Баргардони матни Times New Roman TJ

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

tnrtj

Бештари корвандони тоҷик, инчунин кормандони корхона ва муассисаҳои кишвар ҳанӯз ҳам дар навиштани ҳуҷҷатҳо дабираи худсохти Times New Roman TJ-ро ба кор мебаранд. Ин дабира ончунон маъмул шудааст, ки ҳатто бештари муаллифон дар эҷоди асарҳои бузургҳаҷми илмӣ ва адабӣ истифода мекунанд.

Азбаски Times New Roman TJ дар Интернет ва дигар сохторҳои стандартии MS насб нашудааст, дар онҳо ҳарфҳои тоҷикии Ғғ, Ӣӣ, Ққ, Ӯӯ, Ҳҳ, Ҷҷ дар матни бо ин дабира чидашуда ба рамзҳои номафҳуми Ѓѓ, Її, Ќќ, Ўў, Њњ, Љљ табдил меёбанд. Боиси таассуф аст, ки аз беэҳтиётии бархе сомонаҳо ва корвандон ин рамзҳо дар матнҳои тоҷикии Интернет низ роҳ ёфтаанд, ки бешубҳа обрӯ ва пойдории алифбои миллиро коста мегардонад.

Мо пас аз анҷоми ҷустуҷӯҳо барномае сохтем, ки бархат (онлайн) матни бо дабираи Times New Roman TJ чидашударо ба матни стандартӣ бармегардонад. Ҳангоми баргардон дабираи стандартии Cambria истифода шуд.

Марҳамат:







Тарзи кори барнома

Матни ислоҳшавандаро ба равзана гузоред ва тугмаи «Баргардондани матн»-ро пахш намоед. Пас аз он бо пахши тугмаи «Нусхабардории матн» матни баргардонда ба буфери ивазкунӣ (Буфер обмена) мегузарад ва равзана пок мешавад. Барои бо худ гирифтан Шумо метавонед дар роёна ё дигар сохтор (гаҷет)-и худ дар равзанаҳои кушодаи MS Word, Блокнот ё Нотепад++ танҳо амали «Гузоштан» (Вставить, Paste) иҷро кунед.

Агар якчанд матнро баргардонданӣ бошед, пас аз анҷоми нусхабардории ҳар матн тугмаи «Нав кардани саҳифа»-ро зер кунед.

Хусусиятҳои барнома

1. Барнома ниҳоят зудкор аст.

2. Барнома ба ҳаҷми матн бефарқ аст. Матни 400-саҳифагиро ҳамчун матни яксаҳифагӣ баргардон мекунад.

3. Барнома формати матнро нигоҳ медорад.

4. Мувофиқи андоза ва ҳаҷми матн андозаҳои равзанаи барнома низ тағйир меёбанд.

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.