Аҳмад Зоҳир. НОПР. Сиву ду суруд

Ahmad_Zohir

Аҳмад Зоҳир (14.06.1946–14.06.1979)

А  Б  В  Г  Ғ  Д  Ё  З  И  К  Қ  Л  М  Н  О 
П  Р  С  Т  У  Ф  Х  Ҳ  Ч  Ҷ  Ш  Я 

Пиндоштам, ҳамеша гули хотири манӣ,
Ишқи манӣ, умеди манӣ, дилбари манӣ…
Пиндоштам, ба дашти ғамангези зиндагӣ
Ёри манӣ, паноҳи манӣ, ёвари манӣ.
Пиндоштам, нигоҳи ту пайки муҳаббат аст,
Шавқи манӣ, нишоти манӣ, соғари манӣ…
Пиндоштам, ки дар паси танҳоиву сукут
Аз умр он чӣ монд ба ҷо, дар бари манӣ.

1/194

На дил мафтуни дилбанде

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Radio_Album2:

На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳе, (2)
На бар мижгони ман ашке, на бар лабҳои ман оҳе. (2)

Киям ман? Орзугумкардаи танҳову саргардон, (2)
На ҳамдарде, на уммеде, на ҳамрозе, на ҳамроҳе.

На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳе,
На бар мижгони ман ашке, на бар лабҳои ман оҳе.

Раҳӣ, то чанд сӯзам дар дили шабҳо чу кавкабҳо, (2)
Ба иқболи шарар нозам, ки дорад умри кӯтоҳе. (2)

На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳе,
На бар мижгони ман ашке, на бар лабҳои ман оҳе. (2)

МАТНИ ШЕЪР:
На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳе,
На бар мижгони ман ашке, на бар лабҳои ман оҳе.
На ҷони бенасибамро паёме аз дилороме,
На шоми бефурӯғамро нишоне аз саҳаргоҳе.
Наёбад маҳфилам гармӣ, на аз шамъе, на аз ҷамъе,
Надорад хотирам улфат, на бо меҳре, на бо моҳе.
Ба дидори аҷал бошад, агар шодӣ кунам рӯзе.
Ба бахти вожгун бошад, агар хандон шавам гоҳе.
Киям ман? Орзугумкардаи танҳову саргардон,
На ороме, на уммеде, на ҳамдарде, на ҳамроҳе.
Гаҳе афтону хезон чун ғуборе дар биёбоне,
Гаҳе хомӯшу ҳайрон чун нигоҳе бар назаргоҳе.
Раҳӣ, то чанд сӯзам дар дили шабҳо чу кавкабҳо,
Ба иқболи шарар нозам, ки дорад умри кӯтоҳе.

Шеър аз Раҳии Муайирӣ

2/195

На суруде, на суруре

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-01 Daard-e Dil:

На суруде, на суруре, на ҳамовозе, на шӯре,
Зиндагӣ, гӯйӣ, зи дунё рахт барбаста,
Ё ки хоки мурда рӯйи шаҳр пошида.
Ин чӣ конун, ин чӣ оин, ин чӣ тадбирест, (2)
Осиё пир аст. (4)

Зиндагӣ, яъне шаби нав, рӯзи нав, андешаи нав,
Зиндагӣ, яъне ғами нав, ҳасрати нав, пешаи нав,
Зиндагӣ, яъне такопӯ, зиндагӣ, яъне ҳаёҳу,
Зиндагӣ бойист саршор аз такону тозагӣ бошад.
Ин чӣ оин, ин чӣ конун, ин чӣ тадбирест,
Осиё пир аст. (4)

Ман намехоҳам ба ишқи солиён побанда будан,
Ман наметвонам лаберо борҳо бо шавқ бӯсидан,
Ман тани тоза, лаби тоза, ишқи тоза мехоҳам.
Осиё пир аст. (4)

Ин чӣ конун, ин чӣ тадбир, ин чӣ оинест, (2)
Осиё пир аст. (8)

Шеър аз Ҳушанги Шифо

3/196

Набарӣ гумон

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_12 Ahmad Zahir wa Jila:

Набарӣ гумон, ки, муфтӣ, ба Худо расида бошӣ,
Ту зи худ нарафта берун, ба куҷо расида бошӣ! (2)

Нигаҳе ҷаҳоннаварде, қадаме зи худ бурун о, (2)
Ки зи худ агар гузаштӣ, ҳама ҷо расида бошӣ. (2)

Набарӣ гумон, ки, муфтӣ, ба Худо расида бошӣ,
Ту зи худ нарафта берун, ба куҷо расида бошӣ!

Ҳама тан шикаст ба ранге, магузар зи пурсиши мо, (2)
Ки ба дарди дил расидӣ, чу ба мо расида бошӣ. (2)

Набарӣ гумон, ки, муфтӣ, ба Худо расида бошӣ.

Сарукори зарра бо меҳр зи ҳисоби сайр дур аст, (2)
Ба ту кай расем, ҳарчанд ту ба мо расида бошӣ. (2)

Набарӣ гумон, ки, муфтӣ, ба Худо расида бошӣ,
Ту зи худ нарафта берун, ба куҷо расида бошӣ!
(2)
Набарӣ гумон, ки, муфтӣ, ба Худо расида бошӣ.

МАТНИ ШЕЪР:
Набарӣ гумон, ки маънӣ ту ба ҳад расида бошӣ,
Ту зи худ нарафта берун ба куҷо расида бошӣ.
Ба ҳавои худсариҳо наравӣ зи раҳ, ки чун шамъ,
Сари ёр бо ту болад, таҳи по расида бошӣ.
На таре, наме, на зубде, на тапидане, на ҷӯше,
Ба хами сипеҳри токе майи норасида бошӣ.
Нигаҳи ҷаҳонравӣ ту, қадаме зи худ бурун о,
Ки зи хеш ту гузаштӣ, ҳама ҷо расида бошӣ.
Сару кори зарра бо меҳр зи ҳисоби теғ дур аст,
Ба ту кай расем, ҳарчанд ту ба мо расида бошӣ.
Самари баҳоррангӣ, ба камоли худ назар кун,
Чамани гузашта бошад, зи қуно расида бошӣ.
На шикасти ранги ҳастӣ, асари ту, Бедил, ин бас,
Ки ба гӯши имтиёзе чу садо расида бошӣ.

Шеър аз Мирзо Абдулқодири Бедил

4/197

Навбаҳор омаду шуд зинда ҷаҳон бори дигар

Навбаҳор омаду шуд зинда ҷаҳон бори дигар,
Ту маро зинда кун аз соғари саршори дигар.
То бувад фасли гулу суҳбати соқӣ, ҳаргиз,
Наравам ҷойи дигар, ман накунам кори дигар.
Ман ба як захми ту, ай чарх, наяфтам аз пой,
Гар бувад умр, бубинем ба пайкори дигар.
Нақши гетӣ ҳама вожун шуда, дасте аз ғайб,
Ки кашанд нақши дигар боз ба паргори дигар.
Рӯзгорест, ки шуд қиссаи Мансур аз ёд,
Нашунидем аналҳақ зи сардори дигар.
Гираҳе чанд фузуданд бар ин ришта, дареғ,
Ҳалл душвор намуданд ба душвори дигар.
Ҳеҷ кас бори ғам аз хотири ман дур накард,
Бар сари бор ниҳоданд ҳамон бори дигар.

Шеър аз Халилуллоҳи Халилӣ

5/198

Надонад расми ёрӣ

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-01 Daard-e Dil:

Надонад расми ёрӣ бевафо ёре, ки ман дорам,
Бевафо ёре, ки ман дорам,
Ба озори дилам кӯшад, дилозоре, ки ман дорам.
Дилозоре, ки ман дорам.
Надонад расми ёрӣ бевафо ёре, ки ман дорам,
Бевафо ёре, ки ман дорам.

В-агар дилро ба сад хорӣ раҳонам аз гирифторӣ,
Раҳонам аз гирифторӣ,
(2)
Дилозори дигар ҷӯяд дили зоре, ки ман дорам.
Дили зоре, ки ман дорам.

Надонад расми ёрӣ бевафо ёре, ки ман дорам,
Бевафо ёре, ки ман дорам,
Ба озори дилам кӯшад, дилозоре, ки ман дорам.
Дилозоре, ки ман дорам.

Гаҳе хоре кашам аз по, гаҳе дасте занам бар сар,
Гаҳе дасте занам бар сар,
(2)
Ба кӯйи дилфиребон ин бувад коре, ки ман дорам.
У бувад коре, ки ман дорам.

Надонад расми ёрӣ бевафо ёре, ки ман дорам,
Бевафо ёре, ки ман дорам,
Ба озори дилам кӯшад, дилозоре, ки ман дорам.
Дилозоре, ки ман дорам.
Надонад расми ёрӣ бевафо ёре, ки ман дорам,
Бевафо ёре, ки ман дорам.

МАТНИ ШЕЪР:
Надонад расми ёрӣ бевафо ёре, ки ман дорам,
Ба озори дилам кӯшад, дилозоре, ки ман дорам.
В-агар дилро ба сад хорӣ раҳонам аз гирифторӣ,
Дилозори дигар ҷӯяд дили зоре, ки ман дорам.
Ба хоки ман наяфтад сояи сарви баланди ӯ
Бубин кӯтоҳии бахти нагунсоре, ки ман дорам.
Гаҳе хорӣ кашам аз по, гаҳе дасте занам бар сар,
Ба кӯйи дилфиребон ин бувад коре, ки ман дорам.
Дили ранҷури ман аз сина ҳар дам меравад сӯе,
Зи бистар мегурезад тифли беморе, ки ман дорам.
Зи панди ҳамнишин дарди ҷигарсӯзам фузунтар шуд,
Ҳалокам мекунад, охир, парасторе, ки ман дорам.
Раҳӣ, он маҳ ба сӯйи ман ба чашми дигарон бинад,
Надонад қимати Юсуф харидоре, ки ман дорам.

Шеър аз Раҳии Муайирӣ

6/199

Намедонам, ба рӯйи кӣ бихандам

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Radio_Album4:

Намедонам, ба рӯйи кӣ бихандам,
Намедонам, барои кӣ бигирям.
Зи оби зиндагӣ серам, Худоё,
Ба доми сарди беёрӣ асирам. (2)
Худоё… (6)

Шикаста, ҷоми айши ман шикаста,
Рамида, оҳуи мастам рамида.
Зи шаҳрам рафта нури орзуҳо,
Зи бомам мурғи дилҷӯйӣ парида.

Намедонам, ба рӯйи кӣ бихандам,
Намедонам, барои кӣ бигирям.
Зи оби зиндагӣ серам, Худоё,
Ба доми сарди беёрӣ асирам.
Худоё… (3)

Ба чашмам гиряҳои ман шикаста,
Ба рӯям дарду андуҳ хат кашида,
Маҷӯ аз ман умеди зиндагонӣ,
Ки заҳри ғам ба рагҳоям давида.

Намедонам, ба рӯйи кӣ бихандам,
Намедонам, барои кӣ бигирям.
Зи оби зиндагӣ серам, Худоё, (2)
Ба доми сарди беёрӣ асирам. (2)
Худоё… (6)

Шеър аз Иқбол Раҳбари Тухӣ

7/200

Намехоҳам туро

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

1. Аз AM_Album_5 Awara:

Намехоҳам, намехоҳам, намехоҳам туро…
Намехоҳам туро, ай духти мағрур!
Намехоҳам, ки дилдорам ту бошӣ.
Ғамат, гар бар дилам (у) бори гарон аст, (2)
Намехоҳам, ки ғамхорам ту бошӣ.

Нигоҳам бо ту рози ишқ гӯяд,
Ту бар ишқи рақибам саргаронӣ.
Шудам бозичаи дастат, ки ҳар дам,
Маро меронию гаҳ менавозӣ.
Намехоҳам, намехоҳам,
Намехоҳам туро, ай духти мағрур!

Зи чашмам гар сели ашки ғам биборад,
Намехоҳам, ки домонат бигирам.
Ғурури хешро созам пур раҳоӣ
Аз ин пас гар зи ҳиҷронат бимирам.
Намехоҳам, намехоҳам,
Намехоҳам туро, ай духти мағрур!

Намехоҳам туро, ай духти мағрур!
Намехоҳам, ки ғамхорам ту бошӣ.
Ғамат, гар бар дилам (у) бори гарон аст, (2)
Намехоҳам, ки ғамхорам ту бошӣ.

2. Аз Radio_Album2:

Ла-ла-ла ла-ла ла-ла-ла ла-ла-а ла-ла ла-ла-ла
Лал-ла-ла лал-ла-ла-ла ла-ла-ла (2)

Намехоҳам, намехоҳам, намехоҳам туро…
Намехоҳам туро, ай духти мағрур!
Намехоҳам, ки дилдорам ту бошӣ.
Ғамат, гар бар дилам (у) бори гарон аст, (2)
Намехоҳам, ки дилдорам ту бошӣ.

Намехоҳам, намехоҳам,
Намехоҳам туро, ай духти мағрур!
Лал-ла-ла лал-ла-ла-ла ла-ла-ла (2)

Нигоҳам бо ту рози ишқ гӯяд,
Ту бар ишқи рақибам саргаронӣ.
Шудам бозичаи дастат, ки ҳар дам,
Маро меронию гаҳ менавозӣ.
Намехоҳам, намехоҳам,
Намехоҳам туро, ай духти мағрур!
Лал-ла-ла лал-ла-ла-ла ла-ла-ла (2)

Зи чашмам гар сели ашки ғам биборад,
Намехоҳам, ки домонат бигирам.
Ғурури хешро созам пур раҳоӣ
Аз ин пас гар зи ҳиҷронат бимирам.
Намехоҳам, намехоҳам,
Намехоҳам туро, ай духти мағрур!

Намехоҳам туро, ай духти мағрур!
Намехоҳам, ки ғамхорам ту бошӣ.
Ғамат, гар бар дилам бори гарон аст, (2)
Намехоҳам, ки дилдорам ту бошӣ.
Намехоҳам, намехоҳам,
Намехоҳам туро.

8/201

Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз
(Ҳаргиз, ҳаргиз)

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_12 Ahmad Zahir wa Jila:

Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз! (3)
Заҳр шавад ҷоми май, ки бе ту ман нӯш кунам,
Бишканад дастам, агар касе дар оғӯш кунам.
Набарӣ гумон, ки ман туро фаромӯш кунам. (2)
Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз! (3)

Меҳри ту дорам ба дил то дами мурдан, буто,
Ягона ишқам туӣ, ба аҳдат вафо намо,
Дар раҳи ишқат зи ман ҳаргиз набинӣ хато. (2)
Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз! (3)

Ишқи ту андар дилам, бошад ҳавоят ба сар
Мешавад ҳар рӯзу шаб, орзуям бештар,
Кай медиҳам қалби худ ҷуз ту ба ёри дигар. (2)
Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз! (3)

Заҳр шавад ҷоми май, ки бе ту ман нӯш кунам,
Бишканад дастам, агар касе дар оғӯш кунам.
Набарӣ гумон, ки ман туро фаромӯш кунам. (2)
Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз! (10)

Шеър ва оҳанг аз Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

9/202

Нигоҳ кун, ки нарезад
(Нигоҳ кун, нигоҳ кун)

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_6 Ghulam-e Qamar:

Нигоҳ кун, нигоҳ кун, нигоҳ кун
Нигоҳ кун, ки нарезад, диҳӣ чу бода ба дастам,
Фидои, фидои, фидои
Фидои чашми ту соқӣ, баҳуш бош, ки мастам.
Фидои, фидои, фидои
Фидои чашми ту соқӣ, баҳуш бош, ки мастам.

Кунам муолиҷа яксар ба солеҳон майи Кавсар, (2)
Ба шарти он ки нагиранд ин пиёла зи дастам. (2)
Нигоҳ кун, нигоҳ кун, нигоҳ кун
Нигоҳ кун, ки нарезад, диҳӣ чу бода ба дастам,
Фидои, фидои, фидои
Фидои чашми ту соқӣ, баҳуш бош, ки мастам.

На шайх медиҳадам тавбаву на пири муғон май, (2)
Зи баски тавба намудам, зи баски тавба шикастам. (2)
Нигоҳ кун, нигоҳ кун, нигоҳ кун
Нигоҳ кун, ки нарезад, диҳӣ чу бода ба дастам,
Фидои, фидои, фидои
Фидои чашми ту соқӣ, баҳуш бош, ки мастам.

Зи гиря охирам ин шуд натиҷа дар пайи зулфаш, (2)
Ки дар миёни ду дарёи хун фитода нишастам. (2)
Нигоҳ кун, нигоҳ кун, нигоҳ кун
Нигоҳ кун, ки нарезад, диҳӣ чу бода ба дастам,
Фидои, фидои, фидои
Фидои чашми ту соқӣ, баҳуш бош, ки мастам.

МАТНИ ШЕЪР:
Нигоҳ кун, ки нарезад, диҳӣ чу бода ба дастам,
Фидои чашми ту соқӣ, баҳуш бош, ки мастам.
Кунам мусолиҳа яксар ба солеҳон майи Кавсар,
Ба шарти он ки нагиранд ин пиёла зи дастам.
Зи санги ҳодиса то соғарам дуруст бимонд,
Ба ваҷҳи хайру тасаддуқ ҳазор тавба шиканам.
Чунон ки саҷда барам бе ҳифоз пеши ҷамолат,
Ба оламе шуда равшан, ки офтоб парастам.
Каманди зулфи буте гарданам бубаст ба мӯе,
Чунон кашид, ки занҷири садалоқа гусастам.
На шайх медиҳадам тавбаву на пири муғон май,
Зи баски тавба намудам, зи баски тавба шикастам.
Зи гиря охирам ин шуд натиҷа дар пайи зулфаш,
Ки дар миёни ду дарёи хун фитода нишастам.
Зи қоматаш чу гирифтам қиёси рӯзи қиёмат,
Нишасту гуфт: қиёмат ба қомате-ст, ки ҳастам.
Ҳаром гашт ба Яғмо биҳишти рӯйи ту, рӯзе,
Ки дил ба гандуми одамфиреби холи ту бастам.

Шеър аз Яғмои Ҷандақӣ

10/203

Нола ба дил шуд гиреҳ

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

1. Аз AM_Album_9 Gulbadan:

Нола ба дил шуд гиреҳ,
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?

Дар таффи ин бодия сӯхт саропо танам, (2)
Мазраам оташ гирифт, нам-нами борон куҷост? (2)
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?

Ашк ба хунам кашид, оҳ ба бодам супурд, (2)
Ақл ба бандам фиканд, рахнаи зиндон куҷост? (2)
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?

Хубу бади зиндагӣ бар сари ҳам рехтанд, (2)
То кунад аз ҳам ҷудо бозуи деҳқон куҷост? (2)
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯ-ст, (2)
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост? (2)
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Сина қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?

2. Аз Music_Centre_Vol-04
Ahmad Zahir Ba Sitara Haa:

Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?
(2)

Дар таффи ин бодия сӯхт саропо танам, (2)
Мазраам оташ гирифт, нам-нами борон куҷост? (2)
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?

Ашк ба хунам кашид, оҳ ба бодам супурд, (2)
Ақл ба бандам фиканд, рахнаи зиндон куҷост? (2)
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯ-ст, (2)
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост? (2)

Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?
(3)

МАТНИ ШЕЪР:
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост?
Ашк ба хунам кашид, оҳ ба бодам супурд,
Ақл ба бандам фиканд, рахнаи зиндон куҷост?
Гуфт, паноҳат диҳад, дар пайи он хок шав,
Он ки шудам дар раҳаш хок, бигӯ он куҷост?
Рӯз ба меҳнат гузашт, шом ба ғурбат саҳар,
Соқии гулчеҳра ку? Наъраи мастон куҷост?
Дар таффи ин бодия сӯхт саропо танам,
Мазраам оташ гирифт, нам-нами борон куҷост?
Мавҷ наларзад ба об, ғунча нахандад ба боғ,
Барг наҷунбад ба шох, боди баҳорон куҷост?
Хубу бади зиндагӣ бар сари ҳам рехтанд,
То кунад аз ҳам ҷудо бозуи деҳқон куҷост?
Барқи нигаҳ хира шуд, шавқ зи дил рахт баст,
Хона пур аз дуд шуд, машъали рахшон куҷост?
Нола шудам, ғам шудам, ман ҳама мотам шудам,
Он дили хуррам чӣ шуд? Он лаби хандон куҷост?
Абри сияҳ шуд падид боз ба чархи куҳан,
Ахтари бурҷи адаб, марди суханрон куҷост?
Ҳамназари Бӯалӣ, ҳамқадами Бӯало,
Ҳамнафаси Рӯдакӣ, ҳамдами Салмон куҷост?
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯ-ст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Шеър аз Халилуллоҳи Халилӣ

11/204

Нола кун, ай, дили шӯридаи ман

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_4 Madar:

Нола кун, ай,
Нола кун, ай, дили шӯридаи ман,
Ки зи ман ёр рамида-ст имшаб, (2)
Ӯ, ки андар дили ман ҷояш буд,
Зи лаби бом парида-ст имшаб. (2)

Ҳамагӣ хандаи мастона кунанд,
Лек ман гиряи мастона кунам. (2)
Ин дилеро, ки малул асту ғамин,
Беҳтар он аст, ки девона кунам. (2)

Нола кун, ай, дили шӯридаи ман,
Ки зи ман ёр рамида-ст имшаб,
Ӯ, ки андар дили ман ҷояш буд,
Зи лаби бом парида-ст имшаб. (2)

Чунки ӯ нест кунун дар бари ман,
Ҳама шаб хонаи ман торик аст. (2)
Меравам сӯйи диёрони дигар, (2)
Қадами марг ба ман наздик аст. (2)

Нола кун, ай,
Нола кун, ай, дили шӯридаи ман,
Ки зи ман ёр рамида-ст имшаб, (2)

Шеър аз Сафиуллоҳи Субот

12/205

Омад нафаси субҳу

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-01 Neshe Gashdum:

Омад нафаси субҳу
Омад нафаси субҳу саломат нарасонид,
(2)
Бӯйи ту биёварду паёмат нарасонид. (2)

Ё ту ба дами субҳ саломе насупурдӣ, (2)
Ё субҳдам аз рашк саломат нарасонид? (2)
Бӯйи ту биёварду паёмат нарасонид. (2)

Ман нома навиштам, ба кабӯтар бисупурдам, (2)
Чӣ суд, ки бахтам сӯйи бомат нарасонид. (2)
Бӯйи ту биёварду паёмат нарасонид. (2)

Бар бод супурдам дилу ҷон, то ба ту орад, (2)
З-ин ҳар ду надонам, ки кадом як нарасонид. (2)
Бӯйи ту биёварду паёмат нарасонид. (2)

МАТНИ ШЕЪР:
Омад нафаси субҳу саломат нарасонид,
Бӯйи ту наёварду паёмат нарасонид.
Ё ту ба дами субҳ саломе насупурдӣ,
Ё субҳдам аз рашк саломат нарасонид?
Ман нома навиштам, ба кабӯтар бисупурдам,
Чӣ суд, ки бахтам сӯйи бомат нарасонид.
Бод омаду бигсаст ҳаворо зи раҳи абр,
Бӯе зи раҳи ғолияқомат нарасонид.
Бар бод супурдам дилу ҷон, то ба ту орад,
З-ин ҳар ду надонам, ки кадомат нарасонид.
Умрест, ки чун хок ҷигарташнаи ишқам,
В-айём ба ман ҷуръаи ҷомат нарасонид.
Хоқонӣ, аз ин толеи худ ком чӣ ҷӯйӣ,
К-ӯ чошнии ком ба комат нарасонид.
Ноёфтани коми дилат, коми дили туст,
Пас, шукр кун аз ишқ, ки комат нарасонид.

Шеър аз Хоқонии Шервонӣ

13/206

Осмон холист, холӣ

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз ?Албум Vol-01:

Осмон холист, холӣ,
Осмон холист, холӣ, рӯшанонашро кӣ бурд?
Тоҷи моҳаш, синарези Каҳкашонашро кӣ бурд?
(2)

Боғбон танҳост, танҳо,
Боғбон танҳост, танҳо, гирди ӯ ҷуз хор нест, (2)
Беди мушкашро, гулашро, арғувонашро кӣ бурд? (2)

Осмон холист, холӣ,
Осмон холист, холӣ, рӯшанонашро кӣ бурд?
Тоҷи моҳаш, синарези Каҳкашонашро кӣ бурд?

Пеш аз инҳо ин заминро
Пеш аз инҳо ин заминро осмони сабз буд, (2)
Нест, инак, ҷуз сиёҳӣ, осмонашро кӣ бурд? (2)

Осмон холист, холӣ,
Осмон холист, холӣ, рӯшанонашро кӣ бурд?
Тоҷи моҳаш, синарези Каҳкашонашро кӣ бурд?

Он чинори дерсол о
Он чинори дерсол озурда аз беҳудагист, (2)
Ошёни мурғакони нағмахонашро кӣ бурд?
Беди мушкашро, гулашро, арғувонашро кӣ бурд?

Осмон холист, холӣ,
Осмон холист, холӣ, рӯшанонашро кӣ бурд?
Тоҷи моҳаш, синарези Каҳкашонашро кӣ бурд?
Осмон холист, холӣ (4)

МАТНИ ШЕЪР:
Осмон холист, холӣ, рӯшанонашро кӣ бурд?
Тоҷи моҳаш, синарези Каҳкашонашро кӣ бурд?
Гесувони шаб парешон аст чун ошуфтагон,
Мӯйбанди нилии пулакнишонашро кӣ бурд?
Аз Камонгири шаҳобаш кас намебинад нишон,
Тирҳояшро кӣ бишкасту камонашро кӣ бурд?
Боғбон танҳост, танҳо, гирди ӯ ҷуз хор нест,
Беди мушкашро, гулашро, арғувонашро кӣ бурд?
Он чинори дерсол озурда аз беҳудагист,
Ошёни мурғакони нағмахонашро кӣ бурд?
Ҷӯйбор аз лаззати ҳамбистарӣ саршор нест,
Печутоби нарми симоби равонашро кӣ бурд?
Пеш аз инҳо ин заминро осмони сабз буд,
Нест, инак, ҷуз сиёҳӣ, осмонашро кӣ бурд?

Шеър аз Симини Беҳбаҳонӣ

14/207

Охир, ай дарё…

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_9 Gulbadan:

Охир, ай дарё! (2)
Охир, ай дарё уҳу-ҳу-… (2)
Ту ҳамчун ман дили девона дорӣ, (2)
Шӯр дар бар, хок бар сар, нолаи мастона дорӣ.

Умре бе по гар наӣ,
Ҳар дам чаро по дар гурезӣ
Завқи ҳастӣ гар наӣ,
Охир чаро сомон надорӣ?

Охир, ай дарё!

Куҷо ҷӯям суроғи манзилатро?
Гарчи пайдоӣ, ниҳонӣ
Гарчи сарҳадхона дорӣ
То куҷо хоҳӣ рамидан?
То ба кай хоҳӣ тапидан?
То куҷо хоҳӣ рамидан?
То ба кай хоҳӣ тапидан?
Гаҳ ба сози шамъ сӯзӣ,
Гаҳ пари парвона дорӣ. (2)

Охир, ай дарё! уҳу-ҳу…

Ту ҳамчун ман дили девона дорӣ, (2)
Мавҷ дар бар, шӯр бар сар, нолаи мастона дорӣ.

15/208

Охирин шоми ошноии мо

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Radio_Album4:

Охирин шоми ошноии мо,
Ки нахустин шаби ҷудоӣ буд,
Омад ӯ хашмноку қаҳролуд,
Бар дилаш нақши бевафоӣ буд.

Дар он мавқеъ, ки панҷаҳои хунолуди шафақ даричаи осойишгоҳи шабро бо калиди тилло ба рӯйи хуршед мекушояд, фаромӯшам макун!

Гуфт: «Он номаҳо во нашуд,
Ки бароят зи ишқ сар кардам,
Рад монад баҳри ман, ки меҳри туро
Дигар аз қалби худ бадар кардам.

Охирин шоми ошноии мо,
Ки нахустин шаби ҷудоӣ буд,
Омад ӯ хашмноку қаҳролуд,
Бар дилаш нақши бевафоӣ буд.

Дигар пойи ман неру нахоҳад дошт, ки маро соявор ба дунболи ту кашонад, вале рӯҳи ман, рӯҳи ман ҳамчун парвона дар перомуни шамъи ҷамолат хоҳад гашт ва пар-парзанон ҳама ҷо ба ҳамроҳи ту хоҳад буд. Азизи ман, меҳрубони ман, қашанги ман, фаромӯшам макун!

Дасти ларзони ман зи гӯшаи миз
Бадар овард шеърҳояшро,
Ҳамагиро ба пояш афкандам,
Кард чун зери по вафояшро.

Охирин шоми ошноии мо,
Ки нахустин шаби ҷудоӣ буд,
Омад ӯ хашмноку қаҳролуд,
Бар дилаш нақши бевафоӣ буд.
Омад ӯ хашмноку қаҳролуд,
Бар дилаш нақши бевафоӣ буд.

16/209

Оҳанги зиндагӣ, хонад ба гӯши ман

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_13 Ahange Zindagee:

Оҳанги зиндагӣ
Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман,
Хонад ба гӯши ман,
Рӯ сӯйи ишқ кун, ки туро фурсат андак аст. (2)
Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман.

Дар паҳнаи ҷаҳон
Дар паҳнаи ҷаҳон мушти ғубори ман, (2)
Ғайри ҳавас қаламрави дигар шинохта-ст. (2)
Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман.
Хонад ба гӯши ман.

Чизе ба номи дил
Чизе ба номи дил будаст гӯйиё, (2)
Аз чашми интизори фалак уфтодааст. (2)

Оҳанги зиндагӣ
Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман,
Хонад ба гӯши ман,
Рӯ сӯйи ишқ кун, ки туро фурсат андак аст. (2)
(2)
Оҳанги зиндагӣ
Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман,
Оҳанги зиндагӣ (4)

Шеър аз Абдулаҳмади Адо

17/210

Оҳ, чӣ хуш омадӣ

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

AM_Album_10 Yaare Bewafa:

Оҳ, чӣ хуш омадӣ, сафо кардӣ,
Чӣ аҷаб шуд, ки ёди мо кардӣ?

Аз чӣ паҳлу паҳлу паҳлу саҳар баланд шудӣ,
Ки тафаққуд ба бенаво кардӣ?
(2)

Офтоб аз кадом самт дамид,
Ки ту имрӯз ёди мо кардӣ?
(2)
Аз чӣ паҳлу паҳлу паҳлу саҳар баланд шудӣ,
Ки тафаққуд бар бенаво кардӣ?
Оҳ, чӣ хуш омадӣ, сафо кардӣ,
Чӣ аҷаб шуд, ки ёди мо кардӣ?

Бевафоӣ магар чӣ айбе дошт,
Ки пушаймон шудӣ, вафо кардӣ?
(2)
Аз чӣ паҳлу паҳлу паҳлу саҳар баланд шудӣ,
Ки тафаққуд бар бенаво кардӣ?
Оҳ, чӣ хуш омадӣ, сафо кардӣ,
Чӣ аҷаб шуд, ки ёди мо кардӣ?

Аз чӣ паҳлу паҳлу паҳлу саҳар баланд шудӣ,
Ки тафаққуд бар бенаво кардӣ?
(3)

Шеър аз Эраҷ Мирзо

18/211

Ошиқ шудаӣ, ай дил

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз ?Music_Centre_Vol-05 Too Bamanee:

Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳоят муборак бод, (2)
Занҷири ҷунун, ай дил, дар поят муборак бод! (2)

Аз дида гуҳар резӣ, аз сина шарар резӣ, (2)
Лаълу гуҳару ёқут аз хуни ҷигар резӣ.
Доро шудаӣ, ай дил, дунёят муборак бод. (2)

Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳоят муборак бод,
Занҷири ҷунун, ай дил, дар поят муборак бод!

Гаҳ оқилу фарзона, гаҳ бехуду девона, (2)
Гар дайру ҳарам гардӣ,
Гар дайру ҳарам гардӣ, гаҳ бар дари бутхона,
Гаҳ бар дари бутхона,
Холис шудаӣ, ай дил, уқбоят муборак бод.

Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳоят муборак бод,
Занҷири ҷунун, ай дил, дар поят муборак бод!

Аз дарди ниҳон сӯзӣ, аз нола ҷаҳон сӯзӣ, (2)
Гоҳ ханда кунӣ чун гул, гоҳ ҳамчу хазон сӯзӣ.
Пайдо шудаӣ, эй дил, эҳёят муборак бод. (2)

Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳоят муборак бод,
Занҷири ҷунун, ай дил, дар поят муборак бод!
Доро шудаӣ, ай дил, дунёят муборак бод!

Шеър аз Фазлаҳмади Найнавоз дар пайравии Мавлавӣ

19/212

Ошиқ шудам, гуноҳам ин аст

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_4 Madar:

Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст,
Дарди дили бепаноҳам ин аст.
(2)

Саф баста ҳамеша гирди ман ғам,
Ман марди ғамам, сипоҳам ин аст.
Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст,
Дарди дили бепаноҳам ин аст. (2)

Ҷуз дард нарӯяд аз гили ман,
Ман боғи ғамам, гиёҳам ин аст.
Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст,
Дарди дили бепаноҳам ин аст.

Ҷӯшад сару хун ба дил занад мавҷ,
Ман баҳри ғамам, рафоҳам ин аст.
Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст,
Дарди дили бепаноҳам ин аст. (2)

МАТНИ ШЕЪР:
Ошиқ шудаам, гувоҳам ин аст,
Дарди дили бепаноҳам ин аст.
Ҷуз дард нарӯяд аз гили ман,
Ман боғи ғамам, гиёҳам ин аст.
Шуд мӯйи сарам ба ранги кофур,
Поёни шаби сиёҳам ин аст.
Бо марг ҳамеша дар ситезам,
Дар зиндадилӣ гувоҳам ин аст.
Борад ба раҳи вафо агар тир,
Вопас наравам, ки роҳам ин аст.
Ҷӯшад сару хун ба дил занад мавҷ,
Ман баҳри ғамам, рафоҳам ин аст.

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ?

20/213

Ошиқам, ошиқ ба рӯят

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_4 Madar:

Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон, (2)
Сӯхтам дар орзуят, гар намедонӣ, бидон.
Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон,
Сӯхтам дар орзуят, гар намедонӣ, бидон.
Ошиқам, ошиқ ба рӯ…

Бо ҳама занҷиру банду ҳилаву макри рақиб, (2)
Хоҳам омад ман ба кӯят, гар намедонӣ, бидон.
Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон,
Сӯхтам дар орзуят, гар намедонӣ, бидон.
Ошиқам, ошиқ ба рӯ…

Машнав аз бадгӯ сухан, ман сустпаймон нестам, (2)
Ҳастам андар ҷустуҷӯят, гар намедонӣ, бидон. (2)
Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон,
Сӯхтам дар орзуят, гар намедонӣ, бидон.
Ошиқам, ошиқ ба рӯ…

Гар рақиб аз ғам бимирад, ё ҳасад кӯраш кунад, (2)
Бӯса хоҳам зад ба рӯят, гар намедонӣ, бидон. (2)
Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон,
Сӯхтам дар орзуят, гар намедонӣ, бидон. (2)
Ошиқам, ошиқ ба рӯ…

МАТНИ ШЕЪР:
Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон,
Сӯхтам дар орзуят, гар намедонӣ, бидон.
Бо ҳама занҷиру банду ҳилаву макри рақиб,
Хоҳам омад ман ба кӯят, гар намедонӣ, бидон.
Машнав аз бадгӯ сухан, ман сустпаймон нестам,
Ҳастам андар ҷустуҷӯят, гар намедонӣ, бидон.
Гар пас аз мурдан биёӣ бар сари болини ман,
Зинда хоҳам шуд ба бӯят, гар намедонӣ, бидон.
Ин ки дил ҷойи дигар ғайр аз сари кӯят нарафт,
Баста онро тори мӯят, гар намедонӣ, бидон.
Гар рақиб аз ғам бимирад, ё ҳасад кӯраш кунад,
Бӯса хоҳам зад ба рӯят, гар намедонӣ, бидон.
Ҳеҷ медонӣ, ки ин Лоҳутии овора кист?
Ошиқи рӯйи накуят, гар намедонӣ, бидон.

Шеър аз Абулқосим Лоҳутӣ

21/214

Ошиқи рӯят ман

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Ошиқи рӯят ман,
Бастаи мӯят ман,
Куштаи хӯят ман,
Сарви зебо!
(2)

Рӯйи зебо дорӣ,
Нозу адо дорӣ,
Ба дилам ҷо дорӣ,
Ба дилам ҷо!
(2)

Ошиқи рӯят ман,
Бастаи мӯят ман,
Куштаи хӯят ман,
Сарви зебо!
(2)

Ай рухат ҳамчун рӯз,
Чашм бар чашмам дӯз,
З-оташаш қалбам сӯз,
Ёри зебо!
(2)

Ошиқи рӯят ман,
Бастаи мӯят ман,
Куштаи хӯят ман,
Сарви зебо!
(3)

22/215

Пайдо шуду пайдо шуд

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_9 Gulbadan:

Пайдо шуду пайдо шуд гумгаштаи мо имшаб,
Мечархаму мерақсам бо боди сабо имшаб.
(2)

Як рӯз нашуд бо мо ин чархи фалак ҳамроҳ, (2)
Гӯйӣ, ману дил ҳастем меҳмони Худо имшаб. (2)

Пайдо шуду пайдо шуд гумгаштаи мо имшаб,
Мечархаму мерақсам бо боди сабо имшаб.
(2)

Девона дили мискин бовар накунад ин бахт, (2)
Ҳақ дорад, агар дорад сад чуну чаро имшаб. (2)

Пайдо шуду пайдо шуд гумгаштаи мо имшаб,
Мечархаму мерақсам бо боди сабо имшаб.
(2)

Дар кулбаи мо хуршед меҳмон шуда боз имрӯз, (2)
Дар маҳфили мо маҳтоб афшонда сафо имшаб. (2)

Пайдо шуду пайдо шуд гумгаштаи мо имшаб,
Мечархаму мерақсам бо боди сабо имшаб.
(2)
Бо боди сабо имшаб. (4)

Шеър аз Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)

Пару болам шикаста — ниг. 12/119 Дили мо ҳар чӣ решу хаста беҳтар

23/216

Пиндоштам, ҳамеша гули хотири манӣ

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Пиндоштам, ҳамеша гули хотири манӣ, (2)
Ишқи манӣ, умеди манӣ, дилбари манӣ. (2)

Пиндоштам, ки аз пайи танҳоиву сукут, (2)
Аз умр он чӣ монда ба ҷо, дар бари манӣ. (2)

Пиндоштам, ҳамеша гули хотири манӣ,
Ишқи манӣ, умеди манӣ, дилбари манӣ. (2)

Пиндоштам, нигоҳи ту пайки муҳаббат аст, (2)
Шавқи манӣ, нишоти манӣ, соғари манӣ.

Пиндоштам, ҳамеша гули хотири манӣ,
Ишқи манӣ, умеди манӣ, дилбари манӣ. (2)

МАТНИ ШЕЪР:
Пиндоштам, ҳамеша гули хотири манӣ,
Ишқи манӣ, умеди манӣ, дилбари манӣ.
Пиндоштам, чу нақши диловези субҳдам
Дар интизори шоми сияҳпайкари манӣ.
Пиндоштам, ба дашти ғамангези зиндагӣ
Ёри манӣ, паноҳи манӣ, ёвари манӣ.
Пиндоштам, нигоҳи ту пайки муҳаббат аст,
Шавқи манӣ, нишоти манӣ, соғари манӣ.
Пиндоштам, ки софии зангори хотирӣ,
Пиндоштам, ки шаҳди манӣ, шаккари манӣ.
Пиндоштам, ки дар паси танҳоиву сукут
Аз умр он чӣ монд ба ҷо, дар бари манӣ.
Пиндоштам, ки талхии айёми рафтаро
То интиҳои умр сафогустари манӣ…!

Шеър аз Сайид Муҳаммад Аҳмади Паноҳӣ

24/217

Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_9 Gulbadan:

Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт,
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт.
(2)

Моро дигар чӣ чашми умеде зи пирӣ-ст,
Умеде зи пирӣ-ст,
К-аз пеши ман ҷавонӣ бо чашми тар гузашт.
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт,
Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт,
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт.

Ай ғарқа бод, киштии умре, ки рӯзу шаб,
Умре, ки рӯзу шаб,
Дар баҳри оби дидаву хуни ҷигар гузашт.
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт,
Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт,
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт.

Аз даст кори ман шуду ҷонам ба лаб расид,
Ҷонам ба лаб расид,
Аз по даруфтодаму обам зи сар гузашт.
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт,
Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт,
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт.
Бехабар гузашт. (3)

МАТНИ ШЕЪР:
Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт,
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт.
Моро дигар чӣ чашми умеде зи пирӣ аст,
К-аз пеши ман ҷавонӣ бо чашми тар гузашт.
Гӯ, баъди ман касе накунад ҳеҷ ёди ман,
Ин хобу ин хаёл наярзад ба саргузашт.
Ай ғарқа бод, киштии умре, ки рӯзу шаб,
Дар баҳри оби дидаву хуни ҷигар гузашт.
Аз даст кори ман шуду ҷонам ба лаб расид,
Аз по дарафтодаму обам зи сар гузашт.
Бо содагӣ бисоз, Низомо, ки саҳлтар,
Он кас гузашт, к-аз ҳама кас содатар гузашт.

Шеър аз Низоми Вафо

25/218

Пур кун пиёларо

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_5 Awara:

Пур кун пиёларо,
Пур кун пиёларо, к-ин оби оташин,
К-ин оби оташин,
Дерест, раҳ ба ҳоли харобам намебарад.
Пур кун пиёларо…

Ин ҷомҳо, ки аз пайи ҳам мешавад тиҳӣ,
Дарёи оташ аст, ки резам ба коми хеш.
Гирдоб мерабояду обам намебарад,
Пур кун пиёларо, к-ин оби оташин,
Дерест, раҳ ба ҳоли харобам намебарад.

Ман бо саманди саркаши ҷодуии шароб,
То дурдасти олами пиндор рафтаам, (2)
То шаҳри ёдҳо,
То шаҳри ёдҳо, дигар шароб ҳам
Ҷуз то канори бистари хобам намебарад.

Пур кун пиёларо,
Пур кун пиёларо, к-ин оби оташин,
Дерест, раҳ ба ҳоли харобам намебарад.
Пур кун пиёларо,
Пур кун пиёларо, к-ин оби оташин,
К-ин оби оташин,
Пур кун пиёларо… (2)

Шеър аз Фаридуни Муширӣ

26/219

Пӯшида чун ҷон меравӣ

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-02 Mosum-e Gul:

Пӯшида чун ҷон меравӣ
Пӯшида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман,
Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман. (2)
(2)

Ҳафт осмонро бардарам в-аз ҳафт дарё бигзарам, (2)
Чун дилбарона бингарӣ дар ҷони саргардони ман. (2)
Пӯшида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман,
Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман. (2)

Аз лутфи ту чун ҷон шавам, в-аз хештан пинҳон шавам, (2)
Ай ҳасти ту пинҳон шуда дар ҳастии пинҳони ман. (2)
Пӯшида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман,
Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман. (2)

Чун меравӣ, бе ман марав, ай ҷони ҷон, бе тан марав, (2)
В-аз чашми ман берун марав, ай шуълаи тобони ман. (2)
Пӯшида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман,
Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман. (2)

МАТНИ ШЕЪР:
Пӯшида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман,
Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман.
Чун меравӣ, бе ман марав, ай ҷони ҷон, бе тан марав,
В-аз чашми ман берун машав, ай машъалай тобони ман.
Ҳафт осмонро бардарам в-аз ҳафт дарё бигзарам,
Чун дилбарона бингарӣ дар ҷони саргардони ман.
То омадӣ андар барам, шуд куфру имон чокарам,
Ай дидани ту, дини ман, в-ай рӯйи ту имони ман.
Бепову сар кардӣ маро, бехобу хӯр кардӣ маро,
Дар пеши Яъқуб андар о, ай Юсуфи Канъони ман!
Аз лутфи ту чун ҷон шудам, в-аз хештан пинҳон шудам,
Ай ҳасти ту пинҳон шуда дар ҳастии пинҳони ман.
Гул ҷомадар аз дасти в-ай чашми наргис масти ту,
Ай шохаҳо обасти ту в-ай боғи бепоёни ман.
Як лаҳза доғам мекушӣ, як дам ба боғам мекашӣ,
Пеши чароғам мекашӣ, то во шавад чашмони ман.
Ай ҷони пеш аз ҷонҳо, в-ай кони пеш аз конҳо,
Ай они беш аз онҳо, ай они ман, ай они ман.
Чун манзили мо хок нест, гар тан бирезад, бок нест,
Андешаам афлок нест, ай васли ту Кайвони ман.
Бар ёди рӯйи моҳи ман, бошад фиғону оҳи ман,
Бар бӯйи шоҳаншоҳи ман ҳар лаҳзае ҳайрони ман.
Ай ҷон, чу зарра дар ҳаво, то шуд зи хуршедат ҷудо,
Бе ту чаро бошад чаро, ай асли чор аркони ман.
Ай шаҳ, Салоҳуддини ман, раҳдони ман, раҳбини ман,
Ай фориғ аз тамкини ман, ай бартар аз имкони ман.

Шеър аз Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)

27/220

Рав, сар бинеҳ ба болин
(Танҳо маро раҳо кун)

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун, (2)
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун. (2)

Моему мавҷи савдо, шаб то ба рӯз танҳо,
Хоҳӣ, биё бибахшой, хоҳӣ, бирав ҷафо кун.

Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун,
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.

Бар шоҳи хубрӯён воҷиб вафо набошад, (2)
Ай зардрӯйи ошиқ, ту сабр кун, вафо кун.

Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун,
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.
(2)
Шабгарди мубтало кун…

МАТНИ ШЕЪР:
Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун,
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.
Моему мавҷи савдо, шаб то ба рӯз танҳо,
Хоҳӣ, биё бубахшо, хоҳӣ, бирав ҷафо кун.
Аз ман гурез, то ту ҳам дар бало наяфтӣ,
Бигзин раҳи саломат, тарки раҳи бало кун.
Моему оби дида, дар кунҷи ғам хазида,
Бар оби дидаи мо сад ҷойи осиё кун.
Хиракушест моро, дорад диле чу хоро,
Бикушад, касаш нагӯяд: « Тадбири хунбаҳо кун».
Бар шоҳи хубрӯён воҷиб вафо набошад,
Ай зардрӯйи ошиқ, ту сабр кун, вафо кун.
Дардест ғайри мурдан, онро даво набошад,
Пас ман чӣ гуна гӯям, к-ин дардро даво кун?!
Дар хоб дӯш пире дар кӯйи ишқ дидам,
Бо даст ишоратам кард, ки азм сӯйи мо кун.
Гар аждаҳост бар раҳ, ишқест чун зумуррад,
Аз барқи ин зумуррад, ҳай дафъи аждаҳо кун.
Бас кун, ки бехудам ман в-ар ту ҳунарфизойӣ,
Таърихи Бӯалӣ кун, танбеҳи Булъало кун.

Шеър аз Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)

28/221

Равшании чашмам
(Ишқи ту бар ман заҷрҳо дорад)

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_13 Ahange Zindagee:

Равшании чашмам, бе ту натвонам,
Як шабе бо худ, будану зистан.

Ишқи ту бар ман заҷрҳо дорад,
Васли ту, аммо розҳо дорад.
(2)

Ман набитвонам гиря сар додан,
Дар раҳи васлат чашм ба роҳ будан.

Ишқи ту бар ман заҷрҳо дорад,
Васли ту, аммо розҳо дорад.

Қаҳр макун бар ман, ай дилоромам,
Зуд о пешам, ту маранҷонам.

Ту умеди ман, ту паноҳи ман,
Ту шукӯҳи ишқ, қиссаҳои ман.
Ҳм-ҳҳм…. (4)
Ҳҳу-ҳҳу-… (4)
Ҳм-ҳҳм…. (2)

Шеър аз Абдулаҳмади Адо

29/222

Рақс бикун, шӯр бидеҳ

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз ?Music_Centre_Vol-05 Too Bamanee:

Рақс бикун, шӯр бидеҳ, (2)
Хирмани зулфон, алло,
Моҳи шабистон.
(2)
Чарх бизан, чарх бизан,
У пиёла чашмон, алло
Офати даврон.
(2)

Занг бизан, занг катӣ
Пойи булӯрин, алло,
Хирмани тамкин.
(2)
Чак-чак бикун, қарс бизан,
Сархели хубон, сару
Шона биҷунбон.
(2)

Рақс бикун, шӯр бидеҳ,
Хирмани зулфон, алло,
Моҳи шабистон.
Чарх бизан, чарх бизан,
У пиёла чашмон, алло,
Офати даврон.

Пиёла бизан, бода бирез
Ба соғари ман, бути
Моҳпайкари ман.
(2)
Чашмак бизан, чашмак ба ман,
Бути рақибон, алло,
Баргаштамижгон.
(2)

Рақс бикун, шӯр бидеҳ,
Хирмани зулфон, алло,
Моҳи шабистон.
(2)
Чарх бизан, чарх бизан,
У пиёла чашмон, алло,
Офати даврон.
(2)
Рақс бикун, шӯр бидеҳ,
Хирмани зулфон, алло,
Моҳи шабистон.

30/223

Раҳон маро

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-03 Lylee Jaan:

Раҳон маро, раҳон маро.
Аз дарду нотавонӣ,
Аз сӯзи ҷовидонӣ,
Аз тундбоди хазонӣ,
Аз ашки арғувонӣ.
Овора, бечора, қалби ман садпора, (2)
Раҳон маро, раҳон маро.

Бирав, ай бевафо, ёдам накардӣ,
Ба коғаз номае шодам накардӣ.
Ба мактабхонаи ишқи ту будам,
Сабақ додию устодам накардӣ.
Раҳон маро, раҳон маро.
Аз дарду нотавонӣ,
Аз сӯзи ҷовидонӣ,
Аз тундбоди хазонӣ,
Аз ашки арғувонӣ.
Овора, бечора, қалби ман садпора, (2)
Раҳон маро, раҳон маро.

Нигори нозанини аҳли дардам,
Сарамро гар бурӣ, аз ту нагардам.
Сарамро гар бурӣ бо ханҷари тез,
Ба хун ҷавлон зада гирдат бигардам.

Раҳон маро, раҳон маро.
Аз дарду нотавонӣ,
Аз сӯзи ҷовидонӣ,
Аз тундбоди хазонӣ,
Аз ашки арғувонӣ.
Бечора, Овора, қалби ман садпора,
Овора, бечора, қалби ман садпора,
Раҳон маро, раҳон маро. (3)

31/224

Рӯзу шабам алам-1
(Дил нест кабӯтар)

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз Radio_Album2:

Дил нест кабӯтар, ки чу бархост, нишинад,
Аз гӯшаи боме, ки паридем, паридем.

Рӯзу шабам алам
Рӯзу шабам алам, резам сиришки ғам,
Бигзашт умри ман бо чашми пурнам. (2)
Бо чашми пурнам.
Рӯзу шабам алам…

Ман бегуноҳам, ту бадгумонӣ, (2)
Ҷуз ту нахоҳам, ту ин надонӣ. (2)
Шоҳиду гувоҳи ман,
Шоҳиду гувоҳи ман, ранги хазонӣ, санам.

Рӯзу шабам алам
Рӯзу шабам алам, резам сиришки ғам,
Бигзашт умри ман бо чашми пурнам. (2)
Бо чашми пурнам.
Рӯзу шабам алам…

Мағруру саркаш, худхоҳу бадмаст, (2)
Бо ин ҳама айбат, додам дил аз даст. (2)
Надониста будам, надониста будам, (2)
Дилат несту санг аст, санам, (2)
Рӯзу шабам алам
Рӯзу шабам алам, резам сиришки ғам.

Агар диҳед ба сайёди мо ниҳоят дил,
Ба фикри сайди дигар бошад ошиқони дигар.

Рафтам зи кӯят, аз доми мӯят, (2)
Дигар наёям, дар ҷустуҷӯят. (2)
Ба аввал сафои қалб кунам акси рӯят, санам.
Рӯзу шабам алам
Рӯзу шабам алам, резам сиришки ғам,
Бигзашт умри ман бо чашми пурнам. (2)
Бо чашми пурнам.
Рӯзу шабам алам… (3)

32/225

Рӯзу шабам алам-2
(Зи ҳодисоти ҷаҳон)

Таҳрири охирини матн 11.07.2020

Аз AM_Album_4 Madar:

Зи ҳодисоти ҷаҳонам ҳамин хуш омаду бас,
Ки зишту хубу бади рӯзгор даргузар аст.

Рӯзу шабам алам,
Рӯзу шабам алам, резам сиришки ғам, (2)
Бугзашт умри ман бо чашми пурнам.
Рӯзу шабам алам… (2)

Ман бегуноҳам, ту бадгумонӣ, (2)
Ҷуз ту нахоҳам, ту ин надонӣ. (2)
Шоҳиду гувоҳи ман,
Шоҳиду гувоҳи ман, ранги хазонӣ, санам,
Рӯзу шабам алам,
Рӯзу шабам алам, резам сиришки ғам,
Рӯзу шабам алам …

Мағруру саркаш, худхоҳу бадмаст, (2)
Бо ин ҳама айбат, додам дил аз даст. (2)
Надониста будам, надониста будам, (2)
Дилат несту санг аст, санам,
Рӯзу шабам алам, (2)
Рӯзу шабам алам, резам сиришки ғам,
Рӯзу шабам алам … (4)

А  Б  В  Г  Ғ  Д  Ё  З  И  К  Қ  Л  М  Н  О  П  Р  С  Т  У  Ф  Х  Ҳ  Ч  Ҷ  Ш  Я 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 2

  1. Асалому алайкум бародар… дастатон дард накунад.. бисёр як кори хайр… саломат бошед!!!..як савол.. скачать мешаванд ин сурудҳои Аҳмад Зоҳир?..

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.