Аҳмад Зоҳир. ЁЗИКҚ. Чиҳил суруд

Абдуҳамид Тағоев / Июл.22.2014. / Гузориш нест

ahmad_zohir_A
Аҳмад Зоҳир
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ, гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Гар фишори душманон обат кунад, мискин машав,
Мард бош, ай хастадил, шармандагӣ даркор нест
Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дурр,
Осмонро гӯ: «бирав, борандагӣ даркор нест».
Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад дар танат,
Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест…

 
 
 

Бозмондаҳо аз бандҳои А, Б, ВГҒД

1/125

Ай нилгун дарёи ман

Ай нилгун дарёи ман, бозомадам, бозомадам.
Ай ҷому ай минои ман, бозомадам, бозомадам.
Инак, садои пойи ман, бозомадам, бозомадам.
Бозомадам, бозомадам.

Як лаҳза соз, ки гӯш кун, в-он гаҳ боз оғӯш кун.
Инак, садои пойи ман, бозомадам, бозомадам.
Бозомадам, бозомадам.

Чун булбуле пар-парзанон, сӯйи ту оям з-осмон.
Ай гулбуни зебои ман, бозомадам, бозомадам.
Инак, садои пойи ман, бозомадам, бозомадам.
Бозомадам, бозомадам.

Ай нилгун дарёи ман, бозомадам, бозомадам.
Ай ҷому ай минои ман, гирёну нолон омадам.
Инак, садои пойи ман, зору парешон омадам.
Бозомадам, бозомадам.
Бозомадам, бозомадам…

Беандоза сипосгузорам аз корванди
торнамо Фариди Регистонӣ, ки ин сурудро
ба ман ёдрасон кард

2/126

Ай оҳи саҳаргоҳ

Ай оҳи саҳаргоҳ, ту бо хирасаре бахш,
Ай нолаи шабгир, Худоро, самаре бахш.

Ай соли абад ҷонфидоӣ ба ҳарифон,
Лутфе куну бо роҳам аз он пухтасаре бахш.
Ай нолаи шабгир, Худоро, самаре бахш…

Ай оҳи саҳар, гоҳ ту бо хирасаре бахш,
Ай нолаи шабгир, Худоро, самаре бахш.

Аз он чӣ насиби дигарон кардиву додӣ,
Ай дасти қазо, бар мани мискин қадаре бахш.
Ай нолаи шабгир, Худоро, самаре бахш…

Ай оҳи саҳар, гоҳ ту бо хирасаре бахш,
Ай нолаи шабгир, Худоро, самаре бахш.

Аз дасти дили хеш ба ҷон омадам, ай ишқ,
Ин дил зи худибин биситон бар дигаре бахш
Ай нолаи шабгир, Худоро, самаре бахш…

Ай оҳи саҳар, гоҳ ту бо хирасаре бахш,
Ай нолаи шабгир, Худоро, самаре бахш.

3/127

Дарахти ёс

Дарахти ёс, дарахти ёс, дарахти ёс!

Ай сардарахти сабз,
Дар синаи чаман.
Хомӯшу беэътибор,
Чашмат ба осмон.
Дар осмон, хотираҳоро бубин, он
Монад ба рӯзгоронат нақши ҷовидон.

Чашми ахтарон
Бо ранги осмон,
Тобида моҳи ман
Дар сояҳои ту.
Бошӣ ту шодмон
Дар субҳи бахти ман.
Чун шохи арғувон
Дар чашми ман битоб!

Ай сардарахти сабз,
Дар синаи чаман.
Хомӯшу беэътибор,
Чашмат ба осмон.
Дар осмон, хотираҳоро бубин, он
Монад ба рӯзгоронат нақши ҷовидон.
Бо хандаҳои гарм,
Бо ҳарфҳои ишқ.
Дар обгири дил
Оварад мавҷҳо.

Ай сардарахти сабз,
Дар синаи чаман.
Хомӯшу беэътибор,
Чашмат ба осмон.
Дар осмон, хотираҳоро бубин, он
Монад ба рӯзгоронат нақши ҷовидон.

4/128

Ёди он сарви равон ояд ҳаме

Ёди он сарви равон ояд ҳаме,
Дар тани ман боз ҷон ояд ҳаме.
Ёди он сарви равон,
Ёди он сарви равон,
Ояд ҳаме…

По нагирам з-остонат як қадам,
Гар замин бар осмон ояд ҳаме.
Ёди он сарви равон,
Ёди он сарви равон,
Ояд ҳаме…

То ки абруяш забонаш пераҳан (?)
Тир дар чашмам камон ояд ҳаме.
Ёди он сарви равон,
Ёди он сарви равон,
Ояд ҳаме…

5/129

Ёди рӯзгори ширин

Ёди рӯзгори ширин,
Хотироти ишқи дерин,
Ёди бӯсаҳои гармат,
Он лабони намакин.

Сарам дар оғӯши гармат,
Лабам бар лабони нармат,
Дар сукути нимашабҳо,
Ба умеду орзуҳо.
Гуфтӣ, ки «баҳор ояд,
Гулу сунбулҳо барояд.
Бори дигар зи ман бихоҳ,
Ишқи дерини худро».

Ёди рӯзгори ширин,
Хотироти ишқи дерин,
Ёди бӯсаҳои гармат,
Он лабони намакин.

6/130

Ё раб, ғами бераҳмии ҷонон

Ё раб, ё раб,
Ё раб, ғами бераҳмии ҷонон ба кӣ гӯям,
Ҷон аз ғами ӯ сӯхт, ғами ҷон ба кӣ гӯям?
Ё раб, ё раб.

Гӯянд табибон, ки бигӯ дарди худ, аммо,
Дарде, гузаштаст зи дармон, ба кӣ гӯям?

Ё раб, ё раб,
Ё раб, ғами бераҳмии ҷонон ба кӣ гӯям,
Ҷон аз ғами ӯ сӯхт, ғами ҷон ба кӣ гӯям?

Дарде, ки маро сохта расво ҳама донанд,
Доғе, ки маро сӯхта пинҳон, ба кӣ гӯям?

Ё раб, ғами бераҳмии ҷонон ба кӣ гӯям,
Ҷон аз ғами ӯ сӯхт, ғами ҷон ба кӣ гӯям?
Ё раб, ё раб.

МАТНИ ШЕЪР:
Ё раб, ғами бераҳмии ҷонон ба кӣ гӯям,
Ҷон аз ғами ӯ сӯхт, ғами ҷон ба кӣ гӯям?
Не ёру на ғамхор, на кас маҳрами асрор,
Ранҷурию маҳрумию ҳирмон ба кӣ гӯям?
Ошуфта шуд аз қиссаи ман хотири ҷамъе,
Дигар чӣ кунам, ҳоли парешон ба кӣ гӯям?
Гӯянд табибон, ки бигӯ дарди худ, аммо,
Дарде, гузаштаст зи дармон, ба кӣ гӯям?
Дарде, ки маро сохта расво ҳама донанд,
Доғе, ки маро сӯхта пинҳон, ба кӣ гӯям?
Андӯҳи ту ногуфтаю дарди ту ниҳон беҳ,
Ин пеши кӣ зоҳир кунаму он ба кӣ гӯям?
Халқе ҳама бо ҳам сухани васли ту гӯянд,
Ман бекасам, афсонаи ҳиҷрон ба кӣ гӯям?
Даври тараб, афсӯс, ки бигзашт, Ҳилолӣ,
Даври дигар омад, ғами даврон ба кӣ гӯям?

Шеър аз Бадриддин Ҳилолӣ

7/131

Ёр аз дили ман хабар надорад

Ёр аз дили ман хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.

Ё мавсими сабри ман хазон шуд,
Ё нахли умед бар надорад.
Ё домани раҳми ту тилисм аст,
Ё нолаи ман шарар надорад.

Ёр аз дили ман хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.

Ё мавсими сабри ман хазон шуд,
Ё нахли умед бар надорад.
Ё тири ту бигзарад ниҳонӣ,
Ё синаи дил сипар надорад.

Ёр аз дили ман хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.
Ё мавсими сабри ман хазон шуд,
Ё нахли умед бар надорад.

МАТНИ ШЕЪР:
Ёр аз дили ман хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.
Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад,
Ё дил ҳунари дигар надорад.
Ё мавсими сабри ман хазон шуд,
Ё нахли умед бар надорад.
Ё бар рухи ман намешавад боз,
Ё қалъаи бахт дар надорад.
Ё васли ту қисмати башар нест.
Ё толеи ман зафар надорад,
Ё домани раҳми ту тилисм аст,
Ё нолаи ман шарар надорад.
Ё тири ту бигзарад ниҳонӣ,
Ё синаи дил сипар надорад.
Ё ишқ хати амон ба ӯ дод,
Ё дил зи бало ҳазар надорад.
Ё чашми ту бо дилам рафиқ аст,
Ё шери сияҳ хатар надорад.
Ё бо дили хаста меҳрубон бош,
Ё ҷон биситон, зарар надорад!

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ

8/132

Ёраки ман, чаро

Ёраки ман, ёраки ман, чаро хушбовар астӣ, гулам,
Раҳм кун, у Худо, чора надорам.
Қаҳр макун,
Ноз макун!
Хуш гузаронем, ки дунё ду рӯз аст.
Ёраки ман, ёраки ман, чаро хушбовар астӣ, гулам,
Раҳм кун, у Худо, чора надорам.

Шабе пурсидамаш бо беқарорӣ,
Ки «ғайр аз ман касеро дӯст дорӣ?»
Ду чашмаш аз хиҷолат бар ҳам уфтод,
Миёни гиряи худ гуфт: «Оре».

Ёраки ман, ёраки ман, чаро хушбовар астӣ, гулам,
Раҳм кун, у Худо, чора надорам.
Қаҳр макун,
Ноз макун!
Хуш гузаронем, ки дунё ду рӯз аст.

Ту шохи пургулӣ, ман барги зардам,
Ту гарми хандаӣ, ман оҳи сардам.
Ту хуршедиву ман сайёраи ту,
Маро бигзор, ки то гирди ту гардам.

Ёраки ман, ёраки ман, чаро хушбовар астӣ, гулам,
Раҳм кун, у Худо, чора надорам.
Қаҳр макун,
Ноз макун!
Хуш гузаронем, ки дунё ду рӯз аст.
Ёраки ман, ёраки ман, чаро хушбовар астӣ, гулам,
Раҳм кун, у Худо, чора надорам.

9/133

Ёр бо мо бевафоӣ мекунад

Ёр бо мо бевафоӣ мекунад,
Бесабаб аз мо ҷудоӣ мекунад.

Шамъи ҷонамро бикушт он бевафо,
Ҷойи дигар рӯшноӣ мекунад.

Ёр бо мо бевафоӣ мекунад,
Бесабаб аз мо ҷудоӣ мекунад.

Саъдии ширинсухан дар раҳи ишқ,
Аз лабаш бӯса гадоӣ мекунад.

Ёр бо мо бевафоӣ мекунад,
Бесабаб аз мо ҷудоӣ мекунад.

МАТНИ ШЕЪР:
Ёр бо мо бевафоӣ мекунад,
Бегуноҳ аз мо ҷудоӣ мекунад.
Шамъи ҷонамро бикушт он бевафо,
Ҷойи дигар рӯшноӣ мекунад.
Мекунад бо хештан бегонагӣ,
Бо рақибон ошноӣ мекунад.
Ҷавфурӯш аст он нигори сангдил,
Бо ман ӯ гандумнамойӣ мекунад.
Ёри ман авбошу қаллош асту ринд,
Бар ман ӯ худ порсоӣ мекунад.
Ай мусулмонон, ба фарёдам расед,
К-он фалонӣ бевафоӣ мекунад.
Киштии умрам шикаст андар ғамаш,
Аз мани мискин ҷудоӣ мекунад
Он чӣ бо ман мекунад андар замон,
Офати даври самоӣ мекунад.
Саъдии ширинсухан дар роҳи ишқ,
Аз лабаш бӯса гадоӣ мекунад.

Шеър аз Саъдии Шерозӣ

10/134

Забонамро намефаҳмӣ

Забонамро намефаҳмӣ, нигоҳамро намебинӣ,
Зи ашкам бехабар мондӣ, ту оҳамро намебинӣ.
Забонамро…

Суханҳо хуфта дар чашмам, нигоҳам сад забон дорад,
Сияҳчашмо, магар тарзи нигоҳамро намебинӣ.
Забонамро намефаҳмӣ, нигоҳамро намебинӣ,
Забонамро…

Гуноҳам чист ҷуз ишқи ту, рӯй аз ман чӣ мепӯшӣ,
Магар, ай моҳ, ду чашми бегуноҳамро намебинӣ?
Забонамро намефаҳмӣ, нигоҳамро намебинӣ,
Забонамро…

МАТНИ ШЕЪР:
Забонамро намефаҳмӣ, нигоҳамро намебинӣ,
Зи ашкам бехабар мондиву оҳамро намебинӣ.
Суханҳо хуфта дар чашмам, нигоҳам сад забон дорад,
Сияҳчашмо, магар тарзи нигоҳамро намебинӣ.
Сияҳмижгони ман, мӯйи сапедамро нигоҳе кун,
Сапедандоми ман, рӯзи сиёҳамро намебинӣ?
Парешонам, дили ҳасратнасибамро намеҷӯйӣ,
Пушаймонам, нигоҳи узрхоҳамро намебинӣ.
Гуноҳам чист ҷуз ишқи ту, рӯй аз ман чӣ мепӯшӣ,
Магар, ай моҳ, чашми бегуноҳамро намебинӣ?

Шеър аз Маҳдии Суҳайлӣ

Аҳмад Зоҳир бо хонум Жило

Заҳр шавад ҷоми май — ниг. 8/201 Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз

11/135

Зебо нигорам, ба ман нигоҳ кун

Зебо нигорам, ба ман нигоҳ кун,
Тоқат надорам ба ҳиҷри ту.
З-ин шарори ишқи оташинат,
Сӯхтааст дилу ҷонам.*

Дигар ашкам марез, дигар ашкам марез,
Зебои ман, чашмони ман кӯр шуд.
Ашкҳо аз чашми ман резад чу боронҳо,
Зебои ман, чашмони ман кӯр шуд.
Ла-ла-ла-ла…

Маҳви он зулфони сиёҳат ман,
Маҳви он лабони гулгунат.
Маҳви он ду чашми сиёҳат ман,
Карда табоҳам, зебоям.**

Дигар ашкам марез, дигар ашкам марез,
Зебои ман, чашмони ман кӯр шуд.
Ашкҳо аз чашми ман резад чу боронҳо,
Зебои ман, чашмони ман кӯр шуд.
Ла-ла-ла-ла…
_____________
*Дар варианти дигар:
Зебо нигорам, ба ман нигоҳ кун,
Тоқат надорам ба ҳиҷри ту.
Бубин ба сӯям аз рӯйи улфат,
Мемирам аз барои ту.
**Дар варианти дигар:
Мастии чашмони зебои ту,
Ғавғо фитодааст дар қалби ман.
Ин шарори ишқи оташинат,
Сӯхтааст дилу ҷонам.

12/136

Зи бас ба ёди ту

Зи бас ба ёди ту ҳар шаб худо-худо кардам,
Ба боргоҳи Худо маҳшаре бапо кардам.
Ба ёди доманат уфтодаму чу тифли ятим,
Саре ба зонуи ғам бурда гиряҳо кардам.

13/137

Зи ғам хору ҳақирам

Зи ғам хору ҳақирам, бо кӣ гӯям,
Зи ғусса ман бимирам, бо кӣ гӯям?
Зи ҳаҷри ёр гирёнам, надонам,
Ки домони кӣ гирам, бо кӣ гӯям?
Зи ҷавраш дар фиғонам, чанд нолам,
Гузашт аз чӣ тағирам, бо кӣ гӯям?
Маро аз худ ҷудо дорад нигоре,
Ки не аз вай гузирам, бо кӣ гӯям?
Ба бӯйи васли ӯ умрам ба сар шуд,
Фироқаш кард пирам, бо кӣ гӯям?
Шабу рӯз оташи савдои ишқаш,
Ҳамесӯзад замирам, бо кӣ гӯям?
Маро мардум тавонгар мешуморанд,
Мани мискин фақирам, бо кӣ гӯям?
Чунон сӯзад маро тоби ғами ӯ,
Ки гӯйӣ дар саирам, бо кӣ гӯям?
Ҳар он ғам, к-аз фироқаш бар ман ояд,
Ба дида мепазирам, бо кӣ гӯям?

14/138

Зи дастам барнамехезад

Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту биншинам,
Ба ҷуз рӯят намехоҳам, ки рӯйи ҳеҷ кас бинам.
Матарс, ай боғбон, аз гул, ки мебинам, намечинам.

Туро ман дӯст медорам хилофи ҳар кӣ дар олам,
Агар таъна-ст бар ақлам, агар рахна-ст бар динам.

Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту биншинам,
Ба ҷуз рӯят намехоҳам, ки рӯйи ҳеҷ кас бинам.
Матарс, ай боғбон, аз гул, ки мебинам, намечинам.

Рақиб ангушт мехояд, ки Саъдӣ дида бар ҳам неҳ,
Матарс, ай боғбон, аз гул, ки мебинам, намечинам.

Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту биншинам,
Ба ҷуз рӯят намехоҳам, ки рӯйи ҳеҷ кас бинам.
Матарс, ай боғбон, аз гул, ки мебинам, намечинам.

МАТНИ ШЕЪР:
Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту биншинам,
Ба ҷуз рӯят намехоҳам, ки рӯйи ҳеҷ кас бинам.
Ман аз аввал рӯз донистам, ки бо Ширин дарафтодам,
Ки чун Фарҳод бояд шуст даст аз ҷони Ширинам.
Туро ман дӯст медорам хилофи ҳар кӣ дар олам,
Агар таъна-ст бар ақламу гар рахна-ст бар динам.
Агар шамшер баргирӣ, сипар пешат наяндозам,
Ки бе шамшер худ куштӣ ба соидҳои симинам.
Барой, эй субҳи муштоқон, агар ҳангоми рӯз ояд,
Ки бигрифт иншаби ялдо аз ман моҳу Парвинам.
Аз аввал ҳастӣ овардам, қафои тарбият хӯрдам,
Кунун уммеди бахшойиш ҳаме дорам, ки мискинам.
Диле чун шамъ мебояд, ки бар ҳолам бубахшояд,
Ки ҷуз вай кас намебинам, ки месӯзад ба болинам.
Ту ҳамчун гул зи хандидан лабат бо ҳам намеояд,
Раво дорӣ, ки ман булбул чу бутимор биншинам.
Рақиб ангушт мехояд, ки Саъдӣ дида бар ҳам неҳ,
Матарс, ай боғбон, аз гул, ки мебинам, намечинам.

Шеър аз Саъдии Шерозӣ

Зи оби зиндагӣ серам, Худоё — ниг. 6/199 Намедонам, ба рӯйи кӣ бихандам

15/139

Зи санг нест қалби ман

Зи санг нест қалби ман, биё. ки об мешавад,
Мазан шарораш аз ҷафо, бубин, кабоб мешавад.
Зи санг нест қалби ман, биё. ки об мешавад.

Худойро, тараҳҳуме, марав, ки бе ту оқибат,
Бинои зиндагониям зи ғам хароб мешавад.

Зи санг нест қалби ман, биё. ки об мешавад,
Мазан шарораш аз ҷафо, бубин, кабоб мешавад.

Гаҳе зи роҳи дилбарӣ, ту беҳтарини беҳтарон,
Суроғи дилшикастагон биҷӯ, савоб мешавад.
Бинои зиндагониям зи ғам хароб мешавад.

Зи санг нест қалби ман, биё. ки об мешавад,
Мазан шарораш аз ҷафо, бубин, кабоб мешавад.
Бинои зиндагониям зи ғам хароб мешавад.

16/140

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест!

Чу пар ёбӣ, ба сӯйи доми Ҳақ пар,
Ки аз домаш раҳоӣ маслиҳат нест!

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест!

Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,
Туро бедаступойӣ маслиҳат нест!

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест!

МАТНИ ШЕЪР:
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест!
Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест!
Шуморо бе шумо мехонад он ёр,
Шуморо ин шумоӣ маслиҳат нест!
Чу хони осмон омад ба дунё,
Аз ин пас бенавоӣ маслиҳат нест.
Дар ин матбах, ки қурбон аст ҷонҳо,
Чу дунон нонрабойӣ маслиҳат нест!
Бигӯ он ҳирсу ози роҳзанро,
Ки макру баднамойӣ маслиҳат нест!
Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,
Туро бедаступойӣ маслиҳат нест!
Чу пойи ту намонад, пар диҳандат
Ки бе пар дарҳавоӣ маслиҳат нест!
Чу пар ёбӣ, ба сӯйи доми Ҳақ пар,
Ки аз домаш раҳоӣ маслиҳат нест!
Ҳумои Қофи қурбӣ, ай бародар,
Ҳуморо ҷуз ҳумойӣ маслиҳат нест!
Ҷаҳон ҷӯю сафо баҳру ту моҳӣ,
Дар ин ҷӯ ошноӣ маслиҳат нест!
Хамӯш бошу фанои баҳри Ҳақ шав,
Ба анбозӣ Худоӣ маслиҳат нест!

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

Зи ҳодисоти ҷаҳон ҳамин хуш омаду бас – ниг. 32/225 Рӯзу шабам ҳар дам-2

17/141

Зи ҷони ман чӣ мехоҳӣ

Зи ҷони ман чӣ мехоҳӣ, ту рафтӣ, бе ту ман мурдам,
Зи ман дигар чӣ меҷӯйӣ, ман, ай паймоншикан, мурдам.

Дар оғӯше, ки сар кардӣ, дар он шабҳо кӣ ёрат буд?
Ки чашмам то сапедадам ба дар дар интизорат буд.

Зи ҷони ман чӣ мехоҳӣ, ту рафтӣ, бе ту ман мурдам,
Зи ман дигар чӣ меҷӯйӣ, ман, ай паймоншикан, мурдам.

Ба ту умре вафо кардам, дареғо, бевафо будӣ,
Чӣ шабҳо бе ту сар кардам, ту он шабҳо куҷо будӣ!?

Зи ҷони ман чӣ мехоҳӣ, ту рафтӣ, бе ту ман мурдам,
Зи ман дигар чӣ меҷӯйӣ, ман, ай паймоншикан, мурдам.

Дил аз мо бурдиву рафтӣ, бирав, ошиқ маро кам нест,
Ту шамъи базми ағёрӣ, диламро тоби ин ғам нест.

Зи ҷони ман чӣ мехоҳӣ, ту рафтӣ, бе ту ман мурдам,
Зи ман дигар чӣ меҷӯйӣ, ман, ай паймоншикан, мурдам.

Зим-зим-зим — ниг. Каҷаки абруй-т неши каждум аст
Зиндагӣ чист? Хуни дил хӯрдан — ниг. Қадаҳро сар кунед

18/142

Зиндагӣ охир сар ояд

Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ, гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.

Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дурр,
Осмонро гӯ: «Бирав, борандагӣ даркор нест».
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ, гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест…

Гар фишори душманон обат кунад, мискин машав,
Мард бош, ай хастадил, шармандагӣ даркор нест.
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ, гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест…

Зиндагӣ – озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест.
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ, гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест.

МАТНИ ШЕЪР:
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ, гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.
Гар фишори душманон обат кунад, мискин машав,
Мард бош, ай хастадил, шармандагӣ даркор нест.
Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дурр,
Осмонро гӯ: «бирав, борандагӣ даркор нест.»
Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад дар танат,
Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест.
Зиндагӣ – озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест.

Илоҳӣ, илоҳӣ — ниг. 04 Агар ишқ бошад гуноҳе

19/143

Илоҳӣ, ман намедонам

Илоҳӣ, ман намедонам, ба илми худ ту медонӣ,
Илоҳӣ, ман намедонам, ба илми худ ту медонӣ.

Кас шуд гадо, кас шуд абтар, кас шуд подшоҳи як кишвар,
Кас баробар ба хокистар, касеро додӣ султонӣ,
Илоҳӣ, ман намедонам, ба илми худ ту медонӣ.

Кас шуд Вомиқ, кас шуд Узро, кас шуд Маҷнун сӯйи саҳро,
Равад бо маҳмили Лайло, ба як олам парешонӣ,
Илоҳӣ, ман намедонам, ба илми худ ту медонӣ.

Яке бедил, яке бо дил, яке дучори сад мушкил,
Яке побанди обу гил, дигар мафтуни сомоне,
Илоҳӣ, ман намедонам, ба илми худ ту медонӣ.

20/144

Имшаб аз бода харобам куну…

Имшаб аз бода харобам куну бигзор бимирам,
Ғарқи дарёи шаробам куну бигзор бимирам.

Қиссаи ишқ ба гӯши мани девона чӣ хонӣ?
Бас кун афсонаву хобам куну бигзор бимирам.

Зиндагӣ талхтар аз марг бувад, гар ту набошӣ,
Баъд аз ин мурда ҳисобам куну бигзор бимирам.

Имшаб аз бода харобам куну бигзор бимирам,
Ғарқи дарёи шаробам куну бигзор бимирам.

МАТНИ ШЕЪР:
Имшаб аз бода харобам куну бигзор бимирам,
Ғарқи дарёи шаробам куну бигзор бимирам.
Қиссаи ишқ ба гӯши мани девона чӣ хонӣ?
Бас кун афсонаву хобам куну бигзор бимирам.
Гарчи ишқи ту саробист, фиребандаву сӯзон,
Дилхуш, ай маҳ, ба саробам куну бигзор бимирам.
Зиндагӣ талхтар аз марг бувад, гар ту набошӣ,
Баъд аз ин мурда ҳисобам куну бигзор бимирам.
Пираму нест дигар бим зи дамсардии мурдан,
Гарми рӯъёи шабобам куну бигзор бимирам.
Хаста шуд дидаам аз дидани амвоҷи ҳаводис,
Кӯр чун чашми ҳубобам куну бигзор бимирам.
То ба кай ҳалқа шавад сар, ба дари хона бикӯбам,
Аз дари хеш ҷавобам куну бигзор бимирам.
Ашки гармам, ки ба нӯги мижаи шамъ биларзам,
Шӯъла шав, яксара обам куну бигзор бимирам.

21/145

Имшаб ба боми осмон

Ла-ла-ла, ла, ла…
Имшаб ба боми осмон,
Чашмакзанон, доманкашон,
Бо ишваҳои духтарон,
Парвини ман, шав ту як замон
Ла-ла-ла, ла, ла…

Пораи ободи ман,
Чашмони ман,
Парвини ман, Парвини ман,
Ишқи ту шуд имони ман. Па-а-рвин!
Ла-ла-ла, ла, ла…

Дар партави ҳусни фузун,
Ҳар лаҳза аз васлат забун
Ай духти шӯхи нимашаб,
Як дам ба чашми ман хиром, Па-а-рвин!
Ла-ла-ла, ла, ла…

22/146

Имшаб ба ёди рӯйи ту

Имшаб ба ёди рӯйи ту ғавғо кунам, ғавғо кунам,
Дилро ба дасти ғам диҳам, бас шиква аз дунё кунам.

Имшаб ба ёди ишқи ту, бо ашки худ танҳо шавам,
Он қадр зориҳо кунам, то сели хун барпо кунам.

Имшаб ба ёди рӯйи ту ғавғо кунам, ғавғо кунам,
Дилро ба дасти ғам диҳам, бас шиква аз дунё кунам.

Хандӣ ба ишқи поки ман, гӯйӣ, ки ман девонаам,
Оре, мани девона худ дар соғари мино кунам.

Имшаб ба ёди рӯйи ту ғавғо кунам, ғавғо кунам,
Дилро ба дасти ғам диҳам, бас шиква аз дунё кунам.

23/147

Имшаб ба қиссаи дили ман

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.

Имшаб дили ман ғусса дорад
Имшаб дили ман ғусса дорад…

Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,
Ай моҳ, бо кӣ даст дар оғӯш мекунӣ?

Имшаб дили ман ғусса дорад
Имшаб дили ман ғусса дорад…

Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст
Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ?

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.

Имшаб дили ман ғусса дорад
Имшаб дили ман ғусса дорад…

МАТНИ ШЕЪР:
Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.
Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,
Ай моҳ, бо кӣ даст дар оғӯш мекунӣ?
Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст
Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ.
Май ҷӯш мезанад ба дили хум, биё бубин,
Ёде агар зи хуни Сиёвуш намекунӣ.
Гар гӯш мекунӣ сухане, хуш бигӯямат,
Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш мекунӣ.
Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,
Ҳурмат нигоҳ дор, агараш нӯш мекунӣ.
Соя, чу шамъ шӯъла дарафкандаӣ ба ҷамъ,
З-ин достон бо лаби хомӯш мекунӣ.

Шеър аз Соя

24/148

Имшаб шудаам маст

Имшаб шудаам маст, ки мастона бигирям,
Бигзор шабе гӯшаи майхона бигирям.
Афсонаи дил қиссаи пурранҷу малолест,
Бигзор бар ин қиссаву афсона бигирям.
З-он омадаам маст дар ин майкада, к-имшаб,
Бо қаҳқаҳе ин соғару паймона бигирям.

25/149

Ин чӣ ишқест

Ин чӣ ишқест, ки дар дил дорам,
Ман аз ин ишқ чӣ ҳосил дорам?
Мегурезӣ зи ману дар талабат,
Боз ҳам кӯшиши ботил дорам.

Дидамат, вой чӣ дидоре, вой,
Ин чӣ дидори дилозоре буд?!
Бегумон бурдаӣ аз ёд маро,
Ки маро бо ту сару коре буд.

Ин чӣ ишқест, ки дар дил дорам,
Ман аз ин ишқ чӣ ҳосил дорам?
Мегурезӣ зи ману дар талабат,
Боз ҳам кӯшиши ботил дорам.

Бахт агар аз ту ҷудоям карда,
Мекушоям гираҳ аз бахт, чӣ бок
Тарсам, ин ишқ саранҷоми маро,
Бикашад то ба саропардаи хок.

Ин чӣ ишқест, ки дар дил дорам,
Ман аз ин ишқ чӣ ҳосил дорам?
Мегурезӣ зи ману дар талабат,
Боз ҳам кӯшиши ботил дорам.

МАТНИ ШЕЪР:
Ба замин мезаниву мешиканӣ,
Оқибат шишаи уммедеро.
Сахт мағрурию месозӣ сард
Дар диле оташи ҷовидеро.

Дидамат, вой чӣ дидоре, вой,
Ин чӣ дидори дилозоре буд?!
Бегумон бурдаӣ аз ёд маро,
Ки маро бо ту сару коре буд.

Ин чӣ ишқест, ки дар дил дорам,
Ман аз ин ишқ чӣ ҳосил дорам?
Мегурезӣ зи ману дар талабат,
Боз ҳам кӯшиши ботил дорам.

Боз лабҳои аташкардаи ман,
Ишқи сӯзони туро меҷӯяд.
Метапад қалбаму бо ҳар тапише,
Қиссаи ишқи туро меҷӯяд.

Бахт агар аз ту ҷудоям карда,
Мекушоям гираҳ аз бахт, чӣ бок
Тарсам, ин ишқ саранҷоми маро,
Бикашад то ба саропардаи хок.

Хилвати холиву хомӯши маро,
Ту пур аз хотира кардӣ, ай мард.
Шеъри ман шӯълаи эҳсоси ман аст,
Ту маро шоира кардӣ, ай мард.

Оташи ишқ ба чашмат як дам,
Ҷилвае карду саробе гардид.
То маро волаву бесомон дид,
Нақши афтода бар обе гардид.

Синае, то ки бар он сар биниҳам,
Домане, то ки бар он резам ашк.
Ой, ай он ки ғами ишқат нест,
Мебарам бар туву бар қалбат рашк.

Ба замин мезаниву мешиканӣ,
Оқибат шишаи уммедеро.
Сахт мағрурию месозӣ сард
Дар диле оташи ҷовидеро.

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

Ин чӣ конун — ниг. 2/195 На суруде, на суруре

26/150

Ин шеърро барои ту мегӯям

Ин шеърро барои ту мегӯям,
Дар як ғуруби ташнаи тобистон.

Бигзор, сояи мани саргардон,
Аз сояи ту дуру ҷудо бошад.
Рӯзе ба ҳам расем, ки гар бошад,
Кас байни мо на ғайри Худо бошад.

Ин шеърро барои ту мегӯям,
Дар як ғуруби ташнаи тобистон.

Бо ин гурӯҳи зоҳиди зоҳирсоз,
Донам, ки ин ҷидол на осон аст.
Шаҳри ману ту тифлаки ширинам
Дерест, к-ошёнаи шайтон аст.

Ин шеърро барои ту мегӯям,
Дар як ғуруби ташнаи тобистон.

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

27/151

Ишқи ман, ишқи ман

Ишқи ман, ишқи ман пора-пора шуда,
То гуноҳи маро бубахшойӣ.
Боз ҳам ёру ҳамсафар гардӣ, (ҳамсабақ?)
Аз дилат занги қаҳр бизудойӣ.

Ишқи ман, ишқи ман пора-пора,
Ки гуноҳи маро бубахшойӣ.
Боз ҳам ёру ҳамсафар гардӣ,
Аз дилат занги қаҳр бизудойӣ.

Мешавад, боз дар дили шабҳо,
Дар хами кӯча рози дил гӯем.
Дидаи мо маст шавад тира,
Гармии лабҳои ҳам ҷӯем.

Ишқи ман, ишқи ман пора-пора,
Ки гуноҳи маро бубахшойӣ.
Боз ҳам ёру ҳамсафар гардӣ,
Аз дилат занги қаҳр бизудойӣ.

Мешавад, дур аз нигоҳи ҳасуд,
Ними шаб дар канори ман ойӣ.
Лабатро сона бар лабони ман,
То саҳар дар барам биёсойӣ.

Ишқи ман, ишқи ман пора-пора,
Ки гуноҳи маро бубахшойӣ.
Боз ҳам ёру ҳамсафар гардӣ,
Аз дилат занги қаҳр бизудойӣ.

28/152

Ишқи ман бо ту буд

Ишқи ман бо ту буд, қалби ман бо ту буд,
Рафтӣ, ишқу ту қалбам шикастӣ, чаро?
Бевафо, раҳм кун, зуд о, зуд о!

Рафтӣ, оҳуи ваҳшӣ, надодӣ хабар,
Дар дили шаҳр бимондӣ ту танҳо маро,
Вой бар ман, ки рафта аз канорам ёрам.
Канорам ёрам.

Ишқи ман бо ту буд, қалби ман бо ту буд,
Рафтӣ, ишқу ту қалбам шикастӣ, чаро?
Бевафо, раҳм кун, зуд о, зуд о!

Ай умеди ҷавонӣ, ба сӯям биё,
Аз вафо дар кулбаи ларзони ман.
Раҳм кун бар ду чашмони гирёни ман.
Гирёни ман.

Ишқи ман бо ту буд, қалби ман бо ту буд,
Рафтӣ, ишқу ту қалбам шикастӣ, чаро?
Бевафо, раҳм кун, зуд о, зуд о!

Ишқи ту бар ман — ниг. 28/221 Равшании чашмам

29/153

Ишқу меҳрат

Ишқу меҳрат кӯрии зебои ман,
Риштаҳо баста-ст андар пойи ман.

Номи ту натвонам ин бар лаб гирифт,
Мавҷи гавҳар, авҷи таманнои ман.

Ишқу меҳрат кӯрии зебои ман,
Риштаҳо баста-ст андар пойи ман.

Сӯхтам, бори дигар сӯзадам,
Ай ду чашми гарми ту дарёи ман.

Ишқу меҳрат кӯрии зебои ман,
Риштаҳо баста-ст андар пойи ман.

30/154

Кай бошаду кай

Кай бошаду кай,
Чанг бошаду най,
Ман бошаму вай,
Вай бошаду май.
Кай бошаду кай,
Кай бошаду кай?

Шабе бошад, ки нури моҳтоб бошад ба гулшан,
Майи ноб бошаду танҳо фақат ӯ бошаду ман.
Ману ӯ даст ба гардан то саҳаргоҳ,
Ба ҳар сӯ шар-шари об бошаду гулҳои савсан.

Кай бошаду кай,
Чанг бошаду най,
Ман бошаму вай,
Вай бошаду май.
Кай бошаду кай,
Кай бошаду кай?

Дар он шаб ман бару дӯшу лаби нӯшаш бибӯсам,
Гаҳе рӯю гаҳе мӯю баногӯшаш бибӯсам.
Чу чашмаш ҳамраҳам сад роз гӯяд,
Гаҳе чашму гаҳе лабҳои хомӯшаш бибӯсам.

Кай бошаду кай,
Чанг бошаду най,
Ман бошаму вай,
Вай бошаду май.
Кай бошаду кай,
Кай бошаду кай?

31/155

Кай рафтаӣ зи дил, ки таманно кунам туро

Кай рафтаӣ зи дил, ки таманно кунам туро,
Кай будаӣ нуҳуфта, ки пайдо кунам туро.
Ғайбат накардаӣ, ки шавам толиби ҳузур.
Пинҳон нагаштаӣ, ки ҳувайдо кунам туро.
Бо сад ҳазор ҷилва бурун омадӣ, ки ман
Бо сад ҳазор дида тамошо кунам туро.
Чашмам ба сад муҷоҳида оинасоз шуд,
То ман ба як мушоҳида шайдо кунам туро.
Болои худ дар оинаи чашми ман бубин,
То бохабар аз олами боло кунам туро.
Мастона, кош, дар ҳараму дайр бигзарӣ,
То қиблагоҳи мӯъмину тарсо кунам туро.
Хоҳам шабе ниқоб зи рӯят барафканам,
Хуршеди Каъба, моҳи калисо кунам туро.
Гар афтад он ду зулфи чалипо ба чанги ман,
Чандин ҳазор силсила дар по кунам туро.
Тӯбиву сидра гар ба қиёмат ба ман диҳанд,
Якҷо фидои қомати раъно кунам туро.
Зебо шавад ба коргаҳи ишқ кори ман,
Ҳар гаҳ назар ба сурати зебо кунам туро.
Расвои оламе шудам аз шӯри ошиқӣ,
Тарсам, худо нахоста, расво кунам туро.
Бо хайли ғамза гар ба восоқам гузар кунӣ,
Мири сипоҳи шоҳ, сафоро кунам туро.
Ҷам дастгоҳи Носируддиншоҳи тоҷвар,
К-аз хидматаш Сикандару Доро кунам туро.
Шеърат зи номи шоҳ, Фурӯғӣ, шараф гирифт,
Зебад, ки тоҷи тораки шуаро кунам туро.

Шеър аз Фурӯғии Бастомӣ

32/156

Кардаам нола басе

Кардаам нола басе, дар пайи ҳамнафасе,
Бишнавам нимашабон нолаҳои ҷарасе.

Чаро шӯру фиғон дорам,
Шикоят з-осмон дорам?
На з-ин гирям, на з-он нолам,
Бути номеҳрубон дорам.

Гарчи бемори дилам, хаставу зори дилам,
Мекашад ёди ту шаб панҷа бар хоби дилам.

Биё, ай моҳи Канъонам, биё лаъли Бадахшонам,
Раҳо кай мекунад як дам таби ишқат гиребонам?

Кардаам нола басе, дар пайи ҳамнафасе,
Бишнавам нимашабон нолаҳои ҷарасе.

33/157

Каҷаки абруй-т неши каждум аст

Зим-зим-зим, зим-зим
Каҷаки абруй-т неши каждум аст
Чӣ кунам, афсӯс, моли мардум аст.
Зим-зим-зим, зим-зим

Ду чашмони хуморатро кӣ дорад?
Ду абруй думби моратро кӣ дорад?
Бигардам кӯ ба кӯ, саҳро ба саҳро,
Бипурсам, ихтиёратро кӣ дорад?*

Зим-зим-зим, зим-зим
Каҷаки абруй-т неши каждум аст
Чӣ кунам, афсӯс, моли мардум аст.
Зим-зим-зим, зим-зим

Камонабру, камонатро бинозам,
Синонмижгон, синонатро бинозам.
Бисозам ханҷаре нӯгаш зи пӯлод,
Занам бар дида, то дил гардад озод.**

Зим-зим-зим, зим-зим
Каҷаки абруй-т неши каждум аст
Чӣ кунам, афсӯс, моли мардум аст.
Зим-зим-зим, зим-зим

Зим-зим-зим, зим-зим
Каҷаки абруй-т неши каждум аст
Чӣ кунам, афсӯс, моли мардум аст.
Зим-зим-зим, зим-зим…
_________________
*Дар варианти дигар пас аз ин дубайтӣ боз дубайтии зер суруда шуда:
Ду абруи туро пайваста гуфтам,
Даҳони дилкашатро писта гуфтам.
Чу сар кардам ҳадиси ғунчаатро,
Ба оби гул даҳанро шуста гуфтам.
**Ин дубайтӣ чунин низ омада:
Камонабру, камонатро бибӯсам,
Синонмижгон, синонатро бибӯсам.
Равам ҳар дам бигирам гесуятро,
Садафдандон, лабонатро бибӯсам.

34/158

Кист дар шаҳр, ки аз дасти ғамат дод надошт

Кист дар шаҳр, ки аз дасти ғамат дод надошт,
Ҳеҷ кас ҳамчу ту бедодгаре ёд надошт.

Ҳар кас ба ту мегуфт, зебои маҳрӯ,
Ҳол зи дасти ту кас нест, ки як доғ надошт.

Кист дар шаҳр, ки аз дасти ғамат дод надошт,
Ҳеҷ кас ҳамчу ту бедодгаре ёд надошт.

Гӯши фарёдшунав нест, Худоё, ба шаҳр,
В-арна аз дасти ту кас нест, ки фарёд надошт.

Кист дар шаҳр, ки аз дасти ғамат дод надошт,
Ҳеҷ кас ҳамчу ту бедодгаре ёд надошт.

35/159

Кистам ман раҳнавард, овораю девонае

Кистам ман? – Раҳнавард, овораву девонае,
Доғи Маҷнунам, зи дасти бекасӣ афсонае.

Не қабули зоҳидам ман, не зи пири майфурӯш,
Не ба масҷид роҳ доданд, не дар он майхонае.

Кистам ман? – Раҳнавард, овораву девонае,
Доғи Маҷнунам, зи дасти бекасӣ афсонае.

Барги хушкам, аз дарахти орзу уфтодаам,
Не ба гулшан роҳ доданд, не дар оташхонае.

Кистам ман? – Раҳнавард, овораву девонае,
Доғи Маҷнунам, зи дасти бекасӣ афсонае

36/160

Коме нарондаему дил аз даст додаем

Коме нарондаему дил аз даст додаем,
Гумроҳ сар ба синаи саҳро ниҳодаем.

Чун гавҳари рамида ба даргоҳи соҳилем,
Дар ҳасрати навозиши дасти фитодаем.
Гумроҳ сар ба синаи саҳро ниҳодаем.

Маҳрум аз ниёзи рафиқони шабнишин,
Чун шамъи мурдае ба мазоре ситодаем.
Гумроҳ сар ба синаи саҳро ниҳодаем.

Дар интизори гармии андоми ҳамдаме,
Оғӯшро ба аҷзу таманно кушодаем.
Гумроҳ сар ба синаи саҳро ниҳодаем.

37/161

Кош, ай танҳо умеди зиндагӣ

Кош, ай танҳо умеди зиндагӣ,
Метавонистам фаромӯшат кунам.
Ё шабе чун оташи сӯзони дил,
Дар раҳими сина хомӯшат кунам.
Кош, ай кош…

Кош, чун хоби гарон аз дидаам,
Нимаи шаб ёди рӯят мегурехт
Мурғи дил афсурдаҳолу бастапар,
Аз диёри орзуят мегурехт.
Кош, ай кош…

Мурғи дил афсурдаҳолу бастапар,
Аз диёри орзуят мегурехт.
Дар дилам оташ намезад он нигоҳ,
Кош он шаб чашмҳоям кӯр буд.
Кош, ай кош…

Кош, ай танҳо умеди зиндагӣ,
Метавонистам фаромӯшат кунам.
Кош, ай кош…

38/162

Кош будам лола то ҷӯянд дар саҳро маро

Кош будам лола, то ҷӯянд дар саҳро маро,
Кош доғи дил ҳувайдо буд аз симо маро.

Кош будам чун китоб уфтода дар кунҷи хамӯш,
То нагардад рӯбарӯ ҷуз мардуми доно маро.

Кош будам лола, то ҷӯянд дар саҳро маро,
Кош доғи дил ҳувайдо буд аз симо маро.

Кош будам ҳамчу унвоне нишони рӯзгор,
То набинад чашми танги мардуми дунё маро.

Кош будам лола, то ҷӯянд дар саҳро маро,
Кош доғи дил ҳувайдо буд аз симо маро.

Кош будам ҳамчу шамъ то баҳри нигоҳи дигарон,
Дар миёни ҷамъ сӯзонанд сар то по маро.

Кош будам лола, то ҷӯянд дар саҳро маро,
Кош доғи дил ҳувайдо буд аз симо маро.

Шеър аз Ғуломризо Қудсӣ

39/163

Кошкӣ, кошкӣ, маро бо худ доштӣ

Кошкӣ, кошкӣ, маро бо худ доштӣ,
Кошкӣ, кошкӣ, танҳоям нагзоштӣ.

Аз ту замона дурам кард,
Бар дуриат маҷбурам кард.
Дар орзуи васли ту,
Гиря намуда кӯрам кард.

Кошкӣ, кошкӣ, танҳоям нагзоштӣ,
Кошкӣ, кошкӣ, маро бо худ доштӣ.

Ман ҳам зи ғамат беморам,
Ишқи туро дар дил дорам.
Дар ёди рӯят рӯзу шаб,
Аз дидаам хун меборам.

Кошкӣ, кошкӣ, маро бо худ доштӣ,
Кошкӣ, кошкӣ, танҳоям нагзоштӣ.

Бе ту ғамам сангин бошад,
Мурғи дилам ғамгин бошад.
Баски зи ҳиҷрат хун гирям,
Пераҳанам рангин бошад.

Кошкӣ, кошкӣ, танҳоям нагзоштӣ,
Кошкӣ, кошкӣ, маро бо худ доштӣ.

Аҳмад Зоҳир бо хонум Жило

40/164

Қадаҳро сар кунед

Қадаҳро сар кунед,
Шабро саҳар кунед,
Ғами дунёро
Аз сар бадар кунед.

Зиндагӣ чист? — Хуни дил хӯрдан
Зери девори орзу мурдан.

Қадаҳро сар кунед,
Шабро саҳар кунед,
Ғами дунёро
Аз сар бадар кунед.

Расми дурангӣ оини мо нест,
Якранг бошад рӯзу шаби ман.

Қадаҳро сар кунед,
Шабро саҳар кунед,
Ғами дунёро
Аз сар бадар кунед.

Шудам аз ёди ту фаромӯш,
Чароғи нек шуд байни мо хомӯш.

Қадаҳро сар кунед,
Шабро саҳар кунед,
Ғами дунёро
Аз сар бадар кунед.

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


4 − 1 =


error: Content is protected !!