Аҳмад Зоҳир. СТУФХ . Сиву панҷ суруд

Ahmad_Zohir

Аҳмад Зоҳир (14.06.1946–14.06.1979)

А  Б  В  Г  Ғ  Д  Ё  З  И  К  Қ  Л  М  Н  О 
П  Р  С  Т  У  Ф  Х  Ҳ  Ч  Ҷ  Ш  Я 

Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро?
Ки ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро…
Зи сиришк нам фишондам ба бунафшазори дуре,
Ки зи буттаҳо бичинӣ гули интизори моро.
Чу насими ошноӣ зи кадом сӯ вазидӣ
Ту, ки беқарор кардӣ ҳама лолазори моро?
Манам он шикаста созе, ки туам наменавозӣ,
Ки фиғон кунам зи дасте, ки гусаста тори моро.

1/226

Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_1 Dilakam:

Сад раҳ дар интизорат
Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам,
Поям зи кор уфтод, в-он гаҳ ба сар давидам.
Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам,
Поям зи кор уфтод, в-он гаҳ ба сар давидам.

То як садои пое з-он сӯйи дар шунидам,
Ҷастам, туро надидам, бори дигар давидам.
(2)

Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам,
Поям зи кор уфтод, в-он гаҳ ба сар давидам.
(2)

Шаб рафту пеши чашмам дунё сиёҳ гардид,
Хуршеди ман наёмад. Ман бесамар давидам! (2)
Шаб рафту пеши чашмам дунё сиёҳ гардид,
Хуршеди ман наёмад. Ман бесамар давидам!

Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам,
Поям зи кор уфтод, в-он гаҳ ба сар давидам.
(2)

МАТНИ ШЕЪР:
Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам,
Поям зи кор уфтод, он гаҳ ба сар давидам.
Сад раҳ сарам ба дар хӯрд, чун вақти ваъдаи ту
Ҳар қадр дертар шуд, ман тезтар давидам.
То як садои пое з-он сӯйи дар шунидам,
Ҷастам, туро надидам, бори дигар давидам.
Дар фикри гуфтугӯят аз хобу хӯр гузаштам,
Дар интизори рӯят шаб то саҳар давидам.
Ту масти хоби роҳат, ман музтариб нишастам,
Ту фориғ аз ману ман з-ин бехабар давидам.
Шаб рафту пеши чашмам дунё сиёҳ гардид, —
Хуршеди ман наёмад. Ман бесамар давидам!
Шояд дили ту месӯхт, беҳтар надид чашмат,
Чун бо лабони хушку чашмони тар давидам.
Акнун, туро ки дидам дар пой то сари ман
Осори хастагӣ нест. Ҷонам, магар давидам?

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ

Саломат нарасонид — ниг. 12/205 Омад нафаси субҳу

2/227

Сар-сари пушта, ошиқа кушта

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-01 Daard-e Dil:

Сар-сари пушта,
Ошиқа кушта,
(2)
Аз хуни ошиқ, Лайлиҷон,
Нома навишта.
(2)
(2)

О дар сипеҳрат,
Аё футувват,
Аз ҳиҷри рӯят,
Охир азобам.
(2)
Аз ҳиҷри рӯят, Лайлиҷон,
Охир азобам.
(2)

Сар-сари пушта,
Ошиқа кушта,
(2)
Аз хуни ошиқ, Лайлиҷон,
Нома навишта.
(2)

Парвини ишқӣ,
Ноҳиди розӣ,
Бошад лабонат,
Ҷоми шаробам.
(2)
Бошад лабонат, Лайлиҷон,
Ҷоми шаробам.
(3)

Сар-сари пушта,
Ошиқа кушта,
(2)
Аз хуни ошиқ, Лайлиҷон,
Нома навишта.
(2)

Дорам нигоҳат,
Кайфияти ишқ.
Аз ҷоми чашмат
Масту харобам.
(2)
Аз ҷоми чашмат, Лайлиҷон,
Масту харобам.
(2)

Сар-сари пушта,
Ошиқа кушта,
(2)
Аз хуни ошиқ, Лайлиҷон,
Нома навишта.
(2)

Сар-сари пушта,
Ошиқа кушта,
(2)
Аз хуни ошиқ, Лайлиҷон,
Нома навишта.
(3)

3/228

Саҳар мегуфт булбул боғбонро

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_9 Gulbadan:

Саҳар мегуфт булбул боғбонро,
«Дар ин боғ ҷуз ниҳоли ғам нарӯяд,
(2)
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад». (2)

Шунидам, дар адам парвона мегуфт: (2)
«Даме аз зиндагӣ тобу табам бахш».
(2)
Саҳар мегуфт булбул боғбонро,
«Дар ин боғ ҷуз ниҳоли ғам нарӯяд,
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад». (2)

«Парешон кун саҳар хокистарамро, (2)
Валекин сӯзу сози як шабам деҳ!»
«Парешон кун саҳар хокистарамро,
Валекин сӯзу сози як шабам деҳ!»
Саҳар мегуфт булбул боғбонро,
«Дар ин боғ ҷуз ниҳоли ғам нарӯяд,
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад».

МАТНИ ШЕЪР:
Саҳар мегуфт булбул боғбонро:
«Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад,
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад.»

Шунидам, дар адам парвона мегуфт:
«Даме аз зиндагӣ тобу табам бахш,
Парешон кун саҳар хокистарамро,
Валекин сӯзу сози як шабам бахш!»

Шеър аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

4/229

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_9 Gulbadan:

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,
Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.
(2)

Наёмадӣ, ки фалак хӯша-хӯша Парвин дошт, (2)
Кунун, ки дасти саҳар дона-дона чид, биё. (2)

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,
Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.

Ба вақти маргам, агар тоза мекунӣ дидор, (2)
Баҳуш бош, ки ҳангоми он расид, биё. (2)

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,
Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.
(2)

Умеди хотири Симини дилшикаста туӣ, (2)
Маро мадор аз ин беш ноумед, биё. (2)

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,
Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.
(4)

МАТНИ ШЕЪР:
Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,
Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.
Зи бас ба домани шаб ашки интизорам рехт,
Гули сапеда шукуфту саҳар дамид, биё.
Шаҳоби ёди ту дар осмони хотири ман,
Паёпай аз ҳама сӯ хатти зар кашид, биё.
Зи бас нишастаму бо шаб ҳадиси ғам гуфтам,
Зи ғусса ранги ману ранги шаб парид, биё.
Ба вақти маргам, агар тоза мекунӣ дидор,
Баҳуш бош, ки ҳангоми он расид, биё.
Ба гомҳои касон мебарам гумон, ки туӣ,
Дилам зи сина бурун шуд, зи бас тапид, биё.
Наёмадӣ, ки фалак хӯша-хӯша Парвин дошт,
Кунун, ки дасти саҳар дона-дона чид, биё.
Умеди хотири Симини дилшикаста туӣ,
Маро махоҳ аз ин беш ноумед, биё.

Шеър аз Симини Беҳбаҳонӣ

5/230

Соқиё, маро дарёб

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Radio_Album5:

Соқиё, маро дарёб,
Дарёб, (2)
Пур кун аз вафо ҷомам,
Ҷомам. (2)
Мастам имшаб аз ғамҳо,
Ғамҳо, (2)
Май нахӯрда бадномам. (2)
(2)

Шояд умри ин мастӣ чун вафои ӯ бошад, (2)
Соғарам тиҳӣ монад, бишканад фалак ҷомам. (2)

Соқиё, маро дарёб,
Дарёб,
Пур кун аз вафо ҷомам,
Ҷомам.
Мастам имшаб аз ғамҳо,
Ғамҳо,
Май нахӯрда бадномам. (2)

Тавбаам мадеҳ, зоҳид,
Зоҳид,
Дигар аз маю мастӣ,
Мастӣ,
Фориғ аз ҳисобам кун,
Ғофил аз саранҷомам. (2)

Ман зи бими расвоӣ, гиря мекунам дар дил, (2)
Мекушад маро, охир, хандаҳои оромам. (2)

Соқиё, маро дарёб,
Дарёб,
Пур кун аз вафо ҷомам,
Ҷомам.
Мастам имшаб аз ғамҳо,
Ғамҳо,
Май нахӯрда бадномам. (2)

Тавбаам мадеҳ, зоҳид,
Зоҳид,
Дигар аз маю мастӣ,
Мастӣ,
Фориғ аз ҳисобам кун,
Ғофил аз саранҷомам.

Соқиё, маро дарёб,
Дарёб,
Пур кун аз вафо ҷомам,
Ҷомам.
Мастам имшаб аз ғамҳо,
Ғамҳо,
Май нахӯрда бадномам. (2)

Аҳмад Зоҳир бо Хонум Жило

Соқии зебо куҷост? — ниг. 34/75 Бодаҳо холист, холӣ

6/231

Соқӣ, ҷоми шаробам бидеҳ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_3 Shab ha ye zulmane:

Соқӣ…
Ҷоми шаробам бидеҳ.

Мара, мара, мара май бидеҳ,
Ҷоми паёпай бидеҳ,
(2)
Мара, мара, мара май бидеҳ,
Бо чангу бо най бидеҳ.
(2)

Имшаб харобам, соқӣ,
Пуртабу тобам, соқӣ.
Пур кун ба дасти худат
Ҷоми шаробам, соқӣ!
(2)
Мара, мара, мара май бидеҳ,
Ҷоми паёпай бидеҳ,
Мара, мара, мара май бидеҳ,
Бо чангу бо най бидеҳ.
Мара, мара, мара май бидеҳ,
Бо чангу бо най бидеҳ.

Ҳастам ҳалокат, дилбар,
Ошиқи покат, дилбар.
Як қатра обам бидеҳ,
Аз оби токат, дилбар.
(2)
Мара, мара, мара май бидеҳ,
Бо чангу бо най бидеҳ.
Мара, мара, мара май бидеҳ,
Ҷоми паёпай бидеҳ.

Соқӣ…
Ҷоми шаробам бидеҳ.

Шеър ва оҳанг аз Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

7/232

Субҳ дамиду рӯз шуд

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Mahfeli_Album4:

Мунаҷҷим, кавкаби бахти маро аз бурҷ берун кун,
Ки ман камтолеам, тарсам зи оҳам осмон сӯзад.

Субҳ дамиду рӯз шуд, ёр бад-ин баҳона рафт, (2)
Ёр бад-ин баҳона рафт. (2)
Мурғи саҳар, ту гум шудӣ, ёр ба ин баҳона рафт.
Ёр ба ин баҳона рафт. (2)

Шаб, ки пас аз он рӯз, он бути рашку меҳрхоҳ,
Шишта туӣ қадаҳ ба даст, омада буд узрхоҳ.
Мурғи саҳар, ту гум шудӣ, ёр ба ин баҳона рафт.
Субҳ дамиду рӯз шуд, ёр ба ин баҳона рафт,
Ёр ба ин баҳона рафт. (2)

Шаб, ки пас аз он рӯз, он бути рашку меҳрхоҳ,
Шишта туӣ қадаҳ ба даст, омада буд узрхоҳ.
Мурғи саҳар, ту гум шудӣ, ёр ба ин баҳона рафт.
Субҳ дамиду рӯз шуд, ёр ба ин баҳона рафт,
Мурғи саҳар, ту гум шудӣ, ёр ба ин баҳона рафт.
Ёр ба ин баҳона рафт. (2)
Субҳ дамиду рӯз шуд, ёр ба ин баҳона рафт, (2)
Ёр ба ин баҳона рафт. (2)

Шеър аз Шоҳшуҷои Бобурӣ

8/233

Султони қалбам
(Як дил мега, буру, буру)

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_7 Sultan Qalbam:

Як дил мега: буру, буру,
Як дилам мега: нару, нару,
Тоқат надора дилам бе ту,
Бе ту чӣ кунам?

Пеши ишқи зебо, зебо,
Хеле кӯчаке дунё, дунё.
Бо ёди туам ҳар ҷо, ҳар ҷо,
Таркат накунам.

Аҳволи зори диламро надонӣ,
Бо ту чӣ гӯям, ки бар он рабойӣ.
Бе ту натобад на меҳре, на моҳе,
Бар шоми торам.

Султони қалбам ту ҳастӣ, ту ҳастӣ,
Дарвозаҳои диламро шикастӣ.
Паймони ёрӣ ту бар ман бибастӣ,
Чашминтизорам.

Аз барги гул коғаз созам,
Номаи ширин бипардозам,
Бинависам аз ишқам, розам,
Ай навгули ман!

Баъд аз салом, ай дилдорам,
Аввал хеле дӯстат медорам,
Дуввум диданат умед дорам,
Бар дашту даман.

Султони қалбам ту ҳастӣ, ту ҳастӣ,
Дарвозаҳои диламро шикастӣ.
Паймони ёрӣ ту бар ман бибастӣ,
Чашминтизорам.
(2)

9/234

Сурма кадӣ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-03 Lylee Jaan:

Сурма кадӣ, бумурум, сурма кадӣ, (2)
Чашмро сурма задӣ, зулфро ҳалқа задӣ, (2)
Хам ба абру задӣ, захми дилам боз кадӣ,
В-он гаҳе рафтию оҳанги дигар соз кадӣ.

Сурма кадӣ, бумурум, сурма кадӣ.
Бумурум, сурма кадӣ.

Зи лаъл андешаи сад ҷом хезад,
Зи чашмат гардиши айём хезад.
Зи хиҷлат моҳи гардун об гардад,
Маҳи ман гар ба кунҷи бом хезад.

Сурма кадӣ, бумурум, сурма кадӣ,
Чашмро сурма задӣ, зулфро ҳалқа задӣ,
Хам ба абру задӣ, захми дилам боз кадӣ,
В-он гаҳе рафтию оҳанги дигар соз кадӣ. (2)

Сурма кадӣ, бумурум, сурма кадӣ.
Бумурум, сурма кадӣ. (2)

Зи деги пухтагон н-ояд садое,
Хурӯш аз мардумони хом хезад.
Бисӯзӣ марги одамро зи ҳастӣ,
Сароғози ман аз анҷом хезад. (2)

Сурма кадӣ, бумурум, сурма кадӣ,
Чашмро сурма задӣ, зулфро ҳалқа задӣ,
Хам ба абру задӣ, захми дилам боз кадӣ,
В-он гаҳе рафтию оҳанги дигар соз кадӣ. (2)

Сурма кадӣ, бумурум, сурма кадӣ. (5)

10/235

Суруди шабонгоҳ, чӣ хуш гоҳу ногоҳ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_13 Ahange Zindagee:

Суруди шабонгоҳ,
Суруди шабонгоҳ, чӣ хуш гоҳу ногоҳ,
Расад ногаҳонӣ, зи нойи шабонӣ.
Ба ин нағма хӯ кун,
Ба майхона рӯ кун,
Зи май пур сабу кун.
Суруди шабонгоҳ,
Суруди шабонгоҳ, чӣ хуш гоҳу ногоҳ.

Худоро, ту, ай ишқу мастӣ,
Биё сӯям, ҳар ҷо ки ҳастӣ,
Сапед абр борад,
Чаман ранг корад,
Сабо барг борад.
Суруди шабонгоҳ,
Суруди шабонгоҳ, чӣ хуш гоҳу ногоҳ.

Ман он рехта барги зардам,
Ниҳоло, ба гирдат бигардам,
Намонад чаманҳо,
На мову на манҳо,
Бимонад суханҳо.

Суруди шабонгоҳ,
Суруди шабонгоҳ, чӣ хуш гоҳу ногоҳ.
(2)
Расад ногаҳонӣ, зи нойи шабонӣ.
Ба ин нағма хӯ кун,
Ба майхона рӯ кун,
Зи май пур сабу кун.
Суруди шабонгоҳ…

Шеър аз Абдулаҳмади Адо

11/236

Сӯзи қалбам ҷовидонӣ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_6 Ghulam-e Qamar:

Сӯзи қалбам ҷовидонӣ, сели ашкам арғувонӣ,
Сели ашкам арғувонӣ,

Ай ту моҳи осмон, собиту сайёрагон.
Моҳи ман, ай моҳи ман, дӯст надорам ҷуз ту.
(2)

Сӯзи қалбам ҷовидонӣ, сели ашкам арғувонӣ,
Ай ту моҳи осмон, собиту сайёрагон.
Моҳи ман, ай моҳи ман, дӯст надорам ҷуз ту.

Чашмони ту ситораам,
Дар ишқи ту бечораам,
(2)
Ай ту қалби ин чаман, булбули ин анҷуман.
Моҳи ман, ай моҳи ман, дӯст надорам ҷуз ту.
(2)

Сӯзи қалбам ҷовидонӣ, сели ашкам арғувонӣ,

Ай ту моҳи осмон, собиту сайёрагон.
Моҳи ман, ай моҳи ман, дӯст надорам ҷуз ту.
(2)

Ман он наям, ки ту донӣ,
Чу баргҳои хазонӣ,
(2)
Ай ту қалби ин чаман, булбули ин анҷуман,
Моҳи ман, ай моҳи ман, дӯст надорам ҷуз ту.
(2)

Сӯзи қалбам ҷовидонӣ, сели ашкам арғувонӣ,

Ай ту моҳи осмон, собиту сайёрагон.
Моҳи ман, ай моҳи ман, дӯст надорам ҷуз ту.
(2)

Чашмони ту ситораам,
Дар ишқи ту бечораам,
(2)
Ай ту моҳи осмон, собиту сайёрагон.
Моҳи ман, ай моҳи ман, дӯст надорам ҷуз ту.

Сӯзи қалбам ҷовидонӣ, сели ашкам арғувонӣ,
Ай ту моҳи осмон, собиту сайёрагон.
Моҳи ман, ай моҳи ман, дӯст надорам ҷуз ту.
(2)

Шеър аз Сафиуллоҳи Субот

Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, ай меҳан — ниг. 26/190 Меҳан, ай меҳан

12/237

Танҳо туӣ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

1. Аз AM_Album_6 Ghulam-e Qamar:

Танҳо… (2)
Танҳо туӣ, танҳо туӣ … (2)
Танҳо туӣ, танҳо туӣ, дар хилвати танҳоиям,
Дар хилвати танҳоиям,
Танҳо ту мехоҳӣ маро, бо ин ҳама расвоиям.
Бо ин ҳама расвоиям.
Танҳо туӣ, танҳо…

Ай ёри беҳамтои ман,
Ай ёри беҳамтои ман, сармояи савдои ман,
Сармояи савдои ман,
Гар бе ту монам, войи ман, вой аз дили савдоиям.
Вой аз дили савдоиям.

Танҳо туӣ, танҳо, дар хилвати танҳоиям,
Танҳо ту мехоҳӣ маро, бо ин ҳама расвоиям.
Бо ин ҳама расвоиям.

Гарчи миёни оташам,
Гарчи миёни оташам, бо ёди рӯйи ту хушам,
Бо ёди рӯйи ту хушам,
Аз ғам қадаҳҳо мекашам, ваҳ, з-ин қадаҳпаймойиям.

Танҳо туӣ, танҳо, дар хилвати танҳоиям,
Танҳо ту мехоҳӣ маро, бо ин ҳама расвоиям.
Бо ин ҳама расвоиям.
Танҳо туӣ, танҳо…

Донӣ, ки дилдорам туӣ,
Донӣ, ки дилдорам туӣ, донам харидорам туӣ,
Ёрам туӣ, ёрам туӣ, шодӣ аз ин шайдоиям.
Шодӣ аз ин шайдоиям.
Танҳо туӣ, танҳо, дар хилвати танҳоиям,
Танҳо ту мехоҳӣ маро, бо ин ҳама расвоиям.
Бо ин ҳама расвоиям.
Танҳо туӣ, танҳо, дар хилвати танҳоиям,
Дар хилвати танҳоиям.

2. Аз Radio_Album2:

Танҳо… (2)
Танҳо туӣ, танҳо туӣ,
Танҳо туӣ, танҳо туӣ, дар хилвати танҳоиям,
Танҳо ту мехоҳӣ маро, бо ин ҳама расвоиям.
Бо ин ҳама расвоиям.
Танҳо туӣ, танҳо…

Ай ёри беҳамтои ман, сармояи савдои ман,
Гар бе ту монам, войи ман, вой аз дили савдоиям.
Вой аз дили савдоиям.
Танҳо туӣ, танҳо…

Гарчи миёни оташам, бо ёди рӯйи ту хушам,
Аз ғам қадаҳҳо мекашам, уҳ, з-ин қадаҳпаймойиям.
Уҳ, з-ин қадаҳпаймойиям.
Танҳо туӣ, танҳо, дар хилвати танҳоиям,
Танҳо ту мехоҳӣ маро, бо ин ҳама расвоиям.
Бо ин ҳама расвоиям. (3)

МАТНИ ШЕЪР:
Танҳо туӣ, танҳо туӣ, дар хилвати танҳоиям,
Танҳо ту мехоҳӣ маро, бо ин ҳама расвоиям.
Ай ёри беҳамтои ман, сармояи савдои ман,
Гар бе ту монам, войи ман, вой аз дили савдоиям.
Ҷон гашта сар то по танам, аз зулмати тан эманам.
Шуд офтоби рӯшанам пайдо ба нопайдоиям.
Гарчи миёни оташам, бо ёди рӯйи ту хушам,
Аз ғам қадаҳҳо мекашам, ваҳ з-ин қадаҳпаймоиям.
Ман аз ҳавасҳо растаам, аз орзуҳо ҷастаам,
Мурғи қафасбишкастаам, шодам зи бепарвоиям.
Донӣ, ки дилдорам туӣ, донам харидорам туӣ,
Ёрам туӣ, ёрам туӣ, шодӣ аз ин шайдоиям.
Он рашки Меҳру Муштарӣ омад ба сад афсунгарӣ,
Гуфтам, ба Зӯҳра нангарӣ, ай давлати биноиям.

Шеър аз Зӯҳра (Мансураи Атобакӣ)

14/239

Танҳо шудам, танҳо

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

1‒2. Аз AM_Album_11 Lylee ва
Music_Centre_Vol-04
Ahmad Zahir Ba Sitara Haa:

Танҳо шудам, танҳо,
Осуда аз ғавғо шудам,
Азбаски хӯрдам хуни дил,
Чун ғунча аз ҳам во шудам.
(2)

Боз аст дарҳои қафас, ай мурғи дил, парвоз кун гулҳои ин гулзорро

Танҳо шудам, танҳо,
Осуда аз ғавғо шудам,
Азбаски хӯрдам хуни дил,
Чун ғунча аз ҳам во шудам.

Ман ошиқи танҳоиам, худ маҳрами рози худам, бо нағмапардозон бигӯ:

Танҳо шудам, танҳо,
Осуда аз ғавғо шудам,
Азбаски хӯрдам хуни дил,
Чун ғунча аз ҳам во шудам.

Ла-лала, ла-ла…

МАТНИ ШЕЪР:
Танҳо шудам, танҳо шудам, осуда аз ғавғо шудам,
Азбаски хӯрдам хуни дил, чун ғунча аз ҳам во шудам.
Боз аст дарҳои қафас, ай мурғи дил, парвоз кун,
Гулҳои ин гулзорро мадҳуш аз овоз кун.
Ман ошиқи танҳоии худ, маҳрами рози худам,
Бо нағмапардозон бигӯ, ман худ ҳамовози худам.

Шеър аз Абулҳасани Варзӣ

13/238

Танҳотарин марди заминам

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_3 Shab ha ye zulmane:

Танҳотарин, танҳотарин марди заминам,
Вақте ту бошӣ, ман суруде аз яқинам.
(2)
Пайванди шабҳои шукуфтанро биёмӯз,
Бо ман бимон, то ман саховатро бибинам.

Барги гули яшми сафеди хора будам, (2)
Инак, чу барги хушки пойизи ғаминам.
Танҳотарин, танҳотарин марди заминам.

Бар ман битоб, ай имтидоди шаҳри хуршед, (2)
Дар истиқомат бо ту чун девори Чинам.
Танҳотарин, танҳотарин марди заминам.

Танҳотарин, танҳотарин марди заминам,
Вақте ту бошӣ, ман суруде аз яқинам.
Пайванди шабҳои шукуфтанро биёмӯз,
Бо ман бимон, то ман саховатро бубинам.

15/240

Тарсам, озод насозад

Таҳрири охирини матн 15.07.2020

Аз Mahfeli_Album4:

Тарсам, озод насозад зи қафас сайёдам, (2)
Он қадар, то ки раҳи боғ равад аз ёдам.
Тарсам, озод насозад зи қафас сайёдам,
Он қадар, то ки раҳи боғ равад аз ёдам.
Тарсам, озод насо…

Оташ аз оҳ ба кошонаи сайёд занам, (2)
То аз ин банди асорат накунад озодам.
Тарсам, озод насозад зи қафас сайёдам, (2)
Он қадар, то ки раҳи боғ равад аз ёдам.
Тарсам, озод насо…

Гарчи бошад ғами олам ба дилам, Лоҳутӣ, (2)
Ҳеҷ кас дар ғами ман нест, аз ин дилшодам.
Тарсам, озод насозад зи қафас сайёдам, (2)
Он қадар, то ки раҳи боғ равад аз ёдам.
Тарсам, озод насо…

МАТНИ ШЕЪР:
Тарсам, озод насозад зи қафас сайёдам,
Он қадар, то ки равад роҳи чаман аз ёдам.
Баски мондам ба қафас, ранги гул аз ёдам рафт,
Гарчи бо ишқи вай аз модари гетӣ зодам.
Рӯзи хубӣ ҳам агар доштаам, ёдам нест,
Гӯйиё яксара аз лона ба дом афтодам.
Оташ аз оҳ ба кошонаи сайёд занам,
Гар аз ин банди асорат накунад озодам.
Шӯри ширину шакархандаи дилдоре нест,
В-арна ман дар ҳунар устодтар аз Фарҳодам.
Борҳо дасти аҷал гашт гиребонгирам,
Боз ҳам домани ишқи ту зи каф нанҳодам.
Дигар, ин шиква зи ман пеши рақибон зулм аст,
Ман, ки бечуну чаро ҳар чӣ ту гуфтӣ, додам.
Гарчи бошад ғами олам ба дили Лоҳутӣ,
Ҳеҷ кас дар ғами ман нест, аз он дилшодам.

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ

16/241

То ба ҷафоят хушам, тарки ҷафо кардаӣ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_14 Shab-e Hijraan:

То ба ҷафоят хушам, тарки ҷафо кардаӣ, (2)
Ин равиши тозаро тоза бино кардаӣ. (2)

Роҳи наҷоти маро аз ҳама сӯ бастаӣ,
Қатъи умеди маро аз ҳама ҷо кардаӣ.

То ба ҷафоят хушам, тарки ҷафо кардаӣ, (2)
Ин равиши тозаро тоза бино кардаӣ.

Дӯш зи дасти рақиб соғари май хӯрдаӣ,
Ман ба хато рафтаам, ё ту хато кардаӣ?

То ба ҷафоят хушам,
То ба ҷафоят хушам, тарки ҷафо кардаӣ,
Ин равиши тозаро
Ин равиши тозаро тоза бино кардаӣ.

Ман зи лабат сад ҳазор бӯса талаб доштам,
Ҳар чӣ ба ман додаӣ, вом адо кардаӣ.

То ба ҷафоят хушам,
То ба ҷафоят хушам, тарки ҷафо кардаӣ,
Ин равиши тозаро
Ин равиши тозаро тоза бино кардаӣ.
(2)

МАТНИ ШЕЪР:
То ба ҷафоят хушам, тарки ҷафо кардаӣ,
Ин равиши тозаро тоза бино кардаӣ.
Роҳи наҷоти маро аз ҳама сӯ бастаӣ,
Қатъи умеди маро аз ҳама ҷо кардаӣ.
Дӯш зи дасти рақиб соғари май хӯрдаӣ,
Ман ба хато рафтаам, ё ту хато кардаӣ?
Кор фурӯ бастаам, ҳеҷ кушоиш надошт,
То гиреҳи зулфро коркушо кардаӣ.
Ман зи лабат сад ҳазор бӯса талаб доштам,
Ҳар чӣ ба ман додаӣ, вом адо кардаӣ.
Бохабар аз ҳоли мо ҳеҷ нахоҳӣ шудан,
То накунад бо ту ишқ, он чӣ ба мо кардаӣ.

Шеър аз Фурӯғии Бастомӣ

17/242

Ту ба як дашти пур аз гул

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_11 Lylee:

Ту ба як дашти пур аз гул,
Ту ба як шаҳри тилоӣ,
Ту ба як дасти пур аз меҳр,
Ту ба як отифа мемонӣ. (2)
(2)

Ту ба як шоми дилангез,
Ту ба як рози хуҷиста,
Ту ба як кӯчаи пурранг,
Ту ба як отифа мемонӣ. (2)

Ту ба як дашти пур аз гул,
Ту ба як шаҳри тилоӣ,
Ту ба як дасти пур аз меҳр,
Ту ба як отифа мемонӣ. (2)

Ту ба як дасти пур аз меҳр,
Ту ба як чашми пур аз меҳр,
Ту ба як нури зарафшон,
Ту ба як отифа мемонӣ. (2)

Ту ба як дашти пур аз гул,
Ту ба як шаҳри тилоӣ,
Ту ба як дасти пур аз меҳр,
Ту ба як отифа мемонӣ. (6)

Шеър аз Раҳими Сорамӣ

18/243

Ту баройм муқаддасӣ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз ?Music_Centre_Vol-05 Too Bamanee:

Ту баройм муқаддасӣ, (2)
Ту азизтарин касӣ. (2)
Ту баройм муқаддасӣ,
Ту азизтарин касӣ.

Бари гулҳо мисли об,
Бари хаста-т мисли хоб.
Мисли лабханди малеҳ, (2)
Бари ҳарфи беҷавоб. (2)

Ту баройм муқаддасӣ, (2)
Ту азизтарин касӣ. (2)

Мисли борон ба чаман,
Мисли бӯйи ёсуман,
Мисли гулҳои сафед, (2)
Бари саҳрову даман. (2)

Ту баройм муқаддасӣ, (2)
Ту азизтарин касӣ. (2)

Мисли кӯҳҳои ҷануб, (2)
Ранги мақбули ғуруб. (2)
Мисли маҳтоби баҳор, (2)
Ай саропо ҳама хуб. (2)

Ту баройм муқаддасӣ, (2)
Ту азизтарин касӣ. (2)

Ту баройм муқаддасӣ,
Ту азизтарин касӣ.
(4)

Шеър ва оҳанг аз Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

19/244

Ту бо манӣ (Ай дур, ай маҳол)

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз ?Music_Centre_Vol-05 Too Bamanee:

Ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ, (2)
Чу рӯҳи ман, чу қалби ман ту дар танӣ. (2)
Ай дур, ай маҳол, ай дур, ай маҳол,
Дар олами хаёл, ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ.

Шабонгоҳон, ки бар ёди ту ман оҳанг месозам, (2)
Нуҳуфта рози ишқи ту миёни парда месозам.
Ай дур, ай маҳол, ай дур, ай маҳол,
Дар олами хаёл, ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ.
Чу рӯҳи ман, чу қалби ман ту дар танӣ.
Ай дур, ай маҳол, ай дур, ай маҳол,
Дар олами хаёл, ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ.

Зи шӯри ишқи ту пур аст саропойи вуҷуди ман, (2)
Саропойи вуҷуди ман, тамоми тору пуди ман.
Ай дур, ай маҳол, ай дур, ай маҳол,
Дар олами хаёл, ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ.
Ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ,
Чу рӯҳи ман, чу қалби ман ту дар танӣ.
Ай дур, ай маҳол, ай дур, ай маҳол,
Дар олами хаёл, ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ.
Ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ. (3)

Шеър ва оҳанг аз Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

20/245

Ту гар ба ман ёр шавӣ
(Ба кас намегум)

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Radio_Album5:

Ту гар ба ман ёр шавӣ, (2)
Ба кас намегум. (3)
(2)
Дилбару дилдор шавӣ, (2)
Ба кас намегум. (3)

Биё-биё дилбаракем, (2)
Ёри зи ҷон беҳтаракем.
Бод фидоят саракем,
Ба кас намегум. (4)

Гар ту дилозор шавӣ, (2)
Шӯхи ситамгор шавӣ,
Ёри ҷафокор шавӣ,
Гар ту дилозор шавӣ,
Шӯхи ситамгор шавӣ,
Ёри ҷафокор шавӣ,
Ё ба сарем қор шавӣ,
Ба кас намегум. (3)

Биё-биё дилбаракем, (2)
Ёри зи ҷон беҳтаракем.
Бод фидоят саракем,
Ба кас намегум. (4)

Ошиқи шайдои туам, (2)
Маҳви тамошои туам,
Ошиқи шайдои туам,
Маҳви тамошои туам,
Доим ба савдои туам. (2)
Гар зи ман безор шавӣ, (2)
Ба кас намегум. (4)

Биё-биё дилбаракем, (2)
Ёри зи ҷон беҳтаракем.
Бод фидоят саракем,
Ба кас намегум. (8)

Ту гар ҳастӣ ба покӣ шуҳраи шаҳр — ниг. 4/45 Ба кас чӣ, ба кас чӣ

21/246

Ту гули нози ҳама
(Чӣ чора созам?)

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

1. Аз AM_Album_1 Dilakam:

Ту гули нози ҳама, сарви таннози ҳама,
Ҳама моил ба туанд, чӣ чора созам. (2)
Мардуми шаҳр ба ту гуфт, ки ту зебои ҳама,
Ман бо зебои ҳама чӣ чора созам. (2)

Ту, биё дар бари ман, хуби симинбари ман,
Аз канори ту ҷудо чӣ чора созам.
Лай-лай-ла-лай-лалай лай-лай-лай-лалай лай (2)

Ту гули нози ҳама, сарви таннози ҳама,
Ҳама моил ба туанд, чӣ чора созам.
Мардуми шаҳр ба ту гуфт, ки ту зебои ҳама,
Ман бо зебои ҳама чӣ чора созам.

Ба ту гуфтам, ки туӣ маҷлисоройи ҳама,
Оҳ, чӣ мағрур шудаӣ, чӣ чора созам.
(2)
Лай-лай-ла-лай-лалай лай-лай-лай-лалай лай (2)

Ту гули нози ҳама, сарви таннози ҳама,
Ҳама моил ба туанд, чӣ чора созам.
Мардуми шаҳр ба ту гуфт, ки ту зебои ҳама,
Ман бо зебои ҳама чӣ чора созам. (2)

Ман, ки Маҷнун шудаам, сахт афсун шудаам,
Бо фусунҳои шумо чӣ чора созам.
(2)
Лай-лай-ла-лай-лалай лай-лай-лай-лалай лай (2)

Ту гули нози ҳама, сарви таннози ҳама,
Ҳама моил ба туанд, чӣ чора созам.
Мардуми шаҳр ба ту гуфт, ки ту зебои ҳама,
Ман бо зебои ҳама чӣ чора созам. (4)

2. Аз Radio_Album4:

Ту гули нози ҳама, сарви таннози ҳама,
Ҳама моил ба туанд, чӣ чора созам. (2)
Мардуми шаҳр ба ту гуфт, ки ту зебои ҳама,
Ман бо зебои ҳама чӣ чора созам. (2)

Ту, биё дар бари ман, хуби симинбари ман,
Аз канори ту ҷудо чӣ чора созам.
(2)
Лай-лай-ла-лай-лалай лай-лай-лай-лалай лай (2)

Ман, ки Маҷнун шудаам, сахт афсун шудаам,
Бо фусунҳои шумо чӣ чора созам.
(2)
Лай-лай-ла-лай-лалай лай-лай-лай-лалай лай (2)

Ба ту гуфтам, ки туӣ маҷлисоройи ҳама,
Оҳ, чӣ мағрур шудаӣ, чӣ чора созам.
(2)
Лай-лай-ла-лай-лалай лай-лай-лай-лалай лай (5)

22/247

Ту донӣ ту

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-02 Mosum-e Gul:

Ту, ту донӣ, ту, ту донӣ, ту! (2)
Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро,
Ки ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро.
Пас аз ин мазори моро.
Ту, ту донӣ, ту, ту донӣ, ту!
Ту…

Чӣ кунам, ҷуз ин ки гӯям, бинигар ба лутф, бингар,
Дили гармсӯзи моро, рухи шармсори моро?
Ту, ту донӣ, ту, ту донӣ, ту!
Ту…

Манам он шикаста созе, ки туам наменавозӣ,
Ки фиғон кунам зи дасте, ки гусиста тори моро.
Ту, ту донӣ, ту, ту донӣ, ту!
Ту, ту донӣ, ту!

Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро,
Ки ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро.
Пас аз ин мазори моро.

МАТНИ ШЕЪР:
Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро?
Ки ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро.
Чӣ кунам, ҷуз ин ки гӯям: «бинигар ба лутф, бингар
Дили гармсӯзи моро, рухи шармсори моро?»
Зи сиришк нам фишондам ба бунафшазори дуре,
Ки зи буттаҳо бичинӣ гули интизори моро.
Чу насими ошноӣ зи кадом сӯ вазидӣ
Ту, ки беқарор кардӣ ҳама лолазори моро?
Манам он шикаста созе, ки туам наменавозӣ,
Ки фиғон кунам зи дасте, ки гусиста тори моро.
Зи кавири ҷони Симин на гулу на сабза рӯяд,
Дили рангубӯписандат чӣ кунад баҳори моро?

Шеър аз Симини Беҳбаҳонӣ

23/248

Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдасту медонам

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

1. Аз Radio_Album2:

(Ҳушт-ҳушт) (2)

Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдаст, медонам,
Чаро беҳуда мегӯйӣ: «Дили чун оҳане дорам».
Намедонӣ? Намедонӣ,
Намедонӣ? Намедонӣ, ки ман ҷуз чашми афсунгар,
Ки ман ҷуз чашми афсунгар,
Дар ин ҷоми лабонам бодаи мардафкане дорам. (2)

(Ҳушт-ҳушт) (2)

Чаро беҳуда мекӯшӣ, ки бигрезӣ зи оғӯшам?
Аз ин сӯзандатар ҳаргиз нахоҳӣ ёфт оғӯше.
Наметарсӣ? Наметарсӣ,
Наметарсӣ? Наметарсӣ, ки бинвисанд номатро,
Ки бинвисанд номатро,
Ба санги тираи гӯре, шаби ғамноки хомӯше. (2)

(Ҳушт-ҳушт) (2)

Биё, дунё намеарзад ба ин парҳезу ин дурӣ,
Фидои лаҳзаи шодӣ кун ин руъёи ҳастиро.
Лабатро бар лабам бигзор,
Лабатро бар лабам бигзор, ки аз ин соғари пурмай,
Ки аз ин соғари пурмай,
Чунон мастат кунам то по, ки донӣ қадри мастиро. (2)

(Ҳушт-ҳушт) (2)

2. Аз AM_Album_10 Yaare Bewafa:

Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдаст, медонам, (2)
Чаро беҳуда мегӯйӣ: «Дили чун оҳане дорам».

(Ҳушт-ҳушт) (4)

Чаро беҳуда мекӯшӣ, ки бигрезӣ зи оғӯшам?
Аз ин сӯзандатар ҳаргиз нахоҳӣ ёфт оғӯше.
Наметарсӣ? Наметарсӣ, ки бинвисанд номатро,
Ба санги тираи гӯре, шаби ғамнок хомӯше. (2)

(Ҳушт-ҳушт) (4)

Биё, дунё намеарзад ба ин парҳезу ин дурӣ,
Фидои лаҳзаи шодӣ кун ин руъёи ҳастиро.
Лабатро бар лабам бигзор, ки аз ин соғари пурмай,
Чунон мастат кунам, то хоб, бидонӣ қадри мастиро. (2)
Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдасту медонам,
Чаро беҳуда мегӯйӣ: «Дили чун оҳане дорам».

(Ҳушт-ҳушт) (8)

МАТНИ ШЕЪР:
Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдасту медонам,
Чаро беҳуда мегӯйӣ: «Дили чун оҳане дорам».
Намедонӣ? Намедонӣ, ки ман ҷуз чашми афсунгар,
Дар ин ҷоми лабонам бодаи мардафкане дорам.
Чаро беҳуда мекӯшӣ, ки бигрезӣ зи оғӯшам?
Аз ин сӯзандатар ҳаргиз нахоҳӣ ёфт оғӯше.
Наметарсӣ? Наметарсӣ, ки бинвисанд номатро,
Ба санги тираи гӯре, шаби ғамноки хомӯше.
Биё, дунё намеарзад ба ин парҳезу ин дурӣ,
Фидои лаҳзаи шодӣ кун ин руъёи ҳастиро.
Лабатро бар лабам бигзор, ки аз ин соғари пурмай,
Чунон мастат кунам, то по, ки донӣ қадри мастиро.
Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдасту медонам,
Ки сар то по ба сӯзи хоҳиши бемор месӯзӣ.
Дурӯғ аст ин агар, пас он ду чашми розгӯятро,
Чаро ҳар лаҳза бар чашми мани девона медӯзӣ.

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

24/249

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист?
Фидои як саломат, як каломат ман, ҳамин кофист?
(2)

Навиштам, пахш кардам меҳр, мондам даст бе гуфтор, (2)
Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист? (2)

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист?
Фидои як саломат, як каломат ман, ҳамин кофист?
(2)

Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст, (2)
Вале бо номи ту ман ибтидо кардам, ҳамин кофист? (2)

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист?
Фидои як саломат, як каломат ман, ҳамин кофист?
(4)

МАТНИ ШЕЪР:
Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,
Фидои як каломат, як саломат ман, ҳамин кофист.
Навиштам пахш кардам муҳр, мондам даст бе гуфтор,
Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист?!
Ту донӣ, феълу атвори ғуломон шӯру исён аст,
Шикастан, пора кардан кундаву занҷири зиндон аст,
Чу рӯди кӯҳ ҷӯшида, хурӯшида бурун рафтан,
Зи қаъри тангно, омоли озодипарастон аст.
Вале ман он ғуломам, ки на исён мекунам, на шӯр,
На бо ту мекунам ҷангу на аз ту мешавам ман дур.
Ҳамеша бо ту механдам,
Ҳамеша бо ту мегирям,
Агар хоҳӣ ту, ман ҳеҷу агар хоҳӣ ту, ман машҳур.
Вафо кун, гуфта будӣ, ман вафо кардам, ҳамин кофист?
Диламро дар вафо обу адо карда, ҳамин кофист?
Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст,
Вале бо номи ту ман ибтидо кардам, ҳамин кофист?

Шеър аз Мирзо Турсунзода

Ту ҳамсафарам будӣ — ниг. 8/268 Ҳар ҷо ки сафар кардам

25/250

Тӯба, тӯба, аз шаби ҳиҷрон тӯба

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_14 Shab-e Hijraan:

Тӯба, тӯба,
Тӯба, тӯба, аз шаби ҳиҷрон тӯба,
Тӯба, тӯба,
Тӯба, тӯба, аз ишқи сӯзон, аз доғи армон, аз рашки ҷонон тӯба,
Тӯба, тӯба, аз шаби ҳиҷрон тӯба,
Тӯба, тӯба, аз ишқи сӯзон, аз доғи армон, аз рашки ҷонон тӯба,
Аз чашми гирён, аз қалби вайрон, аз ҷаври хубон, аз ранҷи армон тӯба. (2)
Тӯба, тӯба.

Зи сӯзу дарди ҳиҷрон,
Зи сӯзу дарди ҳиҷрон, носеҳ, хабар надорӣ, (2)
Надидаӣ доғи ишқ,
Надидаӣ доғи ишқ, ба дил шарар надорӣ,
Ту аз фироқи касе
Ту аз фироқи касе хун дар ҷигар надорӣ. (2)

Тӯба, тӯба, аз шаби ҳиҷрон тӯба,
Тӯба, тӯба, аз ишқи сӯзон, аз доғи армон, аз рашки ҷонон тӯба,
Тӯба, тӯба.

Ишқ бувад рӯзу шаб ҷавру ситам кашидан, (2)
Рав, рав, надидаӣ ту ба хоку хун тапидан,
Куҷо бувад шунидан,
Куҷо бувад шунидан, носеҳ, ба мисли дидан? (2)

Тӯба, тӯба, аз шаби ҳиҷрон тӯба,
Тӯба, тӯба, аз ишқи сӯзон, аз доғи армон, аз рашки ҷонон тӯба,
(2)

26/251

У бону, бону, ҷоно

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-02 Mosum-e Gul:

У бону, бону, ҷоно, у Шаҳрбону ҷоно, (2)
Дили маро бастаӣ ба тори гесу, ҷоно.
Дили маро бурдаӣ ба чашму абру, ҷоно.

Лабат шаҳди ғазал нӯшида, хотун,
Фирӯзабону, ҷоно,
Нигоҳат рахти шаб пӯшида, хотун,
Фирӯзабону, ҷоно.
Даруни соғари доғи лабонат,
Фирӯзабону, ҷоно,
Шароби бӯсаат ҷӯшида, хотун,
Фирӯзабону, ҷоно. (2)

У бону, бону, ҷоно, у Шаҳрбону ҷоно, (2)
Дили маро бастаӣ ба тори гесу, ҷоно. (2)

Парӣ гуфта садоят мекунам ман,
Фирӯзабону, ҷоно,
Сарамро хоки роҳат мекунам ман,
Фирӯзабону, ҷоно.
Кунӣ, гар як нигоҳ бар сӯям, ай ҷон,
Фирӯзабону, ҷоно,
Дили худро фидоят мекунам ман,
Фирӯзабону, ҷоно. (2)

У бону, бону, ҷоно, у Шаҳрбону ҷоно, (2)
Дили маро бастаӣ ба тори гесу, ҷоно.
Дили маро бурдаӣ ба тори гесу, ҷоно.
У бону, бону, ҷоно, у Шаҳрбону ҷоно. (4)

Шеър ва оҳанг аз Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

27/252

Фақат сӯзи диламро

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_6 Ghulam-e Qamar:

Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад, (2)
Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона медонад. (2)

Нагирям чун зи ғайрат, ғайр месӯзад ба ҳоли ман, (2)
Нанолам чун зи ғам, ёрам маро бегона медонад. (2)

Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад,
Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона медонад.

Ба уммеде нишастам, шикваи худро ба дил гуфтам, (2)
Ҳамехандад ба ман, ин ҳам маро девона медонад. (2)

МАТНИ ШЕЪР:
Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад,
Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона медонад.
Нагирям чун зи ғайрат, ғайри ман сӯзад ба ҳоли ман,
Нанолам чун зи ғам, ёрам маро бегона медонад.
Ба уммеде нишастам, шикваи худро ба дил гуфтам,
Ҳамехандад ба ман, ин ҳам маро девона медонад.
Ба ҷони ӯ, ки дардашро ҳам аз ҷон дӯсттар дорам,
Вале мемирам аз ин ғам, ки донад ё намедонад?
Намедонад касе, к-андар сари зулфаш чӣ хунҳо шуд,
Валекин мӯ ба мӯ ин достонро шона медонад.
Насиҳатгар, чӣ мепурсӣ илоҷи ҷони беморам,
Усули ин табобатро фақат ҷонона медонад.

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ

28/253

Хабар дорӣ, ки дарду ранҷу дармонам туӣ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Хабар дорӣ, ки дину ишқу имонам туӣ, ҷоно,
Ай ҷоно,
Хабар дорӣ, ки дарду ранҷу дармонам туӣ, ҷоно,
Ай ҷоно.
Хабар дорӣ.

Қабули ишқи ман кун, ай сарат гардам, ба алтофе, (2)
Ай ҷоно,
Ки манзури дили зору парешонам туӣ, ҷоно,
Ай ҷоно.

Хабар дорӣ, ки дину ишқу имонам туӣ, ҷоно,
Ай ҷоно,
Хабар дорӣ.

Диламро бурда аз каф хандаҳои нозанини ту, (2)
Ай ҷоно,
Аниси гиряҳои шоми ҳиҷронам туӣ, ҷоно,
Ай ҷоно.

Хабар дорӣ, ки дарду ранҷу дармонам туӣ, ҷоно,
Ай ҷоно,
Хабар дорӣ, ки дину ишқу имонам туӣ, ҷоно,
Ай ҷоно.

29/254

Ханда ба лабҳои туро

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Ханда ба лабҳои туро,
Нозу адоҳои туро,
Ягон нигоҳҳои туро,
Ай ҷон, кӣ дорад? (2)
(2)

Ошиқи зорат ҳастам,
Дилбеқарорат ҳастам,
Шаб интизорат ҳастам,
Ай дилбари ман. (2)

Ханда ба лабҳои туро,
Нозу адоҳои туро,
Ягон нигоҳҳои туро,
Ай ҷон, кӣ дорад? (2)

Бе ғайри ман ёрат кист?
Ҷуз ман вафодорат кист?
Дилбару дилдорат кист?
Ай дилбари ман. (2)

Ханда ба лабҳои туро,
Нозу адоҳои туро,
Ягон нигоҳҳои туро,
Ай ҷон, кӣ дорад? (2)
(2)
Ай ҷон, кӣ дорад? (4)

30/255

Харобам зи мастӣ, харобам, Худоё

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_10 Yaare Bewafa:

Харобам зи мастӣ, харобам, Худоё,
Шаробам саропо, шаробам, Худоё.
(2)
Раҳи Каъба аз ҳар биёбон, ки пурсам,
Диҳад хори саҳро ҷавобам, Худоё.

Ба ҳар синае сар ниҳам, нола хезад, (2)
Ғамам, ҳасратам, илтиҳобам, Худоё.
Шаробам саропо, шаробам, Худоё.

Харобам зи мастӣ, харобам, Худоё,
Шаробам саропо, шаробам, Худоё.
Раҳи Каъба аз ҳар биёбон, ки пурсам,
Диҳад хори саҳро ҷавобам, Худоё.

Зи ҳар мавҷ вайрон шавад хонаи ман, (2)
Ба дарёи ҳастӣ ҳубобам, Худоё.
Шаробам саропо, шаробам, Худоё.

Харобам зи мастӣ, харобам, Худоё,
Шаробам саропо, шаробам, Худоё.
Раҳи Каъба аз ҳар биёбон, ки пурсам,
Диҳад хори саҳро ҷавобам, Худоё.
(2)

МАТНИ ШЕЪР:
Харобам зи мастӣ, харобам, Худоё,
Шаробам саропо, шаробам, Худоё.
Раҳи Каъба аз ҳар биёбон, ки пурсам,
Диҳад хори саҳро ҷавобам, Худоё.
Ба ҳар сабзае сар ниҳам, нола хезад,
Ғамам, ҳасратам, илтиҳобам, Худоё.
Зи дидори ман дида озурда гардад,
Магар чеҳраи офтобам, Худоё.
Маро шояд аз шӯълаҳо офаридӣ,
Ки сар то ба по печутобам, Худоё.
Чунон дар дили ашкҳо ғарқ гаштам,
Зи ғам ҳамчу нақше бар обам, Худоё.
Зи ҳар мавҷ вайрон шавад хонаи ман,
Ба дарёи ҳастӣ ҳубобам, Худоё.
Дилам шиква аз Моҳу Парвин надорад,
Ман аз хештан дар азобам, Худоё.
Чу мавҷам, саросар хурӯшам, Илоҳӣ,
Чу бодам, саропо шитобам, Худоё.
Зи рӯъёи ҳастӣ ба ҷуз ғам надидам,
Ҳамин буд таъбири хобам, Худоё.

Шеър аз Баҳодури Ягона

31/256

Хоб аз чашмонам рабудӣ

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Radio_Album3:

Хоб аз чашмонам рабудӣ,
Ай бевафо, бевафо,
Қалби маро ту шикастӣ,
Худхоҳи бадхӯ, чаро?
У чаро-о… у-у-… (2)

Зиндагӣ бе ту бар ман ҳаром аст,
Дигар, ай орзуи ҷавонӣ,
Чашми ман кӯр, агар баъд аз ин ман
Ҷуз ту гирам касеро нишоне. (2)

Хоб аз чашмонам рабудӣ,
Ай бевафо, бевафо,
Қалби маро ту шикастӣ,
Худхоҳи бадхӯ, чаро?
У чаро-о… о-о-… (2)

Ишқи ман поймоли фусун шуд,
Ай фусуни ҳавасҳо, куҷоӣ?
Дигар охир куҷо шуд, куҷо шуд,
Дӯстӣ, ошиқӣ, ошноӣ? (2)

Хоб аз чашмонам рабудӣ,
Ай бевафо, бевафо,
Қалби маро ту шикастӣ,
Худхоҳи бадхӯ, чаро?
У чаро-о… у-у-… (2)
У чаро-о… о-о-… (2)

Шеър аз Абдулатифи Нозимӣ

32/257

Хол ба кунҷи лаб яке, турраи мушкфом ду

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_6 Ghulam-e Qamar:

Хол ба кунҷи лаб яке, турраи мушкфом ду,
Вой ба ҳоли мурғи дил, дона якеву дом ду.
(2)

Муҳтасиб асту шайху ман,
У-у-…
Муҳтасиб асту шайху ман, суҳбати ишқ дар миён,
Суҳбати ишқ дар миён,
Аз чӣ кунам маҷобашон, пухта якеву хом ду. (2)

Хол ба кунҷи лаб яке, турраи мушкфом ду,
Вой ба ҳоли мурғи дил, дона якеву дом ду.

Соқии моҳрӯйи ман,
У-у-…
Соқии моҳрӯйи ман, аз чӣ нишаста ғофилӣ?
Аз чӣ нишаста ғофилӣ?
Бода биёру май бидеҳ субҳ якеву шом ду.

Хол ба кунҷи лаб яке, турраи мушкфом ду,
Вой ба ҳоли мурғи дил, дона якеву дом ду.

Шеър аз Қурратулайн Тоҳира

33/258

Худат медонӣ, гули ман

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз AM_Album_1 Dilakam:

Худат медонӣ, гули ман, худат медонӣ,
Бояд бидонӣ, гули ман, бояд бидонӣ,
Ошиқат ҳастам, гули ман, ошиқат ҳастам,
Чаро ба сӯям ту шабе танҳо наёйӣ? (2)
(2)

Ту бар қалби зорам раҳме накардӣ,
Ту бар ашкҳоям гоҳе надидӣ.
(2)
Ту ишқи танҳои ман, ту ёри зебои ман,
Тоқати ҳиҷрони ту дигар надорам.
(2)

Худат медонӣ, гули ман, худат медонӣ,
Бояд бидонӣ, гули ман, бояд бидонӣ,
Ошиқат ҳастам, гули ман, ошиқат ҳастам,
Чаро ба сӯям ту шабе танҳо наёйӣ? (2)

Ту аз осмонҳо бо ман сухан гӯ,
Ту аз маю ҷомҳо бо ман сухан гӯ.
(2)
Ту қалби зебои ман, ту атри гулҳои ман,
Тоқати ҳиҷрони ту дигар надорам.
Ту сарви зебои ман, ту ёри танҳои ман,
Тоқати ҳиҷрони ту дигар надорам.

Худат медонӣ, гули ман, худат медонӣ, (2)
Ошиқат ҳастам, гули ман, ошиқат ҳастам,
Чаро ба сӯям ту шабе танҳо наёйӣ? (2)
(2)

34/259

Худо бувад ёрат

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

1. Аз AM_Album_14 Shab-e Hijraan:

Худо бувад ёрат, Қуръон нигаҳдорат,
Сахӣ мададгорат, Сахӣ мададгорат.
(2)

Ало, ёрҷон, хатар дорад ҷудоӣ, (2)
Ниҳоли бесамар дорад ҷудоӣ.
Биё, ки мову ту якҷо нишинем,
Ки марги бехабар дорад ҷудоӣ.
(2, байти 2)

Худо бувад ёрат, Қуръон нигаҳдорат,
Сахӣ мададгорат, Сахӣ мададгорат.
(2)

Дили ман з-ин ҳама ғамҳо фусурда, (2)
Тавонамро ғами ишқи ту бурда. (2)
Дареғо, рӯзе ойӣ бар сари ман,
Чароғи умри ман бинӣ, ки мурда.
(2, байти 2)

Худо бувад ёрат, Қуръон нигаҳдорат,
Сахӣ мададгорат, Сахӣ мададгорат.
(2)

Ало ёраки шӯху нозанинӣ,
Чаро аз ман ту дурӣ мегузинӣ? (2)
Биёйӣ диданам, тарсам, ки он рӯз,
Ба ғайр аз сабзаи хокам набинӣ.
(2, байти 2)

Худо бувад ёрат, Қуръон нигаҳдорат,
Сахӣ мададгорат, Сахӣ мададгорат.
(4)

2. Аз Radio_Album5:

Худо бувад ёрат, Қуръон нигаҳдорат,
Сахӣ мададгорат, Сахӣ мададгорат.
(2)

Ало, ёрҷон, хатар дорад ҷудоӣ, (2)
Ниҳоли бесамар дорад ҷудоӣ. (2)
Биё, ки мову ту якҷо нишинем,
Ки марги бехабар дорад ҷудоӣ.
(2, байти 2)

Худо бувад ёрат, Қуръон нигаҳдорат,
Сахӣ мададгорат, Сахӣ мададгорат.
(2)

Ало ёраки шӯху нозанинӣ, (2)
Чаро аз ман ту дурӣ мегузинӣ? (2)
Суроғамро бигирӣ, тарсам, ки он рӯз,
Ба ғайр аз сабзаи хокам набинӣ.
(2, байти 2)

Худо бувад ёрат, Қуръон нигаҳдорат,
Сахӣ мададгорат, Сахӣ мададгорат.
(3)

Шеър ва оҳанг аз Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

35/260

Худо бувад ҳамроҳат

Таҳрири охирини матн 13.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-02 Mosum-e Gul:

Худо бувад ҳамроҳат, (2)
Қуръон пушту паноҳат.
Худо бувад ҳамроҳат,
Қуръон пушту паноҳат.
Зиёрати Сахиҷон,
Кунад зи ғам нигоҳат. (3)

Худо бувад ҳамроҳат,
Қуръон пушту паноҳат.
Зиёрати Сахиҷон,
Кунад зи ғам нигоҳат. (3)

Биё, ёрҷон, зи ғам беморам имшаб, (2)
Ситора дар ҳаво мешморам имшаб. (2)
Ма, ки мурдам зи ғам, парво надорад,
Туро ман бо Худо меспорам имшаб.
(2, байти 2)

Худо бувад ҳамроҳат, (2)
Қуръон пушту паноҳат.
Зиёрати Сахиҷон,
Кунад зи ғам нигоҳат. (3)

Қади сарват, Илоҳӣ, хам набинад, (2)
Дили шодат, Илоҳӣ, ғам набинад. (2)
Ситамҳое, ки аз дастат кашидам, (2)
Илоҳӣ, дар ҷаҳон одам набинад. (2)

Худо бувад ҳамроҳат, (2)
Қуръон пушту паноҳат.
Зиёрати Сахиҷон,
Кунад зи ғам нигоҳат. (3)
(2)

Шеър ва оҳанг аз Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

А  Б  В  Г  Ғ  Д  Ё  З  И  К  Қ  Л  М  Н  О  П  Р  С  Т  У  Ф  Х  Ҳ  Ч  Ҷ  Ш  Я 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.