Аҳмад Зоҳир. ҲЧҶШЯ. Сиву чаҳор суруд

Абдуҳамид Тағоев / Июл.22.2014. / 8 гузориш

ahmad_zohir_A
Аҳмад Зоҳир
Ҳарчанд ки дур аз туву пеши дигаронам,
Ҳар ҷо ки равам, номи ту ояд ба забонам.
Оре, ба Худо, бе ту сари зистанам нест,
Нодидани рӯйи ту таҳаммул натавонам.
Аҳволи ту аз хатти қашанги ту биҷӯям,
Ҳаррӯза ба роҳ мунтазири номарасонам.
Ҳар ҷо ки равам, ёди туро мекунад ин дил,
Дар қалби манӣ, гарчи миёни дигаронам.

Ҳаволадор, ба ту мегӯям — ниг. Шикоят дорам

1/261

Ҳавои ишқи ту

Ҳавои ишқи ту аз сар бадар нахоҳад рафт,
Касе, ки бар дарат омад, дигар нахоҳад рафт.
Ба ваъдагоҳ, ҳамон шаб, ки гиря мекардем,
Магар нагуфт, ки бе мо сафар нахоҳад кард.
Марон зи майкада, соқӣ, маро фурсат деҳ,
Касе, ки нимашаб омад, саҳар нахоҳад рафт.

Ҳалқа бар дар натавон задан аз бими рақибон — ниг. 13/177 Ман надонистам аз аввал-3

2/262

Ҳама ёронам ба парешонӣ

Ҳама ёронам ба парешонӣ, ки сияҳ шому саҳаре дорам,
Дили ман, ин нукта ту медонӣ, ки ба торикӣ қамаре дорам.

Ҳама гӯяндам, ки раҳояш кун, дил агар дорӣ ба Худояш кун,
Дилу дин фориғ зи ҷафояш кун, чӣ кунам ман гӯши каре дорам.

Ҳама ёронам ба парешонӣ, ки сияҳ шому саҳаре дорам,
Дили ман, ин нукта ту медонӣ, ки ба торикӣ қамаре дорам.

Чӣ хато дидӣ, чӣ ҷафо дидӣ, чӣ ба ғайр аз меҳру вафо дидӣ,
Ҳама шаб вирди даҳанам будӣ, ки ба ширинӣ шакаре дорам.

Ҳама ёронам ба парешонӣ, ки сияҳ шому саҳаре дорам,
Дили ман, ин нукта ту медонӣ, ки ба торикӣ қамаре дорам.

3/261

Ҳама рӯз аз ту ба қаҳрам

Ҳама рӯз аз ту ба қаҳрам, ҳама шаб бо ту ба ҷангам,
Ҳама лабрези фиғонам, ба фиғон аз дили тангам.

Пари дил боз намудам, раҳи парвоз кушудам,
Пару болам ту шикастӣ, задӣ азбаски ба сангам.

Ҳама рӯз аз ту ба қаҳрам, ҳама шаб бо ту ба ҷангам,
Ҳама лабрези фиғонам, ба фиғон аз дили тангам.

Дили ман ин дили шайдо, зи ту он сон шуда расво,
Ки дигар мункири номам, ки дигар душмани нангам.

Ҳама рӯз аз ту ба қаҳрам, ҳама шаб бо ту ба ҷангам,
Ҳама лабрези фиғонам, ба фиғон аз дили тангам.
Ба фиғон аз дили тангам.

Ҳама рӯз аз ту ба қаҳрам, ҳама шаб бо ту ба ҷангам,
Ҳама лабрези фиғонам, ба фиғон аз дили тангам.

4/264

Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам

ТАРЗИ 1
Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам,
Ҳамин қисмати ман буд ҳазор ранг.
Ҳамаш гӯшаи танҳоӣ нишастан,
Ҳамаш шохаи уммед шикастан.

Бача нашӯ, ай дил,
Бача нашӯ, ай дил,
Ишқат фаромӯш кун,
То нашавӣ расво,
Ҳарфи мара гӯш кун.
Бас аст дигар, бас аст дигар сӯхтан,
Шӯълара хомӯш кун.

Бача нашӯ, ай дил,
Бача нашӯ, ай дил.

Ҳама ҳарфҳо ёдеш рафт,
Ҳама ҳарфҳо ёдеш рафт,
Муҳаббатҳо ёдеш рафт.
Дигар барнамегардад,
Дилам лонаи дард аст,
Дилам лонаи дард аст.

Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам,
Ҳамин қисмати ман буд ҳазор ранг.
Ҳамаш гӯшаи танҳоӣ нишастан,
Ҳамаш шохаи уммед шикастан.

Бача нашӯ, ай дил,
Бача нашӯ, ай дил,
Ишқат фаромӯш кун,
То нашавӣ расво,
Ҳарфи мара гӯш кун.
Бас аст дигар, бас аст дигар сӯхтан,
Шӯълара хомӯш кун.

ТАРЗИ 2
Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам,
Ҳамин қисмати ман буд ҳазор ранг.

Бача нашӯ, ай дил,
Ишқат фаромӯш кун,
То нашудӣ берун
Ишқат фаромӯш кун.
Бас аст дигар, бас аст дигар сӯхтан,
Шӯълара хомӯш кун.
Бача нашӯ, ай дил,
Бача нашӯ, ай дил.

Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам,
Ҳамин қисмати ман буд ҳазор ранг.
Ҳамаш гӯшаи танҳоӣ нишастан,
Ҳамаш шохаи уммед шикастан.

Бача нашӯ, ай дил,
Ишқат фаромӯш кун,
То нашудӣ берун
Ишқат фаромӯш кун.
Бас аст дигар, бас аст дигар сӯхтан,
Шӯълара хомӯш кун.
Бача нашӯ, ай дил,
Бача нашӯ, ай дил,
Ишқат фаромӯш кун.

Ҳама ҳарфҳою бишкаст,
Муҳаббатҳою бишкаст,
Дигар барнамегардад,
Дилам лонаи дард аст,
Дилам лонаи дард аст.

Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам,
Ҳамин қисмати ман буд ҳазор ранг.
Ҳамаш гӯшаи танҳоӣ нишастан,
Ҳамаш шохаи уммед шикастан.

Бача нашӯ, ай дил,
Ишқат фаромӯш кун,
То нашудӣ берун
Ишқат фаромӯш кун.
Бас аст дигар, бас аст дигар сӯхтан,
Шӯълара хомӯш кун.
Бача нашӯ, ай дил,
Бача нашӯ, ай дил,
Ишқат фаромӯш кун.

5/265

Ҳамчу най менолам

Ҳамчу най менолам аз савдои дил,
Оташе дар сина дорам ҷойи дил.
Ман, ки бо ҳар доғ пайдо сохтам,
Сӯхтам аз доғи нопайдои дил.
Ҳамчу мавҷам, як нафас ором нест,
Баски тӯфонзо бувад дарёи дил.
Дил, агар аз ман гурезад, войи ман,
Ғам, агар аз дил гурезад, войи дил.
Мо зи расвоӣ баландовозаем,
Номвар шуд, ҳар ки шуд расвои дил.
Хонаи мӯр асту манзилгоҳи бум,
Осмон бо ҳиммати волои дил.
Ганҷи мунъим хирмани симу зар аст,
Ганҷи ошиқ — гавҳари яктои дил.
Дар миёни ашки навмедӣ, Раҳӣ,
Хандам аз уммедвориҳои дил.

Шеър аз Раҳии Муҳайирӣ

6/266

Ҳанӯз бар лаби ман

Ҳанӯз бар лаби ман ҷойи бӯсаҳои ту аст,
Ҳанӯз мавҷзанон дар дилам ҳавои ту аст.

Ҳанӯз гумшуда дилдори ошнои манӣ,
Ки нестӣ ту, вале ёди ту ба ҷойи ту аст.

Ба боғ рафтам аз он раҳ, ки бо ту рафтам дӯш,
Ҳанӯз гӯйӣ, ки андар фазо садои ту аст.

Ҳанӯз бар лаби ман ҷойи бӯсаҳои ту аст,
Ҳанӯз мавҷзанон дар дилам ҳавои ту аст.

7/267

Ҳар мӯйи ман

Ҳар мӯйи ман аз ишқат байту ғазале гашта,
Ҳар узви ман аз завқат хумми асале гашта.
Хуршеди ҳамал рӯят, дарёи асал хӯят,
Ҳар зарра зи хуршедат соҳибамале гашта.
Ин дил зи ҳавои ту дилро ба ҳаво дода,
В-ин ҷон зи лиқои ту бурҷи ҳамалӣ гашта.

8/268

Ҳар ҷо ки сафар кардам

Ҳар ҷо ки сафар кардам, ту ҳамсафарам будӣ,
В-аз ҳар тарафе рафтам, ту роҳбарам будӣ.

Бо ҳар ки сухан гуфтам, посух зи ту бишнуфтам,
Бар ҳар ки назар кардам, ту дар назарам будӣ.

Ҳар ҷо ки сафар кардам, ту ҳамсафарам будӣ,
В-аз ҳар тарафе рафтам, ту роҳбарам будӣ.

Дар субҳдами ишрат ҳамдӯши ту мерафтам,
Дар шомгаҳи ғурбат болини сарам будӣ.

Ҳар ҷо ки сафар кардам, ту ҳамсафарам будӣ,
В-аз ҳар тарафе рафтам, ту роҳбарам будӣ.

МАТНИ ШЕЪР:
Ҳар ҷо ки сафар кардам, ту ҳамсафарам будӣ,
В-аз ҳар тарафе рафтам, ту роҳбарам будӣ.
Бо ҳар ки сухан гуфтам, посух зи ту бишнуфтам,
Бар ҳар ки назар кардам, ту дар назарам будӣ.
Ҳар шаб, ки қамар тобид, ҳар субҳ, ки сар зад шамс,
Дар гардиши рӯзу шаб шамсу қамарам будӣ.
Дар субҳдами ишрат ҳамдӯши ту мерафтам,
Дар шомгаҳи ғурбат болини сарам будӣ.
Дар хандаи ман чун ноз дар кунҷи лабам хуфтӣ,
Дар гиряи ман чун ашк дар чашми тарам будӣ.
Чун тарҳи ғазал кардам, байтулғазалам гаштӣ,
Чун арзи ҳунар кардам, зеби ҳунарам будӣ.
Овоз, чу мехондам, сӯзи ту ба созам буд,
Парвоз, чу мекардам, ту болу парам будӣ.
Ҳаргиз дили ман ҷуз ту ёри дигаре нагзид,
В-ар хост, ки бигзинад, ёри дигарам будӣ.
Сармад ба диёри худ, аз роҳ расида, гуфт:
«Ҳар ҷо ки сафар кардам, ту ҳамсафарам будӣ».

Шеър аз Содиқи Сармад

9/269

Ҳаргиз касе ба рӯзи мани нотавон мабод

Ҳаргиз касе ба рӯзи мани нотавон мабод,
Монанди ман фусурдадиле дар ҷаҳон мабод.
Бас ранҷ дидаам зи дили меҳрубони хеш,
Ё раб, диле дигар ба ҷаҳон меҳрубон мабод.
Гар шуд хазон баҳори ман аз дурият, чӣ бок,
Ай гул, туро баҳори ҷавонӣ хазон мабод.
Ҳар кас ки меравад, ниҳад аз худ нишонае,
Аз ман ба ҷуз фасонаи ишқат нишон мабод.
Сӯзад агар чу шамъ забонам зи сӯзи ишқ,
Ҳарфе ба ғайри ишқ маро дар забон мабод,
Ҳар кас ки нолаҳои диламро шунид, гуфт:
«Мурғе шикастаболу ҷудо з-ошён мабод!»
Хуш ошёнаест барои вафо дилам,
Ҷуз барқи ишқ офати ин ошён мабод.

Шеър аз Абулҳасани Варзӣ

10/270

Ҳаргиз, ҳаргиз, ҳаргиз

Ҳаргиз, ҳаргиз, ҳаргиз бе ту намехандам,
Бе ту ишқе бар дил ҳаргиз намебандам.

Худо, Худо, Худоё,
Агар ба коми ман
Ҷаҳон нагардонӣ,
Ҷаҳон бисӯзонам,
Агар Худо, Худоё,
Маро бигирёнӣ,
Ман осмонатро
Аз ғам бигирёнам.

Манам, ки дар дил зи номуродӣ фасонаҳо дорам,
Манам, ки чун гул шукуфта бар лаб таронаҳо дорам.
Ҳаргиз, ҳаргиз, ҳаргиз бе ту намехандам,
Бе ту ишқе бар дил ҳаргиз намебандам..

Ту биё фурӯғи орзуҳо, ки ранҷи ҷустуҷӯро поён туӣ,
Ту биё, ки бе ту оҳи сардам, ки бе ту мавҷи дардам, дармон туӣ.

Шеър аз Муҳаммад Алии Шерозӣ,
оҳанги Анӯшервони Рӯҳонӣ

11/271

Ҳарчанд, ки дур аз туву

Ҳарчанд ки дур аз туву пеши дигаронам,
Ҳар ҷо ки равам, номи ту ояд ба забонам.

Оре, ба Худо, бе ту сари зистанам нест,
Нодидани рӯйи ту таҳаммул натавонам.
Ҳар ҷо ки равам, номи ту ояд ба забонам.
Ҳарчанд ки дур аз туву пеши дигаронам,
Ҳар ҷо ки равам, номи ту ояд ба забонам.

Аҳволи ту аз хатти қашанги ту биҷӯям,
Ҳаррӯза ба роҳ мунтазири номарасонам.
Ҳар ҷо ки равам, номи ту ояд ба забонам.
Ҳарчанд ки дур аз туву пеши дигаронам,
Ҳар ҷо ки равам, номи ту ояд ба забонам.

12/272

Ҳошо, ки ман ба мавсими гул

Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарки май кунам,
Ман лофи ақл мезанам, ин кор кай кунам?
Ҳошо, ки ман ба мавсими гул…

Аз қолуқили мадраса ҳолӣ дилам гирифт,
Якчанд низ хидмати маъшуқу май кунам.
Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарки май кунам,
Ман лофи ақл мезанам, ин кор кай кунам?
Ҳошо, ки ман ба мавсими гул…

Хоки маро чу дар азал аз май сириштаанд,
Бо муддаӣ бигӯ, ки чаро тарки вай кунам?
Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарки май кунам,
Ман лофи ақл мезанам, ин кор кай кунам?
Ҳошо, ки ман ба мавсими гул…

МАТНИ ШЕЪР:
Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарки май кунам,
Ман лофи ақл мезанам, ин кор кай кунам?
Мутриб куҷост, то ҳама маҳсули зӯҳду илм,
Дар кори чангу барбату овози най кунам.
Аз қилуқоли мадраса ҳолӣ дилам гирифт,
Якчанд низ хидмати маъшуқу май кунам.
Кай буд дар замона вафо? Ҷоми май биёр,
То ман ҳикояти Ҷаму Ковусу Кай кунам.
Аз номаи сиёҳ натарсам, ки рӯзи ҳашр
Бо файзи лутфи ӯ сад аз ин нома тай кунам.
Ку пайки субҳ, то гилаҳои шаби фироқ,
Бо он хуҷастатолеи фархундапай кунам!
Ин ҷони орият, ки ба Ҳофиз супурд дӯст,
Рӯзе рухаш бубинаму таслими вай кунам.

Шеър аз Ҳофизи Шерозӣ

13/273

Ҳуснат рабояд обутоб

Ҳуснат рабояд обутоб аз офтоб, ай моҳтоб,
Баркан саҳобе чун ниқоб, ай боҳиҷоб, ай моҳтоб.

Ай тоҷи зар, иклили шаб,
Ай нукри он қандили шаб,
Ай боиси тазвили шаб,
Зарринҳубоб, ай офтоб.
Ҳуснат рабояд обутоб аз офтоб, ай моҳтоб.

Дар партават май мезанам,
Ҷоми паёпай мезанам.
Бе ту қадаҳ кай мезанам,
Бар ман битоб, ай моҳтоб.
Бартар зи обӣ чун ниқоб, ай боҳиҷоб, ай моҳтоб.

Ай киштии зарринапӯш,
Бошӣ равон, лекин хамӯш,
Дар баҳри беҷӯшу хурӯш,
Беизтироб, ай моҳтоб.
Ҳуснат рабояд обутоб аз офтоб, ай моҳтоб,
Баркан саҳобе чун ниқоб, ай боҳиҷоб, ай моҳтоб.

14/274

Чаро дишаб ба сӯи ман намедидӣ, намедидӣ

Чаро дишаб ба сӯйи ман намедидӣ, намедидӣ,
Ниҳонӣ ҳам ба сӯйи ман нахандидӣ, нахандидӣ.
Тағофул буд ё аз будани ағёр тарсидӣ.

Мабодо, нозанини ман, зи ман ту саргарон бошӣ,
Худо нохоста, ай ҷон, ба ҳарфи ину он бошӣ.
Намедидӣ, нахандидӣ.

Чаро дишаб ба сӯйи ман намедидӣ, намедидӣ,
Ниҳонӣ ҳам ба сӯйи ман нахандидӣ, нахандидӣ.
Тағофул буд ё аз будани ағёр тарсидӣ.

Тамоми шаб аз ин ғам, дилбари ман, хуни дил хӯрдам,
Ба оҳу гиряву зорӣ шаби худро ба сар бурдам.
Намедидӣ, нахандидӣ.

Чаро дишаб ба сӯйи ман намедидӣ, намедидӣ,
Ниҳонӣ ҳам ба сӯйи ман нахандидӣ, нахандидӣ.
Тағофул буд ё аз будани ағёр тарсидӣ.

15/275

Чашм ба роҳат, дил ба ёдат

Чашм ба роҳат, дил ба ёдат, гиря кардам,
Сари шаб то саҳар гиря кардам, гиря кардам.

Ба маҳмил мерасидам, корвон мегзашту мерафт,
Ту ҷони манӣ, ҷонам ба фидоят, рӯҳам гузашту мерафт.

Чашм ба роҳат, дил ба ёдат, гиря кардам,
Сари шаб то саҳар гиря кардам, гиря кардам.

Ба пеши шабравон фарёд кардам аз ҷафоят,
Аз ман ту мапурсдӣ сели сиришкам рехта пеши поят.

Чашм ба роҳат, дил ба ёдат, гиря кардам,
Сари шаб то саҳар гиря кардам, гиря кардам.

16/276

Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман

Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.
Зулфи сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Сарат ошиқ шудам, рӯета қурбон,
Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Гирифтори туам, мӯета қурбон.
Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Ҳазорон рози дил ногуфта гуфтӣ,
Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Ду чашмони сухангӯета қурбон.
Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.
Зулфи сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Агар ёри маро дидӣ ба хилват,
Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Бигӯ, ай бевафо, ай бемурувват,
Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Гиребонро зи дастат чок кардам,
Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Нахоҳам дӯхт то рӯзи қиёмат.
Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

Чашми сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.
Зулфи сияҳ дорӣ, қурбонат шавам ман,
Хона куҷо дорӣ, меҳмонат шавам ман.

17/277

Чӣ беҳуда, чӣ сода

Чӣ беҳуда, чӣ сода, мани ошиқи хаста,
Як умре ба ҳавои туву ишқи ту давидам,
Вале аз ту ҷавобе нашунидам, нашунидам,
Вале аз ту ҷавобе нашунидам, нашунидам.

Ба ҷуз ишқи покам ту аз ин дил чӣ мехостӣ,
Чаро рост нагуфтӣ ту, агар маро намехостӣ,
Дигар дӯстат надорам, бирав зуд аз канорам,
Бирав зуд аз канорам.

Чӣ беҳуда, чӣ сода, мани ошиқи хаста,
Як умре ба ҳавои туву ишқи ту давидам,
Вале аз ту ҷавобе нашунидам, нашунидам,
Вале аз ту ҷавобе нашунидам, нашунидам.

Ту будӣ саробе, ки фиреби туро хӯрдам,
Дареғо аз ин дил, ки ба дасти ту супурдам,
Дигар дӯстат надорам, бирав зуд аз канорам,
Бирав зуд аз канорам.

Чӣ беҳуда, чӣ сода, мани ошиқи хаста,
Як умре ба ҳавои туву ишқи ту давидам,
Вале аз ту ҷавобе нашунидам, нашунидам,
Вале аз ту ҷавобе нашунидам, нашунидам.

18/278

Чӣ гармӣ, чӣ хубӣ

Чӣ гармӣ, чӣ хубӣ, шаробӣ, чӣ ҳастӣ?
Баҳорӣ, гулӣ, офтобӣ, чӣ ҳастӣ?

Шудам шод, то бар рухам ханда кардӣ,
Ту бахти манӣ, моҳтобӣ, чӣ ҳастӣ?

Чӣ гармӣ, чӣ хубӣ, шаробӣ, чӣ ҳастӣ?
Баҳорӣ, гулӣ, офтобӣ, чӣ ҳастӣ?

Лаби ташнаам аз ту коме нагирад,
Фиребӣ, дурӯғӣ, саробӣ, чӣ ҳастӣ?

Чӣ гармӣ, чӣ хубӣ, шаробӣ, чӣ ҳастӣ?
Баҳорӣ, гулӣ, офтобӣ, чӣ ҳастӣ?

Туро аз ту мепурсам, ай хуби хомӯш,
Чӣ ҳастӣ, Худоро, ҷавобе, чӣ ҳастӣ?

Чӣ гармӣ, чӣ хубӣ, шаробӣ, чӣ ҳастӣ?
Баҳорӣ, гулӣ, офтобӣ, чӣ ҳастӣ?

МАТНИ ШЕЪР:
Чӣ гармӣ, чӣ хубӣ, шаробӣ, чӣ ҳастӣ?
Баҳорӣ, гулӣ, офтобӣ, чӣ ҳастӣ?
Чӣ ҳастӣ, ки оташ ба ҷонам кашидӣ,
Суруди хушӣ, шеъри нобӣ, чӣ ҳастӣ?
Чӣ ширин нишастӣ ба бахти вуҷудам,
Худоро, ғамӣ, илтиҳобӣ, чӣ ҳастӣ?
Фурӯғе, ки аз чашми ман мегурезӣ,
Ва ё, ай ҳама хуб, хобӣ, чӣ ҳастӣ?
Шудам шод, то ханда кардӣ ба рӯям,
Ту бахти манӣ, моҳтобӣ, чӣ ҳастӣ?
Лаби ташнаам аз ту коме нагирад,
Фиребӣ, дурӯғӣ, саробӣ, чӣ ҳастӣ?
Ту аз духтарони турунҷи тиллоӣ,
Ва ё аз париҳои обӣ, чӣ ҳастӣ?
Туро аз ту мепурсам, ай хуби хомӯш,
Чӣ ҳастӣ, Худоро, ҷавобе, чӣ ҳастӣ?

Шеър аз Ҳусайни Манзавӣ

19/279

Чӣ хилоф сар зад аз мо

Чӣ хилоф сар зад аз мо, ки дари сарой бастӣ,
Бари душманон нишастӣ, дили дӯстон шикастӣ.

Сари шонаро шикастам ба баҳонаи татовул,
Ки ба ҳалқа-ҳалқа зулфат накунад дароздастӣ.

Чӣ хилоф сар зад аз мо, ки дари сарой бастӣ,
Бари душманон нишастӣ, дили дӯстон шикастӣ.

Ба камоли узр гуфтам, ки ба лаб расида ҷонам,
Зи ғурури ноз гуфтӣ, ки магар ҳанӯз ҳастӣ?

Чӣ хилоф сар зад аз мо, ки дари сарой бастӣ,
Бари душманон нишастӣ, дили дӯстон шикастӣ.

Зи тавофи Каъба бигзар, ту, ки Ҳақ намешиносӣ,
Ба дари куништ маншин, ту ки бут намепарастӣ.

Зи ту хоҳиши ғаромат накунад тане, ки куштӣ,
Зи ту орзуи марҳам накунад диле, ки хастӣ.

Касе аз харобаи дил нагирифта боҷ ҳаргиз,
Ту ба он хироҷ бастиву ба салтанат нишастӣ.

Ба қаламрави муҳаббат дари хонае нарафтӣ,
Ки ба покиаш нарафтиву ба сахтиаш набастӣ.

Ба камоли узр гуфтам, ки ба лаб расида ҷонам,
Зи ғурури ноз гуфтӣ, ки магар ҳанӯз ҳастӣ?

Зи тавофи Каъба бигзар, ту, ки Ҳақ намешиносӣ,
Ба дари куништ маншин, ту ки бут намепарастӣ.

Ту, ки тарки сар нагуфтӣ, зи паяш чӣ гуна рафтӣ?
Ту, ки нақди ҷон надодӣ, зи ғамаш чӣ гуна растӣ?

Агарат ҳавои тоҷ аст, бибӯс хоки пояш,
Ки бад-ин мақоми олӣ нарасӣ магар ба пастӣ.

Магар аз даҳони соқӣ мададе расад, вагарна,
Кас аз ин шароби боқӣ нарасад ба ҳеҷ мастӣ.

Магар аз узор сар зад хати он писар, Фурӯғӣ,
Ки ба сад ҳазор тундӣ зи каманди шавқ ҷастӣ.

Шеър аз Фурӯғии Бастомӣ

20/280

Чӣ шабҳо ба ёдат ба кунҷи ҷудоӣ…

Чӣ шабҳо ба ёдат ба кунҷи ҷудоӣ,
Ба ёдат кашидам майи арғувонӣ.
Шудам девона, девонаи рӯят,
Шудам девона, девонаи рӯят.

Ману ёди талхи ту ороми туст,
Ту ғофил зи фарёди шабҳои ман.
Чӣ девона будам, чӣ девонаам ман.
Дареғи ман, ай дӯстон, вой бар ман,
Ки ҳастам девона, девонаи рӯят.

[Чӣ шабҳо ба ёдат ба кунҷи ҷудоӣ,
Ба ёдат кашидам майи арғувонӣ.
Шудам девона, девонаи рӯят,
Шудам девона, девонаи рӯят.]*

Чӣ хуш месурудӣ ҳадису тарона,
Шабе шамъ ба боғу ту доғи шабона.
Чӣ девона будам, чӣ девонаам ман.
Чӣ шабҳо ба ёдат ба кунҷи ҷудоӣ,
Ба ёдат кашидам майи арғувонӣ.
Шудам девона, девонаи рӯят,
Шудам девона, у, девонаи рӯят.
____________
*Дар як вариант ин нақарот нест.

21/281

Чӣ шуд, ки рехт ба ҳам боз ошёнаи мо

Чӣ шуд, ки рехт ба ҳам боз ошёнаи мо,
Зи ғам гусехт чаро тору пуди хонаи мо.

Дилат насӯхт ба ин муштипар, чаро додӣ,
Ба маҳди оташи бедод ошёнаи мо?

Чӣ шуд, ки рехт ба ҳам боз ошёнаи мо,
Зи ғам гусехт чаро тору пуди хонаи мо.

Мабош дар пайи озори мо, ки метарсам,
Ҷаҳон ба бод диҳад нолаи шабонаи мо.

Чӣ шуд, ки рехт ба ҳам боз ошёнаи мо,
Зи ғам гусехт чаро тору пуди хонаи мо.

22/282

Чу дарахти фарвардин пуршукуфта шуд ҷонам

Чу дарахти фарвардин пуршукуфта шуд ҷонам,
Домане зи гул дорам, бар чӣ кас бияфшонам?
Ай насими ҷонпарвар, имшаб аз барам бигзар,
В-арна инчунин пургул то саҳар намемонам.
Ла-ла…

Дар миёни маҳтобам дар хамӯшии шабҳо,
Ҳамчу кӯҳи побарҷо сар бинеҳ ба домонам.
Чу дарахти фарвардин пуршукуфта шуд ҷонам,
Домане зи гул дорам, бар чӣ кас бияфшонам?
Ай насими ҷонпарвар, имшаб аз барам бигзар,
В-арна инчунин пургул то саҳар намемонам.
Ла-ла…

Кас ба базми майхорон, ҳоли ман намедонад,
З-он ки бо дили пурхун чун пиёла хандонам.

Лолавор хуршеде дар дилам шукуфо шуд,
Сад баҳори гармизо сар зад аз зимистонам.
Донаи умед охир, шуд ниҳол, бор овард,
Сад ҷавона пайдо шуд, аз талоши пинҳонам.
Бӯйи ёсуман дорад хобгоҳи оғӯшам,
Ранги настаран дорад шонаҳои урёнам.
Шеъри ҳамчу удамро оташи дилам сӯзад,
Мавҷи атр аз он рақсад дар дили шабистонам.
Кас ба базми майхорон, ҳоли ман намедонад,
З-он ки бо дили пурхун чун пиёла хандонам.
Дар китоби дил, Симин, ҳарфи ишқ меҷӯям,
Рӯйи гуна меларзад сояҳои мижгонам.

Шеър аз Симини Беҳбаҳонӣ

23/283

Чун саҳар равшан чароғи зиндагӣ

Чун саҳар равшан чароғи зиндагӣ,
Бар замину осмони зиндагӣ.
Лаҳни довудӣ ба гӯши мардумон,
Мардумони нотавон
Шуд танинандоз.
Хатм соз ин бандагӣ,
Хатм соз ин бандагӣ.
Оғоз гашта зиндагӣ.
Озод аз бими фано,
Оғоз шуд пояндагӣ.
Даври сарафрозист,
Озод аз шармандагӣ.
Пиру барнои Ватан,
Кӯдакону марду зан,
Бо суруру бо нишот,
Кафзанон, шодикунон,
Яксухан, ба як забон:
«Ай ту, умеди ҷавону пири ман,
Хуш омадӣ, хуш омадӣ,
Хуш омадӣ, ғурури мо,
Хуш омадӣ, сурури мо,
Хуш омадӣ, хуш омадӣ.
Бо иттиҳод даст диҳем,
Бо иттифоқи ҳамдигар,
Бинои адли пойдор,
Бинои адл омадӣ,
Ба ин ризои эзадӣ,
Ба ин ризои эзадӣ.
Хуш омадӣ, хуш омадӣ,
Хуш омадӣ, хуш омадӣ,
Хуш омадӣ, ғурури мо,
Хуш омадӣ, сурури мо.

24/284

Ҷумҳурӣ муборак

Ҷумҳурӣ муборак,
Муборак, муборак.
Муборак, муборак,
Ҷумҳурии мо муборак!
Ҷавонон, каф занед, бихонед, биболед, бигӯед:
Ҷумҳурии мо муборак!
Муборак, муборак,
Ҷумҳурии мо муборак!

Субҳи ҷумҳурӣ расид,
Шоми сияҳ сар расид,
Шишаи зулмат шикаст,
Пардаи ғамҳо дарид.
Муборак, муборак,
Ҷумҳурии мо муборак!
Ҷавонон, каф занед, бихонед, биболед, бигӯед:
Ҷумҳурии мо муборак!

Биё, чу абри баҳор,
Ашкфишонӣ зи бор,
Ки решакан мешавад,
Ақм зи афғондиёр
Муборак, муборак,
Ҷумҳурии мо муборак!
Ҷавонон, каф занед, бихонед, биболед, бигӯед:
Ҷумҳурии мо муборак!
Муборак, муборак,
Ҷумҳурии мо муборак!

25/285

Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам

Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам,
Моҳ, агар ҳалқа ба дар кӯфт, ҷавобаш кардам.

Манзили мардуми бегона чу шуд мардуми чашм,
Он қадар гиря намудам, ки харобаш кардам.

Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам,
Моҳ, агар ҳалқа ба дар кӯфт, ҷавобаш кардам

Ғарқи хун буду намемурд зи ҳасрат Фарҳод,
Хондам афсонаи Ширину ба хобаш кардам.

Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам,
Моҳ, агар ҳалқа ба дар кӯфт, ҷавобаш кардам.

МАТНИ ШЕЪР:
Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам,
Моҳ, агар ҳалқа ба дар кӯфт, ҷавобаш кардам.
Дидӣ он турки Хато душмани ҷон буд маро,
Гарчи умре ба хато дӯст хитобаш кардам.
Манзили мардуми бегона чу шуд хонаи чашм,
Он қадар гиря намудам, ки харобаш кардам.
Шарҳи доғи дили парвона чу гуфтам бо шамъ,
Оташе дар дилаш афкандаму обаш кардам.
Ғарқи хун буду намемурд зи ҳасрат Фарҳод,
Хондам афсонаи Ширину ба хобаш кардам.
Дил, ки хунобаи ғам буду ҷигар гӯшаи дард,
Бар сари оташи ҷаври ту кабобаш кардам.
Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷӣ буд,
Он чӣ ҷон канд танам, умр ҳисобаш кардам.

Шеър аз Фаррухии Яздӣ

26/286

Шабе зи шабҳо, ману ту танҳо

Шабе зи шабҳо, ману ту танҳо,
Ба мавҷи дарё хира медидем.
Зебо, фиребе дар саҳро,
Ман бо таманно, бе ранҷу савдо.
Он шаб, ки рафтӣ, аз ман чӣ дидӣ?
Дилам шикастӣ, аз ман буридӣ.
Рафтӣ куҷо ту, ай дидаҷоду,
Аз ман рамидӣ монанди оҳу.
Куҷо?

Шабе дигар ҳам, ману дилу ҳам,
Ба пойи гулҳо қисса мекардем.
Чӣ шабҳо бемору танҳо
Нола сар додам, гиряҳо кардам.
Шаби сияҳ буд, на нури маҳ буд,
Шабе, ки ёрам зи ман ҷудо буд.
Чу ӯ хабар шуд, ғамам басар шуд,
Ситораҳо мурд, шабам саҳар шуд.
Худо!

Шабе зи шабҳо, ману ту танҳо,
Ба мавҷи дарё хира медидем.
Зебо, ай дидашаҳло,
Ман бо таманно, бе ранҷу савдо.

27/287

Шаберо бо ман, ай моҳи саҳархезон

Шаберо бо ман, ай моҳи саҳархезон, саҳар кардӣ,
Саҳар чун офтоб аз ошёни ман сафар кардӣ.

Чу ду мурғи диловезе ба санге хам шудем, афсӯс,
Ҳумои ман паридиву маро беболу пар кардӣ.

Шаберо бо ман, ай моҳи саҳархезон, саҳар кардӣ,
Саҳар чун офтоб аз ошёни ман сафар кардӣ.

Магар аз гӯшаи чашме дигар тарҳи дигар резӣ,
Ки аз он як назар бунёди ман зеру забар кардӣ.

Шаберо бо ман, ай моҳи саҳархезон, саҳар кардӣ,
Саҳар чун офтоб аз ошёни ман сафар кардӣ.

Шеър аз Муҳаммад Ҳусайни Шаҳриёр

28/288

Шабҳои зулмонӣ (варианти нахустин)

ТАРЗИ НАХУСТ
Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,
Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо.
Бо сад ормонҳо.

Абрҳои сияҳ, бар рухи ахтарон,
Ашк аз чашми ман равон шуд чу боронҳо,
Бо сад ормонҳо.

Шӯри ту дар сари ман, ишқи ту дар дили ман,
Нақши ту ҷовидонӣ.
Шабҳои тор бе ту резам зи дидаи дил,
Сиришки арғувонӣ.

Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,
Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо.
Бо сад ормонҳо.

Шоми фироқ даррасид, субҳи умед тира шуд,
Ба дил ситораҳои шаб зи яъсу ранҷ хира шуд.
Орзу хок шуд, чашм дар интизор, дар умеди висол,
Шарҳи ҷонсӯзи ман шуд баланд ба осмонҳо,
Бо сад ормонҳо.

Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,
Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо.
Бо сад ормонҳо.

Абрҳои сияҳ, бар рухи ахтарон,
Ашк аз чашми ман равон шуд чу боронҳо,
Бо сад ормонҳо.

Ай хушо шабҳои маҳтоб, ки дар канори ман будӣ,
Ё ба гулзору бӯстонҳо дар ихтиёри ман будӣ,
Гузашт он замонҳо, хазон шуд он баҳорҳо, ба дил бимонд доғҳо,
Орзу хок шуд, чашм дар интизор, дар умеди висол,
Шарҳи ҷонсӯзи ман шуд ба олам достонҳо,
Бо сад ормонҳо.

Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,
Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо.
Бо сад ормонҳо.

ТАРЗИ ДИГАР
Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,
Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо.
Бо сад ормонҳо.

Абрҳои сияҳ, бар рухи ахтарон,
Ашк аз чашми ман шуд равон чу боронҳо,
Бо сад ормонҳо.

Шӯри ту дар сари ман, ишқи ту дар дили ман,
Нақши ту ҷовидонӣ.
Шабҳои тор бе ту резам зи дидаи дил,
Сиришки арғувонӣ.

Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,
Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо.
Бо сад ормонҳо.

Шоми фироқ даррасид, субҳи умед тира шуд,
Ба дил ситораҳои шаб зи яъсу ранҷ хира шуд.
Шоми фироқ даррасид.

Ай хушо шабҳои маҳтоб, ки дар канори ман будӣ,
Ё ба гулзору бӯстонҳо дар ихтиёри ман будӣ,
Гузашт он замонҳо, хазон шуд он баҳорҳо, ба дил бимонд доғҳо,
Орзу хок шуд, чашм дар интизор, дар умеди висол,
Шарҳи ҷонсӯзи ман шуд ба олам достонҳо,
Бо сад ормонҳо.

Шабҳои зулмонӣ,
Шабҳои зулмонӣ…

29/289

Шабҳои равшан танҳо нишинем

Шабҳои равшан танҳо нишинем,
Дар паҳлуи ҳам, дар нури маҳтоб.
То бод хезад, ноланда аз кӯҳ,
То нур афтад, ларзанда бар об.

Дар кӯҳ печад дилкаш садое,
Аз дур ояд гулбонги ное,
Ғамҳои дилро бо ҳам бигӯем,
Ман бо ниёзе, ту бо адое.

Шабҳои равшан танҳо нишинем,
Дар паҳлуи ҳам, дар нури маҳтоб.
То бод хезад, ноланда аз кӯҳ,
То нур афтад, ларзанда бар об.

МАТНИ ШЕЪР:
Шабҳои равшан танҳо нишинем,
Дар паҳлуи ҳам, дар нури маҳтоб.
То бод хезад, ноланда аз кӯҳ,
То нур афтад, ларзанда бар об.
Дар кӯҳ печад дилкаш садое,
Аз дур ояд гулбонги ное,
Ғамҳои дилро бо ҳам бигӯем,
Ман бо ниёзе, ту бо адое.
З-ин оби хандон оина бандам,
То субҳ бинӣ рӯйи чу моҳат.
Аз шохи сунбул шаб шона созам,
То барфишонӣ мӯйи сиёҳат.
Ин хилвати ишқ, ин шоми зебо,
Ин ларзиши мавҷ, ин рақси ахтар,
Ман дида пурхун, ту гул ба доман,
Ман шеър бар лаб, ту шӯр бар сар.
Боди баҳорон аз баъди мурдан,
Бар турбати ман з-ин гул бикорӣ.
Ай абри найсон, бар мадфани ман,
Дар пойи ин кӯҳ ашке биборӣ.
Бо нолаи зор, бо савти маҳзун,
Бар рӯйи он қабр, булбул, ту ҳам боз.
Чандон бинолӣ, к-андар дили хок,
Аз нолаи ту нолам ба овоз.

Шеър аз Халилуллоҳи Халилӣ

30/290

Шикаст аҳди ману гуфт

Шикаст аҳди ману гуфт: «ҳар чӣ буд, гузашт»,
Ба гиря гуфтамаш: «оре, вале чӣ зуд гузашт».

Чӣ хотироти хуше бар дилам ба ҷой гузошт,
Шабе, ки бо ту маро дар канори рӯд гузашт.

Шикаст аҳди ману гуфт: «ҳар чӣ буд, гузашт»,
Шикаст аҳди ману гуфт: «ҳар чӣ буд, гузашт»,
Ба гиря гуфтамаш: «оре, вале чӣ зуд гузашт».

Баҳор буду ту будиву ишқ буду умед,
Баҳор рафту ту рафтиву ҳар чӣ буд, гузашт.

Шабе ба умрам агар хуш гузашт, он шаб буд,
Ки дар канори ту ба нағмаву суруд гузашт.
Чӣ хотироти хуше бар дилам ба ҷой гузошт,
Шабе, ки бо ту маро дар канори рӯд гузашт.
Кушуд бас гиреҳ он шаб зи кори бастаи мо,
Сабо чу аз бари он зулфи мушксуд гузашт.
Ғамин мабошу маяндеш аз ин сафар, ки туро
Агарчи бар дили нозук ғаме фузун гузашт.

Шеър аз Эраҷи Деҳқон

31/291

Шикоят дорам

Шикоят дорам,
Ҳаволадор ба ту мегӯям.

Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,
Ҳар он чӣ дида бинад, дил кунад ёд,
Бисозам ханҷаре нӯкаш зи фӯлод,
Занам бар дида, то дил гардад озод.

Шикоят дорам,
Ҳаволадор ба ту мегӯям.

Камонабру, камонатро бибӯсам,
Синонмижгон, синонатро бибӯсам.
Камандафкан, бигир он гесувонро,
Садафдандон, лабонатро бибӯсам.*

Шикоят дорам,
Ҳаволадор ба ту мегӯям.

Зи роҳи дида дар дил хона кардӣ,
Зи пастӣ хонаро вайрона кардӣ.
Нагӯям з-он чӣ кардӣ ё накардӣ,
Фақат як гап: «маро девона кардӣ!»

Шикоят дорам,
Ҳаволадор ба ту мегӯям.
________________________
*Ин дубайтӣ дар як вариант нест.

Шишаи панҷараро борон шуст — ниг. 2/89 Вой, борон, борон

32/292

Шодӣ кунед, ай дӯстон

Шодӣ кунед, ай дӯстон, ман шодаму осудаам,
Бӯйи ҷавонӣ бишнавед аз пайкари фарсудаам.

Шодам кунун, шодам кунун, аз банд озодам кунун,
Фарёди шодӣ мекашад, табъи худододам кунун.
Ай кӯдакони раҳгузар, ман чун шумо осудаам,
Ҳарчанд роҳи умрро пеш аз шумо паймудаам.

Шодӣ кунед, ай дӯстон, ман шодаму осудаам,
Бӯйи ҷавонӣ бишнавед аз пайкари фарсудаам.

Бозӣ кунед, ай кӯдакон, бозист кори зиндагӣ,
Ман ҳам хазонро дидаам, ҳам навбаҳори зиндагӣ.
Шодӣ кунед, ай дӯстон, ман шодаму осудаам,
Бӯйи ҷавонӣ бишнавед аз пайкари фарсудаам.

Дар кулбаи ороми ман оромишу шодӣ бувад,
Гар нағма мехонад дилам, гулбонги озодӣ бувад
Шодӣ кунед, ай дӯстон, ман шодаму осудаам,
Бӯйи ҷавонӣ бишнавед аз пайкари фарсудаам.

МАТНИ ШЕЪР:
Шодӣ кунед,ай дӯстон,ман шодаму осудаам,
Бӯйи ҷавонӣ бишнавед аз пайкари фарсудаам.
Бо банди ишқу орзу пойи ҷавонӣ бастаам,
Гӯйӣ, ки паймони навин бо зиндагонӣ бастаам.
Шодам кунун,шодам кунун,аз банд озодам кунун,
Фарёди шодӣ мекашад табъи худодам кунун.
Ай кӯдакони раҳгузар,ман чун шумо осудаам,
Ҳарчанд роҳи умрро пеш аз шумо паймудаам.
Дигар нахоҳад дид кас афсурдаву ғамгин маро,
Шодӣ шиори ман бувад,озодагӣ ойин маро.
Дар осмони толеам хуршеди пирӯзӣ дамад,
Бар гулбуни пажмурдаам гулҳои наврӯзӣ дамад.
Ҳарчанд пиру хастаам, айши ҷавонӣ мекунам,
Як бори дигар оштӣ бо зиндагонӣ мекунам.
Бозӣ кунед,ай кӯдакон, бозист кори зиндагӣ,
Ман ҳам хазонро дидаам, ҳам навбаҳори зиндагӣ.
Дар кулбаи ороми ман оромишу шодӣ бувад,
Гар нағма мехонад дилам,гулбонги озодӣ бувад.

Шеър аз Абулҳасани Варзӣ. Бо тавассути ихлосманди ҳақиқии Аҳмади Зоҳир – Комилҷон Аҳроров ба банда дастрас гардид.

33/293

Шуд абр пора-пора

Шуд абр пора-пора, чашмак бизан ситора,
Кардӣ дили маро шод, тобон шудӣ дубора.
Дидӣ, ки дорамат дӯст, кардӣ ба ман ишора.
Шуд абр пора-пора, чашмак бизан ситора.

Дар шаб чароғи роҳӣ, равшан ба мисли моҳӣ,
Тобандаву қашангӣ, алмоси тоҷи шоҳӣ.
Баҳ-баҳ, чӣ хушнамойӣ, зебову хушадоӣ.
Шуд абр пора-пора, чашмак бизан ситора,
Шуд абр пора-пора, чашмак бизан ситора.

Ман хобаму ту бедор, ман бехабар, ту ҳушёр,
Вақте ки роҳатам ман, ту кор мекунӣ, кор,
Ба ҳар ишораи худ додӣ ту нози бисёр.
Шуд абр пора-пора, чашмак бизан ситора,

Шуд абр пора-пора, чашмак бизан ситора,
Кардӣ дили маро шод, тобон шудӣ дубора.
Дидӣ, ки дорамат дӯст, кардӣ ба ман ишора.

Шудам девона, девонаи рӯят — ниг. Чӣ шабҳо ба ёдат ба кунҷи ҷудоӣ…

34/294

Шунидам, аз ин ҷо сафар мекунӣ

Шунидам, аз ин ҷо сафар мекунӣ,
Ту оҳанги шаҳри дигар мекунӣ.
Хаёли ман аз сар бадар мекунӣ.
Ҳамон лаҳзаи ошноии ту
Гумон бурда будам ҷудоии ту.
Ту ишқофарин булбули гулшанӣ,
Ҷудо аз ману рӯзу шаб бо манӣ.
Зи дурӣ ба ҷонам шарар мезанӣ.
Ҳамон лаҳзаи ошноии ту
Гумон бурда будам ҷудоии ту.
Ба поси сафои сиришкам, биё!
Ҳазар аз сафар кун, барои Худо!
Куҷо меравӣ, орзуям, куҷо?
Ҳамон лаҳзаи ошноии ту
Гумон бурда будам ҷудоии ту.

Як дил мега, буру, буру — ниг. 8/233 Султони қалбам

8 гузориш Андешаатонро баён кунед

  • Мегуянд ки Сурудхои Шоди кунед ай дустон ва Танхо шудам аз як шеьр суруда шудаанд, вале дар ин чо фикр мекунам матни шеьр пурра оварда нашудааст

  • Шеъри Абулҳасани Варзӣ
    Шодӣ кунед,ай дӯстон,ман шодаму осудаам,
    Бӯи ҷавонӣ бишнавед аз пайкари фарсудаам.
    Бо банди ишқу орзу пои ҷавонӣ бастаам,
    Гӯӣ,ки паймони навин бо зиндагонӣ бастаам.
    Шодам кунун,шодам кунун,аз банд озодам кунун,
    Фарёди шодӣ мекашад табъи худодам кунун.
    Ай кӯдакони раҳгузар,ман чун шумо осудаам,
    Ҳарчанд роҳи умрро пеш аз шумо паймудаам.
    Дигар нахоҳад дид кас афсурдаву ғамгин маро,
    Шодӣ шиори ман бувад,озодагӣ ойин маро.
    Дар осмони толеам хуршеди пирӯзӣ дамад,
    Бар гулбуни пажмурдаам гулҳои наврӯзӣ дамад.
    Ҳарчанд пиру хастаам,айши ҷавонӣ мекунам,
    Як бори дигар оштӣ бо зиндагонӣ мекунам.
    Бозӣ кунед,ай кӯдакон,бозист кори зиндагӣ,
    Ман ҳам хазонро дидаам,ҳам навбаҳори зиндагӣ.
    Дар кулбаи ороми ман оромишу шодӣ бувад,
    Гар нағма мехонад дилам,гулбонги озодӣ бувад.

    • Ташаккур, Комилҷон! Бо кӯмаки шумо боз чанд иштибоҳ ислоҳ гардид. Номи Шумо дар паҳлуи сарчашмаҳои сурудҳои Аҳмад сабт гардид. Худованд подоши хидмататонро диҳад!

  • Лутфи зиёде кардаед,бародари азиз,хазор узр ,ки имкон надорам хамаи андешахои худро ин чо нависам,чунки онхо хеле тулонианд ва шояд бехато хам набошанд.Умед аст,ки дар ояндаи наздик камбудихо ислох хоханд шуд ва матни дурусти сурудхо пешкаши хаводорони хунар хоханд гашт.Шукр,имруз намунаи ашъори аксари шоирони Эрону Афгонистон,ки Зохир онхоро хондаааст,дар Точикистон ба нашр расидаанд.Ин чо танхо ба гунаи мисол огози матни як сурудеро меорем,ки ба гумони мо камбуди доранд.Худ мукоиса кунед:
    Хуснат рубояд обутоб,аз офтоб,ай мохтоб,
    Баркан сухобе чун никоб,ай бохичоб,ай мохтоб.
    Ай точи зариклили шаб,
    Ай нукриён кандили шаб.
    Ай боиси тачлили шаб,
    Заринхубоб,ай мохтоб…

    • Шод кардед, бародар! Бо андешаҳои мустақилонаи худ маро ба диққати бештар ва вонигарӣ ба навиштаҳоям раҳнамун кардед. Бовар кунед, дар ин чанд рӯз хеле хато ёфтам ва ислоҳ кардам. Вале итминон дорам, ки навиштаҳо ҳанӯз аз хатоиҳо орӣ нестанд. Аз он ҷо ки гуфтед сарчашмаҳои шеърӣ мавҷуданд, мутаассифона, ман бехабартарам. Чунки аз мунтахабот ва маҷмӯаҳое, ки солҳои 60-80-ум нашр шуда буданд ва дар дастам буданд, замони ҷангу кӯчокӯчиҳо маҳрум шудаам ва он чӣ ки дорам, баёзи номукаммали худам аст, ки пора-пора аз паҳнои Торхона (Интернет) ва сарчашмаҳои ғайримустақим гирд овардаам. Умед дорам бо ҳамдастии Шумо барин корвандон ба мақсад хоҳем расид. Сипоси беҳад аз Шумо!

  • Газали «Шаберо бо ман ай…» аз шоир Мухаммад Хусайни Шахриёр аст,на аз Гардези ? ва асли он мисраъ чунин аст:Магар аз гушаи чашме дигар тархи дигар рези…

    • Бародари азиз, Комилҷон! Забони ман аз баёни он, ки Шумо ҷойгоҳи бандаро ҳамчун нигорандаи матни сурудҳо дарк кардаед, оҷизу нотавон аст. Зеро миёни шунидану навиштан монеаҳо зиёд аст. Нахуст он, ки сабти сурудҳои Аҳмади бузург дар замоне (солҳои 60-70-и садаи гузашта) сурат гирифта, ки сабти овоз ба пояи имрӯзӣ набуд ва имрӯз ҳангоми шунидан дар талаффуз (диктсия) рух додани табдили овоҳо (фонемаҳо) ва интихобҳои эҳтимолии вожаҳою ибораҳо ногузир аст. Мақсади ниҳоии банда низ ислоҳи хатоиҳое буд, ки дар сурудаҳои пайравони тоҷикистонии Аҳмад Зоҳир вомехӯрданд. Мутаассифона, дар дасти ман сарчашмаҳои шеърӣ на ҳама вақт мавҷуд буданд. Пайдоиши тахаллуси эҳтимолии Гардезӣ низ аз ин рӯст ва бар замми он, ин дар мақтаи ғазал буд, ки бояд суннатан тахаллус медошт.
      Ба хотири ояндагон, бори дигар бо арзи сипос хоҳиш мекунам, маводҳои боқимондаро аз диди худ баҳо диҳед.

  • Боз хам маъзарат мехохам,бародари гироми,аммо дар аксари таронахо хатогихои зиёде рафтаанд,ки хатман ислох мехоханд.

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

7 + 6 =

error: Content is protected !!