Аҳмад Зоҳир. ВГҒД. Сиву ҳафт суруд

Абдуҳамид Тағоев / Апр.17.2014. / Гузориш нест

ahmad_zohir_A
Аҳмад Зоҳир
Вой, ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,
Оҳ ман афтодаам, афтода чун беморҳо.
Холиям, холитар аз як хок ё аз як сукут,
Ай шумо, аз зиндагӣ лабрезҳо, саршорҳо.
Рӯзҳоям ҳафтаҳоям, солҳоям чист, чист,
Достони кӯҳна ё тақлидҳо, такрорҳо.
Вой, ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,
Оҳ ман афтодаам, афтода чун беморҳо…

 
 
 

1/88

Вақте ки дил танг аст

Вақте ки дил танг аст, фоидааш чист озодӣ?
Зиндагӣ зиндон аст, вақте набошад шодӣ.
Одам, ки ғамгин аст, дунё барош зиндон аст,
Дар байни сад милюн боз ҳам танҳо мемона.

Дунёи зиндонӣ девор аст,
Зиндонӣ аз девор безор аст.

Паранда, ки болаш месӯзад,
Дили ғам ба ҳолаш месӯзад.
Охир марг аст барояш раҳоӣ,
Паранда, ки болаш месӯзад.

Дунёи зиндонӣ девор аст,
Зиндонӣ аз девор безор аст.

Вақте ки дил танг аст, фоидааш чист озодӣ?
Зиндагӣ зиндон аст, вақте набошад шодӣ.
Дар дунё ҳар куҷо парандае асир аст,
Вақте ки мехона, одам дилаш мегира.

Дунёи зиндонӣ девор аст,
Зиндонӣ аз девор безор аст.

Вале аз ту ҷавобе нашунидам, нашунидам — ниг. 17/277 Чӣ беҳуда, чӣ сода

2/89

Вой, борон, борон

Вой борон, борон,
Вой борон, борон.
Шишаи панҷараро борон шуст, аз дили ман, аммо
Шикасти нақши туро хоҳад шуст, шикасти ишқ.
Вой борон, борон,
Вой борон, борон.
Чор фаслаш ҳама оростагӣ,
Ман чӣ медонистам, ман чӣ медонистам.
Ҳайбати гули зимистонӣ,
Ман чӣ медонистам, ман чӣ медонистам.
Сабза мепажмурад аз беобӣ,
Беобӣ, беобӣ,
Беобӣ, беобӣ.
Вой борон, борон,
Вой борон, борон.
Оҳ, чӣ рӯъёе, ки тапад дард,
Оҳ, чӣ пайванди самимиятҳо.
Чӣ умеди ботиле,
Чӣ умеди ботиле.
Дили ман месӯзад аз беобӣ,
Беобӣ, беобӣ,
Беобӣ, беобӣ.
Вой борон, борон,
Вой борон, борон.

3/90

Вой, ман беҳудаам

Вой, ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,
Оҳ ман афтодаам, афтода чун беморҳо.

Холиям, холитар аз як хок ё аз як сукут,
Ай шумо, аз зиндагӣ лабрезҳо, саршорҳо.

Вой, ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,
Оҳ ман афтодаам, афтода чун беморҳо.

Рӯзҳоям ҳафтаҳоям, солҳоям чист, чист,
Достони кӯҳна ё тақлидҳо, такрорҳо.

Вой, ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,
Оҳ ман афтодаам, афтода чун беморҳо.

Бозмондаҳо аз бандҳои А, Б

4/91

Азизам, ба ёдат шабҳои зулмат

Азизам, ба ёдат, азизам ба ёдат,
Шабҳои зулмат бо қалби пора оям ба сӯят.
Ҷӯям туро ман, ҷӯям туро ман, бӯям туро ман,
Бо нумедӣ оям ба сӯят.

Туӣ умедам, туӣ паноҳам, туӣ умедам, туӣ паноҳам,
Гардидаам ман афсуни кӯят.
Азизам, ба ёдат, азизам ба ёдат,
Шабҳои зулмат бо қалби пора оям ба сӯят.

Маҷнун бигардад ҳар кас, ки бинад,
Аз лойи мӯят, маҳтоби рӯят.
Азизам, ба ёдат, азизам ба ёдат,
Шабҳои зулмат бо қалби пора оям ба сӯят.
Ҷӯям туро ман, ҷӯям туро ман, пӯям туро ман,
Бо ноумедӣ оям ба сӯят.

Аз рӯйи улфат раҳме намо ту,
Рӯзам сиёҳ шуд чун ранги мӯят.
Азизам, ба ёдат, азизам ба ёдат,
Шабҳои зулмат бо қалби пора оям ба сӯят.
Ҷӯям туро ман, ҷӯям туро ман, пӯям туро ман,
Бо ноумедӣ оям ба сӯят.

5/92

Ба кадом дар равам ман, ки рухи ту боз бинам

Ба кадом дар равам ман, ки рухи ту боз бинам,
Дарди дил…
Ки ба дасти ғайр дастат ба ҳазор ноз бинам.
Дарди дил…

Лаби талхи ҷом хуштар зи лабони нӯшханде,
Ки ба коми дигарон аст пайи ӯ сад оз бинам.
Ба кадом дар равам ман, ки рухи ту боз бинам,
Дарди дил…

Ба кадом дар ниҳам сар, ки бар остони иззат,
Ба сафои дил ҷавонӣ ҳама дар намоз бинам.
Ба кадом дар равам ман, ки рухи ту боз бинам,
Дарди дил…
Ки ба дасти ғайр дастат ба ҳазор ноз бинам.
Дарди дил…

6/93

Бемораму ғайр аз ту дигар ёр надорам

Бемораму ғайр аз ту дигар ёр надорам,
Бигзор, бимирам, ки дигар чор надорам.
Гар нола кунам, боиси озори ту гардам,
В-аз сабр намоям дили аз санг надорам.
Бемораму ғайр аз ту дигар ёр надорам …
Гар дур равам, аз ғами бисёр бимирам,
Наздик равам, тоқати изҳор надорам.
Бемораму ғайр аз ту дигар ёр надорам,
Бигзор, ки бимирам, ки дигар чор надорам.

7/94

Бохабар бош, бохабар

Бохабар бош, бохабар,
Шаб ба пешат меоям,
Дарета зуд мекшоям,
Лаб бар лабонат месоям.
Ту чӣ мехоҳӣ?
Шаб ба пешат меоям,
Дарета зуд мекшоям,
Лаб бар лабонат месоям.
Ту чӣ мехоҳӣ?
Ла-ло, ла-ло…

8/95

Бӯсаҳо талаб мекунанд

Бӯсаҳо талаб мекунанд он лабони гулгун
Як нигаҳ зи чашмони ту маро кунад афсун.
Рӯзи ман кунад ҳамчу шом гесуи сиёҳат,
Дилнавозиву хушадо бубин, ки чу моҳӣ.

Чу оташи гарм сӯзон туӣ,
Чу ахтари шаб фурӯзон туӣ.
Ман аз ту дар домат уфтодам,
Ошкоро дил ба ту додам,
Ба роҳат дил ниҳодам.
Бас чу оташӣ, бас чу саркашӣ, баски беқарорам,
Мармаринтанӣ, ишвагар туӣ, чун гули баҳорам.

Бӯсаҳо талаб мекунанд он лабони гулгун
Як нигаҳ зи чашмони ман туро кунад афсун.
Рӯзи ман кунад ҳамчу шом гесуи сиёҳат,
Дилнавозиву хушадо бубин, ки дилхоҳӣ.

Чу оташи гарм сӯзон туӣ,
Чу ахтари шаб фурӯзон туӣ.
Ман аз ту дар домат уфтодам,
Ошкоро дил ба ту додам,
Ба роҳат дил ниҳодам.
Бас чу оташам, бас чу саркашӣ, баски беқарорам,
Мармаринтанӣ, ишвагар туӣ, чун гули баҳорам.

9/96

Гар аз ёдат ман бирафтам

Гар аз ёдат ман бирафтам, зебои хубрӯям,
Гаштам…
Даст ба дасти рақибон додаӣ,
Шаб ба базми ҳарифон рафтаӣ
Ман ба ёди ту шабҳо сӯхтам,
Раҳм накардӣ ба ҳолам, бевафо.

Ман ба номи ту хондам ин ҷаҳон,
Рӯзи ман шуд сиёҳ чашмон бимон
Охирин орзуи ман, бидон
Ман зи ҳиҷри ту шабҳо сӯхтам.

Гар аз ёдат ман бирафтам, зебои хубрӯям,
Гаштам…
Даст ба дасти рақибон додаӣ,
Шаб ба базми ҳарифон рафтаӣ
Ман ба ёди ту шабҳо сӯхтам,
Раҳм накардӣ ба ҳолам, бевафо.

10/97

Гар зулфи парешонат

Гар зулфи парешонат дар дасти сабо уфтад,
Ҳар ҷо, ки диле бошад, дар доми бало уфтад.
Гар зулфи парешонат дар дасти сабо уфтад.

Мо киштии сабри худ дар баҳри ғам афкандем,
То охир аз ин тӯфон ҳар кас ба куҷо уфтад
Гар зулфи парешонат дар дасти сабо уфтад,
Ҳар ҷо, ки диле бошад, дар доми бало уфтад.

Охир, чӣ зиён уфтад, султони мамоликро,
К-ӯро назаре рӯзе бар ҳоли гадо уфтад.
Гар зулфи парешонат дар дасти сабо уфтад,
Ҳар ҷо, ки диле бошад, дар доми бало уфтад.

11/98

Гар кунӣ як назора

Гар кунӣ як назора – мезебад, мезебад,
Ба ту, ай моҳпора – мезебад, мезебад.
Мезебад, мезебад.

Аз фироқат дили ситамзадаро
Гар кунам пора-пора – мезебад, мезебад.
Мезебад, мезебад.
Гар кунӣ як назора – мезебад, мезебад,
Ба ту, ай моҳпора – мезебад, мезебад.
Мезебад, мезебад.

Ашки хунин зи дида гар ҳиҷрат
Гар намояд фавора – мезебад, мезебад.
Мезебад, мезебад.
Гар кунӣ як назора – мезебад, мезебад,
Ба ту, ай моҳпора – мезебад, мезебад.
Мезебад, мезебад.

Шеъре аз ҳар, ки ҳайратангез аст,
Гар бихонӣ дубора – мезебад, мезебад.
Мезебад, мезебад.
Гар кунӣ як назора – мезебад, мезебад,
Ба ту, ай моҳпора – мезебад, мезебад.
Мезебад, мезебад.

12/99

Гарчи мастему харобем

Гарчи мастему харобем чу шабҳои дигар,
Боз кун соқии маҷлис сари минои дигар.
Масту харобам,
Ман беқарорам,
Соқии зебо, бигир дастам, ки мастам.

Масти мастам, машикан қадри худ, ай панҷаи ғам,
Ман ба майхонаам имшаб, ту бирав ҷойи дигар.
Масту харобам,
Ман беқарорам,
Соқии зебо, бигир дастам, ки мастам.
Гарчи мастему харобем чу шабҳои дигар,
Боз кун соқии маҷлис сари минои дигар.

Аз ту, зебосанам, ин қадр ҷафо зебо нест.
Гирам, ин дил натавон дод ба зебои дигар.
Масту харобам,
Ман беқарорам,
Соқии зебо, бигир дастам, ки мастам.
Гарчи мастему харобем чу шабҳои дигар,
Боз кун соқии маҷлис сари минои дигар.

МАТНИ ШЕЪР:
Гарчи мастему харобем чу шабҳои дигар,
Боз кун соқии маҷлис сари минои дигар.
Имшаберо, ки дар онем, ғанимат шумарем,
Шояд, ай ҷон, нарасидем ба фардои дигар.
Масти мастам, машикан қадри худ, ай панҷаи ғам,
Ман ба майхонаам имшаб, ту бирав ҷойи дигар.
Чӣ ба майхона, чӣ меҳроб, ҳаромам бошад,
Гар ба ҷуз ишқи туам ҳаст таманнои дигар.
То равам аз пайи ёри дигаре, мебояд
Ҷуз дили ман дигаре, ҷуз ту дилоройи дигар.
Нашунидаст гуле бӯйи ту, ай ғунчаи ноз,
Будаам варна басе ҳамдами гулҳои дигар.
Ту, сияҳчашм, чу ойӣ ба тамошои чаман,
Нагузорӣ ба касе чашми тамошои дигар.
Бода пеш ор, ки рафтанд аз ин мактабро
Устодони фарзанд муаммои дигар.
Ин қафасро набувад равзане, ай мурғи пареш,
Орзу сохта бӯстони тарабзойи дигар.
Гар биҳиште-ст, рухи туст, нигоро, ки дар он,
Метавон кард ба ҳар лаҳза тамошои дигар.
Аз ту, зебосанам, ин қадр ҷафо зебо нест.
Гирам, ин дил натавон дод ба зебои дигар.
Майфурӯшон ҳама донанд, Имодо, ки бувад,
Ошиқонро ҳараму дайру калисои дигар.

Шеър аз Имод (Имодуддини Бурқаӣ)

13/100

Гарчи рафтӣ аз барам

Гарчи рафтӣ аз барам, аммо фаромӯшам макун,
Бо ғамат, ай ошно, ҳар шаб ҳамоғӯшам макун.
Ҳамчу мавҷи ашк аз дарёи чашмам по макаш,
Дар пайи худ чун ҳубобе хонабардӯшам макун.
Дар дилам нақши ҳазорон доғи ишқ мурдааст,
Беш аз ин дар сӯги ишқи худ сияҳпӯшам макун.
Соғари чашми ту саршор аст аз мастиву ноз,
Бо хаёли наргисат ҳар шаб қадаҳнӯшам макун.
Ман зи сӯзи иштиёқи ту саропо оташам,
Боз бо тӯфони бемеҳрӣ-т хомӯшам макун.
Ҷӯшад имшаб ҷилваи ҷодуи чашмонат зи ҷом,
Бо шароби наргисат, ай фитна, мадҳушам макун.

Шеър аз Шӯъла Фаридун Салоҳӣ

14/101

Гарчи чашми ту пайи

Гарчи чашми ту пайи бурдани дилҳост ҳанӯз,
Дидаи мунтазирам ғарқи таманност ҳанӯз.

Ханда бар лаб задаам, то ба ту наздик шавам,
Бахудо, сина пур аз ҳасрати ғамҳост ҳанӯз.
Гарчи чашми ту пайи бурдани дилҳост ҳанӯз,
Дидаи мунтазирам ғарқи таманност ҳанӯз.

Гарчи ҳар рӯз маро ваъда ба фардо додӣ,
Дил пур аз орзуи ваъдаи фардост ҳанӯз.
Гарчи чашми ту пайи бурдани дилҳост ҳанӯз,
Дидаи мунтазирам ғарқи таманност ҳанӯз.

Гиря кардам — ниг. 15/275 Чашм ба роҳат, дил ба ёдат

15/102

Гоҳ дар оғӯши ин

Гоҳ дар оғӯши ин, гоҳ дар оғӯши он,
Дил шуда аз дасти ман танг ба бари дигарон.

Ту ба бари дигарӣ, кӯр шавам, кӯр беҳ,
Аз туву базми ту гар дур шавам, дур беҳ.
Бо ҳама инҳо ба ман лофи вафо мезанӣ,
Вой, ки ай бевафо, боз ту моли манӣ.

Гоҳ дар оғӯши ин, гоҳ дар оғӯши он,
Дил шуда аз дасти ман танг ба бари дигарон.

Ашк ба чашмам нишаст, дӯш чу бархостӣ,
Рақскунон бо рақиб ҷони маро костӣ.
Бо ҳама инҳо ба ман лофи вафо мезанӣ,
Вой, ки ай бевафо, боз ту моли манӣ.

Гоҳ дар оғӯши ин, гоҳ дар оғӯши он,
Дил шуда аз дасти ман танг ба бари дигарон.

16/103

Гузашт он ки ту

Гузашт он ки ту сархели дилбарон будӣ,
Худои ишқи ману ёри дигарон будӣ.
Гузашт он ки зи даргоҳи хеш мерондӣ,
Маро ба талхиву ширини дигарон будӣ.

Ҳанӯз хонаи дил вақфи ишқи туст, биё,
Ки ин хона ҳамон аст, к-андар он будӣ.
Гузашт он ки ту сархели дилбарон будӣ,
Худои ишқи ману ёри дигарон будӣ.

Ба рӯйи хуби ту пирӣ ситам намуд, оре,
Ба ҳукми он ки ту низ аз ситамгарон будӣ.

Гузашт он ки ту сархели дилбарон будӣ,
Худои ишқи ману ёри дигарон будӣ.
Гузашт он ки зи даргоҳи хеш мерондӣ,
Маро ба талхиву ширини дигарон будӣ.

МАТНИ ШЕЪР:
Гузашт он ки ту сархели дилбарон будӣ,
Худои ишқи ману ёри дигарон будӣ.
Гузашт он ки зи даргоҳи хеш мерондӣ,
Маро ба талхиву ширини дигарон будӣ.
Ба ғайри хотирае дилнавоз боқӣ нест,
Аз он замон, ки ту султони дилбарон будӣ.
Ҳанӯз акси ту бо ман сухан кунад з-он рӯз,
Ки шамъи анҷумани моҳманзарон будӣ.
Чу фикри мардуми нодон нашуд, дареғ, он р¬ӯз,
Ки дилфиреб чу афкори шоирон будӣ.
Зи саргаронии хубони рӯзгор маранҷ,
Ту ҳам ба ошиқи дилхаста саргарон будӣ.
Ба рӯйи хуби ту пирӣ ситам намуд, оре,
Ба ҳукми он ки ту низ аз ситамгарон будӣ.
Ҳанӯз хонаи дил вақфи ишқи туст, биё,
Ки ин хона ҳамон аст, к-андар он будӣ.

Шеър аз Пажмон Бахтиёрӣ

17/104

Гул сабу ба дӯш омад

Гул сабу ба дӯш омад, соғари хамӯшон ку,
Ҷоми май ба ҷӯш омад, бонги боданӯшон ку?

Бар ғаме чунин сангин, такя чун кунӣ, ай дил,
Аз сабубадӯшон пурс: «Хуми майфурӯшон ку?»

Гул сабу ба дӯш омад, соғари хамӯшон ку,
Ҷоми май ба ҷӯш омад, бонги боданӯшон ку?

Хилвати ману дил буд, ишқ ҳам ба мо пайваст,
Базми боданӯшонро бодаҳои ҷӯшон ку?

Гул сабу ба дӯш омад, соғари хамӯшон ку,
Ҷоми май ба ҷӯш омад, бонги боданӯшон ку?

18/105

Гули сангам

Гули сангам, гули сангам,
Чӣ бигам аз дили тангам,
Мисли офтоб, ага бар ман
Натобӣ, сардаму берангам.

Ҳама оҳам, ҳама дардам,
Мисли тӯфон пури гардам,
Боди мастам, ки тӯи саҳро,
Мепечам, даври ту мегардам.

Гули сангам, гули сангам,
Чӣ бигам аз дили тангам,
Мисли офтоб, ага бар ман
Натобӣ, сардаму берангам.

Мисли борон агар наборӣ,
Хабар аз ҳоли ман надорӣ.
Бе ту пар-пар мешам ду рӯзе
Дили сангат баром месӯзе.

Гули сангам, гули сангам,
Чӣ бигам аз дили тангам,
Мисли офтоб, ага бар ман
Натобӣ, сардаму берангам.

Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям — ниг. 12/176 Ман надонистам аз аввал-2

19/106

Гуфтам, ки мехоҳам туро

Гуфтам, ки мехоҳам туро, бовар макун, бовар макун,
Аз ҷамъи ёрон по макаш, бо ман ба ёрӣ сар макун.

Гар ҳамчу гул дар хандаам, доми фиреб афкандаам,
Дар ҳасрати доме чунин беҳуда доман тар макун.

Гуфтам, ки мехоҳам туро, бовар макун, бовар макун,
Аз ҷамъи ёрон по макаш, бо ман ба ёрӣ сар макун.

На, на, ки ҷуз оғӯши ман, ҷуз лаъли соғарнӯши ман,
Дар хилвати хомӯши ман андешаи дигар макун.

Гуфтам, ки мехоҳам туро, бовар макун, бовар макун,
Аз ҷамъи ёрон по макаш, бо ман ба ёрӣ сар макун.

20/107

Гуфтам, ки нару, мадеҳ озорам

Гуфтам, ки нару, мадеҳ озорам,
Охир, зи фироқи ту безорам.
Аз наргиси чашми ту беморам,
Дигар ту мадеҳ ҷаври бисёр.

Дар кӯйи ту ман шудам афсона,
Бо ёди ту дил шуда девона,
Аз бӯсаи лаб бидеҳ паймона.

Гуфтам, ки нару, мадеҳ озорам,
Охир, зи фироқи ту безорам.
Аз наргиси чашми ту беморам,
Дигар ту мадеҳ ҷаври бисёр.

Ай душмани дил, офати ҷонам,
Бишнав ту даме оҳу афғонам,
З-ин беш макун ту парешонам,

Гуфтам, ки нару, мадеҳ озорам,
Охир, зи фироқи ту безорам.
Аз наргиси чашми ту беморам,
Дигар ту мадеҳ ҷаври бисёр.

21/108

Гуфтӣ, ки мебӯсам туро

Гуфтӣ, ки «Мебӯсам туро». Гуфтам: «Таманно мекунам».
Гуфтӣ: «Агар бинад касе?». Гуфтам, ки «Ҳошо мекунам».

Гуфтӣ: «Зи бахти бад, агар ногаҳ рақиб ояд зи дар?»
Гуфтам, ки «Бо афсунгарӣ ӯро зи сар во мекунам».

Гуфтӣ, ки «Мебӯсам туро». Гуфтам: «Таманно мекунам».
Гуфтӣ: «Агар бинад касе?». Гуфтам, ки «Ҳошо мекунам».

Гуфтӣ: «Агар аз кӯйи худ рӯзе туро гуфтам, бирав».
Гуфтам, ки «Сад соли дигар имрӯзу фардо мекунам».

Гуфтӣ, ки «Мебӯсам туро». Гуфтам: «Таманно мекунам».
Гуфтӣ: «Агар бинад касе?». Гуфтам, ки «Ҳошо мекунам».

Гуфтӣ: «Агар аз пойи худ занҷири ишқат во кунам».
Гуфтам: «Зи ту девонатар, донӣ, ки, пайдо мекунам».

Гуфтӣ, ки «Мебӯсам туро». Гуфтам: «Таманно мекунам».
Гуфтӣ: «Агар бинад касе?». Гуфтам, ки «Ҳошо мекунам».
Ла-ла, ла-ла, ла, ла-ла…

Аҳмад Зоҳир бо хонум Жило

22/109

Ғамаш дар ниҳонхонаи дил

Маранҷон диламро, ки ин мурғи ваҳшӣ
Зи боме, ки бархост, ба мушкил нишинад…

Илоҳӣ, Зулайхо, азизат бимирад,
Ки Юсуф ба тахти таҷаммул нишинад…

Ба нозе, ки Лайло ба маҳмил нишинад,
Ғамаш дар ниҳонхонаи дил нишинад…

МАТНИ ШЕЪР:
Ғамаш дар ниҳонхонаи дил нишинад,
Ба нозе, ки Лайлӣ ба маҳмил нишинад.
Ба дунболи маҳмил чунон зор гирям,
Ки аз гиряам ноқа дар гил нишинад.
Халад гар ба по хоре, осон барорам,
Чӣ созам ба хоре, ки дар дил нишинад.
Пайи ноқааш рафтам оҳиста, тарсам,
Ғуборе ба домони маҳмил нишинад.
Маранҷон диламро, ки ин мурғи ваҳшӣ,
Зи боме, ки бархост, ба мушкил нишинад.
Аҷаб нест, хандад агар гули басрӯй,
Ки дар ин чаман пой дар гил нишинад.
Бинозам ба базми муҳаббат, ки он ҷо,
Гадое ба шоҳе муқобил нишинад.
Илоҳӣ, Зулайхо, азизат бимирад,
Ки Юсуф ба тахти таҷаммул нишинад.
Табиб аз талаб дар ду гетӣ маёсо,
Касе чун миёни ду манзил нишинад.

Шеър аз Табиби Исфаҳонӣ

23/110

Дар домани саҳро

Дар домани саҳро, бехабар аз дунё,
Хонда ба гӯшам мера, навои ҳастиро.

Он ки ба нақши замона дил набандад,
Нағмаи ишқу ҳавои дил писандад.
Ин навои осмонӣ бо ту гӯям, гар надонӣ,
Рози ишқи ҷовидонӣ.

Аз бегуноҳии ту ғарқи гуноҳам ман,
Ташнаи дардам мера навои ҳастиро

Он ки ба нақши замона дил набандад,
Нағмаи ишқу ҳавои дил писандад.
Ин навои осмонӣ бо ту гӯям, гар надонӣ,
Рози ишқи ҷовидонӣ.

24/111

Дар кунҷи дилам ишқи…

Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад,
Кас роҳ дар ин кулбаи вайрона надорад.

Дилро ба кафи ҳар ки диҳам, бозпас орад,
Кас тоби нигаҳдории девона надорад.

Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад,
Кас роҳ дар ин кулбаи вайрона надорад.

Дар базми ҷаҳон ҷуз дили ҳасраткаши мо нест,
Он шамъ, ки месӯзаду парвона надорад.

Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад,
Кас роҳ дар ин кулбаи вайрона надорад.

МАТНИ ШЕЪР:
Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад,
Кас ҷой дар ин кулбаи вайрона надорад.
Дилро ба кафи ҳар ки ниҳам, бозпас орад,
Кас тоби нигаҳдории девона надорад.
Дар базми ҷаҳон ҷуз дили ҳасраткаши мо нест,
Он шамъ, ки месӯзаду парвона надорад.
Гуфтам: «Маҳи ман, аз чӣ ту дар дом наяфтӣ?»
Гуфто: «Чӣ кунам, доми шумо дона надорад».
Дар анҷумани ақлфурӯшон наниҳам пой,
Девона сари сӯҳбати фарзона надорад.
То чанд кунӣ қиссаи Искандару Доро,
Дурӯзаи умр ин ҳама афсона надорад.

Шеър аз Пажмони Бахтиёрӣ

25/112

Даст аз талаб надорам

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.

Аз ҳасрати даҳонаш, омад ба танг ҷонам,
Худ коми тангдастон кай з-он даҳан барояд.

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.

Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
Ла-ла-ла, лала-ла…

МАТНИ ШЕЪР:
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
Бинмой рӯ, ки халқе вола шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.
Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш,
Нагрифта ҳеҷ коме, ҷон аз бадан барояд.
Аз ҳасрати даҳонаш, омад ба танг ҷонам,
Худ коми тангдастон кай з-он даҳан барояд.
Гӯянд зикри хайраш, дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.

Шеър аз Ҳофизи Шерозӣ

Дигар ашкам марез — ниг. 11/135 Зебо нигорам

26/113

Дидам нигори худро

Дидам нигори худро, мегашт гирди хона,
Бардошта рубобе, мезад яке тарона.
Бо захмае чу оташ, мезад таронае хуш,
Масту харобу дилкаш, аз бодаи шабона.
Дар пардаи Ироқӣ, мезад ба номи соқӣ,
Мақсуд бода будаш, соқӣ будаш баҳона.
Соқии моҳрӯе, дар дасти ӯ сабӯе,
Аз гӯшае даромад, бинҳод дар миёна.
Пур кард ҷоми аввал з-он бодаи мушаал,
Аз об ҳеҷ дидӣ, к-оташ занад забона?
Бар каф ниҳод онро, аз баҳри ошиқонро,
Он гаҳ бикард саҷда, бӯсид остона.
Бистад нигор аз вай, андар кашид он май,
Шуд шӯълаҳо аз он май бар рӯю сар давона.
Медид ҳусни худро, мегуфт неку бадро.
Не буду не биёяд, чун ман дар ин замона.
Шамсулҳақи ҷаҳонам, маъшуқи ошиқонам,
Ҳар дам бувад ба пешам ҷону равон равона.

Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

27/114

Дил зи савдои ду чашми ту

Дил зи савдои ду чашми ту ба майхона кунад рақс,
Лаъли майгуни ту дар гармии паймона кунад рақс.

Мӯҳтасиб, аз чӣ кунӣ манъ аз ин бодаи нобам,
Ки аз он бехудӣ ҳушёр чу девона кунад рақс.

Дил зи савдои ду чашми ту ба майхона кунад рақс,
Лаъли майгуни ту дар гармии паймона кунад рақс.

Нест бунёди риё ғайри фиребу солус,
Он ки бо ишқ бипайвасту ба паймона кунад рақс.

Дил зи савдои ду чашми ту ба майхона кунад рақс,
Лаъли майгуни ту дар гармии паймона кунад рақс.

Дил нест кабӯтар, ки чу бархост, нишинад — ниг. 31/224 Рӯзу шабам ҳар дам-1

28/115

Дилакам, ай дилакам

Дилакам, ай дилакам, ай дилакам,
Мурғаки тири ҷафо хӯрдаякам.
Дили овораи ман,
Дили бечораи ман,
Шӯҳрае аз худу бегона шудӣ.
Дилакам, ай дилакам, ай дилакам,
Мурғаки тири ҷафо хӯрдаякам.

Туро аз дур мебинам, чӣ ҳосил?
Ба паҳлуят наменшинам, чӣ ҳосил?
Дарахти ҳусни ту гулзор карда,
Аз он гулҳо намечинам, чӣ ҳосил?

Дилакам, ай дилакам, ай дилакам,
Мурғаки тири ҷафо хӯрдаякам.
Дили овораи ман,
Дили бечораи ман,
Шӯҳрае аз худу бегона шудӣ.
Дилакам, ай дилакам, ай дилакам,
Мурғаки тири ҷафо хӯрдаякам.

Сиёҳчашмак, ба дил банди ту бошад,
Ба пойи ҷон зи пайванди ту бошад.
Сафар кардам ба гулшанҳои дунё,
Надидам кас, ки монанди ту бошад.

Дилакам, ай дилакам, ай дилакам,
Мурғаки тири ҷафо хӯрдаякам.
Дили овораи ман,
Дили бечораи ман,
Шӯҳрае аз худу бегона шудӣ.
Дилакам, ай дилакам, ай дилакам,
Мурғаки тири ҷафо хӯрдаякам.

29/116

Дилам дар ошиқӣ овора шуд

Дилам дар ошиқӣ овора шуд, оворатар бодо,
Танам аз бедилӣ бечора шуд, бечоратар бодо.

Ба тороҷи азизон зулфи ту айёрие дорад,
Ба хунрези ғарибон чашми ту айёратар бодо.

Дилам дар ошиқӣ овора шуд, оворатар бодо,
Танам аз бедилӣ бечора шуд, бечоратар бодо.

Рухат тоза-сту баҳри мурдани худ тозатар хоҳам,
Дилат хора-сту баҳри куштани ман хоратар бодо.

Дилам дар ошиқӣ овора шуд, оворатар бодо,
Танам аз бедилӣ бечора шуд, бечоратар бодо.

Ҳама гӯянд, к-аз хунхориаш халқе ба ҷон омад,
Ман ин гӯям, ки баҳри ҷони ман хунхоратар бодо.

Дилам дар ошиқӣ овора шуд, оворатар бодо,
Танам аз бедилӣ бечора шуд, бечоратар бодо.

30/117

Дилат меход барои ту

Дилат меход, барои ту худро фидоӣ кунам,
Ҳамеша эҳсоси камиву бенавоӣ кунам.
Дилат меход, ғурури ман ҷоми ду дастат бошад,
Вақте ки фарёд мезанӣ, ман бесадоӣ кунам.

Ҳис мекунам, хастаам, азизи худхоҳи ман,
Нагзор, ки ҷудо шавад роҳи туву роҳи ман.

Дилат меход, кӯҳ бошӣ, дилат меход, коҳ бошам,
Ту бар сари забону ман қиссаи кӯтоҳ бошам.

Ҳис мекунам, хастаам, азизи худхоҳи ман,
Нагзор, ки ҷудо шавад роҳи туву роҳи ман.

Кошкӣ мешуд, тарки туву ин ошноӣ кунам,
Ба хотироти пушти сар беэътиноӣ кунам.
Дилат меход, дилҳура сойиш тӯи қалбам бошад,
Ҳамеша ваҳшат аз замонҳои ҷудоӣ кунам.

Ҳис мекунам, хастаам, азизи худхоҳи ман,
Нагзор, ки ҷудо шавад роҳи туву роҳи ман.

Дилат меход, барои ту худро фидоӣ кунам,
Ҳамеша эҳсоси камиву бенавоӣ кунам.
Дилат меход, ғурури ман ҷоми ду дастат бошад,
Вақте ки фарёд мезанӣ, ман бесадоӣ кунам.

31/118

Дилбаро, гар

Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ,
Мӯниси шоми тори ман бошӣ.

Ту он қадар мешавӣ азиз бар дили ман,
Куфр гӯям, Худои ман бошӣ.

Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ,
Мӯниси шоми тори ман бошӣ.

Ҳадафи тири душманон гардам,
К-аз раҳи сидқ ёри ман бошӣ.

Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ,
Мӯниси шоми тори ман бошӣ.

Чӣ шуд хато аз ман, ай парипайкар,
Ки пур намудӣ зи хуни дил соғар.

Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ,
Мӯниси шоми тори ман бошӣ.

32/119

Дили мо ҳар чӣ решу хаста беҳтар

Дили мо ҳар чӣ решу хаста беҳтар,
Дар ин вайрона ғам биншаста беҳтар.
Пару болам шикаста, Худоё,
Пару болам шикаста.

Чунин умре, ки бо ғам ёр бошад,
Ба мастӣ бигзарад пайваста, беҳтар.

Дили мо ҳар чӣ решу хаста беҳтар,
Дар ин вайрона ғам биншаста беҳтар.
Пару болам шикаста, Худоё,
Пару болам шикаста.

Зи бедоди фалак санги ҳаводис,
Пару боли маро бишкаста беҳтар.
Зи дасти чархи каҷрафтор акнун,
Дари шодӣ ба рӯям баста беҳтар.

Дили мо ҳар чӣ решу хаста беҳтар,
Дар ин вайрона ғам биншаста беҳтар.
Пару болам шикаста, Худоё,
Пару болам шикаста.

33/120

Донам, чаро чашмони ту

Донам, чаро чашмони ту ашки оташбор дорад,
Донам, чаро мижгони ту тири дилшикор дорад.
Бояд бигӯям ин замон, асрори дил бо дӯстон,
Ки манам басе нотавон, туӣ шамъи рафиқи ман.

Дил агар аз ғам бимирад, коми дил аз ту нагирад,
Дил агар бечора гардад, охир дар поят бимирад.

Донам, ки дилдорат манам, ба дил харидорат манам,
Донам, надонад ҳеҷ кас, ошиқи дидорат манам.
Бояд бигӯям ин замон, асрори дил бо дӯстон,
Ки манам басе нотавон, туӣ шамъи рафиқи ман.

Кардӣ сафар дар нимашаб, оҳанги сози ту гӯяд,
Гар бубинад бар чашми ту, оҳанги рози ту гӯяд.

Донам, чаро чашмони ту ашки оташбор дорад,
Донам, чаро мижгони ту тири дилшикор дорад.
Бояд бигӯям ин замон, асрори дил бо дӯстон,
Ки манам басе нотавон, туӣ шамъи рафиқи ман.

34/121

Дузди ишқам

Дузди ишқам ману дишаб раҳи дилҳо задаам,
Муҷрими ишқаму дар маҳкама ҳошо задаам.
Аз чӣ дар ишқи туам шӯҳраву ангуштнамо?
Ман, ки ҳарфи дили худро ба ту танҳо задаам.

Бар нафас орамат аз бӯса, гар уфтӣ зи нафас,
Ки раҳи қофилаи Ибни Масеҳо задаам.

Дузди ишқам ману дишаб раҳи дилҳо задаам,
Муҷрими ишқаму дар маҳкама ҳошо задаам.
Аз чӣ дар ишқи туам шӯҳраву ангуштнамо?
Ман, ки ҳарфи дили худро ба ту танҳо задаам.

Сӯхт азбаски зи ғам болу пари Наврӯзӣ,
Хаймаву хонаву хиргоҳ ба саҳро задаам.

Дузди ишқам ману дишаб раҳи дилҳо задаам,
Муҷрими ишқаму дар маҳкама ҳошо задаам.
Аз чӣ дар ишқи туам шӯҳраву ангуштнамо?
Ман, ки ҳарфи дили худро ба ту танҳо задаам.

Шеър аз Наврӯзӣ

35/122

Дур аз ту ҳар шаб то саҳар

Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи маҳфилам,
То худ чӣ бошад ҳосиле аз гиряи беҳосилам.

Чун соя ту, аз рӯйи ту, уфтодаам дар кӯйи ту,
Чашми умедам сӯйи ту бояд умеди ботилам.

Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи маҳфилам,
То худ чӣ бошад ҳосиле аз гиряи беҳосилам.

Лабрези ашкам, ҷом ку, он оби оташфом ку,
К-он мояи ором ку, то чора созад мушкилам.

Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи маҳфилам,
То худ чӣ бошад ҳосиле аз гиряи беҳосилам.

36/123

Дӯстат дорам, валло-биллоҳ

Дӯстат дорам, валло-биллоҳ,
Аз ман мешӣ, иншоаллоҳ.

Агарчи ҳастем ҷудо,
Оқибат, ай дилрабо,
Ошиқу маъшуқаро
Ба ҳам расонад Худо!

Дӯстат дорам, валло-биллоҳ,
Аз ман мешӣ, иншоаллоҳ.

Куҷо зи каф медиҳам,
Домани васли туро?!
Мову ту ҳастем ҳамеш,
Ду рӯҳ ба як тан, буто.

Дӯстат дорам, валло-биллоҳ,
Аз ман мешӣ, иншоаллоҳ.

37/124

Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша

Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша,
Ошиқтар аз ман куҷо пайдо меша?
Намеша, намеша.
Кокули ту пареша, пареша,
Вақте ки кӯтоҳ кунӣ, зебо меша.
Ҳамеша, ҳамеша.

Ошиқи зорат манам, мӯнису ёрат манам,
Гар маро эло кунӣ, дилбар, ман мезанам,
Монанди Фарҳод худама ба теша,
Ошиқтар аз ман куҷо пайдо меша?
Намеша, намеша.

Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша,
Ошиқтар аз ман куҷо пайдо меша?
Намеша, намеша.
Кокули ту пареша, пареша,
Вақте ки кӯтоҳ кунӣ, зебо меша.
Ҳамеша, ҳамеша.

Ҳамраҳи ман ранг назан, бо ман гап аз ҷанг назан,
Ман дили нозук дорам, ба шишаам санг назан.
Қалби ман аст, дилбари ман, чу шиша,
Ошиқтар аз ман куҷо пайдо меша?
Намеша, намеша.

Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша,
Ошиқтар аз ман куҷо пайдо меша?
Намеша, намеша.
Кокули ту пареша, пареша,
Вақте ки кӯтоҳ кунӣ, зебо меша.
Ҳамеша, ҳамеша.

Шохаи шамшоди ман, сӯхтӣ бунёди ман,
То дами мурдан, буто, кай равӣ аз ёди ман?
Карда ба дил ишқи ту шоху реша,
Ошиқтар аз ман куҷо пайдо меша?
Намеша, намеша.

Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша,
Ошиқтар аз ман куҷо пайдо меша?
Намеша, намеша.
Кокули ту пареша, пареша,
Вақте ки кӯтоҳ кунӣ, зебо меша.
Ҳамеша, ҳамеша.


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


+ 2 = 11


error: Content is protected !!