Аҳмад Зоҳир. Б. Чиҳилу шаш суруд

Абдуҳамид Тағоев / Фев.9.2014. / Гузориш нест

ahmad_zohir_A
Аҳмад Зоҳир
Баҳор буду ту будиву ишқ буду умед,
Баҳор рафту ту рафтиву ҳар чӣ буд гузашт…
Шабе ба умрам агар хуш гузашт,он шаб буд,
Ки дар канори ту бо нағмаву суруд гузашт…

1/42

Ба азми тавба саҳар

Ба азми тавба саҳар, гуфтам истихора кунам,
Баҳори тавбашикан мерасад, чӣ чора кунам?

На қозиям, на мударрис, на мӯҳтасиб, на фақир,
Маро чӣ кор, ки манъи шаробхора кунам., ай
Ла-ла, ла-ла-ла, ла…

Агар зи лаъли лаби ёр бӯсае ёбам,
Ҷавон шавам зи сару зиндагӣ дубора кунам, ай
Ла-ла, ла-ла-ла, ла…

МАТНИ ШЕЪР:
Ба азми тавба саҳар, гуфтам истихора кунам,
Баҳори тавбашикан мерасад, чӣ чора кунам?
Сухан дуруст бигӯям: наметавонам дид,
Ки май хӯранд ҳарифону ман назора кунам.
Чу ғунча бо лаби хандон ба ёди маҷлиси шоҳ,
Пиёла гираму аз шавқ ҷома пора кунам.
Ба даври лола димоғи маро илоҷ кунед,
Ки аз миёнаи базми тараб карона кунам.
Зи рӯйи дӯст маро чун гули мурод шукуфт,
Ҳаволати сари душман ба санги хора кунам.
Гадои майкадаам, лек вақти мастӣ бин,
Ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунам.
Маро, ки нест раҳу расми фитнапарҳезӣ,
Чаро надомати ринди шаробхора кунам?
Ба тахти гул бинишонам буте чу султоне,
Зи сунбулу суманаш соз тавқу ёра кунам.
Зи бода хӯрдани пинҳон малул шуд Ҳофиз,
Ба бонги барбату най розаш ошкора кунам.

Шеър аз Ҳофизи Шерозӣ

2/43

Ба дили ман шарар афрӯз

Ба дили ман шарар афрӯз, сиёҳчашмонам, чашмонам,
Кӯйи меҳрат ба ман омӯз, сияҳмижгонам, мижгонам.
Қасам, ай ҷон, ки як нигоҳи бодаҷӯшат,
Бе бода мастам,
Пиёла шикастам,
Охир аз ҷоми он лабони майфурӯшат,
Бе бода мастам,
Пиёла шикастам,
Меравам сӯйи ӯ,
Аз сари кӯйи ӯ
Нишаст хӯйи ӯ,
Аз хӯйи ӯ.
Ба дили ман шарар афрӯз сиёҳчашмонам, чашмонам,
Кӯйи меҳрат ба ман омӯз, сияҳмижгонам, мижгонам.
Қасам, ай ҷон, ки як нигоҳи бодаҷӯшат,
Бе бода мастам,
Пиёла шикастам,
Охир аз ҷоми он лабони майфурӯшат,
Бе бода мастам,
Пиёла шикастам,
Меравам сӯйи ӯ,
Аз сари кӯйи ӯ
Нишаст хӯйи ӯ,
Аз хӯйи ӯ.

3/44

Ба доғи номуродӣ сӯхтам

Ба доғи номуродӣ сӯхтам, ай ашк, тӯфоне,
Ба танг омад дилам з-ин зиндагӣ, ай марг, ҷавлоне!
Ба доғи но…Дар ин мактаб намедонам чӣ рамзи мӯҳмилам, ё Раб,
Ки не маънӣ шудам, не номаву не зеби унвоне.

Ба доғи номуродӣ сӯхтам, ай ашк, тӯфоне,
Ба танг омад дилам з-ин зиндагӣ, ай марг, ҷавлоне!
Ба доғи но…

Аз ин озодагӣ беҳтар бувад сад раҳ ба чашми ман,
Садои шевани занҷиру қайди кунҷи зиндоне.

Ба доғи номуродӣ сӯхтам, ай ашк, тӯфоне,
Ба танг омад дилам з-ин зиндагӣ, ай марг, ҷавлоне!
Ба доғи но…

Гуноҳам чист? Гардунам чаро озурда медорад?
Аз ин косагадо дигар чӣ ҷустам ҷуз лаби ноне?

Ба доғи номуродӣ сӯхтам, ай ашк, тӯфоне,
Ба танг омад дилам з-ин зиндагӣ, ай марг, ҷавлоне!

МАТНИ ШЕЪР:
Ба доғи номуродӣ сӯхтам, ай ашк, тӯфоне,
Ба танг омад дилам з-ин зиндагӣ, ай марг, ҷавлоне!
Дар ин мактаб намедонам чӣ рамзи мӯҳмалам, ё Раб,
Ки не маънӣ шудам, не номаву не зеби унвоне.
Аз ин озодагӣ беҳтар бувад сад раҳ ба чашми ман,
Садои шевани занҷиру қайди кунҷи зиндоне.
Ба ҳар вазъе, ки гардун гашт, коми ман нашуд ҳосил,
Магар ин шоми ғамро марг созад субҳи поёне.
Ҷавонӣ салб гашту ҳайф, к-омоли ҷавонӣ ҳам,
Якояк маҳв шуд монанди эъломи парешонӣ.
Зи як ҷав миннати ин нокасон бурдан бувад беҳтар,
Ки бишкофам ба мушкил сухрасангеро ба мижгоне.
Гуноҳам чист? Гардунам чаро озурда медорад?
Аз ин косагадо дигар чӣ ҷустам ҷуз лаби ноне?

Шеър аз Халилуллоҳ Халилӣ

Ба кадом дар равам ман, ки рухи ту бозбинам — ниг. 5/92
Ба кас намегӯм — ниг. 20/245 Ту гар ба ман ёр шавӣ

4/45

Ба кас чӣ, ба кас чӣ

Ту гар ҳастӣ ба покӣ шӯҳраи шаҳр,
Маро расвову бадном офариданд.

Агар майхораву мастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Агар овораву мастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Агар паймона бишкастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Агар овораву мастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!

Агар бошӣ ту имшаб, Лайлии ман,
Агар бошӣ ту имшаб, Лайлии ман, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Чу Маҷнун ошиқат астам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!

Агар овораву мастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Агар паймона бишкастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Агар овораву мастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!

Агар бошӣ ту имшаб соқии ман,
Агар бошӣ ту имшаб соқии ман, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Ниҳӣ паймона дар дастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!

Агар овораву мастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Агар паймона бишкастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!
Агар майхораву мастам, ба кас чӣ, ба кас чӣ?!

5/46

Ба осмон бигӯед

Ба осмон бигӯед, ба дилбарон расонед,
Аҳволи қалби моро ба ошиқон расонед.
Ла-ла…

Дилам барои дигар равад, хабар бош,
Ба роҳи ёри дигар, равад, хабар бош!

Ба осмон бигӯед, ба дилбарон расонед,
Аҳволи қалби моро ба ошиқон расонед.
Ла-ла…

Намегӯям, ки чаро таркам намудӣ,
Намехоҳам ба сӯям ту бозгардӣ.

Ба осмон бигӯед, ба дилбарон расонед,
Аҳволи қалби моро ба осмон (Каҳкашон) расонед.
Ла-ла…

Дилам барои дигар равад, хабар бош,
Ба роҳи ёри дигар, равад, хабар бош!

Ба осмон бигӯед, ба дилбарон расонед,
Аҳволи қалби моро ба ошиқон расонед.
Ла-ла…

6/47

Ба соғар

Ба соғар нақл кард аз хум шароб оҳиста-оҳиста,
Баромад аз паси кӯҳ офтоб оҳиста-оҳиста.

Кабоби нозуки дил оташи ҳамвор мехоҳад,
Ки хоҳад хӯрд хунам чун кабоб оҳиста-оҳиста.

Ба соғар нақл кард аз хум шароб оҳиста-оҳиста,
Баромад аз паси кӯҳ офтоб оҳиста-оҳиста.

Ҷудоӣ андак-андак заҳри худро мекунад зоҳир,
Баровар чеҳраатро аз ниқоб оҳиста-оҳиста.

Ба соғар нақл кард аз хум шароб оҳиста-оҳиста,
Баромад аз паси кӯҳ офтоб оҳиста-оҳиста.

Шеър аз Соиби Табрезӣ (Исфаҳонӣ)

7/48

Ба худ гуфтам: «Пас аз чанде…»

Ба худ гуфтам: «Пас аз чанде фаромӯшат кунам». – Кардам.
«Ба андӯҳи ҷудоиҳо ҳамоғӯшат кунам». — Кардам.

Агар мехостӣ расво кунӣ номи маро, кардӣ,
В-агар мехостам чун шӯъла хомӯшат кунам, кардам.

Ба худ гуфтам: «Пас аз чанде фаромӯшат кунам». – Кардам.
«Ба андӯҳи ҷудоиҳо ҳамоғӯшат кунам». — Кардам.

Пас аз он орзумандӣ, ки дар пай дошт навмедӣ,
Дилам мехост дар маргам сияҳпӯшат кунам, кардам.

Ба худ гуфтам: «Пас аз чанде фаромӯшат кунам». – Кардам.
«Ба андӯҳи ҷудоиҳо ҳамоғӯшат кунам». — Кардам.

Маро дардест, к-ӯ дармон надорад ҷуз фаромӯшӣ,
Дилат мехост, гар рӯзе фаромӯшат кунам, кардам.

Ба худ гуфтам: «Пас аз чанде фаромӯшат кунам». – Кардам.
«Ба андӯҳи ҷудоиҳо ҳамоғӯшат кунам». — Кардам.

8/49

Ба ҷуз ту мӯниси дигар

Ба ҷуз ту мӯниси дигар дар ин диёр надорам,
Биё, ки беш аз ин тоби интизор надорам.

Намеравӣ ту зи ёдам, агарчи медонӣ,
Ки ғайри бӯсае чанд аз ту ёдгор надорам.

Ба ҷуз ту мӯниси дигар дар ин диёр надорам,
Биё, ки беш аз ин тоби интизор надорам.

Маранҷ зи ман, агар бар ту бадгумон шудаам,
Ки ман ба зиндагии хеш эътибор надорам.

Ба ҷуз ту мӯниси дигар дар ин диёр надорам,
Биё, ки беш аз ин тоби интизор надорам.

9/50

Бад дуоят кунам

Бад дуоят кунам, бад дуоят кунам, у бад дуоят кунам,
Овет гарм боша, нонат ҳама ях.

Гуфтам, ки ба чавки ҷода танҳо наравӣ, у золим, рафтӣ,
Гуфтам, ки ба порки шаҳр бе мо наравӣ, у золим, рафтӣ.

Бад дуоят кунам, бад дуоят кунам, у бад дуоят кунам,
Овет гарм боша, нонат ҳама ях.

Гуфтам, ки биё ба кулбаи вайрона, гуфтӣ: — Не, не!
Гуфтам, ки ба сӯйи кас ту нигоҳ накунӣ, дидам, дидӣ.

Бад дуоят кунам, бад дуоят кунам, у бад дуоят кунам,
Овет гарм боша, нонат ҳама ях.

Гуфтам, ки ба маҳфили рақибон наравӣ, у золим, рафтӣ,
Гуфтам, ки ба ғайр аҳду паймон накунӣ, у золим, бастӣ.

Бад дуоят кунам, бад дуоят кунам, у бад дуоят кунам,
Овет гарм боша, нонат ҳама ях.

10/51

Бар хотири озода

Бар хотири озода ғуборе зи касам нест,
Сарви чаманам, шиквае аз хору хасам нест.

Аз кӯйи ту бе нолаву фарёд гузаштам,
Чун қофилаи умр, навои ҷарасам нест.

Бар хотири озода ғуборе зи касам нест,
Сарви чаманам, шиквае аз хору хасам нест.

Имшаб, Раҳӣ, аз майкада берун наниҳам пой,
Озурдаи дардам ду-се паймона басам нест.

Афсурдатарам аз нафаси боди хазонӣ,
К-он навгули хандон нафасе ҳамнафасам нест.
Сайёд зи пеш ояду гурги аҷал аз пай,
Он сайди заифам, ки раҳи пешу пасам нест.
Беҳосиливу хории ман бин, ки дар ин боғ,
Чун хор ба домони гуле дастрасам нест.
Аз тангдилї, поси дили танг надорам,
Чандон кашам андӯҳ, ки андӯҳи касам нест.
Имшаб, Раҳӣ, аз майкада берун наниҳам пой,
Озурдаи дардам ду-се паймона басам нест.

Шеър аз Раҳии Муиззӣ

11/52

Бароям гиря кун имшаб

Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту,
Бароям гиря кун фардо, ба ҷуз ёде нахоҳад буд.

Намехоҳам, ки бар гӯрам лаби меҳру вафо сойӣ,
Ва ё бе ман намехоҳам, ки бе ёри дигар монӣ.

Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту,
Бароям гиря кун фардо, ба ҷуз ёде нахоҳад буд.

Ба рӯям бӯса зан имшаб, ки танҳо имшабам бо ту,
Ба ҷуз аз имшабам ин ҷо, шаби дигар нахоҳам буд.

Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту,
Бароям гиря кун фардо, ба ҷуз ёде нахоҳад буд.

12/53

Баски ҷафо зи хору гул

Баски ҷафо зи хору гул дида дили рамидаам,
Ҳамчу насим аз ин чаман пой бурун кашидаам.

Ҳосили даври зиндагӣ сӯҳбати ошно бувад,
То ту зи ман буридаӣ, ман зи ҷаҳон буридаам.

Баски ҷафо зи хору гул дида дили рамидаам,
Ҳамчу насим аз ин чаман пой бурун кашидаам.

То ту муроди ман диҳӣ, кушта маро фироқи ту,
То ту ба доди ман расӣ, ман ба Худо расидаам.

Баски ҷафо зи хору гул дида дили рамидаам,
Ҳамчу насим аз ин чаман пой бурун кашидаам.

МАТНИ ШЕЪР:
Баски ҷафо зи хору гул дида дили рамидаам,
Ҳамчу насим аз ин чаман пой бурун кашидаам.
Шамъи тараб зи бахти мо оташи хонасӯз шуд,
Гашт балои ҷони мо ишқи ба ҷон харидаам.
Ҳосили даври зиндагӣ сӯҳбати ошно бувад,
То ту зи ман буридаӣ, ман зи ҷаҳон буридаам.
То ба канори ман будӣ, буд ба ҷо қарори ман,
Рафтию рафт роҳат аз хотири орамидаам.
То ту муроди ман диҳӣ, кушта маро фироқи ту,
То ту ба доди ман расӣ, ман ба Худо расидаам.
Чун ба баҳор сар кунад лола зи хоки ман бурун.
Ай гули тоза, ёд кун аз дили доғдидаам.
Ё зи раҳи вафо биё, ё зи дили Раҳӣ бирав,
Сӯхт дар интизори ту ҷони ба лаб расидаам.

Шеър аз Раҳии Муиззӣ

13/54

Баъд аз ин ки рақиб

Баъд аз ин ки рақиб даст дар дасти ту бидод,
Баъд аз ин ки фақат аз лабат бӯса гирифт,
Марг хоҳам, марг хоҳам, марг хоҳам.

Бе ту рӯзам ҳама тор,
Бе ту гулҳо ҳама хор.
Бе ту мондан ҳама дер
Бе ту мондан…

Баъд аз ин ки рақиб даст дар дасти ту бидод,
Баъд аз ин ки фақат аз лабат бӯса гирифт,
Марг хоҳам, марг хоҳам, марг хоҳам.

Бе ту шеър гирам ҳазён,
Суханам нолаву оҳ,
Бе ту ҳастӣ ҳама марг
Бе ту ҳастӣ…

Баъд аз ин ки рақиб даст дар дасти ту бидод,
Баъд аз ин ки фақат аз лабат бӯса гирифт,
Марг хоҳам, марг хоҳам, марг хоҳам.

14/55

Бахудо танг аст дилам

Бахудо танг аст дилам, танг аст дилам, танг аст дилам,
На ӯ оташ мегирад, на зи ғам об мешавад,
Магар аз санг аст дилам, санг аст дилам, санг аст дилам!

Паси он чашми сиёҳ, паси он ранги лабон,
Паси якрангии ту, паси он содагиҳо,
Бахудо танг аст дилам, танг аст дилам, танг аст дилам!

Паси пинҳон диданат, паси тарзи суханат,
Ай гули тозаву тар, паси атри баданат,
Бахудо танг аст дилам, танг аст дилам, танг аст дилам!

Паси он тарзи нигоҳ, паси он нозу адо,
Паси гуфтори хушат, паси оҳанги садо.
Бахудо танг аст дилам, танг аст дилам, танг аст дилам!

На ӯ оташ мегирад, на зи ғам об мешавад,
Магар аз санг аст дилам, санг аст дилам, санг аст дилам!

15/56

Баҳор асту сомон

Баҳор асту сомону афғон надорам,
Ки роҳе ба сӯйи гулистон надорам.
Ту доман ба хокам фишонӣ, вале ман,
Шавам хоку даст зи домон надорам.
Кӣ дармони дардам кунад, чун набинам,
Табибе, к-аз ӯ дард пинҳон надорам?
Ману нола шаб, ки бо хатми офтоб,
Салоҳи шудан сӯйи майдон надорам

16/57

Баҳор омад

Баҳор омад.
Биё, ай навбаҳори ман, куҷоӣ ту?Зи дастат сина пурхун аст,
Чӣ гӯям, ҳоли ман чун аст.
Биё дилбар!
Биё дилбар, ки Маҷнунат биёбонгарду ҳам девона хоҳад шуд,
Илоҷи ман, давои ман, шифои ман, куҷоӣ ту?

Баҳор омад.
Биё, ай навбаҳори ман, куҷоӣ ту?!
Биҳишти ман, Худои ман, куҷоӣ ту?
Баҳори ман, шифои ман, куҷоӣ ту?
Давои ман, шифои ман, куҷоӣ ту?

17/58

Баҳори ман, ҳазар аз навбаҳорон

Баҳори ман, ҳазар аз навбаҳорон мекунӣ то кай,
Китоби хотири моро парешон мекунӣ то кай?

Дар ин хомӯшии лабҳо, нигоҳат сад забон дорад,
Суруди ишқро аз ёр пинҳон мекунӣ то кай?

Баҳори ман, ҳазар аз навбаҳорон мекунӣ то кай,
Китоби хотири моро парешон мекунӣ то кай?

Маро чун бингарӣ, номеҳрию аз ман ҳазар кардӣ,
Насими ҳарзаро бо жола яксон мекунӣ то кай?

Баҳори ман, ҳазар аз навбаҳорон мекунӣ то кай,
Китоби хотири моро парешон мекунӣ то кай?

18/59

Баҳори ҷавониям рафт

Баҳори ҷавониям рафт, афсӯс,
Нишоти умр ба поён расид, афсӯс!
Хушӣ аз ғам чу уқоб карда парвоз,
Сӯйи осмонҳо рафт, афсӯс!Ай парандаи зебо,
Сӯйи ман биё, биё!

Офтоби зиндагиям!
Рӯшании чашмонам тор, тор.
Қалби шикастаам дар интизорат,
Буд ҳамеша ин қалб ғамгусорат,
Гарчи парвози ту ҷойи дигарест,
Баргард, намо шод қалби ғамгинам.

Баҳори ҷавониям рафт, афсӯс,
Нишоти умр ба поён расид, афсӯс!
Хушӣ аз ғам чу уқоб карда парвоз,
Сӯйи осмонҳо рафт, афсӯс!

Ғами баҳори ҷудоият, монад ба қалбам ҷовидонӣ,
Донам ин умри рафта, нақшест аз пушаймонӣ.

Баҳори ҷавониям рафт, афсӯс,
Нишоти умр ба поён расид, афсӯс!
Хушӣ аз ғам чу уқоб карда парвоз,
Сӯйи осмонҳо рафт, афсӯс!

Бемораму ғайр аз ту дигар ёр надорам — ниг. 6/93

19/60

Бе ту гулгашти чаман

Бе ту гулгашти чаман, ай гулбадан, н-ояд хушам,
Соғару мино, виқори настаран н-ояд хушам.
Бе ту гулгашти чаман…

Сар ба саҳро мезанам монанди Маҷнун баъд аз ин,
Зиндагонӣ нест дар шаҳру ватан, н-ояд хушам.
Н-ояд хушам, н-ояд хушам.

Бе ту гулгашти чаман, ай гулбадан, н-ояд хушам,
Соғару мино, виқори настаран н-ояд хушам.
Бе ту гулгашти чаман…

Нестам парвона, то даври ҳар шамъе парам,
Ҷуз ба даври шамъи рӯят пар задан н-ояд хушам.
Н-ояд хушам, н-ояд хушам.

Бе ту гулгашти чаман, ай гулбадан, н-ояд хушам,
Соғару мино, виқори настаран н-ояд хушам.
Бе ту гулгашти чаман…

Бе ту намехандам — ниг. 10/270 Ҳаргиз, ҳаргиз, ҳаргиз

20/61

Бевафо ёрам

Бевафо ёрам, карда ғамборам,
Бишнав, ай ошно, аз дили зорам.

Байни мо ҳар чӣ буд, зери чархи кабуд,
Шуд ниҳон, ай дил, ҳар чӣ буду набуд.

Бевафо ёрам, карда ғамборам,
Бишнав, ай ошно, аз дили зорам.

Рӯзу шаб нолон, ашки хун борон,
Синаи ҳамчу хун ман зи ғам дорам.

Бевафо ёрам, карда ғамборам,
Бишнав, ай ошно, аз дили зорам.

21/62

Бевафоӣ макун, ай нигорам

Бевафоӣ макун, ай нигорам,
Зуд о, о маҳи ман, беқарорам.

Бе рухат шоми ман кай саҳар шуд,
Дар ба дар гаштам, ҳолам батар шуд.
Дилбарам кай зи ҳолам хабар шуд,
Ғамам ҳамсафар шуд.

Дил, бибурдӣ зи каф, беқарорам,
Зуд о, о маҳи ман, беқарорам,
Бевафоӣ макун, ай нигорам.
Туба, туба зи нозу адоят,
Туба, туба зи ҷавру ҷафоят…

22/63

Бигзарад умри ман

Бигзарад, бигзарад, умри ман, бигзарад,
Хуштар аст зиндагӣ, умри ман бигзарад.

Ман фақирам, фақири диёри худам,
Ғайри дорандагӣ умри ман бигзарад.

Бигзарад, бигзарад, умри ман, бигзарад,
Хуштар аст зиндагӣ, умри ман бигзарад.

Моҳҳо бигзарад, солҳо бигзарад,
Фориғ аз бандагӣ умри ман бигзарад.

Бигзарад, бигзарад, умри ман, бигзарад,
Хуштар аст зиндагӣ, умри ман бигзарад.

Осмон бар сарам резад борони ишқ,
Зери борандагӣ умри ман бигзарад.

Бигзарад, бигзарад, умри ман, бигзарад,
Ғайри дорандагӣ, умри ман бигзарад.

23/64

Бигзор бигирям

Бигзор бигирям ману бигзор бигирям,
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.

Дар мотами пажмурдани гулҳои умедам,
Бигзор, ки чун абр ба гулзор бигирям/

Бигзор бигирям ману бигзор бигирям,
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.

Ӯ рафту умеди дили ман дур шуд аз ман,
Бигзор, ки дар дурии дилдор бигирям.

Бигзор бигирям ману бигзор бигирям,
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.

Дар вартаи девонагиам мекушад ин ишқ,
Бигзор бар ин оқибати кор бигирям.

Бигзор бигирям ману бигзор бигирям,
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.

МАТНИ ШЕЪР:
Бигзор бигирям ману бигзор бигирям,
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.
Дар мотами пажмурдани гулҳои умедам,
Бигзор, ки чун абр ба гулзор бигирям.
Мурғи дили ман пар заду афтод ба домаш,
Бигзор бар ин мурғи гирифтор бигирям.
Ғамхори мани хаста ба ҷуз дидаи ман нест,
Бигзор ба ғамхории худ зор бигирям.
Ӯ рафту умеди дили ман дур шуд аз ман,
Бигзор, ки дар дурии дилдор бигирям.
Дар вартаи девонагиам мекушад ин ишқ,
Бигзор бар ин оқибати кор бигирям.
Ӯ хандазанон рафту маро ашкфишон кард,
Бигзор бигирям ману бигзор бигирям.

Шеър аз Марям Мулки Иброҳимӣ

24/65

Бигзор, то бигирям

Бигзор, то бигирям, чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад, рӯзи видои ёрон.

Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.

Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад қатъи умедворон.

Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

МАТНИ ШЕЪР:
Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола (гиря) хезад рӯзи видои ёрон.
Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад қатъи умедворон.
Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.
Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат чашми гуноҳкорон.
Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад,
Азбаски дер мондӣ чун шоми рӯзадорон.
Чанде ки баршумурдам аз моҷарои ишқат,
Андӯҳи дил нагуфтам илло як аз ҳазорон.
Саъдӣ, ба рӯзгoрон, меҳре нишаста бар дил,
Берун наметавон кард илло ба рӯзгoрон.
Чандат кунам ҳикоят, шарҳ ин қадар кифоят,
Боқӣ, наметавон гуфт илло ба ғамгусорон.

Шеър аз Саъдии Шерозӣ

25/66

Бигӯ, ки гул нафиристад

Бигӯ, ки гул нафиристад касе ба хонаи ман,
Ки аз нажоди ту пур карда ошёнаи ман.

Чу шабнаме, ки чакад атри ғунчаҳои сафед,
Бубин ба дидаи худ ашки дона-донаи ман.

Бигӯ, ки гул нафиристад касе ба хонаи ман,
Ки аз нажоди ту пур карда ошёнаи ман.

Зи баргу боли кас, ар шавқи зиндагӣ хезад,
Биёву болу пар афшон даме ба лонаи ман.

26/67

Биё, бурем ба Сангирон

Биё, бурем ба Сангирон, ҷумлаи хубон ҳаму ҷа-ст,
Ҳамагӣ булбулу гул, ёри қадрдон ҳаму ҷа-ст.

Аҷаб тути фаровон дора Панҷшер,
Чӣ дарёи хурӯшон дора Панҷшер.
Чӣ мепурсӣ зи талхони лазизаш,
Ки фарзандони хандон дора Панҷшер.

Биё, бурем ба Сангирон, ҷумлаи хубон ҳаму ҷа-ст,
Ҳамагӣ булбулу гул, ёри қадрдон ҳаму ҷа-ст.

Ба кӯҳаш ҳазрати Пирон бинӣ,
Ба Остона рухи шерон бинӣ,
Ба Руха соқию ишқу садоқат,
Ҳамагӣ хурраму хандон бинӣ.

Биё, бурем ба Сангирон, ҷумлаи хубон ҳаму ҷа-ст,
Ҳамагӣ булбулу гул, ёри қадрдон ҳаму ҷа-ст.

Фидои осмони софи Панҷшер,
Фидои чашмаҳои оби Панҷшер,
Ба Кобул метапад қалбам ба сина,
Бубинам ҳар шабе ман хоби Панҷшер.

Биё, бурем ба Сангирон, ҷумлаи хубон ҳаму ҷа-ст,
Ҳамагӣ булбулу гул, ёри қадрдон ҳаму ҷа-ст.

27/68

Биёед, биёед ба майдони харобот

Биёед, биёед ба майдони харобот,
Матарсед, матарсед зи урёни харобот.

Ҳама маст дароед, дар ин қаср биёед,
Ки султони салотин шуда меҳмони харобот.

Биёед, биёед ба майдони харобот,
Матарсед, матарсед зи урёни харобот.

Шаҳаншоҳ, шаҳаншоҳ яке базм ниҳода,
Бигӯед, бигӯед ба риндони харобот.

Биёед, биёед ба майдони харобот,
Матарсед, матарсед зи урёни харобот.

Биёед, биёед, матарсед, матарсед,
Гунаҳкор бубахшед ба султони харобот.

Биёед, биёед ба майдони харобот,
Матарсед, матарсед зи урёни харобот

МАТНИ ШЕЪР:
Биёед, биёед ба майдони харобот,
Матарсед, матарсед зи ҳиҷрони харобот.
Шаҳаншоҳ, шаҳаншоҳ яке базм ниҳода-ст,
Бигӯед, бигӯед ба риндони харобот.
Ҳама маст дар оянд, дар ин қаср дароянд,
Ки султони салотин шуда меҳмони харобот.
Ҳама масту харобед, ҳама дида пуробед,
Чу хуршед битобед бар айвони харобот.
Ҳама дидаву ҷонанд, ҳама лутфу амонанд,
Ҳама сарви равонанд ба бӯстони харобот.
Дароед, дароед, матарсед, матарсед,
Гунаҳкор бубахшед ба султони харобот.
Чун он хоҷа вафо кард, ҳама дард даво кард,
Гунаҳкор раҳо кард Сулаймони харобот.
Зиҳӣ амри раҳоӣ, зиҳӣ базми худоӣ,
Зиҳӣ сӯҳбати шоҳиву зиҳӣ ҷони харобот.
Зиҳӣ мафхари Табрез, зиҳӣ Шамси шакаррез,
Ки барронад фарасро сӯйи айвони харобот.

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

28/69

Биёед, биёед, ки гулзор дамида-ст

Биёед, биёед, ки гулзор дамида-ст,
Биёед, биёед, ки дилдор расида-ст.

Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза дарафтод,
Ки девона дигар бор зи занҷир раҳида-ст.

Биёед, биёед, ки гулзор дамида-ст,
Биёед, биёед, ки дилдор расида-ст.

Бар он зишт бихандед, ки аз ёр бимонда-ст,
Бар он ёр бигирйед, ки аз ёр бурида-ст.

Биёед, биёед, ки гулзор дамида-ст,
Биёед, биёед, ки дилдор расида-ст.

МАТНИ ШЕЪР:
Биёед, биёед, ки гулзор дамида-ст,
Биёед, биёед, ки дилдор расида-ст.
Биёред баякбор ҳама ҷону ҷаҳонро,
Ба хуршед супоред, ки хуш теғ кашида-ст.
Бар он зишт бихандед, ки ӯ ноз намояд,
Бар он ёр бигирйед, ки аз ёр бурида-ст.
Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза дарафтод,
Ки девона дигар бор зи занҷир раҳида-ст.
Бикӯбед дуҳулҳову дигар ҳеҷ магӯед,
Чӣ ҷойи дилу ақл аст, ҷон ҳам рамида-ст.
Чӣ рӯз асту чӣ рӯз аст, чунин рӯзи қиёмат,
Магар номаи аъмол зи офоқ парида-ст?
Хамӯш бош, хамӯш бош, макун ош, макун фош,
Махӯр ғӯраву мафшо, ки ангур расида-ст.

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

29/70

Бимон имшаб, ки торикӣ

Бимон ай шаб, ки торикиву бедорӣ дилам хоҳад,
Бирав, ай маҳ, ки андӯҳи шаби торе дилам хоҳад.

Биранҷону бинолонам, бигирёну бисӯзонам,
Ки сӯзу ашку оҳу нолаву зорӣ дилам хоҳад.

Бимон ай шаб, ки торикиву бедорӣ дилам хоҳад,
Бирав, ай маҳ, ки андӯҳи шаби торе дилам хоҳад.

Раҳоӣ ҷустам аз ҳар қайду озодӣ зи ҳар банде,
Вале дар банди гесуят гирифторӣ дилам хоҳад.

Бимон ай шаб, ки торикиву бедорӣ дилам хоҳад,
Бирав, ай маҳ, ки андӯҳи шаби торе дилам хоҳад.

МАТНИ ШЕЪР:
Бимон ай шаб, ки торикиву бедорӣ дилам хоҳад,
Бирав, ай маҳ, ки андӯҳи шаби торе дилам хоҳад.
Биё, ай ғам, биё, ай мӯниси шабҳои тори ман,
Ки имшаб аз ту ҳамкориву ҳамдардӣ дилам хоҳад.
Бисӯз, ай ҷон, ки ҷони оташафрӯз орзу дорам,
Бикоҳ, ай тан, ки ранҷуриву беморӣ дилам хоҳад.
Биранҷону бинолонам, бигирёну бисӯзонам,
Ки сӯзу ашку оҳу нолаву зорӣ дилам хоҳад.
Канори бӯсу оғӯши ту арзонӣ ба бедардон,
Ки ман дунёи дардам, ошиқозорӣ дилам хоҳад.
Ғами ишқӣ, каромот кардаӣ ҷону дили моро,
Ки ҳақ бишносам, ар як зарра ғамхорӣ дилам хоҳад.
Ба ҷуз рӯйи туву мӯйи туву чашми накуи ту,
Зи ҳар чӣ дар ду олам ҳаст, безорӣ дилам хоҳад.

Шеър аз Яздонбахши Қаҳрамон

30/71

Бинозам қалби покат

Бинозам қалби покат, модари ман,
Бигардам даври хокат, модари ман!

Сияҳ шуд рӯзгори ман, сияҳ шуд,
Худоё, модарам аз ман ҷудо шуд.

Бинозам қалби покат, модари ман,
Бигардам даври хокат, модари ман!

Фалак бо ман чаро ин нораво кард,
Ки якдам аз барат манро ҷудо кард.

Бинозам қалби покат, модари ман,
Бигардам даври хокат, модари ман!

31/72

Биравед, ай ҳарифон

Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро,
Ба ман оваред, охир, санами гурезпоро.

Ба таронаҳои ширин, ба баҳонаҳои заррин,
Бикашед сӯйи хона маҳи хушлиқои моро.

Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро,
Ба ман оваред, охир, санами гурезпоро.

В-агар ӯ ба ваъда гӯяд, ки даме дигар биёям,
Ҳама ваъда макр бошад, бифиребад ӯ шуморо.

Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро,
Ба ман оваред, охир, санами гурезпоро.

Чу ҷамоли ӯ битобад, чӣ бувад ҷамоли хубон?!
Ки рухи чу офтобаш бикушад чароғҳоро.

Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро,
Ба ман оваред, охир, санами гурезпоро.

МАТНИ ШЕЪР:
Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро,
Ба ман оваред, охир, санами гурезпоро.
Ба таронаҳои ширин, ба баҳонаҳои заррин,
Бикашед сӯйи хона маҳи хуби хушлиқоро.
В-агар ӯ ба ваъда гӯяд, ки даме дигар биёям,
Ҳама ваъда макр бошад, бифиребад ӯ шуморо.
Дами сахт гарм дорад, ки ба ҷодуиву афсун,
Бизанад гиреҳ бар об ӯву бибандад ӯ ҳаворо.
Ба муборакиву шодӣ, чу нигори ман дарояд,
Бинишин, назора мекун ту аҷоиби Худоро!
Чу ҷамоли ӯ битобад, чӣ бувад ҷамоли хубон?!
Ки рухи чу офтобаш бикушад чароғҳоро.
Бирав, ай дили сабукрав, ба Яман ба дилбари ман,
Бирасон салому хидмат ту, ақиқи бебаҳоро.

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

32/73

Бо он ҳама қавлу қарору паймон

Бо он ҳама қавлу қарору паймон,
Ки бо мани ғамзада доштӣ, рафтӣ.
Мехостӣ аз танҳоӣ дурам кунӣ,
Аммо маро танҳо гузоштӣ, рафтӣ.

Бо он ҳама ваъда, ки додӣ, чӣ шуд?
Рафтию бар ваъда-т вафо накардӣ.
Гуфтӣ: «Худо туро ба ман расонда»,
Рафтию шарме аз Худо накардӣ.

Бирав, вале ҳар ҷо бошӣ,
Ҳар ҷойи ин дунё бошӣ,
Як рӯзе пайдо-т мекунам,
Нигоҳ ба чашмҳо-т мекунам,
Рози туро пеши ҳама
Мегаму расво-т мекунам.

Бо он ҳама қавлу қарору паймон,
Ки бо мани ғамзада доштӣ, рафтӣ.
Мехостӣ аз танҳоӣ дурам кунӣ,
Аммо маро танҳо гузоштӣ, рафтӣ.
Гуфтӣ: «Худо туро ба ман расонда»,
Рафтию шарме аз Худо накардӣ.

33/74

Бо оташи хӯйи худ

Бо оташи хӯйи худ
Ба теғи абруи худ
Хуни дилам рехтӣ,
Зи худ ту бигрехтӣ.

Бо сухани талхи худ,
Аз нигаҳи гарди худ,
Ҷону дилам сӯхтӣ,
Оташам афрӯхтӣ.

Дилбари абрукамон,
Қоматат сарви равон,
Бо сад дили нотавон
Андешаи ту кунон,
Сад захми корӣ задӣ,
Боз оби ёрӣ задӣ.

Бо оташи хӯйи худ
Ба теғи абруи худ
Хуни дилам рехтӣ,
Зи худ ту бигрехтӣ.

Ба базми ағёр чу дошт
Шиша задӣ, мул задӣ
Рақс намудӣ чу мавҷ
Ғолия кокул задӣ.
Ҳамраҳи ман ранг задӣ,
Ба шишаам санг задӣ.

Бо оташи хӯйи худ
Ба теғи абруи худ
Хуни дилам рехтӣ,
Зи худ ту бигрехтӣ.

Бо сухани нарми худ,
Аз нигаҳи гарми худ,
Ҷону дилам сӯхтӣ,
Оташам афрӯхтӣ.

Бо оташи хӯйи худ
Ба теғи абруи худ
Хуни дилам рехтӣ,
Зи худ ту бигрехтӣ.

34/75

Бодаҳо холист, холӣ

Бодаҳо холист, холӣ, соғару мино куҷост,
Дарби майхона-ст баста, соқии зебо куҷост?

Ман, ки раҳгумгаштаи дашти ҷунунам, оқилон,
Роҳи ороми саодатҳои ин дунё куҷост?
Дарби майхона-ст баста, соқии зебо куҷост?

Бодаҳо холист, холӣ, соғару мино куҷост,
Дарби майхона-ст баста, соқии зебо куҷост?

Ахтарон паҳлуи ҳам дар осмонҳо хуфтаанд,
Охир, он чашмак заданҳову тапиданҳо куҷост?
Дарби майхона-ст баста, соқии зебо куҷост?

Бодаҳо холист, холӣ, соғару мино куҷост,
Дарби майхона-ст баста, соқии зебо куҷост?

35/76

Боз мехоҳам туро

Боз мехоҳам туро, ай ишқи ман,
Боз ҳам номи ту бар лаб мебарам.

Ин нигоҳи бефурӯғи хастаам,
Кай ба ҷонат оташе дигар занад?
Ин лабони сарду холӣ аз ҳавас,
Кай тавонад мастии пешин диҳад?

Боз мехоҳам туро, ай ишқи ман,
Боз ҳам номи ту бар лаб мебарам.

Рост мегӯйӣ, дило, девонаам,
Чунки хоҳам садри базми ғайрро.
Меситонам бо ҳама бемеҳриаш,
Гар шавам бар дарди ишқаш мубтало.

Боз мехоҳам туро, ай ишқи ман,
Боз ҳам номи ту бар лаб мебарам.

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод???

36/77

Бозӣ ту кардӣ

Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам,
Раҳме накардӣ, ман ноумедам.
Ҳаргиз дубора сӯят наёям,
Кардӣ ту помол ин сарнавиштам.

Рафтам зи кӯят бо чашми гирён,
Дигар наёям бо оҳу афғон.
Ҳаргиз дубора сӯят наёям,
Кардӣ ту помол ин ишқи покам.

Номат нагирам, дигар наҷӯям
Чашмони мастат дар зиндагиям.
Ҳаргиз дубора сӯят наёям,
Кардӣ ту помол ин ишқи покам.

37/78

Бозомадӣ, ай ҷони ман!

Бозомадӣ, ай ҷони ман, ҷонҳо фидои ҷони ту,
Ҷони ману сад ҳамчу ман қурбони ту, қурбони ту!

Ман, к-аз сари озодагӣ, аз чарх сар печидаам,
Дорам кунун, дар бандагӣ, сар дар хати фармони ту.
Ҷони ману сад ҳамчу ман қурбони ту, қурбони ту!

Бозомадӣ, ай ҷони ман, ҷонҳо фидои ҷони ту,
Ҷони ману сад ҳамчу ман қурбони ту, қурбони ту!

Гуфтӣ, ки ҷонони киям — ҷонони ман, ҷононаи ман,
Гуфтӣ, ки ҳайрони киӣ — ҳайрони ту, ҳайрони ту!
Ҷони ману сад ҳамчу ман қурбони ту, қурбони ту!

Имшаб, агар мурғи саҳар хонад суруд, мехонамат,
Чун борҳо барбаст лаб ӯ дар шаби ҳиҷрони ту.
Ҷони ману сад ҳамчу ман қурбони ту, қурбони ту!

Бозомадӣ, ай ҷони ман, ҷонҳо фидои ҷони ту,
Ҷони ману сад ҳамчу ман қурбони ту, қурбони ту!

МАТНИ ШЕЪР:
Бозомадӣ, ай ҷони ман, ҷонҳо фидои ҷони ту,
Ҷони ману сад ҳамчу ман қурбони ту, қурбони ту!
Ман, к-аз сари озодагӣ, аз чарх сар печидаам,
Дорам кунун, дар бандагӣ, сар дар хати фармони ту.
Ошуфта ҳамчун мӯйи ту кори ману сомони ман,
Маст аст ҳамчун бахти ман аҳди туву паймони ту.
Магзор аз по уфтам, ай дӯст, дастамро бигир,
Рӯйи ману даргоҳи ту, дасти ману домони ту.
Гуфтӣ, ки ҷонони киям — ҷонони ман, ҷонони ман,
Гуфтӣ, ки ҳайрони киӣ — ҳайрони ту, ҳайрони ту!
Имшаб, агар мурғи саҳар хонад суруд, мехонамат,
Чун борҳо барбаст лаб ӯ дар шаби ҳиҷрони ту.
Бо бӯсае аз он ду лаб икромро итмом кун,
Ҳарчанд бошад Порсо, шармандаи эҳсони ту.

Шеър аз Порсои Тусирконӣ

38/79

Бозою канорам бинишин

Бозою канорам бинишин, то ба ту гӯям,
Онро, ки ба сад номаву дафтар натавон гуфт.

Ҳошо, чӣ ниёзе ба сухан з-он ки нигоҳам,
Гӯяд ба ту онро, ки нашояд ба забон гуфт.

Бозою канорам бинишин, то ба ту гӯям,
Онро, ки ба сад номаву дафтар натавон гуфт.

Дур аз ту дар ин хонаи шодикуши хомӯш,
Рӯзону шабонам ҳама оинаи ғам буд.

Бозою канорам бинишин, то ба ту гӯям,
Онро, ки ба сад номаву дафтар натавон гуфт.

Эй ҳастаи ҳастӣ, ки ниҳад нестии ман,
Дур аз ту вуҷудам наме аз абри алам буд.

Бозою канорам бинишин, то ба ту гӯям,
Онро, ки ба сад номаву дафтар натавон гуфт.

Бохабар бош, бохабар — ниг. 7/94

39/80

Бурида бод пойи ман

Бурида бод пойи ман, агар равад ба хонааш,
Шикаста гардад он саре, ки хам шавад ба шонааш.
Қарор буд, то абад вафо кунад ба ишқи ман,
Надонам, ай Худо, чӣ шуд қарори ҷовидонааш!
Бурида бод пойи ман…

Агар биёяду фитад ба пойи ман, ки «Раҳм кун!»
Намениҳам дубора сар ба хоки остонааш.

Бурида бод пойи ман, агар равад ба хонааш,
Шикаста гардад он саре, ки хам шавад ба шонааш.

Агар кушад ба оташам шарори шӯълаи ғамаш,
Бурида бод пойи ман, агар равад ба хонааш!

Бурида бод пойи ман, агар равад ба хонааш,
Шикаста гардад он саре, ки хам шавад ба шонааш.
Қарор буд, то абад вафо кунад ба ишқи ман,
Надонам, ай Худо, чӣ шуд қарори ҷовидонааш!

40/81

Бути нозанинам

Бути нозанинам, маҳи меҳрубон,
Чаро қаҳрӣ аз ман, балоят ба ҷонам?
Бути нозанин.

Зи дарси муҳаббат ба ҷуз номи ҷонон
Ба чизе нагардад забон дар даҳонам.

Бути нозанинам, маҳи меҳрубон,
Чаро қаҳрӣ аз ман, балоят ба ҷонам?
Бути нозанин.

Чӣ дастон кунам, то равам ҷойи дигар,
Ки ин мулк пур шуд аз достонам.

Бути нозанинам, маҳи меҳрубон,
Чаро қаҳрӣ аз ман, балоят ба ҷонам?

МАТНИ ШЕЪР:
Бути нозанинам, маҳи меҳрубонам,
Чаро қаҳрӣ аз ман, балоят ба ҷонам?
Азизам, чӣ кардам, ки ранҷидӣ аз ман?
Бигӯ, то гуноҳи худамро бидонам…
Зи ман умр хоҳӣ, бигӯ, то бубахшам,
Ба ман заҳр бахшӣ, бидеҳ, то ситонам.
Зи дарси муҳаббат ба ҷуз номи ҷонон
Ба чизе нагардад забон дар даҳонам.
Ман, охир, аз ин шаҳр бояд гурезам,
Ки мардум ба танг омаданд аз фиғонам.
Чӣ дастон кунам, то равам ҷойи дигар,
Ки ин мамлакат пур шуд аз достонам.

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ

41/82

Бӯйи ту хезад ҳанӯз

Бӯйи ту хезад ҳанӯз, бӯйи ту аз бистарам,
Ай лаби нӯшин, бимонд доғи ту бар пайкарам.

Бистарам ошуфтааст, бӯйи туро медиҳад,
Лек тиҳӣ мондааст, ҷойи ту дар бистарам.
Бӯйи ту хезад ҳанӯз, бӯйи ту аз бистарам.

Бӯйи ту хезад ҳанӯз, бӯйи ту аз бистарам,
Ай лаби нӯшин, бимонд доғи ту бар пайкарам.

Аз ту ҳамин орзуст, чу шаби дӯшини ман
Боз шаби дигарам, боз шаби дигарам,
Бӯйи ту хезад ҳанӯз, бӯйи ту аз бистарам.

Бӯйи ту хезад ҳанӯз, бӯйи ту аз бистарам,
Ай лаби нӯшин, бимонд доғи ту бар пайкарам.

Бӯсаҳо талаб мекунанд — ниг. 8/95

Бозмондаҳо аз банди А

42/83

Агар зи халқ маломат

Агар зи халқ маломат,
В-агар зи карда надомат
Бидидам аз ту бидидам,
Шунидам аз ту, шунидам.

Ҷавониам ба саманд-еш,
Шитоб мешуду аз ман.
Чу гард дар қадами ту,
Давидаму нарасидам.

Агар зи халқ маломат,
В-агар зи карда надомат
Бидидам аз ту бидидам,
Шунидам аз ту, шунидам.

Чӣ аҳдҳо, ки набастӣ,
Чӣ фитнаҳо, ки нарондӣ,
Чӣ ранҷҳо накашидам,
Чӣ таънаҳо нашунидам.

Агар зи халқ маломат,
В-агар зи карда надомат
Бидидам аз ту бидидам,
Шунидам аз ту, шунидам.

Ки афв шуду пайи ашке,
Ки дар ҳавои ту рахшад.
Зи чашми лола шукуфтам,
Ба рӯйи шефта давидам.

Агар зи халқ маломат,
В-агар зи карда надомат
Бидидам аз ту бидидам,
Шунидам аз ту, шунидам.

43/84

Агар пинҳон

Агар пинҳон, агар пинҳон, бувад пайдо
Ман он пайдои пинҳонам.
В-агар нодон, в-агар нодон, бувад доно

Ман он донои нодонам.
Ҳумои дӯш шабе хуфта, насиби донаву домам,
Назаррубо, назаррубо, ки фирдавсам ба мурғи ин гулистонам.

Магар пинҳон, агар пинҳон, бувад пайдо
Ман он пайдои пинҳонам.
В-агар нодон, в-агар нодон, бувад доно
Ман он донои нодонам.

Ман он ҳушёри сармастам, ки набвад бехабар дастам
Нагӯям нест, нагӯям нест, ки ман ҳастам,
Бад-ин манзилу ҳам хона.

Агар пинҳон, агар пинҳон, бувад пайдо
Ман он пайдои пинҳонам.
В-агар нодон, в-агар нодон, бувад доно
Ман он донои нодонам.

Сипеҳри меҳр, туро моҳам, ҷаҳони ишқ, туро шоҳам,
Бутонро боз ду-се бӯсам, хубонро боз парӣ хонам.

Магар пинҳон, агар пинҳон, бувад пайдо
Ман он пайдои пинҳонам.
В-агар нодон, в-агар нодон, бувад доно
Ман он донои нодонам.

44/85

Аз тангнои маҳбаси торикӣ

Аз тангнои маҳбаси торикӣ,
Аз манҷалоби тираи ин дунё
Бонги пур аз ниёзи маро бишнав
Оҳ ай Худои қодири беҳамто.

Оҳ, ай Худо чӣ гуна туро гӯям,
К-аз ҷисми хеш хаставу безорам.
Ҳар шаб бар остони ҷалоли ту,
Бӯйи умеди ҷисми дигар дорам.

Аз тангнои маҳбаси торикӣ,
Аз манҷалоби тираи ин дунё
Бонги пур аз ниёзи маро бишнав
Оҳ ай Худои қодири беҳамто.

Танҳо ту огаҳиву ту медонӣ,
Асрори он хатои нахустинро,
Танҳо ту қодирӣ, ки бубахшойӣ,
Бар рӯҳи ман сафои нахустинро.

Аз тангнои маҳбаси торикӣ,
Аз манҷалоби тираи ин дунё
Бонги пур аз ниёзи маро бишнав
Оҳ ай Худои қодири беҳамто.

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

45/86

Аҷаб сабре Худо дорад

Аҷаб сабре Худо дорад.
Агар ман ҷойи ӯ будам,
Ҳамон як лаҳзаи аввал
Ки аввалзулмро медидам аз махлуқи бевиҷдон,
Ҷаҳонро бо ҳама зебоию зиштӣ,
Ба рӯйи якдигар вайрона мекардам.

Агар ман ҷойи ӯ будам,
Ки дар ҳамсояи садҳо гурусна,
Чанд базми гарми айшу нӯш медидам,
Нахустин наъраи мастонаро хомӯш он дам
Бар лаби паймона мекардам.

Агар ман ҷойи ӯ будам,
Ки медидам яке урёну ларзон,
Дигарӣ пӯшида сад ҷомаи рангин,
Замину осмонро
Вожгун мастона мекардам.

Агар ман ҷойи ӯ будам,
На тоат мепазируфтам,
На гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда,
Пора-пора дар кафи зоҳиднамоён,
Сабҳаи саддона мекардам.

Агар ман ҷойи ӯ будам,
Барои хотири танҳои як Маҷнуни саҳрогарди бесомон
Ҳазорон Лайлии нозофаринро
Кӯҳ ба кӯҳ оварда девона мекардам.

Агар ман ҷойи ӯ будам,
Ба гирди шамъи сӯзони дили ушшоқи саргардон
Саропойи вуҷуди бевафо маъшуқро
Парвона мекардам.

Агар ман ҷойи ӯ будам,
Ба Арши кибриёӣ,
Бо ҳама сабри худоӣ,
То ки медидам азизи нобаҷойӣ,
Ноз бар як нору агар дида хорӣ мефурӯшад,
Гирдаш ин чархро
Воруна бесаброна мекардам.

Агар ман ҷойи ӯ будам,
Ки медидам
Мушавваш орифу омӣ,
Зи барқи фитнаи ин илми оламсӯзи мардумкуш,
Ба ҷуз андешаи ишқу вафо, маъдум ҳар фикре,
Дар ин дунёи пурафсона мекардам.

Чаро ман ҷойи ӯ бошам?
Ҳамин беҳтар, ки ӯ ҷойи худ биншаставу
Тоби тамошои
Тамоми зишткориҳои ин махлуқро дорад,
В-агарна ман ба ҷойи ту чу будам,
Як нафас, ки одилона
Созиш бо ҷоҳилу фарзона мекардам.

46/87

Ашкҳои ман ҳамчун

Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст,
Қатраҳои борон аст, пеши ёрам.

Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст,
Қатраҳои борон аст, пеши ёрам.

Шикоятҳо дорам, пеши кӣ гӯям,
Афсӯс надорам маҳрами розам.

Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст,
Қатраҳои борон аст, пеши ёрам.

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

+ 2 = 5

error: Content is protected !!