Аҳмад Зоҳир. ЛМ. Бисту нӯҳ суруд

Абдуҳамид Тағоев / Июл.22.2014. / Гузориш нест

ahmad_zohir_A
Аҳмад Зоҳир
Мурдам аз дарду намеойӣ ба болинам ҳанӯз,
Марги худ мебинаму рӯят намебинам ҳанӯз.
Бар лаб омад ҷону рафтанд ошноён аз сарам,
Шамъро нозам, ки мегиряд ба болинам ҳанӯз.
Орзу мурду ҷавонӣ рафту ишқ аз дил гурехт,
Ғам намегардад ҷудо аз ҷони мискинам ҳанӯз,
Симгун шуд мӯю ғафлат ҳамчунон бар ҷой монд,
Субҳидам хандиду ман дар хоби нӯшинам ҳанӯз…

1/165

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ,
Дилбару дилдори ман астӣ,
Шӯхи ситамгори ман астӣ.

Ҷон, ҷон, ҷон,
Бале, бале, ёри ту ҳастам,
Дар пайи озори ту ҳастам.
Қаҳр макун, ноз макун,
Ҷаври нав оғоз макун,
Захми дилам боз макун.
Гарчи парастори ман астӣ,
Шӯхи ситамгори ман астӣ.

Ҷон, ҷон, ҷон,
Бале, бале, ёри ту ҳастам,
Дар пайи озори ту ҳастам.

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ,
Дилбару дилдори ман астӣ,
Шӯхи ситамгори ман астӣ.

Ҷон, ҷон, ҷон,
Бале, бале, ёри ту ҳастам,
Дар пайи озори ту ҳастам.
Нозкаши нози манӣ,
Ту ёри дамсози манӣ,
Ошиқи сарбози манӣ.
Дил, ки сазовори ту ҳастам,
Дар пайи озори ту ҳастам.

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ,
Дилбару дилдори ман астӣ,
Шӯхи ситамгори ман астӣ.

Ҷон, ҷон, ҷон,
Бале, бале, ёри ту ҳастам,
Дар пайи озори ту ҳастам.

Зебо, зебо, зебо,
Ёри манӣ, ёри ман астӣ,
Ёри вафодори ман астӣ.

Он, он, он,
Мӯнису ғамхори ту ҳастам,
Ҳам гули бехори ту ҳастам,
Дар пайи озори ту ҳастам.

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ,
Дилбару дилдори ман астӣ,
Шӯхи ситамгори ман астӣ.

Ҷон, ҷон, ҷон,
Бале, бале, ёри ту ҳастам,
Дар пайи озори ту ҳастам.

Аҳмад Зоҳир бо хонум Жило

2/166

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон-1

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон, ҷон-ҷон,
Дилама кардӣ вайрон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, ҷон-ҷон,
Мана куштӣ ба армон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, вой-вой,
Мана куштӣ ба армон.

Чашми сиёи зоғат,
Модар набинад доғат,
Модар бинад, набинад, вой-вой,
Ошиқ набинад доғат.

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон, ҷон-ҷон,
Дилама кардӣ вайрон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, ҷон-ҷон,
Мана куштӣ ба армон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, вой-вой,
Мана куштӣ ба армон.

Аз боло борон омад,
Ёрам ба долон омад.
Як бӯса талаб кардам, вой-вой,
Чашмаш ба гирён омад.

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон, ҷон-ҷон,
Дилама кардӣ вайрон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, ҷон-ҷон,
Мана куштӣ ба армон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, вой-вой,
Мана куштӣ ба армон.

3/167

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон-2

Маҷнун, Маҷнун, Маҷнунҷон, ҷон-ҷон
Маро куштӣ ба армон.
Да ин қарё н-омадӣ, вой-вой,
Дилама кардӣ вайрон.
Дар қади гули пахта,
Дорам ниҳоли шаҳта.
Аз дастаки ту, золим, ҷон-ҷон
Гулҳом намеарза.

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон, ҷон-ҷон,
Дилама кардӣ вайрон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, вой-вой,
Мана куштӣ ба армон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, ҷон-ҷон,
Мана куштӣ ба армон.

Чашми сиёи зоғат,
Модар набинад доғат,
Модар бинад, набинад, ҷон-ҷон,
Ошиқ набинад доғат.

Маҷнун, Маҷнун, Маҷнунҷон, ҷон-ҷон,
Мара куштӣ ба армон,
Да ин қишлоқ н-омадӣ, вой-вой,
Дилама кардӣ вайрон..
Да ин қарё н-омадӣ, вой-вой,
Дилама кардӣ вайрон.

Аз боло борон омад,
Ёрам ба долон омад.
Як бӯса талаб кардам, ҷон-ҷон
Чашмаш ба гирён омад.

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон, ҷон-ҷон,
Дилама кардӣ вайрон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, вой-вой,,
Мана куштӣ ба армон.
Да ин қишлоқ н-омадӣ, ҷон-ҷон,
Мана куштӣ ба армон.

Сари чашма расидам,
Қаду болота дидам,
Қаду болот чӣ бошад, ҷон-ҷон,
Чашми сиёҳта дидам.

Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон, ҷон-ҷон,
Дилама кардӣ вайрон…

Маҷнун, Маҷнун, Маҷнунҷон, ҷон-ҷон,
Мара куштӣ ба армон…

Аҳмад Зоҳир бо хонум Жило

4/168

Магар Худо зи рақибон

Магар Худо зи рақибон туро ҷудо бикунад,
Аҷаб хаёли хуше кардаам, Худо бикунад!

Сазои мардуми бегонаро диҳам рӯзе,
Ки рӯзгори туро бо ман ошно бикунад.

Магар Худо зи рақибон туро ҷудо бикунад,
Аҷаб хаёли хуше кардаам, Худо бикунад!

Хабар намешавӣ зи ҳоли мо, магар вақте,
Ки оҳи сӯхтагон дар дили ту ҷо бикунад.

Магар Худо зи рақибон туро ҷудо бикунад,
Аҷаб хаёли хуше кардаам, Худо бикунад!

МАТНИ ШЕЪР:
Магар Худо зи рақибон туро ҷудо бикунад,
Аҷаб хаёли хуше кардаам, Худо бикунад!
Сазои мардуми бегонаро диҳам рӯзе,
Ки рӯзгори туро бо ман ошно бикунад.
Хабар намешавӣ зи сӯзи мо, магар вақте,
Ки оҳи сӯхтагон дар дили ту ҷо бикунад.
Бар он сарам, ки ҷафои туро ба ҷон харам,
Дар ин муомила гар умри ман вафо бикунад.
Қабули ҳазрати соҳибдилон нахоҳад шуд,
Агар ба дарди ту дилхоҳаш даво бикунад.
Писанди хоҷаи мо ҳеҷ бандае нашавад,
Ки қасди бандагӣ аз баҳри муддао бикунад.
Тариқи ошиқиву расми бандагӣ ин аст,
Ки мо вафо бинамоему ӯ ҷафо бикунад.
Надонам, ин дили садпораро чӣ чора кунам,
Худо накарда, агар тири ӯ хато бикунад.
Ба ёди зулфу баногӯши ӯ дилам то чанд,
Шаби дароз бинолад, саҳар дуо бикунад.
Фурӯғӣ, аз пайи он нозанин ғизол бирав,
Ки дар қаламрави ишқат ғазалсаро бикунад.

Шеър аз Фурӯғии Бастомӣ

5/169

Ман агар девонаам

Ман, агар девонаам, занҷир ку?
Гар асири донишам, тадбир ку?
Гар зи хокам, ин рамиданҳо зи чист?
В-ар зи бодам, орамиданҳо зи чист?

Ақл додандам, ки донам рози дӯст,
Ман надидам ин дам, охир, ғайри пӯст.

Ман, агар девонаам, занҷир ку?
Гар асири донишам, тадбир ку?
Гар зи хокам, ин рамиданҳо зи чист?
В-ар зи бодам, орамиданҳо зи чист?

Гар шудам пайдо барои имтиҳон,
Имтиҳони мушти хоки нотавон.

Ман, агар девонаам, занҷир ку?
Гар асири донишам, тадбир ку?
Гар зи хокам, ин рамиданҳо зи чист?
В-ар зи бодам, орамиданҳо зи чист?

Гар шудам пайдо, ки дар заҳмат шавам,
Дигаронро мояи роҳат шавам.

Ман, агар девонаам, занҷир ку?
Гар асири донишам, тадбир ку?
Гар зи хокам, ин рамиданҳо зи чист?
В-ар зи бодам, орамиданҳо зи чист?

Матни шеър:
Ман, агар девонаам, занҷир ку?
Гар асири донишам, тадбир ку?
Гар зи хокам, ин рамиданҳо зи чист?
В-ар зи бодам, орамиданҳо зи чист?
Гар зи оташ, пас чӣ шуд хокистарам?
Шуд куҷо дуду шарору ахгарам?
Гар шудам пайдо ба иқболи суҷуд,
Аз суҷуди беҳузури ман чӣ суд?
Саҷдае, ин хок молидан ба рӯст,
Дар риёи ман зиёи абруст.
Гар шудам пайдо, ки назди ину он,
Сар ниҳам ба ҳар адои имтинон.
Пас зи фарқам тоҷи каррамно чӣ шуд?
Он ҳумоюн маснади аъло чӣ шуд?
Гар шудам пайдо, ки пардозам сухан,
Шамъсон сӯзам миёни анҷуман.
Сӯхтам, аммо чӣ шуд анвори ман?
Тобиши пояндаи гуфтори ман?
Ақл додандам, ки донам рози дӯст,
Ман надидам ин дам, охир, ғайри пӯст.
Ё нигоҳи дониши ман хира шуд,
Ё гуҳар пинҳон дар оби тира шуд.
Ҳар ду гар бошад чунин, пас чора чист?
Чорасози мардуми овора кист?
Гар шудам пайдо, ки дар заҳмат шавам,
Дигаронро мояи роҳат шавам,
Дигарон баҳри чӣ дар заҳмат-даранд?
Аз вуҷуди ман чаро меҳнат баранд?
Ман, ки худ дар кори худ овораам,
Дар ғаму дарди касон бечораам.
Гар шудам пайдо, ки мушти хоки ман,
Созад обод ин шабистони куҳан,
Аз чӣ рӯ якбора вайронаш кунанд,
Бо адам ҳамдӯшу яксонаш кунанд?
Гар шудам пайдо барои имтиҳон,
Имтиҳону мушти хоке нотавон.
Пас маро доданд иззи ҷону тан,
То дар оғӯши лаҳад созам ватан.
Пайкари худро барам то гӯри тор,
Созам аз тан тӯъма баҳри мӯру мор.
Пас биёр, ай мутриби ҷонсӯз, най,
Нола сар кун аз лаби хунбори вай.
Бар саломи ман ба гӯри тори ман,
Гӯ паёми ман ба мӯру мори ман:
«Оҳиста бизан дандон дар ҷисми низори ман,
То гӯши ту нахрошад аз нолаи зори ман.
Гар обу гиле будам, ё ҷону диле будам,
Гум гашт фурӯғи ман, афсурд шарори ман.
Хандидаму болидам, хун гаштаму нолидам,
Уфтодаму хобидам, ханданд ба кори ман.
Афсӯс ки ин мӯрон ҳаргиз накунанд идрок,
Сӯзи ману дарди ман дар қалби фигори ман.
Аз доғи ҷигар бархез, в-аз хуни дилам шӯ ранг,
Ай сабза, ки мерӯйӣ аз хоки мазори ман».

Шеър аз Халилуллоҳи Халилӣ

Ман нокомам — ниг. 13 Аз пеши ман бирав

6/170

Ман бори сангинам

Ман бори сангинам, маро бигзору бигзар,
Некам, бадам, инам, маро бигзору бигзар.

Дардам намедонад касе бигзор то ман,
Кӯшад ба таскинам, маро бигзору бигзар.

Ман бори сангинам, маро бигзору бигзар,
Некам, бадам, инам, маро бигзору бигзар.

Бар марги худ сӯзӣ, абас мегирйӣ, ай шамъ,
Маншин ба болинам, маро бигзору бигзар.

Ман бори сангинам, маро бигзору бигзар,
Некам, бадам, зиштам, маро бигзору бигзар.

Ман бори сангинам, маро бигзору бигзар,
Некам, бадам, инам, маро бигзору бигзар.

МАТНИ ШЕЪР:
Ман бори сангинам, маро бигзору бигзар,
Некам, бадам, инам, маро бигзору бигзар.
Бар марги худ сӯзӣ, абас мегирйӣ, ай шамъ,
Маншин ба болинам, маро бигзору бигзар.
Дардам намедонад касе аз дӯсту душман,
Кӯшад ба таскинам, маро бигзору бигзар.
Оинаи дил тира аз зангори ғамҳост,
Берангу рангинам, маро бигзору бигзар.
Бигзор зи занҷирам кушад дажхими айём,
Дархӯрди нафринам, маро бигзору бигзар.
Бигзор, ҷуз кобуси нокомӣ набинад,
Чашми ҷаҳонбинам, маро бигзору бигзар.
Бигзор, то дар мотами вайронии хеш,
Чун чуғд биншинам, маро бигзору бигзар.

Шеър аз Шаҳрошӯб (Маҳмуди Саноӣ)

7/171

Ман ғуломи қамарам

Ман ғуломи қамарам,
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду шакар ҳеҷ магӯ.
Дӯш девона шудам, ишқ маро диду бигуфт:
«Омадам, наъра мазан, ҷома мадар, ҳеҷ магӯ».

Ман ғуломи қамарам,
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду шакар ҳеҷ магӯ.
Ай нишаста ту дар ин хонаи пурнақшу нигор,
Хез, аз ин хона бирав, рахт бубар, ҳеҷ магӯ».

Ман ғуломи қамарам,
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду шакар ҳеҷ магӯ.
Гуфтам: «Ин рӯй фаришта-ст, аҷаб ё башар аст?»
Гуфт: «Ин ғайри фаришта-сту башар, ҳеҷ магӯ».

Ман ғуломи қамарам,
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду шакар ҳеҷ магӯ.

МАТНИ ШЕЪР:
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шамъу шакар ҳеҷ магӯ.
Сухани ранҷ магӯ, ҷуз сухани ганҷ магӯ,
В-ар аз ин бехабарӣ ранҷ мабар, ҳеҷ магӯ.
Дӯш девона шудам, ишқ маро диду бигуфт:
«Омадам, наъра мазан, ҷома мадар, ҳеҷ магӯ».
Гуфтам: «Ай ишқ, ман аз чизи дигар метарсам».
Гуфт: «Он чизи дигар нест, дигар ҳеҷ магӯ.
Ман ба гӯши ту суханҳои ниҳон хоҳам гуфт,
Сар биҷунбон, ки бале, ҷуз ки ба сар ҳеҷ магӯ».
Қамаре ҷонсифате дар раҳи дил пайдо шуд,
Дар раҳи дил чӣ латиф аст сафар, ҳеҷ магӯ.
Гуфтам: «Ай дил, чӣ маҳ аст ин?» Дил ишорат мекард,
Ки на андозаи туст ин, бигузар, ҳеҷ магӯ.
Гуфтам: «Ин рӯй фаришта-ст, аҷаб ё башар аст?»
Гуфт: «Ин ғайри фаришта-сту башар, ҳеҷ магӯ».
Гуфтам: «Ин чист, бигӯ, зеру забар хоҳам шуд».
Гуфт: «Мебош чунин зеру забар, ҳеҷ магӯ.
Ай нишаста ту дар ин хонаи пурнақшу хаёл,
Хез, аз ин хона бирав, рахт бубар, ҳеҷ магӯ».
Гуфтам: «Ай дил, падарӣ кун, на ки ин васфи Худост?»
Гуфт: «Ин ҳаст, вале, ҷони падар, ҳеҷ магӯ!»

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

8/172

Ман дар сарои ту

Ман дар сарои ту шӯри дигар дорам,
Аз ҷому паймона,
Ҳар кас маро бинад, гӯяд, ки бозомад
Он масту девона.

Ман ончи гӯям, дар амонам, бехабар аз ину онам,
Дар сарои ту.
Ман ҷуз ҳадиси ошноӣ, аз китоби дил нахонам
Дар канори ту.
Ман дар сарои ту шӯри дигар дорам,
Аз ҷому паймона,
Ҳар кас маро бинад, гӯяд, ки бозомад
Он масту девона.

Ин ҳоли маро медонӣ, рози маро меҷӯйӣ,
Рози вафодориро аз дили ман мебӯйӣ.
Дур аз ту гаштам, дар нотавонӣ
Чу тори мӯе, чу тори мӯе.
Ман дар сарои ту шӯри дигар дорам,
Аз ҷому паймона,
Ҳар кас маро бинад, гӯяд, ки бозомад
Он масту девона.

Чу аз туам медонам рӯзу шаб дар оташи ғам,
Бо ман бигӯ, ҳазратҷон, маҳҷурӣ, ки мекашам,
Ё раб, ё раб, ё раб, ё раб.
Ман дар сарои ту шӯри дигар дорам,
Аз ҷому паймона,
Ҳар кас маро бинад, гӯяд, ки бозомад
Он масту девона.

9/173

Ман масту ту девона

Аҳд кардам, ки дигар май нахӯрам дар Рамазон,
Ба ҷуз аз имшабу фардо шабу шабҳои дигар.

Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?!
Сад бор туро гуфтам кам хӯр ду-се паймона?!
Ман масту ту девона.

Дар шаҳр яке касро ҳушёр намебинам,
Ҳар як батар аз дигар шӯридаву девона.
Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?!
Сад бор туро гуфтам кам хӯр ду-се паймона?!
Ман масту ту девона.

Ҷоно, ба харобот о, то лаззати ҷон бинӣ,
Ҷонро чӣ хушӣ бошад бе сӯҳбати ҷонона?!
Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?!
Сад бор туро гуфтам кам хӯр ду-се паймона?!
Ман масту ту девона.

Аз хона бурун рафтам, мастӣ-м ба пеш омад,
Дар ҳар назараш музмар сад гулшану кошона.
Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?!
Сад бор туро гуфтам кам хӯр ду-се паймона?!
Ман масту ту девона.

МАТНИ ШЕЪР:
Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?!
Ман чанд туро гуфтам кам хӯр ду-се паймона?!
Дар шаҳр яке касро ҳушёр намебинам,
Ҳар як батар аз дигар шӯридаву девона.
Ҷоно, ба харобот о, то лаззати ҷон бинӣ,
Ҷонро чӣ хушӣ бошад бе сӯҳбати ҷонона?!
Ҳар гӯша яке масте, дасте забари дасте,
В-он соқии ҳар ҳастӣ бо соғари шоҳона.
Ту вақфи хароботӣ, дахлат маю харҷат май,
З-ин вақф ба ҳушёрон маспор яке дона.
Ай лӯтии барбатзан, ту масттарӣ ё ман,
Ай пеши чу ту масте, афсуни ту афсона.
Аз хона бурун рафтам, мастӣ-м ба пеш омад,
Дар ҳар назараш музмар сад гулшану кошона.
Чун киштии белангар мурда каж мешуду маж мешуд,
В-аз ҳасрати ӯ мурда сад оқилу фарзона.
Гуфтам: «Зи куҷоӣ ту?» Тасхур заду гуфт: «Ай ҷон,
Ниме-м зи Туркистон, ниме-м зи Фарғона.
Ниме-м зи обу гил, ниме-м зи ҷону дил,
Ниме-м лаби дарё, ниме ҳама дар дона».
Гуфтам, ки «Рафиқӣ кун, бо ман, ки манам хешат,
Гуфто, ки «Бинашносам ман хеш зи бегона».
Ман бе сару дасторам, дар хонаи хумморам,
Як сина сухан дорам, он шарҳ диҳам ё на?
Дар ҳалқаи лангонӣ, мебояд лангидан,
Ин панд ниюшидӣ аз хоҷаи улёна.
Сармаст чунон хубӣ, кай кам бувад аз чӯбе,
Бархост фиғон охир, аз астану ҳаннона.
Шамсулҳақи Табрезӣ, аз халқ чӣ парҳезӣ,
Акнун ки дарафкандӣ сад фитнаи фаттона.

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

10/174

Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед

Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.

Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, ай сайёд,
Бинишинед ба боғеву маро ёд кунед.

Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.

Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣ бок?!
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.

Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.

МАТНИ ШЕЪР:
Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон, баҳри Худо,
Бинишинед ба боғеву маро ёд кунед.
Андалебон, гули сурӣ ба чаман кард вуруд,
Баҳри шодбоши қудумаш ҳама фарёд кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, ай мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Ҳар ки дорад зи шумо мурғи асире ба қафас,
Бурда дар боғу ба ёди манаш озод кунед.
Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣ бок?!
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
Шамъ агар кушта шуд аз бод, мадоред аҷаб,
Ёди парвонаи ҳастӣ шуда барбод кунед.
Бесутун бар сари роҳ аст, мабод аз Ширин
Хабаре гуфтаву ғамгин дили Фарҳод кунед.
Ҷавру бедод кунад умри ҷавонон кӯтоҳ,
Ай бузургони Ватан, баҳри Худо, дод кунед.
Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи Мӯре вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед.
Кунҷи вайронаи зиндон шуд агар саҳми Баҳор,
Шукри озодиву он ганҷи худодод кунед.

Шеър аз Маликушшуаро Баҳор

11/175

Ман надонистам аз аввал-1

Ай, ки аз килки ҳунар нақши дилангези Худоӣ,
Ҳайф бошад маҳи ман ки ҳама аз бех ҷудоӣ.
Гуфта будӣ ҷигарам хун накунӣ боз худ ойӣ,
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ.

Чарх имшаб, ки ба тоби дили мо хоста гашта,
Домани васли ту аммо ба рақибони ту гашта.
Натавон аз ту барои дили ҳамсоя гузаштан,
Шамъро бояд аз ин хона бурун бурдану куштан,
То ки ҳамсоя надонад, ки ту дар хонаи моӣ.

Наргиси масти ту мастурии мардум нагузинад,
Дасти гулчин нарасад, то гуле аз шохи ту чинад.
Ҷилва кун, ҷилва ки хуршед ба хилват нанишинад,
Парда бардор, ки бегона худ он рӯй набинад,
Ту бузургиву дар оинаи кӯчак нанамойӣ.

12/176

Ман надонистам аз аввал-2

Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям,
Чӣ бигӯям, ғамам аз дил биравад, чун ту биёӣ
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ.

Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ.
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ.

Куштани шамъ чӣ ҳоҷат бувад аз бими рақибон,
Партави рӯйи ту гӯяд, ки ту дар хонаи моӣ.
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ.

13/177

Ман надонистам аз аввал-3

Ҳалқа бар дар натавонам задан аз бими рақибон,
Ин тавонам, ки биёям ба маҳаллат ба гадоӣ.
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ.

Гар биёйӣ, диҳамат ҷон, в-ар наёйӣ, кушадам ғам,
Ман, ки боист бимирам, чӣ биёӣ, чӣ наёйӣ.
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ.

Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ.
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ.

14/178

Ман найнавозам

Ман найнавозам, ман найнавозам,
Шабҳои ҳиҷрон най менавозам.

Сарпанҷаи хастаи ман умре,
Дар базми гулҳо гулдаста баста.
Сар дода оҳанги ҷовидонӣ,
Умре лабам бо нойи шикаста.
Ман найнавозам, ман найнавозам,
Шабҳои ҳиҷрон най менавозам.

Дорад сиришкам бӯйи баҳорон,
Ай чеҳрапардози бӯстонҳо,
Гар хира гардӣ, бинӣ, ки бошад,
Хазони ман ҳам боби тамошо.
Ман найнавозам, ман найнавозам,
Шабҳои ҳиҷрон най менавозам.

Найранги ҳастӣ шуд дояи ман,
Шикаст ранги перояи ман.
Фақр ҳаст ҳарчанд ҳамсояи ман,
Ишқу ҷунун шуд сармояи ман.
Ман найнавозам, ман найнавозам,
Шабҳои ҳиҷрон най менавозам.

Фалак надонад, ки гар ба хорӣ,
Оинаи ман бишкаст бо санг.
Чизе намонад барҷо, зи ман ҷост,
Як мушти шеъру як мушти оҳанг.
Ман найнавозам, ман найнавозам,
Шабҳои ҳиҷрон най менавозам.

15/179

Ман ронда зи майхонаам

Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед,
Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед.

Бар зоҳири ободи ман уммед мабандед,
Ман хонаи вайронаам, аз ман бигурезед.

Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед,
Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед.

Он сели ҷунунам, ки ба ҷон омада аз кӯҳ,
Бунёнкани кошонаам, аз ман бигурезед.

Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед,
Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед.

МАТНИ ШЕЪР:
Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед,
Дурдикаши девонаам, аз ман бигурезед.
Дар дасти қазо ҷон ба лабу дида ба мино,
Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед.
Он шамъи мазорам, ки раҳи анҷуманам нест,
Маҳҷур зи парвонаам, аз ман бигурезед.
Бар зоҳири ободи ман уммед мабандед,
Ман хонаи вайронаам, аз ман бигурезед.
Девонаи занҷири ҳавасҳои маҳолам,
Афсунии афсонаам, аз ман бигурезед.
Он сели ҷунунам, ки ба ҷон омада аз кӯҳ,
Бунёнкани кошонаам, аз ман бигурезед.
З-он рӯз, ки дил мурду аташ мурду ҳавас мурд,
Ман аз ҳама бегонаам, аз ман бигурезед.

Шеър аз Шаҳрошӯб (Маҳмуди Саноӣ)

Маранҷон диламро, ки ин мурғи ваҳшӣ – ниг. 22/109 Ғамаш дар ниҳонхонаи дил

16/180

Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид

Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Дар баҳори равшан аз амвоҷи нур.

Хок мехонад маро ҳар дам ба хеш,
Мерасанд аз раҳ, ки дар хокам ниҳанд.
Оҳ, шояд ошиқонам нимашаб,
Гул ба рӯйи гӯри ғамнокам ниҳанд.

Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Дар баҳори равшан аз амвоҷи нур.

Баъдҳо номи маро борону бод,
Нарм мешӯянд аз рухсори санг.
Гӯри ман гумном мемонад ба роҳ,
Фориғ аз афсонаҳои ному нанг.

Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Дар баҳори равшан аз амвоҷи нур.

МАТНИ ШЕЪР:
Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Дар баҳори равшан аз амвоҷи нур.
Дар зимистони ғуборолуду дур,
Ё хазоне холӣ аз фарёду шӯр.
Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Рӯзе аз ин талху ширин рӯзҳо.
Рӯзи пуче ҳамчу рӯзони дигар,
Соя аз имрӯзҳо, дирӯзҳо.
Дидагонам ҳамчу долонҳои тор,
Гунаҳоям ҳамчу мармарҳои сард.
Ногаҳон хобе маро хоҳад рабуд,
Ман тиҳӣ хоҳам шуд аз фарёду дард.
Мехазанд ором рӯйи дафтарам,
Дастҳоям фориғ аз афсуни шеър.
Ёд меорам, ки дар дастони ман,
Рӯзгоре шӯъла мезад хуни шеър.
Хок мехонад маро ҳар дам ба хеш,
Мерасанд аз раҳ, ки дар хокам ниҳанд.
Оҳ, шояд ошиқонам нимашаб,
Гул ба рӯйи гӯри ғамнокам ниҳанд.
Лек дигар пайкари сарди маро,
Мефишорад хоки домангири хок.
Бе ту дур аз зарбаҳои қалби ту,
Қалби ман мепӯсад он ҷо зери хок.
Баъдҳо номи маро борону бод,
Нарм мешӯянд аз рухсори санг.
Гӯри ман гумроҳ мемонад ба роҳ,
Фориғ аз афсонаҳои ному нанг.

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

17/181

Маро дилхун кардӣ

Маро дилхун кардӣ, ҳамчу Маҷнун кардӣ,
Аз дарат берун кардӣ, хайр набинӣ.
То ба кай ин мурғи дил аз ғам бимирад,
Паҳлунишини туро худо бигирад.
Туро аз дур мебинам, чӣ ҳосил?
Ба паҳлуят намешинам, чӣ ҳосил?
Дарахти ҳусни ту гулзор карда,
Аз он гулҳо намечинам, чӣ ҳосил?
Сиёҳчашмак, ба дил банди ту бошад,
Бақои ҷон зи пайванди ту бошад.
Сафар кардӣ ба гулшанҳои дунё,
Надидам кас, ки монанди ту бошад.

18/182

Маро он рӯз гирён офариданд

Маро он рӯз гирён офариданд, офариданд,
Ки домони биёбон офариданд, офариданд.

Ба шӯр аз гиря оварданду дилро,
Аз ин як қатра тӯфон офариданд, офариданд.

Маро он рӯз гирён офариданд, офариданд,
Ки домони биёбон офариданд, офариданд.

Зи рӯзи ман сиёҳӣ вом карданд,
Шаби торики ҳиҷрон офариданд, офариданд.

Маро он рӯз гирён офариданд, офариданд,
Ки домони биёбон офариданд, офариданд.

Хароб шуд он замон маъмурии дил,
Ки ишқи хонавайрон офариданд, офариданд.

Маро он рӯз гирён офариданд, офариданд,
Ки домони биёбон офариданд, офариданд.

19/183

Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ, рафтӣ

Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ, рафтӣ,
Ту ҳам, ай нозанин, қадри маро нашнохтӣ, рафтӣ.
Ту санги бе…

Маро ишқи ту фориғ карда буд аз дигарон, аммо
Ту, сангиндил, зи ман бо дигарон пардохтӣ, рафтӣ.
Ту сангиндил…

Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ, рафтӣ,
Ту ҳам, ай нозанин, қадри маро нашнохтӣ, рафтӣ.
Ту санги бе…

Зи чашмам рафту бе ӯ рӯшноӣ в-аз паяш ҳайрат,
Ту ҳам з-ин хонаи торик берун тохтӣ, рафтӣ.
Ту санги бе…

Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ, рафтӣ,
Ту ҳам, ай нозанин, қадри маро нашнохтӣ, рафтӣ.
Ту санги бе…

20/184

Маст шудам, соқӣ

Маст шудам, соқӣ, маст шудам, соқӣ!
Маст шудам, соқӣ!
Мастам аз май бикун, ай соқии зебо имшаб,
Қад барафрозу бикун валвала барпо имшаб.
Маст шудам, соқӣ, маст шудам, соқӣ!
Маст шудам, соқӣ!

Соқиё, маст зи як ҷуръа шаробам кардӣ,
Рез як ҷуръаи дигар, ки кабобам кардӣ.
Шароби арғувонӣ рез дар ҷом,
Ки бо ҳам сар кашем ором, ором.
Маст шудам, соқӣ, маст шудам, соқӣ!
Маст шудам, соқӣ!

Мӯҳтасиб бехабар омад, ба маю мино зад,
Санг бар синаи мову ҳамагӣ дунё зад.
Бигӯ бо ёр кори мушкили ман,
Пиёла созад аз обу гили ман.
Маст шудам, соқӣ, маст шудам, соқӣ!
Маст шудам, соқӣ!

Мӯҳтасиб мо, ҳамаро дасту сару по шиканад,
Ай хуш он сар, ки ба ҷойи сари мино шиканад.
Харидорат маям, ҳар ҷо ки ҳастам,
Ки ман то зиндаам, майпарастам.
Маст шудам, соқӣ, маст шудам, соқӣ!
Маст шудам, соқӣ!

Масту харобам — ниг. 12/99 Гарчи мастему харобем
Матарс, ай боғбон аз гул — ниг. 14/138 Зи дастам барнамехезад

21/185

Маъшуқа ба сомон шуд

Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо!

З-он талъати шоҳона, з-он машъалаи хона
Ҳар гӯша чу майдон шуд, то бод, чунин бодо!
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо!

З-он хашми дурӯғинаш, з-он шеваи ширинат
Олам шакаристон шуд, то бод, чунин бодо!
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо!

Ид омаду ид омад, ёре, ки рамид, омад,
Идона фаровон шуд, то бод, чунин бодо!
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо!

МАТНИ ШЕЪР:
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо!
Мулке, ки парешон шуд, аз шумии шайтон шуд.
Боз они Сулаймон шуд, то бод, чунин бодо!
Ёре, ки дилам хастӣ, дар бар рухи мо бастӣ,
Ғамхораи ёрон шуд, то бод, чунин бодо!
Ҳам бода ҷудо хӯрдӣ, ҳам айш ҷудо кардӣ,
Нак сардиҳи меҳмон шуд, то бод чунин бодо!
З-он талъати шоҳона, з-он машъалаи хона
Ҳар гӯша чу майдон шуд, то бод, чунин бодо!
З-он хашми дурӯғинаш, з-он шеваи ширинаш
Олам шакаристон шуд, то бод, чунин бодо!
Шаб рафту сабӯҳ омад, ғам рафту футӯҳ омад,
Хуршед дурахшон шуд, то бод, чунин бодо!
Аз давлати маҳзунон в-аз ҳиммати маҷнунон
Он силсила ҷунбон шуд, то бод, чунин бодо!
Ид омаду ид омад, ёре, ки рамид, омад,
Идона фаровон шуд, то бод, чунин бодо!
Ай мутриби соҳибдил, дар зер макун манзил,
К-он Зӯҳра ба мизон шуд, то бод, чунин бодо!
Дарвеш Фаридун шуд, ҳамкисаи Қорун шуд,
Ҳамкосаи султон шуд, то бод, чунин бодо!
Он боди ҳаворо бин, з-афсуни лаби ширин
Бо ной дар афғон шуд, то бод, чунин бодо!
Фиръавн бад-он сахтӣ, бо он ҳама бадбахтӣ
Нак Мӯсии Имрон шуд, то бод, чунин бодо!
Он гург бад-он зиштӣ, бо ҷаҳлу фаромуштӣ,
Нак Юсуфи Канъон шуд, то бод, чунин бодо!
Шамсулҳақи Табрезӣ, азбаски даромезӣ,
Табрез Хуросон шуд, то бод, чунин бодо!
Аз аслами шайтонӣ шуд нафси ту раббонӣ,
Иблис мусалмон шуд, то бод, чунин бодо!
Он моҳ чу тобон шуд, кавнайн гулистон шуд,
Ашхос ҳама ҷон шуд, то бод чунин бодо!
Бар рӯҳ барафзудӣӣ, то буд, чунин будӣ,
Фарри ту фурӯзон шуд, то бод, чунин бодо!
Қаҳраш ҳама раҳмат шуд, заҳраш ҳама шарбат шуд,
Абраш шакарафшон шуд, то бод, чунин бодо!
Аз кох чӣ рангасташ, в-аз шох чӣ тангасташ,
Ин гов чу қурбон шуд, то бод, чунин бодо!
Арзӣ чу самоӣ шуд, мақсуди Саноӣ шуд,
Ин буд, ҳама он шуд, то бод, чунин бодо!
Хомӯш, ки сармастам, барбаст касе дастам,
Андеша парешон шуд, то бод, чунин бодо!

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

22/186

Мегӯм, ки дӯстат дорум

Мегӯм, ки дӯстат дорум, худата хап мезанӣ,
Аз дили гармат ҳамеш, дилбарам, гап мезанӣ.

Қаҳр нашав бар сарам, катӣ-м гапи ишқ бизан,
То кай ҳамро-ем сухан аз аху дап мезанӣ.

Мегӯм, ки дӯстат дорум, худата хап мезанӣ,
Аз дили гармат ҳамеш, дилбарам, гап мезанӣ.

Мегӯм, ки бо рақибон туро дар ҷода дидам,
Худата боз ба кӯча аз суни чап мезанӣ.

Мегӯм, ки дӯстат дорум, худата хап мезанӣ,
Аз дили гармат ҳамеш, дилбарам, гап мезанӣ.

Рақиби пайсадор аст, манам ғарибу нодор,
Аз дасти рақиб мара, охир, ту тап мезанӣ.

Мегӯм, ки дӯстат дорум, худата хап мезанӣ,
Аз дили гармат ҳамеш, дилбарам, гап мезанӣ.

Мезебад, мезебад — ниг. 13/98 Гар кунӣ як назора

23/187

Меравам хаставу афсурдаву зор

Меравам хаставу афсурдаву зор,
Сӯйи манзилгаҳи вайронаи хеш.
Ба Худо, мебарам аз шаҳри шумо,
Дили шӯридаву девонаи хеш.

Ба Худо, ғунчаи шодӣ будам,
Дасти ишқ омаду аз шохам чид.
Шӯълаи оҳ шудам, сад афсӯс,
Ки лабам боз бар он лаб нарасид.

Меравам хаставу афсурдаву зор,
Сӯйи манзилгаҳи вайронаи хеш.
Ба Худо, мебарам аз шаҳри шумо,
Дили шӯридаву девонаи хеш.

Оқибат банди сафар поям баст,
Меравам хандабалаб, хуниндил,
Меравам, аз дили ман даст бидор,
Ай умеди абаси беҳосил!

Меравам хаставу афсурдаву зор,
Сӯйи манзилгаҳи вайронаи хеш.
Ба Худо, мебарам аз шаҳри шумо,
Дили шӯридаву девонаи хеш.

МАТНИ ШЕЪР:
Меравам хаставу афсурдаву зор,
Сӯйи манзилгаҳи вайронаи хеш.
Ба Худо, мебарам аз шаҳри шумо,
Дили шӯридаву девонаи хеш.

Мебарам, то ки дар он нуқтаи дур,
Шустушӯяш диҳам аз ранги гуноҳ,
Шустушӯяш диҳам аз лаккаи ишқ,
З-ин ҳама хоҳиши беҷову табоҳ.

Мебарам, то зи ту дураш созам,
Зи ту, ай ҷилваи уммеди муҳол,
Мебарам, зинда ба гӯраш созам,
То аз ин пас накунад ёди висол.

Нола меларзад, мерақсад ашк,
Оҳ, бигзор, ки бигрезам ман.
Аз ту, ай чашмаи ҷӯшони гуноҳ,
Шояд он беҳ, ки бипарҳезам ман.

Ба Худо, ғунчаи шодӣ будам,
Дасти ишқ омаду аз шохам чид.
Шӯълаи оҳ шудам, сад афсӯс,
Ки лабам боз ба он лаб нарасид.

Оқибат банди сафар поям баст,
Меравам хандабалаб, хуниндил,
Меравам, аз дили ман даст бидор,
Ай умеди абаси беҳосил!

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

24/188

Меравӣ аз ману лабрези фиғонам

Меравӣ аз ману лабрези фиғонам, чӣ кунам?!
Мешавӣ дуру аз ин ғам нигаронам, чӣ кунам?!

Хоҳӣ, оташ ба ғурурам зану хоҳӣ, бинавоз,
Дӯстат дораму таркат натавонам, чӣ кунам?!

Меравӣ аз ману лабрези фиғонам, чӣ кунам?!
Мешавӣ дуру аз ин ғам нигаронам, чӣ кунам?!

Ту талабгори ҷавонҳои пуровоза-стӣ,
Ман, ки як одами беному нишонам, чӣ кунам?!
Дӯстат дораму таркат натавонам, чӣ кунам?!

Меравӣ аз ману лабрези фиғонам, чӣ кунам?!
Мешавӣ дуру аз ин ғам нигаронам, чӣ кунам?!

25/189

Механдам агар имшаб

Механдам агар имшаб, бо ёди ту механдам,
Механдам ба рӯйи хеш, беҳуда намехандам.
Ғамгинам агар бинӣ, аз ҳаҷри ту ғамгинам,
Хурсандам агар хоҳӣ, бо васфи ту хурсандам.

Пайвастам агар имшаб лаб бар лаби паймона,
Бар ёди лабат бошад паймонаву пайвандам.
Дурӣ ту агар аз ман, ман худ ба ту наздикам,
К-аз ин ҳама роҳ аз дур дил назди ту афгандам.
Механдам агар имшаб, бо ёди ту механдам,
Механдам ба рӯйи хеш, беҳуда намехандам.
Ғамгинам агар бинӣ, аз ҳаҷри ту ғамгинам,
Хурсандам агар хоҳӣ, бо васфи ту хурсандам.

Дил кандан аз ин мардум саҳл аст маро, зеро
То дил ба ту афкандам, дил аз ҳама баркандам.
Мегирям аз ин дарде, механдам агар ҳар шаб,
Беҳуда намегирям, беҳуда намехандам.
Механдам агар имшаб, бо ёди ту механдам,
Механдам ба рӯйи хеш, беҳуда намехандам.
Ғамгинам агар бинӣ, аз ҳаҷри ту ғамгинам,
Хурсандам агар хоҳӣ, бо васфи ту хурсандам.

Ай кавкаби рахшонам, ай Зӯҳраи тобонам,
Бартоб ба имонам, дар ҳаҷри ту то чандам.
Ту бо ҳама пайвастӣ, аз ман ҳама бигсастӣ,
Ман ҳама ба бигсастам, то худ ба ту пайвандам.
Механдам агар имшаб, бо ёди ту механдам,
Механдам ба рӯйи хеш, беҳуда намехандам.
Ғамгинам агар бинӣ, аз ҳаҷри ту ғамгинам,
Хурсандам агар хоҳӣ, бо васфи ту хурсандам.

26/190

Меҳан, ай меҳан

Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, ай меҳан!
Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, меҳан, ай меҳан!

Ту будам кардӣ аз нобудиву бо меҳр парвардӣ,
Фидои номи ту буду набудам, меҳан, ай меҳан!
Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, ай меҳан!
Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, меҳан, ай меҳан!

Ба ҳар маҷлис, ба ҳар зиндон, ба ҳар шодӣ, ба ҳар мотам,
Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, меҳан, ай меҳан!
Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, ай меҳан!
Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, меҳан, ай меҳан!

Агар мастам, агар ҳушёр, агар хобам, агар бедор, –
Ба сӯйи ту бувад рӯйи суҷудам, меҳан, ай меҳан!

Фузунтар гармии меҳрат асар мекард, чун дида
Ба ҳоли пуразобат мекушудам, меҳан, ай меҳан!
Ба ҳар маҷлис, ба ҳар зиндон, ба ҳар шодӣ, ба ҳар мотам,
Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, меҳан, ай меҳан!
Агар мастам, агар ҳушёр, агар хобам, агар бедор, –
Ба сӯйи ту бувад рӯйи суҷудам, меҳан, ай меҳан!

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ

27/191

Монанди ман фусурдадиле

Монанди ман фусурдадиле дар ҷаҳон мабод,
Ҳаргиз касе ба рӯзи мани нотавон мабод.
Гар шуд хазон баҳори ман аз дурият, чӣ бок,
Ай гул, туро баҳори ҷавонӣ хазон мабод.
Сад ранҷ дидаам зи дили меҳрубони хеш,
Ё раб, диле дигар ба ҷаҳон меҳрубон мабод.
Ҳар кас, ки меравад, ниҳад аз худ нишонае,
Аз ман ба ҷуз фасонаи ишқат нишон мабод.
Сӯзад агар чу шамъ забонам зи сӯзи ишқ,
Ҳарфе ба ғайри ишқ маро бар забон мабод.

28/192

Моҳам зи раҳ расиду вале норасида рафт

Моҳам зи раҳ расиду вале норасида рафт,
Ҳарфе нагуфтаву сухане ношунида рафт.

Ман пеши ӯ давидаму вопас накард рӯй,
Аз пеши рӯ чу ашк ба доман чакидаам.
Моҳам зи раҳ расиду вале норасида рафт,
Ҳарфе нагуфтаву сухане ношунида рафт.

Аввал ману дил аз нигаҳе сайди ӯ шудем,
Охир зи дида ҳамчу ғизоле рамида рафт.
Моҳам зи раҳ расиду вале норасида рафт,
Ҳарфе нагуфтаву сухане ношунида рафт.

Чун абри раҳмат омаду чун барқи фитна рафт,
Доманкашон биёмаду доман кашида рафт.
Моҳам зи раҳ расиду вале норасида рафт,
Ҳарфе нагуфтаву сухане ношунида рафт.

29/193

Мурдам аз дарду

Мурдам аз дарду намеойӣ ба болинам ҳанӯз,
Марги худ мебинаму рӯят намебинам ҳанӯз.

Орзу мурду ҷавонӣ рафту ишқ аз дил гурехт,
Ғам намегардад ҷудо аз ҷони мискинам ҳанӯз.
Мурдам аз дарду намеойӣ ба болинам ҳанӯз,
Марги худ мебинаму рӯят намебинам ҳанӯз.

Бар лаб омад ҷону рафтанд ошноён аз сарам,
Шамъро нозам, ки мегиряд ба болинам ҳанӯз.
Мурдам аз дарду намеойӣ ба болинам ҳанӯз,
Марги худ мебинаму рӯят намебинам ҳанӯз.

МАТНИ ШЕЪР:
Мурдам аз дарду намеойӣ ба болинам ҳанӯз,
Марги худ мебинаму рӯят намебинам ҳанӯз.
Бар лаб омад ҷону рафтанд ошноён аз сарам,
Шамъро нозам, ки мегиряд ба болинам ҳанӯз.
Орзу мурду ҷавонӣ рафту ишқ аз дил гурехт,
Ғам намегардад ҷудо аз ҷони мискинам ҳанӯз.
Рӯзгоре по кашид он тоза гул аз доманам,
Гул ба домон мефишонад ашки хунинам ҳанӯз.
Гарчи сар то пойи ман мушти ғуборе беш нест,
Дар ҳавояш чун насим аз пой наншинам ҳанӯз.
Симгун шуд мӯю ғафлат ҳамчунон бар ҷой монд,
Субҳидам хандиду ман дар хоби нӯшинам ҳанӯз.
Хасмро аз содалавҳӣ дӯст пиндорам, Раҳӣ,
Тифламу накшуда чашми маслиҳабинам ҳанӯз.

Шеър аз Раҳии Муҳаййирӣ

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

− 7 = 0

error: Content is protected !!