қиёмҳои сиёсӣ ба муқобили ҳукумати неруманди замон аз ҳамин ҷо бархостаанд ва мардоне чун Муқаннаъ, Абӯмуслим, Яъқуби Лайс ва Исмоили Сомонӣ ба ҳайси сарварони нахустин давлатҳои миллӣ аз қабили Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд. Ва нахустин шоирон, аз ҷумла, қофиласолори шеъри тоҷикиву форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва достонсаройи камназири ҷаҳон Абулқосим Фирдавсӣ аз ин диёр бархостаанд ва аввалин осори илмиву тарҷумаҳо низ дар ҳамин ҷо пайдо шудаанд. Мехоҳам таъкид намоям, ки бо вуҷуди он ҳама шикасту рехтҳо дар масири таърихи дурударози халқамон ба касе муяссар нашуд, ки рӯҳи миллӣ ва шуълаи ватандӯстиву истиқлолҷӯёнаро дар ин сарзамин хомӯш созад. Ҳамаи ин саҳифаҳои саршор аз диловариву фидокорӣ дар роҳи Ватану миллат, ин ҳама ҷидду ҷаҳди фарҳангсозиву тамаддунофаринӣ барои мардум имрӯз ҳам дарси ибрат ва намунаи пайравӣ аст. Ин мероси пурбаҳои адабӣ барои кишвари соҳибистиқлоли мо, ки рӯ ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ниҳодааст, хеле муҳим ва зарур мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи нав инсони худшиносу худогоҳ ва дорои ахлоқи неку маънавияти баландро тақозо менамояд. Ва хушбахтона, осори адабии ниёгони мо саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозанд.

Дар ин ҷо хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки корномаи эҷодӣ ва инсонии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди миллату Ватани хеш бояд барои насли имрӯзаи зиёиёни тоҷик низ ҳамчун тимсоли барҷастаи фидокорию худфарсойӣ, навҷӯйиву навпардозӣ, ҷасорату матонат ва имон овардан ба рӯҳи шикастнопазири инсон бошад. Яъне агар мо воқеан худро ворисону меросхӯрони мардони бузурги миллат, аз қабили устод Рӯдакӣ ва дигар абармардони халқамон шуморем, андеша, амал ва зиндагии мо бояд арзанда ва мувофиқи номи неки гузаштагонамон бошад.

Хизмати таърихии устод Рӯдакӣ боз дар он аст, ки қадри суханро ба арши аъло расонида, мустақилияти адабиётро фароҳам овард ва адабиёти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ аҳли башарро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат мерасонад. Шеъри Рӯдакӣ дар таърихи мардуми куҳанбунёди мо ба монанди гулбуни ҳамешабаҳорест, ки бо накҳати атрбораш зиндагии моро доим муаттару зебо месозад.

Шеъри Рӯдакӣ пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, бо арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, илмиву фарҳангӣ ва таърихӣ ойинаи босафои зиндагии ҳар кадоми мову шумо мебошад. Мо ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва фарҳанги солори тоҷикон имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст.

Бояд гуфт, ки шуҳрати Рӯдакӣ дар давоми асрҳо ҳамчун бунёдгузори шеъри нави тоҷикиву форсӣ аз тарафи шоирону тазкиранависон ҳамеша зикр ва тасдиқ гардидааст.

Рӯдакишиносӣ дар илми шарқшиносии Русия ва мамлакатҳои Ғарб низ мавқеи калон дошт ва мо аз хизматҳои донишмандони Олмон, Фаронса, Инглистон ва кишварҳои дигар миннатдорем. Аз солҳои бистуми асри гузашта, яъне аз оғози таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯдакӣ ҳамчун парчами ҳувийяти миллии тоҷикон шинохта шуд. Устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳамчун шоири миллии тоҷикон шуҳрат ёфтани Рӯдакӣ хизматҳои бузурге карданд. Соли 1958 ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ ҳамчун ҷашни миллии шеъру адаби мо таҷлил гардид ва таҷлили ҷашни 1150-солагии ӯ идомаи ҳамон анъанаҳои неки миллии мо буд. Адабиёт, назми инсондӯстӣ ва симоҳои бузурги шеър, мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхию Камоли Хуҷандӣ ва бисёр дигарон ҳамеша васлгари дилҳо, пайвандгари халқу миллатҳои гуногун буданд ва чунин боқӣ мемонанд. Далели равшани ин суханҳо ҷашни Рӯдакии бузург аст, ки бародарони ҳамзабону ҳамфарҳангамонро аз Эрону Афғонистон ва аз бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб дар ватани Рӯдакӣ ҷамъ овард.

Дар осмони баланди назм шеъри тобноки устод Рӯдакӣ ҳамеша фурӯзон хоҳад монд. Халқи тоҷик чун нишони сипосу эҳтиром ноҳия, чандин муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ, хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон ва чорбоғи бузургро ба номи фарзанди бузурги хеш — Рӯдакӣ гузошта, дар зодгоҳи шоир — деҳаи Панҷрӯд мақбараашро обод сохт ва муҷассамаҳои боҳашамати ӯро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ бунёд кард.

Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъат низ номи Рӯдакиро дорад. Бо қарори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳама таҷассуми эҳтироми бузург ва муҳаббати бепоёни халқи мо ба соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист.

Бигзор, дар ҳар иқдоми хайри мо рӯҳи Рӯдакии бузургвор ёру мададгорорамон бошад! Бигзор, кохи шеъри пайафкандаи Рӯдакӣ то абад бегазанд бошад! Бигзор, шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ ҳамчун сарҳалқаи зарини назми оламгири тоҷику форс раҳнамойи зиндагии босаодати мардуми мо гардад!

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.